04:38:51 - 21.04.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Чамъияти дорои масъулияти махдуд «Кайсун Майнинг Корпорейшн»

 

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Љамъияти дорои масъулияти мањдуд «Кайсун Майнинг Кор­порейшн» дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисмњои 1 ва 2 мод­даи 125 Кодекси андози Љумњурии Тољи­кис­тон ба моддањои 12 ва 45 Конс­титутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон

ш. Душанбе 24 ноябри соли 2014

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­кунанда- Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон Мањ­мудзода М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Ѓаниев Љ.Р.,

дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши судяњо Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.-ро дар бораи дархости Љамъи­яти дорои масъулияти мањдуд «Кайсун Майнинг Корпорейшн» дар хусуси муайян наму­дани мутобиќати ќисмњои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Љум­њурии Тољикистон ба моддањои 12 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистонро шунида,

м у а й я н к а р д:

Намояндаи Љамъияти дорои масъулияти мањдуд «Кайсун Май­нинг Корпорейшн» Робби Улям Кохо ба Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон бо дархост мурољиат намуда, дар он ќайд мена­мояд, ки моњи июни соли 2013 фаъолияти Љамъияти дорои масъулияти мањ­дуди «Камароб» оид ба иљрои ќонунгузории андоз дар соли 2012 аз тарафи маќо­моти андоз мав­риди назорати камералї ќарор дода шуд. 25 июни соли 2013 ба Љамъияти мазкур Талабномаи №10 дар хусуси пар­дохти андоз аз даромад дар њаљми 59 984 800 сомонї, љарима дар њаљ­ми 14 996 200 сомонї ва фоиз дар њаљми 40 78 966 со­монї, љамъ ба маблаѓи 79 059 966 сомонї супурда шуд.

Талабномаи зикршудаи маќомоти андоз ба фарзия, яъне имзои Меморандум оид ба ният аз 5 июли соли 2012 миё­ни Кайсун Энерљї Групп Лимитед (минбаъд-Кайсун Энерљї) ва Ап Энерљї Девелопмент груп Лимитед (минбаъд-Ап Энерљї) дар хусуси тањвили 52% иштироки бавоситаи Кайсун Энерљї дар ЉДММ «Кама­роб» ба фоидаи Ап Энерљї ё ширкати фаръии вай ва имзои шартномаи хариду фуруши 52% њиссаи ЉДММ «Камароб» аз 19 декабри соли 2012 миёни Кайсун Энер­љї Групп Лимитед (љазирањо Кайман) ва Алфа Виљн Энерљи Лимитед аз як тараф ва Ап Энерљї ва Ап Энерљї Рисо­рсис Компания Лимитед аз тарафи дигар асос ёфтааст, ки он ба ЉДММ «Кайсун Май­нинг Корпорейшн» ва ЉДММ «Камароб» ягон иртибот надорад.

Дар шартнома аз 19 декабри соли 2012 иљрои шартњои њатмии он то 31 декабри соли 2012 пешбинї шудаст, ки дар њамин давра ширкати Алфа Виљн Энерљї Лимитед (фурушанда) уњдадор гаштааст, ки 100% сањ­мияњояшро дар Вест Глории Девелопмент Лимитед (Љазирањои Вир­љияи Бри­­тания) ба ширкати Ап Энерљї (харидор) фурушад ва супорад.

Мурољиаткунанда эзоњ медињад, ки ширкати Алфа Виљн Энерљї Лимитед тавассути як ќатор шир­катњо, аз љумла ЉДММ «Кайсун Май­нинг Корпорейшн» 52% њисаро дар ЉДММ «Камароб» назорат менамояд.

Мувофиќи шартномаи мазкур предмети хариду фуруш на њисса дар ЉДММ «Камароб ё ЉДММ «Кай­сун Май­нинг Корпорейшн», балки сањмияњои ширкати дури назорат­кунандаи ин ду ширкат мебошад, ки арзиши сањмияњо дар шарт­нома 394 648 800 доллари гонконгї муайян гардидааст.

Мурољиаткунанда ќайд мекунад, ки ЉДММ «Кайсун Май­нинг Кор­порейшн» санади тафтишоти маќомоти андозро нагирифтааст, ба љамъият дар асоси тафтишоти андозї талаботи пардохти андоз пешкаш карда нашудааст. Њамчунин, љамъият тибќи ќисми 1 моддаи 81 Кодекси андози Љумњурии Тољи­кистон дар муддати 30 рўз имконияти аз нав дида баромадани санад ва ќарори маќомоти андозро аз рўзи гирифтани ќарори маќомоти андоз надошт. Ба ѓайр аз ин, Кумитаи андоз дар дав­раи аз август то сентябри соли 2013 ба суроѓаи ЉДММ «Кайсун Майнинг Корпорейшн» огоњнома оид ба пардохти андозро дар шакли мактуб фиристодааст, ки дар навбати худ Љамъият дар мукотибаи худ бо Кумитаи мазкур норозигии худро оид ба талаботи пардохти андоз баён кардааст.

