23:59:18 - 19.01.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Абдурахмонов В.Н

 

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дар­хости шањрванд Абдурањмонов В.Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати меъёрњои алоњидаи Ќонуни конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љум­њурии Тољикис­тон» ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии То­љикистон»

шањри Душанбе 22 январи соли 2015

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­кунанда – Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., судя-котиб Кари­мов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю., бо иштироки котиби маљлиси судї –Ѓаниев Љ., дар маљлиси судї дар­хости шањрванд В.Н. Абдурањмоновро «Дар хусуси муайян намудани мувофи­ќати меъёрњои алоњидаи Ќонуни консти­тут­си­онии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумхурии Тољи­кистон» ба Конс­­титутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон» баррасї намуда,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Абдурањмонов Ватанљон Негматович-судяи дар истеъ­фобуда бо дархост ба Суди конс­ти­тутсионии Љумњурии Тољи­кистон муро­љиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки дар муддати 10 соли охир ба Ќонуни конститутсионии Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон» таѓй­иру иловањо ворид карда шудааст, ки на ња­маи онњо ба андешаи ў ба принсипи баробар будани се шохаи њокимияти давлатї тав­ъам мебо­шанд.

Чунончи, ба моддањои 97 ва 135 Ќонуни конститутсионии Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољи­кистон» аз 3 июли соли 2012 тањти №833 илова ворид карда шудааст, ки тибќи он њар як судя уњдадор карда шудааст, ки њамасола ба Шўрои адлия њисобот пешнињод намояд. Ў ќайд менамояд, ки уњдадории асосии судя ин барќарор намудани адолати судї мебошад. Њисобот­дињиро як шакли таъсиррасонї ба судяњо ва назорат аз болои онњо арзё­бї менамояд.

Мурољиаткунанда, инчунин ќайд менамояд, ки ќаблан тадбирҳои њимояи иљтимоии судя ва аъзои оилаи он, њаёт ва саломатии судя аз њисоби маблағҳои буљети Љумҳурии Тољи­кистон ба андозаи музди меҳнати дањсолаи судя мавриди суғуртаи ҳатмии давлатї ќарор дода мешуд. Аммо дар натиљаи таѓйироти ба моддаи 128 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон» моњи августи соли 2012 ворид кардашуда, маблаѓи суѓуртавї барои вафоти судя ба андозаи музди меҳнати њаштмоња ва дар мавриди расонидани зарар ба саломатии судя ба андозаи музди мењнати шашмоњаи судя муќаррар карда шудааст.

Ба ѓайр аз ин, дар ваќти ба истеъфо баромадани судя ба ў кўмак­пулї ба андозаи музди мењнати дањмоња дода мешуд. Њоло бошад, кўмакпулии семоња муќаррар карда шудааст. Ба андешаи мурољиаткунанда сабаби ба моддаи 19 Ќонуни конститутсионии мазкур даровардании чунин таѓйироти мањ­дудкунандаи њуќуќњои судя маълум нест.

Њамчунин, ба моддаи 19 Ќонуни конститутсионии мазкур, нисбат ба истеъфои судя таѓйирот дароварда шуда, њуќуќњои судяњо поймол ва мањдуд карда шудааст. Агар пеш таъминот пулии умрбоди судяи дар истеъфобуда ба 80 фоизи музди мењнати судяи кор­кунанда баробар бошад, њоло он ба 50 фоиз баробар карда шудааст. Аз тарафи дигар њаљми кори судяњо сол аз сол зиёд шуда, шумораи судяњо бошад, бетаѓйир исто­дааст. Љомеаи Тољикистон бошад ба њокимияти судии пурќув­ват ва босалоњият ниёз дорад.

Ба андешаи мурољиаткунанда таѓйироте, ки 22 майи соли 2014 ба мод­даи 9 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон» ворид карда шудааст, њуќуќњои судяњоро боз њам мањдуд кардааст. Дар меъёрњои моддаи мазкур омада буд, ки судяе, ки дастгир шудааст ё ба маќомоти корњои дохила оварда шудааст, баъд аз муайян кардани шахсияташ озод карда мешавад. Аммо ин меъёр аз мод­даи 9 Ќонуни мазкур хориљ карда шуд. Ин таѓйи­рот ба моддаи 91 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он: «Судя њуќуќи дахлнопазирї дорад. Ўро бе ризоияти маќомоте, ки интихоб ё таъин кардааст, њабс кардан ва ба љавобгарии љиної кашидан мумкин нест. Судяро дастгир кар­дан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ў ҳангоми содир кардани љиноят» мухолиф мебошад.

Ба ѓайр аз ин, тибќи моддаи 119 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикис­тон» судя: а) барои дағалона вайрон намудани қонун ҳангоми баррасии пар­ван­даҳои судї; б) барои вайрон намудани қоида­ҳои тартиботи дохилии меҳнатї; в) барои рафторе, ки ќадру номуси судяро паст мезанад, ба љавобгарии интизомї кашида мешавад. Таѓйиру иловањои зерин низ ба Конститутсия, ки дахлнопазирии судяро кафолат додааст, зид мебошад.

Мурољиаткунанда, инчунин ќисми 2 моддаи 13 Ќонуни консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољи­кистон»-ро ба моддаи 84 Конститутсия мухолиф мењисобад, ки он аз як суд ба суди дигари якхела ё ба суди болої ё ба суди поёнї таъин ё интихоб шудани судяро танзим менамояд. Ба андешаи ў, меъёри мазкур воќеан њуќуќои судя­њоро мањдуд карда, ба Шўрои адлия њуќуќ медињад, ки аз судя­њои номаќбул халос шавад.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, дархосткунанда аз Суди конс­ти­тутсионї хоњиш намудааст, ки оид ба дархости ў мурофиаи судї оѓоз карда шуда, мувофиќати меъёрњои алоњидаи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон» ба Конститутсия муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархост ва маводи ба он замимакардашударо мавриди баррасї ќарор дода, оѓоз намудани мурофиаи судиро аз рўи он бо асосњои зерин рад менамояд:

якум, Абдурањмонов В.Н.- њумчун шањрванд субъекти мурољиат ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон шуда наметавонад, зеро тибќи сархати шашуми моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» шахсони воќеї дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон муво­фиќат доштани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки аз тарафи маќомоти дахлдори давлатї ё љамъиятї, инчунин маќомоти судї нисбат ба онњо дар парвандаи мушаххас татбиќ карда шудаанд ва ба андешаи онњо боиси вайрон шудани њуќуќу озодињои конститутсиониашон гардида бошад, њуќуќи ба Суди конститутсионї мурољиат карданро доранд.

Дар њолати мазкур, Абдурањмонов В.Н. дар ягон муносибати му­шах­хаси њуќуќї ќарор надошта, нисбати ў ягон санади меъёрии њуќуќї мавриди татбиќ ќарор нагирифтааст, ки он њуќуќу озодињои консти­тутсионии ўро поймол карда, барои мурољиат ба суд асос гардад.

Дуюм, предмети баррасии Суди конститутсионї муайян намудани мутобиќати ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии амалкунандаи Љумњурии Тољикистон ба Конститутсия мебошад. Ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, ки тибќи муќаррароти санадњои ќонунгузорї бекор ё аз эътибор соќит дониста шудаанд, мавриди баррасии Суди конститутсионї ќарор намегиранд.

Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 6 августи соли 2001 «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон», ки мурољиаткунанда меъёрњои онро мавриди бањс ќарор додааст, бо моддаи 137 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 26 июли соли 2014 № 1084 «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон» аз эътибор соќит дониста шуда, ќонуни конститутсионии мазкур, њамчунин Ќонуни конститутсионии Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љум­њурии Тољикистон» дар тањрири нав ќабул карда шудааст.

Сеюм, дархост аз љињати шаклу мазмун низ ба талаботи сархати ша­­шуми ќисми 3 моддаи 41 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» муво­фиќ нест, яъне њолат ва далелњои мушаххас дар хусуси ба Конститутсия муво­фиќат надоштани меъёрњои мушаххаси мавриди бањс ќарор­дода­шуда, ки мурољи­аткунанда талаб ва далелњои худро ба онњо асоснок менамоянд, аниќ ва мушаххас нишон дода нашудаанд.

Аз ин рў, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон оѓоз на­мудани мурофиаи судии конститутсиониро аз рўи дар­хости мазкур би­нобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди консти­тут­си­онии Љумњурии Тољикистон рад менамояд.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи мод­дањои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Ќонуни конститутсионии Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љум­њу­рии Тољикистон» Суди консти­тутсионии Љумњу­рии Тољи­кис­тон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дар­хости шањрванд Абдурањмонов В.Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати меъёрњои алоњидаи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон» ба Конс­титутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон» би­нобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди консти­тут­си­онии Љумњурии Тољи­кистон рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Бољи давлатие, ки 6 январи соли 2015 мурољиаткунанда Абду­рањмонов В.Н.ба маблаѓи 45 (чилу панљ) сомонї дар БДА ЉТ «Амонат­бонк» пардохт намудааст, ба ў баргардонида шавад.

4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудзода

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов