04:41:20 - 21.04.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Қарор аз рўи дархости шахрванд Муллочонова Ф.

 

Ќ А Р О Р И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

аз рўи дархости шањрванд Муллољонова Ф. «Дар бораи муайян намудани мувофиќати ќисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба моддаи 14, ќисми 1 моддаи 17 ва ќисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 22 майи соли 2015

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., муовини Раис Кари­мзода К.М., судя-котиб Њошимзода Д.Д., судяњо: Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Ѓаниев Љ.,

тарафњо:

1. Шањрванд Муллољонова Ф. - тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст ва адвокати ў - Ёров Б.;

2. Азимзода Т.С. - намояндаи Маљлиси намояндагони Маљ­­­­лиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љум­њурии Тољи­кис­тон – намо­яндаи та­рафе, ки конститутсионї будани ќонуни ќабулкар­даи он мавриди бањс ќарор дода шудааст.

Даъватшудагон:

1. Осимзода М. - муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољи­кистон;

2. Муродов Б. - раиси коллегияи судї оид ба парвандањои њуќуќвай­рон­кунии маъмурии Суди Олии Љумњурии Тољи­кистон;

3. Пулоди М.К. - муовини раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољи­кистон;

4. Нусратзода И. - муовини директори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон;

5. Иномов А. - сардори Раёсати ќонунгузории Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон;

6. Њотамбекова М.У. - сардори шуъбаи Раёсати назорати ќонуни будани санадњои судї оид ба парвандањои иќтисодї, гражданї, оилавї ва маъмурии Прокуратураи генералии Љумњурии Тољи­кистон;

7. Турсунов Ш.Х. - сарнозири Сарраёсати Агентии назо­рати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон;

8. Њасанов А.С. - сардори шуъбачаи амалї-маъмурии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон;

9. Солиев А.У. - сармутахасиси шуъбаи њифзи давлатии њуќуќњои шањрвандї ва сиёсии дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 34 ва 40 Ќонуни конститутсионии Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон» дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро аз рўи дархости шањрванд Муллољонова Ф. «Дар бораи муайян намудани мувофиќати ќисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба моддаи 14, ќисми 1 моддаи 17 ва ќисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши судяи Суди конститутсионї Њошимзода Д.Д., баёноту ху­лосаи тарафњо ва баромади даъват­шу­да­гонро шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањ­ќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Муллољонова Ф. бо дархост ба Суди консти­тутсионии Љум­­­њурии Тољи­кистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки кормандони Боз­расии давлатии автомобилї садамаи наќлиётии миёни авто­машинаи шахсии ў тамѓаи «Тайота-Превиа» ва автомашинаи Ќурбо­нов А. тамѓаи «Мер­седес-Бенс», ки 14 ок­тябри со­ли 2011 дар чор­ро­­њаи кў­чањои Рудакї-Бу­хорои шањри Душанбе рўй дода буд, бо айбдо­рии ў ба расмият да­ро­варда, парвандаи њуќуќ­вайронкунии маъ­му­риро барои баррасї ба суди ноњияи Исмоили Со­монии шањри Душанбе пешнињод кардаанд.

Суди ноњияи Исмоили Со­монии шањри Душанбе парван­даи маъму­рии нисбати ў баанљомрасидаро бар­расї намуда, бо ќарори худ аз 7 июни соли 2012 ўро бо ќисми 1 моддаи 333 Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба андозаи панљ нишондињанда барои њисобњо, баробар ба 175 сомонї љарима намудааст.

Муллољонова Ф. бо ќарори зикршудаи суд розї нашуда, дар заминаи њолатњои нав ­ошкоршуда бо ариза барои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї ба суди ноњияи Исмоили Со­монии шањри Душанбе мурољиат кардааст.

Суди ноњияи Исмоили Со­монии шањри Душанбе ва баъдан, колле­гияи судї оид ба парвандањои њу­ќуќ­вайронкунии маъ­мурии суди шањри Душанбе ва суди марњилаи назоратї аризаи ўро беќа­ноат монон­даанд.

Мурољиаткунанда ќайд менамояд, ки ў се нафар шоњиди садамаи наќ­ли­ё­тиро пешнињод кардааст, ки онњо њамчун њолати навошкардашуда бояд аз та­рафи суд ба инобат гирифта шуда, мавриди пурсиш ќарор мегириф­танд. Аммо марњалањои зикр­шудаи судї ќисми 2 моддаи 197 Кодекси му­рофиаи њуќуќ­вайронкунии маъ­мурии Љумњурии То­љикис­тонро дастрас карда, асосњои пешнињоднамудаи ўро бинобар њамчун њо­лати нав ошкор­шуда муќаррар нашуданашон дар моддаи номбурдаи Кодекси муро­фиаи њуќуќвайрон­кунии маъмурї ба инобат нагирифта, аз баррасї кардани аризањои ў худдорї кардаанд.

Муллољонова Ф. чунин мешуморад, ки тибќи амалияи мав­људа яке аз роњњои њифзи њуќуќи конститутсионии поймол­шу­даи шањрвандон, ин аз нав баррасї кардани парвандаи њуќуќ­вайронкунии маъмурї бинобар ошкор гарди­дани њолат­њои нав мебошад. Аммо њолатњои овардаи ў аз тарафи мар­њалањои судї бинобар дар ќисми 2 моддаи 197 Кодекси му­ро­фиаи њуќуќ­вайронкунии маъмурї пешбинї нашудан, њамчун асос барои аз нав сар кардани баррасии парванда ба инобат гирифта наме­шаванд.

Ќисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи њуќуќвайронкунии маъму­рии Љумњурии Тољикис­тон ба сифати асосњои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи њуќуќвайрон­кунии маъмурї бо сабаби њолатњои нав ошкор­шуда, њолатњои зеринро пешбинї менамояд:

– дидаю дониста нишондоди бардурўѓ додани љабрдида ё шоњид, хулосаи коршинос, њамчунин ќалбакї будани далелњои шайъї ва дигар њуљљатњо ё дидаю дониста нодуруст тарљума кардан, ки боиси ќабули ќарори ѓайриќонунї ё беасос шудаанд ва бо ќарори эътибори ќонунї пайдокардаи суд ё маќомоти ваколатдори давлатї (шахсони мансабдор) муќаррар шудаанд;

– амали љинояткоронаи суд, прокурор, маќомоти вако­латдори давлатї (шахсони мансабдор), ки боиси ќабули ќарори ѓайриќонунї ва беасос шудаанд ва бо ќарори эътибори ќонунї пайдокардаи суд ё маќомоти ваколатдори давлатї (шахсони мансабдор) муќаррар шудаанд;

– аз љониби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон хилофи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон эъти­роф кардани ќону­не, ки суд, прокурор, маќомоти ваколат­дори давлатї (шахсони мансабдор) зимни барасмиятдарорї ва баррасии парвандаи њуќуќ­вайрон­­кунии маъмурии мушаххас татбиќ намудаанд.

Ба андешаи мурољиаткунанда, меъёри ќисми 2 моддаи 197 Кодекси номбурда њуќуќњои конститут­сионии ўро ба њифзи судї ва њимояи шаъну шарафи инсонї, ки бо муќаррароти моддаи 14, ќисми 1 моддаи 17 ва ќисми 1 моддаи 19 Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, мод­даи 8 Эъло­мияи уму­мии њуќуќи башар, банди 1 моддаи 14 Паймони бай­налхалќї доир ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї кафолат дода шудаанд, мањдуд месозад.

Бо дарназардошти ин, Муллољонова Ф. ќисми 2 моддаи 197 Кодекси му­рофиаи њуќуќвайронкунии маъму­рии Љумњурии Тољикис­тонро ба моддаи 14, ќисми 1 моддаи 17 ва ќисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолиф шуморида, аз Суди конститут­сио­нии Љумњурии Тољи­кистон хоњиш намуда­аст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, мувофиќати ќисми 2 моддаи 197 Кодекси му­рофиаи њуќуќвайронкунии маъму­рии Љумњурии Тољикис­тон ба моддаи 14, ќисми 1 моддаи 17 ва ќисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости маз­курро дар алоќамандї бо тала­боти Конститутсия, санадњои њуќуќии байнал­ми­лалї, дигар санадњои меъёрии њуќуќї ва амалияи судї њаматарафа мав­риди тањ­лил ва баррасї ќарор дода, ќайд мена­мояд, ки дар низоми њуќуќу озо­дињои консти­тутсионии инсон ва шањрванд, њу­ќуќ ба кафолати њифзи судї ва шаъну шарафи инсонї мавќеи марказиро ишѓол менамоянд.

Чунин кафолат аз хусусияти давлати демократї, њуќуќ­бунёд ва иљти­мої будани Тољикистон, ки дар он инсон ва њуќуќу озодињои ў дар сатњи Конститутсия арзиши олї эътироф шудаанд, маншаъ гирифта, бе амалї наму­дани он бунёди љомеаи воќеан адолатпарвару озод ѓайри­имкон мебошад.

Кафолати амалишавии њуќуќ ба њифзи судї ва пешбурди одилонаи мурофиаи судї воситаи муњими таъмини дастрасии шањрвандон ба адола­ти судї, иљрои бечунучарои расмиёти мурофиаи судї, таъмини баробарии шањрвандон дар назди суд ва ќонун, амалишавии њуќуќ ва кафолатњои ќонунии ишти­рокчиёни мурофиаи судї, њамчунин имко­нияти шикоят наму­дан аз болои санадњои судї ба шумор меравад, ки он тавассути мурољиат ба маќомоти судї амалї карда мешавад.

Аз љониби дигар дастраси ба адолати судї имконияти муќаррар­кардаи Конститутсия ва ќонунњо оид ба њимояи њуќуќу мафиатњои ќону­нии поймолшудаи шахсони воќеию њуќуќї ва воситаи муњими амалиша­вии уњдадорињои консти­тутсионии давлат дар назди шањрван­дон ба шумор меравад.

Зеро тибќи моддаи 14 Конститутсияи Тољикистон њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд бевосита амалї шуда, онњо маќсад, мазмун ва татбиќи ќонунњо, фаъолияти маќомоти њокимияти давлатї ва худидоракунии мањал­лиро муайян мекунанд ва ба воситаи њокимияти судї таъмин мегарданд.

Моддаи 17 Конститутсия баробарии њамаро дар назди ќонун ва суд кафолат дода, пешбинї менамояд, ки давлат ба њар кас њуќуќу озодињоро кафолат медињад.

Моњияти њуќуќии Конститутсия дар зарурати таъ­мини кафолати њифзи судї ба њар шахс зоњир ёфта, дар моддаи 19 пешбинї шудааст: «... Њар шахс њуќуќ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз, ки тибќи ќонун таъсис ёфтааст, баррасї намояд».

Бинобар хусусияти њифзкунанда, барќароркунанда ва пешгири­кунанда доштани њуќуќ ба кафолати њифзи судї, он мавриди­ танзими амиќи санадњои њуќуќии бай­налмилалї низ ќарор дода шудааст.

Чунончи, Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948 дар моддаи 8 пешбинї менамояд: «Њар як инсон дар сурати поймол гардидани њуќуќњои асосии ў, ки бо Конс­титутсия ё ќонун пешбинї шуда­анд, барои барќарорсозии пурраи онњо аз тарафи судњои босалоњияти миллї њаќ дорад».

Мутобиќи муќаррароти моддаи 14 Паймони байналхалќї доир ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї аз 16 декабри соли 1966: «Њамаи шахсон дар назди судњо ва трибуналњо баробаранд. Њар кас њангоми баррасии њар навъ айбдории љиноятие, ки ба ў эълон карда мешавад ё њангоми муайян кардани њуќуќ ва уњдадорињои ў дар ягон мурофиаи шањрвандї, ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоњият, мус­таќил ва беѓаразе, ки дар асоси ќонун таъсис дода шудааст, њаќ дорад».

Њокимияти судї, ки тибќи Конститутсия ва ќонунњои амал­кунанда њуќуќ, озодињои инсону шањрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасси­сањо, ќонунияту адолатро њифз менамояд, дар ќатори мурофиаи судии љиноятї, граж­данї, оилавї, инчу­нин фарогири муносибатњои мурофиа­вии маъмурї мебошад, ки аз парвандањои марбут ба њуќуќвайронкунии маъмурї бар­меоянд ва тартиби пешбурди онњоро ќонунгузо­рии мурофиаи њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба танзим медаро­рад.

Кодекси мурофиаи њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољи­кис­тон, ки яке аз вази­фа­­њои асосии он њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд мањсуб меёбад, дар ќисми 1 моддаи 9 пешбинї менамояд: «Ба њар шахс њифзи судии њуќуќ, озодї ва манфиатњои ќонуниаш кафолат дода мешавад. Њар шахс метавонад оид ба њимоя кардани њуќуќњои вайрон­гаштааш ба суд мурољиат намояд ва њуќуќ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз, ки тибќи ќонун таъсис ёфтааст, баррасї намояд».

Кодекси номбурда дар баробари ба тариќи кассатсионї ва назора­тї муќаррар кардани баррасии санадњои судии марбут ба парвандањои њуќуќ­вайронкунии маъмурї, инчунин дар ќисми 2 моддаи 197 асосњои аз нав сар кардани пешбурди пар­вандаи њуќуќвайронкунии маъмуриро бинобар њолатњои нав ошкоршуда пешбинї намуда, онњоро мавриди танзими ќонунї бахшидааст, ки онњо њамчун идомаи мантиќии амалиша­вии њамаљонибаи њуќуќи конститутсионии шахс ба њифзи судї ва воситаи муњими барќарор намудани њуќуќњои поймолшуда арзёбї карда мешаванд.

Њолатњои нав ошкоршуда, ки ќонунгузори зимни мављуд будани онњо аз нав сар кардани пешбурди парвандаи њуќуќ­вайронкуниро муќаррар кардааст, ба субъектони њуќуќ имко­ният медињад, ки бегуно­њии худро дар содир кардани ин ё он амалї бо ќонунманъшуда бори дигар бо пешнињоди далелњои нав, ки зимни пешбурди парванда ва ё баррасии он дар муро­фиаи судї маълум набуданд, ё маълум буда намета­вонистанд собит намоянд.

Кодекси мурофиаи њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољи­кис­тон дар ќисми 1 моддаи 202 муќаррар менамояд: «Аз нав баррасї кардани ќарори эътибори ќонунї пайдокардаи суд ё маќомоти ваколат­дори давлатї (шахсони мансабдор) бинобар њолатњои нав ошкоршуда ба манфиати шахсе, ки ба љавобгарии маъмурї кашида шудааст, бо њељ гуна муњлат мањдуд карда намешавад», ки ин меъёр низ воситаи њуќуќии таъмини бема­мониати амалишавии кафолати њифзи судї дар њар маврид ба шумор меравад.

Ќисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи њуќуќвайронкунии маъму­рии Љумњурии Тољикистон, ки дархосткунанда онро мав­зўи баррасии судии конститут­сионї ќарор додааст, асосњоеро пеш­бинї менамояд, ки онњо ба сифати њолатњои нав ошкор­шуда маънидод гардида, зимни мављу­дияти онњо, пешбурди парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї метавонад аз нав сар карда шавад ва аз ин лињоз муќаррароти ќисми 2 ин модда ба њељ ваљњ наметавонад њуќуќи шахсро ба њимояи судї мањдуд намояд, балки ба шахс имконият медињад, ки тавассути мубоњисањои судї бинобар њолатњои нав ошкоршуда бегуноњии худро исбот намояд.

Њолатњои мушаххасе, ки дархосткунанда њамчун њолати нав ош­кор­шуда ба зинањои судї бобати аз нав сар кардани пешбурди парван­даи њуќуќвайронкунї манзур кардааст, ба эњтимолияти тахминии ў асос ёфта, бинобар пешбинї нашудан дар муќаррароти ќонун, наметаво­нанд аз љониби судњо њамчун асос ва меъёри њуќуќї барои ба миён омадани оќи­бати му­шаххаси њуќуќї ба инобат гирифта шаванд. Зеро санадњои судї наметавонанд ба эњтимолияти тахминии мурољиаткунанда асос ёбанд.

Суди конститутсионї, инчунин таъкид менамояд, ки ќарорњои суд ё маќомоти ваколатдори давлатї (шахсони ман­сабдор), марбут ба парван­даи њуќуќвайронкунии маъмурї, ки эътибори ќонунї пайдо кардаанд, метавонанд, бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї зимни мављуд будани њолатњои нав, ки њамчун асос барои аз нав сар кардани пешбурди пар­вандаи њуќуќвайронкунї ба њайси меъёри мушаххаси татбиќи њуќуќ дар санади меъёрии њуќуќї инъикос гардида­анд, бекор карда шаванд ва пешбурди парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї бинобар њолатњои нав ошкоршуда аз нав сар карда шавад.

Аз ин рў, дар меъёри санади меъёрии њуќуќї танзим нашу­дани ин ё он муќаррарот наметавонад њамчун конс­титут­сионї ё ѓайриконсти­тутсионї будани меъёри њуќуќї арзёбї гардад. Ин њолат, мумкин аст номукаммалии ќонун­гузорї ном бурда шавад ва бо даст­расии таљрибаи мављудаи ља­њонї тавассути ворид намудани таѓ­йиру иловањо ба санади меъёрии њуќуќї ба инобат гирифта шавад ё ќабули он рад карда шавад.

Бо дарназардошти ин, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон дар меъёрњои ќисми 2 моддаи 197 Кодекси муро­фиаи њуќуќвай­рон­кунии маъмурии Љумњурии Тољикистон, ки муто­би­ќати онњо ба моддаи 14, ќисми 1 моддаи 17 ва ќисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикис­тон боиси шубња ва бањси муро­љиатку­нанда ќарор дода шудааст, поймол ва мањдуд гаштани њуќуќњои шахсро ба њифзи судї ва њимояи шаъну шарафи инсонї ошкор накард. Меъёрњои ќисми 2 моддаи зикршудаи Кодекси мурофиаи њуќуќвай­рон­кунии маъмурии Љумњурии Тољикистон меъёр­њои умумии муайя­нкунандаи асосњои аз нав сар кардани пешбурди парван­даи њуќуќвай­рон­кунии маъмурї бо сабаби њолатњои нав ошкор­шуда мебошанд. Онњо дорои хусусияти њуќуќтат­биќкунї буда, зимни бар­расии парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурии дархосткунанда аз љониби судњо мавриди дастрасї ва татбиќ ќарор дода шудаанд.

Бинобар ин, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ќисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи њуќуќвайрон­кунии маъ­мурии Љумњу­рии Тољикистонро ба моддаи 14, ќисми 1 моддаи 17 ва ќисми 1 моддаи 19 Кон­сти­­тут­сияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ арзёбї менамояд.

Њамзамон, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо дарна­зар­дошти таъмини принсипи конститутсионии кафо­лати њифзи судии њуќуќу манфиатњои ќонунии шахсони воќеию њуќуќї љињати боз њам мушаххас ва мукаммал намудани њолат­њое, ки барои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи њуќуќ­вайронкунии маъмурї асос мегарданд, аз љониби Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Тољи­кис­тон таљдиди назар ќарор додани ќисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи њуќуќвайрон­кунии маъмурии Љумњурии Тољикис­тонро муво­фи­ќи маќсад мешуморад.

Дар асоси њолатњои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конс­титутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 6, 34, 38, 49, 55, 56, 58, 60 ва 61 Ќонуни конститутсионии Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љум­њу­рии Тољикистон», Суди консти­­тутсионии Љум­њурии Тољи­кис­тон,

ќ а р о р к а р д:

1. Ќисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи њуќуќвай­рон­кунии маъму­рии Љумњурии Тољикистон ба моддаи 14, ќисми 1 моддаи 17 ва ќисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон му­тобиќ мебошад.

2. Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Тољикистон бо дарназардошти таъмини принсипи конститутсионии кафо­лати њифзи судии њуќуќу манфиатњои ќонунии шахсони воќеию њуќуќї ва љињати боз њам мушаххас ва мукаммал намудани њолатњое, ки барои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї асос ме­гар­данд, ќисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи њуќуќ­вайрон­кунии маъмурии Љумњурии Тољикистонро таљдиди назар ќарор дињанд.

3. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

4. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии То­љи­кистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «Народ­ная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудзода

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Д. Њошимзода