Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
НИШОНАИ МО
734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48
тел: 221-61-96,
факс:(÷992 37) 221-29-28
E-mail: constcourt.tj@mail.tj
Маводњои (Душанбе, 17-18 сентябри соли 2015)
Тањти назари Мањмудзода М.А. – Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, Академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор
Њайати тањририя Каримзода К.М., – муовини Раис ва судяи Суди конститутсионии Њошимзода Д.Д. Љумњурии Тољикистон
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ БАХШИДА БА 20-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДАР МАВЗЎИ: «АДОЛАТИ СУДИи КОНСТИТУТСИОНЇ – КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ КОНСТИТУТСИЯ» 17-18 сентябри соли 2015 дар шањри Душанбе бо иштироки Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Конфронси байналмилалї дар мавзўи: «Адолати судии конститутсионї - кафолати таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид.
Дар кори ин њамоиши байналмилалї сараввал Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода аз дастгирињои њамаљонибаи Президенти Љумњурии Тољикистон бобати ташаккули маќомоти назорати конститутсионї ёдоварї карда, сипас барои оѓоз бахшидан ба кори ин чорабинї суханро ба Роњбари давлат дод.
Зимни суханронии худ Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба наќши истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ташаккул ва тањкими давлатдорї, дигар рукнњо ва нињодњои давлатї, ќабули нахустин Конститутсияи мамлакати соњибистиќлол ва дар асоси принсипи таљзияи њокимияти давлатї ташкил кардани њокимияти давлатї, аз љумла њокимияти судї ибрози андеша намуд. Њамчунин Роњбари давлат дар низоми њокимияти давлатї, аз љумла њокимияти судї таъсис ёфтани маќомоти назорати конститутсиониро дар шакли Суди конститутсионї аз волоият Конститутсия ва меъёрњои он дар давлатдорї ва зарурати њифзи онњо маънидод намуда, ба наќш ва мавќеи Суди конститутсионї бањои баланд дод.
Дар кори Конфронси байналмилалї ноиби Президенти Комиссияи Венетсианї оид ба демократия тавассути њуќуќи Шўрои Аврупо хонум Хердис Кжерулф, Раиси Конфронси маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи нав - Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Арманистон Арутюнян Гагик Гарушивич, раисон ва судяњои судњои конститутсионии љумњурињои Белорус, Индонезия, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Љумњурии Кореяи Љанубї, Латвия, Љумњурии Федеролии Олмон, Федератсияи Россия, Руминия, Туркия ва Ўзбекистон, роњбар ва намояндагони Барномаи «Мусоидат ба давлатдории њуќуќї дар кишварњои Осиёи Марказї», ходимони давлатї ва олимони намоёни соњаи њуќуќи конститутсионии давлатњои хориљи кишвар иштирок карданд.
Дар кори Конфронси байнамилалї, инчунин Роњбар ва дигар кормандони масъули Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, раисони кумитањо ва вакилони парлумони мамлакат, роњбарон ва судяњои Суди конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Прокуратураи генералї, роњбарон ва намояндагони вазорату идорањои љумњурї, намояндагони муассисањои олии таълимї, олимони варзидаи илми њуќуќ, роњбарон ва намояндагони созмонњои байналмилалии муќими кишвар ва воситањои ахбори оммаи мамлакат иштирок намуданд.
Дар рафти Конференсия масъалањои муњими вобаста ба Конститутсия ва конститутсионализм, фаъолияти маќомоти назорати конститутсионї оид ба њифзи њуќуќу озодињои инсон, иљрои санадњои судњои конститутсионї, назорати конститутсионї њамчун воситаи таъмини волоияти Конститутсия, мавќеи Суди конститутсионї дар низоми њокимияти судї, таъмини кафолатњои њуќуќњои конститутсионии шањрвандон ва дигар масъалањои марбут ба мурофиаи судии конститутсионї мавриди баррасї ва муњокимаи мутахассисону олимони ватанию хориљї ќарор дода шуданд.
СУХАНИ ИФТИТОЊИИ РАИСИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ЉАНОБИ ОЛЇ, МУЊТАРАМ ПРЕЗИДЕНТИ
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар љаласаи имрўза Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон њузур доранд ва ќудуми мубораки Љаноби Олиро дар чорабинии имрўзаи сатњи байналмилалї шодбош мегўем.
Зимнан, дар чунин фазои озод баргузории чорабинии имрўза, ки ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида шудааст, бо дастгирии њамаљонибаи Президенти Љумњурии Тољикистон муяссар гардид.
Бинобар ин, бо самимияти беандоза ва камоли эњтиром ба Љаноби Олї барои дастгирии баргузории ин Конференсияи байналмилалї ва љињати иштирок дар кори он изњори сипос ва минатдории беандозаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро изњор медорам.
Президенти Љумњурии Тољикистон њамчун Роњбари муаззами миллат дар тањкими сулњу вањдати миллї, њифзи ягонагї ва тамомияти арзї, таъмини суботи сиёсию њамгироии љомеа, пойдориву бардавомии давлати демокративу њуќуќбунёд, ќабули аввалин Конститутсияи давлати мустаќил, такмили заминањои њуќуќии кишвар ва таъсиси низоми самарбахши маќомоти њокимияти давлатї сањми беандоза дошта, Тољикистонро њамчун кишвари сулњпарвар дар арсаи сиёсати љањонї муаррифї намуданд.
Бо ташаббус ва дастгирии њамаљонибаи Љаноби Олї, ки асосгузори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мебошанд, ѓояи дар давлати демократї мављуд будани падидаи назорати конститутсионї бори аввал дар сатњи Конститутсияи Тољикистони озоду мустаќил њукми конститутсиониро касб намуд ва ин нињод дар фазои демократии кишвар ба фаъолияти худ оѓоз бахшид.
Такмил ёфтани заминаи њуќуќии фаъолияти Суди конститутсионї ба он мусоидат кард, ки дар муддати кўтоњи фаъолияти худ, ин маќомот барои тањкими ќонунияти конститутсионї дар кишвар, таъмини волоияти ќонун кўшишњои зиёдеро ба харљ дода, роњу усулњои самарабахши њамкории байналмилалиро бо маќомоти њамшабењи давлатњои хориљи кишвар муайян намуд.
Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба узвияти комилњуќуќи Конфронси умумиљањонии адолати судии конститутсионї, Конфронси маќомоти назорати конститутсионии давлатњои демократияи нав ва Ассотсиатсияи судњои конститутсионї ва институтњои муодили кишварњои Осиё, ки дар худ беш аз сад маќомоти назорати конститутсионии давлатњои мухталифи љањонро муттањид кардаанд, пазируфта шудааст ва дар чорабинињои сатњи байналмилалии ин созмонњо иштироки фаъол дорад.
Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз таваљљуњ ва дастгирии њамешагии Президенти кишвар, муњтарам Эмомалї Рањмон сипосгузор буда, минбаъд низ тавассути иљрои вазифаю уњдадорињои ќонунї ва рисолати касбиаш фаъолияти муттасилу самарабахши хешро ба нафъи тањкими пояњои давлати демокративу њуќуќбунёд пеш мебарад ва дар ин љода донишу малакаи касбї ва имкониятњои воќеии худро сафарбар менамояд.
Њозирини гиромї!
Боиси хурсандист, ки дар њамоиши имрўза ноиби Президенти Комиссияи Венетсианї оид ба демократия тавассути њуќуќи Шўрои Аврупо хонум Хердис Кжерулф, Раиси Конфронси маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи нав - Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Арманистон Арутюнян Гагик Гарушивич, раисон ва судяњои судњои конститутсионии љумњурињои Белорус, Индонезия, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Љумњурии Кореяи Љанубї, Латвия, Љумњурии Федеролии Олмон, Федератсияи Россия, Руминия, Туркия ва Ўзбекистон, роњбар ва намояндагони Барномаи «Мусоидат ба давлатдории њуќуќї дар кишварњои Осиёи Марказї», ходимони давлатї ва олимони намоёни соњаи њуќуќи конститутсионии давлатњои хориљи кишвар иштирок доранд.
Дар кори Конфронси байнамилалї, инчунин Роњбар ва дигар кормандони масъули Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, раисони кумитањо ва вакилони парлумони мамлакат, роњбарон ва судяњои Суди конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Прокуратураи генералї, роњбарон ва намояндагони вазорату идорањои љумњурї, намояндагони муассисањои олии таълимї, олимони варзидаи илми њуќуќ, роњбарон ва намояндагони созмонњои байналмилалии муќими кишвар ва воситањои ахбори оммаи мамлакат иштирок менамоянд, ки ба онњо барои пазируфтани даъвати мо ва њамкорињои судманд минатдорї баён мекунем.
Њозирини гиромї!
Њоло бо камоли эњтиром аз Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон хоњиш менамоем, ки ба конференсияи байналмилалии имрўза њусни оѓоз бахшанд.
Марњамат, Љаноби Олї.
СУХАНРОНИИ
Њозирини гиромї!
Мењмонони арљманд!
Хонумњо ва љанобон!
Ќабл аз њама, мењмонони азизу арљмандро, ки барои иштирок дар кори Конфронси байналмилалї ба ифтихори 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба кишвари мо ташриф овардаанд, хайра маќдам мегўям.
Итминон дорам, ки мењмонони азизи мо баъди боздид аз Тољикистони њамешабањор ва шиносої бо таърихи бою фарњанги пурѓановати миллати ќадимаи тољик ба кишварњои худ бо таассуроти нек бармегарданд.
Њозирини гиромї!
Њарчанд ки ойину суннатњои давлату давлатдории халќи соњибтамаддуни тољик њанўз аз њазорсолаи сеюми ќабл аз мелод сарчашма мегиранд, аммо истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, ки ба мардуми мо дар охири асри ХХ муяссар шуд, дар сарнавишти тољикон тањаввулоти бузурги сиёсиву иљтимої ва гардиши куллие гардид.
Таърихи љомеаи башарї собит месозад, ки ќабул кардани санад ва эълон кардани истиќлолият барои њар халќу миллат ин њанўз анљоми кор нест.
Ин марњала оѓози дигаргунињои азими њаёти сиёсиву иќтисодї, иљтимоиву фарњангї ва њуќуќиро таќозо дорад, ки бояд таърих, фарњанг, забон, урфу одат, анъана ва арзишњои пурѓановати њар халќу миллатро дар њамбастагї ва алоќамандї бо арзишњои умумиинсонї дар худ инъикос карда тавонад.
Азми ќавї ва садоќати мардуми Тољикистон ба сарзамини аљдодї ва истиќлолияти давлатї буд, ки ин марњалаи таърихї хусусияти созандагї ва бунёдкорї касб намуда, пойдевори устувори давлати миллї дар мамлакат гузошта шуд.
Ислоњоти конститутсионї ва дар ин замина бо роњи раъйпурсии умумихалќї ќабул гардидани Конститутсияи давлати соњибистиќлоли Тољикистон аз љумлаи вазифањои таърихии марњалаи аввали соњибихтиёрии давлат ва љомеаи Тољикистон ба шумор мерафт, ки ин иќдоми бузург 6-уми ноябри соли 1994 амалї карда шуд.
Конститутсияи давлати соњибистиќлоли Тољикистон, ки дар таљрибаи конститутсионализми Тољикистон бори нахуст тавассути раъйпурсии умумихалќї ќабул гардид, ифодаи азму иродаи халќи Тољикистон буда, хусусияти асосии ин санад миллї будани он ба шумор меравад.
Дар Конститутсия худро ќисми људонашавандаи љомеаи љањонї эълон кардани халќи Тољикистон низ аз куњанбунёд ва фарњангї будани ин халќ маншаъ гирифта, дар баробари њифз ва ѓанї гардонидани арзишњои миллї, инчунин садоќати давлат ва миллати тољикро ба арзишњои умумиэътирофшудаи башарї инъикос менамояд.
Конститутсия њамчун мафкураи сабтгардидаи давлатї, ки дар он самтњои асосиву стратегии рушди давлатдории миллї, масъулияти муштараки халќ ва њокимият дар бунёди љомеаи иљтимої ва шањрвандї, муттањид намудани манфиатњои њамаи табаќаву гурўњњои иљтимоии љомеа ва расидан ба ормонњои миллї инъикос ёфтаанд, бузургтарин манбаи сиёсї ва иљтимої ба њисоб меравад.
Дар Конститутсияи мо ба ташкил ва бунёди њокимияти давлатї дар асоси таљзияи он ба њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї ањаммияти махсус дода, тартиби таъсис ва фаъолияти маќомоти олии њокимияти давлатї тибќи принсипи боздориву мувозинати байнињамдигарии онњо ба танзим дароварда шудааст.
Назарияи таљзияи њокимият, њарчанд ки њанўз дар замони салтанати Рими ќадим маълум буда, минбаъд њамчун принсипи асосии давлатдорї дар конститутсияи аксар давлатњои демократї мавриди истифода ќарор дода шудааст, вале он дар таљрибаи давлатдории тољикон дар самти идораи давлат ва низоми њуќуќии он њатто дар даврони Шўравї бегона буд.
Дўстони азиз!
Дар Конститутсия зоњир намудани диќќати љиддї ба наќш ва мавќеи њокимияти судї дар Тољикистон, алалхусус Суди конститутсионї бе сабаб нест.
Аввалан, маќомоти назорати конститутсионї дар низоми њокимияти давлатї ва судии њамаи давлатњои мутамаддин мавќеи муњим дошта, бе мављудияти чунин маќом дар бораи принсипи солими боздориву мувозинати байни шохањои њокимияти давлатї сухан гуфтан бармањал аст.
Баъдан, таъсиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нишонаи давлати демократї ва њуќуќбунёд будани Тољикистон мебошад, ки мављудияти чунин маќом ифодаи амалии њадафи давлат ва миллат дар самти бунёди љомеаи адолатпарвар мебошад.
Дар навбати худ, бунёди љомеаи адолатпарварро бе њокимияти судии мустаќил, салоњиятдор ва дар асоси ќонун ташкилшуда, алалхусус маќомоти назорати конститутсионї, тасаввур кардан ѓайриимкон аст.
Илова бар ин, дар Конститутсия арзиши олї эътироф шудани инсон ва њуќуќу озодињои ў зарурати дар низоми њокимияти давлатї ва судї таъсис додани маќоми назорати конститутсиониро ба миён овард.
Суди конститутсионї бо функсияи пешгирикунандаи худ фаъолияти аз њама муњимми давлат ва маќомоти он, яъне фаъолияти меъёрэљодкунии онњоро назорат карда, њама гуна санадњои меъёрии њуќуќии ба Конститутсия мухолифатдоштаро бекор мекунад ва бо њамин роњ њифзи њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрвандро, ки дар санадњои њуќуќии байналмилалї ва Конститутсияи мамлакат пешбинї шудаанд, таъмин менамояд.
Вобаста ба ин, мехоњам махсус зикр намоям, ки њангоми тањияи лоињаи Конститутсия андешањое низ садо медоданд, ки љонибдорони онњо таъсис, мављудият ва фаъолияти маќомоти назорати конститутсиониро дар низоми њокимияти давлатї, хусусан њокимияти судї амри воќеї њисоб намекарданд ва онро асоснок намешумориданд.
Аммо таваљљуњи ман њамчун Роњбари давлат ба таъсис ва мављудияти маќоми махсусгардонидашудаи назорати конститутсионї дар мамлакат љиддї буд, ки он сабабњои объективии худро дошт.
Чунончи, бесарусомонии дар мамлакат солњои 1990-1992 ба миёномада, аз љумла беэътиної ба конститутсияи амалкунанда ва танњо дар давоми як сол, яъне соли 1992 аз љониби Шўрои Олї ба Конститутсияи Тољикистон дањ маротиба ворид намудани таѓйиру иловањо, ѓайриконститутсионї барканор кардани ду Президент ва панљ Њукумат, ки оќибат мамлакатро ба гирдоби љанги шањрвандї тела доданд, шахсан барои ман сабаќи таърихї буд.
Бинобар ин, дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон маќоми назорати конститутсионї дар шакли махсусгардонидашуда - Суди конститутсионї пешбинї гардид ва санадњои ќабулнамудаи он ќатъї эътироф карда шуданд.
Такмили минбаъдаи салоњият ва ваколатњои Суди конститутсионї ба Паёми Президенти мамлакат ба Маљлиси Олї аз 20-уми апрели соли 2006 ва дар заминаи он ќабул гардидани Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2007-2010 вобастагии мустаќим дорад.
Дар барномаи зикршуда, аз љумла пешбинї гардид, ки салоњияти Суди конститутсионї бо додани хулоса оид ба лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоињаи ќонунњо ва дигар масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод карда мешаванд, мукаммал карда шавад, то ки лоињаи таѓйиру иловањое, ки ба Конститутсия ворид мегарданд ва масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод мешаванд, ба принсипњо ва арзишњои асосии Конститутсия мувофиќ бошанд.
Санадњои Суди конститутсионї дар њифзи асосњои сохтори конститутсионии мамлакат, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, манфиатњои давлат, ташкилоту муассисањо, ќонуният, адолати иљтимої ва тартиботи њуќуќї наќши арзанда доранд.
Фаъолияти Суди конститутсионї бо фаъолияти меъёрэљодкунии маќомоти давлатї, махсусан маќомоти ќонунгузор робитаи ногусастанї дорад. Њамин аст, ки дар асоси ќарору таъиноти Суди конститутсионї дањњо санадњои ќонунгузорї ба маќсадњои олии Конститутсия – дахлнопазир будани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд мувофиќ гардонида шуданд.
Тибќи Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї барои солњои 2007-2010 ќонунгузорї номгўи васеи субъектњоеро, ки њуќуќи ба Суди конститутсионї мурољиат карданро доранд, муайян кардааст, ки чунин номгўй њатто дар мамлакатњои пешќадами дунё вуљуд надорад.
Маќсад аз ин иќдом, аввалан, пурра аз байн бурдани мухолифат дар ќонунгузорї ва мувофиќ намудани санадњои меъёрии њуќуќї ба Конститутсияи мамлакат ва баъдан, ба меъёрњои пешрафтаи љањонї оид ба њифзи њуќуќи инсон баробар кардани сатњи ќонунгузории миллї мебошад.
Дар иртибот ба ин, таъкид месозам, ки давлат аз субъектњои њуќуќи мурољиат ба Суди конститутсионидошта љињати њарчи бештар такмил додани раванди ќонунгузории мамлакат муносибати боз њам љиддиву фаъолонаро таќозо дорад.
Њамчунин зарур аст, ки фаъолияти Суди конститутсионї њамчун ќисми људонашавандаи њокимияти давлатї ва судї вобаста ба пешрафти давлат ва љомеа, тањким ёфтани асосњои демократии сохтори конститутсионї, боло рафтани ањаммияти њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва дастрасии шањрвандон ба суд боз њам бењбудї бахшида шавад.
Дўстони гиромї!
Дар раванди татбиќи Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї барои солњои 2011-2013 Ќонуни конститутсионї «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» бо дарназардошти таљрибаи љањонии фаъолияти ин маќомот дар тањрири нав тањия гардида, соли гузашта аз љониби парламент ќабул карда шуд.
Дар ќонуни зикршуда меъёрњои наве инъикос гардидаанд, ки онњо ба такмили салоњияти Суди конститутсионї ва фаъолияти мурофиавиии он, дастрасии субъектњои њуќуќ, пеш аз њама, шањрвандон ба адолати судии конститутсионї, инчунин њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд нигаронида шудаанд ва итминон дорем, ки дар асоси ин санад фаъолияти Суди конститутсионї боз њам такмил меёбад ва он вазифањои аслии худ, яъне таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияро ба хотири тањкими пояњои давлати њуќуќбунёду демократї босамар иљро мекунад.
Имрўзњо дар мамлакат ислоњоти судї-њуќуќї бомаром идома дорад. Бо Фармони Президенти мамлакат аз 5-уми январи соли 2015 Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2015-2017 ва наќшаи чорабинињо оид ба иљрои ин барнома ба имзо расиданд.
Шубњае нест, ки бо татбиќи ин барнома амалї гардидани вазифањои дар назди њокимияти судї ќарордошта боз њам бењтар гардида, њокимияти судї аз пештара дида мустаќилу нерўманд ва сатњи касбии он баландтар хоњад шуд ва бо њуќуќшиносони баландихтисосу салоњиятнок ва кордида таъмин гардида, љињати такмил бештар бахшидан ба фаъолияти касбии кормандони њокимияти судї чорањои дахлдор андешида хоњанд шуд.
Њамчунин, заминањои моддиву техникии судњо ва судяњои мамлакат, аз љумла вазъи иљтимоии онњо низ сол аз сол бењтару хубтар хоњад шуд.
Дўстони арљманд!
Солњои сипаришуда дурустии сиёсати давлатро оид ба рушди њокимияти судї, аз љумла Суди конститутсионии мамлакат дар њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, манфиатњои олии љомеа ва давлат дар хусуси бунёди љомеаи воќеан демокративу њуќуќбунёд ва иљтимоиву адолатпарвар собит намуданд.
Тавассути сиёсати бомароми роњбарияти давлат ва Њукумати мамлакат, тањкими ќонунгузорї дар бораи њокимияти судї, ќабули барномањои ислоњоти судї ва татбиќи амалии онњо, бењтар шудани заминањои моддиву иљтимоии судњо ва судяњо њокимияти судї камол ёфта, имрўз дар рушди институтњои демократї ва бунёди љомеаи шањрвандї сањми назаррас дорад.
Замона таќозо дорад, ки фаъолияти маќомоти судї бояд ба манфиатњои шањрванд ва љомеаву давлат мувофиќ бошад.
Давлати Тољикистон аз љониби худ барои боз њам рушду тањким ёфтани њокимияти судї ва наќши он дар љомеа тамоми чорањои дахлдорро амалї мегардонад.
Дар навбати худ ба бовару эътимоди љомеа ноил гардидани судњо аз тамоми кормандони маќомоти судї зањмати софдилона, фаъолияти созанда ва поквиљдононаро таќозо мекунад.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, судяњо ва кормандони Суди конститутсионї, инчунин кулли кормандони маќомоти њокимияти судии мамлакатро ба ифтихори љашни 20-солагии таъсисёбии Суди конститутсионї табрик гуфта, ба њамаи онњо дар иљрои вазифањои дар наздашон оид ба њифзи Конститутсия ва њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, манфиати љомеа ва давлат ќарордошта барори кор мехоњам.
Инчунин ба кори конфронс муваффаќият ва ба мењмонони арљманди сарзамини тољикон будубоши гуворо орзу менамоям.
Њамеша саломату сарбаланд бошед!
Шермуњаммад Шоњиён,
Раиси Суди Олии
Љумњурии Тољикистон
ЊИФЗИ ЊУЌУЌУ ОЗОДИЊОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ИНСОН ВА ШАЊРВАНД
Муњтарам Љаноби Олї!
Мењмонон ва њозирини гиромї!
Арзиши олї эътироф намудани инсон ва њуќуќу озодињои ў яке аз аломатњои асосии кишварњои демократї ба њисоб рафта, санадњои муњими байналмилалї, аз ќабили: Эъломияи умумии њуќуќи башар, Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї, Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї мањз масъалањои вобаста ба эътироф ва њифзи њуќуќу озодињои инсонро ба танзим медароранд.
Ќобили ќайд аст, ки аксарияти кулли санадњои байналмилалии соњаи њуќуќи инсонро Љумњурии Тољикистон ба тасвиб расонидааст ва онњо бевосита дар љумњурии мо амалї шуда истодаанд.
Тољикистон њамчун љузъи људонопазири љомеаи љањонї баъд аз ба даст овардани Истиќлолияти давлатї рохи бунёди љомеаи демократию њуќуќбунёд ва дунявиро пеш гирифта, дар ин самт ќадамњои хеле љиддї ва устувор гузошта истодааст.
Аз љумла, дар фазои њуќуќии кишвар аз рўзњои аввали соњибихтиёрї сар карда, падидањои нави хоси чунин давлату љомеа руйи кор оварда шуданд.
Яке аз дастовардњои бузург ва муњими Љумњурии Тољикистон дар солњои аввали соњибихтиёрї - ин бо тариќи райъпурсии умумихалќї ќабул намудани Конститутсияи кишвари мустаќили мо ба њисоб меравад.
Конститутсияи Тољикистон бо дарназардошти суннату одатњои таърихии миллати тољик ва таљрибаи пешрафтаи давлатњои мутамаддини дунё ќабул гардида, дурнамои инкишофу пешрафти љумњурии мо, њадафњои неки бунёди љомеаи адолатпарвар, ѓояњои асосии давлатдории миллї ва тартиби таъсису фаъолияти сохторњои давлатиро муќаррар намудааст.
Бо итмонони комил метавон гуфт, ки наќши Конститутсия дар тањкими институтњои давлатдории навин, фаъолияти бонизоми маќомоти давлатї, рушди иќтисодию иљтимоии кишвар ва муњайёсозии фазои мусоид барои пойдории сулњу субот дар љомеаи хеле назаррас мебошад.
Њамчунин, бо ќабули Конститутсияи нав дар низоми њуќуќии кишвар ислоњоти љиддї ва дар маќомоти давлатї дигаргунињои сохторї амалї карда шуданд, ки таъсиси Суди конститутсионї њамчун воситаи таъмини волояти Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд аз љумлаи онњо мебошанд.
Бояд ќайд кард, ки Љумњурии Тољикистон ба масъалањои њифзи њуќуќу озодињо ва манфиатњои ќонунии инсон ва шањрванд таваљљуњи хеле љиддї зоњир менамояд.
Аз љумла, дар муќаддимаи Конститутсияи мо омадааст, ки халќи Тољикистон озодї ва њуќуќи шахсро муќаддас шуморида, баробарњуќуќии тамоми миллату халќиятхоро эътироф мекунад.
Њамчунин, дар сатњи Конститутсия муќарар гардидааст, ки инсон, њуќуќ ва озодињои ў арзиши олї буда, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд бевосита амалї мешаванд. Онњо маќсад, мазмун ва татбиќи ќонунњо, фаъолияти њокимияти ќонунгузор, иљроия, мањаллї ва маќомоти худидоракунии мањаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи њокимияти судї таъмин мегарданд.
Ин муќаррароти конститутсионї таљассумгари он аст, ки дар Тољикистон њељ як мављудот ва сарвату манфиат аз инсон ва њуќуќу озодињои ў боло буда наметавонад.
Дар ин замина аввалин маротиба дар боби алоњидаи Конститутсия масъалањои вобаста ба њуќуќ, озодї ва вазифањои асосии инсону шањрванд пешбинї гардида, кафолатњои амалишавии онњо муќаррар карда шуданд.
Моддаи 14-уми Конститутсия бошад, муайян намудааст, ки њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ба воситаи Конститутсия, ќонунњои љумњурї ва санадњои њуќуќи байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф намудааст, њифз карда мешаванд.
Аз меъёрњои дар боло зикргардидаи Конститутсия бармеояд, ки њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд на фаќат вазифаи маќомоти давлатї, балки маќсад ва мазмуни фаъолияти ин сохторњоро ташкил медињад.
Ин муќаррароти Конститутсия, далели равшани дар мењвари Конститутсияи Тољикистон макону мавќеъ асосї доштани Инсон мебошад.
Њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд танњо замоне амалї мегарданд, ки агар механизмњои таъмин ва њифзи онњо мављуд бошад.
Барои дар амал татбиќ шудани њуќуќу озодињои конститутсионии шањрвандон, дар Тољикистон маљмўи шароитњои иќтисодї, сиёсї ва њуќуќї фароњам оварда шудааст, ки воќеъї гаштани њуќуќњои инсонро таъмин менамоянд ва барои дар амал татбиќ гаштани онњо мусоидат мекунанд.
Ќонунгузории Тољикистон муќаррар намудааст, ки њар кас њаќ дорад, њуќуќ ва манфиатњои худро бо тамоми тарзњои манънакардаи ќонун њимоя намояд; аз рўйи њаракат ва бењаракатии маќомоти њокимияти давлатї, ашхоси мансабдор ва ташкилотњои љамъиятї ба маќомоти дахлдори давлатї ва суд мурољиат намояд.
Бояд ќайд кард, ки пеш аз њама шакли муњими назорати давлатии риояи њуќуќу озодињои шањрвандон – ин амалї гаштани ваколатњои конститутсионии Президенти Љумњурии Тољикистон ба шумор меравад.
Тибќи моддаи 64-и Конститутсия, Президенти Љумњурии Тољикистон њомии Конститутсия ва ќонунњо, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, кафили истиќлолияти миллї, ягонагї ва тамомияти арзї, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти маќомоти давлатї ва риояи ќарордодњои байналмиллалии Тољикистон мебошад.
Яъне, Президенти Љумњурии Тољикистон њамчун кафили њуќуќ ва озодињои конститутсионии инсону шањрванд бевосита бо мардум вохўрињо гузаронида, арзу шикояти онњоро мешунавад, бањри амалишавии њуќуќњои шањрвандон, пешгирї намудани њуќуќвайронкунї дар ин самт ва барќарор намудани њуќуќњои вайроншудаи онњо ба маќомоти дахлдор дастуру супоришњо медињад.
Шакли дигари маъмурї-њуќуќии њимояи њуќуќи инсон – ин назорати прокурорї мебошад.
Тибќи Ќонуни конститутсионї «Дар бораи маќомоти прокуратураи Љумњурии Тољикистон» яке аз самтњои асосии фаъолияти маќомоти прокуратураро назорат ба риояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, ба риоя ва иљрои ќонун аз тарафи маќомоте, ки ба муќобили љинояткорї ва њуќуќвайронкунињо мубориза мебаранд, инчунин маќомоте, ки ба фаъолияти оперативию љустуљўї, тањќиќ ва тафтишоти пешакї машѓул мебошанд, ташкил медињад. Яъне дар байни самтњои фаъолияти маќомоти прокуратура самти назорат ба риояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд хеле муњим ва назаррас аст.
Бояд ќайд кард, ки бо маќсади таќвияти њифзи њуќуќу озодињои инсону шањрванд, мусоидати риоя ва эњтироми ин арзишњо аз љониби маќомоти давлатї ва расонидани ёрии амалї оид ба татбиќи њуќуќ ва озодињои конститутсионии шањрвандон дар љумњурии мо, нињоди алоњидаи мустаќил – Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон ташкил карда шуд, ки яке аз вазифањои асосии ин сохтор таќвияти кафолатњои конститутсионии њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд мебошад.
Тибќи Ќонун, ба Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон салоњияту имкониятњои хеле васеъ оид ба њифзи њуќуќу озодињои инсону шањрванд дода шудаст, ки имрўзњо мардум аз фаъолияти самараноки ин сохтор хуб бањравар шуда истодаанд.
Пушида нест, ки бунёди давлати демократї ва рушди љомеаи шањрвандї, маданияту маърифати баланди њуќуќии шањрвандонро таќозо менамояд.
Аз ин рў, Њукумати Љумњурии Тољикистон дар ин самт корњои хеле љиддиро амалї намуда истодааст.
Аз љумла, бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 5 июли соли 2001 Барномаи «Системаи давлатии омўзишї дар соњаи њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон» ќабул гардида буд, ки маќсади асосии амалишавии ин Барнома аз таќвият бахшидан ба раванди демократикунонии њаёти љамъиятию сиёсї, амалї намудани њуќуќ ва озодињои конститутсионии шањрвандон, баланд бардоштани фарханги њуќуќии ањолї ва ташаккули њисси масъулият ва эњтиром нисбат ба ќонунњо иборат буд.
Инчунин, бо маќсади марњила ба марњила идома додани раванди низоми маърифатї, иттилоотї ва таълимї дар соњаи њуќуќи инсон, Њукумати Љумњурии Тољикистон 3 декабри соли 2012 «Барномаи таълим дар соњаи њуќуќи инсон барои солњои 2013-2020»-ро ќабул кард, ки айни замон чорабинињои ба наќшагирифташуда аз љониби Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар њамкорї ба сохторњои дахлдори давлатї, љомеаи шањрвандї, ташкилотњои байналмилалї ва муассисањои таълимї амалї шуда истодааст.
Њозирини гиромї!
Мехоњам чанд нуќтаеро доир ба њифзи судии њуќуќу озодињои конститутсионии инсону шањрванд иброз намоям.
Дар Љумњурии Тољикитсон дар љодаи таъмини њимояи њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд, ба њокимияти судї мавќеи муњим дода шудааст.
Аз љумла, дар моддаи 84-и Конститутсия омадааст, ки њокимияти судї мустаќил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяњо амалї мегардад. Вазифањои асосии маќомоти судї – ин њифзи њуќуќу озодии инсону шањрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисањо, таъмини ќонуният ва адолати иљтимої дар љомеа мебошад.
Тибќи моддаи 19-и Конститутсия њар кас кафолати њифзи судї дорад. Њар шахс њуќуќ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз, ки тибќи ќонун таъсис ёфтааст, баррасї намояд.
Њамин тариќ, фаъолияти маќомоти судї яке аз механизмњои муњимтарини њокимияти давлатї оид ба њифзи њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд мебошад, ки дар ин самт принсипњои конститутсионии мустаќилият ва беѓаразии судяњо, итоати онњо ба Конститутсия ва ќонунњо, баробарии њама дар назди ќонун ва суд кафолатњои муњими таъминкунандаи адлу адолат дар љомеа мебошад.
Ќонунгузории амалкунандаи Тољикистон пешбинї намудааст, ки муњимтарин масъала ва бањсњои њуќуќї, ки ба њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд иртибот доранд, бояд аз љониби суд њал карда шаванд.
Аз ин рў, яке аз мавзўњои марказии Паёмњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олиро масъалаи сол аз сол таќвият бахшидани фаъолияти њокимияти судї ва дар ин замина ќабул ва амалї намудани Барномањои ислоњоти судї-њуќуќї ташкил медињад.
Аз ин рў, ба хотири тањким бахшидан ба фаъолияти минбаъдаи њокимияти судї ва баланд бардоштани наќш ва мавќеи он дар љомеа, бо фармонњои Президенти Љумњурии Тољикистон якчанд Барномањои ислоњоти судї-њуќуќї ќабул карда шуда, амалї гардида истодаанд.
Дар ин љо мехоњам як нуќтаро махсус ќайд намоям, ки мањз ба хотири таъмини воќеъии њифзи њуќуќу озодињои шањрвандон дар доираи Барномањои ислоњоти судї-њуќуќї кодексу ќонунњои соњавї дар тањрири нав ќабул карда шуданд ва баррасии масъалањои вобаста ба мањдудкунии њуќуќи инсон, аз љумла ваколатњои амрдињї доир ба пешбурди парвандањои љиноятї аз ќабили: ба њабс ва њабси хонагї гирифтани гунањгорон, кофтукови манзил, њабси молу мулк, гўш кардану сабт кардани гуфтугуї телефонї ба салоњияти суд гузаронида шудааст, ки ин тартиб мутобиќ ба талаботи санадњои байналмилалї мебошад.
Умуман, тањлили вазъи њимояи њуќуќи инсон дар кишвари мо аз он шањодат медињад, ки яке аз самтњои афзалиятноки сиёсати давлатии Тољикистонро эътироф, риоя ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ташкил медињад. Чунин таљриба бори дигар нишон медињад, ки Љумњурии Тољикистон пойдевору асосњои давлати демократї ва њуќуќбунёдро гузошта, роњи бебозгашти чунин шакли давлатдориро интихоб намудааст.
Зеро дар ин навъи давлатдорї олитарин арзиш инсон, њуќуќ ва озодињои ў буда, механизмњои зиёд ва мукаммали њифзи њуќуќу озодињо ба роњ монда шудааст.
Дар охир аз фурсати муносиб истифода бурда, њамаи Шумоёнро ба муносибати 20-солагии таъсисёбии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон самимона табрик менамоям.
Ташаккур, ба диќќататон!
Рањимзода Рамазон Њамро,
Вазири корњои дохилиии
Љумњурии Тољикистон,
номзади илмњои њуќуќ,
Њуќуќшиноси шоистаи Тољикистон,
генерал-лейтенанти милитсия
ТАЪМИНИ КАФОЛАТЊОИ ЊУЌУЌЊОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ШАЊРВАНДОН Муњтарам иштирокчиёни конференсия!
Арзишнокї ва ањамиятнокии фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќи љумњурї, ки асосан фаъолияти оперативї-љустуљўиро амалї мегардонанд, беандоза аст. Кормандони маќомоти њифзи њуќуќ дар роњи иљрои вазифањои ба души худ доштаашон љињати таъмин намудани истиќлолияти давлатї, мустањкам намудани пояњои давлати миллї, амнияти давлат ва љомеа, орому осоиштагии тамоми сокинони кишвар бо як ќуввату тавоної ва руњияю илњоми баланд кору фаъолият намуда истодаанд.
Ќайд кардан муњим аст, ки аз он сабабе, ки бисёр љиноятњо ноаён ва пардапўшона содир мешаванд, бинобар ин, пешгирї ва кушодани онњо низ тарз ва усулњои ѓайриошкороро талаб менамояд. Аз ин лињоз, ќонунгузор фаъолияти оперативї-љустуљўиро ташаккул (бунёд) додааст.
Вобаста ба ин, савол ба миён меояд: магар зарурият ба фаъолияти оперативї-љустуљўї вуљуд дорад?
Албатта. Чунки на њамеша миќдори бисёри љиноятњои муосир бо роњи гузаронидани њаракатњои (амалњои) расмии тафтишотї, ки хусусияти ошкорои мурофиавї доранд, кушода мешаванд.
Яъне, вазъияти муосир боисрор аз он шањодат медињад, ки ошкор намудани бисёр љиноятњо бо роњи тафтиши пешакї бенињоят душвор аст. Ба таври дигар гўем, бо роњи мурофиавї (яъне, ошкоро) кушодани љиноятњои ноаён ва пардапўшона баъзан амри мањол буда, дар бисёр њолатњо умуман ѓайриимкон мебошад.
Аз ин сабаб, наќши фаъолияти оперативї-љустуљўї дар ошкор намудан, огоњонидан, пешгирї кардан ва кушодани љиноятњо ањамияти аввалиндараља дорад.
Фаъолияти оперативї-љустуљўї тибќи моддаи 1 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти оперативї-љустуљўї» бо маќсади њифзи њаёт, саломатї, њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, моликият, таъмини амнияти љамъият ва давлат аз таљовузњои љиноятї амалї гардонида мешавад.
Чї тавре мебинем, бесабаб нест, ки дар байни объектњои њифзшаванда ќонунгузор дар мадди аввал манфиатњои инсон ва шањрвандонро гузоштааст.
Воќеан дар љамъияти њуќуќбунёди демократї инсон ва њуќуќу озодињои он арзиши олї ба њисоб мераванд, ки дар моддаи 5 Конститутсияи Тољикистон мустањкам карда шудааст.
Муќаррароти мазкури конститутсионї мушаххасан дар Ќонуни «Дар бораи фаъолияти оперативї-љустуљўї» дар моддаи 5 (Кафолати риояи њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд њангоми амалї намудани фаъолияти оперативї-љустуљўї) ифодаи худро ёфтааст.
Дар натиљаи гузаронидани тањлили ќонунгузорї, мо ба чунин хулоса омадем: шањрвандоне, ки њуќуќњои конститутсионии онњо дар љараёни амалї намудани фаъолияти оперативї-љустуљўї бояд таъмин карда шавад, ба якчанд категория таќсим мешаванд.
1. Шањрвандоне, ки бо сабаби ба роњи љиноятї ќадам монданашон, ба доираи диќќати маќомоти оперативї-љустуљўї афтодаанд (яъне, гумонбаршудагон ва айборшавандагон);
2. Шањрвандоне, ки дар роњи љиноятї ќарор надоранд, валекин дорои маълумоти боэътимод дар бораи тайёр ё содир намудани љиноят мебошанд;
3. Шањрвандоне, ки бо маќсади њал намудани вазифањои фаъолияти оперативї-љустуљўї ба муњити љиноятї ворид карда шудаанд;
4. Шањрвандоне, ки ба таври махфиёна ба маќомоти оперативї-љустуљўї мусоидат менамоянд (ё мусоидат намудаанд);
5. Шањрвандоне, ки нисбаташон вобаста ба њамкорї намудан бо маќомоти оперативї-љустуљўї тањдид ба њаёт, саломатї ва моликияти онњо љой дорад.
Дар њама њолатњои номбаршуда, агар шахс чунин шуморад, ки њаракати маќомоти оперативї-љустуљўї боиси вайрон намудани њуќуќ ва озодињои ў гардидааст, њуќуќ дорад нисбати ин њаракатњо ба маќомоти болоии оперативї-љустуљўї ё ба прокурор ва ё ба суд (ё судя) шикоят кунад.
Чї тавре, ки маълум аст, њангоми амалї намудани фаъолияти оперативї-љустуљўї, ки асосан ѓайриошкоро амалї карда мешавад ва хусусияти махфию пинњонї дорад, он хоњу нохоњ ба мањдудкунии њуќуќ ва озодињои шањрвандон оварда мерасонад.
Бинобар ин, ќонунгузор њангоми амалї намудани фаъолияти оперативї-љустуљўї љињати таъмин намудани њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд як ќатор талаботњои њуќуќиро муќаррар кардааст, ки онњо инњоянд:
1. чорабинињои оперативї-љустуљўї бояд танњо бањри њалли вазифањои фаъолияти оперативї-љустуљўї равона шуда бошанд (масалан, гузаронидани чорабинињои оперативї-љустуљўї ба манфиати дилхоњ њизбњои сиёсї, созмони љамъиятї ё динї иљозат дода намешавад (м.5 Ќонуни ФОЉ);
2. дар рафти амалигардонии фаъолияти оперативї-љустуљўї истифода бурдани танњо он воситањои техникї ё дигар воситањое, ки ба њаёт ва саломатии одамон ва муњити зист зарар намерасонанд, иљозат дода мешавад (м.6 Ќонуни ФОЉ);
3. натиљањои чорабинињои оперативї-љустуљўї бояд њуљљатнок карда шаванд, яъне, номгўи чорабинињо ва њаракатњои оперативї-љустуљўї, асосњои гузаронидани онњо, љараёни амалигардонии онњо, тартиби пешбурди онњо дар њуљљатњои дахлдор инъикос бояд карда шаванд (м.10 Ќонуни ФОЉ).
Дар моддаи 8 Ќонун «Дар бораи фаъолияти оперативї-љустуљўї» муќаррар карда шудааст, ки гузаронидани чорабинињои оперативї-љустуљўї, ки њуќуќњои конститутсионии инсон ва шањрвандро мањдуд мекунанд, фаќат тибќи ќарори асосноки маќомоти оперативї-љустуљўї ва бо дархости прокурори ваколатдор ва иљозати судяи ба он ваколатдодашуда роњ дода мешавад.
Дар навбати худ, њуљљатноккунии натиљањои чорабинињои оперативї-љустуљўї имкон медињад, ки ќонунї ва асоснок будани онњо тањти назорат ва назоратбарї ќарор дода шаванд.
Бояд ќайд кард, ки таъмини ќонуният њангоми амалигардонии фаъолияти оперативї-љустуљўї љињати риояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд тавассути се намуд фишангњои њуќуќї анљом дода мешавад:
1. назоратбарии идоравї;
2. назорати прокурорї;
3. назоратбарии судї.
Агар дар рафти амалї намудани фаъолияти оперативї-љустуљўї њуќуќу манфиатњои ќонунии шањрвандон вайрон карда шаванд, маќомоти болоии оперативї-љустуљўї, прокурор ё суд (судя) вазифадоранд, ки њуќуќ ва манфиатњои ќонунии вайроншударо барќарор намуда, љуброн намудани зарари моддї ва маънавиро таъмин намоянд (ќ.ќ.3 ва 8 м.5 Ќонуни ФОЉ).
Яке аз проблемањои шадид дар таљрибаи њуќуќтатбиќкунии дастгоњњои оперативї - ин тартиби пешнињод ва истифодабарии натиљањои фаъолияти оперативї-љустуљўї дар мурофиаи љиноятї ба шумор меравад, ки бевосита ба масъалаи кафолати њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд муносибат дорад.
Чї тавре маълум аст, натиљањои фаъолияти оперативї-љустуљўї метавонанд барои самтњои зерин васеъ истифода бурда шаванд:
барои тайёр ва амалї гардонидани њаракатњои тафтишотї ва судї;
барои тайёр ва гузаронидани чорабинињои оперативї-љустуљўї;
ба сифати сабаб ва асос барои оѓоз намудани парвандаи љиноятї;
ба сифати далел дар парвандањои љиноятї истифода карда шаванд, яъне барои исбот намудан аз рўи парвандањои љиноятї ба маќомоти тањќиќ, тафтишот ва ё судї пешнињод гарданд.
Њангоми пешнињод намудан ва истифодабарии натиљањои фаъолияти оперативї–љустуљўї дар мурофиаи љиноятї њатман бояд ба назар гирифт, ки бо маќсади таъмин намудани њуќуќу манфиатњои шањрвандон, ќонунгузор маводи зеринро, ки ба шахсияти инсон дахл дорад, ба сирри давлатї мансуб донистааст:
1. маълумот дар бораи шахсоне, ки ба муњити љиноятї ворид карда шудаанд;
2. маълумот дар бораи кормандони штатии ѓайриошкоро;
3. маълумот дар бораи шахсоне, ки ба таври махфиёна ба маќомоти оперативї–љустуљўї мусоидат менамоянд (ё мусоидат намудаанд),
Ба хотири таъмин намудани њуќуќ ва озодињои шахсони номбаршуда, бояд ќайд намуд, ки дар њолатњои зерин натиљањои фаъолияти оперативї–љустуљўие ба маќомоти тањќиќ, муфаттиш, прокурор, судя ё суд пешнињод карда намешавад:
1. агар таъмин намудани амнияти субъектњои (иштирокчиёни) фаъолияти оперативї–љустуљўї, ки дар боло номбар намудем, ѓайриимкон бошад;
2. агар истифодабарии онњо дар мурофиаи љиноятї эњтимолияти амалан фошгардии (ифшои) маълумотњо дар бораи онњо оварда расонад.
Њатто бо талаби прокурори ваколатдор ё судяи ба он ваколатдодашуда маълумот дар бораи шахсони ба муњити љиноятї воридкардашуда, маълумот дар бораи кормандони штатии ѓайриошкорои маќомоти оперативї–љустуљў ва маълумот дар бораи шахсоне, ки ба таври махфиёна ба онњо мусоидат менамоянд, пешнињод карда намешаванд.
Дигар масъалае, ки барои таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд муњим мебошад, ин масъалаи мусоидати шањрвандон ба маќомоти оперативї-љустуљўї.
Њангоми љалби шањрвандон барои мусоидат ба маќомоти оперативї-љустуљўї байни маќомот ва шањрванд якчанд муносибатњои њуќуќї ва ўњдадорињои дуљониба ба миён меоянд (аз љумла, масалањои маблаѓгузорї, њимояи иљтимої ва њуќуќии шахсони мусоидаткунанда ва ањли оилаи онњо, таъмини нафаќа ва ѓайра). Бинобар ин, шахсоне, ки ба маќомоти оперативї-љустуљўї мусоидат менамоянд, мувофиќи Ќонун ва дигар ќонунњои ин самтро ба танзимдароваранда тањти њимояи давлат ќарор доранд.
Аммо, мутаассифона, тањлили вазъи њуќуќии шахсоне, ки бо маќомоти оперативї-љустуљўї ба таври махфиёна мусоидат менамоянд, ва хусусан ба њайати дастгоњи ѓайриошкоро дохил карда шудаанд, нишон медињад, ки њуќуќњои конститутсионии инсон ва шањрванд дар самти мазкур ба таври дахлдор тањти њимояи дахлдор ќарор гирифта нашудааст.
Аз ин љост, ки бањри пурзўр кардани њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд чунин пешнињод дорем:
Дар воќеъ самти мусоидати шањрвандон ба маќомоти оперативї-љустуљўї чун як самти фаъолияти касбї, кори тахассусї, чун њунар, чун пеша, мисли ихтисос ва шуѓл эътироф шуда истодааст. Аз ин лињоз, ваќти он расидааст, ки ин самти фаъолият чун самти алоњида ва мустаќили шуѓли ањолї арзёбї гардида, њамаи кафолатњои њуќуќї ва иљтимоие, ки барои тамоми кормандони соњањои њаёти давлатї пешбинї шудаанд, пањн карда шавад.
Чї ќадаре, ки шахси мусоидаткунанда чунин њимояро дар худ њис намояд, њамон ќадар ў кўшиш менамояд, ки сањми худро дар мубориза бо љинояткорї зиёдтар гузорад.
Чунки фаќат ба шарофати мењнати пинњонкоронаи кормандони ѓайриошкоро имконияти гирифтани иттилооти ањамияти оперативидошта барои ошкор намудани љиноят ва шахси дар љустуљў ќарордошта пайдо мешавад. Албатта барои амалишавии ин андешањо зарурияти ба ќонунгузории мењнатї ворид намудани таѓйиротњои дахлдор лозим мебошад.
Дигар масъалае, ки мо онро нињоят муњим мешуморем, ин зарурияти тањия намудани санади судї, ки маънидодкунии меъёрњои њуќуќиро ба роњ мемонад.
Сухан дар бораи он меравад, ки айни замон бо маќсади такмил додани фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќ дар самти мубориза бо љинояткорї, ки дар он фаъолияти оперативї-љустуљўї яке аз љойњои марказиро ишѓол менамояд, зарурияти ќабул намудани ќарори Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон вобаста ба тањлили амалияи судї оид ба бањо додан ва истифода бурдани натиљањои фаъолияти оперативї-љустуљўї дар тафтиши парвандањои љиноятї ба миён омадааст.
Фикр дорам, ки чорањои пешнињодшуда барои боз њам пурќувват кардани кафолатњои њуќуќу озодињои конститутсионии шањрвандон наќши муњимро хоњад бозид.
Ташаккур ба диќќататон.
Ватанзода Мањмадалї,
Раиси Кумита оид ба ќонунгузорї
намояндагони Маљлиси Олии
Љумњурии Тољикистон
РУШДИ ЌОНУНГУЗОРИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ОИД БА АДОЛАТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНЇ
Њозирини муњтарам,
Хонумон ва Љанобон!
Ќабл аз њама собиќадорони Суди конститутсионї, Раис, судяњо ва кормандони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро бо љашни 20-солагии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон табрик гуфта, ба онњо саломатию бурдборї ва ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон кори бомуваффаќиятро таманно менамоям.
Ташкили Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки зодаи даврони истиќлолият аст, мањз бо ќабули Конститутсияи навини Љумњурии Тољикистон пайвастагї дорад.
Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон инсон ва њуќуќу озодињои онро арзиши олї эътироф намуда, њимояи онњоро вазифаи муќаддаси давлат эътироф намуда, њокимияти давлатиро ба њокимияти ќонунгузор иљроия ва судї таљзия намуд. Боби алоњида ба маќомоти судї ва моддаи алоњида ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида шуд.
Љињати иљрои Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон 3 ноябри соли 1995 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ќабул гардид ва фаъолияти нињоде ба танзим дароварда шуд, ки минбаъд барои рушди љомеа тавонист хизматњои сазовор намояд.
Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон маќоми мустаќили њокимияти судї оид ба назорати конститутсионї буда, бо маќсади таъмини волоият ва амали бевоситаи меъёрњои Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон таъсис дода шудааст.
Падидаи назорати конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон њанўз соли 1990 пайдо гардида буд. Бо Ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон Кумитаи назорати конститутсионии Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуд, ки таъсиси он аз талаботи љомеа ва давлат ба мављудияти чунин як нињоди нав дар низоми маќомоти њокимияти давлатї шањодат медод. Вале ваќт нишон дод, ки ин нињод њамаи талаботњоро ќонеъ намегардонад. Аз ин рў, таъсиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон як ќадами љиддї дар роњи мустањкам намудани ќонунияти конститутсионї ва љорї намудани назорати конститутсионї ба њисоб меравад.
Вобаста ба салоњияте, ки мувофиќи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва Ќонуни конститутсионї ба ин маќомоти мустаќили њокимияти судї дода шудааст, Суди конститутсионї мувофиќати ќонунњо, санадњои њуќуќии якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон, Маљлиси миллї, Маљлиси намояндагон. Президент, Њукумат, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї ва дигар маќомоти давлатию љамъиятї, ќарордодњои ба ќувваи ќонун надаромадаи Тољикистонро ба Конститутсия муайян менамояд. Њалли бањсњои байни маќомоти давлатї доир ба салоњияти онњо, инчунин яке аз салоњияти дигари Суди конститутсионї мањсуб меёбад.
Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» барои ташкил ва ба фаъолият оѓоз намудни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон сањми муносиб гузошт. Дар рафти татбиќи амалї љињати такмили он дар тўли солњои 1997, 1998, 2000, 2001, 2004, 2006, 2007, 2008, 2009, 2011 ва 2013 ба он 13 маротиба таѓйиру иловањо ворид карда шудаанд. Ин таѓйиру иловањо салоњияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро такмил ва доираи субъектони мурољиат ба Суди конститутсиониро васеъ гардонид. Аз љумла ба доираи салоњияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалаи ба Конститутсия мутобиќ будани лоињаи таѓйиру иловањои ба он воридшаванда, лоињаи ќонунњо ва дигар масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод карда мешаванд, вогузор карда шуд.
Њамзамон тибќи ин таѓйиру иловањо шањрвандон њуќуќ пайдо намуданд, ки оид ба вайрон гардидани њуќуќу озодињои конститутсиониашон вобаста ба ќонун ва дигар санади њуќуќии нисбаташон татбиќшуда ё татбиќшаванда, инчунин барои муайян кардани мувофиќати ќонун, дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки аз тарафи судњо ва дигар маќомот нисбаташон татбиќ шудааст, ба Суди конститутсионї мурољиат намоянд.
Дар баробари ин ба судњо ва судяњои Љумњурии Тољикистон низ њуќуќ дода шуд, ки дар хусуси ба Конститутсия мувофиќ будани ќонун, дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки онњо дар парвандаи мушаххас татбиќ намудаанд, ба Суди конститутсионї мурољиат намоянд.
Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон ба сифати субъекти мурољиат ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикитсон пазируфта шуд.
Таѓйиру иловањои ба Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» воридкардашуда, аз мавќеи намоёни Суди конститутсионї дар низоми њокимияти давлатї ва судї, садоќат ба арзишњои эътирофшудаи умумибашарї, инчунин рушду нумўи институтњои демократї дар Љумњурии Тољикистон шањодат медињанд.
Вале рушди љомеа таќозо менамуд, ки Ќонуни конститутсионии мазкур боз њам такмил дода шавад. Ин буд, ки бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 январи соли 2011, тањти № 768 «Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2013», тасдиќ карда шуд, ки дар он ќабули Ќонуни нави конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» пешбинї гардид. Љињати иљрои Барномаи мазкур, лоињаи нави Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» бо тартиби њуќуќи ташаббуси ќонунгузорї аз тарафи Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон пешнињод гардид.
Дар ваќти баррасии лоињаи Ќонуни конститутсионии мазкур дар Парламент иштироки васеи судяњои Суди конститутсионї, Комиссияи венетсиягии Шўрои Аврупо ва ањли љомеа таъмин карда шуд.
Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон 4 июни соли 2014 Ќонуни конститутсионии мазкурро ќабул намуд, ки он 26 июли соли 2014 аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон ба имзо расид. Дар он тартиби ташкил ва фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, интихоб, бозхонд ва истеъфои судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, мурофиаи судии конститутсионї, инчунин дигар муносибатњои вобаста ба фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро ба танзим дароварда шудаанд.
Хурсандиовар аст, ки ба Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» аз љониби коршиносони байналмилалї бањои баланд дода шуд.
Аз ќабули Ќонуни конститутсионии мазкур гарчанде њамагї зиёда аз як сол гузашта бошад њам, алакай ба он 2 маротиба таѓйиру иловањо ворид карда шуд.
Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон 25 феврали соли 2015, тањти № 1787 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон»-ро ќабул намуд, ки ба моддањои 6, 8, 11, 14, 15, 20, 34 ва 57 Ќонуни мазкур таѓйиру иловањои зарурї ворид карда шуд. Мутобиќи ќисми 2 моддаи 8 Ќонуни мазкур ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон шањрванди Љумњурии Тољикистон, ки тањсилоти олии њуќуќшиносї дошта, синнаш аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиќаи кории касбї дошта бошад, интихоб мешавад. Њамчунин ба моддаи 14 сархати њаштум илова карда шуд, ки минбаъд барои истиќомати доимї баромада рафтан аз њудуди Љумњурии Тољикистон барои бозхонди судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон асос мегардад.
Дар иљлосияи навбатии худ рўзи 29 апрели соли 2015, Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Оид ба ворид намудани таѓйиру илова ба Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон»-ро, ки бо маќсади ба њисоб гирифтани собиќаи кории судяњои дигар судњо њангоми интихоб гардидан ба њайси судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ќабул намуд.
Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар тўли 20 соли фаъолияти худ мавќеи намоёнро дар миёни дигар маќомоти њокимияти давлатї касб намуда, бо ќабул кардани санадњои судии худ дар тањкими асосњои сохтори конститутсионї, ќонуният ва тартиботи конститутсионї наќши муњим бозид.
Њамкории Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон доимї ва пайваста ба роњ монда шудааст. Ба таври доимї намояндаи Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон интихоб карда мешавад, ки натанњо мавќеи маќомоти ќонунгузорро дар мурофиаи Суди конститутсионї муайян мекунад, балки љињати амалї намудани ќарорњои Суди конститутсионї мусоидат мекунад.
Пешнињодњое, ки ба санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон аз љониби Суди конститутсионї ирсол мегарданд, бо ташаббуси вакилони Маљлиси намояндагон ба санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ворид карда мешаванд.
Аз љумла љињати иљрои ќарори Суди конститутсионї оид ба парванда бо дархости Саидова Н. А. дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикитстон ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон барои аз байн бурдани ин номутобиќатї бо истифода аз њуќуќи ташаббуси ќонунгузорї лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон»-ро тањия намуд. Мутобиќи ин таѓйирот аз ќисми 2 моддаи 363 калимањои «интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї» хориљ карда шуданд.
Ба ман муяссар гардид, ки як давраи муайян намояндагии Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистонро дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон иљро намоям ва аз кори ин нињоди муњими љомеа, хуб ошно њастам. Њар як мурофиаи Суди конститутсионї новобаста аз ќарори ќабулгардида барои тарбияи њуќуќии шањрвандон ањамияти хосса дорад.
Дар ин замина бо итминони комил гуфта метавонем, ки Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамчун маќоми махсуси мустаќили њокимиятї судї бањри њифзи Конститутсия, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, таъмини волоият ва амали бевоситаи меъёрњои Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон хизматњои шоёнро ба сомон расонида истодааст.
Ташаккур аз таваљљуњатон.
Муродзода Д.Њ.,
Раиси Шўрои адлияи
МАВЌЕИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНЇ ДАР
Њозирини гиромї,
Мењмонони муњтарам,
Ќабл аз њама мехостам њамаи њозирин, хусусан судяњо ва кормандони дастгоњи Суди конститутсиониро ба муносибати таљлили ин љашнвораи муборак, яъне 20-умин солгарди таъсиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон табрику тањният намуда, ба онњо умри дарози пурбаракат, хушбахтињои оилавї ва дар фаъолияти бошарафу пурмасъулияташон комёбињои беназирро таманно намоям.
Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон њамчун мањсули Истиќлолияти давлатї, инсон, њуќуќ ва озодињои онро арзиши олї эътироф намуда, њаёт, ќадр, номус ва дигар њуќуќњои фитрии инсонро дахлнопазир дониста, њокимияти судиро њамчун шохаи алоњидаи њокимияти давлатї-таъминкунандаи ин њуќуќњо ва волоияти ќонун муќаррар намуд.
Боиси тазаккур аст, ки наќши Суди конститутсионї дар таъмин намудани волоият ва амали бевоситаи Конститутсия дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон бузург мебошад. Суди конститутсионї дар навбати худ ќарори ќатъї ва нињоиро дар бораи номувофиќатии ќонунњо, дигар санадњои њуќуќї, ќарорњои шахсони мансабдор ва ѓайрањо бо Конститутсия ќабул менамояд.
Имрўз аз он сарфарозем, ки мањз ба туфайли ин падидаи даврони соњибистиќлол ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Љумњурии Тољикистон Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон дар баробари тањкими њокимияти судї халќи тољик ба дастовардњои азиме дар арсаи байналмилалї, Вањдати миллї, ободии кишвар, худшиносиву худогоњї, шинохти љавњари таърихи Ватан, пос доштани арзишњои таърихиву фарњангї ноил гашта, зина ба зина бо низом ба сўи љомеаи демократї, њуќуќбунёд ва дунявї пеш меравад.
Дар Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон низоми судии Тољикистон муайян карда шуда, дар он низом дар маќоми аввал Суди конститутсионї эътироф шуд. Ин худ нишони таваљљуњи махсус ба ин маќом аст, зеро мувозинатро дар низоми њокимияти давлатї ба таври воќеї мањз њамин маќом таъмин карда метавонад.
Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо маќсади риоя ва њифзи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, њуќуќу озодињои конститутсионии шањрвандон ва шахсони њуќуќї, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон таъсис дода шудааст.
Таъсиси Суди конститутсионї ва фаъолияти бо ќонун муќарраргардидаи он, ки дастовардњои истиќлолият, рукнњои давлатдорї, вањдату суботи љомеа, бунёди љомеаи шањрвандї, рушди иќтисодиву иљтимої ва сиёсиву фарњангї мебошад, болоравии нуфузи Тољикистонро дар арсаи байналмилалї боз њам мустањкаму устувор гардонид.
Дар Љумњурии Тољикистон бо маќсади демократикунонии минбаъдаи њаёти сиёсиву иљтимоии љомеа, таъмини ќонуният ва адолати иљтимої ба масъалаи тањким бахшидан ва баланд бардоштани наќши њокимияти судї, аз љумла Суди конститутсионї дар низоми њокимияти давлатї ањамияти пайваста ва хоса дода мешавад.
Дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олї, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ќайд намудаанд, ки «Таќвияти фаъолияти њокимияти судї яке аз самтњои асосии сиёсати давлатї мебошад, зеро фаъолияти суд бо инсон ва њуќуќу озодињои ў пайванди ногусастанї дорад».
Бо маќсади тањкими минбаъдаи њокимияти судї 5-уми январи соли 2015 бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон Барномаи нави ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2015-2017 тасдиќ гардидааст. Татбиќи Барномаи мазкур барои боз њам устувор шудани сохтор ва фаъолияти њокимияти судї, такмил ва тањкими он, пурсамар ва ба меъёрњои байналмилалї мутобиќ гардидани фаъолияти он, тањкими њамкорињои њокимияти судї бо маќомоти њифзи њуќуќ, таъмини иљрои санадњои судї ва ѓайрањо мусоидат хоњад намуд.
Судяњо ва судњои љумњурї дар навбати худ бо дарки масъулияти баланди касбї љињати амалисозии адолати судї ва таъмини волоияти ќонун вазифаи конститутсионии хешро сарбаландона иљро менамоянд.
Бори дигар 20-солагии таъсиси фаъолияти Суди конститутсиониро ба њамагон табрик намуда, ба њамаи Шумо осмони соф, сарбаландиву бахту саодат тансињативу хонаободї хоњонам.
Ташакур.
ХУЛОСА ВА ТАВСИЯЊОИ АСОСИИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ ДАР МАВЗЎИ «АДОЛАТИ СУДИИ КОНСТИТУТСИОНЇ – КАФОЛАТИ
Хулоса ва тавсияњои асосии Конфронси байналмилалї чунинанд:
1. Њуќуќшиносии глобалї оид ба њуќуќи инсон, инчунин буњронњои сершумори конститутсионї дар баъзе минтаќањои љањон муттањидии минбаъдаи фаъолияти маќомоти назорати конститутсиониро дар тамоми олам дар самти њифзи њуќуќ ва озодии инсон, манфиатњои љомеа ва давлатњои миллї, коркарди мавќеи ягонаро оид ба масоили волоияти сарќонун ва њифзи њуќуќу озодињои инсон таќозо дорад.
Аз ин рў, мулоќоти намояндагони маќомоти назорати конститутсионї дар конфронсњо, семинарњо ва мизњои мудаввари минтаќавию байналмилалї, мубодилаи таљриба байни онњо ва муњокимаи масъалањои мубрами фаъолияти судњо, рушди минбаъдаи адолати судии конститутсионї ва истењсолоти судї ањамияти хосаро касб менамояд.
Бо назардошти васеъ гардидани робита миёни маќомоти назорати конститутсионї ва такмили њамаљонибаи анъанањои истењсолоти судии конститутсионї, ногузир заминаи зарурї барои тањаввулот ба миён меояд. Ин ба таври объективї барои ба миён гузоштан ва муњокимаи масоил оид ба ояндаи њуќуќшиносии глобалї дар самти њуќуќи инсон мусоидат хоњад намуд.
2. Волоият – яке аз хусусиятњои муњимтарини њуќуќии сарќонун мебошад. Он мењварест, ки дар заминааш устувории тамоми низоми њуќуќї ташаккул меёбад. Бе ин хусусияти сарќонун наметавон ташаккули конститутсионализм њамчун зуњуроти њуќуќї таъмин карда шавад. Аз ин рў, дар њама давлатњо Сарќонун њамчун ќувваи олии њуќуќї ва амали бевосита дошта арзёбї гардида, дар саросари давлат татбиќ мегардад.
3. Принсипи волоияти Конститутсия на танњо маќоми онро дар низоми њуќуќии мамлакат, балки афзалияти конститутсиониро дар љомеа ва давлат, ки ба эњтиром, эътироф ва риояи муќаррароти Сарќонун аз љониби тамоми иштирокчиёни муносибатњои иљтимої равона гардидааст, имконпазир мегардонад. Фаъолияти судњои конститутсионї њамчунин ба таъмини кафолати волоияти Сарќонун мусоидат менамояд.
4. Баромади Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон, раисон ва судяњои маќомоти назорати конститутсионї, сиёсатмадорон, олимон ва мутахассисони соњаи њуќуќ ва сиёсат нишон дод, ки адолати судии конститутсионї дар кори таќвият ва рушди арзишњои асосї, ки дар Сарќонун инъикоси худро ёфта, асоси фаъолияти маќомоти назорати конститутсиониро ташкил медињанд, омили асосї ба шумор меравад.
5. Судњои конститутсионї кафили боэътимоди раванди бебозгашти муќаррар намудани демократияи конститутсионї дар љањон мегарданд, ќарорњои он ќувваи меъёрї касб карда, хусусият ва тамоюли рушди демократии мамлакатњоро муайян намуда, сарчашмаи бебањс ва муњими њуќуќи конститутсионї мебошанд.
6. Кафили боэътимоди татбиќи њуќуќњои конститутсионии инсон ва шањрванд арзёбї гардида, вазифањои асосии судњои конститутсионї, инчунин аз муайян намудани самтњои конститутсионї барои маќомоти ќонунгузор ва фароњам овардани шароит барои рушди пайгиронаи ќонунгузорї дар соњаи њамоњангсозии манфиатњои шањрвандон, љамъият ва давлат иборат мебошад.
7. Амалияи фаъолияти маќомоти назорати конститутсионї аз боло рафтани наќш ва таъсири судњои конститутсионї, ки аз демократикунонии минбаъдаи њаёти иљтимої ва сиёсии љомеа вобастагї дорад, шањодат медињад.
Ќарорњои судњои конститутсионї самтњои рушди конститутсионї - њуќуќиро муайян намуда, дар ташкили принсипњои давлати њуќуќбунёд наќши махсусан муњимро иљро менамоянд. Онњо ба рушди низоми њуќуќии кишвар, бартараф намудани камбудињо ва ихтилофи ќонунгузорї, ташаккули устувори ќонунгузории миллї ва тартиботи конститутсионї таъсир мерасонанд.
8. Хусусияти мунтазами назорати конститутсионї, њамкории он бо дигар институтњои конститутсионї љињати таъмини волоияти Конститутсия, иљрои ќарорњои судњои конститутсионї, инчунин таъмин намудани самаранокии фаъолияти он ба таќвият, ки бе он таъмини ягонагї ва самаранокии назорати конститутсионї ѓайриимкон аст, ниёз дорад. Дар ин раванд, љойи махсусро фарњанги конститутсионї, сатњи шуури њуќуќї ва паст кардани зуњуроти нигилизми њуќуќї ишѓол менамояд.
9. Факти њуќуќї ва воќеияти љамъиятї гаштани адолати судии конститутсионї, идомаи раванди тањкими функсионалї ва институтсионалии механизмњои назорати конститутсионии судї, инчунин мустањкам намудани тавозуни байни вазифањои конститутсионї ва ваколатњои мушаххаси ин судњо аз дарк кардани наќш, функсия ва вазифањои маќомоти назорати конститутсионї дар рушди демократия, давлати њуќуќбунёд ва љомеаи шањрвандї дар љомеа шањодат медињад. Ин равандњо бояд тасдиќи худро дар конститутсияњои мамлакатњо ва ќонунгузории миллї оид ба судњои конститутсионї дарёбанд.
10. Ваколатњои суди конститутсионї дар маљмўъ ба таъмини волоият ва амали мустаќими Конститутсия дар тамоми ќаламрави мамлакат, њифзи асосњои сохтори конститутсионї, њуќуќу озодињои асосии инсон ва шањрванд равона гардидаанд. Сарфи назар аз боло рафтани наќши маќомоти назорати конститутсионї дар давлати њуќуќбунёд, инчунин дар таъмини ќонунияти конститутсионї дар кишвар њанўз њам масъалањои вобаста ба таъмини пурраи мустаќилияти маќомоти назорати конститутсионї вуљуд доранд.
Бо ин назардошт, мустаќилияти маќомоти назорати конститутсионї ба тањкими доимї ва кафолатњои устувор ниёз дорад. Дар ин љо низоми арзишњо ва сатњи демократикунонии љомеа, тавозуни функсионалии шохањои алоњидаи њокимият, хусусияти муњити иљтимої ва талаботи љомеа дар таъмини њуќуќии волоияти њуќуќ, мављудият ва камолоти љомеаи шањрвандї ањамияти бунёдї дорад.
11. Моњияти назорати конститутсионї, дар он ифода меёбад, ки он вазифаи муњими давлатро иљро мекунад ва амалї гаштани меъёрњои конститутсиониро кафолат медињад.
Назорати ќатъї ва мустаќили конститутсионї - ин гарави риояи меъёрњои конститутсионї ва тањкими боварии мардум ба давлат, кафили сулњу ризоияти шањрвандї, пайдоиш ва ташаккули љомеаи шањрвандї, таъмини волоияти ќонун ва волоияти њуќуќ, тантанаи адолат ва рушди давлат арзёбї мегардад.
|