10:01:37 - 25.05.2017

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 4) 2014

 

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

(№ 4) 2014

 


Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї

дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни)

Љумњурии Тољикистон)

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Маљаллаи илмию иттилоотї

Сармуњаррир:

Мањмудзода М. А. Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, академики Академияи илмњои

Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Њайати тањририя:

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии То­љикистон, номзади илмњои сиёсї

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон, Њуќуќшиноси шоистаи Љумњурии Тољи­кистон

Сотиволдиев Р. Ш. Раиси Шўрои илмї - машваратии назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи ДМТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Искандаров З.Њ. Узви Шўрои илмї - машваратии назди Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон, профессори кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории ДМТ

© Нашрияи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, 2014.


Мундариља

Мањмудзода М.А. Сањми Президенти Љумњурии Тољикистон
Эмомалї Рањмон дар тањия ва ќабули Конститутсия.................................. 6

Каримов К.М. Дин, озодии аќида ва кафолати конститутсионї............. 23

Ќарорњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Оид ба дархости директори матбааи шањри Исфара Абдуллоев И.Н.
«Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањр­вандони Љумњурии Тољикистон» аз 25 июни соли 1993 № 797 ба моддањои 12 ва 39 Консти­тутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон»
аз 13
ноябри соли 2014................................................................................... 37

Таъиноти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба
дар­хости директори
Ассосиатсияи наќлиёти автомобилии
мусофир­барии
Љумњурии Тољикистон Гулов С. «Дар бораи муайян намудани муто­биќати моддаи 19-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон
«Дар бораи наќлиёт» ба моддањои 10-12 ва 42-и Конститутсияи
(Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 12 ноябри соли 2014................ 47

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид
ба дархости Љамъияти дорои масъулияти мањдуд «Кайсун Майнинг
Кор­порейшн» дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисмњои 1 ва
2 мод­даи 125 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ба моддањои 12
ва 45 Конс­титутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон аз
24 ноябри соли 2014....................................................................................... 51

Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи
Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон
»........................................ 57

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон..................... 102



 

 

Мањкам Мањмудзода

Раиси Суди конститутсионии

Љумњу­рии Тољикистон,

академики АИ ЉТ,

доктори илмњои њуќуќ, профессор


САЊМИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ЭМОМАЛЇ РАЊМОН ДАР ТАЊИЯ ВА ЌАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ


Дигаргунињои куллии дар интињои ќарни XX дар љањони му­тамаддин ба миёномада, яъне дар замоне, ки љомеаи башарї ба их­тилофоти сиёсию иљтимої ва низоми идоракунии љањонї ба таѓйироти азим рўбарў гардида буд, роњи рушду инкишофи давлатњои собиќ Иттињоди Шўравиро дигаргун сохт ва дар заминаи барњам­хурии иттињоди пурќувват, ки зиёда за њафтод сол арзи њастї намуда буд, дар харитаи љањон давлатњои нави мустаќил ба миён омаданд.

Дар ин масири таърихии нињоят мураккаб, Тољикистон дар ќатори дигар давлатњое, ки акнун мустаќил гардида буданд, дар вазъияти душвор ќарор гирифт, зеро дар ин айём дар натиљаи та­шаккули равандњои љањонишавї, таъсиррасонии давлатњои абар­ќудрат бобати пањн кардани нуфузи хеш нисбат ба давлатњои хурд эњсос карда мешуд, ки ин њамзамон ба бархурди манфиатњои дав­латњои бузург дар хусуси ба даст овардани яккањукмронї дар сайёра оварда расонид.

Давлатњои хурду кўчак дар ин айём, бинобар надоштани таљри­баи кофии давлатдорї ва мављуд набудани заминањои модиву фар­њангии пешрафти љомеа, ки солњои тўлонї зери таъсири як иде­ологияи њукумрон, ки дар асоси идоракунии наќшавї пеш бурда мешуд, ќарор доштанд, ба мушкилињои азим дучор гардида, дар бархе аз давлатњо бо таъсир ва дахолати ќуввањои беруна низоњои дохилї сар зада, оќибатњои вазнинро ба миён оварданд.

Њодисањои мураккаби сиёсии дар љањон ба миён омада, ба Тољи­кистон, низ ки акнун нахустин ќадамњои хешро дар самти касби истиќлол мегузошт, таъсири манфї расонида, кишвар гирифтори низои дохилї гардида, хатари парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлати тољикон ба миён омад.

Дар натиљаи муноќишањои дохилї равандњои иќтисодї, сиёсї, иљтимої, фарњангиву мафкуравї боз дошта шуда, соњањои истењсолї аз кор бозмонда, маќомоти њокимияти давлатї фалаљ гардида, беќонуниву бењокимияти дар кишвар ба миён омада, риоя нагар­дидани ќонунњо љомеаро ба њолати вазнину ногувор гирифтор намуд.

Дар чунин вазъияти мураккаб маќсади ягонаи роњбарияти њамон­ваќтаи кишвар - ин аз вартаи нобудї рањо сохтани миллати тољик ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар буд ва њамагон ба хубї дарк мекарданд, ки њалли ин масъалаи муњим танњо тавассути таш­кили маќомоти нави њокимияти давлатї, аз љумла интихоби конс­титутсионии роњбари нави сиёсї ва њарчи зудтар даъват намудани иљлосияи шонздањуми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон буд, ки он таќдири минбаъдаи давлату миллатро муайян намуд.

Дар Иљлосияи мазкур ба вазъи душвори сиёсї нигоњ накарда, ќарорњои таќдирсоз ќабул гардида, бо масъулияти бузург таќдири минбаъдаи халќи тољик ва давлати соњибистиќлол бар дўши Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон, ки якдилона аз љониби вакилони мардумї дар ин Иљлосияи таърихї Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон интихоб гардиданд, гузошта шуд ва аз ин айём марњилаи ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар оѓоз гардида, дар як муддати кўтоњ натиљањои муфид ба бор овард.

Дар рафти кори иљлосия, дар ќатори њалли дигар масъалањо, ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи гурезагон», «Дар бораи Рўзи сулњ ва ризоияти миллии халќи Тољикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992», «Дар бораи тасдиќи Низомномаи Парчами дав­латии Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи тасдиќи Низомномаи Ни­шони давлатии Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи пурзўр намудани љавобгарии љиної барои содир кардани љиноятњои вазнине, ки бар зидди саломатї ва њаёти шањрвандон, њуќуќи амволии онњо ва барои хароб кардани пояњои иќтисодию сиёсии Љумњурии Тољикистон нигаронида шудаанд» ва чандин ќонунњои дигар ќабул карда шуданд, ки ба пешрафти давлат мусоидат намуданд.

Њамчунин бо маќсади хотима гузоштан ба низои дохилї, пеш­гирии аз байн рафтани асосњои иќтисодию сисёсии давлат, пойдории сулњу субот, њамдигарфањмї ва њамкории гурўњњои алоњида ва њизбњои сиёсї бо дарназардошти принсипи башардўстї, дар иљлосия Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи аз љавобгарии љиної, интизомї ва маъмурї озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтаќањои мухолифат љиноят ва амалњои ѓайриќонунї содир кардаанд» ва дигар ќарорњои таърихї, дар маљмўъ 74 санади њуќуќї, аз љумла 15 ќонун, 52 ќарор, 6 фармон ва як изњорот ќабул ќабул карда шуд.

Баъд аз баргузории иљлосия, 12 декабри соли 1992 Сарвари дав­лат муњтарам Эмомалї Рањмон њамчун кафили соњибихтиёрї ва як­порчагии давлати Тољикистон бо Мурољиатнома ба мардуми кишвар, ки њамчун барномаи стратегиву њадафманд барои ба эътидол овар­дани вазъи мураккаби сиёсии мамалакат ва рушди бонизоми соњањои гуногуни хољагии халќ нигаронида шуда буд, баромад намуданд.

Дар ин Мурољиатнома, аз љумла зикр гардида буд, ки барои њар як давлати соњибистиќлол масъалањои зерин њаётан муњим мебошанд: нав кардани асосњои ќонунњои Тољикистон, такмил додани онњо бо дарназардошти меъёрњои њуќуќи байналмилалї, замина гузоштан барои бунёди давлати нав – давлати демократии њуќуќбунёд; таъсиси Ар­тиши миллї, дифои сарњади давлатї, ворид шудан ба љомеаи ља­њонї, барќарор кардани муносибатњои дипломатї бо давлатњои љањон.

Љињати амалї намудани ќарорњои ќабулнамудаи иљлосияи таърихї ва дар амал тадбиќ кардани вазифањои дар Мурољиатномаи Сарвари давлат ба мардуми кишвар овардашуда, ки дар заминаи онњо Тољикистон акнун ба марњалаи сифатан нави таърихи инки­шофи худ ворид мегардид, дар мамлакат ислоњоти конститутсионї бо суръат идома дода шуда, зарурати њарчи зудтар ќабул намудани Конститутсияи давлати тозаистиќлоли Тољикистон бо дарназар­дош­ти арзишњои байналмилалї ба миён омад. Зеро ќабули Консти­тутсияи нави кишвар аз љумлаи вазифањои муњим ба шумор рафта, пешрафти љомеа ва ташкили сохтори нави њокимияти давлатї дар заминаи мањз Конститутсия имконпазир буданд.

Зарурат ва муњиммияти ќабули Конститут­сияи Љумњурии Тољи­кистонро дар бунёди давлатдории миллї Президенти мамлакат, муњтарам Љаноби Олї њанўз дар Иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ва Мурољиатномаи худ ба халќи шарифи Тољикистон 12 декабри соли 1992, ки он ваќт Раиси њамонваќтаи Шўрои Олии Тољикис­тонро бар уњда доштанд, таъкид намуда, аз љумла дар Мурољиатнома иброз доштанд, ки: «асоси ќонунњои Љум­њурии Тољикистонро нав карда, онро бо дарназар­дошти меъёрњои њуќуќи байналми­лалї такмил дода, барои бунёди давлати нав - давлати демократии њукуќбунёд замина гузоштан лозим аст».

Ќайд кардан ба маврид аст, ки тањия, муњокима ва ќабули Конс­титутсияи давлати соњибистиќлоли Тољикистон дар асл баъди Иљ­лосияи таърихии XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон шурўъ гар­дида, њамчун натиљаи татбиќи ќарорњои таърихии он сурат гирифта буд.

Тавре ки Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар суханронии худ дар маљлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иљлосияи XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон 19 ноябри соли 2012 иброз доштанд, «Иљлосия дар инкишофи ислоњоти конститутсионии мамлакат сањифаи нав кушод ва барои тањия ва ќабули Конститутсияи нави Љумњурии Тољикистон замина гузошт. Зеро акнун роњ ба сўи сохтмони давлати демократї, ягона, њуќуќ­бунёду дунявї муайян гардида, барои таъмини пурраи кафолатњо ва њимояи њуќуќу озодињои инсон шароити мусоид муњайё гардида буд».

Бояд зикр кард, ки ѓояи давлати демократии њуќуќбунёд ва дунявї дар Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон њамчун самти стратегии инкишофи љомеаи Тољикистон барои тамоми давлатњои љањон эълон гардид. Эмомалї Рањмон пас аз анљоми кори ин иљлосияи таърихї мунтазам таъкид менамуданд, ки давлати Тољикистон љонибдори њамин ѓояи таърихї мебошад. Аз љумла, дар «Изњорот» аз таърихи 31 декабри соли 1992 таъкид намуданд: «Мо чандин маротиба гуфтаем ва боз такроран мегўем, ки тарафдори бунёди давлати демократии њуќуќбунёд ва дунявї мебошем ва ин усули пешакардаи мо мутобиќ ба арзишњои умумибашарї мебошад».

Ѓояи давлати демократии њуќуќбунёд ва дунявї, ки дар Иљлосияи XVI-ми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон бо ташаббуси бевоситаи Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањ­мон ба њайси њадафи стратегии давлати соњибистиќлоли Тољикистон эълон шуда, дертар дар лоињаи Конститутсияи Љумњурии Тољи­кис­тон инъикос гардид.

Дар Иљлосияи XVII Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон бошад, ба «Ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкил намудани комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» таѓйиру иловањо ворид карда шуда, њайати нави Комиссияи конститутсионї тањти роњбарии муњтарам Эмомалї Рањмон тасдиќ гардида, ба тањияи лоињаи нави Конститутсия суръати тоза бахшида шуд.

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ифодаи олии яке аз гарон­бањотарин арзишњои умумибашарї – озодии инсон мебошад. Пре­зиденти кишвар, муњтарам Эмомалї Рањмон дар баромади хеш тањти унвони «Роњи рањої аз буњрони азими њамагонї» дар санаи 19 марти соли 1993 таъкид намуда буданд: «Набояд фаромўш кард, ки озодии инсон нахустзаминаи љомеаи њуќуќбунёд аст. Мањз озодии инсон шаклу мазмуни соњибихтиёрии миллї ва давлатиро муайян мекунад ва давлатњо њамон ваќт пешќадам ќаламдод мешаванд, ки ба озодии инсон мадад расонанд».

Њайати комиссия тањти роњбарии Президенти мамлакат, муњта­рам Эмомалї Рањмон, бо дарназардошти манфиатњои миллї ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар барои њарчи зудтар тањия намудани Конститутсия ва дар он ба инобат гирифтани арзишњои пазируфтаи љомеаи љањонї, аз ќабили: муњимтарин принсипњои демократї ва кафолати таъмини амалишавии њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар як муддати начандон тўлони корњои назаррасро анљом доданд.

Конститутсия њуљљати барномавиии сиёсї буда, њадафњои стра­тегї дорад ва асосњои бунёдии њаёти љомеа ва давлатро муайян ме­кунад. Ин хусусияти муњими конститутсия аз он вобастагї дорад, ки он то чї андоза љавобгўи талаботи њар як марњилаи нави таърихї мебошад. Яке аз њадафњои муњими ќабули Конститутсияи нави Тољикистон ба талаботи замона ва пеш аз њама ба меъёрњои њуќуќи байналмилалї мувофиќ гардонидани меъёрњои конститутсионї мањсуб мешуд. Ба ин масъала Эмомалї Рањмон таваљљуњи махсус медоданд. Чунончи, Эмомалї Рањмон дар Иљлосияи XVIII Шўрои Олии Љум­њурии Тољикистон таъкид ба он намуда буданд, ки «як ќатор бахшњои муњими Ќонуни Асосии љумњурї ва дигар ќонунњое, ки дар заминаи онњо тањия гардидаанд, куњна шудаанд ва ба меъёрњои њуќуќи байналмилалї рост намеоянд. Аз ин рў, имрўз барои мо вазифаи аз њама муњим ин тайёр намудан ва ќабул кардани Ќонуни Асосии кишварамон мебошад».

Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон зимни гузориши худ 30-юми сентябри соли 1993 дар иљлосияи 48-уми Ассамблеяи гене­ралии Созмони Милали Муттахид њамчунин иброз доштанд, ки «њоло дар Тољикистон кор аз болои тањияи лоињаи Конститутсияи нав идома дорад, ки дар он њамаи масъалањои ба таъмини њуќуќњои инкорнашавандаи инсон дахлдор ба эътибор гирифта мешавад».

Яъне зимни тањияи лоињаи Конститутсия таваљљуњи роњбарияти сиёсии кишвар пеш њама дар мадди назар гирифтани меъёрњое буд, ки тавонанд дар вазъи мураккаби љумњурї манфиатњои миллии љомеаи навини Тољикистонро дар худ инъикос намуда, истиќлолияти дав­латиро њукми конститутсионї бахшад, якпорчагї ва тамомияти арзии кишварро инъикос намояд ва дар ќатори дигар масъалањои муњим, њамчунин барои ба арсаи сиёсати љањони њамчун давлати мустаќил ва субъекти комилњуќуќ ворид гардидани Тољикистон мусоидат на­моянд.

Тамоми љаласањои гурўњи кории тањияи лоињаи Конститутсия дар мадди назар ва иштироки бевоситаи муњтарам Эмомалї Рањмон сурат гирифта, њар як таклифу пешнињодњои воридшуда аз нуќтаи назариявї ва амалии татбиќи он, љавобгў будани он ба манфиатњои миллї, таъмини амалишавии њуќуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, таъмини соњибихтиёрии воќеї ва пешрафти љомеа мавриди баррасї ва муњокима ќарор дода мешуд.

Сарвари давлат як ќатор хусусиятњои аввалиндараљаи Конс­титутсияи нави Тољикистонро муайян намуда, пешнињодњои муфидро манзур карданд, ки онњо аз тарафи Комиссияи конститутсионї ва гурўњи корї ба асос гирифта шуданд, аз љумла се аќидаи асосї ва аввалиндараља, ки асоси фаъолияти Комиссияи конститутсионї ва гурўњи кории он мегарданд:

якум, Ќонуни Асосї моњиятан њуљљати њуќуќї мебошад. Дар айни замон он умдатарин санади сиюсию иљтимої, иќтисодї, фарњангию ахлоќї буда, бурду бохти кишварро дар заминаи рушди миллї ва ѓояњои љомеаро инъикос мекунад.

дуюм, Конститутсия њуљљати њуќуќиест, ки иштироки бевоситаи мардумро дар интихоб кардани шакли њокимияти сиёсї, таъсис додану рўйи кор овардани маќомоти олии давлатї ва њам масъулияти онро дар назди халќ ба чањорчўбаи ќонун медарорад.

сеюм, Ќонуни асосї њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро низ муайян намуда, доираи татбиќи онро танзим мекунад.

Илова бар ин, махсус таъкид мегардад, ки масъалањои зикршуда бояд бо дарназардошти шароити мушаххаси иќтисодї, иљтимоию сиёсї, миллию мазњабї ва фарњангии кишварамон дар Конститутсияи нав сабт шаванд. Дар марњилаи кунунии тањаввули љамъиятамон бароямон вазифаи асосї ва муњим барпо намудани давлати демок­ратї, њуќуќбунёд ва дунявї мебошад.

Андешаи ќабули Конститутсияи нави Љумњурии Тољикистон бо дарназардошти шароити мушаххаси иќтисодї, иљтимої, сиёсї, фарњангии кишвари мо ањамияти муњими фарњангї дошт. Ин андеша собит менамояд, ки конститутсияи хар як давлат хусусияти миллї дошта,

- якум, барои ифода ва њимояи манфиатњои миллї мусоидат мекунад;

- дуюм, барои амалї гардидани меъёрњои конститутсионї дар шароити мушаххаси таърихї кўмак мекунад.

Дар арафаи ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дав­лати демократии њуќуќбунёд ва дунявї њамчун консепсияи нави дав­лати соњибистиќлоли Тољикистон пешнињод мешавад. Ин консепсияи давлати тозабунёди Тољикистон бо дарназардошти шароити мушах­хаси иќтисодї, иљтимої, сиёсию фарњангии љомеаи мо пешкаш шуда, дар айни замон сохтмони давлати миллии демократии њуќуќбунёд ва дунявиро дар шароити Тољикистон дар назар дорад. Консепсияи давлати њуќуќбунёди дунявї, ки то ба имрўз амалї мешавад, аз як тараф, арзишњои умумипазируфтаи љомеаи љањонро пурра инъикос мекунад, аз тарафи дигар, шакли ифодаи манфиатњои миллиямон мебошад.

Якљоя бо консепсияи давлати демократии њуќуќбунёд ва дунявї њамчунин консепсияи давлати иљтимої пешкаш мешавад. Таљрибаи конститутсионии љањонї собит менамояд, ки давлати њуќуќбунёди демократї дар айни замон моњияти иљтимої дорад ва барои њалли вазифањои иљтимої талош меварзад. Аз ин хотир, дар конс­титутсияњои давлатњои демократї ѓояи давлати њуќуќбунёди иљти­мої, одатан, дар бахши аввали конститутсияњо сабт мешавад. Бо дар­назардошти њамин таљрибаи љањонї Эмомалї Рањмон дар Иљлосияи XVIII Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон таъкид мекунанд: «Ма­ќомоти давлатї умедвор аст, ки консепсияи чунин давлат, ки онро мо идеали иљтимоиямон медонем, дар бахшњои аввали Конс­титутсияи нави Тољикистон љой хоњад гирифт».

Эмомалї Рањмон дар давраи омода намудани лоињаи Конс­титутсияи Љумњурии Тољикистон борњо таъкид намуда буданд, ки њуќуќњои инсон бояд яке аз бахшњои муњими Конститутсияи навамон гардад. Сарвари давлатмон таъкид ба он доштанд, ки њуќуќњои инсон масъалаи муњим буда, «њоло дар маркази диќќати љањониён, махсусан афкори умумии кишварњои мутамаддин ва мутараќќии дунё ќарор дорад». Бо дарназардошти њамин нуќтаи басо муњим, Эмомалї Рањ­мон дар Иљлосияи XVIII Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон таъкид мекунанд, ки њифзи њуќуќњои инсон «… яке аз рукнњои муњими Ќонуни Асосии Тољикистонро ташкил хоњад кард».

Њамзамон вобастагии њуќуќњои инсон ва масъулиятшиносии инсон таъкид мешавад. Эмомалї Рањмон таваљљуњи комиссияи конс­титутсионї ва гурўњи кории онро ба чунин нуќтаи муњим љалб мекунанд, ки њар як инсон дар баробари доштани њуќуќњояш дар айни замон дар назди љомеа ва давлат њисси баланди масъулиятшиносї бояд дошта бошад. Тавре Сарвари давлатамон таъкид мекунанд: «Њуќуќи зистан, озодона фаъолият кардан (аз љумла фаъолияти сиёсї ва эљодї), баробар будани њамагон дар назди ќонун ва масъулиятшиносии иљтимоии њар фард – ин њама нуќтањое њастанд, ки дар Конститутсияи аксари давлатњои љањон сабт шудаанд».

Амалї гардидани њуќуќњои инсон аз шароити мушаххаси таърихии њар як кишвар, анъанањои миллию фарњангии он вобастагї дорад. Ин нуќта дар дањсолањои охир, махсусан бо таъсири љањони­шавї, аз љумла ворид гардидани фарњанги ба мо «бегонаи» њуќуќњои инсон бештар зоњир мешавад. Њамин раванди амалї гардидани њуќуќњои инсонро дар иртибот бо омилњои фарњангї њанўз дар давраи омода намудани лоињаи Конститутсияи Тољикистон дарк ва пешбинї намуда, Эмомалї Рањмон дар Иљлосияи XVIII Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон таъкид намуда буданд: «Гап фаќат дар сари татбиќи амалии њуќуќњои конститутсионии шањрвандњост, ки вобаста ба шароити мушаххаси љомеањои инсонї, суннатњои таърихию маънавии кишвар, сатњи рушди фарњанги сиёсии мардум сурат мегирад».

Дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дигар арзишњои умумибашарї, аз љумла гуногунии сиёсї сабт мешавад. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон дар Иљлосияи XVIII Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон доир ба ин масъала чунин нуќтаи басо муњимро таъкид намуда буданд: «Табиист, ки давлати тозабунёди тољикон, агар он аз ќатори давлатњои мутараќќї ва мутамаддин љой гирифтанї бошад, бояд аз арзишњои умумибашарї пуштибонї кунад. Гуногунандешии сиёсї аз љумлаи чунин арзишњост, ки мо онро ќабул дорем».

Зимни тањияи Конститутсия дигар масъалаи муњим, ки аз љониби Сарвари давлат њамеша пайгирї карда мешавад, ин тарѓибу ташвиќи васеи меъёрњои он, фањмондадињии мазмуну муњтавои Конститутсия ба ањолии кишвар ва дарки афзалияти он дар фазои њуќуќии кишвар аз љониби њамагон мебошад.

Љињати тарѓибу ташвиќи меъёрњои лоињаи Конститутсия бо ташаббуси Роњбари давлат корњои зиёде ба сомон расонида шуда, аз љумла аз љониби банда, бо љалби њуќуќшиносон, ходимони намоёни давлативу љамъиятї, мутахассисони маќомоти њифзи њуќуќ ва намояндагони дигар маќомоти њокимияти давлатї зиёда аз панљоњ барномаи телевизионї доир намуда, барои фањмондадињии њар як меъёри моддаи Конститутсия ба ањолии кишвар кушиш ба харљ медодем.

Дар маљмўъ аз љониби ањолии кишвар ба лоињаи Конститутсия, ки ба муњокимаи умум пешнињод гардида буд, зиёда аз њаштумин њазор таклифу дархостњо пешнињод гардида, онњо мавриди омўзиш ва баррасї ќарор дода шуданд.

Тавре дар маърўзаи Сарвари давлат дар Иљлосияи XIX Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон 20 июли соли 1994 ќайд мешавад: «Дар тўли зиёда аз ду моњи муњокимаи лоиња бештар аз њаштуним њазор пешнињод аз љониби мардуми кишвар ва њамватанони бурун­марзиамон ба Шўрои Олї ворид шуд». Вобаста ба ин, Сарвари давлат лоињаи Конститутсияи Тољикистонро халќї номида, аз љумла иброз доштанд, ки «онро кулли њамватанони мо дар шањру дењоти Тољикистон ва берун аз он мавриди муњокима ќарор дода, такмилу пурра карданд».

Бо дарки муњимияти масъалаи он, ки принсипњои конститутсионї бояд дар фањмиши инсон маърифати баланди њуќуќиро оид ба эњтиром гузоштан ба Конститутсия ба миён орад, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон зимни тањияи Конститутсия њамеша ба масъалањои дар матни он ба таври даќиќ инъикос ёфтани функсияњои худи Конститутсия, аз ќабили функсияњои сиёсї, њуќуќї ва ин­сондўстї ањамияти хоса зоњир мекарданд.

Зеро назария ва амалияи татбиќи Конститутсия собит сохтааст, ки танњо бо амалишавии функсияњои номбурдаи Конститутсия ња­даф­њои аслии он ба воќеият мубаддал гарданд.

Баъд аз муњокимаи умумии лоињаи Конститутсия, ки моњњои апрел ва июни соли 1994 гузаронида шуда, дар натиља аксари кулли шањрвандони кишвар лоињаи онро дастгирї намуда, омодагии хешро оид ба гузаронидани ислоњоти конститутсионї ва њарчи зудтар ќабул намудани Конститутсия изњор доштанд.

Дар њамин радиф, дар асоси изњороти сиёсии Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон, ки он 28 декабри соли 1993 аз љониби Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон дастгирї гардида буд, 20 июли соли 1994 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ислоњоти конс­титутсионї дар Љумњурии Тољикистон, тартиби ќабул ва мавриди амал ќарор додани Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» ќабул гардид.

Аз љумла, дар моддаи 1 ин Ќонун, ки маќоми Ќонуни консти­тут­сиониро соњиб гардида буд, пешбинї шуда буд, ки лоињаи Конс­титутсияи Љумњурии Тољикистон, ки аз љониби Комиссияи тањияи лоињаи нави Конститутсия бо дарназардошти натиљаи муњокимаи мардумї омода гардидааст, мањќул дониста шуда, ба муњокимаи умумихалќї (референдум) пешнињод карда шавад.

Њамин тавр, баъд аз муњокимањои тўлонї Комиссияи консти­тутсионї бо дарки масъулияти таърихии хеш, тањлили аслии воќеият лоињаи Конститутсияи Љумњурии Тољикистонро ба райъпурсии умуми­халќї тавсия намуд.

Бояд зикр кард, ки дар њамон замон љонибдороне низ буданд, ки мехостанд Конститутсияи нав на ин ки тавассути раъйпурсї аз љониби халќ, балки аз љониби Шўрои Олї ќабул карда шавад.

Вале Роњбари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон бинобар он, ин аввалин Конститутсияи Тољикистон соњибистиќлол буда, дар он пеш њама манфиатњои миллї ва андешаи сокинони кишвар ба инобат гирифта шудааст, љонибдори он буданд, ки ќабули Консти­тут­сияи Тољикистон танњо тариќи раъйпурсии умумихалќї сурат гирад ва мардуми кишвар мустаќилона ояндаи давлату љомеаро интихоб на­мояд.

Бинобар ин, бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат лоињаи Конс­титутсия ба муњокимаи умумихалќї гузошта шуда, ин ташаб­буси нек, аз љумла дар Барномаи пешазинтихоботии Љаноби Олї ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон моњи октябри соли 1994 изњор карда мешавад.

Њамин тавр, 6 ноябри соли 1994 тариќи раъйпурсии умумихалќї њуљљати сарна­виштсоз - Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ќабул карда шуд.

Натиљаи райпурсии умумихалќї чунин буд, ки 87% иштирок­кунандагон лоињаро дастгирї намуданд.

Аз ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон сањифаи нав дар таърихи давлатдории тољикон оѓоз гардид. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њуљљати таќдирсоз ва сарнавишти таърихи нави тољикон буда, ба марњилаи нави таърихии гузариш ба давлати њуќуќбунёди иљтимої ва љомеаи озоди шањрвандї заминаи боэътимоди њуќуќї, иќтисодї, иљтимої, сиёсї ва фарњангї гузошт. Аз ин хотир, Конс­титутсияи Љумњурии Тољикистон чун санади таќдирсоз ва шинос­номаи миллат ањамияти таърихии худро дар тўли садсолањо нигоњ хоњад дошт. Тавре дар Суханронии Президенти Љумњурии Тољи­кистон Эмомалї Рањмон дар Иљлосияи XXI Шўрои Олї таъкид ме­шавад: «Конститутсияи давлати соњибистиќлол ва зуњуроти ягонагии миллату давлатамон абадї боќї хоњанд монд».

Бо ќабули Конститутсияи давлати навини Тољикистон танзими муносибатњои љамъиятї оид ба раванди њуќуќэљодкунї, тартиби тањия, ќабул ва мавриди амал ќарор додани санадњои меъёрии њуќуќї, низоми санадњои меъёрии њуќуќї, тартиби бањисобгирї ва баќайдгирии давлатии онњо аз масъалањое буданд, ки бояд дар шароити нави эъмори давлати њуќуќбунёд мушаххас муайян карда мешуданд.

Бинобар ин, Раёсати Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон 2 марти соли 1995 Ќарор «Дар бораи Наќшаи ташкили кор љињати мутобиќ­гардонии ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон»-ро ќабул намуд, ки мутобиќи он ќонун­гузории Љумњурии Тољикистон бояд ба низоми нави њуќуќї мутобиќ гардонида шавад. Тибќи Наќшаи номбурда ќабули 18 ќонуни конс­титутсионї, 9 кодекс, 26 ќонун ва ворид намудани таѓйиру иловањо ба 81 ќонунњои амалкунанда пешбинї шуда буд. Ќонунњои консти­тутсионї дар бораи Маљлиси Олї, Њукумати Љумњурии Тољикистон, Суди конститутсионї, судњо, шањрвандї, раъйпурсї, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї, кодексњои љиноятї, иљрои љазои љи­ноятї, гражданї, замин, оила, манзил, мењнат, андоз, гумрук, ќонун­њо дар бораи забони давлатї, ветеранњо, мурољиати шањрвандон, танзими анъана ва љашну маросимњо, дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар бораи сарњади давлатї ва ѓайрањо аз љумлаи онњо мебошанд, ки вобаста ба мазмун ва моњияти худ барои ташаккули муносибатњои нав ба нав ва танзими воќеии онњо мусоидат намуданд.

Њамзамон амалї гардидани њадафњо, нуќтањои бунёдї ва меъёр­њои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ки гарави таъмини соњиб­истиќлолї ва рушди љомеа мањсуб мешавад, аз фаъолияти пурсамар ва саъю кўшиши маќомоти давлатї, шахсони мансабдор, хиз­мат­чиёни давлатї, шањрвандон ва иттиходияњои љамъиятии онњо вобас­тагї дорад. Дар маърўзаи Президенти Љумњурии Тољикистон Эмо­малї Рањмон дар нахустин иљлосияи Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кистон аз 7 апрели соли 1995 таъкид мешавад: «Акнун њамчун Пре­зиденти Љумњурии Тољикистон вазифаи аввалиндараљаи худро дар он мебинам, ки кафолатњои дар Конститутсия эълоншуда ба шиори хушку холї табдил наёбанд, балки моњияти воќеї пайдо кунанд ва дар амал татбиќ шаванд».

Дар Конститутсия ѓояњои пешќадами миллї, љамъиятиву сиёсї ва усулњои давлати демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва таљзияи њоки­мияти давлатї, таъмини пурраи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, гуногунан­дешии сиёсиву идеологї таљассуми худро пайдо намуданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Ќонуни асосии кишвар, ки тањти роњба­рии хирад­ман­донаи Президенти Љумњурии Тољикис­тон муњ­тарам Эмомалї Рањмон дар марњилаи басо мураккабу ќисматсоз ва пурпечутобу њассоси рўзњои аввали ташак­кули давлатдории милли­амон ќабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони соњибистиќ­лолии кишвар мањсуб ёфта, њамчун санади муњими сиёсї ва њуљљати сарнавиштсоз барои амалї намудани њадафњои неки миллати куњан­­бунёдамон, заминаи боэътимоди њуќуќї гузошта, дигаргунии кул­лиро дар њаёти љомеа ба миён оварда, самти ташаккули иќтисодиву иљтимої ва љамъиятиву сиёсии давлатро муайян намуд.

Конститутсияи Тољикистон ба марњалаи нави таърихии гузариш аз љомеаи собиќ сотсиалистї ба давлати њуќуќбунёди иљтимої ва љомеаи озоди шањрвандї заминаи боэътимоди њуќуќї гузошта, барои муайян намудани асосњои сохтори конститутсионї, тањкими њоки­мияти давлатї, самтњои љараёни инкишофи љомеа, бунёди давлат­дории навин заминаи воќеї гузошта, дар заминаи он рушди бемай­лони давлат, вазъи муътадили сиёсї ва амнияти љомеа, њифзи ман­фиатњои миллї, тањкими ќонунияту тартиботи њуќуќї, њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд таъмин карда шуд.

Бешубња ќабули Конститутсия дастовар­ди бузурги халќ дар роњи давлатсозиву давлатдории навин мањсуб ёфта, он дар як ваќт барои пойдории сулњу суботи комил ва вањдати миллї ва ташаккули ни­њодњои гуно­гуни љомеаи шањрвандї дар кишвара­мон наќши созгор дорад ва дар заминаи он сатњи маърифати сиёсї, њуќуќї ва фарњангии ањолї баланд гардид.

Хусусияти муњими Конститутсия дар он аст, ки вай аз як тараф Ќонуни асосии давлат ва аз тарафи дигар Ќонуни асосии љомеа мебошад, ки ин ба маќоми халќ њамчун сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї ва барандаи моњияти иљтимоии љомеа такя менамояд.

Ањамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин њуљљати сатњи олї давлати моро бо тамоми хусусиятњои љањониаш таъсис дода, мустаќилияти давлатро бо њама унсурњояш, аз ќабили њудуд, соњиб­ихтиёрї дар њалли масъалањои дохили давлатї, маќомоти олии њокимияти давлатї, шањрвандї, ќонунгузории мустаќил, асъори миллї, ќуввањои мусаллањ ва ѓайра мустањкам намуда, муносибати мутаќобилаи давлат ва маќомоти давлатиро бо љомеа ва нињодњои он ба вуљуд овард.

Дар он асосњои пешрафти давлати муосир, кафолати њуќуќ ва озодии инсон ва шањрванд, фаъолияти озоди иќтисодї, таљзияи њокимият, гуногунандешии сиёсию мафкуравї, демократияи намоян­дагї, бисёрњизбї, озодии эътиќод, сухан, матбуот, гуногуншаклии мо­ли­кият, фаъолияти озоди иќтисодї ва соњибкорї, ки нишон­дињандаи мављудияти низоми демократии сиёсиву иљтимої мебо­шанд, муайян гардидаанд.

Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми табрикии хеш ба муносибати Рўзи Конститутсия 5 ноябри соли 2002 изњор намуданд: «Ањамияти таърихии ин санади асосии меъёрию њуќуќї, ки сиёсати давлат ва њуќуќњои шањрвандонро дар тамоми љанбањои њаёт муќаррар намудааст, нињоят бузург аст. Ав­валан, он дар шароите тањия ва ба муњокимаи умум гузошта шуда буд, ки гурўњњои гуногуни сиёсї њанўз барои амалї гардидани њадафњои худ вобаста ба сохтори давлатдорї талош доштанд. Сониян, бо дарназардошти иродаи аксарияти мардуми кишвар му­рат­таб ва ќабул гардидани Конститутсия ба нофањмињо ва саволњои сершумори онњое, ки ба ояндаи Тољикистон чандон эътимод на­доштанд, љавоби амиќ дод.

Роњи интихобкардаи мо, яъне эъмори љомеаи њуќуќбунёд, де­мократї ва дунявї ба иродаи кулли мардум мувофиќ мебошад. Ба шарофати сиёсати пешгирифтаамон дар мамлакат сулњу субот ва вањдати комил таъмин гардид, ки имрўз тањким ва њифзи онњо ќарзи шањрвандии њар фарди љомеа ба шумор меравад».

Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон доимо дар суханрониву баромадњои хеш ба Консти­тутсияи Љумњурии Тољикистон ва таъмини волияти он ањамияти махсус зоњир намуда, аз љумла дар паёми табрикотии хеш ба муно­сибати 17-умин солгарди ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољи­кистон оид ба муњимияти он ибрози андеша намуда, аз љумла ќайд намуданд, ки «наќши таърихии Конститутсия, пеш аз њама, дар он аст, ки аз солњои аввали истиќлолият халќи Тољи­кистон њамчун баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї сарна­вишти худро мањз тибќи муќаррароти њамин њуљљати таќдирсоз муайян намуда, самтњои тараќќиёти њамаи соњањои зиндагиашро мушаххас гардонид.

Мањз дар асоси талаботи меъёрњои Конститутсия ќонунњои конс­титутсионї ва дигар ќонунњои муњиме, ки њадафи онњо мус­тањкам намудани рукнњои давлатдорї ва танзими њуќуќии пањлўњои гуно­гуни њаёти иќтисодї, иљтимої ва фарњангии кишвар мебошанд, ќабул карда шуданд, ки њамаи онњо дар маљмуъ ифодаи раванди солими ислоњоти њуќуќї дар мамлакат буда, заминаи боэътимоди пешрафти љомеаро таъмин мекунанд».

Дар маљмўъ гуфтан мумкин аст, ки Конститутсия ба сифати ќонуни олии давлат принсипњои муњимтарини њаёти љомеаро муайян намуда, муносибатњои вобаста ба татбиќи њокимияти сиёсї ва таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро танзим намуда, дар таърихи начандон тўлонии худ барои эњтиром гузоштан ба арзишњои пазируфташудаи инсонї ба монанди риоя ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва таъмини шароити мусоид барои зиндагии арзандаи њар шахс фазои мусоиди њуќуќї ба вуљуд оварда, аз љониби коршиносони байналмилалї яке аз бењтарин конститутсияњо эътироф шуд.

Ин санади олии њуќуќї њамчунин асосњои сохтори љамъиятї, ба монанди иќтисодї, дунявию маънавї ва шахсиро муќаррар менамояд ва бинобар ин на танњо давлат, инчунин нињод ва падидањои он низ аз муќаррароти њуќуќї ва ѓояњои Конститутсия бархурдор буда, аз онњо ба таври васеъ истифода менамоянд.

Бо ќабули Конститутсия, ки имрўзњо аз он бист сол сипарї ме­шавад, тамоми рукнњои давлат дар сатњи зарурї ташаккул, такомул ва таќвият ёфта, он вазъи воќеии пешрафти давлат ва самти ташак­кули иљтимоиву иќтисодї, љамъиятиву сиёсї ва диниву маънавии љомеаро дар шароити муосир инъикос менамояд.

Дар заминаи Конститутсия дар Тољикистон ислоњоти њуќуќї њамчун яке аз самтњои муњими талаботи объективии рушди љомеа идома ёфта, нахустин санадњои танзимкунандаи муноси­бат­њои вобаста ба ташаккулёбии рукнњои давлатдорї, фаъол намудан ва тањкими сохто­ри њокимияти давлатї ба тасвиб расида, маќоми нави њокимияти давлатї љавобгў ба талаботи замон ва љомеа таъсис дода шуд.

Конститутсия халќро ба сифати баёнгари соњибихтиёрї ва сар­чашмаи ягонаи њокимияти давлатї эътироф намуда, асосу зер­бинои њуќуќиро ба сифати кафолати танзими солими муносибатњои љамъиятї муќаррар намуд ва барои аз нигоњи њуќуќї дуруст ба низом даровардани меъёрњои ќонун ва тартибу усули њуќуќии амали­гардонии ќонунњо замина ба вуљуд овард.

Дар сатњи Конститут­сия забони тољикї ба њайси забони давлатї эътироф шуд ва ин меъёр имкон дод, ки арзишњои миллию фарњангии миллати тољик эмин нигоњ дошта шуда, ба эњёи дубораи забони тољикї шароити мусоид фароњам оварда шавад. Дар ин замина забони тољикї дар кишвар рушд ёфта, Ќонун «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон» дар тањрири нав ќабул карда шуда, вазъи њуќуќии забони давлатї ва истифодаи онро дар кишвар танзим намуд.

Ќонуни асосии кишвар инсон, њуќуќ ва озодињои ўро ба сифати арзиши олї эътироф карда, дахлнопазирии њуќуќњои фитрї, аз љумла њаёт, ќадр ва номуси инсонро эълон намуда, давлатро масъул месозад, ки њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро эътироф, риоя ва њифз намояд.

Бо маќсади татбиќи ин меъёри конститутсионї ва амалигардонии принсипи инсондўстї аз соли 2003 нисбат ба занон ва аз соли 2004 умуман татбиќи љазои ќатл боздошта шуд, ки ин кафолати пурраи таъмини њуќуќ ба њаёт мебошад.

Њамчунин дар муддати бисту се соли истиќлолият бобати татбиќи меъёри инсондўстона бо ташаббуси наљиби Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон шонздањ маротиба Ќонун «Дар бораи авф» ќабул карда шуд.

Дар сатњи ин њуљљати сиёсї бори аввал истифода гардидани мафњуми таљзияи њокимияти давлатї, њамчун нишонаи муњими мављудияти демократия барои амалї гардидани њокимияти давлатї дар асоси таљзияи он ба њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї мусоидат намуд ва ин меъёр имкон дод, ки шохањои њокимияти давлатї дар асоси принсипи боздорї ва мувозинат, мустаќилона бидуни дахолат ба фаъолияти њамдигар ташаккул ёбанд.

Дигар падидаи муњиме, ки барои ташаккули арзишњои соњиб­ихтиёрї ва рушди муносибатњои байналмилалї замина гузошт, ин дар сатњи Ќонуни асосии кишвар эътироф ва эњтироми меъёрњои аз љониби умум пазируфташудаи њуќуќи байналмилалї ба шумор меравад.

Ќабули Конститутсияи нави Тољикистони соњибистиќлол зару­рати таъсиси низоми самарабахши њуќуќии њокимияти давлатиро ба миён овард. Сохторњои давлатї, низоми судї ва њифзи тартиботи љамъиятї аз нав ташаккул ёфта, ислоњоти идораи давлатї оѓоз гардид, ки он то њол идома ёфта истодааст.

Дар ин раванад механизми њамкории њокимияти ќонунбарор ва иљроия такмил дода шуда, њамоњангсозии фаъолияти маќомоти иљ­роияи мањаллии њокимияти давлатї бо институтњои љомеаи шањр­вquot;; mso-ansi-language: TG;андї дар љараёни муњокимаи ќарорњои ќабулшаванда ва татбиќи онњо таъмин гардида, барои густариши ислоњоти иќтисодиву иљти­мої ва њалли проблемањои њаёти кишварамон мусоидат намуд.

Дар асоси Конститутсия дар даврони соњибистиќлолї аз љониби давлату њукумати кишвар бо маќсади таъмини волоияти ќонун, тањкими раванди демократикунонї дар љомеа, баланд бардоштани маъ­рифати њуќуќии ањолї ва пешгирї намудани њар гуна њуќуќвай­ронкунї чорањои муассир андешида шуда, як зумра санадњои меъёрии њуќуќї ќабул гардиданд.

Њанўз моњи апрели соли 1997 бо маќсади таъмини волоияти ќонун дар љомеа, баланд бардоштани маърифати њуќуќии ањолї ва пеш­гирии роњи ќонуншиканї Фармони Президенти Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи сиёсати њуќуќї ва таъмини тарбияи њуќуќии шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ќабул шуда буд.

Худи њамон сол љињати дар амал татбиќ намудани Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон, 22 августи соли 1997 № 383 ќа­рори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи баъзе чорањои бењтар намудани тарбияи њуќуќии шањрвандон дар Љумњурии Тољикистон ва кори њуќуќї дар љумњурї» ќабул гардид.

Бо маќсади тањкими минбаъдаи раванди демократику­нонии љомеа, тарѓиби арзишњои демократї ва ба ин васила таъмини фазои демократї дар кишвар, 1 декабри соли 1999 Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон «Дар бораи љараёни демократику­нонии њаёти љамъиятї-сиёсї дар љумњурї» ќабул гардид.

Бо ќарори Њукумати Чумњурии Тољикистон аз 29 апрели соли 2009 №253 «Барномаи таълим ва тарбияи њуќуќии шањрвандони Љумњурии Тољикистон барои солњои 2009-2019» тасдиќ гардид, ки маќсади асосии он баланд бардоштани сатњи маърифати донишњои њуќуќї, ташаккули њисси масъулият­шиносї, ватандўстї, эњтиром нисбат ба Конститутсия ва ќонунњои амалкунандаи Љумњурии Тољи­кистон, дарк намудани ягонагии њуќуќ, озодї ва вазифањои асосии инсон ва шањрванд, таъмини фаъолнокии сиёсии ањолии љумњурї мебошад.

Њамчунин, бо маќсади баланд бародош­тани маърифати њуќуќии ањолї, соли 2009 аз љониби олимону мутахассисони варзидаи кишвар тафсири илмиву оммавии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон омо­да карда шуда, дастраси хонандагон гардонида шуд ва имрўз аз он шањрвандони зиёди кишвар мутолиа намуда, дар фаъолияти њама­рўзаи худ онро истифода мебаранд.

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон имрўз дорои нишона ва хусусиятњое мебошад, ки онњо барои эъмори давлати муосири демок­ративу њуќуќбунёд замина гузошта, дар илми муосири њуќуќ љузи таркибии ќонунњои сатњи олї эътироф гардидаанд, аз ќабилї:

- афзалияти њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, ки аз њуќуќњои табииї инсон маншаъ гирифта, бо кафолати давлатї таъмин карда мешавад. Давлати Тољикистон мустањкам ва шикастнопазир будани ин њуќуќу озодињо ва масъулияти давлатиро барои риоя ва њифзи онњо эътироф менамояд;

- дуюм, мустаќилияти судњо њамчун механизми асосии кафолати њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд. Танњо суди мустаќил имкон дорад, ки њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрвандро аз дахолати дигарон самаранок њифз намояд;

- сеюм, волоияти Конститутсия нисбат ба њамаи санадњои меъёрии њуќуќї. Ягон ќонун ё дигар санад наметавонад Конститутсияро ислоњ ё пурра намояд ва ё ин ки зиёда аз њама ба он мухолифат намояд. Конститутсия якљо бо њуќуќи табии асосї низоми њуќуќиро ташкил дода, барои ба миён овардани тартиботе, ки дар он ќонун ва њуќуќ ба њам мувофиќ мебошанд, равона мегардад;

- чорум, афзалияти санадњои байналмилалї. Ин хусусияти давлати њуќуќбунёд барои ба љањони муосир ворид шудани Тољикистон нигаронида шуда, дар заминаи меъёрњои санадњои байналми­лалї ќонунгузории миллї ба шакли муайян дароварда шуда, ба ин васила рушди демокративу иљтимоии давлат, ки аз сандањои байналмилалї сарчашма мегирад, таъмин карда мешавад.

Дар маљмўъ меъёрњои волои ин њуљљати муњими сиёсию њуќуќї, ки дар худ муњимтарин принсипњои демократии эътирофшудаи љо­меаи башариро таљассум менамояд, барои эъмори давлати демокра­тиву њуќуќбунёд ва дунявию ягона равона гардида, барои амали­шавии њадафњои неку созанда дар роњи давлату давлатдории навин мусоидат кард ва дар шароити муосир њар яки мо бояд фаъолияти худро бобати амалишавии меъёрњои он равона созем, зеро ин амал њамзамон нишондињандаи сатњи баланди шуур ва фарњанги њуќуќї, њамчунин масъулияти баланди шањрвандї мебошад.

 

Каримов К.М.

Судя-котиби Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон,

номзади илмњои сиёсї

ДИН, ОЗОДИИ АЌИДА ВА КАФОЛАТИ

КОНСТИТУТСИОНЇ

20-со­лагии ќабули Консти­тутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољи­кис­тон, ки он дар бунёди давлати миллии то­љикон бо номи давлати соњиб­ихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона наќши калидї дорад, дар руњияи баланди созандагиву бунёдкорї таљлил гардид.

Маќсад аз баргузории чунин љашнвора бори дигар нишон додани наќш ва мавќеи Конститутсияи мамлакакат дар рушди давлатдории миллї, танзими њуќуќии муносибатњои гуногуни љамъиятї, ошкор кардани камбудию муваффаќиятњо, тањлил ва пешнињоди андешањо, бањрабардорї аз онњо љињати демократикунонии минбаъдаи њаёти љомеаи Тољикистон ба шу­мор ме­ра­вад.

Зеро мањз Конститутсияи мамлакат вазифаи нињои халќи тољикро бунёди љомеаи адолатпарвар ва давлати иљтимої, ки он барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озо­донаро фароњам меорад, арзёбї намуда, сиёсати давлатии Љум­њурии Тољикистонро ба таври кулл, роњњо ва тартиби расидан ба ин њадафи олї ва нињоии давлатро пешбинї менамояд.

Конститутсия њамчун мафкураи навишташудаи давлатї, ки дар он самтњо ва љабњањои асосї ва стратегии рушди дав­латдории миллї, дарёфт ё шинохти худ њамчун миллат, масъулияти муштараки халќ ва њокимият дар бунёди љомеаи иљти­мої ва шањрвандї, муттањид намудани манфиатњои тамоми ќувва, табаќаву гурўњњои ичтимоии љомеа ва расидан ба ормонњои миллї инъикоси худро ёфтаанд, бузург­тарин манбаи сиёсї ва иљтимої ба њисоб меравад.

Бо ин назардошт, наќш ва мавќеи дин дар давлат ва љомеа, маф­кураи динї дар њаёти љамъиятї ва озодии аќида аз зумраи масъа­ла­њои марказї ва зерпоявии њама гуна ќонунњои асосии давлатњо, аз љумла Конс­ти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ба шумор меравад ва танзим накардани ин масъала дар давлатњое, ки дар онњо динњои гуно­гуни љањонї арзї њастї доранд, ѓайриимкон ме­бошад.

Ба масъалаи дин ва наќши он дар њаёати љомеа ва озодии аќида њамчун муњимтарин њуќуќу озодии инсон ва шањрванд дахл карда, ќайд кардан ба маврид аст, ки чунин андешањо дар аввалин афкори сиёсї ва њуќуќї, ки таърихи онњоро зиёда аз 3 њазор сол арзёбї мена­моянд, арзї њастї кардаанд.

Дар тамоми даврањои минбаъдаи рушди афкори сиёсию њуќуќии љомеаи башарї низ ин масъала дар маркази диќќати мутафаккирони тамоми давру замон ќарор дошт.

Масалан, донишманди бузурги Эллин Пифагор (580-500 то сол­шумории мо) бори аввал олами моро ињота кардаро Ќайњон номида, ќоидањои ахлоќиро оид ба њурмати падару модар ва аз рўи имон ва эътиќод иљро намудани ќонунњоро инкишоф дод. Ў ѓояи њифзи баробари шањрвандонро дар назди ќонун пешнињод намуд.[1] Ба масъа­лаи дин ва шахс таваљљуњ намуда, таъкид доштанд, ки одамон ба роњбари аз дину Худо бархурдор ниёз доранд, то ки чунин роњбар пайваста ба одамон ѓамхорї зоњир намуда, динро пањн ва ба рушди он кўшиш на­мояд.

Суќрот (470/469-399 то солшумори мо) аз зумраи файласуфоне буд, ки бори аввал мафњуми озодиро додааст, ки ба андешаи ў «озодї - ин њукмронї аз болои худ аст».[2]

Баъдан низ масъалаи наќш ва мавќеи дин дар њаёти љомеа ва давлат, таъсири он дар рушди маънавии инсон, махсусан дар афкори сиёсию њуќуќии асрњои миёна, давраи Эњё, давраи инќилобњои буржуазї хело баланд садо медоданд, ки онњо баъдтар мавќеи худро дар аввалин санадњои њуќуќии ќабулшуда пайдо намуданд.

Њанўз дар аввалин китоб ё таълимоти фалсафию иљтимої ва динии аљдодони мо «Авесто» мазмуни фаъолияти инсони муътаќид дар сегонаи зардуштї: њумата, њухта, њварита «рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек» муайян гардида, ба «рафтори бад, гуфтори бад ва пиндори бад»-и инсони ѓайримўътаќид муќобил гузошта шуд.[3]

Дар ин радиф мо аз Эъломияи њуќуќи башари Куруши Кабир ва аз суханронии Эмомалї Рањмон ба муносибати 15-умин солгарди ќабу­ли Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон вобаста ба наќши ниёгони мо дар рушди афкори сиёсиву њуќуќии љомеаи башарї ёдовар нашуда наметавонем.

Чунонки Э. Рањмон ќайд наму­данд: «Гарчанде илми њуќуќ­шиносии мамолики Ѓарб ќонунњои асосї ва ќонун­њои ин кишварњоро њамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи њуќуќу озодињо иинсон мешуморад, вале миллати мо низ дар њаллу фасли ин масъала дар њошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи њуќуќи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним њазор сол ќабл аз ин ќабул гардида буд, кофист.

Бояд гуфт, ки санади мазкур нахустин маротиба дар таърихи башар њуќуќба озодии виљдон, њуќуќ ба озодии њаракат ва њуќуќ ба дахлнопазирии манзилро эътироф ва татбиќ кардааст.

Аз ин рў, тољикон, ки дорои фарњанги волои инсондўстї мебошанд, татбиќи орзуву ормонњои ниёгони гузаштаи хеш ва њадафу талошњои донишмандону мутафаккирони худро дар хусуси инсон ва њуќуќу озодињои он, ќадру ќимат ва шаъну номуси ў ба Конститутсияи худ љой доданд».

Матни Эъломия аз 45 сархат иборат мебошад. Ин аввалин санади њуќуќии навишташуда мебошад, ки дар матни он бори нахустин дар бораи чунин њуќуќњои фитрии инсон, аз ќабили баробарї новобаста аз нажод, дин ва забон; тањаммулпазирии байни тамаддун ва динњо, озод кардан аз ѓуломї; мусофирати озод, таъмини амният ва ѓ. махсус таъкид карда шудааст.

Чунончи дар сархати 25-и Эъломия омадааст: «ман ба шањри Бобу­листон ва ба њамаи ибодатхонаю маъбадњои он амният овардам. Халќро, ки аз зулму бедодгарии ба ў боркардашуда азият мекашид, озод кардам.

Сархати 32. ќайд менамояд, ки «Худоњоро дар ин ибодатгоњњо маскун карда, барои онњо ибодатгоњњои доимї сохтам. Ман њамаи халќњои онњоро љамъ намуда, ба љойњои зисташон баргардонидам.

Сархати 36. Ман ба њамаи заминњо имконият фароњам овардам, ки дўстона зиндагї намоянд».

Њамин тариќ, 2500 сол пеш аз ин аљдоди гузаштаи мо Куруши Кабир амали инсондўстонае содир намуд, ки мислаш дар таърихи давлатдорї дида нашуда буд. Ў эълон кард, ки «Њар кас дар интихоби дин озод аст. Одамон метавонанд кадом мазњаб ва динеро, ки ба он эътиќод доранд, ќабул намоянд».

Њамаи яњудиёнро аз асорат озод намуда, моликияти аз онњо гирифташударо ба онњо баргардонид, барои онњо њама чизи заруриро муњайё сохта, онњоро ба Замини Муќаддас гусел намуд. Ў ба яњудиён фармуд, ки дар Байтулмуќаддас ибодатгоњи дуюми њазарати Сулаймонро (шоњи сеюми яњудињо, њокими афсонавии шоњии Исроил дар солњои 965-928 то солшумории мо, давраи гул-гулшукуфии шоњии Исроил, писари шоњ Довуд, ки дар замони под­шоњиаш ибодатгоњи Байтулмуќаддасро сохта буд) бунёд намоянд.

Барои ин амали олињимматона Куруши Кабир дар Китоби Эзра, ки соли 460 то солшумории мо дар Байтулмуќаддас навишта шудааст, Нузули Масењ (Мессия) зикр мешавад. Бо ин сабаб Куруши Кабир дар Ањди Ќадим (Таврот) 23 маротиба зикр карда шуда, чандин маротиба дар назар дошта шудааст.

Барои некўкорию олињимматї дар Инљил Куруш абадзинда эълон гардида, аз тарафи худо ба ў дода шудани тахту тољи шоњї ќайд карда мешавад. Аз ин рў, яњудиён дар давраи дуру дарози таърихї ба наслњои Куруш њамчун ба дўстон ва њимоятгарони худ аз истисморгарони селевидњо ва римињо муносибат мекарданд.

Дар Эъломия дарљ гардидаст, ки њамаи ањолї аз эътиќод ва одат-њои гузаштагони мо ифтихор ва ќаноатмандї мекарданд. Њатто юно- нињо, ки душманони доимии форсњо ба њисоб мерафтанд, Курушро «ќонунгузор» меномиданд. Ўро, инчунин бо номи Куруш-адолатпар-вар, Куруш-олињиммат, Куруш-фотењи тавоно, Куруш-подшоњи бота-њаммул ном мебурданд ва шахсе, ки дар дунёи ќадим то ин дараља ба тањсину офарин сазовор шуда бошад, чунонеки Куруши Кабир сазовор шудааст, дигар вуљуд надорад.

Соли 1971 «Силиндри Куруш» аз љониби СММ аввалин Эъломияи њуќуќи башар дар таърих эълон карда шудааст.

Ниёгони мо ва мутафаккирони асрњои миёнаи тољик низ, аз ќабили: Форс Монї (216-277) бо таълимоти монавия, Абунаср Му­њам­мад ибни Тархон (Абунасри Форобї) (853-950), ки асарњои ўро зиёда 160 адад ном мебаранд, Абуалї ибни Сино (980-1037), Абуалї Њасан ибни Алии Тусї машњур ба Низомулмулк (1018-1092), Абду­њамид Муњаммад Ѓазолї (1058-1111), Мир Саид Алии Њамадонї (1314-1349), Њусайн Воизи Кошифї (1430-1505) ва дигарон ба масъалањои гуногуни сиёсию иљтимої, ахлоќї, мавќеи сар­вари сиёсї, давлат ва давлатдорї, накўкорї даст зада, оид ба наќши дин дар љомеа, мавќеи инсон ва иродаи ў анде­шањои љолиби диќќат пешнињод намуда, дар рушди афкори сиёсї ва њуќуќии љомеи башарї наќши муносиб гузоштаанд.

Абуалї ибни Сино дар асараш «Тадбири манзил» чунин андеша дошт, ки пайёмбар роњбари љомеаи одилона ва таъмини файзи илоњиро дар рўи замин ба уњда дорад. Пайёмбар барои иљроиши вазифањои корњои давлатї бояд аз њисоби шах­сони шоиста љонишин дошта бошад. Сарвари кишварро ў бо чор сифат: далерї, адл, њусни тадбир ва хирад кафш намуд.[4]

Мухаммад Ѓазолї дар асараш «Насињат-ул- мулук», ки баёни аф­кори иљтимоию сиёсии ў мебошад, дин ва сиёсатро пайванди људо­нашаванда дониста, онњоро яке аз омилњои муњими танзимкунандаи њаёти љамъиятї медонист.[5]

Дар замони њозира низ, корњои зиёди илмие рўи нашр омадаанд, ки аз алоќамандии миёни дин ва њуќуќ, инчунин решањои динї доштани њуќуќи имрўза дарак медињанд.

Чунончи, Р.А.Папаян ба яке аз назарияњои муњими њуќуќи конс­ти­тутсионї- таљзияи њоки­мият- дахл карда, чунин мешуморад, ки реша­њои низоми таљзияи њоки­миятро бояд дар худи Библия дарёфт ва ў ба хулоса омадааст, ки «… дар сегонаи Худо-Падар, Худо-Писар ва Худо-Рўњи Муќаддас се шохаи њокимияти осмонї, ки эквиваленти осмонии њоки­мияти ќонунгузор, судї ва иљроия ба њисоб мераванд, ифодаи худро ёфтаанд.»[6]

Бузургтарин фарзанди миллати тољик, ки мо аз ў ёдовар нашуда наметавонем, - ин Њазрати Абў Њанифа Имоми Аъзам ва мазњаби ў мебошад, ки шинохти ў њамчун фарзанди фарзонаи миллати тољик ба истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон сахт марбут аст.

Истиќлолияти давлатї ва сиёсати созандагию бунёд­коронаи Президенти кишвар Эмомалї Рањмон аст, ки миллати куњанбунёд ва фарњангофарини мо имконият ёфт, ки ба таърих, адабиёт, фарњанги гузашта ва наќши фарзандони барўманди худ дар ѓанї гардонидани арзишњои миллї ва умумибашарї, аз љумла дар ташаккул ва густариши дини ислом ва таълимоти он аз наздик шиносої пайдо намояд.

Дар зарфи зиёда аз 24 соли соњибистиќлолї чашми мардуми мо дар роњи худшиносї ва худогоњии миллї то он дараља кушода гардид, ки ин амал тайи њазорсолањои пешин ба ў муяссар нагардида буд. Диди нав, дарки њастї ва њаќиќат ба он дараља боло рафт ва халќ то он дараља дониш андўхта, аз аслу насаби худ огоњї пайдо кард, ки касе чашмдор набуд. Хубро аз бад, ростиро аз дурўѓ, њаќиќатро аз фитна ва тафриќаандозї фарќ мекардагї шуд. Ба сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат нисбати ободии кишвар, таъмини осоиштагї ва вањдату њамзистии мардумони он, тањаммулпазирии динњо ва мазњабњои гуногуни онњо дар љомеа итминони комил њосил кард.

Дар ин замина, соли 2009-ро соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон намудани роњбари давлат ва бо як тантанаю шањомати хоса љашн гирифтани 1310- соагии Имоми Аъзам аз ќадршиносии мавќею ман­залати ин фарзанди тољик ва саромади мазњаби Њанафия дар тањкими там­маддуни исломї ва мидлї шањодат медињад.

Аввалан, ин иќдоми бузург шањодати имони комили сарвари давлат ба дини мубини ислом, пайѓамбар ва саромадони он, аз љумла Њазрати Абў Њанифа Имоми Аъзам ва мазњаби ў ба шумор меравад. Ба мазњабе, ки аз се ду њиссаи мусулмонони дунё, аз љумла 97 андар сади ањолии Тољ­икистон ба он гаравида, бо ифтихори шукргузорї њамарўза мавриди аъмоли бунёдкоронаи худ ќарор додаанд.

Дуюмин, маќсад аз ин иќдом нишон додани наќши барљастаи фар­занди тољик дар тањкими дини Ислом, умдатарин арзишњои Ќуръони маљид, суннату ќавли сањобањо ва таълимоти он иборат аст, ки боиси ифтихормандиву сарфарозии њар фарди тољик нагардида наметавонад.

Сеюмин, ин иќдом арзёбии моњияти иљтимої, инсондўстї, ах­лоќию, озодагї, фарњангї ва созандагии дини Ислом, аз љумла маз­њаби Њанафї дар тањкими арзишњои он, њамчунин пешгирии њама гуна айбдоркунињои беасоси ба љараёнњои террористиву экстремистї ва мазњабї алоќа доштани дини Ислом мебошад.

Чорумин, маќсад аз ин иќдом њифзи арзишњои мазњаби зикрёфта њамчун аќоиди ањли суннат ва љамоат, тањаммулпазир ва ба ин тариќ дини Ислом аз њама гуна унсуру љараёнњои тафриќа ва људоиандози ба ном динї ба њисоб меравад.

Имоми Аъзам њафтод сол пас аз гузашти њазрати Пайѓамбар (с) ба дунё зуњур кард ва замони зиндагии ў ба даврае рост омад, ки аллакай заминаи Ислом васеъ пањн гардида, халќњои гуногунэътиќодро ба имони худ дароварда, ба ташаккул ва мавриди дурусти аъмоли љомеа ва мусулмонон ќарор гирифтани худ ниёз дошт. Аммо фирќаю мазњаб ва равияњои гуногуни дар дохили Ислом бавуљудомада ва бањсу мунозирањои беасоси онњо якпорчагии онро халалдор намуда, динро ба парокандагиву гуруњбозї ва тафриќаандозї дучор намуданд.

Дар чунин вазъияти шадиди муборизаи ѓоявии фикрњо, мазњабњо ва равияњои гуногун илми калом ба вуљуд омада, рў ба инкишоф дошт, ки дар ташаккули масоили аќлию мантиќии он наќши Имоми Аъзам хело калон аст ва давраи муќаддимотии ин илмро ба таълифи «Фиќњи акбар»-и Абў Њанифа нисбат додан низ бесабаб нест.[7]

«Мардум дар илми фиќњ њама аз хонадони Абў Њанифаанд», таъкид доштани Имом Шофеъї[8] ё ки «Мардум аз илми фиќњ дар хоб буданд, то он ки Абў Њанифа омад ва эшонро аз хоб бедор кард» таъ­кид кардани Назр ибни Шамил[9] шањодат аз бузургї ва љойгоњи Имоми Аъзам дар рушди фарњанги исломї ва миллии мо мебошад.

Чунонки Абдуллоњи Рањнамо ќайд мекунанд: «Шахсияти Имоми Аъзам дар њаќиќат њамчун рамзи пайванди амиќи фарњанги мардуми тољиктабор бо тамаддуни исломї ва њамчун рамзи љойгоњи муњими фарњанги тољикон дар тамаддуни исломї хизмат менамояд.»[10]

Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар суханронии худ бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам дар мавзўи «Моњияти тањаммулпазирии мазњаби Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар» ба масъали дин дахл намуда, таъкид доштанд, ки:

«Таърихи фарњанги тољикон, ки яке аз ќадимтарин халќњои Осиёи Марказї ва ворисони тамаддуни куњанбунёд ва ѓановатманд мебошанд, аз сарчашмаи ду тамаддуни бузурги љањонї - тамаддуни ориёї ва тамаддуни исломї шодоб гардидааст…

…Дини мубини ислом тадриљан бо тамаддуни ниёгони мо созгор омада, минбаъд низоми маънавї, иљтимої ва фарњангии аљдоди моро хеле тањким бахшид ва густурда сохт.»[11]

Њамин тариќ, афкори сиёсию иљтимоии љомеаи башарї дар масъалаи вобаста ба дин, интихоб ва парстиши дин, мавфкураи динї ва озодии аќида оњиста-оњиста аз назария ва афкор ба санадњои меъёрии њуќуќї гузашта, хусусусияти меъёрї ва умумињатмиро касб карданд.

Хартияи бузурги озодихоњї аз соли 1215, Конститутсияи Оливер Кромвел (1599-1658) аз 16 декабри соли 1653 бо номи «Олоти идо­ракунї» ва Билл оид ба њуќуќњо аз соли 1689 (Британияи Кабир); Эъло­мияи истиќлолияти ИМА аз 4 июли соли 1776, Санад оид ба озодии дин соли 1786 ИМА, Эъломияи хуќуќи инсон ва шањрванди Франсия аз 24 августи соли 1789 аввалин санадњои њуќуќї мебошанд, ки дар онњо муносибати љомеа ба дин ва озодии аќида мавриди танзими њуќуќї ќарор гириф­танд.

Мафњуми «озодии дин» амалан бори аввал дар ИМА дар Санад оид ба озодии дин (1786) мавриди танзими њуќуќї ќаро style=шањодат аз бузургї ва љойгоњи Имоми Аъзам дар рушди фарњанги исломї ва миллии мо мебошад.р гирифтааст, ки тибќи он «њамаи одамон бояд дар парастиш, њифзи андешањои динии худ дар ваќти бањсњо озод бошанд ва ин озодї дар ягон њолат набояд мањдуд ё васеъ карда шуда ё бо ягон тарзе ба њуќуќњои шањр­ваp class=ндии онњо таъсир расонад»[12].

Мафњуми «озодии виљдон ва «озодии дин» дар ин Санад баро­барарзиш ифода шуда, њамчун њуќуќи бе мањдудият аз тарафи давлат парастидани њама гуна дин маънидод карда мешавад.[13]

Бо ќабули нахустин Конститутсияи навишташуда, ки он 17 сентябри соли 1787 дар ИМА сурат гирифт, озодии аќида њамчун муњим­тарин њуќуќу озодии шахсии инсон ва шањрванд њукми консти­тутсионї гирифт.

Конститутсия санади талаботи аввалиндараљаи давлат ва љомеа гардид ва 3 майи соли 1791 дар Полша, 3 сентябри соли 1791 дар Фаронса, соли 1809 дар Шветсия, соли 1811 дар Венесуэла, соли 1812 дар Испания, соли 1814 дар Норвегия, соли 1815 дар Нидерландия, соли 1831 дар Белгия, соли 1863 дар Люксембург ва дар дигар давлатњо конститутсияњо пайи њам ќабул гардиданд. Ѓоя дар хусуси он, ки конститутсия бояд дар њама давлат вуљуд дошта бошад, дар тамоми љањон пањн гардид.

Баъдан озодии дин ва озодии аќида њаммун муњимтарин њуќуќу озодии инсон дар Оинномаи Созмони Милали Муттањид аз 24 октябри соли 1945 (банди 2 мод 13. Фасли IV. Маљ­маъаи умумї), банди 6 мод. 76. Фасли X. Шўрои иќтисодї ва ичтимої); сархати 2-и пешгуфтор, моддањои 1, 2, 7, 16, махсусан мод. 18 ва 19 Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948; моддаи 18 Паймони байнал­милалї доир ба њуќуќњои фитрї ва сиёсї аз 16 декабри соли 1966 ва ѓ. мавриди танзими њуќуќї ќарор дода шуда, барои тамоми давлатњои љањон хусу­сияти умумињатмиро касб намуданд.

Аз љумла, моддаи 18 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќњои фит­рї ва сиёсї муќаррар менамояд, ки:

«1. Њар як инсон ба озодии фикр, виљдон ва дин њуќуќ дорад. Ин њуќуќи озодї доштан ё ќабул кардани дин ё эътиќод бо интихоби худ ва озодии пайравї кардан ба дин ё эътиќоди худ чи бо тартиби инфиродї ва чи якљоя бо дигарон, ба таври оммавї ё хусусї, дар ибодат намудан, иљро кардани расму оинњои диниву маросимї ва таълим гирифтанро дар бар мегирад».

Конститутсия чунин санади умумии (универсалї) њуќуќї ва сиёсї гардид, ки дар он муњимтарин ва арзишмандтарин дастовардњои афкори сиёсию њуќуќии љомеаи башарї, аз љумла арзиши олї будани инсон, њуќуќу озодињои он ва њифзи ин њуќуќњо гирд оварда шудаанд, ки он ба мафњуми лотинии конститутсия - «барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис додан»-мувофиќ гардид.

Њамин тариќ, Конститутсия њамчун њуљљати муњими сиёсї ва дар миёни санад­њои меъёрии њуќуќї санади олии эъти­­бори њуќуќї дошта аз талаботи аввалиндараљаи инсон ба њаёт, зиндагї, озодї, адолати иљтимої, баробарї ва дахлнопазир будани њуќуќу озодињои ў ба май­дони сиёсї, њуќуќї, ичтимої ва фарњангї ворид шудааст.

Конститутсия то ба дараљаи соњиб шудан ба унвони ќонуни асосии давлат эволютсияи дуру дарози таърихиро аз сар гузаронида, амалан синтези афкори пешќадами фалсафию сиёсї, њуќуќию фар­њангии љомеаи башарї мебошад, ки Љумњурии Тољикистон бо такя аз таљриба ва арзишњои вуљуддоштаи давлату давлатдорї, анъанањои ќабул кардани конститутсияњо, раванди конститутсионализм ва таљрибаи 70-солаи конститутсионализми сотсиалистии худ (консти­тутсияњои солњои 1929, 1931, 1937 ва 1978) 6 ноябри соли 1994 конститутсияи давлати соњибихтиёру демократї, њуќуќбунёду иљтимоии худро ќабул ва эълон намуд.

Конститутсияи мамлакат дар баробари фаро гирифтан ё танзими дигар масалањои мубрами њаёти давлат ва љомеа, ба масъалаи вобаста ба дин ва озодии аќида, ки нахустин дар муносибатњои истењсолї наќши арзанда дошта, дуюмин муњимтарин њуќуќу озодии инсон ва шањрванд ба шумор меравад, бетафовут набуда, онњоро дар бобњои асосњои сохтори конститутсионї ва њуќуќу озодї, вазифањои асосии инсон ва шањрванд мавриди танзими амиќ ќарор додааст.

Сохтори конститутсионї – ин шакли (восита) ташкили давлат мебо­шад, ки тобеияти давлатро ба њуќуќ таъмин намуда, онро њамчун дав­­лати конститутсионї муаррифї менамояд.[14] Яъне давлат муносибати худро ба дин дар тавсифи њуќуќии давлатї ё шакли давлат ифода намудааст.

Чунончи, тибќи моддаи 1 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­­кистон «Љумњурии Тољи­­кистон давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона мебошад.»[15]

Давлати дунявї давлатест, ки дар он њељ як дину мазњаб њатмї ё афзалиятнок ва ба њайси дини давлатї ва расмї пазируфта намешавад. Њама дину мазњабњо баробар буда, пайравї кардан ба ин ё он дин барои шањрвандон ягон оќибати њуќуќї ба бор намеорад. Яъне онњо новобаста аз пайравї ба ин ё он дин баробарњуќуќ мебошанд.

Манъ будани дахолати иттињодияњои динї ба фаъолияти маќо­моти дав­латї, аз љониби давлат эътироф нашудани мундариљаи њуќу­ќии санадњо ва ќоидањои динї њамчун сарчашмаи њуќуќ ва баробар­њуќуќии мављудияти динњо, мудохила накардан ба масъалаи вобаста ба озодии аќида ва виљдони шањрвандон, дар навбати худ ба корњои давлат ва фаъолияти маќомоти давлатї дахолат накардани итти­њодияњои динї- муњимтарин аломати тавсифкунандаи давлати дунявї ба њисоб меравад.

Аммо андешањои зикршуда, маънои миёни давлат ва иттињо­дияњои динї набу­дани алоќамандї ва њамкорї барои рушду тањкими љомеа, боло рафтани сатњи шуури љамъиятї ва тарбияи маънавию ахлоќї ва руњии љомеаро надорад. Давлат аз ќувваи бузурги маънавию ахлоќї ва созандаи дин ба манфиати давлату давлатсозї ва суботи сиёсию иљтимоии љомеа васеъ истифода менамояд.

Дар давраи соњибистиќлолї теъдоди масчидњои сабти номшуда то 4000 расид, ки дар даврони Шўравї њамагї 17 масчид фаъолият мекард, аз 30 нафар шањрвандони дар 70 соли даврони Шўравї ба зиёрати хонаи Худо мушаррафшуда то ба зиёда аз 200 њазор нафар расидани чунин шањрвандони мамлакат, чор маротиба ба забони адабии тољикї нашр шудани китоби муќаддаси Ќуръони карим, нашри бузургтарин китобњои олами ислом, аз ќабили: «Сањењ»-и Имом Бухорї, «Тафсири Табарї», «Кимиёи Саодат»-и Имом Муњаммади Ѓазолї ва дигарњо, љашнгирии 1310 солагии поягузори мазњаби Њанафї Имомї Аъзам, баргузор намудани конфронси бонуфузи байналмилалї вобаста ба ин чашн бо иштироки зиёда аз 500 нафар ањли уламо ва шахсиятњои бонуфузи динї, аз зумраи 500 нафар мусулмони бонуфузи љањон пазируфта шудани роњбари давлати Тољикистон ва боло рафтани эътибори Тољикистон дар со­монњои байналмилалии исломї нишонаи њамкории хуби байни давлат ва итти­њодияњои динї дар Тољикистон мебошад.

Дар замони соњибистиќлолї њазораи «Шоњнома»-и њаким Фир­давсї, 2700-солагии “Авесто”, 1000-солагии њуљљатулњаќ Носири Хусрави Ќубодиёнї, 1025-солагии шайхурраис Абўалї ибни Сино, 680-солагии орифи машњур - Мирсайид Алии Њамадонї, 675-солагии шайх Камоли Хуљандї, 800-солагии мавлоно Љалолуддини Балхї 1150-солагии одамушшуаро Абўабдуллоњи Рўдакї, 950-солагии имоми бузург Муњаммади Ѓазолї ва дигарон дар сатњи арзанда таљлил карда шуданд ва чунон ки Эмомалї Рањмон ќайд карданд: «њадафи асосии мо аз таљлили љашнњо ва арљгузорї ба шахсиятњои таърихии миллатамон ва осори гаронбањои онњо тањкими њарчи бештари њисси худогоњиву худшиносии миллии наслњои имрўза ва дар хизмати онњо ќарор додани арзишњои воло ва дастовардњои неки фарњангии ниёгонамон, инчунин бо њамин роњ дар шуури наврасону љавонон тарбия кардани эњсоси ифтихор аз гузаштагон мебошад.»[16]

Бо назардошти давлати дунявї будани Љумњурии Тољикистон, дар моддаи 8 Конститутсияи Љумњурии Тољи­кис­тон аз давлат људо бу­дани ташкилотњои динї ва ба кори давлат дахолат накардани онњо, инчунин ба њайси мафкураи давлатї эътироф нашудани мафкураи њизбњо ва иттињодияњои љамъиятї, аз љумла маф­кураи динї муќаррар карда шудааст. Ин мазмуни онро дорад, ки аз тарафи давлат ба зиммаи ташкилотњои динї иљрои ягон вазифаи давлатї гузошта намешавад. Давлат дар фаъолияти ташкилотњои динї тааасуб, ху­ро­фот ва ифротгароиро пешгирї намуда, сиёсати тањаммулпазириро миёни дину мазњабњо, тарафдорони онњо ва шахсони бедин роњандозї менамояд.

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар ќаринаи давлати дуня­вї будани Тољикистон, њамчунин ба танзими њуќуќи озодии виљон, ки дар низоми њуќуќњои шахсї ва шањрвандии конститутсионии инсон ва шањр­ванд наќши муњим дорад, ањамияти њоса зоњир намудааст.

Тибќи моддаи 26 Конститутсия «Њар кас њаќ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустаќилона муайян намояд, алоњида ва ё якљоя бо дигарон динеро пайравї намояд ва ё пайравї накунад, дар маросим ва расму оинњои динї иштирок намояд.»

Дар моддаи мазкур њуќуќ ба озодии виљдон дар намуди: њуќуќи муайян намудани муносибат ба дин, њуќуќи дар танњої ё дасттаљамъї пайравї намудан аз дин ва њуќуќи иштирок дар маросим ва расму оинњои динї муќаррар карда шудааст.

Њуќуќи муайян намудани муносибат ба дин- ин аз љониби инсон новобаста аз вазъи шањр­­вандї, њолати молу мулкї, мансубияти динї ва нажодї мустаќилона муносибат кардан ба дин, пайравї намудан ё пайравї накардан ба ягон дин ифода меёбад. Яъне шахс њуќуќи пайравї кардан, накардан ё пайрави дини дигар буданро дорад. Дар ин масъала њама гуна мањдудият манъ мебошад, яъне тибќи Конститутсия њар шахс дар љањонбинии динии худ озод мебошад.

Муќаррароти Конститутсия дар масъалаи макур аз он бармеояд, ки муайян намудани љањонбинии шахс ва тобеияти шуури љамъияти он дар љомеаи демократї тавассути меъёр номумкин аст. Агар ин масъала љанбаи маљбурї ё њатмї гирад, он гоњ озодии эътиќод ва виљдон маънояшро гум мекунад.[17]

Њуќуќи дар танњої ё дасттаљамъї пай­равї намудан аз дин асосан шакли амалї гаштани муносибати инсонро ба дин муайян менамояд. Тибќи Конститутсия инсон дар пайравї кардан ё на­кардан ба дин озод буда, чунин амали худро дар алоњидагї ё дастљамъона ихтиёрона ба амал мебарорад. Ин њуќуќи инсон ба њуќуќи дигари дар ќисми 1 моддаи 28 Конститутсия дар масъалаи ташкил кардани њизбњои динї ва аттеистї алоќамандї дорад.

Ќисмати муњимињуќуќ ба озодии виљдон – ин њуќуќи иштирок дар маросим ва расму оинњои динї мебошад, ки шахс дар амалї намудани онњо низ озод аст. Иљрои онњо ба хоњиши шахс вобаста аст. Муњим он аст, ки инсон њуќуќ ва имконият дорад дар маросим ва расму оинњои динї, ки Конститутсия кафолат додаааст, ќоида ва тартиби гуза­ронидани онро ќонунгузорї пешбинї намудааст, ихтиёрона иштирок намояд.

Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 8 июни соли 2007 № 274 «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикис­тон» маросимро маљмўи амалњои рамзї арзёбї менамояд, ки муносибати шахсон ва гурўњњои иљтимоиро ба падидањои муњими њаёти фарњангии љомеа муќаррар менамоянд.[18]

Расму оини динї дар шакли анъана ва љашнњои динї баромад кар­да метавонад, ки бо махсусияти динї ва такрорёбанда буданаш ба чунин сифатњо расидааст.[19]

Масъалаи муњиме, ки ба њуќуќ ба озодии виљдон алоќамандии бевосита дорад, ин муќаррароти ќисми якуми моддаи 28 Конститутсия мебошад, ки тибќи он шањрвандон њуќуќ доранд дар ташкили њизбњои сиёсї, аз љумла њизбњои динї ва атеистї иштирок намуда, ихтиёран ба онњо дохил шаванд ва аз онњо бароянд, ки тартиби ин фаъолиятро Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њизбњои сиёсї» ба танзим меда­ро­рад.

Вобаста ба ин, муќаррароти ќисми 3 моддаи 14 Конститутсия ба мањдуд кардани њуќуќ ба озодии виљдон низ пурра татбиќшаванда мебошад, ки тибќи моддаи мазкур «Мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои шањрванд танњо ба маќсади таъмини њуќуќ ва озодии дигарон, тартиботи љамъиятї, њимояи сохти конститутсионї ва тамо­мияти арзии љумњурї раво дониста мешавад.»

Ин муќарарроти Конститутсия ба талаботи ќисми 3 моддаи 18 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќњои фит­рї ва сиёсї тавъам мебошад, ки тибќи он:

«3. Озодии пайравї кардан ба дин ё эътиќод танњо ба андозае мањ­дуд карда мешавад, ки тавассути ќонун муќаррар гардидааст ва барои њифзи амният, тартибот, саломатї ва ахлоќи љамъиятї. Њамчунин њуќуќ ва озодии асосии дигар ашхос зарур аст»[20]

Моддаи 30 Конститутсия дар Љумњурии Тољикистон таблиѓот ва ташвиќоте, ки бадбинї ва хусумати иљтимquot;serifої, нажодї, миллї, динї ва забониро бармеангезад, манъ мењисобад.

Њамин тариќ, Конститутсияи (Сарќонуни Љумњурии Тољикистон инсон ва њуќуќу озодињои он, аз љума озодииfont-size: 12.0pt; font-family: дин ва озодии виљдонро ариши олї њисобида, барои њама гуна дину мазњаб њамчун ќис­мати шуур ва настройкаи љамъиятї шароити муътадили рушду тањким фароњам овардааст.

Њама гуна њуќуќу озодии инсон бояд ба маќсади нињоии давлат ва љомеи Тољикистон, яъне бунёди љомеаи адолатправар ва ичтимої ра­вона шуда, бо хусусияти созандаю бунёдкоронаи худ љомеаи моро барои расидан ба ормонњои миллї рањнамун созад ва барои халќ ва миллати мо њамчун чароѓи њидоят хизмат намоянд.




[1] Ниг. Нуденко Л.А.Конституционные права и свободы личности в России. Учебное пособие. Отв. редактор Н.В. Витрук, СПб.: Изд Р. Асланова «Юридический центр Пресс» 2009. Сањ.13.

2 Дар њамин љо. Сањ.13

[3] История Таджикского народа. Том I. Древнейшая и древняя история. Душанбе 1998. С.236

[4] Муњаббатов А. Нуриддинов Р. Асосњои сиёсатшиносї. Душанбе «Ирфон» 2006. Сањ.39.

[5] Дар њамон љо. Сањ.44.

[6] Папаян Р.А. Христианские корни современного права. М.: « Норма», 2002. С.218.

[7] Ниг: Каримов К. Имоми Аъзам ва Фиќњ.Рўзномаи «Тољикистон» № 10 (9720) 5 марти соли 2009.

[8] Рустамзода Бегиљон. Имоми Аъзам (Абў Њанифа кист). Душанбе-1999. Сањ.12.

[9] Дар њамон љо. Сањ.12

[10] Абдуллоњи Рањнамо. Ислом ва амнияти миллї дар Тољикистон. Душанбе «Ирфон» 2011. Сањ. 70.

[11] Ниг:. Суханронї дар мавзўи «Моҳияти тањаммулпазирии мазњаби Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар» дар конфронси љумњуриявї бахшида ба 1310 - солагии Имоми Аъзам 26.02.2009.шаҳри Душанбе.

[12] Ниг. Томас Джеферсон о демократии / Сост. К. Падовер - СПб., 1992. С. 201.

[13] Ниг.: Клочков В.В. Религия, государство, право. - М., 1978. - С. 189-190.

[14] Козлова Е.И,, Кутафин О.Е. Конституционное право России: учеб:- 4-е изд., перераб. и доп. -М.: Проспект, 2010. Сањ.94.

[15] Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­­кистон.Душанбе. 2003. Сањ8.

[16] Ниг:. Суханронї дар мавзўи «Моњияти тањаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар» дар конфронси љумњуриявї бахшида ба 1310 - солагии Имоми Аъзам 26.02.2009 , шаҳри Душанбе.

[17] Ниг. Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­­кистон. Душанбе. Шарќи озод 2009. Сањ 148.

[18] Ниг.Тафсири Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон». Душанбе-2008. Сањ.16,18.

[19] Ниг. Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­­кистон. Душанбе. Шарќи озод 2009. Сањ 151.

[20] Ниг: Њуќуќи инсон. Маљмўаи санадњои байналмилалї ва ќонунгузории миллї. Љилдї 1. Душанбе-2010. сањ.38.

 

 

ЌАРОРЊОИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


Ќ А Р О Р И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

оид ба дархости директори матбааи шањри Исфара Абдуллоев И.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањр­вандони Љумњурии Тољикистон» аз 25 июни соли 1993 № 797 ба моддањои 12 ва 39 Консти­тутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе 13 ноябри соли 2014

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­кунанда- Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмуд­зода М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдул­лоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Ѓаниев Љ.,

тарафњо:

а) Абдуллоев Ибодулло Назруллоевич - директори матбааи шањри Исфара тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст;

б) Гиёев Сайфулло Неъматович - намояндаи ваколатдори Маљ­лиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Фарњод Рањимї - намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди консти­тутсионї, Шоњназаров Содиќ Ашурович - мушовири ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон, намояндаи вако­латдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди консти­тут­сионї - тарафњое, ки ќонуни ќабулкарда, љонибдоринамуда ва ба имзорасонидаи онњо мавриди бањс ќарор дода шудааст;

даъватшудагон:

Мирсайзод Њаким Саид - муовини Вазири адлияи Љумњурии Тољикистон;

Ќодирзода Абдуљаббор - муовини аввали Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон;

Сайидзода Љамолхон Шариф - муовини аввали Раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољи­кистон;

Ќодиров Тоњир Ќамарович - Раиси коллегия оид ба корњои оила­вии Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

Мирзозода Искандаршо - сардори Раёсати Прокуратураи генералии Љумњурии Тољи­кистон;

Одинаева Назокат Хайруллоевна - муовини аввали Директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њуку­мати Љумњурии Тољикистон;

Бобохонов Сайдалї Сангимуродович - муовини Сардори шуъбаи њифзи давлатии њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангии дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон;

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон, моддањои 34 ва 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар маљ­лиси ошкорои Суди конститутсионї парвандаро аз рўи дархости директори матбааи шањри Исфара Абдуллоев И.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Ќонуни Љумњу­рии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањр­вандони Љумњурии Тољикистон» ба моддањои 12 ва 39 Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњу­рии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши судяи Суди консти­тутсионї Каримов К.М., баёноту хулосаи тарафњо ва баро­мади ишти­рокчиёни мурофиаро шунида, маводи пешнињодшуда ва дигар њуљ­љатњоро тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Директори матбааи шањри Исфара Абдуллоев И.Н. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат на­му­да, дар он ќайд менамояд, ки соли 2008 корманди матбаа Пулотов Ш. тибќи муќаррароти моддањои 12 ва 117 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» бо зиёда аз 36 сол собиќаи умумии корї дар ша­ро­ити зараровар ба нафаќа баромад.

Дар асоси маълумотномањои пешнињодкардаи матбаа ба ў нафаќа таъин гардида, аз њисоби фонди њифзи иљтимоии ањолї (25%) пардохт карда мешуд. Номбурда муддати зиёда аз як сол аз фонди њифзи иљтимоии ањолї (25%)-и нафаќаи ба ў пешбинишударо мегирифт.

8 июли соли 2009 ба унвони матбаа мактуби Раёсати њифзи иљти­мо­ии ањолии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Исфара ворид гардид, ки дар он бо дастрасї ба мактуби Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон аз 21 сентябри соли 2000 таъкид шудааст, ки тибќи моддаи 117 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бо­раи таъ­мини нафаќаи шањрвандони Љумњу­рии Тољикистон» нафаќаи на­фаќахуроне, ки муто­биќи моддаи 12 Ќонуни­ зикршуда барои шароити махсуси мењнат ба нафаќаи имтиёзнок баромадаанд, бояд аз тарафи кор­хонаю ташкилотњо аз њисоби маблаѓњои барои музди мењнат пешби­нишуда пардохт карда шавад.

Бо ин мактуб, Раёсат матбааро вазифадор намуд, ки он маблаѓи 1301 сомонию 64 дирам нафаќаи Пулотов Ш.-ро, ки фонди њифзи иљти­моии ањолї дар муддати як солу се моњ пардохт кардааст, њамчун ќарз ба фонди њифзи иљтимоии ањолї баргардонад ва минбаъд нафаќаи Пуло­тов Ш. њар моњ то ба синни нафаќаи пиронсолї – 63 солагї расидан, аз њисоби фонди музди мењнати коргарони корхона пардохт карда шавад.

Мурољиаткунанда ќайд мекунад, ки ў норозигии худашро дар мак­туби љавобиаш ба унвони сардори раёсати њифзи иљтимої аз 4 августи соли 2009 нишон дода, ќайд кардааст, ки талаботи моддаи 117 Ќо­ну­ни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањр­вандони Љумњурии Тољикистон» аз тарафи раёсат нодуруст маъни­дод карда шудааст.

Талаби раёсат ба муќаррароти моддаи 117 Ќонуни Љум­њу­рии То­љи­кистон «Дар бораи таъ­мини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољи­кистон» мувофиќ нест ва мактуби Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон аз 21 сентябри соли 2000 5-1/2259 ќонунро иваз карда наметавонад.

Ў 1 сентябри соли 2009 барои шарњи тала­боти моддаи 117 Ќо­нуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ба Маљлиси намояндагони Маљ­лиси Олии Љум­њурии Тољикистон мурољиат намудааст, ки Маљлиси намояндагон мак­туби ўро ба Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон равона кардааст.

Хада­моти давлатии назорат дар соњаи мењнат, шуѓл ва њифзи иљти­моии ањолї бо супориши вазорати номбурда дар мактуби љавобии худ аз 29 сент­ябри соли 2009 банди а) моддаи 117 Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољи­кистон»-ро шарњ додааст, ки ба андешаи Абдуллоев И.Н. он нодуруст мебошад.

Шарњи дуюми Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон аз 16 декабри соли 2009 низ ўро ќаноатманд накар­дааст.

31 марти соли 2011 фаъолияти чорсолаи матбаа аз тарафи мута- хассиси Агентии давлатии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи ш. Исфара (АДСИН) мавриди санљиш ќарор дода шуда, дар ин хусус санад тартиб дода шудааст.

Тибќи санади тартибдодаи мутахассиси Агентии давлатии суѓур­таи иљтимої ва нафаќаи ш. Исфара (АДСИН) матбааро барои солњои 2007-2011 ба маблаѓи умумии 2743 сомониву 91 дирам ќарздор карда, вазифадор намудааст, ки ин маблаѓ ба Агентии давлатии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи ш. Исфара барќарор карда шавад. Яъне матбааро бо он айбдор кардаанд, ки он маблаѓи нафаќаро нодуруст аз њисоби фонди њифзи иљтимої (25 фоиза) пардохт кардааст. Ба андешаи онњо нафаќаи Пулотов Ш. бояд аз њисоби фонди музди мењнати корхона пар­дохт карда мешуд.

Абдуллоев И.Н. ва сармуњосиби матбаа бинобар норизо будан ба санади Агентии давлатии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи ш. Исфара аз 31 марти соли 2011 ба он имзо нагузоштанд ва ў моњи апрели соли 2011 дар хусуси ѓайриќонунї бу­дани санади дар боло зикршуда ба проку­ра­тураи шањри Исфара шикоят кардаанд.

Прокуратура дар мактубаш љавоб додааст, ки аризаи ў бањси судї буда, нисбати он ба суд мурољиат кардан зарур аст.

11 майи соли 2012 ба Суди иќтисодии вилояти Суѓд дар бораи бе­кор кардани санади Агентии давлатии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи ш. Исфара ариза пешнињод намудааст. Суди мазкур бо њалномаи худ аз 25 июли соли 2012 аризаи даъвогии онњоро оид ба бе­кор кардани санади зикршуда рад кардааст.

Баъдан, шикоятњои кассатсионї ва назоратии ў бо санадњои судии мар­њилањои дахлдори Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикис­тон аз 28 ноябри соли 2012, 23 апрели соли 2013, 30 майи соли 2013, 22 июли соли 2013, 7 ноябри соли 2013 ва 19 марти соли 2014 бе таѓйир, бе ќаноат ва бинобар љавобгў набу­дан ба талаботи моддаи 272 Кодекси мурофиавии иќти­содии Љумњурии Тољикистон бе баррасї мононда шуда, ирсол кардани онњо ба бар­расии Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии То­љи­кистон рад карда шудааст.

Мурољиаткунанда ќайд менамояд, ки ќисми дуюми моддаи 12 ва мод­даи 117 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањр­­­вандони Љумњурии Тољи­кистон», ки онњо дастрас карда, нисбати мат­­­бааи онњо татбиќ кардаанд, манфиатњои конститутсионии корхо­нањои шаро­и­ташон зараровар ва вазнин, аз љумла корхонаи онњоро ба фаъо­лияти озоди иќтисодї пешбининамудаи моддаи 12 Конститутсия пой­­мол карда, дар натиља боиси поймол гаштани њуќуќњои конс­ти­тут­сионии кормандони онњо ба кафолати таъмини иљтимої гарди­дааст.

Мурољиаткунанда, инчунин ќайд менамояд, ки ќисми дуюми мод-даи 12 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бо­раи таъмини нафаќаи шањр­ван­дони Љумњурии Тољикистон», ки тибќи он:

«то расидани шахсони дар ќисми якуми моддаи мазкур пешби- нишуда ба синни нафаќаи дар моддаи 11 ќонуни мазкур муќаррар­гардида пардохти нафаќаи онњо аз њисоби маблаѓњои ташкилоте, ки дар он корњои ба нафаќаи имтиёзнок њуќуќдињанда иљро гардидаанд, амалї карда мешавад», ба моддаи 39 Конс­ти­тутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистон мутобиќ нест.

Ќисми зикршуда, яъне ќисми дуюм ба моддаи 12 Ќонуни мазкур бо Ќо­нуни Љумњурии Тољикистон аз 16 апрели соли 2012 № 823 оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бо­раи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољи­кистон» ворид карда шудааст, ки он боиси поймол ва мањдуд гаштани њуќуќњои конс­ти­тут­сионии кормандони матбаа ба кафолати таъмини иљтимої гардидааст.

Бо ин назардошт, мурољиаткунанда аз Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон хоњиш намудааст, ки дар асоси дархости ў муро­фиаи судии конститутсионї оѓоз карда, мутобиќати ќисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ба моддањои 12 ва 39 Конс­ти­тут­сияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости маз­курро њама­­љо­ниба мавриди омўзиш ва санљиш ќарор дода, ќайд мена­мояд, ки дар низоми њуќуќњои асосии инсон ва шањрванд пешбининамудаи са­над­њои њуќуќии байналмиллалї оид ба њуќуќи инсон ва Конс­ти­тутсияи (Сар­­­ќо­нуни) Љумњурии Тољикистон њуќуќ ба таъ­­миноти иљти­мої мавќеи хосаро ишѓол менамояд.

Чунин муносибат аз хусусият ва наќши иљтимоии давлати Тољи­кистон, ки дар ќисми дуюми моддаи 1 Конс­титутсия њамчун зами­наи муњими асосњои сохтори конститутсионї эъ­лон гар­дидааст, бар­меояд, ки тибќи он:

«Тољикистон давлати иљтимої буда, барои њар як инсон шароити зин­дагии арзанда ва инкишофи озо­донаро фароњам мео­рад».

Дар навбати худ, њуќуќ ба таъ­­миноти иљтимої- ин як навъ даст­гирии моддї ва маъ­навии инсон ва шањрванд барои мењнати фоиданоки дар давраи фаъолияти мењнатиаш ба манфиати љомеа, давлат ва тала­боти худ иљрокар­­­даи шахс мебошад. Инчунин воситаи асосии пешбурди њаёти шањр­ванде мебошад, ки пурра ё ќисман ќо­билият ва имконияти мењнатии худро гум кардааст ва бо ин ё дигар њолатњои пешбининамудаи ќонунгузорї имко­нияти мењнат кардан ва аз самараи мењнаташ фоида диданро аз даст додааст ё аз дастгирии саробони худ мањрум гар­дидааст.

Аз ин рў, бинобар хусусияти инсондўстию инсонпарварї ва барои инсон ва шањрванд ањамияти муњим доштани њуќуќ ба таъ­­миноти иљти­мої, њуќуќи мазкур мавриди­ танзими амиќи санадњои њуќуќии бай­налмилалї ќарор дода шудааст.

Чунончи, моддаи 22 Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 де­кабри соли 1948 эълон медорад, ки: «Њар як инсон њамчун узви љамъият ба таъминоти иљтимої ва татбиќи њуќуќ барои нигањдории шараф ва инкишофи озодонаи шахсияти ў дар соњаи иќтисодї, иљтимої ва фарњангї ба воситаи саъю кўшиши миллию њамкории байналмилалї мутобиќи сохтор ва имкониятњои њар як давлат њаќ дорад».

Моддаи 9 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќњои иќтисодї, иљти­мої ва фарњангї аз 16 декабри соли 1966 ба њифз ва эътирофи њуќу­ќи инсон ва шањрванд ба таъминоти иљтимої хусусияти умуми­њатмї дода, пешбинї менамояд, ки «давлатњои ширкаткунандаи њамин Пай­мон њуќуќи њар як инсонро ба таъминоти иљтимої, аз љумла суѓуртаи иљтимої эътироф мекунанд».

Њамчунин, як ќатор конвенсияњои Ташкилоти байналмилалии мењ­нат мавриди амал ќарор доранд, ки онњо ба масъа­лањои таъмини њиф­зи њуќуќи инсон ва шањрванд ба таъминоти иљтимої бахшида шуда, масъалаи мазкурро мавриди танзим ќарор додаанд.

Аз љумла, Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии мењ­­­нат № 102 «Дар хусуси меъёрњои камтарини (минималии) таъминоти иљти­­мої» дав­латњоро уњдадор менамояд, ки онњо нуњ намуди кўмак­пулињо, аз љум­ла кўмаки тиббии хусусияти пешгирикунанда ва табо­батї дошта, оид ба беморї бо маќсади барќарор намудани ќобилияти мењ­натии муваќќатан гумкардашуда, оид ба бекорї, оид ба синну сол, оид ба њомиладорї, оид ба маюбї ё гум кардани саробон пардохт намоянд.

Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии мењ­­­нат № 118 «Оид ба ба­­ро­­барї дар соњаи таъминоти иљтимої» «принсипи баробар будани шах­­сони хориљї ва шахсони бе шањрвандро бо шањрвандон дар соњаи муно­сибатњои иљтимої пешбинї менамояд».

Љумњурии Тољикистон низ эњтиром ва самимияти худро ба санад­њои њуќуќии байнал­милалии эътирофнамудаи љомеаи љањонї изњор на­муда, муќаррароти санадњои њуќуќии байналмилалии зикршударо эъти­роф ва дар Конститутсия ва ќо­нун­­њои худ пеш­бинї кардааст.

Чунончи, тибќи моддаи 39 Конститутсия «Њар шахс дар пи­рон­солї, њангоми беморї, маъюбї, гум кардани ќобилияти кор, мањрум шудан аз сарпараст ва мавридњои дигаре, ки ќонун муайян кардаст, кафо­лати таъминоти иљтимої дорад».

Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бо­раи таъмини нафаќаи шањр­вандони Љумњурии Тољикистон» ба танзим ва татбиќи њуќуќи конститутсионии шањрвандон ба њифзи иљтимої равона гардида, ба шањрвандон тавассути додани нафаќањои мењнатию иљтимої њуќуќи таъминоти моддиро кафолат дода, ягонагии шарту меъёрњои таъ­мини нафаќаи коргарон, хизматчиён, аъзои колхоз ва дигар катего­рияњои мењнаткашонро муќаррар менамояд.

Бо назардошти муќар­рароти санадњои меъёрии њуќуќии дар боло зикршуда, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар меъёр­њои ќисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Ќонуни мазкур, ки муто­би­ќати онњо ба моддањои 12 ва 39 Конститутсия боиси шубња ва бањси муро­љиаткунанда ќарор дода шудааст, поймол ва мањдуд гаштани манфиатњои матбааи шањри Исфараро ба фаъо­лияти озоди иќтисодї ва мањдудияти ка­фо­лати њуќуќи шахсони ба нафаќаи мењнатии имтиёзнок њуќуќдоштаи ин матбааро муай­ян накард.

Меъёрњои моддањои зикршуда на меъёрњои манъкунанда ё мањ­дуд­ку­нан­даи таъми­ноти иљтимої, балки талаботе мебо­­­­­шанд, ки давлат тар­тиби ба амал баро­вардани пардохти нафаќаро барои шахсони ба на­фаќаи имтиёзнок њуќуќдошта давра ба давра бо назар­дошти шартњои таъи­ни нафаќа пешбининамудаи моддаи 11 Ќонуни Љумњурии Тољи­кис­тон «Дар бо­раи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољи­кистон» пешбинї намудааст.

Тибќи ин тартиб, нафаќаи шахсони ба на­фаќаи имтиёзнок њуќуќ­дошта то ба синни нафаќа пешбининамудаи моддаи 11 Ќонуни Љум­њу­рии Тољи­кистон «Дар бо­раи таъмини нафаќаи шањрвандони Љум­њурии Тољи­кистон» расидан (63 солагї), аз њи­соби маблаѓњои таш­килоте пар­дохт кар­да мешавад, ки шахси ба нафа­ќаи имтиёзнок њуќуќдошта дар он кор кардааст.

Мавриди зикр аст, ки баъд аз ќабули Ќонуни Љумњурии Тољи­кис­тон «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бо­раи таъмини на­фаќаи шањрвандони Љум­њурии Тољи­кистон» аз 11 декабри соли 1999 № 911 синни нафаќавї барои таъи­ни нафаќаи мењнатї давра ба давра таѓйир дода шуда, аз 1 июли соли 2003 барои мардњо аз синни 63 солагї ва барои занњо аз синни 58 солагї муќаррар карда шудааст.

Синну соли нафаќаи имтиёзнок (рўйхати 2) низ, мувофиќан барои мардњо аз синни 58-солагї ва барои занњо аз синни 53-солагї пеш­бинї гардид, ки ќаблан барои мардњо 55-солагї ва барои занњо 50-солагиро ташкил медод.

Ваљњи мурољиаткунанда дар хусуси он ки таѓйири воридгардида ба ќисми дуюми мод­даи 12 бо Ќо­нуни Љумњурии Тољикистон «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољи­кистон» аз 16 апрели соли 2012 № 823 вазъияти корхонаро вазнин ва минбаъд боиси поймол гаштани њуќуќњои конститутсионии кормандони матбаа ба кафолати таъмини иљтимої гардидааст, асоси њуќуќї надо­рад.

Зеро ин Ќо­нуни зикршуда ќисми дуюми моддаи 12 Ќонуни мазкурро мавриди тањрир ќарор дода, мазмуни онро бе таѓйир боќї гузоштааст, чунончи:

«Дар айни замон то расидани онњо ба синни нафаќа, ки дар моддаи 11 њамин Ќонун пешбинї шудааст, нафаќа аз њисоби маблаѓи корхонањо пардохта мешавад».

Њамин тариќ, муќаррароти ќисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Ќо­нуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањр­вандони Љумњурии Тољикистон ба стандартњои пешбини­на­мудаи санадњои дар боло зикршудаи байналмилалї ва Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ буда, вобаста ба њолатњои пешбининамудаи ќонунгузории соњаи нафаќа бояд мавриди амали субъектњои њуќуќи иљ­ти­мої ќарор дода шаванд.

Њамзамон, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон муво­фиќи маќсад мешуморад, ки таљрибаи мављудаи таъмини нафаќаи шањр­вандони ба нафаќањои имтиёзнок њуќуќдошта пешбининамудаи ќисми дуюми моддаи 12 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањр­вандони Љумњурии Тољикистон» аз тарафи Агентии суѓуртаи иљти­мої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон мавриди омўзиш ќарор дода шуда, дар њолати зарурї нисбати баланд бардоштани сама­ранокии он чорањои дахлдор андешида шавад.

Дар асоси гуфтањои боло ва мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 6, 34, 40, 49, 55-56, 58 ва 60 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон

ќ а р о р к а р д:

1. Ќисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањр­вандони Љумњурии Тољикистон» ба мод­­дањои 12 ва 39 Консти­тутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мебошад.

2. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш эътибор пайдо мекунад.

3. Ќарори мазкур дар «Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кистон», рўзномањои «Љумњурият», «Садои мардум», «Народная га­зе­та» ва «Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М. А.

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Каримов К. М.


ТАЪИНОТИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


Т А Ъ И Н О Т И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дар­хости директори Ассосиатсияи наќлиёти автомобилии мусофир­барии Љумњурии Тољикистон Гулов С. «Дар бораи муайян намудани муто­биќати моддаи 19-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи наќлиёт» ба моддањои 10-12 ва 42-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 12 ноябри соли 2014

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­ку­нанда – Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., судя-котиб Кари­мов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.

бо иштироки котиби маљлиси судї – Ѓаниев Љ.,

дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши судяњои Суди консти­тут­сионї Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М.-ро оид ба дархости дирек­тори Ассосиатсияи наќлиёти автомобилии мусофир­барии Љумњурии Тољикистон Гулов С. «Дар бораи муайян намудани муто­биќати моддаи 19-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи наќлиёт» ба мод­дањои 10-12 ва 42-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Директори Ассосиатсияи наќлиёти автомобилии мусофирбарии Љумњурии Тољикистон Гулов С. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­font-family: quot;serifкистон муро­љиат намуда, дар он нишон медињад, ки рушди соњибкорї ва мусоидати њамаљониба ба фаъолияти соњиб­корон яке аз вазифањои асосии давлат арзёбї мешавад, зеро соњиб­кории хурду миёна аз омилњои муњими баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардуми кишвар ва заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иќтисодиёт мебошад.

Мутаассифона, ќайд мекунад ў, солњои охир дар сохтори идо­ракунии фаъолияти наќлиёти автомобилии истифодаи умум таѓйи­роти зиёде ба вуќўъ пайвастааст, ки ба андешаи ў дар баъзе њолатњо ба пеш­равии фаъолияти корхонањои наќлиётї монеањо эљод мена­моянд. Аз љумла такрори функсияњои назоратї дар байни маќомоти давлатї ва зиёд гаштани теъдоди њуљљатњо барои иштирок кардан дар раванди њаракат дар роњ боиси монеа ба фаъолияти соњибкорї гардида, шумораи ронандагони ба Ассосиатсия шомил­буда кам шудаистодааст.

Мурољиаткунанда зикр менамояд, ки Ассосиатсия соли 2012 оид ба љой доштани њуљљатњои њаммонанд, аз љумла сертификати назорат ва танзим дар соњаи наќлиёти Љумњурии Тољикистон ва талони муоинаи техникї, ки аз тарафи Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, инчунин роњхат, ки аз тарафи маќомоти ваколатдори Вазорати наќлиёт дода мешаванд, ба Њуку­мати Љумњурии Тољикистон тариќи мактуб мурољиат намуда буд. Дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон аз 20 апрели соли 2012 ва маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 27 апрели соли 2012 таъкид шуда буд, ки такроршавии функсияњои назоратї истисно ва миќдори њуљљатњои њаммонанд, ки боиси монеа ба соњибкорї мегарданд, сабук ва кам карда шаванд.

Чунончи, бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон (аз 4 марти соли 2002 93) гузаронидани сертификатсиякунонии сифати техникии воситањои наќлиёт ба зиммаи базањои технологї вогузор шудааст, ки он пештар мустаќилона дар корхонањо гузаронида мешуд. Баъд аз таъсис дода шудани КВД «Маркази сертификатсиякунонї» сертификат­сия­кунонї аз зиммаи базањои технологї гирифта шуда, он ба зиммаи КВД мазкур гузаронида шуд. Дар натиља нархи хизмат­расонї се маротиба боло рафт.

Њол он, ки бо Ќонуни Љумњурии Тољикистон оид ба ворид намудани таѓйирот ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи наќ­лиёт» ронан­дагон аз гирифтани сертификати сифати техникї озод карда шудаанд.

Ѓайр аз ин имрўзњо КВД «Маркази сертификатсиякунонї» аз њамаи корхонањо ва ронандагон талаб карда истодааст, ки барои хизматрасонї сертификати мутобиќ гиранд, ки чунин њолатњои мушкилу мураккаб боиси он гаштаистодааст, ки аксари ронандагони мо тарки кор карда, ба муњољирати мењнатї рафта истодаанд.

Дархостдињанда, инчунин ќайд менамояд, ки терминалњои ист­гоњњои вилояти Суѓд ќонуни аз эътибор соќитшударо, ки дар санаи 28 декабри соли 2013 тањти 1050 ба имзо расидааст татбиќ намуда истода, ба ронандагон зарари моддї мерасонанд, ки њуњуќњои конститутсионии онњоро мањдуд менамояд.

Бинобар ин, дархосткунанда аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон хоњиш менамояд, ки оид ба дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, мувофиќати моддаи 19-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи наќлиёт» ба моддањои 10-12 ва 42-и Конститутсияи (Сарќонун) Љумњурии Тољикистон» муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархост ва маводи ба он замимакардашударо мавриди баррасї ќа­рор дода, ќайд менамояд, ки тибќи талаботи банди 7 ќисми 1 моддаи 40 Ќонуни консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Ассосиатсияи наќлиёти автомобилии мусорфирбари Љумњурии Тољикистон дар њолати мазкур субъекти муро­љиат ба Суди конститутсионї шуда наметавонад, зеро субъекти муро­љиат шахси њуќу­ќие шуда метавонад, ки бевосита дар муносибатњои њуќуќї ќарор дошта, санади мавриди бањс ќарор додашуда тавассути ќарор (фармон, амр, њалнома) нисбаташ татбиќ карда шуда бошад.

Дар мурољиати мазур ягон њолати дар парвандаи мушаххас татбиќ гаштани моддаи 12 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 декабри соли 2013 тањти 1050 «Дар бораи наќлиёт» пешнињод карда нашуд, ки дар он асосњои баррасии дархост дар мурофиаи суди конститутсионї пешбинї шуда бошад.

Вобаста ба ин, дархост, инчунин аз љињати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќ нест, яъне њолат ва далелњои мушаххас дар хусуси ба Конститутсия муво­фиќат надоштани меъёрњои мушаххаси мавриди бањс ќарор­додашуда, ки мурољи­аткунанда талаб ва далелњои худро ба онњо асоснок менамоянд, аниќ ва мушаххас нишон дода нашудаанд. Тат­биќи нодурусти ќо­нун­гузорї ва муќаррароти дигар санадњои меъё­рии њуќуќї, аз љумла тат­биќи ќонуни аз эътибор соќиткардашуда масъалае мебошад, ки њаллу фасли онњо бояд дар судњои умумї, иќ­ти­содї ё маќомоти дахлдори вако­латдори давлатї мавриди баррасї ва њаллу фасл ќарор гиранд.

Њамчунин дар масъалаи номувофиќатии моддаи 19-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи наќлиёт» ба моддањои 10-12 ва 42-и Конс­титутсияи (Саќонуни) Љумњурии Тољикистон» номуайяние дида наме­шавад, ки он предмети муайян намудани мувофиќати меъёр­њои зикр­шуда ба моддањои дахлдори Конститутсия гардида, пеш­бурди сан­љиши консти­­тутсиониро таќозо намояд.

Аз ин рў, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон оѓоз на­му­дани мурофиаи судии конститутсиониро аз рўи дархости мазкур би­нобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди консти­тут­си­онии Љумњурии Тољикистон рад менамояд.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди консти­тутсионии Љумњу­рии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости директори Ассосиатсияи наќлиёти автомобилии мусофирбари Љумњурии Тољикистон Гулов С. «Оид ба муайян намудани муво­фи­ќати моддаи 19-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи наќ­лиёт» ба моддањои 10-12 ва 42-и Конститутсияи (Саќонуни) Љум­њурии Тољикистон» бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Бољи давлатї аз 28 октябри соли 2014, ки дар «Амонат­бонк» филиали № 77 воќеъ дар ш. Душанбе, ба маблаѓи 400 (чорсад) сомонї пардохт шудааст, ба мурољиаткунанда- директори Ассосиатсияи наќлиёти автомобилии мусофирбари Љумњурии Тољикистон Гулов С. баргардонида шавад.

4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудзода

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов


Т А Ъ И Н О Т И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Љамъияти дорои масъулияти мањдуд «Кайсун Майнинг Кор­порейшн» дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисмњои 1 ва 2 мод­даи 125 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ба моддањои 12 ва 45 Конс­титутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон

ш. Душанбе 24 ноябри соли 2014

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­кунанда- Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањ­мудзода М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва ЗоировШ.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Ѓаниев Љ.Р.,

дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши судяњо Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.-ро дар бораи дархости Љамъияти дорои масъулияти мањдуд «Кайсун Майнинг Корпорейшн» дар хусуси муайян наму­дани мутобиќати ќисмњои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Љум­њурии Тољикистон ба моддањои 12 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистонро шунида,

м у а й я н к а р д:

Намояндаи Љамъияти дорои масъулияти мањдуд «Кайсун Май­нинг Корпорейшн» Робби Улям Кохо ба Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон бо дархост мурољиат намуда, дар он ќайд мена­мояд, ки моњи июни соли 2013 фаъолияти Љамъияти дорои масъулияти мањ­дуди «Камароб» оид ба иљрои ќонунгузории андоз дар соли 2012 аз тарафи маќо­моти андоз мав­риди назорати камералї ќарор дода шуд. 25 июни соли 2013 ба Љамъияти мазкур Талабномаи № 10 дар хусуси пар­дохти андоз аз даромад дар њаљми 59 984 800 сомонї, љарима дар њаљ­ми 14 996 200 сомонї ва фоиз дар њаљми 40 78 966 со­монї, љамъ ба маблаѓи79 059 966 сомонї супурда шуд.

Талабномаи зикршудаи маќомоти андоз ба фарзия, яъне имзои Меморандум оид ба ният аз 5 июли соли 2012 миё­ни Кайсун Энерљї Групп Лимитед (минбаъд-Кайсун Энерљї) ва Ап Энерљї Девелопмент групп Лимитед (минбаъд-Ап Энерљї) дар хусуси тањвили 52% иштироки бавоситаи Кайсун Энерљї дар ЉДММ «Кама­роб» ба фоидаи Ап Энерљї ё ширкати фаръии вай ва имзои шартномаи хариду фуруши 52% њиссаи ЉДММ «Камароб» аз 19 декабри соли 2012 миёни Кайсун Энер­љї Групп Лимитед (љазирањо Кайман) ва Алфа Виљн Энерљи Лимитед аз як тараф ва Ап Энерљї ва Ап Энерљї Рисо­рсис Компания Лимитед аз тарафи дигар асос ёфтааст, ки он ба ЉДММ «Кайсун Май­нинг Корпорейшн» ва ЉДММ «Камароб» ягон иртибот надорад.

Дар шартнома аз 19 декабри соли 2012 иљрои шартњои њатмии он то 31 декабри соли 2012 пешбинї шудаст, ки дар њамин давра ширкати Алфа Виљн Энерљї Лимитед (фурушанда) уњдадор гаштааст, ки 100% сањ­мияњояшро дар Вест Глории Девелопмент Лимитед (Љази­рањои Вир­љияи Бри­­тания) ба ширкати Ап Энерљї (харидор) фурушад ва супорад.

Мурољиаткунанда эзоњ медињад, ки ширкати Алфа Виљн Энерљї Лимитед тавассути як ќатор шир­катњо, аз љумла ЉДММ «Кайсун Май­нинг Корпорейшн» 52% њисаро дар ЉДММ «Камароб» назорат менамояд.

Мувофиќи шартномаи мазкур предмети хариду фуруш на њисса дар ЉДММ «Камароб ё ЉДММ «Кай­сун Май­нинг Корпорейшн», балки сањмияњои ширкати дури назорат­кунандаи ин ду ширкат мебошад, ки арзиши сањмияњо дар шарт­нома 394 648 800 доллари гонконгї муайян гардидааст.

Мурољиаткунанда ќайд мекунад, ки ЉДММ «Кайсун Май­нинг Кор­порейшн» санади тафтишоти маќомоти андозро нагирифтааст, ба љамъият дар асоси тафтишоти андозї талаботи пардохти андоз пешкаш карда нашудааст. Њамчунин, љамъият тибќи ќисми 1 моддаи 81 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон дар муддати 30 рўз имконияти аз нав дида баромадани санад ва ќарори маќомоти андозро аз рўзи гирифтани ќарори маќомоти андоз надошт. Ба ѓайр аз ин, Кумитаи андоз дар дав­раи аз август то сентябри соли 2013 ба суроѓаи ЉДММ «Кайсун Майнинг Корпорейшн» огоњнома оид ба пардохти андозро дар шакли мактуб фиристодааст, ки дар навбати худ Љамъият дар мукотибаи худ бо Кумитаи мазкур норозигии худро оид ба талаботи пардохти андоз баён кардааст.

Баъдан, Суди иќтисодии ш. Душанбе бо њалномаи худ аз 12 фев­рали соли 2014 даъвои Кумитаи андозро оид ба ситонидани ќарзи андозї, љаримањо ва дарсадњо (фоиз) ба маблаѓи умумии 79 059 966 сомонї ќонеъ намуда, даъвои ЉДММ «Кайсун Май­нинг Кор­по­рейшн»-ро дар бораи беэътибор донистани санади назо­рати каме­ралї, њисобот оид ба љаримањо ва фоидањоро рад намудааст. Суди Олии иќти­содии Љумњурии Тољикистон бо ќарори худ аз 22 апрели соли 2014 њал­номаи Суди иќтисодии ш. Душанберо бе таѓйир мононда, даъвои Ширкатро бе ќаноат гузоштааст.

Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон амалњои худро ба ќисмњои 1 ва 2 моддањои 125 Кодекси андози Љумњурии Тољи­кистон асоснок кардааст, ки тибќи онњо:

«1. Шахсони (агентњои андози) зерин вазифадоранд, ки андозро аз манбаъ­њои пардохт ситонанд:

…- шахсони њуќуќї- резидентњое, ки ќисми сањмияи (њиссаи иштироки) ба ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон тааллуќ­дошта-ашон фурўхта (бегона карда) шудааст, инчунин агентњои вако­латдори ѓайрирезидентњо, ки молу мулки (сањмияњои, њиссаи ишти­роки) дар Љумњурии Тољикистон вуљуддоштаи чунин ѓайри­резидент­њоро фурўхтаанд (бегона кардаанд) ё додаанд, агар њуљљатњои тас­диќ­кунандаи пардохти андоз аз љониби худи ѓайрирезидентњо пас аз фурўш (бегонакуни) ё додани молу мулки зикршуда пешнињод на­шуда бошанд;

2. Шахсе, ки даромади дар ќисми 1 њамин модда пешби­нишударо пардохт менамояд, барои ситонидан ва ба буљет гузаро­нидани андоз љавобгар мебошад. Агар маблаѓи андоз сари ваќт ба буљет гузаронида нашавад, шахси даромадпардохткунанда ўњдадор аст маблаѓи андози нигоњдоштанашуда ва ба буљет гузаро­ниданашударо, инчунин љаримањо ва фоизњои дахлдорро аз њисоби худ ба буљет гузаронад.

Мурољиаткунада чунин мешуморад, ки ќисмњои 1 ва 2 моддањои 125 Кодекси андози Љумњурии Тољи­кистон, ки санадњои Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва санадњои судии суд­њои иќтисодї ба онњо асос ёфтаанд, ба муќаррароти моддаи 12 ва 45 Консти­­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќ нестанд. Зеро дар ин моддањо давлат озодии фаъолияти иќтисодї ва соњиб­корї, баробарї ва њифзи њуќуќи њамаи намудњои моликият, аз љумла моли­кияти њусусиро кафолат дода, пардохти андоз ва бољњо вазифаи њар як шахс муайян кардааст.

Њамчунин, аз меъёрњои ќисмњои моддаи зикргардида бар­намеояд, ки андоз­супоранда-резидент, ки аз тарафи давлат барои боз­доштан ва пардохтани андоз масъул карда шудааст, бояд бо кадом роњ дар бораи хариду фуруши нисбати ў љой дошта хабар ёбад. Ин дар њо­латест, ки андоз­супоранда-резидент њангоми хариду фуруши (бегона намудани) њиссаи ба норезидентњо мансуббудаи љамъият хабардор кар­да намешавад, дар худи хариду фуруш иштирок намекунад ва мута­носибан ба фурушанда даромаде пардоз намекунад, ки аз њамон андоз боздошта шавад.

Бо ин назардошт, намояндаи ЉДММ «Кайсун Майнинг Кор­по-рейшн» чунин мешуморад, ки ќисмњои 1 ва 2 моддаи 125 Кодек­си андози Љумњурии Тољикистон ба талаботи моддаи 12 ва 45 Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолифат доранд, зеро њолатњо дар онњо танзимгардида бар њилофи принсипњои андозбандї буда, њуќуќ ва манфиати ширкатро њамчун резеденти Љум­њурии Тољи­кистон поймол мекунад.

Бинобар ин, намояндаи ширкат аз Суди конститутсионї талаб мена­­­мояд, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз намуда, мувофиќати ќисмњои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Љумњурии Тољикистонро ба моддањои 12 ва 45 Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љум­њурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости пешни­њод­шуда ва маводи ба он замимагардидаро бо назардошти амалияи мав­људаи андозбандї мавриди бар­расї ќарор дода, ќайд менамоspan style=яд, ки ЉДММ «Кайсун Майнинг Кор­порейшн» њамчун шахси њуќуќї агарчї субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї мањсуб ёбад ва талаби дар дархост омадаи ў шаклан мавзўи баррасии Суди конс­ти­тутсионї бо­шад њам, аммо дар масъалаи гузошташудаи мурољиат­кунанда, яъне муво­фиќати ќис­мњои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Љумњурии Тољи­кистон ба моддањои 12 ва 45 Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон номуайяние дида намешавад, ки он оѓоз намудани муро­фиаи судии конс­титутсионї ва санљиши кон­сти­тут­сиониро таќозо на­мояд.

Зеро меъёрњои ќисмњои 1 ва 2 моддаи 125. Кодекси андози Љум­њурии Тољикистон на меъёрњои мањдудкунандаи њуќуќу манфиат ё манъкунии фаъолияти озо­ди иќтисодї пешбининамудаи Консти­тутсия нисбати агентњои андоз, балки тартиби муќаррарнамудаи давлат мебошад, ки аз тарафи агентњои андоз ситонидан ва манбањои пардохти андозро муайян менамоянд. Яъне дар меъёрњои зикршуда аниќ номбар шудани агентњои андоз, манбаи пардохт, масъулияти агентњои андоз барои ба буљет гузаро­нидани андоз вадар сурати сари ваќт ба буљет напардотани андоз пешбинї шудани љаримањо ва фоизњои дахлдор масъалањое мебошанд, ки онњо муайян ва ошкоро буда, ба муќаррроти моддаи 45 Конститутсия, ки тибќи он: «Додани андоз ва пардохтњо, ќи ќонун муайян кардааст, вазифаи њар кас мебошад» тавъам мебошанд. Онњо, инчунин ба фаъо­лияти озоди иќтисодии субъектони бозор ва агент­њои андоз монеа ва мањдудият эљод намекунанд.

Њамчунин, меъёрњои ќисмњои 1 ва 2 моддаи 125 хусусияти умумї ва васеи нисбати њама агентњои андоз татбиќшаванда доранд ва онњоро нис­­бати як њолати мушаххас ва фаъолияти агенти дахлдори андоз маъ­нидод ва татбиќ кардан, мазмуни мањдуд фањмидани муќар­рароти ќисмњои зикр­шудаи моддаи 125 Кодекси андозро дошта, ба татбиќ ва амалия ноду­русти меъёрњои зикршуда бурда мерасонад.

Ваљњњои мурољиаткунанда дар хусуси он, ки меъёр­њои ќисмњои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андоз андоз­супоранда-рези­денти барои пар­дохтани андоз масъулро дар бораи хариду фуруши нисбати сањ­мияњои ў љой дошта хабардор намесозанд, андоз­супоранда-резидент њангоми хариду фуруши (бегона намудани) њиссаи ба норезидентњо мансуб будаи љамъият хабардор намешавад, дар худи хариду фуруш иштирок намекунад ва мута­носибан ба фурушанда даро­маде пардоз намекунад, ки аз њамон андоз боздошта шавад, хусусияти субъективї ва техникї дошта, на фактњои њуќуќї, балки андешањои мурољиат­кунанда мебошанд, ки исботро талаб намекунанд. Онњо тибќи тар­тиби муќаррарнамудаи ќонунгузории мурофиаи иќтисодї мета­вонанд дар якљоягї бо дигар далелњо мавзўи баррасии мурофиаи судии иќти­содї бошанд.

Аз тарафи дигар, онњо ваљњњое мебошанд, ки дар асоси онњо дар бо­раи номувофиќатии ќисмњои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андоз ба мод­дањои зикршудаи Конститутсия хулоса кардан мантиќ надорад.

Њамин тариќ, ќисмњои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Љум­њурии Тољикистон мавриди бањс ќарордодаи мурољиаткунанда худ ба худ ва дар маљмўъ бо дигар меъёрњо ва муќаррароти ќонунгузории андоз њуќуќу манфиатњои ЉДММ «Кай­сун Майнинг Корпорейшн»-ро мањдуд ва поймол намекунанд ва аз ин рў, барои баррасї намудани ин дархост дар мурофиаи судии конститутсионї асос мављуд нест.

Бинобар ин, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо назардошти њолатњои зикршуда оѓоз намудани мурофиаи судии консти­тутсиониро оид ба дархости Љамъияти дорои масъулияти мањдуд «Кай­сун Майнинг Корпорейшн» дар хусуси муайян намудани муто­биќати ќисмњои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Љумњурии Тољи­кистон ба моддањои 12 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон бинобар набудани асос барои баррасии пар­ванда дар Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон рад менамояд.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 34, 40, 41, 43, 44, 45, 55 ва 56 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон,


т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дар­хости Љамъияти дорои масъулияти мањдуд «Кайсун Майнинг Корпо-рейшн» дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисмњои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ба моддањои 12 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъиноти мазкур дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикисион нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудзода

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов


 

ЌОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Дар бораи Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Ќонуни конститутсионии мазкур тартиби ташкил ва фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, интихоб, бозхонд ва истеъфои судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, мурофиаи судии конститутсионї, инчунин дигар муносибатњои њуќуќиро вобаста ба фаъолияти ташкилию њуќуќии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон танзим менамояд.

БОБИ 1. МуЌаррароти УМУМЇ

Моддаи 1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон маќоми мустаќили њокимияти судї оид ба назорати конститутсионї буда, бо маќсади таъмини волоият ва амали бевоситаи меъёрњои Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон таъсис дода шудааст.

Моддаи 2. Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон асос ёфта, аз њамин Ќонуни конститутсионї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон иборат мебошад.

Моддаи 3. Баробарии њама дар назди ќонун ва суд

Адолати судї аз тарафи Суди конститутсионии Љумњурии То­љикистон дар асоси баробарии њама дар назди ќонун ва суд, ќатъи назар аз миллат, нажод, љинс, забон, эътиќоди динї, мавќеи сиёсї, вазъи иљтимої, тањсил ва молу мулк амалї карда мешавад.

Моддаи 4. Баробарњуќуќии судяњои Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон

Судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њангоми баррасии парвандањо њуќуќи баробар доранд.

Моддаи 5. Тартиби баррасии парвандањо дар Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон

1. Баррасии парвандањо, ќабули санадњои судї, баррасии масъалањои боздошти ваколатњои судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва дигар масъалањои пешбининамудаи Ќонуни конститутсионии мазкур дар Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон ба таври дастљамъї дар њайати на камтар аз се ду њиссаи шумораи умумии судяњо сурат мегирад.

2. Санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо аксарияти овозњои судяњои дар мурофиаи судї иштирокдошта ќабул карда мешаванд.

Моддаи 6. Доираи њалли парванда дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон танњо масъалањои њуќуќро муайян ва њал менамояд.

2. Агар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон санади ќонунгузориро ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номувофиќ шуморад, дар доираи дархост ва пешнињоди муро­љиат­кунанда мањдуд нашуда, метавонад дар як ваќт санадњои меъёрии њуќуќии дигарро, ки дар асоси санади меъёрии њуќуќии ѓайри­конститутсионї донисташуда ќабул гардидаанд ё онро айнан такрор мекунанд ва ё њамон нуќтањои дар мурољиат зикршударо дар бар мегиранд, бекор намояд.

БОБИ 2. ЊАЙАТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ВА ТАРТИБИ

ИНТИХОБИ ОН

Моддаи 7. Њайати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 7 нафар судя­њо иборат буда, яке аз онњо намояндаи Вилояти Мухтори Кў­њис­тони Бадахшон мебошад.

2. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар сурати интихоб шудани на кам аз се ду њиссаи њайати он ба фаъолият оѓоз менамояд.

Моддаи 8. Тартиби интихоби Раис, муовини Раис ва судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва талабот нисбати онњо

1. Раис, муовини Раис ва судяњои Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон бо пешнињоди Президенти Љум­њурии Тољикистон аз тарафи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љум­њурии Тољикистон интихоб карда мешаванд.

2. Ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њуќуќшиносе интихоб мешавад, ки синни ў аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиќаи кории касбї дошта бошад.

3. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бояд забони давлатиро донад.

Моддаи 9. Мўњлати ваколати судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба мўњ­лати 10 сол интихоб карда мешавад.

2. Агар мўњлати ваколати судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар љараёни дида баромадани парванда бо иштироки ў ба охир расад, ваколаташ то ба итмом расидани баррасии ин парванда нигоњ дошта мешавад.

Моддаи 10. Савганди судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон интихоб мешавад, пас азинтихоб шуданаш дар љаласаи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон чунин савганд ёд мекунад: «Ман ботантана савганд ёд мекунам, ки вазифањои ба зиммаам гузошташударо бошарафона ва аз рўи виљдон иљро менамоям, Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикис­тонро сидќан риоя ва њифз намуда, танњо ба он итоат мекунам».

БОБИ 3.

ВАЗЪИ ЊУЌУЌИИ СУДЯЊОИ СУДИ

КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 11. Мустаќилияти судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њангоми иљрои вазифањои худ ва баррасии парван­дањо мустаќил буда, танњо ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, Ќонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон итоат мекунанд. Онњо ба далелњои љамъовардашуда аз рўи эътиќоди ботинии худ бањо медињанд.

2. Дахолат ба фаъолияти судяњо, инчунин ба дигар шакл таъсир расондан бо маќсади мамониат кардан ба фаъолияти мурофиавии онњо манъ аст.

3. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њуќуќ надорад, ки то ба итмом расидани баррасии парванда ва ќабули ќарори дахлдор дар бораи ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштан ё надоштани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї ё тавзењоти дастурии пле­нумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон изњори аќида намояд, оид ба масъалаи дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон барраси­шаванда фикрашро баён созад ё маслињат дињад, инчунин њељ кас њуќуќ надорад, ки аз судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон анљом додани чунин амалњоро талаб намояд.

4. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон намета­вонад вазифаи дигареро иљро намояд, вакили маќомоти намояндагї, узви њизб ва созмонњои сиёсї бошад, ба соњибкорї машѓул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эљодї ва омўзгорї.

5. Аз ваколат мањрум кардан, мањдуд намудани ваколат ва аз вазифа бозхонд кардани судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ба истиснои њолатњое, ки Ќонуни конститутсионии мазкур пешбинї кардааст, мумкин нест.

6. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва судяњои он оид ба фаъолияти худ вобаста ба масъалањои мурофиаи судии конститутсионї (минбаъд - мурофиаи судї) ба ягон шахс ё маќоме њисобот намедињанд.

Моддаи 12. Дахлнопазирии судяи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон

1. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њуќуќи дахлнопазирї дорад.

2. Дахлнопазирии судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон ба њаёт, ќадр ва номуси ў, манзили истиќоматї ва хизматї, воситањои наќлиёт ва алоќае, ки дар истифодаи ў ќарор доранд, инчунин ба муросилот, ашё ва њуљљатњои ў пањн мегардад.

3. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро бе ризоияти Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ба љавобгарии љиноятї ва маъмурї кашидан, њабс кардан ва ба њабси хонагї гирифтан мумкин нест.

4. Парвандањои љиноятї ва њуќуќвайронкунии маъмурї нисбати судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон танњо аз тарафи Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон оѓоз карда мешаванд. Парвандањои љиноятї ва њуќуќвайронкунии маъмурї нисбати судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз љониби Суди Олии Љумњурии Тољикистон баррасї карда мешаванд.

5. Чорањои маљбуркунии мурофиавї дар намуди ба њабс ва њабси хонагї гирифтани судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон, муваќќатан дур кардан аз вазифа, азназаргузаронии манзил, кофтукови манзил ва утоќи хизматии ў, њабси молу мулк, гўш ва сабт кардани гуфтугўи телефонї ва дигар гуфтугўњо, њабси муросилот, азназаргузаронї ва ёфта гирифтани онњо, кофтуков, ёфта гирифтани ашё, њуљљатњои дорои маълумоти пасандоз ва суратњисобњои бонкї, њабси маблаѓњои дар суратњисобњо ва пасандозњо ё дар нигоњдории бонк ва ташкилотњои кредитї ќарордоштаи судяи Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон бо дархости прокурор ё муфаттиш бо розигии Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ва иљозати Суди Олии Љумњурии Тољикистон татбиќ карда мешаванд.

6. Дастгир кардан, маљбуран овардан, кофтукови шахсии судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, азназаргузаронии молу мулк, воситањои наќлиёт ва алоќа, ки онњоро истифода мебарад, танњо дар ваќти дастгир намудани ў њангоми содир кардани љиноят, дар дигар мавридњо бошад, танњо вобаста ба парвандаи љиноятии нисбати судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон оѓозгардида бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амалї карда мешавад.

7. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро барои изњори аќидааш тањти ягон хел таъсиррасонї ќарор додан мумкин нест.

Моддаи 13. Боздоштани ваколатњои судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Ваколатњои судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон аз тарафи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њолатњои зерин боздошта мешаванд:

- агар судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо вайрон кардани тартиби муќарраргардида интихоб шуда бошад;

- агар мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз вазифа дур карда шавад;

-агар бо тартиби муќарраршуда барои ба љавобгарии љиноятї кашидани ў ризоият дода шуда бошад.

2. Ваколатњои судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон бо таъиноти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон то аз байн рафтани асосњои дар ќисми 1 њамин модда зикршуда боздошта мешавад.

Моддаи 14. Бозхонди судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Бозхонди судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Президенти Љумњурии Тољикистон аз тарафи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар мавридњои зерин амалї мегардад:

- бо хоњиши худаш;

- бинобар ќонеъ гардонидани аризаи хаттии судяи Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон дар бораи ба истеъфо баромадан;

- нисбати судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мављуд будани њукми айбдоркунанда, ки эътибори ќонунї пайдо кардааст;

- дар асоси њалномаи ќувваи ќонунї пайдокардаи суд дар бораи ѓайри ќобили амал эътироф намудан, мањдуд сохтани ќобилияти амалкунї, бедарак ѓоиб эътироф намудан ё фавтида эълон намудани ў;

- вафоти судя;

- машѓул шудани судя бо фаъолияте, ки ба вазифаи ў номувофиќ аст;

- ќатъ гаштани шањрвандии Љумњурии Тољикис­тон;

- содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад;

- бе сабабњои узрнок дар мурофиањои судї зиёда аз ду маротиба пай дар пай иштирок накардан ё саркашї намудани судяи Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон аз овоздињї оид ба ќабули ќарор;

- бо сабаби вазъи саломатї ё бо дигар сабабњои узрнок муддати дуру дароз (на камтар аз чор моњ пай дар пай) вазифањои худро иљро накардани судя;

- ба охир расидани мўњлати ваколат;

- бинобар ба кори дигар гузаштан;

- ба нафаќа баромадан;

- вайрон кардани тартиби муќаррарнамудаи ќонунгу­зории Љум­њурии Тољикистон оид ба танзими анъана ва љашну маросимњо.

Моддаи 15. Истеъфои судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Истеъфои судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо ифтихор аз вазифа рафтани судя мебошад. Барои судяе, ки дар истеъфо мебошад, номи судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, кафолати дахлнопазирии шахсї ва мансубият ба љомеаи судяњо нигоњ дошта шуда, дар ин бора ба ў шањодатномаи судяи дар истеъфобудаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дода мешавад.

2. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон он гоњ баистеъфобаромада њисоб мешавад, ки агар ў бо асосњои зерин бозхонда шуда бошад:

- ќонеъ гардидани аризаи хаттии ў дар бораи ба истеъфо рафтан;

- ба охир расидани мўњлати ваколати ў;

- ќувваи ќонунї пайдо кардани њалномаи суд дар бораи ѓайри ќобили амал донистан ё мањдуд сохтани ќобилияти амалкунии ў;

- бо сабаби вазъи саломатї ё бо дигар сабабњои узрнок муддати дуру дароз (на камтар аз чор моњ пай дар пай) вазифањои худро иљро карда натавонистани ў.

3. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њуќуќ дорад, ки бо хоњиши худ ба истеъфо барояд. Ба судяи дар истеъ­фо­будаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки сию панљ сол собиќаи кории умумии њуќуќшиносї, аз љумла на камтар аз понздањ сол собиќаи кори судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дорад, таъминотпулии њармоњаи умрбод баробар ба шаст фоизи музди мењнати судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пардохт карда мешавад. Таъминотпулии њармоњаи умрбод барои њар соли минбаъдаи корї дар вазифаи судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба андозаи як фоизи музди мењнати судяи Суди конститутсионї зиёд карда мешавад, вале он аз шасту панљ фоизи музди мењнати судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон зиёд буда наметавонад.

4. Кор дар вазифањои Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, вазири адлияи Љумњурии Тољикистон, раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон ва муовинони онњо, вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои њуќуќї њамчун собиќаи кори судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон ба њисоб гирифта мешавад, агар онњо ќаблан дар вазифаи судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон на камтар аз 5 сол фаъолият карда бошанд.

5. Ба судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њан­гоми ба истеъфо баромадан ба андозаи музди мењнати семоња кўмак­пулии якваќта пардохта мешавад.

6. Таъминотпулии њармоњаи умрбод ё нафаќа ба судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз њисоби буљети љумњуриявї пардохта мешавад.

БОБИ 4. САЛОЊИЯти РАИС, МУОВИНИ РАИС ВА

СУДЯ- КОТИБИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 16. Салоњияти Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон:

- ба фаъолияти ташкилии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон роњбарї менамояд;

- ба тайёр намудани мурофиањои судї роњбарї карда, онњоро даъват ва дар онњо раисї менамояд;

- масъалањоеро, ки мавриди баррасии мурофиањои судї мегар­данд, ба муњокима пешнињод мекунад;

- њар сол ба Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар бораи вазъи ќонунияти конститутсионї дар љумњурї Номаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро мефиристад;

- Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар муносибат бо маќомоти давлатї ва љамъиятї, муассиса, корхона, дигар ташки­лотњо ва шахсони мансабдор намояндагї мекунад;

- ўњдадорињои мансабии муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро муайян мекунад;

- кори судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро ташкил мекунад;

- роњбарии умумиии дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро амалї менамояд;

- оид ба нигоњдории молу мулки давлатї, ки ба Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон барои истифодабарї дода шуда­аст, чорањо меандешад;

- љињати таќвияти муќовимат ба коррупсия ва риояи меъёрњои Кодекси одоби судяи Љумњурии Тољикистон тадбирњо меандешад;

-ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Дастури Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро барои ќабул пешнињод мекунад;

- номзадии судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро аз њисоби судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пешнињод ме­намояд;

- барои таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судї чораљўї менамояд;

- судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро барои гирифтани мукофотњои давлатии Љумњурии Тољикистон ва дараљањои тахассусї пешнињод менамояд;

- кормандони дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро ба кор ќабул ва аз кор озод менамояд, онњоро барои гирифтани мукофотњои давлатии Љумњурии Тољикистон пешнињод менамояд, бо рутбањои дараљавию тахассусї њавасманд мегардонад;

- ба санадњои судї ва протоколњои мурофиањои судї имзо ме­гузорад;

- дигар вакодатњоеро, ки Ќонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муайян кардаанд, иљро мекунад.

2. Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар доираи ваколатњои худ амру фармонњо мебарорад.

3. Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон метавонад дар љаласањои якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљ­лиси Олии Љумњурии Тољикистон, љаласањои Маљлиси миллии Маљ­лиси Олии Љумњурии Тољикистон, Маљлиси намояндагони Маљ­лиси Олии Љумњурии Тољикистон, Њукумати Љумњурии Тољикистон, дигар маќомоти давлатї ва љамъиятї, пле­нумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон иштирок намояд.

Моддаи 17. Салоњияти муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар баррасии парванда иштирок мекунад, вазифањои Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро њангоми набуданаш иљро мекунад, аз рўи таќсимоти вазифањо дигар корњои вобаста ба фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро амалї менамояд.

Моддаи 18. Салоњияти судя-котиби Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон

1. Судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз љониби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз љумлаи судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон интихоб карда мешавад.

2. Судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар баробари иљрои вазифаи судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон вазифањои зеринро анљом медињад:

- корњои ташкилиро оид ба омодасозии мурофиањои судї анљом медињад ва барои иљрои ќарорњои ќабулкардаи Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон тадбирњо меандешад;

- корро оид ба тањияи сариваќтии протоколи мурофиањои судї ташкил менамояд;

- ба санадњои судї ва протоколи мурофиањои судї имзо ме­гузорад;

- ба маќомоти дахлдор, корхонањо, муассисањо, дигар таш­килот­њо, шахсони мансабдор ва шањрвандон фиристодани нусхаи санадњои судии ќабулшударо, ки ба онњо дахл дорад, ташкил менамояд.

БОБИ 5. ПРИНСИПЊОИ АСОСИИ МУРОФИАИ
СУДЇ дар Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Моддаи 19. Ошкоро будани мурофиаи судї дар Суди конс­титут­сионии Љумњурии Тољикистон

1. Муњокимаи парвандањо дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба истиснои њолатњое, ки он ба манфиатњои њифзи сирри давлатї, таъмини амнияти шањрвандон, дахлнопазирии њаёти шахсии онњо ва муњофизати ахлоќу одоби љамъиятї мухолиф мебошад, ошкоро гузаронида мешавад.

2. Дар њамаи њолатњо ќарорњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ошкоро эълон карда мешаванд.

3. Бо иљозати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон истифодаи воситањои аксбардорї, сабти аудио-видеої, пахши љараёни мурофиаи судї аз тариќи радио ва телевизион дар рафти мурофиа роњ дода мешаванд.

Моддаи 20. Парвандањоро бевосита баррасї кардани Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њуќуќ надорад бе муњокимаи бевоситаи парванда, ки тартиби онро Ќонуни конс­титутсионии мазкур муќаррар кардааст, оид ба моњияти он ќарор ќабул намояд.

2. Судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар баррасии парванда аз лањзаи эълон шудани мурофиаи судї то пўшида шудани он шахсан иштирок мекунанд.

3. Њељ як судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њуќуќ надорад дар баррасии парванда бе сабабњои узрнок иштирок накунад.

4. Имконнопазирии иштироки судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар баррасии минбаъдаи парванда дар сурати мављуд будани шумораи кофии судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон барои давом додани мурофиаи судї мамониат намекунад.

5. Дар ваќти машварати Суди конститутсионии Љумњурии То­љикистон ягон судяи дар мурофиаи судї иштирокдошта њуќуќ надо­рад аз овоздињї худдорї кунад. Њар як судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон вазифадор аст, ки фикрашро оид ба парванда пеш аз ќабул шудани ќарор шахсан баён намояд.

Моддаи 21. Баробарњуќуќии тарафњои мурофиаи судї

1. Дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурофиаи судї дар асоси мубоњиса ва баробарњуќуќии тарафњо сурат мегирад.

2. Тарафњои мурофиаи судї ба изњори раддия ва дархост, пешнињоди далелњо, иштирок дар тадќиќи онњо, ба суд пешнињод намудани ваљњ ва баёноти худ, суханронї дар музокирањои судї, амалї намудани дигар њуќуќу ўњдадорињои мурофиавии дар Ќонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда њуќуќи баробар доранд.

Моддаи 22. Шифоњї гузаронида шудани мурофиаи судї

Мурофиањои судї ба таври шифоњї бурда мешаванд. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон вазифадор аст, ки њангоми баррасии парванда шарњу баён ва суханронии иштирокчиёни муро­фиаи судї, нишондоди шоњидон, мутахассисон, хулосаи коршиносро шунавад, њуљљатњои дар парвандабуда ва пешнињодкардаи ишти­рокчиёни мурофиаи судї, хулосаи экспертиза, протоколњо ва дигар далелњои хаттиро эълон кунад.

Моддаи 23. Забони мурофиаи судї

1. Мурофиаи судї дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон, инчунин баён ва эълон намудани санадњои судии ќабул­намудаи он ба забони давлатии Љумњурии Тољикистон сурат мегирад.

2. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон барои шахсони дар мурофиаи судї иштироккунанда, ки забони давлатиро наме­донанд, тарљумаи мурофиаи судиро бо забони модарии онњо ё бо забоне, ки онро медонанд, тавассути тарљумон таъмин менамояд.

3. Шахсони иштироккунандаи парванда, шоњидон, мутахассисон, коршиносон, ки забони мурофиаи судиро намедонанд, метавонанд ба забони модариашон ё ба забоне, ки медонанд, шарњу эзоњоти худро баён намоянд ва аз хизмати тарљумон истифода баранд.

4. Дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон протоколи мурофиаи судї бо забони давлатї тартиб дода мешавад.

Моддаи 24. Махфияти машварати судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Њангоми машварати судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар хонаи машваратї, ки дар он парванда моњиятан њал карда мешавад, њузур доштани шахсони бегона манъ аст.

2. Ошкор сохтани мулоњизањое, ки њангоми машварати судяњо иброз шудаанд, мумкин нест.

Моддаи 25. Ботантана гузаронида шудани мурофиаи судї дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурофиаи судї ба тариќи ошкоро дар вазъияти ботантана ва бо риояи њамаи талаботи одоби муоширати судї гузаронида мешавад.

2. Шахсони дар толори мурофиаи судї њузурдошта бояд ба амрњои раисикунанда дар бораи риояи тартибот дар мурофиаи судї итоат кунанд.

3. Њангоми ба толори судї даромадан ва аз он баромадани судя­њои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамаи шахсони њузурдошта аз љой бармехезанд.

4. Њар як иштирокчии мурофиаи судї дар ваќти ба суд мурољиат намудан, суханронї кардан, шарњу баёнот додан ва сухан гуфтан аз љой бармехезад. Мурољиат ба судя ё судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо суханони «Мўњтарам судя ё судяњои...» оѓоз меёбад.

5. Ќарор ва хулосаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон оид ба моњияти парванда аз номи Љумњурии Тољикистон бароварда шуда, њозирон онро рост истода мешунаванд.

Моддаи 26. Рад кардан ё худрадкунии судяи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон

1. Иштироки судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар баррасии парванда метавонад дар мавридњои зерин рад карда шавspan style=span style=ад, агар:

- судя пештар вобаста ба ўњдадорињои мансабиаш дар ќабули санади меъёрии њуќуќї, ки предмети баррасии Суди конститутсионї гардидааст, иштирок карда бошад;

- ў хешованди наздики яке аз тарафњо ё намояндаи онњо бошад, бевосита ё бавосита ба натиљаи њалли парванда манфиатдор бошад ё дигар њолатњое мављуд бошанд, ки холис ва беѓараз будани ўро зери шубња гузоранд.

2. Рад кардан ё худрадкунии судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз љониби тарафњои мурофиаи судї ё судя метавонад дар тамоми марњалањои мурофиаи судї арз карда шавад.

3. Рад кардан ё худрадкунии судяи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон аз тарафи аксари судяњои дар маљлис њузурдоштаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо роњи баровардани таъиноти дахлдор ќабул карда мешавад. Њангоми баробар будани овозњо судя радкардашуда њисобида мешавад.

4. Масъалаи радкунї ё худрадкунии судяи Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон, ки дар љараёни мурофиаи судї арз шудааст, дар хонаи машваратї бе иштироки судяи радшаванда њал карда ме­шавад. Радшаванда њуќуќ дорад, ки то ба хонаи машваратї даро­мадани суд аќидаашро нисбати раддияи ба ў арзшуда изњор намояд.

5. Радкунї ё худрадкунии тамоми њайати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мумкин нест.

БОБИ 6. ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ

СУДЇ, ЊУЌУЌУ УЊДАДОРИЊОИ ОНЊО

Моддаи 27. Иштирокчиёни мурофиаи судї

1. Тарафњо ва намояндагони онњо, шоњидон, коршиносон ва тарљумонњо иштирокчиёни мурофиаи судї ба њисоб мераванд.

2. Ба мурофиаи судї намояндагони дигар маќомоти давлатии татбиќкунандаи њуќуќ, ки ба санади меъёрии њуќуќии мавриди бањс ќарордодашуда алоќамандї доранд, даъват карда мешаванд. Бо иљо­зати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон онњо хулосаи худро оид ба санади меъёрии њуќуќии мавриди бањс ќарордодашуда пешнињод менамоянд.

Моддаи 28. Тарафњо ва намояндагони онњо

1. Дар мурофиаи судї инњо тараф мебошанд:

- мурољиаткунанда - субъектњое, ки тибќи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии мазкур њуќуќи ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат карданро доранд;

- маќомот ва шахсони мансабдоре, ки ба Конститутсияи (Сарќо­нуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун ё дигар санади меъёрии њуќуќии ќабулнамуда, љонибдорикарда ва ба имзо расонидаи онњо мавриди санљиш ќарор дода мешаванд;

- маќомоти давлатие, ки салоњияти онњо мавриди бањс ќарор дода мешавад.

2. Намоянда - шахсе мебошад, ки њуќуќу манфиатњои тарафњоро дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њимоя мекунад.

3. Дар мурофиаи судї адвокатњо, мутахассисон ва дигар шахсон метавонанд ба сифати намояндаи тарафњо иштирок кунанд, ки дои­раи ваколати онњоро ваколатномаи додашудаи тарафњо муайян менамояд.

4. Тарафњо метавонанд якчанд намоянда дошта бошанд.

5. Намояндаи тарафњо дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз рўи вазифа инњо мебошанд:

- роњбари маќоме, ки ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон мурољиат намудааст;

- роњбари маќом, шахси мансабдори санади меъёрии њуќуќиро ќа­булнамуда, љонибдорикарда ё ба имзорасонида, ки оид ба муайян намудани мувофиќати он ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон масъала гузошта шудааст.

Моддаи 29. Њуќуќу ўњдадорињои тарафњо ва намояндагони онњо

1. Тарафњо ва намояндагони онњо дар доираи ваколатњояшон њуќуќњои баробари мурофиавї дошта, метавонанд:

- бо тамоми маводе, ки дар љараёни омодагї ба мурофиаи судї оид ба масъалаи баррасишаванда дастрас шудаанд, шинос шаванд, аз онњо иќтибос гиранд, нусха бардоранд, далел оваранд, дар тањќиќи далелњо иштирок намоянд, далелу мулоњизањои худро доир ба њамаи масъалањое, ки дар љараёни мурофиаи судї ба миён меоянд, пеш­нињод намоянд;

- ба таври хаттї дархост пешнињод намуда, ба судяњо шифоњї ва хаттї шарњу баёнот дињанд, мулоњизањои худро оид ба изњори дар­хост баён кунанд;

-бо забони модарии худ ё забоне, ки медонанд, баёнот дињанд ва аз хизмати тарљумон истифода баранд;

-ба тарафи дигар, шоњидон, коршиносон ва мутахассисон савол дињанд;

-оид ба масъалаи баррасишаванда дар музокираи судї иштирок намоянд ва суханронии хотимавї кунанд;

- дар бораи шарњу эзоњ додани ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархост пешнињод намоянд;

- то ба хонаи машваратї рафтани њайати суд асос ё предмети талаботашонро таѓйир дињанд, њаљми онро зиёд ё кам кунанд ё аз талаботашон даст кашанд;

- талабњои гузошташударо пурра ё ќисман эътироф кунанд ё ба муќобили онњо норозигї изњор намоянд.

2. Тарафњо ва намояндагони онњо ўњдадоранд:

- бо даъвати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њозир шаванд;

- дар мурофиаи судї нисбат ба якдигар хушмуомила буда, тартибу ќоидањоеро, ки Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон ќабул кардааст, эњтиром намоянд ва ба саволњои раисикунанда, судяњо ва иштирокчиёни мурофиаи судї љавоб гўянд;

- ба амрњои раисикунанда оид ба риояи тартибот дар мурофиаи судї итоат намоянд;

- фикри худро оид ба њолатњои кор, ки ба онњо маълуманд, аниќ ва дуруст баён намоянд, инчунин далелњо оварда, њолат­њоеро исбот кунанд, ки ба онњо њамчун ба асоси талаб ва норозигии худ такя менамоянд.

Моддаи 30. Шоњид

1. Дар сурати зарурат Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон дар асоси дархости тарафњо ва намояндагони онњо ба мурофиаи судї метавонад шоњидро даъват намояд. Шахсе ба сифати шоњид баромад карда метавонад, ки ба ў оид ба њолатњои кор аз рўи масъалаи баррасишаванда маълумот ё далеле маълум аст.

2. Шоњид дар бораи ба љавобгарии љиноятї кашида шудан барои дидаю дониста додани нишондоди бардурўѓ ё саркашї кардан аз њозиршавї бо даъвати суд ё нахостани додани нишондод огоњ карда мешавад.

3. Шоњид ўњдадор аст, ки ба мурофиаи судї њозир шавад, дар бораи масъалаи баррасишаванда маълумот дода, њуљљатњои заруриро пешнињод намояд ва ба саволњои судяњо ва иштирокчиёни мурофиаи судї љавоб дињад.

Моддаи 31. Коршинос

1. Ба сифати коршинос ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон шахси дорои дониш ва малакаи муайян дар соњаи илму техника, санъат ё дигар касбњои мухталиф, ки метавонад ба масъалаи баррасишаванда тавзењот дињад, мумкин аст даъват карда шавад. Масъалае, ки ба он коршинос бояд хулоса дињад, аз тарафи судяи маърўзакунанда ё Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

2. Коршинос дар бораи ба љавобгарии љиноятї кашида шудан, барои додани хулосаи бардурўѓ ё саркашї кардан аз њозиршавї бо даъвати суд ё саркашї кардан аз иљрои вазифањои худ огоњ карда мешавад.

3. Коршинос њуќуќ дорад, ки бо маводи парванда шинос шавад, ба тарафњо ва шоњидон саволњо дињад, инчунин дар хусуси ба ў пешнињод намудани маводи иловагї дархост пешнињод намояд, маълумотеро, ки барои додани хулоса зарур аст, навишта гирад ё нусхабардорї кунад.

4. Коршинос баъди фањмонидани хулоса ўњдадор аст, ки ба саволњои иловагии раисикунанда, судяњо, тарафњо ва иштирокчиёни мурофиаи судї љавоб дињад.

Моддаи 32. Мутахассис

1. Ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба сифати мутахассис шахсе даъват карда мешавад, ки дар масъалањои муайян дониши махсус ва таљрибаи кофї дорад.

2. Мутахассис барои додани тавзењот ва пурра кардани андешаи худ њуќуќ дорад бо маводи парванда шинос шавад, дар мурофиаи судї бо иљозати раисикунанда ба дигар иштирокчиёни мурофиаи судї саволњо дињад.

3. Дар њолати бе сабабњои узрнок њозир нашудан ё саркашї кардан аз иљрои вазифањои худ мутахассис мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба љавобгарии љиноятї кашида мешавад.

Моддаи 33. Тарљумон

1. Ба мурофиаи судї ба сифати тарљумон шахсе даъват карда мешавад, ки ў забони давлатї ва забони иштирокчиёни мурофиаро, ки забони мурофиаи судиро намедонанд, озод дониста, гуфтугў ва тарљума карда метавонад.

2. Тарљумон ўњдадор аст, ки бо даъвати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њозир шуда, маводи ба ў додашударо пурра ва аниќ тарљума намояд.

3. Тарљумон дар сурати саркашї намудан аз њозиршавї ба мурофиаи судї ё аз иљрои вазифаи ба зиммааш гузошташуда ё дидаву дониста нодуруст тарљума кардани мавод тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашида мешавад.

БОБИ 7. САЛОЊИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 34. Салоњияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон

1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дорои салоњияти конститутсионии дар моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистон ва Ќонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда мебошад.

2. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон парвандањоро дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани:

- ќонунњо, ќарорњои якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намоян­дагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, санадњои меъёрии њу­ќуќии Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Пре­зиденти Љумњурии Тољикистон, Њукумати Љумњурии Тољикистон, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон;

-шартномањои байналмилалии эътибори ќонунї пайдонакардаи Љумњурии Тољикистон;

- санадњои меъёрии њуќуќии вазоратњо, кумитањои давлатї ва дигар маќомоти давлатї;

- санадњои меъёрии њуќуќии маљлисњои вакилони халќи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо ва шањри Душанбе:

- санадњои меъёрии њуќуќии маљлисњои вакилони халќи шањру ноњияњо ва раисони шањру ноњияњо;

-санадњои меъёрии њуќуќии маќомоти худидоракунии шањрак ва дењотро баррасї менамояд.

3. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон инчунин масъалањои зеринро баррасї менамояд:

-лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон воридшаванда, лоињаи ќонунњо ва дигар масъалањои ба раъйпурсии умумихалќї пешнињодшаванда;

-бањси байни маќомоти давлатиро доир ба салоњияти онњо;

-дархости шањрвандонро дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќо­нуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун, дигар сана­ди меъёрии њуќуќї, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љум­њурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки нисбат ба онњо аз тарафи маќомоти дахлдори давлатї ё љамъиятї, инчунин маќомоти судї дар парвандаи мушаххас татбиќ карда шудааст ва ба андешаи онњо боиси вайрон шудани њуќуќу озодињои конститутсиониашон гардидааст;

- ваколатњои дигареро, ки Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, Ќонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муайян кардаанд, анљом медињад.

4. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар сурати аз тарафи Президенти Љумњурии Тољикистон содир шудани хиёнат ба давлат хулоса ќабул мекунад.

Моддаи 35. Салоњияти дигари Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар маљлисњои худ:

- Дастури Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро ќабул менамояд;

- матни Номаи њарсолаи Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистонро дар бораи вазъи ќонунияти конститутсионї муњокима ва ќабул менамояд;

- котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро интихоб мекунад;

- масъалаи боздоштани ваколати судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро њал менамояд;

- масъалаи таъин намудани љарима ва дигар чорањои таъсир­расониро ба вайронкунандагони мурофиаи судї баррасї менамояд;

- фаъолияти дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистонро баррасї карда, вобаста ба он ќарорњои дахлдор ќабул менамояд;

- масъалаи њавасмандгардонї ва ба мукофотњои давлатї пеш­нињод намудани судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон ва кормандони дастгоњи онро њал менамояд;

- њайат ва Низомномаи Шўрои илмию машваратии назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро тасдиќ мекунад;

-дигар масъалањои фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро баррасї менамояд.

2. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њуќуќ дорад дар љараёни омода намудани парванда барои баррасї дар мурофиаи судї аз њама маќомоти давлатї, корхона, муассиса, дигар ташкилотњо, иттињодияњои љамъиятї ва муассисањои илмї маълумоти заруриро дархост карда гирад, инчунин бо тартиби муќарраргардида мута­хассисонро ба кори экспертї ва илмию машваратї љалб намояд.

Моддаи 36. Дастури Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Масъалањои дохилии фаъолияти Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон, ки бо Ќонуни конститутсионии мазкур танзим нагардидаанд, тавассути Дастури Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 37. Номаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њар сол ба Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар бораи вазъи ќонунияти конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон дар иртибот бо парвандањои баррасишаванда Нома мефиристад. Нома дар маљлиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон муњокима гардида, бо протокол ба расмият дароварда мешавад.

2. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, инчунин мета­вонад ба Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба дигар масъалањо, аз љумла доир ба таъмини волоияти меъёрњои Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон ва риояи њуќуќу озодињои конс­титутсионии инсон ва шањрванд дар ќаламрави кишвар мурољиат намояд.

БОБИ 8. ТОБЕИЯТИ ПАРВАНДАЊО БА СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 38. Тобеияти парвандањо ба Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон

1. Ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мутобиќи салоњияташ, парвандањое, ки дар моддаи 34 Ќонуни конститутсионии мазкур пешбинї шудаанд, тобеият доранд.

2. Ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, инчунин парвандањо дар бораи ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани санадњои меъёрии њуќуќие, ки дорои хусусияти махфї мебошанд, низ тобеият доранд.

Моддаи 39. Тобеияти чандин талаботи бо њам алоќаманд

Дар сурати якљоя намудани чандин талаботи бо њам алоќаманд, ки баъзе аз онњо ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва баъзеи онњо ба маќомоти дигари њокимияти давлатї тобеият доранд, дар Суди конститутсионї танњо масъалае мавриди баррасї ќарор мегирад, ки ба њамин суд тобеияти судї дорад.

Моддаи 40. Субъектњое, ки њуќуќи ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат карданро доранд

Ба Суди конститутсиоEN-US/spanнии Љумњурии Тољикистон субъектони зерин њуќуќи мурољиат карданро доранд:

- Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани таѓйиру иловањои ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон воридшаванда, лоињаи ќонунњо ва дигар масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод карда мешаванд;

- Президенти Љумњурии Тољикистон, љаласаи якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кистон, Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Маљ­лиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Њукумати Љумњурии Тољикистон, узви Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон, маљлисњои вакилони халќи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо ва шањри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонунњо, санадњои меъёрии њуќуќии якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, санадњои меъёрии њуќуќии Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Маљлиси намояндагони Маљ­лиси Олии Љумњурии Тољикистон, Президенти Љумњурии Тољи­кистон, Њукумати Љумњурии Тољикистон, шартномањои байнал­милалии эътибори ќонунї пайдонакардаи Тољикистон, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон;

- Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон, маљлисњои вакилони халќи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо ва шањри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани санадњои меъё­рии њуќуќии вазоратњо, кумитањои давлатї, дигар маќомоти давлатї ва маќомоти мањаллии њокимияти давлатї;

- Њукумати Љумњурии Тољикистон, вазоратњо ва дигар маќомоти давлатї, аз љумла маљлисњои вакилони халќи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе ва шањру ноњияњо, раисони Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе ва шањру ноњияњо оид ба бањсњои байни онњо доир ба салоњияташон;

- Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки аз тарафи маќомоти дахлдори давлатї ё љамъиятї, инчунин маќомоти судї њангоми баррасии парвандаи мушаххас татбиќ карда шудаанд ва ба андешаи ў боиси вайрон шудани њуќуќу озодињои конститутсионии шањрвандон гардидаанд;

- шахсони воќеї дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки аз тарафи маќомоти дахлдори давлатї ё љамъиятї, инчунин маќомоти судї нисбат ба онњо дар парвандаи мушаххас татбиќ карда шудаанд ва ба андешаи онњо боиси вайрон шудани њуќуќу озодињои конс­титутсиониашон гардидаанд;

- шахсони њуќуќї дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки аз тарафи маќомоти дахлдори давлатї ё љамъиятї, инчунин маќомоти судї нисбат ба онњо дар парвандаи мушаххас татбиќ карда шудаанд ва ба андешаи онњо боиси вайрон шудани њуќуќу манфиатњои конститутсиониашон гардидаанд;

- судяњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии иќти­содии Љумњурии Тољикистон, дигар судњои Љумњурии Тољикистон (ба ѓайр аз судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон) дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон му­вофиќат доштани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї ё тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки онњо дар парвандаи мушаххас нисбат ба шахси воќеї ё њуќуќї татбиќ намудаанд ё бояд татбиќ намоянд.


БОБИ 9. ТАРТИБИ ОЃОЗ КАРДАНИ МУРОФИАИ СУДЇ

ВА БАРОИ БАРРАСЇ омода НАМУДАНИ ПАРВАНДА

Моддаи 41. Шакл ва мазмуни мурољиат ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Мурољиат ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар шакли хаттї сурат мегирад.

2. Маќомот ва шахсони мансабдори дар сархатњои якум – чоруми моддаи 40 Ќонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо пешнињод ва шахсони дар сархатњои панљум- њаштуми моддаи номбурда пешбинигардида бо дархост мурољиат мекунанд.

3. Дар пешнињод ва дархост бояд нишон дода шаванд:

- номи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон;

- насаб, ном, номи падар, суроѓаи шахси мурољиаткунанда ё ном ва суроѓаи ташкилот ё маќоми мурољиаткунанда;

- насаб, ном, номи падар, суроѓаи намояндаи шахси мурољиат­кунанда ва ваколати ў;

- ном, суроѓаи маќомоти давлатї ё насаб, ном ва номи падари шахси мансабдори санади меъёрии њуќуќиро ќабулкарда, љонибдори карда ва ба имзорасонида, ки ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистон мувофиќат доштани он мавриди баррасї ќарор дода мешавад;

-ном, сана ва раќами ќабул, манбаи интишор ва дигар маълумот оид ба санади меъёрии њуќуќии мавриди бањс ќароргирифта;

-њолатњо ва далелњои мушаххас дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат надоштани меъёрњои мушаххаси санади меъёрии њуќуќї, ки мурољиаткунанда талаб ва далелњои худро бо онњо асоснок мекунад;

-вайроншавии њуќуќу озодињои мушаххаси конститутсионии инсон ва шањрванд аз татбиќи санади меъёрии њуќуќии ба андешаи мурољиаткунанда ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон мувофиќатнадошта;

- моњияти талаби мурољиаткунанда;

-меъёрњои Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва Ќонуни конститутсионии мазкур, ки барои мурољиат ба Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон њуќуќ медињанд;

-номгўи њуљљатњои ба пешнињод ё дархост замимашаванда.

