18:13:31 - 23.10.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Гулов С.

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дар­хости директори Ассосиатсияи наќлиёти автомобилии мусофир­барии Љумњурии Тољикистон Гулов С. «Дар бораи муайян намудани муто­биќати моддаи 19-и Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи наќлиёт» ба моддањои 10-12 ва 42-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 12 ноябри соли 2014

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­ку­нанда – Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., судя-котиб Кари­мов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.

бо иштироки котиби маљлиси судї – Ѓаниев Љ.,

дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши судяњои Суди консти­тут­сионї Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М.-ро оид ба дархости дирек­тори Ассосиатсияи наќлиёти автомобилии мусофир­барии Љумњурии Тољикистон Гулов С. «Дар бораи муайян намудани муто­биќати моддаи 19-и Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи наќлиёт» ба мод­дањои 10-12 ва 42-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Директори Ассосиатсияи наќлиёти автомобилии мусофирбарии Љумњурии Тољикистон Гулов С. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон муро­љиат намуда, дар он нишон медињад, ки рушди соњибкорї ва мусоидати њамаљониба ба фаъолияти соњибкорон яке аз вазифањои асосии давлат арз­ёбї мешавад, зеро соњибкории хурду миёна аз омилњои муњими баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардуми кишвар ва заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иќти­содиёт мебошад.

Мутаассифона, ќайд мекунад ў, солњои охир дар сохтори идо­ракунии фаъолияти наќлиёти автомобилии истифодаи умум таѓйироти зиёде ба вуќўъ пайвастааст, ки ба андешаи ў дар баъзе њолатњо ба пеш­равии фаъолияти корхонањои наќлиётї монеа­њо эљод менамоянд. Аз љумла такрори функсияњои назо­ратї дар байни маќомоти давлатї ва зиёд гаштани теъдоди њуљљатњо барои иштирок кардан дар раванди њаракат дар роњ боиси монеа ба фаъолияти соњибкорї гардида, шумораи ронандагони ба Ассосиатсия шомилбуда кам шуда истодааст.

Мурољиаткунанда зикр менамояд, ки Ассосиатсия соли 2012 оид ба љой доштани њуљљатњои њаммонанд, аз љумла сертификати назорат ва танзим дар соҳаи наќлиёти Љумњурии То­љи­кистон ва талони муоинаи техникї, ки аз тарафи Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, инчунин роњхат, ки аз тарафи маќомоти ваколатдори Вазорати наќлиёт дода мешаванд, ба Ҳукумати Љумњурии Тољикистон тариќи мактуб мурољиат намуда буд. Дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистоназ 20 апрели соли 2012 ва маљлиси Ҳукумати Љумњурии Тољикистоназ 27 апрели соли 2012 таъкид шуда буд, ки такроршавии функсияњои назоратї истисно ва миќдори њуљљатњои њаммонанд, ки боиси монеа ба соњибкорї мегарданд, сабук ва кам карда шаванд.

Чунончи, бо Қарори Ҳукумати Љумњурии Тољикистон (аз 4 марти соли 2002 93 гузаронидани сертификатсиякунонии сифати техникии воситањои наќлиёт ба зиммаи базањои технологї вогузор шудааст, ки он пештар мустаќилона дар корхонањо гузаронидамешуд. Баъд аз таъсис дода шудани КВД «Маркази сертификатсиякунонї» сертификат­сия­кунонї аз зиммаи база­њои технологї гирифта шуда, он ба зиммаи КВД мазкур гузаронида шуд. Дар натиља нархи хизматрасонї се маротиба боло рафт.

Њол он, ки бо Қонуни Љумњурии Тољикистон оид ба ворид намудани таѓйирот ба Қонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи наќлиёт» ронан­дагон аз гирифтани сертификати сифати техни­кї озод карда шудаанд.

Ѓайр аз ин имрўзњо КВД «Маркази сертификатсиякунонї» аз ҳамаи корхонањо ва ронандагон талаб карда истодааст, ки барои хизматрасонї сертификати мутобиќ гиранд, ки чунин њолатњои мушкилу мураккаб боиси он гашта истодааст, ки аксари ронандагони мо тарки кор карда, ба муњољирати мењнатї рафта истодаанд.

