10:02:54 - 25.05.2017

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НИЗОМНОМАИ ТАРТИБИ ДОДАНИ РУТБАҲО БА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

                                                                                                            Бо Фармони Президенти
                                                                                                              Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                                                                             аз 16 октябри соли 2008
                                                                                                             № 552  тасдиқ шудааст



НИЗОМНОМАИ тартиби додани рутбаҳо ба кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ


         Низомномаи тартиби додани рутбаҳо ба кормандони  дастгоҳи  судҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  тартиб ва мўҳлати додани рутбаҳоро ба кормандони дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва  ноҳия,  Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе муайян менамояд.
        Рутбаҳо дар  сурати  мавҷуд  будани тавсифномаи мусбӣ,  маълумоти олии  ҳуқуқӣ,   вазифаи   ишғолкарда,   собиқаи корӣ,   инчунин   бо дарназардошти  рутбаи  дараҷавӣ,  рутбаи тахассусӣ,  рутбаи  ҳарбӣ ва махсус,  ки корманд аз ҷойи кор ё хизмати пешинааш гирифтааст, пай дар пай дода мешаванд.

2. Рутбаҳо ва тартиби додани онҳо

         Ба кормандони   дастгоҳи   судҳои  ҷумҳурӣ рутбаҳои  зерин  дода мешаванд:
     мушовири адлияи дараҷаи якум;
     мушовири адлияи дараҷаи дуюм;
     мушовири адлияи дараҷаи сеюм;
     ҳуқуқшиноси дараҷаи якум;
     ҳуқуқшиноси дараҷаи дуюм;
     ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюм.
         Ба кормандони  дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис- тон, Суди  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Суди  Олии иқтисодии   Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
         ба Роҳбари дасттгоҳ,  сардорони Раёсатҳо- мушовири адлияи дараҷаи якум, мушовири адлияи дараҷаи дуюм;
         ба сардорони шўъбаҳо - мушовири  адлияи дараҷаи  дуюм,  мушовири адлияи дараҷаи сеюм;
         ба мудири бахшҳо, ёрдамчиёни раисон, ёрдамчиёни судяҳо - мушовири адлияи дараҷаи сеюм, ҳуқуқшиноси дараҷаи якум;
         ба сармутахассисон-ҳуқуқшиноси  дараҷаи якум,   ҳуқуқшиноси дараҷаи дуюм;
         ба мутахассисони пешбар - ҳуқуқшиноси дараҷаи дуюм,  ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюм;
         ба котибони маҷлиси  судӣ,  мутахассисонҳуқукшиноси  дараҷаи сеюм.
         Ба кормандони дастгоҳи Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон,  судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисо- дии вилоят ва  шаҳри Душанбе рутбаҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
         ба сардорони шўъбаҳо - мушовири  адлияи дараҷаи  дуюм,  мушовири адлияи дараҷаи сеюм;
         ба мудирони бахшҳо,  ёрдамчиёни раисон-мушовири адлияи  дараҷаи сеюм, ҳуқуқшиноси дараҷаи якум;
         ба сармутахассисон  -  ҳуқуқшиноси  дараҷаи якум,  ҳуқуқшиноси дараҷаи дуюм;
         ба приставҳои судӣ,  мутахассисони пешбар- ҳуқуқшиноси  дараҷаи дуюм, ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюм;
     ба котибони  суд,   котибони   маҷлиси судӣ,   мутахассисон- ҳуқуқши- носи дараҷаи сеюм.
         Рутбаҳо дода мешаванд:
     ба кормандони дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонбо амри Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
         ба кормандони  дастгоҳи  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
        ба кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ба ёрдамчиёни раисон,  приставҳои судии Суди ҳарбӣ,  Суди Вило- яти Мухтори Кўҳистони Бадахшон,  судҳои вилоят,  шаҳри Душанбе,  шаҳр  ва ноҳия,  Суди  иқтисодии  Вилояти  Мухтори Кўҳистони Бадах- шон,  судҳои иқтисодии вилоят ва  шаҳри  Душанбе  бо  фармони Раиси  Шўрои  адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
         ба сардори    шўъбаҳо,    мудирони    бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони   пешбар,   котибони   суд, котибони   маҷлиси   судӣ, мута- хассисони Суди ҳарбӣ,  Суди Вилояти  Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, судҳои вилоят,  шаҳри Душанбе,  шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри  Душанбе бо фармони раисони ин судҳо.

3. Мўҳлати дар рутбаҳо будан

         Мўҳлати дар ҳар як рутба будан, ки он барои додани рутбаи навбатӣ ҳуқуқ медиҳад, чунин муайян карда мешавад:
         дар рутбаи  мушовири  адлияи  дараҷаи  дуюм - 4 сол баъди додани рутбаи мушовири адлияи дараҷаи сеюм;
         дар рутбаи  мушовири  адлияи  дараҷаи  сеюм - 3 сол баъди додани рутбаи ҳуқуқшиноси дараҷаи якум;
        дар рутбаи  ҳуқуқшиноси  дараҷаи якум - 2 сол баъди додани рутбаи ҳуқуқшиноси дараҷаи дуюм;
         дар рутбаи  ҳуқуқшиноси  дараҷаи дуюм - 1 сол баъди додани рутбаи ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюм.
         Мўҳлати дар  рутбаи  мушовири  адлияи дараҷаи  якум будан маӣдуд карда намешавад.
         Ба корманд  рутба бе навбат дар сурати ба вазифаи баландтар таъин шуданаш на зиёда аз ду рутба дода мешавад.
         Ба кормандоне,  ки  собиқаи  кории ҳуқуқшиносӣ  надоранд  ва  ба мутахассисони  ҷавон  баъд  аз  шаш  моҳи  таъин шудан  ба   вазифаи ишғолнамуда рутба дода мешавад.
         Ба кормандоне,  ки муҷозоти интизомӣ доранд, рутба дар давоми як сол дода намешавад.
         Ба кормандоне,  ки рутба дода шудааст, якумра  буда,  танҳо  дар сурати  маҳкум  намудани  онҳо  барои содир намудани ҷиноят ва нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд маҳрум карда мешавад.
         Барои дағалона вайрон намудани ўҳдадории хизматӣ, содир намуда- ни рафторе,  ки қадру номуси кормандро паст мезанад ё мунтазам  ба  таври зарурӣ  иҷро накардани ўҳдадориҳои хизматӣ, рутбаи корманд паст карда машавад, вале на зиёда аз як рутба, ки корманд дорад.
         Аз рутба паст намудан бо амри Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фармони Раисони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон,  Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси Шўрои адли- яи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят,  шаҳри  Душанбе,  шаҳру ноҳия,  Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон,  судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри  Душанбе  сурат мегирад.

5. Иловапулӣ барои рутбаҳо

         Ба маоши  вазифавии  кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳурӣ иловапулӣ барои рутбаҳо муқаррар карда мешавад.
         Андоза ва  тартиби  додани  иловапулиро барои рутбаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.