16:59:47 - 19.11.2017

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз287
mod_vvisit_counterДирӯз368
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта287
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида1747
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ4766
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида6557
mod_vvisit_counterҲамагӣ260591

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(03.03.2016c.) Дар шањри Еревани Љумњурии Арманистон аз љониби Конфронси маќомоти назорати конститутионии давлатњои демократияи нав, ки Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон узви фаъоли ин созмони бонуфузи байналмилалї мебошад, ду шумораи махсуси маљаллаи «Адолати Конститутсионї» №3 (69) 2015 ва №4 (70) 2015 ба табъ расид.

Ин шуморањои маљалла ба Конфронси байнамилалї ба муносибати ба 20-умин солгарди таъсиси Суди конститут­сио­нии Љумњу­рии Тољи­кистон дар мавзўи «Адолати судии конститут­сионї – кафолати таъмини волоияти Конститутсия», ки 17-18 сентябри соли 2015 дар шањри Душанбе бо иштирок ва суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, намояндагони маќомоти назо­рати конститут­сионии зиёда аз бист кишвари љањон, ходимони давлатї ва олимони намоёни соњаи њуќуќи конститутсионии давлатњои хориљи кишвар, њамчунин намояндагони маќомоти њокимияти давлатии љум­њурї доир гардида буд, бахшида шудааст.

Дар маљаллањо суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ва дигар иштирокчиёни Конфронси байнал­милалии Душанбегї бо забонњои русї ва англисї гирд оварда шудааст.

Ба узвияти Конфронси маќомоти назорати конститутионии давлат­њои демократияи нав зиёда аз чил маќомоти назорати конститутсионии давлатњои љањон шомил буда, маљаллањои чопии он мунтазам дар радифи аъзои созмон, инчунин ба Комиссияи Венетсианї оид ба демократия тавассути њуќуќи Шўрои Аврупо ва дигар созмонњои бонуфузи байналмилалї ирсол гардида, дорои мутолиакунандагони зиёд мебошанд.

 

 

 

2 марти соли 2016 Раиси Суди конститут­сионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода ва судяи Суди конститут­сионї Даврон Њошимзода дар љамомади васеи њайати устодону донишљўёни Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М. Осимї, ки дар толори маљлисгоњи донишгоњ бо маќсади фањмондадињии мазмуну муњтавои лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон пешни­њод­шуда доир гардид, иштирок намуданд.

Раиси Суди конститут­сионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода зимни суханронии худ оид ба ањамияти таѓийру иловањои пешнињодшуда ибрози андеша намуда, ќайд кард, ки зарурати таѓйиру илова­њо ба Конститутсия аз омилњои сиёсї, иљтимої, иќтисодї, инкишофи давлату љомеа, пешрафти муносибатњои љамъиятї, рушди соњањои муњими њаёти љомеа, ташаккули низоми њуќуќї ва дигар омилњои муњим вобаста мебошанд, ки онњо мутобиќ гардонидани меъёрњои Ќонуни асосиро ба шароити рушдё­бандаи љомеа асоснок мекунанд.

Зимни љамомад судяи Суди конститут­сионї Даврон Њошимзода низ оид ба баъзе бандњои алоњидаи лоињаи таѓйиру иловањо баромад намуда, зикр кард, ки таѓйиру иловањои пешнињод­шуда њамчун идомаи манти­ќии исло­њоти њуќуќї, сиёсию иљтимої дар кишвар ба мар­ња­лаи муосири руш­д ворид шу­дани давлат ва љомеа вобаста буда, бо таќозои замон ва тала­боти љомеа онњо ба мус­тањ­­кам намудани асо­с­њои сохтори консти­тутсионї, тањкими маќоми конс­титут­сионии шањр­вандї, њокимияти ќонунгузор, иљроия, судї ва ташаккули маќомоти худидоракунии мањал­лї равона гардида­анд.

Баъд аз фарљоми суханронї Мањкам Мањмудзода ва Даврон Њошимзода ба саволњои сершумори устодону донишљўён посух дода, њамагонро барои иштироки дар райъпурсии умумихалќї даъват намуд.

 

 

 

 

22 феврали соли 2016 дар толори маљлисгоњи Суди конститут­сионии Љумњурии Тољикистон бо иштироки коллективи Суди конститут­сионї бо маќсади шарњу тавзењи лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститут­сияи Љумњурии Тољикистон пешнињодшуда, љаласаи васеъ доир гардид.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мамудзода љаласро њусни оѓоз бахшида, ќайд намуд, ки 22 майи соли љорї дар киш­вар чорабинии муњими сиёсї, яъне раъйпурсии умуми­халќї оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Консти­тутсияи Љумњурии Тољикистон бар­гузор мегардад ва имрўз дар тамоми љумњурї маъракаи фањмондадињии моњияту зарарути таѓйиру иловањо ба Конститутсия идома дорад.

Лоињаи таѓйиру иловањо тибќи муќаррароти моддањои 98 ва 99 Конститутсияи кишвар аз љониби аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагон пешнињод карда шуданд ва матни пурраи он дар воситањои ахбори омма бо маќсади ба манзури њамагон расонидан, нашр шудааст.

То эълон гардидани раъйпурсї тибќи талаботи ќонунгузории мављуда лоињаи таѓйиру иловањо бо маќсади муайян намудани муто­биќати онњо ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз љониби Суди конститут­сионии Љумњурии Тољикистон мавриди баррасї ќарор дода шуданд ва бо ќарори Суди конститутсионї аз 4 феврали соли љорї лоињаи таѓйиру иловањои пешнињодшуда ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мутобиќ дониста шуданд.

Таѓйиру иловањо ба мус­тањ­­кам намудани асо­с­њои сохтори консти­тут­сионї, тањкими маќоми конс­титут­сионии шањр­вандї, њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї равона гардида, инъикоси минбаъдаи раванди демократи­куно­нии њаёти сиёсї ва иљти­моии љомеаи Тољикистон мебошанд.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мамудзода, њамчунин лоињаи таѓйиру иловањоро барои такмили муќаррароти меъёрњои Конститутсия муфид арзёбї намуда, бандњои лоињаро дар алоњидагї шарњу тавзењ дод.

 

 

 

 

ПАЁМ – ЊУЉЉАТИ МУЊИМИ СИЁСИЮ ЊУЌУЌИСТ

9 феврали соли 2016 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо маќсади шарњу тавзењи нуктањои Паёми Асосгузори сулњу Вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба маќоми олии намояндагї ва ќонунгузории кишвар бо иштироки судяњо, кормандони дастгоњи Суди конститутсионї ва донишљўёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон љаласеи васеъ баргузор гардид.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, академик Мањкам Мањмудзода љаласаро њусни оѓоз бахшида, ќайд намуд, ки Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї њамчун њуљљати барномавии сиёсиву њуќуќї муќарраркунандаи афзалият ва самту шартњои ташаккулу пешрафти давлату љомеа мањсуб ёфта, дар асоси он равандњои сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва фарњангию идеологї бо суръат амалї карда мешаванд.

Дар асоси њадафњои дар Паём гузошташуда сиёсати давлатї ва фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ барои муайян кардани роҳҳои ҳалли масоили калидии ҳаёти љомеа, паст кардани таъсири омилњои беруна, алалхусус таъсири буҳрони молиявї ба иќтисодї миллї ва таъмини амалишавии маќсадњои давлати иљтимої, яъне шароити арзандаи зиндагӣ ба њар як сокини мамлакат равона карда мешавад.

Дар Паёми Сарвари давлат, таъсири дигаргуниву тањавуллоти љањони муосир ба низоми идоракунии пазируфташуда ва маъмули сиёсати ҷаҳонї, ки бинобар шиддат ёфтани рақобати геополитикї ва геостратегии қудратхоҳони ҷаҳон ва њамчунин бархӯрди манофеи абарқудратҳо муш­оњида мегарданд, мавриди тањлил ќарор дода шуда, самти афзалиятноки сиёсати хориљии давлат бо дарназар­дошти эњти­роми принсипњои њуќуќї байнал­милалї муайян карда мешавад.

Сипас оид ба мазмуну муњтавои Паёми Роњбари давлат ба парлумон судяи Суди конститутсионї Д. Њошимзода ва сардори шуъбаи таъминоти њуќуќии фаъолияти суяњои Суди конститутсионї Нурляминзода Г.А. баромад намуданд.

 

 

 

 

 

4 феврали соли 2016 дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон тањти раисии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии То­љи­кистон Мањкам Мањмудзода мурофиаи судии конститутсионї аз рўи пешнињоди Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон «Оид ба муайян намудани муво­фиќати лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон воридшаванда ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пешнињоди Маљлиси намо­ян­да­гони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистонро њаматарафа мав­риди баррасї ќарор дода, ќайд на­муд, ки Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон њамчун њуљљати сиёсї ва санади дорои ќувваи олии њуќуќї, муњимтарин арзишњои бунё­дии љомеаи башариро љињати њифзи њуќуќу манфиатњои инсон, љомеа ва давлат дар худ таљассум намуда, хусусиятњои давлати То­љикистонро ба сифати дав­ла­ти соњибих­тиёр, демок­ратї, ҳуќуқбунёд, дунявї ва ягона арзёбї кардааст.

Конститутсия манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳиб­ис­тиқ­лоли Тољикис­тонро инъикос намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи љум­­­ҳурї, тамомияти арзї, моҳияти демократї, ҳуқуқбунёдї, дунявї ва иљти­моии давлатро шарти асосї ва баќои давлат ва миллат арзёбї менамояд. Ин санади меъёрии њуќуќї барои мустаќилияти сиёсию иқти­со­дї, пеш­бурди сиёсати сулҳ­­љўёна, боло рафтани эътибори давлату миллат дар муноси­бат­њои байнал­ми­лалї ва таъ­мини суботи сиёсию иљтимоии љомеаи Тољикистон шароити мусоиди ташкилию њуќуќї фароњам овардааст.

Таѓйиру иловањои ба Конститутсия воридшаванда ба мар­ҳа­лаи имрўзаи руш­д ворид шу­дани давлат ва љомеа мувофиќ буда, онњо ба мус­тањ­­кам намудани асо­с­њои сохтори конститутсионї, таќвияти кафолати њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, тањкими маќоми конс­титут­сионии шањрвандї, њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї, ташаккули маќомоти худидора­кунии мањаллї, љалби фаъолонаи шањр­вандон, дар навбати аввал љаво­нон ба њаёти сиёсї ва идораи давлатї равона гардидаанд. Онњо њимояи њуќуќу озоди­њои инсон ва шаҳр­ванд, ки мақсад ва мазмуни фаъо­лия­ти маќомоти њокимияти давлатї ва худидоракунии маҳал­лиро ташкил дода, ба воситаи ҳокимияти судї таъ­мин мегарданд, таќвият бахшида, дар маљ­мўъ ба тањ­кими амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоќи љомеа, сиња­тии ањолї ва волоияти ќонуну тартиботи њуќуќї му­соидат менамоянд.

Таѓйиру иловањои пешнињодшуда дар маљмўъ арзиш­њои волои Кон­­сти­­тут­сияро тањким бахшида, инъикоси минбаъдаи раванди демократи­кунонии њаёти сиёсї ва иљти­моии љомеаи Тољикистон, таќвияти њифзи њуќу­ќии шахс, фарогири идо­маи ислоњоти сиёсию иљтимої ва њуќуќию судї дар мамлакат мебошанд. Онњо ба мукаммал намудани меъёрњои Конститут­сия равона гар­дида, ба амалия ва таљри­баи љањонии ворид кардани таѓйиру иловањо ба конститут­сия ва ба арзишњо ва принсипњои асосии Кон­сти­­тут­сияи (Сарќону­ни) Љумњурии Тољи­кистон мувофиќ мебошанд.

Бинобар ин, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон лоињаи таѓйиру иловањои ба ном ва матн, моддањои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддањои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муќаррароти интиќолии Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон воридша­вандаро ба Консти­тут­сияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон мутобиќ донист.

 

 

 

 

28 январи соли 2016 нашри шуморавии маљаллаи илмї – иттилоотии Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон №4, 2015 ки дар он фаъолияти Суди конститутсионї инъикос гардида, ќарор ва таъиноти судї, маърўзаю маќолањои судяњои Суди конститутсионї ва устодони факултетњои њуќуќши­носии Донишгоњи миллии Тољикистон, Донишгоњи славянии Тољи­кис­тону Россия, њамчунин маќолањои дигар њуќуќшиносон гирд оварда шудаанд, бо забонњои давлатї ва русї аз чоп баромад.

Дар ин шумораи маљлаллаи илмї-иттилоотї ќарори Суди консти­тутсионї аз рўи дархости директори генералии Љамъияти сањомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» Фай­зуллоев Б.Њ. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии мањсулот (кору хизматрасонї) дар корхонањо ва ташки­лотњои Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 1999, №210 тасдиќ карда шудааст, ба модда­њои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бо ду забон нашр карда шудааст.

Њамчунин дар ин маљалла таъинот оид ба дархости шањрванд Абдумаликов А. «Дар бораи муайян намудани мувофиќати Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 18 июни соли 2008, №394 «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи хизматчиёни њарбї», Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 26 марти соли 2009, №499 «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи хизматчиёни њарбї» ва Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 23 декабри соли 2008, №УП-580 «Дар бораи муќаррар намудани андозаи њадди нињоии нафаќаи хизматчиёни њарбї ва кормандони маќомоти њифзи њуќуќи Љумњурии Тољикистон» ба моддањои 14 ва 45 Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» чоп гардидааст.

Ќисмати алоњидаи маљалла ба навидњои Суди конститутсионї бахшида шуда, дар он иттилоот оид ба мурофиањои судии доиргардида, вохўрии роњбарият ва судяњои Суди конститут­сионї бо мењмонони хориљї, сафарњои хизматии роњбарият, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди конститутсионї ба дохилу хориљи кишвар, дастовардњои суд, иттилоот оид ба фаъолияти солонаи Суди конститутсионї ва дигар ахбороти муњим бо забонњои давлатї ва русї гирд оварда шудааст.

Хоњишмандон метавонанд ин маљаллаи илмї-иттилоотиро аз китоб­­­хонаи Суди конститутсионї дастрас намоянд ё тавассути  сомонаи Суди конститутсионї аз иттилооти дар он гирд­оварда­шуда истифода баранд.


 

 
« ПерваяПредыдущая12345678910СледующаяПоследняя »

Страница 8 из 35