04:22:01 - 21.09.2017

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 4) 2015

 

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

(№ 4) 2015



Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї

дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни)

Љумњурии Тољикистон)


Маљаллаи илмию иттилоотї

Сармуњаррир:

Мањмудзода М.А. Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, академики Академияи илмњои

Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Њайати тањририя:

Каримзода К.М. муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњу­­рии То­љикистон, номзади илмњои сиёсї

Њошимзода Д.Д. судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон, номзади илмњои њуќуќ

Сотиволдиев Р. Ш. раиси Шўрои илмї - машваратии назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи ДМТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Искандаров З.Њ. узви Шўрои илмї - машваратии назди Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, про­фес­­сори кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории ДМТ


© Нашрияи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, 2015


 

Мундариља

Каримзода К.М. Дин, озодии аќида ва кафолати конститутсионї…….

Њошимзода Д.Д. Маќомоти назорати конститутсионї ва Истиќлолияти давлатї……………..……………………

Ямоќова З.Д., Давлатов Д.Д. Тавсифи криминалистии контрабанда (қочоқ)


Ќарорњои Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Оид ба парванда аз рўи дархости директори генералии Љамъияти сањомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» Фай­зуллоев Б.Њ. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии мањсулот (кору хизматрасонї) дар корхонањо ва ташки­лотњои Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 1999, №210 тасдиќ карда шудааст, ба модда­њои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 28 майи соли 2015 ........................................................

Таъинотњои Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Абдумаликов А. «Дар бораи муайян намудани мувофиќати Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 18 июни соли 2008, №394 «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи хизматчиёни њарбї», Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 26 марти соли 2009, №499 «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи хизматчиёни њарбї» ва Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 23 декабри соли 2008, №УП-580 «Дар бораи муќаррар намудани андозаи њадди нињоии нафаќаи хизматчиёни њарбї ва кормандони маќомоти њифзи њуќуќи Љумњурии Тољикистон» ба моддањои 14 ва 45 Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 26 ноябри соли 2015..................................

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон........

.


Каримзода К.М.,

муовини Раиси Суди

конститутсионии

Љумњурии Тољикистон,

номзади илмњои сиёсї

ДИН, ОЗОДИИ АЌИДА ВА

КАФОЛАТИ КОНСТИТУТСИОНЇ

Конститутсияи мамлакат вазифаи нињои халќи тољикро бунёди љомеаи адолатпарвар ва давлати иљтимої, ки он барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озо­донаро фароњам меорад, арзёбї намуда, сиёсати давлатии Љум­њурии Тољикистонро ба таври кулл, роњњо ва тартиби расидан ба ин њадафи олї ва нињоии давлатро пешбинї менамояд.

Конститутсия њамчун мафкураи навишташудаи давлатї, ки дар он самтњо ва љабњањои асосї ва стратегии рушди дав­латдории миллї, дарёфт ё шинохти худ њамчун миллат, масъулияти муштараки халќ ва њокимият дар бунёди љомеаи иљти­мої ва шањрвандї, муттањид намудани манфиатњои тамоми ќувва, табаќаву гурўњњои иљтимоии љомеа ва расидан ба ормонњои миллї инъикоси худро ёфтаанд, бузург­тарин манбаи сиёсї ва иљтимої ба њисоб меравад.

Бо ин назардошт, наќш ва мавќеи дин дар давлат ва љомеа, маф­кураи динї дар њаёти љамъиятї ва озодии аќида аз зумраи масъалањои марказї ва зерпоявии њама гуна ќонунњои асосии давлатњо, аз љумла Конс­ти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ба шумор меравад ва танзим накардани ин масъала дар давлатњое, ки дар онњо динњои гуногуни љањонї арзї њастї доранд, ѓайриимкон мебошад.

Ба масъалаи дин ва наќши он дар њаёати љомеа ва озодии аќида њамчун муњимтарин њуќуќу озодии инсон ва шањрванд дахл карда, ќайд кардан ба маврид аст, ки чунин андешањо дар аввалин афкори сиёсї ва њуќуќї, ки таърихи онњоро зиёда аз 3 њазор сол арзёбї мена­моянд, арзї њастї кардаанд.

Дар тамоми даврањои минбаъдаи рушди афкори сиё­сию њуќуќии љомеаи башарї низ ин масъала дар маркази диќќати мутафаккирони тамоми давру замон ќарор дошт.

Масалан, донишманди бузурги Эллин Пифагор (580-500 то сол­шумории мо) бори аввал олами моро ињота кардаро Ќайњон номида, ќоидањои ахлоќиро оид ба њурмати падару модар ва аз рўи имон ва эътиќод иљро намудани ќонунњоро инкишоф дод. Ў ѓояи њифзи баробари шањрвандонро дар назди ќонун пешнињод намуд.[1] Ба масъалаи дин ва шахс таваљљуњ намуда, таъкид доштанд, ки одамон ба роњбари аз дину Худо бархурдор ниёз доранд, то ки чунин роњбар пайваста ба одамон ѓамхорї зоњир намуда, динро пањн ва ба рушди он кўшиш на­мояд.

Суќрот (470/469-399 то солшумори мо) аз зумраи файласуфоне буд, ки бори аввал мафњуми озодиро додааст, ки ба андешаи ў «озодї-ин њукмронї аз болои худ аст».[2]

Масъалаи наќш ва мавќеи дин дар њаёти љомеа ва давлат, таъсири он дар рушди маънавии инсон, махсусан дар афкори сиёсию њуќуќии асрњои миёна, давраи Эњьё, давраи инќилобњои буржуазї хело баланд садо медоданд, ки онњо баъдан мавќеи худро дар аввалин санадњои њуќуќии ќабулшуда пайдо намуданд.

Њанўз дар аввалин китоб ё таълимоти фалсафию иљтимої ва динии аљдодони мо «Авесто» мазмуни фаъолияти инсони муътаќид дар сегонаи зардуштї: њумата, њухта, њварита «рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек» муайян гардида, ба «рафтори бад, гуфтори бад ва пиндори бад»-и инсони ѓайримуътаќид муќобил гузошта шуд.[3]

Дар ин радиф мо аз Эъломияи њуќуќи башари Куруши Кабир ва аз суханронии Президенти кишвар Эмомалї Рањмон ба муносибати 15-умин солгарди ќабу­ли Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон вобаста ба наќши ниёгони мо дар рушди афкори сиёсию њуќуќии љомеаи башарї ёдовар нашуда наметавонем.

Чунонки Президенти кишвар Эмомалї Рањмон ќайд наму­данд: «Гарчанде илми ҳуқуқ­шиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосї ва қонун­ҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуќу озодиҳо инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист.

Бояд гуфт, ки санади мазкур нахустин маротиба дар таърихи башар ҳуқуқ ба озодии виљдон, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзилро эътироф ва татбиқ кардааст.

Аз ин рў, тољикон, ки дорои фарҳанги волои инсондўстї мебошанд, татбиқи орзуву ормонҳои ниёгони гузаштаи хеш ва ҳадафу талошҳои донишмандону мутафаккирони худро дар хусуси инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, қадру қимат ва шаъну номуси ў ба Конститутсияи худ љой доданд».

Матни Эъломия аз 45 сархат иборат мебошад. Ин аввалин санади њуќуќии навишташуда мебошад, ки дар матни он бори нахустин дар бораи чунин њуќуќњои фитрии инсон, аз ќабили баробарї новобаста аз нажод, дин ва забон; таҳаммулпазирии байни тамаддун ва динҳо, озод кардан аз ѓуломї; мусофирати озод, таъмини амният ва ѓ. махсус таъкид карда шудааст.

Чунончи дар сархати 25 Эъломия омадааст: «ман ба шањри Бобу­листон ва ба њамаи ибодатхонаю маъбадњои он амният овардам. Халќро, ки аз зулму бедодгарии ба ў боркардашуда азият мекашид, озод кардам».

Сархати 32 ќайд менамояд, ки «Худоњоро дар ин ибодатгоњњо маскун карда, барои онњо ибодатгоњњои доимї сохтам. Ман њамаи халќњои онњоро љамъ намуда, ба љойњои зисташон баргардонидам».

Сархати 36 «Ман ба њамаи заминњо имконият фароњам овардам, ки дўстона зиндагї намоянд».

Њамин тариќ, 2500 сол пеш аз ин аљдоди гузаштаи мо Куруши Кабир амали инсондўстонае содир намуд, ки мислаш дар таърихи давлатдорї дида нашуда буд. Ў эълон кард, ки «Њар кас дар интихоби дин озод аст. Одамон метавонанд кадом мазњаб ва динеро, ки ба он эътиќод доранд, ќабул намоянд».

Њамаи яњудиёнро аз асорат озод намуда, моликияти аз онњо гирифташударо ба онњо бармегардонад, барои онњо њама чизи заруриро муњайё сохта, онњоро ба Замини Муќаддас гусел менамояд. Ў ба яњудиён мефармояд, ки дар Байтулмуќаддас ибодатгоњи дуюми њазарати Сулаймонро (шоњи сеюми яњудињо, њокими афсонавии шоњии Исроил дар солњои 965-928 то солшумории мо, давраи гул-гул шукуфиишоњии Исроил, писари шоњ Довуд, ки дар замони подшоњиаш ибодатгоњи Байтулмуќаддасро сохта буд) бунёд намоянд.

Барои ин амали олињимматона Куруши Кабир дар Китоби Эзра, ки соли 460 то солшумории мо дар Байтулмуќаддас навишта шудааст, Нузули Масењ (Мессия) зикр мешавад. Бо ин сабаб Куруши Кабир дар Ањди Ќадим (Таврот) 23 маротиба зикр карда шуда, чандин маротиба дар назар дошта шудааст.

Барои некўкорию олињимматї дар Инљил Куруш абадзинда эълон гардида, аз тарафи худо ба ў дода шудани тахту тољи шоњї ќайд карда мешавад. Аз ин рў, яњудиён дар давраи дуру дарози таърихї ба наслњои Куруш њамчун ба дўстон ва њимоятгарони худ аз истисморгарони селевидњо ва римињо муносибат мекарданд.

Дар Эъломия дарљ гардидаст, ки њамаи ањолї аз эътиќод ва одатњои гузаштагони мо ифтихор ва ќаноатмандї мекарданд. Њатто юнонињо, ки душманони доимии форсњо ба њисоб мерафтанд, Курушро «ќонунгузор» меномиданд. Ўро, инчунин бо номи Куруш-адолатпарвар, Куруш-олињиммат, Куруш-фотењи тавоно, Куруш-подшоњи ботањаммул ном мебурданд ва шахсе, ки дар дунёи ќадим то ин дараља ба тањсину офарин сазовор шуда бошад, чуноне ки Куруши Кабир сазовор шудааст, дигар вуљуд надорад.

Соли 1971«Силиндри Куруш» аз љониби СММ аввалин Эъломияи њуќуќи башар дар таърих эълон карда шудааст.

Ниёгони мо ва мутафаккирони асрњои миёнаи тољик низ, аз ќабили: Форс Монї (216-277) бо таълимоти монавия, Абунаср Муњаммад ибни Тархон (Абунасри Форобї) (853-950), ки асарњои ўро зиёда 160 адад ном мебаранд, Абуалї ибни Сино (980-1037), Абуалї Њасан ибни Алии Тусї машњур ба Низомулмулк (1018-1092), Абдуњамид Муњаммад Ѓазолї (1058-1111), Мир Саид Алии Њамадонї (1314-1349), Њусайн Воизи Кошифї (1430-1505) ва дигарон ба масъалањои гуногуни сиёсию иљтимої, ахлоќї, мавќеи сар­вари сиёсї, давлат ва давлатдорї, накўкорї даст зада, оид ба наќши дин дар љомеа, мавќеи инсон ва иродаи ў анде­шањои љолиби диќќат пешнињод намуда, дар рушди афкори сиёсї ва њуќуќии љомеи башарї наќши муносиб гузоштаанд.

Абуалї ибни Сино дар асараш «Тадбири манзил» чунин андеша дошт, ки пайёмбар роњбари љомеаи одилона ва таъмини файзи илоњиро дар рўи замин ба ўњда дорад. Пайёмбар барои иљроиши вазифањои корњои давлатї бояд аз њисоби шах­сони шоиста љонишин дошта бошад. Сарвари кишварро ў бо чор сифат: далерї, адл, њусни тадбир ва хирад кафш намуд.[1]

Муњаммад Ѓазолї дар асараш «Насињат-ул-мулук», ки баёни аф­кори иљтимоию сиёсии ў мебошад, дин ва сиёсатро пайванди људо­нашаванда дониста, онњоро яке аз омилњои муњими танзимкунандаи хаёти љамъиятї медонист.[2]

Дар замони њозира низ, корњои зиёди илмие рўи нашр омадаанд, ки аз алоќамандии миёни дин ва њуќуќ, инчунин решањои динї доштани њуќуќи имрўза дарак медињанд.

Чунончи, Р.А. Папаян ба яке аз назарияи муњими њуќуќи конс­ти­тутсионї- таљзияи њоки­мият- дахл карда, чунин мешуморад, ки реша­њои низоми таљзияи њоки­миятро бояд дар худи Библия дарёфт ва ў ба хулоса омадааст, ки «… дар сегонаи Худо-Падар, Худо-Писар ва Худо-Рўњи Муќаддас се шохаи њокимияти осмонї, ки њамрадифи осмонии њоки­мияти ќонунгузор, судї ва иљроия ба њисоб мераванд, ифодаи худро ёфтаанд.»[3]

Бузургтарин фарзанди миллати тољик, ки мо аз ў ёдовар нашуда наметавонем, - ин Њазрати Абў Њанифа Имоми Аъзам ва мазњаби ў мебошад, ки шинохти ў њамчун фарзанди фарзонаи миллати тољик ба Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон марбут аст.

Истиќлолияти давлатї ва сиёсати созандагию бунёд­коронаи Президенти кишвар Эмомалї Рањмон аст, ки миллати куњанбунёд ва фарњангофарини мо имконият ёфт, ки ба таърих, адабиёт, фарњанги гузашта ва наќши фарзандони барўманди худ дар ѓанї гардонидани арзишњои миллї ва умумибашарї, аз љумла дар ташаккул ва густариши дини ислом ва таълимоти он аз наздик шиносої пайдо намояд.

Дар зарфи 25 соли соњибистиќлолї чашми мардуми мо дар роњи худшиносї ва худогоњии миллї то он дараља кушода гардид, ки ин амал тайи њазорсолањои пешин ба ў муяссар нагардида буд. Диди нав, дарки њастї ва њаќиќат ба он дараља боло рафт ва халќ то он дараља дониш андўхта, аз аслу насаби худ огоњї пайдо кард, ки касе чашмдор набуд. Хубро аз бад, ростиро аз дурўѓ, њаќиќатро аз фитна ва тафриќаандозї фарќ мекардагї шуд. Ба сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат нисбати ободии кишвар, таъмини осоиштагї ва вањдату њамзистии мардумони он, тањаммулпазирии динњо ва мазњабњои гуногуни онњо дар љомеа итминони комил њосил кард.

Дар ин замина, соли 2009-ро соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон намудани роњбари давлат ва бо як тантанаю шањомати хоса љашн гирифтани 1310- соагии Имоми Аъзам аз ќадршиносии мавќею ман­залати ин фарзанди тољик ва саромади мазњаби Њанафия дар тањкими там­маддуни исломї ва миллї шањодат медињад.

Аввалан, ин иќдоми бузург шањодати имони комили сарвари давлат ба дини мубини ислом, пайѓамбар ва саромадони он, аз љумла Њазрати Абў Њанифа Имоми Аъзам ва мазњаби ў ба шумор меравад. Ба мазњабе, ки аз се ду њиссаи мусулмонони дунё, аз љумла 97 андар сади ањолии Тољ­икистон ба он гаравида, бо ифтихори шукргузорї њамарўза мавриди аъмоли бунёдкоронаи худ ќарор додаанд.

Дуюмин, маќсад аз ин иќдом нишон додани наќши барљастаи фарзанди тољик дар тањкими дини Ислом, умдатарин арзишњои Ќуръони маљид, суннату ќавли сањобањо ва таълимоти он иборат аст, ки боиси ифтихормандиву сарфарозии њар фарди тољик нагардида наметавонад.

Сеюмин, ин иќдом арзёбии моњияти иљтимої, инсондўстї, ахлоќию-озодагї, фарњангї ва созандагии дини Ислом, аз љумла мазњаби Њанафї дар тањкими арзишњои он, њамчунин пешгирї ва ботил баровардани њама гуна айбдоркунињои беасоси ба љараёнњои террористиву экстремистї ва мазњабї алоќа доштани дини Ислом мебошад.

Чорумин, маќсад аз ин иќдом њифзи арзишњои мазњаби зикрёфта њамчун аќоиди ањли суннат ва љамоат, тањаммулпазир ва ба ин тариќ њифзи дини Ислом аз њама гуна унсуру љараёнњои тафриќа ва људоиандози ба ном динї ба њисоб меравад.

Имоми Аъзам њафтод сол пас аз гузашти њазрати Пайѓамбар (с) ба дунё зуњур кард ва замони зиндагии ў ба даврае рост омад, ки аллакай заминаи Ислом васеъ пањн гардида, халќњои гуногунэътиќодро ба имони худ дароварда, ба ташаккул ва мавриди дурусти аъмоли љомеа ва мусулмонон ќарор гирифтани худ ниёз дошт. Аммо фирќаю мазњаб ва равияњои гуногуни дар дохили Ислом бавуљудомада ва бањсу мунозирањои беасоси онњо якпорчагии онро халалдор намуда, динро ба парокандагиву гурўњбозї ва тафриќаандозї дучор намуданд.

Дар чунин вазъияти шадиди муборизаи ѓоявии фикрњо, мазњабњо ва равияњои гуногун илми калом ба вуљуд омада, рў ба инкишоф дошт, ки дар ташаккули масоили аќлию мантиќии он наќши Имоми Аъзам хело калон аст ва давраи муќаддимотии ин илмро ба таълифи «Фиќњи акбар»-и Абў Њанифа нисбат додан низ бесабаб нест.[4]

«Мардум дар илми фиќњ њама аз хонадони Абў Њанифаанд», таъкид доштани Имом Шофеъї[5] ё ки «Мардум аз илми фиќњ дар хоб буданд, то он ки Абў Њанифа омад ва эшонро аз хоб бедор кард» таъ­кид кардани Назр ибни Шамил[6] шањодат аз бузургї ва љойгоњи Имоми Аъзам дар рушди фарњанги исломї ва миллии мо мебошад.

Чунонки Абдуллоњи Рањнамо ќайд мекунанд: «Шахсияти Имоми Аъзам дар њаќиќат њамчун рамзи пайванди амиќи фарњанги мардуми тољиктабор бо тамаддуни исломї ва њамчун рамзи љойгоњи муњими фарњанги тољикон дар тамаддуни исломї хизмат менамояд.»[7]

Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар суханронии худ бахшида ба 1310 - солагии Имоми Аъзам дар мавзўи «Моҳияти таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар» ба масъали дин дахл намуда, таъкид доштанд, ки:

«Таърихи фарҳанги тољикон, ки яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказї ва ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва ғановатманд мебошанд, аз сарчашмаи ду тамаддуни бузурги љаҳонї - тамаддуни ориёї ва тамаддуни исломї шодоб гардидааст…

…Дини мубини ислом тадриљан бо тамаддуни ниёгони мо созгор омада, минбаъд низоми маънавї, иљтимої ва фарҳангии аљдоди моро хеле таҳким бахшид ва густурда сохт.»[8]

Њамин тариќ, афкори сиёсию иљтимоии љомеаи башарї дар масъалаи вобаста ба дин, интихоб ва парстиши дин, мавфкураи динї ва озодии аќида оњиста –оњиста аз назария ва афкор ба санадњои меъёрии њуќуќї гузашта, хусусусияти меъёрї ва умумињатмиро касб карданд.

Хартияи бузурги озодихоњї аз соли 1215, Конститутсияи Оливер Кромвел (1599-1658) аз 16 декабри соли 1653 бо номи «Олоти идоракунї» ва Билл оид ба њуќуќњо аз соли 1689 (Британияи Кабир); Эъломияи истиќлолияти ИМА аз 4 июли соли 1776, Санад оид ба озодии дин соли 1786 ИМА, Эъломияи хуќуќи инсон ва шањрванд-и Франсия аз 24 августи соли 1789 аввалин санадњои њуќуќї мебошанд, ки дар онњо муносибати љомеа ба дин ва озодии аќида мавриди танзими њуќуќї ќарор гириф­танд.

Мафњуми «озодии дин» амалан бори аввал дар ИМА дар Санад оид ба озодии дин (1786) мавриди танзими њуќуќї ќарор гирифтааст, ки тибќи он «њамаи одамон бояд дар парастиш, њифзи андешањои динии худ дар ваќти бањсњо озод бошанд ва ин озодї дар ягон њолат набояд мањдуд ё васеъ карда шуда ё бо ягон тарзе ба њуќуќњои шањрвандии онњо таъсир расонад.»[9]

Мафњуми «озодии виљдон ва «озодии дин» дар ин Санад баро­барарзиш ифода шуда, њамчун њуќуќи бе мањдудият аз тарафи давлат парастидани њама гуна дин маънидод карда мешавад.[10]

Бо ќабули нахустин Конститутсияи навишташуда, ки он 17 сентябри соли 1787 дар ИМА сурат гирифт, озодии аќида њамчун муњимтарин њуќуќу озодии шахсии инсон ва шањрванд њукми конститутсионї гирифт.

Конститутсия санади талаботи аввалиндараљаи давлат ва љомеа гардид ва 3 майи соли 1791 дар Полша, 3 сентябри соли 1791 дар Фаронса, соли 1809 дар Шветсия, соли 1811 дар Венесуэла, соли 1812 дар Испания, соли 1814 дар Норвегия, соли 1815 дар Нидерландия, соли 1831 дар Белгия, соли 1863 дар Люксембург ва дар дигар давлатњо конститутсияњо пайи њам ќабул гардиданд. Ѓоя дар хусуси он, ки конститутсия бояд дар њама давлат вуљуд дошта бошад, дар тамоми љањон пањн гардид.

Баъдан, озодии дин ва озодии аќида њамчун муњимтарин њуќуќу озодии инсон дар Оинномаи Созмони Милали Муттањид аз 24 октябри соли 1945 (банди 2 мод 13. Фасли IV. Маљ­маъаи умумї), (банди «в» мод. 76. Фасли X. Шўрои иќтисодї ва ичтимої); сархати 2-и пешгуфтор, моддањои 1 , 2, 7, 16, махсусан мод. 18 ва 19 Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948; моддаи 18 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќњои фитрї ва сиёсї аз 16 декабри соли 1966 ва ѓ. мавриди танзими њуќуќї ќарор дода шуда, барои тамоми давлатњои љањон хусу­сияти умумињатмиро касб намуданд.

Аз љумла, моддаи 18 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќњои фит­рї ва сиёсї муќаррар менамояд, ки:

«1. Њар як инсон ба озодии фикр, виљдон ва дин њуќуќ дорад. Ин њуќуќи озодї доштан ё ќабул кардани дин ё эътиќод бо интихоби худ ва озодии пайравї кардан ба дин ё эътиќоди худ чи бо тартиби инфиродї ва чи якљоя бо дигарон, ба таври оммавї ё хусусї, дар ибодат намудан, иљро кардани расму оинњои диниву маросимї ва таълим гирифтанро дар бар мегирад».

Конститутсия чунин санади умумии (универсалї) њуќуќї ва сиёсї гардид, ки дар он муњимтарин ва арзишмандтарин дастовардњои афкори сиёсию њуќуќии љомеаи башарї, аз љумла арзиши олї будани инсон, њуќуќу озодињои он ва њифзи ин њуќуќњо гирд оварда шудаанд, ки он ба мафњуми лотинии конститутсия- «барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис додан»- мувофиќ гардид.

Њамин тариќ, Конститутсия њамчун њуљљати муњими сиёсї ва дар миёни санад­њои меъёрии њуќуќї санади олии эъти­­бори њуќуќї дошта аз талаботи аввалиндараљаи инсон ба њаёт, зиндагї, озодї, адолати иљтимої, баробарї ва дахлнопазир будани њуќуќу озодињои ў ба май­дони сиёсї, њуќуќї, ичтимої ва фарњангї ворид шудааст.

Конститутсия то ба дараљаи соњиб шудан ба унвони ќонуни асосии давлат эволютсияи дуру дарози таърихиро аз сар гузаронида, амалан синтези афкори пешќадами фалсафию сиёсї, њуќуќию фарњангии љомеаи башарї мебошад, ки Љумњурии Тољикистон бо такя аз таљриба ва арзишњои вуљуддоштаи давлату давлатдорї, анъанањои ќабул кардани конститутсияњо, раванди конститутсионализм ва таљрибаи 70-солаи конститутсионализми сотсиалистии худ (конститутсияњои солњои 1929, 1931, 1937 ва 1978) 6 ноябри соли 1994 конститутсияи давлати соњибихтиёру демократї, њуќуќбунёду иљтимоии худро ќабул ва эълон намуд.

Конститутсияи мамлакат дар баробари фаро гирифтан ё танзими дигар масалањои мубрами њаёти давлат ва љомеа, ба масъалаи вобаста ба дин ва озодии аќида, ки нахустин дар муносибатњои истењсолї наќши арзанда дошта, дуюмин муњимтарин њуќуќу озодии инсон ва шањрванд ба шумор меравад, бетафовут набуда, онњоро дар бобњои асосњои сохтори конститутсионї ва њуќуќу озодї, вазифањои асосии инсон ва шањрванд мавриди танзими амиќ ќарор додааст.

Сохтори конститутсионї – ин шакли (восита) ташкили давлат мебо­шад, ки тобеияти давлатро ба њуќуќ таъмин намуда, онро њамчун дав­­лати конститутсионї муаррифї менамояд.[1] Яъне давлат муносибати худро ба дин дар тавсифи њуќуќии давлатї ё шакли давлат ифода намудааст.

Чунончи, тибќи моддаи 1 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­­кистон «Љумњурии Тољи­­кистон давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона мебошад.»[2]

Давлати дунявї давлатест, ки дар он њељ як дину мазњаб њатмї ё афзалиятнок ва ба њайси дини давлатї ва расмї пазируфта намешавад. Њама дину мазњабњо баробар буда, пайравї кардан ба ин ё он дин барои шањрвандон ягон оќибати њуќуќї ба бор намеорад. Яъне онњо новобаста аз пайравї ба ин ё он дин баробарњуќуќ мебошанд.

Манъ будани дахолати иттињодияњои динї ба фаъолияти маќомоти дав­латї, аз љониби давлат эътироф нашудани мундариљаи њуќуќии санадњо ва ќоидањои динї њамчун сарчашмаи њуќуќ ва баробарњуќуќии мављудияти динњо, мудохила накардан ба масъалаи вобаста ба озодии аќида ва виљдони шањрвандон, дар навбати худ ба корњои давлат ва фаъолияти маќомоти давлатї дахолат накардани иттињодияњои динї- муњимтарин аломати тавсифкунандаи давлати дунявї ба њисоб меравад.

Аммо андешањои зикршуда, маънои миёни давлат ва иттињодияњои динї набу­дани алоќамандї ва њамкорї барои рушду тањкими љомеа, боло рафтани сатњи шуури љамъиятї ва тарбияи маънавию ахлоќї ва руњии љомеаро надорад. Давлат аз ќувваи бузурги маънавию ахлоќї ва созандаи дин ба манфиати давлату давлатсозї ва суботи сиёсию иљтимоии љомеа васеъ истифода менамояд.

Дар давраи соњибистиќлолї теъдоди масчидњои сабти номшуда то 4000 расид, ки дар даврони Шўравї њамагї 17 масчид фаъолият мекард. Аз 30 нафар шањрвандони дар 70 соли даврони Шўравї ба зиёрати хонаи Худо мушаррафшуда то ба зиёда аз 200 њазор нафар расидани чунин шањрвандони мамлакат, чор маротиба ба забони адабии тољикї нашр шудани китоби муќаддаси Ќуръони карим, нашри бузургтарин китобњои олами ислом, аз ќабили: «Сањењ»-и Имом Бухорї, «Тафсири Табарї», «Кимиёи Саодат»-и Имом Муњаммади Ѓазолї ва дигарњо, љашнгирии 1310 солагии поягузори мазњаби Њанафї Имомї Аъзам, баргузор намудани конфронси бонуфуси байналмилалї вобаста ба ин чашн бо иштироки зиёда аз 500 нафар ањли уламо ва шахсиятњои бонуфузи динї, аз зумраи 500 нафар мусулмони бонуфузи љањон пазируфта шудани роњбари давлати Тољикистон ва боло рафтани эътибори Тољикистон дар со­змонњои байналмилалии исломї нишонаи њамкории хуби байни давлат ва итти­њодияњои динї дар Тољикистон мебошад.

Дар замони соњибистиќлолї ҳазораи «Шоҳнома»-и ҳаким Фир­давсї, 2700-солагии “Авесто”, 1000-солагии ҳуљљатулҳақ Носири Хусрави Қубодиёнї, 1025-солагии шайхурраис Абўалї ибни Сино, 680, 700-солагии орифи машҳур -Мирсайид Алии Ҳамадонї, 675-солагии шайх Камоли Хуљандї, 800-солагии мавлоно Љалолуддини Балхї, 1150-солагии одамушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакї, 950-солагии имоми бузург Муҳаммади Ғазолї ва дигарон дар сатҳи арзанда таљлил карда шуданд ва чунонки Президенти кишвар Эмомалї Рањмон ќайд карданд: «ҳадафи асосии мо аз таљлили љашнҳо ва арљгузорї ба шахсиятҳои таърихии миллатамон ва осори гаронбаҳои онҳо таҳкими ҳарчи бештари ҳисси худогоҳиву худшиносии миллии наслҳои имрўза ва дар хизмати онҳо қарор додани арзишҳои воло ва дастовардҳои неки фарҳангии ниёгонамон, инчунин бо ҳамин роҳ дар шуури наврасону љавонон тарбия кардани эҳсоси ифтихор аз гузаштагон мебошад.»[3]

Бо назардошти давлати дунявї будани Љумњурии Тољикистон, дар моддаи 8 Конститутсияи Љумњурии Тољи­кис­тон аз давлат људо бу­дани ташкилотњои динї ва ба кори давлат дахолат накардани онњо, инчунин ба њайси мафкураи давлатї эътироф нашудани мафкураи њизбњо ва иттињодияњои љамъиятї, аз љумла маф­кураи динї муќаррар карда шудааст. Ин мазмуни онро дорад, ки аз тарафи давлат ба зиммаи ташкилотњои динї иљрои ягон вазифаи давлатї гузошта намешавад. Давлат дар фаъолияти ташкилотњои динї тааасуб, ху­ро­фот ва ифротгароиро пешгирї намуда, сиёсати тањаммулпазириро миёни дину мазњабњо, тарафдорони онњо ва шахсони бедин роњандозї менамояд.

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар ќаринаи давлати дунявї будани Тољикистон, њамчунин ба танзими њуќуќи озодии виљон, ки дар низоми њуќуќњои шахсї ва шањрвандии конститутсионии инсон ва шањр­ванд наќши муњим дорад, ањамияти њоса зоњир намудааст.

Тибќи моддаи 26 Конститутсия «Њар кас њаќ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустаќилона муайян намояд, алоњида ва ё якљоя бо дигарон динеро пайравї намояд ва ё пайравї накунад, дар маросим ва расму оинњои динї иштирок намояд.»

Дар моддаи мазкур њуќуќ ба озодии виљдон дар намуди: њуќуќи муайян намудани муносибат ба дин, њуќуќи дар танњої ё дасттаљамъї пайравї намудан аз дин ва њуќуќи иштирок дар маросим ва расму оинњои динї муќаррар карда шудааст.

Њуќуќи муайян намудани муносибат ба дин- ин аз љониби инсон новобаста аз вазъи шањр­­вандї, њолати молу мулкї, мансубияти динї ва нажодї мустаќилона муносибат кардан ба дин, пайравї намудан ё пайравї накардан ба ягон дин ифода меёбад. Яъне шахс њуќуќи пайравї кардан, накардан ё пайрави дини дигар буданро дорад. Дар ин масъала њама гуна мањдудият манъ мебошад, яъне тибќи Конститутсия њар шахс дар љањонбинии динии худ озод мебошад.

Муќаррароти Конститутсия дар масъалаи макур аз он бармеояд, ки муайян намудани љањонбинии шахс ва тобеияти шуури љамъиятии он дар љомеаи демократї тавассути меъёр номумкин аст. Агар ин масъала љанбаи маљбурї ё њатмї гирад, он гоњ озодии эътиќод ва виљдон маънояшро гум мекунад.[4]

Њуќуќи дар танњої ё дасттаљамъї пай­равї намудан аз дин асосан шакли амалї гаштани муносибати инсонро ба дин муайян менамояд. Тибќи Конститутсия инсон дар пайравї кардан ё на­кардан ба дин озод буда, чунин амали худро дар алоњидагї ё дастљамъона ихтиёрона ба амал мебарорад. Ин њуќуќи инсон ба њуќуќи дигари дар ќисми 1 моддаи 28 Конститутсия дар масъалаи ташкил кардани њизбњои динї ва аттеистї алоќамандї дорад.

Ќисмати муњими њуќуќ ба озодии виљдон – ин њуќуќи иштирок дар маросим ва расму оинњои динї мебошад, ки шахс дар амалї намудани онњо низ озод аст. Иљрои онњо ба хоњиши шахс вобаста аст. Муњим он аст, ки инсон њуќуќ ва имконият дорад дар маросим ва расму оинњои динї, ки Конститутсия кафолат додаааст ва ќоида ва тартиби гуза­ронидани онро ќонунгузорї пешбинї намудааст, ихтиёрона иштирок намояд.

Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 8 июни соли 2007 №274 «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон» маросимро маљмўи амалњои рамзї арзёбї менамояд, ки муносибати шахсон ва гурўњњои иљтимоиро ба падидањои муњими њаёти фарњангии љомеа муќаррар менамоянд.[5]

Расму оини динї дар шакли анъана ва љашнњои динї баромад кар­да метавонад, ки бо махсусияти динї ва такрорёбанда буданаш ба чунин сифатњо расидааст.[6]

Масъалаи муњиме, ки ба њуќуќ ба озодии виљдон алоќамандии бевосита дорад, ин муќаррароти ќисми якуми моддаи 28 Конститутсия мебошад, ки тибќи он шањрвандон њуќуќ доранд дар ташкили њизбњои сиёсї, аз љумла њизбњои динї ва атеистї иштирок намуда, ихтиёран ба онњо дохил шаванд ва аз онњо бароянд, ки тартиби ин фаъолиятро Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њизбњои сиёсї» ба танзим меда­ро­рад.

Вобаста ба ин, муќаррароти ќисми 3 моддаи 14 Конститутсия ба мањдуд кардани њуќуќ ба озодии виљдон низ пурра татбиќшаванда мебошад, ки тибќи моддаи мазкур «Мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои шањрванд танњо ба маќсади таъмини њуќуќ ва озодии дигарон, тартиботи љамъиятї, њимояи сохти конститутсионї ва тамомияти арзии љумњурї раво дониста мешавад.»

Ин муќарарроти Конститутсия ба талаботи ќисми 3 моддаи 18 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќњои фит­рї ва сиёсї тавъам мебошад, ки тибќи он:

«3. Озодии пайравї кардан ба дин ё эътиќод танњо ба андозае мањ­дуд карда мешавад, ки тавассути ќонун муќаррар гардидааст ва барои њифзи амният, тартибот, саломатї ва ахлоќи љамъиятї. Њамчунин њуќуќ ва озодии асосии дигар ашхос зарур аст».[7]

Моддаи 30 Конститутсия дар Љумњурии Тољикистон таблиѓот ва ташвиќоте, ки бадбинї ва хусумати иљтимої, нажодї, миллї, динї ва забониро бармеангезад, манъ мењисобад.

Њамин тариќ, Конститутсияи (Сарќонуни Љумњурии Тољикистон инсон ва њуќуќу озодињои он, аз љума озодии дин ва озодии виљдонро арзиши олї њисобида, барои њама гуна дину мазњаб њамчун ќис­мати шуур ва настройкаи љамъиятї шароити муътадили рушду тањким фароњам овардааст.

Њама гуна њуќуќу озодии инсон бояд ба маќсади нињоии давлат ва љомеи Тољикистон, яъне бунёди љомеаи адолатпарвар ва ичтимої ра­вона шуда, бо хусусияти созандаю бунёдкоронаи худ љомеаи моро барои расидан ба ормонњои миллї рањнамун созад ва барои халќ ва миллати мо њамчун чароѓи њидоят хизмат намоянд.




[1] Козлова Е.И,, Кутафин О.Е. Конституционное право России: учеб:- 4-е изд., перераб. и доп. -М.: Проспект, 2010. Сањ.94.

[2] Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­­кистон.Душанбе. 2003. Сањ8.

[3] Ниг.: Суханронї дар мавзўи «Моњияти тањаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар» дар конфронси љумњуриявї бахшида ба 1310 - солагии Имоми Аъзам 26.02.2009 , шаҳри Душанбе.

[4] Ниг.: Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­­кистон. Дар зери тањрири Мањмудзода М.А. Душанбе. Шарќи озод 2009. Сањ 148.

[5] Ниг.: Мањмудзода М.А., Холиќзода А. Тафсири Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон». Душанбе -2008. Сањ.16,18.

[6] Ниг.: Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­­кистон. Душанбе. Шарќи озод 2009. Сањ 151.

[7] Ниг: Њуќуќи инсон. Маљмўаи санадњои байналмилалї ва ќонунгузории миллї. Љилдї 1. Душанбе-2010. сањ.38.



[1] Ниг.: Муњаббатов А. Нуриддинов Р. Асосњои сиёсатшиносї. Душанбе « Ирфон» 2006. - С.39.

2 Ниг.: Дар њамон љо. – Сањ.41.

1Ниг.: Папаян Р.А. Христианские корни современного права. М.: « Норма», 2002. С.218.

[4] Ниг: Каримов К. Имоми Аъзам ва Фиќњ. Рўзномаи «Тољикистон» № 10 (9720) 5 марти соли 2009.

[5] Рустамзода Бегиљон. Имоми Аъзам (Абў Њанифа кист). Душанбе-1999. Сањ.12.

[6] Дар њамон љо. Сањ.12

[7] Абдуллоњи Рањнамо. Ислом ва амнияти миллї дар Тољикистон. Душанбе «Ирфон» 2011. Сањ. 70.

[8]Ниг:. Суханронї дар мавзўи «Моҳияти тањаммулпазирии мазњаби Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар» дар конфронси љумњуриявї бахшида ба 1310 - солагии Имоми Аъзам 26.02.2009. ш аҳри Душанбе.

[9] Ниг. Томас Джеферсон о демократии / Сост. К. Падовер - СПб., 1992. С. 201.

[10] Ниг.: Клочков В.В. Религия, государство, право. - М., 1978. - С. 189-190.



[1] Нудненко Л.А. Конституционные права и свободы личности в России. Учебное пособие. Отв. редактор Н.В. Витрук, СПб.: Изд.Р.Асланова «Юридический центр Пресс» 2009.- Сањ.13.

2 Дар њамин љо. Сањ.13

[3] История Таджикского народа. Том I. Древнейшая и древняя история. Душанбе 1998. - С.236