08:05:14 - 18.12.2017

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз134
mod_vvisit_counterДирӯз353
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта487
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида3049
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ7042
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида8097
mod_vvisit_counterҲамагӣ270964

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
04.09.2009 04:00

        Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти Давлатӣ дар Вазо- рати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар кори он Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судяи Суди конститутсионӣ Гулзорова М. ва дигар кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ иштирок варзиданд. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. дар мавзўи «Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун заминаи ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон» маърўза кард.

 
12.08.2009 04:00

Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 60-умин солгарди қабули Конвенсияҳои Женевагӣ (соли 1949) мизи мудаввар баргузор намуданд.

Дар мизи мудаввар намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ ва Суди Олӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, вазорату кумитаҳо, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии СММ, САҲА, СҲШ ва ҷомеаҳои шаҳрвандӣ иштирок доштанд.

Аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори мизи мудаввар судяи Судяи Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А. иштирок намуд.

Дар нишасти мазкур қайд гардид, ки солҳои охир дар Тоҷикистон оид ба имплементатсияи Конвенсияҳои Женевагӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ (башардўстӣ) корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.

 
07.08.2009 04:00

Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Институти Даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Кохи Ваҳдат (шаҳри Душанбе) ҷаласаи муқаддамотиро барои баррасии ўҳдадориҳои кишвар дар ҷодаи ҳуқуқи инсон оид ба мавзўи «Дастовардҳо ва норасоиҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон» барпо намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Суди конститутсионӣ ва Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, вазорату кумитаҳо, созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.

Судяи Суди конститутсионии Ҷмҳурии Тоҷикистон Абдуллоев А.А. ва мудири шўъбаи таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рауфов М.М. дар ин ҷаласа ширкат намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими ба соҳаи ҳуқуқи инсон дахлдошта дар Тоҷикистон мавриди омўзишу баррасӣ қарор дода шуданд.

 
23.07.2009 04:00

Дар шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова Конференсияи байналмилалӣ дар мавзўи: «Арзишҳои конститутсионӣ-омилҳои асосии таҳким- бахши сохти демократӣ», бахшида ба 15-солагии рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Молдова баргузор шуд.

Дар Конференсияи мазкур намояндагони Судҳои Конститутсионӣ аз 19 давла- ти ҷаҳон, инчунин намояндагони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо иштирок намуданд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҳмудов М.А. -Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуллоев А.А. -судяи Суди консти- тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ намуданд.

Иштирокчиёни Конференсияро Президенти Ҷумҳурии Молдова Владимир Воронин хайра мақдам гуфт. Дар ҷараёни кори дурўзаи Конференсияи мазкур наздикии 20 маърўзаву баромадҳо оид ба арзишҳои конститутсионӣ ҳамчун омилҳои асосии мустаҳкамӣ ва рушди давлатҳои демократӣ шунида шудаанд. Мубодилаи афкор баргузор гардид ва таҷрибаҳои корӣ оид ба масъалаҳои васеи мурофиаи судии конститутсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 
13.07.2009 04:00

Дар доираи Барномаи «Дастгирии ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» вохўрии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. ва судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев А.А. бо Роҳбари Барномаи Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ дар Тоҷикистон Ҷаноби Йорг Пуделка ва ҳуқуқшиноси барномаи мазкур Катлин Крюгер баргузор шуд.

Дар ҷараёни вохўрӣ Маҳмудов М.А. ба меҳмонон оид ба корҳои анҷомдодашуда дар ҷумҳурӣ дар доираи амалишавии ислоҳоти судию ҳуқуқӣ ва он тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Парламенти мамлакат дароварда шуданд,маълумот дод.

Ҷонибҳо дар рафти сўҳбат оид ба масъалаҳои муҳими мурофиаи судии конститутсионӣ ибрози назар намуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки адолати судии конститутсионӣ аз ҷумлаи он стандартҳои ҷомеаи демократӣ мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Адолати судии конститутсионӣ ниҳоди ҷудонопазири сохтори давлатии аксари давлатҳои соҳибистиқлоли ҳудуди собиқ Иттиҳод Шўравӣ шудааст.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар раванди машварат манфиат ва омодагии худро дар самти густариши ҳамкории тарафайн ва анҷом додани амалҳои мушаххас иброз намуданд.

 

Дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. маҷлиси Суди конститутсионӣ баргузор шуд, ки ба он судяҳои дар истеъфобудаи Суди конститутсионӣ, олимони соҳаи ҳуқуқи мамлакат аз Институти давлат ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултетҳои ҳуқуқщиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шудаанд.

Мувофиқи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди Суди конститут- сионӣ Шўрои илмию машваратӣ дар ҳайати 17 нафар таъсис дода шуд, ки ба он судяҳои дар истеъфобудаи Суди конститутсионӣ ва олимони намоёни соҳаҳои ҳуқуқи мамлакат дохил мешаванд.

 
« ПерваяПредыдущая313233343536СледующаяПоследняя »

Страница 35 из 36