23:58:08 - 19.01.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба мурочиати шахрванд Миргулов О.К.

 

таъинот


дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии консти­тут­­сионї оид ба мурољиати шањрванд Миргулов О.Ќ. «Дар хусуси муайян намудани мутоби­ќати ќисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Љумњу­рии Тољикистон ба моддаи 221 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ва додани тафсири расмї дар ин хусус»


ш. Душанбе «30» марти соли 2017


Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Њошимзода Д.Д., судяњо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Мусулмонов С.Ш.,

дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши муовини Раис Каримзода К.М. ва судяи Суди конститутсионї Њошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости шањрванд Миргулов О.Ќ. «Дар хусуси муайян намудани мутоби­ќати ќисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Љумњу­рии Тољикистон ба моддаи 221 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ва додани тафсири расмї дар ин хусус» шунида,


м у а й я н к а р д:


Шањрванд Миргулов О.Ќ. бо дархост ба Суди консти­тут­сио­нии Љумњу­рии Тољи­кис­тон мурољиат наму­да, дар он ќайд менамояд, ки шањрванд Пањлавонова Л.Г. њамсари фарзандаш Миргулов Ф. ба шумор рафта, аќди никоњи онњо дар маќомоти сабти асноди њолати шањрвандии ноњияи Синои шањри Душанбе 16 октябри соли 2010 ба расмият дароварда шудааст. Баъд аз бастани аќди никоњ онњо дар манзили истиќоматии мурољиаткунанда воќеъ дар шањри Душанбе, кўчаи Маяковский, хонаи №63, њуљраи №70 истиќомат менаму­данд. Дар муддати истиќомат дар ин манзил онњо 11 июли соли 2011 соњиби фарзанд Миргулова Н. гардидаанд. Сипас муносибати келинаш Пањлавонова Л.Г. бо мурољиаткунанда вайрон гардида, охирин аз ў хоњиш намудааст, ки манзили истиќоматиашро холї

намояд. Бинобар ин, аз соли 2013 шањрванд Пањлавонова Л.Г. бо шавњараш Миргулов Ф. дар дигар манзили истиќоматї зиндагонї доранд ва дар ин муддат соњиби фарзанди дуюм низ гардидаанд.

Шањрванд Пањлавонова Л.Г. 11 ноябри соли 2016 нисбат ба мурољиат­кунанда бо аризаи даъвогї оид ба маскун намудан ба манзили истиќома­тиаш ва ба ќайд гузоштан дар он ба суди ноњияи Синои шањри Душанбе мурољиат намудааст ва парвандаи мазкур то ба њол дар маќомоти судї мавриди баррасї ќарор дорад.

Мурољиаткунанда ќайд мекунад, ки манзили истиќоматии воќеъ дар шањри Душанбе, кўчаи Маяковский, хонаи №63, њуљраи №70 ба ў њамчун моликияти хусусї тааллуќ дошта, шањрванд Пањлавонова Л.Г. танњо як муддати муайян дар он истиќомат намудааст. Пањлавонова Л.Г. дар ари­заи даъвогиаш ќисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Љумњурии Тољикис­тонро ба асос гирифта, бо писари ў дар никоњи расмї будан, доштани ду фарзанди ноболиѓ ва дар манзили истиќоматии зикршуда муддати се сол истиќомат намудан бо пешбурди хољагии умумиро иброз доштааст.

Тибќи ќисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Љумњурии Тољикис­тон «Аъзои оилаи молик њамсар ва фарзандони њамроњашон доимї суку­натдошта њисоб меёбанд. Волидони зану шавњар ва фарзандони онњо, ки соњиби оилаи худ мебошанд ва бо молик муќими зиндагї мекунанд, танњо бо розигии тарафњо метавонанд аъзои оилаи молик дониста шаванд». Аммо, Пањлавонова Л.Г. дар манзили истиќоматии ў се сол зиндагонї накарда, бо ў хољагии умумиро пеш набурдааст.

Мурољиаткунанда њамчунин иброз мекунад, ки Пањлавонова Л.Г. муњлати уму­мии даъворо низ, ки тибќи моддаи 221 Кодекси граждании Љумњу­рии Тољи­кис­тон ба муњлати се сол муќаррар шудааст, гузаронидааст. Чунончи тибќи моддаи 223 Кодекси граждании Љумњу­рии Тољи­кис­тон гузашти муњлати даъво асос барои рад намудани даъво аз љониби суд мебошад.

Њамин тавр шањрванд Миргулов О.Ќ. пешнињоди аризаи даъвогиро аз љониби Пањлавонова Л.Г. ва ќабулу баррасии онро аз љониби суди ноњияи Синои шањри Душанбе аз номутобиќатии ќисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Љумњу­рии Тољи­кис­тон ба моддаи 221 Кодекси граждании Љумњу­рии Тољи­кис­тон мебинад.

Бинобар ин, номбурда ба Суди кон­сти­­тут­сионии Љумњурии Тољикис­тон муро­љиат намуда, хоњиш намуд­а­аст, ки мутобиќати ќисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Љумњурии Тољикистон ба моддаи 221 Кодек­си граждании Љумњу­рии Тољикистон муайян карда шуда, вобаста ба ин масъала тафсири расмї дода шавад.

Суди конститутсионї дархости мазкур ва њуљљатњои ба он зами­машу­даро мавриди омўзиш ќарор дода, бо асосњои зерин оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро аз рўи мурољиати шањрванд Миргулов О.Ќ. рад менамояд:

1. Баррасии масъалаи дар мурољиат овардаи шањрванд Миргулов О.Ќ. дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Љумњу­рии Тољи­кис­тон ба моддаи 221 Кодекси граждании Љумњу­рии Тољи­кис­тон ва вобаста ба ин масъала додани тафсири расмї ба салоњияти Суди конститут­сионї мансуб набуда, мавзўи бањси кон­сти­тутсионї намебошад. Тибќи моддаи 89 Конститутсияи Љумњу­рии Тољи­кистон ва мод­даи 34 Ќонуни конститут­сио­нии Љумњурии Тољи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­­тут­сионии Љумњурии Тољи­кистон» Суди консти­тут­сио­нї на масъа­ла­њои ба њам мувофиќ будан ё набудани ќонунњои Љумњурии Тољикис­тон ва додани тафсири расмї ба онњо, балки дар асоси дар­хости субъектњои њуќуќ масъалаи мутобиќати санад­њои меъёрии њуќу­ќиро ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мавриди баррасї ќарор медињад.

2. Суди конститутсионї масъа­лаи дар дархости мурољиатку­нанда гузошташударо дар парванда аз рўи дархости шањрвандон Мањмудов М. ва Мањмудов Э. дида баромада, бо ќарори худ аз 3 октябри соли 2011 моддаи 121 Кодекси манзили Љумњурии Тољикистонро ба моддаи 32 Консти­тутсияи Љумњу­рии Тољикистон мутобиќ арзёбї намудааст.

Дар ин маврид, тибќи сархати чоруми моддаи 45 Ќонуни конститут­сионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњу­рии Тољикистон» яке аз асосњои рад кардани оѓози мурофиаи судї – ин аз тарафи Суди конститутсионї ќаблан баррасї шудани масъалаи дар дар­хост зикршуда ва дар ин хусус мављуд будани санади судї мебошад.

3. Мурољиат аз љињати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон Дар бораи Суди кон­сти­­тут­сионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќ набуда, њолат ва далел­њои ба Конститут­сияи Љумњурии Тољи­кистон муво­фиќат надоштани меъёрњои мушаххаси санади меъёрии њуќуќї, ки мурољиаткунанда талаб ва далелњои худро ба он бояд асоснок намояд, дар мурољиат пешнињод нашудаанд.

Аз ин рў, Суди конститутсионї оѓоз наму­да­ни мурофиаи судии кон­сти­­­тут­­сиониро оид ба мурољиати шањрванд Миргулов О.Ќ. «Дар хусуси муайян намудани мутоби­ќати ќисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Љумњу­рии Тољикистон ба моддаи 221 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ва додани тафсири расмї дар ин хусус» бинобар ба салоњияти Суди консти­тутсионї мансуб набудани баррасии масъалаи дар мурољиат гузошташуда, нисбат ба масъалаи дар мурољиат гузошташуда ќаблан ќабул шудани сана­ди дахлдори Суди конститутсионї, инчунин аз љињати шаклу мазмун ба талаботи Ќонуни консти­тут­сионии Љумњурии Тољи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон» муво­фиќ набудани муро­љиат, рад менамояд

Бо дарназардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон», Суди консти­тут­сио­нии Љумњурии Тољикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба мурољиати шањрванд Миргулов О.Ќ. «Дар хусуси муайян намудани мутоби­ќати ќисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Љумњу­рии Тољикистон ба моддаи 221 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ва додани тафсири расмї дар ин хусус» бинобар ба салоњияти Суди конститутсионї мансуб набудани баррасии масъалаи дар мурољиат гузошташуда, нисбат ба масъалаи дар мурољиатгузошташуда ќаблан ќабул шудани санади дахлдори Суди консти­тутсионї, инчунин аз љињати шаклу мазмун ба талаботи Ќонуни консти­­тут­­сионии Љумњурии Тољи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сио­нии Љумњурии Тољикистон» муво­фиќ набудани муро­љиат, рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д.