Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
НИШОНАИ МО
734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48
тел: 221-61-96,
факс:(÷992 37) 221-29-28
E-mail: constcourt.tj@mail.tj
Қарор аз рўи дархости шахрвандон Хурамов З.Н. ва Хасанов Ч.К. «Дар хусуси муайян намудани мувофикати сархати чоруми кисми 4 моддаи 59 Конуни Чумхурии Точикистон аз 12 январи соли 2010, № 595 |
АЗ НОМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН Ќ А Р О Р И СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
аз рўи дархости шањрвандон Хурамов З.Н. ва Њасанов Љ.К. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати сархати чоруми ќисми 4 моддаи 59 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 12 январи соли 2010, № 595 «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» ва сархати якуми фармоиши Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 январи соли 2017, №6 «Дар бораи гузариши пурра ба низоми нави таъминоти нафаќаи шањрвандон ва тартиби таъини нафаќањо аз 1 январи соли 2017» ба моддаи 39 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон»
ш. Душанбе 8 декабри соли 2017
Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Њошимзода Д.Д., судяњо: Абдуллозода Л.И. ва Гулзор М.М., бо иштироки котиби маљлиси судї – Мусулмонов С., тарафњо: 1. Хурамов З.Н. ва Њасанов Љ.К. – тарафе, ки дар асоси дархости онњо мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст; 2. Азимзода Т.С. – намояндаи Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон – намояндаи тарафе, ки конститутсионї будани ќонуни ќабулнамудаи он мавриди бањс ќарор дода шудааст; 3. Шоназаров С.А. – намояндаи Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон – намояндаи тарафе, ки конститутсионї будани ќонуни ба имзорасонидаи он мавриди бањс ќарор дода шудааст; 4. Одиназода Н.Х. – муовини якуми директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон - намояндаи тарафе, ки конститутсионї будани санади меъёрии њуќуќии ќабулнамудаи ў дар шакли фармоиш мавриди бањс ќарор дода шудааст. Даъватшудагон: 1. Вањњобов В.М. – муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон; 2. Мирсайзод Њ.С. – муовини вазири адлияи Љумњурии Тољикистон; 3. Мањмадуллозода Н.Р. – муовини вазири мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон; 4. Шарипов К.Р. – директори Корхонаи воњиди «Пойгоњи локомотивии Душанбе»-и Корхонаи воњиди давлатии «Роњи Оњани Тољикистон»; 5. Худоёров О.Ф. - сардори хадамоти њуќуќи Корхонаи воњиди давлатии «Роњи Оњани Тољикистон», дар асоси моддаи 89 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва моддањои 34 ва 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро аз рўи дархости шањрвандон Хурамов З.Н. ва Њасанов Љ.К. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати сархати чоруми ќисми 4 моддаи 59 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 12 январи соли 2010, № 595 «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» ва сархати якуми фармоиши Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 январи соли 2017, №6 «Дар бораи гузариши пурра ба низоми нави таъминоти нафаќаи шањрвандон ва тартиби таъини нафаќањо аз 1 январи соли 2017» ба моддаи 39 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши муовини Раиси Суди конститутсионї Каримзода К.М., хулосаи тарафњо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањќиќ намуда, м у а й я н к а р д:
Шањрвандон Хурамов З.Н. ва Њасанов Љ.К. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, ќайд менамоянд, ки баъди солњои тўлонии фаъолият дар Корхонаи воњиди «Пойгоњи локомотивии Душанбе»-и Корхонаи воњиди давлатии «Роњи Оњани Тољикистон», ки ба онњо њуќуќи ба нафаќа баромаданро медињад, онњо мувофиќан 12 июни соли 2017 ва 3 июли соли 2017 ба нафаќаи имтиёзнок вобаста ба шароити махсуси мењнат баромаданд. Зимни ба нафаќа баромадан, аз љониби корхонаи зикршуда ба онњо њуљљатњои барои гирифтани нафаќа зарурї, аз љумла маълумотнома дар бораи музди мењнат (даромад) ва кафолатнома дар хусуси то ба синни 63 солагї расидани онњо пардохт намудани нафаќа аз љониби Корхонаи воњиди давлатии «Роњи Оњани Тољикистон» дода шудааст. Номбурдагон зикр менамоянд, ки дар асоси банди и) ќисми якуми моддаи 12 (Нафаќањои имтиёзноки вобаста ба шароити махсуси мењнат)-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 25 июни соли 1993, №797 «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» онњо ба категорияи шахсоне, ки ба нафаќаи бо шартњои имтиёзнок њуќуќ доранд, мансуб мебошанд. Бинобар ин, бо пешнињоди тамоми њуљљатњо ба шуъбаи Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Шоњмансур мурољиат намуданд. Аммо мурољиати онњо аз љониби маќоми зикршуда ќабул карда нашудааст. Баъд аз мурољиати такрорї ба онњо аз љониби масъулини Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Шоњмансур фармоиши Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 январи соли 2017, №6 дода шуда, зикр гардидааст, ки нафаќаашон бо ин фармоиш боздошта шудааст. Бо гирифтани ин санад, мурољиаткунандагон такроран ба Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон мурољиат намуданд, аммо масъалаи мазкур њалли мусбии худро пайдо накард. Мурољиаткунандагон ќайд менамоянд, ки муддати зиёд аст, ки онњо наметавонанд њуќуќи конститутсионии худро ба нафаќа дар пиронсолї таъмин намоянд. Њоло он ки тибќи моддаи 39 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон «Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморї, маъюбї, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимої дорад». Ба андешаи Хурамов З.Н. ва Њасанов Љ.К. сабаби мањдуд гаштани њуќуќи конститутсиониашон ба нафаќа, ин нисбати онњо татбиќ намудани муќаррароти сархати чоруми ќисми 4 моддаи 59 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» мебошад, ки тибќи он: «4. Дар давраи то 1 январи соли 2017 ба шахсони зерин, ки дар низоми суѓуртаи њатмии нафаќавї ба ќайд гирифта шудаанд, таъминоти нафаќа аз рўи синну сол дар асоси муќаррароти Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» амалї карда мешавад: - шахсоне, ки бо сабаби фаъолият дар корњои дорои шароити махсуси мењнат, ба нафаќањои имтиёзнок аз рўи синну сол ва барои хизмати дарозмуњлат њуќуќ пайдо кардаанд». Сабаби дигари мањдуд шудани њуќуќи конститутсионии худро ба нафаќа, мурољиаткунандагон аз љониби Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ќабул гардидани фармоиш аз 30 январи соли 2017, №6 мењисобанд, ки тибќи сархати якуми он амали Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» дар ќисмати таъйини нафаќаи мењнатї аз рўи синну сол (аз љумла нафаќањои имтиёзнок вобаста ба шароити махсуси мењнат) ва нафаќањо барои хизмати дарозмуддат низ боздошта шудааст. Бинобар ин, Хурамов З.Н. ва Њасанов Љ.К. сархати якуми фармоиши зикршударо нодуруст њисобида, чунин мешуморанд, ки Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа њуќуќи бо фармоиши худ боздоштани амали Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ва умуман ягон санади маќомоти болоиро надорад. Њамин тариќ, ба андешаи мурољиаткунандагон сархати чоруми ќисми 4 моддаи 59 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» ва сархати якуми фармоиши Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа њуќуќи конститутсиониашонро ба нафаќа мањдуд менамоянд. Бо дарназардошти њолатњои зикршуда, мурољиаткунандагон аз Суди конститутсионї хоњиш кардаанд, ки дар асоси дархости онњо мурофиаи судии конститутсионї оғоз карда шуда, мувофиқати сархати чоруми ќисми 4 моддаи 59 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» ва сархати якуми фармоиши Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа аз 30 январи соли 2017, №6 ба моддаи 39 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад. Суди конститутсионї дархости мазкур ва маводи ба он замимагардидаро њамаљониба мавриди омўзиш ва санљиш ќарор дода, ќайд менамояд, ки Љумњурии Тољикистон кафолати таъмини иљтимоиро як навъ дастгирии моддї ва маънавии инсон ва шањрванд барои мењнати фоиданок ва самараноки дар давраи фаъолияти мењнатиаш ба манфиати љомеа, давлат ва талаботи худ иљрокардаи шахс арзёбї менамояд. Бинобар ин, амалишавии њуќуќи конститутсионии шахс ба нафаќа аз њадафњои муњими давлати иљтимої дар самти таъмини шароити арзандаи зиндагї ба њар шахс ба шумор рафта, бо кафолати дахлдори давлатии дар ќонунгузорї инъикос ёфта татбиќи воќеии худро пайдо мекунад. Бо маќсади татбиќи самараноки сиёсати пешгирифтаи соњаи иљтимої ва таъмини шањрвандон бо нафаќа, давлату Њукумат давра ба давра ислоњоти соњаи нафаќаро роњандозї намуда, тавассути ќабулу такмили санадњои меъёрии њуќуќї, низоми таъминоти нафаќаро ба шароити муосир мувофиќ мегардонад. Аз ин рў, муќаррароти санадњои меъёрии њуќуќии ќабулшуда ва таљрибаи њуќуќтатбиќкунї аз љониби маќоми салоњиятдор дар ин самт бояд амалишавии бемамонати њуќуќу манфиатњои иљтимоии шахсро пайгирї намуда, дар њељ маврид набояд ба мањдудшавии њуќуќи шахс, ки арзиши олї будани он дар сатњи Конститутсия инъикос гардидааст, оварда расонад. Вобаста ба ин, Суди конститутсионї бо такя бо мавќеи њуќуќии худ, ки дар ќарорњои он аз 13 ноябри соли 2014 ва 17 июни соли 2010 пешбинї гардидаанд, зикр менамояд, ки кафолати таъмини иљтимої дар низоми њуќуќу озодињои асосии инсон ва шањрванд пешбининамудаи санадњои њуќуќии байналмиллалї оид ба њуќуќи инсон ва Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мавќеи калидиро ишѓол менамояд ва чунин кафолат аз давлати иљтимої эълон шудани Тољикистон ва барои њар як инсон фароњам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона бармеояд. Аз ин рў, кафолати таъмини иљтимої масъалаи марказии санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи љомеи љањон оид ба њуќуќи инсон, аз љумла Љумњурии Тољикистон ба шумор рафта, давлатњо бинобар хусусияти инсондўстию инсонпарварї доштани ин кафолат ва барои њар шањрванд ањамияти муњим доштанаш, ба он эътибори аввалиндарља медињанд. Бо ин назардошт, њуќуќ ба таъмини иљтимої дар санадњои байналмилалї инъикоси худро пайдо намуда, риояи он аз љониби тамоми давлатњо њатмї дониста мешавад. Чунончи, моддаи 22 Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948 эълон медорад, ки: «Њар як инсон њамчун узви љамъият ба таъминоти иљтимої... њаќ дорад». Моддаи 9 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї аз 16 декабри соли 1966 пешбинї кардааст, ки «давлатњои ширкаткунандаи њамин Паймон њуќуќи њар як инсонро ба таъминоти иљтимої, аз љумла суѓуртаи иљтимої эътироф мекунанд». Бинобар ин, бо назардошти ќисми људонашавандаи љомеаи љањонї эълон гардидани халќи Тољикистон ва ќисми таркибии низоми њуќуќии љумњуриро ташкил намудани санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи он, Тољикистон муњимтарин санадњои њуќуќии байналмилалї дар соњаи њуќуќи инсонро эътироф карда, муќаррароти онро дар Конститутсия ва ќонунњо пешбинї кардааст. Чунончи, моддаи 14 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њифз ва амалишавии њуќуќи инсонро, ки яке аз муњимтарини он њуќуќ ба таъмини иљтимої мањсуб меёбад, кафолат дода, пешбинї менамояд, ки њуќуќу озодињои инсон ва шаҳрванд бевосита амалї шуда, онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти маќомоти њокимияти давлатиро муайян карда, ба воситаи ҳокимияти судї таъмин мегарданд. Њамчун идомаи мантиќии муќаррароти зикршудаи конститутсионї, моддаи 39 Конститутсия њуќуќи њар шахсро ба кафолати таъмини иљтимої муќаррар кардааст. Дар заминаи меъёри зикршудаи Конститутсия, дар ќисми 3 моддаи 359 Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон муќаррар гардидааст, ки корманд ҳиссаи худро ба маќомоти ваколатдори давлатї дар соњаи суғуртаи иљтимої ва нафаќа бо тартиб ва андозаи муайянкардаи ќонунгузорї мепардозад. Ин имкон медињад, ки корманд баъди ба нафаќа њуќуќ пайдо кардан, аз таъмини иљтимої бархўрдор гардад. Њамчун унсури муњими танзими њуќуќии сиёсати давлатии иљтимої, Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 25 июни соли 1993, №797 «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» кафолати пардохти нафаќањои шањрвандонро муќаррар намуда, њимояи иљтимоии нафаќахўронро бо роњи муќаррар намудани нафаќањои барои пешбурди зиндагї кифоякунанда таъмин мекунад. Љињати идомаи мантиќии ислоњоти соњаи нафаќа, Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 12 январи соли 2010, № 595 «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 26 декабри соли 2011, №790 «Дар бораи суѓуртаи њатмии нафаќавии касбї» ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї ќабул карда шудаанд, ки онњо ба истиснои муќаррароти баъзе аз моддањо аз 1 январи соли 2013 мавриди амал ќарор дода шудаанд. Агар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» асосњои ташкилию њуќуќии танзими давлатии суѓуртаи њатмии нафаќавии шањрвандони Љумњурии Тољикистон, њуќуќ ва уњдадорињои маќомоти давлатї, шахсони воќеию њуќуќї, тартиби таъин ва пардохти нафаќањои суѓуртавї ва давлатї, инчунин манбаъњои маблаѓгузории онњоро муайян карда бошад, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи суѓуртаи њатмии нафаќавии касбї» таъмини асосњои њуќуќї, иќтисодї ва ташкилии суѓуртаи њатмии нафаќаи касбии кормандонеро, ки дар шароити мењнаташон махсус машѓул буданд, яъне нафаќаи касбиро мавриди танзим ќарор додааст. Бо мавриди амал ќарор гирифтани ќонунњои зикршуда ва бинобар гузаштан ба низоми нави нафаќавї, ќисми 4 моддаи 59 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» пешбинї менамояд, ки таъминоти нафаќаи шахсоне, ки бо сабаби фаъолият дар корњои дорои шароити махсуси мењнат ба нафаќањои имтиёзнок њуќуќ пайдо кардаанд, то 1 январи соли 2017 дар асоси муќаррароти Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» амалї карда мешавад. Бинобар ин, бо маќсади таъмини пайдарњамии гузариш ба низоми нави нафаќа, тибќи ќисми 6 моддаи 59 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї», аз 1 январи соли 2017 сар карда, тамоми намудњои нафаќа дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» ба роњ монда мешавад. Таъминоти нафаќаи касбї, ки мавриди бањси дархосткунандагон ќарор гирифтааст, тибќи моддаи 53 ќонуни зикршуда ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи суѓуртаи њатмии нафаќавии касбї» њавола карда шудааст. Вобаста ба ин, моддаи 16 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи суѓуртаи њатмии нафаќавии касбї», ки аз 1 январи соли 2017 мавриди амал ќарор гирифтааст, пешбинї менамояд, ки: «Нафаќаи шахсоне, ки корхонањои шароити корашон махсус ва корфармо, ки мувофиќи Ќонуни мазкур ба муассисаи суѓурта сањмњоро барояшон пардохт намудааст, аз њисоби маблаѓи суѓуртаи њатмии нафаќавии касбї пардохта мешавад». Љињати муќаррар кардани тартиби ягонаи таъминоти нафаќаи касбї, Њукумати Љумњурии Тољикистон бо ќарори худ аз 3 декабри соли 2010, №634 «Ќоидањои тартиби таъминоти нафаќавии касбї ва таъини нафаќањои касбї»-ро тасдиќ кардааст. Аз љумла, дар банди 34 Ќоидаи зикргардида пешбинї шудааст, ки: «Ба шахсони суѓурташудае, ки то 1 январи соли 2017 барои иљрои корњои дорои шароити махсуси мењнат ба нафаќањои имтиёзнок аз рўи синну сол ё барои хизмати дарозмуддат њуќуќ пайдо мекунанд, тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» нафаќа таъин карда мешавад». Бо дарназардошти асосњои зикршуда, таъминоти нафаќаи шахсоне, ки њуќуќ ба нафаќаи имтиёзнок вобаста ба шароити махсуси мењнат пайдо намуданд, аз 1 январи соли 2017 њамчун нафаќаи касбї, мувофиќи муќаррароти Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи суѓуртаи њатмии нафаќавии касбї» амалї карда мешавад. Бинобар ин, Суди конститутсионї дар меъёрњои сархати чоруми ќисми 4 моддаи 59 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» меъёрњои манъкунанда ё мањдудкунандаи кафолати таъминоти иљтимої ва вобаста ба ин поймол ва мањдуд гаштани кафолати таъминоти иљтимоии дархосткунандагонро муайян накард. Меъёрњои моддаи ќонун меъёрњое мебошанд, ки ќонунгузор бо назардошти ислоњоти соњаи нафаќа ва давра ба давра гузаштан ба нафаќаи суѓуртавї ва давлатї, аз љумла нафаќаи касбї ва бо њамин нигоњ доштани суботи фаъолияти нафаќавї, инчунин таъмини њамаљонибаи кафолати таъминоти иљтимої пешбинї намудааст. Сархати чоруми ќисми 4 моддаи 59 Ќонуни зикршуда бо назардошти техникаи њуќуќэљодкунї муќаррарнамудаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» амали Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон»-ро аз 1 январи соли 2017 нисбат ба шахсоне, ки ба нафаќаи имтиёзнок барои шароити махсуси мењнат њуќуќ доранд, боз доштааст. Дар навбати худ сархати якуми фармоиши Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, ки љињати татбиќи моддаи 59 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» ќабул шудааст, ба талаботи техникаи њуќуќэљодкунї мутобиќ намебошад. Зеро тибќи ќисми 4 моддаи 57 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» амали ќонун на бо фармоиши Агентї, балки бо ќарори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон боз дошта мешавад. Њамин тариќ, Суди конститутсионї муќаррароти сархати чоруми ќисми 4 моддаи 59 ќонуни мавриди бањс ќарордодашударо ба моддаи 39 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мувофиќ арзёбї намуда, ќайд мекунад, ки он вобаста ба њолатњои пешбининамудаи ќонунгузории соњаи нафаќа бояд мавриди амал ќарор дода шавад. Сархати якуми фармоиши Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, ки такрори муќаррароти сархати чоруми ќисми 4 моддаи 59 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» мебошад, берун аз доираи талаботи техникаи њуќуќэљодкунии муќаррарнамудаи ќонунгузорї ба тасвиб расонида шудааст. АзMsoNormalquot;,serif; ин рў, Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаро зарур аст, ки сархати якуми фармоиши худро ба талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» мутобиќ гардонад. Њамчунин, Суди конститутсионї дар асосњои ташкилии суѓуртаи њатмии нафаќаи касбї пешбининамудаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи суѓуртаи њатмии нафаќавии касбї», дар масъалаи андухтњои нафаќаи касбї мушкилињо ошкор намуд, ки мебоист онњо аз лањзаи мавриди амал ќарор гирифтани Ќонуни зикршуда то 1 январи соли 2017 њаллу фасли дурусти худро меёфтанд. Дар сурати њалли дурусти худро пайдо накардани ин масъала теъдоди шахсони ба нафаќаи касбї њуќуќдор рў ба афзоиш нињода, ин њолат метавонад ба саросар поймол гаштани кафолати таъминоти иљтимоии шахсони дорои њуќуќ ба нафаќаи касбї оварда расонад. Бо дарназардошти њолатњои зикршуда, Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаро зарур аст, ки љињати бартараф намудани мушкилоти вобаста ба њолати татбиќи суѓуртаи њатмии нафаќавии касбї ва механизми татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи суѓуртаи њатмии нафаќавии касбї», ки дар масъалаи андухтњои нафаќаи касбї ба миён омадаанд, чорањои таъхирнопазирро амалї намоянд. Њамчунин, Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон якљо бо Корхонаи воњиди давлатии «Роњи Оњани Тољикистон» љињати таъмини кафолати конститутсионии шањрвандон Хурамов З.Н. ва Њасанов Љ.К. ва дигар кормандони соња ба нафаќаи касбї, тадбирњои муассир андешанд. Бо дарназардошти њолатњои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, моддањои 6, 11, 34, 38, 40, 49, 55, 56, 58, 60 ва 61 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон,
ќ а р о р к а р д:
1. Сархати чоруми ќисми 4 моддаи 59 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 12 январи соли 2010, № 595 «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» ба моддаи 39 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мувофиќ мебошад. 2. Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон сархати якуми фармоишро аз 30 январи соли 2017, №6 «Дар бораи гузариши пурра ба низоми нави таъминоти нафаќаи шањрвандон ва тартиби таъини нафаќањо аз 1 январи соли 2017» ба талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» мувофиќ гардонад. 3. Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистонро зарур аст, ки љињати бартараф намудани мушкилоти вобаста ба њолати татбиќи суѓуртаи њатмии нафаќаи касбї ва механизми татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи суѓуртаи њатмии нафаќавии касбї», ки дар масъалаи андухтњои нафаќаи касбї ба миён омадаанд, чорањои таъхирнопазирро амалї намоянд. 4. Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон якљо бо Корхонаи воњиди давлатии «Роњи Оњани Тољикистон» љињати таъмини кафолати конститутсионии шањрвандон Хурамов З.Н. ва Њасанов Љ.К. ва дигар кормандони соња ба нафаќаи касбї, тадбирњои муассир андешанд. 5. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад. 6. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конситутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.
Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М.А.
Судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д.
|