10:50:25 - 26.04.2017

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз136
mod_vvisit_counterДирӯз177
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта614
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида1100
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ4025
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида5446
mod_vvisit_counterҲамагӣ223133

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

7 апрели соли 2016 Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода ва судяи Суди конститутсионї Даврон Њошимзода дар кори конфронси байналмилалии илмї-амалї дар мавзўи «Њолати муосири илм ва ќонунгузории фаъолияти оперативї-љустуљўї», ки бо ташаббуси Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон доир гардид, иштирок намуданд.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањ­муд­зода дар ин њамоиши байнлмилалї бо сухани ифтитоњї баромад намуда, ќайд кард, ки бо ќабули Конститутсия дар кишвар ислоњоти њуќуќї бомаром амалї карда шуд ва дар муддати кўтоњ асосњои ќонун­гузории љумњурї нав карда шуданд.

Дар њамин замина Кодекси љиноятї, Кодекси мурофиавии љиноятї ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти оператавї-љустуљўї», ки охирон ба танзими муносибатњои љамъиятии марбут бо амалї намудани фаъолияти оперативї-љустуљўї равона гардидааст, дар тањрири нав ќабул шуда, давра ба давра такмил ёфтанд.

Аммо, новобаста ба мављудияти заминаи њуќуќии дахлдор дар ин самт, дар замони муосир љинояткорї дар шаклњои нав ба нав зуњур карда истодааст, аз љумла барои содир кардани љиноятњои мухталиф воситањои муосири технологї ба таври васеъ истифода мешаванд, ки ин омил барои амнияти давлат ва муътадилии љомеа хавфу хатарро ба миён меорад.

Бинобар ин, бо маќсади таъмини самаранокии фаъолияти маќо­моти пешбарандаи чорабинињои оператавї-љустуљўї ќонунгузории соња ба такмили минбаъда ниёз дошта, зарур аст, ки тарзу усулњои муоисири пешгирї ва ошкор кардани љинояткорї зимни пешбурди фаъолияти оператавї-љустуљўї истифода карда шаванд.

 

 

 

9 марти соли 2016 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон вохўрии муовини Раиси Суди конститутсионї – Каримзода К.М. ва судяњои Суди конститутсионї Гулзор М.М. ва Њошимзода Д.Д. бо Гузоришгари вежаи СММ оид ба пешгирї ва њифзи њуќуќ ба озодии андеша ва баён Дэвид Кайе доир гардид.

Зимни вохўрї масъалањои марбут ба фаъолияти густурдаи Суди конститутсионї, ки ба таъмини волоият ва амали бевоситаи Консти­тутсия равона гардидаанд, матрањ шуданд.

Љаноби Дэвид Кайе аз таъмини волоияти ќонун дар Љумњурии Тољикистон изњори ќаноатмандї кард ва ба фаъолияти Суди конститут­сионї таваљљўњ зоњир намуда, мављудияти ин маќоми назорати конститут­сиониро дар кишвар муфид арзёбї кард.

 

 

 

(03.03.2016c.) Дар шањри Еревани Љумњурии Арманистон аз љониби Конфронси маќомоти назорати конститутионии давлатњои демократияи нав, ки Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон узви фаъоли ин созмони бонуфузи байналмилалї мебошад, ду шумораи махсуси маљаллаи «Адолати Конститутсионї» №3 (69) 2015 ва №4 (70) 2015 ба табъ расид.

Ин шуморањои маљалла ба Конфронси байнамилалї ба муносибати ба 20-умин солгарди таъсиси Суди конститут­сио­нии Љумњу­рии Тољи­кистон дар мавзўи «Адолати судии конститут­сионї – кафолати таъмини волоияти Конститутсия», ки 17-18 сентябри соли 2015 дар шањри Душанбе бо иштирок ва суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, намояндагони маќомоти назо­рати конститут­сионии зиёда аз бист кишвари љањон, ходимони давлатї ва олимони намоёни соњаи њуќуќи конститутсионии давлатњои хориљи кишвар, њамчунин намояндагони маќомоти њокимияти давлатии љум­њурї доир гардида буд, бахшида шудааст.

Дар маљаллањо суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ва дигар иштирокчиёни Конфронси байнал­милалии Душанбегї бо забонњои русї ва англисї гирд оварда шудааст.

Ба узвияти Конфронси маќомоти назорати конститутионии давлат­њои демократияи нав зиёда аз чил маќомоти назорати конститутсионии давлатњои љањон шомил буда, маљаллањои чопии он мунтазам дар радифи аъзои созмон, инчунин ба Комиссияи Венетсианї оид ба демократия тавассути њуќуќи Шўрои Аврупо ва дигар созмонњои бонуфузи байналмилалї ирсол гардида, дорои мутолиакунандагони зиёд мебошанд.

 

 

 

2 марти соли 2016 Раиси Суди конститут­сионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода ва судяи Суди конститут­сионї Даврон Њошимзода дар љамомади васеи њайати устодону донишљўёни Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М. Осимї, ки дар толори маљлисгоњи донишгоњ бо маќсади фањмондадињии мазмуну муњтавои лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон пешни­њод­шуда доир гардид, иштирок намуданд.

Раиси Суди конститут­сионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода зимни суханронии худ оид ба ањамияти таѓийру иловањои пешнињодшуда ибрози андеша намуда, ќайд кард, ки зарурати таѓйиру илова­њо ба Конститутсия аз омилњои сиёсї, иљтимої, иќтисодї, инкишофи давлату љомеа, пешрафти муносибатњои љамъиятї, рушди соњањои муњими њаёти љомеа, ташаккули низоми њуќуќї ва дигар омилњои муњим вобаста мебошанд, ки онњо мутобиќ гардонидани меъёрњои Ќонуни асосиро ба шароити рушдё­бандаи љомеа асоснок мекунанд.

Зимни љамомад судяи Суди конститут­сионї Даврон Њошимзода низ оид ба баъзе бандњои алоњидаи лоињаи таѓйиру иловањо баромад намуда, зикр кард, ки таѓйиру иловањои пешнињод­шуда њамчун идомаи манти­ќии исло­њоти њуќуќї, сиёсию иљтимої дар кишвар ба мар­ња­лаи муосири руш­д ворид шу­дани давлат ва љомеа вобаста буда, бо таќозои замон ва тала­боти љомеа онњо ба мус­тањ­­кам намудани асо­с­њои сохтори консти­тутсионї, тањкими маќоми конс­титут­сионии шањр­вандї, њокимияти ќонунгузор, иљроия, судї ва ташаккули маќомоти худидоракунии мањал­лї равона гардида­анд.

Баъд аз фарљоми суханронї Мањкам Мањмудзода ва Даврон Њошимзода ба саволњои сершумори устодону донишљўён посух дода, њамагонро барои иштироки дар райъпурсии умумихалќї даъват намуд.

 

 

 

 

22 феврали соли 2016 дар толори маљлисгоњи Суди конститут­сионии Љумњурии Тољикистон бо иштироки коллективи Суди конститут­сионї бо маќсади шарњу тавзењи лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститут­сияи Љумњурии Тољикистон пешнињодшуда, љаласаи васеъ доир гардид.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мамудзода љаласро њусни оѓоз бахшида, ќайд намуд, ки 22 майи соли љорї дар киш­вар чорабинии муњими сиёсї, яъне раъйпурсии умуми­халќї оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Консти­тутсияи Љумњурии Тољикистон бар­гузор мегардад ва имрўз дар тамоми љумњурї маъракаи фањмондадињии моњияту зарарути таѓйиру иловањо ба Конститутсия идома дорад.

Лоињаи таѓйиру иловањо тибќи муќаррароти моддањои 98 ва 99 Конститутсияи кишвар аз љониби аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагон пешнињод карда шуданд ва матни пурраи он дар воситањои ахбори омма бо маќсади ба манзури њамагон расонидан, нашр шудааст.

То эълон гардидани раъйпурсї тибќи талаботи ќонунгузории мављуда лоињаи таѓйиру иловањо бо маќсади муайян намудани муто­биќати онњо ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз љониби Суди конститут­сионии Љумњурии Тољикистон мавриди баррасї ќарор дода шуданд ва бо ќарори Суди конститутсионї аз 4 феврали соли љорї лоињаи таѓйиру иловањои пешнињодшуда ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мутобиќ дониста шуданд.

Таѓйиру иловањо ба мус­тањ­­кам намудани асо­с­њои сохтори консти­тут­сионї, тањкими маќоми конс­титут­сионии шањр­вандї, њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї равона гардида, инъикоси минбаъдаи раванди демократи­куно­нии њаёти сиёсї ва иљти­моии љомеаи Тољикистон мебошанд.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мамудзода, њамчунин лоињаи таѓйиру иловањоро барои такмили муќаррароти меъёрњои Конститутсия муфид арзёбї намуда, бандњои лоињаро дар алоњидагї шарњу тавзењ дод.

 

 

 

 

ПАЁМ – ЊУЉЉАТИ МУЊИМИ СИЁСИЮ ЊУЌУЌИСТ

9 феврали соли 2016 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо маќсади шарњу тавзењи нуктањои Паёми Асосгузори сулњу Вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба маќоми олии намояндагї ва ќонунгузории кишвар бо иштироки судяњо, кормандони дастгоњи Суди конститутсионї ва донишљўёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон љаласеи васеъ баргузор гардид.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, академик Мањкам Мањмудзода љаласаро њусни оѓоз бахшида, ќайд намуд, ки Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї њамчун њуљљати барномавии сиёсиву њуќуќї муќарраркунандаи афзалият ва самту шартњои ташаккулу пешрафти давлату љомеа мањсуб ёфта, дар асоси он равандњои сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва фарњангию идеологї бо суръат амалї карда мешаванд.

Дар асоси њадафњои дар Паём гузошташуда сиёсати давлатї ва фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ барои муайян кардани роҳҳои ҳалли масоили калидии ҳаёти љомеа, паст кардани таъсири омилњои беруна, алалхусус таъсири буҳрони молиявї ба иќтисодї миллї ва таъмини амалишавии маќсадњои давлати иљтимої, яъне шароити арзандаи зиндагӣ ба њар як сокини мамлакат равона карда мешавад.

Дар Паёми Сарвари давлат, таъсири дигаргуниву тањавуллоти љањони муосир ба низоми идоракунии пазируфташуда ва маъмули сиёсати ҷаҳонї, ки бинобар шиддат ёфтани рақобати геополитикї ва геостратегии қудратхоҳони ҷаҳон ва њамчунин бархӯрди манофеи абарқудратҳо муш­оњида мегарданд, мавриди тањлил ќарор дода шуда, самти афзалиятноки сиёсати хориљии давлат бо дарназар­дошти эњти­роми принсипњои њуќуќї байнал­милалї муайян карда мешавад.

Сипас оид ба мазмуну муњтавои Паёми Роњбари давлат ба парлумон судяи Суди конститутсионї Д. Њошимзода ва сардори шуъбаи таъминоти њуќуќии фаъолияти суяњои Суди конститутсионї Нурляминзода Г.А. баромад намуданд.

 

 

 
« ПерваяПредыдущая12345678910СледующаяПоследняя »

Страница 6 из 34