21:18:02 - 18.09.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз969
mod_vvisit_counterДирӯз1445
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4041
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида11176
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ24020
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида47576
mod_vvisit_counterҲамагӣ603358

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


 

26-29 августи соли 2018 бо маќсади иштирок дар Конфронси байналмилалї дар мавзўи «Кон­сти­тутсия: таљас­сумгари арзиш­њои волоияти њуќуќ, љомеаи шањр­вандї ва давлати муосир» сафари кории Раиси Суди Конститутсионї Мањмудзода М., судяи Суди Конститут­сионї Њошимзода Д. ва сар­дори раёсати таъминоти њуќуќии фаълияти судяњо Нурляминзода Г. ба шањри Остонаи Љумњурии Ќазо­ќистон доир гардид.

Дар кори ин чорабинии сатњи байналмилалї, ки бо ташаб­буси Шўрои Конститутсионии Љумњурии Ќазоќистон ба муносибати «Рўзи Конститут­сияи Љумњурии Ќазоќистон» доир гардид, намоян­дагони маќомоти назо­рати консти­­тут­­сионии кишварњои мухталифи љањон ва созмон­њои бону­фузи бай­нал­ми­лалї, аз ќабили Федератсияи Россия, љумњурињои Алљазоир, Арманис­тон, Белорусия, Бул­ѓо­ристон, Гурљистон, Ќирѓи­зистон, Латвия, Муѓу­листон, Озарбойљон, Ўзбекистон, Туркия, Украина, Комис­сияи венет­сиа­­нии Шўрои Аврупо, намояндагони маќомоти њокимияти давлатии Љум­њурии Ќазо­ќистон, олимони соњаи њуќуќ ва дигарон иштирок намуданд.

Зимни конфронс мавзўњои мухта­лифи марбут ба Консти­тутсия ва конститутсионализм, Конститутсия њамчун асоси рушди давлат, тартиботи њуќуќї ва ташаккули љомеа, наќши Суди Конститут­сионї дар њимояи њуќуќњои конститут­сионии инсон ва шањрванд, волоияти њуќуќ - кафолати муњими ташаккули љомеаи шањрвандї ва наќши адолати судии конститут­сионї дар амали­шавии арзишњои конститутсионї, назорати судии консти­тут­сио­нї дар давлатњои мухталиф ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњо­кимањои доманадор ќарор дода шуданд.

Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М. зимни кори конфронс бо маърўза дар мавзўи «Адо­лати судии консти­тут­сио­нї дар Љумњурии Тољикистон: кафолати ама­ли­шавии арзиш­њои консти­тут­сионї» баромад намуда, дар доираи он ба њозирин оид ба наќши Суди Конститутсионї дар таъмини волоияти Конститутсияи Љумњурии Тољи­кис­тон, амалишавии арзишњои конститутсионї, таъмини принсипи таљзияи њоки­мияти давлатї ва тањкими падидањои демократї, ањамияти иљрои ќарорњои маќомоти назорати конститутсионї дар рушди конститут­сио­нализм ва татбиќи муќаррароти Конститутсияи кишвар маълумот пеш­нињод кард.

Нимаи дуюми 28 август љаласаи кории аъзои Конфронси маќомоти назорати кон­сти­тут­сионии давлат­­њои демократияи нав, ки Суди Кон­сти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон низ узви комилњуќуќї он мебошад, баргузор гардида, дар доираи он масъалањои марбут ба фаъолияти ин нињод, аз љумла масъалаи ба фаъолият шурўъ намудани сомонаи интер­не­тии он бо фарогири санадњои маќомоти назорати конститутсионии киш­варњои аъзо ва нашри электронии маљалаии конфронс матрањ гарди­данд.

Дар рафти љаласаи корї инчунин дархости Суди Кон­сти­тут­сионии Љум­њу­рии Озорбойљон дар хусуси воридшавиаш ба узвияти Конфронси маќо­моти назорати кон­сти­тут­сионии давлат­­њои демократияи нав барраси гар­ди­да, якдилона он ба узвияти ин созмон пазируфта шуд.

Дар доираи сафари кории зикршуда њамчунин вохўрии Раиси Суди Конститут­сио­нии Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М. бо раисони маќо­мо­ти назо­рати консти­тутсионии љумњурињои Арманистон, Ќазоќистон ва намояндагони маќомоти назорати конститутсионии дигар давлатњо доир гарди­да, зимни он мавзўњои марбут ба густариши њамкорињои тара­файн матрањ гарди­данд.

Њангоми вохўрї бо Раиси Шўрои Конститут­сио­нии Љумњурии Ќазо­ќистон аз муносибатњои рушдёбандаи байнидавлатї, ки бо шарофати сиёсати созандаи пешгирифтаи Асосгузори сулњу вањ­дати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњта­рам Эмомалї Рањмон ва Президенти Љумњурии Ќазоќистон Нурсултон Назарбоев дар њоли рушду густариш ќарор доранд, изњори ќаноатмандї карда шуд.

Њамчунин бо маќсади таќвияти њамкорињои судманд байни маќомоти назорати конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон ва Љумњурии Ќазоќистон бо дар­на­зардошти риояи расмиёти дохили­­давлатї ба имзо расонидани Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї аз љониби тарафњо муњим арзёбї карда шуд.