Дархостдињанда, инчунин ќайд менамояд,ки терминалњои истгоњњои вилояти Суѓд ќонуни аз эътибор соќитшударо, ки дар санаи 28 декабри соли 2013 таҳти № 1050 ба имзо расидааст татбиќ намуда истода, ба ронандагон зарари моддї мерасонанд, ки њуњуќњои конститутсионии онњоро мањдуд менамояд.

Бинобар ин, дархосткунанда аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон хоњиш менамояд, ки оид ба дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, мувофиќати моддаи 19-и Қонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи нақ­лиёт» ба моддањои10-12 ва 42-и Конститутсияи (Сарќонун) Љум­њурии Тољикистон» муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархост ва маводи ба он замимакардашударо мавриди баррасї ќа­рор дода, ќайд менамояд, ки тибќи талаботи банди 7 ќисми 1 моддаи 40 Ќонуни консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Ассосиатсияи наќлиёти автомобилии мусорфирбарии Љумњурии Тољикистон дар њолати мазкур субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї шуда наметавонад, зеро субъекти мурољиат шахси њуќу­ќие шуда метавонад, ки бевосита дар муносибатњои њуќуќї ќарор дошта, санади мавриди бањс ќарор додашуда тавассути ќарор (фармон, амр, њалнома) нисбаташ татбиќ карда шуда бошад.

Дар мурољиати мазур ягон њолати дар парвандаи мушаххас татбиќ гаштани моддаи 12 ҚонуниЉумњурии Тољикистон аз 28 декабри соли 2013 таҳти №1050 «Дар бораи наќлиёт» пешнињод карда нашуд, ки дар он асосњои баррасии дархост дар мурофиаи суди конститутсионї пешбинї шуда бошад.

Вобаста ба ин, дархост, инчунин аз љињати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќ нест, яъне њолат ва далелњои мушаххас дар хусуси ба Конститутсия муво­фиќат надоштани меъёрњои мушаххаси мавриди бањс ќарордодашуда, ки мурољи­аткунанда талаб ва далелњои худро ба онњо асоснок менамоянд, аниќ ва мушаххас нишон дода нашудаанд. Татбиќи нодурусти ќо­нун­гузорї ва муќаррароти дигар санадњои меъёрии њуќуќї, аз љумла тат­биќи ќонуни аз эътибор соќиткардашуда масъалае ме­бошад, ки њаллу фасли онњо бояд дар судњои умумї, иќтисодї ё маќомоти дахлдори вако­латдори давлатї мавриди баррасї ва њаллу фасл ќарор гиранд.

Њамчунин дар масъалаи номувофиќатии моддаи 19-и Қонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи наќлиёт» ба модда­њои 10-12 ва 42-и Конс­титутсияи (Саќонуни) Љумњурии Тољи­кистон» номуайяние дида наме­шавад, ки он предмети муайян намудани мувофиќати меъёрњои зикр­шуда ба моддањои дахл­дори Конститутсия гардида, пешбурди сан­љиши консти­­тут­сиониро таќозо намояд.

Аз ин рў, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон оѓоз на­му­дани мурофиаи судии конститутсиониро аз рўи дархости мазкур би­нобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди консти­тут­си­онии Љумњурии Тољикистон рад менамояд.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон» Суди консти­тутсионии Љумњу­рии Тољи­кистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости директори Ассосиатсияи наќлиёти автомобилии мусофирбарии Љумњурии Тољикистон Гулов С. «Оид ба муайян намудани мувофиќати моддаи 19-и Қонуни Љумњурии Тољи­кис­тон «Дар бораи наќлиёт» ба моддањои 10-12 ва 42-и Конститутсияи (Саќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди консти­тутсионии Љум­њурии Тољикистон рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Бољи давлатї аз 28 октябри соли 2014, ки дар «Амонат­бонк» филиали №77 воќеъ дар ш. Душанбе, ба маблаѓи 400 (чор­сад) сомонї пардохт шудааст, ба мурољиаткунанда- директори Ассосиатсияи наќлиёти автомобилии мусофирбарии Љум­њурии Тољикистон Гулов С. баргардонида шавад.

4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудзода

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов