17:20:35 - 24.09.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1511
mod_vvisit_counterДирӯз2031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3542
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида8827
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ32348
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида47576
mod_vvisit_counterҲамагӣ611686

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

2 ноябри соли 2017 дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида ба Рўзи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар мавзўи «Консти­тутсия ва рушди давлатдории миллї» мизи мудаввар доир гардид. Дар кори он оли­мону мутахассисон ва намояндагони маќомоти давлатї иш­тирок ва бо маърўзањо баромад намуданд.

Мањкам Мањмудзода–Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии То­љи­кистон ба мизи мудаввар њусни ифтитоњ бахшида, ќайд намуд, ки Конс­­­ти­тут­сияи Љумњурии Тољикистон дар давраи басо њасос, душвор ва пе­­­чи­даи мам­лакати мо ќабул шудааст. Аммо новобаста аз айёми душвор ва идомаи љанги шањр­вандї аз љониби роњбарияти давлат ва Њукумат тањти роњ­барии Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон муњокимаи умумихалќии лоиња, омўзишу таклифу хулосаи ба лоиња пешнињодшуда ва ба инобат гирифтани аксари онњо, тавассути раъй­пурсї ќабул кардан ва нашри он таъмин карда шуд.

Њамин аст, ки Конститутсияи мо аз љониби нозирон ва кор­ши­но­сони масъалањои сиёсию њуќуќї бањои баланд гирифт.

Ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон истиќлолияти дав­латии моро мустањкам намуда, барои эъмори дав­лати демокративу њуќуќ­бунёд заминаи муњими сиёсию њуќуќї фароњам овард. Асосњои сохтори конс­титутсионї, њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, салоњияти маќомоти олии кишварро бо назар­дошти арзишњои умумибашарї ва миллї муайян кард. Љумњурии Тољикистонро давлати демократї, ху­ќуќ­бунёд ва иљтимої эълон намуд.

Ислоњоти конститутсионї дар мамлакат гузаронидашуда натиљаи демократикунонии минбаъдаи њаёти сиёсиву иљтимоии Тољикистон ва эъти­бори байналмилалии он мебошад, ки он моро ба њадафи асосии муайяннамудаи Конститутсия – бунёди љомеаи адолатпарвар бурда мерасонад.

Содиќ Шоназаров- мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои њуќуќї њозиринро ба Рўзи Конститутсияи мамлакат табрик намуда, зикр кард, ки Конститутсия ба­рои рушду тањкими давлатдорї ва идоракунии он заминаи њуќуќї фа­роњам оварда, дар асоси он 17 ќонуни конститутсионї, 22 кодексњо ва 343 ќонунњои соњавї ќабул гардиданд. Онњо ба рушди давлатдорї таъсири мусбии худро расониданд.

Сипас дар рафти мизи мудаввар маърўзањои олимону мутахассисон дар мавзўњои «бехатарии конститутсионї», «рушд ва устувори молияи давлатї пас аз ќабули Конститутсия», Инкишофи конститутсияњои ЉШС Тољикистон», «Конститусия њамчун њуљљати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат», «Конститутсия ва њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд» ва дигарњо шунида шуда, мавриди муњокима ќарор гирифтанд.

Маърўзачиён пањлуњои гуногун ва серљабњаи Конститутсияро мавриди тањлили амиќ ќарор дода, наќши онро дар рушди соњањои гуногуни фаъолияти давлати миллї таъкид намуданд.

Баррасии масъалањои зикршуда аз љониби иштирокчиёни мизи мудаввар муфид ва созанда арзёбї гардид.

 

 

 

 

4 октябри соли 2017 дар Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон маљлиси тантанавї бахшида ба Рўзи забони давлатї баргузор гардид.

Дар маљлис муовини Раиси Суди Конститутсионї Каримзода Карим ва сармутахассиси Дастгоњи Суди Конститутсионї Њусейнзода Хусрав дар бораи арљгузорї ба забони давлатї, танзими њуќуќии забон дар Конститутсия ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон» бо маърўза баромад намуданд.

Дар ин чорабинї, зикр гардид, ки забони тољикї бузургтарин рамзи давлатдории халќи тољик мањсуб меёбад, ки бо ќудрату тавоноии он мардуми тољик ба истиќлолияти давлатї мушараф гардидааст.

Гузаштагони мо њатто дар давраи басо номусоид ва вазнини таърихи худ забони худро на танњо аз даст надоданд, балки онро чун гавњараки чашм њифз намуда, то ба замони соњибистиќлолии давлати мо нигоњ дошта, сањми худро дар рушду такомули он гузоштанд.

Бояд ёдовар аз он шуд, ки рушду нумуи забон дар замони соњибистиќлолї бо мавќеъ ва наќши созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии То­љикистон муњтарам Эмомалї Рањмон вобастагии амиќ дорад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат бањри њифз ва рушду такомули забони давлатї дар Конститутсия дарљ намуда, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатї» 5 октябри соли 2009 дар тањрири нав ќабул гардид, ки наќши забони давлатї дар умури сиёсї, иќтисодию иљтимої, соњањои коргузорї ва эљоди ќонунњо мавќеи назаррас пайдо намуд.

Ќонуни мазкур њар як шањрванди Љумњурии Тољикистонро вазифадор намуд, ки ба забони давлатї арљ гузоранд. Илова бар ин, аз тарафи давлат таъмин гаштани истифода, њимоя ва рушди забони давлатї пешбинї гардида, маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, инчунин шахсони њуќуќї, новобаста аз шакли ташкилию њуќуќї, вазифадор карда шуданд, ки барои омўхтани забони давлатї ва такмили забондонии кормандон шароит фароњам оранд.

Њамзамон дар васфи забони тољикї аз љониби кормандони Суд шеърњо ќироат карда шуданд .

Дар охир аз њамаи иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки риоя ва татбиќи ќонуни мазкур дар кор ва фаъолияти њамарўзаи худ амалї намуда, бањри њифз ва рушди он њаматарафа сањмгузор бошанд.

 

 

 

11-14 сентябри соли 2017 дар Љумњурии Литва Чорумин Конгресси умумиљањонї оид ба адолати судии конститутсионї дар мавзўи «Волоияти њуќуќ ва адолати конститутсионї дар љањони муосир» доир гардид.

Дар кори ин чорабинии сатњи байналмилалї, ки бо ташаб­буси Комис­сияи венетсиании Шўрои Аврупо ва Суди конститутсионии Љумњурии Литва доир гардид, намоян­дагони маќомоти назорати консти­­тут­­сионии навад киш­вари љањон ва созмон­њои бону­фузи бай­нал­ми­лалї, аз ќабили Австрия, Албания, Алжир, Андора, Арманистон, Африка, Бело­русия, Булѓористон, Венгрия, Гана, Индонезия, Камерун, Кения, Косово, Ќазо­ќис­тон, Ќирѓи­зистон, Латвия, Македония, Молдавия, Олмон, Румыния, Словения, Туркия, Узбе­кистон, Украина, Хорватия, Чили, Шоњи­гарии Иордания, Шоњигарии Тайланд, Шоњигарии Люксембург, Комиссияи венетсиании Шўрои Аврупо, Суди Аврупои оид ба њуќуќи инсон, намоян­да­гони маќомоти њокимияти давлатии Љумњурии Литва ва дигарон иштирок ва суханронї намуданд.

Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар кори Конгресс судяњои Суди Консти­тутсионї Лутфулло Абдуллозода ва Даврон Њошим­зода намояндагї намуданд.

Конгресс дар сатњи хуби омодагї доир гардида, дар он мавзўњои мухталифи марбут ба волоияти њуќуќ, конститутсионализм, наќши маќо­моти назорати консти­тутсионї дар таъмини суботи конститутсионї дар мамлакат, наќши ќарорњои судњои конститутсионї ва институтњои муодил дар самти њифзи њуќуќи конститутсионии шањрванд, воситањои муосири тањкими њифзи њуќуќи конститутсионии шањрвандон, таъмини ќонунияти консти­тут­сионї дар давлатњои алоњида ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњокимањои доманадор ќарор дода шуданд.

Зимни кори Конгресс судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон Њошимзода Д.Д. вобаста ба волоияти њуќуќ ва адолати судии консти­тут­­сионї Љумњурии Тољикистон суханронї намуда, наќши Суди конститут­сиониро дар таъмини суботи конститутсионї муњиму назаррас арзёбї намуд.

Масъалаи муайян намудани макони баргузории Панљумин Конгресси умумиљањонї оид ба адолати судии конститутсионї дар доираи ин чорабинии байналмилалї низ матрањ гардида, якдилона ќарор ќабул карда шуд, ки соли 2020 Паљумин Конгресс дар Љумњурии Алжир баргузор мегардад.

Инчунин тавассути овоздињї ба узвияти Бюрои Конгресс маќомоти назорати конститутсионии кишварњои Доминикан, Джибутти, Индонезия ва Италия интихоб гардиданд.

Дар фарљоми кори Конгресс аз љониби иштирокдорони баъд аз муњоки­маи масъалањои баррасишуда Комюникеи Вилнюс ќабул карда шуд.

 

 

 

7 сентябри соли 2017 дар толори маљлисгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба муносибати 26-умин солгарди Истиќлолияти давлатї бо иштироки роњбарият, судяњо ва кормандони Суди Консти­тутсионї љамомади тантанавї доир гардид.

Љамомадро Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода њузни оѓоз бахшида, њамагонро бо солгарди љашни соњибдавлативу соњибихтиёрї табрик намуда, аз љумла иброз дошт, ки Истиќлолияти давлатї дастоварди бузурги таърихї дар роњи давлатсо­зиву давлатдории навин ва рамзи олии Ватану ватандории мо мањсуб ёфта, такя ба арзишњои муќад­даси он имрўз дар њаёти сиёсї, иќтисодї ва иљтимоии љомеа тадриҷан комёбињои назаррас ба чашм мерасад.

Боиси ифтихору сарфарозии њар як сокини кишвар аст, ки ба шаро­фати сиёсати созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон арзишњои Истиќлол њамчун нишонаи њувияти шикастнопазири миллї барои боло гардидани маќому нуфузи давлати озоду демократии мо дар арсаи байналмилалї, амалишавии њадафњои созандаву бунёд­корона ва тањкими заминањои њуќуќии Ватани мањбубамон заминаи боэътимод гузошт.

 

 

 

 

29-30 августи соли 2017 дар Љумњурии Ќазоќистон ба муносибати солгарди ќабули Конститутсияи ин кишвар Конфронси бай­нал­­милалї дар мавзўи «Консти­тутсия ва модерни­затсияи љомеа ва давлат» доир гардид.

Дар кори Конфронси байналмилалї намояндагони маќомоти назорати конститутсионии љумњурињои Арманистон, Булѓористон, Венгрия, Гурљис­тон, Ќирѓи­зистон, Латвия, Олмон, Туркия, Узбе­кистон, Украина, Шоњи­гарии Иордания, Федератсияи Россия, Суди иќтисодии Авруосиё, Комис­сияи Венетсиании Шўрои Аврупо, Мудирияти генералї оид ба њуќуќи инсон ва волоияти њуќуќи Шўрои Аврупо, Созмони байнал­ми­лалии њуќуќшиносон ва дигар созмонњои байнал­милалї, маќомоти њокимияти давлатии Љумњурии Ќазоќистон, инчунин олимони соњаи њуќуќ иштирок ва суханронї намуданд.

Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар кори Конфронс судяњои Суди Консти­тутсионї Муњаббат Гулзор ва Даврон Њошимзода намояндагї намуданд.

Зимни конфронс, ки дар муддати ду рўз идома ёфт, мавзўњои мухта­лифи марбут ба Конститутсия ва консти­тут­­сионализм, аз ќабили Консти­тутсия њамчун воситаи модерни­затсияи љомеа ва давлат, татбиќи меъёрњои Конститутсия кафили рушди љомеа, наќши Суди Консти­тутсионї дар таъ­мини суботи консти­тут­сионї дар мам­лакат, њифзи њуќуќу озоди­њои инсон ва шањрванд дар шароити ислоњоти консти­тутсионї, таљрибаи пешбурди назорати консти­тут­сионї дар давлатњои алоњида ва дигар мавзўњои муб­рами соњаи њуќуќ мавриди муњокимањои доманадор ќарор дода шуданд.

Судяи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д. зимни кори конфронс бо маърўза дар мавзўи «Наќши Суди Консти­тут­­сионии Љумњурии Тољикистон дар таъмини суботи конститутсионї дар кишвар» баромад намуда, дар доираи он ба њозирин оид ба ањамияти Конститут­сия дар рушди давлатдории навин, наќши маќомоти назорати кон­ститутсионї дар њифзи Конститутсия, таъмини суботи конститутсионї ва татбиќи муќаррароти Конститутсияи кишвар маълумот пешнињод кард.

 

 

 

 

16 июни соли 2017 дар толо­ри маљлисгоњи Суди Кон­сти­тут­сионии Љумњурии Тољи­­кис­тон ба муно­си­бати 20-умин солгради ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиќ­рори сулњ ва ризоияти миллї», ки њамчун санади таърихї барои тањкими пояњои вањдат ва суботу оромї дар кишвар мусоидат кард, дар мавзўи «Вањдати миллї ва рушди давлатдорї» њамоиш доир гардид.

Дар кори њамоиш намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Прокуратураи генералї, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, вазоратњои адлия, мудофиа, рушди иќтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, Маркази миллии ќонунгузорї, дигар маќомоти давлатї, инчунин олимони соњаи њуќуќ иштирок ва бо маърўза баромад намуданд.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода ба кори њамоиш њусни оѓоз бахшида, аз љумла иброз дошт, ки оѓози солњои навадуми ќарни сипаришуда давлати мо ба масири нињоят мураккаби таърихї ворид гардида, омилҳои гуногун сабаб шуданд, ки дар кишвари мо љанги тањмилии шањрвандї сар зад ва тамоми соњањои њаётии љомеа фалаљ гардида, давлат ба бўњрони сиёсї, иќтисодї ва маънавї фаро гирифт. Дар натиља мардуми кишвар аз тарсу њароси љон ба давлатњои њамсоя фирори шу­данд ва мил­­лату давлатро хатари парокандашавї тањдид кард.

Танњо ба шарофати зањматњои пайгирона ва талошњои созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон муаяссар гардид, ки дар як муддати кўтоњ љанги тањмилии шањрвандї хомўш карда шавад ва миллати тољик аз хатари парокандашавї рањо ёфта, муњољирони иљборї ба ватану ман­зили худ баргардонида шуданд ва кишвари мо ба маљрои рушду инкишоф дар њама соњањои њаёти љомеа ворид гардид.

Пойдории сулњу субот барои њифзи арзишњои миллї, эҳёи давлат­до­рии навини демократию њуќуќбунёд, сарҷамъию ит­тиҳоди миллат, амали­созии њадафњои конститутсионии давлати иљтимої, татбиќи вазифањои стратегии давлат мусоидат кард ва Љумњурии Тољикистон њамчун субъекти муносибатњои байналмилалї дар арсаи сиёсати љањонї сазовори мавќеи хоса гардид.

Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї, ки дар як давраи вазъи мураккаби сиёсии мамлакат бо саъю талошњои Пешвои муаззами миллат ба имзо расонида шуд, дар таҷрибаи ҷаҳони мутамаддин падидаи нодири ба миён овардани сулњу оромї ба шумор рафта, аз нигоњи њуќуќї падидаест, ки омили муњими пешрафту ташаккули давлати адолат­парварро таќвият мебахшад.

 

 

 
« ПерваяПредыдущая12345678910СледующаяПоследняя »

Страница 5 из 39