16:56:49 - 19.11.2017

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 1) 2015

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

 

(№  1) 2015

 

Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї

дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни)

Љумњурии Тољикистон)

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Маљаллаи илмию иттилоотї

Сармуњаррир:

Мањмудзода М. А. Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, академики Академияи илмњои

Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Њайати тањририя:

Каримзода К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии То­љикистон, номзади илмњои сиёсї

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон, Њуќуќшиноси шоистаи Љумњурии Тољи­кистон

Сотиволдиев Р. Ш. Раиси Шўрои илмї - машваратии назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи ДМТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Искандаров З.Њ. Узви Шўрои илмї - машваратии назди Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон, профессори кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории ДМТ

© Нашрияи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, 2015.



 

 

Мундариља

Паёми Президенти Љумњурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон................................................................................................. 4

Каримзода К.М. Конститутсионализм ва њокимияти судї.................. 37

Хољаева Н.Б. Оид ба таърихи таъсиси маќомоти судї дар Тољикистон 46

Таъиноти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дар­хости шањрванд Абдурањмонов В.Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати меъёрњои алоњидаи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон» ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 22 январи соли 2015 53

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон.................. 59


 

 

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН,

23 ЯНВАРИ СОЛИ 2015

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2015 ва таъкиди афзалиятҳо барои давраи миёнамуҳлат дар оғози сол пешниҳод мегардад.

Тавре ки борҳо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд.

Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд.

Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем.

Ҳукумати мамлакат дар асоси ҳадафу вазифаҳои дар паёми соли гузашта баёнгардида иборат аз 52 банд нақшаи мушаххаси чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ карда, иҷрои онҳоро таҳти назорат қарор додааст.

Барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаҳои афзалиятноки кишвар, инчунин вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 233 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 97 тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷорӣ, 26 консепсияву стратегия ва барномаҳо, 77 шартномаву созишнома ва протоколҳои байналмилалӣ, 18 созишномаи қарзиву грантӣ таҳияву қабул гардиданд ва татбиқ шуда истодаанд.

Дар натиҷа соли 2014, дар маҷмӯъ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид ва кишвари мо ба сӯи пешрафти босуботи иқтисодӣ боз як қадами устувор гузошт.

Бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва минтақа дар соли 2014 мо тавонистем, ки рушди иқтисоди мамлакатро дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, иҷрои дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоиро тибқи ҳадафҳои афзалиятноки худ таъмин намоем.

Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 45,6 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,7 фоизро ташкил кард.

Даромадҳои пулии аҳолӣ нисбат ба соли пешин 12 фоиз зиёд шуда, ба 23,8 миллиард сомонӣ баробар гардиданд ва пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо 21 фоиз афзоиш ёфтанд.

Чораҳои сари вақт андешидаи Ҳукумат имкон доданд, ки сатҳи таваррум дар доираи меъёри барномавии пешбинишуда ва ҳатто камтар аз он нигоҳ дошта шавад.

Соли 2014 дар қаламрави мамлакат беш аз 252 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъсис дода шуданд.

Ҳамаи ин дастовардҳо боиси аз 35,6 ба 32 фоиз поён рафтани сатҳи камбизоатӣ гардиданд.

Дар ин сол аҳолии кишвар дуюним фоиз афзуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон 73,4 солро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2000-ум беш аз 5 сол зиёд аст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ фавти модарону кӯдакон низ нисбат ба солҳои пешин хеле кам шудааст.

Аз ҷумла дар давраи солҳои 2000 – 2014 фавти кӯдакони то 5 - сола ва фавти модарон ҳангоми таваллуд ду баробар кам гардидааст.

Дар соли 2014 дар сатҳи 102 фоиз иҷро гардидани буҷети давлатӣ имкон дод, ки Ҳукумати кишвар уҳдадориҳои худро дар бобати пардохти саривақтии маош, нафақа, стипендия ва кумакпулиҳо ба аҳолӣ, маблағгузории соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаҳои таъминкунандаи амнияти мамлакат, сохтмон, энергетика, инфрасохтор ва роҳҳо пурра иҷро намояд.

Бояд зикр кард, ки дар доираи Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ таносуби қарзи берунаи Тоҷикистон нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар даҳ соли охир 1,7 баробар кам гардида, ҳоло 22,8 фоизро ташкил медиҳад.

Дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ислоҳоти идораи давлатӣ, пешрафти бахши хусусӣ, ҷалби сармоя ва рушди нерӯи инсонӣ ҳамчун афзалиятҳои миллӣ муайян шудаанд, ки барои тавсеа ёфтани озодиҳои иқтисодӣ, густариши ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ, инчунин афзоиши ҳаҷм ва сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ амалӣ гардонида мешаванд.

Имсол муҳлати амали Стратегияи миллии рушд ба охир мерасад ва мо барои ташкили арзёбии натиҷаҳои бадастомада, аз ҷумла ҷиҳати истифодаи механизми танзими рушд ва асосноксозии самтҳои минбаъдаи фаъолият кӯшиш мекунем.

Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи глобаливу минтақавӣ ва бо мақсади пайгирӣ намудани вазифаҳои дар паёмҳои Президенти кишвар муайяншуда ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, пеш аз ҳама, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст.

Ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои афзалиятнок, инчунин иҷрои чорабиниҳои дар стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ пешбинишуда таҳти назорати қатъӣ қарор доранд.

Дар ин раванд зарур аст, ки мушкилоту камбудиҳо сари вақт бартараф гардида, баробари натиҷагирӣ аз иҷрои барномаҳо нақшаи фаъолияти Ҳукумати мамлакат мушаххас гардонида шавад.

Зеро соли ҷорӣ шиддат гирифтани вазъи сиёсии минтақаҳои гуногуни олам, таъсири буҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, ноустувории бозорҳои ҷаҳонии молия ва ашёи хом, инчунин дигар мушкилот ҳамчун омилҳои манфии ба рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ таъсиррасонанда пешбинӣ мегарданд.

Дар чунин шароит Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда доир ба нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, самаранокии идораи давлатӣ, татбиқи сиёсати ҳадафманди молиявӣ, таъмини пурраву саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, рушди соҳаҳои мухталиф, хусусан соҳаҳои истеҳсолӣ, инчунин пешбурди ислоҳот дар самти дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ тадбирҳои иловагиро амалӣ намояд.

Вакилони муҳтарам!

Ҷиҳати таҳкими заминаҳои рушди босуботу дарозмуддат мо дар стратегияву барномаҳои давлатӣ барои давраи то соли 2030 баланд бардоштани самаранокии истифодаи дороиҳои миллӣ, махсусан нерӯи инсонӣ ва воситаҳои асосӣ, инчунин тақвияти институтсионалии рушди кишварро самтҳои афзалиятнок мешуморем.

Дар ин раванд, ба масъалаҳои пурра ва самаранок ба кор андохтани имкониятҳои истеҳсолӣ, ҳарчи бештар ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, беҳтар гардонидани сифати молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, кам кардани хароҷоти барзиёд ва истифодаи дурусту мақсадноки захираҳо, содда ва шаффоф гардонидани тартиби танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ аҳмияти махсус дода мешавад.

Бояд гуфт, ки дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 бо азму талоши Ҳукумат, шарикони рушд ва заҳмати софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ пурра ё қисман ҳал карда шуданд.

Дар баробари ин, бо сабаби вақт ва захираҳои зиёдро талаб кардани ҳалли баъзе масъалаҳо ва мавҷудияти монеаҳои муайян дар ин самт, инчунин вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон ҳоло ҳам дар роҳи пешрафти кишвар як қатор мушкилот боқӣ мондаанд.

Бинобар ин, мо бояд сиёсати иқтисодии худро тарзе ба роҳ монем, ки тавассути истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва дигар дороиҳо рақобатнокии иқтисоди миллӣ баланд бардошта шавад.

Ҳоло натиҷаҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 дар сатҳи вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ шуда истодаанд.

Мо ба нақша гирифтаем, ки моҳи феврали соли ҷорӣ ҳисоботи фосилавии стратегияи зикршударо дар Шӯрои миллии рушди назди Президенти кишвар ва Форуми рушд баррасӣ карда, ҷиҳати таъмин намудани пешрафти босуботи мамлакат барои давраи то соли 2030 силсилаи ташаббусу пешниҳодҳоро муҳокима кунем.

Дар иртибот ба ин, бори дигар изҳор медорам, ки ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ба ҳалли масъалаҳои ҳифзи фазои орому осудаи зиндагии шаҳрвандон, расидан ба меъёрҳои баландтари некӯаҳволии мардум ва шароити боз ҳам беҳтари иҷтимоӣ, тақвияти қонуният ва адолат ва дар маҷмӯъ, ба таъмини амнияти давлат, шаҳрвандон ва ҷомеа равона карда мешаванд.

Сиёсати буҷетии давлат дар давраи миёнамуҳлат ба таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии давлат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст.

 

Бояд гуфт, ки танҳо дар 7 соли охир даромади буҷети давлатӣ беш аз 4 баробар афзоиш ёфта, пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми он соли 2015 ба 15,3 миллиард сомонӣ расонида мешавад.

Вобаста ба ин, ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шуда, имсол танҳо ба ин мақсад қариб 8 миллиард сомонӣ равона карда мешавад, ки ин рақам зиёда аз 50 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Инчунин ба мақсади таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, нафақа, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо дар соли 2015 аз ҳисоби буҷети давлат зиёда аз 6 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки танҳо дар 5 соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро аз дуюним то се баробар зиёд намояд.

Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад.

Аз ҷумла музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона – интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 25 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз зиёд карда мешаванд.

Дар баробари ин, стипендияи донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 60 фоиз зиёд гардида, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар мегардад.

Қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ низ индексатсия карда мешавад.

Танҳо барои маблағгузории ин чорабиниҳо аз буҷети давлатӣ дар як сол 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ равона мегардад.

Бинобар ин, ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор иҷрои саривақтиву сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатиро таъмин карда, ҷиҳати истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои он барои амалисозии афзалиятҳои рушди кишвар чораҷӯӣ намояд.

Инчунин ҷиҳати ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ бояд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Таъмини назорати доимӣ ва қатъии истифодаи мақсадноки маблағу воситаҳои давлатӣ вазифаи аввалиндараҷаи Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мебошад.

Дар шароити кунунӣ мо барои таъмин намудани устувории сатҳи нархҳо, низоми бонкӣ, гардиши пул ва низоми пардохтҳо сиёсати пуливу қарзии самаранокро татбиқ мекунем.

Маълум аст, ки бинобар таъсири омилҳои беруна, махсусан коҳишёбии иқтисодиёт ва қурби пули кишварҳои шарики тиҷоратии мо вақтҳои охир қурби пули миллӣ таҳти фишор қарор дорад.

Бинобар ин, Бонки миллӣ вазифадор аст, ки барои татбиқи босамари сиёсати пуливу қарзӣ ва асъорӣ дар асоси таҳлилҳои асоснок бо дарназардошти манфиатҳои иқтисоди ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Дӯстони азиз!

Бо дарназардошти он, ки энергетика яке аз соҳаҳои афзалиятноку муҳимми иқтисоди кишвар ба шумор меравад, солҳои охир барои инкишофи он як қатор тадбирҳои муассир, аз ҷумла азнавсозиву барқароркунии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли нерӯи барқ амалӣ карда шуданд.

Танҳо соли 2014 агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва агрегати якуми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе 2 бо иқтидори 220 мегаватт ба кор дароварда шуда, сохтмони навбати дуюми он оғоз гардид, ки соли 2017 бо дарназардошти навбати аввал бо иқтидори 400 мегаватт ба истифода дода мешавад.

Инчунин ташхиси мустақили байналмилалии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва арзёбии таъсири экологиву иҷтимоии он дар муддати ҳафт соли охир аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ, коршиносони мустақили байналмилалӣ ва ширкату мутахассисони хориҷии соҳа гузаронида шуд.

Имрӯз ба ҳама маълум аст, ки норасоии нерӯи барқ яке аз монеаҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвари мо мебошад ва айни замон дар ҳаёти иҷтимоии мардум мушкилоти зиёд эҷод мекунад.

Ҷиҳати ҳалли норасоии шадиди нерӯи барқ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мо корҳои барқарорсозиву сохтмонро дар ин иншооти тақдирсоз тибқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ идома медиҳем.

Вақтҳои наздик татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳимми давлатӣ, ки аҳмияти минтақавӣ доранд, аз ҷумла сохтмони лоиҳаҳои бузурги байнидавлатии хатти интиқоли барқи баландшиддати КАСА-1000 ва лӯлаи гази Осиёи МарказӣҶумҳурии Халқии Хитой оғоз мегардад.

Ҳоло аз ҷониби Ҳукумати кишвар корҳои лоиҳакашии нерӯгоҳҳои барқи обии “Шӯроб”, “Нуробод - 1”, “Нуробод - 2”, “Айнӣ”, “Фондарё”, “Санобод” ва “Себзор” идома дошта, сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва бунёду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии ба нақша гирифташуда ба итмом расонида мешавад.

Дар баробари ин, таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи Норак идома дошта, соли 2015 корҳои таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳҳои Қайроққум ва Сарбанд шурӯъ мегарданд.

Танҳо барои амалисозии ин се лоиҳа, яъне таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳҳое, ки зиёда аз 40-50 сол боз хизмат мекунанд, якуним миллиард сомонӣ равона карда мешавад.

Умуман, дар даврони истиқлолият даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду бузург ва Маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 1020 мегаватт сохта, ба истифода дода шудаанд, ки ин ба 24 фоизи иқтидорҳои аз замони шӯравӣ то имрӯз истифодашаванда баробар аст.

Имрӯз Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад ва ин ҳолат масъалаи пайдо шудани истифодабарандагони нави нерӯи барқро ба миён мегузорад, ки таъмини онҳо бо нерӯи барқ вазифаи Ҳукумати мамлакат мебошад.

Дар давраи истиқлолият шумораи аҳолии кишвар беш аз 65 фоиз афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳои нав ба вуҷуд омаданд, садҳо ҳазор манзили истиқоматии нав бунёд шуданд.

Фақат дар давоми солҳои 2013-2014 2 миллиону 100 ҳазор метри мураббаъ манзил сохта, ба истифода дода шудааст.

Илова бар ин, дар ин давра 17320 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ ба кор оғоз карданд, ки ин ҳама истеҳсоли нерӯи барқи иловагиро тақозо дорад.

Масалан, танҳо барои истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ қариб 22 миллион киловатт - соат барқ зарур аст.

Дар даҳ соли охир ҷиҳати ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар ва азнавсозии шабакаҳои энергетикӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ 13,4 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Дар соли 2014 ба ин мақсад зиёда аз 1,8 миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд ва ин нишондиҳанда дар се соли оянда 7 миллиард сомониро ташкил хоҳад кард.

Бо вуҷуди ин, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ширкати “Барқи Тоҷик”-ро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи соҳа ва кам кардани талафоти нерӯи барқ татбиқи босифати лоиҳаи Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли нерӯи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ-ро таъмин намоянд.

Барои бартараф намудани норасоии нерӯи барқ Ҳукумати мамлакат то имрӯз корҳои муайянеро анҷом дода, барои солҳои оянда нақшаи нави амалӣ кардани лоиҳаҳои энергетикиро тарҳрезӣ намудааст, ки дар ояндаи наздик расидан ба ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикиро воқеӣ мегардонад.

Имсол дар маркази ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, мактабу беморхонаҳо барқ ҳаст, корхонаҳои саноатӣ пурра кор мекунанд ва умуман лимити интиқоли барқ нисбат ба 2-3 соли пеш қариб 5 соат зиёд аст.

Имрӯзҳо дар ҳудуди мамлакат 21 ширкати ватаниву хориҷӣ дар соҳаи нафту газ ба корҳои иктишофӣ, пармакунӣ, истихроҷ ва коркард машғул аст.

Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки масъалаи аз ҷониби ширкатҳои зикршуда иҷро гардидани шартҳои созишномавиро мунтазам назорат карда, дар сурати иҷро нашудани шартҳои онҳо доир ба бозхонд кардани иҷозатномаҳо чораҳои дахлдор андешад.

Ҳоло дар қаламрави кишвар 18 ширкати ватаниву хориҷӣ дар 14 кон бо истихроҷи ангишт машғул аст.

Бояд гуфт, ки солҳои охир истихроҷи ангишт тадриҷан афзоиш ёфта, соли 2014 истеҳсоли он ба 875 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 3 баробар зиёд мебошад.

 

Имсол истеҳсоли ангишт ба 1 миллион тонна расонида, талаботи дохилӣ пурра қонеъ карда мешавад.

Ҳозирини гиромӣ!

То имрӯз барои раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ тадбирҳо ва лоиҳаҳои зиёди инфрасохториву ислоҳотӣ амалӣ карда шудаанд, аммо ин ниҳояти кор нест, зеро татбиқи пурраи ҳадафи мазкур барои кишвари мо аҳмияти аввалиндараҷа дошта, дар солҳои оянда низ ҳамчун самти муҳимму афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат боқӣ хоҳад монд.

Ба ин мақсад танҳо дар панҷ соли охир 5 миллиард сомонӣ, аз ҷумла соли 2014 зиёда аз як миллиард сомонӣ равона гардида, дар се соли оянда ҷудо намудани беш аз 3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин раванд, азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, роҳҳои Душанбе - Қӯрғонтеппа - Панҷи Поён, Айнӣ – Панҷакент, Душанбе – Хоруғ - Кулма (қитъаи Шӯрообод-Дарвоз), Восеъ – Ховалинг, бунёди роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон), таҷдиду сохтмони роҳҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҳоло лоиҳаи роҳҳои Дарвоз Ванҷ (сарҳади ноҳияи Рӯшон) ва Хуҷанд – Исфара омода шуда истодааст.

Татбиқи ин лоиҳаҳо Тоҷикистонро бо дигар кишварҳои ҳамсоя, яъне бо инфрасохтори коммуникатсионии минтақавӣ пайваст хоҳад кард.

Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ба мақсади боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳо, таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои транзитии Тоҷикистон доир ба маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешад.

Зеро мавҷудияти шоҳроҳҳои байналмилалии нақлиётӣ барои пешрафти минтақаҳои кишвар имконияти васеъ фароҳам меорад ва зарур аст, ки ҷиҳати табдил додани онҳо ба шоҳроҳҳои байналмилалии иқтисодӣ низ чораҷӯӣ карда шавад.

Бинобар ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар раванди таҳияи барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои мамлакат имкониятҳои нақлиётиву транзитии кишварро ҳамчун заминаи тараққиёти минбаъда ба инобат гиранд.

Илова бар ин, ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ба масъалаи нигоҳдорӣ ва таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилии ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, инчунин таъмини аҳолӣ бо оби босифати нӯшокӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ аҳмияти аввалиндараҷа диҳанд.

Барои ҳалли масъалаи бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин кардани аҳолии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом, Қайроққум, Хоруғ, Истиқлол, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Турсунзода, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ, Восеъ, Кӯлоб, Фархор, Панҷакент, Зафаробод, Шаҳристон, Истаравшан, Панҷ ва Ҳамадонӣ дар солҳои 2010-2018 беш аз як миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз хеле корҳо иҷро шудаанд ва корҳои барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда тибқи нақша амалӣ карда мешаванд.

Татбиқи чунин барномаҳои бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ дар назар аст.

Ҳозирини гиромӣ!

Маълум аст, ки инкишофи минбаъдаи соҳаи саноат, аз ҷумла соҳаҳои коркард ҳамчун таъминкунандаи рушди иқтисод аз сатҳи таъминот бо ашёи хоми маҳаллӣ ва истифодаи технологияҳои муосир вобастагии амиқ дорад.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат доир ба рушди соҳаҳои зикршуда корҳои назаррас анҷом ёфта, тавассути воридоти техникаву технологияҳои муосир солҳои 2012-2014 зиёда аз 1000 коргоҳҳои доимӣ, мавсимӣ, инчунин корхона ва иқтидорҳои нав таъсис дода шудаанд.

Дар ноҳияи Ёвон корхонаҳои истеҳсоли семент, криолит, фториди алюминий, кислотаи сулфат ва дар ноҳияҳои Фархор, Данғара, Вахш ва Ҳисор корхонаҳои коркарди нахи пахта сохта шуда истодаанд.

Ин имконият медиҳад, ки солҳои наздик ҳаҷми коркарди нахи пахта дар дохили кишвар ба 70 фоиз расонида шавад.

Иқдомоти зикршуда бевосита ба болоравии иқтидори истеҳсолии мамлакат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии он, махсусан зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар асоси коркарди ашёи хоми ватанӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади буҷети давлатӣ мусоидат менамоянд.

Ҷиҳати боз ҳам вусъат додани корҳо дар ин самт вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва кишоварзӣ бояд дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҳалли мушкилоти соҳа ва рушди минбаъдаи он чораҳои муассир андешанд.

Захираҳои маъдан ва ашёи хоми кишвар имконият медиҳанд, ки дар оянда як қатор корхонаҳои металлургияи ранга ба кор дароварда шуда, тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёт ва афзоиш додани иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад.

Дар ояндаи наздик сохтмон ва ба истифода супоридани корхонаи металлгудозӣ дар ноҳияи Ҳисор бо иқтидори истеҳсолии 150 ҳазор тонна оҳани сохтмонӣ ва дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бо иқтидори 100 ҳазор тонна корхонаи металлургии истеҳсоли металли сурбу руҳ идома дорад.

Умуман, дар ин минтақаи саноатӣ бунёди 5 корхонаи нави истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар корхонаи коркарди маъдани Анзоб корхонаи металлургии истеҳсоли сурма бо иқтидори 5 ҳазор тонна сохта, ба истифода дода шуд ва дар таърихи саноати металлургии Тоҷикистон бори аввал истеҳсоли сурмаи металлӣ оғоз гардид.

Амалисозии ин тадбирҳо ба рушди соҳаи саноати металлургии тоҷик ва ҳалли масъалаҳои ташкили ҷойҳои корӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Инчунин, дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли семент ба истифода супорида шуда, тибқи нақша соли ҷорӣ боз се корхонаи сементбарорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ваҳдат, ва Ёвон бо иқтидори 3 миллион тонна сохта, ба истифода супорида мешавад.

Имсол дар ноҳияи Данғара бунёди корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори 1,8 миллион тонна ва дар шаҳри Исфара бо иқтидори 1 миллион тонна оғоз мегардад.

Иқдомоти зикршуда имкон медиҳанд, ки воридоти семент аз хориҷи кишвар ба содироти он иваз гардад.

Бо мақсади иҷрои нақшаҳои пешбинигардида Ҳукумати мамлакат бояд истифодаи ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷударо ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти мунтазаму самараноки иқтидорҳои саноатӣ ва коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ таъмин намояд.

Илова бар ин, ҷиҳати рушди корхонаҳои саноатӣ дар деҳот ва ноҳияҳои дурдаст тавассути истифодаи технологияҳои мутобиқ ба шароити минтақаҳои кӯҳистон чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки бо дарназардошти Стратегияи рушди миллӣ барномаи дарозмуддати пешрафти соҳаи саноатро таҳия ва қабул намояд.

Дӯстони азиз!

Нақш ва саҳми соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имконияти содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бисёр муассир мебошад.

Дар панҷ соли охир масоҳати заминҳои боғу токзор қариб 20 фоиз ва кишти сабзавот 30 фоиз, ҳаҷми истеҳсоли меваю сабзавот 50 фоиз зиёд гардида, тамоюли афзоиши ҳаҷми истеҳсоли дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ низ ба назар мерасад.

Танҳо дар натиҷаи амалисозии Барномаи давлатӣ оид ба бунёди боғу токзорҳо беш аз 54 ҳазор гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд.

Яъне ин барнома пурра иҷро гардид ва зарур аст, ки барномаи нави рушди боғу токпарварӣ ҳарчи зудтар таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Инчунин, бори дигар таъкид менамоям, ки ҷиҳати иҷрои пурраву саривақтии барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла масъалаҳои баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти соҳаҳои тухмипарварӣ, зотпарварӣ, картошкапарварӣ ва азхудкунии заминҳои нав чораҷӯӣ карда шавад.

Ҷиҳати рушди соҳаҳои агросаноатӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ 1,7 миллиард сомонӣ равона гардидааст ва дар се соли оянда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ барои рушди онҳо ҷудо намудани зиёда аз як миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз дар кишвар 52 корхонаи коркарди гӯшту шир сохта, ба истифода дода шудааст ва раванди бунёди чунин корхонаву коргоҳҳо бомаром идома дорад.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки рушди инфрасохтори истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла сохтмони сардхонаҳои ҳозиразамони нигаҳдории меваю сабзавот, ҷойгиркунии корхонаҳои хурди коркарди маҳсулот ва банду басти он ҳоло ҳам дар сатҳи паст қарор дошта, боиси талафи зиёди маҳсулоти истеҳсолшуда мегардад.

Мувофиқи маълумот соли 2014 дар истеҳсоли бисёр намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо, картошка ва пахта ба пастравӣ роҳ дода шудааст, ки чунин вазъ дар шароити имрӯза боиси нигаронӣ мебошад.

 

Бинобар ин, Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд якҷо бо соҳибкорон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати бартарафсозии камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, бо дарназардошти талаботи бозор ба нақша гирифтани кишти зироатҳо, воридоти техника, ҷорӣ намудани натиҷаи таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот, истифодаи роҳҳои инноватсионӣ ва таъмини ҳарчи беҳтари бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамасола дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон ҳиссаи соҳаи саноати коркард на кам аз 60 фоиз ва дар сохтори маҳсулоти саноати коркард ҳиссаи истеҳсоли озуқаворӣ на кам аз 50 фоизро ташкил менамояд.

Лекин бо вуҷуди захираву имкониятҳои зиёд ҳанӯз ҳам ҳиссаи маҳсулоти озуқаворӣ дар таркиби молҳои воридотӣ то 20 фоиз ё тақрибан 3,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки ин ҳолат таваҷҷуҳи хоси масъулон ва сохтору мақомоти марбутаро талаб менамояд.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки ҷиҳати афзоиш додани истеҳсолоти дохилӣ ва ба ин васила тадриҷан таъмин намудани қисми асосии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ чораҷӯӣ карда шавад.

Яъне вобаста ба таъмини амнияти озуқавории кишвар мо бояд кӯшиш кунем, ки дар солҳои наздиктарин талаботи мамлакатро ба аксарияти молҳои озуқаворӣ тавассути афзоиш додани истеҳсоли дохилӣ қонеъ намоем.

Ҳамзамон бо ин, бо мақсади ҷорӣ намудани дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва дар ин замина афзоиш додани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки барои таъмини эҳтиёҷоти ҳамаи соҳаҳои аз буҷет маблағгузоришаванда доир ба ҷойгир намудани фармоишҳои давлатӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, тадбирҳои мушаххас андешад.

Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори кишвар ба иқтисодиёти мамлакат танҳо дар соли 2014 ба маблағи зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо ҷалб гардидаанд.

Дар панҷ соли оянда татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳимми афзалиятнок дар назар дошта шуда, ба ин мақсад аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 70 миллиард сомонӣ, аз ҷумла тавассути сармоягузории мустақим беш аз 40 миллиард сомонӣ ҷалб карда мешавад, ки ба рушди соҳаҳои мухталиф ва дар маҷмӯъ, ба таъмини ҳадафҳои стратегии давлат мусоидат хоҳад кард.

Дар ҳафт соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 11 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми бештари он ба соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва бунёди роҳҳо равона карда шудааст.

Дар шароити имрӯза азхудкунии самараноку оқилонаи захираҳои қаъри замини Тоҷикистон, маблағгузорӣ барои истихроҷ ва коркарди маъдан, инчунин корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ ва иктишофии конҳои нав тавассути ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимми рушди соҳаи саноат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, хусусан ташкили ҷойҳои нави корӣ маҳсуб меёбад.

Барои ин, зарур аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҷараёни татбиқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва ба таври назаррас зиёд намудани саҳми сармоягузории мустақими хориҷӣ чораҳои иловагӣ андешида шаванд.

Дастгирии соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати кишвар то имрӯз бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ислоҳоти иқтисодиро бомаром идома бахшид, ки дар натиҷа Тоҷикистон тибқи арзёбии ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба рӯйхати 10 кишвари пешсафи ислоҳотгари ҷаҳон дохил гардид.

Соли 2014 аз ҷониби бонкҳо ба соҳибкорон 8,2 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба соҳибкории истеҳсолӣ 5,1 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 17 фоиз зиёд мебошад.

Дар 5 соли охир аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна беш аз 720 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудаанд.

Дар ин давра аз ҳисоби бонкҳо ба соҳибкорон 31 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст ва тавассути пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ барои дастгирӣ ва пешрафти соҳибкорӣ 16 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати боз ҳам соддаву оммафаҳм намудани низоми андозбандӣ ва беҳтар намудани шароит барои рушди соҳибкорӣ чораҳои зарурӣ андешад.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳукумати кишвар бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодиву сиёсии ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаҳои соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва ин муносибатро минбаъд низ пайгирона идома медиҳад.

Як нукта мусаллам аст, ки нақши кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ дар амри баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии наврасону ҷавонон, фарҳанги мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ, табобату нигоҳубини беморон ва дигар гурӯҳҳои ниёзманди ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад.

Ҳукумати мамлакат гурӯҳҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеаро низ мунтазам дастгирӣ менамояд.

Дар соли 2014 афзун намудани маблағгузорӣ дар ин самт, ёрмандӣ ба ятимону маъюбон, нафақахӯрон, дастгирии оилаҳои камбизоат, парастории пиронсолони ниёзманд, таъмиру таҷдиди мактаб-интернатҳо, хонаҳои кӯдакону пиронсолон ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани онҳо амалӣ гардида, ин сиёсат имсол ва солҳои оянда низ идома меёбад.

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мебошад.

Чунонки болотар зикр намудам, соли 2014 дар кишвар беш аз 252 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудаанд. Соли 2015 бояд на кам аз 200 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шаванд.

Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки якҷо бо бахши хусусӣ ҷиҳати вусъат бахшидани ҷараёни таъсиси ҷойҳои нави корӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Тибқи супориши Роҳбари давлат дар литсею коллеҷҳо, марказҳои таълими калонсолон, баъзе муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимии кӯтоҳмуддати бахши хусусӣ ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз курсҳои касбомӯзӣ гузашта истодаанд ва зарур аст, ки ин раванд дар оянда низ идома дода шавад.

Танзими масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Дар ин самт зарур аст, ки ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷират муҳайё намудани ҷойҳои нави кориро дар дохили кишвар ҳарчи бештар тавсеа бахшида, доир ба масъалаҳои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони мо ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишварҳои қабулкунандаи нерӯи корӣ беш аз пеш тақвият бахшида шавад.

Илова бар ин, дар бобати азхуд кардани касбу ҳунарҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва забономӯзии шаҳрвандон чораҳои иловагӣ андешида, ҷиҳати такмили масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар то охири соли ҷорӣ лоиҳаи қонун “Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ” ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Соли гузашта ҷиҳати пешрафти соҳа беш аз дуюним миллиард сомонӣ ҷудо гардида, соли равон ба ин хотир ҷудо намудани се миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади инкишофи зинаи аввали таҳсилот Ҳукумати мамлакат дар асоси супориши Паёми соли гузаштаи Президенти кишвар “Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019”-ро қабул намуд ва ҳоло татбиқи он идома дорад.

Соли гузашта шумораи кӯдакистонҳо дар кишвар аз 508 ба 527 расида, шумораи кӯдаконе, ки дар ин муассисаҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, қариб 80 500 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 беш аз 4000 нафар зиёд мебошад.

Ё худ дар кишвар соли 2012 711 марказҳои инкишофи кӯдакон амал мекарданд ва соли 2014 шумораи онҳо ба 1061 расида, 26 000 нафар кӯдаконро фаро гирифтаанд.

Илова бар ин, дар мамлакат 12 кӯдакистони махсусгардонидашуда бо фарогирии қариб сеюним ҳазор кӯдак ва 34 кӯдакистони хусусӣ барои дуюним ҳазор нафар кӯдакон амал мекунад.

Яъне имрӯз барои қариб 115 ҳазор кӯдак шароити муосири таълиму тарбияи томактабӣ фароҳам оварда шудааст.

Бо вуҷуди ин, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо ҷалби имкониятҳои ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва шахсони эҳсонкор доир ба таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ, таъмиру таҷдид ва таҷҳизонидани онҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Аз ҷониби Ҳукумати кишвар то ба имрӯз масъалаҳои муҳимму аввалиндараҷаи зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳаллу фасл шудаанд.

Бо вуҷуди ин, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷор