07:31:07 - 21.07.2017

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бузургтарин рўй­до­ди сиёсию њуќуќї ва иљтимоию фарњангии таърихи навини халќи то­љик мањсуб меёбад, ки он њам­чун рамзи саодати миллат барои давлат­созиву давлатдории миллї, ташаккули љо­меаи шањрвандї, таъмини ам­нияту оромии љомеа, суботи сиёсию иљтимоии киш­вар ва тањкими ху­догоњиву худшиносии њар як фарди љомеа заминаи воќеї гузошт.

Истиќлолияти давлатї бо Эъломияи Истиќ­лолияти Љум­­њурии То­љи­­­кистон аз 24 августи соли 1990 ва Изњороти Шўрои Олии Љум­њурии Тољикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон» алоќамандии ногусастанї дошта, ин ду санади таъ­­рихї ба истиќлолияти Љум­њурии Тољикистон њусни сиёсї ва њу­­ќуќї бах­шида, барои рушд ва пеш­рафти тамоми соња­њои њаёти сиёсию ичти­моии љомеаи Тољикистон фазои мусоиди бунёдкориву созандагиро фаро­њам овар­данд.

Аз љумла дар Эъломия зикр гардидааст, ки Шўрои Олии Љум­њу­рии Тољи­кистон:

бо дарки амиќи масъулияти таърихї барои таќдири халќи То­љикистон ва давлати миллии он,

….ба хотири таъмини њаќќи зиндагии шоиста барои њар як инсон иродаи халќи Љумњурии Тољикистонро ифода намуда, истиќлолияти Љумњурии Тољи­кистонро бо тантана эълон мекунад ва изњор медорад, ки давлати де­мократии њуќуќ­бунёд барпо хоњад кард.

Дар Эъломияи мазкур бори аввал дар ќатори дигар масъ­ала­њои муњими дав­лату давлатдорї принсипи таљзияи њо­кимияти давлатї эълон гардид, ки тибќи банди 3-и ин санад: «Њо­кимияти давлатї дар Љумњурии Тољикистон тавассути маќо­моти ќонунгузорї, иљроия ва судї ба амал бароварда мешавад».

Татбиќи назария ва амалияи таљзияи њокимияти давлатї, ки дар фаъо­­лияти давлатдорї ва таърихи ташаккул ва рушди њокимияти дав­латї мавќеи хосаро ишѓол менамояд, бе гузаронидани ислоњоти амиќи конститутсионї ва ќабули Конс­титутсия ѓайриимкон буд.

Њамин аст, ки 6 ноябри соли 1994 бори нахуст дар њаёти сиё­сию иљти­моии халќи тољик тавассути раъйпурсии умумихалќї Конс­титут­сияи давлати соњиб­истиќ­лоли Тољикистон ќабул гар­дид, ки он дар сањи­фаи таърихи халќи тољик бо хати зар­рин њамчун «Рўзи Кон­ститутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии То­љикистон» сабт гардид.

Конститутсия аз ѓояи њокимияти халќ, ки моњияти со­њиб­ихтиёрии халќро дар бар мегирад, сарчашма гирифта, дар он асосњои давлати њуќуќ­­бунёд, дунявї, иљти­мої, ягона, кафолати њифзи њуќуќу озодињои ин­сон ва шањрванд, таљзияи њокимияти давлатї, фаъолияти озоди иќти­содї, гуногунандешии сиёсї, демократияи намояндагї бо истифода аз унсурњои демократияи бевосита њамчун арзишњои дар сатњи байнал­милалї пазируфташуда, ки бунёди амалияи конститутсионии љањони им­рўзаро ташкил менамоянд, мавриди танзим ќарор гирифтанд.

Дар Конститутсия эълон гардид, ки Тољикистон давлати демок­ра­тию њуќуќ­бунёд ва иљтимої буда, он барои њар як инсон шароити зин­дагии ар­занда ва инки­шофи озодонаро фароњам меорад. Њамчунин ин­сон, њуќуќ ва озо­дињои он арзи­ши олї эътироф гардида, њаёт, ќадр, но­мус ва дигар њу­ќуќ­њои фитрии ў дахлнопазир эълон карда шуданд.

Бо ќабули Конститутсия му­носибатњои муњими давлатию љамъи­ятї танзими њуќуќии худро ёфта, ба­рои тањия ва ќабули ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии дав­лати соњиб­ихтиёр заминаи воќеї гу­зошта шуд.

Конститутсия ба давлат ва љомеаи Тољикистон имконият фароњам овард, ки дар муддати хеле кўтоњ ба комёбињои назаррас ноил гарданд. Халќи тољик бо такя ба мероси фарњангї ва маънавии миллат, ба киш­­варе табдил ёфт, ки дар он њуввияти миллї боло рафта, мардуми ша­раф­­манди он аз захираи маънавии хеш бањра гирифта, по­барљо ва усту­вортар гардид.

Дар мамлакат институтњои демократї ба фаъолият шурўъ намуда, рушди бомароми соњањои иќтисодиву иљтимої ва маориф таъмин карда шуданд.

Бањри шаффофу самаранок ва дар фазои боздориву мувозинат иљро гардидани салоњияти маќомоти њокимияти давлатї бори нахуст дар Конститутсия ѓояи њоки­миятдорї дар асоси таљзияи он ба њокимияти ќонун­гузор, иљроия ва судї муќаррар гардид.

Дар баробари танзими њуќуќї, вазъ ва фаъолияти дигар маќомоти олии њокимияти давлатї, дар боби алоњида: -боби 8- Конститутсия мав­ќеъ ва моњияти њокимияти судї бо номи «Суд» мавриди танзим ќарор дода шуд.

Дар моддаи 84-и Конститутсия эълон гардид, ки «Њоки­ми­яти судї мустаќил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судя­њо амалї мегардад. Њоки­мияти судї њуќуќ, озодии инсону шањр­ванд, манфиати давлат, ташкилоту муас­сисањо, ќо­нунияту адолатро њифз менамояд».

Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, њам­чунин дар пайдоиш ва ташаккули як ќатор падида ва нињодњои нави љомеаи демок­ратї, аз ќабили таъсиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон - њам­чун маќоми махсуси назорати конститутсионї шароити мусоиди ташкилию њуќуќї фароњам овард.

Дар моддаи 89-и боби зикрёфтаи Конститутсия моњият ва са­лоњияти Суди конститутсионї пешбинї гардид, ки тибќи он Суди конс­титутсионї аз 7 нафар: раис, муовини раис ва 5 судяи Суди консти­тутсионї иборат буда, яке аз судяњои он аз Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон мебошад.

Конститутсия вазъи њуќуќї ва сатњи баланди масъулияти судяи Суди конститутсиониро ба эътибор гирифта, якчанд талаботро нисбат ба шахсоне, ки ба ин мансаб интихоб мешаванд, пешбинї кард.Чунончи, номзаде, ки ба мансаби судяи Суди конститутсионї пешбарї мешавад, бояд тањсилоти олии њуќуќї дошта, синну солаш аз 30 кам ва аз 65 боло набошад ва беш аз 10 сол собиќаи кории касбї дошта бошад.

Конститутсия салоњияти Суди конститутсиониро аз њаллу фасл ва баррасии масъалањои зерин арзёбї кард:

1) муайян намудани мувофиќати ќонунњо, санадњои њуќуќии як­љояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон, Маљлиси миллї, Маљлиси намояндагон, Президент, Њукумат, Суди Олї, Суди Олии иќти­содї ва дигар маќомоти давлатию љамъиятї, ќарордодњои ба ќувваи ќо­нун надаромадаи Тољикистон ба Конститутсия;

2) њалли бањсњои байни маќомоти давлатї доир ба сало­њияти онњо;

3) иљрои ваколатњои дигаре, ки Конститутсия ва ќонунњо муайян кардаанд.

Дар Конститутсия санадњои Суди конститутсионї ќатъї эълон карда шуданд, ки ин аз эътибори олии ин маќоми ваколатдор дар ни­зоми њокимияти давлатї ва судї дарак медињад.

Чунин муќаррароти Конститутсия та­ќозо менамояд, ки санадњои меъ­ё­рии њуќуќии ќабулкардаи ма­ќомоти ќонунгузор, иљроия, судї, дигар маќо­моти давлатї ва љамъиятї ба Конститутсия мутобиќ бошанд.

Њамин тариќ, таърихи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољи­кистон бо таърихи навини давлатдории халќи тољик алоќаи ногусастанї дошта, таъсиси он аз истиќ­лолияти давлатї ва ќабули Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон ибтидо мегирад.

Лозим ба ёдоварист, ки падидаи назорати консти­тутсионї дар Љумњурии Тољикистон соли 1990 бо таъсис гаштани Кумитаи назорати конститутсионии Љумњурии Тољикистон рўи кор омад, ки таъсиси он аз талаботи љомеа ва давлат ба мављудияти чунин падида ва нињод дар низоми маќомоти њокимияти давлатї шањодат медод. Кумитаи мазкур назорат, риоя ва татбиќи меъёрњои Сарќонунро амалї менамуд ва баъдан дар таъсиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон наќши муњим бозид.

Барои оѓоз бахшидан ба фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 15 майи соли 1995 № 238 «Дар бораи фаъолияти ташкилии Суди консти­тутсионии Љум­њурии Тољикистон» ва ќабули Ќонуни конс­ти­тутси­онии Љумњурии Тољикистон аз 3 ноябри соли 1995 № 84 «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» њусни оѓоз бахшида, барои фаъ­олияти минбаъдаи он шароити зарурї фароњам оварданд.

