04:33:39 - 21.04.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Қарор оид ба дархости директори матбааи шахри Исфара Абдуллоев И.Н.

 

АЗ НОМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Ќ А Р О Р И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

оид ба дархости директори матбааи шањри Исфара Абдуллоев И.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Қонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳр­вандони Љумҳурии Тољикистон» аз 25 июни соли 1993 №797 ба моддаҳои 12 ва 39 Консти­тутсияи (Сар­ќонуни) Љумҳурии Тољикистон»

ш. Душанбе 13 ноябри соли 2014

 

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­кунанда- Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмуд­зода М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдул­лоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Ѓаниев Љ.,

тарафњо:

а) Абдуллоев Ибодулло Назруллоевич - директори матбааи шањри Исфара тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст;

б) Гиёев Сайфулло Неъматович - намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Фарњод Рањимї - намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Шоњназаров Содиќ Ашурович - мушовири ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон, намояндаи вако­латдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди консти­тут­сионї тарафњое, ки ќонуни ќабулкарда, љонибдорї намуда ва ба имзо расонидаи онњо мавриди бањс ќарор дода шудааст;

даъватшудагон:

Мирсайзод Њаким Саид - муовини Вазири адлияи Љумњурии Тољикистон;

Ќодирзода Абдуљаббор - муовини аввали Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон;

­Сайидзода Љамолхон Шариф - муовини аввали Раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољи­кистон;

Ќодиров Тоњир Ќамарович - Раиси коллегия оид ба корњои оила­вии Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

Мирзозода Искандаршо - сардори Раёсати Прокуратураи генералии Љумњурии Тољи­кистон;

Одинаева Назокат Хайруллоевна - муовини аввали Директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њуку­мати Љумњурии Тољикистон;

Бобохонов Сайдалї Сангимуродович - муовини Сардори шуъбаи њифзи давлатии њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангии дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон;

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон, моддањои 34 ва 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар маљ­лиси ошкорои Суди конститутсионї парвандаро аз рўи дархости директори матбааи шањри Исфара Абдуллоев И.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Қонуни Љумҳу­рии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳр­вандони Љумҳурии Тољикистон» ба моддаҳои 12 ва 39 Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумҳу­рии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши судяи Суди консти­тутсионї Каримов К.М., баёноту хулосаи тарафњо ва баромади ишти­рокчиёни мурофиаро шунида, маводи пешнињодшуда ва дигар њуљ­љатњоро тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Директори матбааи шањри Исфара Абдуллоев И.Н. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат на­му­да, дар он ќайд менамояд, ки соли 2008 корманди матбаа Пулотов Ш. тибќи муќаррароти моддањои 12 ва 117 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» бо зиёда аз 36 сол собиќаи умумии корї дар ша­ро­ити зараровар ба нафаќа баромад.

Дар асоси маълумотномањои пешнињодкардаи матбаа ба ў нафаќа таъин гардида, аз њисоби фонди њифзи иљтимоии ањолї (25%) пардохт карда мешуд. Номбурда муддати зиёда аз як сол аз фонди њифзи иљти-моии ањолї (25%)-и нафаќаи ба ў пешбинишударо мегирифт.

8 июли соли 2009 ба унвони матбаа мактуби Раёсати њифзи иљти­мо­ии ањолии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Исфара ворид гардид, ки дар он бо дастрасї ба мактуби Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон аз 21 сентябри соли 2000 таъкид шудааст, ки тибќи моддаи 117 Ќонуни Љумњурии Тољи-кистон «Дар бо­раи таъ­мини нафаќаи шањрвандони Љумњу­рии Тољи-кистон» нафаќаи на-фаќахуроне, ки муто­биќи моддаи 12 Ќонуни­ зикршуда барои шароити махсуси мењнат ба нафаќаи имтиёзнок баро-мадаанд, бояд аз тарафи кор­хонаю ташкилотњо аз њисоби маблаѓњои барои музди мењнат пешби­нишуда пардохт карда шавад.

Бо ин мактуб, Раёсат матбааро вазифадор намуд, ки он маблаѓи 1301 сомонию 64 дирам нафаќаи Пулотов Ш.-ро, ки фонди њифзи иљти­моии ањолї дар муддати як солу се моњ пардохт кардааст, њамчун ќарз ба фонди њифзи иљтимоии ањолї баргардонад ва минбаъд нафаќаи Пуло­тов Ш. њар моњ то ба синни нафаќаи пиронсолї – 63 солагї расидан, аз њисоби фонди музди мењнати коргарони корхона пардохт карда шавад.

Мурољиаткунанда ќайд мекунад, ки ў норозигии худашро дар мак­туби љавобиаш ба унвони сардори раёсати њифзи иљтимої аз 4 августи соли 2009 нишон дода, ќайд кардааст, ки талаботи моддаи 117 Ќо­ну­ни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањр­вандони Љумњурии Тољикистон» аз тарафи раёсат нодуруст маъни­дод карда шудааст.

Талаби раёсат ба муқаррароти моддаи 117 Ќонуни Љум­њу­рии То­љи­кистон «Дар бораи таъ­мини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољи­кистон» мувофиќ нест ва мактуби Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон аз 21 сентябри соли 2000 5-1/2259 ќонунро иваз карда наметавонад.

Ў 1 сентябри соли 2009 барои шарњи тала­боти моддаи 117 Ќо­нуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љум-њурии Тољикистон» ба Маљлиси намояндагони Маљ­лиси Олии Љум­њурии Тољикистон мурољиат намудааст, ки Маљлиси намояндагон мак­туби ўро ба Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон равона кардааст.

Хада­моти давлатии назорат дар соњаи мењнат, шуѓл ва њифзи иљти­моии ањолї бо супориши вазорати номбурда дар мактуби љавобии худ аз 29 сент­ябри соли 2009 банди а) моддаи 117 Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољи­кистон»-ро шарњ додааст, ки ба андешаи Абдуллоев И.Н. он нодуруст мебошад.

Шарњи дуюми Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон аз 16 декабри соли 2009 низ ўро ќаноатманд накар­дааст.

31 марти соли 2011 фаъолияти чорсолаи матбаа аз тарафи мута- хассиси Агентии давлатии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи ш. Исфара (АДСИН) мавриди санљиш ќарор дода шуда, дар ин хусус санад тартиб дода шудааст.

Тибќи санади тартибдодаи мутахассиси Агентии давлатии суѓур­таи иљтимої ва нафаќаи ш. Исфара (АДСИН) матбааро барои солњои 2007-2011 ба маблаѓи умумии 2743 сомониву 91 дирам ќарздор карда, вазифадор намудааст, ки ин маблаѓ ба Агентии давлатии суѓуртаи иљти-мої ва нафаќаи ш. Исфара барќарор карда шавад. Яъне матбааро бо он айбдор кардаанд, ки он маблаѓи нафаќаро нодуруст аз њисоби фонди њифзи иљтимої (25 фоиза) пардохт кардааст. Ба андешаи онњо нафаќаи Пулотов Ш. бояд аз њисоби фонди музди мењнати корхона пар­дохт карда мешуд.

Абдуллоев И.Н. ва сармуњосиби матбаа бинобар норизо будан ба санади Агентии давлатии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи ш. Исфара аз 31 марти соли 2011 ба он имзо нагузоштанд ва ў моњи апрели соли 2011 дар хусуси ѓайриќонунї бу­дани санади дар боло зикршуда ба проку­ра­тураи шањри Исфара шикоят кардаанд.

Прокуратура дар мактубаш љавоб додааст, ки аризаи ў бањси судї буда, нисбати он ба суд мурољиат кардан зарур аст.

11 майи соли 2012 ба Суди иќтисодии вилояти Суѓд дар бораи бе­кор кардани санади Агентии давлатии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи ш. Исфара ариза пешнињод намудааст. Суди мазкур бо њалномаи худ аз 25 июли соли 2012 аризаи даъвогии онњоро оид ба бе­кор кардани санади зикршуда рад кардааст.

Баъдан, шикоятњои кассатсионї ва назоратии ў бо санадњои судии мар­њилањои дахлдори Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз 28 ноябри соли 2012, 23 апрели соли 2013, 30 майи соли 2013, 22 июли соли 2013, 7 ноябри соли 2013 ва 19 марти соли 2014 бе таѓйир, бе ќаноат ва бинобар љавобгў набу­дан ба талаботи моддаи 272 Кодекси мурофиавии иќти­содии Љумњурии Тољикистон бе баррасї мононда шуда, ирсол кар-дани онњо ба бар­расии Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии То­љи­кистон рад карда шудааст.

Мурољиаткунанда ќайд менамояд, ки ќисми дуюми моддаи 12 ва мод­даи 117 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањр­­­вандони Љумњурии Тољи­кистон», ки онњо дастрас карда, нисбати мат­­­бааи онњо татбиќ кардаанд, манфиатњои конститутсионии корхо­нањои шаро­и­ташон зараровар ва вазнин, аз љумла корхонаи онњоро ба фаъо­лияти озоди иќтисодї пешбининамудаи моддаи 12 Конститутсия пой­­мол карда, дар натиља боиси поймол гаштани њуќуќњои конс­ти­тут­сионии кормандони онњо ба кафолати таъмини иљтимої гарди­дааст.

Мурољиаткунанда, инчунин ќайд менамояд, ки ќисми дуюми мод-даи 12 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бо­раи таъмини нафаќаи шањр­ван­дони Љумњурии Тољикистон», ки тибќи он:

«то расидани шахсони дар ќисми якуми моддаи мазкур пешби- нишуда ба синни нафаќаи дар моддаи 11 ќонуни мазкур муќаррар­гардида пардохти нафаќаи онњо аз њисоби маблаѓњои ташкилоте, ки дар он корњои ба нафаќаи имтиёзнок њуќуќдињанда иљро гардидаанд, амалї карда мешавад», ба моддаи 39 Конс­ти­тутсияи (Сарқонуни) Љум­ҳурии Тољикистон мутобиќ нест.

Ќисми зикршуда, яъне ќисми дуюм ба моддаи 12 Ќонуни мазкур бо Ќо­нуни Љумњурии Тољикистон аз 16 апрели соли 2012 №823 оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бо­раи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ворид карда шудааст, ки он боиси поймол ва мањдуд гаштани њуќуќњои конс­ти­тут­сионии кормандони матбаа ба кафолати таъмини иљтимої гардида-аст.

Бо ин назардошт, мурољиаткунанда аз Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон хоњиш намудааст, ки дар асоси дархости ў муро­фиаи судии конститутсионї оѓоз карда, мутобиқати қисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Қонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Љумҳурии Тољикистон» ба моддаҳои 12 ва 39 Конс­ти­тут­сияи (Сарқонуни) Љумҳурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости маз­курро њама­­љо­ниба мавриди омўзиш ва санљиш ќарор дода, ќайд мена­мояд, ки дар низоми њуќуќњои асосии инсон ва шањрванд пешбининамудаи са­над­њои њуќуќии байналмиллалї оид ба њуќуќи инсон ва Конс­ти­тутсияи (Сар­­­ќо­нуни) Љумњурии Тољикистон њуќуќ ба таъ­­миноти иљти­мої мавќеи хосаро ишѓол менамояд.

Чунин муносибат аз хусусият ва наќши иљтимоии давлати Тољи­кистон, ки дар ќисми дуюми моддаи 1 Конс­титутсия њамчун зами­наи муњими асосњои сохтори конститутсионї эъ­лон гар­дидааст, бар­меояд, ки тибќи он:

«Тољикистон давлати иљтимої буда, барои њар як инсон шароити зин­дагии арзанда ва инкишофи озо­донаро фароњам мео­рад».

Дар навбати худ, њуќуќ ба таъ­­миноти иљтимої- ин як навъ даст­гирии моддї ва маъ­навии инсон ва шањрванд барои мењнати фоиданоки дар давраи фаъолияти мењнатиаш ба манфиати љомеа, давлат ва тала­боти худ иљрокар­­­даи шахс мебошад. Инчунин воситаи асосии пешбурди њаёти шањр­ванде мебошад, ки пурра ё ќисман ќо­билият ва имконияти мењнатии худро гум кардааст ва бо ин ё дигар њолатњои пешбининамудаи ќонунгузорї имко­нияти мењнат кардан ва аз самараи мењнаташ фоида диданро аз даст додааст ё аз дастгирии саробони худ мањрум гар­дидааст.

Аз ин рў, бинобар хусусияти инсондўстию инсонпарварї ва барои инсон ва шањрванд ањамияти муњим доштани њуќуќ ба таъ­­миноти иљти­мої, њуќуќи мазкур мавриди­ танзими амиќи санадњои њуќуќии бай­налмилалї ќарор дода шудааст.

Чунончи, моддаи 22 Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 де­кабри соли 1948 эълон медорад, ки: «Њар як инсон њамчун узви љамъият ба таъминоти иљтимої ва татбиќи њуќуќ барои нигањдории шараф ва инкишофи озодонаи шахсияти ў дар соњаи иќтисодї, иљтимої ва фарњангї ба воситаи саъю кўшиши миллию њамкории байналмилалї мутобиќи сохтор ва имкониятњои њар як давлат њаќ дорад».

Моддаи 9 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќњои иќтисодї, иљти­мої ва фарњангї аз 16 декабри соли 1966 ба њифз ва эътирофи њуќу­ќи инсон ва шањрванд ба таъминоти иљтимої хусусияти умуми­њатмї дода, пешбинї менамояд, ки «давлатњои ширкаткунандаи њамин Пай­мон њуќуќи њар як инсонро ба таъминоти иљтимої, аз љумла суѓуртаи иљтимої эътироф мекунанд».

Њамчунин, як ќатор конвенсияњои Ташкилоти байналмилалии мењ­нат мавриди амал ќарор доранд, ки онњо ба масъа­лањои таъмини њиф­зи њуќуќи инсон ва шањрванд ба таъминоти иљтимої бахшида шуда, масъалаи мазкурро мавриди танзим ќарор додаанд.

Аз љумла, Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии мењ­­­нат №102 «Дар хусуси меъёрњои камтарини (минималии) таъми­ноти иљти­­мої» давлатњоро уњдадор менамояд, ки онњо нуњ намуди кўмак­пулињо, аз љум­ла кўмаки тиббии хусусияти пешгирикунанда ва табо­батї дошта, оид ба беморї бо маќсади барќарор намудани ќобилияти мењ­натии муваќќатан гум­кардашуда, оид ба бекорї, оид ба синну сол, оид ба њомиладорї, оид ба маюбї ё гум кардани саробон пардохт намоянд.

 

Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии мењ­­­нат № 118 «Оид ба ба­­ро­­барї дар соњаи таъминоти иљтимої» «принсипи баробар будани шах­­сони хориљї ва шахсони бе шањрвандро бо шањрвандон дар соњаи муно­сибатњои иљтимої пешбинї менамояд».

Љумњурии Тољикистон низ эњтиром ва самимияти худро ба санад­њои њуќуќии байнал­милалии эътирофнамудаи љомеаи љањонї изњор на­муда, муќаррароти санадњои њуќуќии бай­налмилалии зикршударо эъти­роф ва дар Конститутсия ва ќо­нун­­њои худ пеш­бинї кардааст.

Чунончи, тибќи моддаи 39 Конститутсия «Њар шахс дар пи­рон­солї, њангоми беморї, маъюбї, гум кардани ќобилияти кор, мањрум шудан аз сарпараст ва мавридњои дигаре, ки ќонун муайян кардаст, кафо­лати таъминоти иљтимої дорад».

Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бо­раи таъмини нафа­ќаи шањр­вандони Љумњурии Тољикистон» ба танзим ва татбиќи њуќуќи конститутсионии шањрвандон ба њифзи иљтимої равона гардида, ба шањрвандон тавассути додани нафаќањои мењнатию иљтимої њуќуќи таъминоти моддиро кафолат дода, ягонагии шарту меъёрњои таъ­мини нафаќаи коргарон, хизматчиён, аъзои колхоз ва дигар катего­рияњои мењнаткашонро муќаррар ме­намояд.

Бо назардошти муќар­рароти санадњои меъёрии њуќуќии дар боло зикршуда, Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон дар меъёрњои ќисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Ќонуни мазкур, ки муто­би­ќати онњо ба моддањои 12 ва 39 Конститутсия боиси шубња ва бањси муро­љиаткунанда ќарор дода шудааст, поймол ва мањдуд гаштани манфиатњои матбааи шањри Исфараро ба фаъо­лияти озоди иќтисодї ва мањдудияти ка­фо­лати њуќуќи шахсони ба нафаќаи мењнатии имтиёзнок њуќуќдоштаи ин матбааро муай­ян накард.

Меъёрњои моддањои зикршуда на меъёрњои манъкунанда ё мањдуд­ку­нан­даи таъми­ноти иљтимої, балки талаботе мебо­­­­­шанд, ки давлат тар­тиби ба амал баро­вардани пардохти на­фаќаро барои шахсони ба на­фаќаи имтиёзнок њуќуќдошта давра ба давра бо назардошти шартњои таъи­ни нафаќа пеш­бининамудаи моддаи 11 Ќонуни Љумњурии Тољи­кис­тон «Дар бо­раи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољи­кистон» пешбинї намудааст.

Тибќи ин тартиб, нафаќаи шахсони ба на­фаќаи имтиёзнок њуќуќ­дошта то ба синни нафаќа пешбининамудаи моддаи 11 Ќонуни Љум­њу­рии Тољи­кистон «Дар бо­раи таъмини нафаќаи шањрвандони Љум­њурии Тољи­кистон» расидан (63 солагї), аз њи­соби маблаѓњои ташкилоте пар­дохт кар­да мешавад, ки шахси ба нафа­ќаи имтиёзнок њуќуќдошта дар он кор кардааст.

Мавриди зикр аст, ки баъд аз ќабули Ќонуни Љумњурии Тољи­кис­тон «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бо­раи таъмини на­фаќаи шањрвандони Љум­њурии Тољи­кистон» аз 11 декабри соли 1999 № 911 синни нафаќавї барои таъи­ни нафаќаи мењнатї давра ба давра таѓйир дода шуда, аз 1 июли соли 2003 барои мардњо аз синни 63 солагї ва барои занњо аз синни 58 солагї муќаррар карда шудааст.

Синну соли нафаќаи имтиёзнок (рўйхати 2) низ, мувофиќан барои мардњо аз синни 58-солагї ва барои занњо аз синни 53-солагї пешбинї гардид, ки ќаблан барои мардњо 55-солагї ва барои занњо 50-солагиро ташкил медод.

Ваљњи мурољиаткунанда дар хусуси он ки таѓйири ворид­гардида ба ќисми дуюми мод­даи 12 бо Ќо­нуни Љумњурии То­љикистон «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бо­раи таъмини нафаќаи шањрван­дони Љумњурии Тољи­кистон» аз 16 апрели соли 2012 № 823 вазъияти корхонаро вазнин ва минбаъд боиси поймол гаштани њуќуќњои конс­ти­тут­сионии кормандони матбаа ба кафолати таъмини иљтимої гардидааст, асоси њуќуќї надо­рад.

Зеро ин Ќо­нуни зикршуда ќисми дуюми моддаи 12 Ќонуни мазкурро мавриди тањрир ќарор дода, маз­муни онро бе таѓйир боќї гузоштааст, чунончи:

«Дар айни замон то расидани онњо ба синни нафаќа, ки дар моддаи 11 њамин Ќонун пешбинї шудааст, нафаќа аз њисоби маблаѓи корхонањо пардохта мешавад».

Њамин тариќ, муќаррароти ќисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Ќо­нуни Љумњурии Тољи­­кис­тон «Дар бо­раи таъ­ми­ни нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољи­кис­­тон ба стан­дарт­њои пешбининамудаи санадњои дар боло зикршудаи байнал­милалї ва Конститутсияи (Сарќонуни) Љум­њу­рии Тољи­кистон мутобиќ буда, вобаста ба њолатњои пешбининамудаи ќонун­гузории соњаи нафаќа бояд мавриди амали субъектњои њуќуќи иљ­ти­мої ќарор дода шаванд.

Њамзамон, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мувофиќи маќсад мешуморад, ки таљрибаи мављудаи таъмини нафаќаи шањр­вандони ба нафа­ќањои имтиёзнок њуќуќдошта пешбининамудаи ќисми дуюми моддаи 12 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањр­вандони Љумњурии Тољикистон» аз тарафи Агентии суѓуртаи иљти­мої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон мавриди омўзиш ќарор дода шуда, дар њолати зарурї нисбати баланд бардоштани сама­ранокии он чорањои дахлдор андешида шавад.

Дар асоси гуфтањои боло ва мувофиќи моддаи 89 Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 6, 34, 40, 49, 55-56, 58 ва 60 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи Суди консти­­тутсионии Љумњурии Тољи­кистон» Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон

ќ а р о р к а р д:

1. Ќисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Ќонуни Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањр­вандони Љумњурии Тољикистон» ба мод­­дањои 12 ва 39 Консти­тутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мебошад.

2. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш эътибор пайдо мекунад.

3. Ќарори мазкур дар «Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кистон», рўзномањои «Љумњурият», «Садои мардум», «На­родная га­зе­та» ва «Ахбори Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон» нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М.А.


Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Каримов К.М.