09:43:30 - 20.07.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Бекеева И.

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Бекеева И. «Дар бораи муайян намудани мувофиќати ќисми 1 моддаи 323 Кодекси гражданї ва банди 13 ќарори Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз 16 декабри соли 2004, №11 «Дар бораи таљрибаи судии аз љониби судњо татбиќ намудани ќонунгузорї њангоми баррасии бањсњо вобаста ба беэътибор донистани шартномањои хариду фурўши хонаи истиќоматї (квартира)» ба моддањои 22 ва 32 Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе 31 марти соли 2015

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., судя-котиб Карим­зода К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї – Ѓаниев Љ.,

дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши судя-котиб Ка­римзода К.М-ро оид ба дархости шањрванд Бекеева И. «Дар бораи муайян намудани мувофиќати ќисми 1 моддаи 323 Кодекси гражданї ва банди 13 ќарори Пленуми Суди Олии Љумҳурии Тољикистон аз 16 декабри соли 2004, №11 «Дар бораи таљрибаи судии аз љониби судњо татбиќ намудани ќонун­гузорї њангоми баррасии бањсњо вобаста ба беэътибор донистани шартномањои хариду фурўши хонаи истиќоматї (квартира)» ба моддаҳои 22 ва 32 Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љум­ҳурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Бекеева И. бо дархост ба Суди конститутсионии Љум­њу­рии Тољикистон мурољиат на­му­да, дар он ќайд менамояд, ки ў соли 2009 бо маќсади барпо намудани тўйи хонадоршавии фарзандаш аз шањрванд Ка­заков А. ба маблаѓи 9 000 доллари ИМА ќарз гирифта, онро бояд дар муддати як сол бо назардошти фоизњояш ба миќдори 10 000 доллари ИМА барме­гардонд.

Номбурда ба сифати таъмини иљрои ўњдадорињои ќарзї манзили исти­ќо­матиашро ба гарав гузошт, ки ин манзил дар шањри Душанбе кўчаи Гипрозем 30/4, њуљраи 91 воќеъ буда, ба ў дар асоси манзилномаи №016655 оид ба њуќуќи гирифтани манзил тааллуќ дошт.

Тибќи маслињати пешакї, ў бо њамроњии Казаков А. барои ба рас­мият даро­­вардани шартномаи ќарз ба идораи нота­риалии давлатии ноњияи Сино муро­љиат намуданд. Дар он љо шањрванд Казаков А. бо роњи таќал­лубкорї, бо суиистифода аз вазъи саломатии ў шартномаи хариду фурўши манзили исти­ќоматиро ба расмият дароварда, соњибмулки ман­зили исти­ќоматии ба гарав гузошташуда гардид.

Баъдан, шањрванд Казаков А. манзили истиќоматии бо роњи сох­та­кории њуљљатњо ба тасарруфи худ даровардаро ба шањрванд Шарипов Х. ва охирон бошад онро ба дигарон мефурушад.

Мурољиаткунанда ќайд менамояд, ки аз ин амали Казаков А. ваќте огоњ гардид, ки соњиб­­мулкони нав аз ў холї кардани манзили исти­ќо­матиашро талаб намуданд.

Бинобар ин, ў бо ариза ба Суди ноњияи Синои шањри Ду­шанбе муро­љиат намуд, ки суди мазкур бо њалномаи худ аз 8 майи соли 2012 даъвояшро ќисман ќонеъ намуда, тамоми шартномаи ќарз ва хариду фурўши манзили истиќоматиро бинобар сабаби беэътибор дониста ­шуданашон бекор намуд.

Њамзамон, даъвои мутаќобилаи њамљавобгар Абдуллоева Х.-ро, ки харидори охирони манзили истиќоматии бањсї мебо­шад, ќонеъ намуда, ўро бо дастрасии банди 13 ќарори моддаи 13 Пленуми Суди Олии Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи таљрибаи судии аз љониби судњо татбиќ намудани ќонунгузорї њангоми баррасии бањсњо вобаста ба беэътибор донистани шартномањои хариду фурўши хонаи истиќоматї (ква­ртира)» бадасторандаи бовиљдон ва соњиб­мулки манзили исти­ќоматии бањсї эътироф намуд.

Баъдан, шикоятњои кассатсионии Бекеева И. бо ќарори Суди шањри Душанбе аз 7 августи соли 2012 беќаноат ва њал­номаи суди ноњияи Сино бе­таѓйир гузошта шуда, Суди Олии Љум­њурии Тољикистон низ мурољиати ўро бо таъиноти худ аз 12 июли соли 2013 бинобар беасос бу­данаш рад кард.

Мурољиаткунанда барои асоснок кардани мавќеи худ оид ба њифзи њуќуќњои конститутсионии худ ба манзил ва молу мулк, ба мод­дањои 22 ва 32 Конс­ти­тутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољи­кис­тон, мод­дањои 12 ва 17 Эъломияи умумии њу­ќуќи башар, ќисми 1 моддаи 11 Пай­мони бай­налхалќї оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї истинод оварда, мурољиати худро бо онњо асоснок менамояд.

Мурољиаткунанда ќайд менамояд, ки ў бо санадњои судї розї буда наметавонад, зеро суди ноњияи Синои шањри Душанбе бо њалномаи худ аз 8 майи соли 2012 тамоми санадњои њуќуќмуайянкунандаро нисбати љавоб­гарон бекор намуда, харидори охирин Абудллоева Х.-ро бидуни ягон асос соњибмулки манзили истиќоматии бањсї эътироф намуд. Ин амали суд хилофи муќаррароти ќисми 2 моддаи 242 Кодекси гражданї буда, њуќуќњои ўро ба манзил ва молу мулк, ки моддањои 22 ва 32 Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 12 ва 17 Эъломияи умумии њуќуќи башар, моддаи 11 Паймони байналхалќї оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї пешбинї кардаанд, поймол менамояд.

Вобаста ба ин, ў то ба имрўз аз манзили худ мањрум буда, наме­та­вонад њуќуќњои конститутсионии худро нисбати моликият, яъне манзили исти­ќоматии бањсиаш амалї намояд.

Бо назардошти ин, мурољиаткунанда аз Суди конститут­сионии Љум­њурии Тољикистон хоњиш намудааст, ки дар асоси дархости ў муро­фи­аи судии конститутсионї оѓоз карда, муво­фиќати ќисми 1 моддаи 323 Кодекси гражданї ва банди 13 ќарори Пленуми Суди Олии Љумҳурии Тољикистон аз 16 де­кабри соли 2004, №11 «Дар бораи таљрибаи судии аз љониби судњо татбиќ намудани ќонунгузорї њангоми баррасии бањсњо вобаста ба беэътибор донистани шартномањои хариду фурўши хонаи истиќоматї (квартира)» ба моддаҳои 22 ва 32 Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумҳурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости маз­курро њама­љо­ниба омўхта, ќайд мена­мояд, ки шањрванд Бекеева И. агарчи шаклан субъекти мурољиат ба Суди консти­тутсионї шуда тавонад њам, аммо мазмуну мундариљаи дар­хости номбурда хусусияти бањси гражданї дошта, бо таври масъалагузорї тобеи Суди конститутсионї ва мав­зўи баррасии он шуда наметавонад.

Бањси ба Суди конститутсионї пешнињоднамудаи Бекеева И. аз болои њалномаи суди ноњияи Синои шањри Душанбе аз 8 майи соли 2012 мебошад ва чунонеки дар дархост омадааст, «ў бо санадњои судї розї буда наметавонад, зеро суди ноњияи Синои шањри Душанбе бо њалномаи худ аз 8 майи соли 2012 тамоми санадњои њуќуќмуайянкунандаро нисбати љавоб­гарон бекор намуда, харидори охи­рон Абудллоева Х.-ро бидуни ягон асос соњибмулки манзили истиќоматии бањсї эътироф наму­дааст». Ин иддаои мурољиаткунанда мавзўи бањси судњои уму­мї мебо­шад, ки тибќи тартиби муайян­намудаи ќонун­гу­зории мурофиавии граж­данї бояд њаллу фасли худро пайдо на­мояд.

Дар дархост асосноккунии мавќеи мурољиаткунанда дар хусуси номувофиќатии ќисми 1 моддаи 323 Кодекси гражданї ва банди 13 ќарори Пленуми Суди Олии Љумҳурии Тољикистон аз 16 декабри соли 2004, №11 «Дар бораи таљрибаи судии аз љониби судњо татбиќ намудани ќонунгузорї њангоми баррасии бањсњо вобаста ба беэътибор донистани шартномањои хариду фурўши хонаи истиќоматї (квартира)» ба моддањои 22 ва 32 Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон низ дида на­ме­шавад.

Чунончи, тибќи ќисми 3 моддаи 41 Ќонуни конститутси­онии Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутси­онии Љумњурии То­љи­­кистон»:

«3. Дар пешнињод ва дархост бояд нишон дода шаванд:

...-њолатњо ва далелњои мушаххас дар хусуси ба Консти­тутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат надош­тани меъёрњои мушаххаси санади меъёрии њуќуќї, ки муро­љиаткунанда талаб ва далелњои худро бо онњо асоснок ме­кунад»...

Аз мурољиат бармеояд, ки танњо номи дархост шаклан ба дар­хости ба Суди консти­тутсионї пешнињодшаванда мувофиќ буда, мазмуни он хусусияти бањси конс­ти­тутсиониро надорад.

Аз ин рў, дархост аз љињати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­­тутсионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќат надорад.

Дар масъалаи пешнињоднамудаи мурољиаткунанда ному­айяние низ дида намешавад, ки он барои оѓоз намудани муро­фиаи судии конс­титут­сионї асос гардад, зеро тибќи ќисми 2 моддаи 44 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» барои баррасии парванда дар Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон ошкор гаштани номуайянї дар масъалаи ба Конс­ти­тут­сияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат дош­тани ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии пешбина­мудаи ќисми 2 моддаи номбурдаи Ќонуни конститутсионї асос мегардад.

Ба ѓайр аз ин, тибќи моддаи 42 Ќонуни конститутсионии Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон» субъектњои мурољиат метавонанд дар даво­ми шаш моњ аз рўзи нисбат ба онњо ќабул карда шудани ќарори дахлдор дар хусуси ба Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї ё тавзењоти дастурии дар он татбиќшудаи пленум­њои Суди Олии Љумҳурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љум­њурии Тољикистон ба Суди конститутсионии Љумњурии То­љикистон бо дархост мурољиат намоянд.

Аммо муњлати шашмоњаи бо дархости асоснок ба Суди консти­тутсионї мурољиат намудани субъектони мурољиат пешбининамудаи Ќо­нуни конститутсионї аз тарафи мурољиат­кунанда гузаронида шудааст. То имрўз аз рўзи ќабули санади охирини судї, ки он дар таърихи рўзи 12 июли соли 2013 аз тарафи Суди Олии Љумњурии Тољикистон интишор дода шу­дааст,зиёда аз ду сол сипарї гардидааст.

Бо назардошти њолатњои зикргардида, Суди конститут­сионии Љум­њурии Тољикистон оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро аз рўи дархости шањрванд Бекеева И. «Дар бораи муайян намудани муво­фиќати қисми 1 моддаи 323 Ко­декси гражданї ва банди 13 ќарори Пленуми Суди Олии Љум­ҳурии Тољикистон аз 16 декабри соли 2004, №11 «Дар бораи таљрибаи судии аз љониби судњо татбиќ намудани ќонунгузорї њангоми баррасии бањсњо вобаста ба беэътибор донистани шартномањои хариду фурўши хонаи истиќоматї (квартира)» ба моддаҳои 22 ва 32 Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумҳурии Тољи­кистон» бинобар гузаштани муњлати шаш­моњаи мурољиат кар­дан ба Суди консти­тутсионии Љумњу­рии Тољи­кистон рад мена­мояд.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи мод­дањои 34, 40, 41, 42, 44, 45, 55 ва 56 Ќонуни конститутсионии Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љум­­њурии Тољикистон» Суди консти­тутсионии Љумњу­рии Тољи­кистон,

т а ъ и н к а р д:

1.Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дар­хости шањрванд Бекеева И. «Дар бораи муайян намудани мувофиќати қисми 1 моддаи 323 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ва банди 13 ќарори Пленуми Суди Олии Љумҳурии Тољикистон аз 16 декабри соли 2004, №11 «Дар бораи таљрибаи судии аз љониби судњо татбиќ намудани ќонунгузорї њангоми баррасии бањсњо вобаста ба беэътибор донистани шарт­номањои хариду фурўши хонаи истиќоматї (квартира)» ба моддаҳои 22 ва 32 Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумҳурии Тољикистон» би­но­бар гузаштани муњлати шаш­моњаи мурољиат кардан ба Суди консти­тутсионии Љумњу­рии Тољикистон, рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудзода

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримзода