07:38:04 - 21.07.2017

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАМУНАИ МУРОҶИАТ БА CK

Ба Раиси Суди конститутсионии  
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳмудов М.А.

аз номи судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
истиқоматкунандаи ш. Душанбе,   
кўчаи Г.Валаматзода-15
Шодиев Шўҳрат Раҳматҷонович

 



ПЕ Ш Н И Ҳ О Д
(мутобиқи қисми 9 моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи Суди конститутсионии Чумҳурии Тоҷикистон»)



Дар бораи муайян намудани мувофиқати моддаи 17
Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 2 моддаи
17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни)
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир давлат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пайи мустаҳкам намудани асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани мавқеи ҳокимияти судӣ дар низоми ҳокимияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои судманд меандешад.
Аз ҷумла ворид намудани судҳо ва судяҳои ҷумҳурӣ ба қатори субъектони муроҷиат ба Суди конститутсионӣ гувоҳи гуфтаҳои боло буда, ин амал дар таҳкими қонунияти конститутсионӣ дар мамлакат бе таъсир нахоҳад монд.
Тибқи талаботи қисми 9 моддаи 37 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи Суди конститутсионии Чумҳурии Тоҷикистон» «судҳо ва судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки судҳо дар парвандаи мушаххас татбиқ намудаанд ё татбиқ менамоянд» ба Суди конститутсионӣ ҳуқуқи муроҷиат кардан доранд.
Бо ин назардошт, ба таваҷҷўҳи Суди конститутсионӣ ман масъалаеро мавриди баррасӣ қарор медиҳам, ки аз нуқтаи назари ман ва амалияи судӣ ба   Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ нест ва мувофиқати ў  Конститутсияи номуайян мебошад.
8-уми октябри соли 2008 ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шаҳрванд Мирзоалиев Далер Қурбонович бо аризаи даъвогӣ нисбати ҷавобгарии ҳамсараш Мирзоалиева Ситора Миралиевна муроҷиат намуд.Дар аризааш аз суд талаб кард, ки ақди никоҳи ў ва ҳамсарашро, ки аз соли 2002 баста ва аз он соҳиби се фарзанд мебошад, бекор намояд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки  тибқи қисми 1 моддаи 21 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «ақди никоҳ аз тарафи суд дар сурати фарзандони ноболиғ доштани зану шавҳар ё дар сурати ба бекор кардани никоҳ розӣ набудани зан ё шавҳар бекор карда мешавад», ки аз ин ҳуқуқ шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон бархўрдор мебошанд.
Аммо моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998, таҳти №22) пешбини намудааст, ки «шавҳар ҳуқуқ надорад ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз таваллуди кўдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани ақди никоҳ даъво пешниҳод намояд».
Бо назардошти моддаи зикршуда аризаи Мирзоалиев Д.Қ. ва ба ҳамин монанд аризаҳо то бартараф шудани шароити пешбининамудаи моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне «ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз тавалуди кўдак» бе қаноат мононда мешаванд.
Аз андешаи ман чунин муқаррарот (моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба талаботи қисми 2 моддаи 17 Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «мардон ва занон баробарҳуқуқанд» ва талаботи қисми 2 моддаи 33 Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «ҳар кас ҳуқуқи ташкили оиларо дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд» мухолифат дорад, зеро он баробарҳуқуқии марду занро, ки ҳуқуқи конститутсионии онҳо дар масъалаи бастан ва бекор кардани ақди никоҳ мебошад, маҳдуд месозад.
Аз ин рў, бо назардошти моддаи 14 ва қисми 9 моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти- тутсионии Чумҳурии Тоҷикистон» аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона  х о ҳ и ш   м е н а м о я м:
Пешниҳоди манро ба истеҳсолот ва баррасии худ қабул намуда, нисбати он парвандаи конститутсионӣ оғоз карда, мувофиқати моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Ба пешниҳод ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
1.Нусхаи аризаи даъвогии Мирзоалиев Д.Қ.
2.Нусхаи шаҳодатномаи Мирзоалиев Д.Д.
3.Таъиноти суди ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе аз 17 октябри соли 2008.
4.Иқтибос аз Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, таҳти №22).
5.Иқтибос аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис- тон.  

Бо эҳтиром,

Судяи Суди ноҳияи
Шоҳмансури ш.Душанбе                                       Ш.Шодиев

 

И Қ Т И Б О С
аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
(аз 6 ноябри соли 1994, 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003, Душанбе  соли 2003.)

 

Моддаи 17 қисми 2: Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.

Моддаи 33 қисми 2: Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оиларо дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.

 


И Қ Т И Б О С
аз Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри
соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998, таҳти №22).

 


Моддаи 17. Шавҳар ҳуқуқ надорад ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз таваллуди кўдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани ақди никоҳ даъво пешниҳод намояд.