Баъдан, як ќатор санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољи­кистон, аз ќабили: ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 26 майи соли 1997 № 234 «Дар бораи тасдиќ намудани тасвир ва намунаи либоси махсус ва муќаррар намудани намунаи нишони сарисинагї барои судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Ќонуни консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон аз 6 августи соли 2001 № 30 «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон» ва Низомномаи тартиби додани дара­љањои тахассусї ба судяњои судњои Љумњурии Тољикистон, ки бо Фармо­ни Президенти Љумњурии Тољикистон аз 15 октябри соли 2008 № 551 тасдиќ шудааст, ќабул гардиданд, ки дар ташкили фаъолияти Суди конститутсионї ва таъминоти иљтимоию маишии судяњои он муњим арзёбї мегарданд.

Дар ин замина, бо ќарорњои Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кистон аз 7 апрели соли 1995 бори нахуст Шарипов Х.Њ. - Раис ва Алиев З.М.- муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон интихоб гардиданд. Минбаъд бо ќарорњои Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 4 ноябри соли 1995 ва аз 3 феврали соли 1996 Назаров М.Н., Абдуллоев А.А., Сафарова Н.Д., Муќбилшоев Б.М. ва Эмомов Н.Ю. судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон интихоб гардиданд.

Дар солњои минбаъда як ќатор њуќуќшиносони шинохтаи мам­лакат Абдуллоев Ф.А. (1996-2000), Солењов М.С. (2000-2003), Ализода З. (2003-2006), Хољаев И. (2006-2009) вазифаи Раиси Суди конститутсионї, Мустафоќулов Ш.М. (2000-2005), Фатњиллоев С. (2005-2006) ва Назаров М.Н. (2006-2012) вазифаи муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро ба уњда доштанд.

Аз 17 майи соли 2015 К.Каримзода ба вазифаи муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон интихоб гардид.

Абдуллоев Ф.А. солњои тўлонї намояндагии Љумњурии То­љи­кис­тонро дар Суди иќтисодии Иттињоди Давлатњои Мус­та­ќил (ИДМ) ба уњда дошта, Зариф Ализода дар вазифаи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон адои вазифа дорад.

Бояд зикр намуд, ки дар давоми фаъолияти Суди конс­титутсионї чан­дин нафар судяњо, ба монанди: Хољаев И.Њ. (2006-2009), Муста­фоќулов Ш.М. (2000-2005), Эмомов Н.Э. (1996-2001), Сафарова Н.Д. (1995-2000), Смеянова Л.А. (2000-2003), Комилова Х.Р. (2003-2007), Муќбилшоев Б.М. (1995-2009) ва Абдуллоев А.А. (1996-2003, 2005-2015) аз вазифа боифтихор ба истеъфо баромаданд.

Айни њол Шарипов Х.Њ., Солењов М.С., Сменянова Л.А., Фатњиллоев С. ва Назаров М.Н. дар ќайди њаёт нестанд.

Аксари судяњои дар истеъфодабуда аъзои Шўрои илмї-маш­варатї дар назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон буда, таљрибаи кории онњо барои таъмини волоияти Конститутсия ва ќону­нияти консти­тутсионї дар фаъолияти амалии Суди конститутсионї васеъ истифода бурда мешавад.

Аз 18 майи соли 2009 инљониб вазифаи Раиси Суди конс­ти­тут­сио­нии Љумњурии Тољикистонро Њуќуќшиноси шоис­таи Љумњурии Тољи­кистон, академики Академияи илмњои Љум­њурии Тољикистон, док­тори илмњои њуќуќ, профессор Мањ­муд­зода М. А. ба уњда дорад.

Бо дарназардошти моддаи 89-и Конститутсия, дар моддаи 1 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон» моњияти ин маќоми њокимияти давлатї ва судї инъи­коси худро ёфтаст, ки тибќи он:

«Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон маќоми мус­та­ќили њокимияти судї оид ба назорати конститутсионї буда, бо маќсади таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистон таъсис дода шудааст».

Чунин муќаррарот аз талаботи моддаи 10 Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон сарчашма мегирад, ки тибќи он «Консти­тутсияи Љумњурии Тољикистон эътибори олии њуќуќї дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал менамоянд, ќонунњо ва дигар санадњои њуќуќие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори њуќуќї надоранд».

Њифзи Конститутсия, таъмини волоияти он дар ќаламрави давлат, инчунин њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд таќозо намуданд, ки дар Љумњурии Тољикистон маќоми махсуси босалоњият, мустаќил ва беѓарази назорати конститутсионї таъсис дода шуда, вазифаи муњим ва муќаддас ба уњдааш вогузор карда шавад.

Дар баробари ин, дар Конститутсия муњимтарин масъалањои сиёсию иќтисодї, иљтимоию фарњангии љомеа, њуќуќ, озодї ва вази­фањои асосии инсон ва шањрванд, тартиби таъсис ва салоњияти маќомоти олии давлатї, сохтори маъмурї-њудудии давлат, салоњияти маќомоти марказї ва мањаллии њокимияти давлатї муайян карда шуданд. Бо ин хусусияти худ Конститутсия дорои эътибори олии њуќуќї буда, ќонуну дигар санадњои меъёрии њуќуќї бояд дар асоси меъёрњои он ва бањри амалишавии онњо ќабул карда шаванд.

Принсипи мазкур имкон медињад, ки дар љомеа фазои ягонаи ба њам алоќаманд ва ихтилофнопазири њуќуќї арзи вуљуд дошта бошад, ки он дар навбати худ барои пешрафти босуръати њаёти сиёсию иќтисодї, иљтимоию фарњангии мамлакат ва таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд шароити заруриро муњайё месозад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамчун падидаи му­њими давлати њуќуќбунёду демократї ва маќоми махсуси назорати конс­ти­­тутсионї дар давраи фаъолияти начандон тўлониаш зарурат ва ања­мияти худро собит намуда, дар њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд наќши намоёни худро гузошт.

Чунончи, Суди конститутсионї ба навтаъсис будани худ нигоњ на­карда, бо нахустин ќарори худ аз 26 марти соли 1996 Фар­мони Раёсати Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон аз 15 ноябри соли 1993 раќами 134 «Дар бораи боздоштани амали моддањои 6, 28, 48, 49, 53, 531, 85, 90, 92, 97, 2211 ва 2212 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон»-ро, ки онњо шикоят карданро аз болои асоснокии њабс ё дароз намудани муњлати нигањдорї дар њабс ба суд манъ мекарданд, ѓайри­конс­титутсионї дониста, онро беэътибор эътироф намуд.

Ин ќарори Суди конститутсионї ба шањрвандон имконият фа­роњам овард, ки њуќуќњои конститутсионии худро оид ба њифзи судї амалї намуда, аз рўи масъалањои номбурда ба суд бемамониат мурољиат намоянд.

Њамчунин, бо ќарори Суди конститутсионї аз 16-уми октяб­ри со­ли 2001 «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 1 моддаи 303 ва ќисми 1 моддаи 337 Кодекси мурофи­авї-граждании Љумњурии Тољи­кистон ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» моддањои зикршудаи Кодекс, ки ба тарафњо ва дигар ишти­рокчиёни парванда њу­ќуќи овардани шикоя­ту эътирозро нисбати таъи­ноту њалномањои зинаи аввали Суди Олии Љумњурии Тољикистон мањдуд карда буданд, ба Конс­ти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухо­лиф дониста шуда, беэътибор гардиданд.

Ќарори номбурда ба тарафњо ва дигар иштирокчиёни парванда њуќуќ дод, ки онњо аз болои таъиноту њал­номањои зинаи аввали Суди Олии Љумњурии Тољикистон ба тариќи кассатсионї шикояту эътироз пеш­нињод намоянд.

Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањ­мон њанўз 31 майи соли 2002 ба масъалањои вобаста ба рушд ва тањкими њокимияти судї дахл карда, дар машварат бо кор­мандони њифзи њуќуќ, сохторњои низомї ва судњо иброз дош­танд, ки: «Имрўз барои љамъият њимояи судии пурќувват ва беэътимод беш аз пеш зарур мебошад ва онро суде таъмин карда метавонад, ки воќеан нерў­манд ва дахлнопазир бошад».

Рафти минбаъдаи њаёти сиёсию иљтимоии Тољикистон дурустии ан­де­шањои роњбари давлатро собит намуданд.

Фаъолияти 20 солаи Суди конс­титут­сионї оид ба таъ­мини воло­ияти Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањр­ванд шањо­дати онанд, ки ташаккули институти назорати конститутсионї ба инки­шофи давлатдории миллии Тољикистони соњиб­истиќлол ирти­боти ногу­сас­танї дошта, фаъо­лияташ ба маќсаду вазифањои афзали­ятноки љомеа тавъам мебошад.

Президенти Љум­њу­рии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар сухан­рониаш ба муносибати 15-умин солгарди ќабули Конститутсия, ба маќоми Суди конститутсионї дахл карда, иброз доштанд, ки «Дар ни­зо­ми су­дии кишвар Суди конститутсионї маќоми махсус дорад ва яке аз вази­фањои аввалиндараљаи он таъмини волоияти Конститутсия дар ни­зоми санадњои меъёрии њуќуќї мебошад».

Масъалањои вобаста ба рушди њокимияти судї дар Паёми Пре­зиденти Љумњурии Тољикистон аз 20 ап­рели соли 2006 ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бори дигар таќвияти худро ёфтанд.

Аз љумла роњбари давлат ќайд намуданд, ки «… бо маќсади так­мили минбаъдаи фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои низомї иљрои корњои зеринро зарур мешуморам:

Якум. Барои боз њам пурра ва самаранок истифода бурдани имконияти назорати конститутсионї салоњият ва ваколатњои Суди конс­титутсионї такмил дода шавад.

Дуюм. Ба хотири рушду такомули минбаъдаи њокимияти судии мамлакат Суди конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї ва Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон якљо бо маќомоти дахлдори давлатї бар­номаи ислоњоти судиву њуќуќии Љумњурии Тољикистонро бо дарна­зардошти шароити имрўзаи кишвар тањия ва пешнињод намоянд…».

Дар заминаи Паёми мазкури роњбари давлат, Барномаи исло­њоти судї-њуќуќї дар Љум­­њурии Тољикистон тањия ва бо Фармони Прези­денти Љумњурии То­љи­кистон аз 23 июни соли 2007 № 271 мавриди тасдиќ ќарор дода шуд.

Аз љумла дар Барнома омадааст, ки «яке аз арзиши муњими Конс­титутсияи Тољикистони со­њибистиќлол волоият ва амали мустаќими меъёрњои он мебошад. Бо маќсади таъмини арзишњо ва њифзи Кон­сти­тутсия Суди конститутсионї таъсис ёфт ва фаъолияти беш аз 10 солаи ин маќом зарурат ва ањамияти онро дар давлатдории навини Тољикистон собит сохта, инчунин нишон дод, ки вобаста ба инкишофу пешрафти љомеа наќш ва маќоми Суди конститутсионї бояд тањким ёбад.

Бо дарназардошти таљриба ва амалияи фаъолияти Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон ва таѓйи­роти сифатан куллие, ки тайи солњои охир дар њаёти сиёсї ва иљтимоии кишвар рух доданд, зарур аст, ки салоњияти Суди конститутсионї бо додани хулоса оид ба лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоињаи ќо­нунњо ва дигар масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод карда мешаванд, мукаммал карда шавад.

Зарурати додани хулосаи Суди конститутсионї оид ба лоињаи таѓй­­иру иловањое, ки ба Конститутсия ворид мегарданд ва масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод мешаванд ба он вобаста аст, ки ин пешнињодњо ба принсипњо ва арзишњои асосии Конститутсия мувофиќ бошанд»

Дар асоси Барномаи мазкур, бобати амалї намудани исло­њоти судї – њуќуќї як ќатор чорабинињо амалї карда шуданд, ки онњо дар руш­ду тањкими њоки­мияти судї наќши арзанда гузоштанд.

Чунончи, барои ноил шудан ба њадафњои зикршуда, пурра ва са­маранок ба амал баро­вардани назорати конститутсионї дар мамлакат, 20 марти соли 2008 ба Ќонуни консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конс­ти­тутсионии Љум­њурии Тољикистон» таѓйиру ило­вањои дахлдор ворид карда шуданд.

Тибќи таѓйиру иловањои зикршуда салоњияти Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон такмил ва доираи субъектони муро­љиат ба Суди конститутсионї васеъ гардид. Аз љумла, ба доираи салоњияти Суди конс­титутсионї масъалаи ба Конститутсия мутобиќ будани лоињаи таѓй­иру ило­­вањои ба он воридшаванда, лои­њаи ќонунњо ва дигар масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод карда мешаванд, вогузор карда шуд.

Шањрвандон њуќуќ пайдо намуданд, ки оид ба вайронкунии њуќу­ќу озодињои конститутсиониашон вобаста ба ќонун ва дигар санади њуќу­ќии нисбаташон татбиќшуда ё татбиќшаванда, инчунин бобати муай­ян намудани мувофиќати ќонун, дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии пле­нумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодї ба Конститутсия, ки аз тарафи судњо ва дигар маќомот нисбаташон татбиќ шудааст, ба Суди конститутсионї мурољиат на­моянд.

Ба судњо ва судяњои Љумњурии Тољикистон низ њуќуќ дода шуд, ки дар хусуси ба Конститутсия мувофиќ будани ќонун, дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодї, ки онњо дар парвандаи мушаххас татбиќ намудаанд, ба Суди консти­тут­сионї мурољиат кунанд.

Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон ба сифати субъекти му­рољиат ба Суди конститутсионї пазируфта шуд.

Таѓйиру иловањои ба Ќонуни конститутсионї воридкардашуда, аз мав­ќеи намоёни Суди конститутсионї дар низоми њокимияти давлатї ва судї, садоќати давлати Тољикистон ба арзишњои эътирофшудаи умуми­башарї, инчунин рушду нумўи институтњои демократї дар Љум­њурии Тољикистон шањодат медињанд.

Бо даровардани таѓйиру иловањо ба Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољи­­кистон», шумораи арзу шикоят ва пешнињоду дархостњои маќомот ва шањрвандон ба Суди конститутсионї рў ба аф­зоиш нињод. Дар даво­ми 7 сол (2008- се моњи аввали соли 2015) теъдоди ќа­рорњо 21 адад ва таъинотњо 53 ададро ташкил медињанд, ки ин омор дар 11 соли пеш (1996-2007) 14 ќарор ва 22 таъинотро ташкил медињад.

Санадњои Суди конститутсионї дар таъмини волоияти Консти­тут­сия, тањкими ќонунияти конститутсионї ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд наќши муњим бозиданд.

Чунончи, бо ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон аз 20 январи соли 2005 «Дар бораи муайян кардани мувофиќати моддаи 181 Кодекси мурофиавии хољагии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 17, 19 ва ќисми 2 моддаи 88 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» моддаи 181 Кодекси мазкур, ки њуќуќи тарафњо ва дигар иштирокчиёни муро­фиаро оид ба овардани шикоят нисбати халнома ва ќарорњои эътибори ќонунї пайдокардаи судњои иќтисодї мањдуд мекард, ба Конститутсия номувофиќ дониста шуд.

Минбаъд тарафњо ва дигар иштирокчиёни мурофиа њуќуќ пайдо наму­данд, ки аз болои њалномаю ќарорњои эътибори ќонунї пайдо­кардаи судњои иќтисодї шикоят намуда, њуќуќњои конститутсионии худро њифз намоянд.

Суди конститутсионї дархости шањрванд Бобоев Љ.-ро дар бораи муайян намудани мутобиќати сархати њаштуми ќисми 2 моддаи 42 Кодекси муро­фиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 17 ва 21 Конститут­сияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дида баромада, дар ќарори худ аз 15 майи соли 2012 диќќати Вазорати корњои дохилии Љум­њурии Тољи­кистон ва Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистонро ба риояи бечу­нучарои талаботи моддаи 18 Конститутсия, ки тибќи он «Ба њељ кас ши­канља, љазо ва муносибати ѓайриинсонї раво дида намешавад» љалб намуд.

Њамчунин маќомоти зикршуда вазифадор карда шуд, ки љинояти содир­шу­даи ши­канљаро ошкор карда, нисбати шахсони онро содир­наму­да чора­њои дахлдор, то ба дараљаи ба љавобгарии љиноятї ка­шидан, андешида шавад.

Бояд тазаккур дод, ки гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканља, љазо ва навъњои дигари рафтори берањмона, ѓайри­инсонї ё тањќиркунанда љаноби Хуан Е. Мендез зимни сафари кории худ ба Љум­­њурии Тољикистон ва вохўрї бо роњ­барияти Суди конститутсионї, ки 11 майи соли 2012 доир гардид, ба шиканља, љазо ва навъњои дигари рафтори берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунанда дахл карда, ба сањми Суди конститутсионї ва ќарори зикршудаи он дар пешгирї ва бартараф намудани њолатњои зикршуда бањои баланд дод.

Њамчунин дигар санадњои судї ќабул карда шуданд, ки онњо дар ќа­були ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њу­ќуќии мувофиќ ба меъёр­њои Ќонуни асоcии кишвар ва ба ин васила таъмини кафолати њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд наќши му­њим бозиданд.

Чунонки, Суди конститутсионї парвандаро аз рўи дар­хости шањр­­ванд Тураев М.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии на­мо­яндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 9 июни соли 2009, № 25 ба ќисми дуюми моддаи 12, ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї на­муда, бо ќарори худ аз 28 марти соли 2013 банди 4 Ќоидањоро њамчун омили мањдудкунандаи њуќуќи конститутсионии шахс ба фаъо­лияти озоди соњибкорї, мењнат ва интихоби касбу кор ба модда­њои зикршудаи Конститутсия номутобиќ њисоб намуд.

Суди конститутсионї, инчунин парвандаро аз рўи дархости шањр­ванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани муто­биќати ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љум­њурии Тољи­кистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пеш­гирї ќабул шудааст, ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, ќайд кард, ки њама гуна тартибе, ки њуќуќњои иштирокчиёни мурофиаи љиноятиро оид ба њифзи њуќуќњои мурофиавии онњо мањдуд карда, монеаи ба амал баровардани онњо, аз љумла њуќуќи шикоят намудани санадњои судї мегардад, он њамчун мањдуд кардани кафолати њифзи судї ва њуќуќи мурољиат ба маќомоти давлатї муќаррарнамудаи Конститутсия, ќонунњо ва ќонун­гузории мурофиавии Љумњурии Тољиикистон ба њисоб меравад.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионї бо ќарори худ аз 27 сент­ябри соли 2013 ќисми 2 мод­даи 363 Кодексро ба моддањои зикршудаи Конс­ти­­тутсия номутобиќ њисоб намуд.

Бояд зикр кард, ки таъиноти Суди конститутсионї низ дар тањ­кими ќонунияти конс­­титутсионї муњим арзёбї мегарданд. Таъиноти судњои консти­тутсионї оид ба рад намудани оѓози мурофиаи судии конс­титутсионї аз зумраи зиёдтарин ва фаъолтарин санадњои судии маќо­моти назорати конститутсионии мамла­катњои гуногун, аз љумла Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба шумор мераванд. Онњо дар баробари рад наму­дани оѓози мурофиаи судии конс­титутсионї, яъне ифода намудани мавќеи њуќуќии судњо, инчунин аз дас­туру супоришњои мушаххаси суд­њои консти­тут­сионї иборат мебошанд, ки иљрои ин дастуру супоришњо низ ба­рои тамоми маќомоти дахлдор њатмї мебошад. Њамчунин онњо муњимтарин василаи ба мурољи­атку­нан­дагон ни­шон додани роњи њалли бањсњо ва мусо­идат дар њалли онњо ба шумор мераванд.

Масалан, Суди конститутсионї дар таъинот аз 7 январи соли 2013 дар хусуси рад намудани оѓози мурофиаи судии кон­с­ти­­тутсионї оид ба дархости шањрванд Љураев Н.Њ. ва на­мояндаи ваколатдори ў-адвокат Воњидова Ф.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 47 ва ќисми 1 моддаи 89 Кодекси муро­фиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 14 ва 20 Конс­титутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон» ба дар­хост­дињанда тартиби бартараф намудани мухо­лифати байни санад­њои њуќуќиро фањмонида, ќайд кард, ки ягон моддаи КМЉ Љумњурии Тољикистон, аз љумла ќисми 1 моддаи 89 Кодекси мазкур набояд бар зарари принсипи таф­тиши њамаљониба, пурра ва холисонаи кор пешбининамудаи моддаи 21 КМЉ Љумњурии Тољикистон маънидод карда шавад. Дар акси њол, иштирокчиёни муро­фиаи љиноятї њуќуќ доранд, ки чунин амалњои маќомоти ваколатдорро тибќи тартиби муќар­рар­кар­дашуда мавриди бањс ќарор дињанд.

Дар таъинот аз 4 марти соли 2013 дар хусуси рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости раиси Раёсати ЉСК «Соњибкорбонк» «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 332 Кодекси муро­фиавии граждании Љум­њурии Тољикистон ба моддањои 19 ва 88 Конс­титутсияи (Сарќо­нуни) Љумњурии Тољикистон» ба мурољи­аткунанда тартиби таф­сири расмии ќонунњо фањмонида шуда, роњњои њаллу фасли бањси ў нишон дода шудааст.

Њамин тариќ, Суди конститутсионї дар инкишоф ва такмили низоми њуќуќии мамлакат бевосита иштирок намуда, дар ќарору таъи­ноти худ меъёрњои њуќуќи моддиро бањо дода, ба тањкими меъёрњои мурофиавї низ ањамияти љиддї медињад ва ќайд менамояд, ки набудани тартиби татбиќи меъёрњои њуќуќи моддї барои иљро накардани муќаррароти Конститутсия, ки меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд, асос ва сабаб шуда наметавонад. Бо ин роњ принсипњои умумї ва соњавии њуќуќ, волоияти Конститутсия ва амали бевоситаи меъёрњои он, ки ба њифзи њуќуќи инсон ва шањрванд, аз љумла њуќуќи шахс ба њифзи судї равона карда шудаанд, татбиќи воќеї ва таъиноти аслии худро меёбанд.

Зеро дар Тољикистон танњо суд њуќуќи баррасии парвандањо ва њал­лу фасли бањсњои гуно­гунро дошта, аз но­ми давлат њукм, њалнома ва ќарор мебарорад. Дар доираи адлу инсоф њаќ­ро ба њаќдор мерасонад, кафолати њифзи судї доштани њар як шахс, адолату баробариро беѓа­разона таъмин месозад, њуќуќу озодињои инсону шањр­вандро самаранок њифз менамояд. Мувофиќати ќонунњо ва дигар санадњои њуќуќиро ба Конс­титутсия муайян карда, ба ин васила волоияти Конс­ти­тутсия ва ќонун­њоро таъмин месозад ва ба рушди босубот ва бонизоми љомеа мусо­идат менамояд.

Бо маќсади идома бахшидан ба ислоњоти судї – њуќуќї дар кишвар, дар заминаи паёмњои Президенти Љумњурии Тољи­кистон ба Маљ­лиси Олї аз 15 апрели соли 2009 ва 24 апрели соли 2010 Барномаи нави ислоњоти судї – њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2013 тањия гардида, бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 январи соли 2011, № 976 тасдиќ карда шуд.

Дар Барнома ќайд гардид, ки «маќсад аз тањияи Барномаи мазкур тањкими минбаъдаи њокимияити судї, баланд бардоштани наќши суд дар њифзи њамаљонибаи њуќуќу озодињои инсон, њимояи манфиатњои ќону­нии давлат, корхонањо, муассисањо ва дигар ташкилотњо, такмили сох­торњои судї ва таќвияти фаъолияти онњо, бењдошти вазъи моддию њуќуќии маќомоти судї ва судяњо, инчунин мукаммал намудани ќонунњо мебошад»

Вазифањои асосии ислоњоти судї-њуќуќї вобаста аз маќсад­њои он аз так­милу тавсеаи сохтори маќомоти судї ва салоњияти онњо, му­шаххас ва шаф­фоф гардонидани вазифањои онњо, баланд бардоштани талаботи тахассусї њан­гоми таъин ва интихоби судяњо, маърифати њуќу­ќии онњо, поквиљдонї, њисси эњтиром ба халќу ватан, инчунин баланд бардоштани вазъи иљтимоии судяњо ва кормандони дастгоњи онњо арзёбї гардид.

Суди конститутсионии Љумњуриии Тољикистон низ ќисми љу­до­на­­шавандаи њокимияти давлатї ва судї мањсуб меёбад ва табиист, ки фаъолияти он вобаста ба пешрафти давлат ва љомеа, тањким ёф­та­ни асосњои демократии сохтори конститутсионї, боло рафтани ања­ми­яти њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва дастрасии шањр­ван­дон ба суд бењбудї ва тањким бахшиданро таќозо менамояд.

Аввалин Ќонуни конститутсионии Љумурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон с.1995, № 21, м.223) ќабул гардид, ки он ба сатњи донишњои назариявї, консептуалї ва амалию њуќу­ќии замони ќабулаш пурра мувофиќат дошт.

Баъд аз ќабули Ќо­нуни мазкур, бо ќонунњои конститутсионї ба он 12 маротиба 132 таѓй­ироту иловањо ворид карда шуданд, ки онњо инъ­и­­­коси демокра­ти­кунонии минбаъдаи њаёти љомеаи Тољикистон, ра­ванди ислоњоти конс­ти­тутсионї дар мамлакат, рушду тањкими инс­титутњои демок­ратї ва њокимияти давлатї, танзими фаъолияти муро­фиавии Суди конститутсионї, вазъи иљтимоии судяњо, тањкими са­­ло­њияти Суди конститутсионї, инчунин боло рафтани сатњи до­нишњои назариявї, консептуалї ва амалии мутахассисони соњаи њу­ќу­ќи конститутсионии мамлакат ва судяњои Суди конститутсионї ба шумор мераванд.

Бинобар ин, дар Барнома тањияи Ќонуни конститутсионии Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии То­љи­кистон» дар тањрири нав пешбинї гардид.

Суди конститутсионї дар баробари ба амал баровардани сало­њияти конститутсионии худ тавассути мурофиаи судии конститутсионї, инчунин дар боло рафтани фарњанги конс­титутсионї ва маърифати њуќуќии љомеаи Тољикистон, тањкими ќонунияти конститутсоинї ва тар­тиботи њуќуќї сањми намоёнии худро мегузорад.

Суди конститутсионї соли 2009-ро њамчун соли бузургдошти фар­занди барўманди миллати тољик ва олами ислом ва фаќењи бузург Абўња­нифа-Имоми Аъзам бо­тантана истиќбол намуд. Олимони Суди конститутсионї оид ба наќши Имоми Аъ­зам њам­чун асос­гузору мураттиби илми фиќњ, аввалин мута­каллим, тат­биќкунандаи усули фиќњи ис­ломї дар асоси Ќуръон, суннати набавї ва иљмову ќиёс бо маќолаву маърўзањо баромад намуда, одобу рафтори ња­мидаи инсонии ўро ќобили дастгириву пайравї эътироф намуданд.

Суди конститутсионї љашнворањои вобаста ба солњои ќа­були Конс­­титутсияи мамлакатро њамчун љашнвораи касбии худ эњсос намуда, љињати тарѓибу ташвиќи нуќтањои асосии ин санади муњими сиёсию њу­ќуќї ва иљтимої зањмати худро дареѓ намедорад.

Чунончи, Суди конститутсионї љињати иљрои Наќшаи чора­би­нињои љум­њуриявї бахшида ба љашни 15-солагии ќабули Конститутсия чора­би­нињои зиёди наќшавї тарњрезї ва ба амал баровард.

20 октябри соли 2009 дар мавзўи «Конститутсияи Љум­њурии Тољи­кистон ва наќши он дар эъмори давлати со­њиб­истиќлоли Тољикистон» дар Суди конститутсионї мизи мудаввар доир гардид, ки дар рафти он маърўзањо шунида ва мав­риди муњокима ќарор дода шуданд. Маводи кон­ференсия иборат аз суханронию маќолањои илмии иштирокчиёни он дар шакли китоби алоњида даст­раси алоќамандони илмњои њуќуќшиносї гардонда шуд.

Рўзи 26 октябри соли 2009 дар Суди конститутсионї бо иштироки судяњо ва кормандони Дастгоњи он, судяњои суди маъ­мурї ва молиявии Љумњурии Федералии Олмон Р. Крис­ти­ан, В. Франсеска ва Роњбари Бар­номаи Љамъияти Олмон оид ба њамкорињои техникї Й. Пуделька дар мавзўи «Масъа­лањои мубрами њуќуќи конститутсионї ва мурофиаи су­дии конститутсионї» семинари байналмилалї баргузор гашт, ки аз тарафи иштирокчиёни он муфид арзёбї шуд.

Судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї дар конф­ронсу семинар, мизњои мудаввари бахшида ба 15-солагии ќабули Конс­титутсия гузаронидаи маќомоти давлатї, муассисањои илмї ва илмї-таълимї фаъолона иштирок ва маърўзањо намуда, ба пањлўњои гуногуни волоияти Конститутсия ва таъмини меъёрњои он равшанї андохтанд.

Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љум­њурии Тољикистон дар шакли китоби алоњида дар зери тањрири Раиси Суди конс­титутсионї академик М.Мањмудзода рўи кор омад, ки он аз љониби алоќа­мандони њуќуќ ва ќонун­гузорї амали сариваќтї ва муфид арзёбї гардид.

Дар њамин сол, вобаста ба љашнгири 15-солагии Конститутсияи кишвар, бори аввал Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон нашр гардид, ки мундариљаи он аз суханронии Президенти Љум­њурии Тољикистон ба муносибати Рўзи истиќлолияти давлатї, маќо­лањои судяњои Суди конститутсионї ва дигар маќомоти судї, њифзи њуќуќ, олимону мутахассисон ва њуќуќшиносони мамлакат, инчунин аз санадњои Суди конститутсионї ва инъикоси фаъолияти касбии он иборат аст.

Маљаллаи мазкур дар тањкими фарњанги њуќуќии љомеаи То­љи­кис­тон ва њокимияти судї наќши муњим мебозад.

Њамчунин 4-уми ноябри 2009 муаррифии Сомонаи интернетии Суди конститутсионї баргузор гардид, ки аввалин сомона дар низоми маќо­моти њокимияти судии мамлакат ба њисоб меравад. Сомонаи мазкур бо забонњои тољикї, русї ва англисї тањия ва пеш бурда шуда, он ба хотири дастрас намудани санадњои Суди конститутсионї ва фаъолияти он ба љомеаи Тољикистон ва дигар алоќамандони њуќуќ ва ќонунгузорї, инчунин бањри таъмини шаффофияти фаъолияти Суди конститутсионї равона карда шудааст.

То ба санаи 1 марти соли 2015 зиёда аз 130000 нафар шањр­ван­дон бо сомонаи Суди конститутсионї ши­носої пайдо намуда, аз маълумоти дар он гирдовардашуда истифода бур­даанд, ки ин барои муаррифии Суди конститутсионї дар дохил ва хориљи кишвар нишондињандаи хуб ба шумор меравад.

Ба маќсади тањия ва омода намудани тавсияњои илман асос­ноки масъалањои њуќуќї 2 июли соли 2009 дар назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз њисоби судяњои дар истеъфобудаи Суди конс­титутсионї­, факултаи њуќуќи До­нишгоњи миллии Тољикистон, факултаи њуќуќи Донишгоњи славянии Тољикистону Россия ва Академияи Вазорати кор­њои дохилии Љумњурии Тољикистон Шўрои илмї-машваратї таъсис дода шуд.

Аз 14-24 ноябри соли 2009 судяњои Суди консти­тутсионї дар асоси Созишнома миёни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љум­њурии Федеролии Олмон оид ба њамкорињои техникї аз 27 марти соли 2003, дар доираи Лоињаи «Дастгирии ислоњоти њуќуќї ва судї дар мамлакатњои Осиёи Марказї», њамчунин тибќи дастури Президенти Љумњурии Тољикистон дар хусуси ба роњ мондани такмили ихтисоси судяњои судњои Љумњурии Тољикистон дар дохил ва хориљи кишвар, ки рўзи 13-сентябри соли 2009 зимни ба вазифањои судягї таъин намудани шањрвандони љумњурї таъкид ёфта буд, аз Љумњурии Федеролии Олмон сафари хизматї анљом доданд.

Зимни сафар бо фаъолияти Суди Аврупо оид ба њуќуќи ин­сон, Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути њуќуќ, Идораи мар­казии Маркази техникии Олмон, Суди федералии конститутсионї, Суди федералии маъмурї ва Суди конститутсионии замини шањри Берлин шиносої пайдо намуданд.

Дар мизњои мудавваре, ки дар судњои зикршуда бо иштироки судяњои Суди Аврупо, коршиносони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, судяњои Олмон ва судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Ќир­ѓизистон баргузор гардиданд, аз љониби судяњои Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон асосњои сохтори конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамчун давлати демократию њуќуќбунёд, самтњои афзалиятноки сиёсати дохилию хориљї ва дигар сохторњои муњими давлатдорї, аз ќабили Суди конститутсионии дорои салоњияти муосир мавриди муаррифї ќарор гирифтанд.

Судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, њамчунин бо Котиби генералии Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути њуќуќ (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо) љаноби Джиани Букикио вохўрї анљом доданд.

Дар соли 2010 ва баъдан соли 2012 китоби «Маљмўаи ќарорњои Суди конс­­титутсионї» бо забонњои тољикї ва русї тањия ва нашр гар­дид. Ин маљмўа барои доираи васеи хонандагон - олимон, аспи­рантњо, донишљўёни мактабњои олї, кормандони маќомоти давлатї ва дигарон аз ањамият холї нест.

Дар фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон Конференсияи илмї-амалии байналмилалї дар мавзўи «Маќомоти назо­рати конститутсионї дар шароити њам­гироии низомњои њуќуќї: таљ­рибаи байналмилалї ва амалияи Тољикистон», ки 4-5-уми ноябри соли 2010 дар пойтахти Љум­њурии Тољикистон шањри Душанбе бахшида ба 15-солагии таъсис­ёбии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон баргузор гардид, наќши калидї бозид.

Иштирокчиёни Конференсияро Президенти Љум­њурии То­љи­кис­тон муњтарам Эмомалї Рањмон табрику тањният гуфта, дар мавзўи «Конс­­ти­тутсия давлати навини тољиконро ба ањли љањон муаррифї намуд» су­ханронї намуд.

Зимни суханронии худ Прези­денти Љум­њурии Тољикистон муњ­тарам Эмомалї Рањ­мон ќайд намуданд, ки: «Конститутсияи Тољикистон њам­чун њуљ­љати сарнавиштсози мардуми куњанбунёду соњиб­тамаддуни мо оини давлату давлатдории тољиконро, ки дар тўли таърихи чандин­њазор­солаи халќамон идома ва сайќал ёфтааст, њамчунин кўшишу тало­шњои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халќро дар роњи расидан ба соњибистиќлолї ва давлатдории миллї љомаи амал пўшонид.

Ѓояњои башардўстонаи он инъикоскунан­даи суннатњои пурѓа­но­вати халќи тољик буда, аз барљастатарин намунањои фарњангии ниё­гони ори­ёии мо, анъанањои давлатдории Сосониёну Сомониён ва мероси бузур­гони таъриху адабиёти аз љониби умум эътирофгардидаи мо сар­чашма мегиранд».

Бо сухани табрикї, инчунин Президенти Комиссияи Венетсианї Джи­анни Букикио, Раиси Конфронси ма­ќомоти назо­рати консти­тутсионии мамлакатњои демократияи нав - Раиси Суди конститут­сио­нии Арманис­тон Г. Г. Арутюнян баро­мад намуда, њайати Суди конс­титутсионї ва дигар иштирок­чиёни он, инчунин тамоми мардуми Тољи­кистонро ба љашни Рўзи Конститутсия ва 15 солагии Суди консти­тут­сионї табрик намуданд.

Дар кори Конфронс раисони Судњои конститутсионии Латвия, Лит­­ва, Молдова, Муѓулистон, Раиси Шўрои конститутсионии Ќазо­ќистон, Раиси Суди иќтисодии Итттињоди Дав­латњои Мустаќил, њайати судяњо аз Олмон, Федератсияи Россия, Эстония, Туркия, Украина, Озарбойљон, коршиносони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, инчунин аъзои Њукумати Љумњурии Тољикистон, мушовирони давлатї ва дигар кормандони масъули Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, вакилони парлумони мамлакат, роњбарон ва судяњои Суди конс­титутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Прокуратураи гене­ралї, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон, роњ­барони маќомоти адлия, Маркази миллии ќонунгузорї, мактабњои олї, олимони варзидаи илми њуќуќ, роњбарон ва намояндагони созмонњои бай­налмилалии муќими Љумњурии Тољикистон ва воситањои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар рафти Конференсия фаъолияти маќомоти назорати консти­тутсионї дар шароити љањонишавї ва њамгироии сис­темањои њуќуќи муосир, наздикшавии ќонунгузории миллии давлатњо ва ташаккули фазои ягонаи њуќуќии байналмилалию минтаќавї, наќши ин раванд дар таъмини волоияти Конститутсия, њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, инчунин дигар масъалањои марбут ба мурофиаи судии конститутсионї мавриди баррасї ва муњокимаи мутахассисону олимони ватанию хориљии соњаи њуќуќи конститутсионї ва дигар соњањои њуќуќ ќарор дода шуд.

Аз натиљаи Конференсияи мазкур нашрияи махсуси Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон (2010 № 4) рўи чоп омад, ки дар он тамоми маърўзаву баромадњои иштирокчиён гирд оварда шуд. Њам­чунин соли 2011 як нашри Ах­бори Конфронси маќомоти назорати конс­титутсионии мамлакатњои демократияи нав пурра ба Конфронси ил­мию амалии байнал­милалї дар ш.Душанбе бахшида шуд. Ахбори мазкур бо ду забон, русї ва англисї нашр гардида, он ба давлатњои аъзои Конфрон­си ма­ќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи нав фиристода мешавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон муноси­батњои мутаќобилаи худро бо Маљлиси миллї, Маљлиси намояндагон, Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Прокуратураи генералї, Шўрои адлия, Вазорати адлия ва дигар маќомоти давлатии Љумњурии Тољикистон таќвият дода, бо маќсади њифз ва таъмини волоияти Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии То­љикистон ва мус­тањкам намудани ќонунияти конститут­сионї дар мам­лакат њам­корињои судмандро роњандозї менамояд.

Намояндагони ваколатдори Маљлиси миллї, Маљлиси намо­яндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва Президенти Љум­њурии Тољикистон дар маљлисњои Суди конститутсионї вобаста ба масъа­­лањои гуногуни њуќуќї иштирок мекунанд. Барои иштирок дар маљлисњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, инчунин намояндагони Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон ва дигар вазорату идорањои давлатї даъват карда мешаванд.

Маљлисњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон тавас­сути шабакањои телевизиони давлатї намоиш дода шуда, ќарорњо ва дигар санадњои ќабулнамудаи он дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, рўзномањои расмии давлатии «Љумњурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр гардида, дастраси омма гардонида мешаванд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамасола ба Пре­зиденти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва Маљлиси намоян­дагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба вазъи ќонунияти конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон нома ирсол менамояд.

Дар нома аз тањлили фаъолияти солонаи Суди конститут­сионї ва натиљаи омўзиши асноди њуќуќии ќабулнамудаи тамоми маќомоти њокимияти давлатии ваколатдор оид ба таъмини волоияти Конститутсия ва ќонунияти конститутсионї дар мамлакат ибрози аќида гардида, диќќати маќомоти мазкур ба њаллу фасли проблемаю масъалањои љойдошта равона карда мешавад. Пешнињодњои Суди конститутсионї минбаъд дар фаъолияти маќомоти ќонунгузор ва иљроияи мамлакат татбиќи амалии худро меёбанд ва дар таъмини њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд мусоидат менамоянд.

Њамкорињои байналмилалї ќисмати људонашавандаи фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­­кистон гардидааст.

Ин њамкорињо бо судњои конститутсионии дигар давлатњо, аз љумла дав­латњои аъзои ИДМ сол аз сол руш ва тавсеа меёбанд. Онњо майдонеро мемонанд, ки дар рафти онњо оид ба таљрибаи фаъолияти судњои конститутсионї, ќабули санадњои судї ва ди­гар масъалањои вобаста ба мурофиаи назо­рати конс­ти­тутсионї мубодилаи афкор сурат мегирад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз соли 2011 узви Конфронси уму­ми­љањонии адолати конститутсионї мебошад.

Муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон М.Назаров аз 22 то 24 январи соли 2009 дар Конфронси 1-уми уму­ми­љањонии ма­ќомоти назорати конститутсионї, ки дар шањри Кейп­тауни Љумњурии Африкаи Љанубї доир гардид ва А.Абдуллоев дар Конфронси 3- уми уму­миљањонии ма­ќомоти назорати конститутсионї, ки дар шањри Сеули Љумњурии Корея (28 сентябр–1 октябри соли 2014) баргузор шуд, иштирок, суханронї ва дар муњокимаи лоињаи Оинномаи Конфронси мазкур фаъолона ширкат варзиданд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон уз­ви Конфронси маќо­моти назорати конститутсионии давлатњои демократияи нав мебо­шад. Санадњои судї, ма­ќолањои судяњо ва дигар маводи иттилоотии он дар ма­љаллаи Конфронси мазкур, ки дар шањри Еревани Љум­њурии Арманистон ба чоп мерасад, инчунин дар ма­љал­лаи даврии «Дайджест», ки дар шањри Москваи Федератсияи Россия ба табъ мерасад, низ нашр мегарданд.

Раиси Суди конститутсионї М. Мањмудзода, муовини Раис К.Каримзода ва судяњои Суди конститутсионї Л. Абдуллозода, Ш.Зоирзода, М. Гулзор ва Д.Њошимзода сол­њои охир дар як ќатор конф­ронсњои байналмиллалї дар мавзўи «Ар­зишњои конститутсионї-омил­њои асосии тањкимбахши сохти демократї» бах­шида ба 15-солагии рўзи ќабули Конститутсияи Љумњурии Молдова (Ки­шинёв, 22-23 июли соли 2009); Конфронси XIV-и маќомоти назорати конститутсионии давлатњои демократияи љавон дар мавзўи «Таљрибаи байналмилалии њамкории судњои конститутсионї ва парлумонњо дар таъмини волоияти Конститутсия» (Ереван, 1-3 октябри соли 2009); Конг­ресси Ассотсиатсияи судњои конститутсионї ва муассисањои њам­шабењи Осиё дар мавзўи «Имрўз ва ояндаи адолати судии конститутсионї дар Осиё» (Сеул,Љумњурии Корея, 20-22 майи соли 2012); Конфронси илмї-амалии байнал­милалї бахшида ба Рўзи Конститутсияи Љумњурии Ќазо­ќистон дар мавзўи «Конститутсия-асоси дурнамои рушди љомеа ва дав­лат» (Остона, Љумњурии Ќазоќистон, 29-30 августа 2013); конф­ронси илмї-амалии байналмилалї дар мавзўи «Иљрои ќарорњои Суди консти­тутсионї њамчун кафолати самаранокии адолати судии конс­титутсионї» (Бишкек, Љумњурии Ќирѓизистон, 21-23 майи соли 2014); Конф­ронси мин­та­ќавї дар мавзўи «Њуќуќи конститутсионї», дар дои­раи Ташаббуси волоияти њуќуќ дар ИА барои Осиёи Марказї. (Хел­синки, Финляндия, 17-18 сентябри соли 2014) ва ѓ. иштирок ва бо маъ­рўзањо баромад намуда, оид ба проблемаю масъалањои мубрами назо­рати конститут­сионї ибрози назар намуданд.

Дар рафти конференсияњои мазкур вохўрињои ду­љонибаи намоян­дагони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо Дж. Букикио – Президенти Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, Арут­юнян Г.Г.- Раиси Конфронси маќомоти назорати конститутсионии мам­лакатњои демокра­тияи љавон - Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Арма­нистон, бо њайати намояндагии суд­њои конститутсионии Ал­љазоир, Арманистон, Беларус, Олмон, Италия, Ќазоќистон, Ќир­ѓизистон, Лат­вия, Литва, Молдова, Фаронса, Федератсияи Россия ва Чехия баргузор гар­диданд.

Дар рафти ин вохўрињо оид ба доираи васеи масъа­лањо ва таљрибаи адолати суди конститутсионї табодули назар карда шуд.

12 январи соли 2010 зимни вохўрии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода ва Сафири фавќуллода ва мухтори Фаронса дар Тољикистон љаноби Анри Зиппер де Фабиани тарафњо оид ба мавќеъ ва наќши маќомоти назорати конститутсионї дар низоми њокимияти давлатї ва рушди минбаъдаи ин нињоди муњими сиёсию њуќуќї ибрози андеша намуданд.

Бо вазифа, салоњият ва фаъолияти Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон шинос шуда, љаноби сафир дар бораи Шўрои конс­титутсионии Фаронса маъ­лумоти муфасал дод.

Мавсуф ќайд намуд, ки чунин нињоде, ки он њифзи Кон­сти­тутсия ва таъмини волоияти онро ба уњда дорад, дар низоми давлатњои демократї, аз љумла дар Фаронса љойи махсусро ишѓол менамояд ва онро «дили демократия» номид.

Сафарњои кории њайати Суди конститутсионии Љум­њурии Тољи­кистон ба як ќатор давлатњои пешраф­та бо маќсади табодули таљриба оид ба назорати конс­ти­тутсионї, аз ќабили Ќазоќистон (2007), Полша (2008) Мол­дова, Арманистон, Олмон, Страсбург (2009), Италия, Љакарта, Остона (2010), Кореяи Љанубї (2012), Франсия, Туркия, Хелсинки (2014) ва омўзиши таљрибаи пешќадами давлатњои зикршуда, табо­­дули иттилоот оид ба стан­дартњои байналмилалии њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар тањкими заминањои њуќуќии фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бе таъсир намемонанд.

Табодули андеша бо њамкасбони худ дар тањияи Ќонуни консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњуриии Тољикистон» дар тањрири нав (2014) ва Дастури Суди консти­тутсионии Љумњуриии Тољикистон (2015) наќши арзанда бозиданд.

Њамкорињои пайвастаи Суди конститутсионї бо маќомоти назо­рати конститутсионї боиси он гардид, ки эътибори ин маќомоти мус­таќили њокимияти судї њамчун падидаи нодири давлати де­мократї дар таъмини волоияти Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд на танњо дар дохили кишвар, њамчунин берун аз он низ боло гардида истодааст.

Бањри таќвият бахшидани муносибањои байналмилалии Суди конс­­ти­тутсионии Љумњуриии Тољикистон, Конфронси њафтуми раисо­ни судњои конс­титутсионии давлатњои Осиё, ки моњи июли соли 2010 дар шањри Љакартаи Љумњурии Индонезия баргузор гардид, ањамияти хоса касб кард. Дар кори он М. Мањмудзода ширкат варзида, бо маърўза баромад намуд.

Дар ин Конфронс бо маќсади мустањкам намудани њам­корињои мутаќобила байни судњои конститутсионии дав­латњои Осиё ва Инсти­тутњои муодил, ки назорати конститутсиониро ба амал меба­роранд, Ассотсиатсияи судњои конс­титутсионии давлатњои Осиё ва Институтњои муодил таъсис дода шуд.

Вазифањои асосии Ассотсиатсия аз густариши њам­корињои бай­нал­­милалии аъзои судњои конститутсионии давлатњои Осиё дар таъмини њифзи њуќуќу озодињои инсон, волоияти меъёрњои Конститутсия, мустаќилияти њокимияти судї, мубодилаи таљ­риба ва иттилоот байни аъзои он иборат мебошад.

Соли 2011 дар асоси даъвати раиси Ассотсиатсияи судњои конс­титутсионии давлатњои Осиё ва Институтњои муодил - раиси Суди конс­ти­тутсионии Корея, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба Ассотсиатсияи судњои конс­ти­тут­сионии давлатњои Осиё ва Институтњои муодил ба сифати аъзои комилњуќуќ пазируфта шуд.

Судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар Конгрес­си Ассотсиатсияи судњои конститутсионї ва Инсти­тутњои муодил дар Љакарта, Индонезия (2011), дар Сеул (2012); дар Љумњурии Туркия (2014) дар мавзўњои гуногун оид ба конститутсионализм, конститутсия ва наќши он дар давлат, низоми сиёсї ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва амалияи назорати конститутсионї иш­тирок ва бо маърўзањо баромад намуда, диќќати онро ба масъалањои гуногуни њуќуќи конститутсионї љалб намуданд.

Њамчунин, иштирокдорони конгрессњои Асотсиатсияро бо наза­рия ва амалияи давлатдорї, сиёсати дохилї ва хориљии дав­лат, масъалањои вобаста ба конститутсионализм, асосњои сохтори консти­тутсионї, моњияти демократї, њуќуќбунёдї ва иљтимоии давлат, наќши инсон ва шањрванд дар Конститутсия ва дар амалияи давлатдорї дар То­љикистон шинос намуданд.

Дар таљрибаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њам­корињои дуљониба бо маќомоти њамшабењи худ ва дар ин замина дар санадњои њуќуќи байналмилалии дуљониба мавриди танзим ќарор до­дани самтњои афзалиятноки њамкорињо наќши муњим касб кардааст. Ин шањодати муњим будани њамкории байналмилалї дар фаъолияти маќо­моти назорати конститутсионї ва ба сатњи сифатан нав баровардани чунин њамкорињо мебошад.

Дар ин замина, аз 4 то 10-ум апрели соли 2011 њайати Суди конс­титутсионї аз шањри Санкт-Петербурги Феде­ратсияи Россия боздид ба амал оварда, ба фаъолияти касбии Суди конс­ти­тутсионии Федератсияи Россия аз наздик шиносої пайдо наму­данд.

Зимни вохўрињо бо Раиси Суди конститутсионии Федератсияи Россия В.Зоркин, муовинон, судяњо ва кормандони мас­ъули Дастгоњи Суди конститутсионии Федератсияи Россия ба доираи салоњият, масъалањо оид ба танзим ва раванди мурофиаи судии конс­титутсионї, вазъи њуќуќии субъектони мурољиат ба суд, рушди њуќуќи моддї ва мурофиавии фаъ­олияти маќомоти назорати конститутсионї ањамияти хоса зоњир карда шуд.

Дар рафти боздид Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї миёни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди конститутсионии Феде­ратсияи Россия ба имзо расид, ки он аввалин санади байналмилалие мебошад, ки байни маќомоти назорати конститутсионии ду кишвар ба тасвиб расидааст.

Тарафњо зимни ба имзо расонидани санади мазкур му­њимияти онро ќайд карда, изњор доштанд, ки он барои боз њам инкишоф ёфтани муносибатњои байни маќомоти назорати конститутсионї мусоидат мекунад.

Њуљљати мазкур ба тарафњо имконият медињад, ки му­тобиќи ќонун­­гузории миллии давлати худ њамкориро тавассути мубодилаи таљ­риба, маълумот дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї ва санадњои судї, ки ба фаъолияти судњои конститутсионї вобаста мебошад, ба роњ монанд.

15-16 декабри соли 2011 зимни сафари расмии Президенти Љум­њурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Украина, ки ба њайати намояндагии сафари мазкур Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон М.Мањмудзода низ шомил буд, Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї миёни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди конститутсионии Украина ба имзо расид.

Њуљљати мазкур ба тарафњо имконият медињад, ки му­тобиќи ќонун­­гузории миллии давлати худ њамкориро тавассути мубодилаи таљ­риба, маълумот дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї ва санадњои судї, ки ба фаъолияти судњои конститутсионї вобаста мебошад, ба роњ монанд.

Аз 23 то 29 апрели соли 2012 љињати иштирок дар кори Сим­по­зиуми байналмилалї бахшида ба 50-солагии таъсиси Суди консти­тут­сионии Љумњурии Туркия сафари њайати Суди консти­тутсионї ба Тур­кия доир гардид.

Ба њайати Суди конститутсионї М. Мањмудзода роњбарї мекард, ки дар доираи кори конфронс Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї миёни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди конститутсионии Љум­њурии Туркия ба тасвиб расид.

Ёддошти тафоњум ба принсипњои истиќлолияти давлатї, масъулияти тарафайн дар бобати њифз, таъмини волоият, амали бевоситаи Конститутсия ва њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд асос ёфта, бо маќсади рушди њамкорї ва мубодилаи таљриба тавассути андешидани чорањо љињати ноил гардидан ба њадафњо ва мусоидат кардан ба њалли сариваќтии масъалањои њамкории ба њамдигар муфид, равона гардидааст.

Љонибњо зимни ба имзо расонидани санади мазкур муњи­мияти ќабули онро ќайд карда, изњор доштанд, ки он барои боз њам мустањ­кам ва рушд ёфтани муносибатњои байни маќомоти адолати конс­титут­сионии давлатњо мусоидат мекунад.

14 майи соли 2013 дар заминаи семинари байналмилалї оид ба му­њо­кимаи лоињаи нави Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», ки бо ишти­ро­ки Г.Г.Арутюнян Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Арма­нис­тон – Раиси Конференсияи маќомоти назорати конститутсионии киш­варњои демократияи нав баргузор гардид, Ёддошти та­фоњум оид ба њам­корї байни судњои конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Љум­њурии Арма­нистон ба имзо расид.

Аз 4 то 7 декабри соли 2014 њайати Суди конститутсионї, ки ба он Ёр­дам­чии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои њуќуќї - Давлатов Љ.М. низ шомил буд, бо маќсади табодули таљриба ва шиносої бо фаъолияти Суди конститутсионии Руминия аз шањри Бухарест дидан ба амал овард. Зимни сафари кории мазкур, њайати корї бо фаъолияти маќомоти назо­рати конститутсионии Руминия шиносої пайдо намуда, ба намоян­дагони ин нињоди судї оид ба фаъолияти густурдаи Суди конститут­сио­нии Љумњурии Тољикистон маълумоти муфассал пешнињод намуд.

Дар доираи сафари корї бобати густариши муносибатњои бай­нал­­­милалї ва ба роњ мондани њамкорињои мутаќобилан судманд Ёд­дошти тафоњум оид ба њамкорї байни судњои конститутсионии дав­латњои зикршуда ба имзо расонида шуд.

Њамкорињои байналмилалии Суди конститутсионии Љум­њурии То­­љи­­­кистон бо Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути њуќуќ (Ко­мис­сияи Венетсиании Шўрои Аврупо), махсусан робитањои кории суд­­­манд бо Президент ва корманони он назаррас ва дар њоли густариш ќарор доранд.

Сањми Комиссияи мазкур дар гузаронидани Конференсияи ил­мї-амалии байналмилалї, ки 4-5-уми ноябри соли 2010 дар шањри Душанбе бахшида ба 15-солагии таъсис­ёбии Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­­­кистон баргузор гардид, калон мебошад.

Коршиносони Комиссия, алалхусус профессори Донишгоњи Гамбурги Республикаи Федеролии Олмон Отто Лухтерхандт лои­њаи Ќонуни консти­тут­сионии Љум­њу­­­рии Тољикистон «Дар бораи Су­ди конститутсионии Љум­њурии То­љи­­кистон» дар тањ­рири навро аз экспертизаи њуќуќї гузаронида, нисбати он хулосаи муфид пешнињод на­муд.

Судяњо ва кормандони Дастгоњ дар конференсия ва семи­нар­њое, ки аз тарафи Комиссия гузаронида мешаванд, иштирок ва бо маърў­зањо баромад намуда, бо њуќуќи Аврупо, нињодњои аврупої ба монанди Суди Аврупо оид ба њуќуќи инсон ва дигарњо шиносої пайдо мекунанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар заминаи њамкорињои Суди конс­ти­тутсионии Љум­њурии Тољи­кистон бо созмонњои байнал­милалї, аз ќабили Институти «Љомеаи кушо­да» - Бунёди мадад ва GIZ (Љамъияти олмонї оид ба њамкории байналмилалї) дар бобати таъминоти техникии Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољи­кистон ва таъмини китобхонаи Суди конс­ти­тутсионї бо адабиётњои зарурї корњои назаррас ба анљом расонида шу­данд.

Дар натиљаи њамин њамкорї, теъдоди китобњо ва дигар нашрњои китобхона то ба 5000 дона расонида шудааст.

Њодисаи муњими таърихие, ки алакай дар хусуси он сухан рондем ва таърихи навини давлатдории тољиконро бе он тасаввур кардан мум­кин нест, ин ќабули нахустин Конститутсияи дав­лати соњибихтиёри Тољикистон ба шумор меравад. Зеро Конститутсия - ин ифодаи иродаи халќи тољик буда, орзуву омоли њазорсолањои гузаштагони халќи мо дар роњи расидан ба ис­тиќ­­­ло­ли­яти комили давлатдорї, бо андеша ва арзишњои миллї ва ар­зишњои пазируфташудаи байналмилалї бунёд намудани давлати демок­ративу њу­ќуќ­бунёд мебошад.

Конститутсия халќи тољикро ќисми људонашавадаи љомеаи ља­њонї ва дар пеши наслњои гузаштаву њо­зира ва оянда масъул ва вази­фадор эътироф намуда, маќсад ва вазифањои таърихии халќи тољикро бун­­­­­ёди љомеаи адолат­парвар эълон намуд.

Бе сабаб нест, ки Президенти Љумњурии Тољикистон муњ­тарам Эмо­малї Рањмон Паёми соли 2014 худро ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кистон аз наќ­ши созанда ва офарандаи Консти­тут­сияи мамлакат, оѓоз намуда, иброз доштанд, ки:

«Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиќ­лолияти давлатї тањдид мекард, шароити зарурии њуќуќї муњайё карда, барои аз нобудї наљот додани давлати тозаистиќ­лоли тољикон ва аз парокандагї рањої бахшидани миллати тољик асос гузошт, љињати расидан ба вањдати миллї тањкурсии устувор гардид ва дар он марњалаи њассоси таърихї барои гузоштани асосњои аркони давлатдории тољикон наќши таќ­дирсозу њалкунанда бозид.»

Бинобар ин, 20-умин сол­гарди ќабули на­хустин Конститутсияи Тољи­кис­тони соњибис­тиќ­лол низ дар соли 2014 бо шукўњу шањ­омати хоса таљлил гардид.

Суди конститутсионї низ љињати сазовор истиќбол гирифтани љаш­ни 20-солагии ќа­були Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кис­тон корњои назаррасеро ба сомон расонида, фаъолияти худро чун њар­ваќта ба тањкими заминањои адолати конститутсионї дар кишвар ра­вона намуд.

Аз ин рў, барои Суди конститутсионї, ки он бањри таъ­мини во­лоият ва амали бевоситаи Ќонуни асосии кишвар ва њиф­зи њуќуќу озо­дињои инсон ва шањрванд таъсис ёфтааст, соли 2014 соли таърихї ва пешрафт арзёбї мегардад.

Китоби «Кон­с­титутсия заминаи ташаккули низоми њу­ќуќи миллї» ва дигар маќолањои илмї-оммавии Раиси Суди консти­тутсионї М.Мањ­мудзода барои хонандагон ва њаводорони ил­ми њуќуќ ва сиё­сати мам­лакат маълумоти арзишмандро пешкаш намуда, дар таъмини фар­њанги конститутсионии љомеа наќши муњим хоњанд бозид.

Њамчунин дар ин сол зиёда аз 25 маќолањои илмї-оммавии судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї нашр гардиданд, ки онњо ба пањлўњои гуногуни Конститутсия ва наќши он дар тањкими давлат­дорї бахшида шудаанд.

Дар ин сол, маќолаи судя-котиби Суди конститут­сионии Љум­њурии Тољикистон Каримзода К.М. бо номи «Конститутсия маљмўи аф­кори сиёсї ва њу­ќуќии инсоният аст», дар озмуни љум­њуриявии маќола ва ри­солаи бењтарин бахшида ба 20-сола­гии Конститут­сияи Љумњурии Тољикистон љои сеюмро ишѓол на­муда, бо диплом ќадрдонї карда шуд.

Бо маќсади тар­­ѓибу ташвиќи меъёрњои Конститутсия миё­ни ањолии кишвар, ки иќдоми њамешагии Суди консти­тутсионї мебошад, Раис, судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди конс­титутсионї дар ља­ласаи Шўрои љамъи­­ятии Љумњурии Тољи­кистон, конф­ронсњои зиёди илмї-амалии љумњуриявї, дар мачмўъ дар чора­бинињои 53 вазорату идорањо ишти­­рок ва суханронї на­муданд.

Њамчунин ба муносибати таљлили 20-солагии Конс­ти­тут­сия дар наш­­рияњои даврии рўзномаи «Љумњурият» зери тањрири Раиси Суди кон­сти­тутсионї тафсири ил­мию оммавии Конститутсияи Љумњурии То­љи­кистон мунта­зам чоп карда шуд, ки наќши он дар баланд бар­доштани маъ­­рифати њуќуќии ањолї муфид арзёбї гардид.

Мавриди зикр аст, ки ќабули Ќонуни конститут­сионии Љум­њу­­рии Тољи­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон» низ ба љашнгирии 20-солагии ќабули Конститутсияи мамлакат рост омад.

26 июни соли 2014 љињати татбиќи Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар мамлакат Ќонуни конститут­сионии зикршуда дар тањрири нав ќабул ва мавриди амал ќарор дода шуд.

Ќонуни конститутсионии мазкур аз 15 боб ва 86 модда иборат бу­да, сох­­тори он нисбат ба Ќону­ни конститутсионии пешина, ки аз 11 боб ва 63 модда иборат аст, 4 боб ва 23 модда зиёд мебошад.

Ќабули он аз раванди мин­баъдаи демокра­тикунонии њаёти сиёсию иљти­моии љомеаи Тољикистон дарак дода, давоми ман­­тиќии татбиќи принсипи конститутсионии таљзияи њоки­мияти дав­латї дар Тољикистон, ислоњоти судї-њуќуќї ва табдил додани њокимияти судї, аз љумла Суди конститутсионї ба механизми эъти­модноки њиф­зи њуќуќу озодињои кон­с­титутсионии инсон ва шањрванд ва дигар суб­ъек­тони њуќуќ арзёбї мегардад.

Ин ба Суди конститутсионї ва судя­њои он барои боз њам самаранок ба амал баровардани салоњияти консти­тут­сиониашон ша­роити за­рурии њу­ќуќиро фароњам овард.

Новобаста аз дастовардњои дар сатњи рушду тањкими хокимияти су­дї бадастомада, дар Љумњурии Тољикистон ислоњоти судї-њуќуќї бо маром идома дорад.

Бо ин маќсад 5-уми январи соли 2015 бо Фармони Прези­денти Љум­њурии Тољикистон Барномаи нави ислоњоти судї-њуќуќї барои солњои 2015-2017 тасдиќ гардид, ки он барои боз њам устувор шудани њокимияти судї ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти сохтори он, тањкими њамкории маќомоти судї бо дигар маќомоти њифзи њуќуќ, њамчунин љињати иљрои санадњои судї такони љиддї хоњад бахшид.

Њамин тариќ, Суди конститутсионї фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон, Ќонуни консти­тут­сионии Љумњурии То­љи­­­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љум­њу­рии То­љи­кистон» ва дигар санадњои меъё­рии њуќуќї ба роњ монда, чун дигар нињодњои муњими давлатдории демократї наќши худро дар таъ­мини адолати судии конститутсионї, рушди асосњои сохтори конс­титутсионї ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд мегузорад. Зеро дар давлати демократию њуќуќбунёд суботи сиёсї, иќтисодию иљтимоии давлат ва фаъолияти бонизом ва муназзами њоки­мияти дав­латиро бе тањкими ќонунияти консти­тутсионї, фарњанги конститутсионї ва тар­тиботи њуќуќї тасаввур кардан ѓайриимкон аст.

Дар ин раванд, мавќеи Суди конститутсионї рўз аз рўз ања­мияти хоса пайдо карда, он дар амалї намудани маќ­саду вазифањои давлат ва љо­меаи Тољикистон, тањкими давлату давлатдорї, бунёди љомеаи демокративу њуќуќбунёд ва адо­латпарвар наќши арзандаи худро мегу­зорад.