16:51:32 - 19.11.2017

Муроҷиат ба Суд

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


ИҚТИБОС АЗ ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ДАР ХУСУСИ МУРОҶИАТИ СУБЪЕКТҲО


БОБИ 8
ТАРТИБИ ОҒОЗ КАРДАНИ МУРОФИАИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА БАРОИ БАРРАСӢ
ТАЙЁР НАМУДАНИ ПАРВАНДА


Моддаи 40. Шакл ва мазмуни муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли хаттӣ сурат мегирад.
Мақомот ва шахсони мансабдори дар зербандҳои 1)-5) ва 8)-9) моддаи 37 Қонуни конститутсионии мазкур зикрёфта ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод ва шахсони дар зербандҳои 6)-7) моддаи номбурда зикрёфта бо дархост муроҷиат мекунанд.
Дар пешниҳодот ва дархост бояд инҳо зикр шуда бошанд:
1) номи Суди конститутсионӣ;
2) ном, макон, суроға ва дигар маълумоти зарурӣ дар бораи шахси муроҷиаткарда;
3) ном, суроға ва дигар маълумот дар бораи намояндаи шахси муроҷиаткарда ва ваколати он, ба ғайр аз намояндагӣ аз рўи вазифа;
4) ном, макон ва суроғаи мақомоти давлатӣ, шахси мансабдоре, ки санади меъёриро имзо кардааст ё баровардааст, ки конститутсионӣ будани он санҷида мешавад; дар ҳолатҳои дахлдор ҳамин гуна маълумот дар бораи  шахсони мансабдоре, ки фаъолияти онҳо мавриди баҳс қарор гирифтааст;
5) ҳолатҳое, ки тараф талаб ва далели худро ба онҳо асос мекунад ва он фактҳои овардаи онҳоро тасдиқ менамояд;
6) номи аниқ, рақам, таърихи қабул, манбаи нашр ва дигар маълумотҳо оиди санади меъёрии мавриди баҳс қароргирифта;
7) асоснокнамоии мушаххаси мавқеъ оиди ғайриконститутсионӣ будани санади меъёрии мавриди баҳс қароргирифта ё фаъолияти шахси мансабдор ;
8) моҳияти талаб;
9) меъёрҳои  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҳамин Қонуни конститутсионӣ, ки барои муроҷиат ба Суди конститутсионӣ ҳуқуқ медиҳад;
10) номгўи ҳуҷҷатҳои замимашаванда ва рўйхати шахсоне, ки ба Суди конститутсионӣ даъват карда мешаванд, суроғаи онҳо.
Пешниҳод ва ё дархостро арзкунандаи дахлдор, ки дар моддаи 37-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ зикр шудааст, имзо мекунад ва ба он ба ҳар ҳол ҳуҷҷатҳои зерин замима  мешаванд:
1) нусхаи матни санади меъёрӣ, ки конститутсионӣ будани он пурра ва ё қисми алоҳидаи он аз тарафи шахси манфиатдор мавриди баҳс қарор гирифтааст;                      
2) ҳуҷҷатҳо дар бораи ваколати намоянда ба ғайр аз ҳолатҳое, ки намояндагӣ аз рўи вазифа ба амал бароварда мешавад;
Ба ҳуҷҷатҳое, ки ба забони дигар навишта шудаанд, бояд тарҷумаи он ба забони мурофиаи судӣ замима карда шавад.
Пешниҳод   ё дархост ва замимаи онҳо ба Суди конститутсионӣ на камтар аз 10  нусха пешниҳод карда мешавад. Бо талаби судя тарафи муроҷиаткунанда бояд миқдори дигари нусхаи ин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд.

Моддаи 41. Оқибати муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раис пешниҳод ё дархости воридшударо ба судяи Суди конститутсионӣ барои омўзиш ва санҷиш медиҳад.  
Судя пешниҳод ё дархостро санҷида, дар муддати як моҳ ба Суди конститутсионӣ дар бораи оғоз кардани мурофиаи Суди конститутсионӣ ё рад кардани оғози мурофиаи Суди конститутсионӣ таклиф мегузорад.  
Суди конститутсионӣ таклифи судяро баррасӣ намуда, дар бораи оғоз кардани  мурофиаи Суди конститутсионӣ таъинот мебарорад ва ба судя супориш  медиҳад, ки парвандаро ба маҷлиси Суди конститутсионӣ  тайёр намояд ё дар бораи рад кардани оғози мурофиаи Суди конститутсионӣ таъинот мебарорад ва дар ин хусус ба таври хаттӣ муроҷиаткунандаро огоҳ менамояд.
Дар мавриди оғоз шудани мурофиаи Суди конститутсионӣ Суди конститутсионӣ метавонад бо таъиноти худаш то дида баромадани парванда амали санади баҳсшавандаро боздорад.

Моддаи 42. Рад шудани қабули пешниҳод ва дархост барои баррасӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди конститутсионӣ оғози мурофиаи Суди конститутсиониро дар  мавриде рад мекунад, ки агар:
1)пешниҳод ва ё дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ мувофиқ набошад;
2)пешниҳод ё дархост  аз тарафи мақомот ё шахси (субъекти) беэътимод пешниҳод шуда бошад;
3)талаби дар пешниҳод ё дархост зикрёфта тобеи Суди конститутсионӣ набошад;
4)конститутсионӣ будани масъалаи дар пешниҳод ё дархост зикрёфтаро пештар Суди конститутсионӣ дида баромада, дар ин бора қарори Суди конститутсионӣ мавҷуд бошад.
Бекор ё аз эътибор соқит шудани санаде, ки конститутсионӣ будани он мавриди баҳс қарор гирифтааст, боиси қатъ шудани мурофиаи  Суди конститутсионӣ шуда метавонад, ки кори он аз рўи парвандаҳо оғоз шуда буд, ба истиснои мавридҳое, ки амали ин санад боиси вайронкунии  ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон гардидааст.