4. Пешнињод ё дархостро мурољиаткунандаи дахлдор, ки дар моддаи 40 Ќонуни конститутсионии мазкур пешбинї шудааст, имзо мекунад. Ба он њуљљатњои зерин замима карда мешаванд:

-нусхаи матни санади меъёрии њуќуќї, ки мувофиќати он ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон аз тарафи муро­љиаткунанда пурра ё ќисми алоњидаи он мавриди бањс ќарор ги­рифтааст;

-њуљљатњо дар бораи ваколати намоянда, ѓайр аз њолатњое, ки намояндагї аз рўи вазифа амалї карда мешавад.

5. Ба њуљљатњое, ки ба забони дигар навишта шудаанд, тарљумаи онњо ба забони давлатї замима карда мешавад.

6. Пешнињод ё дархост ва замимаи онњо ба Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон бо теъдоди на камтар аз 10 нусха пешнињод карда мешавад. Бо талаби судя тарафи мурољиаткунанда бояд миќдори дигари нусхаи ин њуљљатњоро пешнињод намояд.

7. Ба пешнињод ва дархост њуљљат оид ба пардохти бољи давлатї замима карда мешавад.

Моддаи 42. Мўњлати бо дархост мурољиат кардан ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Субъектњои мурољиат метавонанд дар давоми шаш моњ аз рўзи нисбат ба онњо ќабул карда шудани ќарори дахлдор дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї ё тавзењоти дастурии дар он татбиќшудаи пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистонбо дархост мурољиат намоянд.

Моддаи 43. Баррасии пешнињоду дархост дар Суди конс­титут­сионии Љумњурии Тољикистон

1. Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пешнињод ё дархости воридшударо ба як ё якчанд судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон барои омўзиш ва санљиш медињад.

2. Судя ё судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пешнињод ё дархостро санљида, дар муддати як моњ ба Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон дар бораи оѓоз намудани муро­фиаи судї ё рад намудан аз оѓози мурофиаи судї пешнињод манзур менамоянд.

3. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пешнињоди судя ё судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро баррасї карда, дар бораи оѓоз намудани мурофиаи судї таъинот ќабул менамояд ва ба судя ё судяњо супориш медињад, ки парвандаро барои баррасї дар мурофиаи судї тайёр намоянд ё дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судї таъинот ќабул менамояд. Дар ин хусус ба мурољиаткунанда хаттї хабар дода мешавад.

4. Нусхаи таъинот дар бораи оѓоз намудани мурофиаи судї ба тарафњо ва мурољиаткунанда, нусхаи таъинот дар бораи рад намудан аз оѓози мурофиаи судї дар мўњлати панљ шабонарўз ба мурољиат­кунанда фиристода мешавад.

5. Дар њолати такроран мурољиат кардан ба Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон оид ба масъалае, ки дар хусуси он таъиноти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар бораи рад намудан аз оѓози мурофиаи судї мављуд аст, ба мурољиаткунанда нусхаи таъинот дода шуда, њамзамон ба ў дар бораи минбаъд ќатъ намудани мукотиба оид ба масъалаи мазкур хабар дода мешавад.

6. Дар сурати оѓоз гардидани мурофиаи судї Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон метавонад бо таъиноташ амали санади меъёрии њуќуќии мавриди бањс ќароргирифтаро то баррасии парванда боздорад.

Моддаи 44. Асосњои баррасии парванда дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Асос барои дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон баррасї гардидани парванда пешнињод ё дархости хаттї ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба шумор меравад, ки тибќи талаботи Ќонуни конститутсионии мазкур оварда шуда бошад.

2. Ба баррасии парванда дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ошкор гаштани номуайянї дар масъалаи ба Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонунњо, санадњои меъёрии њуќуќии якљояи Маљлиси миллї ва Маљ­лиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, санадњои меъёрии њуќуќии Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кистон, Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кистон, Президенти Љумњурии Тољикистон, Њукумати Љумњурии То­љи­кистон, дигар маќомоти давлатию љамъиятї, шартномањои байнал­милалии эътибори ќонунї пайдонакардаи Тољикистон, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, бањсњои байни маќомоти давлатї доир ба салоњияти онњо, њолатњое дигаре, ки аз салоњияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бар меоянд, асос мегардад.

3. Асос барои дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон баррасї намудани парванда дар хусуси ба Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон воридшаванда ё лоињаи ќонунњо ва дигар масъалањои ба раъйпурсии умумихалќї пешнињодшаванда, пешнињоди Президенти Љумњурии Тољикистон ё Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ба шумор меравад.

Моддаи 45. Рад кардан аз оѓози мурофиаи судї

1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз оѓози муро­фиаи судї дар мавридњои зерин рад мекунад:

- мувофиќ набудани пешнињод ё дархост аз љињати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Ќонуни конститутсионии мазкур ё набудани асос барои баррасии парванда дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон;

- аз тарафи маќомот ё шахси (субъекти) њуќуќи мурољиатнадошта ворид шудани пешнињод ё дархост;

- агар мурољиати пешнињодшуда тањти тобеияти Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон ќарор надошта бошад;

- аз тарафи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пеш аз ин баррасї шудани масъалаи дар пешнињод ё дархост зикршуда ва дар ин бора мављуд будани санади дахлдори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон;

- гузаштани мўњлати шашмоњаи бо дархост мурољиат кардан ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон;

- аз эътибор соќит дониста шудани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї ё тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани он зери шубња ќарор дода шудааст.

Моддаи 46. Омода намудани парванда барои баррасї дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз рўи мурофиаи судии оѓозкардашуда бояд дар мўњлати ду моњ парвандаро барои баррасї дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон омода намояд. Барои ин ў:

-тарафњоро аз рўи парванда муайян намуда, њуќуќу ўњдадорињои мурофиавиашонро, ки њамин Ќонуни конститутсионї пешбинї кардааст, фањмонда медињад, ба­рои гирифтани далелњо ва пешнињод кардани онњо ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба онњо мусоидат менамояд;

- тарафи мурољиаткунандаро мепурсад;

- њуљљатњо ва маълумоти дигари ба парванда дахлдоштаро талаб карда мегирад;

- шахсони дахлдори мансабдорро мепурсад;

-дар сурати зарурат олимон, кормандони амалиро ба сифати мутахассисон, коршиносон љалб мекунад, барои гузаронидани таф­тишу тањќиќ ва экспертиза супориш медињад;

- доираи шоњидон, мутахассисон, коршиносонро муайян мена­мояд;

-масъалаи дар як мурофиаи судї якљоя намудани талаботи бо њам алоќаманд, ки онњо ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон тобеият доранд ё аз њам људо кардани талаботи ба маќомоти дигари њокимияти давлатї тобеиятдоштаро, ки дар як мурољиат изњор шудаанд, њал менамояд;

- ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар бораи боздоштани амали санади меъёрии њуќуќии мавриди бањс ќарор­гирифта то баррасии парванда, инчунин ќатъ кардани пешбурди парванда дар сурати бо ихтиёри худ пешнињод ё дархостро пас гирифтани мурољиаткунанда ё дар сурати бекор кардан ё беэътибор донистани санади меъёрии њуќуќии мавриди бањс ќароргирифта, таклиф пешнињод менамояд;

- на дертар аз дањ рўз то оѓози баргузории мурофиаи судї нусха­њои маводи зарурии парвандаро ба судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, тарафњо ва дар сурати зарурат ба дигар иштирокчиёни мурофиаи судї месупорад;

- ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар бораи таъин кардани парванда барои баррасї дар мурофиаи судї таклиф пешнињод мекунад;

- иштирокчиёни мурофиаи судиро оид ба баргузории мурофиаи судї хабардор намуда, иштироки онњоро таъмин менамояд;

- барои таъмин намудани баррасии сариваќтии парванда дигар амалњоро иљро мекунад.

2. Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон метавонад барои баррасї омода намудани парвандаро ба якчанд судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонсупорида, мўњлати омода кардани онро то як моњ дароз намояд.

Моддаи 47. Ба баррасии Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон таъин намудани парванда

Агар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон парвандаро барои баррасї дар мурофиаи судї ба таври кофї омодашуда њисобад, дар хусуси таъин намудани он барои баррасї таъинот ќабул ме­намояд.

БОБИ 10. БАРРАСИИ ПАРВАНДА АЗ ЉОНИБИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНии ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 48. Мўњлати баррасии парванда дар Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон

Парванда дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар давоми шаш моњ аз рўзи ворид шудани мурољиат (пешнињод ё дархост) баррасї карда мешавад.

Моддаи 49. Тартиби баррасии парванда дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Парванда дар мурофиаи судї тањти раисии Раиси Суди консти- тутсионии Љумњурии Тољикистон (раисикунанда) баррасї карда ме­шавад. Тартиби пешбурди маљлисро раисикунанда муайян менамояд.

2. Раисикунанда:

- дар ваќти таъиншуда мурофиаи судии Суди конститутсиониро мекушояд;

- парвандаеро, ки бояд баррасї шавад, эълон менамояд;

- њозир будани шумораи кофии судяњо ва таъмини тањияи про­токолро муайян мекунад;

- ба судя - котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон барои маърўза дар бораи њузур доштани иштирокчиёни мурофиаи судї, шоњидон, мутахассисон, коршиносони даъватшуда ва сабабњои њозир нашудани онњо сухан медињад;

- ба тарафњо њуќуќу ўњдадорињои онњо ва ба шахсони даъватшуда ўњдадорињо ва љавобгарии онњоро мефањмонад;

-аз иштирокчиёни мурофиаи судї дархост доштани онњоро дар хусуси даъват кардани шоњидон, мутахассисон ва коршиносони иловагї, далелњои иловагиро мепурсад ва масъалањои дигареро, ки дар љараёни маљлис ба миён меоянд, барои њал кардан ба муњокимаи суд мегузорад;

- оѓози моњиятан баррасї намудани парвандаро эълон мекунад.

3. Баррасии парванда аз баромади судяи маърўзакунанда оѓоз меёбад, ки вай моњияти парванда, сабабу асосњои баррасии он, мазмуни маводи мављуда, инчунин љавобњоя style=шро ба саволњои судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон баён мекунад, сипас бояд шарњу баёни тарафњо шунида шавад. Ба тарафњо мумкин аст саволњо дода шаванд.

4. Агар зарурати пурсиши шоњидон ва љалби мутахассисон мављуд бошад, пеш аз пурсиши онњо раисикунанда онњоро дар бораи баљавобгарии љиноятї кашида шудан, барои саркашї кардан аз додани нишондод ва ё нишондоди бардурўѓдоданогоњ менамояд.

5. Дар мурофиаи судї мумкин аст њуљљатњо эълон гарданд ва суханронии шахсони даъватшуда шунида шавад.

6. Баъд аз ба охир расидани тањќиќи шарњу баёнот ва њуљ­љатњо суханронии хотимавии тарафњо шунида мешавад, агар онњо баромад кардан хоњанд.

7. Агар суд тањќиќоти масъалањоро тамомшуда шуморад, раисикунанда ба итмом расидани баррасии масъаларо эълон мекунад ва суд ба хонаи машваратї меравад.

8. Дар хонаи машваратї њар як судя мавќеи худро оид ба масъалаи баррасишаванда озодона баён мекунад ва раисикунанда аз дигар судяњои мавќеашон номуайян хоњиш менамояд, ки онњо низ мавќеашонро оид ба масъалаи баррасишаванда аниќ намоянд.

9. Баъд аз ба имзо расидани ќарори ќабулкардаи Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон раисикунанда ё яке аз судяњо онро дар маљлисгоњи судї эълон мекунад.

Моддаи 50. Ќатъ намудани пешбурди парванда

1. Пешбурди парванда аз тарафи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон дар њолатњои зерин ќатъ карда мешавад:

-агар дар љараёни мурофиаи судї муайян карда шавад, ки масъ­алаи танзимнамудаи ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки муайян намудани мувофиќати онњо ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон барои санљиш пешнињод шуда­аст, инчунин бањс миёни маќомоти давлатї оид ба салоњият дар Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон пешбинї нашуда­аст ё бо хусусият ва ањамияти худ тањти тобеияти Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон ќарор надорад;

- ихтиёран даст кашидани мурољиаткунанда аз талаботи дар мурољиаташ нишондодашуда;

- бекор кардан ё аз эътибор соќит дониста шудани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки муайян намудани мувофиќати онњо ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон мавриди баррасии Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон ќарор дорад;

- дигар њолатњое, ки аз Ќонуни конститутсионии мазкур бармеоянд.

2. Даст кашидани мурољиаткунанда аз талаботи дар мурољиаташ нишондодашуда дар мурофиаи судї то ба хонаи машваратї даро­мадани њайати суд ќабул карда мешавад.

3. Дар бораи ќатъ кардани пешбурди парванда Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон таъинот ќабул мекунад.

Моддаи 51. Мавќуф гузоштани мурофиаи судї

1.Мурофиаи судї метавонад дар њолатњои зерин мавќуф гузошта шавад, агар:

- суд тайёрии парвандаро нокифоя ва омўзиши иловагии онро зарур шуморад;

- мавќуф гузоштани мурофиаи судиро ягон судя ё намояндаи тарафњо талаб намояд ва асосњои овардаи онњо эътимоднок шумо­рида шаванд;

- дар мурофиаи судї шумораи зарурии судяњо њузур надошта бошад;

- яке аз тарафњо омўзиши иловагии њуљљатњоеро, ки тарафи дигар пешнињод намудааст, дархост намояд;

- тарафњо, шоњидон, мутахассисон ва коршиносон, ки њузурашон њатмї дониста шудааст, њозир нашуда бошанд ё агар зарурати таъин намудани экспертиза ва талаб намудани далелњои иловагї ба миён омада бошад;

- њуљљатњои дархостшуда, ки барои баррасии парванда моњиятан заруранд, сари ваќт пешнињод нашуда бошанд;

- њолатњои объективие мављуд бошанд, ки аз љониби суд узрнок њисобида шаванд;

- дигар њолатњое, ки суд асоснок мешуморад.

2. Дар бораи мавќуф гузоштани мурофиаи судї таъинот ќабул карда мешавад.

3. Баррасии парванда аз тарафи суд баъд аз бартараф шудани асоси мавќуфгузорї аз њамон марњилае, ки мавќуф гузошта шуда буд, идома дода мешавад.

Моддаи 52. Боздоштани мурофиаи судї

1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон метавонад му­рофиаи судиро дар њолатњои зерин боздорад:

- фавти шањрванд-тарафи мурофиаи судї, агар муносибатњои бањсноки њуќуќї ворисии њуќуќиро иљозат дињад;

- ѓайри ќобили амал эътироф намудани тараф ё набудани намояндаи ќонунии шахсе, ки ѓайри ќобили амал эътироф шудааст;

- дар муассисаи табобатї ё дар сафари хизматии давомнок будани тарафњо, ки бо њуљљатњои дахлдор тасдиќ мегарданд;

- ба вуљуд омадани зарурати гирифтани хулосаи коршинос.

2. Мурофиаи судии боздошташуда баъд аз бартараф гардидани њолатњое, ки барои боздоштани он асос шуда буданд, оѓоз карда шуда, муњокимаи парванда аз марњилае, ки боздошта шуда буд, давом дода мешавад.

Моддаи 53. Оќибати њозир нашудани тарафњо ва намояндагони онњо ба мурофиаи судї

Њозир нашудани яке аз тарафњо ё намояндагони онњо ба мурофиаи судї, ки дар бораи ваќт ва љои гузаронидани мурофиаи судї ба таври дахлдор хабардор карда шудаанд, барои баррасии парванда монеъ шуда наметавонад. Дар баробари ин, агар баррасии парванда дар њолати иштирок накардани яке аз тарафњо ё на­мояндагони онњо ѓайриимкон бошад ё тарафи мазкур дар бораи иштирокаш њангоми баррасии парванда хабар дода бошад, мурофиаи судї мавќуф гузошта мешавад.

Моддаи 54. Оќибати њозир нашудани шоњидон, коршиносон, мутахассисон ва тарљумон ба мурофиаи судї

1. Дар сурати ба мурофиаи судї њозир нашудани шоњидон, коршиносон, мутахассисон ва тарљумон суд фикри иштирокчиёни мурофиаи судиро оид ба имконияти баррасии парванда бе иштироки шоњидон, коршиносон, мутахассисон ва тарљумон шунида, яке аз ин таъинотњоро ќабул мекунад:

- дар бораи моњиятан баррасї намудани парванда бе иштироки шоњидон, коршиносон, мутахассисон ва тарљумон;

- дар бораи мавќуф гузоштани баррасии парванда ва таъин намудани ваќти дигари баррасии парванда.

2. Таъинотњои дар ќисми 1 њамин модда зикргардида дар маљлиси судї эълон карда шуда, дар протоколи маљлиси судї навишта ме­шаванд.

БОБИ 11. САНАДЊОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 55. Санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон

1. Санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз ќарор, хулоса ва таъинот иборатанд.

2. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон парвандаро моњиятан баррасї намуда, ќарор ќабул менамояд.

3. Ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз номи Љумњурии Тољикистон ќабул карда шуда, ба он раисикунанда ва судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон имзо ме­гузоранд.

4. Дар мавридњои муќарраркардаи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва Ќонуни конститутсионии мазкур, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон хулоса ќабул мекунад. Хулосаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо тартибе, ки барои ќабул намудани ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон муайян шудааст, ќабул ва эълон карда мешавад.

5. Оид ба дигар масъалањое, ки аз љониби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон баррасї карда мешаванд, инчунин дар њолатњои пешбининамудаи Ќонуни конститутсионии мазкур таъинот ќабул карда мешавад.

Моддаи 56. Ќабули санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо овоздињии кушода ќабул карда мешаванд.

2. Судяњo њуќуќ надоранд аз овоздињї худдорї намоянд ва дар он иштирок накунанд.

3. Раисикунанда дар њамаи њолатњо дар охир овоз медињад.

4. Ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамон ваќт ќабулшуда њисоб меёбад, ки агар ба тарафдории он аксарияти судяњои дар маљлиси судї иштирокдошта овоз дињанд.

5. Дар сурати баробар будани овози судяњо ќарор дар бораи ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї ё тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки мавриди бањс ќарор дода шудааст, ќабул карда мешавад.

6. Ќарор ва хулосаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон пас аз ќабул шуданашон фавран эълон карда мешаванд.

Моддаи 57. Фикри махсуси судяи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон

1. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон розї нест, њуќуќ дорад фикри махсуси худро дар шакли хаттї ифода намояд.

2. Фикри махсуси судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон ба маводи парванда њамроњ карда шуда, ба сифати замимаи ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон интишор карда мешавад.

Моддаи 58. Мазмуни ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Дар ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон во­баста ба хусусияти масъалаи баррасишаванда инњо нишон дода мешаванд:

- номи ќарор, сана ва љои ќабули он;

- њайати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки ќарорро ќабул намудааст, котиби маљлиси судї;

- тарафњо ва намояндагони онњо;

- меъёрњои Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва Ќонуни конститутсионии мазкур, ки салоњияти Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистонро барои баррасии њамин масъала пешбинї менамоянд;

- талаби мурољиаткунанда;

- њолатњое, ки Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон муќаррар кардааст;

- номи ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї ё тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани онњо санљида шудааст, бо нишон додани сарчашмаи ин­тишор ё ќабули онњо;

- ќарори маќомоти дахлдори давлатї ё љамъиятї ё шахси ман­сабдоре, ки ба андешаи мурољиаткунанда он дар асоси ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї ё тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номувофиќ ќабул карда шудааст, бо нишон додани сарчашмаи интишор ё ќабули онњо;

- далелњое, ки ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон ба онњо асос ёфтааст, инчунин дар мавриди зарурат далелњое, ки фикри тарафњоро рад мекунанд;

-меъёрњои Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки онњоро Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар ваќти ќабули ќарор ба асос гирифтааст;

- асосноккунии ќарор;

-тартиби эътибори ќонунї пайдо кардани ќарор, инчунин тартиб ва мўњлати иљрои он;

- ќатъї будани ќарор;

- интишори ќарор.

Моддаи 59. Ќарори иловагии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо ташаббуси худ ё бо дархости иштирокчиёни мурофиаи судї ё шахсоне, ки барои иљрои ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон вази­фадоранд, ќарори иловагї ќабул мекунад.

2. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ќарори иловагї ќабул мекунад, агар:

-дар бораи шарњу эзоњ додани ќарори ќабулкардаи он масъа­лагузорї карда шавад;

- зарурати ислоњ кардани носањењии ном, ифодањо, њисоб ва дигар хатоњои дорои хусусияти тањрирї дар ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба миён омада бошад.

3. Ќарори иловагї набояд хилофи мазмун ва мо­њияти ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бошад.

Моддаи 60. Њатмї будани иљрои санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, агар дар онњо тартиби дигар пешбинї нашуда бошад, аз лањзаи ќабул шуданашон эътибори ќонунї пайдо мекунанд.

2. СанадњоиСуди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ќатъї буда, доир ба онњо шикоят кардан мумкин нест.

3. Иљрои санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз тарафи њамаи маќомоти давлатї, корхонањо, муассисањо, дигар ташкилотњо, иттињодияњои љамъиятї, новобаста аз шакли моликият, шахсони мансабдор ва шањрвандон, ки санадњои судї ба онњо дахл доранд, њатмї мебошад.

4. Хулосаи тибќи ќисми 4 моддаи 34 Ќонуни конститутсионии мазкур ќабулнамудаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз тарафи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ба маълумот гирифта мешавад.

5. Ќонунњо, дигар санадњои меъёрии њуќуќї, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ё меъёрњои алоњидаи онњо, ки аз тарафи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номувофиќ дониста шудаанд, аз эътибор соќит дониста мешаванд.

6. Ќарорњои судњо ва дигар маќомот, ки ба ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї ё тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба Конститутсияи (Сарќо­нуни) Љумњурии Тољикистон номувофиќ донисташуда асос ёфтаанд, мавриди иљро ќарор намегиранд.

7. Њангоми ошкор шудани вайронкунии мушаххаси Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба маќомоти дахлдор ва шахсони мансабдоре, ки ба вайронкунї роњ додаанд, пешнињод ирсол менамояд ва таваљљўњи онњоро ба вайронкунии ошкоршуда, зарурати бартараф намудани он ва дар мўњлати муќарраршуда хабар додан дар бораи чорањои андешидашуда ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон љалб менамояд.

8. Дар њолати аз тарафи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон ќабул шудани хулоса дар бораи риоя нашудани тартиби пешнињоди айбдоркунии Президенти Љумњурии Тољикистон дар содир намудани хиёнат ба давлат баррасии айбдоркунї ќатъ карда мешавад.

9. Аз тарафи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номувофиќ до­нис­­­тани шартномањои байналмилалии эътибори ќонунї пайдона­кардаи Љумњурии Тољикистон барои Љумњурии Тољикистон эътибор надоштани ин шартномањо ё баъзе аз меъёрњои онњоро ифода мекунад.

Моддаи 61. Иљрои ќарор ва хулосаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Ќарор ва хулосаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон аз ваќти ќабул ё ваќти дар ин санадњо муќарраршуда эъти­бори ќонунї пайдо менамоянд.

2. Ќарор ва хулосаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон дар воситањои ахбори омма интишор карда мешаванд. Бо салоњдиди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон санадњои дигари он низ метавонанд интишор карда шаванд.

3. Ќарор ва хулосаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон ба маќомот ва шахсони зерин фиристода мешаванд:

- Президенти Љумњурии Тољикистон;

- Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон;

- Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тquot;,ољикистон;

- Њукумати Љумњурии Тољикистон;

- Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон;

- Суди Олии Љумњурии Тољикисто