Дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон бо ибтикори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон, Конфронси мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон, Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути ҳуқуқ (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо), Ассотсиатсияи байналмилалии ҳуқуқи конститутсионӣ, Намояндагии Еревании Созмони бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Аврупо конференсияи XIV байналмилалӣ дар мавзўи «Таҷрибаи байналмилалии ҳамкории судҳои конститутсионӣ ва парлумонҳо дар таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони судҳои конститутсионӣ ва парлумонҳои 27 давлатҳои Аврупо, Осиё, ва Африқо, аз ҷумла Котиби генералии Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо Дж. Букикио, Раиси палатаи суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, иштирок намуданд. Намояндагии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду судяҳои Суди конститутсионӣ дар кори конференция ширкат варзиданд. Дар конфронс зиёда аз 30 маърўза, аз ҷумла маърўзаи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. дар мавзўи «Нақш ва мавқеи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикион дар таъмини волоияти Конститутсия» шунида шуданд. Конститутсия аз тарафи иштирокчиёни конференсия бузургтарин ҳуҷҷат ва дастоварди сиёсию ҳуқуқии ҷомеаи инсонӣ, таъминкунандаи низоми боссуботи давлатдорӣ арзёбӣ гардида, нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар таъмини волоияти меъёрҳои он махсус қайд карда шуд. Дар конференсия, инчунин лоиҳаи Оинномаи Конференсияи умумиҷаҳонӣ оид ба адолати суди конститутсонӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, аз ҷониби намояндагони давлатҳои аъзои Конференсияи мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон дастгирӣ ёфт. Дар рафти конференция вохўриҳои дуҷонибаи намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дж. Букикио - Котиби генералии Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, Арутунян- Раиси Конференсияи мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон-Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон, бо ҳайати намояндагии Судҳои конститутсионии Латвия, Молдова, Беларусь, Федератсияи Россия, Алҷазоир, Чехия баргузор гардиданд. Оид ба доираи васеи масъалаҳо ва таҷриба адолати суди конститутсионӣ табодули назар карда шуд. |