17:38:51 - 16.07.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости директори Корхонаи дорои масъулияташ махдуди «Автомотосервис ва савдои ба номи Вайс» Табаров В

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости директори Корхонаи дорои масъулияташ мањдуди «Автомотосервис ва савдои ба номи Вайс» Табаров В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати моддаи 223 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе 16 сентябри соли 2013

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Фирдавсова Г.,

дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши судяњо Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.-ро дар бораи дархости директори Корхонаи дорои масъулияташ мањдуди «Автомотосервис ва савдои ба номи Вайс» Табаров В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати моддаи 223 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) ЉумњурииТочикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Директори Корхонаи дорои масъулияташ мањдуди «Ав-томо­тосервис ва савдои ба номи Вайс» (минбаъд - КДММ) Табаров В. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки Корхонаи мазкур дар асоси санади давлатї аз 12 сентябри соли 1994 тавассути Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон собиќ корхонаи СТО-8 шањри Душанберо ба маблаѓи 548 803 њазор рубл харидорї намуда, соњибмулки он гардидааст.

Њамчунин, як ќисми корхонаи СТО-8, яъне сехи «Запорожетс»-ро моњи декабри соли 1995 ба маблаѓи 3211,8 њазор рубл шањрванд Назаров З.Ю. харидорї намуда буд.

Њамон сол ў њамчун соњибмулк як ќисми иншооти эстакада ва коммуникатсияро бо ќитъаи заминаш ба Назаров З.Ю. ба иљора додааст, ки Назаров З.Ю. баъдан бо роњи сохтакории хуљљатњо объекти ба ў ба иљора додашударо ба воситаи нотариуси давлатї аз номи КДММ ба номи худаш гузаронида, ройгон азони худ намудааст.

Барои беэътибор донистани асноди маќомоти идораи давлатї ў ба аризаи даъвогї ба суди иќтисодии шањри Душанбе мурољиат кардааст, ки суд моддаи 223 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистонро дастрас намуда, бинобар гузаштани муњлати умумии се солаи даъво аризаи ўро ќонеъ накарда, рад намудааст.

Ба андешаи мурољиаткунанда ба муќаррароти банди «г» моддаи 231 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «талаботи молик ё дигар соњиби амвол оид ба рафъи њамагуна вайронкунии њуќуќи ў, њар чанд ин вайронкунињо бо мањрум кардан аз соњибият алоќаманд намебошанд» ва «д» моддаи 231 Кодекси гражданї, ки тибќи он «талаботи молик ё дигар ашхос дар бораи беэътибор донистани асноди маќомоти идораи давлатї ва њокимияти мањаллї, ки њуќуќи ашхоси зикршударо ба соњибият истифода ва ихтиёридории амволи марбути онњо вайрон мекунад», муњлати даъво татбиќ намегардад.

Мурољиаткунанда, инчунин ќайд менамояд, ки тибќи талаботи моддаи 325 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон «молик метавонад рафъи њама гуна вайронкунињои њуќуќашро талаб намояд, њарчанд ин вайронкунињо ба мањрум кардан аз њуќуќи соњибї алоќаманд намебошанд».

Суди иќтисодї муќаррароти пешбининамудаи моддаи 223 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистонро дастрас намуда, бо ќарори худ њуќуќи конститутсионии ўро ба моликият бекор ва мањдуд намудааст, ки ин ќарори ў ба муќаррароти моддаи 17 Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948, ки тибќи он «њар як инсон њаќ дорад амволро чи шахсан ва чи якљоя ба дигарон ихтиёрдорї намояд ва њељ касс набояд аз амволи худ худсарона мањрум кард шавад» ва моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «њар кас њаќ дорад соњиби моликият ва мерос бошад ва њељ кас њаќ надорад њуќуќи шахсро ба моликият бекор ва мањдуд намояд», мувофиќ нест.

Бо њамин, даъвои миёни ў ва Назаров З.Ю. 18 сол боз идома дошта, ў чунин андеша дорад, ки моддаи 223 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон њуќуќи конститутсионии ўро ба моликият - як ќисми иншооти эстакада ва коммуникатсия бо ќитъаи заминаш - даѓалона вайрон намудааст.

Аз ин рў, Табаров В. аз Суди конститутсионї талаб менамоянд, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз намуда, мутобиќати моддаи 223 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» муайян карда шавад.

Суди конститутсионї дархости пешнињодшударо њаматарафа мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки директори Корхонаи дорои масъулияти мањдуд «Автомотосервис ва савдои ба номи Вайс» агарчи субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї мањсуб ёбад њам, аммо дар талаби гузоштаи ў дар масъалаи мутобиќати моддаи 223 Кодекси граждании ЉумњурииТољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номуайяние дида намешавад, ки он барои оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї ва санљиши конститутсионї асос гардад. Зеро моддаи 223 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон меъёри мурофиавї буда, дар он масъалаи муњлати даъво ба таври умумї нисбат ба њифзи њама гуна њуќуќи вайроншуда ва аз тарафи суд баррасї намудани муњлати даъво мавриди танзим ќарор дода шуда, он ба меъёри императивии пешбининамудаи моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар бараи моликият бевосита алоќамандии мавзўї надорад ва предмети муќоисаи байни моддањои зикрёфта шуда наметавонад.

Ба ѓайр аз ин, дар дархост далелњои мушаххас ва асосњои амалию назариявї оид ба номутобиќатии моддаи 223 Кодекси гражданї ба Конститутсия мушаххас пешнињод нагардидаанд, яъне маълум нест, ки номутобиќатии моддаи зикршуда ба моддаи 32 Конститутсия мањз дар чї ифода меёбад.

Аз ин љињат, дархост аз рўи шаклу мазмун ва шакл ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» низ тавъам нест.

Аз љониби дигар, масъалаи асоснокї, ќонунї ва дурустии татбиќи санади меъёрии њуќуќї, ки онњо метавонанд дар зинањои болоии судї мавриди тањлил, баррасї ва баровардани ќарори дахлдори судї ќарор гиранд, наметавонад бо асосњои пешбининамудаи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мавзўи баррасии Суди конститутсионї бошад.

Баъдан, норозигї ва шикояти мурољиаткунанда аз рўи санадњои гуногуни судии судњои иќтисодии Љумњурии Тољикистон, мувофиќан ба салоњияти зинањои болоии судњои иќтисодии Љумњурии Тољикистон мансуб мебошад.

Њамчунин, баррасии масъалаи мазкур бинобар мансуб буданаш ба салоњияти судњои иќтисодї ва Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон, 23 феврали соли 2010 бо мактуби 273/1-01 аз љониби Суди конститутсионї ба Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон фиристода шудааст.

Вобаста ба њолати зикршуда, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї аз рўи дархости Табаров В. бинобар ба салоњияти Суди конститутсионї дахл надоштан ва аз рўи шаклу мазмун низ мувофиќ набудан ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конситутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда мешавад.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости директори Корхонаи дорои масъулияташ мањдуди «Автомотосервис ва савдои ба номи Вайс» Табаров В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати моддаи 223 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар ба салоњияти Суди конститутсионї мањсуб набуданаш ва аз рўи шаклу мазмун низ мувофиќ набудан ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионї «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъиноти мазкур дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов