10:48:56 - 26.04.2017

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 3) 2016

 

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

(№ 3) 2016


 

Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї

дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон)

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Маљаллаи илмию иттилоотї

Сармуњаррир:

Мањмудзода М.А. Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, академики Академияи илмњои

Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Њайати тањририя:

Каримзода К.М. муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњу­­рии То­љикистон, номзади илмњои сиёсї

Њошимзода Д.Д. судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон, номзади илмњои њуќуќ

Сотиволдиев Р. Ш. раиси Шўрои илмї - машваратии назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи ДМТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Искандаров З.Њ. узви Шўрои илмї - машваратии назди Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, про­фес­­сори кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории ДМТ







 

Мундариља

Каримзода К.М. Ислоњоти судї-њуќуќї ва рушди маќомоти назорати конститутсионї дар Тољикистон………….……...................................................................... 4

Ѓаюров Ш.К. Мафњум ва хусусиятњои Палатаи њисоб дар Љумњурии Тољикистон……………………………………………… ...................... 14

Ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Аз рўи дархости директори генералии Љамъияти дорои масъу­лияти мањдуди «Наљот»-и шањри Исфара Исомадинова Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати сархатњои чорум, чордањум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї», ки бо фармоиши Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиќ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон».............................. 22

Таъиноти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии консти­тут­­сионї оид ба дархости шањрванд Идиев А. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати ќисми 2 моддаи 4 «Муќар­рароти хотимавї»-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи ќабул ва мав­­риди амал ќарор додани Ко­декси мурофиавии граждании Љум­­њурии То­љикистон» ва ќисми 2 моддаи 365 Кодекси му­рофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ба моддањои 19, 20 ва 45 Конститут­сияи Љумњурии Тољикистон»............................................................................ 38

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии консти­тут­­сионї оид ба дархости шањрванд Њасанов Н. «Дар хусуси бар хилофи моддаи 20 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон будани таъиноти суди шањри Хуљанд аз 5 октябри соли 2015, ќарори коллегияи судї оид ба парвандањои граждании суди вилояти Суѓд аз 11 декабри соли 2015, таъиноти судяи суди вилояти Суѓд Воситзода А. аз 20 январи соли 2016 ва таъиноти судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон Ќодирзода Т.Ќ. аз 19 апрели соли 2016»............................................... 43

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон.................. 50




 

Каримзода К.М.

Муовини Раиси Суди

конститутсионии

Љумњурии Тољикистон,

номзади илмњои сиёсї





ИСЛОЊОТИ СУДЇ-ЊУЌУЌЇ ВА

РУШДИ МАЌОМОТИ НАЗОРАТИ КОНСТИТУТСИОНЇ

ДАР ТОЉИКИСТОН

Конститутсияи мамлакат вазифаи нињои халќи тољикро бунёди љо­­меаи адолатпарвар ва давлати иљтимої, ки он барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фаро­њам меорад, ар­­зёбї намуда, сиёсати давлатии Љумњурии Тољикис­тонро ба таври ку­лл, роњњо ва тартиби расидан ба ин њадафи олї ва нињоии дав­латро пешбинї менамояд.

Бо ин назардошт, Конститутсия њамчун мафкураи навишташудаи дав­­­латї, ки дар он самтњо ва љабњањои асосї ва стратегии рушди дав­лат­дории миллї, дарёфт ё шинохти худ њамчун миллат, масъу­лияти муштараки халќ ва њокимият дар бунёди љомеаи иљтимої ва шањр­вандї, муттањид намудани манфиатњои тамоми ќувва, табаќаву гу­рўњ­­њои иљтимоии љомеа ва расидан ба ормонњои миллї инъикоси худ­ро ёфтаанд, бузургтарин манбаи сиёї ва иљтимої ба њисоб меравад.

Он њамчун њуљљати сиёсї ва њамчун санади меъёрии њуќуќии эътибори олии њуќуќї дошта,[1] дар низоми шаклњои ба амал баровардани сиёсати њуќуќї њамчун назария (консепсия), мафкура ва доктрина наќши арзанда дорад.

Вобаста ба ин, бунёди давлати демократї, њуќуќбунёд ва иљ­- ти­­­моиро дар тамоми давлатњо, аз љумла дар Љумњурии Тољикистон бе њо­­­ки­­мияти судї, ки он аз љониби суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз ва тибќи ќонун таъсисёфта ба амал бароварда мешавад, тасаввур кар­­дан имкон надорад.

Њамчунин, имрўзњо Конститутсияеро вохўрдан мумкин нест, ки дар он таљзияи њокимияти давлатї ба се шохаи алоњида ва наќши њо­ки­мияти судї дар рушду нумўъи давлат тавассути боздориву муво­зина мавриди танзим ќарор нагирифта бошад.

Мањз њамин арзиши барои бунёди давлати демократї ва њу­ќуќ­­бунёд муњим ва аввалиндараљаи аз љониби љомеаи љањонї эъ­ти­рофшуда ва њамчун меъёр ва принсипи императивї дар моддаи 9 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон эълон кардашуда, заминаи воќеї ва кафолати дар низоми њокимияи давлатї вуљуд доштан, амал намудан ва ба хотири њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд тањким ёфтани њокимияти мустаќили судї ба шумор меравад.

Ислоњоти судие, ки солњои охир дар мамлакат љињати боз њам такмил додани њокимияти судї, ба стандартњои мављуда ва меха­низми муњимтарини њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањр­ванд таб­дил додани суд гузаронида шудаанд ва минбаъд низ идома меёбанд, аз њамин принсипи конститутсионї сарчашма мегиранд, ки наќши он дар давлатсозї њанўз аз ќарнњои дур то инљониб таъкид карда ме­ша­­вад.

Ба назарияи мазкур дахл карда, њанўз таърихшиноси Юнони ќа- дим Полибий (200-120 то солшумории мо) аз низоми мављудаи таќ­симоти њокимият миёни маќомоти гуногуни давлатї дар республикаи Рим изњори ќаноатмандї мекард.

Ў навишта буд, ки њокимият дар ин давлат чунон таќсим шу- дааст, ки ягон ќисми таркибиаш аз дигараш боло нест. Бо њамин, гўё давлат ба монанди киштии ба муќобили бодшинодошта дар њолати баробарларзишї ва баро­барвазнї ќарор дорад.[2]

Ш. Монтескье дар китоби худ «Оид ба рўњи ќонунњо» (1748) назари­яи таљзияро ба дараљаи мантиќии худ расонида, таъкид мекард, ки «озодї дар њама гуна шакли идоракунї мумкин аст, ба шарте, ки дар давлат њуќуќи тавассути таљзияи њокимияти давлатї ба ќо­нунгузорї, иљроия ва судї ва боздориву мувозинат кафолат­­­­додашуда њу­кмфармо бошад.»[3]

Д. Медисон яке аз муаллифони Конститутсия ИМА, ки ўро па­дари Конститутсияи ИМА меноманд, мегуфт, ки «як идора аз болои ди­гараш бояд назорат кунад», А.Њамилтон бошад таъкид мекард, ки Ассамблеяи демократї бояд аз тарафи Сенати демократї ва њар­ дуи он њо аз тарафи рукни судї бояд зери назорат бошанд».

Р.А.Папаян чунин мешуморад, ки решањои низоми таљзияи њоки­­миятро бояд дар худи Библия дарёфт ва он ба хулоса омадааст, ки «… дар сегонаи Худо-Падар, Худо-Писар ва Худо-Рўњи Муќаддас се шохаи њокимияти осмонї, ки эквиваленти осмонии њокимияти ќонун­гузорї, судї ва иљроия ба њисоб мераванд, ифодаи худро ёфтаанд[4]

Бояд зикр кард, ки назарияи таљзия дар тамоми тўли таърихи дав­латдории тољикон, алалхусус дар давраи дар њайати Иттињоди Шў­равї будани он низ барои давлатдории мо бегона буд ва бори аввал дар банди 3 Эъломияи истиќлолияти Љумњурии Тољикистон аз 24 ав­густи соли 1990 пешбинї гардид, ки тибќи он «њокимияти дав­латї дар Љумњурии Тољикистон тавассути њокимияти ќонунгузорї, иљ­роия ва судї ба амал бароварда мешавад».

То ќабули Эъломия мафњуми њокимияти судї, аз љумла маќомоти на­зорати конститутсионї дар ќонунгузорї ва адабиёти илмї во намехурд ва фаъолияти њуќуќии суд њељ гоњ ба сифати њокимият арзёбї наме­гардид.

Суд гуфта - ба амал баровардани алолати судї, яъне тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории мурофиавї дидани кор­њои гражданї ва љиноятї фањмида мешуд. Таъиноти асосии суд чун ди­гар маќомоти њифзи њуќуќ: арбитраж, нотариат, прокуратура, ма­ќомоти корњои дохилї, амният в ѓ. ба њифзи тартиботи њуќуќї ни­гаронида шуда буд ва чуноне ки В.В. Ершов ќайд менамояд, «то со­ли 1990 дар ќонунгузорї ва адабиёти илмї ба сифати яке аз ма­ќомоти њифзи њуќуќ њисоб намудани суд љои тааљљуб нест.»[5]

И.П. Петрухин ташаккули њокимияти судиро ба иродаи сиё­сии давлат вобаста медонад. Ба андешаи ў «ташаккули њокимияти судї - чун ќоида натиљаи худмањдудкунии давлат аст, ки ба маќоми мус­таќил ва ќудратманд-суд-барои аз болои худ назорат бурданро иљозат медињад.»[6]

Боиси зикр аст, ки дар Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љум­њурии Тољикистон аз 23 июни соли 2007 ба такмил дода шудани са­лоњияти Суди конститутсионї барои боз њам пурра ва сама­ра­нок истифода бурдани назорати судии конститутсионї ањамияти љиддї дода шуд.

Дар Барнома ќайд гардидааст, ки: «бо дарназардошти таљриба ва амалияи фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон ва таѓйиротњои сифатан куллие, ки дар њаёти сиёсї ва иљтимоии кишвар таи солњои охир рух доданд, зарур аст, ки салоњияти Суди конститутсионї бо додани хулоса оид ба лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоињаи ќонунњо ва дигар масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод карда мешаванд, мукаммал карда шавад. Зарурати додани хулосаи Суди консти­тут­сионї оид ба лоињаи таѓйироту иловањое, ки ба Конститутсия ворид мегар­данд ва масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешниҳод ме­ша­ванд ба он вобаста аст, ки ин пеш­нињодњо ба прин­сипњо ва ар­зиш­њои асосии Конститутсия мувофиќ бошанд».

Ин пешнињод 20 марти соли 2008 ба Ќонуни конститутсионии Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсиони Љумњурии То­­љи­кистон» ворид карда шуда, дар татбиќи принсипи таљзияи њо­кимияти давлатї ва таъмини баробарии се шохаи њокимияти давлатї дар таќдири таѓйиру иловањои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоињаи ќонунњо ва дигар масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод карда мешаванд, ањамияти калонро соњиб гар­дид.

Зеро то ин дам, тибќи моддаи 99 Конститутсия таѓйиру иловањо ба Конститутсия аз љониби Президенти Љумњурии Тољи­кистон ва њадди аќал аз се як њисаи умумии аъзо ва ваклилони Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кис­тон пеш­нињод карда шуда, дар ин раванд њокимияти судї ишти­рок надошт.

Бо назардошти ин таѓйиру иловањо, Суди конститутсионии Љум­њу­­рии Тољи­кис­тон пешнињоди аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљ­ли­си намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистонро дар хусуси ворид намудани таѓйиру иловањоро ба Конститутсияи Љумњу­рии Тољикистон дида баромада, 4 феврали соли 2016 бо ќарори худ ин пешни­њодњоро ба Конститутсия мутобиќ њисоб намуд.

