10:02:50 - 25.05.2017

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НИЗОМНОМАИ ДАСТГОҲИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо амри Раиси

Суди  конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 ноябри соли 2003

№23-СК тасдиқ карда шудааст


Низомномаи Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон


I. Муқаррароти умумӣ
1.Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои ахборотию маълумотдиҳӣ, таҳлилию машваратӣ ва дигар корҳои ёрирасонро, ки барои фаъолияти самараноки Суди конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикис- тон шароит фароҳам меоварад, иҷро менамояд.
2.Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Регламенти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурамали коргузории Суди конститутсионии Ч,умхурии Точикистон, Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор фаъолият менамояд.

П . Сохтор ва тартиби ташкили Дастгоҳи Суди                                                              конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Сохтор ва басти Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Раиси Суди конститутсионӣ тасдиқ карда мешавад.
4.Сохтори Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис- тонро воҳидҳои зерин ташкил медиҳанд:
- Роҳбари дастгоҳи Суди конститутсионӣ  
- Қабулгоҳи Раиси Суди конститутсионӣ
- Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқии фаъолияти  судяҳо  
- Шӯъбаи умумӣ ва хизмати давлатӣ
- Шӯъбаи молиявӣ-хоҷагӣ.
III. Роҳбари Дастгоҳи Суди  конститутсионии  
Ҷумҳурии Тоҷикистон
5.Роҳбари Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- ба Дастгоҳи Суди конститутсионӣ роҳбарӣ менамояд, барои натиҷаи самараноки фаъолияти Дастгоҳ масъул мебошад;
- кори Дастгохи Суди конститутсиониро ташкил намуда, масъала ҳои банақшагирӣ, банизомдарорӣ ва назорати онро таъмин менамояд;
- оид ба баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва тахассусии кормандони
Дастгоҳи Суди конститутсионӣ чораҳои амалӣ меандешад;
-гузаронидани аттестатсияи кормандони Дастгох, омӯзиш ва бозомӯзии онхоро ташкил мекунад;
-шарҳу тавзеҳи фаъолияти Суди конститутсиониро дар воситаҳои ахбори умум ташкил мекунад;
-гузаронидани маҷлисҳои Суди конститутсиониро ташкил мекунад;
-ба Раиси Суди конститутсионӣ дар хусуси ба Дастгохи Суди кон- ститутсионӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани кормандон пешниҳодот мнзур менамояд;
-ба тахияи сметаи хароҷоти Дастгоҳи Суди конститутсионӣ роҳбарӣ намуда, иҷрои онро назорат мекунад, оид ба таъини иловапулӣ ба маош ва дигар пардохтҳои пулии кормандони Дастгоҳ ба Раиси Суди конститутсионӣ пешниҳодот ирсол менамояд;
-ба фаъолияти шӯъбаҳои Дастгоҳ роҳбарӣ намуда, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозад, иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузош- ташударо назорат мекунад, низому самаранокии кор, интизоми меҳнатро таъмин менамояд;
-иҷроиши қарорҳо ва дигар санадҳои Суди конститутсионӣ ва амрҳои Раиси Суди конститутсиониро таъмин менамояд;
- оид ба рафъи камбудиҳо дар таъмини татбиқи амрҳои Раиси Суди конститутсионӣ чораҷӯӣ менамояд;
-бо супориши Раиси Суди конститутсионӣ вазифаҳои дигарро низ иҷро менамояд.
-Роҳбари Дастгоҳи Суди конститутсионӣ аз тарафи Раиси Суди конститутсионӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.ҳ-Фаъолияти шӯъбаҳоро хамоҳанг месозад ва ба кори онҳо назорат менамояд.

IV. Қабулгоҳи Раиси Суди конститутсионӣ
6. Қабулгоҳи Раиси Суди конститутсионӣ вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- тартибу низомро дар қабулгоҳи Раиси Суди конститутсионӣ
таъмин менамояд;
-маводҳои заруриро ба Раиси Суди конститутсионӣ омода месозад:
-мувофиқи салоҳдиди Раиси Суди конститутсионӣ нақшаи қабули шаҳрвандонро тартиб медиҳад ва ҷиҳати татбиқи амали ин нақша тадбирҳо меандешад,
- маълумотномаҳо ва гузоришҳои таҳлилиро пешниҳод менамояд;
-қабули меҳмонон ва шаҳрвандонро аз ҷониби Раис ташкил мена- мояд ва онҳоро ба қайд мегирад;
-телефонограммаҳо ва дигар хабарҳоро, ки ба Суди конститут- сионӣ ва Раис дахл доранд, ба қайд мегирад;
- бо супориши Раиси Суди конститутсионӣ дигар вазифаҳоро низ
иҷро менамояд.
V. Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳо
7.    Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳо вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- тайёр    намудани    парвандаҳо    барои    баррасӣ    дар    Суди конститутсионӣ;
- тайёр намудани хулосаҳо оид ба асоснок будани пешниҳод ва дархостҳо;
-иштирок дар таҳияи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ гардони- дани ваколатҳои Суди конститутсионӣ, дигар нақшаҳои таҳияи барно- маҳои дорои хусусияти таҳлилӣ, иттилоотӣ ва ташкилӣ;
-омӯзиш ва ҷамъбасти амалияи Суди конститутсионӣ, банизом- дарории қонунгузории амалкунанда;
- омӯзиш ва ҷамъбасти карорҳои Пленуми Суди Олӣ ва Суди Олии иктисодӣ оид ба шарҳи конунгузорӣ;
-омӯзиш ва ҷамъбасти амалияи судӣ ва қонунгузории судҳои кон- ститутсионӣ ва дигар мақомоти ба он монанд дар мамлакатҳои хориҷӣ;
-иштирок дар таҳияи пешниҳодот дар бораи мукаммалгардонии қонунгузорӣ оид ба ҳифзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-таъминн ҳуқуқии фаъолияти Суди конститутсионӣ  ва Дастгоҳи он;
- қабули шаҳрвандон ва баррасии арзу шикояти онҳо;
- ташкили гузаронидани маҷлиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-омӯзиш ва ҷамъбасти таҷрибаи инкишофи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба назорати конститутсионӣ дар муқоиса бо қонунгузории дигар мамлакатҳо;
-ба таври васеъ паҳн намудани донишҳои ҳуқуқӣ дар байни кормандони Дастгоҳ;
8.Барои иҷро ва татбиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда шӯъба ҳуқуқ дорад:
-ба роҳбарият оид ба масъалаи таъминоти ҳуқуқӣ таклифҳо
пешниҳод намояд;
- тавсияҳои методиро оиди таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳо таҳия намояд:
-ҳуқуқҳои дигареро, ки аз доираи ваколати шӯъба бармеояд, амалӣ намояд.
VI. Шӯъбаи умумӣ ва хизмати давлатӣ
9.Шӯъбаи умумӣ ва хизмати давлатӣ вазифаҳои зеринро амалӣ
менамояд:
- бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва назорат аз болои мӯҳлати маводҳои воридшуда;
- назорат аз болои маводҳои зери назорат буда;
-таҳияи саривақтии амрҳои Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ташкилӣ ва кадрӣ;
- дохил кардан ва сабти саривақтии тағйиротҳо дар ҳуҷҷатҳо,
делоҳои шахсӣ ва дафтарчаи меҳнатӣ;
-назорати риояи мӯҳлати иҷрои муроҷиатҳо;
- таҳия ва расмӣ гардонидани ҳуҷҷатҳои сафарҳои хизматии судяҳо ва кормандони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-ташкили кори маҳфузнигохдорӣ ва бойгонӣ;
-саривақт пешниҳод намудани маълумот ба роҳбарияти Суди конститутсионӣ оид ба муроҷиатҳо ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии
Тоҷикистон;
- чопи санадҳо ва дигар маводҳо;
-ҷамъбасти ҳолати корҳои назоратӣ вобаста ба рафти иҷрои ҳуҷҷатҳо;
- назорати татбиқи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар
бораи хизмати давлатӣ» вобаста ба кормандони Дастгоҳ.
10.Барои иҷро ва татбиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда шӯъба ҳуқуқ дорад:
- ба роҳбарият оид ба масъалаҳои фаъолияти шӯъба таклифҳо
пешниҳод намояд;
- тавсияҳои методиро оид ба масъалаҳои кадрӣ ва коргузорӣ таҳия намояд;
-муроҷиатҳои шаҳрвандонро оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияташ омӯзад, санҷида барояд, барои бартараф намудани камбудию нуқсонхо, ки аз муроҷиати шаҳрвандон бармеоянд, таклифҳо пешниҳод намояд;
- ҳуқуқҳои дигарро, ки аз доираи ваколати шӯъба бармеояд, амалӣ
намояд.
VII. Шӯъбаи молиявӣ - хоҷагӣ
11.Шӯъбаи молиявӣ - хоҷагӣ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- таъмини фаъолияти молиявӣ-хоҷагӣ ва моддӣ-техникии Суди
конститутсионӣ ва Дастгоҳи он;
- таҳияи сметаи солонаи хароҷоти Суди конститутсионӣ;
- ташкили хароҷоти маблағҳои пулӣ дар доираи сметаи хароҷот ва
нигоҳдории Суди конститутсионӣ;
-бахисобгирӣ ва истифодабарии самараноки амволи Суди консти- тутсионӣ;
-таъмини хизматрасонии компютерӣ, техникӣ, алоқа ва амволи Суди конститутсионӣ;
-таҳияи пешниҳодот ҷиҳати барқарор намудани зарари моддии ба амволи Суди конститутсионӣ расонидашуда;
-омӯзиши санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти молиявӣ-хоҷагӣ ва татбиқи онҳо дар фаъолияти Суди консти- тутсионӣ;
-таҳияи дастурҳои хизматӣ ҷиҳати таъмини техникаи бехатарӣ, ҳолати зидди сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқуллода дар Суди консти- тутсионӣ, шиносонидани кормандони Суди  конститутсионӣ  бо ҳуҷ- ҷатҳои зикршуда;
-таъмини ҳолати хуби техникӣ, санитарии бино ва утоқҳои кории кормандони Суди конститутсионӣ;
-иҷрои дигар корҳое, ки аз фаъолияти шӯъба бармеояд.
12.Барои иҷро ва татбиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда
шӯъба ҳуқуқ дорад:
-ба роҳбарият оид ба масъалаҳои таъминоти молиявӣ-хоҷагӣ так- лифҳо пешниҳод намояд;
-оид ба сари вақт гирифтани маош, иловапулиҳои кормандони
Суди конститутсионӣ чораҳо андешад;
-оид ба барқарор намудани зарари моддии ба Суди конститутсионӣ расонидашуда чораҳо андешад;
-ҳуқуқҳои дигареро, ки аз доираи фаъолияти шӯъба бармеояд.
амалӣ намояд.
VI. Дохил намудани тағйироту иловаҳо ба Низомнома
13. Ба Низомнома дар сурати зарурат бо пешниҳоди шӯъбаҳо ва ташаббуси роҳбарият тағйироту иловаҳо ворид карда мешавад. Тағйироту иловаҳо ба Низомнома бо амри Раиси Суди конститутсионӣ сурат мегирад.