04:42:49 - 21.04.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Рачабов А.А

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Раљабов А.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати зербанди 3 банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва баќайдгирии њодисањои нохуш дар истењсолот ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе 7 январи соли 2014

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси-кунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Фирдавсова Г.,

дар маљлиси судї гузориши судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Абдуллоев А.А.-ро оид ба дархости шањрванд Раљабов А. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати зербанди 3 банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва баќайдгирии њодисањои нохуш дар истењсолот ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Раљабов Абдуназар Абдуѓафорович бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки ў дар дењаи Чингирови Љамоати дењоти «1-уми май»-и ноњияи Турсунзода зиндагї карда, то 19 марти соли 2005 ба сифати коргар дар КВД «Ширкати Алюмении Тољик» кор мекар­дааст.

Ў њар рўз тавассути мототсикли шахсиаш- ИЖ-Ю-4 раќами дав­латиаш 97-87 СБЗ то дењаи Ќуруќсойи љамоати дењоти «Љўра Рањмонов»-и ноњияи Турсунзода, ки аз мањалли зисти ў 17 км дур воќеъ мебошад омада, мототсиклашро дар ин дења гузошта, аз он љо бо наќлиёти хизматии КВД «Ширкати Алюмении Тољик» то љойи кораш мерафтааст. Бегоњї баъди ба охир расидани кор, бо наќлиёти хизматии КВД «Ширкати Алюмении Тољик» то дењаи Ќуруќсойи љамоати дењоти «Љўра Рањмонов» омада, сипас аз ин љо бо мототсикли худ ба хонааш бармегаштааст.

19 марти соли 2005 соати 16:30 баъди кор бо наќлиёти хизматии корхонаи зикршуда то дењаи Ќуруќсой, ки дар он љо наќлиёти хизматї таваќќуф менамояд омада, ба мототсикли шахсиаш ба сўи хонааш - дењаи Чингиров равона гардидааст.

Дар ними роњ автомашинаи тамѓаи «Нива-212113» раќами дав­ла­тиаш АЕ 5702 РТ 01, ки дар зери идораи Бобоназаров Асќар ќарор доштааст, ба муќобили самти њаракат баромада, ба мототсикли ў бархурдааст.

Дар натиљаи садамаи наќлиётї Раљабов А. љароњати сершумори љисмонї гирифта, маъюби гурўњи 2 эътироф шудааст.

Раљабов А.А. новобаста аз он, ки садамаи наќлиётї берун аз наќлиёти хизматї ва дар мањали дигар рух додаааст, масофаи аз дарвозаи ширкат то истгоњи наќлиёт ва аз истгоњи охирони наќлиёти ширкат то манзили истиќоматии худро воќеаи нохуш дар истењсолот мењисобад.

Аз ин рў, ў аз КВД «Ширкати Алюмении Тољик» ва Вазорати мењнат ва њифзи иљтимои ањолии Љумњурии Тољикистон талаб дорад, ки бинобар дар ваќти аз кор ба хона баргаштан рух додани њодисаи мазкур, ба ў љуброни зарар иборат аз: маоши миёнаи гумшуда, харољоти иловагї, љубронпулии якдаъфаина ва зарари маънавї пардохт карда шавад.

КВД «Ширкати Алюмении Тољик» ва Вазорати мењнат ва њифзи иљтимои ањолии Љумњурии Тољикистон дархости Раљабов А.-ро баррасї намуда, дар асоси талаботи зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва бањисобгирии њодисањои нохуш дар истењсолоти Љумњурии Тољикистон рад намудаанд.

Онњо мавќеашонро бо он асоснок менамоянд, ки њодисаи нохуш бо Раљабов А. баъди аз наќлиёти мусофирбарии КВД «Ширкати Алюмении Тољик» фаромадан, яъне берун аз истењсолот њангоми давоми сафар бо наќлиёти шахсиаш рух додаст, ки ин њолат ба њодисаи нохуш дар истењсолот дохил намешавад.

Тибќи талаботи зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва баќайдгирии њодисањои нохуш дар истењсолот дар Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Раёсати Шўрои Федератсияи Иттифоќњои касабањои Љумњурии Тољикистон ва Госгортехнадзори Љумњурии Тољикистон аз 24 феврали соли 1993 тањти № 24/2 тасдиќ карда шудааст, агар њодисаи нохуш бо љабрдида њангоми сафар ба манзили зист бо наќлиёти корхона рух дода бошад, аз тарафи корхона санади Н-1 тартиб дода, ба љабрдида кумакпулї оид ба зарари расонидашуда пардохт карда мешавад.

Ба андешаи мурољиаткунанда, муќаррароти зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи мазкур ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «Њуќуќи љабридидаро ќонун њифз мекунад. Давлат њифзи судї ва љуброни зарарро барои љабрдида кафолат медињад» мухолифат дошта, садди роњи љуброни зарар ба ў гардидааст.

Бинобар ин, ў аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон талаб намудааст, ки аз рўи дархосташ мурофиаи судии конститут­сионї оѓоз карда, мутобиќати зербани 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва бањисобгирии њодисањои нохуш дар истењсолоти Љумњурии Тољикистонро ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости пешни­њод­гардидаро мавриди омўзиш ќарор дода, ќайд менамояд, ки гарчанде ки шањрванд Раљабов А.А. субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї мањсуб ёбад њам, аммо дар бањси ба миёнгузоштаи ў, яъне муайян намудани мутобиќати зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва бањисобгирии њодисањои нохуш дар истењсолоти Љумњурии Тољикистон ва моддаи 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номуайяние дида намешавад, ки он оѓоз кардани мурофиаи судї ва санљиши конститутсиониро таќозо намояд.

Набудани номуайянї дар масъалаи мутобиќати зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва бањисобгирии њодисањои нохуш дар истењсолоти Љумњурии Тољикистон ва моддаи 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар он зоњир мегардад, ки зарари љисмонї ва зарари маънавї ба Раљабов А. на тавассути амал ва беамалии КВД «Ширкати Алюмении Тољик», балки тавассути њодисаи нохуши наќлиётї, ки субъект ва объекти содирнамудаи он маълум аст, ба вуќўъ пайвастааст.

Тартиби баррасии чунин љиноятњои аз беэњтиётї содиргардидаи роњу наќлиётї ва тартиби руёнидани зарарњои ба љабрдидагон аз чунин љиноятњо расонидашударо ќонунгузории љиноятї ва гражданї амиќ муайян кардааст, ки њаллу фасли онњо ба маќомоти тафтиш, прокуратура ва судњои умумї вогузор карда шудааст.

Бо асосњои зикршуда, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Раљабов А. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати зербанди 3 банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва баќайдгирии њодисањои нохуш дар истењсолот ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар аз љињати шаклу мазмун љавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда шавад.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Раљабов А. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати зербанди 3 банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва баќайдгирии њодисањои нохуш дар истењсолот ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар аз љињати шаклу мазмун љавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов