16:51:47 - 19.11.2017

Муроҷиат ба Суд

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАМУНАИ МУРОҶИАТ БА CK

Ба Суди конститутсионии
Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Аз Санокина Л.Г. сокини
майдончаи сохтмонии №1-и
шаҳри Роғун
Ҷумҳурии  Тоҷикистон



ДА Р Х О С Т
(мувофиқи банди 6  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»



Оид ба муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 4 Муқаррароти хотимавӣ-и Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон
«Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии  Тоҷикистон» аз 5январи соли
2008 № 341 ва қисми 2 моддаи 365 КМГ ҶТ ба моддаҳои 19, 20
ва  45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Ба Шумо маълум менамоем, ки 4 январи соли 2007 суди шаҳри Роғун  аризаи  даъвогии  ҳамхонаи ман Цыб Г.Я.-ро ба муқобили  Насриддинов Д., Насриддинов О. ва Идораи нотариалии шаҳри Роғун дар хусуси  беэътибор донистани шартномаи тўҳфаи манзили истиқо- матии онҳо дида баромада, онро бо ҳалномаи худ ба манфиати ҷавобгарон ҳал намуд.
Аз ин ҳалномаи Суди шаҳри Роғун қаноатманд нагардида, мо ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат  намудем. 28 феврали соли 2007 шикояти кассатсионии Цыб Г.Я. бо таъиноти Коллегия оид ба корҳои граждании Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бе қаноат мононда шуд.
Азбаски мо аз қарорҳои зикргардидаи судӣ қаноатманд набудем, мо ба марҳилаи назоратӣ шикоят намудем. Аммо ба аризаи навбатии мо як бор ҷавоб доданду дигар  мо ягон ҷавоб  нагирифтем.
Бинобар ин, мо маҷбур шудам, ки бевосита ба Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муроҷиат намоем. Муроҷиати манро Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои баррасӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тҷикистон фиристод.
Авалҳои моҳи декабри соли 2008 мо аз номи муовини аввали Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Мансуров мактуб гирифтам, ки дар он омадааст:
«Аризаи шикоятии Шумо ба талаботи моддаҳои 365- 367 КМГ ҶТ мутобиқ нест ва хоҳишмандем онро ба  талаботи  моддаҳои зикршуда КМГ ҶТ мутобиқ намуда, баъдан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед».
Мо бо адвокати худ, шикояти назоратиро  ба талаботи   моддаҳои 365- 367 КМГ ҶТ  мувофиқ  кунонида, охири соли 2008 ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем.
Рўзи 28 январи соли 2009   судяи  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оймаҳмадов М.Д. бо таъиноти худ шикояти назоратии моро бинобар гузаштани мўҳлати яксолаи шикоят ба зинаи назоратӣ бе баррасӣ мононд.
Номбурда таъиноти худро бо қисми дуюм моддаи 365 КМГ ҶТ  асоснок намуд, ки тибқи он «нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар мўҳлати як сол аз рўзи эътибори қонуни пайдо кардани онҳо мумкин аст шикоят ва  эътирози назоратӣ пешниҳод гардад».
Ман аз ин таъиноти судя  Оймаҳмадов М.Д., ки онро бо қисми 2 моддаи 365 КМГ ҶТ асоснок намудааст, розӣ нестам ва чунин мешу- морам, ки  моддаи зикршуда ҳуқуқҳои конститутсионии моро оид ба манзил поймол ва маҳдуд месозад.
Ман поймол  шудани ҳуқуқи конститутсионии худро ба моликияти шахсӣ ва кафолати ҳифзи судӣ дар номутобиқатии қисми дуюми моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5 январи  соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки  тибқи он «амали  талаботи қисми дуюми моддаи 365 ба санадҳои судие, ки то мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур қабул гардидаанд, низ паҳн мегардад», ба моддаҳои 19, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебинам.
Ба қисми дуюми моддаи 365 Кодекси  мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар  мўҳлати як сол аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо мумкин аст шикоят ва эътирози назоратӣ пешниҳод гардад», қувваи бозгашт додани қонунгузор, ҳуқуқи конститутсионии манро ба кафолати ҳифзи судӣ бо роҳи овардани шикояти назоратӣ имконнопазир гардондааст.  
Ман қисми дуюми моддаи 4 Қонун  ва қисми дуюми моддаи 365 Кодексро ба моддаҳои 19, 20 ва 45 Конститутсия мутобиқнабуда ҳисобида, аз Суди конститутсионӣ беъэтибор донистани онҳоро талаб менамоям.
Аз ин нигоҳ, мутобиқи моддаҳои 14 ва 37  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии То- ҷикистон»  аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон д а р х о с т  м е н а м о я м:
Оид ба дархости ман мурофиаи Суди конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавӣ- граждании Ҷумҳурии  Тоҷикистон» аз 5 январи соли 2008 № 341  ва қисми дуюми моддаи 365 КМГ Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба моддаҳои 19, 20, 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии  Тоҷикистон муайн карда шавад.».
Ба дархост ҳуҷчатҳои зерин замима карда мешаванд:
1. Иқтибос аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии  Тоҷикистон (моддаҳои 19, 20, 45) - 10 нусха.
2) Иқтибос аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии  Тоҷикистон» аз 5январи соли 2008 № 341-(10 нусха).
3)Иқтибос аз Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии  Тоҷикис- тон» аз 5 январи соли 2008№ 341 (моддаи 365) -(10 нусха).
4) .Нусхаи ҷавоби  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти  соли 2009-09-17.


Бо эҳтиром,                                         Л.Г. Санокина


И Қ Т И Б О С
аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
(аз 6 ноябри соли 1994, 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни
соли 2003,  Душанбе  соли 2003.)



Моддаи 19. Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.



Моддаи 20 қисми 3. Қонуне, ки  баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад.



Моддаи 45. Додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян карда- аст, вазифаи ҳар кас мебошад.

 


И Қ Т И Б О С
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5 январи  соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»



Моддаи 4, қисми дуюм: Амали  талаботи қисми дуюми моддаи 365 ба санадҳои судие, ки то мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур қабул гардидаанд, низ паҳн мегардад.



И Қ Т И Б О С
аз Кодекси  мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи  соли 2008 №341

 


Моддаи 365 қисми дуюм: нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар  мўҳлати як сол аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо мумкин аст шикоят ва эътирози назоратӣ пешниҳод гардад.