17:27:38 - 16.07.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 2 (Нашри дуюм)

 

 

Нашрияи мазкур бо дастгирии молиявии

 

Лоињаи «Дастгирии ислоњоти судї ва њуќуќї

 

дар мамлакатњои Осиёи Марказї»-и Љамъияти

 

Олмонї оид ба њамкорињои техникї нашр шудааст.

 

МТО

 

Нашрия ройгон таќсим карда мешавад.











 

АХБОРИ


СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ


ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


Нашри дуюм


(№2) 2010

 

 








 


 

Душанбе – 2010


 




 

Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї

 

дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон)

 

 


 

АХБОРИ

 

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

 

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

 

 

Маљаллаи илмию иттилоотї

 

Сармуњаррир:

 

Мањмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, Академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор

 

Њайати тањририя:

 

Назаров М.Н. Муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, номзади

 

илмњои сиёсї Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии

 

Љумњурии Тољикистон Сотиволдиев Р. Ш. Мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи ДМТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор

 

© Нашрияи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон.









 

Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон

 

мўњтарам Эмомалї Рањмон ба муносибати 15-умин

 

солгарди ќабули Конститутсияи Тољикистон

 

5-уми ноябри соли 2009


 

Понздањ сол муќаддам - рўзи 6–уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тољикон Конститутсияи (Сарќонуни) давлати соњибистиќлоли Тољикистон ба сифати Ќонуни олии кишвар аз тариќи раъйпурсии умумихалќї, яъне бевосита аз љониби худи халќ бо дарки масъулияти баланд дар назди наслњои гузашта, њозира ва ояндаи кишвар ќабул карда шуд. Ин санади муќаддасу таќдирсоз ва ифодагари азму иродаи мардум роњи минбаъдаи рушду такомули љомеаи моро муайян намуд.

Ба ифтихори ин љашни бузурги миллї њамаи шумо – њозирини мўњтарам ва кулли мардуми шарифи Тољикистонро, ки бо ќабули ин санади сарнавиштсоз маљмўи ормону ниятњои некро ба дастури кору зиндагии наслњои имрўзу фардо табдил доданд, самимона табрик мегўям. Бояд таъкид намуд, ки се соли нахустини зиндагї дар фазои соњибистиќлолї, яъне солњои 1991-1994 солњои пурошўб ва давраи љустуљўи љавоби мушаххас ба саволњое буданд, ки мо ба чї гуна сохти иљтимої ва низоми давлатдорї эњтиёљ дорем, ояндаи љомеа ва давлатро дар доираи кадом низоми сиёсї ва арзишу меъёрњои иљтимої дидан мехоњем, ормонњои миллии дар давоми њазорсолањо ташаккулёфтаамонро бо кадом роњу равиш амалї менамоем.

Дар ин муддат, яъне баъди ба даст овардани истиќлолият баъзе доирањои манфиатљўи дохиливу хориљї бо истифода аз гурўњњои муайяни бегонапараст мардуми моро гирифтори љанги тањмилии шањрвандї карданд.

Бо вуљуди ин, дар давоми се соли нињоят сангин ва зањмату талошњои пайгирона бо иштироки бевоситаи худи мардуми кишвар Конститутсияи давлати мустаќили Тољикистон тањия, муњокима ва ќабул гардид.

Ва мардуми мо бо ќабули нахустин Конститутсияи худ, ки аз тариќи раъйпурсии умумихалќї сурат гирифт, ба њамаи саволњои гузошташуда љавоби даќиќ пайдо карда, роњи эъмори давлати демокративу њуќуќбунёд ва дунявию иљтимоиро пеш гирифтанд.

Ба њайси њомии Ќонуни асосї, кафили истиќлолияти миллї ва пойдориву бардавомии давлат мехоњам изњор намоям, ки Конститутсияи мо њамчун баёнгари таносуби воќеии њамаи нерўњои иљтимоии љомеа ва љавобгўи манфиатњои њамаи онњо буда, чунин давлатеро бунёд гузошт, ки ба љуз аз хизмат ба мардум ва амалї намудани ормонњои онњо дигар маќсаде надорад.

Бинобар ин, бояд таъкид кард, ки њар як пешрафти ба шарофати амали понздањсолаи Конститутсия бадастомада, пеш аз њама таъмини волоияти ќонун натиљаи хирад ва заковати фитрии халќиТољикистон аст. Зеро халќ созандаи таърих ва њаёти мустаќилонаи њар давлат мебошад.

Эъмори давлати мустаќил ва пайваст ба љањони муосир низ самараи тафаккур ва зањмати мардуми шарифи кишвар мебошад, ки имрўз онро бо номи Тољикистон мешиносанд ва мавќеи онро дар мавриди њаллу фасли масоили умдаи байналмилалї эњтиром мекунанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки тањия, муњокима ва ќабули Конститутсияи давлати соњибистиќлоли Тољикистон дар асл баъди иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон шурўъ гардида, њамчун натиљаи татбиќи ќарорњои таърихии он сурат гирифта буд.

Њанўз моњи ноябри соли 1992 дар иљлосияи XVI-уми Шўрои Олї ва баъди он, яъне 12-уми декабри соли 1992 дар Мурољиатномаи худ ба халќи шарифи Тољикистон таъкид карда будам, ки мо љонибдори бунёди давлати нав, яъне давлати демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва иљтимої мебошем.


 

Дар натиља, моњи июни соли 1993 Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон оид ба тањияи лоињаи Конститутсияи нав Комиссияи конститутсионї ва гурўњи кориро ташкил намуд ва ин гурўњи корї баъди омўзиши ќонунњои асосии як ќатор кишварњои пешрафта лоињаи Конститутсияи Тољикистонро омода карда, ба муњокимаи Комиссияи конститутсионї пешнињод кард. Баъдан бо пешнињоди комиссияи мазкур дар асоси Ќарори Раёсати Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон он ба муњокимаи умумихалќї тавсия гардид.


 

Дар љараёни муњокимаи умумихалќии лоињаи Конститутсия аз љониби мардуми кишвар ва њамватанони бурунмарзї ба Шўрои Олї беш аз њаштуним њазор пешнињод ворид гардид. Њамзамон бо ин, лоињаи Конститутсияи мо аз љониби мутахассисону коршиносони маъруфи як ќатор кишварњои љањон баланд арзёбї гардид.

 

Њамин тариќ, ќабули Конститутсия баёнгари ворид шудани Тољикистон ба марњалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ буда, дар њамаи соњањои њаёти кишвар давраи дигаргунињои куллиро оѓоз намуд.

 

Конститутсия ба сифати ќонуни олї заминањои њуќуќии пешрафти љомеаро аз тариќи ќабули ќонунњои нав гузошта, муносибатњои љамъиятии мухталифро тањти танзим ќарор дода, асосњои њуќуќии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатњоро фароњам овард.

 

Дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон асосњои њуќуќии давлати соњибистиќлоли тољикон, дахлнопазирии њудуди кишвар, шакли давлатдорї, моњият ва вазифањои давлат, њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, њимояи њадафњо ва манфиатњои миллї, забони давлатї, рамзњои давлатї, њадафњои сиёсати дохилї ва хориљї, асосњои иќтисодиву сиёсї, иљтимоиву фарњангии давлат ва љомеаи Тољикистон эълон шудаанд.

 

Моњияти демократии Конститутсияи Тољикистон, ќабл аз њама дар эътироф гардидани халќ њамчун сарчашмаи њокимияти давлатї ифода меёбад.

 

Бахши муфассали он, ки њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро тањти танзим ќарор додааст, аввалин маротиба дар таърихи кишвар њуќуќу озодињои инсонро њамчун арзиши олї ва заволнопазир эътироф намудааст.

 

Албатта, ба њама маълум аст, ки 15 – сол пеш мо дар чї гуна шароит зиндагї мекардем ва масъалаи таъмини сулњу субот барои Ватан, давлат, миллат ва њар фарди љомеаи мо аз љумлаи масъалањои таќдирсоз буданд.

 

Бо дарки масъулияти таърихии худ дар назди миллат ва Ватан мо ба барќарор кардани сулњу созиш ва вањдати миллї шурўъ намудем, ки натиљањои он дар санади таърихї – Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї сабт гардиданд. Дар Созишнома дар баробари њалли масъалањои њаётан муњими љомеаи мо ворид намудани таѓйиру иловањо ба Конститутсияи Тољикистон низ пешбинї гардида буд.

 

Ва њамчун натиљаи татбиќи муќаррароти ин санади мўътабари миллат 26 сентябри соли 1999 аввалин маротиба ба Конститутсияи мамлакат таѓйиру иловањо ворид карда шуданд, ки онњо мазмуну мўњтавои Конститутсияро такмил дода, хислати демократии онро тањким бахшиданд.

 

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки њар гуна љомеа, махсусан љомеаи рў ба инкишоф доимо дар њолати таѓйиру дигаргунињои куллї ќарор дорад ва љомеаи мо низ аз ин ќонунмандии иљтимої истисно нест. Бо дарназардошти дастовардњои нав ба нави љомеа зарурати ворид намудани таѓйиру иловањои навбатї ба Конститутсияи Тољикистон ба миён омад, ки он рўзи 22 июни соли 2003 амалї гардид. Дар натиљаи ду ислоњоти конститутсионї аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар парламенти думаљлисаи доимамалкунанда, такмили маќомоти иљроия ва сохтори иќтисодии кишвар, баланд бардоштани сатњи мустаќилияти маќомоти судї, эътирофи инсон, њуќуќ ва озодињои ў ба сифати арзиши олї ва дигар нињоду андешањои демократї ба Конститутсияи мо ворид гардиданд. Ин њама навоварињои конститутсионї барои пойдору устувор гардидани сулњу субот ва вањдати миллї, оѓози раванди татбиќи њадафњои стратегии давлат, аз љумла таъмини истиќлолияти энергетикиву озуќаворї, аз бунбасти коммуникатсионї рањої бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароњам овард.

 

Конститутсия мазмуни демократї, њуќуќбунёдї, дунявї ва иљтимоии давлати Тољикистонро муќаррар мекунад, ки барои пурра татбиќ шудани ин мафњуму арзишњо ба сифати ормонњои мардуми мо ваќту замони муайян зарур аст.

 

Татбиќи меъёрњои зикршуда, пеш аз њама, ба пешрафти њаёти љомеа, иљрои барномањои кўтоњмуддат ва дарозмуддати давлатї, хулоса ба шароиту имкониятњо ва ба сатњи пешрафти иќтисодиву иљтимоии кишвар вобаста мебошад.

 

Ќонуни асосї инсон ва њуќуќу озодињои ўро ба сифати арзиши олї эълон намуда, маќсад ва мазмуни фаъолияти маќомоти ќонунгузор, иљроия, мањаллї ва худидоракунии мањаллиро муайян мекунад.

 

Ин чунин маънї дорад, ки ќонунњо набояд ќоидањои рафтореро муайян намоянд, ки ба њуќуќу озодињои инсон мувофиќ набошанд ё онњоро халалдор созанд, инчунин њамаи шохањои њокимияти давлатї ва шахсони мансабдор бояд дар фаъолияти худ њуќуќу озодињои инсонро ба роњбарї гирифта, набояд амале мухолифи он содир намоянд.

 

Вобаста ба эњтироми њуќуќ ва озодии инсон њамчун арзиши олї 26 октябри соли љорї бо истифода аз салоњияти конститутсионии худ ба муносибати љашни 15-солагии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон пешнињод намудам. Ин санад ќабул гардид ва аз дирўз мавриди амал ќарор дорад. Умуман, бояд гуфт, ки дар давоми 15 соли охир 9 маротиба ќонуни авф ќабул гардида, муќаррароти онњо нисбат ба 61 њазор мањкумшудагон татбиќ гаштанд, аз љумла зиёда аз 40 њазор нафар мањкумшудагон аз мањбас озод шуданд. Пешбинї шудааст, ки ќонуни дањуми авф ба 10 њазор нафар татбиќ шуда, зиёда аз 3 њазор мањкумшуда аз мањбас озод карда мешавад.

 

Ба андешаи ман, ин иќдомот боз як далели амали бевоситаи меъёрњои Конститутсия дар хусуси арзиши олї доштани инсон, њуќуќу озодињои ў ва њифз гардидани ќадр, номус ва дигар њуќуќои инсон мебошад.

 

Дар њамин давра ќонунњои Љумњурии Тољикистон дар бораи ќонунигардонии маблаѓњои пулии шањрвандон ва дар бораи авфи шањрвандон вобаста ба ќонунигардонии молу амволи онњо ќабул ва амалї гардонида шуданд.

 

Конститутсияи Тољикистон инчунин як силсила њуќуќу озодињои фитрии инсон, аз љумла њуќуќ ба њаёт, њуќуќ ба дахлнопазирии шахсї, манзил, озодии эътиќод, озодии интихоби мањалли зист ва дигар њуќуќу озодињоро муќаррар намуда, њифзи судии онњоро кафолат додааст, ки ин њам ифодакунандаи моњияти демократї ва иљтимоии давлати Тољикистон мебошад.

 

Масалан, аз соли 2003-юм нисбат ба занон ва аз соли 2004-ум умуман боздоштани татбиќи љазои ќатл, ки кафолати пурраи таъмини њуќуќ ба њаёт мебошад, аз љумлаи иќдомоти љиддии башардўстона дар ин самт буданд.

 

Давлат дар доираи талаботи Конститутсия њифзи иљтимоии ањолї, аз љумла њимояи оила, њифзи кўдакони ятиму маъюб ва тањсилу табобати шањрвандонро кафолат медињад. Бо вуљуди мушкилоти иљќтисодї њамасола ба соњањои иљтимої на камтар аз 50 фоизи буљети давлатї равона карда мешавад.

 

Солњои охир маблаѓгузории соњањои иљтимої хеле афзоиш ёфт, аз љумла њиссаи харољоти соњаи маориф дар панљ соли охир аз се фоиз то ба беш аз панљ фоизи маљмўи мањсулоти дохилї афзуд. Барои таъмини њуќуќи шањрвандон ба тањсил дар давоми 15-соли охир аз њисоби маблаѓњои давлатї ва дар доираи лоињањои сармоягузорї бинои аксарияти мактабњо таъмиру тамњид гардида, дар маљмўъ зиёда аз 850 мактаби нав бунёд ва таъсис дода шуд. Њамчунин дар 78 мактаб-интернатњо беш аз 8800 нафар кўдакону наврасон, ки аз ин љумла зиёда аз 4000 нафарашон ятиму бепарастор, 3 њазор нафарашон аз оилањои камбизоат ва беш аз 1800 нафарашон маъюб мебошанд, тањти парасторї ва ѓамхории давлат ќарор доранд.

 

Дар асоси барномаи њукуматии компютерикунонии муассисањои тањсилоти умумии мамлакат зиёда аз 3100 мактаб бо 25 њазор компютер таъмин гардид ва барои 675 њазор хонанда имконияти омўзиши техникаи компютерї фароњам оварда шуд.

 

Дар баробари ин, дар мамлакат теъдоди муассисањои олии касбї аз 13 ба 29 адад ва шумораи донишљўён аз 70 њазор ба 160 њазор нафар расонида шуд.

 

Бо маќсади љалби љавондухтарону љавонписарони болаёќати ноњияњои дурдасти кўњистон ба тањсил дар мактабњои олї квотаи президентї љорї карда шуд ва дар доираи он њар сол 500 нафар љавонон ба мактабњои олии мамлакат ќабул карда мешаванд.

Дар муддати дувоздањ соли амали квотаи президентї зиёда аз панљуним њазор љавонони дењот, ки аксарияташон духтарон мебошанд, дорои маълумоти олї гардида, дар айни њол дар соњањои гуногуни ноњияњои худ фаъолият карда истодаанд.

 

Дар њамаи муассисањои таълимї, бахусус мактабњои олї низоми тањсил ба стандартњои тањсилоти љањонї мувофиќ гардонида шуд. Дар соњаи тандурустї низ Барномаи кафолатњои давлатї оид ба хизматрасонии тиббиву санитарї ба ањолї ќабул шуда, марњала ба марњала татбиќ шуда истодааст.

 

Сатњи хизматрасонии тиббиву санитарї ба ањолї, бахусус ба табаќањои ниёзманди ањолї то андозае бењтар гардида, ба онњо кафолати хизматрасонии бепули тиббї дода мешавад. Илова бар ин, дар мамлакат тибби хусусї низ тадриљан густариш меёбад. Барои иштироки озоди шањрвандон дар њаёти фарњангї, корњои эљодї ва таъмини њуќуќњои онњо ба сарватњои фарњангиву маънавї давлат њамаи шароити заруриро фароњам овардааст. Давлати Тољикистон нисбат ба дини ислом, ки аксарияти ањолии кишвар пайрави он аст, њамчун як љузъи маънавиёт ва фарњанги аслии тољикон муносибат мекунад.

 

Арзишњои ислом, воќеан, барои пешрафти љомеа, тарбияи шањрвандон, алалхусус наврасону љавонон, суботи устувори љомеа, шиносоии мардуми кишвар бо фарњанги инсондўстї ва тањаммулпазирї ањамияти бузург доранд.

 

Аз ин хотир, давлат ба эњёи фарњанги исломї ва истифодаи фарњангу маърифати динї дар танзими њаёти маънавии ањолии кишвар таваљљўњи хоса зоњир мекунад, ки ба забони тољикї тарљума ва бо теъдоди дањњо њазор нусха ду маротиба ба чоп расидани Ќуръони маљид, таљлили Соли бузургдошти Имоми Аъзам, инчунин ба барномаи таълимии мактабњои миёна ворид намудани фанни махсуси «Маърифати ислом» мисоли равшани он мебошад. Дар баробари ин, бояд таъкид намуд, ки давлат нисбат ба њадафњои воќеї ва сиёсии ташкилотњои динї бетараф буда наметавонад, зеро онњо низ фаъолияти худро дар чањорчўбаи ќонунњои давлат ба роњ мемонанд.

 

Бо маќсади танзими одилонаи фаъолияти иттињодияњои динї соли равон Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї» аз нав тањия ва ќабул карда шуд. Ќонуни мазкур муќаррарот ва ќоидањои рафтори ќобили ќабули њамагонро дар доираи озодии эътиќод пешбинї мекунад ва умедворем, ки он барои ба њам мутобиќ гардидани манфиатњои давлат, љомеа ва дин, гирифтани пеши роњи њама гуна падидањои номатлуб, аз љумла ифротгароиву тафриќаандозї ва таъсиси гурўњњои экстремистии диние, ки аз љониби доирањои муайяни баъзе кишварњо дастгирї меёбанд, мусоидат менамояд.

 

Бо маќсади истифодаи самаранок ва оммафањм гардонидани мазмун ва моњияти аслии меъёрњои ислом, поксозии онњо аз таассубу хурофот мо Ќонун «Дар бораи танзими анъанањо ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон»-ро ќабул кардем, ки ба василаи он анъанањои миллии таърихї, њамчунин маросимњои динї тањти танзим ќарор гирифтаанд.

 

Дар мавриди танзими ќонунии маросимњои динї мо асосан ба фармудањои пири мазњаби ањли суннату љамоат Имоми Аъзам, ки фаќењи бузурги олами ислом буда, беш аз 90 фоизи ањолии Тољикистон пайрави он мебошад, такя кардем.

 

Дар баробари ин, фаромўш набояд кард, ки дар љомеаи озод ва давлати демократї њар фард дар баробари њуќуќу озодињои фитрї, њамчунин дар назди давлат ва љомеа масъулу ўњдадор мебошад, зеро њуќуќу озодињоро наметавон бе ўњдадорї тасаввур кард. Ба ибораи дигар, озодињои мо сарњад дорад ва сарњади озодї дар доираи ќонун, адлу инсоф, манфиатњои умум ва дигар арзишњои башарї муайян карда мешавад.

 

Дар њамин асос Конститутсия ба зиммаи шањрвандони мамлакат риояи ќонун, эњтироми њуќуќу озодињо ва шаъну эътибори дигарон, њифзи Ватан, њимояи манфиатњои давлат, тањкими истиќлолият, амният ва иќтидори мудофиавии давлат, њифзи табиат, ёдгорињои таърихиву фарњангї ва пардохти андозро ба сифати ўњдадорињои конститутсионї вогузор намудааст.

 

Аз ин лињоз, њар як фарди љомеа бояд њамеша дар хотир дошта бошад, ки танњо дар сурати эњсоси масъулияти шањрвандї ва иљрои ўњдадорињои конститутсионї дар љомеа субот ва тартибу интизом пойдор ва таъмини волоияти ќонун, тартиботи њуќуќї, амнияти давлат ва љомеа имконпазир мегардад.

 

Маълум аст, ки њар гуна бесарусомониву бетартибї ва фитнаву низоъ дар љомеа њуќуќу озодињои шањрвандонро халалдор мекунад ва њатто ѓайриимкон мегардонад.

 

Мову шумо дар солњои љанги шањрвандї дар натиљаи поймол гардидани ќонуну ќонуният ва фалаљ гардидани њокимият ќурбониву фирорї шудани њазорон одамони бегуноњ, хароб гардидани манзилњои истиќоматї ва бепарастор мондани кўдакону оилањоро бо чашмони худ дидем.

 

Ин сабаќи талхи таърихї њамаи моро доим њушдор медињад, ки риояи Конститутсия ва ќонунњои давлат њамчун кафолати боэътимоди тартиботу амнияти љомеа, њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд амри зарурї ва њатмї мебошад.

 

Њамчунин ин амр устувории Конститутсия, ќонунњо ва низоми њуќуќиро таъмин намуда, дар навбати худ ба мустањкамї ва суботи давлату љомеа мусоидат мекунад.

 

Дар баробари ин, то чї андоза таъсири манфї доштани зуд-зуд ворид намудани илова ва таѓйир додани Конститутсияро низ мардуми шарифи Тољикистон дар њаёти худ диданд.

 

Танњо дар соли 1992 ба Конститутсияи Тољикистон аз љониби Шўрои Олї дањ маротиба таѓйиру иловањо ворид карда шуда, 2 Президент ва 5 Њукумат иваз гардиданд, ки дар маљмўъ њамаи ин вазъи љомеаро мураккаб ва ноором сохт.

 

Дар љомеае, ки вањдату якдигарфањмї, сулњу субот, риояи ќонуният, тартиботи љамъиятї ва њуќуќї таъмин аст, њељ гоњ њуќуќ ва озодии инсон поймол нахоњад гашт.

 

Аз ин рў, таъмини асли волоияти Конститутсия ва ќонунњо низ фаќат дар сурати риояи ќонун, тартиботи њуќуќї, эњтироми њуќуќу озодињои дигарон, таъмини амнияти шахс, љомеа ва давлат, иќтидори мудофиавии он, ки дар натиљаи иљрои софдилонаи ўњдадорињои конститутсионии шахсони воќеї, њуќуќї ва давлат сурат мегирад, имконпазир мегардад.

 

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки гарчанде илми њуќуќшиносии мамолики ѓарб ќонунњои асосї ва ќонунњои ин кишварњоро њамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи њуќуќу озодињои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар њаллу фасли ин масъала дар њошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи њуќуќи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним њазор сол ќабл аз ин ќабул гардида буд, кофист.

 

Бояд гуфт, ки санади мазкур нахустин маротиба дар таърихи башар њуќуќ ба озодии виљдон, њуќуќ ба озодии њаракат ва њуќуќ ба дахлнопазирии манзилро эътироф ва татбиќ кардааст. Ба андешаи мо, аз љониби ањли илм ва созмонњои бонуфузи байналмилалї ба таври сазовор ќадршиносї гардидани ин санади боадолати таърихї њамчун нахустин эъломия доир ба њуќуќњои фитрии инсон дар таърихи башар як амри хайр аст.

 

Аз ин рў, тољикон, ки дорои фарњанги волои инсондўстї мебошанд, татбиќи орзуву ормонњои ниёгони гузаштаи хеш ва њадафу талошњои донишмандону мутафаккирони худро дар хусуси инсон ва њуќуќу озодињои он, ќадру ќимат ва шаъну номуси ў ба Конститутсияи худ љой доданд.

 

Дўстони азиз!

 

Эътирофи соњибихтиёрии давлати Тољикистон ба василаи Конститутсияи он, бешубња, аз љумлаи арзишњои гаронбањои миллат мебошад, зеро мањз соњибихтиёриву истиќлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роњи пешрафти мустаќилонаро фароњам оварда, халќро ба љањониён њамчун соњибдавлату соњибќудрат муаррифї мекунад.

 

Дар тўли солњои сипаригардида њамчунин дар амалї намудани моњияти демократии давлати Тољикистон ќадамњои устувор гузошта шуданд.

 

Таъсиси парламенти касбї яке аз зуњуроти низоми демократии давлатдории навини мо мебошад, ки он дар тањияву ќабули ќонунњои љавобгў ба талаботи замон наќш ва маќоми муайянкунанда дорад. Дар давоми понздањ соли амали Конститутсия дар Тољикистон беш аз 900 ќонун дар соњањои мухталифи њаёти љомеа ва давлат тањия ва ќабул карда шуд.

 

Ташаккули давлати демокративу њуќуќбунёд, ќабл аз њама ба сифати баланди ќонунњои давлат, фаъолияти пурсамари парламент, мањорати касбї, сатњи масъулиятшиносї ва фарњанги њуќуќии вакилони Маљлиси намояндагон ва аъзои Маљлиси миллї марбут мебошад.

 

Волоияти ќонун дар давлати њуќуќбунёд аз он вобаста аст, ки дар чунин давлат ќонун то чї андоза љавобгўи талаботи воќеии шањрвандон ва ниёзи ањли љомеа мебошад.

 

Аз ин лињоз, маќоми олии ќонунгузори кишвар бояд ба сифати ќонунњо эътибори љиддї дињад. Зеро то кадом сатњу дараља њуќуќбунёд будани давлат аз сатњу сифати ќонунњои он сахт вобаста аст. Бо маќсади такмили ислоњоти њуќуќї, ки боиси рушду такомули низоми нави њуќуќї, эљоди ќонунњои нав, танзими њуќуќии муносибатњои бозаргонї, фаъолияти соњибкорї ва низоми пешрафтаи иќтисодї мегардад, дар ин самт њаллу фасли вазифањои зеринро зарур мешуморам:

 

Якум. Бо маќсади њалли љиддии масъалаи таъмини њамоњангиву мувофиќати тамоми ќонунњо ва мутобиќати онњо бо Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї, Њукумат ва вазорату идорањои дахлдор зарур аст, ки санадњои ќонунгузории Тољикистонро њаматарафа тањлил намуда, барои аз байн бурдани ихтилофоти санадњои ќонунгузорї ва таъмини њамоњангї ва фазои ягонаи ќонунгузорї дар Тољикистон тадбирњои мушаххас андешанд.

 

Дуюм. Барои баланд бардоштани сатњу сифати ќонунњо ва татбиќи самарабахши онњо дар њаёти љомеа њангоми тањияи лоињаи ќонунњои нав гузаронидани экспертизаи даќиќи илмї, молиявї, иќтисодї, иљтимої ва зиддикоррупсионии лоињаи ќонунњо зарур аст. Тањия ва ќабули ќонунњо бояд бо дарназардошти талаботи рўзафзуни љомеа, љараёни ислоњоти иќтисодї ва иљтимої, пешрафти њаёти сиёсї ва фарњангии љомеа сурат гирад. Аз ин рў, тањияи консепсияи пешгўии инкишофи ќонунгузории Тољикистон яке аз вазифањои муњими парламенти Тољикистон, вазорату идорањои дахлдор ва Академияи илмњо мебошад.

 

Сеюм. Такмили ќонунњои амалкунанда, ќабули ќонунњо ва санадњои дигари меъёрї дар соњаи иљтимої, махсусан дар соњаи нафаќа, мењнат, маориф, тандурустї, њифзи иљтимоии маъюбону ятимон низ яке аз вазифањои муњимтарин дар ин самт ба њисоб меравад. Ва чорум. Бо маќсади баланд бардоштани сатњи маърифати њуќуќии шањрвандон, эњтиром ва иљрои њатмии меъёрњои Конститутсия зарур аст, ки дар тамоми вазорату идорањо, ташкилоту муассисањо, мактабњои миёнаву олї, инчунин дар байни ањли љомеа омўзиши он ба таври васеъ ва доимї ба роњ монда шавад.

Њозирини арљманд!

 

Идоракунии муваффаќонаи давлат, пеш аз њама ба устувории низом ва мувозинати байни рукнњои мустаќили њокимияти давлатї ва фаъолияти пурсамари онњо вобаста аст.

 

Дар зарфи понздањ соли амали Конститутсия дар низоми маќомоти марказї ва мањаллии њокимияти давлатї ва худидораи мањаллї ислоњоти љиддї гузаронида шуданд.

 

Бо маќсади таъмини фаъолияти пурсамари њокимияти давлатї сохтори идоракунии давлатї ва маќомоти њокимияти давлатї давра ба давра такмил дода шуд, ки дар љараёни он бо дарназардошти аслњои «худдорї ва муќовимат» ва «њокимият ва итоат» низоми сохторњои мављудаи маќомоти давлатї комилан таѓйир ёфт. Дар баробари ин, як ќатор маќомоти нави њифзи њуќуќ ва сохторњои низомї, аз љумла Артиши миллї, Ќўшунњои сарњадї, Гвардияи миллї ва агентињои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуданд.

 

Дар асоси Фармони Президенти Тољикистон «Дар бораи такмили сохтори маќомоти марказии њокимияти иљроияи Љумњурии Тољикистон» соли 2006-ум шумораи вазорату кумитањои давлатии Тољикистон 32 фоиз ихтисор гашта, ба 17 адад расонида шуд.

 

Тадбири мазкур имкон дод, ки идоракунии давлатии соњањои мухталифи њаёти давлат ва љомеа бењтар ба роњ монда шавад. Низоми идоракунии давлатї минбаъд низ вобаста ба пешрафти љомеа такмил ва ба талабот мувофиќ гардонида хоњад шуд. Дар шароити имрўзаи вусъат ёфтани њамкорињои мутаќобилан судманди Тољикистон бо дигар давлатњо, иштироки фаъолонаи Тољикистон дар созмонњои гуногуни байналмилалї, муносибатњои байналмилалии иќтисодї, иљтимої, сиёсї ва фарњангї, таъсиси субъектњои муштараки хољагидорї бо љалби сармояи хориљї бо дарназардошти зарурати азнавсозии иќтисодиёт баъд аз таъсири бўњрони љањонии молиявию иќтисодї таќозо менамояд, ки низоми идоракунии давлат ба талаботи идоракунии муосир мутобиќ бошад ва њадафњои стратегии давлат, яъне таъмини истиќлолияти энергетикї, аз бунбасти коммуникатсионї рањої додани кишвар, њифзи амнияти озуќаворї ва баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардумро дар амал татбиќ намояд.

 

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њамчунин барои ташаккул ва инкишофи муносибатњои сифатан нави иќтисодї, яъне муносибатњои бозорї ва моликияти хусусї дар мамлакат асос гузошт. Пас аз ќабул гардидани Конститутсия, дар натиљаи ташаккули низоми нави иќтисодї барои тањия ва татбиќи барномањои њукуматии хусусигардонї, вусъат додани соњибкории хурду миёна, љорї кардани шаклњои нави фаъолияти иќтисодї, таъсиси ширкатњо ва корхонањои хусусї ва инкишофи муносибатњои бозорї шароит фароњам оварда шуд.

 

Ислоњоти иќтисодї ва ташкили низоми нави иќтисодї дар Тољикистон мањз дар заминаи Конститутсия ва пеш аз њама, меъёрњои он дар бобати гуногунии шаклњои моликият, кафолати давлатии фаъолияти озоди иќтисодї, соњибкорї, баробарњуќуќї ва њифзи њуќуќи њамаи шаклњои моликият, аз љумла моликияти хусусї муяссар гардид.

 

Дар як муддати кўтоњ дар кишвар фаъолияти соњибкорї ибтидо гирифта, рў ба инкишоф овард.

 

Њаёти иќтисодии кишвар мазмуни комилан дигар пайдо кард, фарњанги нави иќтисодии аъзои љомеа ташаккул ёфт ва мустаќилияти иќтисодиву ташаббускории шањрвандон густариш пайдо карда, равобити соњибкорону тољирони Тољикистон бо кишварњои хориља вусъат гирифт.

 

Зимни ислоњоти иќтисодї низоми нави бонкї љорї гардида, сањми бонкњо дар татбиќи сиёсати ќарздињї ва дастгирии соњибкории хурду миёна афзуд.

 

Стратегияи ягонаи идораи молияи давлатї тањия ва амалї гардида, ислоњоти идоракунии он, шаффофият, самарабхшї ва назорати даромаду харољоти буљети давлатї, бењтар намудани раванди ташаккули он ва ислоњоти низоми андоз таъмин карда шуд. Бо татбиќи ислоњоти иќтисодї ва ќабули барномаи пешбурди фаъолияти соњибкорї барои баланд бардоштани сатњи њавасмандии бахши воќеии иќтисод, љалби сармояи хориљї, таъсиси корхонаву ширкатњои муштарак имкониятњои мусоид фароњам оварда шуда, фазои сармоягузории кишвар боз њам бењтар гардид. Дар љараёни ташаккули низоми нави иќтисодї ќонунњо ва санадњои дахлдори меъёрии њуќуќї, ки бо дарназардошти муќаррароти марбутаи Конститутсия доир ба фаъолияти соњибкорї, бонкдорї, андоз, гумрук ва дигар соњањои иќтисодї ќабул карда шуданд, муносибатњои нави соњањои зикршударо тањти танзим ќарор дода, њамоњангсозии манфиатњои бахшњои давлатї ва хусусиро ба роњ монданд.

 

Дўстони азиз!

 

Дар татбиќи амалии адолат, таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, ки љавњари низоми демократї мебошад, наќши њокимияти судї бисёр бузург аст.

 

Аз ин рў, баробари ќабул гардидани Конститутсия дар Тољикистон њокимияти судї рукни мустаќили њокимияти давлатї эътироф гардид ва ислоњоти судї оѓоз ёфт. Дар ин замина нахустин бор дар Љумњурии Тољикистон Суди конститутсионї, судњои иќтисодї ва њарбї, Шўрои адлия таъсис ёфтанд. Бо маќсади таъмини мустаќилияти судяњо мўњлати ваколати онњо дањ сол ва синни пешнињод ба вазифа то 65-солагї муќаррар карда шуд. Барои баланд бардоштани обрўю эътибори судяњо дар љомеа њоло зарур аст, ки муќаррароти Конститутсия ва дигар ќонунњои танзимкунандаи фаъолияти њокимияти судї, инчунин тадбирњои дар барномањои ислоњоти судиву њуќуќии бо фармонњои Президенти мамлакат тасдиќшуда пурра ва бетаъхир иљро карда шаванд, ки ин бевосита ба таъмини њарчи бештари адолати иљтимої ва дар маљмўъ ба тањкиму устувор гардидани њокимияти давлатї мусоидат менамояд. Њамзамон бо ин, бояд таъкид намуд, ки мустаќилияти њокимияти судї чун рамзи адолат аз обрўву нуфузи он дар љомеа, сатњи омодагии касбии судяњо дар мавриди доварии софдилонаи онњо ба нафъи инсон, љомеа ва давлат вобаста аст. Вазифаи асосии њокимияти судї татбиќ ва таъмини адолати судї мебошад.

 

Аз ин рў, адолат дар фаъолияти маќомоти судї фаќат дар сурате амалї мегардад, ки онњо парвандањоро воќеъбинонаю беѓаразона ва бо риояи ќатъии талаботи Конститутсия ва ќонунњо њаллу фасл намоянд.

 

Дар низоми судии кишвар Суди конститутсионї маќоми махсус дорад ва яке аз вазифањои аввалиндараљаи он таъмини волоияти Конститутсия дар низоми санадњои меъёрии њуќуќї мебошад. Аз ин рў, љоннок намудани фаъолияти Суди конститутсионї дар низоми судии кишвар дар шароити бунёди давлати демократї ва њуќуќбунёд шарт ва зарур аст. Дар тўли солњои гузашта бо маќсади амалї намудани ислоњоти судиву њуќуќї садњо ќонунњои соњавї ва 17 кодекс ќабул карда шуданд.

 

Дар айни њол лоињаи Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки аз љониби мо пешнињод гардида буд, аз тарафи Маљлиси намояндагон ќабул карда шуд.

 

Мутобиќи он фаъолияти маќомоти тањќиќ, тафтишот, прокуратура ва суд дар мавриди таъќиби љиноят ва мурофиаи судї ба куллї таѓйир ёфта, аслу муќаррароти конститутсионии дахлнопазирии шахс, манзили ў, њифзи судии шахс, расонидани ёрии њуќуќї ва таъмини њимоячї, ба тарзи мубоњиса ва дар асосњои баробарии тарафњо сурат гирифтани мурофиаи судї хеле васеъ гардиданд. Аз сўи дигар, амалї шудани моњияти демокративу њуќуќбунёдии давлати Тољикистон, бевосита дар таъмини волоияти Конститутсия ва ќонунњои давлат, сатњи баланди риояву иљрои ќонун ва маърифати њуќуќии шањрвандон ифода меёбад.

 

Воќеан, волоият ва нуфузи ќонун дар љомеа аз сатњи риоя ва иљрои талаботи он вобастагии мустаќим дорад, зеро риоя ва иљрои бошууронаву озодонаи ќонун баёнгари солимии љомеа ва рушду такомули мўътадили он мебошад.

 

Эњтиром, риоя ва иљрои Конститутсия, ќонунњо ва санадњои дигари меъёрии њуќуќї њам аз шахсони мансабдор ва њам аз шањрвандон дониши баланди касбї ва маърифати њуќуќиро таќозо мекунад. Бинобар ин, бо маќсади тарбияи њуќуќии шањрвандон њанўз соли 1997 Фармони Президенти Тољикистон, сипас Барномаи давлатї дар бораи тарбияи њуќуќии шањрвандон ба тасвиб расида буданд. Соли равон бо маќсади такмили низоми таълиму тарбияи њуќуќї Барномаи нави Њукумат доир ба таълим ва тарбияи њуќуќии шањрвандон ќабул гардид, ки он бешубња дар баланд бардоштани сатњи тарбияи њуќуќї ва маърифати њуќуќии шањрвандон мусоидат мекунад.

 

Њамзамон бо ин, бояд таъкид намуд, ки њалли масъалаи тарбияи њуќуќї танњо бо як ё якчанд барномаи њукуматї мањдуд шуда наметавонад.

 

Дар таълиму тарбияи њуќуќии ањолї бояд аз мактаби миёна то Академияи илмњои Тољикистон, инчунин маќомоти баландпояи давлативу иттињодияњои љамъиятї сањмгузор бошанд. Таъмини волоияти ќонун, пеш аз њама, аз сатњи салоњият ва мањорати касбии кормандони маќомоти давлатї, бахусус маќомоти судї ва сохторњои њифзи њуќуќу тартибот вобастагии калон дорад. Дар робита ба ин, аз чоп баромадани тафсири илмиву оммавии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ки аз љониби олимон ва кормандони амалияи њуќуќ тањия шудааст, ањамияти баѓоят муњим дорад.

 

Гузашта аз ин, дар таъмини волоияти Конститутсия ва ќонунњо наќши иттињодияњои љамъиятї, њизбњои сиёсї ва матбуоти даврї низ аз ањамият холї нест.

 

Зеро онњо аз роњи муттањид намудани доираи васеи шањрвандон метавонанд бо маќомоти давлатї, дар навбати аввал бо маќомоти њифзи њуќуќ ва муассисањои таълимиву фарњангї робитаи зичи њамкорї барпо намуда, дар ин замина ба онњо ёрии назаррас расонанд.

 

Ќобили тазаккур аст, ки давлати демократї ва њуќуќбунёди Тољикистон усулан бояд бо мафњуми «давлати миллии тољикон» њамоњанг бошад ва дар заминаи анъанањои милливу фарњангии тољикон ва арзишњои неку созандаи умумибашарї ташаккул ёбад.

 

Њозирини мўњтарам!

 

Дар раванди љањонишавї ва бўњрони љањонии молиявию иќтисодї раќобати кишварњои абарќудрат ва ширкатњои иќтисодиву молиявии трансмиллї шиддат гирифта, пешрафти кишварњои рў ба инкишофро дучори монеањои љиддї менамояд.

 

 

Бўњрони фарогири молиявї, ки њоло саросари љањон ва њамаи соњањои њаёти одамонро фаро гирифтааст, раќобатро барои ба даст овардани захирањои табиї, аз љумла манбаъњои сўзишворї ва энергетикї дучанд афзуда, хатарњои глобалї, аз ќабили терроризм, экстремизм, пањншавии маводи мухаддир, беморињои сироятї, гармшавии иќлим, норасоии оби нўшокї ва маводи ѓизоиро ба миён меорад.

Њамаи ин омилњо ба иќтисоди кишвар, низоми молиявї, фаъолияти бонкњо, гардиши пул ва сиёсати ќарзии бонкї таъсири манфї мерасонанд.

 

Њамчунин дар шароите, ки тањдиди хатари бархўрди тамаддунњо, таъсири манфии бегонапарастї ва фарњанги барои асолати мардуми мо бегона таќвият меёбад, њифзи амнияти миллии кишвар беш аз пеш ањамият пайдо мекунад.

 

Мову шумо бо дарки амиќи моњияти чунин равандњо ва тањаввулоти љањонї бояд пайгирона талош намоем, ки аз дастовардњои илму технологияи љањонї ва арзишњои созандаи тамаддуни муосир бањравар гашта, њамзамон асолати миллї ва дастовардњои фарњангии худро аз таъсири манфии раванди љањонишавї њифз намоем.

 

Таъмини амнияти миллии Тољикистон ин таъмини амнияти давлат, љомеа ва њар шањрванди кишвар мебошад. њифзи амнияти миллї, пеш аз њама њифзи истиќлолияти давлатї, пуштибонї аз манфиатњои иќтисодиву иљтимої, фарњангї ва дигар арзишњои миллии Тољикистонро дар назар дорад.

 

Масъалањои таъмини амнияти милливу давлатї ва баланд бардоштани њисси ватандўстї, худогоњиву худшиносї, ѓурури ватандориву ватанпарастї, зиракии сиёсї ва бедории маънавї, эњтироми арзишњои миллї, расидан ба ќадри истиќлолият ва давлатдории мустаќилона, пос доштани рамзњои давлатдорї, ки њамаи ин арзишњо аз Конститутсияи мо сарчашма мегиранд, заминањои устувори давлатдории навини мо мебошанд.

 

Мутобиќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллї рамзњои муќаддас ва асосии давлат, яъне нишонањои соњибихтиёрии давлату миллат мебошанд. Мо бо Парчами давлати соњибистиќлоли худ ифтихор менамоем ва он барои њар як фарди ватандўсту ватанпараст муќаддас аст. Ба наздикї бо истифода аз њуќуќи ташаббуси ќонунгузории худ ба парламенти мамлакат лоињаи ќонунро «Дар бораи ворид намудани илова ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи рўзњои ид»-ро ирсол карда, пешнињод намудам, ки рўзи ќабул карда шудани Парчами Љумњурии Тољикистон, яъне 24 ноябр рўзи ид эълон карда шавад.

 

Конститутсия роњи рушди ояндаи давлати соњибистиќлоли Тољикистонро муайян намуда, заминањои асосии сохтори давлатї ва низоми сиёсиро фароњам овард ва барои бунёди љомеаи воќеан шањрвандї, тањкими минбаъдаи дастовардњои истиќлолият, пешрафти устувори иќтисодиву иљтимої, татбиќи њадафњои таќдирсози стратегї ва наќшаву лоињањои созанда ва дар натиљаи ин њама болоравии нуфузу эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалї пойдевори боэътимод гузошт.

 

Понздањ соли амали Конститутсия гувоњи интихоби дурусти шакли идораи давлату давлатдории тољикон аст. Чунки ба шарофати он Љањониён Тољикистонро чун субъекти комилњуќуќи муносибатњои байналмилалї, кишвари татбиќкунандаи сиёсати дарњои кушода ва халќи Тољикистонро чун мардуми бунёдкор, сулњпарвар ва фарњангї шинохтанд.

 

Ин санади муќаддас ва таќдирсоз мисли чароѓест, ки роњи рушди давлати соњибистиќлоли тољикон ва мардуми онро барои садсолањо мунаввар мекунад. Аз ин хотир, мову шумо бояд кўшиш намоем, ки онро чун муќаддасоти миллї ва дастури зиндагии наслњои имрўзу фардои мардуми тамаддунсози тољик эњтиром кунем ва њамеша аз рўи муќаррароти он зиндагї ва амал намоем. Дар охир тамоми мардуми шарифи Тољикистон ва шумо њозирини мўњтарамро бори дигар ба ифтихори љашни санади сарнавиштсози кишвари соњибистиќлоламон Конститутсия табрик гуфта, ба њар хонадони мамлакат сулњу сафо, рўзгори бофайзу баракат ва ба Ватани мањбубамон суботу оромї ва ободиву пешрафти доимї орзумандам.

 

Њамеша саломату сарбаланд бошед!

 

Љашнатон муборак бошад, њамватанони азиз!


 

Р.Ш. Сотиволдиев

 

Мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва хуќуќи

 

факултаи њуќуќшиносии ДМТ, доктори илмњои

 

њуќуќшиносї, профессор

 

 

Тафсири

 

Конститутси яи Љумњурии Тољикистон

 

дар робита бо мафњумњои илмии он

Одатан ба Конститутсия чун Ќонуни асосии давлат бањо медињанд. Аз нуќтаи назари њуќуќшиносии позитивї дар воќеъ конститутсия – санади волои меъёрии њуќуќї, ќонуни асосии давлат буда, њамзамон аз дигар санадњои меъёрии њуќуќї бо хислатњои хосаш фарќи куллї дорад. Ин хислати волои Конститутсия дар матни худи Конститутсия ва ќонунњои дигар ба инобат гирифта мешавад.

Чунончи, тибќи ќ. 1 м. 10 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон: «Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њукуќї дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд. Ќонунњо ва дигар санадњои њуќуќие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори њуќуќї надоранд».

 

Дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» Конститутсия - Ќонуни асосии Љумњурии Тољикистон эълон шуда, дар низоми санадњои меъёрии њуќуќии кишвар маќоми аз њама баландро сазовор гаштааст (м. 7 ва 14)1. Аз назари меъёрї, конститутсия чун ќонуни асосии давлат меъёрњои аввалиндараљаро дар бахши асосњои сохтори конститутсионї, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, ташкилу фаъолияти сохтори њокимияти давлатї дар бар мегирад.

 

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон якљоя бо муќаррароти меъёрї њамчунин мафњумњои илмї-назариявиро низ дар бар мегирад, аз ќабили давлати њуќуќбунёд, давлати иљтимої, њуќуќњои фитрии инсон, озодињои инсон, таљзияи њокимият ва диг. Ин мафњумњои илмї зимни андешањо ва назарияњои илмии башар пешкашу аниќгашта, сипас дар матни конститутсияњо ифодаи меъёрї пайдо намуданд. Аз як тараф, онњо зимни ифодаи меъёрї хислати меъёриро (1 Ниг.: Ахбори Мачлиси Олии Љумњурии Тољикистон. Соли 2009. № 3. М. 99.)

23 соњиб мешаванд, чунки дар шакли муќаррароти меъёрї арзи вуљуд доранд. Бар замми ин, муќаррароти меъёрии Конститутсия, тавре маълум аст, хислати воло доранд. Аз тарафи дигар, мафњумњои илмии зикргашта хислати илмии худро пурра нигоњ медоранд, вагар на ањамияти илмиро аз даст медињанд.

 

Хислати илмии муќаррароти меъёрии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар шаклњои мухталиф зоњир мешавад. Чунончи, Љумњурии Тољикистон тибќи м. 1 Конститутсия давлати њуќуќбунёд эълон мешавад. Маълум аст, ки бунёди давлати њуќуќї бо як муќаррароти конститутсионї мањдуд намешавад. Ташаккули њамаи унсурњо ва сохторњои давлати њуќуќбунёд тањлилњои илмї, истифодаи назарияњои мухталифи давлати њуќуќбунёд, пешрафти љомеа, инкишофи шуури њуќуќї ва фарњанги њуќуќии кишварро талаб мекунад. Илова ба њамаи ин, раванди бунёди давлати њуќуќї њоло дар љомеаи љањон, дар кишварњои људогона идома дорад ва ба пуррагї анљом наёфтааст.

 

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ба мисли дигар конститутсияњо нуќтањоеро дорост, ки аз доираи мафњуми меъёр берун баромада, хислати илмї доранд. Давлати њуќуќбунёд, давлати демократї, давлати иљтимої, њуќуќњои фитрии инсон, таљзияи хокимият, назорати судии конститутсионї ва чанде дигар аз мафњумњо дар як ваќт њам меъёрњои конститутсионї ва њам мафњумњои илмї мебошанд. Онњо дар тўли тањаввули афкори башар, бо зањмати андешмандони зиёд дар манотиќи гуногуни олам пешкаш гаштаанд ва бино ба ањамияташон хислати арзишњои эътирофгаштаи тамаддуни инсониро касб намудаанд. Аз ин нуќтаи назар, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њуљљати њам меъёрї ва њам илмї мебошад.

 

Ин хислати меъёриву илмии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њангоми тафсири он бояд ба инобат гирифта шавад. Лозим ба таъкид аст, ки тафсири Конститутсияи Љумњурии Тољикистон бидуни моњияти илмии он маънии аслии Ќонуни асосиро пурра рўшан намекунад. Табиист, ки истифодаи ѓояњо ва мафњумњои илмї дар матни Ќонуни асосї рўшансозии маънии илмї-назариявиро талаб мекунад. Чунончи, тафсири њуќуќњои фитрии инсон, ки зимни Конститутсияи Љумњурии Тољикистон эътироф шудаанд, дарки илмї-назариявии њуќуќњои фитрии фардро талаб мекунад. Муќаррароти конститутсионї оид ба њуќуќњои фитрии инсон бидуни фањмиши илмї-назариявї яктарафа ва мањдуд тафсир мешаванд, ки љавобгўи талаботи тафсири васеъ, аслї, аниќ ва њаматарафа нест. Аз ин рў, тафсири њамаи меъёрњои

 

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон истифодаи донишњои илмї-назариявиро талаб мекунад. Њадаф ва мазмуни аслии тафсири илмї низ дар њамин аст. Тафсири илмї дар заминаи донишњои бо эътимоди илмї-назариявї имконпазир мегардад.

 

Њамин тариќ, тафсири Конститутсияи Љумњурии Тољикистон пеш аз њама хислати илмї дорад, дар робита бо донишњои илмї-назариявї, бо маќсади дарк ва тафсири илмии мафњумњои илмии Ќонуни асосї сурат мегирад. Бесабаб нест, ки дар адабиёти илмии пасошўравї бештари муаллифон наќш ва ањамияти баланди тафсири илмї, нуфузи онро дар байни намудњои дигари тафсири њуќуќ эътироф мекунанд, њатто ба он хислати расмї (умумињатмї) медињанд.

 

Дар робита бо ин масъала тафсири расмии конститутсия дар кишварњои мухталиф мавзўи тањлилњои васеи илмї гаштааст. Чунончи, дар Федератсияи Россия, ки њуќуќи тафсири расмии конститутсия ба Суди конститутсионии Россия тааллуќ дорад, муњаќќиќон ба хислати расмии (умумињатмии) санадњои Суди конститутсионии Россия, аз он љумла муќаррароти тафсирии конститутсия ишора мекунанд . Дар кишварњое, ки тафсири расмии конститутсия аз љониби судњои конститутсионї дода мешавад, санадњои тафсирии конститутсия чун љузъи санадњои судњои конститутсионї хислати расмї пайдо мекунанд.

 

Дар Тољикистон, гарчанде тафсири расмии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон салоњияти Маљлиси Олї мебошад, дар њар сурат Суди конститутсионии кишвар њангоми муайян намудани мутобиќати санадњои њуќуќї ба Конститутсия бо тафсири муќаррароти гуногуни Конститутсияи кишвар сару кор дорад, чунки бидуни чунин тафсир њалли ин вазифа аз имкон берун аст. Умуман тафсири њуќуќ љузъи фаъолияти њуќуќэљодкунї, амалисозї ва татбиќи њуќуќ мебошад. Татбиќи њуќуќ дар фаъолияти маќомоти татбиќи њуќуќ (судњо, маќомоти прокуратура, корњои дохилї, њокимияти иљроия ва диг.) зимни тафсири меъёрњои дахлдори њуќуќї сурат мегирад.

 

Тафсири илмї дар амалияи њуќуќї васеъ истифода мешавад.

 

Аз як тараф, олимон дар раванди тањияи лоињаи санадњои меъёрии њуќуќї, ташхиси илмии онњо бевосита ширкат меварзанд.

 

(1 Ниг.: Спасов Б.П. Закон и его толкование. М., 1986; Закон: создание и толкование /)

 

Под ред. А.С. Пиголкина. М., 1998; Лазарев В.В. О роли доктринального токования //

 

Сов. юстиция. 1969. № 14; Карасев М.Н. Некоторые аспекты толкования норм права //

 

Журнал российского права. 2000. № 11; Черданцев А.Ф. Теория государства и права.

 

М., 2003; Венгеров А.Б. Теория государства и права. М., 2006.

 

 

 

Аз ин рў, дар матни конститутсия, ќонунњо, кодексњо хулосањо, таклифњо, ѓояњои илмии олимон ифодаи меъёрї пайдо мекунанд. Аз тарафи дигар, дар рафти тафсири илмї низ олимон бевосита иштирок намуда, наќши њалкунанда мебозанд. Тафсири илмї воќеан бо ширкати олимон сурат мегирад.

 

Њамзамон мебояд таъкид намуд, ки тафсири илмии њуќуќ њам дар шакли мустаќилона, чун намуди алоњидаи тафсири њуќуќї (дар шакли, масалан, тафсирњои кодексњо) ва њам дар робита бо намудњои дигар тафсир, чун љузъи тафсирњои аутентикї, меъёрї, легалї, казуалї арзи вуљуд дорад. Тафсири расмии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз љониби Маљлиси Олии кишвар низ дар робита бо тафсири мафњумњои илмии Конститутсияи љумњурї бояд сурат гирад.

 

Њамаи ин аз он далолат мекунад, ки тафсири илмї, аз он љумла тафсири илмии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ањамияти илмиву амалї дорад. Суди конститутсионии Тољикистон низ бо тафсири мафњумњои илмии Конститутсияи кишвар сару кор дорад, аз натиљањои тањлилњои илмї васеъ истифода мебарад. Илова ба ин, муќарароти меъёрии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон эътибори олии њуќуќї доранд. Аз ин рў, мафњумњои илмии Конститутсияи Тољикистон, ки ифодаи меъёрї пайдо намудаанд, якљоя бо Конститутсияи кишвар хислати воло доранд. Чунончи, санадњои меъёрии њуќуќї набояд хилофи маънии конститутсионии њуќуќњои фитрии инсон бошанд, онњоро мањдуд ё халалдор созанд.

 

Муайян намудани мутобиќати санадњои меъёрии њуќуќї ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон пеш аз њама дарки маънии аслии Ќонуни асосї, тањлили илмии муќаррароти меъёрї ва мафњумњои илмии онро талаб мекунад. Дарки маънии аслии конститутсия зимни фањмиши илмї-њуќуќї сурат мегирад. Фањмишњои назариявї-њуќуќї, тавре маълум аст, гуногунанд, аз ќабили легалї, меъёрї, фалсафї, фитрї-њуќуќї, либертарї, сотсиологї ва диг. Истифодаи ин ё он навъи фањмиши назариявї-њуќуќї пеш аз њама аз матн ва мазмуни воќеии конститутсия вобаста аст. Чунончи, истифодаи нуќтаи назари мањдуди меъёрї њангоми тафсири Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мухолиф ба мазмуни аслии Ќонуни асосист, чунки Конститутсияи Тољикистони тозабунёд зимни истифода аз арзишњои њуќуќии башар омода гаштааст.

 

Фањмиши меъёрии њуќуќ (чун низоми ќоидањои рафтори муќаррар намудаи давлат) мањдуд буда, ба фањмиши мањдуди конститутсия чун мутлаќо санади меъёрии њуќуќї меорад. Дар натиља фањмиши васеи конститутсия (дар робита бо нуќтањои илмии он) имконнопазир мегардад. Ин бори дигар аз хусуси мањдудияти фањмиши меъёрии њукуќи амалкунанда гувоњї медињад.

 

Барои њамин муњаќќиќони пасошўравї (В.С. Нерсесянс, В.Г. Графский, В.В. Лазарев, Г.В. Малтсев ва диг.) њанўз солњои бозсозии шўравї аз хусуси мањдудияти фањмиши меъёрї (дар мисоли фањмиши меъёрии шўравї) њарф зада буданд. Дар ин замина дар назарияи пасошўравии давлат ва њуќуќ навъњои нави фањмиши њуќуќ (фитрї-њуќуќї, фалсафї, либертарї, сотсиологї ва диг.) эътироф шуданд. Дар натиља гуногунї дар фањмиши њукуќ ба миён омада, имкони тањлили илмии ањамияти арзишии њуќуќ имконпазир гардид. Мањз дар њамин замина њоло имкони тањлили арзишии конститутсия вуљуд дорад. Чунин тањлил далел ба ин аст, ки конститутсия ифодаи арзишњои њуќуќии башар мебошад.

 

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ки кулли арзишњои башарро ифода намудааст, ба ташаккули фањмиши нави њуќуќ замина мегузорад. Ин фањмиши нави њуќуќ, аз як тараф, фањмиши умуминазариявї буда, дар робита бо тањлилњои назариявии муаллифони пасошўравї инкишоф меёбад, аз тарафи дигар, фањмиши конститутсионї мебошад. Ин ду нуќтаи зикргашта ањамияти илми ву амалї доранд.

 

Фањмиши умуминазариявии њуќуќ, ки дар адабиёти илмии пасошўравї истифода мешавад, хислати илмї-назариявї ва методологї дорад. Дар радифи ин фањмиши назариявї њоло навъњои гуногуни фањмиши њуќуќ истифода мешаванд, аз ќабили легалї (аз кал. Lex – ќонун), позитивї, фитрї-њуќуќї, фалсафї, либертарї, психологї, омехта ва диг1. Ин навъњо ва назарияњои фањмиши њуќуќ њангоми тањлили назариявї-њуќуќї ва тафсири илмии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон бояд истифода шаванд.

 

Нуќтањои илмї-назариявии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба гуногунии фањмиши њуќуќ ва дар ин робита ба истифодаи фањмиши васеи њуќуќ заминаи меъёрї ва назариявї мегузоранд. Чунончи, фањмиши њуќуќњои фитрии инсон, ки дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон (м. 5) ифода гаштааст, истифодаи фањмиши фитрї-њуќуќиро талаб мекунад.

 

 

1 Дар ин бора ниг.: Нерсесянц В.С. Право и закон. М., 1983; Философия права. М., 1998;

 

Общая теория права и государства. М., 1999 ва диг.; Марченко М.Н. Проблемы теории государства и права. М, 2006; Наш путь к праву. Материалы философско-правовых чтений памяти академика В.С. Нерсесянца. М., 2006; Проблемы теории государства и права / Под ред. В.М. Сырых. М., 2008 ва диг.

 

 

 

 

Табиист, ки фањмиши њуќуќњои фитрии инсон дар заминаи фањмиши позитивї, алалхусус легалии њуќуќ душвор ва њатто имконнопазир аст. Мањз нуќтаи назари фитрї-њуќуќї имкон медињад моњияти аслии меъёрњои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар бобати њуќуќњои фитрии инсон рўшан гардад.

 

Дар меъёрњои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон талаботи фитрї-њуќуќї, ки аз фањмиши фитрї-њуќуќї бармеоянд, ифода гаштаанд. Чунончи, дар ќ. 2 м. 5 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дахлнопазирии њаёт, ќадр, номус ва дигар њуќуќњои фитрии инсон эълон мешавад1. Тавре маълум аст, дахлнопазирї яке аз хислатњои муњим ва асосии њуќуќњои фитрии инсон мебошад. Хислати дигари њуќуќњои фитрї ин људонопазир будани онњо аз табиати инсон мебошад. Худи истилоњи «њуќуќњои фитрї» ба људонопазирии ин њуќуќњо аз табиати инсон ишора мекунад. Дар як ќатор конститутсияњо ин истилоњ гарчанде истифода нашавад њам, вале моњияти људонопазирї ва дахлнопазирии њуќуќњои инсон њамеша дар назар дошта мешавад. Масалан, тибќи Конститутсияи Федератсияи Россия: «Њуќуќњо ва озодињои асосии инсон људонопазир буда, ба њар кас аз лањзаи таваллуд тааллуќ доранд» (м. 17)2. Дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон бошад, истилоњи «њуќуќњои фитрї» бевосита истифода мешавад.

 

Талаботи дигари фањмиши фитрїњуќуќї дар ќ. 3 м. 5 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ифода мегардад. Тибќи ин меъёр: «Њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро давлат эътироф, риоя ва њифз мекунад».Маълум аст, ки њуќуќњои фитрии инсон бо амри давлат муќаррар намешаванд. Барои њамин давлат њуќуќњои инсонро эътироф мекунад. Ин талботи фитрї-њуќуќї дар меъёри зикршудаи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ифода гашта, љавобгўи фањмиши фитрї-њуќуќї мебошад.

 

Талаботи дигари фитрї-њуќуќї бо истилоњ ва мафњуми «инсон» робитаи зич дорад. Њуќуќњои фитрї мутааллиќ ба инсонанд, на шањрванд. Онњо бо мансубияти шањрвандии фард бо ин ё он давлат алоќа надоранд, чунки ба њамаи одамон, ба њар фарди љомеа, чун њуќуќи људонопазир ва дахлнопазир мансубанд. Барои њамин дар матни Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ибораи «њуќуќњову озодињои инсон ва шањрванд» васеъ истифода мешаванд. (1 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон. Душанбе, 2003. Минбаъд иќтибос аз њамин сарчашма оварда мешавад.)

 

2 Конституции государств-участников СНГ. М., 1999. С. 444.

 

 

 

Ин ибора ба тафовути њуќуќњои инсон ва њуќуќњои шањрванд ишора мекунад.

 

Мањз дар заминаи эътирофи чунин тафовути љиддї байни вазъи њуќуќии инсон ва вазъи њуќуќии шањрванд, байни њуќуќњои инсон ва њуќуќњои шањрванд моњияти аслї ва яке аз талаботи муњими фитрї-њуќуќї риоя мешавад. Њамзамон талаботи назарияи ба њама маълуми «њуќуќ ва ќонун» низ таъмин мешавад, ки љузъи фањмишњои нави (ѓайрилегалии) њуќуќ мебошад. Њамаи ин талаботи фањмиши нави њуќуќ дар меъёрњои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон пурра риоя мешаванд.

 

Якљоя бо талаботи фитрї-њуќуќї њамчунин фањмиши арзишии њуќуќ низ дар матни Конститутсияи Љумњурии Тољикистон риоя мешавад. Чунончи, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон инсон ва њуќуќу озодињояшро арзиши олї эълон мекунад (ќ. 1 м. 5). Тавре маълум аст, фањмиши арзишии њуќуќ љузъи људонашаванда ва унсури њатмии фањмиши фалсафии њуќуќ мебошад. Аз ин рў, дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон фањмиши фалсафии њуќуќ низ ифодаи худро меёбад. Бояд зикр намуд, ки фањмишњои фитрї-њуќуќї ва фалсафї бо њам алоќаи ногусастанї доранд. Бесабаб нест, ки њоло байни муњаќќиќон бањси илмї оид ба таносуби фањмишњои фитрї-њуќуќї ва фалсафї љой дорад1.

 

Талаботи фањмиши либертарии њуќуќ низ, ки муаллифи он В.С. Нерсесянс мебошад, дар матни Конститутсияи Љумњурии Тољикистон истифода мешаванд. Тавре маълум аст, фањмиши либертарии њуќуќ бештар ба фард, њуќуќњои фард, мустаќилияти фард такия мекунад ва маънии хуќуќро дар робита бо фард ва њуќуќњои фард рўшан мекунад. Чунин нуќтаи назар хоси назарияњои либералї низ мебошад, ки яке аз љонибдоронаш С.С. Алексеев мебошад2. Бо назардошти фањмишњои либертарї ва либералї дар матни Конститутсияи Љумњурии Тољикистон иборањои «њар кас», «њар шахс», «инсон», «шахс» истифода мешаванд, њуќуќњои фардї ба моликияти хусусї, ба соњибкории инфиродї ва диг. эълон мешаванд.

 

Дар заминаи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон фањмиши нави илмии давлатшиносї низ ташаккул ва инкишоф меёбад. Аз як тараф, худи матни Ќонуни асосї зимни истифода аз мафњумњои муосир (чун арзишњои эътирофшуда) ба инкишофи тафаккури нави давлатшиносї замина мегузорад.


(1 Ниг.: Лапаева В.В. Российская юриспруденция в поисках нового типа правопонимания // Наш путь к праву. С. 35-61.2 Ниг.: Алексеев С.С. Право: азбука-теория-философия. М., 1999 ва асарњои дигари муаллиф.

 

 

 

Аз тарафи дигар, тафсири Конститутсияи Тољикистон, аз љумла муќаррароти он дар бобати давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї, ягона ва иљтимої будани Тољикистон истифодаи нуќтањои назари нави илмиро марбут ба давлатшиносї талаб мекунад. Чунин мафњумњои љадиди илмї дар меъёрњои дигари Конститутсияи Љумњурии Тољикистон низ истифода мешаванд, аз љумла дар робита бо сарчашмаи њокимияти давлатї, њокимияти халќ, шаклњои ифодаи њокимияти халќ, мафњуми «халќи Тољикистон», њудуди Тољикистон, соњибихтиёрї, истиќлолият ва тамомияти арзии Тољикистон, таљзияи њокимияти давлатї, асоси иќтисодии давлати Тољикистон, таносуби давлат ва иќтисод, моликияти истисноии давлати Тољикистон ва диг.

 

Тафсири Конститутсияи Љумњурии Тољикистон табиист, ки дар робита бо ин мафњумњои зикршуда ва бањри рўшан намудани маънии онњо сурат мегирад. Аниќ намудани маънии аслии чунин мафњумњо тањлилњои илмї, истифодаи донишњои мукаммали илмї-назариявиро талаб мекунад, масалан, дар масъалаи таносуби њокимияти давлатї ва њокимияти халќ, соњибихтиёрии давлат ва соњибихтиёрии халќ ва диг.

 

Њамин тариќ, тањлили фишурдаи матни Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз он далолат мекунад, ки дар меъёрњои конститутсионї нуќтањои назар ва фањмишњои гуногуни илмї-назариявї истифода мешаванд. Дарки онњо кафолати тафсири воќеии матн ва мазмуни Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мебошад. Сифати баланди тафсири Ќонуни асосї аз сатњи кофии донишњои илмї-назариявї, омодагии касбии њуќуќшиносон, фарњанги њуќуќии онњо вобаста аст. Њалли ин вазифа бо иштироки бевоситаи олимони њуќуќшинос дар тафсири Конститутсияи кишвар имконпазир мегардад. Аз ин рў, тафсири илмии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон бо ширкати васеи олимони њуќуќшинос, бо истифода аз хулосањои навини илмї ањамияти њам илмї-назариявї ва њам амалї-сиёсї дорад. Дар ин самт дар љумњурї аллакай як ќатор корњои муњим ба сомон расиданд, аз љумла Тафсири илмию оммавии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон бо иштироки њам олимон ва њам кормандони амалї ба табъ расид.

 

Њамзамон бояд таъкид намуд, ки муќаррароти меъёрї ва мафњумњои илмии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон заминаи ташаккулу инкишофи минбаъдаи тафаккури нави њуќуќї дар кишвар мебошанд. Зимни мафњумњои илмии Конститутсияи Тољикистон тањлилњои нави илмии ватанї бо истифода аз натиљањои тањлилњои љањонї бањри дарки амиќи маънии мафњумњову муќаррароти конститутсионї гузаронида мешаванд.

 

Дар робита бо фањмиши илмї-назариявии њуќуќ боз як нуќтаи муњимро мебояд таъкид намуд. Тавре болотар зикр гардид, фањмиши умуминазариявии њуќуќ заминаи фањмиши конститутсионї ва тафсири конститутсия мебошад. Илова ба ин, фањмиши конститутсионї ањамияти бештар амалї дорад.

 

Фањмиши конститутсионї (дарки конститутсия дар робита бо талаботи фањмиши васеи њуќуќ) њангоми тафсири Конститутсияи Љумњурии Тољикистон (тафсири њам расмї ва њам ѓайрирасмї) бояд истифода шавад. Тафсири Конститутсияи Љумњурии Тољикистон танњо дар замина ва чорчўбаи фањмиши васеи умуминазариявии њуќуќ (дар робита бо навъњои фањмиши њуќуќ) имконпазир мегардад. Дар акси њол (дар њолати сарфи назар намудани фањмиши васеи умуминазариявї, аз љумла ба инобат нагирифтани талаботи фањмиши фитрї-њуќуќї, фалсафї ва диг.) маънии аслии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон рўшан намешавад.

 

 

 

Њамзамон фањмиши амиќи конститутсионї, ки ба фањмиши умуминазариявї асос меёбад, дар рафти амалисозї ва татбиќи меъёрњои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар фаъолияти њамарўзаи одамон, шахсони њуќуќї, маќомоти татбиќи њуќуќ, алалхусус судњо бояд васеъ истифода шавад. Ин нуќта ањамияти муњим дорад, чунки Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њукуќї дошта, меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд (ќ. 1 м. 10 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон). Бар замми ин, њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд бевосита амалї мешаванд (ќ. 2 м. 14 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон).

 

Модоме ки њоло амали бевоситаи меъёрњои конститутсионї имконпазир гаштааст, фањмиши умуминазариявии Конститутсияи Тољикистон љузъи фаъолияти амалисозї ва њуќуќтатбиќсозии њамаи субъектони њуќуќ мебошад. Бидуни чунин фањмиши васеи нуќтањои конститутсионї амалишавї ва татбиќи меъёрњои конститутсионї яктарафа сурат мегирад. Барои њамин фањмиши нави њуќуќ, ки аз меъёрњои конститутсионї сарчашма мегирад, заминаи тафсири амиќ, амалисозї ва татбиќи дурусти Конститутсияи Тољикистон ва дар нињояти кор таъмини волоияти Конститутсия, ќонунияти конститутсионї мебошад.

 

Дар њудуди як маќолаи начандон калон наметавон ба пуррагї ва њаматарафа аз хусуси кулли нуќтањои назариявии Конститутсияи Тољикистон њарф зад. Тањлили илмї-назариявии Конститутсияи Тољикистон дар робита бо навъњо ва назарияњои фањмиши њуќуќ омўзиши минбаъдаи илмиро талаб мекунад. Ба њар њол хулосањои асосии дар ин маќола пешкашгашта ба он ишора мекунанд, ки тањлил ва дарки нави Конститутсияи Тољикистон муњим ва зарур аст, чунки он, тавре зикр гардид, унсури фаъолияти тафсирї, амалисозї ва татбиќи меъёрњои конститутсионї, ташаккули шуури њуќуќї ва фарњанги њуќуќии нав мебошад.

 

 

 

 

Каримов К.М.

Судя-котиби Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, номзади илмњои сиёсї

Мафњум, моњи ят, функсия ва ма ќсади ташаккули

захираи кадрњо дар хи змати давлатї

 

 

Хизмати давлатї низоми мураккаб, бисёрљабња ва пайваста рушдкунандае мебошад, ки ташаккул ва тањкими он хусусияти маљмўї дошта, аз унсурњои асосї ва дуюмдараља иборат буда наметавонад, зеро «самаранокии њокимият аз боэътимодї ва касбї будани сохторњои ўро таъминкунанда, сифати ташкилї ва амалкунии хизмати давлатї муайян мегардад.»1

 

Њанўз њам хизмати давлатї барои баъзе аз муњаќќиќон - фаъолияти касбї, барои дигарон сохтори махсуси дастгоњ ташаккулдињандаи механизми давлатї ва барои сеюмин низоми њуќуќї мебошад, яъне дар амалияи љањонї мафњум, стандарт ва модули ягонаи хизмати давлатї вуљуд надорад.

 

Чуноне, ки Ж. Шевалье ќайд мекунад, онњо мафњуми хизмати давлатиро «дар соњањои сершохаи консептуалї истифода бурда, бо мазмунњои гуногун пурра менамоянд.»2 Аммо ба ин нигоњ накарда, дастгоњи давлатї ва њайати идора кунандаи он бояд самаранок ва мўътадил амал намоянд, аз амалияи маъмурї- идоракунї, инчунин идоракунии њайат бархурдор бошанд ва онро пайваста инкишоф дода, ба хизмати љомеа мутеъ намоянд. Њамин аст, ки «ваќтњои охир талабот ба роњбарони лаёќатманд бенињоят меафзояд, зеро нарасидани одамони дорои тахассуси баланд барои ишѓоли мансабњои роњбарикунанда яке аз пробле маи асосї дар соњаи идоракунии њайат ба шумор меравад.»3 ва аз ин рў, захираи кадрњо дар амалияи хизмати давлатии Љумњурии Тољикистон мавќеи хоса пайдо карда, дар фаъолияти маќомоти давлатї ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

 

Рўи вараќ овардани маќолаи мазкур аз амалияи хизмати давлатии Љумњурии Тољикистон бармеояд, зеро миёни мутахассисо ни соња оид ба арзи вуљуд кардани ин институти хизмати давлатї фикрњои ягона мављуд нест.

 

 

 

1 Оххотский Е.В. Государственная служба в Парламенте. М.РОССПЭН. 2002.С.19.

 

2 Шевалье Ж. Государственная служба. Париж. 1996.С.5

 

3 Зайцева Т. В., Зуб А.Т. Управление персоналом. М.2006.С.271.


 

Баъзе аз субъектњои ба рушди хизмати давлатии ЉумњурииТољикистон мусоидаткунанда, аз ќабили лоињаи Мусоидат ба рушди хизмати давлатї дар Љумњурии Тољикистон (Иттињоди Аврупо ва Бонки умумиљањонї) захираи кадрњоро институти хизмати давлатии Иттињоди Шўравї арёбї карда, танзими онро дар ќонунгузории имрузаи љумњурї мувофиќи маќсад намешуморанд. Намояндагони ин лоиња инчунин ќайд мекунад, ки захираи кадрњо имконияти ба робари шањрвандони Љумњурии Тољикистонро ба хизмати давлатї мањдуд менамояд ва дар сурати амал намудани озмун барои ишѓоли мансабњои холии давлатї ба захираи кадрњо зарурат намемонад.

 

Лоињањои зикршуда дар инкишофи хизмати давлатї сањми калон доранд, аммо ба ин нигоњ накарда, захираи кадрњо дар љалби кадрњои салоњиятноку ташаббускор ва тањкими идоракунии давлатї ва хизмати давлатї њамчун воситаи муњиму самаранок боќї мемонад. Барои ин зарур аст, ки захираи кадрњо воситаи муњими интихобу љобаљогузории кадрњо эътироф шуда, дар боло рафтани обрўю эътибори хизматчии давлатї мусоидат намояд. Дар дили хизматчии давлатї бовариро нисбати хизматњои арзандаи ў бедор ва дар асоси дастовардњои хизматї болоравии касбии ўро таъмин намояд. Ба њолатњои ногувори дар интихоб ва љобаљогузории кадрњо мављудбуда садди роњ гардида, барои хизматчиёни давлатї имконияти баробарро фароњам биёрад. Аз ин рў, дар назария ва амалияи хизмати давлатии аксар давлатњо њанўз њам захираи кадрњо дар тањкими сиёсати кадрї ва идоракунии њайати дастгоњи давлатї сањми воќеї мегузорад.

 

Дар адабиётњои илмї ва ќонунгузорињои давлатњои алоњида захира бо иборањои гуногун мавриди ифода ќарор дорад. Масалан, дар Федератсияи Россия, Украина ва Ќазоќистон бо ибораи (Кадровый резерв), дар Љумњурињои Тољикистон, Ќирѓизистон ва Арманистон бо ибораи «Резерв кадров», дар љумњурии Эстония бо ибораи «Резерв чиновников» ва ѓ. истифода мешавад.

 

Новобаста аз гуногунии ифода дар истилоњоти њуќуќї, њайатшиносї ва хизмати давлатии ватанї онро дар шакли ибораи «захираи кадрњо» ќабул кардаем.

 

Мафњумњои гуногуни захираи кадрњо арзи вуљуд доранд. Масалан, бархе аз муњаќќиќон захираи кадрњоро (кадровий резерв) њамчун гурўњи роњбарон ва муттахассисони ќобилияти идоракунї дошта, ба талаботи барои сатњи ин ё он мансаб пешбинигардида љавобгўй, интихобшуда ва аз тайёрии маќсадноки тахассусї гузашта арзёбї менамоянд.

(1Ю.Т. Базарова ва Еремина Б.Л.2 низ љонибдори мафњуми дар

 

боло зикршуда мебошанд.)

 

В.В.Травин ва В.А. Дятов ќайд мекунанд, ки «захираи кадрњо

 

- ин гурўњи кормандони махсус ташаккулёфта ва тайёркардашудае

 

мебошад, ки барои пешбарї ба мансабњои нисбатан сатњи баланд

 

тавсия шудаанд.»3

 

А. П. Егоршин ќайд мекунад, ки ташаккули захираи кадрњо вазифаи њаётан муњими амалкунии боэътимоди корхона ба шумор меравад ва ба андешаи ў «захираи кадрњо ин ќисми њайатест, ки мувофиќи наќша барои ишѓоли љойњои кори омехтаи тахассуси баландтар аз тайёрї гузаштанд.»4

 

Мафњуми нисбатан васеи захираи кадрњо низ мављуд аст. Масалан, «захираи кадрњо - ин гурўњи махсуси хизматчиёни давлатии ояндадор мебошад, ки дар асоси омилњои муќарраршуда ташаккул дода шуда, барои пешбарї шудан ба мансабњои дахлдор сифатњои муњими касбї, корї ва маънавию рўњиро доранд, худро дар мансаби ишѓолнамуда ба таври мусбї муаррифї намуда, аз тайёрии зарурї гузаштаанд ва барои ишѓоли мансабњои навбатї пешбарї шудаанд».5

 

Дар адабиётњои илмї ба ин монанд дигар мафњуми захираи кадрњо низ вомехўранд.6 Дар собиќ љумњурињои Иттињоди Шўравї, аз љумла дар Љумњурии Тољикистон танзими њуќуќии ин институти муњими хизмати давлатї дар моддаи алоњидаи ќонун баъд аз истиќлолияти давлатї ба даст овардани давлатњои зикршуда ба вуќўъ пайваст. Агар дар ќонунњои хизмати давлатии баъзе аз давлатњо мафњуми захираи кадрњо бевосита дода шуда бошад, дар Ќонуни хизмати давлатї (1998), инчунин дар Ќонуни нави хизмати давлатї (2007) мафњуми хизмати давлатї на дар «Мафњумњои асосї» ва на дар моддаи 26 «Захираи кадрњои хизмати давлатї» пешбинї нагардидааст.

 

 

1 Государственная служба Российской Федерации: основы управления персоналом/ Под общей ред. В.П. ИвановаМ.: Издательство «Известия»,2003. С.251.

2 Управление персоналом. Учебник под ред. Т.Ю. Базарова, Б.Л. Еремина. М. Изд. объед. «ЮНИТИ». С.272.

3 Травин В.В., Дятов В.А. Менеджмент персонала предприятия. Учебно-практическое пособие. М.: Дело, 2007. С.96

4 Егоршин А.П. Основы управления персоналом. Учебное пособие. М. «ИНФРА». М: 2006. С.45.

5 Управление персоналом. Учебник под. ред. А.И. Турчинова. М. Из - во РАГС 2003.

6 Охотский Е.В. Государственная служба в парламенте. М. РОССПЭН. 2002.С.295.

 

 

Ѓайр аз ин, мафњумњои дар ќонунгузории давлатњои алоњида пешбинишуда моњиятан аз њамдигар фарќ доранд.

 

Масалан, дар моддаи 3 Ќонуни Љумњурии Арманистон аз 4 декабри соли 2001 «Дар бораи хизмати шањрвандї» ибораи «захираи кадрњо» бевосита дар мафњуми «хизматчии шањрвандї» пешнињод шудааст.

 

Мувофиќи он «хизматчии шањрвандї- шахсе мебошад, ки яке аз мансабњои пешбининамудаи мансабњои номенклатурии хизмати шањрвандиро ишѓол намудааст ё ки дар захираи кадрњо дохил карда шудааст», яъне хизматчиёни шањрвандї аз ду категория: шахсони мансабњои шањрвандиро ишѓолнамуда ва шахсони мансабњои давлатиро ишѓолнакардаи дар захираи кадрњо ќарордошта иборат мебошанд.

 

Бо ин назардошт мафњуми «захираи кадрњои хизмати шањрвандї» маљмўи хизматчиёни шањрвандие арзёбї мегардад, ки тибќи тартиби муќарраргардида мансабњои хизмати шањрвандиро ишѓол накардаанд (мод. 3).

 

Дар Ќонуни Љумњурии Ќазоќистон «Дар бораи хизмати давлатї» масъалањои вобаста ба ташкили захираи кадрњо дар моддаи 20-и он танзим шудааст. Моддаи зикрёфта «захираи кадрњо дар ваќти дохил шудан ба хизмати давлатї»1 ном дорад.

 

Бо маќсади татбиќи Ќонун бо Фармони Президенти Љумњурии Ќазоќистон №330 аз 4 феврали соли 2000 Низомномаи захираи кадрњо барои ишѓоли мансабњои хизматчиёни маъмурї ќабул гардид, ки дар банди 2 он захираи кадрњо чунин ифода шудааст: «Захираи кадрњо - ин шањрвандони Љумњурии Ќазоќистон, ки маълумот дар бораи онњо ба рўйхати мураттабгашта дохил карда шудааст». Чуноне, ки аз ин мафњум бармеояд, захираи кадрњо руйхати шањрвандон арзёбї гардидааст.

 

Хусусияти хоси захираи кадрњои Љумњурии Казоќистон дар он аст, ки захираи кадрњо танњо барои ба мансабњои маъмурии хизмати давлатї ќабул шудани шањрвандон ташкил карда мешавад.

 

Моддаи 18 Ќонуни Љумњурии Ќирѓизистон «Дар бораи хизмати давлатї» «Захираи кадрњои хизмати давлатї» арзёбї гардида, масъалањои вобаста ба захираи кадриро ба танзим медарорад. Дар ин модда мафњуми зикршуда чунин ифода шудааст: «захираи кадрњои хизмати давлатї - ин гурўњи махсус ташаккулёфтаи номзадњо барои ишѓоли мансабњои маъмурии хизмати давлатї мебошад.

 

1 Законодательство о государственной службе в Республике Казахстан. Сост. Р.А.

Подопригора.-Алматы: ЮРИСТ, 2002. С.47.

 

Захираи кадрњои хизмати давлатї аз захираи кадрњои миллї ва дохилї иборат аст.

 

Бояд ќайд кард, ки худи таќсими захираи кадрњо ба миллї ва дохилї бањснок аст, чунки хоњу нохоњ тамоми захира, аз љумла захираи дохилї низ ѓайри миллї буда наметавонад.

 

Захираи кадрњо яке аз институти муњими ќонунгузории хизмати давлатии Федератсияи Россия ба њисоб рафта, асоси ташаккули њайати кадрии хизмати давлатиро ташкил медињад.

 

Дар Ќонуни федералї аз 27 майи соли 2003, №58-ФЗ «Оид банизоми хизмати давлатии Федератсияи Россия» мафњуми «захираи кадрњо» бевосита пешбинї нашудааст. Дар банди 1 моддаи 11 Ќонуни зикрёфта (ташаккули њайати кадрии хизмати давлатї) омадааст, ки «Ташаккули њайати кадрии хизмати давлатї бо роњњои зерин таъмин карда мешавад:

 

-ташкили захираи кадрњои федералї, захираи кадрњо дар маќомоти давлатии федералї, захираи кадрњои субъектњои Федератсияи Россия, захираи кадрњо дар маќомоти давлатии субъектњои Федератсияи Россия барои ишѓоли мансабњои хизмати давлатї, инчунин самаранок истифода намудани захирањои кадрњо»

 

1.Дар Ќонуни Эстония оид ба хизмати сиёсї (публичная служба) масъалањои вобаста ба захира, алоњида, дар фасли 10 бо номи «захираи амалдорон» танзим шудааст. Фасли 10 аз 5 боб ва 16 модда (136-151) иборат аст:

 

Боби 1. Ќоидањои умумї (мод.136-137)

 

Боби 2. Дохил кардан ба захира (мод.138-140)

 

Боби 3.Њуќуќ ва ўњдадорињои шахси ба захира дохил кардашуда (мод.141-145)

 

Боби 4. Ба мансаб таъин намудани шахси ба захира дохил кардашуда (мод. 147-149)

 

Боби 5. Хориљ кардан аз захира (мод. 150-151).

 

Дар ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» (1998 ва 2007) чуноне, ки ќайд кардем, мафњуми захираи кадрњои хизмати давлатї пешбинї нашудааст.

 

Захираи кадрњои хизмати давлатї дар моддаи 19-и Ќонун (1998) мавриди танзим ќарор гирифта, дар он масъалањои вобаста ба маќсади ташкили захираи кадрњо, њайате, ки аз он захира ташаккул меёбад ва санади њуќуќие, ки ин проблемаро мавриди танзим ќарор медињад, пешбинї шудааст

 

1 Новое в законодательстве о государственной службе. Федеральный закон Российской Федерация « О системе государственной службы Российской Федерации» М.2005.Омега. С.21.

 

Дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» (2007) захираи кадрњои хизмати давлатї дар моддаи 26 танзим гардида, аз 5 ќисм иборат аст. Ду ќисми аввал маќсади ташаккули захира, ќисми сеюм ва чорум ба њайате, ки аз онњо захира ташаккул меёбад ва ќисми панљум ба санаде, ки захираро ба танзим медарорад, бахшида шудааст.

 

Ањамияти ин институтро дар тањкими идоракунии њайат зикр карда, ќайд карда мешавад, ки «вуљуд доштани захираи кадрњои тайёр шарти њатмии истифодаи самараноки иќтидорњои кадрї ва амалкунии мўътадил ва касбии маќомоти давлатї ва мунитсипалї ба њисоб меравад»1

 

Дар муайян намудани моњияти институти захираи кадрњо кушодани функсия ва маќсади он ањамияти калон дорад.

 

Функсия калимаи лотинї (functio - содир кардан ва иљро кардан) мебошад ва он дар хизмати давлатї воситаи ошкор кардани фаъолии институти хизмати давлатї мебошад. Функсияи хизмати давлатї нисбат ба давлат дар таъмини соњибихтиёрї, бехатарии миллї, амалї намудани њокимияти давлатї, таъмини фаъолияти идоракунї ва салоњияти маќомоти давлатї; нисбат ба љомеа дар рушди фарњанг, илм, маориф; нисбат ба амалдорон дар тањия ва тасдиќи ќоидањо ва стандартњои ќабул ба хизмати давлатї, ташкили шароит барои иљрои вазифањои хизмати давлатї ва ѓайрањо зоњир мешавад.2

 

Ю.Н. Старилов. ќайд мекунад, ки «функсияи хизмати давлатї дар мазмуни функсионалї њамчун намуди мушаххаси фаъолияти њайат, дастгоњи хизматии маќомоти давлатї, фаъолияти сохторњои маъмурї - идоракунї фањмида мешавад»3.

 

Функсияи хизмати давлатї, инчунин доираи фаъолият, вазифањо ва самтњои корро дар системаи идоракунии давлатї ифода мекунад.

 

Функсияи хизмати давлатиро бо назардошти таъиноти он њамчун фаъолияти касбї, институти њуќуќї ва иљтимої ва муносибати оммавї - њуќуќї миёни давлат ва хизматчии давлатї фањмидан мувофиќи маќсад мебошад.

 

1 Управление персоналом. Учебник под. ред. А.И. Турчинова. М. Из - во РАГС 2003. С.372.

 

2 Ниг. Каримов К.М. Хизмати давлатии Љумњурии Тољикистон. Китоби дарсї

 

љилди якум. Душанбе 2006. С.212; Каримов К.М. Хизмати давлатии Љумњурии

 

Тољикистон: моњият ва принсипњои ташкил. Душанбе-2006.С.57.

 

3 Старилов Ю.Н. Курс общего административного права. В.3.т. - М.:Изд - во НОРМА (Издательская группа НОРМА - ИНФА М.). 2002. Т.1: История, Наука. Предмет. Нормы. Субъекты. С.621.

 

Моњияти институти захираи кадрњо аз функсияњое, ки он нисбати дастгоњи давлатї иљро мекунад, мавриди бањогузорї ва тањлил ќарор дода мешавад.

 

Вобаста ба функсияњои хизмати давлатї, дар адабиёти илмї функсияњои асосии захираи кадрњо инкишоф, танзим, муътадилгардонї ва бетанафусии фаъолияти дастгоњи давлатї номбар карда мешаванд.

 

Њамин тариќ, функсияњои асосии захираи кадрњо дар кушодани мафњум ва моњияти захираи кадрњо њамчун институти идоракунии давлатї наќши муњим мебозад. Он на танњо аз таъмини болоравии касбии хизматчии давлатї, балки аз таъмини инкишоф, танзим, муътадилгардонї ва бетанафусии фаъолияти дастгоњи давлатї иборат аст.

 

Дар фалсафа фањмишњои гуногуни мафњуми маќсад вуљуд дошта бошад њам, он асосан њамчун њодиса ва њолати тасавур ва хоњиши дар оянда иљромешуда арзёбї мегардад1. Бо маќсад воситањоепешбинї карда мешаванд, ки барои расидан ба он заруранд. Бо мафњуми маќсад як ќатор мафњумњо ба монанди «фаъолияти маќсаднок» ва «мувофиќи маќсад будан» алоќамандї дорад. Аз ин рў, аниќ кардани маќсади мављудияти ин институти муњими идоракунии њайат барои муайян намудани моњият, принсипњо, њайат вамеханизмњои кор бо њайати захирашавандагон ањамияти хосаро касб мекунад.

 

Дар адабиёти илмї маќсади ташаккули захираи кадрњо њамчун «ташкили њайати хизматчиёни давлатї ва мунитсипалии дар шароити нав барои идоракунї тайёр, таъмини бетанаффусї ва давомоти идоракунии давлатї, такмили он дар асоси интихоб, тайёркунї ва пешбарии кадрњои ќобилиятноки ба таври касбї ва самаранок татбиќкунандаи вазифа ва функсияњои маќомоти дахлдори њокимияти давлатї»2 арзёбї мегардад.

 

Вазифаи институти захираи кадрњо нисбат ба маќсади он васеъ арзёбї мегардад. Масалан, Е.В. Охотский ќайд мекунад, ки «вазифаи асосии захираи кадрњо на танњо аз бењдошти низоми кор бо кадрњо, балки дар муваффаќ шудан ба маќсадњои нисбатан глобалї: сари ваќт ёфтан ва маќсаднок тайёр намудани мутахассисон барои ишѓоли мансабњои мушаххас (пеш аз њама роњбарикунанда), таъмини садфоизаи тайёрии касбии хизматчї ба кори самаранокиаш баланд мувофиќи талаботи тахассусии барои њар кадом мансаб муайяншуда, иборат аст».1

 

1 Философский энциклопедицеский словарь - М.: ИНФРА-М,2003.С.505-506.

2 Управление персоналом. Учебник под. ред. А.И. Турчинова. М. Из - во РАГС

2003. С.373.

 

 

Дар ќонунгузории давлатњои гуногун маќсади ташаккули захираи кадрњо возењ нишон дода шуда бошад њам, аммо онњо (маќсад) аз њамдигар куллан фарќ менамоянд.

 

Агар дар як ќонуни хизмати давлатї захираи кадрњо бо маќсади таъмини маќомоти давлатї бо кадрњои баландихтисос пешбинї шуда бошад, дар дигар ќонуни хизмати давлатї бо маќсади ба захира гирифтани шахсони аз мансабњои давлатии хизмати давлатї озодшуда пешбинї шудааст.

 

Дар Љумњурии Ќирѓизистон, масъалаи вобаста ба захираи кадрњо дар Низомномаи муваќќатии тартиби ташаккул ва амал намудани захираи миллии кадрњои хизмати давлатии Љумњурии Ќирѓизистон, ки бо Фармони Директори Агентии Љумњурии Кирѓизистон тањти № 77 аз 26 октябри соли 2005 тасдиќ шудааст, танзими њуќуќии худро меёбад.

 

Дар банди 3 Низомномаи мазкур маќсаду вазифањои ташаккули захираи кадрњо амалан як чиз њисобида шудааст: «3. Маќсад ва вазифањои ташаккули захираи кадрњо инњо ба њисоб мераванд:

 

-таъмини давомот, мустаќилият, мўътадилии хизмати давлатиикасбї;

 

-љалби њайати кормандони баландихтисос ва тайёршуда ба идоракунии давлат;

 

-такмил ва истифодаи ратсионалии иќтидори кадрии маќомотидавлатї дар асоси интихоб, тайёрї ва пешбарии кадрњое, ки ќобилияти ба таври касбї ва самаранок амалї намудани вазифа ва функсияњои маќомоти давлатии хизмати давлатиро доранд;

 

-инкишофи сифатњои касбї ва сифатњои шахсии шахсоне, ки базахираи кадрњои миллї дохил карда шудаанд;

 

-пешбарї ба мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї бо назардошти сатњ ва тањсилоти касбї, собиќа ва таљрибаи кор аз рўи ихтисос ва малакаи зарури касбї.

 

Ин банд маќсади ташаккули захираи кадрњоро нисбатан васеътар ифода намуда, то дараљае моњияти захираи кадрњоро инъикос менамояд.

 

1 Охотский Е.В. Государственная служба в парламенте. М. РОССПЭН. 2002. С.295.

 

Дар Ќонуни федералї «Оид ба низоми хизмати давлатии Федератсияи Россия» мафњуми «захираи кадрњо» бевосита пешбинї нашуда бошад њам, маќсади ташкили захираи кардњо дар банди 1 моддаи 11 он (Ташкили њайати кадрии хизмати давлатї) равшан инъикоси худро ёфтааст:

 

«Ташкили захираи кадрњои федералї, захираи кадрњо дар маќомоти давлатии федералї, захираи кадрњои субъектњои Федератсияи Россия, захираи кадрњо дар маќомоти давлатии субъектњои Федератсияи Россия барои ишѓоли мансабњои хизмати давлатї, инчунин самаранок истифода намудани захирањои кадрњо».1

 

Аз ин меъёр бармеояд, ки яке аз роњњои асосии ташаккули њайати кадрии хизмати давлатии Федератсияи Россия - ин ташкили захираи кадрњо дар маќомоти давлатии федералї, дар субъектњои Федератсияи Россия ва дар маќомоти давлатии субъектњои Федератсияи Россия мебошад ва ин захира бо ду маќсад: ишѓоли мансабњои хизмати давлатї ва самаранок истифода намудани кадрњо ташкил карда мешавад.

 

Чуноне ки дида мешавад, Ќонуни федералї «Оид ба низоми хизмати давлатии Федератсияи Россия», ки принсип ва муќаррароти ягонаи хизмати давлатиро барои низоми хизмати давлатии Федератсияи Россия (хизмати давлатии шањрвандї, хизмати давлатї дар маќомоти њифзи њуќуќ ва хизмати давлатии њарбї) муайян менамояд, маќсади ташаккули захираи кадрњоро (ишѓоли мансабњои хизмати давлатї ва самаранок истифода намудани захирањои кадрњо ) пешбинї намудааст.

 

Ин матлаб дар моддаи 17 Ќонуни зикршуда, ки «Захираи кадрњо барои ишѓоли мансабњои хизмати давлатї» номгузорї шудааст, низ чунин ифода ёфтааст:

 

«Барои ишѓоли мансабњои хизмати давлатї захираи кадрњоифедералї, захираи кадрњо дар маќомоти давлатии федералї, захираи кадрњои субъектњои Федератсияи Россия ва захираи кадрњо дар маќомоти давлатии субъектњои Федератсияи Россия ташкил карда мешавад».2

 

1 Новое в законодательстве о государственной службе. Федеральный закон Российской Федерация « О системе государственной службы Российской Федерации»

М.2005. Омега. С.21.

2 Дар њамин љо. С.25

 

Захираи кадрњо дар хизмати шањрвандї бо њамин ном дар моддаи 64-и Ќонуни федералї «Дар бораи хизмати давлатии шањрвандии Федератсияи Россия»1 низ танзим шудааст, ки он аз њатмї будани принсип ва муќаррароти муайяннамудаи Ќонуни федералї «Оид ба низоми хизмати давлатии Федератсияи Россия» барои тамоми намудњои хизмати давлатии Федератсияи Россия шањодат медињад. Дар банди 3 ин модда омадааст, ки захираи кадрњо барои:

 

1)ишѓоли мансаби холии хизмати шањрвандї дар маќомоти

 

давлатї бо тартиби болоравии мансабии хизматчии шањрвандї;

 

2)ишѓоли мансаби холии хизмати шањрвандї дар дигар маќомоти

 

давлатї бо тартиби болоравии мансабии хизматчии шањрвандї;

 

3)мансаби хизмати шањрвандї, ки таъин ва аз онњо озод кардани

 

хизматчиёни шањрвандї аз тарафи Президенти Федератсияи Россия

 

ва Њукумати Федератсияи Россия ба амал бароварда мешавад.

 

Ба ѓайр аз ин, дар њолатњои ба иродаи тарафњо вобаста набудаи аз кор озодшавї (ваќти ба хизмати њарбї даъват намудан), хизматчии шањрвандї дар фењристи хизматчиёни давлатии шањрвандї дахлдор боќї монда, дар захираи кадрњо дохил карда мешавад.

 

Чуноне ки дида мешавад, маќсади ташкили захираи кадрњо дар хизмати шањрвандии Федератсияи Россия васеъ буда, он на танњо аз ишѓоли сариваќтии мансабњои холии хизмати шањрвандї, балки аз нигоњ доштани хизматчии шањрвандии дар хизмат набуда низ иборат мебошад. Ин њолат аз ањамияти муњими ин институти идоракунии њайат дар ташаккули њайати идоракунандагон шањодат медињад.

 

Дар Ќонуни Эстония оид ба хизмати сиёсї (публичная служба) маќсади ташкили захираи кадрњо бо номи «Маќсади ташаккули захираи амалдорон» дар моддаи 136 мавриди танзим ќарор дода шудааст. Тибќи он маќсади ташаккули захираи амалдорон аз инњо иборат аст:

 

1) ќабул кардани номзадњо барои амалдорї дар муассисањои давлатї ва мунитсипалї;

 

2) љустуљўи љойи хизмат ба сифати амалдори давлатї ва мунитсипалї барои шахсоне, ки дар хизмат нестанд, лекин дар асоси карори комиссияњои озмунї ва аттестатсионї ба захира дохил карда шудаанд;

 

3) љустуљўи љойи хизмати нав ба сифати амалдори давлатї ва мунитсипалї барои шахсони аз мансабњои сиёсї озодшуда.

 

Аз талаботи моддаи зикршуда бармеояд, ки маќсади ташаккули захираи амалдорон дар Эстония нисбатан васеътар буда, он бо се маќсад ташаккул дода мешавад:

 

 

1 Новое в законодательстве о государственной службе. Федеральный закон Российской Федерации «О государственной гражданской службе Российской Федерации» от 27 июля 2004 года,№79-ФЗ. М. 2005. Омега. С.53.

 

-якум, барои сариваќт ишѓол намудани мансабњои холигаштаи амалдорони давлатї дар муассисањои давлатї ва мунитсипалї;

 

-дуюм, барои љобаљогузории шахсоне, ки амалдорони давлатии муассисањои давлатї ва мунитсипалї нестанд, лекин тавассути карорњои комиссияњои озмунї ва аттестатсионї барои амалдор шудан ба захира дохил карда шудаанд;

 

-сеюм, барои љобаљогузории шахсоне, ки онњо амалдорони давлатии муассисањои давлатї ва мунитсипалї буда, бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Эстония бо сабабњои гуногун аз мансабњо озод карда шуданд.

 

Дар аввалин Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» (1998) захираи кадрњо бо номи «захираи кадрњои хизмати давлатї» дар моддаи 19-и он мавриди танзим ќарор гирифта, дар ќисми якуми ин модда маќсади ин институт чунин арзёбї гардидааст:

 

«Дар маќомоти давлатї барои сари ваќт ишѓол намудани мансабњои холигаштаи хизматчиёни давлатии хизмати давлатї, њамчунин барои таъмини пешрафти хизматии хизматчиёни давлатї захираи кадрњо таъсис дода мешавад».

 

Аз ин модда бармеояд, ки маќсад аз ташкили захираи кадрњои хизмати давлатї дар Љумњурии Тољикистон аз ду чиз иборат буд:

 

1) сари ваќт ишѓол намудани мансабњои холигаштаи хизматчиёни давлатии хизмати давлатї;

 

2) таъмини пешрафти хизматии хизматчиёни давлатї.

 

Бояд зикр кард, ки аз ин ду маќсад набудани таљрибаи танзими масъалањои вобаста ба хизмати давлатї, кадрї ва захираи кадрњо баръало эњсос мешавад, зеро маќсадњо аввалан пурра нестанд ва баъдан захираро инъикос карда, моњияти онро кушода натавонистанд.

 

Маќсади ташаккули захираи кадрњои хизмати давлатї баъдтар то дараљае дар банди 2 Низомномаи захираи кадрњои хизмати давлатї1 васеътар пешбинї гардид.

 

Мувофиќи ин банд захираи кадрњо бо маќсадњои зерин ташкил карда мешавад:

 

-сариваќт ишѓол намудани мансабњои холигаштаи давлатии хизмати давлатї;

 

-мукаммалгардонии њайати роњбарикунандаи маќомоти давлатї

 

 

1 Бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №114 аз 24 июли соли 2003

 

тасдиќ шудааст.

 

бо кадрњои тайёр, ташаббускор;

 

-таъмини пешрафти хизматии хизматчиёни давлатї;

 

-мувофиќати бефосилагии хизмати давлатї бо мутасиллї ва ивазшавии кадрњои он.

 

Дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» (2007 ду ќисми аввали моддаи 26-и он ба маќсади ташаккули захираи кадрњои хизмати давлатї бахшида шудааст. Мувофиќи ин ќисмњо:

 

«1.Захираи кадрњои хизмати давлатї бо маќсади татбиќи сиёсати давлатии кадрњо, ки ба ташкили низоми босамар ва шаффофи идоракунии њайати шахсии хизмати давлатї, таъмини муносибатњои демократї ва риояи афзалияти иљтимої нигаронида шудааст, ба роњ монда мешавад.

 

2.Дар маќомоти давлатї барои сари ваќт ишѓол намудани мансабњои холии давлатии хизмати давлатї, њамчунин барои таъмини баландравии мансабии (карераи) хизматчиёни давлатї захираи кадрњо таъсис дода мешавад».

 

Бояд зикр кард, ки агар маќсади ташкили захираи кадрњои дар ќисми 2 моддаи 26 пешбинишуда бо маќсадњои дар пеши худ гузоштаи Ќонуни хизмати давлатии соли 2007 пурра мувофиќат намояд, маќсади дар пеши худ гузоштаи ќонунгузор, ки дар ќисми якуми моддаи 26 пешбинї шудааст, меъёри хусусияти декларативї мебошад.

Тибќи банди 2 Низомнома дар бораи захираи кадрњои хизмати давлатии Љумњурии Тољикистон1 «захираи кадрњои хизмати давлатї бо ду маќсад: таъмини болоравии мансаби хизматчиёни давлатї ва сари ваќт ишѓол намудани мансабњои холии маъмурї ташкил карда мешавад.

 

Њамин тариќ, аниќ муайян намудани маќсади ташаккули захираи кадрњо барои танзими њуќуќии ин институти идоракунии њайат ањамияти аввалиндараљаро пайдо мекунад. Дар њолате, ки маќсад муайян нест, дигар унсурњои вобаста ба ташаккули захираи кадрњоро, аз ќабили принсипњои ташаккули захира, њайати сифатие, ки ба захира дохил карда мешавад, механизми татбиќи захира, мўњлате, ки захира бояд амалї карда шавад, танзими воќеии худро намеёбанд.

 

Дар ин раванд чизи муњиме, ки бояд аз мадди назари субъекти меъёрэљодкунанда дур набошад, ин ба таври возењ муайян намудани зарур будан ё зарур набудани захираи кадрњо мебошад.

 

1 Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон «Оид ба тасдиќи Низомнома дар бораи захираи кадрњои хизмати давлатии Љумњурии Тољикистон» аз14 январи соли 2010 №756.

 

Дар ваќти итминони комил пайдо кардан ба мављудияти захираи кадрњо, маќсади он бояд бо назарошти талаботи љомеа ва маќомоти давлатї бо кадрњои баландихтисос, соњибмаърифат ва соњибкасб, тањлили вазъияти кадрї, раванди таъин ва аз мансабњо озод шудани кадрњо, мўњлати наздиктарини (нињої) ротатсияи кадрњо, теъдоди мансабњои роњбарикунанда, мавќеи озмун дар пурра кардани мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї ва талаботи ќонунгузории хизмати давлатї аз љињати илмї асоснок пешнињод карда шаванд.

 

Самаранок ба роњ мондан, ташкил ва истифодаи институти захираи кадрњо дар таъмини талаботи љомеа ва давлат наќши муњим мебозад ва барои њадафњои зерин мусоидат мекунад:

-сари ваќт ќаноатбахш гардонидани талаботи иловагии дастгоњи давлатї ба кадрњои хизмати давлатї;

 

-интихоби сифатнок ва тайёркунии маќсадноки номзадњо барои пешбарї ба мансабњои давлатї;

 

-мањдуд намудани давраи одаткунии (адаптатсия) кадрњое, ки нав ба мансабњои баланди давлатї ва ѓайридавлатї таъин мегарданд;

 

-баланд бардоштани касбият ва бењтар намудани њайати хизматчиёни давлатї;

 

-љобаљогузории дурусти кадрњо дар асоси тайёрии кофї, дастовардњои хизматї ва сатњи баланди касбї;

-фаъолияти мўътадили маќомоти давлатї ва дар маљмўъ дастгоњи давлатї.

 

Хизмати давлатї низоми мураккаб, бисёрљабња ва пайваста рушдкунандае мебошад, ки ташаккул ва тањкими он хусусияти маљмўї дошта, аз унсурњои асосї ва дуюмдараља иборат буда наметавонад, зеро «самаранокии њокимият аз боэътимодї ва касбї будани сохторњои ўро таъминкунанда, сифати ташкилї ва амалкунии хизмати давлатї муайян мегардад.»1

Њанўз њам хизмати давлатї барои баъзе аз муњаќќиќон - фаъолияти касбї, барои дигарон сохтори махсуси дастгоњ ташаккулдињандаи механизми давлатї ва барои сеюмин низоми њуќуќї мебошад, яъне дар амалияи љањонї мафњум, стандарт ва модули ягонаи хизмати давлатї вуљуд надорад.

Чуноне, ки Ж. Шевалье ќайд мекунад, онњо мафњуми хизмати давлатиро «дар соњањои сершохаи консептуалї истифода бурда, бо мазмунњои гуногун пурра менамоянд.»2 Аммо ба ин нигоњ накарда, дастгоњи давлатї ва њайати идоракунандаи он бояд самаранок ва мўътадил амал намоянд, аз амалияи маъмурї- идоракунї, инчунин идоракунии њайат бархурдор бошанд ва онро пайваста инкишоф дода, ба хизмати љомеа мутеъ намоянд. Њамин аст, ки «ваќтњои охир талабот ба роњбарони лаёќатманд бенињоят меафзояд, зеро нарасидани одамони дорои тахассуси баланд барои ишѓоли мансабњои роњбарикунанда яке аз проблемаи асосї дар соњаи идоракунии њайат ба шумор меравад.»3 ва аз ин рў, захираи кадрњо дар амалияи хизмати давлатии Љумњурии Тољикистон мавќеи хоса пайдо карда, дар фаъолияти маќомоти давлатї ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Рўи вараќ овардани маќолаи мазкур аз амалияи хизмати давлатии Љумњурии Тољикистон бармеояд, зеро миёни мутахассисо ни соња оид ба арзи вуљуд кардани ин институти хизмати давлатї фикрњои ягона мављуд нест.

 

1 Оххотский Е.В. Государственная служба в Парламенте. М.РОССПЭН. 2002.С.19.

2 Шевалье Ж. Государственная служба. Париж. 1996.С.5

3 Зайцева Т. В., Зуб А.Т. Управление персоналом. М.2006.С.271.

 

Баъзе аз субъектњои ба рушди хизмати давлатии Љумњурии Тољикистон мусоидаткунанда, аз ќабили лоињаи Мусоидат ба рушди хизмати давлатї дар Љумњурии Тољикистон (Иттињоди Аврупо ва Бонки умумиљањонї) захираи кадрњоро институти хизмати давлатии Иттињоди Шўравї арёбї карда, танзими онро дар ќонунгузории имрузаи љумњурї мувофиќи маќсад намешуморанд. Намояндагони ин лоиња инчунин ќайд мекунад, ки захираи кадрњо имконияти ба робари шањрвандони Љумњурии Тољикистонро ба хизмати давлатї мањдуд менамояд ва дар сурати амал намудани озмун барои ишѓоли мансабњои холии давлатї ба захираи кадрњо зарурат намемонад.

Лоињањои зикршуда дар инкишофи хизмати давлатї сањми калон доранд, аммо ба ин нигоњ накарда, захираи кадрњо дар љалби кадрњои салоњиятноку ташаббускор ва тањкими идоракунии давлатї ва хизмати давлатї њамчун воситаи муњиму самаранок боќї мемонад. Барои ин зарур аст, ки захираи кадрњо воситаи муњими интихобу љобаљогузории кадрњо эътироф шуда, дар боло рафтани обрўю эътибори хизматчии давлатї мусоидат намояд. Дар дили хизматчии давлатї бовариро нисбати хизматњои арзандаи ў бедор ва дар асоси дастовардњои хизматї болоравии касбии ўро таъмин намояд. Ба њолатњои ногувори дар интихоб ва љобаљогузории кадрњо мављудбуда садди роњ гардида, барои хизматчиёни давлатї имконияти баробарро фароњам биёрад.

Аз ин рў, дар назария ва амалияи хизмати давлатии аксар давлатњо њанўз њам захираи кадрњо дар тањкими сиёсати кадрї ва идоракунии њайати дастгоњи давлатї сањми воќеї мегузорад.

Дар адабиётњои илмї ва ќонунгузорињои давлатњои алоњида захира бо иборањои гуногун мавриди ифода ќарор дорад. Масалан, дар Федератсияи Россия, Украина ва Ќазоќистон бо ибораи (Кадровый резерв), дар Љумњурињои Тољикистон, Ќирѓизистон ва Арманистон бо ибораи «Резерв кадров», дар љумњурии Эстония бо ибораи «Резерв чиновников» ва ѓ. истифода мешавад.

Новобаста азгуногунии ифода дар истилоњоти њуќуќї, њайатшиносї ва хизмати

давлатии ватанї онро дар шакли ибораи «захираи кадрњо» ќабул кардаем.

Мафњумњои гуногуни захираи кадрњо арзи вуљуд доранд. Масалан, бархе аз муњаќќиќон захираи кадрњоро (кадровий резерв) њамчун гурўњи роњбарон ва муттахассисони ќобилияти идоракунї дошта, ба талаботи барои сатњи ин ё он мансаб пешбинигардида љавобгўй, интихобшуда ва аз тайёрии маќсадноки тахассусї гузашта арзёбї менамоянд.

(1 Ю.Т. Базарова ва Еремина Б.Л.2 низ љонибдори мафњуми дар

боло зикршуда мебошанд.)


В.В.Травин ва В.А. Дятов ќайд мекунанд, ки «захираи кадрњо ин гурўњи кормандони махсус ташаккулёфта ва тайёркардашудае мебошад, ки барои пешбарї ба мансабњои нисбатан сатњи баланд тавсия шудаанд.»3

А. П. Егоршин ќайд мекунад, ки ташаккули захираи кадрњо вазифаи њаётан муњими амалкунии боэътимоди корхона ба шумор меравад ва ба андешаи ў «захираи кадрњо ин ќисми њайатест, ки мувофиќи наќша барои ишѓоли љойњои кори омехтаи тахассуси баландтар аз тайёрї гузаштанд.»4

Мафњуми нисбатан васеи захираи кадрњо низ мављуд аст. Масалан, «захираи кадрњо - ин гурўњи махсуси хизматчиёни давлатии ояндадор мебошад, ки дар асоси омилњои муќарраршуда ташаккул дода шуда, барои пешбарї шудан ба мансабњои дахлдор сифатњои муњими касбї, корї ва маънавию рўњиро доранд, худро дар мансаби ишѓолнамуда ба таври мусбї муаррифї намуда, аз тайёрии зарурї гузаштаанд ва барои ишѓоли мансабњои навбатї пешбарї шудаанд».5

Дар адабиётњои илмї ба ин монанд дигар мафњуми захираи кадрњо низ вомехўранд.6 Дар собиќ љумњурињои Иттињоди Шўравї, аз љумла дар Љумњурии Тољикистон танзими њуќуќии ин институти муњими хизмати давлатї дар моддаи алоњидаи ќонун баъд аз истиќлолияти давлатї ба даст овардани давлатњои зикршуда ба вуќўъ пайваст. Агар дар ќонунњои хизмати давлатии баъзе аз давлатњо мафњуми захираи кадрњо бевосита дода шуда бошад, дар Ќонуни хизмати давлатї (1998), инчунин дар Ќонуни нави хизмати давлатї (2007) мафњуми хизмати давлатї на дар «Мафњумњои асосї» ва на дар моддаи 26 «Захираи кадрњои хизмати давлатї» пешбинї нагардидааст.

1 Государственная служба Российской Федерации: основы управления персоналом/ Под общей ред. В.П. ИвановаМ.: Издательство «Известия»,2003. С.251.

2 Управление персоналом. Учебник под ред. Т.Ю. Базарова, Б.Л. Еремина. М. Изд. объед. «ЮНИТИ». С.272.

3 Травин В.В., Дятов В.А. Менеджмент персонала предприятия. Учебно-практическое пособие. М.: Дело, 2007. С.96

4 Егоршин А.П. Основы управления персоналом. Учебное пособие. М. «ИНФРА». М: 2006. С.45.

5 Управление персоналом. Учебник под. ред. А.И. Турчинова. М. Из - во РАГС 2003.

6 Охотский Е.В. Государственная служба в парламенте. М. РОССПЭН. 2002.С.295.

Ѓайр аз ин, мафњумњои дар ќонунгузории давлатњои алоњида пешбинишуда моњиятан аз њамдигар фарќ доранд.

Масалан, дар моддаи 3 Ќонуни Љумњурии Арманистон аз 4 декабри соли 2001 «Дар бораи хизмати шањрвандї» ибораи «захираи кадрњо» бевосита дар мафњуми «хизматчии шањрвандї» пешнињод шудааст.

Мувофиќи он «хизматчии шањрвандї- шахсе мебошад, ки яке аз мансабњои пешбининамудаи мансабњои номенклатурии хизмати шањрвандиро ишѓол намудааст ё ки дар захираи кадрњо дохил карда шудааст», яъне хизматчиёни шањрвандї аз ду категория: шахсони мансабњои шањрвандиро ишѓолнамуда ва шахсони мансабњои давлатиро ишѓолнакардаи дар захираи кадрњо ќарордошта иборат мебошанд. Бо ин назардошт мафњуми «захираи кадрњои хизмати шањрвандї» маљмўи хизматчиёни шањрвандие арзёбї мегардад, ки тибќи тарти би муќарраргардида мансабњои хизмати шањрвандиро ишѓол накардаанд (мод. 3). Дар Ќонуни Љумњурии Ќазоќистон «Дар бораи хизмати давлатї» масъалањои вобаста ба ташкили захираи кадрњо дар моддаи 20-и он танзим шудааст. Моддаи зикрёфта «захираи кадрњо дар ваќти дохил шудан ба хизмати давлатї»1 ном дорад.

Бо маќсади татбиќи Ќонун бо Фармони Президенти Љумњурии Ќазоќистон №330 аз 4 феврали соли 2000 Низомномаи захираи кадрњо барои ишѓоли мансабњои хизматчиёни маъмурї ќабул гардид, ки дар банди 2 он захираи кадрњо чунин ифода шудааст:

«Захираи кадрњо - ин шањрвандони Љумњурии Ќазоќистон, ки маълумот дар бораи онњо ба рўйхати мураттабгашта дохил карда шудааст». Чуноне, ки аз ин мафњум бармеояд, захираи кадрњо руйхати шањрвандон арзёбї гардидааст.

Хусусияти хоси захираи кадрњои Љумњурии Казоќистон дар он аст, ки захираи кадрњо танњо барои ба мансабњои маъмурии хизмати давлатї ќабул шудани шањрвандон ташкил карда мешавад.

Моддаи 18 Ќонуни Љумњурии Ќирѓизистон «Дар бораи хизмати давлатї» «Захираи кадрњои хизмати давлатї» арзёбї гардида, масъалањои вобаста ба захираи кадриро ба танзим медарорад. Дар ин модда мафњуми зикршуда чунин ифода шудааст: «захираи кадрњои хизмати давлатї - ин гурўњи махсус ташаккулёфтаи номзадњо барои ишѓоли мансабњои маъмурии хизмати давлатї мебошад.

1 Законодательство о государственной службе в Республике Казахстан. Сост. Р.А.

Подопригора.-Алматы: ЮРИСТ, 2002. С.47.

 

Захираи кадрњои хизмати давлатї аз захираи кадрњои миллї ва дохилї иборат аст.Бояд ќайд кард, ки худи таќсими захираи кадрњо ба миллї ва дохилї бањснок аст, чунки хоњу нохоњ тамоми захира, аз љумла захираи дохилї низ ѓайри миллї буда наметавонад.

Захираи кадрњо яке аз институти муњими ќонунгузории хизмати давлатии Федератсияи Россия ба њисоб рафта, асоси ташаккули њайати кадрии хизмати давлатиро ташкил медињад. Дар Ќонуни федералї аз 27 майи соли 2003, №58-ФЗ «Оид ба низоми хизмати давлатии Федератсияи Россия» мафњуми «захираи кадрњо» бевосита пешбинї нашудааст. Дар банди 1 моддаи 11 Ќонуни зикрёфта (ташаккули њайати кадрии хизмати давлатї) омадааст, ки «Ташаккули њайати кадрии хизмати давлатї бо роњњои зерин таъмин карда мешавад:

-ташкили захираи кадрњои федералї, захираи кадрњо дар маќомоти давлатии федералї, захираи кадрњои субъектњои Федератсияи Россия, захираи кадрњо дар маќомоти давлатии субъектњои Федератсияи Россия барои ишѓоли мансабњои хизмати давлатї, инчунин самаранок истифода намудани захирањои кадрњо»

1.Дар Ќонуни Эстония оид ба хизмати сиёсї (публичная служба) масъалањои вобаста ба захира, алоњида, дар фасли 10 бо номи «захираи амалдорон» танзим шудааст. Фасли 10 аз 5 боб ва 16 модда (136-151) иборат аст:

Боби 1. Ќоидањои умумї (мод.136-137)

Боби 2. Дохил кардан ба захира (мод.138-140)

Боби 3.Њуќуќ ва ўњдадорињои шахси ба захира дохил кардашу

да (мод.141-145)

Боби 4. Ба мансаб таъин намудани шахси ба захира дохил кар

дашуда (мод. 147-149)

Боби 5. Хориљ кардан аз захира (мод. 150-151).

Дар ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати

давлатї» (1998 ва 2007) чуноне, ки ќайд кардем, мафњуми захираи

кадрњои хизмати давлатї пешбинї нашудааст.

Захираи кадрњои хизмати давлатї дар моддаи 19-и Ќонун (1998) мавриди танзим ќарор гирифта, дар он масъалањои вобаста ба маќсади ташкили захираи кадрњо, њайате, ки аз он захира ташаккул меёбад ва санади њуќуќие, ки ин проблемаро мавриди танзим ќарор медињад, пешбинї шудааст

1 Новое в законодательстве о государственной службе. Федеральный закон Российской Федерация « О системе государственной службы Российской Федерации» М.2005.Омега. С.21.

Дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» (2007) захираи кадрњои хизмати давлатї дар моддаи 26 танзим гардида, аз 5 ќисм иборат аст. Ду ќисми аввал маќсади ташаккули захира, ќисми сеюм ва чорум ба њайате, ки аз онњо захира ташаккул меёбад ва ќисми панљум ба санаде, ки захираро ба танзим медарорад, бахшида шудааст.

Ањамияти ин институтро дар тањкими идоракунии њайат зикр карда, ќайд карда мешавад, ки «вуљуд доштани захираи кадрњои тайёр шарти њатмии истифодаи самараноки иќтидорњои кадрї ва амалкунии мўътадил ва касбии маќомоти давлатї ва мунитсипалї ба њисоб меравад»1

Дар муайян намудани моњияти институти захираи кадрњо кушодани функсия ва маќсади он ањамияти калон дорад.

Функсия калимаи лотинї (functio - содир кардан ва иљро кардан) мебошад ва он дар хизмати давлатї воситаи ошкор кардани фаъолии институти хизмати давлатї мебошад. Функсияи хизмати давлатї нисбат ба давлат дар таъмини соњибихтиёрї, бехатарии миллї, амалї намудани њокимияти давлатї, таъмини фаъолияти идоракунї ва салоњияти маќомоти давлатї; нисбат ба љомеа дар рушди фарњанг, илм, маориф; нисбат ба амалдорон дар тањия ва тасдиќи ќоидањо ва стандартњои ќабул ба хизмати давлатї, ташкили шароит барои иљрои вазифањои хизмати давлатї ва ѓайрањо зоњир мешавад.2

Ю.Н. Старилов. ќайд мекунад, ки «функсияи хизмати давлатї дар мазмуни функсионалї њамчун намуди мушаххаси фаъолияти њайат, дастгоњи хизматии маќомоти давлатї, фаъолияти сохторњои маъмурї - идоракунї фањмида мешавад»3.

Функсияи хизмати давлатї, инчунин доираи фаъолият, вазифањо ва самтњои корро дар системаи идоракунии давлатї ифода мекунад.

Функсияи хизмати давлатиро бо назардошти таъиноти он њамчун фаъолияти касбї, институти њуќуќї ва иљтимої ва муносибати оммавї - њуќуќї миёни давлат ва хизматчии давлатї фањмидан мувофиќи маќсад мебошад.


1 Управление персоналом. Учебник под. ред. А.И. Турчинова. М. Из - во РАГС 2003. С.372.

2 Ниг. Каримов К.М. Хизмати давлатии Љумњурии Тољикистон. Китоби дарсї

љилди якум. Душанбе 2006. С.212; Каримов К.М. Хизмати давлатии Љумњурии

Тољикистон: моњият ва принсипњои ташкил. Душанбе-2006.С.57.

3 Старилов Ю.Н. Курс общего административного права. В.3.т. - М.:Изд - во НОРМА (Издательская группа НОРМА - ИНФА М.). 2002. Т.1: История, Наука. Предмет. Нормы. Субъекты. С.621.

 

Моњияти институти захираи кадрњо аз функсияњое, ки он нисбати дастгоњи давлатї иљро мекунад, мавриди бањогузорї ва тањлил ќарор дода мешавад.

Вобаста ба функсияњои хизмати давлатї, дар адабиёти илмї функсияњои асосии захираи кадрњо инкишоф, танзим, муътадилгардонї ва бетанафусии фаъолияти дастгоњи давлатї номбар карда мешаванд.

Њамин тариќ, функсияњои асосии захираи кадрњо дар кушодани мафњум ва моњияти захираи кадрњо њамчун институти идоракунии давлатї наќши муњим мебозад. Он на танњо аз таъмини болоравии касбии хизматчии давлатї, балки аз таъмини инкишоф, танзим, муътадилгардонї ва бетанафусии фаъолияти дастгоњи давлатї иборат аст. Дар фалсафа фањмишњои гуногуни мафњуми маќсад вуљуд дошта бошад њам, он асосан њамчун њодиса ва њолати тасавур ва хоњиши дар оянда иљромешуда арзёбї мегардад1. Бо маќсад воситањое пешбинї карда мешаванд, ки барои расидан ба он заруранд. Бо мафњуми маќсад як ќатор мафњумњо ба монанди «фаъолияти маќсаднок» ва «мувофиќи маќсад будан» алоќамандї дорад. Аз ин рў, аниќ кардани маќсади мављудияти ин институти муњими идоракунии њайат барои муайян намудани моњият, принсипњо, њайат ва механизмњои кор бо њайати захирашавандагон ањамияти хосаро касб мекунад.

Дар адабиёти илмї маќсади ташаккули захираи кадрњо њамчун «ташкили њайати хизматчиёни давлатї ва мунитсипалии дар шароити нав барои идоракунї тайёр, таъмини бетанаффусї ва давомоти идоракунии давлатї, такмили он дар асоси интихоб, тайёркунї ва пешбарии кадрњои ќобилиятноки ба таври касбї ва самаранок татбиќкунандаи вазифа ва функсияњои маќомоти дахлдори њокимияти давлатї»2 арзёбї мегардад. Вазифаи институти захираи кадрњо нисбат ба маќсади он васеъ арзёбї мегардад. Масалан, Е.В. Охотский ќайд мекунад, ки «вазифаи асосии захираи кадрњо на танњо аз бењдошти низоми кор бо кадрњо, балки дар муваффаќ шудан ба маќсадњои нисбатан глобалї:

сари ваќт ёфтан ва маќсаднок тайёр намудани мутахассисон барои ишѓоли мансабњои мушаххас (пеш аз њама роњбарикунанда), таъмини садфоизаи тайёрии касбии хизматчї ба кори самаранокиаш баланд мувофиќи талаботи тахассусии барои њар кадом мансаб муайяншуда, иборат аст».1

1 Философский энциклопедицеский словарь - М.: ИНФРА-М,2003.С.505-506.

2 Управление персоналом. Учебник под. ред. А.И. Турчинова. М. Из - во РАГС

2003. С.373.

Дар ќонунгузории давлатњои гуногун маќсади ташаккули захираи кадрњо возењ нишон дода шуда бошад њам, аммо онњо (маќсад) аз њамдигар куллан фарќ менамоянд.

Агар дар як ќонуни хизмати давлатї захираи кадрњо бо маќсади таъмини маќомоти давлатї бо кадрњои баландихтисос пешбинї шуда бошад, дар дигар ќонуни хизмати давлатї бо маќсади ба захира гирифтани шахсони аз мансабњои давлатии хизмати давлатї озодшуда пешбинї шудааст.

Дар Љумњурии Ќирѓизистон, масъалаи вобаста ба захираи кадрњо дар Низомномаи муваќќатии тартиби ташаккул ва амал намудани захираи миллии кадрњои хизмати давлатии Љумњурии Ќирѓизистон, ки бо Фармони Директори Агентии Љумњурии Кирѓизистон тањти № 77 аз 26 октябри соли 2005 тасдиќ шудааст, танзими њуќуќии худро меёбад. Дар банди 3 Низомномаи мазкур маќсаду вазифањои ташаккули захираи кадрњо амалан як чиз њисобида шудааст:

«3. Маќсад ва вазифањои ташаккули захираи кадрњо инњо бањисоб мераванд: -таъмини давомот, мустаќилият, мўътадилии хизмати давлатии касбї;

-љалби њайати кормандони баландихтисос ва тайёршуда ба идоракунии давлат;

-такмил ва истифодаи ратсионалии иќтидори кадрии маќомоти давлатї дар асоси интихоб, тайёрї ва пешбарии кадрњое, ки ќобилияти ба таври касбї ва самаранок амалї намудани вазифа ва функсияњои маќомоти давлатии хизмати давлатиро доранд;

-инкишофи сифатњои касбї ва сифатњои шахсии шахсоне, ки ба захираи кадрњои миллї дохил карда шудаанд;

-пешбарї ба мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї бо назардошти сатњ ва тањсилоти касбї, собиќа ва таљрибаи кор аз рўи ихтисос ва малакаи зарури касбї.

Ин банд маќсади ташаккули захираи кадрњоро нисбатан васеътар ифода намуда, то дараљае моњияти захираи кадрњоро инъикос менамояд.


1 Охотский Е.В. Государственная служба в парламенте. М. РОССПЭН. 2002. С.295.


Дар Ќонуни федералї «Оид ба низоми хизмати давлатии Федератсияи Россия» мафњуми «захираи кадрњо» бевосита пешбинї нашуда бошад њам, маќсади ташкили захираи кардњо дар банди 1 моддаи 11 он (Ташкили њайати кадрии хизмати давлатї) равшан инъикоси худро ёфтааст: «Ташкили захираи кадрњои федералї, захираи кадрњо дар маќомоти давлатии федералї, захираи кадрњои субъектњои Федератсияи Россия, захираи кадрњо дар маќомоти давлатии субъектњои Федератсияи Россия барои ишѓоли мансабњои хизмати давлатї, инчунин самаранок истифода намудани захирањои кадрњо».1

Аз ин меъёр бармеояд, ки яке аз роњњои асосии ташаккули њайатикадрии хизмати давлатии Федератсияи Россия - ин ташкили захираи кадрњо дар маќомоти давлатии федералї, дар субъектњои Федератсияи Россия ва дар маќомоти давлатии субъектњои Федератсияи Россия мебошад ва ин захира бо ду маќсад: ишѓоли мансабњои хизмати давлатї ва самаранок истифода намудани кадрњо ташкил карда мешавад.

Чуноне ки дида мешавад, Ќонуни федералї «Оид ба низоми хизмати давлатии Федератсияи Россия», ки принсип ва муќаррароти ягонаи хизмати давлатиро барои низоми хизмати давлатии Федератсияи Россия (хизмати давлатии шањрвандї, хизмати давлатї дар маќомоти њифзи њуќуќ ва хизмати давлатии њарбї) муайян менамояд, маќсади ташаккули захираи кадрњоро (ишѓоли мансабњои хизмати давлатї ва самаранок истифода намудани захирањои кадрњо ) пешбинї намудааст.

Ин матлаб дар моддаи 17 Ќонуни зикршуда, ки «Захираи кадрњо барои ишѓоли мансабњои хизмати давлатї» номгузорї шудааст, низ чунин ифода ёфтааст:

«Барои ишѓоли мансабњои хизмати давлатї захираи кадрњои федералї, захираи кадрњо дар маќомоти давлатии федералї, захираи кадрњои субъектњои Федератсияи Россия ва захираи кадрњо дар маќомоти давлатии субъектњои Федератсияи Россия ташкил карда мешавад».2

1 Новое в законодательстве о государственной службе. Федеральный закон Российской Федерация « О системе государственной службы Российской Федерации»

М.2005. Омега. С.21.

2 Дар њамин љо. С.25

Захираи кадрњо дар хизмати шањрвандї бо њамин ном дар моддаи 64-и Ќонуни федералї «Дар бораи хизмати давлатии шањрвандии Федератсияи Россия»1 низ танзим шудааст, ки он аз њатмї будани принсип ва муќаррароти муайяннамудаи Ќонуни федералї «Оид ба низоми хизмати давлатии Федератсияи Россия» барои тамоми намудњои хизмати давлатии Федератсияи Россия шањодат медињад. Дар банди 3 ин модда омадааст, ки захираи кадрњо барои:

1)ишѓоли мансаби холии хизмати шањрвандї дар маќомоти давлатї бо тартиби болоравии мансабии хизматчии шањрвандї; 2)ишѓоли мансаби холии хизмати шањрвандї дар дигар маќомоти давлатї бо тартиби болоравии мансабии хизматчии шањрвандї; 3)мансаби хизмати шањрвандї, ки таъин ва аз онњо озод кардани хизматчиёни шањрвандї аз тарафи Президенти Федератсияи Россия ва Њукумати Федератсияи Россия ба амал бароварда мешавад.

Ба ѓайр аз ин, дар њолатњои ба иродаи тарафњо вобаста набудаи аз кор озодшавї (ваќти ба хизмати њарбї даъват намудан), хизматчии шањрвандї дар фењристи хизматчиёни давлатии шањрвандї дахлдор боќї монда, дар захираи кадрњо дохил карда мешавад. Чуноне ки дида мешавад, маќсади ташкили захираи кадрњо дар хизмати шањрвандии Федератсияи Россия васеъ буда, он на танњо аз ишѓоли сариваќтии мансабњои холии хизмати шањрвандї, балки аз нигоњ доштани хизматчии шањрвандии дар хизмат набуда низ иборат мебошад. Ин њолат аз ањамияти муњими ин институти идоракунии њайат дар ташаккули њайати идоракунандагон шањодат медињад.

Дар Ќонуни Эстония оид ба хизмати сиёсї (публичная служба) маќсади ташкили захираи кадрњо бо номи «Маќсади ташаккули захираи амалдорон» дар моддаи 136 мавриди танзим ќарор дода шудааст. Тибќи он маќсади ташаккули захираи амалдорон аз инњо иборат аст:

1) ќабул кардани номзадњо барои амалдорї дар муассисањои

давлатї ва мунитсипалї;

2) љустуљўи љойи хизмат ба сифати амалдори давлатї ва

мунитсипалї барои шахсоне, ки дар хизмат нестанд, лекин дар асо

си карори комиссияњои озмунї ва аттестатсионї ба захира дохил

карда шудаанд;

3) љустуљўи љойи хизмати нав ба сифати амалдори давлатї ва

мунитсипалї барои шахсони аз мансабњои сиёсї озодшуда.

Аз талаботи моддаи зикршуда бармеояд, ки маќсади ташаккули

захираи амалдорон дар Эстония нисбатан васеътар буда, он бо се маќсад ташаккул дода мешавад:

1 Новое в законодательстве о государственной службе. Федеральный закон Рос

сийской Федерации «О государственной гражданской службе Российской Феде

рации» от 27 июля 2004 года,№79-ФЗ. М. 2005. Омега. С.53.

-якум, барои сариваќт ишѓол намудани мансабњои холигаштаи

амалдорони давлатї дар муассисањои давлатї ва мунитсипалї;

-дуюм, барои љобаљогузории шахсоне, ки амалдорони давлатии муассисањои давлатї ва мунитсипалї нестанд, лекин тавассути карорњои комиссияњои озмунї ва аттестатсионї барои амалдор шудан ба захира дохил карда шудаанд; -сеюм, барои љобаљогузории шахсоне, ки онњо амалдорони давлатии муассисањои давлатї ва мунитсипалї буда, бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Эстония бо сабабњои гуногун аз мансабњо озод карда шуданд.

Дар аввалин Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» (1998) захираи кадрњо бо номи «захираи кадрњои хизмати давлатї» дар моддаи 19-и он мавриди танзим ќарор гирифта, дар ќисми якуми ин модда маќсади ин институт чунин арзёбї гардидааст: «Дар маќомоти давлатї барои сари ваќт ишѓол намудани мансабњои холигаштаи хизматчиёни давлатии хизмати давлатї, њамчунин барои таъмини пешрафти хизматии хизматчиёни давлатї захираи кадрњо таъсис дода мешавад».

Аз ин модда бармеояд, ки маќсад аз ташкили захираи кадрњои хизмати давлатї дар Љумњурии Тољикистон аз ду чиз иборат буд:

1) сари ваќт ишѓол намудани мансабњои холигаштаи хизматчиёни давлатии хизмати давлатї;

2) таъмини пешрафти хизматии хизматчиёни давлатї. Бояд зикр кард, ки аз ин ду маќсад набудани таљрибаи танзими масъалањои вобаста ба хизмати давлатї, кадрї ва захираи кадрњо баръало эњсос мешавад, зеро маќсадњо аввалан пурра нестанд ва баъдан захираро инъикос карда, моњияти онро кушода натавонистанд.

Маќсади ташаккули захираи кадрњои хизмати давлатї баъдтар то дараљае дар банди 2 Низомномаи захираи кадрњои хизмати давлатї1 васеътар пешбинї гардид. Мувофиќи ин банд захираи кадрњо бо маќсадњои зерин ташкил карда мешавад: -сариваќт ишѓол намудани мансабњои холигаштаи давлатии хизмати давлатї; -мукаммалгардонии њайати роњбарикунандаи маќомоти давлатї

1 Бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон №114 аз 24 июли соли 2003

тасдиќ шудааст.

бо кадрњои тайёр, ташаббускор;

-таъмини пешрафти хизматии хизматчиёни давлатї;

-мувофиќати бефосилагии хизмати давлатї бо мутасиллї ва ивазшавии кадрњои он.

Дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» (2007 ду ќисми аввали моддаи 26-и он ба маќсади ташаккули захираи кадрњои хизмати давлатї бахшида шудааст. Мувофиќи ин ќисмњо:

«1.Захираи кадрњои хизмати давлатї бо маќсади татбиќи сиёсати давлатии кадрњо, ки ба ташкили низоми босамар ва шаффофи идоракунии њайати шахсии хизмати давлатї, таъмини муносибатњои демократї ва риояи афзалияти иљтимої нигаронида шудааст, ба роњ монда мешавад.

2.Дар маќомоти давлатї барои сари ваќт ишѓол намудани мансабњои холии давлатии хизмати давлатї, њамчунин барои таъмини баландравии мансабии (карераи) хизматчиёни давлатї захираи кадрњо таъсис дода мешавад».

Бояд зикр кард, ки агар маќсади ташкили захираи кадрњои дар ќисми 2 моддаи 26 пешбинишуда бо маќсадњои дар пеши худ гузоштаи Ќонуни хизмати давлатии соли 2007 пурра мувофиќат намояд, маќсади дар пеши худ гузоштаи ќонунгузор, ки дар ќисми якуми моддаи 26 пешбинї шудааст, меъёри хусусияти декларативї мебошад. Тибќи банди 2 Низомнома дар бораи захираи кадрњои хизмати давлатии Љумњурии Тољикистон1 «захираи кадрњои хизмати давлатї бо ду маќсад: таъмини болоравии мансаби хизматчиёни давлатї ва сари ваќт ишѓол намудани мансабњои холии маъмурї ташкил карда мешавад.

Њамин тариќ, аниќ муайян намудани маќсади ташаккули захираи кадрњо барои танзими њуќуќии ин институти идоракунии њайат ањамияти аввалиндараљаро пайдо мекунад. Дар њолате, ки маќсад муайян нест, дигар унсурњои вобаста ба ташаккули захираи кадрњоро, аз ќабили принсипњои ташаккули захира, њайати сифатие, ки ба захира дохил карда мешавад, механизми татбиќи захира, мўњлате, ки захира бояд амалї карда шавад, танзими воќеии худро намеёбанд.

Дар ин раванд чизи муњиме, ки бояд аз мадди назари субъекти меъёрэљодкунанда дур набошад, ин ба таври возењ муайян намудани зарур будан ё зарур набудани захираи кадрњо мебошад.

1 Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон «Оид ба тасдиќи Низомнома дар бораи захираи кадрњои хизмати давлатии Љумњурии Тољикистон» аз14 январи

соли 2010 №756.


Дар ваќти итминони комил пайдо кардан ба мављудияти захираи кадрњо, маќсади он бояд бо назарошти талаботи љомеа ва маќомоти давлатї бо кадрњои баландихтисос, соњибмаърифат ва соњибкасб, тањлили вазъияти кадрї, раванди таъин ва аз мансабњо озод шудани кадрњо, мўњлати наздиктарини (нињої) ротатсияи кадрњо, теъдоди мансабњои роњбарикунанда, мавќеи озмун дар пурра кардани мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї ва талаботи ќонунгузории хизмати давлатї аз љињати илмї асоснок пешнињод карда шаванд.

Самаранок ба роњ мондан, ташкил ва истифодаи институти захираи кадрњо дар таъмини талаботи љомеа ва давлат наќши муњим мебозад ва барои њадафњои зерин мусоидат мекунад:

-сари ваќт ќаноатбахш гардонидани талаботи иловагии дастгоњи давлатї ба кадрњои хизмати давлатї;

-интихоби сифатнок ва тайёркунии маќсадноки номзадњо барои пешбарї ба мансабњои давлатї;

-мањдуд намудани давраи одаткунии (адаптатсия) кадрњое, ки нав ба мансабњои баланди давлатї ва ѓайридавлатї таъин мегарданд;

-баланд бардоштани касбият ва бењтар намудани њайати хизматчиёни давлатї;

-љобаљогузории дурусти кадрњо дар асоси тайёрии кофї, дастовардњои хизматї ва сатњи баланди касбї;

-фаъолияти мўътадили маќомоти давлатї ва дар маљмўъ дастгоњи давлатї.


 

 

 

 

 


ЌАРОРЊОИ

 

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ



ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

 

 

 

 

Ќарори

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Оид ба дархости Њизби нањзати исломии Тољикистон «Дар бораи муайян намудани мувофиќати ќисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» ва ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон аз 25 майи соли 2009 тањти №122 ба ќисми њафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе                                               8 декабри соли 2009

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., судяњои Суди конститутсионї Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М. М., Каримов К. М. ва Назаров М., бо иштироки котиби маљлиси судї Одинаева Р.Р.,

тарафњо:

а) М. Кабирї- Раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст;

б) Ватанов М.М.-намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Мењмон Бахтї-намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Мирзоев Х.Б. намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї намояндагони тарафе, ки санади меъёрии њуќуќии ќабул, љонибдорї ва имзонамудаи онњо мавриди бањс карор дода шудааст;

в) Додољонов Муњибулло - Роњбари Дастгоњи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон- тарафе, ки санади ќабул ва татбиќнамудаи он мавриди бањс ќарор дода шудааст

.Даъватшудагон:

Нуралиев Абдулњамид - Муовини Прокурори генералии

Љумњурии Тољикистон, Ќодиров Тоњир Ќамарович - судяи Суди

Олии Љумњурии Тољикистон, Холиќзода Љонибек-Сардори Сарраёсати ќонунгузории Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон, Олимов Мадиброњим - Сардори Раёсати Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон, дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар маљлиси ошкорои Суди конститутсионї парвандаро аз рўи дархости Њизби нањзати исломии Тољикистон «Дар бораи муайян намудани мувофиќати ќисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» ва ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон аз 25 майи соли 2009 тањти №122 ба ќисми њафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, маърўзаи муовини Раиси Суди конститутсионї Назаров М., баёноту хулосаи тарафњо ва баромадњои иштирокчиёни мурофиаро шунида, маводи пешнињодшуда ва дигар њуљљатњоро тањќиќ намуда,


м у а й я н к а р д:

Раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон М. Кабирї бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, нишон медињад, ки бо Ќарори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 22 апрели соли 2009 ваколати вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Муњаммадшариф Њимматзода бинобар ба истеъфо рафтанаш ќатъ карда шуд. Ў њамчун Раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон, бо назардошти ќарори Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон, ки баъди интихоботи 27 феврали соли 2005 ба њизби онњо ду мандат људо карда шуда буд, ба Комиссияи зикршуда мурољиат намуда, хоњиш кардааст, ки мандати вакили ба истеъфорафта ба номзади навбатии дар рўйхат баъд аз вакилони интихобгардида ќарордошта дода шавад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон дар номаи љавобии худ аз 28 апрели соли 2009 №141 бинобар сабаби камтар аз як сол мондани ваколати Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон додани мандати вакилиро ба номзади дар рўйхат баъд аз интихобшудагон ќарордошта номумкин шуморида, ба ў тавсия додааст, ки барои бартараф кардани гуногунфањмї ва тафсири моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» ба маќоми санади меъёрии њуќуќиро ќабулкарда, яъне ба Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон мурољиат намояд.

Кумитаи Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба сохтори давлатї ва худидораи мањаллї рўзи 21 майи соли 2009 мурољиати ўро баррасї намуда, тибќи протоколи №63 ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистонро ба талаботи ќонунгузорї мувофиќ њисобидааст. Комиссия марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон хулосаи Кумитаи Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистонро дастрас намуда, бо ќарори худ аз 25 майи соли 2009 №122 бо назардошти ќисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон», ки тибќи он «агар аъзои Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намояндагон камаш як сол пеш аз ќатъи ваколати Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон ваколаташ ќатъ шуда бошад, интихоботи нави аъзои Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намояндагон ба љои вакили ваколаташ ќатъгардида гузаронида намешавад» талаби њизбро дар хусуси додани мандати вакилї ба номзади навбатї рад намуда, ба Раиси њизб фањмондааст, ки ў њуќуќ дорад ќарори Комиссияро ба Суди Олии Љумњурии Тољикистон шикоят намояд.

Суди Олии Љумњурии Тољикистон низ шикояти Њизби нањзати исломии Тољикистонро баррасї намуда, бо њалномаи худ аз 1 июни соли 2009 ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистонро аз 25 апрели соли 2009 №122 ќонунї њисобида, шикояти њизбро рад кардааст.

Ба андешаи М. Кабирї, масъалаи пеш аз мўњлат ќатъ гардидани ваколати вакилони дар натиљаи таќсимоти мандатњои вакилї дар байни њизбњои сиёсї интихобгардида, инчунин додани мандати онњо ба номзади баъд аз онњо дар рўйхати дахлдори њизбњо ќарордошта дар ќисми дуюми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» мавриди танзим ќарор дода шуда, муќаррароти ќисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии зикршуда на ба вакилони аз њавзаи интихоботии ягонаи умумиљумњуриявии аз њисоби њизбњои сиёсї интихобшуда, балки ба интихоби вакилоне дахл дорад, ки онњо аз њавзањои якмандата интихоб карда шуданд. Бинобар ин, ў аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон талаб менамояд, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз намуда, мутобиќати ќисми чорум ва умуман моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» ва ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон аз 25 майи соли 2009 №122-ро ба ќисмњои якум ва њафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости пешнињоднамудаи Раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон М. Кабириро тањлил намуда, ќайд менамояд, ки тибќи Конститутсия дар Тољикистон халќ баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї буда, онро бевосита ё бавоситаи вакилони худ амалї менамояд ва ифодаи олии бевоситаи њокимияти халќ раъйпурсии умумихалќї ва интихобот мебошад. Муќаррароти зикршудаи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз талаботи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон, аз љумла моддаи 21 Эъломияи умумии њуќуќи башар сарчашма мегирад, ки тибќи он:

«1.Њар як инсон њаќ дорад, бевосита ё бавоситаи намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, дар идораи корњои кишвари худ ширкат намоянд. 3. Иродаи халќ бояд асоси њокимияти њукумат бошад; ин ирода ба воситаи интихоботи давра ба давра ва бидуни сохтакорї, ки дар сурати мављудияти њаќќи интихоботи умумї ва бо роњи овоздињии пинњонї ё тавассути шаклњои дигари овоздињии озодонаро таъмин менамоянд, ба амал бароварда мешавад.»

Бо назардошти талаботи санадњои зикргардида, шањрвандони Тољикистон њуќуќ доранд, ки аз синни муќаррарнамудаи ќонунгузорї дар райъпурсии умумихалќї иштирок ва шахсони арзандаи мамлакатро ба сифати намояндагони худ ба маќомоти дахлдори давлатї интихоб намоянд ва дар навбати худ онњо низ ба мансабњои дахлдори давлатї интихоб гардида, намояндагии ќисмати дахлдор ва дар маљмўъ тамоми халќи Тољикистонро ба амал бароранд.

Аз ин рў, гузаронидани интихоботи умумї, баробар, мустаќим, бо роњи овоздињии пинњонї, шафоф, давра ба давра ва бидуни сохтакорї, ки аз талаботи љомеаи демократию њуќуќбунёд бармеоянд, аз љумлаи муњимтарин арзишњо ва дастовардњои сиёсию њуќуќии инсоният ба шумор мераванд. Ин принсипњо ва муќаррарот, ки заминаи асосии санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи љомеаи љањонї, аз љумла низоми њуќуќии Тољикистонро дар масъалаи интихобот ташкил медињанд, дар Конститутсия ва як ќатор ќонунњои конститутсионии Љумњурии Тољикистон пешбинї гардидаанд.

Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар моддаи 49 асосњои ташкилию њуќуќии интихоботи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Точикистонро эълон намуда, дар ќисми њафтуми моддаи мазкур танзими њуќуќии шумораи аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагон, тартиби интихоби онњо, тартиби интихоб нашудан ва мувофиќ набудани ваколати аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагонро ба ќонуни конститутсионї њавола кардааст.

Бо назардошти талаботи Конститутсия Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 10 декабри соли 1999 №856 «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» асосњои ташкилию њуќуќии интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистонро муайян намуда, дар он принсипњои асосии       гузаронидани интихобот, ташкили комиссияњои интихобот, пешбарї, баќайдгирї ва кафолатњои фаъолияти номзадњо, ташкил ва тартиби овоздињї, инчунин љамъбасти натиљањои интихоботро танзим менамояд. (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон соли 1999, №12, мод. 296; 2004, №7, мод.451; соли 2007, №5, мод.352; соли 2008, №10, мод.797).

Њамин тариќ, интихоби аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагон ин ифодаи иродаи халќи Тољикистон арзёбї гардида, он татбиќи бевоситаи њуќуќњои конститутсионии шањрвандони Љумњурии Тољикистон ба интихобот ва тавассути намояндагони интихобнамудаи худ иштирок намудан дар корњои идоракунии давлат ва љомеа мебошад.

Суди конститутсионї ќисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии зикршудаи боиси бањси тарафњо ќарордодашударо, ки нагузаронидани интихоботи нави аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагонро ба љои аъзо ва вакилони ваколаташон бинобар сабаби аз як сол камтар мондани ваколати Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон ќатъгардидаро танзим менамояд, дар пайвастагї бо меъёрњои дахлдори Конститутсия, матни пурраи моддаи 57, ки гузаронидани интихоботи нави аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагонро ба ивази аъзо ва вакилони хориљшуда муайян мекунад, мавриди тањлил ќарор дода, ќайд менамояд, ки он ба ќисми якум ва ќисми њафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолифат надорад.

Суди конститутсионї ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистонро аз 25 майи соли 2009 №122 низ њаматарафа тањлил намуда, ќайд менамояд, ки тибќи талаботи моддаи 20 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» муайян намудани ќонунї ва асоснокии он ба салоњияти Суди Олии Љумњурии Тољикистон вогузор карда шудааст.

Аз ин рў, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо назардошти талаботи банди 9-и ќисми дуюми моддаи 46 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» бинобар ба салоњияташ мансуб набудани баррасии масъалаи мазкур, нисбати ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон мурофиаи судии конститутсиониро ќатъ менамояд. Суди конститутсионї, инчунин ќайд менамояд, ки тибќи талаботи банди 3 ќисми 4 моддаи 68 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 26 марти соли 2009 № 506 «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон (дар ќироати дуюм ќабул шудааст) соли 2009, №3, мод. 99) Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон метавонад бо ќарори худ барои ќонунњои конститутсионї, кодексњо, ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон тафсири расмї дињад.

Аз ин рў, Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистонро зарур аст, ки дар сурати ба ў мурољиат намудани шахсон ва маќомоте, ки њуќуќи пешнињод намуданро оид ба до дани тафсири Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ќонунњои конститутсионї ва ќонунњои Љумњурии Тољикистонро доранд, тибќи талаботи ќонунгузории амалкунанда тафсири расмї дода, ба татбиќи дурусти санадњои ќабулнамудаи худ мусоидат намояд.

Дар асоси гуфтањои боло ва мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14, 32, 36, 37, 46-48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќ а р о р м е к у н а д:

1. Ќисми чорум ва умуман моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» ба ќисмњои якум ва њафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мебошанд.

2. Мурофиаи судии конститутсионї оид ба муайян намудани мутобиќати Ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон аз 25 майи соли 2009 №122 ба ќисми њафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон бинобар ба салоњияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мансуб набуданаш ќатъ карда шавад.

3. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш эътибор пайдо мекунад.

4. Ќарори мазкур дар «Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон», рўзномањои «Љумњурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

М.Мањмудов


Котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

К. Каримов



 


ТАЪИНОТЊОИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


Т А Ъ И Н О Т И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Бобомуродова Ш. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати њалномаи Суди ноњияи Љалолиддини Румї аз 12 ноябри соли 2009 ва таъиноти Коллегияи судї оид ба парвандањои шањрвандии Суди вилояти Хатлон ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва моддањои 215, 220, 221, 222 ва 321 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон»


шањри Душанбе 1 феврали соли 2010


Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., судяњои Суди конститутсионї Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М., Каримов К.М. ва Назаров М., бо иштироки котиби маљлиси судї Одинаева Р., дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши судяњои Суди конститутсионї Абдуллоев А.А. ва Абдуллоев Л.И.-ро оид ба дархости шањрванд Бобомуродова Ш. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати њалномаи Суди ноњияи Љалолиддини Румї аз 12 ноябри соли 2009 ва таъиноти Коллегияи судї оид ба парвандањои шањрвандии Суди вилояти Хатлон ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва моддањои 215, 220, 221, 222 ва 321 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон»-ро шунида,


м у а й я н к а р д:

Бобомуродова Ш. ба Суди конститутсионї бо дархост мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки ў соли 1988 бо Назаров Абдусалом акди никоњи мусулмонї баста, оила барпо намуд. Аз њаёти якљояашон бо Назаров А. соњиби 2 фарзанд мебошад. Дар ваќтибарпо намудани оила на ў ва на шавњараш хонаи истиќоматї надоштанд. Иљоранишинї ва зистан дар хонаи падару бародаронаш ба онњо душворї пеш овард. Бинобар ин, ў соли 1991 аз њисоби пасандозњои љамъкардаи худ ва аз њисоби кўмакњои ба ў расондаи падару бародаронаш дар маблаѓи 5 њазор рубли даврони шўравї дар дењаи Мањнатободи Љамоати дењоти Узуни ноњияи Љалолиддини Румї хонаи истиќоматї харида, дар он то имрўз зиндагї дорад.

Дар охири соли 2008 муносибати оилавии онњо бад шуда, ба људошавии онњо оварда расонид. Дар асоси аризаи даъвогии Назаров А. Суди ноњияи Љалолиддини Румї бо њалномаи худ аз 12 ноябри соли 2009 ўро аз хонаи истиќоматиаш бароварда, дар дењаи Саноати Љамоати дењоти Узун дар хонаи харидаи шавњараш маскун намуд.

Аризаи ба муќобили аризаи даъвогии шавњараш Назаров А. пешнињодкардаи ўро Суди ноњияи Љалолиддини Румї каноатбахш нагардонд.

Коллегия оид ба парвандањои шањрвандии Суди вилояти Хатлон шикояти кассатсионии ўро аз болои њалномаи Суди ноњияи Љалолиддини Румї низ бе ќаноат мононд.

Бобомуродова Ш. њалномаи Суди ноњияи Љалолиддини Румї ва таъиноти Коллегия оид ба парвандањои шањрвандии Суди вилояти Хатлонро беасос ва ѓайриќонунї њисобида, аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон талаб намуд, ки мутобиќати санадњои зикршудаи судиро ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва моддањои 215, 220, 221, 222 ва 321 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархост ва маводи пешнињодшударо њаматарафа омўхта, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати он бо сабабњои зерин рад намуд: Талаби дар дархости Бобомуродова Ш. пешнињодшуда ба салоњияти Суди конститутсионї дахл надорад, зеро тибќи талаботи ќисми 3 моддаи 14 ва банди 6 моддаи 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» шањрвандон оид ба вайронкунии њуќуќу озодињои конститутсиониашон вобаста ба ќонун ва дигар санади татбиќшуда ё татбиќшаванда дар муносибати мушаххаси њуќуќї, инчунин ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мутобиќ будани ќонун, дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии Пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар парвандаи мушаххаси аз тарафи суд нисбаташон татбиќшуда, њуќуќ доранд ба Суди конститутсионї мурољиат намоянд.

Санљиши асоснокию ќонунии њалномаву таъинот ва дигар санадњои судї ба салоњияти Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва маќомоти прокуратураи Љумњурии Тољикистон дохил мешавад. Аз тарафи дигар шакл ва мазмуни дархости мурољиаткунанда низ ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќ нест.

Дар асоси њолатњои нишондодашуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Бобомуродова Ш. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати њалномаи Суди ноњияи Љалолиддини Румї аз 12 ноябри соли 2009 ва таъиноти Коллегияи судї оид ба парвандањои шањрвандии Суди вилояти Хатлон ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва моддањои 215, 220, 221, 222 ва 321 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон» бинобар ба салоњияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дахл надоштанаш рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

 

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

М. Мањмудов


Котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости намояндаи ваколатдори Ниёзов М.В.- адвокат Шукуров Х. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати њукми Суди ноњияи И.Сомонї аз 25 ноябри соли 2008 ва таъиноти Коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии Суди шањри Душанбе аз 4 феврали соли 2009 ба моддањои 1, 5, 10, 14, 17, 84, 87 ва 93 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»


шањри Душанбе 1 феврали соли 2010

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М., Каримов К.М. ва Назаров М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Одинаева Р.,

дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши судяњо Абдуллоев А.А. ва Абдуллоев Л.И.-ро оид ба дархости намояндаи ваколатдори Ниёзов М.В.- адвокат Шукуров Х. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати њукми Суди ноњияи И.Сомонии шањри Душанбе аз 25 ноябри соли 2008 ва таъиноти Коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии Суди шањри Душанбе аз 4 феврали соли 2009 ба моддањои 1, 5, 10, 14, 17, 84, 87 ва 93 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Намояндаи ваколатдори мањкумшуда Ниёзов М.В.- адвокат Шукуров Х. ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо дархост мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки Суди ноњияи И.Сомонии шањри Душанбе бо њукми худ аз 25 ноябри соли 2008 Ниёзов М.-ро барои дуздидани молу мулки шахсии Каримов И. ба маблаѓи 7650 сомонї бо моддањои 244 ќисми 3 банди «а», 250 ќисми 3 банди «г» ва моддаи 339 ќисми 2 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон ба мўњлати 13 солу 6 моњ аз озодї мањрум намуд.

Коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии Суди шањри Душанбе бо таъиноти худ аз 4 феврали соли 2009 њукми Суди ноњияи И.Сомонии шањри Душанберо бо моддаи 250 ќисми 3 банди «г»-и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон таѓйир дода, мўњлати љазоро аз љои 13 солу 6 моњ то ба 10 сол кам намуда, ќисми дигари шикояти касатсионии ўро дар хусуси бегуноњии Ниёзов М.В беќаноат мононд.

Ба андешаи Шукуров Х. дар рафти тафтишоти пешакї ва мурофиаи судї айби ба зерњимояи ў Ниёзов М. бо моддањои 244 ќисми 3 банди «а» ва 250 ќисми 3 банди «г» эълоншуда тасдиќи худро наёфт, зеро кормандони милитсия бо роњи фишору зўроварї ва расонидани чорањои љисмонї айби сохтаро ба Ниёзов М. бор карданд. Бинобар ин, ў њукми Суди ноњияи И.Сомонии шањри Душанбе аз 25 ноябри соли 2008 ва таъиноти Коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии Суди шањри Душанберо аз 4 феврали соли 2009 беасос ва ѓайриќонунї њисобида, аз Суди конститутсионї талаб намуд, ки мутобиќати онњоро ба моддањои 1, 5, 10, 14, 17, 84, 87 ва 93 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян намуда, онњоро њамчун санадњои судии ба Конститутсия мухолиф аз эътибор соќит донад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархост ва маводи пешнињодшударо њаматарафа омўхта, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати он бо сабабњои зерин рад намуд:

Талаби дар дархости адвокат Шукуров Х. пешнињодшуда ба салоњияти Суди конститутсионї дахл надорад, зеро тибќи талаботи ќисми 3 моддаи 14 ва банди 6 моддаи 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» шањрвандон оид ба вайронкунии њуќуќу озодињои конститутсиониашон вобаста ба ќонун ва дигар санади татбиќшуда ё татбиќшаванда дар муносибати мушаххаси њуќуќї, инчунин ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мутобиќ будани ќонун, дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии Пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар парвандаи мушаххаси аз тарафи суд нисбаташон татбиќшуда, њуќуќ доранд ба Суди конститутсионї мурољиат намоянд.

Санљиши асоснокию ќонунии њалномаву таъинот ва дигар санадњои судї ба салоњияти Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва маќомоти прокуратураи Љумњурии Тољикистон дохил мешавад.

Аз тарафи дигар шакл ва мазмуни дархости мурољиаткунанда низ ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии ЉумњурииТољикистон» мувофиќ нест.

Дар асоси њолатњои нишондодашуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости намояндаи ваколатдори Ниёзов М.В.- адвокат Шукуров Х. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати њукми Суди ноњияи И.Сомонї аз 25 ноябри соли 2008 ва таъиноти Коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии Суди шањри Душанбе аз 4 феврали соли 2009 ба моддањои 1, 5, 10, 14, 17, 84, 87 ва 93 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар ба салоњияти Суди конститутсио нии Љумњурии Тољикистон дахл надоштанаш рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

 

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

М. Мањмудов


Котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

К. Каримов

НАВИДЊОИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


25 марти соли 2010 Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. Њамоњангсози барномањо дар Осиёи Марказї-и Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути њуќуќ (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо) љаноби Сергей Кузнетсовро ба њузур пазируфт.

Зимни сўњбат тарафњо оид ба мавќеъ ва наќши маќомоти назорати конститутсионї дар низоми њокимияти давлатї, рушди минбаъдаи ин нињоди муњими сиёсию њуќуќї, фаъолияти Комиссияи Венетсианї дар самти њамкорињо бо маќомоти назорати конститутсионии давлатњои аъзо ва мушоњидачї, наќшањои фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, аз љумла оид ба конференсияи байналмиллалї бахшида ба 15-солагии таъсисёбии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки моњи ноябри соли равон дар шањри Душанбе баргузор мегардад, ибрози андеша намуданд.

Тарафњо вохўриро судманд арзёбї намуда, љонибдории худро оид ба вусъат додани њамкорињо (миёни маќомоти худ) изњор намуданд.

Дар вохўрї судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон А. Абдуллоев ва К.Каримов њузур доштанд. 12 марти соли 2010 Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон љињати иљрои Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 12 январи соли 2008 №АП-467 ва ба муносибати Иди Наврўз ба 25 нафар тарбиягирандагони мактаб-интернати љумњуриявии шунавоиашон суст ва деркаршудаи шањраки Сомониёни ноњияи Рўдакї ба маблаѓи 2000 сомонї кўмаки хайрия дар шакли маводи хўрока ва сару либос расониданд.

Инчунин Суди конститутсионї оилаи камбизоати Љонмањмадов Љамшед ва Назарова З., ки дар суроѓаи ш.Душанбе, ноњияи Фирдавсї, кўчаи Дењотї 21/3 њуљраи 50 истиќомат карда, њарду инвалиди гурўњи дуюм мебошанд ва дар тарбияашон кўдаки то яксола доранд, ба шефї гирифтааст.

18 феврали соли 2010 Хулосаи (резюме) Ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон оид ба дархости Њизби нањзати исломии Тољикистон «Дар бораи муайян намудани мувофиќати ќисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» ва Ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон аз 25 майи соли 2009 тањти №122 ба ќисми 7 моддаи 49 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бо забони англисї дар сомонаи интернетии (сайти) Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути њуќуќ (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо) http://www.venice.coe.int/asia/ ASIA_guidelines.htm љой дода шуд.

12 январи соли 2010 Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. Сафири фавќуллода ва мухтори Франсия дар Тољикистон љаноби Анри Зиппер де Фабианиро ба њузур пазируфт.

Зимни сўњбат, тарафњо оид ба мавќеъ ва наќши маќомоти назорати конститутсионї дар низоми њокимияти давлатї ва рушди минбаъдаи ин нињоди муњими сиёсию њуќуќї ибрози андеша намуданд.

Бо вазифа, салоњият ва фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон шинос шуда, Љаноби сафир дар бораи Шўрои конститутсионии Франсия, ки бештар аз ду аср фаъолият дорад, маълумоти муфассал дод. Мавсуф ќайд намуд, ки чунин нињоде, ки њифзи Конститутсия ва таъмини волоияти онро ба ўњдадорад, дар низоми давлатњои демократї, аз љумла дар Франсия љойи махсусро ишѓол менамояд ва онро «дили демократия» номид. Аз ин рў, мамлакаташ ба рушди назорати конститутсионї диќќати љиддї медињад ва дар ин маќоми олї мутахассисони варзида ва донишманд фаъолият менамоянд. Тарафњо вохўриро судманд арзёбї намуда, љонибдории худро оид ба вусъат додани њамкорињо миёни маќомоти назорати конститутсионии ду давлат изњор намуданд. Дар вохўрї Муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон М. Назаров њузур дошт.

8 декабри соли 2009 дар маљлиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон парванда аз рўи дархости Њизби нањзати исломии Тољикистон «Дар бораи муайян намудани мувофиќати ќисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» ва Ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон аз 25 майи соли 2009 тањти №122 ба ќисми

7 моддаи 49 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї гардид. Дар кори он намояндаи ваколатдори Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, њамчунин намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољи кистон, Суди Олї, Прокурори генералї ва Вазорати адлия иштирок намуданд. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалаи мазкурро њаматарафа барасї намуда, ќарор ќард, ки ќисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон», ки тибќи он «агар аъзои Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намояндагон камаш як сол пеш аз ќатъи ваколати Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон ваколаташ ќатъ шуда бошад, интихоботи нави аъзои Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намояндагон ба љои вакили ваколаташ ќатъгардида гузаронида намешавад» ва умуман моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» ба ќисмњои якум ва њафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мебошад.

Суди конститутсионї Ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистонро аз 25 майи соли 2009 №122 низ њаматарафа тањлил намуда, бинобар ба салоњияти он мансуб набудани баррасии масъалаи мазкур, нисбати ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон мурофиаи судии конститутсиониро ќатъ намуд.

26 ноябри соли 2009 Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М. А. намояндаи мушовири ЮНИСЕФ хонум Рейчел Харвейро ба њузур пазируфт.

Дар рафти сўњбат тарафњо оид ба рушди минбаъдаи ќонунгузории оила дар Тољикистон, даровардани таѓйиру иловањо ба Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон, таъсис додани судњои оилавї, тањкими муносибатњои њуќуќи оилавї, аз ќабили никоњу талоќ ва наќши Суди конститутсионї дар њифзи оила ва њуќуќу озодињои модару кўдак ибрози назар намуданд.

Дар вохўрї Муовини Раиси Суди конститутсионї М. Назаров ва судя А. Абдуллоев њузур доштанд.

Аз 14 то 24 ноябри соли 2009 судяњои Суди конститутсионї дар асоси Созишнома миёни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Федеративии Германия оид ба њамкорињои техникї аз 27 марти соли 2003, дар доираи Лоињаи «Дастгирии ислоњоти њуќуќї ва судї дар мамлакатњои Осиёи Марказї», њамчунин тибќи дастури Президенти Љумњурии Тољикистон дар хусуси ба роњ мондани такмили ихтисоси судяњои судњои Љумњурии Тољикистон дар дохил ва хориљи кишвар, ки рўзи 13 сентябри соли 2009 зимни ба вазифањои судягї таъин намудани шањрвандони љумњурї таъкид ёфта буд, аз Љумњурии Федеративии Германия сафари хизматї анљом доданд.

Зимни сафар бо фаъолияти Суди Аврупо оид ба њуќуќи инсон, Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути њуќуќ, Идораи марказии Маркази техникии Олмон, Суди федералии конститутсионї, Суди федералии маъмурї ва Суди конститутсионии замини шањри Берлин шиносої пайдо намуданд.

Дар мизњои мудавваре, ки дар судњои зикршуда бо иштироки судяњои Суди Аврупо, коршиносони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, судяњои Германия ва судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Ќиргизистон баргузор гардиданд, аз љониби судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон асосњои сохтори конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамчун давлати демократию њуќуќбунёд, самтњои афзалиятноки сиёсати дохилию хориљї ва дигар сохторњои муњими давлатдорї, аз ќабили Суди конститутсионии дорои салоњияти муосир мавриди муаррифї ќарор гирифтанд.

Судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, њамчунин бо Котиби генералии Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути њуќуќ (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо) љаноби Джианни Букикио вохўрї анљом доданд.

Дар ин сафар судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро хамкорони онњо судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Ќиргизистон њамроњї доштанд. 4 ноябри соли 2009 дар Суди конститутсионии Љумњурии

Тољикистон бахшида ба 15-умин солгарди Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон маросими муаррифии нашрияи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо номи «Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ва Сомонаи интернетии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Прокурори генералї, Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон, Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон, Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти Љумњурии Тољикистон, намояндагони сафорату консулгарињои хориљии муќими Тољикистон, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, инчунин созмонњои љамъиятї иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон М. А. Мањмудов, њусни ифтитоњ бахшида, ќайд кард, ки нашри Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба љашни 15-солагии Конститутсияи мамлакат рост омад. Мундариљаи он аз маќолаю маърўза ва баромадњои Президенти мамлакат мўњтарам Эмомалї Рањмон, маќолањои судяњои Суди конститутсионї, олимон, њуќуќшиносон ва мутахассисони соњаи њуќуќ, санадњои Суди конститутсионї ва инъикоси фаъолияти касбии он иборат мебошад. Он дар пешрафти маърифати њуќуќии љомеаи Тољикистон, такмили ќонунияти конститутсионї ва рушди њокимияти судї наќши муњим хоњад бозид.

Баъдан, Директори Барномањои Шўъбаи ташкилоти байналмилалии Иниститути «Љомеаи Кушода»-и Тољикистон К. Обидов ва дигарон њозиринро ба маросими муаррифии нашрия ва сомонаи Суди конститутсионї табрик намуданд. Онњо ќайд намуданд, ки Ахбори Суди конститутсионї бори аввал нашр гардида, сомонаи Суди конститутсионї дар низоми маќомоти њокимияти судї нахустин мебошад ва он бояд дар боло рафтани обрўю нуфузињокимияти судї наќши арзанда бозад. Сипас Судя - котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон К. Каримов иштирокчиёни муаррифиро бо сохтор ва таркиби Сомонаи интернетии Суди конститутсионї шинос намуд.


Мундариља

Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон ба муносибати 15-умин солгарди ќабули Конститутсияи Тољикистон 5-уми ноябри соли 2009.................................. 5

Сотиволдиев Р.Ш. Тафсири Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар робита бо мафњумњои илмии он.......................................22

Каримов К.М. Мафњум, моњият, функсия ва маќсади ташаккули захираи кадрњо дар хизмати давлатї......................................32

Ќарорњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1) Оид ба дархости Њизби нањзати исломии Тољикистон «Дар бораи муайян намудани мувофиќати ќисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» ва ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон аз 25 майи соли 2009 тањти №122 ба ќисми њафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарќонуни)Љумњурии Тољикистон» аз 8 декабри соли 2009........................................46

Таъинотњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1) Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Бобомуродова Ш. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати њалномаи Суди ноњияи Љалолиддини Румї аз 12 ноябри соли 2009 ва таъиноти Коллегияи судї оид ба парвандањои шањрвандии Суди вилояти Хатлон ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва моддањои 215, 220, 221, 222 ва 321 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон» аз 1 феврали соли 2010......................................................................................................................54

2) Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости намояндаи ваколатдори Ниёзов М.В.- адвокат Шукуров Х. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати њукмиСуди ноњияи И.Сомонї аз 25 ноябри соли 2008 ва таъиноти Коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии Суди шањри Душанбе аз 4 феврали соли 2009 ба моддањои 1, 5, 10, 14, 17, 84, 87 ва 93 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» 1 феврали соли 2010........................................................57

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон.........................61