23:55:26 - 19.01.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


 

 

Ќарори

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон


Оид ба дархости Њизби нањзати исломии Тољикистон «Дар бораи муайян намудани мувофиќати ќисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» ва ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон аз 25 майи соли 2009 тањти №122 ба ќисми њафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе 8 декабри соли 2009

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда- Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., судяњои Суди конститутсионї Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М. М., Каримов К. М. ва Назаров М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Одинаева Р.Р.,

тарафњо:

а) М. Кабирї- Раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон - тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст;

б) Ватанов М.М.-намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Мењмон Бахтї-намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Мирзоев Х. Б. намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї- намояндагони тарафе, ки санади меъёрии њуќуќии ќабул, љонибдорї ва имзонамудаи онњо мавриди бањс карор дода шудааст;

в) Додољонов Муњибулло - Роњбари Дастгоњи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон- тарафе, ки санади ќабул ва татбиќнамудаи он мавриди бањс ќарор дода шудааст.

Даъватшудагон:

Нуралиев Абдулњамид-Муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон, Ќодиров Тоњир Ќамарович - судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Холиќзода Љонибек-Сардори Сарраёсати ќонунгузории Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон, Олимов Мадиброњим - Сардори Раёсати Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар маљлиси ошкорои Суди конститутсионї парвандаро аз рўи дархости Њизби нањзати исломии Тољикистон «Дар бораи муайян намудани мувофиќати ќисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» ва ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон аз 25 майи соли 2009 тањти №122 ба ќисми њафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, маърўзаи муовини Раиси Суди конститутсионї Назаров М., баёноту хулосаи тарафњо ва баромадњои иштирокчиёни мурофиаро шунида, маводи пешнињодшуда ва дигар њуљљатњоро тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон М. Кабирї бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, нишон медињад, ки бо Ќарори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 22 апрели соли 2009 ваколати вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Муњаммадшариф Њимматзода бинобар ба истеъфо рафтанаш ќатъ карда шуд.

Ў њамчун Раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон, бо назардошти ќарори Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон, ки баъди интихоботи 27 феврали соли 2005 ба њизби онњо ду мандат људо карда шуда буд, ба Комиссияи зикршуда мурољиат намуда, хоњиш кардааст, ки мандати вакили ба истеъфорафта ба номзади навбатии дар рўйхат баъд аз вакилони интихобгардида ќарордошта дода шавад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон дар номаи љавобии худ аз 28 апрели соли 2009 №141бинобар сабаби камтар аз як сол мондани ваколати Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон додани мандати вакилиро ба номзади дар рўйхат баъд аз интихобшудагон ќарордошта номумкин шуморида, ба ў тавсия додааст, ки барои бартараф кардани гуногунфањмї ва тафсири моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» ба маќоми санади меъёрии њуќуќиро ќабулкарда, яъне ба Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон мурољиат намояд.

Кумитаи Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба сохтори давлатї ва худидораи мањаллї рўзи 21 майи соли 2009 мурољиати ўро баррасї намуда, тибќи протоколи №63 ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистонро ба талаботи ќонунгузорї мувофиќ њисобидааст.

Комиссия марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон хулосаи Кумитаи Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистонро дастрас намуда, бо ќарори худ аз 25 майи соли 2009 №122 бо назардошти ќисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон», ки тибќи он «агар аъзои Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намояндагон камаш як сол пеш аз ќатъи ваколати Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон ваколаташ ќатъ шуда бошад, интихоботи нави аъзои Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намояндагон ба љои вакили ваколаташ ќатъгардида гузаронида намешавад» талаби њизбро дар хусуси додани мандати вакилї ба номзади навбатї рад намуда, ба Раиси њизб фањмондааст, ки ў њуќуќ дорад ќарори Комиссияро ба Суди Олии Љумњурии Тољикистон шикоят намояд.

Суди Олии Љумњурии Тољикистон низ шикояти Њизби нањзати исломии Тољикистонро баррасї намуда, бо њалномаи худ аз 1 июни соли 2009 ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистонро аз 25 апрели соли 2009 №122 ќонунї њисобида, шикояти њизбро рад кардааст.

Ба андешаи М. Кабирї, масъалаи пеш аз мўњлат ќатъ гардидани ваколати вакилони дар натиљаи таќсимоти мандатњои вакилї дар байни њизбњои сиёсї интихобгардида, инчунин додани мандати онњо ба номзади баъд аз онњо дар рўйхати дахлдори њизбњо ќарордошта дар ќисми дуюми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» мавриди танзим ќарор дода шуда, муќаррароти ќисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии зикршуда на ба вакилони аз њавзаи интихоботии ягонаи умумиљумњуриявии аз њисоби њизбњои сиёсї интихобшуда, балки ба интихоби вакилоне дахл дорад, ки онњо аз њавзањои якмандата интихоб карда шуданд.

Бинобар ин, ў аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон талаб менамояд, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз намуда, мутобиќати ќисми чорум ва умуман моддаи 57 Ќонуни консти- тутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» ва ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон аз 25 майи соли 2009 №122-ро ба ќисмњои якум ва њафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикис- тон муайян намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости пешнињод- намудаи Раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон М. Кабириро тањлил намуда, ќайд менамояд, ки тибќи Конститутсия дар Тољикистон халќ баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї буда, онро бевосита ё бавоситаи вакилони худ амалї менамояд ва ифодаи олии бевоситаи њокимияти халќ раъйпурсии умумихалќї ва интихобот мебошад.

Муќаррароти зикршудаи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз талаботи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон, аз љумла моддаи 21 Эъломияи умумии њуќуќи башар сарчашма мегирад, ки тибќи он:

«1.Њар як инсон њаќ дорад, бевосита ё бавоситаи намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, дар идораи корњои кишвари худ ширкат намоянд.

3. Иродаи халќ бояд асоси њокимияти њукумат бошад; ин ирода ба воситаи интихоботи давра ба давра ва бидуни сохтакорї, ки дар сурати мављудияти њаќќи интихоботи умумї ва бо роњи овоздињии пинњонї ё тавассути шаклњои дигари овоздињии озодонаро таъмин менамоянд, ба амал бароварда мешавад.»

Бо назардошти талаботи санадњои зикргардида, шањрвандони Тољикистон њуќуќ доранд, ки аз синни муќаррарнамудаи ќонунгузорї дар райъпурсии умумихалќї иштирок ва шахсони арзандаи мамлакатро ба сифати намояндагони худ ба маќомоти дахлдори давлатї интихоб намоянд ва дар навбати худ онњо низ ба мансабњои дахлдори давлатї интихоб гардида, намояндагии ќисмати дахлдор ва дар маљмўъ тамоми халќи Тољикистонро ба амал бароранд.

Аз ин рў, гузаронидани интихоботи умумї, баробар, мустаќим, бо роњи овоздињии пинњонї, шафоф, давра ба давра ва бидуни сохтакорї, ки аз талаботи љомеаи демократию њуќуќбунёд бармеоянд, аз љумлаи муњимтарин арзишњо ва дастовардњои сиёсию њуќуќии инсоният ба шумор мераванд. Ин принсипњо ва муќаррарот, ки заминаи асосии санадњои њуќуќии байнал- милалии эътирофнамудаи љомеаи љањонї, аз љумла низоми њуќуќии Тољикистонро дар масъалаи интихобот ташкил медињанд, дар Конститутсия ва як ќатор ќонунњои конститутсионии Љумњурии Тољикистон пешбинї гардидаанд.

Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар моддаи 49 асосњои ташкилию њуќуќии интихоботи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Точикистонро эълон намуда, дар ќисми њафтуми моддаи мазкур танзими њуќуќии шумораи аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагон, тартиби интихоби онњо, тартиби интихоб нашудан ва мувофиќ набудани ваколати аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагонро ба ќонуни конститутсионї њавола кардааст.

Бо назардошти талаботи Конститутсия Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 10 декабри соли 1999 №856 «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» асосњои ташкилию њуќуќии интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистонро муайян намуда, дар он принсипњои асосии гузаронидани интихобот, ташкили комиссияњои интихобот, пешбарї, баќайдгирї ва кафолатњои фаъолияти номзадњо, ташкил ва тартиби овоздињї, инчунин љамъбасти натиљањои интихоботро танзим менамояд. (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон соли 1999, №12, мод. 296; 2004, №7, мод.451; соли 2007, №5, мод.352; соли 2008, №10, мод.797).

Њамин тариќ, интихоби аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагонин ифодаи иродаи халќи Тољикистон арзёбї гардида, он татбиќи бевоситаи њуќуќњои конститутсионии шањрвандони Љумњурии Тољикистон ба интихобот ва тавассути намояндагони интихобнамудаи худ иштирок намудан дар корњои идоракунии давлат ва љомеа мебошад.

Суди конститутсионї ќисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии зикршудаи боиси бањси тарафњо ќарордодашударо, ки нагузаронидани интихоботи нави аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагонро ба љои аъзо ва вакилони ваколаташон бинобар сабаби аз як сол камтар мондани ваколати Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон ќатъгардидаро танзим менамояд, дар пайвастагї бо меъёрњои дахлдори Конститутсия, матни пурраи моддаи 57, ки гузаронидани интихоботи нави аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагонро ба ивази аъзо ва вакилони хориљшуда муайян мекунад, мавриди тањлил ќарор дода, ќайд менамояд, ки он ба ќисми якум ва ќисми њафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолифат надорад.

Суди конститутсионї ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистонро аз 25 майи соли 2009 №122 низ њаматарафа тањлил намуда, ќайд менамояд, ки тибќи талаботи моддаи 20 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» муайян намудани ќонунї ва асоснокии он ба салоњияти Суди Олии Љумњурии Тољикистон вогузор карда шудааст.

Аз ин рў, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо назардошти талаботи банди 9-и ќисми дуюми моддаи 46 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» бинобар ба салоњияташ мансуб набудани баррасии масъалаи мазкур, нисбати ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон мурофиаи судии конститутсиониро ќатъ менамояд.

Суди конститутсионї, инчунин ќайд менамояд, ки тибќи талаботи банди 3 ќисми 4 моддаи 68 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 26 марти соли 2009 № 506 «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон (дар ќироати дуюм ќабул шудааст) соли 2009, №3, мод. 99) Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон метавонад бо ќарори худ барои ќонунњои конститутсионї, кодексњо, ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон тафсири расмї дињад.

Аз ин рў, Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистонро зарур аст, ки дар сурати ба ў мурољиат намудани шахсон ва маќомоте, ки њуќуќи пешнињод намуданро оид ба додани тафсири Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ќонунњои конститутсионї ва ќонунњои Љумњурии Тољикистонро доранд, тибќи талаботи ќонунгузории амалкунанда тафсири расмї дода, ба татбиќи дурусти санадњои ќабулнамудаи худ мусоидат намояд.

Дар асоси гуфтањои боло ва мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14, 32, 36, 37, 46-48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќ а р о р м е к у н а д:

1. Ќисми чорум ва умуман моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» ба ќисмњои якум ва њафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мебошанд.

2. Мурофиаи судии конститутсионї оид ба муайян намудани муто- биќати Ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон аз 25 майи соли 2009 №122 ба ќисми њафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон бинобар ба салоњияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мансуб набуданаш ќатъ карда шавад.

3.Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш эътибор пайдо мекунад.

4. Ќарори мазкур дар «Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон», рўзномањои «Љумњурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон                                                                   М.Мањмудов


Котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов