23:58:51 - 19.01.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Қарор аз рўи дархости директори генералии Чамъияти дорои масъулияти махдуди «Начот»-и шахри Исфара Исомадинова Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофикати сархатхои чорум, чордахум ва хабдахуми банди 2.4, банди 4.1,

 

ЌАРОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

аз рўи дархости директори генералии Љамъ­ияти до­рои масъу­лияти мањдуди «На­љот»-и шањри Ис­фа­ра Исомади­нова Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати сархатњои чорум, чордањум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4-и Оинно­маи Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї», ки бо фармоиши Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиќ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 26 сентябри соли 2016

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­ку­нанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Њошимзода Д.Д., судяњо: Абдуллозода Л.И., Гул­зор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї – Мусулмонов С.,

тарафњо:

1. Исомадинова Наљотхон – дирек­тори генералии Љамъ­ияти до­рои масъу­лияти мањдуди «На­љот»-и шањри Ис­фа­ра – тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст ва намояндаи ваколатдори ў – Носирљонов Набиљон.

2. Ёрова Зулфия Мањмаднабиева – муовини вазири наќлиёти Љум­њу­рии Тољикистон, Саидзода Ќурбон – сардори Раёсати наќлиёти рўиза­минї ва Њафизов Зафар – мудири бахши њуќуќи Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољи­кистон – намояндагони ваколатдори тарафе, ки нисбат ба санади меъёрии њуќуќии тасдиќ­намудаи он мурофиаи судии консти­тут­­сионї оѓоз карда шудааст.

Даъватшудагон:

1. Рањимї Фарњод - намояндаи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љум­њу­рии Тољикис­тон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон;

2. Азимзода Толибхон Ситамурод - намояндаи Маљлиси намоян­дагони Маљлиси Олии Љумњу­рии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон;

3. Шоназаров Содиќ Ашурович – намояндаи Президенти Љумњу­рии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон;

4. Шоњиён Муњаммасаид Алимардон – муовини Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон;

5. Осимзода Мадиброим – муовини Прокурори генералии Љумњу­рии Тољикистон;

6. Низомї Маќсуд – сардори Сарраёсати ќонунгузории Вазорати адлияи Љумњурии Тољикис­тон;

7. Холиќзода Абдухолиќ – сардори Раёсати дастгирии соњибкории Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љум­њурии Тољикистон;

8. Хайрзода Давлатбек Зайнидин – муовини директори Агентии назо­рати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњу­рии Тољикистон;

9. Одиназода Назар Санг – муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон;

10. Халифаев Азам Кенљаевич – муовини якуми сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соњаи наќлиёти Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон;

11. Хизиров Ќурбоналї Ќодирович – директори Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї»-и Вазорати наќ­лиёти Љумњурии Тољикистон;

12. Ахмедов Султонмурод – муовини директори Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї»-и Вазорати наќ­лиёти Љумњурии Тољикистон,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, мод­дањои 34 ва 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро аз рўи дархости директори гене­ралии Љамъ­ияти до­рои масъулияти мањдуди «На­љот»-и шањри Ис­фа­ра Исомадинова Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати сархатњои чорум­, чордањум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї», ки бо фармоиши Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиќ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши судяи Суди консти­тут­сионї Њошимзода Д.Д., баёноту ху­лосаи тарафњо ва баромади даъ­ват­­шу­да­гонро шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои ворид­шударо тањ­ќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Директори генералии Љамъ­ияти до­рои масъулияти мањдуди «На­љот»-и шањри Ис­фа­ра Исомадинова Н. ба Суди конститутсионии Љум­њурии Тољи­кистон бо дархост мурољиат намуда, дар он ќайд мена­мо­яд, ки ў 7 январи соли 2003 Љамъияти дорои масъу­лияти мањдуди «Наљот»-ро таъсис дода, то ба њол ба фаъо­ли­яти соњибкорї маш­ѓул мебошад.

Аммо, аз давраи таъсиси Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти авто­мобилї ва хизматрасонии логистикї» (минбаъд КВД), яъне аз соли 2011 кафолатњои конститут­сионии ў ва дигар соњиб­корон ба фаъо­лияти соњиб­корї, ки дар моддаи 12-уми Конститутсияи Љум­­њу­рии Тољи­кис­­тон пеш­бинї гардида­аст, мавриди поймол ва мањ­дудият ќарор доранд. Зеро, Вазорати нақлиёти Љумњурии То­љи­­кистон бо фармоиш аз 22 июни соли 2011, №61 Оинномаи КВД-ро тасдиќ карда, дар он як зумра вако­латҳои батанзим­дарорї, назоратї ва иљо­затномадињиро ба корхо­наи зикр­шуда вогузор намудааст. Њол он ки ќисми дуюми моддаи 9 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 феврали соли 2004, №10 «Дар бораи корхонаҳои дав­латї» пешбинї мена­мояд, ки «Аз тарафи муассис ё маќоми ваколатдор ба корхонаи давлатї додани вазифањои давлатии назоратї ё иљо­затдињї манъ аст».