Бо назардошти ќарори Суди конститутсионї, Маљлиси намоян­да­гони Маљлиси Олии Љумњуриии Тољикистон 22 майи соли 2016-ро рўзи раъй­пурсии умумихалќї оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кон­ститутсия эълон намуда, мар­думи шарафманди Тољикистон онњоро дар раъйпурсии умумихалќї пурра љонибдорї намуд.

Муњимтарин меъёри конститутсионї, ки чун принсипи таљ­зияи њокимияти давлатї хусусияти универсалї дошта, асоси фаъолияти Су­ди конститутсиониро ташкил медињад, ин принсип ё меъёри императивии пешбининамудаи ќисми якуми моддаи 10 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мебошад, ки тибќи он:

«Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд. Ќонунњо ва дигар санад­њои њуќуќие, ки хилофи Конститутсияанд эътибори њуќуќї надоранд.»[7]

Моддањои 14, 17, 19, 21, 55, 56, 69, 72, 84, 87, 88-91-и Конститутсия тартиби ташкил, принсипи фаъолият ва салоњияти њокимияти судї, аз љумла Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро муайян наму­да, танзими мушаххаси њуќуќии худро дар Ќонуни конс­титут­си­о­нии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», дигар ќонун­њои конс­титутсионї оид ба судњо ва ќонунњои мурофиавї ёфтанд.

Маълум аст, ки њокимияти судї дар Тољикистон тавассути ни­зоми маќомоти судии пешбининамудаи Конститутсия, ки барои ба амал баровардани адолати судї ташкил карда шудаанд, ба амал бароварда мешавад.

Адолати судї - намуди фаъолияти давлатї аст, ки барои баррасї ва њаллу фасли муноќишањои гуногуни иљтимоии ба вайронкунии воќеї ё дарназардошташуда алоќаманд, равон карда шудааст. Мах­сусияти адолати судї дар он ифода меёбад, ки он аз љониби маќо­моти махсуси давлатї- судњо аз номи давлат бо роњи баррасии пар­вандањои конститутсионї, шањрвандї, љиноятї, маъ­мурї оилавї дар мурофиаи судї ва шакли мурофиавии муќаррарнамудаи ќонун амалї карда мешавад.[8]

Дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон як ќатор меъёрњо ва принсипњо аз ќабили:

-бевосита амалї гаштани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва ба воситаи њокимияи судї њифз шудани онњо (мод.14);

-мустаќил будани њокимияти судї, аз номи давлат ва аз тара- фи судяњо амалї гардидани он (мод.84);

-аз тарафи Суди конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Суди њарбї, Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои вилоят, шањри Душанбе, шањр ва ноњия, Суди иќтисодии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои иќтисодии вилоят ва шањри Душанбе амалї намудани адолати судї ва манъ будани ташкили суди фавќулодда;

-мустаќил будани судяњо ва дар фаъолияти худ танњо ба Конститутсия ва ќонун итоат намудани онњо;

-манъ будани дахолат ба фаъолияти судяњо (мод.87);

-ба таври дастљамъї ва ё танњо баррасї кардани парвандањо аз љониби судяњо;

-сурат гирифтани мурофиа ба тарзи мубоњиса ва дар асоси баро- барии тарафњо;

ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиа дар њамаи судњо, ба ис- тиснои мавридњое, ки ќонун муайян кардааст;

-ба забони давлатї ва ё забони аксарияти ањолии мањал бар­гузор гаштани мурофиа;

-бо тарљумон таъмин кардани шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд (мод.88) муќаррар карда шудаанд.

Ин принсипњо новобаста аз мављудияташон дар ќонунњои конс­ти­тутсионї оид ба судњо ва кодексњои мурофиавї бевосита амал намуда, дар ташкили хокимияти судї, фаъолияти мустаќили судяњо наќши калидї доранд ва дар Барномањои ислоњоти судї-њуќуќї ба татбиќи амалии онњо ањамияти љиддї дода шудааст.

Њамин тариќ, давлат ва роњбарияти сиёсии Тољикистон садоќати худро ба арзишњои эътирофшудаи умумибашарї, ки натиљаи рушду инкишофи афкори сиёсї ва њуќуќии инсоният мебошанд, иброз дошта, онњоро эътироф ва дар Конститутсия дар боби асосњои сохтори конститутсионї ва дигар бобњои вобаста ба фаъолияти маќомоти њокимияти давлатї љой доданд.

Бо њамин барои рушд ва тањкими њокимияти судї дар мам­лакат имконияти васеъ фароњам оварда шудааст.

Дар моддаи 89 Конститутсия салоњияти Суди конститутсионї пешбинї гардид, ки он аз муайян намудани мувофиќати ќонун­њо, санадњои њуќуќии якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон,

Маљлиси миллї, Маљлиси намояндагон, Президент, Њукумат, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї ва дигар маќомоти давлатию љамъиятї, ќарордодњои ба ќувваи ќонун надаромадаи Тољикистон ба Конститутсия, њалли бањсњои байни маќомоти давлатї доир ба салоњияти онњо ва иљрои ваколатњои дигаре, ки Конститутсия муайян кардаанд, иборат аст.[9]

Конститутсия санадњои Суди конститутсиониро ќатъї эълон намуд. Чунин муќаррароти Конститутсия таќозо менамояд, ки санадњои меъёрии ќабулкардаи маќомоти ќонунгузор, дигар маќомоти њуќуќї ташаббуси ќонунгузорї ва салоњияти ќабулу тасдиќи санадњои меъёрии њуќуќї дошта ба Конститутсия мутобиќ бошанд.

Тибќи Ќонуни конститутсионї дар бораи Суди консти­тут­си- онї, Суди конститутсионї њамчун маќоми мустаќили њокимияти судї бо маќсади њифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конс­титутсияи Љумњурии Тољикистон ва њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд таъсис гардидааст.

Њамин тариќ, њифзи Конститутсия таќозо намуд, ки дар Љумњурии Тољикистон маќоми махсуси босалоњият, мустаќил ва беѓарази назорати конститутсионї таъсис дода шуда, вазифаи муњим ва муќаддас ба уњдааш вогузор карда шавад.

«Фаъолияти беш аз 10 солаи Суди конститутсионї зарурат ва ањамияти онро дар давлатдории навини Тољикистон собит сохта, инчунин нишон дод, ки вобаста ба инкишофу пешрафти љомеа наќш ва маќоми Суди конститутсионї бояд тањким ёбад», омадааст дар Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї барои солњои 2007-2010.

Дар даврони истиќлолияти давлатї бо ќабули барномањои давлатї оид ба ислоњоти судї-њуќуќї (2007, 2011, 2015 ) ва тањкими ќо­нун­гузорї дар бораи Суди конститутсионї, салоњияти Суди консти­тутсионї ва доираи субъектоне, ки њуќуќи ба Суди конститутсионї мурољиат карданро доранд, љиддан васеъ гардид. Шањрвандон њуќуќ пайдо намуданд, ки мутобиќати њама гуна санадњои меъёрии њуќу­ќиро ба Конститутсия (пеш њуќуќ доштанд, ки танњо муайян намудани мутобиќати ќонунњоро ба Конститутсия талаб намоянд), ки нис­баташон татбиќ намудаанд, аз Суди конститутсионї талаб намоянд.

Њамчунин дар баробари судњои љумњурї, судяњо низ њуќуќ пайдо намуданд, ки дар хусуси ба Конститутсия мутобиќ будани ќонун ва дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии Пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки онњо дар парвандаи мушаххас татбиќ намудаанд ё татбиќ менамоянд, ба Суди конститутсионї мурољиат намоянд.

Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон ба сифати субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї пазируфта шуд.

Таѓйиру иловањои ба Ќонуни конститутсионї воридкардашуда, аз мавќеи муассири Суди конститутсионї дар низоми њокимияти давлатї ва судї, садоќати давлати Тољикистон ба арзишњои эътирофшудаи умумибашарї, инчунин рушду нумўъи институтњои демократї дар Љумњурии Тољикистон шањодат медињанд ва чунонеки Президенти Љумњурии Тољикистон таъкид доштанд:



[1] Ниг. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон. Душанбе-2003. Сањ 9.

[2] Общая теория государства и права. Академический курс в двух томах. Учебник для вузов. Том 1. Ответ. ред. проф. М.Н. Марченко. Москва. Зерцало 1998. - С. 378.

[3]Ведяхина К.В. Разделение властей как принцип российского права. Дайджест официальных материа- лов и публикаций в периодической печати. Конституционное правосудие в странах СНГ и Балтии, 2002 № 16.

[4] Папаян Р.А. Христианские корни современного права. М.: «Норма», 2002. С.218.

[5] Ершов В.В. Суд в системе органов государственной власти// Государство и право.1992. № 8-С. 33.

[6] Петрухин И.П. Проблема судебной власти в современной России// Государство и право. 2000.№ 7.- С.15.

[7] Ниг. Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон. Душанбе-2003.- С. 9-10.

[8] Ниг. Козлова Е.И.,Кутафин О.Е. Конституционное право Россия: учеб.-4-е изд., переаб. и доп.-М.: Прос- пект, 2010.- С. 529.

[9] Конститутсияи Љумњурии Тпљикистон. Душанбе-2003. С.29.

 

«дар низоми судии кишвар Суди конститутсионї маќоми махсус дорад ва яке аз вазифањои авва­линдараљаи он таъмини волоияти Конститутсия дар низоми санадњои меъёрии њуќуќї мебошад.»[1]

Вобаста ба ин, Суди конститутсионї тариќи мурофиаи судии конститутсионї пайи њифзи Конститутсия, ки он инъикосгари истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон аст, фаъолият дорад ва мављудияти он дар низоми њокимияти давлатї ва судї яке аз нишонањои давлати демократию њуќуќбунёд арзёбї мегардад.

Фаъолияти зиёда аз бистуяксолаи он нишон дод, ки масъа­лањои баррасї намудаи он дар таъмини волоияти Конститутсия, тањкими ќонунияти конститутсионї ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва бо њамин таъмини истиќлолияти давлатї наќши муњим бозиданд.

Фаъолияти Суди конститутсионї ба он равона гардидааст, ки дар љомеа фазои ягонаи ба њам алоќаманд ва беихтилофи њуќуќї арзи вуљуд дошта бошад, ки он дар навбати худ барои пешрафти босуръати њаёти сиёсию иќтисодї, иљтимоию фарњангии мамлакат ва таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд шароити заруриро муњайё месозад.

Суди конститутсионии Љумњуриии Тољикистон низ ќисми људо­нашавандаи њокимияти давлатї ва судї мањсуб меёбад ва табиист, ки фаъолияти он вобаста ба пешрафти давлат ва љомеа, тањким ёфтани асосњои демократии сохтори конститутсионї, боло рафтани ањамияти њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва дастрасии шањрвандон ба суд бењбудї ва тањким бахшиданро таќозо менамояд.

Аввалин Ќонуни конститутсионии Љумурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон с.1995, № 21, м.223) ќабул гардид, ки он ба сатњи донишњои назариявї, консептуалї ва амалию њуќуќии замони ќабулаш пурра мувофиќат дошт.

Баъд аз ќабули Ќонуни мазкур, бо ќонунњои конститутсионї ба он 12 маротиба 132 таѓйироту иловањо ворид карда шуданд, ки онњо инъикоси демократикунонии минбаъдаи њаёти љомеаи Тољи­кис­тон, ра­ванди ислоњоти конститутсионї дар мамлакат, рушду тањкими инсти­тутњои демократї ва њокимияти давлатї, танзими фаъолияти мурофиавии Суди конститутсионї, вазъи иљтимоии судяњо, тањкими сало­њияти Суди конститутсионї, инчунин боло рафтани сатњи донишњои назариявї, консептуалї ва амалии мутахассисони соњаи њуќуќи консти­тутсионии мамлакат ва судяњои Суди конститутсионї ба шумор мераванд.

Дар Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї барои солњои 2011-2013 аз 3 январи соли 2011 тањияи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон» низ пешбинї гардид. Ќонуни конститутсионии мазкур бо даст­гирии та­моми њуќуќшиносони маќомоти давлатї, олимону мута­хассисони муас­сисањои олии мамлакат, олимону коршиносони хориљї аз Комиссияи Венетсиании Шурои Аврупо ва Љамъияти олмонии њам­кории байналмилалї тањия гардида, он 26 июли соли 2014 ќабул гардид ва мавриди амал ќарор дорад.

Ќонуни конститутсионї аз 15 боб ва 86 модда иборат буда, сох- тори он нисбат ба Ќонуни конститутсионии амалкунанда, ки аз 11 боб ва 63 модда иборат аст, 4 боб ва 23 модда зиёд мебошад. Он давоми ман­тиќии татбиќи принсипи конститутсионии таљзияи њоки­мияти давлатї дар Тољикистон, ислоњоти судї-њуќуќї ва табдил додани њо­кимияти судї, аз љумла Суди конститутсионї ба механизми эъти­мод­ноки њифзи њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд ва дигар субъектони њуќуќ арзёбї мегардад.

Дар мамлакат татбиќи Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љум­њурии Тољикистон барои солњои 2015-2017, ки бо Фармони Президенти Љум­њурии Тољикистон аз 5 январи соли 2015 №327 тасдиќ шудааст, идо­ма дорад, ки он дар рушди минбаъдаи њокимияти судї наќши арзандаи худро хоњад гузошт.

Ислоњоти конститутсионї дар мамлакат, яъне даровардани таѓйи­ру иловањо ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ки 22 майи со­ли ра­вон та­вас­сути раъйпурсии умумихалќї ба амал бароварда шуд, дар баро­­бари боз њам мустањкам намудани асосњои сохтори консти­тутсионї, такмили механизмњои њифзи њуќуќу озодињои инсон, фаъолияти муназ­зами маќомоти олии њокимияти давлатї, баланд бардоштани масъу­ли­яти мансабдорони олии мамлакат, бешак дар бењдошти њокимияти судї, аз љумла Суди конститутсионї низ бе таъсир нахоњад монд.

Такмили талаботи тахассусї нисбат ба мансабњои ма­ќомоти њо­ки­мияти судї, аз љумла доштани шањрвандии Љумњурии Тољикистон, сав­­ганди судя дар хусуси садоќат ба Конститутсия, њуќуќу озодињои ин­сон ва шањрванд, њифзи манфиатњои шањрванд, љомеа ва давлат, љавон намудани маќомоти њокимияти олии судї аз талаботи баланди давлат ва љомеа ба фаъолияти њокимияти судї шањодат медињад.

Њамаи ин њокимияти судї ва судяњои мамлакатро водор месозад, ки љињати эъти­бор пайдо кардан ва ба боварии љомеа сазовор гаштан, муносибати худро ба фаъолияти касбї дигар карда, салоњият ва вази­фањои дар назди онњо гузоштаи Конститутсия ва ќонунњои мам­лакатро дар сатњи дахлдор ба анљом расонида, наќши худро дар тањ­кими асосњои сохтори конститутсионї, њифзи њуќуќу озодињои инсон ва манфиати давлат ва љомеа гузоранд.

Дар навбати худ иљрои ин амалњо аз судяњои кишвар масъу­лияти баланди касбї, донишу малака, мањорат, талаботи тахассусии дахлдор ва ба он љавобгў будани судяро таќозо дорад, ки барои расидан ба ин сифатњо дар мамлакат тамоми шароити ташкилию њуќуќї ва иљтимої фароњам оварда шудааст.



[1] Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба муносибати 15-умин солгарди ќабули Конститутсияи Тољикистон 5 ноябри соли 2009. Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, № 2, соли 2010.- С.18.


 

Ѓаюров Ш. К.

Мудири кафедраи њуќуќи

граждании факултети

њуќуќшиносии Донишгоњи

миллии Тољикистон, д.и.њ., профессор

МАФЊУМ ВА ХУСУСИЯТЊОИ ПАЛАТАИ

ЊИСОБ ДАР ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН