23:50:13 - 19.01.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба муроиати шахрванд Ширинов М.М.

 

таъинот

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии консти­тут­­сионї оид ба мурољиати шањрванд Ширинов М.М. «Дар хусуси муайян кардани њуќуќњои ў њамчун ишти­рокчии амалиётњои мусаллањњона (низоъњо) бањри њимояи сохти конститутсионии Љумњу­рии Тољикистон ба имтиёзњои иљтимоии пешби­ни­­намудаи моддаи 278 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе «15» апрели соли 2016

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Њошимзода Д.Д., судяњо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судїМусулмонов С.Ш. дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши судяњо Абдуллозода Л.И. ва Зоирзода Ш.Ю.-ро аз рўи мурољиати шањрванд Ширинов М.М. «Дар хусуси муайян кардани њуќуќњои ў њамчун иштирокчии амалиётњои мусаллањњона (низоъ­њо) бањри њимояи сохти конститутсионии Љумњу­рии Тољикистон ба имтиёз­њои иљти­моии пешбини­намудаи моддаи 278 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Ширинов Мањмадамин Манабиевич бо дархост ба Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки ў аз соли 1980 дар вазифањои гуногуни Вазорати корњои дохи­лии Љумњурии Тољикистон фаъолият намуда, соли 2002 аз вазифаи ваколат­дори калон оид ба корњои махсусан муњими раёсати кофтукови љиноятии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон ба нафаќа баромадааст. Иштирокчии амалиётњои мусаллањњона (низоъњо) бањри њимояи сохти кон­сти­тут­­сионии Љумњу­рии Тољикистон солњои 1992-1993 буда, дар комисса­риати њарбии ноњияи Шоњмансур ба ќайд ги­риф­­та шудааст. 17-уми августи соли 2001 бо медали «Љасорат» мукофо­тонида шудааст.

Ў ќайд менамояд, ки тибќи ќарори Шўрои Вазирони Љумњурии Тољикистон аз 29-уми июни соли 1993, №312 ва ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 18-уми июли соли 1996, №332 ба иштирокчиёни амалиётњои мусаллањњона (низоъњо) бањри њимояи сохти конститутсионии Љумњу­рии Тољикистон имтиёзњо пешбинї гардидаанд.

Бо маќсади бархўрдор будан аз имтиёзњои љойдошта ў ба Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди њуљљатњои дахлдор мурољиат намуда, аз маќомоти мазкур хоњиш намудааст, ки дар масъалаи ба категорияи шањрвандони ба иштирокчиён ва маъюбони Љанги Бузурги Ватанї баробар­кар­дашуда, шомил будан ё набудани ў посух гардонад.

Њамчунин аз Кумитаи андоз хоњиш намудааст, ки татбиќ шудан ё нашудани имтиёзњои андозбандии дар моддаи 278 Кодекси андози Љумњу­рии Тољикистон пешбини­шударо, ба иштирокчиёни амалиётњои мусаллањ­њона (низоъњо) бањри њимояи сохти конститутсионї муайян намояд.

Кумитаи андоз ба ў посух додааст, ки мутобиќи ќарори Шўрои Вази­рони Љумњурии Тољикистон аз 29-уми июни соли 1993, №312 шахсоне, ки дар амалиётњои мусаллањњона (низоъњо) бањри њимояи сохти конститут­сио­нї иштирок кардаанд, ба иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї баробаркар­дашуда њисоб меёфтанд. Аммо фасли III Ќонуни Љумњу­рии Тољикистон аз 7-уми апрели соли 1995, №59 «Дар бораи ветеранњо», ки кате­го­рияи шахсони ба иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї баробаркардашударо муайян ва ба танзим меда­рорад, шахсони дар амалиётњои мусаллањњона (низоъњо) бањри њимояи сохти конститутсионї иштирок­кардаро дар бар намегирад.

Бинобар ин, Кумитаи андоз ќайд намудааст, ки шахсоне, ки дар амалиёт­њои мусаллањњона (низоъњо) бањри њимояи сохти конститутсионї иштирок кардаанд, ба категорияи шахсони ба иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї баробаркардашуда мансуб намебошанд.

Номбурда посухи Кумитаи андозро беасос эътироф намуда, ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат карда, хоњиш намудааст, ки дар масъалаи мазкур равшанї андохта, бархўдор будани ўро њамчун ишти­рокчии амалиётњои мусаллањњона (низоъњо) бањри њимояи сохти конститутсионї аз имтиёзњои иљтимоии пешбини­намудаи моддаи 278 Кодек­си андози Љумњурии Тољикистон муайян намояд.

Суди конститутсионї дархости мазкур ва њуљљатњои ба он зами­машу­даро мавриди омўзиш ќарор дода, муайян намуд, ки новобаста ба он, ки шањрванд Ширинов М.М. субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї мањсуб меёбад, аммо баррасии масъалаи дар мурољиат овардаи ў ба салоњияти Суди конститутсионї дохил намешавад.

Зеро, масъалаи даќиќ муайян намудани ба категорияи шањрвадони ба иштирокчиён ва маъюбони Љанги Бузурги Ватанї баробар­кар­дашуда, шомил будан ё набудани ишти­рокчиёни амалиётњои мусаллањњона (низоъ­њо) бањри њимояи сохти конститутсионї ва нисбат ба онњо татбиќ шудан ё нашу­дани имтиёзњои андозбандии дар моддаи 278 Кодекси андози Љумњу­рии Тољикис­тон пешбинишуда, ба салоњияти Суди конститутсионї мансуб набуда, балки ба салоњияти дигар маќомоти ваколатдори давлатї дохил мешавад.

Суди конститутсионї на масъалањои муайян намудани њуќуќу имтиёз­њои пешбининамудаи ќонунгузорї, балки масъалањои муайян намудани мувофиќати санадњои меъёрии њуќуќиро ба Конститутсия (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон баррасї менамояд.

Њамчунин, мурољиат аз љињати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќ нест.

Аз ин лињоз, Суди конститутсионї оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба мурољиати шањрванд Ширинов М.М. бинобар ба салоњияти Суди конститутсионї мансуб набу­дани баррасии масъалаи дар мурољиат гузошташуда, инчунин аз љињати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Ќонуни конститутсионии Љумњу­рии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикис­тон» муво­фиќ набудани мурољиат, рад менамояд.

Бо дарназардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон» Суди консти­тут­сио­нии Љумњурии Тољикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба мурољиати шањрванд Ширинов М.М. «Дар хусуси муайян кардани њуќуќњои ў њамчун иштирокчии амалиётњои мусаллањњона (низоъњо) бањри њимояи сохти конститутсионии Љумњу­рии Тољикистон ба имтиёзњои иљти­моии пешбини­намудаи моддаи 278 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон» бинобар ба салоњияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мансуб набудани баррасии масъалаи дар мурољиат гузошташуда, инчунин аз љињати шаклу мазмун ба талаботи Ќонуни конститут­сионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон» муво­фиќ набудани мурољиат, рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.


Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М.А.



Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д.