Баъдан, Суди иќтисодии ш. Душанбе бо њалномаи худ аз 12 фев­рали соли 2014 даъвои Кумитаи андозро оид ба ситонидани ќарзи андозї, љаримањо ва дарсадњо (фоиз) ба маблаѓи умумии 79 059 966 сомонї ќонеъ намуда, даъвои ЉДММ «Кайсун Май­нинг Кор­по­рейшн»-ро дар бораи беэътибор донистани санади назо­рати каме­ралї, њисобот оид ба љаримањо ва фоидањоро рад намудааст. Суди Олии иќти­содии Љумњурии Тољикистон бо ќарори худ аз 22 апрели соли 2014 њал­номаи Суди иќтисодии ш. Душанберо бе таѓйир мононда, даъвои Ширкатро бе ќаноат гузоштааст.

Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон амалњои худро ба ќисмњои 1 ва 2 моддањои 125 Кодекси андози Љумњурии Тољи­кистон асоснок кардааст, ки тибќи онњо:

«1. Шахсони (агентњои андози) зерин вазифадоранд, ки андозро аз манбаъ­њои пардохт ситонанд:

…- шахсони њуќуќї- резидентњое, ки ќисми сањмияи (њис­саи иштироки) ба ѓайри резидентњои Љумњурии Тољикистон тааллоќ­доштаашон фурўхта (бегона карда) шудааст, инчунин агентњои вако­латдори ѓайрирезидентњо, ки молу мулки (сањ­мияњои, њиссаи ишти­роки) дар Љумњурии Тољикистон вуљуд­доштаи чунин ѓайри­резидентњоро фурўхтаанд (бегона кардаанд) ё додаанд, агар њуљљатњои тас­диќ­кунандаи пардохти андоз аз љониби худи ѓайрирезидентњо пас аз фурўш (бегонакуни) ё додани молу мулки зикршуда пешнињод на­шуда бошанд;

2. Шахсе, ки даромади дар ќисми 1 њамин модда пешби­нишударо пардохт менамояд, барои ситонидан ва ба буљет гузаро­нидани андоз љавобгар мебошад. Агар маблаѓи андоз сари ваќт ба буљет гузаронида нашавад, шахси даромадпардохткунанда ўњдадор аст маблаѓи андози нигоњдоштанашуда ва ба буљет гузаро­ниданашударо, инчунин љаримањо ва фоизњои дахл­дорро аз њисоби худ ба буљет гузаронад.

Мурољиаткунада чунин мешуморад, ки ќисмњои 1 ва 2 мод­да­њои 125 Кодекси андози Љумњурии Тољи­кистон, ки санадњои Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва санадњои судии суд­њои иќтисодї ба онњо асос ёфтаанд, ба му­ќаррароти моддаи 12 ва 45 Консти­­тутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистон мувофиќ нестанд. Зеро дар ин моддањо давлат озодии фаъолияти иќтисодї ва соњибкорї, баробарї ва њифзи њуќуќи њамаи намудњои моликият, аз љумла моли­кияти њусусиро кафолат дода, пардохти андоз ва бољњо вазифаи њар як шахс муайян кардааст.

Њамчунин, аз меъёрњои ќисмњои моддаи зикргардида бар­намеояд, ки андоз­супоранда- резидент, ки аз тарафи давлат барои боз­доштан ва пардохтани андоз масъул карда шудааст, бояд бо кадом роњ дар бораи хариду фуруши нисбати ў љой дошта хабар ёбад. Ин дар њо­латест, ки андоз­супоранда- резидент њан­гоми хариду фуруши (бегона намудани) њиссаи ба норезидентњо мансуб будаи љамъият хабардор кар­да намешавад, дар худи хариду фуруш иштирок намекунад ва мута­носибан ба фуру-шанда даромаде пардоз намекунад, ки аз њамон андоз боздошта шавад.

Бо ин назардошт, намояндаи ЉДММ «Кайсун Майнинг Кор­порейшн» чунин мешуморад, ки ќисмњои 1 ва 2 моддаи 125 Кодек­си андози Љумњурии Тољикистон ба талаботи моддаи 12 ва 45 Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолифат доранд, зеро њолатњо дар онњо танзимгардида бар хилофи принсипњои андозбандї буда, њуќуќ ва манфиати ширкатро њамчун резеденти Љум­њурии Тољи­кистон поймол мекунад.

Бинобар ин, намояндаи ширкат аз Суди конститутсионї талаб мена­­­мояд, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз намуда, мувофиќати ќисмњои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Љумњурии Тољикистонро ба моддањои 12 ва 45 Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љум­њурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости пеш­ни­њод­шуда ва маводи ба он замимагардидаро бо назардошти амалияи мав­људаи андозбандї мавриди бар­расї ќарор дода, ќайд менамояд, ки ЉДММ «Кайсун Майнинг Кор­по­рейшн» њамчун шахси њуќуќї агарчї субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї мањсуб ёбад ва талаби дар дархост омадаи ў шаклан мавзўи баррасии Суди конс­ти­тутсионї бо­шад њам, аммо дар масъалаи гузошташудаи мурољиат­кунанда, яъне муво­фиќати ќис­мњои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Љум­њурии Тољи­кистон ба моддањои 12 ва 45 Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон номуайяние дида намешавад, ки он оѓоз намудани муро­фиаи судии конс­титутсионї ва санљиши кон­сти­тут­сиониро таќозо на­мояд.

Зеро меъёрњои ќисмњои 1 ва 2 моддаи 125. Кодекси андози Љумњурии Тољикистон на меъёрњои мањдудкунандаи њуќуќу манфиат ё манъкунии фаъолияти озо­ди иќтисодї пешбининамудаи Конститутсия нисбати агентњои андоз, балки тартиби муќаррарнамудаи давлат мебошад, ки аз тарафи агентњои андоз ситонидан ва манбањои пардохти андозро муайян менамоянд. Яъне дар меъёрњои зикршуда аниќ номбар шудани агент­њои андоз, манбаи пардохт, масъулияти агентњои андоз барои ба буљет гузаро­нидани андоз ва дар сурати сари ваќт ба буљет напардотани андоз пешбинї шудани љаримањо ва фоизњои дахлдор масъалањое мебошанд, ки онњо муайян ва ошкоро буда, ба муќаррроти моддаи 45 Конститутсия, ки тибќи он: «Додани андоз ва пардохтњо, ќи ќонун муайян кардааст, вазифаи њар кас мебошад» тавъам мебошанд. Онњо, инчунин ба фаъо­лияти озоди иќтисодии субъектони бозор ва агент­њои андоз монеа ва мањдудият эљод намекунанд.

Њамчунин, меъёрњои ќисмњои 1 ва 2 моддаи 125 хусусияти умумї ва васеи нисбати њама агентњои андоз татбиќшаванда доранд ва онњоро нис­­бати як њолати мушаххас ва фаъолияти агенти дахлдори андоз маъ­нидод ва татбиќ кардан, мазмуни мањдуд фањмидани муќар­рароти ќисмњои зикр­шудаи моддаи 125 Кодекси андозро дошта, ба татбиќ ва амалия ноду­русти меъёрњои зикршуда бурда мерасонад.

Ваљњњои мурољиаткунанда дар хусуси он, ки меъёр­њои ќисм­њои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андоз андоз­супоранда - рези­денти барои пар­дохтани андоз масъулро дар бораи хариду фуруши нисбати сањмияњои ў љой дошта хабардор намесозанд, андоз­супоранда- резидент њангоми хариду фуруши (бегона намудани) њиссаи ба норезидентњо мансуб будаи љамъият хабардор намешавад, дар худи хариду фуруш иштирок намекунад ва мута­носибан ба фурушанда даро­маде пардоз намекунад, ки аз њамон андоз боздошта шавад, хусусияти субъективї ва техникї дошта, на фактњои њуќуќї, балки андешањои мурољиаткунанда мебошанд, ки исботро талаб намекунанд. Онњо тибќи тар­тиби муќаррарнамудаи ќонунгузории мурофиаи иќтисодї мета­вонанд дар якљоягї бо дигар далелњо мавзўи баррасии мурофиаи судии иќти­содї бошанд.

Аз тарафи дигар, онњо ваљњњое мебошанд, ки дар асоси онњо дар бо­раи номувофиќатии ќисмњои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андоз ба мод­дањои зикршудаи Конститутсия хулоса кардан мантиќ надорад.

Њамин тариќ, ќисмњои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Љум­­њурии Тољикистон мавриди бањс ќарордодаи мурољиатку­нанда худ ба худ ва дар маљмўъ бо дигар меъёрњо ва муќар­рароти ќонунгузории андоз њуќуќу манфиатњои ЉДММ «Кай­сун Майнинг Корпорейшн»-ро мањдуд ва поймол намекунанд ва аз ин рў, барои баррасї намудани ин дархост дар мурофиаи судии конститутсионї асос мављуд нест.

Бинобар ин, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо назардошти њолатњои зикршуда оѓоз намудани мурофиаи судии консти­тутсиониро оид ба дархости Љамъияти дорои масъу­лияти мањдуд «Кай­сун Майнинг Корпорейшн» дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисмњои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ба моддањои 12 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон бинобар набудани асос барои баррасии пар­ванда дар Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон рад менамояд.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи мод­дањои 34, 40, 41, 43, 44, 45, 55 ва 56 Ќонуни конститутсионии Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дар­хости Љамъияти дорои масъулияти мањдуд «Кайсун Майнинг Корпорейшн» дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисмњои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Љумњурии Тољи­кистон ба моддањои 12 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистон бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъиноти мазкур дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикисион нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудзода

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов