23:50:48 - 19.01.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Суфиев Х.

 

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости адвокати маслињатгоњи њуќуќии № 1 шањри Хуљанд Суфиев Њ. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисмњои 1 ва 2 моддаи 259 Кодекси мурофиавии љиноятии Љум­њурии Тољикистон ба моддањои 5, 14, 18, ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 9 июли соли 2014

 

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Ѓаниев Љ.,

дар маљлиси судї гузориши судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Абдуллоев Л.И. ва Зоиров Ш.Ю.-ро оид ба дархости адвокати маслињатгоњи њуќуќии №1 шањри Хуљанд Суфиев Њ. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисмњои 1 ва 2 моддаи 259 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољи­кистон ба моддањои 5, 14, 18, ва 19 Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Адвокати маслињатгоњи њуќуќии №1 шањри Хуљанд Суфиев Њ. ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо дархост мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки шањрвандон Солиев Д., Љураев У., Бердиёров У., Ќањњоров У., Урунов А. ва Њољиматов Ш. 10 июли соли 2013 бо њукми суди ноњияи Спитамени вилояти Суѓд бо моддањои 187 ќисми 2 ва 3073 ќисми 2 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон гунањкор дониста шуда, ба љазоњои мањрумї аз озодї мањкум карда шуданд.

Бо таъиноти коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии Суди вилояти Суѓд аз 13 ноябри соли 2013 њукми номбурда бекор ва парванда ба баррасии нави судї ба њамон суд дар дигар њайат ирсол гардид. Парванда такроран аз љониби Суди ноњияи Спитамен мавриди баррасї карор гирифта, бо таъиноти маљ­лиси судї аз 11 марти соли 2014 ба тафтиши иловагї баргардонида шуд.

Пас аз анљоми тафтиши иловагї ва тасдиќ намудани фикри айбдоркунї маќомоти таъќиби љиноятї парвандаро барои муайян намудани тобеияти судї ба Суди вилояти Суѓд ва 21 майи соли 2014 Суди вилояти Суѓд бо мактуб парвандаро барои моњиятан дида баромадан ба Суди шањри Хуљанд ирсол намудааст.

4 июни соли 2014 ў њамчун њимоячї, амали раиси Суди вилояти Суѓдро оид ба муайян намудани тобеияти судї бе асос ва ѓайриќонунї њисобида, бо дархост ба Суди вилояти Суѓд мурољиат намуда, талаб намудааст, ки парванда бо айбдории зерњимоягони ў: Солиев Д., Љураев У. ва дигарон бо тањия намудани ќарори асоснок аз Суди шањри Хуљанд ба Суди ноњияи Спитамен баргардонда шавад.

Ба андешаи мурољиаткунанда раиси Суди вилояти Суѓд бар хилофи талаботи ќисмњои 1 ва 2 моддаи 259 Кодекси муро­фиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба шахси бесалоњият - муовини худ супориш додааст, ки тобеияти судиро бо мактуб муайян намуда, парвандаи љиноятиро ба Суди шањри Хуљанд ирсол намояд.

Њамин тавр, бе тањия намудани санади судї дар шакли ќарор ё таъинот, парванда бо мактуби муовини Раиси Суди вилоят ба Суди шањри Хуљанд ирсол гардидааст.

Дархостдињанда иброз дорад, ки дар асоси ќисми 1 моддаи 259 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон дар њолатњои алоњида бо маќсади пурра ва холисона баррасї намудани парвандаи љиноятї онро аз як суд ба дигар суди њамто супоридан мумкин аст. Бо ин асосњо супоридани парванда танњо пеш аз оѓози баррасии он дар маљлиси судї иљозат дода мешавад.

Тибќи талаботи ќисми 2 њамин модда бошад, масъалаи бо асосњои зикршуда супоридани парвандаи љиноятї аз суди ноњия (шањр) ба суди дигар дар њудуди вилоят танњо аз љониби Раиси Суди вилоят иљозат дода мешавад.

Аз мазмуни ќисми 1 моддаи 259 бармеояд, ки раиси Суди вилоят на дар њар маврид, балки дар њолатњои алоњида бо маќсади пурра ва холисона барраси намудани парванда њуќуќ дорад онро аз як суд ба дигар суди њамто супорад.

Ў ќайд менамояд, ки ибораи муќаррароти ќисми 1 моддаи 259 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, яъне «дар њолатњои алоњида бо маќсади пурра ва холисона баррасї кардани парвандаи љиноятї онро аз як суд ба суди дигари њамто супоридан мумкин аст», ибораи возењу равшан нест. Он ба шахси мансабдори маќомоти судї њуќуќ медињад, ки бо хоњиши худ њар ваќте, ки хоњад, аз ин њуќуќи бемањдуди мурофиавиаш истифода барад. Тобеияти судиро худсарона таѓйир дода, бе тањия намудани таъинот (ќарор) ва бо мактуби беасос онро ба суди дигар ирсол намояд.

Аз номукаммалии меъёри номбурда истифода карда, айни замон раиси Суди вилоят бо бе тањия намудани санади судї дар шакли ќарор (таъинот), тобеияти судиро таѓйир дода, парвандаро ѓайриќонунї ба Суди шањри Хуљанд ирсол намудааст.

Вобаста ба ин, Суфиев Њ. аз муќаррароти моддањои 5, 14, 17, 19 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, моддаи 6 Конвенсия дар бораи њимояи њуќуќи инсон ва озодињои асосї, моддаи 14 Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои фитрї ва сиёсї, банди 1 ќарори Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон №9 аз 18 ноябри соли 2013, ќисмњои 1 ва 3 моддаи 9 Кодекси мурофиаи љиноятии Љумњурии Тољикистон ёдовар гашта, изњор менамояд, ки ќоидаи тобеияти судї љузъи њуќуќ ба њифзи судиро дар бар мегирад. Таѓйир додани тобеияти судї фаќат бо асосњои бо ќонун пешбинишуда ва тибќи санади судї дар шакли таъинот ё ќарор бояд сурат гирад.

Ба андешаи дархостдињанда муќаррароти ќисми 1 ва 2 моддаи 259 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикис­тон, ки раиси Суди вилояти Суѓд онро дастрас намуда, дархости мурољиаткунандаро оид ба таѓйир додани тобеияти судии парвандањои љиноятї бе ќанот монданд, боиси поймол ва мањ­дуд шудани њуќуќњои конститутсионии онњо, ки дар моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикис­тон пешбинї шудааст, гардидааст.

Бинобар ин, Суфиев Њ. ба Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон мурољиат намуда, аз Суди конститутсионї хоњиш намудааст, ки мутобиќати ќисмњои 1 ва 2 моддаи 259 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба мод­дањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости пешнињодгардидаро мавриди баррасї ќарор дода, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати он бо сабабњои зерин рад намуд:

Мурољиаткунанда Суфиев Њ. агарчи субъекти мурољиат ба Суди консти­тутсионї мањсуб ёбад њам, аммо талаби ў дар хусуси он, ки ибо­раи «дар њо­лат­њои алоњида бо маќсади пурра ва холисона баррасї кардани парвандаи љиноятї онро аз як суд ба суди дигари њамто супоридан мумкин аст», ки дар ќисми 1 моддаи 259 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњу­рии Тољи­кистон пешбинї шудааст возењу равшан нест ва он ба шахси мансабдори маќомоти судї дар њолати муайян намудани тобе­ияти судї њуќуќњои васеъ медињад, мав­­­зўи бар­расии Суди консти­тут­сионї нест.

Ин талаби дархостдињанда ба маънидодкунии меъёри ќонун вобас­тагї дорад, ки чунин амал, яъне муайян намудани возењу равшан будани меъёри њуќуќ аз тарафи маќомоте сурат мегирад, ки санади мазкурро ќабул намуда, мавриди амал ќарор додааст.

Њамчунин, тибќи талаботи моддаи 14 Ќонуни конститутсионии Љумњу­рии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон», Суди конститутсионї на ќонунї, асоснокї ва дурустии санадњои маќомоти судї, амал ё беамалиро аз тарафи шахсони ман­сабдори онњо, балки мутобиќати ќонун ва дигар санадњои њуќуќии Љум­њурии Тољикистонро ба Конститутсия муайян менамояд, агар мањз ќонун ва дигар санадњои амалкунандаи Љумњурии Тољикистон боиси поймол гаштани њуќуќу озодињои мурољиаткунанда гашта бошанд.

Њамин тариќ, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон њан­гоми тањлили амиќи дархости пешнињоднамудаи Суфиев Њ., дар му­ќар­рароти ќисми 1 ва 2 моддаи 259 Кодекси мурофиавии љиноятии Љум­њурии Тољикистон њолатњоеро ошкор накард, ки онњо боиси поймол ё мањдуд гаштани њуќуќњои шањр­вандони иштирокчии мурофиаи љиноятї ба њифзи судї гашта бошанд.

Дархости пешнињодшуда аз љињати шаклу мазмун низ ба тала­боти пешбининамудаи моддаи 40 Ќонуни консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон» мувофиќ нест.

Аз ин рў, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї аз рўи дархости адвокати маслињатгоњи њуќуќии № 1 шањри Хуљанд Суфиев Њ. бинобар ба салоњияти Суди конститутсионї дахл надоштан талаби дар дархост гузошташуда ва аз љињати шаклу мазмун низ мувофиќ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Ќонуни консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конситут­сионии Љумњурии Тољикистон» рад карда мешавад.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи мод­дањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии То­љикистон «Дар бо­раи Суди конститутсионии Љумњурии То­љикистон» Суди конститут­сионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости адвокати маслињатгоњи њуќуќии №1 шањри Хуљанд Суфиев Њ. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисмњои 1 ва 2 моддаи 259 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии То­љикистон ба моддањои 5, 14, 18, ва 19 Конститутсияи (Сарќо­нуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар ба салоњияти Суди конститутсионї мањсуб набуданаш ва аз рўи шаклу мазмун низ мувофиќ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионї «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон» рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъиноти мазкур дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудзода

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов