04:41:38 - 21.04.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости сардори хочагии дехконии оилавии «Мохипарвар» Маллаева М.Д.

 

таъинот

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии консти­тут­­сионї оид ба дархости сардори хољагии дењќонии оилавии «Моњипарвар» Маллаева М.Д. «Дар хусуси ба талаботи ќонун ва ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 сентябри соли 2005, №342, аз 30 декабри соли 2000, №515 ва аз 30 декабри соли 2011, №641 мутоби­ќат надоштани банди 2 ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 декабри соли 2011, №669»

ш. Душанбе «9» январи соли 2017

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Њошимзода Д.Д., судяњо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Мусулмонов С.Ш. дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши муовини Раис Каримзода К.М. ва судя Њошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости сардори хољагии дењќонии оила­вии «Моњипарвар» Маллаева М.Д. «Дар хусуси ба талаботи ќонун ва ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 сентябри соли 2005, №342, аз 30 декабри соли 2000, №515 ва аз 30 декабри соли 2011, №641 мутобиќат надоштани банди 2 ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 декабри соли 2011, №669» шунида,

м у а й я н к а р д:

Сардори хољагии дењќонии оилавии «Моњипарвар»-и Љамоати дењоти Оббурдони ноњияи Мастчоњ Маллаева М.Д. бо дархост ба Суди консти­тут­сио­нии Љумњурии Тољи­кис­тон мурољиат наму­да, дар он ќайд менамояд, ки бо ќарори Њукумати Љумњу­рии Тољикистон аз 30 декабри соли 2011, №669 «Дар бораи гирифтан ва ба хољагии дењќонии «Моњи­парвар»-и ноњияи Мастчоњи вилояти Суѓд додани ќитъаи замин» ба хоља­гии «Моњипарвар» 6,27 гектар замини ѓайрики­шо­варзї барои истифо­даи бему­њлат ва бунёди њавзи моњипарварї дода шудааст.

Њамзамон тибќи банди 2 ќарори зикршуда хољагии дењќонии «Моњи­пар­вар» уњдадор гардидааст, ки ба ивази заминњои гирифта, талафи истењ­солоти кишоварзиро ба маблаѓи 102 000 сомонї ба буљети љумњурї пар­дохт намояд.

Мувофиќи талаботи моддаи 19 Кодекси замини Љумњурии Тољикистон хољагии дењќонии «Моњипарвар» заминистифодабарандаи дараљаи аввал ба шумор рафта, њуќуќ дорад мустаќи­лона дар замин хољагидорї намуда, иншооти истењсолї бунёд намояд ва њамзамон дар асоси моддаи 21 Кодекси замин уњдадор аст, ки заминро самаранок истифода барад.

Тибќи моддаи 96 Кодекси замин заминњои фонди давлатии об метаво­нанд бо маќсади моњидорї истифода шаванд. Аз ин рў, мурољиаткунанда дар май­дон­њои замини дар мувозинаташ буда, аз љумла дар майдони 2,54 гектар замини бекорхобида ва аз гардиши кишоварзї беш аз бист сол дурмонда њавзи моњипарварї ташкил намуда, ба ин маќсад 60 000 сомонї маблаѓ харољот намудааст.

Мурољиаткунанда ќайд мекунад, ки мувофиќи банди 5 ќарори Њуку­мати Љумњурии Тољикистон аз 1 сентябри соли 2005, №342 «Дар бораи тасдиќ намудани Ќоидањои људо кардани ќитъањои замин барои шахсони воќеї ва њуќуќї» талафи истењсолоти кишварзї аз заминњои махсуси пурќиммати њосилхези корам њисоб карда мешавад, на аз заминњои ботлоќ­зору ќамишзори аз гардиши кишоварзї берунмонда. Хољагии дењќонии «Моњипарвар» бошад, дар заминњои ба кишту кор номутобиќ ташкил карда шудааст.

Њамзамон Маллаева М.Д. ба он ишора мекунад, ки тиб­ќи банди 29 ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 декабри соли 2011, №641 «Дар бораи тасдиќ намудани Тартиби љуброни зарари заминис­ти­фода­баранда ва ё истифодабарандаи дигар њуќуќњои баќайдгирифта­шудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани ќитъаи заминњо аз гар­диш» аз рўи натиљаи кор комиссияи ноњиявї бо нишон додани њаљми љуб­рони талафи истењсолоти кишоварзї санад тањия карда, тарафњо онро бо имзо ва муњр тасдиќ менамоянд. Аммо, чунин амал иљро карда нашудааст.

Бинобар ин, номбурда хулосаро дар хусуси он, ки талафоти истењ­со­лии кишоварзї дар натиљаи ташкили хољагии дењќонии «Моњипар­вар» пайдо шудааст, беасос ва љуброни онро ба маблаѓи 102 000 сомонї ѓайри­имкон шуморида, ќайд мекунад, ки банди 2 ќарори Њукумати Љумњурии Тољикис­тон аз 30 декабри соли 2011, №669 бояд хориљ карда шавад.

Њамин тариќ, мурољиаткунанда бо татбиќи банди 2 ќарори Њуку­мати Љумњурии Тољикис­тон аз 30 декабри соли 2011, №669 розї нашуда, ба Суди кон­сти­­тут­сионии Љумњурии Тољикистон муро­љиат намуда, хоњиш намуд­а­аст, ки оид ба масъалаи мухолифат доштани банди 2 ќарори зикр­шуда ба талаботи ќонун ва ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољи­кис­тон аз 1 сентябри соли 2005, №342, аз 30 декабри соли 2000, №515 ва аз 30 декабри соли 2011, №641 бањои њуќуќї дода шуда, он хориљ карда шавад.

Ба Суди конститутсионї инчунин бо дархости иловагии њаммазмун вакили Маљ­лиси вакилони халќи ноњияи Мастчоњ Розиќов А. мурољиат намуд, ки он ба маводњои дархости сардори хољагии дењќонии оилавии «Моњипар­вар» Маллаева М.Д. њамроњ карда шуд.

Суди конститутсионї дархости мазкур ва њуљљатњои ба он зами­машу­даро мавриди омўзиш ќарор дода, ќайд менамояд, ки баррасии масъалаи дар мурољиат овардаи сардори хољагии дењќонии оилавии «Моњипарвар» Маллаева М.Д. дар хусуси ба ќонун ва ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољи­­кис­тон мувофиќат надоштани бан­ди 2 ќарори Њукумати Љумњурии Тољи­кис­тон аз 30 декабри соли 2011, №669 ва додани бањои њуќуќї ба ин масъ­а­ла ба салоњияти Суди конститут­сионї мансуб набуда, мавзўи бањси кон­сти­тутсионї намебошад. Зеро тибќи мод­даи 34 Ќонуни конститут­сио­нии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­­тут­сионии Љумњурии Тољи­кистон» Суди консти­тут­сионї на масъа­ла­њои ба њам мувофиќ будан ё набудани ќонуну ќарорњои Њукумати Љум­њурии Тољикис­тон ва додани бањои њуќуќи ба онњо, балки дар асоси дар­хости субъектњои њуќуќ масъа­лаи ба Консти­тутсияи Љумњурии Тољи­кис­тон мувофиќат дош­та­ни ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї, тавзењоти дастурии пленум­њои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољи­кис­тон, ки аз тарафи маќомоти дахлдори давлатї ё љамъиятї, инчунин маќомоти судї нисбат ба онњо дар парвандаи мушаххас татбиќ карда шудаанд ва ба андешаи онњо боиси вайрон шудани њуќуќу озодињои кон­сти­тут­сиониашон гардидаанд, баррасї менамояд.

Њамчунин, ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки мавриди бањси мурољиат­ку­нанда ќарор дода шудааст, характери фардї дошта, танњо нис­бат ба хољагии дењќонии «Моњипарвар» татбиќ мегардад ва он санади меъёрї мањ­суб намеёбад. Чунончи, мутобиќи муќаррароти ќисми 3 моддаи 21 Ќону­ни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санад­њои меъёрии њуќуќї» ќарор­њои хусусияти фардидоштаи Њуку­­мати Љумњу­рии Тољикистон санад­њои меъёрї наме­бошанд.

Тибќи моддаи 89 Конститут­сияи Љумњурии Тољикистон ва моддаи 34 Ќонуни конститут­сионии Љумњу­рии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњу­рии Тољикис­тон», Суди конститутсионї танњо масъалаи мутобиќати санад­њои меъёрии њуќуќиро ба Конститутсия мавриди баррасї ќарор медињад.

Аз ин рў, Суди конститутсионї оѓоз намудани мурофиаи судии кон­сти­­­тут­­сиониро оид ба дархости сардори хољагии дењќонии оилавии «Мо­­њи­­парвар» Маллаева М.Д. бинобар ба сало­њияти Суди конститут­сионї ман­суб набу­дани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда рад мена­мояд.

Бо дарназардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон», Суди консти­тут­сио­нии Љумњурии Тољикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости сардори хољагии дењќонии оилавии «Моњипарвар» Маллаева М.Д. «Дар хусуси ба талаботи ќонун ва ќарорњои Њукумати Љум­њу­рии Тољикистон аз 1 сентябри соли 2005, №342, аз 30 декабри соли 2000, №515 ва аз 30 декабри соли 2011, №641 мутобиќат надоштани банди 2 ќарори Њукумати Љумњу­рии Тољикистон аз 30 декабри соли 2011, №669» би­но­бар ба салоњияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мансуб набу­дани баррасии масъалаи дар дархост гузош­та­шуда, рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д.