04:46:44 - 21.04.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Хизби Нахзати Исломии Точикистон «Оид ба амалхои зиддиконунии мансабдорони давлати ва давлат»

 

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Њизби Нањзати Исломии Тољикистон «Оид ба амалњои зиддиќонунии мансабдорони давлатї ва давлат»

ш. Душанбе 4 октябри соли 2013

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси-кунанда- Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Фирдавсова Г.,

дар маљлиси судии Суди конститутсионї дархости М.Кабирї - раиси Њизби Нањзати Исломии Тољикистонро «Оид ба амалњои зиддиќонунии мансабдорони давлатї ва давлат» дида баромада,

м у а й я н к а р д:

Раиси Њизби Нањзати Исломии Тољикистон - М.Кабирї ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки мансабдорони давлатї ва давлати Тољикистон бо роњи фишороварї ба онњо имконият намедињанд, ки дар њаёти сиёсии кишвар озодона иштирок намуда, иродаи халќро дар асоси гуногунандешии сиёсї ташаккул ва ифода намоянд.

Агарчи ќонунгузории кишвар барои њамаи њизбњо имкониятњои баробарро барои гузаронидани маъракањои сиёсї пешбинї намуда бошад њам, аммо мансабдорони давлатї дар муносибат бо Њизби зикршуда рафтору амале содир менамоянд, ки боиси халалдор шудани њуќуќњои конститутсионии он мегардад.

Зиёда аз ин, мурољиати Њизб дар бораи барќарор намудани њу- ќуќњои конститутсиониашон аз тарафи њомии Конститутсия сарфи назар гардида, Њукумат низ пеши роњи ќонуншикниро намегирад ва ба аќидаи ў танњо Суди конститутсионї метавонад кирдори ѓайриќонунии маќомоти зикршударо боз дорад.

Бинобар ин, ў ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, хоњиш намудааст, ки нисбати дархости пешнињод- кардааш мурофиаи судии конститутсионї оѓоз намуда, амалњои дар дархост зикргаштаи шахсони масъули давлатї ва Њукумати кишварро ба моддаи 28 ва ќисми 2 моддаи 73 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ѓайриконститутсионї њисоб намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости пешни- њодшударо мавриди омўзиш ва тањќиќ ќарор дода, ќайд менамояд, ки Њизби Нањзати Исломии Тољикистон гарчанде њамчун шахси њуќуќї субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї мањсуб ёбад њам, аммо талаби дар дархости он пешнињодгардида, яъне ѓайриконститутсионї эътироф намудани амалњои зиддиќонунии мансабдорони давлатї ва давлат мавзўи баррасии Суди конститутсионї шуда наметавонад ва ба салоњияти он дохил намешавад.

Зеро тибќи муќаррароти банди 7 моддаи 37 Ќонуни консти- тутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» «шахсони њуќуќї оид ба вайронкунии њуќуќу манфиатњои конститутсиониашон нисбати ќонун ва санади њуќуќии татбиќшуда дар муносибати мушаххаси њуќуќї, инчунин ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мутобиќ будани ќонун, дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии Пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар парвандаи мушаххаси аз тарафи суд нисбаташон татбиќшуда, метавонанд ба Суди конститутсионї мурољиат намоянд».

Њамчунин, ба салоњияти Суди конститутсионї на бањодињї ба ќонунї ва асоснокии ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии аз тарафи маќомот ва шахсони мансабдори онњо нисбати субъектони гуногуни њуќуќ татбиќшуда ва бањодињї ба амал (беамалии) мансабдорони давлатї ва давлат, балки муайян намудани мутобиќати меъёрњои мушаххаси ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ба меъёрњои дахлдори Консититутсия дохил мешавад.

Тибќи муќаррароти боби 24 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон, ки «Мурофиа оид ба парвандањо дар бораи мавриди бањс ќарор додани ќарор, амали (беамалии) маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти худидоракунии мањаллї ё шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатї» номгузорї шудааст, суъектони њуќуќ метавонанд оид ба ќарор, амали (беамалии) маќомот ё шахсони мансабдори зикршуда ба суди мањалли зисти худ ё суди мањалли љойгиршавии маќомоти дахлдори давлатї ва шахсони мансабдори онњо, ки ќарор, амал (беамалии) онњо шикоят карда мешавад, мурољиат намоянд.

Бинобар ин, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї аз руи дархости Њизби Нањзати Исломии Тољикистон «Оид ба амалњои зиддиќонунии мансабдорони давлатї ва давлат» бо асосњои дар боло омада рад карда мешавад.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионї,

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї аз руи дархости Њизби Нањзати Исломии Тољикистон «Оид ба амалњои зиддиќонунии мансабдорони давлатї ва давлат» бинобар мањсуб набуданаш ба салоњияти Суди конститутсионї рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов