18:11:09 - 23.10.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости шахрванд Хасанов Н

 

ТАЪИНОТИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии консти­тут­­сионї оид ба дархости шањрванд Њасанов Н. «Дар хусуси бархилофи моддаи 20 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон будани таъиноти суди шањри Хуљанд аз 5 октябри соли 2015, ќарори коллегияи судї оид ба парвандањои граждании суди вилояти Суѓд аз 11 декабри соли 2015, таъиноти судяи суди вилояти Суѓд Воситзода А. аз 20 январи соли 2016 ва таъиноти судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон Ќодирзода Т.Ќ. аз 19 апрели соли 2016»


ш. Душанбе «5» сентябри соли 2016


Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Њошимзода Д.Д., судяњо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї – Мусулмонов С.Ш. дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши муовини Раис Каримзода К.М. ва судя Њошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости шањрванд Њасанов Н. «Дар хусуси бархилофи моддаи 20 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон будани таъиноти суди шањри Хуљанд аз 5 октябри соли 2015, ќарори коллегияи судї оид ба парвандањои граждании суди вилояти Суѓд аз 11 декабри соли 2015, таъиноти судяи суди вилояти Суѓд Воситзода А. аз 20 январи соли 2016 ва таъиноти судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон Ќодирзода Т.Ќ. аз 19 апрели соли 2016» шунида,


м у а й я н к а р д:

Шањрванд Њасанов Нўъмон бо дархост ба Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки 18 майи соли 2007 нисбати ў њамчун сардори вокзали истгоњи «Хуљанд»-и Корхонаи воњиди давлатии «Роњи оњани Тољикистон» аз љониби прокурори наќлиёти вилояти Суѓд бо моддањои 247 ќисми 2 банди «г» ва 323 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон парван­даи љиноятї оѓоз карда шуда, 11 июни соли 2007 парванда бо тасдиќи фикри айбдоркунї ба суди ноњияи Б. Ѓафуров ирсол гардидааст.

Бо таъиноти суди ноњияи Б. Ѓафуров аз 28 июни соли 2007 парвандаи љиноятї нисбати ў бо дастрасии банди «б» моддаи 5 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 20 июни соли 2007, №286 «Дар бораи авф» ќатъ карда шуда, баъди ба ќувваи ќонунї даромадани таъиноти мазкур ў ба иљрои вазифааш шурўъ кардааст.

Ба андешаи мурољиаткунанда прокурори наќлиёти вилояти Суѓд бинобар нисбати ў доштани хусумати шахсї 14 сентябри соли 2007 ба унвонии сардори Корхонаи воњиди давлатии «Роњи оњани Тољикистон» маълумот пешнињод кардааст, ки тибќи он гўё Њасанов Н. аз хунукназарии шахсони масъули мансабдор исти­фода намуда, зиёда аз се моњ фаъолияти мењнатиашро давом дода, аз корхо­на маош гирифтааст, ки бо ин амалаш ба корхона ва давлат зарари љиддї расони­дааст.

Прокурори наќлиёти вилояти Суѓд аз сардори Корхонаи воњиди давлатии «Роњи оњани Тољикистон» талаб намудааст, ки ў аз мансаби ишѓолкардааш озод карда шавад.

Њасанов Н. ќайд менамояд, ки тибќи моддаи 47 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон мањрум сохтан аз њуќуќи ишѓоли масаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян як намуди љазо мебошад, ки он аз љониби суд нисбат ба шахси љиноятсодирнамуда татбиќ карда мешавад.

Номбурда чунин мешуморад, ки њуљљати ирсолнамудаи прокурори наќлиёти вилояти Суѓд нисбаташ буњтон мебо­шад, зеро ў баъди ба ќувваи ќонунї даромадани таъиноти суди ноњияи Б. Ѓафуров љинояти нав бо аломатњои моддањои 245 ќисми 2 бандњои «а,г» ва 323 Кодекси љиноятї содир накардааст. Дар Маркази иттилоотии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон низ оид ба ин њолат маълумот ба ќайд гирифта нашудааст.

Дар моддаи 4 Кодекси љиноятї принсипи ќонуният муќаррар гарди­дааст, ки тибќи он њељ кас дар содир намудани љиноят гунањгор дониста намешавад ва ба љазои љиноятї кашида намешавад ба љуз бо њукми суд ва дар асоси ќонун.

Ба ѓайр аз ин, тибќи банди «а» моддаи 231 Кодекси граждании Љум­њурии Тољикистон ба талабот оид ба њимояи њуќуќи шахсии ѓайримолу мулкї ва дигар неъматњои ѓайримоддї, ба ѓайр аз њолатњои пешбини­наму­даи ќонун, муњлати даъво татбиќ намегардад.

Бинобар ин, 15 январи соли 2013 ў бо ариза оид ба њимояи шаъну шараф ва эътибори корї ба суди шањри Хуљанд мурољиат намудааст. Бо њалномаи суди шањри Хуљанд 28 феврали соли 2013 даъвои ў рад карда шудааст. Бо ќарори марњилаи назоратии Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз 14 феврали соли 2014 њалномаи суди шањри Хуљанд аз 28 феврали соли 2013 ва ќарори коллегияи судї оид ба парвандањои граждании суди вилояти Суѓд аз 11 июни соли 2013 бекор карда шуда, парванда барои аз нав баррасї гардидан ба суди шањри Хуљанд ирсол гардидааст.

Маротибаи дуюм низ бо њалномаи суди шањри Хуљанд аз 15 майи соли 2014 даъвои ў рад карда шуда, њалнома бо ќарори коллегияи судї оид ба парвандањои граждании суди вилояти Суѓд аз 1 августи соли 2014 бетаѓйир мононда шудааст.

Мурољиаткунанда ќайд мекунад, ки тибќи маълумотномаи Маркази иттилоотии Вазорати корњои дохилї аз 3 сентябри соли 2015 ў доѓи судї надорад ва бо моддањои 245 ќисми 2 бандњои «а,г» ва 323 Кодекси љиноятї љиноят содир накардааст.

Дар хусуси он, ки ў муддати зиёда аз се моњ ѓайриќонунї маош гириф­та, ба корхонаи «Роњи оњан» ва давлат зарари љиддї расонидааст, ў ба шуъбаи мубориза бо коррупсия ва љиноятњои иќтисодии характери корруп­сио­­нидоштаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия дар наќлиёти вилояти Суѓд мурољиат намуд. Тибќи мактуби Раёсати Агентї аз 8 сентябри соли 2015, №17.3.4/17-2648 аз 1 июл то 1 ноябри соли 2007 аз тарафи Агентї дар вокзали истгоњи «Хуљанд» таф­тишу санљиш гузаронида нашудааст.

Аз ин бармеояд, ки ў ба манфиати корхонаи «Роњи оњан» ва давлат зарар нарасонидааст.

Бинобар ин, ў пас аз дастрас кардани њуљљатњои зикршуда бо аризаи даъвогї ба суди шањри Хуљанд мурољиат намуд, ки суди мазкур 5 октябри соли 2015 даъвои ўро бидуни тањќиќи далели пешнињодшуда рад кардааст.

Коллегияи судї оид ба парвандањои граждании суди вилояти Суѓд аз 11 декабри соли 2015 таъиноти суди шањри Хуљандро аз 5 октябри соли 2015 бетаѓйир мононд.

Мурољиаткунанда ќайд менамояд, ки коллегияи судї оид ба парван­дањои гражданї бояд маълумотномаи Маркази иттилоотии Вазорати корњои дохилї ва Раёсати Агентии назорати давлатии молия­вї ва мубо­риза бо коррупсия дар наќлиёти вилояти Суѓдро њаматарафа тањќиќ менамуд, аммо чунин амал иљро карда нашуд.

Прокуратураи вилояти Суѓд дар хусуси баррасии парванда дар марњилаи кассатсионї ба таври хаттї огоњ карда шуда бошад њам, вале намояндаи прокуратура ба суд њозир нашуд.

Баъдан бо таъиноти судяи суди вилояти Суѓд аз 20 январи соли 2016 ирсоли парванда барои моњиятан баррасї намудани он дар суди марњилаи назоратї рад карда шуд.

Судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон низ бо таъинот аз 19 апрели соли 2016 ирсоли парвандаро барои моњиятан баррасї намудани он дар суди марњи­лаи назоратї рад кард.

Њамин тариќ, мурољиаткунанда таъиноти суди шањри Хуљанд аз 5 октябри соли 2015, ќарори коллегияи судї оид ба парвандањои граждании суди вилояти Суѓд аз 11 декабри соли 2015, таъиноти судяи суди вилояти Суѓд Воситзода А. аз 20 январи соли 2016 ва таъиноти судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон Ќодирзода Т.Ќ. аз 19 апрели соли 2016-ро бар­хило­фи моддаи 20 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон арзёбї намуда, ба Суди конститут­сионии Љумњурии Тољикистон мурољиат карда, хоњиш наму­да­аст, ки парвандаи граждании №2-419 (2-219)-и суди шањри Хуљанд­ро оид ба њифзи шаъну шарафаш баррасї намояд.

Суди конститутсионї дархости мазкур ва њуљљатњои ба он зами­машу­даро мавриди омўзиш ќарор дода, ќайд менамояд, ки новобаста аз субъек­ти мурољиат ба Суди конститутсионї мањсуб ёфтани Њасанов Н., баррасии масъалаи дар дархост овардаи ў ба салоњияти Суди конститут­сионї дохил намешавад. Зеро, баррасии масъалаи ќонунї будан ё набудани санадњои судии вобаста ба бањси муносибатњои гражданї ќабулгардида, бархилофи мод­даи 20 Консти­тутсияи Љумњурии Тољикистон будани онњо, инчунин барра­сии худи парвандаи граждании №2-419 (2-219)-и суди шањри Хуљанд оид ба њифзи шаъну шарафи Њасанов Н., ба салоњияти судњои умумї мансуб мебошад.

Суди конститутсионї на масъалањои асоснок ва ќонунї будани санад­њои ќабулнамудаи зинањои гуногуни судї, балки дар асоси дархости шах­сони воќеї масъалаи ба Конститутсияи Љумњурии Тољи­кис­тон мувофиќат доштани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї, тавзењоти дастурии пленум­њои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки аз тарафи маќомоти дахлдори давлатї ё љамъиятї, инчунин маќомоти судї нисбат ба онњо дар парвандаи мушаххас татбиќ карда шудаанд ва ба андешаи онњо боиси вайрон шудани њуќуќу озодињои конститутсиониашон гардидаанд, баррасї менамояд.

Њамчунин, мурољиат аз љињати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди кон­сти­­тут­сионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќ нест. Зеро њолат ва далел­њои ба Конститутсияи Љумњурии Тољи­кистон муво­фиќат надоштани меъёрњои мушаххаси санади меъёрии њуќуќї, ки мурољиаткунанда талаб ва далелњои худро ба он асоснок мекунад, дар дархост пешнињод нашудаанд.

Аз ин лињоз, Суди конститутсионї оѓоз намудани мурофиаи судии консти­тут­сиониро оид ба дархости шањрванд Њасанов Н. бинобар ба сало­њияти Суди конститутсионї мансуб набу­дани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз љињати шаклу мазмун ба талаботи мод­даи 41 Ќонуни конститутсионии Љумњу­рии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­­тут­­сионии Љумњу­рии Тољикис­тон» муво­фиќ набудани дархост рад менамояд.

Бо дарназардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи мод­дањои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњу­рии Тољикис­тон» Суди консти­тут­сио­нии Љумњурии Тољикистон,

т а ъ и н к а р д:


1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Њасанов Н. «Дар хусуси бархилофи моддаи 20 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон будани таъиноти суди шањри Хуљанд аз 5 октябри соли 2015, ќарори коллегияи судї оид ба парвандањои граждании суди вилояти Суѓд аз 11 декабри соли 2015, таъиноти судяи суди вилояти Суѓд Воситзода А. аз 20 январи соли 2016 ва таъиноти судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон Ќодирзода Т.Ќ. аз 19 апрели соли 2016» бинобар ба салоњияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мансуб набу­дани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз љињати шаклу мазмун ба талаботи Ќонуни конститут­сионии Љумњурии Тољи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикис­тон» муво­фиќ набудани дархост, рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д.