22:12:31 - 21.04.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 3 (Нашри сеюм)

Нашрияи мазкур бо дастгирии молиявии Лоињаи «Дастгирии ислоњоти судї ва њуќуќї дар мамлакатњои Осиёи Марказї»-и Љамъияти Олмонї оид ба њамкорињои техникї нашр шудааст. МТО


Нашрия ройгон таќсим карда мешавад.




АХБОРИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


Нашри сеюм (№3) 2010 Душанбе - 2010



Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд. (моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон)



АХБОРИ СУДИ

КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


Маљаллаи илмию иттилоотї

Сармуњаррир: Мањмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, Академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Њайати тањририя: Назаров М.Н. Муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, номзади илмњои сиёсї Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Сотиволдиев Р. Ш. Мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи ДМТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор © Нашрияи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, 2010. Мањкам Мањмудов Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон




Ба истиќболи 15-солагии таъсиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон


Дар низоми судии кишвар Суди конститутсионї маќоми махсус дорад ва яке аз вазифањои аввалиндараљаи он таъмини волоияти Конститутсия мебошад…


Эмомалї Рањмон

Президенти Љумњурии Тољикистон


СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН: 15 СОЛИ ТАШАККУЛ ВА РУШД


Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон зодаи соњибистиќлолии Љумњурии Тољикистон мебошад. Пайдоиши падидаи назорати конститутсионї яке аз дастовардњои нодири замони истиќлолияти давлатї ба шумор рафта, заминаи њуќуќии он бо ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ба миён омад ва дар ин асос Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуд. Мавриди зикр аст, ки Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон бори аввал дар худ принсипи таљзияи њокимияти давлатиро ба њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї мустањкам ва эълон намуд. Њамчунин эълон гашт, ки њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд бевосита амалї мешавад. Онњо маќсад, мазмун ва таѓйири ќонунњо, фаъолияти маќомоти ќонунгузор, иљроия, мањаллї ва маќомоти њудидоракунии мањалиро муайян мекунанд ва ба воситаи њокимияти судї таъмин мегарданд. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон бунёди давлати демократї, њуќуќбунёд ва дунявиро њадафи асосии худ ќарор дода, дар ин раванд Суди конститутсиониро њамчун рукни ногузири чунин давлат дар низоми маќомоти олии њокимияти давлатї муайян намуд.


Чуноне, ки Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмо малї Рањмон иброз доштанд, «имрўз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи њадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосї гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатњои сиёсиву иќтисодї ва иљтимоии Тољикистон наќши муайянкунанда дорад». Конститутсия аз ѓояи њокимияти халќ, ки моњияти соњибихтиёрии халќро дар бар мегирад, сарчашма гирифта, дар он асосњои давлати њуќуќбунёд, дунявї, иљтимої, ягона, кафолати њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, фаъолияти озоди иќтисодї, таљзияи њокимияти давлатї, гуногунандешии сиёсї ва демократияи намояндагї бо истифода аз унсурњои демократияи бевосита њамчун арзишњои дар сатњи байналмилалї пазируфташуда, ки бунёди амалияи конститутсионии љањони имрўзро ташкил менамоянд, муќаррар гардидаанд. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз љумлаи дастовардњои бузурги мардуми Тољикистон буда, заминаи њуќуќии бунёди давлати тозабунёд ва соњибистиќлоли тољикон, шакли ифодаи њуќуќии ормонњои давлатдории миллї, њимояи њадафњо ва манфиатњои миллї, осори таърихї ва фарњанги миллї мебошад. Дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон соњибихтиёрї, истиќлолият ва тамомияти арзии Тољикистон, дахлнопазирии њудуди кишвар, моњият ва вазифањои давлат, њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, забони давлатї, рамзњои давлатї ва шакли давлатдории Тољикистон, њадафњои сиёсати дохилї ва хориљии давлат, асосњои иќтисодиву сиёсї, иљтимоиву фарњангии давлат ва љомеаи Тољикистон эълон шудаанд. Дар шароити имрўза њадафи стратегии љомеаи навини тољикон эъмори давлати демократї, њуќуќбунёд, иљтимої, дунявї, таъмини волоияти ќонун ва амнияти љомеа, тањкими дастовардњои истиќлолият, њимояи манфиатњои умумимиллї ва ташаккули љомеаи шањрвандї мебошад. Дар ин замина Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њокимияти судиро њамчун рукни мустаќили давлат эътироф намудааст, ки он бояд бањри тањкими ќонуният ва таъмини адолати иљтимої, сохтмони љомеаи демократию њуќуќбунёд наќши сазовор дошта бошад.

Баъд аз соњибистиќлол гаштани Љумњурии Тољикистон ва ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ба ташаккули падидањои нави демократї, аз љумла ба таъсиси маќоми нави махсуси назорати конститутсионї - Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон заминаи њуќуќї гузошта шуд. Дар Љумњурии Тољикистон назорати конститутсионї ба зиммаи маќомоти махсус - Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон вогузор карда шудааст, ки 4 ноябри соли 2010 аз таъсиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон 15 сол сипарї мегардад. Дар тўли начандон дуру дарози фаъолияташ Суди конститутсионї мавќеи намоёни худро дар миёни дигар маќомоти марказии њокимияти давлатї соњиб гардида, бо санадњои ќабулнамудаи худ дар тањкими асосњои сохтори конститутсионї, ќонуният ва тартиботи конститутсионї наќши муњим бозид. Лозим ба ёдоварист, ки падидаи назорати конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон њанўз аз соли 1990 бо таъсис гаштани Кумитаи назорати конститутсионии Љумњурии Тољикистон рўи кор омада буд, ки таъсиси он аз талаботи љомеа ва давлат ба мављудияти чунин як падида ва нињоди нав дар низоми маќомоти њокимияти давлатї шањодат медод. Кумитаи мазкур назорат, риоя ва татбиќи меъёрњои Конститутсияро амалї менамуд ва баъдан дар таъсиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон наќши муњим бозид. Фаъолияти Суди конститутсиониро Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон аз 15 майи соли 1995 тањти №238 заминаи њуќуќї гузошт ва тибќи он шароити зарурии корї фароњам оварда шуд. Бевосита фаъолияти худро Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар охири соли 1995 шурўъ намуд. Дар иљлосияи дуюми Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон 3 ноябри соли 1995 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ќабул шуд, дар он вазифањо, салоњият, тартиби ташкил ва фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки аз Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон сарчашма мегирифтанд, муайян карда шуданд.


Подпись: Рушди минбаъдаи њокимияти судї ба дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон, ки дар Паёми ў аз 20 апрели соли 2006 ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон таъкид ёфтаанд, алоќмандии зич дорад. Дар Паём чунин ќайд гардид: «Барои боз њам пурра ва самаранок истифода бурдани имконияти назорати конститутсионї салоњият ва ваколатњои Суди конститутсионї такмил дода шавад. Ба хотири рушду такомули минбаъдаи њокимияти судии мамлакат Суди конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї ва Шўрои адлияи Тољикистон якљоя бо маќомоти дахлдори давлатї Барномаи ислоњоти судиву њуќуќии Љумњурии Тољикистонро бо дарназардошти шароити имрўзаи кишвар тањия ва пешнињод намоянд…». Дар асоси ин Паём Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон тањия шуда, бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 23 июни соли 2007 тањти раќами №271 тасдиќ карда шуд. Дар ќисми дуюми ин Барнома чунин омадааст: «Бо дарназардошти таљриба ва амалияи фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва таѓйироти сифатан куллие, ки таи солњои охир дар њаёти сиёсї ва иљтимоии кишвар рух доданд, зарур аст, ки салоњияти Суди конститутсионї бо додани хулоса оид ба лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоињаи ќонунњо ва дигар масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод карда мешаванд, мукаммал карда шавад. Зарурати додани хулосаи Суди конститутсионї оид ба лоињаи таѓйироту иловањое, ки ба Конститутсия ворид мегарданд ва масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод мешаванд ба он вобаста аст, ки ин пешнињодњо ба принсипњо ва арзишњои асосии Конститутсия мувофиќ бошанд». Барои ноил шудан ба њадафњои зикршуда, пурра ва самаранок ба амал баровардани назорати конститутсионї дар мамлакат, 20 марти соли 2008 ба Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» таѓйироту иловањои дахлдор ворид карда шуда, салоњияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон такмил дода шуда, доираи субъектони мурољиат ба Суди конститутсионї васеъ карда шуданд. Чунончї мувофиќи ќисми якуми моддаи 14 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалаи ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ будани лоињаи таѓйиру иловањо ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон воридшаванда, лоињаи ќонунњо ва дигар масъалањоеро, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод карда мешаванд, муайян менамояд. Тибќи муќаррароти ќисми чоруми моддаи зикршуда бошад, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалањоро оид ба вайронкунии њуќуќу озодињои конститутсионии шањрвандон вобаста ба ќонун ва дигар санади њуќуќии татбиќшуда ё татбиќшаванда дар муносибати мушаххаси њуќуќї баррасї мекунад, инчунин ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мутобиќ будани ќонун, дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии Пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро дар парвандаи мушаххас, ки аз тарафи суд нисбаташон татбиќ шудааст, бо тартибе, ки Ќонуни конститутсионии мазкур пешбинї намудааст, муайян менамояд, яъне шањрвандони Љумњурии Тољикистон њуќуќ пайдо намуданд, ки оид ба масъалањои пешбининамудаи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ба Суди конститутсионї мурољиат намоянд. Тибќи моддаи 1 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба маќсади таъмини волоияти меъёрњои Конститутсия ва амали бевоситаи он дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон, њифзи Конститутсия, њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд таъсис гардидааст. Мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, Суди конститутсионї аз 7 нафар иборат буда, яке аз онњо намояндаи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон мебошад. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон вазъи њуќуќї ва сатњи баланди масъулияти судяи Суди конститутсиониро ба инобат гирифта, якчанд талаботро нисбат ба шахсе, ки ба ин мансаб интихоб мешавад, пешбинї намудааст. Яъне номзаде, ки ба ин мансаб пешбарї мешавад, бояд тањсилоти олии њуќуќї дошта бошад, синну солаш аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиќаи кори касбї дошта бошад. Салоњиятњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бевосита дар моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муќаррар карда шудаанд, ки онњо аз 3 гуруњ иборат мебошад: 1) муайян намудани мувофиќати ќонунњо, санадњои њуќуќии якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон, Маљлиси миллї, Маљлиси намояндагон, Президент, Њукумат, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї ва дигар маќомоти давлатию љамъиятї, ќарордодњои ба ќувваи ќонун надаромадаи Тољикистон ба Конститутсия; 2) њалли бањсњои байни маќомоти давлатї доир ба салоњияти онњо; 3) иљрои ваколатњои дигаре, ки Конститутсия ва ќонунњо муайян кардаанд. Таъмин намудани амали бевоситаи Конститутсия, яке аз самтњои асосии фаъолияти Суди конститутсионї ба њисоб меравад. Мустаќиман амал намудани меъёрњои Конститутсия, ки дар Конститутсия муќаррар карда шудааст. Ин нишондод имконият медињад, ки дар њолати номувофиќатии ќонунњо ва дигар санадњои њуќуќї ба Конститутсия ва танњо бо такя ба Конститутсия бевосита меъёрњои он татбиќ карда шаванд. Дар иљрои ин вазифа наќши Суди конститутсионї муњим мебошад, зеро танњо ин маќоми њокимияти судї ќарори ќатъиро дар бораи номувофиќатии ќонунњо ва дигар санадњои њуќуќї ба Конститутсия ќабул карда метавонад. Таъмини њифзи Конститутсия низ вазифаи асосии Суди конститутсионї мебошад. Ин фаъолият бо роњи пешгирї намудан, ошкор ва батараф кардани вайронкунии меъёрњои Конститутсия амалї гардида, татбиќи меъёрњои Конститутсия таъмин карда мешавад. Суди конститутсионї оид ба маќсади њифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд тамоми имконияту воситањои пешбининамудаи Конститутсия, Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ва дигар ќонунњо ва санадњои њуќуќиро истифода мебарад. Дар оѓози фаъолияташ Суди конститутсионї бо ташаббуси худ оид ба якчанд меъёрњои ѓайриконститутсионии ќонунгузории мурофиавии љиноятї ва мурофиавии гражданї парванда оѓоз намуда, онњоро баррасї карда, ба талаботи Конститутсия мувофиќ гардонида буд. Ба ѓайр аз ин Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон тибќи талаботи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» аз рўи мурољиати шањрвандон оид ба њимояи њуќуќу озодињои худ аз болои фаъолияти нодурусти маќомоти гуногун ва аз рўи дигар камбудињое, ки зимни тањия ва ќабули ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї роњ ёфтаанд, бо маќсади муайян намудани вазъи ќонунияти конститутсионї дар мамлакат маводњоро омўхта, тањлилу љамъбаст менамояд ва натиљаи он њамасола ба унвони Президенти Љумњурии Тољикистон ва њар ду палатаи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Нома ирсол мекунад ва дар номањои худ диќќати онњоро ба масъалањои мубрами рўз љалб мекунад, ки ин барои тањкими вазъи ќонунияти конститутсионї дар кишвар мусоидат хоњанд кард. Бо маќсади рушди назорати конститутсионї бањри тањия ва омода намудани тавсияњои илман асосноки масъалањои њуќуќї, ки ба самаранокии фаъолияти Суди конститутсионї таъсирбахш мебошад, аз моњи июли соли 2009 мувофиќи моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Шўрои илмї-машваратии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз њисоби судяњои таљрибадори дар истеъфобудаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва олимони намоёни соњаи њуќуќ дар њайати 17 нафар таъсис дода шуд. 4 ноябри соли 2009 дар Суди конститутсионї ба истиќболи љашни 15-умин солгарди ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ифтитоњи ботантанаи Сомонаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон доир гардид. Инчунин худи њамон рўз аввалин нашрияи Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба чоп расид. Мувофиќи наќшањои кории Суди конститутсионї оид ба сафарњои хизматї, љињати њамкории Суди конститутсионї бо маќомоти соњањои гуногун бо маќсади расонидани ёрии амалї дар фаъолияташон оид ба таъмини волоияти Конститутсия ва риояи он, фањмонидани Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», баланд бардоштани фаъолиятнокии субъектњои ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиаткунанда, фањмонидани муњтавои ќонунњо, инчунин дастуру супоришњои аз Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бароянда вобаста ба ин судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба марказњои Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњои Суѓду Хатлон, шањрњои Кўлобу Душанбе ва шањру ноњияњои тобеи љумњурї сафарњо карда, мизњои мудаввар ва дигар вохўрињо гузаронида, ба саволњои иштирокдорони ин мањфилњо, ки асосан аз судяњо, рўзноманигорон, њуќуќшиносон, кормандони маќомоти давлатї, намояндагони ташкилотњои ѓайрињукуматї, кормандони шўъбањо ва дигар кормандони масъули маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии вилоят ва шањру ноњияњо иборат буданд, љавобу маслињатњо дода, бањри баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати њуќуќии онњо кўмак мекунанд. Соли равон Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон 15-солагии таъсисёбии худро љашн мегирад. Вобаста ба ин якчанд чорабинињо пешбинї шудааст, аз љумла аз 4-5 ноябри соли љорї дар шањри Душанбе гузаронидани Конференсияи илмию амалии байналмилалї дар мавзўи «Маќомоти назорати конститутсионї дар шароити њамгироии системањои њуќуќї: таљрибаи байналмилалї ва амалияи Тољикистон» бо иштироки зиёда аз 20 намояндагони судњои конститутсионии давлатњои хориља баргузор мекунад. Ќайд кардан зарур аст, ки Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо маќомоти њокимияти давлатї, аз љумла бо Њукумати Љумњурии Тољикистон, Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, Прокуратураи генералї, Вазорати адлия, Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон ва дигар маќомот њамкории судмандро ба роњ мондааст.


Аз љумла, Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва лиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон намояндагони ваколатдори худро доранд, ки онњо њамеша дар иртибот бо Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мебошанд. Њамкорињои байналмилалии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон низ сол аз сол вусъат меёбанд. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон иштирокчии доимии Конференсияњои байналмилалии судњои зинањои олї мебошад. Њамкории Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо судњои конститутсионии Иттињоди Давлатњои Мустаќил ва давлатњои назди Балтика низ инкишоф меёбанд. Аз љумла, судяњои Суди конститутсионї дар семинару конференсияњои судњои конститутсионї ва шўроњои конститутсионї, ки дар сатњи байналмилалї баргузор мешаванд, ширкати фаъолона доранд. Дар заминаи чунин њамкорињо Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо Комиссияи Венетсиянї оид ба демократия тавассути њуќуќи Шўрои Аврупо (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо) алоќаи зич дорад. Масалан дар тўли як соли охир судяњои Суди конститутсионии мамлакат дар конфронсњои илмї ба давлатњои Арманистон, Африкои Љанубї, Ќазоќистон, Индонезия, Италия, Молдова, Олмон ва Фаронса сафар карда бо маърўзањо баромад намуданд. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аъзои Конференсияи маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи љавон мебошад, ки он тамоми давлатњои ИДМ-ро муттањид месозад. Чунин њамкорињо барои самараноктар шудани назорати конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон мусоидат менамоянд. Инкишофи давлатдории мустаќили Тољикистон ва ташаккули Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нишон медињад, ки дар эъмори давлати демократии њуќуќбунёд ва дунявї онњо ба њам пайвастагии ногусастанї доранд. Институти назорати конститутсионї љавобгўи маќсаду вазифањои љомеаи мо буда, ташаккулу рушди он бањри тањкими ќонунияти конститутсионї, низому пойдории давлат ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд равона шудааст.


Дар Тољикистон барои тањкими ќонунияти конститутсионї тамоми шароитњо ва заминањои зарурї муњайё карда шудаанд. Онњо имкон медињанд, ки институти назорати конститутсионї дар љумњурии мо вусъат ёбад ва дар эъмори давлати демократии њуќуќбунёд ва дунявию иљтимої наќши босазо гузорад. Инчунин, дар соли 2009 ва 9 моњи соли 2010 ба Суди конститутсионї зиёда аз 288 мурољиатњои хаттї ва шифоњии шањрвандон ва шахсони њуќуќї дар шакли аризаю шикоят ва пешнињоду дархостњо ворид гардиданд. Аз љумла соли 2009 ва 2010 Суди конститутсионї 7 парвандаро баррасї намуда мувофиќати онњоро ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян намуда ќарорњои дахлдор ќабул кард. Мурољиатњо асосан ба Суди конститутсионї оид ба масъалањои поймол намудани њуќуќњои конститутсионии шањрвандон, бањсњои манзилї, иќтисодї, молу мулкї, шикоят аз болои ќарору њалномањои судњо, татбиќи ќонун дар бораи авф, масъалањои нафаќа ва вайрон намудани њуќуќи мењнатии шањрвандонро дар бар мегиранд. Дар раванди ислоњоти судию њуќуќї ва тањкими њамаљонибаи низоми њуќуќии мамлакат, ривољ додани фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки дар суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон бахшида ба 15-солгарди ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон таъкид ёфтааст, ањамияти хосаро пайдо менамояд. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки Суди конститутсионї њамчун ќисми људонопазири њокимияти судї бањри њифзи Конститутсия, њуќуќу озодињои инсон ва таъмини волоияти меъёрњои Конститутсия наќши арзанда дошта, барои тантанаи адолати конститутсионї њамаљониба мусоидат менамояд.



Мустафо Назаров Муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон


РИОЯИ ЌОНУНИ ЗАБОНИ ДАВЛАТЇ ДАР ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


Забон дар њама давру замонњо, њамчун воситаи шинохти инсоният, инкишофи тамаддун ва ибрози афкору муоширату муносибати байни одамон, байни ташкилоту муассисањо, маќомот ва давлатњо, восита ва омили муњиму асосии расидан ба истиќлолият, пешравии љамъият, ташаккули миллату халќиятњо хизмат менамояд. Бо њамин маънї орифи бузург намояндаи миллати тољик Нўъмон ибни Собит машњур ба тахаллуси Абуњанифа ва њазрати Имоми Аъзам бо зањматњои фаќењонаи худ тавонистааст ба он мувоффаќ шавад, ки забони тољикї - њамчун забони дуюми ањли бињишт пазируфта шавад. Ў таълим медињад, ки: «ягонагии маќсад, ягонагии гуфтор ва ягонагии кирдори ањли љомеа шарти баќо ва њастии њар як миллат аст». Забони миллї ба њайси забони давлатї чун парчам, суруди миллї ва нишони давлатї, яке аз рукнњо ва рамзњои асосии муайянкунандаи њар як халќияту миллату давлат аст. Дар ин иртибот Сардори давлат зимни суханрониашон ба муносибати Рўзи забони тољикї аз 21 - июли соли 2007 соли 2008 -ро Соли бузургдошти забони тољикї эълон намуда, аз љумла гуфта буд: «Забони миллї ва њамзамон ташаккули пайвастаи он дар маќоми забони давлатї муњимтарин рамзи истиќлолияти давлативу сиёсии мо ба њисоб меравад. Забони миллї яке аз рукнњои асосии давлатдорї буда, дар пойдорї ва тањкими давлати миллї маќом ва наќши муњим дорад ва ба њамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат мањсуб мешавад». Дар Љумњурии Тољикистон ба масъалаи инкишофи забони миллї, њанўз аз замони ќудратманд будани Иттињоди Шўравї эътибор дода мешуд. Њанўз 22 июли соли 1989 тањти раќами 150 Ќонуни забони Љумњурии Тољикистон иборат аз 37 модда ќабул шуда, вазъи њуќуќии забони тољикї (форсї) ва истифодаи он ба сифати забони давлатї дар тамоми њудуди Љумњурии Тољикистон муайян шуда буд. Ќонуни аввалини забон кафолати њуќуќии амали забони русиро, чун забони муоширати байни халќњои Иттињоди Шўравї ва забонњои миллии дигар халќњоеро, ки дар Тољикистон зиндагї мекарданд, таъмин менамуд. Дар ин иртибот рўзи ќабули чунин як ќонуни муњими миллї, яъне 22 июл њамасола њамчун рўзи забон таљлил карда мешуд. Бо вуљуди заволи давлати абарќудрати Шўравї ва истиќлолияти давлатї ба даст овардани Тољикистон ин ќонун бештар аз 20-сол муносибатњои љамъиятиро дар соњаи забони давлатї ва дигар забонњо танзим менамуд. Вале бинобар ба амал омадани таѓйироти љиддї дар њаёти љамъиятии халќи тољик ва ба даст овардани истиќлолияти миллию давлатї, гузаштан ба сохти иќтисодии нав иќтисоди бозорї, ба кулли таѓйир ёфтани муносибатњои сиёсї, иќтисодї, њуќуќї, иљтимої, фарњангї, илмї, маданї - маишї чї дар дохил ва чї дар хориљи мамлакат зарурияти ќабули ќонуни нави Љумњурии Тољикистонро дар бораи забони давлатї ба миён овард. Ин буд, ки 5 октябри соли 2009 тањти раќами 553 Сардори давлат Ќонуни нави Љумњурии Тољикистонро «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон» иборат аз 28 модда ба имзо расонид ва мувофиќан аз ин ва баъд њамасола рўзи забон на 22 июл, балки 5 октябр таљлил карда мешавад. Ќонуни мазкур бо риояи меъёрњои мављудаи Конститутсия дар бораи забон вазъи њуќуќии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Љумњурии Тољикистон танзим менамояд, зеро ќонуни пештара пеш аз ќабули Конститутсияи давлати соњибистиќлоли Љумњурии Тољикистон ќабул шуда, ба ѓояњои давлатдории њозира пурра љавобгў набуд. Тибќи ќонуни нав њар як шањрванди Љумњурии Тољикистон сарфи назар аз забону миллаташ вазифадор гардид, ки забони давлатиро донад. Ин иќдом ба ѓайр аз ањамияти сиёсї, таърихї, фарњангї ва ѓайра аз лињози иќтисодї низ имконият медињад, ки миллионњо сомонї аз њисоби истифода нашудани хизмати тарљумонњо дар фаъолияти корбарии маќомоти гуногуни њокимияти давлатї сарфа гардад. Давлат истифода, њимоя ва рўшди забони давлатиро дар тамоми соњањои њаёти мамлакат ба ўњдаи худ гирифт. Ќонуни нав њангоми истифодаи забони давлатї риояи муќаррароти ќоидањои имлои забони адабиро њатмї њисобид. Дар ин раванд дар сатњи зарурї омўзонидани тамоми хонандагони мактабњои тањсилоти умумї, муассилини муассисањои касбї техникї, донишкадаву донишгоњњо ва тарѓибу ташвиќи њамаљонибаи муќаррароти ќоидањои имлои забони адабї таќозои ваќт аст. Ќонуни нави забон њуќуќи истифодаи озоди забони модарии њамаи миллатњо ва халќиятњоеро, ки дар њудуди Тољикистон зиндагї мекунанд, муќаррар кардааст. Тибќи ќонуни мазкур аз ин ба баъд коргузорї дар маќомоти њокимияти ќонунгузор, иљроия, судї ва Ќуввањои мусаллањи Љумњурии Тољикистон, ќисмњои њарбї ва љузъу томњои он ба забони давлатї сурат мегирад. Умуман истифодаи њатмии забони давлатї дар соњањои маориф (тањсил), илм, фарњанг ва воситањои ахбори омма чорабинињои фарњангї, эълону реклама, иттилоот ва коммуникатсия, мукотиба, номгузории ташкилотњо, лавњаю овезањо, номгузории мањалњо (вилояту шањру ноњияњо, шањраку дењањо), кўчаю хиёбонњо, боѓњои фарњангї ва дигар мањалњои ањолинишин, забони матни мўњру тамѓањо, бланкањо, нархномањо, дигар маводи иттилоотї, ќоѓазњои ќиматнок ва ѓайра муќаррар гардид. Истифодаи забони давлатї дар муносибатњои байналмиллалї, аз љумла дар гуфтушунидњо, мукотибот бо намояндагињои дипломатї, муассисањои консулї, созмонњои гуногуни байналмилалї, минтаќавї ва байнидавлатие, ки дар Љумњурии Тољикистон фаъолият мекунанд, дар баробари забонњои расмии онњо сурат мегирад. Гарчанде дар ќонуни нави забон ба истифода, рушду такомули забони давлатї дар тамоми соњањои њаёти мамлакат диќќати љиддї дода шуда бошад њам, дар баробари ин барои истифода ва инкишофи озоди забони модарии тамоми халќияту миллатњои дар њудуди Љумњурии Тољикистон сукунатдошта низ шароити мусоид фароњам овардан таъкид шудааст, яъне онњо дар баробари донистани забони давлатї метавонанд аз забони модариашон истифода намоянд, онро тараќќї дињанд. Дар баробари ќабули ќонуни нави забон, Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон дар маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 октябри соли 2009 №11 ба њамаи роњбарони вазорату идорањо, раисони вилоятњо ва шањру ноњияњо, роњбарони мактабњои олї, ташкилоту муассисањо љињати таъмин ва татбиќи талаботи меъёрњои он, истифодаи њатмии Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон» дар тамоми соњањои муќарраршуда дастуру супоришњои мушаххас дода буд. Дар ин асос, љињати татбиќи талаботи Ќонуни мазкур ва иљрои супоришњои аз протоколи маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Паёми Сардори давлат бароянда, дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон як ќатор чорабинињо ба наќша гирифта шуда, ба амал бароварда шуда истодаанд. Аз љумла, дар Суди конститутсионї омўзиши пурраи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон» дар маљлиси дар ин бора баргузоргардида ба амал бароварда шуда, омўзиши амиќ ва риояи даќиќи он тањти назорати доимї ќарор дода шудааст. Бо вуљудуди ин љињати иљрои супоришњои протоколи маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 октябри соли 2009, №11 Амри Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 12 ноябри соли 2009 тањти №72-СК ирсол карда шуда, дар самтњои зерин фаъолият бурдан мушаххас нишон дода шудааст: Омўзиши забони давлатї дар Суди конститутсионї ба роњ монда шавад. 1. Маљлису машваратњо бо забони давлатї баргузор карда шаванд. 2. Ќоидањои имлои забони давлатї риоя карда шаванд. 3. Коргузорї дар Суди конститутсионї ба забони давлатї сурат гирифта, бланку вараќањои расмї ба забони давлатї таъмин карда шавад.


4. Љавоби мактубу мурољиатњои ба Суди конститутсионї воридшуда ба забони давлатї фиристода шавад. Бояд ибороз кард, ки Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамчун маќоми мустаќили њокимияти судї бо маќсади њифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд таъсис гардидааст. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ин вазифаи муњиму пурмасъулиятро бо роњи ба амал баровардани салоњияташ, ки дар моддаи 89 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва моддаи 14 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» нишон дода шудаанд, ба иљро мерасонад. Ба амал баровардани салоњияти Суди конститутсионї ва расидан ба маќсадњои дар назди ин нињод гузошташуда дар мавриде имконпазир гардида метавонад, ки агар ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии ќабулгардида њаматарафа, босифат, бо забони содда ва равону фањмо истифодаю интишор гардида бошанд. Онњо бояд маќсаднок, мухтасар, мушаххас, бомазмун содда ва оммафањм тартиб дода шуда бошанд ва дастраси њар як шањрванд шуда тавонанд. Яке аз шартњои муњими талаботи ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї оид ба риояи њатмиашон ин бо забони давлатї, яъне бо забони нобу поку беолоиши шоиронаи тољикї тањия шудани онњо мебошад. Зеро агар ќонун бо истифодаи калимањои ѓайр, лањљавї, духураю номаълум ва љумлањои дуру дарози печ дар печи норавшан навишта шуда бошаду дар он услуби расмии забони далатї ва истилоњоти њуќуќї риоя нашуда бошад, аввалан он завќи хонандаро мекўшад, хоњиши омўхтанашро бедор намекунад. Сипас агар худро маљбур карда омўзад њам, ба маънояш сарфањм намеравад, маќсад ва таъиноти ќонун ё дигар санади њуќуќї ба њадаф намерасад. Њар як истилоњи санади меъёрии њуќуќї бояд мазмуни ягона дошта бошад ва як маъниро ифода намояд. Забони давлатї њамчун шиносномаи миллат-давлатро муаррифї карда, он яке аз рукнњои асосии давлатдории мо ба њисоб меравад. Мо бояд риояи талаботи ин забонро, ки дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон» ифода ёфтаанд, ќатъиян таъмин намоем. Коргузориро дар тамоми соњањои њаётамон бо забони соддаву фасењи тољикї ба роњ монем ва онро рушду такомул дињем. Дар баробари ин мо бояд забони коргузориро аз забони илм, фарњанг, адабиёт, санъат ва ѓайра фарќ намоем. Бояд тазакур дод, ки истифодаи пурраи забони давлатї дар коргузории Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз рўзњои аввали таъсис ва ба фаъолият шурўъ намуданаш ба роњ монда шуда, он њамчун арзиши конститутсионї мунтазам риоя мешавад. Чунончї тамоми коргузорї, аз љумла маљлисњои судии конститутсионї, тањияи санадњои судї, номањои њарсола дар бораи вазъи ќонунияти конститутсионї ба унвони Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, протоколњо, љавобномањо ба мактубњо, дархостњо, мурољиатњо ва дигар мактубњо ва њуљљатнигорињо ба забони давлатї сурат мегирад. Дар баробари ин, меъёрњои конститутсионї дар хусуси «Забони русї њамчун забони муоширати байни миллатњо амал мекунад» ва дар бораи он, ки: «Њамаи милатњо ва халќиятњое, ки дар њудуди љумњурї зиндагї мекунанд, њаќ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд» пурра риоя карда мешавад. Масалан, шањрванд Санокина дар мурофиаи судии конститутсионї аз соли 2009 бемањдудият аз забони модариаш истифода намуда, тибќи хоњишаш намояндаи ваколатдораш њуќуќшиноси шинохта Зоиров суханронии дигаронро ба ў тарљума карда дод. Чунин мисолњо хеле зиёданд. Инчунин тамоми ќарорњои баровардаи хусусияти моњиятї доштаи Суди конститутсионї мунтазам ба забони русї тарљума гардида, дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, рўзномаи «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда мешаванд. Инчунин дар баъзе мавридњо ќарорњо, дигар санадњо ва хабарњо аз фаъолияти Суди конститутсионї ба забонњои англисї низ аз чоп мебароянд. Риоя шудани забони давлатї дар фаъолияти Суди конститутсионї яке аз омилњои муњими мутобиќгардонии санадњои меъёрии њуќуќї ба Конститутсия ба шумор меравад.

Ва баръакс ба таври бояду шояд риоя нашудани талаботи забони давлатї дар навишти санадњои меъёрии њуќуќї, яъне риоя нашудани забони ќонунгузорї, техникаи ќонунгузорї, норавшанию ношафоффї сифати ќонунро коста намуда, боиси нофањмию нодурустфањмињо мегардад. Аз таљрибаи чандинсолаи фаъолияти Суди конститутсионї ба мо маълум аст, ки субъектњо зимни татбиќи ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї баъзан аз норавшании забони ќонунгузорї ба нодурустфањмї дучор гардида, дар бораи муайян намудани мувофиќат доштан ё надоштани меъёри њуќуќї ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба Суди конститутсионї мурољиат менамоянд. Суди конститутсионї низ баъди бо њаммуќоисакунињо ва тањлилу тањќиќи њаматарафаи мурољиат дар маљлиси судї ба хулоса меояд, ки дар масъалањои гузоришшуда номувофиќи ба Конститутсия љой надошта, балки носањењию норавшанї дар техника ва забони ќонунэљодкунї роњ ёфта, боиси нофањмии шахсоне, ки меъёри мазкур нисбаташон татбиќ шудааст ё татбиќшаванда аст ва ё нофањмию гуногунфањмї аз љониби маќомот ё шахсони татбиќкунанда ба амал омадааст. Бинобар ин ба ѓайр аз хулосае, ки дар ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон оид ба конститутсионї донистан ё надонистани меъёри мавриди бањс ќарор гирифта нишон дода мешавад, боз дар баъзе ќарорњо, инчунин дар як ё ду банд дар хусуси ислоњ намудан, равшанї андохтан ва ё ворид намудани таѓйиру иловањо ба он аз маќомоти ќонунгузор хоњиш карда мешавад ва ё ба сабаби ба салоњияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мансуб набудани мурољиат, масъалаи гузоришшуда ќатъ карда мешавад. Бояд гуфт, ки ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї мањз њамон ваќт риоя ва мувофиќи таъиноташон иљро мешаванд, ки якум агар техникаи ќабул, яъне сабку услуби эъљоди онњо, тартиби тањияи лоињаи онњо, тартиби истифодаи мафњумњои њуќуќї, ќоидањои татбиќи забони санадњои меъёрии њуќуќї, мураттабию пайдарњамї ва алоќамандии њар як меъёр бо њамдигар, ба тамоми санад ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї риоя шуда, дуруст љо ба љо гузошта шуда бошанд, ѓояњои умумии ќонунгузорї дар меъёрњо таљассум ёфта бошанд, муносибатњои якхелаи љамъиятї дар њамаи санадњои меъёрии њуќуќї бо калимаю иборањои якхела ва якмаъно, истилоњи маъмулу ягонаи њуќуќї ба танзим дароварда шуда бошанд ва боз бисёр масъалањои ба техникаи ќонунгузорї хос њалли воќеии худро ёфта бошанд, дуюм ќоидањои навиштани он, бо забони соддаву оммафањм, бо ибораю калимањои маъмул мавриди истифодаи ин ё он мафњуми барои њама равшану фањмо ифода гардида бошанд. Санадњои меъёрии њуќуќї набояд бо забони гуфтугўии халќї, лањљавї, ифодаи пуробу ранг, мафњумњои пурмаъниву њаммаъно, калимаву иборањои мураккабу бегона ва ѓайра ифода шаванд. Бояд њар хонанда ва татбиќкунанда ба моњияту мазмунашон бе душворї сарфањм равад. Дар тамоми соњањои ќонунгузорї зимни истифодаи масъалањои якрангии соњањои якхела, танзими муносибатњои якљинса, масалан ќонунњои мурофиавии гражданї ва мурофиавии иќтисодї ва ѓайра бояд мафњумњои якхела истифода бурда шавад. Масалан дар баъзе мавридњо як мафњум бе зарурият дар як санади њуќуќи «амвол» истифода шуда бошад, дар санадњои дигар «молу мулк», «мол», «ашё» ва «чизу чора» ифода шудааст ва ё дар як санад «ќонуну ќоида» истифода мешавад, дар дигар љо «ќавонину ќавоид», дар як љо «субъект» дар љои дигар «мурољиаткунанда» ва ѓайраву њоказо ба кор бурда мешавад. Бояд дар тамоми санадњои њуќуќї калимаву иборањо бо истилоњи расмие, ки аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон ё Комиссияи татбиќи забон тасдиќ шудаанд, истифода шаванд. Хонанда бояд аз он бе душворї дарк намояд, ки ин ё он меъёр ё санади њуќуќї кадом муносибати љамъиятиро ба танзим медарорад, чї ањамият дорад, чї гуна њуќуќу ўњдадорињоро пешбинї мекунад, ба кї тааллуќ дорад, кї онро татбиќ менамояд, ба Конститутсия, асноди байналмилалї ва дигар санадњои њуќуќї то кадом андоза мувофиќат мекунад, чї гуна алоќамандї дорад ва боз кадом њолатњоро ифода менамояд. Ин њолатњо дар мавриде пурра ошкор мегарданд, ки агар матни санади њуќуќї бо забони возењу равшани давлатї-тољикї аниќ ифода ёфта бошад. Вале мутаассифона баъзан дар баъзе ќонунњо, кодексњо ва дигар санадњои њуќуќї калимањоеро дучор меоем, ки на танњо аниќ нестанд ва мардуми авом ё аз соњаи њуќуќ дур, балки њуќуќшиноси таљрибадор ба маънояш сарфањм намеравад, моњияташро намефањмад. Масалан, маънои калимањои эмансипатсия, ядак, сертификати фитосанитарї, инњисорї, эксгуматсия, бонус, роялтї, рекспорт ва боз дањњо ва њатто садњо калимаю иборањои дигарро ба ѓайр аз мутахассисони њамин соњањо каси дигар намефањмад. Пас чї гуна онро риоя кунад ва волоияташро таъмин созад??? Ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї барои инсон ва шањрванд бояд хизмат намоянд, бояд онњо фањманд, ки њуќуќу озодињояшон аз чї борат аст, чї маъно доранд ва онњо чї тавр њифз карда мешаванд, чї гуна амал мекунанд… магар забони мо он ќадар камбаѓал аст, ки онњоро иваз карда наметавонад ва ё мазмуни онњоро дар ќавсайн нишон додан имкон набошад.



Каримов К. М. Судя-котиби Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон номзади илмњои сиёсї


Аз ТАЪРИХИ РУШДИ ИНСТИТУТИ ЗАХИРАИ КАДРЊО


Дар њама давру замон идоракунии њайат њамчун низом, раванд, сохтор, маљмўи муносибатњо, механизм, шакл ва методњои таъсиррасонї ба ташаккул, инкишоф ва талабгор будан ба имкониятњои касбии корманд арзёбї мегардад. Ташаккули якуним муносибати илмиро ба идоракунии имкониятњои инсон ба Ф.У. Тейлор (1856-1915) ва мактаби ў «идоракунии илмї» нисбат медињанд. Соли 1911 китоби ў бо номи «Принсипњои идоракунии илмї» нашр гардид ва бо њамин консепсияи идоракунии илмии идоракунии њайат њамчун соњаи мустаќили донишњои илмї эътироф гардид. Тейлоризм минбаъд аз тарафи пайравони ў Г. Эмерсон, Г.Форд инкишоф дода шуда, Анри Файоль (1841-1925) шохаи дигари мактаби идоракунии илмиро бо номи «мактаби маъмурї» кор карда баромад. М.Вебер, Э. Дюркгейм ва В.Парето намояндагони мактаби «идоракунї аз мавќеи низоми иљтимої» мебошанд. Элтон Мэйо (1880-1949) мактаби «муносибатњои инсонї»-ро (солњои 30 асри 20) ташкил дода, дар заминаи он А.Маслоу (1908- 1970) солњои 40-60 асри ХХ назарияи далелноккуниро (теория мотивация) кор кард. Давраи сеюми инкишофи назарияи идоракунии њайатро ба солњои 50 асри ХХ нисбат медињанд, ки он назарияи «идоракунии инсон» ном гирифт. Таърихи зиёда аз садсола доштани илми идоракунии њайат, албата мазмуни онро надорад, ки дар таърихи давлатдорї ва идоракунии давлатї, мављудияти дастгоњи давлатї ва шаклњои гуногуни мутањидкунандаи фаъолияти мењнатї-коллективии инсон (аз ќабили: маќомоти давлатї, ташкилот, муассиса, корхона, сех, коргоњ, ќитъа, фабрика, хочагї ва ѓ.) идоракунии њайат (корманд, хизматчї ва ѓ.) вуљуд надошт ва њайат ба таври стихиявї давлатро идора мекарда бошад. Агар ин тавр мебуд, оё мо ба сатњи баланди девонсолорї дар давраи Сосониён ва Сомониён (дигар давлатњо низ), инкшофи илм, фарњанг, маданият, хољагии кишлоќ, шањрсозї, меъморї ва пешбурди сиёсати дохилї ва хориљии манфиатбахш мерасидем? Алабата не! Як чизро бояд ёдовар шуд, ки масъалаи вобаста ба идоракунии њайат ва технологияи кадрї, аз ќабили: адои хизмати давлатї ё пешбурди фаъолияти мењнатї, озмун барои интихоби мансаб, бањодињї ба фаъолияти њайати кормандон ё корманди алоњида (аттестатсия), захираи кадрњо, муайян намудани кафолати иљтимої барои њайат ва ѓайра ќисми људонопазири сиёсати давлатї ба шумор рафта, дар ќаринаи (контексти) дастгоњи давлатї ва идоракунии давлатї мавриди тањлил ва тадќиќ ќарор дода мешуданд. Амалияи идоракунии њайат, аз љумла ниёзмандї ба њайати касбии, тайёрии пухтадошта, салоњиятнок ва кордон то ташаккул ёфтани илми њайати идоракунї (Тейлоризм) мављуд буда, он њам ба подшоњу вазир ва њам ба дигар табаќаи мењнатї нисбат дода мешуд. Тањлилу тадќиќи идоракунии ин ё он давлат аз хусусияти дастгоњи давлатї, њайати дастгоњ ва хизматчиёни идоракунии онњо башорат медињад ва барои тасдиќи фикр ба таърихи идоракунии аљдодони худ ва дигар халќњо рў меорем. Агар бархе аз давлатњо дар тадќиќи таърихи идоракунї, хизмати давлатї ва идоракунии њайат пеш рафта бошанд, давлатњои дигар низ вобаста ба шароити таърихї пайи тадќиќи таърихи рушди институтњои зикршуда корњои назаррасеро ба сомон мерасонанд. Дар илми ватанї (тољик) таърихи хизмати давлатї ва идоракунии њайат масъалањои вобаста ба кадрњо, интихоб ва љобаљогузории онњо, гузаронидани озмуну имтињонњо ва ташаккул додани захираи кадрњо масъалањое мебошанд, ки бояд ба таври дахлдор мавриди омўзишу тадќиќ ќарор гиранд, зеро аљдодони мо дар таърихи давлатдории худ назария, таљриба ва амалияи маъмурї- идоракунии худро кор карда баромаданд. «Пўшида нест, ки тољикон аз ањди бостон дар таъйиди муњимтарин равандњои таърихии машриќзамин ва бадин васила љомеаи башарї наќши умда ва созанда доштанд. Аз зикри далоили фаровон дар таърихи ќадиму љадид худдорї варзида, фаќат ин нўќтаро гўшзад меоварем, ки дастгоњњои муназзам ва комилиёри идорї, ки Сомониён бунёд нињоданд, дар тўли чанд ќарни баъдина барои силсилањои Ѓазнавиён, Салљуќиён, Хоразмшоњиён ва ѓайра сармашќ ва чароѓи њидоят буд» . Њанўз дар аввалин китоб ё таълимоти фалсафию иљтимої ва динии аљдодони мо «Авесто» мазмуни фаъолияти инсони мўътаќид дар сегонаи зардуштї: њумата, њухта, њварита «рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек» муайян гардида, ба «рафтори бад, гуфтори бад ва пиндори бад»-и инсони ѓайримўътаќид муќобил гузошта шуд . Ин таълимоти бузург ба хизматгорони «дањью»- вилоят, мамлакат ё дар маънои имрўза ба хизматчиёни давлатї низ дахл дошт ва имрўз њам мазмуни фаъолияти хизматчии давлатї аз њар ваќта дида ба рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек ниёз дорад. Хизматчии давлатї бояд дорои фарњанги волои умумиинсонї ва миллї бошад ва фаъолияти ў бо як андоза - созандагию бунёдкорї – чен карда шавад. Дар китоби Авесто воњидњои асосии сохтории љомеа, ки аз чор сатњи идоракунї: «нмана»- хона, оила, «вис»- авлод, «занту» - ќабила мафњуми «дањью»- вилоят, мамлакат иборат буд, аз мављудияти сатњи (иерархияи) идоракунии давлат ва љомеа дарак дода, шоњид ба онанд, ки аљдодони мо ба идоракунии давлат ва љомеа ањамияти зарурї медоданд. Мувофиќи таълимотии Авесто дар идоракунии ќабилањо наќши маљлиси халќї- шўрои кўњансолон бо номи «ханљамана» ва «вьяха» «хирадмандон дар додани маслињат» хело калон аст. Ба ѓайр аз ин як ќатор мансабњо, аз ќабили «висья» - роњбари динии авлод, «зантума»- роњбари динии ќабила, «дањьюма» роњбари динии вилоят ва ѓайрањо номбар мешаванд, ки аз мављудияти иерархияи мансабњо дар низоми динї ва дар маљмўъ дар низоми идоракунии давлат шањодат медињанд, зеро наќш ва нуфузи мансабдорони зикр давлат низ хело калон буд.


1 Абдуллоев С. Амир Исмоили Сомонї. Хуљандж. 1998.С.12.


Истрория Таджикского народа. Том I. Древнейшая и древняя история. Душанбе 1998. С.236


Мафњумњои «азата»- олињиммат донишманд ва «асна»- донишманд аз эътибори донишманд дар љомеа ва ба донишмандону хирадмандон ниёз доштани аљдодони гузаштаи мо дарак медињад. Оини давлатдорї ва идоракунии аљдодони мо дар замони Сосониён ба ављи аъло расид ва чуноне ки муњаќќиќон ќайд мекунанд «замони Сосониён, бахусус, давраи ављи ќудрати онњоро метавон марњалаи рушду камоли давлатдории халќњои ориёї дар адвори мо ќабли ислом мавсум кард. Дар ин давра девонсолорї ба њайси як низоми мураттаби идорие басту тавсеа ёфт, ки фаъолияти кулли сохторњо ва дастгоњњои мањаллии њукуматиро инсиљому тамаркуз мебахшид ва бад ин васила замина ва дарунмояи истењкоми давлат ва нињодњои иљтимої, иќтисодї ва фарњангии онро фароњам меоварад. Мазиятњои мазкур буд, ки давлатдорї ва сиёсати Сосониёнро, ки мабнї бар љањоншиносии зардуштї (ё ба ќавли муслимин-маљусї) ёфта буд, баъди футуњоти исломї ба оинаи ибрат ва сармашќи соири кишварњои машриќзамин мубаддал гардонид. Њамин мазиятњо буд, ки дар масири таърихи башар умри оинњои давлатдории Сосониёнро тўлонитар аз умри худи Оли Сосон гардонид. Далели барљастаи ин матлаб эътирофи аъломаи араб Љоњиз (ваф. 869) аст, ки навишта буд «… ва мо ойин ва ќавонини кишвар ва кишвардорї ва тар тиб додани табаќоти вижагон ва хавос ва соири табаќоти оммаро аз онњо (Сосониён- С. А) гирифта ва сиёсатмадорї ва мардумнавозї аз онон омўхтам».


Чизи дигаре, ки аз сатњи баланди донишњои касбии идоракунии аљдодони мо дарак медињад, ин ба идоракунии девонњои таъсисдодаи аъроб љалб гаштани хизматчиёни иронї буд. Ва ќайд карда мешавад, ки «њатто баъд аз наќли коргузории девонњо ба забони арабї, ки маќсади аъроб аз он љилвагарї аз нуфузи фарзонагони Аљам ва рўњонияти миллии онњо созмони идораи хилофат буд, донишварони ин сарзамини адабпарвар ба зудї ба забони араб тасаллут ёфта, девонњои навтаъсиси арабиро тањти нуфузи худ ќарор доданд».2 Сомониён дар идоракунии давлатї аз анъанаи давлатдории гузаштагони худ, махсусан Сосониён истифода бурда, низоми мукаммали идоракунї ба вуљуд оварданд. Чуноне ки сарвари давлат Эмомалї Рањмон фармудаанд «давраи эњёи маданият, фарњанг ва рушди илму адабиёт ва шукўњи иќтидори давлати тољикон ба ањди Сомониён, хусусан шоњ Исмоили Сомонї марбут аст.

1 Абдуллоев С. Амир Исмоили Сомонї. Хуљандж. 1998.С.132. 2 Дар њамон љо. С.145.


Ин давронро метавон марњалаи дурахшону пурифтихори тамаддуни миллї ва ављи камолоти давлатдорї, ташакули шахсиятњои барўманд номид. Нирўи аќлу заковат ва созандагиву эљодкорї мањз дар њамин даврон ба ављи аъло расид» . Дар асрњои баъдина низ масъалаи идоракунї, баланд бардоштани самаранокии он, наќши шахсони донишманду босалоњият дар идоракунї аз мадди назари олимону сиёсатмадорони тољик дур набуд ва тањлилу тадќиќи проблемањои гуногуни сиёсию фалсафї то андозае ба ин падидаи назарияи идоракунии сиёсї равшанї андохта, дар инкишофи он сањмгир гардиданд. Дар ин љода афкори сиёсї ва фалсафии Абунаср Муњаммад ибни Тархон, ки ба тахаллуси Абунасри Форобї маълум аст (853-950), Абуалї ибни Сино, Абуалї Њасан ибни Алии Тусї машњур ба Низомулмулк (1018-1092) назаррас арзёбї гардиданд. Асарњои Абунасри Форобї (зиёда 160 адад ном мебаранд) ба илми фалсафа ва дигар мавзўњои иљтимоию сиёсї бахшида шудаанд. Аз љумла проблемаи сарвари сиёсї ва мавќеи шахсият дар давлат ва низоми идоракунї аз масъалањое мебошанд, ки онро берун аз давлат ва љомеа тањлилу тадќиќ намудан имкон надорад. Худи конспепсия ва назарияњои гуногуни тадќиќоти сарвари сиёсї, аз ќабили: сарвари сиёсї- «ин шахси нуфўз ё таъсир дошта»; «ин идоракунї»; «ин ќабули ќарор» ва «касе ки ба пеш мебарад» бешак дар омўзиш, тањлил ва тадќиќи давлат, дастгоњи давлатї, идоракунии давлатї, хизмати давлатї ва хизматчиёни давлатї ё њайати идоракунанда бо методологияи илмии худ бе таъсири мусбї намонданд. Дар таълимоти Форобї масъалањои иљтимоию сиёсї, алалхусус пайдоиш ва вазифањои давлат, шаклњои давлаторї ва некахлоќї мавќеи муњим дорад. Мутафаккир такомули љамъиятро бо «нуфузи меъёр дар байни аъзои он алоќаманд мекунад. Хирадмандиро сифати баланди ахлоќ дониста, ягонагии онро ба рафтор ва амал, эњтироми тарафайни аъзои љамъият, аъдолат, муњаббат, ростгўї, дурандешї зикр мекунад» .


1 Рањмонов Э.Ш. Тољикон дар оинаи таърих. С.9-10



Форобї шакли такомулёфтаи љамъиятро шањр њисоб мекард ва шањри ў ба маънои давлат низ фањмида мешуд. Шањрро ў намунаи идоракуние мењисобид, ки ба одамон хушбахтї мебахшад. Роњбари шањри накўкор ба андешаи ў бояд дорои сифатњои неки инсонї бошад ва бо шахси комил, фозил буданаш аз дигар шањрвандон фарќ намояд. Тибќи таълимоти ў, муносибати байнињамдигарї ва њамдигарфањмї миёни одамон ва сарвар дар раванди фаъолияти муштарак дар навбати аввал ба воситаи боварикунонї ва маљбуркунонї, дар навбати дуюм танњо бо роњи боварикунонї, таълими рўњї ва тарбия, ки ба боварї, эътироф ва дастгирии роњбар аз аз тарафи омма, ба даст меояд. Абуалї ибни Сино чунин андеша дошт, ки пайёмбар роњбари љомеаи одилона ва таъмини файзи илоњиро дар рўи замин ба ўњда дорад. Пайёмбар барои иљроиши вазифањои корњои давлатї бояд аз њисоби шахсони шоиста љонишин дошта бошад. Сарвари кишварро ў бо чор сифат: далерї, адл, њусни тадбир ва хирад кафш намуд.


Абуалї Њасан ибни Алии Тусї машњур ба Низомулмулк (1018- 1092) шахсест, ки дар њаёти сиёсї, адабї ва мадании халќњои тољику форс бо эљод намудани «Сиёсатнома» мавќеи босазоеро ишѓол намудааст ва муњаќќиќон «Сиёсатнома»-и ўро бе њуда дастуруламали сиёсии хонадони Салљуќиён наменоманд. Низомулмулк борњо хотирасон менамуд, ки дар кори идораи давлат мавќеи одамони донишманд, кордону бомањорат ва содиќу вафодор бузург аст. Бањри амалї кардани чунин таълимоти худ Низомулмулк чорањои зиёде мебинад. Мањз бо саъйи шахсии ў дар Баѓдод, Нишопур, Исфањон ва ѓайрањо мадрасањо кушода, кори таълиму тарбия намудани одамони зарурї ба роњ монда мешавад. Дигар ин, ки вай исроркорона тавсия мекунад, ки сарварони давлат бо одамони дар асоси таълиму тарбия ва бо мурури замон бавоя расида бо мулоњизаву эњтиёткорї рафтор кунанд: «Бандагоне, ки парварда бошанд ва бузург карда, нигоњ бояд дошт, ки умре дигар аз рўзгори мусоид бояд, то бандаи шоиста ва озмуда ба даст ояд».


1 Муњаббатов А. Нуриддинов Р. Асосњои сиёсатшиносї. Душанбе « Ирфон» 2006. С.39. 2 Дар њамон љо. С.43.




А. Крымский ба фаъолияти вазири оќилу дона бањо дода, ќайд мекунад, ки «бо шарофати Низомулмулк, аз як тараф, давлати дар натиљаи задухўрди байнињамдигарї ва тохтутози зиёди сулолаи Салљуќиён хароб ва бесарусомон гашта каму беш ба тартиб оварда шуда бошад, аз тарафи дигар, иќтисодиёти давлат ба по гузошта мешавад».


Инкишофи институти идоракунии давлатї, албата ба рушди дастгоњи давлатї ва њайати дар он фаъолияткунанда бе таъсир намемонад. Аз тарафи дигар мањз њамон њайати идоракунии касбї, яъне хизматчиёни давлатии сарсупурда буданд, ки оини давлатдорї ва идоракунии аљдодони мо дар замони Сосониён ва Сомониён ба ављи аъло расид ва девонсолорї ба њайси як низоми мураттаби идоракунї тавсия ёфт. Ба таърихи афгори сиёсии халќњо дигар оид ба масъалаи идоракунии давлат ва наќши шахсият дар ин раванд назар афканем, мебинем, ки дар њама давру замон донишманд, шахси босалоњият, бомаърифат ва соњибкасб дар идоракунии давлат мавќеи хоса дошт. Масалан, дар сархати 133 ва 134 фасли VII Ќонуни Ману омадааст: «133) Подшоњ вафот кунад њам, набояд аз донишмандони Веда андоз ситонад. Донишманди Веда, ки дар мамлакати ў зиндагї мекунад, набояд аз гуруснагї вафот кунад. 134) Подшоње, ки дар мамлакати ў донишманди Веда аз гуруснагї мемурад, аз њамин гуруснагї мамлакати ў зуд мемирад» . Давлатдорони рус низ чун дигар халќњои дунё дар давлатдории худ ба идоракунии давлатї ва идоракунии њайат ањамияти љиддї медоданд, ки сарчашмањои зиёди таърихию њуќуќї шањодат бар онанд. Дар солњои 1548-1555 (замони њукмронии Ивани IV) 36 маќомоти (приказњо) соњавї ва њудудї таъсис дода шуд, ки яке аз онњо бо номи «Прикази дараљавї» барои танзими идоракунии њайат пешбинї гардид.

1 Низомулмулк. Сиёсатнома. Душанбе. Адиб.1989. С8 2 Крымский А. История Персии её. лит. Москва, 1990.С.180

Хохлышева О.О. Практикум по истории международных отношений. Часть первая. Н.Новгород 1999. С.15. Подпись: 1 Подпись: 31


Ин приказ ба интихоб ва љобаљогузории њайат машѓул буда, шахсони алоњидаро ба хизмати њарбї, шањрвандї ва дарборї номнавис ва масъалаи бо замин ва музди мењнат таъмин намудани онњоро танзим менамуд. Приказ 20 њазор хизматгорони шоњї дошта, аз онњо 3 њазорашон ба «рўйхати хизматии москвагї» дохил карда шуда, захираи номенклатуриро ташкил медоданд. Аз њисоби ин захира (3 њазор) «одамони хизматгор» аз љониби шоњ ба мансабњои масъули давлатї таъин гардиданд . Тибќи ислоњоти Пётри I масъалаи ташаккул ва фаъолияти њайати хизматчиёни шањрвандї ба ихтиёр ва идоракунии маќоми дуюм баъд аз шоњ Сенат вогузор гардид. Сенат маќоми назорати судї ва идоракунии маъмурї ба њисоб мерафт. Сенат барои њалли масъалаи идоракунии њайат маќоме бо номи «мизи дараљавї» таъсис дода, сипас соли 1722 онро ба маќоми нисбатан калон, босалоњият ва дорои функсияи васеъи идоракунии њайат бо номи «Контораи Герольдмейстер» табдил дод. Ин идора ба сифати хадамоти кадрї тамоми асри XVIII фаъолият намуд. Дар замони Александри 1 идоракунии њайати хизмати давлатї ба салоњияти департаменти якуми Сенат вогузор гардид. Дар замони Николайи 1 ба идоракунии њайат ба зиммаи маќоми нав Департаменти нозироти Идоракунии шањрвандї вогузор гардид, ки он дар асоси фармони Николайи I аз 5 сентябри соли 1846 фаъолият менамуд. Ба ташаккули захираи кадрњо махсусан дар замони фаъолияти департаменти якуми Сенат ва Департаменти нозироти Идоракунии шањрвандї ањамияти љиддї медоданд. Дар ин маќомот захираи кадрњо ташакул дода шуда, ба тайёркунии касбии онњо ањамияти аввалиндараља медоданд. Барои ишѓоли мансаб, кадрњо аз ду моњ ва зиёда он ба тайёркунї фаро гирифта мешуданд. Ин масъала дар фармони Сенат аз декабри соли 1841 «Оид ба номзадњо ба љойњои губерниягї» махсус ќайд карда шудааст. Дар фармон омадааст, ки бо маќсади пешгирї намудани «оќибатњои зараровари аз бе таљрибагии шахсони ба мансабњои сардорони губернияњо таъиншуда» руйхати захирањо ташкил шуда, кадрњо барои мансабњои зарурї тайёр карда шаванд.


Управление персоналом. Учебник под. ред. А.И. Турчинова. М. Из - во РАГС 2003. С.186.



Дар давраи тайёрї шахсони дар захираи кадрњо буда мебоист муфассал ба доираи ўњдадорињои ояндааш шинос карда шуда, њаљм ва мазмуни кори губернатор ва идоракунии губерния, палатањо, комиссияњо ва дигар маќомоти идоракунии онро аз худ мекарданд. Давраи тайёрї бо супоридани имтињон дар коллегияи Вазорати корњои дохилї ба анљом мерасид. Ба мансаб таъин таъин намудани шахс он ваќт ба амал меомад, ки Коллегия шахсро ба мансаби барои он аз тайёрї гузашта, тайёр мењисобид ва ўро барои ишѓоли мансаби дахлдор тавсия медод. Муњаќќиќони хизмати давлатии Россия кам будани санадњои меъёрии њуќуќии имрўзаи Россияро нисбати давраи тоинќилобї ќайд мекунанд. Дар аввалњои асри XX дар Россия 200 санадњои меъёрии гуногун (ќонунњо, фармонњои шоњї, ќарорњои њукумат, оинномањо ва ѓ.) ба ќайд гирифта шуда буданд, ки аз инкишофи заминањоињуќуќии ин институт дар Россия шањодат медињанд.


Ба ташаккули захираи кадрњо низ дар давраи Иттињоди Шўравї ањамияти љиддї дода мешуд. Њанўз соли 1922 КМ ПКР (б) дар мактуби худ «Дар хусуси ба њисоб гирифтани захираи кормандон» диќќати роњбарони њизбию советї ва хољагиро ба зарурарати љоннок намудани кор дар самти ташаккули захира љалб намуд. Бо ин мактуб КМ роњбарони маќомоти мањаллиро вазифадор намуд, ки њисоботи махсуси захираи кормандони масъулро аз рўи соњањои гуногун: њизбї, давлатї ва иттифоќњои касаба пеш баранд, онњо гурўњбандї намуда, ба гурўњњои дахлдори тахассусї вобаста намоянд. Ба захира дохил кардан дар љаласањои бюрои кумитаи вилоятї ва губериниявї тасдиќ мегардид. Њамин тариќ, фаъолияти маќомоти њизбию советї оид ба ташаккули захираи кадрњо хусусияти системавиро касб намуд. Вай дар худ чунин элементњоро ба монанди омўзиши худфаъолиятї, дарёфти ташкилотчиёни ќобилиятнок, бањисобгирии кормандони ояндадор барои пешбарї ба вазифањои роњбарикунанда ва дигар мансабњои баланди њизбию давлатї, санљиши сифатњои њизбї ва кордониро дар бар мегирифт.

Мельников В.П., Нечипоренко В.С. Государственная служба в России. М. Издательство РАГС. 2004. С.355.


Аз њисоби њамин захира бо ќарори КМ ва ШКХ солњои 1921- 1922 барои кўмаки маќомоти њизбию советии Осиёи Миёна 1 165 нафар кормандон фиристода шуданд . Соли 1923 дар шањри Ленинград зиёда аз 10 њазор коргарони фаъол дар назди маќомоти њизбию советї ба захира гирифта шуданд. Дар зарфи ду сол зиёда аз се њазор шахсони дар захирабуда баъди санљиши онњо дар иљрои супоришњои гуногуни љамъиятї ба мансабњои дахлдори хизбию давлатї ва хољагї ба кор гузаштанд.


Хусусияти асосии захираи кадрњои хизмати давлатии даврони Иттињоди Шўравї њизбї-номенкалатурї будани он арзёбї мегардад «ва дар њисоботи намояндагони элитаи сиёсї (њизбї-номенкалатурї), ки ба ќуллаи баланди пирамидаи сиёсї баромада буданд, дигар арзишњо, дигар фањмишњо оид ба ќарз, виљдон, ахлоќ, сифатњои касбї ва шахсии кадрњои идоракунї мављуд буданд».


Истиќлолияти давлатї, ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва дар он њамчун њуќуќњои сиёсии шањрвандон мустањкам намудани њуќуќ ба идоракунї ва ба хизмати давлатї ба дигаргунињои сохторї заминаи мусоиди ташкилию њуќуќї фароњам овард. Дар низоми маќомоти марказии њокимияти иљроияи љумњурї, дар назди Президенти Љумњурии Тољикистон Раёсати хизмати давлатї таъсис дода шуд. Ба ваколати ин маќом ба амал баровардани сиёсати ягонаи давлатї дар соњаи хизмати давлатї вогузор гардид. Бо пешнињоди Раёсат барои иљро ва таќвияти фаъолияти ќонунии он, бархурдорї аз донишњои назариявї ва амалияи идоракунии давлатї ва хизмати давлатї, амалияи маъмурї-идоракунии љањонї, инчунин таърихи инкишофи зуњуроти зикргардида Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатї таъсис ёфта, ба кори худ шурўъ намуд. Дар назди олимони ин донишкада, аз љумла тадќиќи таърихи идоракунии давлатї, хизмати давлатї ва идоракунии њайат низ гузошта шуд.


Мельников В.П., Нечипоренко В.С. Государственная служба в России: отечественный опыт организация и современность. М. Из-во РАГС 2004. С.304. 2 Ниг. Дар њамон љо. С.305


См. Понеделков А.В. Политическая элита: Генезис и проблемы её становления в России. Ростов-на-Дону.: АО «Книга». 1995. С.127.


Тадќиќгарони соњаи идоракунии давлатї ва хизмати давлатї чунин њисоб мекунанд, ки хизмати давлатї дар баробари чунин зуњуротњо ба монанди давлат, њокимияти давлатї, дастгоњи давлатї, идоракунии давлатї ќарор дошта, бо онњо алоќаманд мебошад ва бинобар ин танњо бо роњи таъсиррасонї ба онњо зуњур мекунад, амалї ва тањлил мегардад ва бањо дода мешавад».


Чунин аќида албата бесабаб нест ва зимни омўзиши фанни идоракунии њайат, аз љумла падидаи захираи кадрњо бояд онњо аз мавќеи давлат, њокимияти давлатї, дастгоњи давлатї ва идоракунии давлатї дар раванди дигаргунињои сиёсї, иќтисодию иљтимої ва фарњангии љомеа мавриди тадќиќу тањлил карор дода шаванд.

Атаманчук Г. В. Сущность государственной службы: история, теория, закон, практика: Монография. М.: РАГС, 2004. С. 199.



Њошимов Д. Д. Роњбари Дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон


МАфЊУМИ ОЪЕКТЊОИ ЊУЌУЌИ ГРАЖДАНЇ


ПОНЯТИЕ ОБЪЕКТОВ ГРАЖДАНСКИХ ПРАВ


Развитие рыночных отношений приводит к появлению новых средств удовлетворения потребностей людей, а следовательно, и новых видов объектов гражданских прав. Кроме того, развитие данных отношений приводит к тому, что в их сферу вовлекаются объекты, которые раннее либо не признавались объектами гражданских прав, либо не учитывались в гражданском обороте. Поэтому данная статья будет посвящена в основном понятию и системе объектов гражданских прав в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

Ключевые слова: объекты гражданских прав, объекты гражданских правоотношений, правоотношения, благо, материальные благо, имушественные права и личные неимущественные права, вещи.

OBJECTS’ CONCEPTION OF CIVIL RIGHTS


The development of the market relations results in appearance of the new means of the satisfaction of people’s needs, also for consequently and new types object of civil rights. Besides, development of the given relations results in that in their sphere are involved objects, which earlier did not confess the object of the civil rights, or were not taken into account in civil circulation. So the given article will be a devoted to the main conception and system of objects civil rights in accordance with legislation of the Republic Tajikistan. Key words: objects of civil rights, objects of civil legal relationship, legal relationship, welfare, material welfare, right of propertys and non-property right, thing.


Объектњои њуќуќи гражданї яке аз мавзўи бањсноки њуќуќи гражданї ба њисоб меравад. Новобаста аз мављуд будани адабиёт ва аќидањои гуногуни илмї оид ба намудњои алоњидаи объектњои њуќуќи гражданї, дар масъалањои умумии ин мавзўъ, аз ќабили: мафњум, система, љои он дар сохтори њуќуќ в.ѓ. тадќиќоти илмї, ба истиснои корњои В.А. Лапач камтар ба чашм мерасанд.


Ниг: Лапач В.А. Система объектов гражданских прав: теория и судебная практика. СПб.: Юрид. ЦентрПресс, 2002.



Танзими њуќуќии объектњои њуќуќи гражданї бо њамин ном дар боби 6 Кодекси граждании Љумњурии Тољикситон, ки аз панљ параграф: (§ 1. Муќаррароти умумї, § 2. Ашё, § 3. Амал (беамалї), § 4. Пул ва ќоѓазњои ќиматнок, § 5. Неъматњои ѓайримоддї ва њифзи онњо) иборат мебошад ифодаи худро ёфтааст. Намудњои алоњидаи объектњои њуќуќи гражданї, инчунин бо ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ќоѓазњои ќиматнок ва биржањои фондї», «Дар бораи њуќуќи муаллиф ва њуќуќњои вобаста ба он», «Дар бораи тамѓањои молї ва тамѓањои хизматрасонї» в.ѓ. ба танзим дароварда шудаанд. Барои дуруст ва амиќ дарк намудани мафњуми объектњои њуќуќи гражданї ду масъала: фањмиши њуќуќ ба маънои объективї ва ё субъективї ва муайян намудани таносуби мафњумњои «объекти њуќуќи гражданї» ва «объекти муносибатњои њуќуќи гражданї» зарур мебошад, ки оиди он дар адабиёти њуќуќї андешањои гуногун љой доранд. Дар номи боби 6 Кодекси зикршуда равшан дида мешавад, ки су- хан оид ба њуќуќњои субъективї меравад, на ин ки дар бораи њуќуќ ба маънои объективї. Сабаби чунин маънидодкунињо дар он аст, ки як истилоњ ба ду мазмун истифода гардида, боиси нофањмињо мегардад. Ин њолат дар њуќуќи англисї, ки дар он њуќуќ ба маънои объективї бо истилоњи «Law» ва њуќуќи субъективї бо истилоњи «right» истифода мегардад, дида намешавад. Дар маљмўъ њуќуќ њамчун система ба танзими муносибатњои љамъиятї равона карда шудааст. Бинобар ин, аќидаи умумиэътирофшудае мављуд аст, ки объекти њуќуќ муносибатњои љамъиятие мебошад, ки аз тарафи њуќуќ ба танзим дароварда мешаванд , аммо предмети батанзимдарории њуќуќиро муносибатњои љамъиятї ташкил медињанд. Предмети њуќуќи гражданї асосан муносибатњои мулкии ба молу мулк вобаста ба њисоб мераванд.


Ба сифати объекти њуќуќи гражданї њамчунин муносибатњои молу мулкї ва шахсии ѓайримолумулкии ба он вобаста набуда баромад мекунанд.


1 Ниг.: Алексеев С.С. Об объекте права и правоотношения // Вопрос общей теории совет- ского права. М., 1960. С. 285, 289, 305; Венгеров А.Б. Теория государства и права: Учеб. для юрид. вузов. М., 1998. С.402.



Дар чунин тарзи масъалагузорї, њангоме ки мафњуми «объекти њуќуќ» бо мафњуми «предмети батанзимдарории њуќуќї» амалан мутобиќат менамояд, яке аз мафњумњо нолозим мегардад. Албатта чунин мафњум «объекти њуќуќ» мебошад. Аз ин рў, дар ќонунгузорї ва дар адабиётњо истифода нашудани ин мафњум боиси тааљуб нест. Мувофиќан њангоми истифодаи мафњуми «объектњои њуќуќи гражданї» њуќуќњои субъективї дар назар дошта мешавад. Таносуби мафњуми «объектњои њуќуќи гражданї» ва «объектњои муносибатњои њуќуќи гражданї» бошад, аз муайян намудани мафњуми «муносибати њуќуќи гражданї» ва «њуќуќи субъективї» вобастагї дорад. Дар адабиётњои њуќуќї, инчунин аќидаи умумиэътирофшудае мављуд аст, ки тибќи он њуќуќи субъективї бо ўњдадорињои њуќуќї дар алоќамандии ногусастанї ќарор дорад. Њуќуќ бе ўњдадорї ва ўњдадорї бе њуќуќ вуљуд дошта наметавонад ва њуќуќ, ки ўњдадориро ба миён меорад, муносибати њуќуќї мебошад. Мутобиќан объекти њуќуќи субъективї – дар як ваќт объекти ўњдадории њуќуќї ва объекти муносибатњои њуќуќї мебошад. Њамин тавр, мафњумњои «объектњои њуќуќи гражданї» ва «объектњои муносибатњои њуќуќи гражданї» - синоним мебошанд. Дар адабиётњои њуќуќї њамчунин мафњуми «объектњои муомилоти гражданї (молу мулкї)» истифода мешавад. Ин мафњум ќариб, ки њамаи объектњои њуќуќи гражданиро (муносибатњои њуќуќї), ба истиснои муносибатњои шахсии ѓайримолу мулкї, ки бегона карда намешаванд, дар бар мегирад. Мафњуми «объектњои муомилоти гражданї» ба мафњуми «объектњои њуќуќи молу мулкї» њаммонанд мебошад. Мутобиќан мафњуми объекти њуќуќи гражданї (объекти муносибатњои њуќуќи гражданї) нисбат ба объекти муомилоти гражданї васеътар мебошад . Аз назари В.А. Лапач муќаррар намудани объекти њукуќ њачун неъмат, ки бо њуќуќ таъмин карда мешавад ањамияти умумї дошта, метавонад нисбат ба дилхоњ соњаи батанзимдарории њуќуќї татбиќ карда шавад, њамчунин муносибатњое, ки бо соњањои њуќуќи мурофиавї ба танзим дароварда мешаванд, истисно намебошанд .


1 Ниг.: Лапач В.А. Указ. Соч. С.71.


Ниг.: Гражданское право. Т.1: Учебник. 2 – е изд. / Отв. ред. Е.А. Суханов. М.: БЕК. 1998. С.295.



Мафњуми объекти муносибати њуќуќї аз он тартибе, ки муносибати њуќуќї фањмида мешавад, вобастагї дорад. Агар ин муносибати љамъиятие бошад, ки бо меъёрњои њуќуќ ба танзим дароварда шудааст, дар ин њолат объекти ин муносибати њуќуќї воќеї ва мушаххас мебошад. Агар ин муносибати нави њуќуќии мафкуравї (идеологї) бошад, дар ин њолат аввалан дар ду муносибат бояд ду объект бошад; дувумин дар муносибати мафкуравї объект низ идеалї мешавад, ки он бо муносибатњои воќеии љамъиятї алоќаманд нест. Объекти муносибати њуќуќї – ин ирода ва шуури шахси ўњдадор, объекти њуќуќ бошад – ин мањсули дарки илмии (ѓояи њуќуќии сатњи болотарини муттањидї) ќонуниятњои фаъолияти системањои њуќуќї (меъёрї) мебошад, ки решањои он дар неъматњои молу мулкї ва иљтимої, ки асоси иќтисодии њастии инсон ва љамъиятро ташкилнад, љойгир мебошад .


Муносибати њуќуќї – ин муносибати љамъиятие мебошад, ки бо меъёрњои њуќуќ ба танзим дароварда шудааст, бинобар ин объект бояд воќеї ва мушаххас бошад. Унсурњои муносибатњои њуќуќї: њуќуќи субъективї, ўњдадориитивї (мазмуни муносибатњои њуќуќї), субъект ва объект мебошанд. Тањти мафњуми объекти муносибати њуќуќї одатан он чизе фањмида мешавад, ки ба он муносибати њуќуќї равона карда шудааст ва таъсири муайян мерасонад. Оид ба масъалаи он, ки аниќ ба сифати объекти муносбати њуќуќи гражданї чї баромад мекунад, ду назария љой дорад: плюралистї (назарияи бисёробъектї) ва монистї (назарияи объекти ягона). Вобаста ба назарияи бисёробъектї ба сифати объектњо неъматњои гуногуни моддї ва ѓайримоддї баромад мекунанд, ки номгўи онњо пешнињод карда мешавад.


1 Ниг.: Лапач В.А. Указ. Соч. С.59. 2 Ниг.: Њамон љо. С. 108, 111 -112.



Масалан, Н.М. Коркунов чор категоряи объектњоро номбар менамояд: 1) ќуввањои шахсї, 2) ќуввањои табиї, 3) ќуввањои шахсони дигар, 4) ќуввањои љамъият .


Ба аќидаи И.В. Михайловский ин1) шахсияти худи субъект; 2)ашё, 3) њаракати одамон ва 4) одамон мебошад . Г.Ф. Шершеневич бошад се намуди объектњоро људо мекунад: ашё, њаракат ва шахсон . В.М. Хвостов гурўњбандии зерини њуќуќи гражданиро вобаста ба объекти онњо пешнињод менамояд: 1) њуќуќ ба шахсияти субъект; 2) њуќуќ ба ашё (њуќуќњои ашёгї); 3) њуќуќ ба њаракатњои шахси дигар (њуќуќи ўњдадорї); 4) њуќуќ нисбат ба шахсони дигар (њуќуќњои оилавї); 5) њуќуќњои меросї . В.И. Майер њамчунин се намуди объектњои њуќуќро људо менамояд: њуќуќи њокимият, њуќуќи ашёгї ва њуќуќи ўњдадорї . В.И. Синайский ба сифати объектњо ашё ва њуќуќро номбар менамояд6. Чунин нуќтаи назар дар адабиётњои муосири њуќуќї низ нигоњ дошта шудааст. Масалан ба аќидаи В.К. Бабаев объектњои муносибат њои њуќуќї чунин неъматњо мебошанд: 1) предмети олами моддї; 2) мањсули эљодиёти маънавї; 3) неъматњои шахсии мулкї; 4) рафтори иштирокчиёни муносибатњои њуќуќї;

4) натиљаи рафтори иштирокчиёни муносибатњои њуќуќї7.

А.В. Мицкевич ба объектњои муносибатњои њуќуќї предметњои олами моддї, њаракатњои шахси ўњдадор ва натиљаи њаракатњои шахси ўњдадорро дохил мекунад8.


В.В. Лазерев ва С.В. Липень ба он аќидаанд, ки объекти муносибатњои њуќуќї метавонанд: неъматњои моддї, яъне предметњои олами моддї, арзишњои гуногуни ѓайримоддї мањсули эљодии зењнї, маънавии одамон, неъматњои шахсии ѓайримолу мулкї; њаракати субъектони муносибатњои њуќуќї ва ё натиљаи ин њаракатњо ва њуќуќњои субъективї бошанд1.


1 Ниг.: Коркунов Н.М. Лекции по общей теории права // Хропанюк В.Н. Теория носударства и права: Хрестоматия. М.: Интерстиль, 1998. С. 778. 2 Ниг.: Михайловский И.В. Очерки философии права // Њамон љо. С. 804. 3 Ниг.: Шерневич Г.Ф. Общая теория права. Вып. 3 // Њамон љо. С. 876. 4 Ниг.: Хвостов В.М. Обшая теория права // Њамон љо. С. 863 – 866. 5 Ниг.: Майёр Д.И. Русское гражданское право: В 2 ч. Ч. 1 М.: Статут, 1997. С. 225 – 226. 6 Ниг.: Синайский В.И. Русское гражданское право. М.: Статут, 2002. С. 123.

Ниг.: Общая теория права: Курс лекций / Под ред. В.К. Бабаева. Нижний Новгород, 1993. С. 422 – 425. 8 Ниг.: Проблемы общей теории права и государства. Учеб. для вузов / Под ред. В.С. Нерсесянца. М.: НОРМА, 2001. С. 382 – 383.


Ба аќидаи С.С. Алексеев объекти муносибати њуќуќї предмете, ки оламро ињота намудааст, яъне неъматњои моддї ва ѓайримоддие, ки вобаста ба он муносибати њуќуќї ба миён омадааст, мебошад . Чунин фањмиши объектњо дар адабиётњои муосири сивилисти- ка низ пањн гардидаанд . Назарияи дуюм – монистї (назарияи объекти ягона) – дар он зоњир мегардад, ки ба сифати объекти њуќуќ метавонад танњо як намуди мављудияти ашёї баромад намояд. Як гурўњи муаллифон бар он аќидаанд, ки ягона объект ин ашё аст , дигарон – рафтор ва ё њаракати шахсон , сеюмин – режими њуќуќї6. Чуноне ки аз ин андешањо бармеояд, байни ин нуќтаи назарњо нисбат ба фарќият умумияти бештар дида мешавад. Тарафдорони назарияи плюралистї дар њар њолат муњимияти рафтори иштирокчиёни муно сибатњои њуќуќиро эътироф менамоянд. Тарафдорони рафтор њамчун объекти ягона дар њар сурат дар хусуси рафтор, ки ба неъматњои гуногуни моддї ва ѓайримоддї равона шудааст, сухан менамоянд. Кўшиши якљоя намудани ин ду аќида ба назарияњои созишї оварда расонд: объекти тартиби якум (рафтор) ва объекти тартиби дуюм ва ё объекти њуќуќї (ашё, неъматњои моддї, њаракти одамон) , объекти махсуси муносибатњои њуќуќї , объекти берунї, объекти аввалиндараља ва дуюмдараља , объекти њуќуќї ва объекти моддї, объекти батанзимдарории гражданї - њуќуќї њамчун муќаррароти назариявї (рафтори субъектон) ва њамчун ифодаи њуќуќї (ашё) , объекти муносибати њуќуќї (муносибатњои љамъиятии воќеї) ва предмети муносибати њуќуќї (неъматњои моддї ва ѓайримоддї ва ё рафтори шахс) .


Ниг.: Лазерев В.В., Липень С.В. Теория государства и права: Учеб. для вузов. 2 – е изд. М.: Спарк, 2000. С. 338 – 339. 2 Ниг.: Алексеев С.С. Право: азбука – теория – философия: опыт комплексного исследования. М.: Статут, 1999. С. 72. 3 Ниг., масс.: Гражданское право. Учебник. В 2 т. Т.1 / Отв. ред. Е.А. Суханов. 2 – е изд. М.: БЕК, 1998. С.294- 295; Гражданское право. Учебник. Ч.1 / Под. ред. А.Г. Калпина, А.И. Масляева. М.: Юрист, 1997. С. 50; Гражданское право. Учебник. В 2 ч. Ч.1 / Под. ред. В.Ф. Чигира. Мн.: Амалфея, 2000. С.371. 4 Ниг., мас: Агарков М.М. Объязательство по советскому гражданскому праву // Уч. Тр. ВИЮН. Вып. 3 М., 1940. С. 22. 5 Ниг., мас: Магазинер Я.М. Объект права: Очерки по гражданскому праву. Л., 1957. С. 66; Иоффе О.С. Правоотношение по советскому гражданскому праву (1949) // Иоффе О.С. Избранные труды по гражданскому праву. М.: Статут, 2000. С. 581 -398. 6 Ниг.: Гражданское право. Учебник. Т.1 / Отв. ред. Е.А. Суханов. 2 – е изд. М., 2000. С.294- 295.



Њамин тавр, дар њар сурат бевосита ва ё бавосита (ба воситаи рафтори иштирокчиёни муносибатњои њуќуќї) неъматњои моддї ва ѓайримоддї њамчун объекти њуќуќњои субъективї (ва ё муносибати њуќуќї) баромад менамоянд. Объектњои њуќуќи гражданї дар ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон мустањкам карда шудааст. Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон (ба монанди дигар кодексњои граждании љумњурињои аъзои ИДМ) назарияи бисёробъектии њуќуќи гражданиро ќабул намуда, ба сифати чунин неъматњо, њуќуќњои молу мулкї ва шахсии ѓайримолумулкиро мустањкам намудааст (мод. 140 КГ ЉТ). Дар Кодекси граждании Федератсияи Россия (аз 21 октябри соли 1994) ибораи «неъматњо» дар модда оид ба объектњо истифода намешавад, вале ибораи «неъматњои ѓайримоддї» истифода мегардад (мод. 128, 150). Чунин тартиб дар Кодекси граждании Љумњурии Арманистон (аз 5 майи соли 1998) низ мустањкам шудааст, ки ин ибора дар моддањои 132, 162 истифода мешавад. Тибќи Кодекси граждании Гурљистон (аз 26 июни соли 1997) молу мулк - тамоми ашё ва неъматњои ѓайримоддии молумулкї мебошанд (мод.147). Дар Кодекси граждании Љумњурии Ќирѓизистон (аз 8 майи соли 1996) сухан дар бораи неъматњои моддї ва ѓайримоддї меравад (мод.22) ва моддаи махсус «Њуќуќњои шахсии ѓайримолумулкї ва дигар неъматњои ѓайримоддї» (мод. 50) љой дорад.


1 Ниг.: Тарановская Ф.В. Энцклопедия права // Хропанюк В.Н. Указ. Соч. С. 830- 832. 2 Ниг.: Толстой Ю.К. теории прваоотношения. Л.: Изд – во ЛГУ, 1959. С. 65. 3 Александров Н.Г. Законность и правоотношение в советском обществе. М., 1955. С. 117- 118. 4 Гордон М.В. Советское авторское право. М.: Госюриздат, 1955. С. 57 – 58. 5 Иоффе О.С. Избранные труды по гражданскому праву. М.: Статут, 2000. С. 678 – 681.


Карагусов Ф.С. Ценные бумаг и деньги в системе объектов гражданских прав. Алматы: Жери жарѓы, 2002. С. 26-27 7 Общая теория права и государства: Учебник / Под ред. В.В. Лазерева. М.: Юрист, 1994. С. 149 – 151.


Дар Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон (аз 30 июни соли 1999) тахмин чунин равиш љой дорад (неъматњо, њуќуќњои молу мулкї ва шахсии ѓайримолумулкї – мод.140), вале объектњо ба параграфњои алоњидаи боби 6: (§ 2) Ашё, (§ 3) Амал (беамалї), (§ 4) Пул ва ќоѓазњои ќимматнок, (§ 5) Неъматњои ѓайримоддї ва њифзи онњо таќсимбандї карда шудаанд. Чї тавре, ки дар боло зикр гардид, объектњои њуќуќи гражданї метавонанд неъматњо, њуќуќњои молу мулкї ва шахсии ѓайри- молумулкї бошанд (ќ. 1 мод. 140 КГ). Мутобиќи ќисмњои 1 ва 2 моддаи 140 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон: «Ба неъмату њуќуќи молу мулкї (молу мулк) чизу чора, пул, аз љумла асъори хориљї, ќоѓазњои ќиматнок, кору хизматњо, иттилоот, амал, натиљаи фаъолияти зењнї, номи фирма, тамѓаи мол ва воситањои дигари фардикунонии мањсулот, њуќуќї молу мулкї ва молу мулки дигар дохил мешаванд. Ба неъмату њуќуќи шахсии ѓайримолу мулкї њаёт, саломатї, эътибори шахс, шаъну шараф, номи нек, шўњрати касбї, дахлнопазирии њаёти шахсї, сирри шахсї ва оилавї, њуќуќи доштани ном, њуќуќи муаллифї, њуќуќи дахлнопазирии асар ва неъмату њуќуќњои дигари ѓайримоддї дохил мешаванд». Дар Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ибораи «неъмат ва њуќуќ», дар кодексњои граждании дигар давлатњои аъзои ИДМ бошад, ибораи «неъмат» истифода мешавад. Дар адабиётњо низ фањмиши гуногуни неъмат њамчун объекти њуќуќи гражданї вомехўрад. Масалан, Е.А. Суханов тањти объекти муносибатњои хуќуќи гражданї неъматњои гуногуни моддї (аз љумла ашёгї) ва ѓайримоддї (идеалї) ва ё раванди бавуљудоии онњоро мефањмад, ки предмети фаъолияти субъектони њуќуќи гражданиро ташкил мекунанд . Дар адабиёти илмї мафњуми «неъмат» хело кам мавриди тањќиќ ќарор дода шудааст ва яке аз аќидаи маъмули ин мафњум «неъмат зуњуроте мебошад, ки ќобилияти ќонеъ намудани ин ё он талаботи одамонро дорад» .

Ниг.: Селиванов Ф.А. Благо. Томск, 1967; Протасов В.Н. Правоотногение как система. М.: Юрид. лит., 1991. С. 89.


Алоќамандиро байни объекти њуќуќи гражданї ва неъмат њанўз Г.Ф. Шершеневич муайян намуда, менависад, ки: «њар ќадар муносибатњои њуќуќи хусусї хусусияти молу мулкиро доро бошанд, њамон ќадар фањмиши њуќуќї оид ба объекти њуќуќ бо фањмиши иќтисоди неъматњо мувофиќ мебошад. Объектњои њуќуќ – ин неъматњо дар маънои иќтисодї мебошанд. Тадќиќоти бештари фундаменталии неъматњо аз назари иќтисодї аз тарафи К. Менгер (1840-1921), роњбари «мактаби иќтисодии австриягї» гузарони гер аз тарафи В.А. Лапач дода шудааст . Аз тарафи К. Менгер назарияи арзишнокии субъективї кор карда баромад шудааст, ки асоси методологии онро омўзиш дар бораи неъматњо ба таври умумї ва хусусан дар бораи неъматњои иќтисодї (хољагї) ташкил мекунад. Барои он, ки предмет неъмат гардад ва ё бо ибораи дигар барои он, ки вай характери неъматро ба даст орад, ба њам мувофиќ омадани чор шарт зарур аст: а) талаботи инсонї; б) хусусияти предмет, ки онро дар алоќамандии сабаби бо ќонеъгар донии ин талабот мондан фоидаовар мегардонад; в) аз тарафи инсон дарки ин алоќаи сабабї; г) имконияти ихтиёрдорї намуда ни ин предмет њамон тарз, ки дар њаќиќат онро барои ќонеъ намудани ин талабот истифода намуд. Аз диди Менгер «неъмат» танњо ва танњо њамон ваќт неъмат мебошад, ки вай бо ќонеъгардонии талаботи инсонї алоќаманд бошад: агар талабот аз байн равад, неъмат низ аз байн меравад.

Ниг.: Шерневич Г.Ф. Общая теория права. Вып. 3. 1911 -1912 // Хропанюк В.Н. Теория государства и права: Хрестоматия. М.: Интерстиль, 1998. С. 876. 2 Ниг.: Менгер К. Основания политической экономии // Австрийская школа в политической экономии: К. Менгер, Е. Бем – Баверк, Ф. Визер. Сер. «Экономическое наследие». М., 1992. С. 39-75. 3 Ниг.: Лапач В.А. Система объектов гражданских прав: теория и судебная практика. СПб.: Юрид. ЦентрПресс, 2002. С. 72-76. 4 Ниг.: Менгер К. Указ. соч. С. 39- 75; Лапач В.А. Указ. соч. С. 73 – 75.


Менгер њамчунин неъматњои ѓайримоддиро, ки онњоро муносибатњо (фирмањо, монополия, њуќуќи нашриёт, доираи харидорон в.ѓ) ном мебарад, људо менамояд.

Вай чунин њисоб мекунад, ки маљмўи њамаи неъматњоро бояд ба ду категория људо намуд: аз як тараф неъматњои моддї (ба он њамаи ќуввањои табиї дохил мегарданд, зеро онњо неъмат мебошанд) ва аз тарафи дигар – њаракатњои фоидаовари инсон (дар њолатњои зарурї бењаракатї), ки аз онњо бештари муњимиятро мењнат ташкил мекунад. Дар чунин фањмиш неъматњо маркази системаи фоидањо мегардад, ки ба худ зерсистемаи неъматњои моддї ва њаракат њои фоидаовари инсониро дохил мекунад. Мутобиќан неъматњо бо талаботи инсонї ва ќонеъгардонии ин талабот алоќаманд мебошанд. Бинобар ин неъмат њама ваќт мушаххас аст ва аз нуќтаи назари њуќуќї вай метавонад танњо дар сурати объекти муносибати њуќуќї баромад намудан арзи њастї намояд. Аз ин лињоз классификатсияи неъматњо њамчун объектњои њуќуќи гражданї бояд бо классификатсияи муносибатњои њуќуќї алоќаманд бошад. Хуб мешуд, ки таќсимбандии объектњои њуќуќи гражданиро, ки дар Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба амал бароварда шудааст, истифода намоем, яъне неъматњо ва њуќуќ (мод.140 КГ). Таќсимнамоии объектњои њуќуќи гражданї ба неъматњо ва њуќуќ, таќсимнамоии неъматњоро ба худї ва бегона дар назар дорад. Неъматњои худї дар Кодекси гражданї њамчун неъмат ва неъматњои бегона њамчун њуќуќ ба неъматњои бегона оварда шудааст. Њамин тариќ, фањмиши даќиќи объектњои њуќуќи гражданї имконият фароњам меорад, ки онњо вобаста ба моњияташон дар ќонунгузорї мавриди танзим ќарор дода шуда, гурўњбандии дурусти онњо оварда шавад.



ЌАРОРЊОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ


ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН



АЗ НОМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Ќ А Р О Р И СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


оид ба дархости Кимсанов И. Њ. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддањои 371 ва 372 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»


ш. Душанбе 7 майи соли 2009


Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда- Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., судяњои Суди конститутсионї Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М. М., Каримов К. М. ва Назаров М., бо иштироки котиби маљлиси судї Одинаева Р.Р., тарафњо: а) Шањрванд Кимсанов И. Њ.-тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст; б) Гиёев С. Н. -намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Илолов М. И.-намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї- намояндагони тарафе, ки санади меъёрии њуќуќии ќабул ва љонибдоринамудаи онњо мавриди бањс карор дода шудааст; даъватшудагон: Њабибуллоева М. Р.- Муовини аввали Раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон, Гулмадшоев Р. К.-Муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон, Ќодиров Т. Ќ. - судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Холиќзода Љонибек-Сардори Сарраёсати ќонунгузории Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон, Њотамбекова М. Ў.-Прокурори Раёсати назорати ќонунї будани ќарорњои судњо оид ба парвандањои шањрвандї ва иќтисодии Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон, дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар маљлиси ошкорои Суди конститутсионї парвандаро аз рўи дархости Кимсанов И. Њ. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддањои 371 ва 372 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, маърўзаи судяи Суди конститутсионї Каримов К.М., баёноту хулосаи тарафњо ва баромади иштирокчиёни мурофиаро шунида, маводи пешнињодшуда ва дигар њуљљатњоро тањќиќ намуда,


м у а й я н к а р д:

Кимсанов И.Њ. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки даъвои ў ва ваколатдињандаи ў шањрванди давлати Исроил Алиев Р. бо љавобгарии оилаи Одинаевњо оид ба беэътибор донистани шартномаи хариду фуруши ду хонаи истиќоматї воќеъ дар шањри Душанбе аввалњои моњи апрели соли 2003 оѓоз гардида буд. Парванда муддати панљ сол дар баррасии судњои марњилањои якум, кассатсионї ва назоратии Љумњурии Тољикистон ќарор дошт, ки он ваќт Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон тањрири соли 1965 амал мекард. 1 апрели соли 2008 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон мавриди амал ќарор гирифта, парвандаи ў 28 апрели соли 2008 аз тарафи Суди ноњияи Синои шањри Душанбе баррасї гардида, беќаноат гузошта шуд. Ў нисбати њалномаи Суди ноњияи Сино ба Суди шањри Душанбе шикоят овард, аммо Суди номбурда бо ќарори худ аз 21 октябри соли 2008 шикояти кассатсионии ўро ќонеъ накард.


Баъдан ў ду маротиба бо назардошти Кодекси амалкунандаи мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ба судњои марњилаи назоратї: Суди шањри Душанбе ва Суди Олии Љумњурии Тољикистон шикоят кардааст, аммо шикоятњои ў ќаноатбахш карда нашудаанд. Ба андешаи номбурда, моддањои 365, 371, 372, 373 ва 378 боби 40-и Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон нисбати парвандаи ў татбиќнамудаи судњо кафолати њифзи судии ўро халалдор намуда, садди роњи баррасии парвандаи ў дар марњилаи назоратї гардиданд. Моддањои зикршуда бо мўњлати кўтоњи яксолаи мурофиавї, нобаробарии мурофиавии иштирокчиёни мурофиа ва номукаммалии худ имконият надоданд, ки ў њуќуќњои конститутсионии худро ба манзил амалї намояд. Аз ин рў, аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон талаб менамояд, ки оид ба дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда, мутобиќати моддањои 365, 371, 372, 373 ва 378 боби 40-и Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистонро ба моддаи 19 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад. Суди конститутсионї оид ба дархости Кимсанов И. Њ дар хусуси муайян намудани мутобиќати модањои 371 ва 372 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 19 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мурофиаи судии конститутсионї оѓоз намуда, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати талаботи боќимондаи Кимсанов И. Њ. рад намуд. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалаи мавриди бањс ќарордодаи И.Њ. Кимсановро њаматарафа тањќиќ намуда, ќайд менамояд, ки яке аз дастоварди муњими афкори сиёсию њуќуќї ва фарњангии инсониятин эътирофи њуќуќи инсон ва шањрванд ба њифзи судї ва кафолати ин њуќуќи шахсї дар санадњои њуќуќии байналмилалї ва конститутсияю ќонунгузорињои миллии давлатњои љањон ба шумор меравад. Сарчашмаи асосии ин њуќуќро принсипи таљзияи њокимияти давлатї ба ќонунгузор, иљроия ва судї ташкил медињад, ки механизмњои байналмилалї ва миллии њифзи судї пайваста пайи такмил ва инкишоф ќарор доранд. Аз љумла, моддаи 8 Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948 пешбинї менамояд, ки «Њар як инсон дар сурати поймол гардидани њуќуќњои асосии ў, ки бо Конститутсия ё ќонун пешбинї шуданд, барои барќарорсозии пурраи онњо аз тарафи судњои босалоњияти миллї њаќ дорад». Моддаи 14 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќи шањрвандї ва сиёсї, ки бо ќатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 16 декабри соли 1966 ќабул ва аз тарафи Љумњурии Тољикистон аз 4 апрели соли 1999 тасдиќ шудааст, ин масъаларо васеътар танзим намуда, пешбинї менамояд, ки «Њамаи шахсон дар назди судњо ва трибуналњо баробаранд. Њар кас њангоми баррасии њар навъ айбдории љиноятие, ки ба ў эълон карда мешавад ё њангоми муайян кардани њуќуќ ва ўњдадорињои ў дар ягон мурофиаи шањрвандї, ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоњият, мустаќил ва беѓаразе, ки дар асоси ќонун таъсис дода шудааст, њаќ дорад». Бо назардошти санадњои зикршудаи байналмилалї, ки ќисми таркибии низоми њуќуќии љумњуриро ташкил медињанд, дар Конститутсия ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон як ќатор меъёрњое пешбинї шуданд, ки ба њифзи судии њуќуќи инсон ва шањрванд ва кафолати татбиќи ин њуќуќ равона карда шудаанд. Тибќи санадњои зикршуда шањрвандони Љумњурии Тољикистон дорои як ќатор њуќуќу ўњдадорињои конститутсионї буда, онњоро бо ирода ва бо назардошти манфиатњои худ ва дар доираи манфиатњои љамъиятию давлатї ба амал мебароранд. Дар сурати поймол гаштани њуќуќњои худ, онњо аз кафолати њифзи судї бархурдор буда, «њуќуќ доранд талаб намоянд, ки парвандаи онњоро суди босалоњият, мустаќил ва беѓарази тибќи ќонун таъсисёфта баррасї намояд». Њифзи судии пешбининамудаи моддаи 84 Конститутсия, ки тибќи он «Њокимияти судї њуќуќ, озодињои инсону шањрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисањо, ќонунияту адолатро њифз менамояд», дар баробари дигар муносибатњои љамъиятї нисбати муносибатњои шањрвандї низ татбиќ мегардад, ки тартиби иљрои онњоро ќонунгузории мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон пешбинї менамояд. Чунончї, моддаи 1 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд, «Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи гражданї ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон асос ёфта, аз Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон», њамин кодекс, …, инчунин санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Љумњурии Тољикистон онњоро эътироф кардааст, иборат мебошад». Тибќи талаботи модддаи 3 Кодекси мурофиавии зикршуда «Вазифањои мурофиаи судии гражданї аз дуруст ва сариваќт баррасї ва њал намудани парвандањои гражданї бо маќсади њифзи њуќуќ, озодї ва манфиатњои ќонунии вайронгардида ё мавриди бањс ќарор доштаи шањрвандон… иборат аст.» Тибќи моддаи 8 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон бошад «Парвандањои гражданї дар њамаи судњои марњилаи якум аз љониби судя танњо…, дар њолатњои пешбининамудаи Кодекси зикршуда аз тарафи як судя аз номи суд, дар марњилањои кассатсионї ва назоратї аз љониби суд тибќи тартиби муќаррарнамудаи њамин Кодекс ва ќонун ба таври дастљамъї баррасї мегарданд.» Бо ин назардошт, ќонунгузор масъалањои вобаста ба мурофиа дар марњилаи назоратиро дар боби 40 КМГ Љумњурии Тољикистон мавриди танзим ќарор додааст. Тибќи муќаррароти моддаи 371 боби зикршудаи КМГ Љумњурии Тољикистон судя бо супориши раиси суди дахлдор ё муовини ў шикоят ё эътирози назоратиро баррасї намуда, дар сурати ба талаботи моддањои 369-370 КМГ Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани онњо парвандаи гражданиро талаб карда мегирад. Нисбати парванда ду навъи таъинот: оид ба рад намудани ирсоли парванда љињати моњиятан баррасї намудани он дар суди марњилаи назоратї ё оид ба ирсол намудани парванда ба суди марњилаи назоратї ќабул менамояд. Ќисми 2 моддаи 372 КМГ Љумњурии Тољикистон бошад, муќаррар менамояд, ки Раиси Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, раисони судњои вилоятї, Раиси Суди ш. Душанбе, Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва муовинони онњо њаќ доранд бо таъиноти судя љињати рад намудани ирсоли парванда барои моњиятан баррасї намудани он дар суди марњилаи назоратї розї нашаванд. Дар ин њолат ќонунгузор ба онњо њуќуќ додааст, ки онњо дар хусуси ирсоли парванда барои моњиятан баррасї намудани он дар суди марњилаи назоратї таъинот ќабул намоянд. Ќонунгузор ба иштирокчиёни мурофиаи судии гражданї, инчунин њуќуќ додааст, ки онњо дар давоми сол аз болои санадњои судии ба ќувваи ќонунї даромада такроран шикоят ё эътирози назоратї пешнињод намоянд ва тибќи талаботи ќисми 2 моддаи 367 КМГ Љумњурии Тољикистон ќарорњои ќаблан ќабулгардидаи судњои марњилаи назоратиро дар мўњтавои шикоят ё эътирози назоратии навашон нишон дињанд. Тибќи талаботи моддаи 378 КМГ Љумњурии Тољикистон бошад, ќонунгузор ба Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон ваколат додааст, ки ў бо максади таъмини ягонагии таљрибаи судї ва ќонуният ба Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон барои аз нав дида баромадани санадњои судї бо тартиби назоратї эътирози асоснок ирсол намояд. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њолатњои зикршударо ба эътибор гирифта, тартиби баррасии пешакии шикоят ё эътирози назоратї пешбининамудаи моддањои 371 ва 372 КМГ Љумњурии Тољикистонро ба ќисми якуми моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ њисоб менамояд, зеро: — марњилаи назоратї бо табиат ва таъиноти њуќуќии худ танњо дар њолати вайрон кардан ё татбиќи нодурусти меъёрњои њуќуќи моддї ва меъёрњои њуќуќи мурофиавї пешбининамудаи ќонунгузории мурофиавии гражданї, инчунин мављуд будани хатоњои дар марњилањои пешакии баррасии парванда рухдода, ки њуќуќу манфиатњои дар мурофиаи судї њифзшавандаи иштирокчиёни мурофиаро љиддан вайрон кардаанд, мавриди амал ќарор мегирад; — ин марњила, њамчун кафолати иловагии санљиши ќонунї ва асоснок будани санадњои судї дар њолате имконпазир аст, ки агар то ба ќувваи ќонунї даромадани санадњои судї њамаи имкониятњои пешбинамудаи ќонунгузории мурофиавї аз тарафи шахсони манфиатдор ва маќомоти судї пешбинї нашуда, хатоњои марњилањои пешинаи судї бартараф нагардида бошанд; — вобаста ба ин, марњилаи мазкур тавре бояд пешбинї гардад, ки он бо моњияти талаб, мўњтавои мурољиат, тартиби ба амал баровардан ва дигар масъалањои ба ин марњила хос ба устувории санадњои судии эътибори ќонунї пайдо кардаи марњилањои пешинаи судї, баробарии њамаи марњилањои судї дар њифзи њуќуќи инсон ва шањрванд ва дар маљмўъ ба фаъолияти мўътадили низоми маќомоти њокимияти судї тањким бахшида тавонад. Њамин тариќ, тартиби пешакї баррасї намудани шикоят ва эътирози назоратї танњо аз тарафи як судя аз талаботи ќисми 2 моддаи 8 КМГ Љумњурии Тољикистон ки тибќи он «Дар њолате, ки агар њамин Кодекс ба судя њуќуќи танњо баррасї намудани парвандаи гражданї ё содир намудани амали људогонаи мурофиавиро дода бошад, судя аз номи суд амал мекунад», бармеояд. Дар ин маврид судя танњо асоснокии шикоят ва эътирози назоратии пешнињодшударо баррасї намуда, ќарори ба ќувваи ќонунї даромадаи судњои марњилаи якум ва кассатсиониро таѓйир дода наметавонад. Ин амали судя мазмуни моњиятан баррасї шудани парвандаи назоратиро надорад, ки ин аз устувории санадњои судии эътибори ќонунї пайдокардаи марњилањои пешинаи судї, баробарњуќуќии онњо ва дар маљмўъ аз мўътадилии низоми њокимияти судї шањодат медињад. Новобаста аз ин, Суди конститутсионї ќайд менамояд, ки Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо назардошти таљрибаи мављуда мувофиќи маќсад будани тартиби баррасии пешакии шикоят ё эътирози назоратї аз љониби як судя, мўњлатњои дуру дарози баррасии шикоят ва эътирози назоратї, инчунин дигар масъалањои ба ин марњилаи судї хос пешбининамудаи боби 40 КМГ Љумњурии Тољикистонро мавриди омўзиш ва баррасї карор дињад. Дар асоси гуфтањои боло ва мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14, 32, 36, 37, 46-48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Ќарор мекунад:


1. Моддањои 371 ва 372 КМГ Љумњурии Тољикистонро ба ќисми якуми моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мебошад. 2. Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон мувофиќи маќсад будани тартиби баррасии пешакии шикоят ё эътирози назоратї аз љониби як судя, мўњлатњои баррасии шикоят ва эътирози назоратї пешбининамудаи моддаи 371, моддаи 372 ва моддаи 374 КМГ Љумњурии Тољикистон, инчунин дигар масъалањои ба ин марњилаи судї хос пешбининамудаи боби 40 КМГ Љумњурии Тољикистонро бо назардошти таљрибаи мављудаи ба таври дастљамъї баррасї намудани шикоят ва эътирози назоратї дар алоќамандї бо меъёрњои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва дигар меъёрњои КМГ Љумњурии Тољикистон мавриди омўзиш ва баррасї карор дињад. 3. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш эътибор пайдо мекунад. 4. Ќарори мазкур дар «Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон», рўзномањои «Љумњурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Мањмудов М.А.


Судя-котиби Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Каримов К.М.




Ќ А Р О Р И СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


Оид ба дархостњои шањрванд Абдурасулов А. ва намояндаи ваколатдори ў Амакљонов з. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати банди а) моддаи 3 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ба моддањои 5, 10, 14, 17 ва 39 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 1, 22, 23, 25 ва 29 Эъломияи умумии њуќуќи башар ва моддањои 20, 23, 36, ќисмњои 2, 3 моддаи 46, моддањои 161, 258, 259 ва 260 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон»


ш. Душанбе 17 июни соли 201


Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судяњои Суди конститутсионї Абдуллоев А.А. Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Каримов К.М., бо иштироки котиби маљлиси судї Одинаева Р., тарафњо: а) Файзиев М –адвокат, намояндаи ваколатдори шањрванд Абдурасулов А. - тарафе, ки аз рўи дархости он мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст; Гиёев С.Н.- намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Илолов М.И.-намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Мирзоев Х.Б. намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї- намояндагони тарафњое, ки санади меъёрии њуќуќии ќабул, љонибдорї ва имзонамудаи онњо мавриди бањс ќарор дода шудааст;


даъватшудагон:

Гулматшоев Р.К.-муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон, Шоев И. Н.-муовини Раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон, Ќодиров Т.Ќ.- Судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Сафаров Х.А.- мутахассиси пешбари Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон, Одинаев Р.М.- мутахассиси пешбари Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон; дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар маљлиси ошкорои Суди конститутсионї парвандаро аз рўи дархостњои шањрванд Абдурасулов А. ва намояндаи ваколатдори ў Амакљонов З. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати банди а) моддаи 3 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ба моддањои 5, 10, 14, 17 ва 39 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 1, 22, 23, 25 ва 29 Эъломияи умумии њуќуќи башар ва ба моддањои 20, 23, 36, ќисмњои 2, 3 моддаи 46, моддањои 161, 258, 259 ва 260 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон» баррасї карда, маърўзаи муовини Раиси Суди конститутсионї М. Назаров, баёноти тарафњо ва даъватшудагонро шунида, маводи парвандаро тањлилу тањќиќ намуда,


м у а й я н к а р д:

Шањрванд Абдурасулов А. бо дархост ба Суди конститутсионї мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки ў 18 сол дар корхонаи гази шањри Исфара, ки тобеи Умури истењсолии ќубурњои гази магистралии Фарѓонаи Љумњурии Ўзбекистон «ФЛПУМГ-и Узтрансгаз» карор дошт, кор кардааст.


Дар моњи феврали соли 2006 корхонаи мазкур аз тобеъияти «ФЛПУМГ-и Узтрансгаз» ба тобеъияти «Тољикгаз»-и Љумњурии Тољикистон мегузарад ва ў низ ба вазифаи «оператор»-и дараљаи 5-уми нуќтаи газтаќсимкунии ЉСНК Исфарагаз ба кор гузашта, дар он то охири моњи июли соли 2006 фаъолият намудааст. Баъдан бо сабаби маъюби гурўњи 2-юм эътироф шуданаш моњи августи соли 2006 ба нафаќа баромада, ба ў ба андозаи 22 сомонию 80 дирам нафаќаи њадди аќали маъюбї таъин намудаанд. Аз маблаѓи нафаќаи таъиншуда ќаноатбахш нагардида, соли 2006 ва солњои минбаъда як чанд маротиба ба Раёсати њифзи иљтимоии шањри Исфара мурољиат намуда, хоњиш кардааст, ки нафаќаи ўро аз рўи собиќаи мењнатиаш таъин намоянд. Аммо Раёсати мазкур талаби ўро ќонеъ намекунад. Комиссияи шањрї оид ба таъмини нафаќа аризаи навбатии ўро баррасї намуда, бо сабаби он, ки корхонаи хориљии ў дар он фаъолияткарда ба маќомоти ваколатдор андози иљтимої пардохт накардааст, бо протоколи худ аз 27 апрели соли 2009 талаби ўро рад намудааст. Оид ба њамин масъала ба Суди шањри Исфара мурољиат менамояд, вале Суд низ бо назардошти талаботи банди «а» моддаи 3 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 25 июни 1993 №796 «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон», яъне бо сабаби ба њисоби маќомоти ваколатдор напардохтани њаќќи суѓурта даъвои ўро рад мекунад. Суди вилояти Суѓд низ шикояти кассатсионии ўро бо асоси дар боло зикршуда рад карда, њалномаи Суди шањри Исфараро бе таѓйир монондааст. Њамин тавр, шањрванд Абдурасулов А. ба ќарори Раёсати њифзи иљтимоии шањри Исфара, њалномаю таъиноти судњои зикргардида розї нашуда, бо дархост ба Суди конститутсионї мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки муќаррароти банди а) моддаи 3 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 25 июни 1993 №796 «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон», ки тибќи он «шахсоне, ба нафаќаи мењнатї њуќуќ доранд, ки дар асоси шартномаи мењнатї (контракт) дар корхонањо, ташкилоту муассисањо, кооперативњо, сарфи назар аз шаклњои моликият ва хољагидориашон ё дар колхозњо ва дигар кооперативњо кор мекунанд, ба шарте, ки корхонаю ташкилотњо ба маќомоти ваколатдор Подпись: њаќќи суѓурта дињанд», ба талаботи моддањои 10, 14 ва 39 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва моддањои 20, 23, 258, 259 ва 260 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон мухолифат доранд, зеро меъёри номбурда, њуќуќу кафолатњои конститутсионии ў ва дигар шањрвандонро ба таъминоти иљтимої поймол ва мањдуд намудааст. Ба андешаи ў, дар ваќти мухолифати ќонун ба меъёрњои конститутсионї, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд пешбининамудаи Конститутсия бевосита амалї мешаванд, инчунин тибќи ќисми 3 моддаи 14 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон «мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои шањрвандон танњо бо маќсади таъмини њуќуќ ва озодињои дигарон, тартиботи љамъиятї, њимояи сохти конститутсионї ва тамомияти арзии љумњурї раво дониста мешавад». Шарти гузоштаи банди а) моддаи 3 Ќонуни зикршуда ба ў ва дигар шањрвандон имконият намедињад, ки онњо њуќуќи конститутсионии худро ба кафолати таъмини иљтимої пешбининамудаи моддаи 39 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «Њар шахс дар пиронсолї, њангоми беморї, маъюбї, гум кардани ќобилияти кор, мањрум шудан аз сарпараст ва мавриди дигаре, ки ќонун муайян кардааст, кафолати таъмини иљтимої дорад», ба амал бароранд. Њамчунин номбурда ќайд менамояд, ки њуќуќи конститутсионии ў ба таъмини нафаќа аз талаботи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон бармеоянд, ки тибќи талаботи моддаи 10 Конститутсия онњо ќисми тарикибии низоми њуќуќии љумњуриро ташкил медињанд. Агар ќонунњои љумњурї ба онњо мутобиќат надошта бошанд, санадњои њуќуќии байналмилалї амал мекунанд. Бинобар ин, дар вазъияти ба амаломада на вай, балки маќомоти давлатие, ки њуќуќи санљидану тибќи талаботи ќонунгузории андоз масъулияти ба роњ мондани фаъолияти андозсупории корхонањои гайрирезидентиро дар њудуди Тољикистон доранд, љавобгар мебошанд. Мебоист онњо нисбати њуќуќњои шањрвандони Тољикистон, ки дар чунин корхонањо фаъолият менамоянд, чорањои дахлдор меандешиданд. Бо ин назардошт, аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон хоњиш кардааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда, мутобиќати банди а) моддаи 3 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон»-ро ба талаботи моддањои 10, 14 ва 39 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва моддањои 20, 23, 258, 259 ва 260 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон муайян намояд. Баъдан шањрванд Абдурасулов А. тавассути намояндаи ваколатдори худ адвокат Амакљонов З. бо дархости иловагї ба Суди конститутсионї мурољиат карда, талаби худро нисбатан васеътар ифода намуда, аз Суди конститутсионї инчунин муайян намудани мутобиќати банди а) моддаи 3 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон»-ро ба моддањои 5 ва 17 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 1, 22, 23, 25 ва 29 Эъломияи умумии њуќуќи башар ва моддањои 36, ќисмњои 2, 3 моддаи 46 ва моддаи 161 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон» низ хоњиш кардаааст. Файзиев М –адвокат, намояндаи ваколатдори шањрванд Абдурасулов А. талаби дар дархостњои Абдурасулов А. ва намояндаи пешинаи ў адвокат Амакљонов З-ро дар рафти мурофиаи судии конститутсионї пурра дастгирї намуд. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалаи мавриди бањс ќарордодаи Абдурасулов А. ва намояндаи ваколатдори ў адвокат З. Амакљоновро њаматарафа тањлил намуда, ќайд менамояд, ки яке аз муќаррароти муњими санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи љомеаи љањонї -ин бунёди љомеаи адолатпарвар ва давлати иљтимої, инчунин ба њар як инсон фароњам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ба шумор меравад. Аз љумла, дар моддаи 22 Эъломияи умумии њуќуќи башар, ки бо ќатъномаи 217 А(III) Ассамблеяи генералии СММ аз 10 декабри соли 1948 ќабул шудааст, пешбинї гардидааст, ки «њар як инсон њамчун узви љамъият ба таъминоти иљтимої ва татбиќи њуќуќ барои шараф ва инкишофи озодонаи шахсияти ў дар соњаи иќтисодї, иљтимої ва фарњангї ба воситаи саъю кўшиши миллию њамкорињои байналмилалї мутобиќи сохтор ва имкониятњои њар як давлат њаќ дорад».


Паймони байналмилалї доир ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї, ки бо ќатъномаи 2200 А(ХХI) Ассамблеяи генералии СММ аз 16 декабри соли 1966 ќабул ва аз тарафи Љумњурии Тољикистон 4 апрели соли 1999 тасдиќ шудааст, дар моддаи 9 пешбинї менамояд, ки «Давлатњои Ширкаткунандаи њамин Паймон њуќуки њар инсонро ба таъминоти иљтимої, аз љумла суѓурати иљтимої эътироф мекунанд». Љумњурии Тољикистон бо назардошти муќаррароти зикршудаи санадњои њуќуќии байналмилалии умумиэътирофшуда дар Конститутсияи худ вазифаи давлат ва халќи Тољикистонро бунёди љомеаи адолатпарвар эълон намуда, дар ќисми якуми моддаи 1 муќаррар намудааст, ки «Тољикистон давлати иљтимої буда, барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароњам меорад». Вобаста ба ин дар Љумњурии Тољикистон як ќатор ќонун ва санадњои меъёрии њуќуќї,аз љумла Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ќабул карда шудаанд, ки онњо ба танзим ва татбиќи њуќуќи конститутсионии шањрвандон ба њифзи иљтимої равона гардидаанд. Ќонуни мазкур тавассути додани нафаќањои мењнатию иљтимої ба шањрвандон њуќуќи таъминоти моддиро кафолат дода, ягонагии шарту меъёрњои таъмини нафаќаи коргарон, хизматчиён, аъзои колхозњо ва дигар категорияњои мењнаткашонро муќаррар менамояд. Дар моддаи 1 ва 2 Ќонуни зикрёфта њуќуќи шањрвандон ба таъмини нафаќаи давлатї ва намудњои нафаќа, ки шањрвандон вобаста ба њолатњои пешбининамудаи Ќонун ба гирифтани онњо њуќуќ пайдо мекунанд, пешбинї шудааст. Яке аз шарти муњими пайдо кардани њуќуќ ба нафаќаи мењнатї, ки аз талаботи банди а) моддаи 3 Ќонун бармеояд, ин њатман ба маќомоти ваколатдор њаќќи суѓурта пардохт намудани корхонаю ташкилотњо ба шумор меравад. Чунин шарт ва талабот ба тамоми намуди фаъолияти мењнатию касбї ва табаќањои љамъиятї якхела тааллуќ дорад. Ќонунгузор ба ин масъала диќќати љиддї дода, дар моддаи 8 Ќонуни зикршуда, ки он ба маблаѓгузорї, таъинот ва манбаи пардохти нафаќа бахшида шудааст, махсус таъкид менамояд, ки «нафаќа аз маќомоти ваколатдор дода мешавад».


Талаботи моддаи мазкур бори дигар шањодати дурустии шар ту шароити дар банди а) моддаи 3 Ќонуни мавриди бањс карордодашуда буда, таќвияти он аст, ки маќомоти ваколатдор ба пардохти њаќќи суѓурта ниёз дорад ва пардохти сариваќтии њаќќи суѓурта кафолати татбиќи њуќуќи конститутсионии шањрвандон ба таъминоти иљтимої арзёбї мегардад. Бо ин назардошт, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ќайд менамояд, ки банди а) моддаи 3 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ба моддањои 5, 10, 14, 17 ва 39 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолифат надорад, зеро барои татбиќи њуќуќњои конститутсионии инсон ва шањрванд ба таъминоти иљтимої аз тарафи давлат њамин гуна тартиботи њуќуќї муќаррар шудааст. Дар дархости худ шањрванд Абдурасулов А. ва намояндаи ваколатдори ў Амакљонов З. аз Суди конститутсионї, инчунин муайян намудани мутобиќати банди «а» моддаи 3 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон»-ро ба моддањои 1, 22, 23, 25 ва 29 Эъломияи умумии њуќуќи башар ва моддањои 20, 23, 36, ќисмњои 2, 3 моддаи 46, моддањои 161, 258, 259 ва 260 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон» низ талаб намудаанд, ки чунин талаб, яъне муайян намудани мутобиќати ќонуну санадњои меъёрии њуќуќї ба дигар ќонуну санадњои меъёрии њуќуќї ба салоњияти Суди конститутсионї мањсуб нест. Аз ин рў, Суди конститутсионї мурофиаи судии конститутсиониро нисбати ин талаби гузоштаи шањрванд Абдурасулов А. ва намояндаи ваколатдори ў Амакљонов З. бинобар дахл надоштан ба салоњияташ ќатъ менамояд. Зимни барассии масъала муайян гардид, ки корхонаи «Узтрансгаз», ки дар Љумњурии Тољикистон таъсис дода нашудааст, корхонаи ѓайрирезидентї ё хориљї мебошад ва тибќи талаботи ќисми 2 моддаи 20 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон он бояд ба ќайди назорати андоз гирифташуда, ба маќомоти ваколатдор њаќки суѓурта пардохт менамуд. Зеро тибќи моддаи 258 Кодекси зикршуда андози иљтимої маблаѓсупории њатмие мебошад, ки он аз љониби супорандагони андози иљтимої мувофиќи меъёрњои муќаррарнамудаи њамин Кодекс аз музди мењнат ё дигар манбаи андоз пардохт мешавад.


Мувофиќи моддаи 259 бошад супорандагони андози иљтимої шахсони воќеї ва њуќуќї-корфармоён, аз љумла муассисањои доимии ѓайрирезидентњое мебошанд, ки ба шахсони воќеї-резидентњо, ки њамчун коргарони кироя дар Љумњурии Тољикистон кор мекунанд, музди кор медињанд. Бандњои 1 ва 2 ќисми 2 моддаи 36 ва моддаи 260 Кодекс низ нозироти андозро барои сариваќт баќайдгирии андозсупорандагон ва бањисобгирии объектњои андозбандї масъул гардонидааст. Њамин тариќ, маќомоти нозироти андоз дар вилояти Суѓд бояд муассисаи доимии корхонаи «Узтрансгаз»-ро ба ќайд гирифта, пардохти сариваќтии њаќќи суѓуртаро аз корхонаю ташкилотњо назорат ва таъмин менамуд. Бо ин назардошт, Суди конститутсионї диќќати роњбарияти Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон ва Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистонро ба бартараф намудани камбудию норасогињо ва такмили масъалањо вобаста ба танзими њуќуќии муносибатњои њифзи иљтимоии шањрвандоне, ки дар муассисаву ташкилотњои ѓайрирезидентї фаъолият менамоянд,љалб менамояд. Њамзамон, Суди конститутсионї ќайд менамояд, ки шањрванд Абдурасулов А. дар сурати набудани монеањои њуќуќї метавонад нисбати ќарори Раёсати њифзи иљтимоии шањри Исфара ва њалномаю таъиноти судњои дар боло зикршударо ба тариќи назоратї ба маќомоти дахлдори судї шикоят намояд. Дар асоси гуфтањои боло, мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 32, 36, 46, 48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон


ќарор мекунад:

1. Банди «а» моддаи 3 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ба талаботи моддањои 5, 10, 14, 17, 39 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мутобиќ мебошад.

2. Мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Абдурасулов А. ва намояндаи ваколатдораш Амакљонов З. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати банди «а» моддаи 3 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ба моддањои 1, 22, 23, 25 ва 29 Эъломияи умумии њуќуќи башар ва моддањои 20, 23, 36, ќисмњои 2, 3 моддаи 46, моддањои 161, 258, 259 ва 260 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон» бинобар ба салоњияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мансуб набуданаш ќатъ карда шавад. 3. Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон ва Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон љињати таъмини њуќуќи конститутсионии шањрвандони љумњурї ба њифзи иљтимої, ки дар муассисаи доимии ѓайрирезидент дар Љумњурии Тољикистон фаъолият менамоянд ва тањкими ќонунгузории мамлакат дар масъалаи зикршуда чорањои дахлдор андешанд. 4. Шањрванд Абдурасулов А. дар сурати мављуд набудани монеањои њуќуќї метавонад нисбати ќарори Раёсати њифзи иљтимоии шањри Исфара, њалномаи Суди шањри Исфара аз 4 сенябри соли 2009 ва таъиноти Коллегияи судї оид ба корњои граждании Суди вилояти Суѓд аз 27 октябри соли 2009 ба тариќи назоратї ба маќомоти дахлдори судї шикоят намояд. 5. Ќарор ќатъї буда, аз ваќти эълон намуданаш эътибор пайдо мекунад ва нисбати он шикоят оварда намешавад. 6. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.


Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Мањмудов М.А.


Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Каримов К.М.







ТАЪИНОТЊОИ СУДИ

КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ

ТОЉИКИСТОН



Т А Ъ И Н О ТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Шаропов К. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати банди 4 ќисми 4 моддаи 26 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маљлисњои мањаллии вакилони халќ» ба моддањои 1, 5 ва ќисми 4 моддаи 27 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»


ш. Душанбе 22 апрели соли 2010


Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда-Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., судяњои Суди конститутсионї Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М., Каримов К.М. ва Назаров М., бо иштироки котиби маљлиси судї Одинаева Р., дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши судяи Суди конститутсионї Абдуллоев Л.И.-ро оид ба дархости шањрванд Шаропов Камолиддин «Дар бораи муайян намудани мутобиќати банди 4 ќисми 4 моддаи 26 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маљлисњои мањаллии вакилони халќ» ба моддањои 1, 5 ва ќисми 4 моддаи 27 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»-ро шунида,


м у а й я н к а р д:

Шаропов К. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки маќсади мурољиати ў ба Суди конститутсионї ин њифз намудани њуќуќњои конститутсионии худ ва шањрвандоне мебошад, ки онњо барои содир намудани љиноятњои вазнин ва махсусан вазнин суд шудаанд ва баъдан бо мурури замон доѓи судии онњо расман барњам хурда ё бардошта шуда бошад њам, аммо ќонунгузорї имконияти бевоситаи дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї иштирок намудани онњоро мањдуд намудааст.

Аз љумла ќайд менамояд, ки муќаррароти банди 4 ќисми 4 моддаи 26 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маљлисњои мањаллии вакилони халќ», ки тибќи он «шањрвандоне, ки барои содир кардани љиноятњои барќасдонаи вазнин ва махсусан вазнин суд шудаанд, новобаста аз гузаштани мўњлат ва бардошта шудани доѓи судиашон» њуќуќи ба Маљлиси мањаллии вакилони халќ њуќуќи номзад шуданро надоранд, ба моддањои 1, 5 ва ќисми 4 моддаи 27 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолиф мебошад. Зеро тибќи талаботи ќисми 4 моддаи 27 Конститутсия танњо «шахсоне, ки аз тарафи суд ѓайри ќобили амал дониста шудаанд ё мувофиќи њукми суд дар љойњои аз озодї мањрумшудагон нигоњ дошта мешаванд, њуќуќи дар интихобот ва раъйпурсї иштирок карданро надоранд». Барњам хўрдан ё бардоштани доѓи судї оќибатњои њуќуќии љавобгарии љиноятиро беэътибор мегардонад. Бинобар ин шањрвандоне, ки барои содир намудани љиноятњои барќасдонаи вазнин ва махсусан вазнин суд шудаанду дар асоси талаботи бандњои «г» ва «д» ќисми 3 моддаи 84 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон доѓи судиашон барњам хўрдааст ё бардошта шудааст, мебояд бе мањдудият дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї ширкат дошта бошанд. Аз ин рў, ў аз Суди конститутсионї, талаб менамояд, ки нисбати масъалаи дар дархости ў гузошташуда мурофиаи судии конститутсионї оѓоз намуда, мутобиќати банди 4 ќисми 4 моддаи 26 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маљлисњои мањаллии вакилони халќ» ба моддањои 1, 5 ва ќисми 4 моддаи 27 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» муайян карда шавад. Суди конститутсионї дархости Шаропов К.-ро њаматарафа омўхта, ќайд менамояд, ки номбурда субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї мањсуб ёфта, талаби дар дархост пешнињодшуда ба салоњияти Суди конститутсионї тобеъ мебошад. Аммо новобаста аз њолатњои зикршуда, дархост аз љињати шакл ва мазмун ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» љавобгўй нест, зеро он ба Суди конститутсионї дар як сањифа ва бе замима намудани њуљљатњои лозима ва супоридани бољи давлатї ворид гардидааст. Мурољиаткунанда дар дархост бояд номи Суди конститутсионї, ном, макон, суроѓа ва дигар маълумоти зарурї дар бораи шахси мурољиаткарда, шахси мансабдоре, ки санади меъёрии санљидашавандаро имзо кардааст ё баровардааст, њолатњое, ки тараф талаб ва далели худро ба онњо асос мекунад ва фактњои овардаи онњоро тасдиќ менамояд зикр гардад, номи аниќ, раќам, таърихи ќабул, манбаи нашр ва дигар маълумотњо оиди санади меъёрии мавриди бањс ќароргирифта, асоснокнамоии мушаххаси мавќеи дархостдињанда оиди ѓайриконститутсионї будани санади меъёрии мавриди бањс ќароргирифта, моњияти талаб, меъёрњои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва њамин Ќонуни конститутсионї, ки барои мурољиат ба Суди конститутсионї њуќуќ медињанд, номгўи њуљљатњои замимашаванда ва рўйхати шахсоне, ки ба Суди конститутсионї даъват карда мешаванд, пешбинї намояд. Дар њар њолат ба дархост бояд нусхаи матни санади меъёрї, ки конститутсионї будани он мавриди бањс ќарор гирифтааст, замима гардида, ба Суди конститутсионї ба миќдори на камтар аз 10 нусха ва бо супоридани бољи давлатї пешнињод гардад. Риоя нашудани талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» барои рад карда шудани ќабули дархост барои баррасї дар Суди конститутсионї асос мегардад. Дар асоси њолатњои нишондодашуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон


т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Шаропов К. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати банди 4 ќисми 4 моддаи 26 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маљлисњои мањаллии вакилони халќ» ба моддањои 1, 5 ва ќисми 4 моддаи 27 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар аз љињати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќ набуданаш рад карда шавад. 2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест. 3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.


Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Мањмудов М.



Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Каримов К.



Т А Ъ И Н О ТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Њасанов А. Њ. «Дар бораи муайян намудани мувофиќати амалу рафтори шањрванд Fафуров ф.F. ба ќонунњо ва Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, инчунин мувофиќати њалномаи Суди ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе (судя Шодиев Ш.) аз 24 августи соли 2009 ба моддањои 3, 5 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ва моддањои 31, 84 ва 87 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»


ш. Душанбе «2» июни соли 2010


Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда-Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раиси Суди конститутсионї Назаров М., судяњо Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Каримов К.М., бо иштироки котиби маљлиси судї Одинаева Р., дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши муовини Раиси Суди конститутсионї М. Назаровро оид ба дархости шањрванд Њасанов А. Њ. «Дар бораи муайян намудани мувофиќати амалу рафтори шањрванд Fафуров Ф.F. ба ќонунњо ва Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, инчунин мувофиќати њалномаи Суди ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе (судя Шодиев Ш.) аз 24 августи соли 2009 ба моддањои 3, 5 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ва моддањои 31, 84 ва 87 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,


м у а й я н к а р д:

Шањрванд Њасанов А.Њ. ба Суди конститутсионї бо дархост мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки Суди ноњияи Шоњмансур даъвои ў ва даъвои шањрванд Ф.F. Fафуровро дар бораи тўњмату тањќир ва паст кардани шаъну шарафи онњо дида баромада, онро ба манфиати Гафуров Ф.F. њал намуд.

Шикояти кассатсионии ў аз болои њалномаи Суди ноњияи Шоњмансур аз тарафи Суди шањри Душанбе низ бе ќаноат мононда шуд. Њасанов А. Њ. аз ќарорњои баровардаи судњои зикршуда норозї буда, аз Суди конститутсионї талаб менамояд, ки рафтору амали шањрванд Fафуров Ф.F.-ро, ки бо маќолањои беасосаш шаъну шарафи ў ва дигар кормандони масъўли маќомоти давлатиро, ки гўё онњо бар зарари давлат бо сармоягузории хориљї ба коркард ва истихрољи тилло дар корхонаи КМ «Зарафшон» сару кор доранд, паст задааст, мавриди баррасї ќарор дода, мутобиќати онњоро ба ќонунњо ва Конститутсия муайян намояд. Инчунин ў аз Суди конститутсионї талаб менамояд, ки њалномаи ќабулнамудаи судяи Суди ноњияи Шоњмансур Шодиев Ш. ба моддањои 3 ва 5 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ва моддањои 31, 84 ва 87 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номувофиќ дониста шаванд. Суди конститутсионї дархост ва дигар маводи ба он замимашударо омўхта, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати онњо бо асосњои зерин рад менамояд: масъалаи дар дархост гузоштаи Њасанов А.Њ., аз ќабили муайян намудани мувофиќати амалу рафтори шањрванд Fафуров Ф.F. ба ќонунњо ва Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, инчунин мувофиќати њалномаи Суди ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе (судя Шодиев Ш.) аз 24 августи соли 2009 ба моддањои 3, 5 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ва моддањои 31, 84 ва 87 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» мавзўи баррасии Суди конститутсионї буда наметавонад, зеро тибќи банди 6 моддаи 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» шањрвандон ба Суди конститутсионї њуќуќ доранд оид ба вайронкунии њуќуќу озодињои конститутсиониашон вобаста ба ќонун ва дигар санади татбиќшуда ё татбиќшаванда дар муносибати мушаххаси њуќуќї, инчунин ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мутобиќ будани ќонун, дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии Пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар парвандаи мушаххаси аз тарафи суд нисбаташон татбиќшуда, мурољиат намоянд.

Бинобар ин, бо назардошти гуфтањои боло мувофиќи моддањои 14, 37, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон


т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Њасанов А. Њ. «Дар бораи муайян намудани мувофиќати амалу рафтори шањрванд Fафуров Ф.F. ба ќонунњо ва Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, инчунин мувофиќати њалномаи Суди ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе (судя Шодиев Ш.) аз 24 августи соли 2009 ба моддањои 3, 5 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ва моддањои 31, 84 ва 87 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар ба салоњияти Суди конститутсионї мансубият надоштанаш рад карда шавад. 2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят оварда намешавад. 3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Мањмудов М.А.


Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Каримов К.М.




Т А Ъ И Н О ТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости мањкумшуда Мирзоев Ѓ.Р. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати њукму таъинот ва дигар санадњои судии Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»


шањри Душанбе 4 июни соли 2010



Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда-Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раиси Суди конститутсионї Назаров М., судяњо Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Каримов К.М., бо иштироки котиби маљлиси судї Одинаева Р., дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши судя Абдуллоев Л.И.-ро оид ба дархости мањкумшуда Мирзоев Ѓ.Р. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати њукму таъинот ва дигар санадњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,


м у а й я н к а р д:

Мањкумшуда Мирзоев Ѓ.Р. ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо дархост мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки маќомоти тафтишоти пешакии Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон ўро барои 60 лањзањои љинояткории дар 172 моддањои Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон пешбинишуда айб эълон намуда, кори љиноятияшро ба Суди Олии Љумњурии Тољикистон ирсол намуд. Суди Олии Љумњурии Тољикистон парвандаро ба сифати суди марњилаи аввал баррасї намуда, ўро бо њукми худ аз 11 августи соли 2006 якумра аз озодї мањрум кард. Дархостдињанда айбњои ба ў эълонгашта ва њукми номбурдаро ѓайриќонунї њисобида, ќайд менамояд, ки тањќиќбаранда, фаттиш, прокурор ва судя вазифадоранд, ки њуќуќу озодињои шахсро дар тамоми даврањои тафтишот ва мурофиаи судї њимоя намоянд. Љињати татбиќи онњо шароити заруриро муњайё намуда, барои ќонеъ гардонидани талаботи ќонунии иштирокчиёни мурофиаи судї чорањои дахлдор андешанд. Инчунин онњо ўњдадоранд, ки њангоми пешбурди парвандањои љиноятї муќаррароти Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ќонунњои амалкунандаи Љумњурии Тољикистон ва санадњои байналмилалие, ки Љумњурии Тољикистон онњоро эътироф намудааст, даќиќ ва њатмї риоя намоянд. Мутаассифона њам дар марњилаи тафтишоти пешакї ва њам дар мурофиаи судї њангоми тањќиќу баррасии кори љиноятияш ќонунњои Љумњурии Тољикистон ва санадњои байналмилалї риоя нагаштанд. Нисбати далелњои пешнињоднамудаи ў ва њимоячиёнаш оиди бегуноњиаш беэътиної зоњир гардида, айби ѓайриќонунии ба ў эълонкардаи маќоми тафтишоти пешакиро, ки дар суд тасдиќи худро наёфт, бидуни таѓйирот рўбардор намуда, ба ў њукми беасос ва ѓайриодилона баровард. Дар ин иртибот, дархостдињанда Мирзоев Ѓ.Р. ќонунвайрокунињое, ки ба аќидаи ў дар рафти тафтишоти пешакї ва баррасии парвандаи ў љой доштанд шарњу эзоњ дода, бо хулоса омад, ки фаќат Суди конститутсионї метавонад ќонуншиканињои дар ваќти баррасии парванда роњдодаи судњои умумиро бартараф намуда, адолати судиро барќарор намояд. Бо ин назардошт, аз Суди конститутсионї талаб менамояд, ки: — ба ќонунї будани њукми Коллегияи Суди Олии Љумњурии Тољикистон оид ба корњои љиноятї дар хусуси ба ў таъин намудани љазои якумра мањрум сохтан аз озодї, таъинотњои марњилањои гуногуни судї, ки бар хилофи талаботи Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон ва Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба ў татбиќ намуда, нисбаташ њукми айбдоркунанда бароварданд, бањои њуќуќї дињад; — дар њолати тасдиќ шудани ќонуншиканињо Суди конститутсионї барои бекор намудани њукм ва аз нав пешбурди парвандаи љиноятї бинобар њолатњои навошкоршуда эътирози худро баён карда, мутобиќи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва ќонунњои амалкунанда адолати судиро барќарор намояд. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархост ва маводи пешнињодшударо пурра ва њаматарафа омўхта, ба хулоса омад, ки оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро бинобар ба салоњияти Суди конститутсионї дахл надоштани талабњои дархости Мирзоев Ѓ.Р. рад намояд. Тибќи муќаррароти банди 6 моддаи 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» «шањрвандон оид ба вайронкунии њуќуќу озодињои конститутсиониашон вобаста ба ќонун ва дигар санади њуќуќии татбиќшуда ё татбиќшаванда дар муносибати мушахаси њуќуќї, инчунин ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мутобиќ будани ќонун, дигар санадњои њуќуќї ва тавзењоти дастурии Пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар парвандаи мушахаси аз тарафи суд нисбаташон татбиќшуда» метавонанд ба Суди конститутсионї мурољиат намоянд. Яъне Суди конститутсионї мутобиќати ќонун, дигар санадњои њуќуќї ва тавзењоти дастурии судњои зикршударо ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон баррасї менамояд. Дуруст ё нодуруст татбиќ шудани ќонун аз тарафи судњои номбаршуда, санљиши асоснокии њукму таъинот ва додани бањои њуќуќї ба њаракатњои тафтишотии шахсони ваколатдори маќомоти тафтишоти пешакї ва судї мувофиќан ба салоњияти Судњои Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои вилоятњо, шањри Душанбе, Суди Олии Љумњурии Тољикистон, инчунин Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон дохил мешавад. Дар асоси њолатњои нишондодашуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон


т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости мањкумшуда Мирзоев Ѓ.Р. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати њукму таъинот ва дигар санадњои судии Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар ба салоњияти Суди конститутсионї мансубият надоштанаш рад карда шавад. 2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест. 3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.


Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Мањмудов М.А.


Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Каримов К.М.



Т А Ъ И Н О ТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба мурољиати иљрокунандаи вазифаи Раиси ноњияи Бобољон Fафурови вилояти Суѓд Муњитдинов Л. «Дар хусуси њалли бањси байни маќомоти давлатї оид ба муќаррар намудани њуќуќи соњибмулкї ба амволи ѓайриманќули шахсони њуќуќї ва воќеї бамиёномада, ин- чунин муайян намудани њуќуќи соњибмулкии фарзандони волидай- ни фавтидае, ки амволашон дар ваќти барњаёт буданашон ба ќайд гирифта нашудааст»


ш. Душанбе 5 июни соли 2010


Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раи- сикунанда: Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раиси Суди конститутсионї Назаров М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Каримов К.М., бо иштироки котиби маљлиси судї Одинаева Р., дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши муовини Раиси Суди конститутсионї М. Назаровро оид ба мурољиати иљрокунандаи вази- фаи Раиси ноњияи Бобољон Fафурови вилояти Суѓд Муњитдинов Л. «Дар хусуси њалли бањси байни маќомоти давлатї оид ба муќаррар намудани њуќуќи соњибмулкї ба амволи ѓайриманќули шахсони њуќуќї ва воќеї бамиёномада, инчунин муайян намудани њуќуќи соњибмулкии фарзандони волидайни фавтидае, ки амволашон дар ваќти барњаёт буданашон ба ќайд гирифта нашудааст», шунида,


м у а й я н к а р д:

Иљрокунандаи вазифаи Раиси ноњияи Бобољон Fафурови вилояти Суѓд Л. Муњитдинов ба Суди конститутсионї мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки аз оѓози соли 2010 сар карда, дар миёни маќомоти Прокуратураи вилояти Суѓд, Раёсати адлияи вилоят, про- куратураи ноњия, идораи нотариалии ноњия ва Суди ноњияи Бобољон Fафурови вилояти Суѓд оид ба тартиби баќайдгирии њуќуќи молу мулки ѓайриманќул ва дар заминаи он муайян намудани њуќуќи соњибмулкї ба амволи ѓайриманќули шахсони њуќуќї ва воќеї бањс ба вуљуд омадааст, ки он боиси нигаронии шањрвандони корафто- да гардидаст. Мурољиатњои шањрвандон оид ба масъалаи мазкур аз тарафи маќомоти зикршуда њалли дурусти худро намеёбад. Бо ќарори Раиси ноњия аз 6 январи соли 2005 №3 бањри ислоњи ин масъала Комиссия оид ба муќаррар намудани њуќуќи соњибмулкї ба амволи ѓайриманќул таъсис гардида, баќайдгирии амволи ѓайриманќул ба роњ монда шудааст. Бо маќсади муайян намудани ќонунї будани ташкили комиссия ва тартиби љоришудаи баќайдгирии амволи ѓайриманќул ба унвони Раёсати адлияи вилояти Суѓд мактуб ирсол гардида, бањои њуќуќии масъалаи зикршуда талаб карда шуд, ки ќарори зикршудаи Раиси ноњия ва амалњои комиссияи таъсисдодашуда мавриди эроди Раё- сат ќарор нагирифтанд. Раиси Суди ноњия дар мактуби љавобии худ аз 4 январи соли 2007 №65 ќайд намудааст, ки масъалаи мазкур предмети баррасии суд нест, чунки дар он бањс вуљуд надорад. Њамин тариќ, Раёсати адлияи вилоят, прокуратура, нотари- ат ва суди ноњия фаъолияти панљсолаи комиссияи таъсисдодашу- даи ноњиявиро дуруст шуморидаанд. Аммо прокуратураи вилоят ба ќарорњои иљроркунандаи вазифаи Раиси ноњия оид ба тасдиќи санадњои комиссияи ноњиявї дар хусуси муайян намудани њуќуќи соњибмулкї ба амволи ѓайриманќули шањрвандон эътироз оварда, бекор кардани онњоро талаб намудааст. Бинобар ин, мурољиаткунанда аз Суди конститутсионї хоњиш менамояд, ки ба њалли дурусти бањси байни маќомоти гуногуни њуќуќї оид ба муќаррар намудани њуќуќи соњибмулкї ба амволи ѓайриманќули шахсони њуќуќї ва воќеї ба миёномада, инчунин дар бораи муайян намудани њуќуќи соњибмулкии фарзандони волидай- ни фавтидае, ки амволашон дар ваќти барњаёт буданашон ба ќайд гирифта нашудааст, дастур дињад. Суди конститутсионї мурољиат ва маводи ба он замимашударо мавриди омўзиш ќарор дода, оѓоз намудани мурофиаи судии кон- ститутсиониро нисбати он бо асосњои зерин рад менамояд: аввалан мурољиат ва талаби дар он гузошташуда ба салоњияти Суди конститутсионї мансубият надорад, зеро мувофиќи муќаррароти моддаи 14 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конс- титутсионї оид ба натиљаи амал ё иљрои кори аз тарафи ин ё он маќомот баанљомрасида, њуќуќи додани дастурро надорад; баъдан, роњи њалли масъалаи ба миён гузошташуда бо ќонун- гузории Љумњурии Тољикистон пурра ба танзим дароварда шудааст. Аз љумла, бо Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 20 марти соли 2008 №375 «Дар бораи ба ќайдгирии давлатии молу мулки ѓайриманќул ва њуќуќњо ба он» тамоми масъалањои вобаста ба ќайдгирии давла- тии молу мулки ѓайриманќул мавриди танзим ќарор дода шудаанд. Мувофиќи Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 сентяб- ри соли 2008 №456 «Дар бораи муайян намудани маќомоти махсуси ваколатдори давлатии Љумњурии Тољикистон дар соњаи баќайдгирии давлатии молу мулки ѓайриманќул ва њуќуќњо ба он» маќоми мах- суси ваколатдори давлатї дар соњаи баќайдгирии давлатии молу мулки ѓайриманќул Агентии заминсозї, геодезї ва харитасозии наз- ди Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда шудааст. Баъдан, маќоми зикршуда вазифадор карда шудааст, ки дар мўњлати се моњ оид ба таъсиси ташкилотњои љумњуриявї ва минтаќавии баќайдгирии давлатї, инчунин оид ба ворид намудани таѓйирот ба санадњои меъёрии њуќуќї ба Њукумати Љумњурии Тољикистон таклиф пешнињод намояд.


Бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон «Дар бораи так- мили минбаъдаи сохтори маќомоти марказии њокимияти иљроияи Љумњурии Тољикистон» аз 9 марти соли 2010 №832 дар заминаи Аген- тии заминсозї, геодезї ва харитасозии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Кумитаи давлатии заминсозї ва геодезии Љумњурии Тољикистон таъсис дода шудааст. Аз љавобномаи Кумитаи давлатии заминсозї ва геодезии Љумњурии Тољикистон аз 23 апрели соли 2010 №1/13.02. 585, ки дар љавоби мактуби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 20 апрели соли 2010 сол №325/1-3 ирсол гардидааст, бармеояд, ки то њанўз ташкилоти баќайдгирии давлатии молу мулки ѓайриманќул муайян карда нашудааст. Бинобар ин, тибќи талаботи банди 3 мод- даи 68 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи баќайдгирии дав- латии молу мулки ѓайриманќул ва њуќуќњо ба он» дар давраи гузариш ва то оѓози фаъолияти ташкилотњои баќайдгирии давлатї, баќайдгирии давлатиро маќомоти (ташкилотњои) давлатие, ки дар лањзаи ќабули Ќонуни мазкур анљом медоданд, амалї месозанд. Аз љавобномаи мазкур маълум гардид, ки гарчанде аз ваќти ќабули Ќарори дар боло зикршудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон зиёда аз як солу њашт моњ сипарї шуда бошад њам, лекин бо сабабњои номаълум супориши Њукумати Љумњурии Тољикистон дар бораи дар мўњлати се моњ ташкил намудани ташкилотњои љумњуриявї ва минтаќавии баќайдгирии давлатї амалї нашудааст. Ин њолат бо- иси рух додани бесарусомонињо ва нодурустфањмињо дар масъалаи баќайдгирии давлатии молу мулки ѓайриманќул, бањсњо дар байни маќомоти гуногуни давлатї ва сарсонию саргардонии шањрвандон гардидааст. Бинобар ин, Суди конститутсионї дар баробари рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї, инчунин тибќи талаботи ќисми 5 моддаи 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» диќќати роњбарияти Кумитаи давлатии заминсозї ва геодезии Љумњурии Тољикистонро ба њолатњои ошкоргардида љалб намуда, аз роњбарияти Кумитаи мазкур бартараф намудани камбудињои зикршударо талаб менамояд. Њамин тавр, бо назардошти њолатњои зикршуда, мувофиќи моддањои 14, 37, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон


т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба мурољиати иљрокунандаи вазифаи Раиси ноњияи Бобољон Fафурови вилояти Суѓд Муњитдинов Л. «Дар хусуси њалли бањси байни маќомоти давлатї оид ба муќаррар намудани њуќуќи соњибмулкї ба амволи ѓайриманќули шахсони њуќуќї ва воќеї ба миёномада, инчунин муайян намудани њуќуќи соњибмулкии фарзандони волидай- ни фавтидае, ки амволашон дар ваќти барњаёт буданашон ба ќайд гирифта нашудааст», бинобар ба салоњияти Суди конститутсионї мансубият надоштанаш рад карда шавад. 2. Кумитаи давлатии заминсозї ва геодезии Љумњурии Тољикистон оид ба татбиќи Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 сентябри соли 2008 №456 «Дар бораи муайян намудани маќомоти махсуси ваколатдори давлатии Љумњурии Тољикистон дар соњаи баќайдгирии давлатии молу мулки ѓайриманќул ва њуќуќњо ба он», ки тибќи он маќоми махсуси ваколатдори давлатї дар соњаи баќайдгирии давлатии молу мулки ѓайриманќул мањсуб меёбад, дар мўњлати кўтоњтарин љињати таъсиси ташкилотњои љумњуриявї ва минтаќавии баќайдгирии давлатї ва ворид намудани таѓйирот ба санадњои меъёрии њуќуќї ба Њукумати Љумњурии Тољикистон таклиф пешнињод намояд. Дар мўњлати як моњ аз хусуси чорањои андешида ба Суди конститутсионї хабар дињад.

3. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят оварда намешавад.

4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.


Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Мањмудов М.А.


Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Каримов К.М.



Т А Ъ И Н О ТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба пешнињоди судяи Суди њарбии гарнизони шањри Душанбе Табаров Х.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 3 моддаи 162, ќисми 2 моддаи 231 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон, ќисмњои 1, 4 моддаи 292 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, моддаи 118 ва ќисми 5 моддаи 153 Кодекси Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи судии иќтисодї ва моддаи 531 Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба моддаи 17 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»


ш. Душанбе 6 июни соли 2010


Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда-Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Каримов К.М., бо иштироки котиби маљлиси судї Мустафоќулов F.Ш. дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши муовини Раи- си Суди конститутсионї Назаров М.-ро оид ба пешнињоди судяи Суди њарбии гарнизони шањри Душанбе Табаров Т.Х. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 3 моддаи 162, ќисми 2 мод- даи 231 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон, ќисмњои 1, 4 моддаи 292 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, моддаи 118 ва ќисми 5 моддаи 153 Кодекси Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи судии иќтисодї ва моддаи 531 Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба мод- даи 17 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Судяи Суди њарбии гарнизони шањри Душанбе Табаров Х.Т. бо пешнињод ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки тибќи моддаи 17 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон њама дар назди ќонун ва суд баробар эълон шуда бошад њам, аммо кафолати ин баробарї на дар њама соњањои гуногуни њуќуќи мурофиавї барои содир намудани як амал риоя карда мешавад. Дар робита ба ин, дар ќисмњои 1 ва 4 моддаи 292 Кодекси муро- фиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки аз 1 апрели соли 2010 мавриди амал ќарор дода шудааст, барои риоя накардани тартибо- ти маљлиси судї ва итоат накардан ба амри ќонунии раисикунан- да шахси вайронкунандаи тартибот огоњ карда шуда, дар сурати такрор ёфтани ин амалњои зикршуда вай аз толори маљлис берун ё нисбати ў ба андозаи то ду нишондињанда барои њисобњо, яъне ба маблаѓи 70 сомонї љарима таъин карда мешавад. Мувофиќи талаботи ќисми 3 моддаи 162 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон, ки аз 1 апрели соли 2008 мав- риди амал ќарор дода шудааст, суд њуќуќ дорад нисбати ашхосе, ки тартиботи маљлиси судиро вайрон мекунад, ба андозаи то дањ нишондињанда барои њисобњо, яъне 350 сомонї љарима таъин намояд. Њамзамон дар ќисми 2 моддаи 231 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон муќаррар карда шудааст, ки барои ба таъиноти хусусии суд ё судя сариваќт иттилоот надодани шахсони мансабдор онњо ба андозаи то панљоњ нишондињанда барои њисобњо љарима баста мешаванд. Мувофиќи талаботи ќисми 5 моддаи 153 Кодекси Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи судии иќтисодї, Суди иќтисодї метавонад шахсеро, ки дар маљлиси судї тартибро вайрон мекунад ё ба амрњои ќонунии раисикунанда итоат намекунад, бо тартиб ва ан- дозае, ки дар боби 11 Кодекси мазкур муќаррар шудааст, љарима бандад. Дар моддаи 118 боби 11 бошад муќаррар шудааст, ки љарима- бандии судї аз љониби суди иќтисодї дар њолатњои пешбиникардаи Кодекси мазкур анљом дода мешавад. Њаљми љаримаи судї наме- тавонад нисбати шањрвандон аз дањ нишондињанда барои њисобњо, барои шахсони мансабдор - бист нишондињанда барои њисобњо ва барои ташкилотњо - сад нишондињанда барои њисобњо зиёд бошад. Тибќи моддаи 531 Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љум- њурии Тољикистон бошад, барои аз љониби шахси мансабдор бе баррасї монондани таъинот (ќарор)-и хусусии суд (судя) ё наандешидани чорањо вобаста ба иљрои онњо, инчунин сариваќт љавоб надодан ба таъинот (ќарор)-и хусусї, ба андозаи аз се то њафт нишондињанда барои њисобњо љарима таъин карда мешавад. Њамин тариќ, ба андешаи Табаров Х.Т. њангоми тањия ва ќабули кодексњои дар болозикршудаи Љумњурии Тољикистон талаботи пешбининамудаи меъёри моддаи 17 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар хусуси баробарии њама дар назди ќонун ва суд ба эътибор гирифта нашудааст ва аз ин рў, аз Суди конститутсионї хоњиш менамояд, ки меъёрњои номбаршуда ба та- лаботи моддаи 17 Конститутсия мутобиќ гардонида шаванд. Суди конститутсионї талаби гузоштаи Табаров Х.Т.-ро њаматарафа тањлил намуда, гузориши муовини Раиси Суди конститутсионї Назаров М.-ро шунида, оѓози мурофиаи судии конститутсиониро бо асосњои зерин рад менамояд: Судяи Суди гарнизони шањри Душанбе Табаров Х. Т. нисбат ба масъалаи пешнињоднамудаи худ субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї шуда наметавонад, зеро тибќи талаботи банди 9 мод- даи 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» судяњои Љумњурии Тољикистон дар хусуси ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мутобиќ будани ќонун, дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии Пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии Иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки судњо дар парвандаи мушаххас татбиќ намудаанд ё татбиќ менамоянд, њуќуќи ба Суди конститутсионї мурољиат карданро доранд. Яъне, Табаров Х.Т. моддањои мавриди бањс ќарордодаи кодексњои зикршудаи мурофиавиро њамчун судя дар парвандаи мушаххас мавриди татбиќ ќарор надодааст. Аз ин рў, ў субъекти абстракт набуда, балки субъекти мушаххаси мурољиат ба Суди конститутсионї ба шумор меравад. Аз тарафи дигар пешнињоди Табаров Х.Т. аз љињати шаклу маз- мун ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис- тон», ки барои пешнињоду дархостњои субъектони мурољиат ба Суди конститутсионї пешбинї гардидааст, мувофиќат намекунад. Вобаста ба ин масъала Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» низ мавриди омўзиш ќарор дода шуд. Муайян гардид, ки тибќи моддаи 52 Ќонуни конститутсионии мазкур, Суди конститутсионї бо маќсади њимояи шаъну эътибори судяњои Суди конститутсионї, иштирокчиёни мурофиа ва таъмини рафти мўътадили мурофиаи судї метавонад шахсро аз маљлис дур карда, шахсони мансабдорро дар њаљми аз панљ то дањ нишондињанда барои њисобњо, шањрвандонро аз як то панљ нишондињанда барои њисобњо ва шахсони њуќуќиро ба андозаи аз дањ то понздањ нишондињанда барои њисобњо љарима намояд. Гарчанде, ки оѓози мурофиаи судии конститутсионї нисбати пешнињоди судяи Суди њарбии гарнизони Душанбе Табаров Х.Т. рад карда шуда бошад њам, лекин дар соњањои њуќуќи мурофиавии Љумњурии Тољикистон барои амалу кирдорњои якхела андозањои гуногуни љаримабандї боќї мемонад. Аз ин лињоз, Суди конститутсионї масъалаи пешнињоднамудаи судя Табаров Х.Т- ро барои баррасї ба маќомоти ќонунгузор фиристода, муайян намудан ё мувофиќи маќсад будан ё набудани чунин тартиботи њуќуќиро ба ў њавола менамояд. Њамин тавр, бо назардошти талаботи моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва моддањои 14, 37, 40, 41, 42, ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон


т а ъ и н к а р д:

1. Оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба пешнињоди судяи Суди њарбии гарнизони шањри Душанбе Табаров Х.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 3 моддаи 162, ќисми 2 моддаи 231 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон, ќисмњои 1, 4 моддаи 292 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, моддаи 118 ва ќисми 5 моддаи 153 Кодекси Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи судии иќтисодї ва моддаи 531 Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба моддаи 17 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар нисбати масъалаи гузошташуда субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї набудани судя Табаров Х.Т. рад карда шавад.

2. Пешнињоди судяи Суди њарбии гарнизони шањри Душанбе Табаров Х.Т барои баррасї ва таљдиди назар ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон фиристода шавад. 3. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят оварда намешавад. 4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.


Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Мањмудов М.А.


Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Каримов К.М.




НАВИДЊОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ


ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН



Н А В И Д Њ О И СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


4-5 ноябри соли 2010 дар шањри Душанбе бахшида ба 15- солагии таъсисёбии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Конференсияи илмї-амалии байналмилалї дар мавзўи «Маќомоти на- зорати конститутсионї дар шароити њамгироии системањои њуќуќї: таљрибаи байналмилалї ва амалияи Тољикистон» баргузор гардид. Дар кори Конфронси мазкур Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон иштирок ва дар мавзўи «Конститутсия давлати навини тољиконро ба ањли љањон муаррифї намуд» суханронї намуд. Дар кори Конфронс Президенти Комиссияи Венетсианї оид ба демократия тавассути њуќуќи Шўрои Аврупо (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо) Љианни Букиккио, Раиси Конфронси маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи љавон- Раиси Суди конститутсионии Арманистон Арутюнян Г. Г., раисони Судњои Конститутсионии Латвия, Литва, Молдова, Муѓулистон, Раиси Шўрои Конститутсионии Ќазоќистон, Раиси Суди иќтисодии Иттињоди Давлатњои Мустаќил, њайати судяњо аз Олмон, Федератсияи Россия, Эстония, Туркия, Украина, Озарбойљон, коршиносони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, инчунин аъзои Њукумати Љумњурии Тољикистон, мушовирони давлатї ва дигар кормандони масъули Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, вакилони парлумони мамлакат, роњбарон ва судяњои Суди конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Прокуратураи генералї, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон, намояндаго- ни маќомоти адлия, роњбарони мактабњои олї, олимони варзидаи илми њуќуќ, роњбарон ва намояндагони созмонњои байналмилалии муќими Љумњурии Тољикистон ва воситањои ахбори омма ишти- рок намуданд. Дар рафти Конференсия фаъолияти маќомоти назорати конс- титутсионї дар шароити љањонишавї ва њамгироии системањои њуќуќи муосир, наздикшавии ќонунгузории миллии давлатњо ва ташаккули фазои ягонаи њуќуќии байналмилалию минтаќавї, наќши ин раванд дар таъмини волоияти Конститутсия, њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, инчунин дигар масъалањои марбут ба мурофиаи судии конститутсионї мавриди баррасї ва муњокимаи мутахассисону олимони ватанию хориљии соњаи њуќуќи конститутсионї ва дигар соњањои њуќуќ ќарор дода шуд. Конфронс дар доираи њамкорињои байналмилалии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар якљоягї бо Комиссияи Венетсианї оид ба демократия тавассути њуќуќи Шўрои Аврупо (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо), Барномаи «Дастгирии ислоњоти судї ва њуќуќї дар мамлакатњои Осиёи Марказї»- Љамъияти Олмонї оид ба њамкорињои техникї ва Институти Кушода»- Фонди Бунёди Мадад дар Тољикистон доир гардид.


Маводи конференсия пурра дар шумораи чоруми Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр ва дастраси хонандагон мегардад.


26 октябри соли 2010 дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида ба 16 -солагии Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар мавзўи «Конститутсия асоси рушди давлати демократї» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони беш аз дањ вазорату идорањои Љумњурии Тољикистон иштирок намуданд. Мизи мудавварро Раиси Суди конститутсионии Љумњурии То- љикистон М. Мањмудов ифтитоњ бахшида, фаъолияти давлати соњиб- истиќлоли Тољикистонро дар зарфи 16 соли баъд аз ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мавриди тањлил ќарор дод. Номбурда ќайд намуд, ки Конститутсия аз љумлаи дастовардњои бузурги сиёсию њуќуќї, иљтимоию фарњангии мардуми Тољикистон буда, заминаи њуќуќии бунёди давлати тозабунёд ва соњибистиќлоли Тољикистон, шакли ифодаи њуќуќии ормонњои давлатдории миллї, њимояи њадафњо ва манфиятњои миллї, осори таърихї ва фарњанги миллї мебошад. Бо ќабули Конститутсия ба ташаккули падидањои нави демократї, аз љумла ба таъсиси маќоми махсуси назорати конститутсионї-Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон заминаи њуќуќї гузошта шуд. Муовини Раиси Суди конститутсионї М. Назаров ва мудири кафедраи њуќуќи конститутсионии Донишгоњи миллии Тољикистон Њ.О. Ойев дар бораи ислоњоти судї-њуќуќї дар љумњурї, ќабули ќодексњо ва ќонунњои нав ибрози назар намуда, аз љумла таваљљўњи њозиринро ба таѓйиру иловањо ба Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», васеъ гардидани салоњият ва доираи субъектњои мурољиат ба Суди конститутсионї љалб намуданд. Дар идомаи сўњбат, дигар коршиносони масоили њуќуќї оид ба ќонунгузории амалкунанда љумњурї андешањои хешро баён дошта, баргузории мизи мудавварро муфид арзёбї намуданд.


6 сентябри соли 2010 ба муносибати 19-умин солгарди Истиќ- лолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар маљлисгоњи Суди кон- ститутсионии Љумњурии Тољикистон мизи мудаввар дар мавзўи: «Истиќлолият ва рушди њокимияти судї» доир гардид. Дар кори мизи мудаввар Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон Салимзода Ш.О., Мушовири калони Президенти Љумњурии Тољикистон Шоназаров С.А., Вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Гиёев С.Н., Декани факултаи њуќуќшиносии ДМТ Холиќов К.Н., олимону устодони факултањои њуќуќшиносии донишгоњњои давлатї ва намояндагони дигар таш- килоту муассисањо ширкат варзиданд. Мизи мудавварро Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. ифтитоњ бахшида, иброз доштанд, ки дар даврони соњибистиќлолї дар низоми њокимияти давлатї таѓйироти љиддии созанда ба миён омад ва таъсиси Суди конститутсионї низ яке аз дастовардњои он ба шумор меравад. Сањми он дар њифзи Кон- ститутсияи мамлакат, таъмини волоияти меъёрњои он дар ќаламрави давлат. инчунин дар њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд калон аст. Дар рафти конференсия 6 маърўзањо, аз љумла маърўзаи Салимзода Ш.О. дар мавзўи «Тањаввули маќом ва наќши Прокурату- ра дар партави ислоњоти судї-њуќуќї», маърўзаи Холиќов К.Н. дар мавзўи « Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон-бозёфти дав- раи истиќлол» ва дигарон аз љониби иштирокчиёни мизи мудаввар бо таваљљўњи хос шунида шуданд. Масъалањои мавриди баррасї ва муњокима ќарордодаи мизи мудаввар аз љониби иштирокчиёни он муфид арзёбї гардиданд.


27-28 августи соли 2010 дар шањри Остонаи Љумњурии Ќазоќистон бахшида ба 15-умин солгарди ќабули Конститутсияи Љумњурии Ќазоќистон Конференсияи илмї-амалии байналмилалї дар мавзўи «Конститутсия - асоси инкишофи давлат» доир гардид. Дар кори Конференсия Президенти Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути њуќуќи Шўрои Аврупо (Комиссияи Венет- сиании Шўрои Аврупо) Љианни Букиккио, Раиси Конференсияи маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи љавон-Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Арманистон Арутюнян Г. Г., раисон ва судяњои маќомоти назорати конститутсио- нии зиёда аз 20 давлати љањон, намояндагони маъмурияти Прези- дент, Њукумат, Парламенти Љумњурии Ќазоќистон, намояндагони илм ва маориф, кормандони корпуси дипломатї ва ташкилотњои байналмилалї иштирок намуданд. Љумњурии Тољикистонро дар конференсияи мазкур Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон М.Мањмудов ва судяи Суди конститутсионї Гулзорова М.М. намояндагї доштанд. Иштирокчиёни конференсияро Президенти Љумњурии Ќазоќистон Нурсултон Назарбоев хайра маќдам гуфта, дарназди онњо бо маъ- рўза баромад намуд.


Дар љараёни кори он зиёда аз 30 маърўзањо оид ба наќши Конститутсия дар раванди танзими муносибатњои љамъиятї ва инкишофи давлатдорї, инчунин њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд шунида шуданд. Њозирин маърўзаи Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон М. Мањмудовро дар мавзўи: «Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд» бо мароќи том гўш карданд. Дар рафти конференсия М. Мањмудов бо Президенти Комиссияи Венетсианї оид ба демократия тавассути њуќуќи Шўрои Аврупо Љианни Букиккио, Раисони Судњои конститутсионии Љумњурињои Молдова - Думитру Пулбере, Литва- Кестус Лапинскас, Латвия- Гунарс Кутрис, Муѓулистон - Жамсаран Бямбадорж ва судяњои Судњои конститутсионии Ўзбекистон ва Булѓория вохўрд, ки зим- ни вохўрињо оид ба доираи васеи масъалањо ва таљрибаи адолати судии конститутсионї табодули назар карда шуд.


12-15 июли соли 2010 дар шањри Љакартаи Индонезия Конференсияи 7-уми маќомоти назорати конститутсионии давлатњои Осиё дар мавзўи: «Ќонуни интихобот» доир гардид, ки дар кори он раи сон ва намояндагони маќомоти назорати конститутсионии зиёда аз 40 давлатњои Осиё ширкат варзиданд. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар Конферен- сияи мазкур Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов намояндагї дошт. Иштирокчиёни Конференсияро Президенти Љумњурии Индонезия мўњтарам Сусило Бамбанк Юдњоёоно хайра маќдам гуфта, дар љараёни кори чоррўзаи он зиёда аз 40 маърўзањо оид ба наќши Конститутсия ва ќонунњои интихобот дар таъмини њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд шунида шуданд. Њозирин маърўзаи Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон М. Мањмудовро дар мавзўи: «Њифзи судии њуќуќњои конститутсионии шањрвандон дар ќонунњои интихоботии Љумњурии Тољикистон» бо мароќи том гўш карданд. Дар рафти Конференсия М. Мањмудов бо Раиси Суди конститут- сионии Љумњурии Индонезия Муњаммад Мањфуд МД вохурд. Зим- ни вохурї њамкорињои минбаъдаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди конститутсионии Љумњурии Индонезия, ин- чунин масъалаи њамроњшавии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба Ассотсиатсияи судњои конститутсионии давлатњои Осиё мавриди муњокима ќарор гирифт. М.Мањмудов, инчунин бо раисон ва њайатњои маќомоти назорати конститутсионии Ќазоќистон, Ўзбекистон, Миср, Шри Ланка ва дигарон мулоќот намуда, оид ба доираи васеи масъалањо ва амалияи адолати судии конститутсионї табодули назар карда шуд.



Дар ин сафар М. Мањмудовро ёрдамчии Раиси Суди конститутсионї Ѓайбуллоев И.И. њамроњї намуд.


8-12 июни соли 2010 дар шањри Валмонтони Италия Конфронси байналмилалї дар мавзўи: «Њифзи њуќуќњои шањрвандон» бахши- да ба омодагї ба семинари І Авруосиёгї оид ба њуќуќи Римї баргузор гардид, ки дар кори он намояндагон аз давлатњои Америкаи Лотинї, Федератсияи Россия, Љумњурии Ќазоќистон, Руминия, Албания ва Италия иштирок намуданд. Дар кори конфронси мазкур Љумњурии Тољикистонро Мањмудов М.А. – Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Али- зода З. – Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон намояндагї намуданд. Дар љараёни кори серўзаи конфронс зиёда аз 25 маърўзаву баромадњо оид ба њифзи њуќуќњои шањрвандон, аз љумла маърўзаи Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. дар мавзўи: «Принсипњои њифзи њуќуќњои шањрвандон дар анъанањои таърихии Тољикистон» шунида шуданд. Оид ба такмили механизмњои њифзи њуќуќи инсон ва шањрванд дар давлатњои худ мубодилаи афкор баргузор гардид. Дар рафти Конфронс вохўрии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. ва Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон Ализода З. бо Раиси Суди конс- титутсионии Италия Франческо Амирантї баргузор гардид, ки љонибњо оид ба њамкорињои судњои конститутсионии ду давлат ибрози андеша намуданд.


МУНДАРИЉА


Мањмудов М.А. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон: 15 соли ташаккул ва рушд ....................................................................5


Мустафо Назаров Риояи Ќонуни забони давлатї дар фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ........................................................15


Каримов К. М. Аз таърихи рушди институти захираи кадрњо ................. 24


Њошимов Д. Д. Мафњуми объектњои њуќуќи гражданї ............................ 35


Ќарорњои Суди конститутсионии Љумњурии

Тољикистон


1) Оид ба дархости Кимсанов И. Њ. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддањои 371 ва 372 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 7 майи соли 2010 ......................... 46


2) Оид ба дархостњои шањрванд Абдурасулов А. ва намояндаи ваколатдори ў Амакљонов З. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати банди а) моддаи 3 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ба моддањои 5, 10, 14, 17 ва 39 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 1, 22, 23, 25 ва 29 Эъломияи умумии њуќуќи башар ва моддањои 20, 23, 36, ќисмњои 2, 3 моддаи 46, моддањои 161, 258, 259 ва 260 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон» аз 17 июни соли 2010 ......................................................................................................................... 54


Таъинотњои Суди конститутсионии Љумњурии

Тољикистон


1) Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Шаропов К. «Дар бораи муайян намуданимутобиќати банди 4 ќисми 4 моддаи 26 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маљлисњои мањаллии вакилони халќ» ба моддањои 1, 5 ва ќисми 4 моддаи 27 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 22 апрели соли 2010 .......................................................................... 64


2) Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Њасанов А. Њ. «Дар бораи муайян намудани мувофиќати амалу рафтори шањрванд Fафуров Ф.F. ба ќонунњо ва Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, инчунин мувофиќати њалномаи Суди ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе (судя Шодиев Ш.) аз 24 августи соли 2009 ба моддањои 3, 5 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ва моддањои 31, 84 ва 87 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 2 июни соли 2010 ............................................................................................. 68


3) Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости мањкумшуда Мирзоев Ѓ.Р. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати њукму таъинот ва дигар санадњои судии Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 4 июни соли 2010 ....................................................... 71


4) Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба мурољиати иљрокунандаи вазифаи Раиси ноњияи Бобољон Fафурови вилояти Суѓд Муњитдинов Л. «Дар хусуси њалли бањси байни маќомоти давлатї оид ба муќаррар намудани њуќуќи соњибмулкї ба амволи ѓайриманќули шахсони њуќуќї ва воќеї ба миёномада, инчунин муайян намудани њуќуќи соњибмулкии фарзандони волидайни фавтидае, ки амволашон дар ваќти барњаёт буданашон ба ќайд гирифта нашудааст» аз 5 июни соли 2010 ......................75

5) Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба пешнињоди судяи Суди њарбии гарнизони шањри Душанбе Табаров Х.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 3 моддаи 162, ќисми 2 моддаи 231 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон, ќисмњои 1, 4 моддаи 292 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, моддаи 118 ва ќисми 5 моддаи 153 Кодекси Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи судии иќтисодї ва моддаи 531 Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба моддаи 17 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 6 июни соли 2010 ........................................................................................................... 50


Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии

Тољикистон


Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон .................... 86