18:14:05 - 23.10.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Хизби Нахзати Исломии Точикистон

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Њизби Нањзати Исломии Тољикистон «Дар хусуси ѓайриконститутсионї эътироф намудани сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 17 октябри соли 2013

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси- кунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К. М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Фирдавсова Г.,

дар маљлиси судї гузориши судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон К. Каримовро оид ба дархости Њизби Нањзати Исломии Тољикистон «Дар хусуси ѓайриконститутсионї эътироф намудани сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Њизби Нањзати Исломии Тољикистон бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки њизби номбурда вобаста ба масъалаи љамъоварии имзоњо ба тарафдории номзад дар хориљи кишвар ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон мактуб ирсол намуда, аз он хостгори иттилои зарурї гардидааст.

Комиссияи мазкур дархости њизбро баррасї намуда, иттилоъ додааст, ки бланкањои имзољамъоварї аз тарафи раисони шањру ноњияњо тасдиќ карда шуда, љамъоварии имзоњо берун аз воњидњои марзиву маъмурии Тољикистон дар ќонуни конститутсионї пешбинї нагардидааст.

Мурољиаткунанда ќайд мекунад, ки љавоби додаи Комиссия аз муќаррароти сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон» бармеояд, ки тибќи он ќарор дар бораи баќайдгирии номзад ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон дар сурати мављуд будани чунин њуљљатњо ќабул карда мешавад:

«бланкањо бо имзоњои шањрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки раисони ноњияњо, шањрњо тасдиќ кардаанд, дар њолатњое, ки дар ин ќонуни конститутсионї зикр ёфтаанд».

Ба андешаи мурољиаткунанда меъёри зикршуда ба муќаррароти банди 1 моддаи 21 Эъломияи умумии њуќуќи башар, моддаи 25 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќњои фитрї ва сиёсї, ќисми 3 моддаи 1 ва банди в) моддаи 2 Конвенсия оид ба стандартњои интихоботи демократї, њуќуќу озодињои интихоботї дар давлатњо - иштирокчии Иттињоди Давлатњои Мустаќил, ки онњо дар идоракунии давлат бевосита ва тавассути намояндагони интихоб кардаашон иштирок намудани шањрвандонро пешбинї менамоянд, инчунин ба моддањои 5, 6, 10, 14, 24 ва 27 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолифат дошта, њамчун меъёри ѓайриконститутсионї њуќуќњои интихоботии шањрвандон ва њизбњои сиёсиро поймол менамояд.

Бинобар ин, аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон хоњиш намудааст, ки аз рўи дархости он мурофиаи судии консти­тутсионї оѓоз карда, сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон»-ро бинобар мухолифат доштанаш ба моддањои 5, 6, 10, 14, 24 ва 27 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ѓайриконститусионї эътироф намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости пешни- њод­гар­дидаро мавриди омўзиш ва тањлили њамаљониба ќарор дода, ќайд менамояд, ки дар низоми њуќуќњои сиёсии шањрванд мањаки асосии онро њуќуќи интихоботї ташкил дода, муњимтарин василаи бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намудани шањрванд дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї арзёбї мегардад.

Њуќуќи интихоботї ва кафолати ба амал баровардани он, ифодаи баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї будани халќ ва наќши он дар раванди давлату давлатсозї мањсуб гардида, он аз санадњои дар боло зикршудаи байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон ва Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон маншаъ мегирад.

Вобаста ба муњимияти сиёсиву њуќуќии ин масъала моддаи 27 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон тартиби гузаронидани интихоботро ба ќонунњои конститутсионї ва ќонунњо њавола намудааст, ки чунин муносибат аз сатњи баланди талаботи љомеа ба таъмини татбиќи њуќуќи конститутсионии шањрванд ба интихобот шањодат медињад.

Аз љониби дигар, њама гуна тартиби муќаррарнамудаи меъёрњои ќонунњои конститутсионї на бояд ба бенизомї дар интихобот, балки ба шањрванд имконияти ба таври умумї, мустаќим, баробар ва бо овоздињии пинњонї ба амал баровардани њукуќи конститутсионии интихоботии худ шароити мусоид фароњам оварда, дар маљмўъ шафофияти интихоботро таъмин карда тавонанд.

Бо ин назардошт ва бо асосњои дар зеровардашуда, Суди консти­тутсионї оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро дар хусуси ѓайриконститутсионї эътироф намудани сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон» рад менамояд:

1) муќаррароти пешбининамудаи сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон» тартиби муќар­рарнамудаи ќонуни конститутсионии зикршуда мебошад, ки дар масъалаи номутобиќати он ба моддањои 5, 6, 10, 14, 24 ва 27 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон номуайяние дида намешавад, ки он боиси оѓоз кардани мурофиаи судии конститутсионї гардида, санљиши конститутсиониро таќозо намояд.

Зеро мавзўи мавриди бањс ќарордодаи мурољиаткунанда тартиби маъмурии љамъоварии овозњо, тасдиќи бланкањо ва пешнињоди минбаъдаи њуљљатњои зарурии тавассути тасдиќи раисони шањру ноњияњо ањамияти њуќуќї пайдо кардаро муайян намуда, њуќуќи сиёсии шањрванд ва ё номзадро халалдор накарда, талаботи иловагиеро, ки он тавонад монеаи ба амал овардани ин њуќуќњо гардад, пешбинї намекунад. Ин тартиб идомаи мантиќии татбиќи меъёрњои Конститутсия дар ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон мањсуб меёбад.

Аз ин рў, ин тартиб ба моддањои зикршудаи Конститутсия, ки тибќи онњо инсон, њуќуќ ва озодињои он арзиши олї мебошанд (моддаи 5); дар Тољикистон халќ баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалї мегардонад, ифодаи олии бевоситаи њокимияти халќ будани раъйпурсии умумихалќї ва интихобот (моддаи 6); эътибори олии њуќуќї доштани Конститутсияи Тољикистон ва мустаќиман амал намудани меъёрњои он, эътибори њуќуќї надоштани ќонунњо ва дигар санадњои њуќуќии хилофи Конститутсия буда, ќисми таркибии низоми њуќуќии љумњуриро ташкил додани санадњои њуќуќии байналмилалии эътироф кардаи Тољикистон (моддаи 10); эътироф ва њифз гардидани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои шањрванд танњо дар асосњои пешбининамудаи Конститутсия, њифзи судии њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд (моддаи 14); њуќуќи шањрванд ба мусофират, интихоби озоди мањалли зист, тарки љумњурї ва бозгашт ба он (моддаи 24); иштироки шањрванд дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш (моддаи 27) алоќамандии бевоситаи мавзўи надорад ва предмети муќоисаи мутобиќати сархат бо моддањои зикрёфтаи Конститутсия низ шуда наметавонад.

Зеро Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар моддаи 65 пеш­бинї кардааст, ки «шахсе ба номзадии Президент ба ќайд гирифта мешавад, ки њадди аќал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешнињоди номзадии ў имзо гузошта бошанд» ва дар моддаи 66 Конститутсия тартиби татбиќи ин меъёр ва дигар меъёрњои пешбининамудаи Конститутсияро дар масъалаи гузаронидани интихобот ба ќонуни конститутсионї вогузор намудааст.

Дар ин замина, ќонунгузор тартиби љамъоварии имзоњоро дар ќонуни конститутсионии зикршуда мавриди танзим ќарор дода, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон онро њамчун маќоми ваколатдори давлатї мавриди роњбарї ва татбиќи амалї ќарор додааст.

2) Тартиби пешбининамудаи сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионї дар худ мањдудият, афзалият ва њолати истисноиеро нисбати ягон номзад пешбинї намекунад.

Тибќи ин меъёр њолати њуќуќии њама номзад дар як сатњ ќарор дошта, бланкањои бо имзоњои шањрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки аз тарафи шахсони боэътимоди њамаи номзадњо љамъоварї карда мешавад, бо як тартиб ва талаботи баробар аз тарафи раисони ноњия ва шањрњо тасдиќ карда мешавад.

3) Бланкаи љамъоварии имзоњо ба тарафдории номзад, ки муњимтарин марњилаи ба амал баровардани њуќуќњои конститутсионии шањрванд ба интихобот ва худи интихобот ба шумор меравад, чун њама гуна њуљљатњои дорои иттилооти зарурї, он ваќт эътибор ва ањамияти њуќуќї пайдо менамояд, ки он аз тарафи маќомот ва ё шахсони мансабдорони дахлдор пешбининамудаи ќонуни конститутсионии амалкунанда тасдиќи худро ёфта бошад. Дар акси њол, тасдиќ накардани ин њолат барои шањрвандони мамлакат, номзадњо ва интихобот оќибати ногувори њуќуќї ба бор оварда, роњ додан ба бенизомї дар интихобот арзёбї мегардад.

4) Дархости пешнињодшуда бинобар дар он ошкор ва асоснок нашудани номуайянї дар масъалаи номутобиќатии сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионї ба моддањоиномбаршудаи Конститутсия, инчунин даќиќ набудани моњияти талаб аз рўи шаклу мазмун низ ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ва моддаи 2 Дастури Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон љавобгў нест.

Чунончи, мурољиаткунанда сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсиониро мавриди бањс ќарор дода, амалан аз доираи талаби худ берун рафта, пурра ѓайриконститутсионї њисобидани ќисми дуюми моддаи 25 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон»-ро бе асоснок намудани талаб ва мавќеи худ хоњиш намудааст, ки ин њолат барои рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї асоси љиддї ба шумор меравад.

Њамин тариќ, Суди конститутсионї на ќонунї ва асоснокии татбиќи ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќиро аз тарафи маќомоти онњоро татбиќкунанда, балки мутобиќати меъёрњои дахлдори ќонун ва дигар санадњои њуќуќии Љумњурии Тољикистонро ба меъёрњои мушаххаси ба онњо њаммазмун ва дахлдори дар Конститутсия мавриди танзим ќароргирифтаро муайян менамояд. Агар боиси поймол гаштани њуќуќу озодињои конститутсионии мурољиаткунандагон мањз меъёрњои дахлдори ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии амалкунандаи Љумњурии Тољикистон гашта бошанд, ки муќаррарот ва ё мавзўи онњо дар Конститутсия мавриди танзим ќарор гирифта, бевосита бо њам алоќамандии мантиќї дошта бошанд.

Аз ин рў, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї аз рўи дархости Њизби Нањзати Исломии Тољикистон «Дар хусуси ѓайриконститусионї эътироф намудани сархати ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон» бинобар аз љињати шаклу мазмун љавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда мешавад.

Бо дарназардошти њолатњои дар боло нишондодашуда, бо дастрасии моддањои 14, 37, 40, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Њизби Нањзати Исломии Тољикистон «Дар хусуси ѓайриконститутсионї эътироф намудани сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон» бинобар аз љињати шаклу мазмун љавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3.Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов