04:43:59 - 21.04.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Қарор дар хусуси пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян намудани мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Точикистон

 


Ќ А Р О Р И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


Дар хусуси пешнињоди Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон «Оид ба муайян намудани муво­фиќати лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон воридшаванда ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе «4» феврали соли 2016


Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., муовини Раис Кари­мзода К.М., судя-котиб Њошимзода Д.Д., судяњо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Ѓаниев Љ.,

Азимзода Т.С. – вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кис­тон, намояндаи тарафе, ки дар асоси пешнињодаш мурофиаи судии конститут­сионї оѓоз карда шудааст,

даъватшуда – Рањимї Ф., намояндаи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњу­рии Тољикис­тон, моддањои 34 ва 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњу­рии Тољикистон» дар мурофиаи ошкорои судї парван­даро дар хусуси пешнињоди Маљлиси намоян­дагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон «Оид ба муайян наму­дани муво­фиќати лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љум­њу­рии Тољикистон воридшаванда ба Конститутсияи (Сарќо­нуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши муо­ви­ни Раиси Суди конститутсионї Каримзода К.М., хулосаи тараф ва баромади даъватшударо шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кис­тон бо пеш­­нињод ба Суди конститутсионии Љум­­­њурии Тољи­кистон мурољиат на­муда, дар он ќайд менамояд, ки лоињаи таѓйиру иловањо ба Консти­тут­сияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кис­тон аз љониби аъзои Маљлиси миллї ва ва­килони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии То­љикистон бо риояи талаботи моддањои 58 ва 99 Конститутсияи (Сар­ќо­нуни) Љумњурии Тољикистон, инчунин моддањои 9 ва 10 Ќонуни конс­ти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи раъй­пур­сии Љумњурии То­љикистон» пешнињод гардидааст.

Таѓйиру иловањои ба Консти­тутсия пешбинигар­дида тав­сеаю таќ­ви­яти ра­вандњои демок­ра­ти­кунонї дар мамла­кат, рушди љомеаи Тољи­кистон ва боло рафтани авзои иќти­содию иљтимоии онро инъикос карда, маќсади нињоии он фароњам овардани шароити зиндагии арзанда ва ин­кишофи озодона ба њар як инсон арзёбї мегардад.

Ба андешаи мурољиаткунанда зарурати ворид намудани таѓйиру иловањо ба Конс­титут­сия, инчу­нин аз мушаххас намудани меъёр­њои он, аз љум­ла шакли идораи Љумњу­рии Тољикис­тон, масъалањои вобаста ба шањр­вандї, фаъо­лияти иттињо­дияњои љамъиятї, масъулияти падару модар, интихоб ва таъин шудани аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намоян­дагон, таф­сири Конститутсия, салоњияти Президенти Љумњурии Тољикис­тон, масъулияти аъзои Њукумат ва судяњо иборат буда, онњо ба­рои боз њам мус­т­ањ­кам намудани асосњои сохтори конститут­сионии Љум­њурии То­љи­кис­тон, аз љумла тањким ёфта­ни њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд равона гарди­даанд.

Лоињаи таѓйиру иловањо ба Конститутсияи (Сарќо­нуни) Љум­њу­рии Тољикистон бо мазмуни зерин пеш­нињод гардидааст:

1. Аз ном ва матни Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон калимаи «(Сарќонуни)» хориљ карда шавад.

2. Дар моддаи 1:

- ќисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Шакли идораи Љумњурии Тољикистон президентї мебошад.»;

- ќисмњои дуюм ва сеюм мувофиќан ќисмњои сеюм ва чорум њисобида шаванд.

3. Ќисми якуми моддаи 5 дар тањрири зерин ифода карда шавад:

«Инсон, њуќуќ ва озодињои ў арзиши олї мебошанд.».

4. Дар ќисми чоруми моддаи 7 калимањои «марзиву маъмуриро» ба калимањои «маъмурию њудудиро» иваз карда шаванд.

5. Дар моддаи 8:

- дар ќисми чорум калимаи «Ташкилотњои» ба калимаи «Иттињо­дияњои» иваз карда шавад;

- ќисми шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Дар Тољикистон фаъолияти њизбњои сиёсии дигар дав­латњо таъсиси њизбњои хусусияти миллї ва динидошта, инчунин маблаѓгузории њизбњои сиёсї аз љониби давлатњо ва созмонњои хориљї, шахсони њуќуќї ва шањрвандони хориљї манъ аст.».

6. Дар моддаи 14:

- дар ќисми дуюм калимањои «мањаллї ва маќомоти худидоракунии мањаллиро» ба калимањои «маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва худидоракуниро» иваз карда шаванд;

- дар ќисми сеюм калимањои «њуќуќ ва озодињои шањ­рванд» ва «сохти конститутсионї» мувофиќан ба калимањои «њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд» ва «асосњои сохтори конститутсионї, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоќи љомеа, сињатии ањолї» иваз карда шаванд.

7. Дар моддаи 15:

- ќисми якум дар тањрири зерин ифода карда шавад:

«Шањрванди Љумњурии Тољикистон шахсе њисоб меёбад, ки дар рўзи ќабули Конститутсия шањрванди Љумњурии Тољикистон буд ё мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикис­тон ё шартномањои байнал­милалии Тољикистон шањрванди Љумњурии Тољикистонро соњиб шуда бошад.»;

- дар ќисми дуюм пайвандаки «ва» ба пайвандаки «ё» иваз карда шавад;

- ќисми сеюм дар тањрири зерин ифода карда шавад:

«Тартиби соњиб шудан ва ќатъ гардидани шањрвандии Љум­њурии Тољикистонро ќонуни конститутсионї танзим мена­мояд.».

8. Дар ќисми дуюми моддаи 16 калимаи «эълоншуда» ба калимаи «муќарраргардида» иваз карда шавад.

9. Дар ќисми якуми моддаи 18 калимањои «њаќќи зиндагї» ба калимањои «њуќуќ ба њаёт» иваз карда шаванд.

10. Дар ќисми дуюми моддаи 20 калимаи «љиної» ба калимаи «љиноятї» иваз карда шавад.

11. Дар ќисми чоруми моддаи 27 калимаи «Шахсоне» ба калимаи «Шањрвандоне» иваз карда шавад.

12. Љумлаи дуюми ќисми якуми моддаи 28 дар тањрири зерин ифода карда шавад: «Шањрванд њуќуќ дорад дар ташкили њизбњои сиёсї, иттифоќњои касаба ва дигар иттињодияњои љамъиятї иштирок намояд, ихтиёран ба онњо дохил ва аз онњо хориљ гардад.».

13. Ба ќисми сеюми моддаи 32 баъд аз калимањои «њизбњои сиёсї» аломати «,» ва калимањои «дигар шахсони њуќуќї» илова карда шаванд.

14. Ќисми дуюми моддаи 34 дар тањрири зерин ифода карда шавад:

«Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фар­зан­дони болиѓу ќобили мењнат барои нигоњубин ва таъминоти иљтимоии падару модар масъул мебошанд.».

15. Дар моддаи 37 калимаи «пулї» ба калимаи «пардохт­шаванда» иваз карда шавад.

16. Дар ќисми якуми моддаи 38 калимаи «туризм» ба калимаи «сайёњї» иваз карда шавад.

17. Дар моддаи 40:

- дар ќисми якум калимаи «љамъият» ба калимаи «љомеа» иваз карда шавад;

- дар ќисми сеюм калимаи «дар» ба калимаи «тањти» иваз карда шавад.

18. Дар ќисми якуми моддаи 45 калимањои «Додани» ва «вазифаи њар кас мебошад» мувофиќан ба калимањои «Супори­дани» ва «њатмист» иваз карда шаванд.

19. Дар моддаи 49:

- љумлаи сеюми ќисми якум дар тањрири зерин ифода карда шавад:

«Вакили Маљлиси намояндагон шахсе интихоб шуда мета­вонад, ки танњо шањрвандии Љумњурии Тољикистонро дошта бошад ва синни ў аз 30 кам набуда, дорои тањсилоти олї бошад.»;

- ќисми панљум дар тањрири зерин ифода карда шавад:

«Узви Маљлиси миллї шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танњо шањрвандии Љумњурии Тољикистонро дошта бошад ва синни ў аз 30 кам набуда, дорои тањсилоти олї бошад.»;

- ќисми њафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Узви Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иљлосияи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон ба халќи Тољикистон савганд ёд мекунанд.»;

- ќисми њафтум ќисми њаштум њисобида шуда, дар тањрири зерин ифода карда шавад:

«Шумораи аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намоян­дагон, тартиби интихоб ё таъин гардидани онњоро ќонуни конститут­сионї муайян менамояд.».

20. Дар ќисми сеюми моддаи 51 калимањои «ба ќувваи ќонунї даро­мадани њукми айбдоркунии суд, ќатъи шањрвандї,» ба калимањои «эъти­бори ќонунї пайдо кардани њукми айбдор­кунандаи суд, ќатъи шањр­вандї, соњиб шудан ба шањрвандии давлати дигар,» иваз карда шаванд.

21. Дар банди 1 ќисми якуми моддаи 56 калимањои «марзиву маъмурї» ба калимањои «маъмурию њудудї» иваз карда шаванд.

22. Дар моддаи 61:

- дар ќисми дуюм калимањои «аз се ду» ба калимањои «аз чор се» иваз карда шаванд;

- ќисми сеюм дар тањрири зерин ифода карда шавад:

«Тафсири Конститутсияро тибќи тартиби мазкур Маљлиси намоян­дагон дар шакли ќонуни конститутсионї ќабул намуда, Маљлиси миллї онро љонибдорї менамояд.».

23. Дар ќисми дуюми моддаи 64 калимаи «ќарордодњои» ба калимаи «шартномањои» иваз карда шавад.

24. Дар моддаи 65:

- ќисми дуюм дар тањрири зерин ифода карда шавад:

«Шахсе ба номзадии Президенти Љумњурии Тољикистон пешнињод шуда метавонад, ки танњо шањрвандии Љумњурии Тољикистонро дошта бошад, синни ў аз 30 кам набуда, дорои тањсилоти олї бошад, забони давлатиро донад ва дар њудуди љумњурї на камтар аз 10 соли охир истиќомат дошта бошад.»;

- ќисми панљум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Мањдудияти дар ќисми чоруми њамин модда пешбини­гардида нисбат ба Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат татбиќ намегардад. Вазъи њуќуќї ва вако­латњои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллатро ќонуни конститутсионї муайян мекунад.».

25. Дар моддаи 69:

- дар банди 7 калимањои «ба тасдиќи» ба калимањои «барои тасдиќ ба» иваз карда шаванд;

- банди 12 хориљ карда шавад;

- аз банди 13 калимањои «бо пешнињоди Шўрои адлия» хориљ карда шаванд;

- дар банди 18 калимаи «ќарордодњои» ба калимаи «шартномањои» иваз карда шавад;

- бандњои 13-30 мувофиќан бандњои 12-29 њисобида шаванд.

26. Ба моддаи 71 ќисми панљум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Таъминоти иљтимої, хизматрасонї ва муњофизати Президенти Љумњурии Тољикистонро ќонуни конститутсионї танзим менамояд.».

27. Дар моддаи 73:

- ќисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Аъзои Њукумат баъди аз љониби Президенти Љумњурии Тољикис­тон таъин шудан ва тасдиќ гардидани фармон дар љаласаи якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон ба Президенти Љумњурии Тољикистон савганд ёд мекунанд.»;

- ќисми сеюм ќисми чорум њисобида шуда, баъд аз кали­мањои «Аъзои Њукумат» калимањои «бояд танњо шањрвандии Љумњурии Тољи­кис­тонро дошта бошанд ва онњо» илова карда шаванд.

28. Дар ќисми якуми моддаи 74 калимаи «ќаламрави» ба калимаи «њудуди» иваз карда шавад.

29. Номи боби шашум дар тањрири зерин ифода карда шавад:

«МАЌОМОТИ МАЊАЛЛИИ ЊОКИМИЯТИ ДАВЛАТЇ ВА ХУДИДОРАКУНЇ».

30. Дар моддаи 76 калимањои «Њокимияти мањаллї» ба калимањои «Маќомоти мањаллии њокимияти давлатї» иваз карда шаванд.

31. Дар моддаи 78:

- ќисми якум дар тањрири зерин ифода карда шавад:

«Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатиро раиси вилоят, шањр ва ноњия роњбарї менамояд.»;

- дар ќисми дуюм калимаи «марзї» ба калимаи «њудудї» иваз карда шавад;

- дар ќисми панљум калимањои «маќомоти њокимияти мањаллиро» ба калимањои «маќомоти мањаллии њокимияти давлатиро» иваз карда шаванд;

- дар ќисми шашум калимаи «љамоат» ба калимаи «Љамоат» иваз карда шавад.

32. Дар ќисми якуми моддаи 79 калимаи «ќаламрав» ба калимаи «њудуд» иваз карда шавад.

33. Дар моддаи 84:

- дар ќисми сеюм калимањои «Тарзи ташкил» ба калимањои «Тартиби таъсис, ташкил» иваз карда шаванд;

- дар ќисми панљум калимаи «Ташкили» ба калимаи «Таъсиси» иваз карда шавад.

34. Моддаи 85 дар тањрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 85. Ба вазифаи судяњои Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, судњои Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоят ва шањри Душан­бе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танњо шањрвандии Љумњурии Тољикистонро дошта бошад, до­рои тањсилоти олии њуќуќши­носї буда, синни ў аз 30 кам набо­шад ва њадди аќал 5 сол собиќаи кории судягї дошта бошад.

Ба вазифаи судяњои судњои шањр ва ноњия, суди њарбї, судњои иќтисодии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоят ва шањри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки танњо шањрвандии Љумњурии Тољи­кис­тонро дошта бошад, дорои тањсилоти олии њуќуќшиносї буда, синни ў аз 25 кам набошад ва њадди аќал 3 сол собиќаи кории касбї дошта бошад. Синни нињоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро ќонуни консти­тут­сионї муайян менамояд.

Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавї савганд ёд мекунад.».

35. Дар моддаи 86 калимањои «бо пешнињоди Шўрои адлия» ба калимањои «бо тартиби муќарраркардаи ќонуни конститутсионї» иваз карда шаванд.

36. Дар моддаи 89:

-ќисми дуюм дар тањрири зерин ифода карда шавад:

«Ба вазифаи судяи Суди конститутсионї шахсе интихоб мешавад, ки танњо шањрвандии Љумњурии Тољикистонро дошта бошад, дорои тањсилоти олии њуќуќшиносї буда, синни ў аз 30 кам набошад ва њадди аќал 7 сол собиќаи кории касбї дошта бошад. Синни нињоии дар ва­зи­фаи судяи Суди конститутсионї фаъолият намуданро ќонуни кон­с­ти­тутсионї муайян мена­мояд.»;

- ќисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститут­сионї интихоб шудааст, дар иљлосияи Маљлиси миллї савганд ёд мекунад.»;

- ќисми сеюм ќисми чорум њисобида шуда, ба банди 1) баъд аз калимаи «санадњои» калимаи «меъёрии» илова карда шуда, калимаи «ќарор­додњои» ба калимаи «шартномањои» иваз карда шавад;

- ќисми чорум ќисми панљум њисобида шавад.

37. Дар моддаи 91 калимаи «љиної» ба калимаи «љиноятї» иваз карда шавад.

38. Дар моддаи 93 калимаи «ќаламрави» ба калимаи «њудуди» иваз карда шавад.

39. Дар тамоми матни Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон калимаи «њаќ» ба калимаи «њуќуќ» иваз карда шавад.

40. Дар МУЌАРРАРОТИ ИНТИЌОЛЇ:

-ќисми 4 дар тањрири зерин ифода карда шавад:

«4. Аъзои Маљлиси миллї, вакилони Маљлиси намоян­да­гон ва аъзои Њукумат баъд аз эътибори њуќуќї пайдо кардани «Таѓйиру ило­вањо ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бо тартиби муќаррарнамудаи Конститутсия ва ќонунњои конститутсионї савганд ёд мекунанд».

Бо дарназардошти њолатњои зикршуда, Маљлиси намоян­да­гони Маљ­лиси Олии Љумњурии Тољикистон лоињаи таѓйиру ило­вањои ба Конс­титутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистон ворид­шавандаро ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон пешнињод намуда, аз Суди конс­титутсионї хоњиш на­му­да­­аст, ки мувофиќати лоињаи таѓйиру иловањои ба Консти­тут­сияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ворид­шавандаро ба Кон­сти­­тут­сияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пешнињоди Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон­ро њаматарафа мав­ри­ди баррасї ќарор дода, ќайд мена­мояд, ки Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалќї ќабул гардида, ба он солњои 1999 ва 2003-ум таѓйиру ило­вањо ворид карда шудаанд, њамчун њуљљати сиёсї ва санади дорои ќувваи олии њуќуќї, муњимтарин арзишњои бунё­дии љомеаи башариро љињати њифзи њуќуќу манфиатњои инсон, љомеа ва давлат дар худ таљассум намуда, хусусиятњои давлати То­љикистонро ба сифати дав­ла­ти соњибих­тиёр, демок­ратї, ҳуќуқбунёд, дунявї ва ягона арзёбї кардааст.

Конститутсия инсон ва њуќуќу озоди­њои ўро арзиши олї, дахл­нопазир ва дар ин замина халќро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатї эътироф намуда, онро љињати рушду тањкими минбаъдаи давлатдории навин дар назди насл­ҳои гузашта, њозира ва оянда масъулу ва­зифадор медонад.

Конститутсия манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳиб­ис­тиқ­лоли Тољикистонро инъикос намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи љум­­­ҳурї, тамомияти арзї, моҳияти демократї, ҳуқуқбунёдї, дунявї ва иљтимоии давлатро шарти асосї ва баќои давлату миллат арзёбї мена­мояд. Ин санади меъёрии њуќуќї барои мустаќилияти сиёсию иқти­со­дї, пеш­бурди сиёсати сулҳ­­љўёна, боло рафтани эътибори давлату миллат дар муноси­бат­њои байнал­ми­лалї ва таъ­мини суботи сиёсию иљтимоии љо­меаи Тољикистон шароити мусоиди ташкилию њуќуќї фароњам овардааст.

Конститутсия ба инкишофи њаёти љамъиятї дар асоси равияњои гу­ногуни сиёсї ва мафкуравї, фаъо­лияти озодонаи ҳизбҳои сиёсї, итти­њо­дияњои љамъиятї ва дигар нињодњои љомеаи шањр­вандї имконияти васеъ муњайё карда, кафолати њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро љињати иштирок дар њаёти ин нињодњои демократї таъмин менамояд.

Таѓйиру иловањои ба Конститутсия воридшаванда ба мар­ҳа­лаи имрўзаи руш­д ворид шу­дани давлат ва љомеа мувофиќ буда, онњо ба мус­тањ­­кам намудани асо­с­њои сохтори конститутсионї, таќвияти кафо­лати њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, тањкими маќоми конс­титут­сионии шањрвандї, њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї, ташаккули маќомоти худидора­кунии мањаллї, љалби фаъолонаи шањр­вандон, дар навбати аввал љаво­нон ба њаёти сиёсї ва идораи давлатї равона гардидаанд. Онњо њимояи њуќуќу озоди­њои инсон ва шаҳр­ванд, ки мақсад ва мазмуни фаъо­лия­ти маќомоти њокимияти давлатї ва худидоракунии маҳал­лиро ташкил дода, ба воситаи ҳокимияти судї таъ­мин мегарданд, таќвият бахшида, дар маљ­мўъ ба тањ­кими амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоќи љомеа, сиња­тии ањолї ва волоияти ќонуну тартиботи њуќуќї му­соидат менамоянд.

Бо дарназардошти меъёри конститутсионии асоси љамъият эътироф шудани оила, таѓйиру иловањо, масъулияти падару модарро барои таъ­ли­му тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзандони болиѓу ќобили мењ­натро барои нигоњубин ва таъ­ми­­­ноти иљтимоии падару модар баланд бардошта, маќсад аз онњо фа­роњам овардани шароити арзандаи зиндагї ва инки­шофи озодона ба њар як инсон мебошад.

Бо ин таѓйиру иловањо њамчунин тартиби додани тафсири расмии Конс­ти­тут­­сия, ки дар фаъолияти меъёрэљодкунии давлат наќши муњим дорад, равшан муайян мегардад.

Таѓйиру иловањои пешнињодшуда дар маљмўъ арзиш­њои волои Кон­­сти­­тут­сияро тањким бахшида, барои ташаккули минбаъдаи муноси­бат­­њои љамъ­и­я­тї заминаи мусоиди њуќуќї фароњам меоранд ва идо­маи манти­ќии меъёрњои амалкунандаи Консти­тутсия ба шумор мераванд.

Бо дарназардошти њолатњои зикршуда, Суди конститутсионии Љум­­њу­­­рии Тољикистон ба хулоса омад, ки таѓйиру ило­ва­њои ба Конс­ти­тут­сия пеш­нињодшуда инъикоси минбаъдаи раванди демократи­кунонии њаёти сиёсї ва иљти­моии љомеаи Тољикистон, таќвияти њифзи њуќу­ќии шахс, фарогири идо­маи ислоњоти сиёсию иљтимої ва њуќуќию судї дар мамлакат мебошанд. Онњо ба мукаммал намудани меъёрњои Конститут­сия равона гар­дида, ба таљри­баи љањонии ворид кардани таѓйиру иловањо ба конститут­сия ва ба арзишњо ва принсипњои асосии Кон­сти­­тут­сияи (Сарќону­ни) Љумњурии Тољи­кистон мувофиќ мебошанд.

Аз ин рў, Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон лоињаи таѓйиру иловањои ба ном ва матн, моддањои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддањои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муќаррароти интиќолии Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњу­рии Тољи­кистон воридша­вандаро ба Кон­сти­­тут­сияи (Сарќону­ни) Љумњурии Тољикистон мувофиќ њисоб менамояд.

Бо дастрасии моддаи 89 Конс­титутсияи (Сарқонуни) Љумњурии Тољи­кистон , моддаҳои 6, 11, 34, 38, 40, 49, 55, 56, 58, 60 ва 61 Қонуни конститут­сионии Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи Суди конститут­сионии Љумњурии Тољи­кистон », Суди консти­­тут­сио­нии Љумњурии Тољи­кистон ,

Қа р о р к а р д:

1. Лоињаи таѓйиру иловањои ба ном ва матн, моддањои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддањои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муќаррароти интиќолии Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон воридша­ванда ба Консти­тут­сияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон мутобиќ мебошад.

2. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз ваќти ќабулаш эътибори ќонунї пайдо менамояд.

3. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.


Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д.