10:51:28 - 26.04.2017

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

 

ЌОНУНИ КОНСТИТУСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ДАР БОРАИ СУДЊОИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

(Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, соли 2014, №7ќ.1 , мод.380 )

Бо Ќарори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 4-уми июни соли 2014, №1513 (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, соли 2014 , № 6 , моддаи 284) ќабул гардидааст.

Бо Ќарори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 17-уми июли соли 2014,№673 (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, соли 2014, №7ќ.2, моддаи 429) љонибдорї гардидааст.

Ќонуни конститутсионии мазкур асосњои њуќуќии ташкил ва фаъолияти судњо, тартиби интихоб, таъин, бозхонд ва озод намудани судяњоро муќаррар намуда, инчунин дигар муносибатњоро вобаста ба фаъолияти ташкилию њуќуќии маќомоти судї ва судяњо ба танзим медарорад.

 


БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМЇ

Моддаи 1. Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи судњои

Љумњурии Тољикистон

Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон асос ёфта, аз Ќонуни конститутсионии мазкур, дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, инчунин санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 2. Њокимияти судї

1. Њокимияти судї мустаќил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяњо амалї карда мешавад.

2. Њокимияти судї дар Љумњурии Тољикистон танњо аз љониби судњо дар симои судяњо ва машваратчиёни халќї, ки бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои амалї намудани адолати судї љалб шудаанд, амалї карда мешавад. Ягон маќомот ё шахси дигар њуќуќи амалї намудани адолати судиро надоранд.

3. Њокимияти судї фаъолияти худро тавассути мурофиаи судии конститутсионї, гражданї, оилавї, иќтисодї, љиноятї ва њуќуќвайронкунии маъмурї амалї менамояд.

4. Тартиби аз тарафи судњо баррасї намудани парвандањоро ќонунгузории мурофиавии Љумњурии Тољикистон муайян менамояд.

Моддаи 3. Низоми њокимияти судии Љумњурии Тољикистон

1. Низоми њокимияти судии Љумњурии Тољикистонро Суди конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Суди њарбї, Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои вилоят, шањри Душанбе, шањр ва ноњия, Суди иќтисодии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои иќтисодии вилоят ва шањри Душанбе ташкил медињанд.

2. Тартиби ташкил ва фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» муайян менамояд.

3. Ташкили суди фавќулодда ва судњое, ки Ќонуни конститутсионии мазкур пешбинї накардааст, манъ аст.

Моддаи 4. Вазифањои суд

1. Њокимияти судї дар Љумњурии Тољикистон њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, манфиатњои давлат, ташкилоту муассисањо, ќонунияту адолатро, ки Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, инчунин санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон эълон намудаанд, њифз менамояд.

2. Вазифаи суд дар Љумњурии Тољикистон тањкими њамаљонибаи ќонуният ва таъмин намудани адолати иљтимої мебошад.

Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти судї

1. Дар Љумњурии Тољикистон адолати судї танњо аз тарафи суд амалї карда мешавад.

2. Њар кас кафолати њифзи судї дорад. Њар шахс њуќуќ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз, ки тибќи ќонун таъсис ёфтааст, баррасї намояд.

3. Њама дар назди ќонун ва суд баробаранд. Давлат ба њар кас, ќатъи назар аз миллат, нажод, љинс, забон, эътиќоди динї, мавќеи сиёсї, вазъи иљтимої, тањсил ва молу мулк њуќуќу озодињоро кафолат медињад.

4. Мурофиа дар њамаи судњо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридњое, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян кардааст.

5. Мурофиа ба тарзи мубоњиса ва дар асоси баробарии тарафњо сурат мегирад.

Моддаи 6. Љавобгарї барои беэњтиромї нисбати суд

Беэњтиромї нисбати суд, њамчунин содир намудани кирдоре, ки аз беэътиноии ошкоро нисбат ба суд шањодат медињад, мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон боиси љавобгарї мегардад.

Моддаи 7. Манъ будани дахолат ба фаъолияти суд

1. Дахолат ба фаъолияти суд манъ аст. Дар њар шакл дахолат кардан ба фаъолияти суд бо маќсади монеъ шудан ба татбиќи адолати судї тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон боиси љавобгарї мегардад.

2. Воситањои ахбори омма ва журналистон њуќуќ надоранд дар ахборашон натиљаи пешакии мурофиаи судии парвандаи мушаххасро, ки аз рўи он ќарор эътибори ќонунї пайдо накардааст, мавриди муњокима ќарор дињанд.

3. Судя вазифадор нест дар бораи моњияти парвандањое, ки баррасї шудаанд ё мавриди баррасї ќарор доранд, ба ягон маќомот ё шахси мансабдор баёнот (маълумот, ахборот) дињад, инчунин онњоро барои шинос шудан дар ихтиёри касе гузорад, ба ѓайр аз њолатњо ва тартибе, ки дар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї шудааст.

Моддаи 8. Мустаќилияти судяњо

1. Судяњо дар фаъолияти худ мустаќил буда, танњо ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва ќонун итоат мекунанд.

2. Мустаќилияти судя таъмин мегардад бо:

- тартиби махсуси интихоб, таъин, озод ва бозхонд шудан;

- дахлнопазирии судя;

- амалї намудани адолати судї тибќи тартиби муќарраркардаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон;

- манъи њама гуна дахолат ба фаъолияти судя дар амалї намудани адолати судї бо тањдиди љавобгарї;

- љавобгарї барои беэњтиромї нисбати суд, судя;

- њуќуќи ба истеъфо баромадан, бо хоњиши худ ба кори дигар гузаштан, аз вазифа озод шудан, ба нафаќа баромадан ва бозхонди судя;

- муњайё намудани шароити ташкилї ва моддї-техникї барои фаъолияти судњо;

- мувофиќи маќом аз њисоби давлат аз љињати моддї ва иљтимої таъмин намудани судя.

3. Кафолати мустаќилияти судяњо, аз љумла чорањои њимояи њуќуќї, таъминоти моддї ва иљтимоии онњо, ки Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, Ќонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар намудаанд, ба њамаи судяњои Љумњурии Тољикистон пањн мегарданд.

Моддаи 9. Таъмини амнияти судяњо

1. Судяњо, аъзои оилаи онњо ва молу мулки онњо тањти њимояи махсуси давлат ќарор доранд.

2. Муњофизати бино ва молу мулки судњо, дар сурати зарурат, бо аризаи судя ё аъзои оилааш, муњофизати судя ва аъзои оилаи ў, хонаи истиќоматї ва молу мулки онњо ба зиммаи маќомоти корњои дохилї гузошта, ройгон иљро карда мешавад.

3. Судя барои гирифта гаштан, нигоњ доштан ва истифода бурдани силоњи хизматї њуќуќ дорад, ки тартиби онро ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян менамояд.

Моддаи 10. Дахлнопазирии судя

1. Судя њуќуќи дахлнопазирї дорад.

2. Дахлнопазирии судя ба ҳаёт, қадр ва номуси ў, манзили истиқоматї, утоќи хизматї, воситањои наќлиёт ва алоќае, ки дар истифодаи ў ќарор доранд, инчунин ба муросилот, ашё ва њуљљатњои судя пањн мегардад.

3. Парвандаҳои љиноятї ва њуќуќвайронкунии маъмурї нисбати судя танњо аз тарафи Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон оѓоз карда мешаванд. Пешбурди тафтиши пешакии парвандаи љиноятї ва пешбурди парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї бо тартиби муќарраркардаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон гузаронида мешавад. Парвандаҳои љиноятї ва њуќуќвайронкунии маъмурї нисбати судя аз љониби Суди Олии Љумҳурии Тољикистон баррасї карда мешаванд.

4. Бе ризоияти Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ба љавобгарии љиноятї ё маъмурї кашидан, ба њабс ё ҳабси хонагї гирифтани судяи Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон мумкин нест.

5. Бе ризоияти Президенти Љумњурии Тољикистон ба љавобгарии љиноятї кашидан, ба њабс ё ҳабси хонагї гирифтани судяи Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои вилоят, шањри Душанбе, судњои њарбии гарнизонњо, судњои шањр ва ноњия, Суди иќтисодии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои иќтисодии вилоят ва шањри Душанбе мумкин нест.

6. Чорањои маљбуркунии мурофиавї дар намуди ба њабс ва ҳабси хонагї гирифтани судя, муваќќатан дур кардан аз вазифа, азназаргузаронии манзил, кофтукови манзил ва утоќи хизматии ў, њабси молу мулк, гўш ва сабт кардани гуфтугўи телефонї ва дигар гуфтугўњо, њабси муросилот, азназаргузаронї ва ёфта гирифтани онњо, кофтуков, ёфта гирифтани ашё, њуљљатњои дорои маълумот дар бораи пасандоз ва суратњисобњои бонкї, њабси маблаѓњои дар суратњисобњо ва пасандозњо ё дар нигоњдории бонк ва ташкилотњои кредитї ќарордоштаи судя бо дархости прокурор ё муфаттиш бо розигии Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ва иљозати Суди Олии Љумҳурии Тољикистон татбиқ карда мешаванд.

7. Дастгир кардан, маљбуран овардан, кофтукови шахсии судя, азназаргузаронии молу мулк, воситањои наќлиёт ва алоќа, ки онњоро истифода мебарад, танњо дар ваќти дастгир намудани ў њангоми содир кардани љиноят, дар дигар мавридњо бошад, танњо вобаста ба парвандаи љиноятии оѓозгардида нисбати судя бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амалї карда мешаванд.

Моддаи 11. Њатмї будани иљрои санадњои судї

1. Фармон, њалнома, њукм, таъинот ва ќарори суд, судяњо, ки эътибори ќонунї пайдо кардаанд, барои њамаи маќомоти давлатї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, ташкилотњои љамъиятї, шахсони мансабдор, шахсони воќеї ва њуќуќї њатмї буда, бояд дар тамоми њудуди Љумњурии Тољикистон бечунучаро ба иљро расонида шаванд.

2. Суде, ки санади судиро баровардааст, иљрои онро назорат мекунад.

3. Тартиби иљрои санадњои судиро ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян менамояд.

4. Иљро накардан ва ё монеъ шудан ба иљрои санадњои судии эътибори ќонунї пайдонамудаи суд тибќи тартиби пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон боиси љавобгарї мегардад.

Боби 2. Интихоб, таъин, бозхонд ва озод намудани

СУДЯ

Моддаи 12. Талаботе, ки нисбати номзадњо ба вазифаи судя пешнињод

карда мешаванд

1. Ба вазифаи судяи Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои вилоят ва шањри Душанбе шањрванди Љумњурии Тољикистон, ки тањсилоти олии њуќуќшиносї дошта синни ў аз 30- сола кам ва аз 65 зиёд набошад, њадди аќал 5 сол собиќаи кории судягї дошта бошад интихоб ва таъин мешавад.

2. Ба вазифаи судяи суди шањр ва ноњия, судњои њарбии гарнизонњо, Суди иќтисодии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои иќтисодии вилоят ва шањри Душанбе шањрванди Љумњурии Тољикистон, ки тањсилоти олии њуќуќшиносї дошта синни ў аз 25 кам ва аз 65 зиёд набошад, њадди аќал 3 сол собиќаи кории касбї дошта бошад таъин мешавад.

3. Номзад ба вазифаи судяи суди њарбї инчунин ба талаботи ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ўњдадории умумии њарбї ва хизмати њарбї» бояд љавобгў бошад.

4. Судяњои Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои вилоят ва шањри Душанбе, судњои њарбии гарнизонњо, судњои шањр ва ноњия, Суди иќтисодии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои иќтисодии вилоят ва шањри Душанбе бояд забони давлатиро донанд.

Моддаи 13. Судяњо

1. Судяњо шахсоне мебошанд, ки тибќи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, Ќонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон салоњияти амалї намудани адолати судиро доранд.

2. Раисон, муовинони якум ва муовинони раисони судњо судя ба њисоб рафта, ваколатњои худро тибќи тартиби муќаррарнамудаи Ќонуни конститутсионии мазкур, кодексњои мурофиавї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон амалї менамоянд.

3. Њамаи судяњо дар Љумњурии Тољикистон дорои маќоми ягона буда, танњо бо ваколат ва салоњияти худ тафовут доранд.

4. Талаботи ќонунии судяњо њангоми иљрои ваколатњояшон барои њамаи маќомоти давлатї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, ташкилотњои љамъиятї, шахсони мансабдор, шахсони воќеї ва њуќуќї њатмї мебошанд. Маълумот, њуљљатњо ва нусхањои онњо, ки барои амалї намудани адолати судї заруранд, бо талаби судя ройгон дода мешаванд.

5. Иљро накардани талаботи ќонунии судя тибќи муќаррароти ќонунгузории Љумњурии Тољикистон боиси љавобгарї мегардад.

Моддаи 14. Талаботе, ки нисбати судя пешнињод мешаванд

1. Судя бояд Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистонро риоя намояд, дониш ва таљрибаи худро барои иљрои вазифањое, ки ба зиммаи ў гузошта шудаанд, истифода кунад, ваколатњояшро бо мањорати касбї иљро намояд ва сазовори номи судя бошад.

2. Судя њангоми амалї намудани адолати судї, инчунин дар муносибатњои ѓайрихизматї бояд аз содир намудани њама гуна амалњое, ки боиси паст задани обрўи њокимияти судї, қадр ва номуси судя мегарданд ё беѓаразона, одилона ва холисона будани амали вайро зери шубња мемонанд, худдорї намояд.

3. Судя ўњдадор аст мањдудиятњоеро, ки дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» пешбинї гардидаанд, риоя намояд.

4. Судя набояд вазифаи дигареро ишѓол кунад, вакили маќомоти намояндагї, узви њизб ва созмонњои сиёсї бошад ё аз љињати моддї онњоро дастгирї намояд, ба соњибкорї машѓул шавад, ба ѓайр аз фаъолияти илмиву эљодї ва омўзгорї.

5. Судя њуќуќ надорад:

- оид ба моњияти парванда то эътибори ќонунї пайдо намудани санадњои судии ќабулкардааш ягон гуна изњороти оммавї ва ё тафсир дињад;

- тўњфањое, ки ба иљрои вазифањои хизматиаш алоќаманд мебошад, ќабул намояд. Тўњфањое, ки судя дар ваќти гузаронидани маъракањои протоколї, сафари хизматї ва дигар маъракањои расмї гирифтааст, бо тартиб додани санад ба суде, ки дар он фаъолият мекунад, супорида мешавад.

- иттилоотеро, ки вобаста ба иљрои ўњдадорињои худ ба даст овардааст, ифшо намояд. Иттилооти махфиеро, ки ба судя бинобар адои вазифааш маълум гардидааст, аз љониби ў ба маќсадњое, ки ба иљрои вазифањояш алоќаманд нестанд, истифода бурдан ва ё ба каси дигар ошкор кардан мумкин нест.

6. Судя дар ду сол як маротиба бо такмили ихтисос фаро гирифта шуда, пас аз хатми он ба ў сертификати шакли муќарраргардида дода мешавад.

Моддаи 15. Мўњлати ваколати судяњо

1. Судяњо ба мўњлати 10 сол интихоб ё таъин карда мешаванд.

2. Њангоми дар давраи ваколаташ аз як суд ба суди дигар интихоб ё таъин гаштан мўњлати дањсолаи ваколати судя аз рўзи интихоб ё таъини нав њисоб карда мешавад.

Моддаи 16. Интихоб ва таъини судя

1. Судяњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро бо пешнињоди Президенти Љумњурии Тољикистон Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон интихоб менамояд.

2. Судяњои Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои вилоят, шањри Душанбе, судњои њарбии гарнизонњо, шањр ва ноњия, Суди иќтисодии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои иќтисодии вилоят ва шањри Душанберо бо пешнињоди Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон Президенти Љумњурии Тољикистон таъин мекунад.

Моддаи 17. Савганди судя

Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавї дар љамъомади судяњо ва назди Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон чунин савганд ёд мекунад: «Ботантана савганд ёд мекунам, ки вазифаи худро бошарафона, одилона ва аз рўи виљдон иљро менамоям, холисї ва беѓаразиро риоя карда, танњо ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва ќонун итоат карда, адолати судиро амалї менамоям».

Моддаи 18. Бозхонд ва озод намудани судя

1. Бозхонд ва озод намудани судя дар њолатњои зерин амалї мегардад:

- ќонеъ намудани аризаи хаттии судя дар бораи истеъфо;

- бо хоњиши худи судя;

- бо сабаби ба нафаќа баромадан;

- бо сабаби ба кори дигар гузаштан;

- бо сабаби таѓйир додани љои истиќомат;

- бо сабаби аз њудуди Љумњурии Тољикистон баромада рафтан;

- машѓул шудан ба фаъолияте, ки ба вазифаи ў номувофиќ аст;

- эътибори ќонунї пайдо кардани њукми айбдоркунанда, ки нисбати ў бароварда шудааст;

- эътибори ќонунї пайдо кардани њалномаи суд дар бораи ѓайри ќобили амал эътироф намудани судя ё мањдуд сохтани ќобилияти амали вай;

- риоя накардани тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон;

- бо сабаби вазъи саломатї ва ё бо дигар сабабњои узрнок дар муддати дароз (на камтар аз чор моњ пай дар пай) вазифањои худро иљро карда натавонистани судя;

- мањрум шудани судя аз шањрвандии Љумњурии Тољикистон;

- таљдиди сохтори суд (судњо) ё ихтисори шумораи судяњо;

- вафоти судя;

- эътибори ќонунї пайдо кардани њалномаи суд дар бораи бедарак ѓоиб эътироф намудан ё фавтида эълон намудани судя;

- риоя накардани ќонун њангоми баррасии парвандањо ё содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад;

- риоя накардани ќонунгузории Љумњурии Тољикистон оид ба мењнат;

- ба охир расидани мўњлати ваколати судя;

- ошкор гардидани номуносибии судя ба вазифаи ишѓолкардааш.

2. Аз рўйи асосњое, ки дар ќисми 1 њамин модда пешбинї шудаанд, судяњои Суди Олї, Суди Олии иќтисодї бо пешнињоди Президенти Љумњурии Тољикистон аз тарафи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, судяњои Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои вилоят, шањри Душанбе, судњои њарбии гарнизонњо, шањр ва ноњия, Суди иќтисодии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои иќтисодии вилоят ва шањри Душанбе бо пешнињоди Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон аз тарафи Президенти Љумњурии Тољикистон мувофиќан бозхонд ва озод карда мешаванд.

3. Аз як суд ба суди дигар гузаронидани судя танњо бо розигии ў сурат мегирад.

Моддаи 19. Истеъфои судя

1. Истеъфои судя бо ифтихор аз вазифа рафтани судя мебошад. Барои судяе, ки дар истеъфо мебошад, номи судя, кафолати дахлнопазирии шахсї ва мансубият ба созмони љамъиятии (ташкилоти) судяњо нигоњ дошта, дар ин хусус ба ў аз љониби маќомоте, ки истеъфояшро ќабул кардааст, шањодатномаи судяи дар истеъфобуда дода мешавад.

2. Њар судя бо хоњиши худ сарфи назар аз синну сол њангоми на камтар аз 35 сол собиќаи кории умумии њуќуќшиносї, аз он љумла на камтар аз 25 сол собиќаи кории судягї доштан њуќуќ дорад тибќи асосњои дар сархатњои якум, нуњум, ёздањум ва њаждањуми ќисми 1 моддаи 18 Ќонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида, ба истеъфо барояд. Истеъфои судя аз љониби маќомоте, ки ўро интихоб ва ё таъин кардааст, ќабул карда мешавад.

3. Ба судяи дар истеъфобуда, ки на камтар аз 25 сол собиќаи кории судягї дорад ва собиќаи кории умумиаш аз рўи ихтисоси њуќуќшиносї на камтар аз 35 сол аст, баробари 50 фоизи музди мењнати вазифаи дахлдори судягї таъминотпулии њармоњаи умрбод дода мешавад, ки он мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон индексатсия карда мешавад. Таъминотпулии њармоњаи умрбод ба андозаи як фоизи музди мењнат барои њар як соли пурраи минбаъдаи корї дар вазифаи судя зиёд карда мешавад, вале он аз 60 фоизи музди мењнати ў зиёд шуда наметавонад.

4. Ба судяи ба истеъфо рафта ё ба нафаќа баромада ба андозаи музди мењнати семоња кўмакпулии якдаъфаина дода мешавад.

5. Таъминотпулии њармоњаи умрбод ё нафаќа ба судя дар суди љои кори охирин ё дар суди мањалли зист аз њисоби буљети љумњуриявї пардохт карда мешавад.

6. Агар судяи ба истеъфобаромада ба талаботи Ќонуни конститутсионии мазкур нисбати судя љавобгў набошад, инчунин дар сурати дубора ба вазифаи судя интихоб ё таъин шуданаш истеъфои вай ќатъ мегардад.

7. Истеъфои судяи Суди Олї, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Президенти Љумњурии Тољикистон аз тарафи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ќатъ карда мешавад.

8. Истеъфои судяи Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои вилоят, шањри Душанбе, судњои њарбии гарнизонњо, шањр ва ноњия, Суди иќтисодии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоят ва шањри Душанбе бо пешнињоди Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон аз тарафи Президенти Љумњурии Тољикистон ќатъ карда мешавад.

9. Судяе, ки истеъфояш ќатъ гардидааст, мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба таъмини нафаќа њуќуќ дорад.

10. Кор дар вазифањои Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, вазири адлияи Љумњурии Тољикистон, раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон, муовинони якум ва муовинони онњо, вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои њуќуќї, агар онњо ќаблан дар вазифаи судягї на камтар аз 5 сол фаъолият дошта бошанд, њамчун собиќаи кори судягї ба њисоб гирифта мешавад.

Моддаи 20. Машваратчиёни халќї

1. Машваратчиёни халќї њангоми амалї намудани адолати судї бо парвандањои љиноятї аз тамоми њуќуќњои судя истифода мебаранд.

2. Ба њар як судя бист машваратчии халќї интихоб карда мешавад.

3.Тартиби интихоб, музди мењнат, кафолату имтиёзњои машваратчиёни халќиро Низомнома дар бораи машваратчиёни халќї, ки Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон тасдиќ мекунад, муайян менамояд

 

 

Боби 3. СУДИ ОЛИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 21. Суди Олии Љумњурии Тољикистон

Суди Олии Љумњурии Тољикистон маќоми олии судї ба њисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои вилоят, шањри Душанбе, судњои њарбии гарнизонњо, шањр ва ноњия оид ба парвандањои гражданї, оилавї, љиноятї, њуќуќвайронкунии маъмурї ва дигар парвандањои дар тобеияти ин судњо буда амалї менамояд.

Моддаи 22. Салоњияти Суди Олии Љумњурии Тољикистон

Суди Олии Љумњурии Тољикистон:

- дар доираи салоњияти худ парвандањоро дар марњилаи якум, ба тариќи кассатсионї ва назоратї баррасї менамояд;

- пешнињоди Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон, хулосаи Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ва муовинони ўро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурди парвандањо бинобар њолатњои нав ошкоршуда баррасї менамояд;

- аризаи тарафњоspan style= style=, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба њолатњои нав ошкоргардида аз нав баррасї намудани њалнома ё таъиноти эътибори ќонунї пайдонамудаи ќабулнамудаи ў, инчунин санадњои судии судњои марњилањои кассатсионї ё назоратї, ки дар асоси онњо њалномаи суди марњилаи якум таѓйир дода шудааст ё њалномаи нав ќабул шудааст, баррасї менамояд;

- дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии татбиќшуда ва ё татбиќшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат менамояд;

- таљрибаи судиро љамъбаст намуда, оид ба татбиќи ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон тавзењоти дастурї медињад;

- омори судиро дар Суди Олии Љумњурии Тољикистон тањлил менамояд;

- дар доираи салоњияташ масъалањоеро, ки аз санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон бармеоянд, баррасї менамояд;

- оид ба такмили ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ба маќомоти дахлдор таклифњо тањия ва пешнињод мекунад;

- ваколатњои дигареро, ки Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон пешбинї кардаанд, амалї менамояд.

Моддаи 23. Њайат ва сохтори Суди Олии Љумњурии Тољикистон

1. Њайати Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз Раис, муовини якум, муовинони Раис, судяњо ва машваратчиёни халќї, ки бо пешнињоди Президенти Љумњурии Тољикистон аз љониби Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон интихоб карда мешаванд, иборат мебошад.

2. Шумораи судяњои Суди Олии Љумњурии Тољикистонро Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Президенти Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд.

3. Дар Суди Олии Љумњурии Тољикистон сохторњои зерин фаъолият мекунанд:

- Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

- Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

- коллегияи судї оид ба парвандањои граждании Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

- коллегияи судї оид ба парвандањои оилавии Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

- коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

- коллегияи судї оид ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурии Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

- коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

- дастгоњи Суди Олии Љумњурии Тољикистон.

Моддаи 24. Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон

1. Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон дар њайати Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон, муовини якум, муовинони ў, котиби Пленум ва судяњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон фаъолият мекунад.

2. Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон дар мавридњои зарурї, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол аз тарафи Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон даъват карда мешавад.

3. Маълумот дар бораи рўзи даъвати Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон, мавод, лоињањои ќарорњо аз рўйи масъалањои муњокимашаванда ба аъзои Пленум ва Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон на дертар аз як моњ то маљлис фиристонида мешаванд.

4. Дар маљлиси Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон иштирок менамояд.

5. Дар маљлиси Пленум бо даъвати Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон Раисони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон, раисон ва судяњои Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои вилоят, шањри Душанбе, судњои њарбии гарнизонњо, шањр ва ноњия, аъзои шўрои илмию машваратии Суди Олии Љумњурии Тољикистон, мутахассисони дахлдор ва шахсони дигар иштирок карда метавонанд.

Моддаи 25. Салоњияти Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон

1. Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон:

- бо пешнињоди Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон шумора ва њайати Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистонро тасдиќ мекунад;

- бо пешнињоди Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон раисон ва њайатњои коллегияњои судии Суди Олии Љумњурии Тољикистонро тасдиќ мекунад;

- бо пешнињоди Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон котиби Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистонро интихоб менамояд;

- њисоботро оид ба кори Раёсат ва коллегияњои судии Суди Олии Љумњурии Тољикистон мешунавад;

- њайати Коллегияи тахассусии Суди Олии Љумњурии Тољикистонро интихоб мекунад, њисоботи раиси Коллегияи тахассусиро дар бораи фаъолияти он мешунавад;

- аз натиљаи љамъбасти амалияи судї бо маќсади љорї намудани таљрибаи якхела ва татбиќи дурусти ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон тавзењоти дастурї медињад;

- пешнињоди Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ё раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистонро дар бораи ба судњо додани тавзењоти дастурї оид ба масъалањои амалияи судї аз рўи парвандањои гражданї, оилавї, љиноятї ва њуќуќвайронкунии маъмурї баррасї менамояд;

- гузоришњои раисони Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои вилоят ва шањри Душанбе, судњои њарбии гарнизонњо, шањр ва ноњияњоро дар бораи таљрибаи татбиќи ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, инчунин дар бораи иљрои тавзењоти дастурии Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон мешунавад;

- бо пешнињоди Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон Шўрои илмию машваратии Суди Олии Љумњурии Тољикистонро аз њисоби олимон ва мутахассисони соњаи њуќуќ таъсис дода, Низомнома ва њайати онро тасдиќ менамояд;

- бо пешнињоди Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон њайати тањририяи маљаллаи «Нашрияи Суди Олии Љумњурии Тољикистон»-ро тасдиќ мекунад;

- пешнињоди Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистонро дар бораи ба ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мутобиќат накардани тавзењоти дастурии Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон баррасї менамояд;

- дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии татбиќшуда ва ё татбиќшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат менамояд;

- ваколатњои дигареро, ки Ќонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон пешбинї намудаанд, амалї менамояд.

2. Маљлиси Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон дар сурати иштироки на камтар аз се ду њиссаи њайати он салоњиятнок њисобида мешавад.

3. Ќарори Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон ба тариќи овоздињии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду њиссаи овозњои аъзои Пленум, ки дар маљлис иштирок доранд, ќабул карда мешавад.

4. Барои тањияи лоињаи ќарори Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон, ки он дорои тавзењоти дастурї мебошад, Пленум дар мавриди зарурї аз њисоби аъзои худ њайати комиссияи тањририро ташкил мекунад.

5. Ќарори Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз лањзаи ќабул шуданаш эътибори ќонунї пайдо мекунад.

6. Дар маљлиси Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон протокол тартиб дода мешавад. Ба ќарори Пленум ва протокол Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва котиби Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон имзо мегузоранд.

Моддаи 26. Баррасии масъалањои фаъолияти судї аз тарафи Пленуми

Суди Олии Љумњурии Тољикистон

1. Масъалањое, ки мувофиќи Ќонуни конститутсиони мазкур аз тарафи Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ё раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон ба муњокимаи Пленум гузошта шудаанд, мутобиќан аз рўйи маърўзањои онњо ё маърўзањои шахсони аз љониби онњо ваколатдоркардашуда шунида мешаванд.

2. Дар муњокимаи масъалањои фаъолияти судї шахсони ба маљлиси Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон даъватшуда иштирок карда метавонанд.

Моддаи 27. Котиби Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон

1. Котиби Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз тарафи Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз љумлаи судяњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон интихоб мегардад.

2. Котиби Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон дар баробари иљрои вазифаи судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон кори ташкилиро оид ба тайёр намудани маљлиси Пленум ва тартибдињии протоколро таъмин намуда, амалњои дигареро, ки барои таъмини иљрои ќарорњои ќабулкардаи Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон зарур мебошанд, анљом медињад.

Моддаи 28. Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон

1. Ба њайати Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон, муовини якум, муовинон ва судяњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон дохил мешаванд.

2. Шумора ва њайати Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистонро бо пешнињоди Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон тасдиќ менамояд.

3. Дар маљлисњои Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ё яке аз муовинони вай иштирок менамоянд.

4. Дар маљлисњои Раёсат, ки ба баррасии парвандањои судї иртибот надоранд, бо даъвати Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон, раисон ва судяњои Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои вилоят, шањри Душанбе, судњои њарбии гарнизонњо, шањр ва ноњия, аъзои Шўрои илмию машваратии Суди Олии Љумњурии Тољикистон, намояндагони вазоратњо, идорањо, ташкилотњои давлатию љамъиятї, муассисањои илмї иштирок карда метавонанд.

Моддаи 29. Салоњияти Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон

1. Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон:

- ба тариќи назоратї парвандањои гражданї, оилавї, љиноятї ва њуќуќвайронкунии маъмуриро тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории мурофиавии Љумњурии Тољикистон баррасї менамояд, ќонунї ва асоснокии санадњои судиро месанљад;

- пешнињоди Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон ё хулосаи Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ва муовинони ўро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рўйи парвандањои љиноятї бинобар њолатњои нав ошкоршуда баррасї менамояд;

- аризаи тарафњо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба њолатњои нав ошкоргардида аз нав баррасї намудани ќарори ќабулнамудаи Раёсат, ки дар асоси он њалномаи суди марњилаи якум таѓйир дода шудааст ё њалномаи нав ќабул шудааст, баррасї менамояд.

- аз рўйи эътирозњои Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон, муовинони ў ва шикоятњои назоратї парвандањои љиноятиро, ки собиќ Суди Олии Иттињоди Љумњурињои Шўравии Сотсиалистї ва судњои љумњурињои иттифоќии собиќ Иттињоди Љумњурињои Шўравии Сотсиалистї нисбати шањрвандони Љумњурии Тољикистон баррасї намудаанд, баррасї менамояд;

- маводи љамъбасти таљрибаи судї ва омори судиро баррасї мекунад;

- масъалањои ташкили кори Раёсат, коллегияњои судї ва дастгоњи Суди Олии Љумњурии Тољикистонро баррасї менамояд;

- њисоботи раисони коллегияњои судиро дар бораи фаъолияти коллегияњои судї мешунавад;

- гузориши раисони Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои вилоят, шањри Душанбе, судњои њарбии гарнизонњо, шањр ва ноњияњоро оид ба таљрибаи татбиќи ќонунњо, ќарорњои Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон мешунавад;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, амалї менамояд.

2. Маљлисњои Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон дар мавридњои зарурї гузаронида шуда, дар сурати иштироки на камтар аз се ду њиссаи аъзои Раёсат салоњиятнок њисобида мешаванд.

3. Ќарорњои Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон бо овоздињии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду њиссаи аъзои Раёсат, ки дар маљлис иштирок кардаанд, ќабул карда, аз љониби Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон имзо карда мешаванд.

4. Ќарори Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз рўзи ќабул шуданаш эътибори ќонунї пайдо мекунад.

Моддаи 30. Баррасии масъалањои умумии фаъолияти судї аз тарафи

Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон

1. Масъалањое, ки ба баррасии парвандањои мушаххас иртибот надоранд, аз тарафи Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва муовинони ў ба Раёсат пешнињод карда мешаванд.

2. Дар муњокимањои ин масъалањо шахсони ба Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон даъватшуда иштирок карда метавонанд.

Моддаи 31. Тартиби таъсиси коллегияњои судии Суди Олии Љумњурии

Тољикистон

Њайати коллегияњои судии Суди Олии Љумњурии Тољикистонро Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз љумлаи судяњои њамин суд тасдиќ мекунад.

Моддаи 32. Салоњияти коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии

Тољикистон

1. Коллегияи њарбї дар њайати Суди Олии Љумњурии Тољикистон амал менамояд ва нисбат ба судњои њарбї бевосита марњилаи болоии судї ба шумор меравад.

2. Коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон:

- ба сифати суди марњилаи якум парвандањои љиноятї, гражданї, оилавї ва њуќуќвайронкунии маъмуриро баррасї мекунад ва иљрои санадњои судии ќабулгардидаро мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъмин менамояд;

- парвандањоро ба тариќи кассатсионї ва назоратї баррасї мекунад, ќонунї ва асоснокии санадњои судиро тафтиш менамояд;

- пешнињоди Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон ё хулосаи Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ва муовинони ўро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурди парвандањои љиноятї бинобар њолатњои нав ошкоршуда баррасї менамояд;

- аризаи тарафњо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба њолатњои нав ошкоргардида аз нав баррасї намудани њалнома ё таъиноти эътибори ќонунї пайдонамуда, инчунин ќарори ќабулнамудаи ў, ки дар асоси он њалномаи суди марњилаи якум таѓйир дода шудааст ё њалномаи нав ќабул шудааст, баррасї менамояд.

- таљрибаи судиро љамъбаст, омори судиро тањлил менамояд ва аз натиљаи онњо ба маќомоти дахлдор пешнињод ирсол менамояд;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар намудааст, амалї менамояд.

Моддаи 33. Салоњияти коллегияи судї оид ба парвандањои граждании

Суди Олии Љумњурии Тољикистон

Коллегияи судї оид ба парвандањои граждании Суди Олии Љумњурии Тољикистон:

- ба сифати суди марњилаи якум парвандањои гражданиро баррасї мекунад ва иљрои санадњои судии ќабулгардидаро мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъмин менамояд;

- ба тариќи кассатсионї ва назоратї парвандањои гражданиро баррасї менамояд, ќонунї ва асоснокии санадњои судиро тафтиш мекунад;

- аризаи тарафњо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба њолатњои нав ошкоргардида аз нав баррасї намудани њалнома ё таъиноти эътибори ќонунї пайдонамудае, ки коллегияи судї оид ба парвандањои гражданї дар марњилаи якум баровардааст, инчунин ќарорњои марњилањои кассатсионї ё назоратиро, ки мутобиќи онњо њалномаи суди марњилаи якум таѓйир дода шудааст ё ќарори нав ќабул гардидааст, баррасї мекунад;

- таљрибаи судиро љамъбаст, омори судиро тањлил мекунад ва аз натиљаи онњо ба маќомоти дахлдор пешнињод ирсол менамояд;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, амалї менамояд.

Моддаи 34. Салоњияти коллегияи судї оид ба парвандањои оилавии Суди

Олии Љумњурии Тољикистон

Коллегияи судї оид ба парвандањои оилавии Суди Олии Љумњурии Тољикистон:

- ба сифати суди марњилаи якум парвандањои оилавиро баррасї мекунад ва иљрои санадњои судии ќабулгардидаро мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъмин менамояд;

- ба тариќи кассатсионї ва назоратї парвандањои оилавиро баррасї менамояд, ќонунї ва асоснокии санадњои судиро тафтиш мекунад;

- аризаи тарафњо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро вобаста ба њолатњои нав ошкоргардида аз нав баррасї намудани њалнома ё таъиноти эътибори ќонунї пайдонамудае, ки коллегияи судї оид ба парвандањои оилавї дар марњилаи якум баровардааст, инчунин ќарорњои марњилањои кассатсионї ё назоратиро, ки мутобиќи онњо њалномаи суди марњилаи якум таѓйир дода шудааст ё ќарори нав ќабул гардидааст, баррасї мекунад;

- таљрибаи судиро љамъбаст, омори судиро тањлил мекунад ва аз натиљаи онњо ба маќомоти дахлдор пешнињод ирсол менамояд;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, амалї менамояд.

Моддаи 35. Салоњияти коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии

Суди Олии Љумњурии Тољикистон

Коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии Суди Олии Љумњурии Тољикистон:

- ба сифати суди марњилаи якум парвандањои љиноятиро баррасї мекунад ва иљрои санадњои судии ќабулгардидаро мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъмин менамояд;

- ба тариќи кассатсионї ва назоратї парвандањои љиноятиро баррасї менамояд, ќонунї ва асоснокии санадњои судиро тафтиш мекунад;

- пешнињоди Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон ё хулосаи Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ва муовинони ўро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рўйи парвандањои љиноятї бинобар њолатњои нав ошкоршуда баррасї менамояд;

- таљрибаи судиро љамъбаст, омори судиро тањлил менамояд ва аз натиљаи онњо ба маќомоти дахлдор пешнињод ирсол менамояд;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, амалї менамояд.

Моддаи 36. Салоњияти коллегияи судї оид ба парвандањои њуќуќвайрон-

кунии маъмурии Суди Олии Љумњурии Тољикистон

Коллегияи судї оид ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурии Суди Олии Љумњурии Тољикистон:

- ба сифати суди марњилаи якум парвандањои њуќуќвайронкунии маъмуриро баррасї мекунад ва иљрои санадњои судии ќабулгардидаро мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъмин менамояд;

- ба тариќи кассатсионї ва назоратї парвандањои њуќуќвайронкунии маъмуриро баррасї менамояд;

- пешнињоди Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон ё хулосаи Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ва муовинони ўро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рўйи парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї бинобар њолатњои нав ошкоршуда баррасї менамояд;

- таљрибаи судиро љамъбаст, омори судиро тањлил мекунад ва аз натиљаи он ба маќомоти дахлдор пешнињод ирсол менамояд;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, амалї менамояд.

Моддаи 37. Салоњияти Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон

1. Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон:

- роњбарии ташкили фаъолияти Суди Олии Љумњурии Тољикистонро амалї менамояд ва наќшаи кории судро тасдиќ мекунад;

- Суди Олии Љумњурии Тољикистонро дар муносибатњо бо маќомоти давлатї ва љамъиятї, ташкилотњои байналмилалї, корхонањо, муассисањо, дигар ташкилотњо ва шахсони мансабдор намояндагї мекунад;

- вазифањоро дар байни муовини якум ва муовинони Раиси суди Олии Љумњурии Тољикистон таќсим мекунад;

- тартиби таќсими парвандањоро байни судяњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон тасдиќ менамояд ва масъалаи аз як суд ба суди дигар супоридани парвандањои судиро њал менамояд;

- дар мавридњои зарурї, бо амри худ барои баррасї намудани парвандањо судяњоро аз як коллегияи судї ба коллегияи дигари судї љалб менамояд;

- шакл ва тартиби пешнињоди ахборотро дар бораи фаъолияти солонаи њар як судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон муќаррар мекунад;

- љадвали воњидњои кории Суди Олии Љумњурии Тољикистон, дастури коргузорї, низомномањои Раёсат, шўъбањо ва дигар бахшњои Суди Олии Љумњурии Тољикистонро тасдиќ мекунад, роњбарии умумии фаъолияти дастгоњи Суди Олии Љумњурии Тољикистонро амалї менамояд, кормандони дастгоњи Суди Олии Љумњурии Тољикистонро ба кор ќабул ва аз кор озод менамояд, вазифањоро байни онњо таќсим мекунад;

- барои тасдиќ намудан ба Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон номзадии котиби Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон, шумора ва њайати Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон, раисон ва њайатњои коллегияњои судї, њайати Шўрои илмию машваратии Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Низомномаи он, инчунин њайати тањририяи маљаллаи «Нашрияи Суди Олии Љумњурии Тољикистон»-ро пешнињод менамояд;

- Пленум ва Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистонро даъват менамояд, рўзномаи маљлисњои Пленум ва Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистонро тартиб медињад ва дар маљлисњои онњо раисї мекунад, дар бораи фаъолияти Пленум ва Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон иттилоот медињад, иљрои тавзењоти дастурии Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистонро назорат мекунад;

- корро оид ба љамъбасти таљрибаи судї барои пешнињод намудани натиљаи он ба баррасии Пленум ва Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон ташкил мекунад;

- маљлиси якуми Коллегияи тахассусии судяњои Суди Олии Љумњурии Тољикистонро даъват менамояд;

- ба Коллегияи тахассусии судяњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон дар бораи гузаронидани санљиши тахассусии судяњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон, омода намудани хулоса барои додани дараљањои тахассусї ба судяњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон пешнињод ирсол менамояд;

- нисбати судяњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон, раисон, муовинон ва судяњои Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои вилоят ва шањри Душанбе, судњои њарбии гарнизонњо, шањр ва ноњия бо асосњои дар Ќонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда парвандаи интизомї оѓоз менамояд;

- бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон метавонад нисбати санадњои судии коллегияњои судии Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва њамаи судњои Љумњурии Тољикистон, ба истиснои санадњои судии судњои иќтисодї, агар њангоми ќабули онњо ба вайронкунии љиддии меъёрњои њуќуќњои моддї ва мурофиавї роњ дода шуда бошанд, эътироз оварад;

- аз рўйи парвандањои љиноятие, ки онњоро собиќ Суди Олии Иттињоди Љумњурињои Шўравии Сотсиалистї ва собиќ судњои љумњурињои иттифоќии Иттињоди Љумњурињои Шўравии Сотсиалистї нисбати шањрвандони Љумњурии Тољикистон баррасї кардаанд, ба тариќи назоратї эътироз пешнињод менамояд;

- дар маљлисњои коллегияњои судии Суди Олии Љумњурии Тољикистон њангоми баррасии парвандањо раисї карда метавонад;

- дар хусуси ирсоли парвандаи гражданї ё оилавї барои моњиятан баррасї намудан дар суди марњилаи назоратї таъинот ќабул менамояд;

- ќарори судя дар бораи беќаноат монондани эътироз ё шикояти назоратиро аз рўйи парвандањои љиноятї ва њуќуќвайронкунии маъмурї бекор намуда, оид ба оѓоз намудани пешбурди назоратї ва ба баррасии марњилаи назоратии судї додани эътироз ё шикояти назоратї ќарор ќабул намояд;

- доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рўйи парвандањои љиноятї ва њуќуќвайронкунии маъмурї бинобар њолатњои нав ошкоршуда ба суди марњилаи назоратї пешнињод ирсол менамояд;

- аз натиљаи љамъбасти таљрибаи судї ба маќомоти давлатї, ташкилотњои љамъиятї ва шахсони мансабдор дар бораи бартараф кардани вайронкунињои ќонун, сабабу шароитњое, ки боиси њуќуќвайронкунї гардидаанд, пешнињод ирсол менамояд;

- ба Президенти Љумњурии Тољикистон дар бораи ба судяњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон додани дараљањои тахассусї, инчунин якљоя бо вазири мудофиаи Љумњурии Тољикистон дар бораи ба судяњои коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон додани рутбањои олии њарбї пешнињод ирсол мекунад;

- ба Президенти Љумњурии Тољикистон дар бораи муайян кардани сохтор ва шумораи воњидњои кории коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон пешнињод ирсол менамояд;

- дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии татбиќшуда ва ё татбиќшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат менамояд;

- љињати таќвияти муќовимат ба коррупсия ва риояи талаботи Кодекси одоби судяи Љумњурии Тољикистон тадбирњо меандешад;

- корро оид ба баланд бардоштани дараљаи тахассусии судяњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва гузаштани таљрибаомўзии судяњои судњои умумї ва њарбї дар Суди Олии Љумњурии Тољикистон ташкил мекунад, инчунин судяњои Суди Олии Љумњурии Тољикистонро њавасманд мегардонад ва онњоро барои сарфароз намудан бо мукофотњои давлатии Љумњурии Тољикистон пешбарї менамояд;

- оид ба баланд бардоштани дараљаи тахассусии кормандони дастгоњи Суди Олии Љумњурии Тољикистон чорањо меандешад, дар бораи њавасмандгардонї ё ба љазои интизомї кашидани кормандони дастгоњ фармон ќабул менамояд, дар доираи салоњияти худ ба кормандони дастгоњи Суди Олии Љумњурии Тољикистон рутбањо ва рутбањои тахассусии хизматчиёни давлатии Љумњурии Тољикистонро медињад;

- шањрвандонро шахсан ќабул ва корро оид ба баррасии мурољиатњо ташкил менамояд;

-оид ба нигоњдории молу мулки давлатї, ки ба Суди Олии Љумњурии Тољикистон барои истифодабарї дода шудааст, чорањо меандешад;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї кардааст, амалї менамояд.

2. Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон дар доираи салоњияти худ амру фармонњо мебарорад.

3. Дар мавриди набудани Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон ваколатњои ўро муовини якум ва дар ваќти набудани муовини якум яке аз муовинони Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон амалї менамоянд.

Моддаи 38. Салоњияти муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии

Љумњурии Тољикистон

Муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон:

- тибќи тартиби муќарраргардида парвандањоеро, ки дар марњилаи якуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон баррасї карда мешаванд, дар байни судяњо таќсим менамоянд;

- парвандањоро дар суди марњилаи якум баррасї мекунанд ва иљрои санадњои судии ќабулгардидаро мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъмин менамоянд;

- оид ба парванда њайати коллегияи кассатсионї ва назоратї, инчунин судяи маърўзакунандаро таъин менамоянд;

- дар маљлисњои коллегияњои судии Суди Олии Љумњурии Тољикистон њангоми баррасии парвандањо раисї мекунанд;

- шикоят ва эътирозњои назоратиро баррасї менамоянд;

- њуќуќ доранд ќарори судя дар бораи беќаноат монондани эътироз ё шикояти назоратиро аз рўйи парвандањои љиноятї ва њуќуќвайронкунии маъмурї бекор намуда, оид ба оѓоз намудани пешбурди назоратї ва ба баррасии марњилаи назоратии судї додани эътироз ё шикояти назоратї ќарор ќабул намоянд;

- мувофиќи таќсимоти вазифањо ба кори Раёсат, воњидњои сохтории дастгоњи суди Олии Љумњурии Тољикистон роњбарї мекунанд;

- кори такмили ихтисоси судяњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва таљрибаомўзии судяњои судњои дигарро ташкил менамоянд;

- парвандањоро барои омўзиш талаб менамоянд ва барои гузаронидани љамъбасти таљрибаи судї чорањо меандешанд, аз натиљаи љамъбасти таљрибаи судї ба маќомоти дахлдор пешнињод ирсол менамоянд;

- шањрвандонро шахсан ќабул мекунанд;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї кардааст, амалї менамоянд.

Моддаи 39. Салоњияти раиси коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии

Тољикистон

1. Раиси коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз рўи вазифааш муовини Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон мебошад.

2. Раиси коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон:

- ба фаъолияти коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон роњбарї менамояд, њайатњои судиро дар марњилањои кассатсионї, назоратї муайян ва судяи маърўзакунандаро таъин мекунад;

- дар суди марњилаи якум парвандањоро баррасї мекунад ва иљрои санадњои судии ќабулгардидаро мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъмин менамояд;

- дар маљлисњои коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон њангоми баррасии парвандањо раисї мекунад;

- ба Пленум ва Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољиикистон дар бораи фаъолияти коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон њисобот пешнињод менамояд;

- иљрои ќарорњои Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистонро назорат мекунад;

- шикоят ва эътирозњои назоратиро баррасї менамояд;

- парвандањои судиро барои омўзиш талаб мекунад ва барои гузаронидани љамъбасти таљрибаи судї чорањо меандешад;

- дар доираи салоњияти худ фармонњо ва амрњо мебарорад, кормандони дастгоњи коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, нисбати онњо чорањои интизомї ва ё њавасмандгардониро татбиќ менамояд;

- ба вазири мудофиаи Љумњурии Тољикистон дар бораи ба кормандони дастгоњи коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон додани рутбаи њарбї пешнињод ирсол менамояд;

- оид ба нигоњдории молу мулки давлатї, ки ба коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон барои истифодабарї дода шудааст, чорањо меандешад;

- шањрвандонро шахсан ќабул мекунад;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, амалї менамояд.

3. Дар мавриди набудани раиси коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон ваколатњои ўро муовини раиси коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон амалї менамояд.

Моддаи 40. Салоњияти муовини раиси коллегияи њарбии Суди Олии

Љумњурии Тољикистон

Муовини раиси коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон:

- парвандањоро дар суди марњилаи якум баррасї мекунад ва иљрои санадњои судии ќабулгардидаро мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъмин менамояд;

- метавонад дар марњилањои кассатсионї ва назоратї раисї намояд;

- шикоят ва эътирозњои назоратиро баррасї менамояд;

- оид ба маводи љамъбасти таљрибаи судї, ки барои баррасї ба Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон пешнињод шудаанд, маърўза менамояд;

- шањрвандонро шахсан ќабул менамояд;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, амалї менамояд.

 

 

Моддаи 41. Салоњияти раисони коллегияњои судии Суди Олии Љумњурии

Тољикистон

Раисони коллегияњои судии Суди Олии Љумњурии Тољикистон:

- парвандањоро дар суди марњилаи якум баррасї мекунанд ва иљрои санадњои судии ќабулгардидаро мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъмин менамоянд;

- кори коллегияњои судиро ташкил карда, њайати суд, љой ва ваќти дар маљлиси суд баррасї кардани парвандаро муайян мекунанд;

- дар маљлисњои коллегияњои судї њангоми баррасии парвандањо раисї мекунанд;

- ба Пленум ва Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон дар бораи фаъолияти коллегияњои судї њисобот медињанд;

- иљрои ќарорњои Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистонро назорат менамоянд;

- парвандањои судиро барои омўзиш талаб мекунанд ва барои гузаронидани љамъбасти таљрибаи судї чорањо меандешанд;

- шањрвандонро шахсан ќабул менамоянд;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї кардааст, амалї менамоянд.

Моддаи 42. Салоњияти судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон

1. Судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон:

- парвандањоро дар марњилаи якум баррасї мекунад ва иљрои санадњои судии ќабулгардидаро мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъмин менамояд;

- дар маљлисњои коллегияњои судї иштирок мекунад;

- эътироз ва шикоятњои назоратиро баррасї менамояд;

- оид ба маводи љамъбасти таљрибаи судї, ки барои баррасї ба Пленум ва Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон пешнињод шудаанд, маърўза менамояд;

- супориши Раис, муовини якум, муовинон ва раисони коллегияњои судии Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва вазифањои дигарро дар доираи салоњияташ иљро мекунад;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, амалї менамояд.

2. Судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии татбиќшуда ё татбиќшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда њуќуќ дорад ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намояд.

Моддаи 43. Шўрои илмию машваратии Суди Олии Љумњурии

Тољикистон

1. Дар назди Суди Олии Љумњурии Тољикистон маќоми машваратї-Шўрои илмию машваратї аз љумлаи олимон ва мутахассисони соњаи њуќуќ таъсис дода мешавад, ки он дар асоси љамъиятї амал менамояд. Вазифаи он аз тањияи тавсияњои илман асоснок вобаста ба татбиќи ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон дар таљрибаи судї иборат мебошад.

2. Њайати Шўрои илмию машваратии Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Низомномаи он аз тарафи Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешавад.

Боби 4. СУДИ ОЛИИ ИЌТИСОДИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 44. Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон

Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон маќоми олии судї оид ба њалли бањсњои иќтисодї ва дигар парвандањое, ки бо фаъолияти соњибкорї ва дигар фаъолияти иќтисодї алоќаманданд, инчунин дигар парвандањои аз љониби судњои иќтисодї баррасигардида ба њисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти Суди иќтисодии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои иќтисодии вилоят ва шањри Душанбе оид ба парвандањои иќтисодии дар тобеияти онњо буда амалї менамояд.

Моддаи 45. Салоњияти Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон

Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон:

- дар доираи салоњияти худ парвандањоро дар марњилаи якум, ба тариќи кассатсионї ва назоратї баррасї менамояд;

- аризаи шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба њолатњои нав ошкоргардида аз нав баррасї намудани санадњои судии эътибори ќонунї пайдокардаи ќабулнамудаи ў, инчунин санадњои судњои марњилањои кассатсионї ё назоратї, ки дар асоси онњо санади судии суди марњилаи якум таѓйир дода шудааст ё санади судии нав ќабул шудааст, баррасї менамояд;

- дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии татбиќшуда ва ё татбиќшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат менамояд;

- таљрибаи аз тарафи судњои иќтисодї татбиќ намудани ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистонро, ки муносибатњоро дар соњаи фаъолияти соњибкорї ва дигар фаъолияти иќтисодї танзим менамоянд, љамъбаст мекунад, оид ба масъалањои таљрибаи судї тавзењоти дастурї медињад;

- оид ба такмили ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ба маќомоти дахлдор таклифњо тањия ва пешнињод менамояд;

- омори судии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро тањлил менамояд;

- дар доираи салоњияти худ масъалањоеро, ки аз шартномањои байналмилалии Љумњурии Тољикистон бармеоянд, њал менамояд;

- ваколатњои дигареро, ки Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон пешбинї кардаанд, амалї менамояд.

Моддаи 46. Њайати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон

1. Њайати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз Раис, муовини якум, муовинони Раис ва судяњо, ки бо пешнињоди Президенти Љумњурии Тољикистон аз љониби Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон интихоб карда мешаванд, иборат мебошад.

2. Шумораи судяњои Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Президенти Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд.

3. Дар Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон сохторњои зерин фаъолият менамоянд:

- Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон;

- Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон;

- коллегияи судии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон;

- дастгоњи Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон.

4. Дар Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон барои дастљамъона баррасї намудани парвандањо дар марњилаи якум аз љумлаи судяњои он њайатњои судї ташкил карда мешаванд. Њайатњои судї ва судяи дар онњо раисикунандаро Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон муайян мекунад.

Моддаи 47. Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон

1. Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар њайати Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, муовини якум, муовинони ў, котиби Пленум ва судяњои Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон фаъолият мекунад.

2. Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар мавридњои зарурї, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол аз тарафи Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон даъват карда мешавад.

3. Маълумот дар бораи рўзи даъвати Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, мавод ва лоињањои ќарорњо аз рўйи масъалаи муњокимашаванда ба аъзои Пленум ва Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон на дертар аз як моњ то маљлиси Пленум фиристонида мешаванд.

4. Дар маљлиси Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон иштирок менамояд.

5. Дар маљлиси Пленум бо даъвати Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон Раисони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии Љумњурии Тољикистон, раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон, раисон ва судяњои Суди иќтисодии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои иќтисодии вилоят ва шањри Душанбе, аъзои шўрои илмию машваратии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, мутахассисони дахлдор ва дигар шахсон иштирок карда метавонанд.

Моддаи 48. Салоњияти Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии

Тољикистон

1. Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон:

- бо пешнињоди Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон шумора ва њайати Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро тасдиќ мекунад;

- бо пешнињоди Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон раис ва њайати коллегияи судии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро тасдиќ мекунад;

- бо пешнињоди Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон котиби Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро интихоб менамояд;

- гузоришро оид ба кори Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, њисоботи раиси коллегияи судии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро доир ба фаъолияташон мешунавад;

- њайати Коллегияи тахассусии судяњои Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро интихоб менамояд ва њисоботи раиси Коллегияи тахассусиро дар бораи фаъолияти он мешунавад;

- аз натиљаи љамъбасти амалияи судї бо маќсади љорї намудани таљрибаи якхела ва татбиќи дурусти ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон тавзењоти дастурї медињад ва онњо барои суд, судяњо, маќомоту шахсони мансабдоре, ки ќонуни тавзењшударо татбиќ менамоянд, њатмї мебошанд;

- пешнињоди Прокурори генералии Љумњурии Тољикистонро дар бораи ба судњо додани тавзењоти дастурї оид ба масъалањои амалияи судї аз рўи парвандањои иќтисодї баррасї менамояд;

- гузоришњои раисони Суди иќтисодии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои иќтисодии вилоят ва шањри Душанберо дар бораи таљрибаи татбиќи ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, инчунин дар бораи иљрои тавзењоти дастурии Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон мешунавад;

- бо пешнињоди Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон Шўрои илмию машваратии Суди Олии иќтисодиро аз њисоби олимон ва мутахассисони соњаи њуќуќ таъсис дода, Низомнома ва њайати онро тасдиќ мекунад;

- бо пешнињоди Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон њайати тањририяи маљаллаи «Ахбори Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон»-ро тасдиќ мекунад;

- пешнињоди Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро дар бораи ба ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон мутобиќат накардани тавзењоти дастурии Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон баррасї менамояд;

- дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии татбиќшуда ва ё татбиќшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат менамояд;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї кардааст, амалї менамояд.

2. Маљлиси Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар сурати иштироки на камтар аз се ду њиссаи њайати он салоњиятнок њисобида мешавад.

3. Ќарори Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба тариќи овоздињии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду њиссаи овозњои аъзои Пленум, ки дар маљлис иштирок доранд, ќабул карда мешавад.

4. Барои тањияи лоињаи ќарори Пленум, ки он дорои тавзењоти дастурї мебошад, Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар мавриди зарурї аз њисоби аъзои Пленум њайати комиссияи тањрирї ташкил мекунад.

5. Ќарори Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз лањзаи ќабул шуданаш эътибори ќонунї пайдо мекунад ва бо тартиби пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон иљро карда мешавад.

6. Дар маљлиси Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон протокол тартиб дода мешавад. Ба ќарори Пленум ва протокол Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ва котиби Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон имзо мегузоранд.

Моддаи 49. Котиби Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии

Тољикистон

1. Котиби Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз тарафи Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз љумлаи судяњои Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон интихоб карда мешавад.

2. Котиби Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар баробари иљрои вазифаи судяи Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон кори ташкилиро оид ба тайёр намудани маљлиси Пленум ва тартибдињии протоколро таъмин намуда, амалњои дигареро, ки барои иљрои ќарорњои ќабулкардаи Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон зарур мебошанд, анљом медињад.

Моддаи 50. Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон

1. Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз љумлаи судяњои Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон таъсис дода мешавад.

2. Шумора ва њайати Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро бо пешнињоди Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон тасдиќ менамояд.

3. Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, муовини якум ва муовинони ў ба њайати Раёсат аз рўи вазифаашон дохил мешаванд.

4. Дар маљлиси Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ё яке аз муовинони ў иштирок менамоянд.

5. Дар маљлисњои Раёсат, ки ба баррасии парвандањои судї иртибот надоранд, бо даъвати Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон, раисон ва судяњои Суди иќтисодии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои иќтисодии вилоят ва шањри Душанбе, аъзои Шўрои илмию машваратии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, намояндагони вазоратњо, идорањо, ташкилотњои давлатию љамъиятї, муассисањои илмї иштирок карда метавонанд.

Моддаи 51. Салоњияти Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии

Тољикистон

1. Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон:

- ба тариќи назоратї парвандањои иќтисодиро баррасї менамояд, ќонунї ва асоснокии санадњои судиро месанљад;

- аризаи шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба њолатњои нав ошкоргардида аз нав баррасї намудани санади судии ќабулнамудаи ў, ки дар асоси он санади суди марњилаи якум таѓйир дода шудааст ё њалномаи нав ќабул шудааст, баррасї менамояд;

- маводи љамъбасти таљрибаи судї ва омори судиро баррасї мекунад;

- масъалањои ташкили фаъолияти Раёсат, коллегияи судї ва дастгоњи Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро баррасї менамояд;

- њисоботи раиси коллегияи судии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро дар бораи фаъолияти коллегияи судї мешунавад;

- гузориши раиси Суди иќтисодии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои иќтисодии вилоят ва шањри Душанберо оид ба таљрибаи татбиќи ќонунњо, дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва ќарорњои Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон мешунавад;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, амалї менамояд.

2. Маљлисњои Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар мавридњои зарурї гузаронида шуда, дар сурати иштироки на камтар аз се ду њиссаи аъзои Раёсат салоњиятнок њисобида мешаванд.

3. Ќарори Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба тариќи овоздињии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду њиссаи аъзои дар маљлиси Раёсат иштирокдошта ќабул мегардад ва ба он Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон имзо мегузорад.

4. Ќарори Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз лањзаи эълон карда шуданаш эътибори ќонунї пайдо мекунад.

Моддаи 52. Коллегияи судии Суди Олии иќтисодии Љумњурии

Тољикистон

1. Дар Суди Олии иќтисодии Љумњурии аз њисоби судяњои Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон Тољикистон коллегияи судии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон таъсис дода мешавад. Шумора ва њайати коллегияи судии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон тасдиќ менамояд.

2. Ба коллегияи судии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон яке аз муовинони Раиси Суди Олии иќтисодї раисї мекунад. Дар ваќти набудани ў, ба коллегияи судии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон бо амри Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон муовини дигар ё яке аз судяњои Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон раисї мекунад.

3. Коллегияи судии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон:

-ба тариќи кассатсионї парвандањои иќтисодиро баррасї менамояд, ќонунї ва асоснокии санадњои судиро санљида мебарояд;

- ба тариќи назоратї парвандањои иќтисодиро баррасї менамояд, агар ин парвандањо дар њамин коллегияи судї ба тариќи кассатсионї баррасї нагардида бошанд;

- аризаи шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба њолатњои нав ошкоргардида аз нав баррасї намудани санадњои судии судњои марњилањои кассатсионї ё назоратї, ки дар асоси онњо санади судии суди марњилаи якум таѓйир дода шудааст ё санади судии нав ќабул шудааст, баррасї менамояд;

- таљрибаи судиро љамъбаст намуда, аз натиљаи он ба маќомоти дахлдор пешнињодњо ирсол менамояд;

- омори судиро тањлил мекунад;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, амалї менамояд.

4. Парвандањои иќтисодї дар маљлисњои коллегияи судии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон бо тартибе, ки Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон муќаррар намудааст, баррасї карда мешаванд.

Моддаи 53. Салоњияти Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии

Тољикистон

1. Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон:

- роњбарии ташкили фаъолияти Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро амалї менамояд ва наќшаи кории судро тасдиќ мекунад;

- Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро дар муносибатњо бо маќомоти давлатї ва љамъиятї, ташкилотњои байналмилалї, корхонањо, муассисањо, дигар ташкилотњо ва шахсони мансабдор намояндагї мекунад;

- вазифањоро дар байни муовинони Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон таќсим мекунад;

- тартиби таќсими парвандањоро байни судяњои Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон тасдиќ менамояд ва масъалаи аз як суди иќтисодї ба суди иќтисодии дигар супоридани парвандањои судиро њал менамояд;

- шакл ва тартиби пешнињоди ахборотро дар бораи фаъолияти солонаи њар як судяи Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон муќаррар мекунад;

- љадвали воњидњои кории Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, дастури коргузорї, низомномањои шўъбањо ва дигар бахшњои Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро тасдиќ менамояд, роњбарии умумии фаъолияти дастгоњи Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро амалї менамояд, кормандони дастгоњи Суди Олии иќтисодиро ба кор ќабул ва аз кор озод менамояд, вазифањоро байни онњо таќсим мекунад;

- барои тасдиќ намудан ба Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон номзадии котиби Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, шумора ва њайати Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, раис ва њайати коллегияи судии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, њайати Коллегияи тахассусии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, њайати Шўрои илмию машваратии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ва Низомномаи он, инчунин њайати тањририяи маљаллаи «Ахбори Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон»-ро пешнињод менамояд;

- Пленум ва Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро даъват менамояд, рўзномаи маљлисњои Пленум ва Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро тартиб медињад ва дар маљлисњои онњо раисї мекунад, дар бораи фаъолияти Пленум ва Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон иттилоот медињад, иљрои тавзењоти дастурии Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро назорат мекунад;

- корро оид ба љамъбасти таљрибаи судї барои пешнињод намудани натиљаи он ба баррасии Пленум ва Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ташкил мекунад;

- маљлиси якуми Коллегияи тахассусии судяњои Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро даъват менамояд;

- ба Коллегияи тахассусии судяњои Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар бораи гузаронидани санљиши тахассусии судяњои Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, омода намудани хулоса барои додани дараљањои тахассусї ба онњо пешнињод ирсол менамояд;

- нисбати судяњои Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, раисон, муовинон ва судяњои Суди иќтисодии вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои иќтисодии вилоят ва шањри Душанбе бо асосњои дар Ќонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда парвандаи интизомї оѓоз менамояд;

- бо тартиби муќаррарнамудаи Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон нисбати санадњои судии ќабулнамудаи судњои иќтисодї, инчунин коллегияи судии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, агар њангоми ќабули онњо ба вайронкунии љиддии меъёрњои њуќуќњои моддї ва мурофиавї роњ дода шуда бошанд, эътирозњо меорад;

-дар маљлисњои коллегияи судии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон њангоми баррасии парвандањо метавонад раисї намояд;

- барои дастаљамъона баррасї намудани парвандањо дар марњилаи якум дар Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон њайати судї ва судяи дар маљлиси судї раисикунандаро муайян мекунад;

- аз натиљаи љамъбасти таљрибаи судї ба маќомоти давлатї, ташкилотњои љамъиятї ва шахсони мансабдор дар бораи бартараф кардани вайронкунињои ќонун пешнињод ирсол менамояд;

- ба Президенти Љумњурии Тољикистон дар бораи ба судяњои Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон додани дараљањои тахассусї пешнињод ирсол менамояд;

- судяњои суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро њавасманд мегардонад ва онњоро барои сарфароз намудан бо мукофотњои давлатии Љумњурии Тољикистон пешбарї менамояд;

- дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии татбиќшуда ва ё татбиќшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат менамояд;

- љињати таќвияти муќовимат ба коррупсия ва риояи талаботи Кодекси одоби судяи Љумњурии Тољикстон тадбирњо меандешад;

- корро оид ба баланд бардоштани дараљаи тахассусии судяњои Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ва гузаштани таљрибаомўзии судяњои Суди иќтисодии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои иќтисодии вилоят ва шањри Душанбе дар Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ташкил мекунад;

- корро оид ба баланд бардоштани дараљаи тахассусии кормандони дастгоњи Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ташкил мекунад, дар бораи њавасмандкунї ё ба муљозоти интизомї кашидани кормандони дастгоњ фармон ќабул менамояд, дар доираи салоњияти худ ба кормандони дастгоњи Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон рутбањо ва рутбањои тахассусии хизматчиёни давлатии Љумњурии Тољикистонро медињад;

- шањрвандонро шахсан ќабул мекунад ва корро оид ба баррасии мурољиатњо ташкил менамояд;

- оид ба нигоњдории молу мулки давлатї, ки барои истифодабарї ба Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дода шудааст, чорањо меандешад;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, амалї менамояд.

2. Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар доираи салоњияташ фармонњо ва амрњо мебарорад.

3. Дар мавриди набудани Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ваколатњои ўро муовини якум ва дар ваќти набудани муовини якум яке аз муовинони Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон амалї менамоянд.

Моддаи 54. Салоњияти муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии

иќтисодии Љумњурии Тољикистон

Муовини якум, муовинони Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон:

- парвандањои иќтисодиро дар суди марњилаи якум баррасї мекунанд ва иљрои санадњои судии ќабулгардидаро мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъмин менамоянд;

- дар маљлисњои коллегияи судии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон њангоми баррасии парвандањо метавонанд раисї намоянд;

- мувофиќи таќсимоти вазифањо ба фаъолияти воњидњои сохтории суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон роњбарї мекунанд;

- кори такмили ихтисоси судяњои Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ва таљрибаомўзии судяњои дигар судњои иќтисодиро ташкил менамоянд;

- парвандањоро барои омўзиш талаб менамоянд ва барои гузаронидани љамъбасти таљрибаи судї чорањо меандешанд, аз натиљаи љамъбасти таљрибаи судї ба маќомоти дахлдор пешнињодњо ирсол менамоянд;

- шањрвандонро шахсан ќабул мекунанд;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, амалї менамоянд.

Моддаи 55. Салоњияти раиси коллегияи судии Суди Олии иќтисодии

Љумњурии Тољикистон

Раиси коллегияи судии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон:

- парвандањоро дар суди марњилаи якум баррасї мекунад ва иљрои санадњои судии ќабулгардидаро мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъмин менамояд;

- кори коллегияи судиро ташкил намуда, њайати суд, љой ва ваќти дар маљлиси суд баррасї кардани парвандаро муайян мекунад;

- дар маљлисњои коллегияи судї њангоми баррасии парвандањо раисї менамояд;

- ба Пленум ва Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар бораи фаъолияти коллегияи судї њисобот медињад;

- иљрои ќарорњои дастурии Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро назорат менамояд;

- парвандањои судиро барои омўзиш талаб менамояд ва барои гузаронидани љамъбасти таљрибаи судї чорањо меандешад;

- шањрвандонро шахсан ќабул менамояд;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, амалї менамояд.

Моддаи 56. Салоњияти судяи Суди Олии иќтисодии Љумњурии

Тољикистон

1. Судяи Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон:

- парвандањоро дар суди марњилаи якум баррасї мекунад ва иљрои санадњои судии ќабулгардидаро мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъмин менамояд;

- дар маљлиси судии марњилањои кассатсионї ва назоратї иштирок мекунад;

- оид ба љамъбасти таљрибаи судї ба Пленум ва Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон маърўза менамояд;

- бо супориши Раис, муовини якум, муовинон ва раиси коллегияи судии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон вазифањои дигарро дар доираи салоњияташ иљро мекунад;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, амалї менамояд.

2. Судяи Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии татбиќшуда ё татбиќшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда њуќуќ дорад ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намояд.

Моддаи 57. Шўрои илмию машваратии Суди Олии иќтисодии

Љумњурии Тољикистон

1. Дар назди Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон маќоми машваратї - Шўрои илмию машваратї аз љумлаи олимон ва мутахассисони соњаи њуќуќ таъсис дода мешавад, ки он дар асоси љамъиятї амал менамояд. Вазифаи он аз тањияи тавсияњои илман асоснок вобаста ба татбиќи ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон дар таљрибаи судї иборат мебошад.

2. Њайати Шўрои илмию машваратї ва Низомнома дар бораи он аз тарафи Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешавад.

Боби 5. СУДЊОИ ЊАРБИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 58. Судњои њарбии Љумњурии Тољикистон

1. Судњои њарбии Љумњурии Тољикистон дар Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон, Гвардияи миллии Љумњурии Тољикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон, Сарраёсати Ќўшунњои сарњадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон, Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Ќўшунњои дохилии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иљрои љазои љиноятии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, корхонањо, муассисањо, дигар ташкилотњои Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон ва тамоми ќисмњои њарбї адолати судиро амалї менамоянд.

2. Судњои њарбї аз рўи принсипи њудудї дар мањалли воќеъшавии гарнизонњо таъсис дода мешаванд.

3. Фаъолияти судњои њарбї ба њифзи њуќуќу озодињои хизматчиёни њарбї, шањрвандоне, ки аз љамъомади њарбї мегузаранд ва дигар шањрвандон, њуќуќ ва манфиатњои ќонунии ќисмњои њарбї, корхонаю муассисањо ва дигар ташкилотњои њарбї, мустањкам кардани ќонуният ва тартиботи њуќуќї дар ќисмњои њарбї нигаронида шудааст.

4. Ба низоми судњои њарбї коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва судњои њарбии гарнизонњо дохил мешаванд.

Моддаи 59. баррасии парвандањои гражданї, оилавї ва њуќуќвайрон-

кунии маъмурї аз љониби судњои њарбї

Ба судњои њарбї парвандањои гражданї ва оилавї, ки дар онњо яке аз тарафњо хизматчиёни њарбї мебошанд, инчунин парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї нисбати хизматчиёни њарбї тобеияти судї доранд.

Моддаи 60. Баррасии парвандањо оид ба шикояти амалу ќарорњои

маќомоти идоракунии њарбї ва мансабдорони њарбї

1. Судњои њарбї парвандањоро оид ба шикояти хизматчиёни њарбї, шањрвандоне, ки аз љамъомади њарбї мегузаранд, дар бораи амалу ќарорњои маќомоти идоракунии њарбї, ки њуќуќу озодињои онњоро халалдор мекунанд, баррасї менамоянд.

2. Ба салоњияти судњои њарбї баррасии шикоятњои хизматчиёни њарбї, ки ба њифзи њуќуќи шахсии онњо алоќамандї доранд ва ин њуќуќњо аз Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи вазъи њуќуќии хизматчиёни њарбї», оинномањои њарбї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон бармеоянд, тобеият доранд.

3. Судњои њарбї шикоятњои шањрвандонро, ки аз хизмати њарбї љавоб шудаанд, нисбат ба амалу ќарорњои маќомоти идоракунии њарбї ва шахсони мансабдори њарбї, ки њуќуќу озодињои онњоро халалдор кардаанд ва нисбати шањрвандони мазкур дар давраи адои хизмати њарбї содир шудаанд, баррасї менамоянд.

Моддаи 61. Суди њарбии гарнизон

1. Суди њарбии гарнизон дар њудуде, ки як ё якчанд гарнизони њарбї воќеъ гардидааст, ташкил карда мешавад.

2. Суди њарбии гарнизон аз раис, муовини раис, судяњо ва машваратчиёни халќї иборат аст. Вазифаи муовини раис дар судњои њарбие, ки аз панљ ва зиёда аз он судяњо иборат аст, муќаррар карда мешавад.

3. Шумораи судяњоро барои њар як суди њарбии гарнизон Президенти Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд.

Моддаи 62. Салоњияти суди њарбии гарнизон

1. Суди њарбии гарнизон њамчун суди марњилаи якум парвандањои зеринро баррасї менамояд:

- парвандањои гражданї, оилавї, љиноятї ва њуќуќвайронкунии маъмурї ба истиснои парвандањое, ки ба суди болої тобеияти судї доранд;

- парвандањоро аз рўйи шикоят ба амалу ќарорњои маќомоти идоракунии њарбї ва шахсони мансабдори њарбї;

- дар асоси аризаи тарафњо, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парванда бинобар њолатњои нав ошкоргардида аз нав баррасї намудани санадњои судии эътибори ќонунї пайдокардаи судњои њарбї.

2. Суди њарбии гарнизон њамчунин масъалањоеро, ки њангоми иљрои санадњои судї ба миён меоянд, баррасї менамояд.

3. Суди њарбии гарнизон дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии татбиќшуда ё татбиќшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда њуќуќ дорад ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намояд.

Моддаи 63. Салоњияти раиси суди њарбии гарнизон

1. Раиси суди њарбии гарнизон:

- ба кори суди њарбии гарнизон роњбарї мекунад ва наќшаи кории судро тасдиќ мекунад;

- тибќи тартиби муќарраргардида парвандањоро байни судяњо таќсим менамояд;

- парвандањоро дар суди марњилаи якум баррасї мекунад ва иљрои санадњои судии ќабулгардидаро мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъмин менамояд;

- ташкили корро бо машваратчиёни халќї муайян мекунад;

- кори такмили ихтисоси кормандони дастгоњи суд ва машваратчиёни халќиро ба роњ мемонад;

- кори ташвиќи донишњои њуќуќї ва ќонунро ташкил намуда, ин фаъолиятро бо њайати фармондењї ва прокуратураи њарбї мутобиќ месозад;

- кормандони техникии дастгоњи судро ба кор ќабул ва аз кор озод менамояд;

- љињати таќвияти муќовимат ба коррупсия ва риояи меъёрњои Кодекси одоби судяи Љумњурии Тољикистон тадбирњо меандешад;

- оид ба нигоњдории молу мулки давлатї, ки ба суд барои истифодабарї дода шудааст, чорањо меандешад;

- корро оид ба баррасии арзу шикоятњои хизматчиёни њарбї ва ќабули шањрвандон ташкил менамояд, шахсан хизматчиёни њарбї ва дигар шањрвандонро ќабул мекунад;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, амалї менамояд.

2. Раиси суди њарбии гарнизон дар доираи салоњияташ фармоишњо мебарорад.

3. Дар ваќти набудани раиси суди њарбии гарнизон вазифаи ўро муовини раиси суди њарбии гарнизон иљро менамояд.

Моддаи 64. Салоњияти муовини раиси суди њарбии гарнизон

Муовини раиси суди њарбии гарнизон:

- парвандањоро дар суди марњилаи якум баррасї мекунад ва иљрои санадњои судии ќабулгардидаро мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъмин менамояд;

- мутобиќи таќсими вазифањо ба кори воњидњои сохтории дастгоњи суди њарбии гарнизон роњбарї менамояд;

- хизматчиёни њарбї ва шањрвандонро шахсан ќабул менамояд;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, амалї менамояд.

Моддаи 65. Салоњияти судяи суди њарбии гарнизон

1. Судяи суди њарбии гарнизон:

- парвандањоро дар марњилаи якум баррасї мекунад ва иљрои санадњои судии ќабулгардидаро мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъмин менамояд;

- бо супориши раис ва муовини раиси суди њарбии гарнизон вазифањои дигарро дар доираи салоњияташ иљро мекунад;

- ваколатњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, амалї менамояд.

2. Судяи суди њарбии гарнизон дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ будани ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии татбиќшуда ё татбиќшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда њуќуќ дорад ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намояд.

Моддаи 66. Пуррасозии судњои њарбї

1. Хизматчиёни њарбии коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва судњои њарбии гарнизонњо дар Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон хизмати њарбиро адо менамоянд.

2. Шумораи воњидњои кории хизматчиёни њарбї ва њайати шањрвандии коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва судњои њарбии гарнизонњо аз њисоби Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон, дигар ќўшуну ќисмњои њарбї људо карда мешавад.

3. Шумораи воњидњои кории вазифањои судяњои њарбї ва рутбањои њарбии ба ин вазифањо мутобиќро барои судњои њарбии гарнизонњо бо пешнињоди Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон Президенти Љумњурии Тољикистон ва барои коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Президенти Љумњурии Тољикистон Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон тасдиќ менамоянд.

4. Сохтор ва шумораи воњидњои кории дастгоњи судњои њарбии гарнизон, бахши судњои њарбии дастгоњи Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистонро Президенти Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон муайян мекунад.

5. Сохтор ва шумораи воњидњои кории дастгоњи коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистонро бо пешнињоди Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон Президенти Љумњурии Тољикистон муайян менамояд.

Моддаи 67. Дастгоњи судњои њарбї

1. Дастгоњи судњои њарбї фаъолияти судњои њарбиро вобаста ба амалї намудани адолати судї ва дигар вазифањои судї таъмин мекунад.

2. Дар њайати дастгоњи суди њарбї аз рўи воњиди корї вазифаи мудири бахши коргузорї, пристави судї, котиби суди њарбї ва котибони маљлисњои суд ба миќдоре, ки мутобиќи шумораи судяњо бошад, пешбинї мешавад. Дар назди судњои њарбї тарљумонњо фаъолият менамоянд.

3. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудан, љойивазкунии хизматчиёни њарбии коллегияи њарбиро раиси коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон амалї менамояд.

4. Хизматчиёни њарбии дастгоњи коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон, судњои њарбии гарнизонњо, бахши судњои њарбии дастгоњи Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон бо тамоми намудњои пардохти пулї, молї ва дигар таъминот, таъминоти иљтимої-маишї, тиббї, санаторию курортї, манзилї, нафаќавї ва ѓайра мувофиќи меъёр ва андозае, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои хизматчиёни њарбии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон муайян намудааст, таъмин карда мешаванд. Ба онњо ва аъзои оилаашон њуќуќу имтиёзњое, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои хизматчиёни њарбии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон ва аъзои оилањои онњо муќаррар кардааст, нигоњ дошта мешаванд.

5. Маоши хизматии хизматчиёни њарбї ва њайати шањрвандии дастгоњи коллегияи њарбии суди Олии Љумњурии Тољикистон ва бахши судњои њарбии дастгоњи Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон баробари маоши хизматии барои чунин вазифањои Сарраёсатњо ва раёсатњои дастгоњи марказии Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон пешбинишуда муќаррар карда мешавад.

6. Ба њайати шањрвандии кормандони дастгоњњои судњои њарбї ва бахши судњои њарбии дастгоњи Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон рутбањо, иловапулињо барои рутбањо ва собиќаи корї бо тартиби муќаррарнамудаи моддаи 92 Ќонуни конститутсионии мазкур дода мешавад.

Моддаи 68. Тартиби адои хизмати њарбї дар судњои њарбї

1. Хизматчиёни њарбии коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва судњои њарбии гарнизонњо ва бахши судњои њарбии дастгоњи Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон хизмати њарбиро адо мекунанд ва ба онњо оинномаю низомномањои њарбие, ки тартиби адои хизмати њарбиро муайян мекунанд, татбиќ мегарданд, ба истиснои тартибе, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар намудааст.

2. Ба судяњои коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон вазири мудофиаи Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон рутбаи њарбї медињад.

3. Ба судяњои судњои њарбии гарнизонњо бо пешнињоди раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон вазири мудофиаи Љумњурии Тољикистон рутбаи њарбии то полковникро медињад.

4. Ба судяњои коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди якљояи Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва вазири мудофиаи Љумњурии Тољикистон Президенти Љумњурии Тољикистон рутбањои олии њарбї медињад.

5. Тартиби ба хизматчиёни њарбии дастгоњи коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон, судњои њарбии гарнизонњо, бахши судњои њарбии дастгоњи Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон додани рутбањои њарбї, инчунин тартиби ба хизмати њарбї даъват ва аз хизмати њарбї озод шудани судяњои судњои њарбии гарнизонњо ва хизматчиёни њарбии дастгоњи судњои њарбї, коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва бахши судњои њарбии дастгоњи Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ўњдадории умумии њарбї ва хизмати њарбї» бо назардошти муќаррароти Ќонуни конститутсионии мазкур муайян карда мешавад.

6. Тартиби адои хизмати њарбии хизматчиёни њарбии коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон, судњои њарбии гарнизонњо ва бахши судњои њарбии дастгоњи Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистонро дар давраи сафарбарї ва дар замони љанг ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян мекунад.

Моддаи 69. Посбонї, нигоњдорї ва бо посбон бурдани шахсони ба њабс

гирифташуда

1. Бо посбон ба судњои њарбї бурдани шахсоне, ки дар ќисмњои интизомї нигоњ дошта мешаванд ё дар гауптвахта ќарор доранд ва посбонии онњоро дар мурофиањои судї мутобиќан ќисмњои њарбї ё комендантњои њарбии гарнизонњо иљро менамоянд.

2. Бо посбон ба мањалли аз љониби судњои њарбї баррасї шудани парвандањо бурдани шахсоне, ки дар дигар љойњои нигоњдории ба њабс гирифташудагон, инчунин дар изоляторњои (тавќифгоњњои) тафтишотї ё изоляторњои (тавќифгоњњои) нигоњдории муваќќатї ва муассисањои ислоњї мебошанд, аз тарафи Сарраёсати иљрои љазои љиноятии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон амалї карда мешавад.