10:02:47 - 25.05.2017

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 2 АВГУСТИ СОЛИ 2008 №503 "ДАР БОРАИ ФЕҲРИСТИ МАНСАБҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Бо мақсади ба танзим даровардани мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» фармон медиҳам:
1. Феҳристи замимагардидаи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар давоми як моҳ номгўи мансабҳои давлатии хизмати давлатии мақомоти  худро ба Феҳристи мазкур мутобиқ намоянд ва зимни таъсиси мансабҳои нави маъмурии хизмати давлатӣ муқаррароти онро ба инобат гиранд.
3. Маблағгузории тадбирҳои вобаста ба татбиқи Феҳристи мазкур дар соли 2008 дар доираи маблағҳои тасдиқгардидаи фонди музди меҳнати мақомоти давлатӣ амалӣ карда шавад.
4. Фармонҳои зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беъэтибор дониста шаванд.
-аз 20 декабри соли 2002 №946 «Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
-аз 19 январи соли 2005 №1451 «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
-аз 11 январи соли 2007 №149 «Дар бораи ворид намудан иловаҳо ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2002 №946 тасдиқ карда шудааст».



         Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                    Эмомалӣ Раҳмон

          ш. Душанбе
     2 августи соли 2008
             №503   







Бо Фармони Президенти
                                                                                                              Ҷумҳурии  Тоҷикистон
                                                                                                               аз 2 августи соли 2008
                                                                                                              № 503 тасдиқ шудааст


Феҳристи мансабҳои давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

§ 8. Дастгоҳҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мансаби категорияи якум
    
Роҳбари Дастгоҳ


Мансаби категорияи дуюм
Сардори шўъба


Мансаби категорияи сеюм
-

Мансаби категорияи чорум
-

    Мансаби категорияи панҷум
Ёрдамчии Раис
Ёрдамчии судя
Сармутахассис


    Мансаби категорияи шашум

Мутахассиси пешбар


    Мансаби категорияи ҳафтум

Котиби маҷлиси судӣ
Мутахассис