Прокуратураи генералии Љумҳурии Тољикистон 21 ноябри со­ли 2011 нис­бат ба ќонун­шиканињои ошкоркарда, яъне ба КВД додани ваколатҳои назоратї ва иљо­зат­номадињї эътироз оварда, талаб намуда­аст, ки фар­моиши Вазорати нақлиёти Љумҳурии Тољикистон аз 22 июни соли 2011, №61 бинобар ғайриқонунї буданаш бекор карда шавад.

Бо фармоиши Вазорати нақлиёти Љумҳурии Тољикистон аз 13 фев­рали соли 2013, №32 фармоиши зикршуда бекор карда шуда, Оинномаи нави КВД тасдиќ гардид, ки дар он низ ваколат­­ҳои назоратї ва иљо­зат­номадињї боќї монданд.

Аз љумла, тибќи сархатњои чорум, чордањум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4-и Оинномаи КВД аз 13 феврали соли 2013 ба корхонаи зикршуда як ќатор ваколатњо дода шудаанд, чунончи:

- омода ва пешнињоди омории кори наќлиёти автомобилї ва хизмат­ра­­сонињои наќлиётию логистикї;

- таъмини вараќањои роњхату борхат ва коркарди ин њуљљатњо;

- ташкил ва гузаронидани озмун (тендер);

- вобаста намудани хатсайрњои мусофирбарї ва аз нав љоба­љогузории онњо;

- талаб намудани маълумоти оморї ва дигар маълумоти њисоботї;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти муштараки љамъиятњои мусофирка­шонї;

- пешнињоди мониторинги тарифҳои хизматрасонї.

Бо додани чунин ваколатњо, ташки­лоти тиљоратї ба маќоми вако­лат­­дори давлатї табдил ёфта, ва­колати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соњаи наќ­лиёт, ки бояд ваколатњои зикршударо иљро мекард, мањдуд гардидааст.

Њамин тариќ, мурољиаткунанда зикр мекунад, ки КВД қариб бист наму­­ди вазифањои низомномавии Вазо­рати нақ­лиё­ти Љумҳурии Тољикис­тонро дар оинномаи худ љой дода, бо истифода аз онњо бар хилофи моддаи 22 Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон аз 26 июли соли 2014, №1107 «Дар бораи њимоя ва дастгирии дав­ла­тии соњиб­корї» корхонаҳои хусусї ва љамъият­њои мусофирбариро уњдадор месо­зад, ки бо вай шартномаи ҳамкорї банданд.

Моддаи 22-и Ќонуни зикршуда кафолатњоро аз дахолат ба фаъо­лияти субъекти соњибкорї муќаррар намуда, пешбинї менамояд, ки:

«1. Дахолат, амали (беамалии) ѓайриќонунии шахсони мансабдори маќо­моти давлатї, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, маќомоти давлатии назоратї ва санљишї, инчунин маќомоти њифзи њуќуќ, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот ба фаъолияти хољаги­до­рии субъекти соњибкорї манъ аст.

2. Ба мањдудкунии њуќуќњои субъекти соњибкорї барои иштирок дар хариди давлатии мол (кор, хизматрасонї) роњ дода намешавад».

Мурољиаткунанда, инчунин ќайд менамояд, ки ба Оинномаи кор­хо­­наи зикр­шуда њамчун са­нади меъёрии њуќуќї ягон маќомоти дахлдор хулосаи њуқуқї на­до­да, он аз қайди давлатї нагузаштааст ва оқибати њуќуќї надорад.

Аммо, ба ин нигоњ накарда, Вазорати нақ­лиёти Љумњурии Тољи­кис­тон дар асоси бандњои 2.4, 4.1 ва 4.4-и Оин­нома, дигар санадњои меъёрии њуќуќї, аз љумла фармоиш аз 12 июли соли 2011, №75 «Оид ба тасдиқи «Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур кар­дан, исти­фода ва коркарди роњхатҳо», фармоиш аз 25 октябри соли 2011, №178 «Оид ба таъсис додани комиссияи доимоамалкунанда», фармоиш аз 25 ноябри соли 2011, №214 «Дар бораи тасдиќ намудани «Ќоидаҳои гузаро­ни­­дани озмун (тендер) оид ба тақ­сими хатсайрҳо байни интиқолди­ҳандагон» ва фар­моиш аз 13 марти соли 2012, №47 «Дар бораи тасдиќ наму­дани Нархномаи хизматрасонињои наќлиётии КВД «Наќлиёти авто­мобилї ва хизматрасо­нии логистикї»-ро ќабул намудааст, ки КВД онњоро ба асос гирифта, њуќуќњои конс­ти­тутсионии мурољиаткунанда ва дигар соњиб­­­коронро ба фаъолияти озоди соҳиб­корї поймол менамояд.

Чунончи, тибќи банди 4 ќарори Њукумати Љумҳурии Тољикистон аз 13 майи соли 2003, №222 «Дар бораи тад­бирҳои ташкили истењсоли њуљљатњо ва вара­ќањои бањисобгириву њисоботи қатъї»:

«Вазоратҳо, идо­раҳо, ин­чунин муассисаҳо, корхонаҳо ва ташки­лот­ҳои тамоми шаклҳои моликияти Љумњурии Тољикистон эњтиёљоти соло­наи худро ба њуљ­љатњову варақањои бањисобгириву њисоботи ќатъї ба Корхонаи воњиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иљроияи Пре­зиденти Љумњурии Тољикистон то 1 октябри соли ќаблї пеш­нињод намоянд».

Аммо, банди 3 фармоиши Вазорати нақ­лиё­ти Љумҳурии Тољикис­тон аз 12 июли соли 2011, №75 «Оид ба тасдиқи «Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур кар­дан, исти­фода ва коркарди роњхатҳо» фаъо­лияти ҳа­маи ассотсиатсияҳо, муассисаҳо, кор­хонаҳо ва љамъиятњои нақ­лиёти ав­то­мобилї, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиа­шонро мањ­дуд намуда, онњоро водор менамояд, ки роњхатњоро танњо аз КВД дастрас намоянд, ки аз ин Љамъ­ияти до­рои масъулияти мањдуди «На­љот» њар моњ ба маблаѓи муайян зарари моддї ме­бинад.

Прокуратураи генералї бинобар ғайриқонунї будани дастур­амали зикршуда, нисбат ба он низ эътироз оварда, талаб наму­дааст, ки фар­мои­ши Вазорати наќлиёти Љумҳурии Тољикистон аз 12 июли соли 2011, №75 «Оид ба тасдиқи «Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур кар­дан, исти­фода ва коркарди роњхатҳо» бекор карда шавад. Аммо КВД то ба имрўз дар асоси ин дастурамали ғайриқонунї амал намуда, аз соњибко­рон маблағњои зиёдеро маљбуран ситонида ис­то­дааст.

Дар замимаи 6 ба «Ќоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақ­сими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандагон» бањогузории пешни­ҳо­доти озмун (тендер) ба мављудияти базаи техникї ба љои 1-3 балл 20-30 балл муайян карда шудааст. Тибќи ин бањогузорї ба муассисаҳои нақлиё­тии соњибкорони миёна бартарї до­да шуда, ин њолат њамчун фишанг нисбат ба соҳиб­­ко­рони хурд исти­фода гардида, фаъолияти онњо­ро халалдор месозад.

Аз мактуби Вазорати адлияи Љумҳурии Тољикистон аз 5 ноябри соли 2015, №2-2-158 бармеояд, ки Ќоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақ­симоти хатсайрҳо байни интиқолдиҳандагон баробарии субъ­ект­­­­њои соњибкориро барои иштирок дар озмун мањдуд месозад.

Аз хулосаи Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи дав­латии Љумҳурии Тољикистон аз 10 ноябри соли 2015, №4-2Е/3166 ва мак­ту­би Хадамоти зид­диинҳисории назди Ҳукумати Љумҳурии Тољи­кистон аз 25 феврали соли 2016, №02-04.7/182 бармеояд, ки ба корхонаи давлатї до­да­ни вази­фа­ҳои давлатии назоратї ё иљозатно­мадиҳї манъ буда, КВД ҳуқу­қи ташкилкунї ва раисикунии озмуни (тендери) хатсайр­ҳоро надо­рад.

Њамин тариќ, ба андешаи мурољиаткунанда сархатњои чорум, чорда­њум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4 Оинномаи КВД кафо­латњои конститут­сионии Љамъ­ияти до­рои масъу­лияти мањдуди «На­љот»-ро ба фаъолияти озоди соњиб­корї, ки дар моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикис­тон ва Ќонуни Љумњу­рии Тољикистон «Дар бораи њимоя ва даст­гирии давлатии соњиб­корї» пешбинї гардидааст, поймол ва мањдуд менамояд.

Бо дарназардошти њолатњои зикршуда, мурољиаткунанда аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон хоњиш кардааст, ки дар асоси дар­хости ў мурофиаи судии конс­титутсионї оғоз карда шуда, муво­фи­қати сархатњои чорум, чордањум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4-и Оинномаи КВД, ки бо фармоиши Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиќ карда шудааст, ба моддаи 12 Консти­тутсияи Љумњу­рии Тољикистон муайян кар­да шавад.

Суди конститутсионї дархости мазкур ва њуљљатњои ба он замима­шударо мавриди омўзиш ва тањлил ќарор дода, ќайд менамояд, ки дар ни­зоми кафолатњои давлатии эълондоштаи Кон­с­титутсия, ка­фо­лати фаъо­­­лия­ти озоди соњибкорї мавќеи марказиро иш­ѓол менамояд ва яке аз унсурњои муњими рушди муътадили соњаи иќтисодию иљтимоии кишвар ба шумор меравад.

Кафолати мазкур, агар аз як тараф ба рушду тањким ва бо­ло раф­тани сатњи иќтисодиёт тавассути фаъолият ва сањми соњиб­корї ни­га­ронида шуда бошад, аз љониби ди­гар он ба ќонеъ гар­донидани та­лаботи ав­ва­линдараљаи мод­дию маънавии соњиб­­­­­­­кор ва дар маљмўъ ба­ланд раф­тани сатњи некўањволии халќ равона гар­дидааст.

Машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї њамчун унсури асосии принсипи конститутсионии озо­дии иќтисодї, ифодаи озод будани со­њиб­­корї буда, яке аз њуќуќњои асосї ва муњими иќ­тисодї, ин­чунин им­ко­ният ва василаи татбиќи њуќуќи иљтимоии инсон ва шањр­ванд мањсуб меёбад ва бо санадњои байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон ва ќонунгузории кишвар кафолат дода мешавад.

Ин ка­фо­лат аз шак­лњои гуногуни моли­кият асос ёфтани иќти­­­­со­диёти Љумњурии Тољикистон, аз љумла моли­ки­яти хусусї, инчунин иљ­тимої эълон шудани давлат маншаъ мегирад, ки бе татбиќи амалии он бунёди љомеаи во­ќе­ан иљтимої ва иќти­соди бозоргонии дар муноси­батњои иќтисодї раќо­батпазир ѓайри­им­кон ме­бо­­шад.

Санадњои байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон, аз ќабили Эъло­мияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948, Паймони байналмилалї доир ба њуќуќи иќтисодї, иљтимої ва фарњангї аз 16 декабри соли 1966 ва Конвесияи Иттињоди Давлатњои Мустаќил оид ба њуќуќ ва озодињои асосии инсон аз 26 майи соли 1995 давлатњои иштирок­чиро водор месозанд, ки бобати амалишавии њуќуќу озодињои муќаррарнамудаи ин санадњои байналмилалї, аз љумла њуќуќњои иќтисо­дию иљтимоии њар кас, ки њуќуќ ба фаъолияти озоди соњибкорї низ аз зумраи онњо мебошад, тадбирњои зарурї андешанд.

Вобаста ба ин, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо такя ба мавќеи њуќуќии худ, ки дар ќарор аз 28 марти соли 2013 (дар­хос­ти шањрванд Тураев М.М.) пешбинї гардидааст, зикр менамояд, ки дар ќо­нунгузории Љумњурии Тољикистон, алалхусус Ќонуни Љум­њу­рии Тољи­кистон «Дар бораи њимоя ва даст­­ги­рии дав­латии соњибкорї» асос­њои ташкилию њуќуќї, шаклњо ва принсипњои асосии њимоя ва даст­гирии давлатии соњибкорї, ња­вас­манд­гардонию тан­зими давлатии фаъо­ли­яти субъектњои он ва ќои­дањои уму­мии њимояи фаъ­о­лияти соњиб­корї муќар­рар гар­дидааст, ки маќсади он аз таъмини амалишавии ќоби­ли­яту малакаи шахс барои пешбурди фаъолияти соњиб­корї ибо­рат мебо­шад.

Дар Ќонуни зикршуда доираи васеъи њуќуќ ва уњдадорињои су­б­ъект­­­­њои соњиб­­ко­рї муќар­­­­рар гардида, роњњои амалї намудани њи­мояи њу­ќуќ ва манфи­атњои ќонунии онњо тавассути содда на­м­­уда­ни тартиби баќайдгирї, мањдуд кардани санљиши фаъолияти суб­ъекти соњиб­­корї, шикоят овардан ба суд, њисоб кардани собиќаи мењ­на­тии соњиб­кори инфиродї ва ѓ. пешбинї шудаанд, ки онњо барои њимоя, дастгирї ва рушди со­њиб­корї нигаронида шудаанд.

Тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимоя ва даст­­ги­рии дав­латии соњиб­ко­рї» њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї - фаъо­лияти ма­ќо­моти дав­латї ва њимояи субъекти соњиб­корї - њимояи њу­ќуќу манфиатњои ќонунии субъекти соњибкорї буда, онњо дар за­ми­наи пр­ин­­­сип­њои конститутсио­нии кафолати њимояи њуќуќ ва таъмини фаъо­­ли­яти озо­ди суб­ъекти соњибкорї, баробарњуќуќии њамаи субъект­њои со­њиб­корї ва афза­лияти рушди соњибкории хурд ва миёна ба амал ба­ро­вар­да меша­вад.

Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 июли соли 2006, №198 «Дар бо­раи раќобат ва мањдудкунии фаъо­лияти инњисорї дар бозорњои мол» низ дар њифзи манфиатњои субъектњои хољагидорї, аз љумла њимоя ва даст­­­ги­рии дав­латии соњибкорї ва субъекти соњиб­корї тавассути фа­ро­њам овардани шароити ягонаи иќтисодї ва пешгирї кардани раќо­бати бевиљдонона наќши арзанда дорад.

Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон (ќисми якум) аз 30 июни соли 1999, №802 баробарии иштирокчиёни муносибатњои гражданї, аз љумла фаъолияти соњибкориро кафолат дода, соњибкориро њамчун фаъо­лияти мустаќили ба таваккали худ амалишавандаи шахсони ба чунин сифат бо тартиби муќарраркардаи ќонун ба ќайд гирифташудае маъни­дод мекунад, ки барои мунтазам ба даст даровардани фоида аз истифо­даи молу мулк, фурўши мол, иљрои кор ё расонидани хизмат равона карда шудааст.

Ќонунњои зикршуда ба Конс­титутсияи Љумњурии Тољикистон асос ёфта, аз дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, ин­чу­нин санад­њои њуќуќии бай­нал­­милалие, ки Тољикистон онњоро эъти­роф намудааст, иборат мебо­шанд.

