04:37:02 - 21.04.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Амир Мухаммад Поянда Мухаммад

 

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Амир Муњаммад Поянда Муњаммад «Оид ба муайян намудани мувофиќати ќисми 1 моддаи 12 Ќонуни Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи гурезањо» ва Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 26 июли соли 2000 №325 «Дар бораи номгўи мањалњои ањолинишини Љумњурии Тољикистон, ки дар он љойњо муваќќатан зист намудани шањрвандони паноњљўянда ва гурезагон мумкин нест» ба ќисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ќисмњои 1-3 мод­даи 12 Пай­мони байналхалќї доир ба њуќуќи фитрї ва сиёсї, мод­даи 5 Кон­венсияи байналхалќї дар бораи барњам додани тамоми шаклњои табъизи нажодї ва моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттањид оид ба маќоми гурезањо»

шањри Душанбе 15 сентябри соли 2014

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­кунанда – Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., судя-котиб Кари­мов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., АбдуллоевЛ.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.

бо иштироки котиби маљлиси судї –Ѓаниев Љ.,

дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши судяњои Суди конститутсионї Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М.-ро оид ба дархости Амир Муњаммад Поянда Муњаммад «Оид ба муайян намудани мувофиќати ќисми 1 моддаи 12 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи гурезањо» ва Ќарори Њукумати Љум­њурии Тољикистон аз 26 июли соли 2000 №325 «Дар бораи номгўи мањалњои ањолинишини Љумњурии Тољикистон, ки дар он љойњо муваќќатан зист намудани шањрвандони паноњљўянда ва гурезагон мумкин нест» ба ќисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарќо­нуни) Љумњурии Тољикистон, ќисмњои 1 - 3 моддаи 12 Паймони байнал­халќї доир ба њуќуќи фитрї ва сиёсї, моддаи 5 Конвенсияи байналхалќї дар бораи барњам додани тамоми шаклњои табъизи нажодї ва моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттањид оид ба маќоми гурезањо» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шањрванди Љумњурии Исломии Афѓонистон Амир Муњам­мад Поянда Муњаммад тавассути намояндагии адвокатњои ваколатдор Ша­ри­­­пов А. ва Романов С. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки ў ва 9 нафар аъзои оилааш 30 майи соли 2012 аз Љумњурии Исломии Афѓонистон ба ќаламрави Љум­њурии Тољикистон ба сифати шахси паноњљўянда ворид гардиданд.

12 июли соли 2012 аз тарафи Комиссияи доимоамалкунандаи муш­тарак оид ба муайян­кунии маќоми гурезаи Хадамоти шинос­номадињї-баќайдгирии Вазорати кор­њои дохилии Љум­њурии Тољикистон ба онњо шањодатномаи баќайд­гирии му­ваќ­ќатї дода шудааст.

Ў ва аъзои оилааш баъд аз гирифтани шањодатномаи муваќќатии баќайдгирї аз 25 июли соли 2012 дар суроѓаи ноњияи Њисор љамоати Хонаќои Кўњї, шањраки Искич ба ќайд гузошта шудааанд, аммо дар асл онњо дар суроѓаи шањри Душанбе кўчаи А. Сино хонаи №136/6 утоќи №31 њамчун иљоранишин истиќомат мекарданд.

Моњи январи соли 2013 ў ва аъзои оилааш барои гирифтани ма­ќоми гуреза ба Комиссияи доимоамалкунандаи муштарак оид ба муайян­кунии маќоми гурезаи Хадамоти шинос­нома­дињї-баќайдгирии Вазорати кор­њои дохилии Љумњурии Тољи­кистон бо ариза мурољиат намуданд.

Комиссияи муштарак бо ќарори №1 аз 25 январи соли 2013 бо такя ба моддаи 8.1 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи гурезањо» ба ў ва аъзои оилааш додани маќоми гурезаро рад кардааст.

Номбурда ба ќарори зикршудаи Комиссия розї нашуда, 20 марти соли 2013 нисбати он бо ариза ба Суди ноњияи Синои шањри Душанбе мурољиат намудааст, ки Суди мазкур баъдан бо таъиноти худ аз 20 марти соли 2013 парвандаро бинобар сабаби даст кашидан ў аз ари­зааш, ќатъ намудааст.

Моњи марти соли 2013 ў ва аъзои оилааш такроран ба Комиссияи доимамалкунандаи муштарак бо дархост оид ба додани маќоми гуреза мурољиат намуданд, ки Комиссияи мазкур мурољиати онњоро баррасї намуда, бо ќарори №4 аз 25 апрели соли 2013 ба онњо додани маќоми гуреза рад кардааст.

Комиссияи мазкур ќарори худро бо он асоснок кардааст, ки мурољиаткунандагон Ќарори Њукумати Љумњурии Тољи­кис­тон аз 26 июли соли 2000 №325 «Дар бораи номгўи мањалњои ањолинишини Љумњурии Тољикистон, ки дар он љойњои муваќ­ќатан зист намудани шањрвандони паноњљўянда ва гурезагон мумкин нест»-ро риоя накар­данд.

Дархосткунанда ќайд мекунад, ки ў ва аъзои оилааш ба ќарори номбурда розї на­шуда, 24 майи соли 2013 ќарори аз 25 апрели соли 2013 №4-и Комис­сияи зикршударо ба Суди но­њияи Синои шањри Ду­шанбе шикоят овардааст.

Бо ќарори Суди ноњияи Синои шањри Душанбе аз 17 июни соли 2013 ќонеъ намудани аризаи даъвогии ў ва аъзои оилааш оид ба бекор намудани ќарори Комиссияи доимамалкунандаи Вазорати корњои дохи­лии Љумњурии Тољикистон вобаста ба риоя накардани талаботи ќисми 1 сархати 2 моддаи 12 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи гу­резањо» ва Ќарори Њуку­мати Љумњурии Тољикистон аз 26 июли соли 2000 №325 рад карда шудааст.

Бо ќарори мазкур мурољиаткунандагон розї нашуда, 12 июли соли 2013 бо шикояти кассатсионї ба Коллегияи кас­сатсионї оид ба парвандањои граждании Суди шањри Душанбе мурољиат намудаанд.

Бо ќарори коллегияи кассатсионї оид ба парвандањои граждании Суди шањри Душанбе, њалномаи Суди ноњияи Синои шањри Душанбе аз 17 июни соли 2013 бе таѓйир мононда шудааст.

Дархосткунанда чунин мешуморад, ки банди 2 ќисми 1 моддаи 12 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи гуре­зањо», ки нисбати ў татбиќ шудааст, ба ќисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолифат доранд.

Њамчунин ба андешаи мурољиаткунанда, банди 2 ќисми 1 моддаи 12 Ќонуни зикршуда ва Ќарори номбаршудаи Њуку­мати Љумњурии Тољи­кистон ба ќисмњои 1-3 моддаи 12 Паймони байналхалќї доир ба њуќуќи фитрї ва сиёсї аз 16 декабри соли 1966, моддаи 2 ва 5 Конвенсияи байналхалќї дар бораи барњам додани тамоми шаклњои табъизи нажодї аз 21 декабри соли 1965, моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Мут­тањид оид ба маќоми гурезањо аз 28 июли соли 1951 низ мухолиф мебо­шанд.

Чунончи, тибќи ќисми 1 моддаи 12 Паймони байналхалќї доир ба њуќуќи фитрї ва сиёсї:

«Њар касе, ки дар ќаламрави ягон давлат ба таври ќонунї ќарор дорад, дар њудуди ин ќаламрав ба рафтуомади озодона ва интихоби озоди мањали зист њаќ дорад».

Тибќи ќисми 3 моддаи мазкури Паймон:

«Њуќуќи дар боло зикршуда наметавонад мавзўи ягон навъ мањдудият ќарор гирад, ѓайр аз мањдудияте, ки тавассути ќонун пешбинї шудаанд ва барои њифзи амнияти давлат, тартиботи љамъиятї саломатї ё ахлоќї ё њуќуќ ва озодии дигарон заруранд ва бо дигар њуќуќ дар њамин Паймон эътирофшаванда мувофиќ мебошанд».

Тибќи моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттањид оид ба маќоми гурезањо:

«Њар давлати ањдкунанда ба гурезањое, ки ќонунї дар ќаламрави он ќарор доранд, њуќуќи интихоби мањалли исти­ќомат ва њаракати озодро дар доираи ќаламрави худ бо шарти риояи тамоми ќоидањое, ки одатан нисбати хориљиён дар њамин њолатњо ќобили истифодаанд, медињад».

Њамин тариќ, дархостдињанда иддао дорад, ки ќисми 1 банди 2 мод­даи 12 Ќо­нуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи гурезањо» њуќуќ­њои ў ва аъзои оилаашро њамчун гуреза барои интихоб кардани љои исти­ќомат ва Ќарори Њукумати Љум­њурии Тољикистон аз 26 июли соли 2000 №325 оид ба озодии њаракати гурезањо ва шахсони паноњгоњљўянда мањдуд менамоянд.

Бинобар ин, дархосткунанда аз Суди конститутсионї хоњиш менамояд, ки оид ба дархости ў мурофиаи судии конс­титутсионї оѓоз карда шуда, мувофиќати ќисми 1 моддаи 12 Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи гурезањо» ва Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 26 июли соли 2000 №325 «Дар бораи номгўи мањалњои ањолинишини Љумњурии Тољикистон, ки дар он љойњо муваќќатан зист намудани шањрвандони паноњљўянда ва гурезагон мумкин нест» ба ќисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикис­тон, ќисмњои 1-3 моддаи 12 Паймони байналхалќї доир ба њуќуќи фитрї ва сиёсї, моддаи 5 Конвенсияи байналхалќї дар бораи барњам додани тамоми шаклњои табъизи нажодї ва моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттањид оид ба маќоми гурезањо муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо њамаљониба тањлил ва мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки дархостдињанда Амир Муњам­мад агарчи њамчун шањрванд субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї шуда тавонад њам, аммо дар дархости ў дар хусуси номутобиќатии ќисми 1 моддаи 12 Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи гурезањо» ва Ќа­рори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 26 июли соли 2000 №325 «Дар бораи номгўи мањалњои ањолинишини Љумњурии Тољи­кистон, ки дар он љойњо муваќќатан зист намудани шањр­вандони паноњљўянда ва гурезагон мумкин нест» ба ќисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистон номуайяние дида намешавад, ки он барои оѓоз наму­дани мурофиаи судии конститутсионї ва пешбурди санљиши консти­­тутсионї асос гардад.

Њамчунин, миёни меъёрњои зикршудаи Ќонун ва Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон ба ќисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистон алоќамандии бевоситаи мантиќї ва мавзўї дида намешавад, ки он предмети муайян намудани мувофиќати меъёрњои зикр­шуда ба Конститутсия гардида тавонанд.

Аз љониби дигар, масъалаи муайян намудани мувофиќати ќонун ва дигар санадњои меърии њуќуќии Љумњурии Тољи­кистон, аз љумла ќисми 1 моддаи 12-и Ќонуни зикршуда ва Ќа­рори номбаршудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон ба санад­њои њуќуќии байналмилалии аз љониби Љумњурии Тољикистон эътирофшуда ба салоњияти Суди конститутсионї мањсуб нест. Зеро Суди конститутсионї на мувофиќати ќонун ва дигар са­над­њои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистонро ба санадњои њуќуќии байналмилалии аз љониби Љумњурии Тољикистон эъти­рофшуда, балки танњо мувофиќати ќонун ва дигар санадњои меъёри њуќуќии Љумњурии Тољикистонро ба Конститутсия баррасї менамояд.

Дархост, инчунин аз љињати шаклу мазмун низ ба талаботи сархати ша­шуми ќисми 3 моддаи 41 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќ нест, яъне њолат ва далелњои мушаххас дар хусуси ба Конститутсия муво­фиќат надоштани меъёрњои мушахаси мавриди бањс ќарордодашуда, ки муро­љиаткунанда талаб ва далелњои худро ба онњо асоснок менамоянд, аниќ ва мушаххас нишон дода нашудаанд.

Аз ин рў, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон оѓоз на­мудани мурофиаи судии конститутсиониро аз рўи дархости мазкур би­нобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди консти­тут­си­онии Љумњурии Тољи­кистон рад менамояд.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи мод­дањои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Ќонуни конститутсионии Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон» Суди консти­тутсионии Љум­њурии Тољи­кистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Амир Муњаммад «Оид ба муайян намудани муво­фиќати ќисми 1 моддаи 12 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи гурезањо» ва Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 26 июли соли 2000 тањти №325 «Дар бораи номгўи мањалњои ањолинишини Љумњурии Тољикистон, ки дар он љойњо муваќ­ќатан зист намудани шањрвандони паноњљўянда ва гурезагон мумкин нест» ба ќисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистон, ќисмњои 1-3 моддаи 12 Паймони бай­налхалќї доир ба њуќуќи фитрї ва сиёсї, моддаи 5 Конвенсияи байналхалќї дар бораи барњам додани тамоми шаклњои табъизи нажодї ва моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Мут­тањид оид ба маќоми гурезањо» бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Бољи давватї, ки 18 июли соли 2014 ба маблаѓи 40 (чил) сомонї дар БДА ЉТ «Амонатбонк» пардохт шудааст, ба мурољиаткунанда баргардонида шавад.

4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудзода

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов