10:51:11 - 26.04.2017

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НИЗОМНОМАИ ТАРТИБИ ДОДАНИ ДАРАҶАҲОИ ТАХАССУСӢ БА СУДЯҲОИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

                                                                                          Бо Фармони Президенти
                                                                                                           Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                                                                           аз 15 октябри соли 2008
                                                                                                            № 551  тасдиқ шудааст


НИЗОМНОМАИ тартиби додани дараҷаҳои тахассусӣ ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

Низомномаи тартиби  додани  дараҷаҳои тахассусӣ ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва мӯҳлати додани дараҷаҳои тахас- сусиро  ба раисон,  муовинони  раисон  ва  судяҳои  Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Суди  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Суди  Олии   иқтисодии Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Суди  ҳарбӣ,  Суди  Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқти содии вилоят ва шаҳри Душанбе муайян менамояд.
Дараҷаҳои тахассусӣ  ба  судяҳо  вобаста  ба мансаби ишљолкарда, собиқа ва таҷрибаи корӣ, сатҳи дониши касбӣ пай дар пай дода мешаванд.

2. Дараҷаи тахассусии судяҳо

 Ба судяҳои  судҳои  Ҷумҳурии   Тоҷикистон дараҷаи   тахассусиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди конститут- сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси Суди Олии  иқтисодии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.
     Ба судяҳо дараҷаҳои тахассусии зерин дода мешаванд:
дараҷаи олии тахассус;
дараҷаи якуми тахассус;
дараҷаи дуюми тахассус;
дараҷаи сеюми тахассус;
дараҷаи чоруми тахассус;
 дараҷаи панҷуми тахассус.
Ба раисон,  муовинони  раисон  ва  судяҳои Суди  конститутсионии Ҷумҳурии   Тоҷикистон,   Суди  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Суди  Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дараҷаи  олӣ  ва якуми  тахассус  дода мешаванд.
Ба раисон,  муовинони раисон ва судяҳои Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон,  судҳои вилоят, шаҳри Душанбе,  шаҳр ва ноҳия,  Суди иқтисодии  Вилояти  Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон,  судҳои иқтисодии  вилоят  ва  шаҳри  Душанбе  дараҷаҳои тахассусии зерин дода мешаванд:
дараҷаи якуми тахассус;
дараҷаи дуюми тахассус;.
дараҷаи сеюми тахассус;
дараҷаи чоруми тахассус;
дараҷаи панҷуми тахассус.

3. Мӯҳлати дар дараҷаҳои тахассусӣ будан

 Мӯҳлати камтарини  дар  дараҷаи тахассусӣ будан,  ки он ба додани дараҷаи  тахассусии  навбатӣ  ҳуқуқ  медиҳад, чунин  муқаррар   карда мешавад:
барои дараҷаҳои панҷум ва чоруми тахассус - 3 сол;
барои дараҷаҳои сеюм ва дуюми тахассус - 5 сол.
Мӯҳлати дар дараҷаи тахассусии якум будан маҳдуд карда намешавад.
Бо назардошти  таҷрибаи корӣ ва натиҷаҳои ба дастоварда ба суд- яҳо бе риояи пай дар паии  муқарраршуда,  мумкин  аст дараҷаи  тахассу- сии баландтар дода шавад, вале на зиёда аз як дараҷаи тахассусӣ.
Ба судяи ба истеъфо ё ба  нафақа  баромада дараҷаи  тахассусиаш нигоҳ дошта мешавад.
Санҷиши тахассусии навбатии судя на дертар аз як моҳ то  рӯзи  ба итмом  расидани  мӯҳлати  дар  дараҷаи  тахассусии додашуда  будани ӯ гузаронида мешавад.  Пеш аз мӯҳлат гузаронидани санҷиши  тахассусӣ  на пештар аз ду соли гузаштани муддати санҷиши охирин имконпазир аст.
Шахсони бори аввал ба вазифаи судя таъиншуда дар муддати шаш моҳи баъди  таъин  шуданашон  барои  гирифтани дараҷаи тахассусӣ аз санҷиши тахассусӣ мегузаранд.

4. Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии судяҳо

Ба судяе, ки аз санҷиши тахассусӣ  мегузарад тавсифнома тартиб дода  мешавад,  ки дар он сифатҳои корӣ, ахлоқӣ ва фаъолияти касбии ӯ дарҷ меёбад.
Тавсифнома ба  судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  тарафи  Раиси Суди  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Раиси  Суди  Олии  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба судяҳои Суди ҳарбӣ,  Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  судяҳои вилоят,  шаҳри Душанбе,  шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе аз ҷониби дастгоҳи  Шӯрои  адлия  тартиб  дода шуда,  барои баррасӣ ба Коллегияи тахассусии судяҳо пешниҳод карда мешавад.
Судя бояд бо тавсифнома на дертар аз 15 рӯз то санаи гузаронидани санҷиш шинос карда шавад.
 Санҷиши тахассусӣ дар ҳузури судяе,  ки аз санҷиш мегузарад,  дар мӯҳлати як моҳ баъд аз рӯзи ворид  шудани  маводи дахлдор  гузаронида мешавад.
Коллегияи тахассусии судяҳои Суди  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Суди  Олии  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  ба судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистои додани дараҷаи тахассусӣ хулоса медиҳад.
Коллегияи тахассусии   судяҳои   Суди  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон инчунин бо пешниҳоди Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  бораи ба  раисони  Суди  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  судҳои вилоят, шаҳри Душанбе додани дараҷаи тахассусӣ ба Шӯрои адлия хулоса медиҳад.
 Коллегияи тахассусии  судяҳои  Суди  ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухто-  ри Кӯҳистони Бадахшон,  судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе бо пешниҳоди Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷи- кистон дар  бораи ба  раисон,  муовинони раисон,  судяҳои Суди ҳарбӣ,  муовинони раисон, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе,  раисон, муовинон, судяҳои судҳои шаҳру ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  судҳои иқтисодии вилоят ва  шаҳри Душанбе додани дараҷаи тахассусӣ ба Шӯрои адлия хулоса медиҳад.

5. Иловапулӣ барои дараҷаи тахассусӣ

Ба маоши  вазифавии  судяҳои  судҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои дараҷаҳои тахассусӣ иловапулӣ муқаррар карда мешавад.
Андоза ва  тартиби  додани  иловапулиро барои дараҷаҳои тахас- сусӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.