Аз ин рў, муќаррароти онњо ба тамоми ма­ќо­мо­ти давлатї љињати таъмини фаъолияти озоди иќтисодї, соњибкорї, баробарњуќуќї, њамчу­нин њимояву дастгирии дав­­ла­­тии соњибкорї ва њифзи њуќуќу манфиатњои субъекти фаъолияти соњибкорї њатмї буда, ба маз­муни мо­д­дањои 10, 12 ва 14 Конс­ти­тутсияи Љум­њурии Тољикистон муво­фиќ мебошанд.

Аз љумла, ќисми 2 моддаи 10 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд, ки «Давлат ва њамаи маќомоти он, шахсони мансаб­дор, шањрвандон ва иттињодияњои онњо вазифадоранд Консти­тутсия ва ќонунњои љумњуриро риоя ва иљро намоянд».

Тибќи моддаи 12 Конс­ти­тутсияи Љум­њурии Тољикистон «Давлат фаъолияти озоди иќтисодї, соњибкорї, баробар­њуќуќї ва њифзи њуќуќии ња­маи шаклњои моликият, аз љумла моликияти хусусиро кафолат медињад».

Дар моддаи 14 Конс­ти­тутсияи Љум­њурии Тољикистон бошад, муќар­­­­­­­­­рар шудааст, ки «Њуќуќ ва озодии инсон ва шањрванд бевосита амалї мешаванд. Онњо маќсад, мазмун ва татбиќи ќонунњо, фаъолияти њоки­мияти ќонунгузор, иљ­роия, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи њокимияти судї таъмин мегарданд».

Суди конститутсионї бо назардошти њолатњои зикршуда, масъа­­лаи мав­риди бањс ќарордодаи муро­љи­ат­­кунандаро дида баромада, ќайд ме­намояд, ки дар сархатњои чорум, чордањум ва њабдањуми банди 2.4 Оинномаи КВД:

- «омода ва пешнињоди њисоботи омории кори наќлиёти авто­мобилї ва хизматрасонињои наќлиётию логистикї дар ќаламрави Љум­њурии Тољи­кистон, новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идора­виашон»;

- «тибќи тартиби муќарраргардида таъмини корхонаю ташки­лот­њо ва љамъияту муассисањои наќлиёти автомобилї, бо шумораи зару­рии шаклњои тасдиќгардидаи вараќањои роњњату борхат ва коркарди ин њуљ­љатњо»;

- «тибќи тартиби муќарраршуда ташкил ва гузаро­ни­дани озмун, (тен­дер), вобаста намудани хатсайрњои мусофирбарї ва аз нав љоба­љогу­зории онњо»;

банди 4.1:

- «Корхона њамчун маќомоти ваколатдор муносибатњои худро бо шах­сони воќеї ва њуќуќї сарфи назар аз шакли моликият дар њамаи соња­њои фаъолияти хизматрасонии наќлиёти автомобилї дар асоси шарт­но­ма, созишнома ва ќарордодњои ихтиёрї ба роњ мемонад»;

сар­хатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4:

- «аз шахсони њуќуќї ва воќеї, ки ба намудњои гуногуни фаъолият дар соњаи наќлиёти автомобилї ва хизматрасонињои логистикї машѓул мебо­шанд, маълумотњои заруриро талаб намояд»;

- «сариваќт аз корхонаю ташкилотњо, ширкатњои наќлиётї даст­рас намудани маълумотномањои њисоботї оид ба фаъолияти бору мусо­фи­р­барию дигар намудњои хизматрасонињои наќлиётию логистикї ва пеш­ни­­њод намудани онњо ба маќомотњои дахлдор»;

- «тибќи тартиби муќарраргардида, бо маќсади пайдо намудани њу­ќуќ оид ба хизматрасонї дар хатсайрњои мусофирбарї байни интиќол­ди­њандагон гузаронидани озмун (тендер)-ро ташкил менамояд» меъёрњое пешбинї гардидаанд, ки онњо ба моњият, табиат, фаъолият ва маќсади њуќуќии корхонаи воњиди давлатї мувофиќ нестанд, њам­чунин дар ќо­нун­­гузории Љумњурии То­љикистон аз тарафи корхонаи воњиди давлатї амалї намудани чунин ваколатњо мавриди танзим ќа­рор нагириф­тааст.

Чунончи, тибќи ќисми 1 моддаи 125 Кодекси граждании Љум­њу­рии Тољикис­тон (ќисми якум) ва ќисми якуми моддаи 1 Ќо­нуни Љумњурии Тољи­кистон аз 28 фев­рали соли 2004, № 10 «Дар бораи кор­­хонањои давлатї» - корхонаи воњиди давлатї - ташкилоти тиљо­ра­тї буда, маќсади асосии он ба даст овардани фоида мебошад.

Аз љониби дигар, тибќи моддаи 3 Ќонуни зикршуда - корхонањои воњиди давлатї бо њуќуќи пешбурди хољагидорї ташкил карда мешаванд ва пешбурди хољагидорї њуќуќи мањдуди молии корхонаест, ки аз давлат амволро гирифта, дорои њуќуќи соњибї, ис­тифода ва ихтиёрдорї карда­ни амволи гирифташуда мебошанд.

Тибќи муќаррароти Кодекси гражданї, корхонаи воњиди давлатї њамчун шахси њуќуќї субъекти муносибатњои њуќуќи гражданї мањсуб ёфта, фаъо­лияти худро дар баробари дигар санадњои меъёрии њуќуќї, инчунин дар доираи муќаррароти Кодекси гражданї ба роњ мемонад.

Кодекси гражданї дар моддаи 1 пешбинї мекунад, ки ќонунњои гражданї вазъи њуќуќии иштирокчиёни ањдњои гражданиро муайян намуда, уњдадо­рињои шартномавї ва уњдадорињои дигар, инчунин муно­си­бат­њои дигари молу мулкиро, ки ба баробарї, мухторияти хоњишу ирода ва мустаќи­лияти молу мулкии иштирокчиёнашон асос ёфтааст, танзим менамояд.

Кодекси гражданї баробарї ва мустаќилияти суб­ъет­­­­­­њои гражда­ниро яке аз принсипњои асосии њуќуќи граж­­­данї эътироф намуда, ба амалишавии онњо кафолати ќонунї бахшида­аст ва пешбинї мекунад, ки шањрвандон ва шахсони њуќуќї њангоми амалї намудани њуќуќњои ба онњо тааллуќдошта бояд оќилона, одилона ва боинсофона талаботи дар ќонунгузорї дарљёфтаро риоя намоянд.

Вобаста ба ин, субъектњои муносибатњои гражданї, аз љумла фаъо­лияти соњибкорї новобаста аз шакли ташкилию њуќуќї ва моликият, њамчунин самти фаъолият, аз њуќуќу уњдадорињои баробар бархўрдор буда, тањти идора ва тобеияти њамдигар ќарор додани онњо ё худ аз љони­­­би онњо доштани афзалият нисбат ба њамдигар истисно карда мешавад.

Дар моддаи 9 Ќо­нуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи кор­­­хонањои давлатї» муќаррар гардидааст, ки муассис ё маќоми вако­­латдор соња ва маќсадњои фаъолияти корхонањои давлатиро муайян карда, онњоро дар оинномаи корхона бо дарназардошти та­лаботи ќонуни зикр­шуда ва дигар санадњои ќонунгузорї пешбинї менамояд ва аз тарафи муассис ё маќоми ваколатдор ба кор­хонаи давлатї додани вазифањои давлатии назоратї ё иљозатдињї манъ ме­бошад.

Ќонунгузорї њамчунин самтњои асосии фаъолияти корхонањои дав­ла­тиро муайян кардааст, ки онњо аз њалли вазифањои иљтимоию иќ­тисо­дї, ки талаботи љомеа ва давлатро муайян мекунанд, иборат ме­бошанд.

Вобаста ба ин, самтњои асоси фаъолият ва вазифањои дар назди корхонањои во­њиди давлатї истода дар моддаи 20 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи кор­­­хонањои давлатї» пешбинї гардидаанд, ки онњо асо­сан аз истењсол ва тањвили мањсулот барои эњтиёљоти давлат, тайёр кардан ва фурўхтани доруворї, воситањои табобатї, таљњизот ва асбобњои тиббї, анљом додани фаъолияти хољагидорї дар соњаи таъ­мини ќувваи барќ, об, гармї ва газ, расонидани хизмат тавассути наќлиёти роњи оњан ва истифодаи умумї, интиќоли њавоии бор ва мусофирон, расонидани хизмати алоќа, дигар намуди хизматрасонї ва анљоми фаъолияти истењсолию хољагидорї иборат буда, дар онњо функ­сия ва вазифњои ба маќоми ваколатдори давлатї хос (идо­ра­кунї, на­зо­ратї, танзимкунї ва иљозатдињї­) пешбинї нагардидааст.

Суди конститутсионї ќайд менамояд, ки сархатњои чорум, чор­дањум ва њабда­њуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њаф­туми банди 4.4-и Оинномаи КВД меъёрњои муќарраркунанда, тан­зим­­­кунанда, њамоњангкунандаи тартиби фаъолият мебошанд, ки онњо бояд аз љониби ма­ќоми ваколатдори давлатї амалї карда шаванд.

КВД дар асоси моликияти давлатии ба ў вобаста­кар­дашуда бояд бо иљрои кор ва хизматрасонињои васеи соњаи бору мусо­фир­ка­шо­нї машѓул шуда, тавассути раќобати озод ва баробар бо дигар субье­ктњои хољаги­дори самти бору мусофиркашонї барои ба даст овар­дани фо­ида ва рушду нумўи минбаъдаи корхона кўшиш намояд. Вогузор намудани вако­лат­њои ба маќомоти давлатї хос, аз ќа­били назорат, танзим ва иљо­зат­дињї ба КВД боиси ра­ќо­бати бевиљ­донона, бартарї ва нобаробарї миёни субъектњои хољагидорї ме­гардад. Зеро, тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бо­раи раќобат ва мањдуд­кунии фаъо­лияти инњи­сорї дар бозорњои мол», њама гуна амали субъект­њои хољагидор, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соњибкорї равона шудааст ва хилофи ќонунгузории Љумњурии Тољикис­тон мебошад ва метавонанд ба дигар субъектњои хољагидорї – раќибон зарар расонад ё расонидааст ё обрўи кории онњоро паст мегардонад, раќобати бевиљдонона маънидод карда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки давлат ба фаъолияти озоди соњибкорї, њам­чун воситаи муњими руш­ду тањкими иќтисодиёти кишвар, мусоидат ба вазъи иљтимої ва некўањ­волии халќ, ташкили љойњои корї бо музди мењнати мувофиќ, афзун гар­донидани истењсолот ва баамалбарории намудњои гуногуни кору хизматрасонї муносибат дошта, тавассути санад­њои меъё­рии њуќуќї мањдуд кардан ва халалдор сохтани фаъолияти ќонунии субъект­њои њуќуќро, ки ба рушди иќтисодиёт мусоидат карда, љузъи муњими рушди муносибатњои иќтисоди бозоргонї мањсуб меёбад, ќатъиян манъ кар­дааст.

Чунончи, тибќи ќисми якуми моддаи 6 Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бо­раи раќобат ва мањдудкунии фаъо­лияти инњисорї дар бозори мол»:

«Ба маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти иљроияи мањаллии њо­кимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот ќабул на­мудани санад ё ба анљом расонидани амалњое, ки мустаќилияти субъек­т­њои хољагидорро мањдуд месозанд, шароити табъизї ё баръакс, им­конияти мусоидро барои фаъолияти субъектњои хољагидори алоњида фаро­њам меоранд, агар ин санад ва амалиёт боиси роњ надодан, бар­тараф намудан ва мањдудшавии раќобат, халалдор намудани ман­фи­атњои субъектњои хољагидор ё шањрвандон гарданд, манъ аст».

Меъёрњои моддаи 6 Ќонуни зикршуда тамоми он амалњо, аз љумла якљоя кардани вазифањои маќомоти њокимияти давлатї ва субъектњои хољагидор, инчунин ба зиммаи субъектњои хољагидор вогузоштани вази­фа ва њуќуќњои маќомоти назорати давлатї, ки ба мањдуд­кунии раќобат дар фаъолияти соњибкорї оварда мера­сонанд, иљозат намедињанд.

Аз ин рў, ќабули санади меъёрии њуќуќї ва дар он пешбинї наму­дани тартиб, шароит ва њолатњо, инчунин ваколатњои ба ќонунгузорї но­мутобиќ, ки онњо метавонанд монеаи рушди фаъолияти озоди иќти­содї ва умуман хоља­ги­дорї гарданд, инчунин мустаќилияти субъектњои хољагидориро мањдуд ва халадор созанд, барои субъектњои алоњидаи хољагидорї бартарї ва шароити мусоид фароњам оранд, њамчунин ба мањдуд гаштани раќобат бурда расонанд, роњ дода намешавад.

Ќонуни Љум­њу­рии Тољикистон «Дар бораи њимоя ва даст­­гирии дав­ла­тии соњибкорї», ки тартиби ташкили фаъо­лияти соњибкориро му­ай­ян мекунад, дар баробари њуќуќ, инчунин уњда­дорињои муайянеро низ ба зим­маи соњибкорон вогузор намудааст, ки чунин тартиби масъа­ла­гузорї на мањдуд кардани фаъолияти озоди соњиб­корї, бал­ки инъикоси ман­фиа­­ти њам соњибкор ва њам тар­тиботи њу­ќуќї дар дав­лат ба шумор меравад.

Чунончи, аз тарафи соњибкор риоя кардани ќонунгузорї, њуќуќ ва манфиатњои бо ќонун њифзшавандаи шахсони воќеї ва њуќуќї; таъмин намудани мутобиќати моли истењсолшуда (кору хизматрасонии анљом­дода) ба талаботи ќонунгузорї; бастани шартномаи мењ­натї бо шањр­ван­доне, ки онњоро ба сифати коргари кироя ба кор меги­рад ва њамчу­нин бо талаби коллективи мењнатї бастани шартномаи кол­лективї; дар асоси меъёрњои муќар­раргардида таъмини њифзи мењнат, бехатарии экологї, санитарию эпи­де­миологї ва техникаи бехатарї; са­ри ваќт ва пурра пардохт намудани андозњо ва дигар пардохтњои њатмї ба буљети давлатї ва ѓ., уњда­дорињое мебошанд, ки аз принсипњои ќонуният ва шаф­фо­фияти фаъо­лияти субъектњои соњибкорї, ки ќонун­гузор муайян кар­дааст, бар­меоянд.

Моддаи 11 Ќонуни Љум­њу­рии Тољикистон «Дар бораи њимоя ва дас­т­­­­­­­гирии дав­­латии соњибкорї» њимоя ва даст­гирии давлатии соњиб­ко­ри­ро аз љониби тамоми маќомоти давлатии Љумњурии Тољи­кис­тон ка­фо­лат дода, дар шакли њуќуќї, ташкилї, молумулкї, молиявї, итти­ло­отї ва дигар шаклњо амалї шудани онро муайян менамояд.

Дар низоми даст­гирии давлатии соњибкорї назорати давлатї дар шакли баќайдгирии соњибкорї, андозбандї, иљозатномадињї ва иљозат­дињї, санљиши фаъо­лияти субъектњои соњибкорї, баќайдгирии молу мулк, њисоботдињї, тан­зи­ми зиддиинњисорї, мораторияи санљиши фаъо­лияти субъектњои соњиб­корї ва дигарњо мавќеи муњим доранд. Аз њама муњимаш назорат, иљозатдињї, танзимкунї, манъкунї ва мањдудкунии фаъолияти соњибкорї тибќи ќонун ва дар доираи ќонун, инчунин на аз тарафи кор­хонаи воњиди давлатї, балки аз љониби маќо­моти дахлдори ваколатдори давлатї ба амал ба­роварда мешавад.

Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон низ тибќи сархати ну­њуми банди 5 Низомномаи Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 6 майи соли 2011, №250 тас­диќ шудааст, ваколатдор аст, ки љињати «гузаронидани чорабинињои зид­димонополї дар соњаи наќлиёт ва рушди раќобати озод дар бозори хизматрасонињои наќлиётї тадбирњои зарурї андешад».

Оинномаи наќлиёти автомобилии Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 декабри соли 2009, №696 тасдиќ гардида, асосњои иќтисодї, њуќуќї ва ташкилии фаъолияти наќ­лиёти автомобилии Љумњурии Тољикистон ва наќши онро дар соњањои иќтисодию иљтимої муайян мекунад, яке аз вазифањои асосии танзими давлатии фаъолияти наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии автомоби­лиро њимояи њуќуќ ва манфиатњои ќонунии шахсони њуќуќї новобаста аз шакли моликият маънидод намуда, фароњам овардани ша­рои­­ти муъта­дил барои инкишофи раќобатро аз усулњои муњими назорат ва танзими давлатии бозори хизматрасонињои наќлиётї эътироф мекунад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нисбат ба ваколати Вазорати наќлиёт дар хусуси вогузор наму­дани баъзе аз ваколатњои худ ба зиммаи таш­килотњои наќ­лиё­тии зертобеъ, ки аз сархати пан­­љуми бан­­­ди 6 Низом­номаи Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољи­кис­тон аз 6 майи соли 2011, №250 бармеояд, ќайд менамояд, ки вогузор намудани ваколат ба таш­ки­лотњои наќ­лиё­тии зертобеи худ бояд пурра ва дар асоси тала­боти ќонун­гузории амалкунанда сурат гирад. Яъне, ба КВД вогузор наму­дани ва­колати муайян бояд бо талаботи Кодекси граж­дании Љум­­њу­рии Тољикистон, ќонунњои Љумњурии То­љи­­кистон «Дар бораи кор­­­хона­њои дав­латї» ва «Дар бо­раи раќо­бат ва мањдуд­кунии фаъо­лияти инњисо­рї дар бозори мол» ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї ба роњ монда шавад.

Њамин тариќ, тавассути Оиннома ба КВД вогузор намудани вако­лат­њои идоракунии ба ќонун­гу­зории ам­ал­­­­­­ку­нанда ному­­во­фиќ, инчунин татбиќи ин ваколатњо боиси мањдуд кардани фаъо­лияти озоди соњиб­ко­­рї, додани бар­тарї ба субъек­ти алоњи­даи хољаги­дорї ва ба миён ома­дани раќобати бе­виљ­­донона гардида, ка­фолати фаъолияти соњибкории пеш­­бинина­мудаи моддаи 12 Консти­тутсияи Љум­њу­рии Тољи­кис­тон нис­бат ба Љамъ­ияти до­рои масъу­лияти мањдуди «На­љот» халалдор карда шудааст.

Бинобар ин, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон сархат­њои чорум, чор­дањум ва њабда­њуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њаф­туми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти авто­мобилї ва хизматрасонии логис­тикї»-ро ба моддаи 12 Консти­тут­сияи Љум­њу­рии Тољикистон номуво­фиќ арзёбї мекунад.

 

 

Њамзамон, Суди конститутсионї дархости иловагии Вазорати наќ­лиё­тро дар хусуси бори дигар мавќуф гузоштани баррасии парван­даи мазкур, бинобар надоштани асосњои њуќуќї бе ќаноат мемонад.

Бо дарназардошти њолатњои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Кон­­­с­­­титутсияи Љумњурии Тољикистон, моддањои 6, 11, 34, 38, 40, 49, 55, 56, 58, 60 ва 61 Ќонуни конститут­сионии Љумњурии Тољи­кис­тон «Дар бораи Суди конститут­сионии Љумњурии Тољикистон», Суди кон­с­­ти­­­тут­сио­нии Љум­њурии Тољикистон,

 

 

 

 

Ќ а р о р к а р д:

1. Сархатњои чорум, чор­дањум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти авто­мобилї ва хизматрасонии логистикї», ки бо фармоиши Вазорати наќ­лиёти Љумњурии Тољикис­тон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиќ карда шудааст, ба моддаи 12 Конс­титутсияи Љумњу­рии Тољикистон» мувофиќ намебошанд.

2. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

3. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кис­тон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда ша­вад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д.