04:41:02 - 21.04.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Арюкова Э.И

 

таъинот

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии консти­тут­­сионї оид ба дархости Арюкова Э.И. - адвокати мањкумшуда Сулейманова М.Н. «Дар хусу­си бекор намудани таъиноти суди шањри Истаравшан аз 28 июни соли 2016 ва мавќуф гузош­тани иљрои њукми суди шањри Хуљанд аз 21 октябри соли 2014»


ш. Душанбе «22» сентябри соли 2016

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Њошимзода Д.Д., судяњо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судїЃаниев Љ.Р. дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши судя Абуллозода Л.И.-ро аз рўи дархости Арюкова Э.И. - адвокати мањкумшуда Сулейманова М.Н. «Дар хусу­си бекор намудани таъиноти суди шањри Истаравшан аз 28 июни соли 2016 ва мавќуф гузош­тани иљрои њукми суди шањри Хуљанд аз 21 октябри соли 2014» шунида,

м у а й я н к а р д:

Адвокат Арюко­ва Эльвира Исоевна бо дархост ба Суди консти­тут­сио­нии Љумњурии Тољи­кис­тон ба манфиати мањкумшуда Сулейманова Мух­бира Наримановна – мурољиат намуда, дар замимаи дархости худ муро­љиат­номаи мањкумшуда Сулейманова М.Н.-ро ба Суди конститут­сионї пешни­њод намудааст.

Дар мурољиатномаи пешнињодшуда мањкумшуда Сулейманова М.Н. аз љумла ќайд менамояд, ки ў бо њукми суди шањри Хуљанд аз 21 октябри соли 2014 бо моддаи 247 ќисми 4 банди «б» ва мод­даи 340 ќисми 2 бандњои «а,б» Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон гунањгор дониста шуда, бо дастрасии ќисми 3 моддаи 67 Кодекси љиноятї бо роњи ќисман зам наму­дани љазоњо, ба ў љазо дар намуди мањрум сохтан аз озодї ба муњлати дањ сол таъин карда шуд.

Баъдан ба љазои мазкур, љазои ќаблан ба ў бо њукми суди шањри Хуљанд аз 24 апрели соли 2014 таъиншуда ќисман зам карда шуда, ба ў љазои нињої дар намуди мањрум сохтан аз озодї ба муњлати ёздањ сол, бо адои љазо дар калонияњои ислоњи дорои низомаш умумї таъин карда шудааст. Њамзамон муќаррар карда шуд, ки аз њисоби мањкумшуда Сулейманова М.Н. ба фоидаи филиали ЉСК «Агроинвестбонк» дар вилоя­ти Суѓд зарари расонидашуда ба маблаѓи 860044,87 сомонї рўёнида шавад.

Дар асоси дархости ў, бинобар дар тарбияаш доштани кўдаки хурдсоли то њаштсола бо таъиноти суди шањри Истаравшан аз 23 сентябри соли 2015 иљрои њукм нисбаташ мавќуф гузошта шуда, аз њабс озод карда шуда­аст.

Таъиноти суди шањри Истаравшан аз 23 сентябри соли 2015 аз тарафи Коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии суди ви­лояти Суѓд аз 29 декабри соли 2015 бетаѓйир мононда шудааст.

Коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии Суди Олии Љумњурии Тољикистон таъиноти суди шањри Истаравшан ва таъиноти коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии суди вилояти Суѓдро бекор карда, парван­даи љиноя­тиро барои баррасии нави судї ба суди шањри Истарав­шан фирис­тода­аст.

28 июни соли 2016 суди шањри Истаравшан ариза – дархости муро­љиаткунандаро дар хусуси мавќуф гузоштани иљрои њукм рад намуда, ў аз толори суд ба њабс гирифта шудааст.

Мурољиаткунанда иброз мекунад, ки баъд аз ба озодї баромадан ў зарари ба бонк расонидашударо ќисман ба маблаѓи 6000 сомонї ва ба љабрдида Бобољонов З.И. маблаѓи 183586 сомониро барќарор кардааст.

Номбурда ќайд мекунад, ки ў модари танњо буда, дар таъминоташ ду фарзанд дорад, ки яке аз онњо Сулейманов М.У. чорсола мебошад ва њангоми дар озодї буданаш фазан­до­нашро худаш тарбия менамудааст. Бинобар он, ки айни њол ў дар њабс ќарор дорад имкон надорад, ки мустаќилона фарзандонашро тарбия намояд ва аз љињати моддиву маънавї дастгирї намояд.

Фарзандонаш муваќќатан дар тарбияи хоњараш Сулейманова М. мебошанд, ки ў маъюби гурўњи якум буда, барои тарбия ва таъми­ноти минбаъдаи кўдакон имконияти пурра надорад ва хавфи бе тарбия ва нигоњубин мондани кўдакон ба миён омадааст.

Њамзамон ў хатогињои кардаи худро дарк намуда, мехоњад онњоро бо мењнати њалол ислоњ кунад ва фарзандонашро њамчун инсони боодобу боахлоќ тарбия намояд.

Мурољиаткунанда ба моддањои 14 ва 34 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ишора намуда, иброз медорад, ки њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд тавассути санадњои меъёрии њуќуќї њифз гардида, модару кўдак тањти њимоя ва ѓамхории махсуси давлат ќарор доранд.

Њамчунин, тибќи муќаррароти моддаи 78 Кодекси љиноятї ва моддаи 390 Кодекси мурофиавии љиноятї суд метавонад адои љазои занони дорои фарзандони то синни њаштсоларо, ба истиснои заноне, ки барои љиноятњои махсусан вазнин мањкум гардидаанд, то њаштсола шудани кўдак мавќуф гузорад.

Бинобар он ки бо таъиноти суди шањри Истаравшан аз 28 июни соли 2016 дархости ў оид ба мавќуф гузоштани иљрои љазо нисбаташ рад карда шудааст, мурољиаткунанда бо ин санади судї розї нашуда, тавассути адвокаташ ба Суди кон­сти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон муро­љиат намуда, талаб намудааст, ки таъиноти суди шањри Истаравшан аз 28 ию­ни соли 2016 бекор карда шуда, иљрои њукми суди шањри Хуљанд аз 21 ок­т­яб­ри соли 2014 нисбат ба ў мавќуф гузошта шавад.

Суди конститутсионї дархости мазкур ва њуљљатњои ба он зами­машу­даро мавриди омўзиш ќарор дода, ќайд менамояд, ки баррасии масъалаи дар мурољиат овардаи Сулейманова М.Н., аз ќабилї баррасии масъалаи ќонунї будан ё набудани санади судии вобаста ба парвандаи љиноятї ќабулгардида, бекор ё таѓйир додани он, инчунин мавќуф гузоштани иљрои њукми судї ба салоњияти Суди конститутсионї мансуб намебошад.

Суди конститутсионї на масъалањои асоснок ва ќонунї будани санади ќабулнамудаи судї, инчунин бекор ва мавќуф гузоштани иљрои он, балки дар асоси дархости шах­сони воќеї масъалаи ба Конститутсияи Љумњурии Тољи­кис­тон мувофиќат доштани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї, тавзењоти дастурии пленум­њои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки аз тарафи маќомоти дахлдори давлатї ё љамъиятї, инчунин маќомоти судї нисбат ба онњо дар парвандаи мушаххас татбиќ карда шудаанд ва ба андешаи онњо боиси вайрон шудани њуќуќу озодињои конститутсиониашон гардидаанд, баррасї менамояд.

Њамчунин, мурољиат аз љињати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди кон­сти­­тут­сионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќ набуда, њолат ва далел­њои ба Конститутсияи Љумњурии Тољи­кистон муво­фиќат надоштани меъёрњои мушаххаси санади меъёрии њуќуќї, ки мурољиаткунанда талаб ва далелњои худро ба он асоснок мекунад, дар мурољиат пешнињод нашудаанд.

Аз ин лињоз, Суди конститутсионї оѓоз намудани мурофиаи судии консти­тут­сиониро оид ба дархости Арюкова Э.И. - адвокати мањкумшуда Сулейманова М.Н. бинобар ба сало­њияти Суди конститутсионї мансуб набу­дани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз љињати шаклу мазмун ба талаботи мод­даи 41 Ќонуни конститутсионии Љумњу­рии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­­тут­­сионии Љумњурии Тољикис­тон» муво­фиќ набудани дархост, рад менамояд.

Бо дарназардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддаи 89 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва моддањои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон» Суди консти­тут­сио­нии Љумњурии Тољикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Арюкова Э.И. - адвокати мањкумшуда Сулейманова М.Н. «Дар хусу­си бекор намудани таъиноти суди шањри Истаравшан аз 28 июни соли 2016 ва мавќуф гузош­тани иљрои њукми суди шањри Хуљанд аз 21 октябри соли 2014» бинобар ба салоњияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мансуб набу­дани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз љињати шаклу мазмун ба талаботи Ќонуни конститут­сионии Љумњурии Тољи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон» муво­фиќ набудани дархост, рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д.