09:33:32 - 20.07.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Саидов И.М

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Саидов И.М. «Дар бораи хилофи ќонун эътироф намудани њукми Суди ноњияи Фархор аз 27 июли соли 2011, дигар санадњои вобаста ба њукми Суди мазкур, ќатъ намудани парванда ва бегуноњ эътироф намудани ў»

ш. Душанбе 24 январи соли 2013

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї- Фирдавсова Г.,

дар маљлиси судї гузориши судя Зоиров Ш.Ю.-ро оид ба дархости шањрванд Саидов И.М. «Дар бораи хилофи ќонун эътироф намудани њукми Суди ноњияи Фархор аз 27 июли соли 2011, дигар санадњои вобаста ба њукми Суди мазкур, ќатъ намудани парванда ва бегуноњ эътироф намудани ў» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Саидов И.М. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки Суди ноњияи Фархор бо њукми худ аз 27 июли соли 2011 ўро барои содир намудани љинояти дар моддаи 323 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон пешбинишуда ба муњлати як солу шаш моњ аз озодї, инчунин аз њуќуќи кор кардан дар соњаи тандурустї ба мўњлати ду сол мањрум сохтааст.

Ў аз њукми нисбати ў баровардаи Суди ноњияи Фархор розї на- шуда, онро ба коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии Суди вилояти Хатлон ба тариќи кассатсионї шикоят намудааст, ки коллегияи мазкур бо таъиноти худ аз 7 сентябри соли 2011 њукми Суди ноњияи Фархорро бетаѓйир ва шикояти кассатсиониашро ќисман ќаноатбахш намуда, бо дастрасии Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 20 августи соли 2011 «Дар бораи авф» ўро аз љазои асосї, иловагї ва аз њабс фавран озод намудааст.

Бо њукм ва таъиноти судї розї нашуда, ў онњоро ба марњилаи назоратии Суди вилояти Хатлон ба тариќи назоратї шикоят овардааст, ки бо ќарори судяи Суди вилояти Хатлон аз 14 майи соли 2012 шикояти назоратиаш беќаноат мононда шудааст.

Шикояти такрории ў ба унвони раиси Суди вилояти Хатлон, инчунин шикояти назоратии ў ба Суди Олии Љумњурии Тољикистон низ мувофиќан бо мактуби љавобї аз 24 августи соли 2012, №1031 ва бо ќарори судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз 26 ноябри соли 2012 рад карда шудаанд.

Бо ин назардошт, номбурда аз Суди конститутсионї хоњиш наму- дааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, њукми Суди ноњияи Фархор аз 27 июли соли 2011, таъиноти коллегияи судї оид ба корњои љиноятии Суди вилояти Хатлон аз 7 сентябри соли 2011, ќарори судяи Суди вилояти Хатлон аз 14 майи соли 2012 ва ќарори судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз 26 ноябри соли 2012 хилофи ќонун эътироф карда, ў бегуноњ эълон карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо њамаљониба тањлил ва мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки шањрванд Саидов И.М. агарчї субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї шуда тавонад њам, аммо талаби дар дархост пешнињоднамудаи ў ба салоњияти Суди конститутсионї дохил намешавад ва мавзўи баррасии он низ нест.

Тибќи талаботи ќонунњои амалкунанда муайян намудани ќонунї, асоснокї ва дурустии санадњои татбиќи њуќуќ ќабулнамудаи маќомоти давлатї ва шахсони мансабдор, аз љумла амал, беамалї ва ќонуншиканї аз тарафи онњо, бекор намудани (беэътибор донистан) санадњои судї ва санадњои њуќуќии маќомоти давлатї, назорат аз болои ќонунї ва асоснок будани санадњои судї, ки тибќи онњо њуќуќу озодињои шањрвандон вайрон карда шудаанд, инчунин барќарор намудани зарари расонидашуда мувофиќан ба салоњиятњои судњои умумї ва маќомоти прокуратураи Љумњурии Тољикистон тааллуќ дорад.

Бинобар ин, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Саидов И.М. бинобар тобеи Суди конститутсионї набудани дархости мазкур рад карда мешавад.

Саидов И.М. метавонад дар сурати норозї будан аз санадњои зикршудаи судї, онњоро бори дигар дар судњои умумї мавриди бањс ќарор дињад.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Саидов И.М. «Дар бораи хилофи ќонун эътироф намудани њукми Суди ноњияи Фархор аз 27 июли соли 2011, дигар санадњои вобаста ба њукми Суди мазкур, ќатъ намудани парванда ва бегуноњ эътироф намудани ў», бинобар тобеи Суди конститутсионї набудани дархости мазкур рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Маводи пешнињодшуда ва бољи давлатї, ки бо расиди №0180442 аз 24 декабри соли 2012 ба маблаѓи 40 сомонї дар БДА ЉТ «Амонатбонк» пардохт шудааст, ба мурољиаткунанда баргардонида шавад.

4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов