10:52:11 - 26.04.2017

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


ИҚТИБОС АЗ РЕГЛАМЕНТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН



Боби 1.  Тартиби оғоз кардани мурофиаи Суди конститутсионӣ ва барои баррасӣ тайёр намудани праванда

Моддаи 1. Тартиби оғоз намудани мурофиаи Суди конститутсионӣ

Асос барои оғоз намудани мурофиаи Суди конститутсионӣ муроҷиат дар шакли пешниҳодот ё дархост мебошад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи судиро аз руи муроҷиати субъектҳое, ки дар моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номбар шудаанд ва тибқи талаботи моддаи 40 Қонуни мазкур тартиб дода шудааст, оғоз мекунад.
Пешниҳодҳои судҳо дар бораи конститутсионӣ будани қонуни дар парвандаи мушаххас татбиқшуда ё татбиқшаванда аз тарафи раисони судҳои дахлдор ба имзо расонида мешаванд.

Моддаи 2. Тартиби бақайдгирии муроҷиат дар Суди
конститутсионӣ

Муроҷиатҳои воридгашта дар шўъбаи умумӣ ва хизмати давлатӣ ба тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта мешаванд. Муроҷиатҳои воридгашта ба Раиси Суди констиитутсионӣ фиристода мешаванд., ки ў онҳоро барои омўзиши пешакӣ ба судяҳо равона мекунад.
Ҳангоми зарурат, барои омўзиши пешакии масъалаҳои махсус муроҷиат ба шўъбаи таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Суди конститутсионӣ равона карда мешавад.
Судяи Суди конститутсионӣ, ки муроҷиатро қабул кардааст, ҳуқуқ дорад барои моҳиятан омўхтани масъала кормандони шўъбаи таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Суди конститутсиониро ҷалб намояд.

Моддаи 3. Баррасии пешакии муроҷиат

Баррасии пешакии муроҷиат мутобиқи моддаи 40 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон» сурат мегирад.
Агар муроҷиат ба талаботи моддаҳои 14, 37 ва 40 Қонуни консти- тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқат кунад, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси худ дар бораи оғоз кардани муро- фиаи Суди конститутсионӣ таъинот мебарорад.
Агар муроҷиат ба талаботи моддаҳои 14, 37 ва 40 Қонуни консти- тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқат накунад, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рад намудани мурофиаи Суди консти- тутсионӣ таъинот мебарорад ва маводро ба муроҷиаткунанда бармегардонад. Таъинот дар бораи оғоз ва ё ин ки дар бораи рад намудани оғози мурофиаи Суди конститутсионӣ мутобиқи моддаҳои 41, 42 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда мешавад.
Нусхаҳои таъинот ба тарафҳои манфиатдор фиристода мешаванд.
Дар ҳолати такроран ба Суди конститутсионӣ муроҷиат кардани арзкунанда оид ба масъалае, ки дар хусуси он таъиноти Суди конститутсионӣ дар бараи рад намудани оғози мурофиаи Суди конститутсионӣ мавҷуд аст, ба дархосткунанда дубора нусхаи таъинот дар бораи рад намудани оғози мурофиаи Суди конститутсионӣ ва дар як вақт дар бораи минбаъд қатъ намудани мукотиба оид ба ин масъала маълумот фиристода мешавад.
Аризаҳое, ки минбаъд оид ба ин масъала аз ҷониби шахсони пештар арзкунанда ворид мегарданд, бе ҷавоб мононда шуда, барои нигоҳ доштан ба шўъбаи умумӣ ва хизмати давлатӣ фиристода мешавад.