Нашрияи мазкур бо дастгирии молиявии

Лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти судӣ ва ҳуқуқӣ

дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ»-и Ҷамъияти

Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ нашр шудааст.

МТО

Нашрия ройгон тақсим карда мешавад.

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм

(№2) 2010

Душанбе – 2010

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ

дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон)

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷаллаи илмию иттилоотӣ

Сармуҳаррир:

Маҳмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Ҳайати таҳририя:

Назаров М.Н. Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади

илмҳои сиёсӣ Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Сотиволдиев Р. Ш. Мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

© Нашрияи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 15-умин

солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон

5-уми ноябри соли 2009

Понздаҳ сол муқаддам – рўзи 6–уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи (Сарқонуни) давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати Қонуни олии кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, яъне бевосита аз ҷониби худи халқ бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи кишвар қабул карда шуд. Ин санади муқаддасу тақдирсоз ва ифодагари азму иродаи мардум роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян намуд.

Ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ ҳамаи шумо – ҳозирини мўҳтарам ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро, ки бо қабули ин санади сарнавиштсоз маҷмўи ормону ниятҳои некро ба дастури кору зиндагии наслҳои имрўзу фардо табдил доданд, самимона табрик мегўям. Бояд таъкид намуд, ки се соли нахустини зиндагӣ дар фазои соҳибистиқлолӣ, яъне солҳои 1991-1994 солҳои пурошўб ва давраи ҷустуҷўи ҷавоби мушаххас ба саволҳое буданд, ки мо ба чӣ гуна сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ эҳтиёҷ дорем, ояндаи ҷомеа ва давлатро дар доираи кадом низоми сиёсӣ ва арзишу меъёрҳои иҷтимоӣ дидан мехоҳем, ормонҳои миллии дар давоми ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаамонро бо кадом роҳу равиш амалӣ менамоем.

Дар ин муддат, яъне баъди ба даст овардани истиқлолият баъзе доираҳои манфиатҷўи дохиливу хориҷӣ бо истифода аз гурўҳҳои муайяни бегонапараст мардуми моро гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карданд.

Бо вуҷуди ин, дар давоми се соли ниҳоят сангин ва заҳмату талошҳои пайгирона бо иштироки бевоситаи худи мардуми кишвар Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон таҳия, муҳокима ва қабул гардид.

Ва мардуми мо бо қабули нахустин Конститутсияи худ, ки аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифт, ба ҳамаи саволҳои гузошташуда ҷавоби дақиқ пайдо карда, роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоиро пеш гирифтанд.

Ба ҳайси ҳомии Қонуни асосӣ, кафили истиқлолияти миллӣ ва пойдориву бардавомии давлат мехоҳам изҳор намоям, ки Конститутсияи мо ҳамчун баёнгари таносуби воқеии ҳамаи нерўҳои иҷтимоии ҷомеа ва ҷавобгўи манфиатҳои ҳамаи онҳо буда, чунин давлатеро бунёд гузошт, ки ба ҷуз аз хизмат ба мардум ва амалӣ намудани ормонҳои онҳо дигар мақсаде надорад.

Бинобар ин, бояд таъкид кард, ки ҳар як пешрафти ба шарофати амали понздаҳсолаи Конститутсия бадастомада, пеш аз ҳама таъмини волоияти қонун натиҷаи хирад ва заковати фитрии халқиТоҷикистон аст. Зеро халқ созандаи таърих ва ҳаёти мустақилонаи ҳар давлат мебошад.

Эъмори давлати мустақил ва пайваст ба ҷаҳони муосир низ самараи тафаккур ва заҳмати мардуми шарифи кишвар мебошад, ки имрўз онро бо номи Тоҷикистон мешиносанд ва мавқеи онро дар мавриди ҳаллу фасли масоили умдаи байналмилалӣ эҳтиром мекунанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар асл баъди иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ гардида, ҳамчун натиҷаи татбиқи қарорҳои таърихии он сурат гирифта буд.

Ҳанўз моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олӣ ва баъди он, яъне 12-уми декабри соли 1992 дар Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон таъкид карда будам, ки мо ҷонибдори бунёди давлати нав, яъне давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошем.

Дар натиҷа, моҳи июни соли 1993 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав Комиссияи конститутсионӣ ва гурўҳи кориро ташкил намуд ва ин гурўҳи корӣ баъди омўзиши қонунҳои асосии як қатор кишварҳои пешрафта лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистонро омода карда, ба муҳокимаи Комиссияи конститутсионӣ пешниҳод кард. Баъдан бо пешниҳоди комиссияи мазкур дар асоси Қарори Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид.

Дар ҷараёни муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Конститутсия аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба Шўрои Олӣ беш аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ворид гардид. Ҳамзамон бо ин, лоиҳаи Конститутсияи мо аз ҷониби мутахассисону коршиносони маъруфи як қатор кишварҳои ҷаҳон баланд арзёбӣ гардид.

Ҳамин тариқ, қабули Конститутсия баёнгари ворид шудани Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ буда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар давраи дигаргуниҳои куллиро оғоз намуд.

Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам овард.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, шакли давлатдорӣ, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

Моҳияти демократии Конститутсияи Тоҷикистон, қабл аз ҳама дар эътироф гардидани халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ ифода меёбад.

Бахши муфассали он, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таҳти танзим қарор додааст, аввалин маротиба дар таърихи кишвар ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ ва заволнопазир эътироф намудааст.

Албатта, ба ҳама маълум аст, ки 15 – сол пеш мо дар чӣ гуна шароит зиндагӣ мекардем ва масъалаи таъмини сулҳу субот барои Ватан, давлат, миллат ва ҳар фарди ҷомеаи мо аз ҷумлаи масъалаҳои тақдирсоз буданд.

Бо дарки масъулияти таърихии худ дар назди миллат ва Ватан мо ба барқарор кардани сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ шурўъ намудем, ки натиҷаҳои он дар санади таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сабт гардиданд. Дар Созишнома дар баробари ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи мо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон низ пешбинӣ гардида буд.

Ва ҳамчун натиҷаи татбиқи муқаррароти ин санади мўътабари миллат 26 сентябри соли 1999 аввалин маротиба ба Конститутсияи мамлакат тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо мазмуну мўҳтавои Конститутсияро такмил дода, хислати демократии онро таҳким бахшиданд.

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки ҳар гуна ҷомеа, махсусан ҷомеаи рў ба инкишоф доимо дар ҳолати тағйиру дигаргуниҳои куллӣ қарор дорад ва ҷомеаи мо низ аз ин қонунмандии иҷтимоӣ истисно нест. Бо дарназардошти дастовардҳои нав ба нави ҷомеа зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон ба миён омад, ки он рўзи 22 июни соли 2003 амалӣ гардид. Дар натиҷаи ду ислоҳоти конститутсионӣ аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар парламенти думаҷлисаи доимамалкунанда, такмили мақомоти иҷроия ва сохтори иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳи мустақилияти мақомоти судӣ, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў ба сифати арзиши олӣ ва дигар ниҳоду андешаҳои демократӣ ба Конститутсияи мо ворид гардиданд. Ин ҳама навовариҳои конститутсионӣ барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам овард.

Конститутсия мазмуни демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистонро муқаррар мекунад, ки барои пурра татбиқ шудани ин мафҳуму арзишҳо ба сифати ормонҳои мардуми мо вақту замони муайян зарур аст.

Татбиқи меъёрҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ба пешрафти ҳаёти ҷомеа, иҷрои барномаҳои кўтоҳмуддат ва дарозмуддати давлатӣ, хулоса ба шароиту имкониятҳо ва ба сатҳи пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар вобаста мебошад.

Қонуни асосӣ инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ўро ба сифати арзиши олӣ эълон намуда, мақсад ва мазмуни фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллиро муайян мекунад.

Ин чунин маънӣ дорад, ки қонунҳо набояд қоидаҳои рафтореро муайян намоянд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқ набошанд ё онҳоро халалдор созанд, инчунин ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор бояд дар фаъолияти худ ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба роҳбарӣ гирифта, набояд амале мухолифи он содир намоянд.

Вобаста ба эҳтироми ҳуқуқ ва озодии инсон ҳамчун арзиши олӣ 26 октябри соли ҷорӣ бо истифода аз салоҳияти конститутсионии худ ба муносибати ҷашни 15-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудам. Ин санад қабул гардид ва аз дирўз мавриди амал қарор дорад. Умуман, бояд гуфт, ки дар давоми 15 соли охир 9 маротиба қонуни авф қабул гардида, муқаррароти онҳо нисбат ба 61 ҳазор маҳкумшудагон татбиқ гаштанд, аз ҷумла зиёда аз 40 ҳазор нафар маҳкумшудагон аз маҳбас озод шуданд. Пешбинӣ шудааст, ки қонуни даҳуми авф ба 10 ҳазор нафар татбиқ шуда, зиёда аз 3 ҳазор маҳкумшуда аз маҳбас озод карда мешавад.

Ба андешаи ман, ин иқдомот боз як далели амали бевоситаи меъёрҳои Конститутсия дар хусуси арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқу озодиҳои ў ва ҳифз гардидани қадр, номус ва дигар ҳуқуқои инсон мебошад.

Дар ҳамин давра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қонунигардонии маблағҳои пулии шаҳрвандон ва дар бораи авфи шаҳрвандон вобаста ба қонунигардонии молу амволи онҳо қабул ва амалӣ гардонида шуданд.

Конститутсияи Тоҷикистон инчунин як силсила ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, манзил, озодии эътиқод, озодии интихоби маҳалли зист ва дигар ҳуқуқу озодиҳоро муқаррар намуда, ҳифзи судии онҳоро кафолат додааст, ки ин ҳам ифодакунандаи моҳияти демократӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон мебошад.

Масалан, аз соли 2003-юм нисбат ба занон ва аз соли 2004-ум умуман боздоштани татбиқи ҷазои қатл, ки кафолати пурраи таъмини ҳуқуқ ба ҳаёт мебошад, аз ҷумлаи иқдомоти ҷиддии башардўстона дар ин самт буданд.

Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кўдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат медиҳад. Бо вуҷуди мушкилоти иҷқтисодӣ ҳамасола ба соҳаҳои иҷтимоӣ на камтар аз 50 фоизи буҷети давлатӣ равона карда мешавад.

Солҳои охир маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ хеле афзоиш ёфт, аз ҷумла ҳиссаи хароҷоти соҳаи маориф дар панҷ соли охир аз се фоиз то ба беш аз панҷ фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ афзуд. Барои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил дар давоми 15-соли охир аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бинои аксарияти мактабҳо таъмиру тамҳид гардида, дар маҷмўъ зиёда аз 850 мактаби нав бунёд ва таъсис дода шуд. Ҳамчунин дар 78 мактаб-интернатҳо беш аз 8800 нафар кўдакону наврасон, ки аз ин ҷумла зиёда аз 4000 нафарашон ятиму бепарастор, 3 ҳазор нафарашон аз оилаҳои камбизоат ва беш аз 1800 нафарашон маъюб мебошанд, таҳти парасторӣ ва ғамхории давлат қарор доранд.

Дар асоси барномаи ҳукуматии компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат зиёда аз 3100 мактаб бо 25 ҳазор компютер таъмин гардид ва барои 675 ҳазор хонанда имконияти омўзиши техникаи компютерӣ фароҳам оварда шуд.

Дар баробари ин, дар мамлакат теъдоди муассисаҳои олии касбӣ аз 13 ба 29 адад ва шумораи донишҷўён аз 70 ҳазор ба 160 ҳазор нафар расонида шуд.

Бо мақсади ҷалби ҷавондухтарону ҷавонписарони болаёқати ноҳияҳои дурдасти кўҳистон ба таҳсил дар мактабҳои олӣ квотаи президентӣ ҷорӣ карда шуд ва дар доираи он ҳар сол 500 нафар ҷавонон ба мактабҳои олии мамлакат қабул карда мешаванд.

Дар муддати дувоздаҳ соли амали квотаи президентӣ зиёда аз панҷуним ҳазор ҷавонони деҳот, ки аксарияташон духтарон мебошанд, дорои маълумоти олӣ гардида, дар айни ҳол дар соҳаҳои гуногуни ноҳияҳои худ фаъолият карда истодаанд.

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, бахусус мактабҳои олӣ низоми таҳсил ба стандартҳои таҳсилоти ҷаҳонӣ мувофиқ гардонида шуд. Дар соҳаи тандурустӣ низ Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба хизматрасонии тиббиву санитарӣ ба аҳолӣ қабул шуда, марҳала ба марҳала татбиқ шуда истодааст.

Сатҳи хизматрасонии тиббиву санитарӣ ба аҳолӣ, бахусус ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ то андозае беҳтар гардида, ба онҳо кафолати хизматрасонии бепули тиббӣ дода мешавад. Илова бар ин, дар мамлакат тибби хусусӣ низ тадриҷан густариш меёбад. Барои иштироки озоди шаҳрвандон дар ҳаёти фарҳангӣ, корҳои эҷодӣ ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба сарватҳои фарҳангиву маънавӣ давлат ҳамаи шароити заруриро фароҳам овардааст. Давлати Тоҷикистон нисбат ба дини ислом, ки аксарияти аҳолии кишвар пайрави он аст, ҳамчун як ҷузъи маънавиёт ва фарҳанги аслии тоҷикон муносибат мекунад.

Арзишҳои ислом, воқеан, барои пешрафти ҷомеа, тарбияи шаҳрвандон, алалхусус наврасону ҷавонон, суботи устувори ҷомеа, шиносоии мардуми кишвар бо фарҳанги инсондўстӣ ва таҳаммулпазирӣ аҳамияти бузург доранд.

Аз ин хотир, давлат ба эҳёи фарҳанги исломӣ ва истифодаи фарҳангу маърифати динӣ дар танзими ҳаёти маънавии аҳолии кишвар таваҷҷўҳи хоса зоҳир мекунад, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума ва бо теъдоди даҳҳо ҳазор нусха ду маротиба ба чоп расидани Қуръони маҷид, таҷлили Соли бузургдошти Имоми Аъзам, инчунин ба барномаи таълимии мактабҳои миёна ворид намудани фанни махсуси «Маърифати ислом» мисоли равшани он мебошад. Дар баробари ин, бояд таъкид намуд, ки давлат нисбат ба ҳадафҳои воқеӣ ва сиёсии ташкилотҳои динӣ бетараф буда наметавонад, зеро онҳо низ фаъолияти худро дар чаҳорчўбаи қонунҳои давлат ба роҳ мемонанд.

Бо мақсади танзими одилонаи фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ соли равон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз нав таҳия ва қабул карда шуд. Қонуни мазкур муқаррарот ва қоидаҳои рафтори қобили қабули ҳамагонро дар доираи озодии эътиқод пешбинӣ мекунад ва умедворем, ки он барои ба ҳам мутобиқ гардидани манфиатҳои давлат, ҷомеа ва дин, гирифтани пеши роҳи ҳама гуна падидаҳои номатлуб, аз ҷумла ифротгароиву тафриқаандозӣ ва таъсиси гурўҳҳои экстремистии диние, ки аз ҷониби доираҳои муайяни баъзе кишварҳо дастгирӣ меёбанд, мусоидат менамояд.

Бо мақсади истифодаи самаранок ва оммафаҳм гардонидани мазмун ва моҳияти аслии меъёрҳои ислом, поксозии онҳо аз таассубу хурофот мо Қонун «Дар бораи танзими анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кардем, ки ба василаи он анъанаҳои миллии таърихӣ, ҳамчунин маросимҳои динӣ таҳти танзим қарор гирифтаанд.

Дар мавриди танзими қонунии маросимҳои динӣ мо асосан ба фармудаҳои пири мазҳаби аҳли суннату ҷамоат Имоми Аъзам, ки фақеҳи бузурги олами ислом буда, беш аз 90 фоизи аҳолии Тоҷикистон пайрави он мебошад, такя кардем.

Дар баробари ин, фаромўш набояд кард, ки дар ҷомеаи озод ва давлати демократӣ ҳар фард дар баробари ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ, ҳамчунин дар назди давлат ва ҷомеа масъулу ўҳдадор мебошад, зеро ҳуқуқу озодиҳоро наметавон бе ўҳдадорӣ тасаввур кард. Ба ибораи дигар, озодиҳои мо сарҳад дорад ва сарҳади озодӣ дар доираи қонун, адлу инсоф, манфиатҳои умум ва дигар арзишҳои башарӣ муайян карда мешавад.

Дар ҳамин асос Конститутсия ба зиммаи шаҳрвандони мамлакат риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну эътибори дигарон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва пардохти андозро ба сифати ўҳдадориҳои конститутсионӣ вогузор намудааст.

Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо дар сурати эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва иҷрои ўҳдадориҳои конститутсионӣ дар ҷомеа субот ва тартибу интизом пойдор ва таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат ва ҷомеа имконпазир мегардад.

Маълум аст, ки ҳар гуна бесарусомониву бетартибӣ ва фитнаву низоъ дар ҷомеа ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро халалдор мекунад ва ҳатто ғайриимкон мегардонад.

Мову шумо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар натиҷаи поймол гардидани қонуну қонуният ва фалаҷ гардидани ҳокимият қурбониву фирорӣ шудани ҳазорон одамони бегуноҳ, хароб гардидани манзилҳои истиқоматӣ ва бепарастор мондани кўдакону оилаҳоро бо чашмони худ дидем.

Ин сабақи талхи таърихӣ ҳамаи моро доим ҳушдор медиҳад, ки риояи Конститутсия ва қонунҳои давлат ҳамчун кафолати боэътимоди тартиботу амнияти ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амри зарурӣ ва ҳатмӣ мебошад.

Ҳамчунин ин амр устувории Конститутсия, қонунҳо ва низоми ҳуқуқиро таъмин намуда, дар навбати худ ба мустаҳкамӣ ва суботи давлату ҷомеа мусоидат мекунад.

Дар баробари ин, то чӣ андоза таъсири манфӣ доштани зуд-зуд ворид намудани илова ва тағйир додани Конститутсияро низ мардуми шарифи Тоҷикистон дар ҳаёти худ диданд.

Танҳо дар соли 1992 ба Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби Шўрои Олӣ даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, 2 Президент ва 5 Ҳукумат иваз гардиданд, ки дар маҷмўъ ҳамаи ин вазъи ҷомеаро мураккаб ва ноором сохт.

Дар ҷомеае, ки ваҳдату якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот, риояи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқӣ таъмин аст, ҳеҷ гоҳ ҳуқуқ ва озодии инсон поймол нахоҳад гашт.

Аз ин рў, таъмини асли волоияти Конститутсия ва қонунҳо низ фақат дар сурати риояи қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат, иқтидори мудофиавии он, ки дар натиҷаи иҷрои софдилонаи ўҳдадориҳои конститутсионии шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва давлат сурат мегирад, имконпазир мегардад.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамолики ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист.

Бояд гуфт, ки санади мазкур нахустин маротиба дар таърихи башар ҳуқуқ ба озодии виҷдон, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзилро эътироф ва татбиқ кардааст. Ба андешаи мо, аз ҷониби аҳли илм ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба таври сазовор қадршиносӣ гардидани ин санади боадолати таърихӣ ҳамчун нахустин эъломия доир ба ҳуқуқҳои фитрии инсон дар таърихи башар як амри хайр аст.

Аз ин рў, тоҷикон, ки дорои фарҳанги волои инсондўстӣ мебошанд, татбиқи орзуву ормонҳои ниёгони гузаштаи хеш ва ҳадафу талошҳои донишмандону мутафаккирони худро дар хусуси инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, қадру қимат ва шаъну номуси ў ба Конститутсияи худ ҷой доданд.

Дўстони азиз!

Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба василаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ мекунад.

Дар тўли солҳои сипаригардида ҳамчунин дар амалӣ намудани моҳияти демократии давлати Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта шуданд.

Таъсиси парламенти касбӣ яке аз зуҳуроти низоми демократии давлатдории навини мо мебошад, ки он дар таҳияву қабули қонунҳои ҷавобгў ба талаботи замон нақш ва мақоми муайянкунанда дорад. Дар давоми понздаҳ соли амали Конститутсия дар Тоҷикистон беш аз 900 қонун дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат таҳия ва қабул карда шуд.

Ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабл аз ҳама ба сифати баланди қонунҳои давлат, фаъолияти пурсамари парламент, маҳорати касбӣ, сатҳи масъулиятшиносӣ ва фарҳанги ҳуқуқии вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ марбут мебошад.

Волоияти қонун дар давлати ҳуқуқбунёд аз он вобаста аст, ки дар чунин давлат қонун то чӣ андоза ҷавобгўи талаботи воқеии шаҳрвандон ва ниёзи аҳли ҷомеа мебошад.

Аз ин лиҳоз, мақоми олии қонунгузори кишвар бояд ба сифати қонунҳо эътибори ҷиддӣ диҳад. Зеро то кадом сатҳу дараҷа ҳуқуқбунёд будани давлат аз сатҳу сифати қонунҳои он сахт вобаста аст. Бо мақсади такмили ислоҳоти ҳуқуқӣ, ки боиси рушду такомули низоми нави ҳуқуқӣ, эҷоди қонунҳои нав, танзими ҳуқуқии муносибатҳои бозаргонӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва низоми пешрафтаи иқтисодӣ мегардад, дар ин самт ҳаллу фасли вазифаҳои зеринро зарур мешуморам:

Якум. Бо мақсади ҳалли ҷиддии масъалаи таъмини ҳамоҳангиву мувофиқати тамоми қонунҳо ва мутобиқати онҳо бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Ҳукумат ва вазорату идораҳои дахлдор зарур аст, ки санадҳои қонунгузории Тоҷикистонро ҳаматарафа таҳлил намуда, барои аз байн бурдани ихтилофоти санадҳои қонунгузорӣ ва таъмини ҳамоҳангӣ ва фазои ягонаи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дуюм. Барои баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо ва татбиқи самарабахши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонунҳои нав гузаронидани экспертизаи дақиқи илмӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зиддикоррупсионии лоиҳаи қонунҳо зарур аст. Таҳия ва қабули қонунҳо бояд бо дарназардошти талаботи рўзафзуни ҷомеа, ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа сурат гирад. Аз ин рў, таҳияи консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳими парламенти Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва Академияи илмҳо мебошад.

Сеюм. Такмили қонунҳои амалкунанда, қабули қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрӣ дар соҳаи иҷтимоӣ, махсусан дар соҳаи нафақа, меҳнат, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии маъюбону ятимон низ яке аз вазифаҳои муҳимтарин дар ин самт ба ҳисоб меравад. Ва чорум. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтиром ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои Конститутсия зарур аст, ки дар тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои миёнаву олӣ, инчунин дар байни аҳли ҷомеа омўзиши он ба таври васеъ ва доимӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳозирини арҷманд!

Идоракунии муваффақонаи давлат, пеш аз ҳама ба устувории низом ва мувозинати байни рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо вобаста аст.

Дар зарфи понздаҳ соли амали Конститутсия дар низоми мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шуданд.

Бо мақсади таъмини фаъолияти пурсамари ҳокимияти давлатӣ сохтори идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ давра ба давра такмил дода шуд, ки дар ҷараёни он бо дарназардошти аслҳои «худдорӣ ва муқовимат» ва «ҳокимият ва итоат» низоми сохторҳои мавҷудаи мақомоти давлатӣ комилан тағйир ёфт. Дар баробари ин, як қатор мақомоти нави ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Артиши миллӣ, Қўшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуданд.

Дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2006-ум шумораи вазорату кумитаҳои давлатии Тоҷикистон 32 фоиз ихтисор гашта, ба 17 адад расонида шуд.

Тадбири мазкур имкон дод, ки идоракунии давлатии соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлат ва ҷомеа беҳтар ба роҳ монда шавад. Низоми идоракунии давлатӣ минбаъд низ вобаста ба пешрафти ҷомеа такмил ва ба талабот мувофиқ гардонида хоҳад шуд. Дар шароити имрўзаи вусъат ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, таъсиси субъектҳои муштараки хоҷагидорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо дарназардошти зарурати азнавсозии иқтисодиёт баъд аз таъсири бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ тақозо менамояд, ки низоми идоракунии давлат ба талаботи идоракунии муосир мутобиқ бошад ва ҳадафҳои стратегии давлат, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ додани кишвар, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро дар амал татбиқ намояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин барои ташаккул ва инкишофи муносибатҳои сифатан нави иқтисодӣ, яъне муносибатҳои бозорӣ ва моликияти хусусӣ дар мамлакат асос гузошт. Пас аз қабул гардидани Конститутсия, дар натиҷаи ташаккули низоми нави иқтисодӣ барои таҳия ва татбиқи барномаҳои ҳукуматии хусусигардонӣ, вусъат додани соҳибкории хурду миёна, ҷорӣ кардани шаклҳои нави фаъолияти иқтисодӣ, таъсиси ширкатҳо ва корхонаҳои хусусӣ ва инкишофи муносибатҳои бозорӣ шароит фароҳам оварда шуд.

Ислоҳоти иқтисодӣ ва ташкили низоми нави иқтисодӣ дар Тоҷикистон маҳз дар заминаи Конститутсия ва пеш аз ҳама, меъёрҳои он дар бобати гуногунии шаклҳои моликият, кафолати давлатии фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ муяссар гардид.

Дар як муддати кўтоҳ дар кишвар фаъолияти соҳибкорӣ ибтидо гирифта, рў ба инкишоф овард.

Ҳаёти иқтисодии кишвар мазмуни комилан дигар пайдо кард, фарҳанги нави иқтисодии аъзои ҷомеа ташаккул ёфт ва мустақилияти иқтисодиву ташаббускории шаҳрвандон густариш пайдо карда, равобити соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷа вусъат гирифт.

Зимни ислоҳоти иқтисодӣ низоми нави бонкӣ ҷорӣ гардида, саҳми бонкҳо дар татбиқи сиёсати қарздиҳӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна афзуд.

Стратегияи ягонаи идораи молияи давлатӣ таҳия ва амалӣ гардида, ислоҳоти идоракунии он, шаффофият, самарабхшӣ ва назорати даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ, беҳтар намудани раванди ташаккули он ва ислоҳоти низоми андоз таъмин карда шуд. Бо татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва қабули барномаи пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ барои баланд бардоштани сатҳи ҳавасмандии бахши воқеии иқтисод, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси корхонаву ширкатҳои муштарак имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда, фазои сармоягузории кишвар боз ҳам беҳтар гардид. Дар ҷараёни ташаккули низоми нави иқтисодӣ қонунҳо ва санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо дарназардошти муқаррароти марбутаи Конститутсия доир ба фаъолияти соҳибкорӣ, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва дигар соҳаҳои иқтисодӣ қабул карда шуданд, муносибатҳои нави соҳаҳои зикршударо таҳти танзим қарор дода, ҳамоҳангсозии манфиатҳои бахшҳои давлатӣ ва хусусиро ба роҳ монданд.

Дўстони азиз!

Дар татбиқи амалии адолат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҷавҳари низоми демократӣ мебошад, нақши ҳокимияти судӣ бисёр бузург аст.

Аз ин рў, баробари қабул гардидани Конститутсия дар Тоҷикистон ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид ва ислоҳоти судӣ оғоз ёфт. Дар ин замина нахустин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ, Шўрои адлия таъсис ёфтанд. Бо мақсади таъмини мустақилияти судяҳо мўҳлати ваколати онҳо даҳ сол ва синни пешниҳод ба вазифа то 65-солагӣ муқаррар карда шуд. Барои баланд бардоштани обрўю эътибори судяҳо дар ҷомеа ҳоло зарур аст, ки муқаррароти Конститутсия ва дигар қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти ҳокимияти судӣ, инчунин тадбирҳои дар барномаҳои ислоҳоти судиву ҳуқуқии бо фармонҳои Президенти мамлакат тасдиқшуда пурра ва бетаъхир иҷро карда шаванд, ки ин бевосита ба таъмини ҳарчи бештари адолати иҷтимоӣ ва дар маҷмўъ ба таҳкиму устувор гардидани ҳокимияти давлатӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон бо ин, бояд таъкид намуд, ки мустақилияти ҳокимияти судӣ чун рамзи адолат аз обрўву нуфузи он дар ҷомеа, сатҳи омодагии касбии судяҳо дар мавриди доварии софдилонаи онҳо ба нафъи инсон, ҷомеа ва давлат вобаста аст. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ татбиқ ва таъмини адолати судӣ мебошад.

Аз ин рў, адолат дар фаъолияти мақомоти судӣ фақат дар сурате амалӣ мегардад, ки онҳо парвандаҳоро воқеъбинонаю беғаразона ва бо риояи қатъии талаботи Конститутсия ва қонунҳо ҳаллу фасл намоянд.

Дар низоми судии кишвар Суди конститутсионӣ мақоми махсус дорад ва яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи он таъмини волоияти Конститутсия дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Аз ин рў, ҷоннок намудани фаъолияти Суди конститутсионӣ дар низоми судии кишвар дар шароити бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд шарт ва зарур аст. Дар тўли солҳои гузашта бо мақсади амалӣ намудани ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ садҳо қонунҳои соҳавӣ ва 17 кодекс қабул карда шуданд.

Дар айни ҳол лоиҳаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мо пешниҳод гардида буд, аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул карда шуд.

Мутобиқи он фаъолияти мақомоти таҳқиқ, тафтишот, прокуратура ва суд дар мавриди таъқиби ҷиноят ва мурофиаи судӣ ба куллӣ тағйир ёфта, аслу муқаррароти конститутсионии дахлнопазирии шахс, манзили ў, ҳифзи судии шахс, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва таъмини ҳимоячӣ, ба тарзи мубоҳиса ва дар асосҳои баробарии тарафҳо сурат гирифтани мурофиаи судӣ хеле васеъ гардиданд. Аз сўи дигар, амалӣ шудани моҳияти демокративу ҳуқуқбунёдии давлати Тоҷикистон, бевосита дар таъмини волоияти Конститутсия ва қонунҳои давлат, сатҳи баланди риояву иҷрои қонун ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ифода меёбад.

Воқеан, волоият ва нуфузи қонун дар ҷомеа аз сатҳи риоя ва иҷрои талаботи он вобастагии мустақим дорад, зеро риоя ва иҷрои бошууронаву озодонаи қонун баёнгари солимии ҷомеа ва рушду такомули мўътадили он мебошад.

Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад. Бинобар ин, бо мақсади тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҳанўз соли 1997 Фармони Президенти Тоҷикистон, сипас Барномаи давлатӣ дар бораи тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ба тасвиб расида буданд. Соли равон бо мақсади такмили низоми таълиму тарбияи ҳуқуқӣ Барномаи нави Ҳукумат доир ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон қабул гардид, ки он бешубҳа дар баланд бардоштани сатҳи тарбияи ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат мекунад.

Ҳамзамон бо ин, бояд таъкид намуд, ки ҳалли масъалаи тарбияи ҳуқуқӣ танҳо бо як ё якчанд барномаи ҳукуматӣ маҳдуд шуда наметавонад.

Дар таълиму тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ бояд аз мактаби миёна то Академияи илмҳои Тоҷикистон, инчунин мақомоти баландпояи давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ саҳмгузор бошанд. Таъмини волоияти қонун, пеш аз ҳама, аз сатҳи салоҳият ва маҳорати касбии кормандони мақомоти давлатӣ, бахусус мақомоти судӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот вобастагии калон дорад. Дар робита ба ин, аз чоп баромадани тафсири илмиву оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби олимон ва кормандони амалияи ҳуқуқ таҳия шудааст, аҳамияти бағоят муҳим дорад.

Гузашта аз ин, дар таъмини волоияти Конститутсия ва қонунҳо нақши иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва матбуоти даврӣ низ аз аҳамият холӣ нест.

Зеро онҳо аз роҳи муттаҳид намудани доираи васеи шаҳрвандон метавонанд бо мақомоти давлатӣ, дар навбати аввал бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ робитаи зичи ҳамкорӣ барпо намуда, дар ин замина ба онҳо ёрии назаррас расонанд.

Қобили тазаккур аст, ки давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон усулан бояд бо мафҳуми «давлати миллии тоҷикон» ҳамоҳанг бошад ва дар заминаи анъанаҳои милливу фарҳангии тоҷикон ва арзишҳои неку созандаи умумибашарӣ ташаккул ёбад.

Ҳозирини мўҳтарам!

Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ рақобати кишварҳои абарқудрат ва ширкатҳои иқтисодиву молиявии трансмиллӣ шиддат гирифта, пешрафти кишварҳои рў ба инкишофро дучори монеаҳои ҷиддӣ менамояд.

Бўҳрони фарогири молиявӣ, ки ҳоло саросари ҷаҳон ва ҳамаи соҳаҳои ҳаёти одамонро фаро гирифтааст, рақобатро барои ба даст овардани захираҳои табиӣ, аз ҷумла манбаъҳои сўзишворӣ ва энергетикӣ дучанд афзуда, хатарҳои глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, бемориҳои сироятӣ, гармшавии иқлим, норасоии оби нўшокӣ ва маводи ғизоиро ба миён меорад.

Ҳамаи ин омилҳо ба иқтисоди кишвар, низоми молиявӣ, фаъолияти бонкҳо, гардиши пул ва сиёсати қарзии бонкӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

Ҳамчунин дар шароите, ки таҳдиди хатари бархўрди тамаддунҳо, таъсири манфии бегонапарастӣ ва фарҳанги барои асолати мардуми мо бегона тақвият меёбад, ҳифзи амнияти миллии кишвар беш аз пеш аҳамият пайдо мекунад.

Мову шумо бо дарки амиқи моҳияти чунин равандҳо ва таҳаввулоти ҷаҳонӣ бояд пайгирона талош намоем, ки аз дастовардҳои илму технологияи ҷаҳонӣ ва арзишҳои созандаи тамаддуни муосир баҳравар гашта, ҳамзамон асолати миллӣ ва дастовардҳои фарҳангии худро аз таъсири манфии раванди ҷаҳонишавӣ ҳифз намоем.

Таъмини амнияти миллии Тоҷикистон ин таъмини амнияти давлат, ҷомеа ва ҳар шаҳрванди кишвар мебошад. ҳифзи амнияти миллӣ, пеш аз ҳама ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пуштибонӣ аз манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар арзишҳои миллии Тоҷикистонро дар назар дорад.

Масъалаҳои таъмини амнияти милливу давлатӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ғурури ватандориву ватанпарастӣ, зиракии сиёсӣ ва бедории маънавӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақилона, пос доштани рамзҳои давлатдорӣ, ки ҳамаи ин арзишҳо аз Конститутсияи мо сарчашма мегиранд, заминаҳои устувори давлатдории навини мо мебошанд.

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои муқаддас ва асосии давлат, яъне нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат мебошанд. Мо бо Парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як фарди ватандўсту ватанпараст муқаддас аст. Ба наздикӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ ба парламенти мамлакат лоиҳаи қонунро «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид»-ро ирсол карда, пешниҳод намудам, ки рўзи қабул карда шудани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 24 ноябр рўзи ид эълон карда шавад.

Конститутсия роҳи рушди ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муайян намуда, заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро фароҳам овард ва барои бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, татбиқи ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ ва нақшаву лоиҳаҳои созанда ва дар натиҷаи ин ҳама болоравии нуфузу эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ пойдевори боэътимод гузошт.

Понздаҳ соли амали Конститутсия гувоҳи интихоби дурусти шакли идораи давлату давлатдории тоҷикон аст. Чунки ба шарофати он Ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд.

Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Аз ин хотир, мову шумо бояд кўшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрўзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рўи муқаррароти он зиндагӣ ва амал намоем. Дар охир тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва шумо ҳозирини мўҳтарамро бори дигар ба ифтихори ҷашни санади сарнавиштсози кишвари соҳибистиқлоламон Конститутсия табрик гуфта, ба ҳар хонадони мамлакат сулҳу сафо, рўзгори бофайзу баракат ва ба Ватани маҳбубамон суботу оромӣ ва ободиву пешрафти доимӣ орзумандам.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Ҷашнатон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Р.Ш. Сотиволдиев

Мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва хуқуқи

факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои

ҳуқуқшиносӣ, профессор

Тафсири

Конститутси яи Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар робита бо мафҳумҳои илмии он

Одатан ба Конститутсия чун Қонуни асосии давлат баҳо медиҳанд. Аз нуқтаи назари ҳуқуқшиносии позитивӣ дар воқеъ конститутсия – санади волои меъёрии ҳуқуқӣ, қонуни асосии давлат буда, ҳамзамон аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо хислатҳои хосаш фарқи куллӣ дорад. Ин хислати волои Конститутсия дар матни худи Конститутсия ва қонунҳои дигар ба инобат гирифта мешавад.

Чунончи, тибқи қ. 1 м. 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳукуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд».

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Конститутсия – Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда, дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар мақоми аз ҳама баландро сазовор гаштааст (м. 7 ва 14)1. Аз назари меъёрӣ, конститутсия чун қонуни асосии давлат меъёрҳои аввалиндараҷаро дар бахши асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкилу фаъолияти сохтори ҳокимияти давлатӣ дар бар мегирад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо муқаррароти меъёрӣ ҳамчунин мафҳумҳои илмӣ-назариявиро низ дар бар мегирад, аз қабили давлати ҳуқуқбунёд, давлати иҷтимоӣ, ҳуқуқҳои фитрии инсон, озодиҳои инсон, таҷзияи ҳокимият ва диг. Ин мафҳумҳои илмӣ зимни андешаҳо ва назарияҳои илмии башар пешкашу аниқгашта, сипас дар матни конститутсияҳо ифодаи меъёрӣ пайдо намуданд. Аз як тараф, онҳо зимни ифодаи меъёрӣ хислати меъёриро (1 Ниг.: Ахбори Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 2009. № 3. М. 99.)

23 соҳиб мешаванд, чунки дар шакли муқаррароти меъёрӣ арзи вуҷуд доранд. Бар замми ин, муқаррароти меъёрии Конститутсия, тавре маълум аст, хислати воло доранд. Аз тарафи дигар, мафҳумҳои илмии зикргашта хислати илмии худро пурра нигоҳ медоранд, вагар на аҳамияти илмиро аз даст медиҳанд.

Хислати илмии муқаррароти меъёрии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои мухталиф зоҳир мешавад. Чунончи, Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи м. 1 Конститутсия давлати ҳуқуқбунёд эълон мешавад. Маълум аст, ки бунёди давлати ҳуқуқӣ бо як муқаррароти конститутсионӣ маҳдуд намешавад. Ташаккули ҳамаи унсурҳо ва сохторҳои давлати ҳуқуқбунёд таҳлилҳои илмӣ, истифодаи назарияҳои мухталифи давлати ҳуқуқбунёд, пешрафти ҷомеа, инкишофи шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии кишварро талаб мекунад. Илова ба ҳамаи ин, раванди бунёди давлати ҳуқуқӣ ҳоло дар ҷомеаи ҷаҳон, дар кишварҳои ҷудогона идома дорад ва ба пуррагӣ анҷом наёфтааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мисли дигар конститутсияҳо нуқтаҳоеро дорост, ки аз доираи мафҳуми меъёр берун баромада, хислати илмӣ доранд. Давлати ҳуқуқбунёд, давлати демократӣ, давлати иҷтимоӣ, ҳуқуқҳои фитрии инсон, таҷзияи хокимият, назорати судии конститутсионӣ ва чанде дигар аз мафҳумҳо дар як вақт ҳам меъёрҳои конститутсионӣ ва ҳам мафҳумҳои илмӣ мебошанд. Онҳо дар тўли таҳаввули афкори башар, бо заҳмати андешмандони зиёд дар манотиқи гуногуни олам пешкаш гаштаанд ва бино ба аҳамияташон хислати арзишҳои эътирофгаштаи тамаддуни инсониро касб намудаанд. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати ҳам меъёрӣ ва ҳам илмӣ мебошад.

Ин хислати меъёриву илмии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тафсири он бояд ба инобат гирифта шавад. Лозим ба таъкид аст, ки тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни моҳияти илмии он маънии аслии Қонуни асосиро пурра рўшан намекунад. Табиист, ки истифодаи ғояҳо ва мафҳумҳои илмӣ дар матни Қонуни асосӣ рўшансозии маънии илмӣ-назариявиро талаб мекунад. Чунончи, тафсири ҳуқуқҳои фитрии инсон, ки зимни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, дарки илмӣ-назариявии ҳуқуқҳои фитрии фардро талаб мекунад. Муқаррароти конститутсионӣ оид ба ҳуқуқҳои фитрии инсон бидуни фаҳмиши илмӣ-назариявӣ яктарафа ва маҳдуд тафсир мешаванд, ки ҷавобгўи талаботи тафсири васеъ, аслӣ, аниқ ва ҳаматарафа нест. Аз ин рў, тафсири ҳамаи меъёрҳои

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи донишҳои илмӣ-назариявиро талаб мекунад. Ҳадаф ва мазмуни аслии тафсири илмӣ низ дар ҳамин аст. Тафсири илмӣ дар заминаи донишҳои бо эътимоди илмӣ-назариявӣ имконпазир мегардад.

Ҳамин тариқ, тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама хислати илмӣ дорад, дар робита бо донишҳои илмӣ-назариявӣ, бо мақсади дарк ва тафсири илмии мафҳумҳои илмии Қонуни асосӣ сурат мегирад. Бесабаб нест, ки дар адабиёти илмии пасошўравӣ бештари муаллифон нақш ва аҳамияти баланди тафсири илмӣ, нуфузи онро дар байни намудҳои дигари тафсири ҳуқуқ эътироф мекунанд, ҳатто ба он хислати расмӣ (умумиҳатмӣ) медиҳанд.

Дар робита бо ин масъала тафсири расмии конститутсия дар кишварҳои мухталиф мавзўи таҳлилҳои васеи илмӣ гаштааст. Чунончи, дар Федератсияи Россия, ки ҳуқуқи тафсири расмии конститутсия ба Суди конститутсионии Россия тааллуқ дорад, муҳаққиқон ба хислати расмии (умумиҳатмии) санадҳои Суди конститутсионии Россия, аз он ҷумла муқаррароти тафсирии конститутсия ишора мекунанд . Дар кишварҳое, ки тафсири расмии конститутсия аз ҷониби судҳои конститутсионӣ дода мешавад, санадҳои тафсирии конститутсия чун ҷузъи санадҳои судҳои конститутсионӣ хислати расмӣ пайдо мекунанд.

Дар Тоҷикистон, гарчанде тафсири расмии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти Маҷлиси Олӣ мебошад, дар ҳар сурат Суди конститутсионии кишвар ҳангоми муайян намудани мутобиқати санадҳои ҳуқуқӣ ба Конститутсия бо тафсири муқаррароти гуногуни Конститутсияи кишвар сару кор дорад, чунки бидуни чунин тафсир ҳалли ин вазифа аз имкон берун аст. Умуман тафсири ҳуқуқ ҷузъи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, амалисозӣ ва татбиқи ҳуқуқ мебошад. Татбиқи ҳуқуқ дар фаъолияти мақомоти татбиқи ҳуқуқ (судҳо, мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, ҳокимияти иҷроия ва диг.) зимни тафсири меъёрҳои дахлдори ҳуқуқӣ сурат мегирад.

Тафсири илмӣ дар амалияи ҳуқуқӣ васеъ истифода мешавад.

Аз як тараф, олимон дар раванди таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташхиси илмии онҳо бевосита ширкат меварзанд.

(1 Ниг.: Спасов Б.П. Закон и его толкование. М., 1986; Закон: создание и толкование /)

Под ред. А.С. Пиголкина. М., 1998; Лазарев В.В. О роли доктринального токования //

Сов. юстиция. 1969. № 14; Карасев М.Н. Некоторые аспекты толкования норм права //

Журнал российского права. 2000. № 11; Черданцев А.Ф. Теория государства и права.

М., 2003; Венгеров А.Б. Теория государства и права. М., 2006.

Аз ин рў, дар матни конститутсия, қонунҳо, кодексҳо хулосаҳо, таклифҳо, ғояҳои илмии олимон ифодаи меъёрӣ пайдо мекунанд. Аз тарафи дигар, дар рафти тафсири илмӣ низ олимон бевосита иштирок намуда, нақши ҳалкунанда мебозанд. Тафсири илмӣ воқеан бо ширкати олимон сурат мегирад.

Ҳамзамон мебояд таъкид намуд, ки тафсири илмии ҳуқуқ ҳам дар шакли мустақилона, чун намуди алоҳидаи тафсири ҳуқуқӣ (дар шакли, масалан, тафсирҳои кодексҳо) ва ҳам дар робита бо намудҳои дигар тафсир, чун ҷузъи тафсирҳои аутентикӣ, меъёрӣ, легалӣ, казуалӣ арзи вуҷуд дорад. Тафсири расмии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси Олии кишвар низ дар робита бо тафсири мафҳумҳои илмии Конститутсияи ҷумҳурӣ бояд сурат гирад.

Ҳамаи ин аз он далолат мекунад, ки тафсири илмӣ, аз он ҷумла тафсири илмии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти илмиву амалӣ дорад. Суди конститутсионии Тоҷикистон низ бо тафсири мафҳумҳои илмии Конститутсияи кишвар сару кор дорад, аз натиҷаҳои таҳлилҳои илмӣ васеъ истифода мебарад. Илова ба ин, муқарароти меъёрии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ доранд. Аз ин рў, мафҳумҳои илмии Конститутсияи Тоҷикистон, ки ифодаи меъёрӣ пайдо намудаанд, якҷоя бо Конститутсияи кишвар хислати воло доранд. Чунончи, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ набояд хилофи маънии конститутсионии ҳуқуқҳои фитрии инсон бошанд, онҳоро маҳдуд ё халалдор созанд.

Муайян намудани мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама дарки маънии аслии Қонуни асосӣ, таҳлили илмии муқаррароти меъёрӣ ва мафҳумҳои илмии онро талаб мекунад. Дарки маънии аслии конститутсия зимни фаҳмиши илмӣ-ҳуқуқӣ сурат мегирад. Фаҳмишҳои назариявӣ-ҳуқуқӣ, тавре маълум аст, гуногунанд, аз қабили легалӣ, меъёрӣ, фалсафӣ, фитрӣ-ҳуқуқӣ, либертарӣ, сотсиологӣ ва диг. Истифодаи ин ё он навъи фаҳмиши назариявӣ-ҳуқуқӣ пеш аз ҳама аз матн ва мазмуни воқеии конститутсия вобаста аст. Чунончи, истифодаи нуқтаи назари маҳдуди меъёрӣ ҳангоми тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф ба мазмуни аслии Қонуни асосист, чунки Конститутсияи Тоҷикистони тозабунёд зимни истифода аз арзишҳои ҳуқуқии башар омода гаштааст.

Фаҳмиши меъёрии ҳуқуқ (чун низоми қоидаҳои рафтори муқаррар намудаи давлат) маҳдуд буда, ба фаҳмиши маҳдуди конститутсия чун мутлақо санади меъёрии ҳуқуқӣ меорад. Дар натиҷа фаҳмиши васеи конститутсия (дар робита бо нуқтаҳои илмии он) имконнопазир мегардад. Ин бори дигар аз хусуси маҳдудияти фаҳмиши меъёрии ҳукуқи амалкунанда гувоҳӣ медиҳад.

Барои ҳамин муҳаққиқони пасошўравӣ (В.С. Нерсесянс, В.Г. Графский, В.В. Лазарев, Г.В. Малтсев ва диг.) ҳанўз солҳои бозсозии шўравӣ аз хусуси маҳдудияти фаҳмиши меъёрӣ (дар мисоли фаҳмиши меъёрии шўравӣ) ҳарф зада буданд. Дар ин замина дар назарияи пасошўравии давлат ва ҳуқуқ навъҳои нави фаҳмиши ҳуқуқ (фитрӣ-ҳуқуқӣ, фалсафӣ, либертарӣ, сотсиологӣ ва диг.) эътироф шуданд. Дар натиҷа гуногунӣ дар фаҳмиши ҳукуқ ба миён омада, имкони таҳлили илмии аҳамияти арзишии ҳуқуқ имконпазир гардид. Маҳз дар ҳамин замина ҳоло имкони таҳлили арзишии конститутсия вуҷуд дорад. Чунин таҳлил далел ба ин аст, ки конститутсия ифодаи арзишҳои ҳуқуқии башар мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кулли арзишҳои башарро ифода намудааст, ба ташаккули фаҳмиши нави ҳуқуқ замина мегузорад. Ин фаҳмиши нави ҳуқуқ, аз як тараф, фаҳмиши умуминазариявӣ буда, дар робита бо таҳлилҳои назариявии муаллифони пасошўравӣ инкишоф меёбад, аз тарафи дигар, фаҳмиши конститутсионӣ мебошад. Ин ду нуқтаи зикргашта аҳамияти илми ву амалӣ доранд.

Фаҳмиши умуминазариявии ҳуқуқ, ки дар адабиёти илмии пасошўравӣ истифода мешавад, хислати илмӣ-назариявӣ ва методологӣ дорад. Дар радифи ин фаҳмиши назариявӣ ҳоло навъҳои гуногуни фаҳмиши ҳуқуқ истифода мешаванд, аз қабили легалӣ (аз кал. Lex – қонун), позитивӣ, фитрӣ-ҳуқуқӣ, фалсафӣ, либертарӣ, психологӣ, омехта ва диг1. Ин навъҳо ва назарияҳои фаҳмиши ҳуқуқ ҳангоми таҳлили назариявӣ-ҳуқуқӣ ва тафсири илмии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд истифода шаванд.

Нуқтаҳои илмӣ-назариявии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гуногунии фаҳмиши ҳуқуқ ва дар ин робита ба истифодаи фаҳмиши васеи ҳуқуқ заминаи меъёрӣ ва назариявӣ мегузоранд. Чунончи, фаҳмиши ҳуқуқҳои фитрии инсон, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 5) ифода гаштааст, истифодаи фаҳмиши фитрӣ-ҳуқуқиро талаб мекунад.

1 Дар ин бора ниг.: Нерсесянц В.С. Право и закон. М., 1983; Философия права. М., 1998;

Общая теория права и государства. М., 1999 ва диг.; Марченко М.Н. Проблемы теории государства и права. М, 2006; Наш путь к праву. Материалы философско-правовых чтений памяти академика В.С. Нерсесянца. М., 2006; Проблемы теории государства и права / Под ред. В.М. Сырых. М., 2008 ва диг.

Табиист, ки фаҳмиши ҳуқуқҳои фитрии инсон дар заминаи фаҳмиши позитивӣ, алалхусус легалии ҳуқуқ душвор ва ҳатто имконнопазир аст. Маҳз нуқтаи назари фитрӣ-ҳуқуқӣ имкон медиҳад моҳияти аслии меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҳуқуқҳои фитрии инсон рўшан гардад.

Дар меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи фитрӣ-ҳуқуқӣ, ки аз фаҳмиши фитрӣ-ҳуқуқӣ бармеоянд, ифода гаштаанд. Чунончи, дар қ. 2 м. 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон эълон мешавад1. Тавре маълум аст, дахлнопазирӣ яке аз хислатҳои муҳим ва асосии ҳуқуқҳои фитрии инсон мебошад. Хислати дигари ҳуқуқҳои фитрӣ ин ҷудонопазир будани онҳо аз табиати инсон мебошад. Худи истилоҳи «ҳуқуқҳои фитрӣ» ба ҷудонопазирии ин ҳуқуқҳо аз табиати инсон ишора мекунад. Дар як қатор конститутсияҳо ин истилоҳ гарчанде истифода нашавад ҳам, вале моҳияти ҷудонопазирӣ ва дахлнопазирии ҳуқуқҳои инсон ҳамеша дар назар дошта мешавад. Масалан, тибқи Конститутсияи Федератсияи Россия: «Ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инсон ҷудонопазир буда, ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд тааллуқ доранд» (м. 17)2. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, истилоҳи «ҳуқуқҳои фитрӣ» бевосита истифода мешавад.

Талаботи дигари фаҳмиши фитрӣҳуқуқӣ дар қ. 3 м. 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода мегардад. Тибқи ин меъёр: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз мекунад».Маълум аст, ки ҳуқуқҳои фитрии инсон бо амри давлат муқаррар намешаванд. Барои ҳамин давлат ҳуқуқҳои инсонро эътироф мекунад. Ин талботи фитрӣ-ҳуқуқӣ дар меъёри зикршудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода гашта, ҷавобгўи фаҳмиши фитрӣ-ҳуқуқӣ мебошад.

Талаботи дигари фитрӣ-ҳуқуқӣ бо истилоҳ ва мафҳуми «инсон» робитаи зич дорад. Ҳуқуқҳои фитрӣ мутааллиқ ба инсонанд, на шаҳрванд. Онҳо бо мансубияти шаҳрвандии фард бо ин ё он давлат алоқа надоранд, чунки ба ҳамаи одамон, ба ҳар фарди ҷомеа, чун ҳуқуқи ҷудонопазир ва дахлнопазир мансубанд. Барои ҳамин дар матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибораи «ҳуқуқҳову озодиҳои инсон ва шаҳрванд» васеъ истифода мешаванд. (1 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2003. Минбаъд иқтибос аз ҳамин сарчашма оварда мешавад.)

2 Конституции государств-участников СНГ. М., 1999. С. 444.

Ин ибора ба тафовути ҳуқуқҳои инсон ва ҳуқуқҳои шаҳрванд ишора мекунад.

Маҳз дар заминаи эътирофи чунин тафовути ҷиддӣ байни вазъи ҳуқуқии инсон ва вазъи ҳуқуқии шаҳрванд, байни ҳуқуқҳои инсон ва ҳуқуқҳои шаҳрванд моҳияти аслӣ ва яке аз талаботи муҳими фитрӣ-ҳуқуқӣ риоя мешавад. Ҳамзамон талаботи назарияи ба ҳама маълуми «ҳуқуқ ва қонун» низ таъмин мешавад, ки ҷузъи фаҳмишҳои нави (ғайрилегалии) ҳуқуқ мебошад. Ҳамаи ин талаботи фаҳмиши нави ҳуқуқ дар меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра риоя мешаванд.

Якҷоя бо талаботи фитрӣ-ҳуқуқӣ ҳамчунин фаҳмиши арзишии ҳуқуқ низ дар матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя мешавад. Чунончи, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳояшро арзиши олӣ эълон мекунад (қ. 1 м. 5). Тавре маълум аст, фаҳмиши арзишии ҳуқуқ ҷузъи ҷудонашаванда ва унсури ҳатмии фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ мебошад. Аз ин рў, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ низ ифодаи худро меёбад. Бояд зикр намуд, ки фаҳмишҳои фитрӣ-ҳуқуқӣ ва фалсафӣ бо ҳам алоқаи ногусастанӣ доранд. Бесабаб нест, ки ҳоло байни муҳаққиқон баҳси илмӣ оид ба таносуби фаҳмишҳои фитрӣ-ҳуқуқӣ ва фалсафӣ ҷой дорад1.

Талаботи фаҳмиши либертарии ҳуқуқ низ, ки муаллифи он В.С. Нерсесянс мебошад, дар матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд. Тавре маълум аст, фаҳмиши либертарии ҳуқуқ бештар ба фард, ҳуқуқҳои фард, мустақилияти фард такия мекунад ва маънии хуқуқро дар робита бо фард ва ҳуқуқҳои фард рўшан мекунад. Чунин нуқтаи назар хоси назарияҳои либералӣ низ мебошад, ки яке аз ҷонибдоронаш С.С. Алексеев мебошад2. Бо назардошти фаҳмишҳои либертарӣ ва либералӣ дар матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибораҳои «ҳар кас», «ҳар шахс», «инсон», «шахс» истифода мешаванд, ҳуқуқҳои фардӣ ба моликияти хусусӣ, ба соҳибкории инфиродӣ ва диг. эълон мешаванд.

Дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмиши нави илмии давлатшиносӣ низ ташаккул ва инкишоф меёбад. Аз як тараф, худи матни Қонуни асосӣ зимни истифода аз мафҳумҳои муосир (чун арзишҳои эътирофшуда) ба инкишофи тафаккури нави давлатшиносӣ замина мегузорад.

(1 Ниг.: Лапаева В.В. Российская юриспруденция в поисках нового типа правопонимания // Наш путь к праву. С. 35-61.2 Ниг.: Алексеев С.С. Право: азбука-теория-философия. М., 1999 ва асарҳои дигари муаллиф.

Аз тарафи дигар, тафсири Конститутсияи Тоҷикистон, аз ҷумла муқаррароти он дар бобати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани Тоҷикистон истифодаи нуқтаҳои назари нави илмиро марбут ба давлатшиносӣ талаб мекунад. Чунин мафҳумҳои ҷадиди илмӣ дар меъёрҳои дигари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истифода мешаванд, аз ҷумла дар робита бо сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ, ҳокимияти халқ, шаклҳои ифодаи ҳокимияти халқ, мафҳуми «халқи Тоҷикистон», ҳудуди Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, асоси иқтисодии давлати Тоҷикистон, таносуби давлат ва иқтисод, моликияти истисноии давлати Тоҷикистон ва диг.

Тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табиист, ки дар робита бо ин мафҳумҳои зикршуда ва баҳри рўшан намудани маънии онҳо сурат мегирад. Аниқ намудани маънии аслии чунин мафҳумҳо таҳлилҳои илмӣ, истифодаи донишҳои мукаммали илмӣ-назариявиро талаб мекунад, масалан, дар масъалаи таносуби ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти халқ, соҳибихтиёрии давлат ва соҳибихтиёрии халқ ва диг.

Ҳамин тариқ, таҳлили фишурдаи матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он далолат мекунад, ки дар меъёрҳои конститутсионӣ нуқтаҳои назар ва фаҳмишҳои гуногуни илмӣ-назариявӣ истифода мешаванд. Дарки онҳо кафолати тафсири воқеии матн ва мазмуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сифати баланди тафсири Қонуни асосӣ аз сатҳи кофии донишҳои илмӣ-назариявӣ, омодагии касбии ҳуқуқшиносон, фарҳанги ҳуқуқии онҳо вобаста аст. Ҳалли ин вазифа бо иштироки бевоситаи олимони ҳуқуқшинос дар тафсири Конститутсияи кишвар имконпазир мегардад. Аз ин рў, тафсири илмии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати васеи олимони ҳуқуқшинос, бо истифода аз хулосаҳои навини илмӣ аҳамияти ҳам илмӣ-назариявӣ ва ҳам амалӣ-сиёсӣ дорад. Дар ин самт дар ҷумҳурӣ аллакай як қатор корҳои муҳим ба сомон расиданд, аз ҷумла Тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳам олимон ва ҳам кормандони амалӣ ба табъ расид.

Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки муқаррароти меъёрӣ ва мафҳумҳои илмии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ташаккулу инкишофи минбаъдаи тафаккури нави ҳуқуқӣ дар кишвар мебошанд. Зимни мафҳумҳои илмии Конститутсияи Тоҷикистон таҳлилҳои нави илмии ватанӣ бо истифода аз натиҷаҳои таҳлилҳои ҷаҳонӣ баҳри дарки амиқи маънии мафҳумҳову муқаррароти конститутсионӣ гузаронида мешаванд.

Дар робита бо фаҳмиши илмӣ-назариявии ҳуқуқ боз як нуқтаи муҳимро мебояд таъкид намуд. Тавре болотар зикр гардид, фаҳмиши умуминазариявии ҳуқуқ заминаи фаҳмиши конститутсионӣ ва тафсири конститутсия мебошад. Илова ба ин, фаҳмиши конститутсионӣ аҳамияти бештар амалӣ дорад.

Фаҳмиши конститутсионӣ (дарки конститутсия дар робита бо талаботи фаҳмиши васеи ҳуқуқ) ҳангоми тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (тафсири ҳам расмӣ ва ҳам ғайрирасмӣ) бояд истифода шавад. Тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар замина ва чорчўбаи фаҳмиши васеи умуминазариявии ҳуқуқ (дар робита бо навъҳои фаҳмиши ҳуқуқ) имконпазир мегардад. Дар акси ҳол (дар ҳолати сарфи назар намудани фаҳмиши васеи умуминазариявӣ, аз ҷумла ба инобат нагирифтани талаботи фаҳмиши фитрӣ-ҳуқуқӣ, фалсафӣ ва диг.) маънии аслии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рўшан намешавад.

Ҳамзамон фаҳмиши амиқи конститутсионӣ, ки ба фаҳмиши умуминазариявӣ асос меёбад, дар рафти амалисозӣ ва татбиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ҳамарўзаи одамон, шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти татбиқи ҳуқуқ, алалхусус судҳо бояд васеъ истифода шавад. Ин нуқта аҳамияти муҳим дорад, чунки Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳукуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд (қ. 1 м. 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Бар замми ин, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд (қ. 2 м. 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Модоме ки ҳоло амали бевоситаи меъёрҳои конститутсионӣ имконпазир гаштааст, фаҳмиши умуминазариявии Конститутсияи Тоҷикистон ҷузъи фаъолияти амалисозӣ ва ҳуқуқтатбиқсозии ҳамаи субъектони ҳуқуқ мебошад. Бидуни чунин фаҳмиши васеи нуқтаҳои конститутсионӣ амалишавӣ ва татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ яктарафа сурат мегирад. Барои ҳамин фаҳмиши нави ҳуқуқ, ки аз меъёрҳои конститутсионӣ сарчашма мегирад, заминаи тафсири амиқ, амалисозӣ ва татбиқи дурусти Конститутсияи Тоҷикистон ва дар ниҳояти кор таъмини волоияти Конститутсия, қонунияти конститутсионӣ мебошад.

Дар ҳудуди як мақолаи начандон калон наметавон ба пуррагӣ ва ҳаматарафа аз хусуси кулли нуқтаҳои назариявии Конститутсияи Тоҷикистон ҳарф зад. Таҳлили илмӣ-назариявии Конститутсияи Тоҷикистон дар робита бо навъҳо ва назарияҳои фаҳмиши ҳуқуқ омўзиши минбаъдаи илмиро талаб мекунад. Ба ҳар ҳол хулосаҳои асосии дар ин мақола пешкашгашта ба он ишора мекунанд, ки таҳлил ва дарки нави Конститутсияи Тоҷикистон муҳим ва зарур аст, чунки он, тавре зикр гардид, унсури фаъолияти тафсирӣ, амалисозӣ ва татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ, ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии нав мебошад.

Каримов К.М.

Судя-котиби Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ

Мафҳум, моҳи ят, функсия ва ма қсади ташаккули

захираи кадрҳо дар хи змати давлатӣ

Хизмати давлатӣ низоми мураккаб, бисёрҷабҳа ва пайваста рушдкунандае мебошад, ки ташаккул ва таҳкими он хусусияти маҷмўӣ дошта, аз унсурҳои асосӣ ва дуюмдараҷа иборат буда наметавонад, зеро «самаранокии ҳокимият аз боэътимодӣ ва касбӣ будани сохторҳои ўро таъминкунанда, сифати ташкилӣ ва амалкунии хизмати давлатӣ муайян мегардад.»1

Ҳанўз ҳам хизмати давлатӣ барои баъзе аз муҳаққиқон – фаъолияти касбӣ, барои дигарон сохтори махсуси дастгоҳ ташаккулдиҳандаи механизми давлатӣ ва барои сеюмин низоми ҳуқуқӣ мебошад, яъне дар амалияи ҷаҳонӣ мафҳум, стандарт ва модули ягонаи хизмати давлатӣ вуҷуд надорад.

Чуноне, ки Ж. Шевалье қайд мекунад, онҳо мафҳуми хизмати давлатиро «дар соҳаҳои сершохаи консептуалӣ истифода бурда, бо мазмунҳои гуногун пурра менамоянд.»2 Аммо ба ин нигоҳ накарда, дастгоҳи давлатӣ ва ҳайати идора кунандаи он бояд самаранок ва мўътадил амал намоянд, аз амалияи маъмурӣ- идоракунӣ, инчунин идоракунии ҳайат бархурдор бошанд ва онро пайваста инкишоф дода, ба хизмати ҷомеа мутеъ намоянд. Ҳамин аст, ки «вақтҳои охир талабот ба роҳбарони лаёқатманд бениҳоят меафзояд, зеро нарасидани одамони дорои тахассуси баланд барои ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда яке аз пробле маи асосӣ дар соҳаи идоракунии ҳайат ба шумор меравад.»3 ва аз ин рў, захираи кадрҳо дар амалияи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоса пайдо карда, дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Рўи варақ овардани мақолаи мазкур аз амалияи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, зеро миёни мутахассисо ни соҳа оид ба арзи вуҷуд кардани ин институти хизмати давлатӣ фикрҳои ягона мавҷуд нест.

1 Оххотский Е.В. Государственная служба в Парламенте. М.РОССПЭН. 2002.С.19.

2 Шевалье Ж. Государственная служба. Париж. 1996.С.5

3 Зайцева Т. В., Зуб А.Т. Управление персоналом. М.2006.С.271.

Баъзе аз субъектҳои ба рушди хизмати давлатии ҶумҳурииТоҷикистон мусоидаткунанда, аз қабили лоиҳаи Мусоидат ба рушди хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Иттиҳоди Аврупо ва Бонки умумиҷаҳонӣ) захираи кадрҳоро институти хизмати давлатии Иттиҳоди Шўравӣ арёбӣ карда, танзими онро дар қонунгузории имрузаи ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад намешуморанд. Намояндагони ин лоиҳа инчунин қайд мекунад, ки захираи кадрҳо имконияти ба робари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хизмати давлатӣ маҳдуд менамояд ва дар сурати амал намудани озмун барои ишғоли мансабҳои холии давлатӣ ба захираи кадрҳо зарурат намемонад.

Лоиҳаҳои зикршуда дар инкишофи хизмати давлатӣ саҳми калон доранд, аммо ба ин нигоҳ накарда, захираи кадрҳо дар ҷалби кадрҳои салоҳиятноку ташаббускор ва таҳкими идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҳамчун воситаи муҳиму самаранок боқӣ мемонад. Барои ин зарур аст, ки захираи кадрҳо воситаи муҳими интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо эътироф шуда, дар боло рафтани обрўю эътибори хизматчии давлатӣ мусоидат намояд. Дар дили хизматчии давлатӣ бовариро нисбати хизматҳои арзандаи ў бедор ва дар асоси дастовардҳои хизматӣ болоравии касбии ўро таъмин намояд. Ба ҳолатҳои ногувори дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо мавҷудбуда садди роҳ гардида, барои хизматчиёни давлатӣ имконияти баробарро фароҳам биёрад. Аз ин рў, дар назария ва амалияи хизмати давлатии аксар давлатҳо ҳанўз ҳам захираи кадрҳо дар таҳкими сиёсати кадрӣ ва идоракунии ҳайати дастгоҳи давлатӣ саҳми воқеӣ мегузорад.

Дар адабиётҳои илмӣ ва қонунгузориҳои давлатҳои алоҳида захира бо ибораҳои гуногун мавриди ифода қарор дорад. Масалан, дар Федератсияи Россия, Украина ва Қазоқистон бо ибораи (Кадровый резерв), дар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон бо ибораи «Резерв кадров», дар ҷумҳурии Эстония бо ибораи «Резерв чиновников» ва ғ. истифода мешавад.

Новобаста аз гуногунии ифода дар истилоҳоти ҳуқуқӣ, ҳайатшиносӣ ва хизмати давлатии ватанӣ онро дар шакли ибораи «захираи кадрҳо» қабул кардаем.

Мафҳумҳои гуногуни захираи кадрҳо арзи вуҷуд доранд. Масалан, бархе аз муҳаққиқон захираи кадрҳоро (кадровий резерв) ҳамчун гурўҳи роҳбарон ва муттахассисони қобилияти идоракунӣ дошта, ба талаботи барои сатҳи ин ё он мансаб пешбинигардида ҷавобгўй, интихобшуда ва аз тайёрии мақсадноки тахассусӣ гузашта арзёбӣ менамоянд.

(1Ю.Т. Базарова ва Еремина Б.Л.2 низ ҷонибдори мафҳуми дар

боло зикршуда мебошанд.)

В.В.Травин ва В.А. Дятов қайд мекунанд, ки «захираи кадрҳо

– ин гурўҳи кормандони махсус ташаккулёфта ва тайёркардашудае

мебошад, ки барои пешбарӣ ба мансабҳои нисбатан сатҳи баланд

тавсия шудаанд.»3

А. П. Егоршин қайд мекунад, ки ташаккули захираи кадрҳо вазифаи ҳаётан муҳими амалкунии боэътимоди корхона ба шумор меравад ва ба андешаи ў «захираи кадрҳо ин қисми ҳайатест, ки мувофиқи нақша барои ишғоли ҷойҳои кори омехтаи тахассуси баландтар аз тайёрӣ гузаштанд.»4

Мафҳуми нисбатан васеи захираи кадрҳо низ мавҷуд аст. Масалан, «захираи кадрҳо – ин гурўҳи махсуси хизматчиёни давлатии ояндадор мебошад, ки дар асоси омилҳои муқарраршуда ташаккул дода шуда, барои пешбарӣ шудан ба мансабҳои дахлдор сифатҳои муҳими касбӣ, корӣ ва маънавию рўҳиро доранд, худро дар мансаби ишғолнамуда ба таври мусбӣ муаррифӣ намуда, аз тайёрии зарурӣ гузаштаанд ва барои ишғоли мансабҳои навбатӣ пешбарӣ шудаанд».5

Дар адабиётҳои илмӣ ба ин монанд дигар мафҳуми захираи кадрҳо низ вомехўранд.6 Дар собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими ҳуқуқии ин институти муҳими хизмати давлатӣ дар моддаи алоҳидаи қонун баъд аз истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани давлатҳои зикршуда ба вуқўъ пайваст. Агар дар қонунҳои хизмати давлатии баъзе аз давлатҳо мафҳуми захираи кадрҳо бевосита дода шуда бошад, дар Қонуни хизмати давлатӣ (1998), инчунин дар Қонуни нави хизмати давлатӣ (2007) мафҳуми хизмати давлатӣ на дар «Мафҳумҳои асосӣ» ва на дар моддаи 26 «Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ» пешбинӣ нагардидааст.

1 Государственная служба Российской Федерации: основы управления персоналом/ Под общей ред. В.П. ИвановаМ.: Издательство «Известия»,2003. С.251.

2 Управление персоналом. Учебник под ред. Т.Ю. Базарова, Б.Л. Еремина. М. Изд. объед. «ЮНИТИ». С.272.

3 Травин В.В., Дятов В.А. Менеджмент персонала предприятия. Учебно-практическое пособие. М.: Дело, 2007. С.96

4 Егоршин А.П. Основы управления персоналом. Учебное пособие. М. «ИНФРА». М: 2006. С.45.

5 Управление персоналом. Учебник под. ред. А.И. Турчинова. М. Из – во РАГС 2003.

6 Охотский Е.В. Государственная служба в парламенте. М. РОССПЭН. 2002.С.295.

Ғайр аз ин, мафҳумҳои дар қонунгузории давлатҳои алоҳида пешбинишуда моҳиятан аз ҳамдигар фарқ доранд.

Масалан, дар моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Арманистон аз 4 декабри соли 2001 «Дар бораи хизмати шаҳрвандӣ» ибораи «захираи кадрҳо» бевосита дар мафҳуми «хизматчии шаҳрвандӣ» пешниҳод шудааст.

Мувофиқи он «хизматчии шаҳрвандӣ- шахсе мебошад, ки яке аз мансабҳои пешбининамудаи мансабҳои номенклатурии хизмати шаҳрвандиро ишғол намудааст ё ки дар захираи кадрҳо дохил карда шудааст», яъне хизматчиёни шаҳрвандӣ аз ду категория: шахсони мансабҳои шаҳрвандиро ишғолнамуда ва шахсони мансабҳои давлатиро ишғолнакардаи дар захираи кадрҳо қарордошта иборат мебошанд.

Бо ин назардошт мафҳуми «захираи кадрҳои хизмати шаҳрвандӣ» маҷмўи хизматчиёни шаҳрвандие арзёбӣ мегардад, ки тибқи тартиби муқарраргардида мансабҳои хизмати шаҳрвандиро ишғол накардаанд (мод. 3).

Дар Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» масъалаҳои вобаста ба ташкили захираи кадрҳо дар моддаи 20-и он танзим шудааст. Моддаи зикрёфта «захираи кадрҳо дар вақти дохил шудан ба хизмати давлатӣ»1 ном дорад.

Бо мақсади татбиқи Қонун бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон №330 аз 4 феврали соли 2000 Низомномаи захираи кадрҳо барои ишғоли мансабҳои хизматчиёни маъмурӣ қабул гардид, ки дар банди 2 он захираи кадрҳо чунин ифода шудааст: «Захираи кадрҳо – ин шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон, ки маълумот дар бораи онҳо ба рўйхати мураттабгашта дохил карда шудааст». Чуноне, ки аз ин мафҳум бармеояд, захираи кадрҳо руйхати шаҳрвандон арзёбӣ гардидааст.

Хусусияти хоси захираи кадрҳои Ҷумҳурии Казоқистон дар он аст, ки захираи кадрҳо танҳо барои ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ қабул шудани шаҳрвандон ташкил карда мешавад.

Моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» «Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ» арзёбӣ гардида, масъалаҳои вобаста ба захираи кадриро ба танзим медарорад. Дар ин модда мафҳуми зикршуда чунин ифода шудааст: «захираи кадрҳои хизмати давлатӣ – ин гурўҳи махсус ташаккулёфтаи номзадҳо барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ мебошад.

1 Законодательство о государственной службе в Республике Казахстан. Сост. Р.А.

Подопригора.-Алматы: ЮРИСТ, 2002. С.47.

Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ аз захираи кадрҳои миллӣ ва дохилӣ иборат аст.

Бояд қайд кард, ки худи тақсими захираи кадрҳо ба миллӣ ва дохилӣ баҳснок аст, чунки хоҳу нохоҳ тамоми захира, аз ҷумла захираи дохилӣ низ ғайри миллӣ буда наметавонад.

Захираи кадрҳо яке аз институти муҳими қонунгузории хизмати давлатии Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта, асоси ташаккули ҳайати кадрии хизмати давлатиро ташкил медиҳад.

Дар Қонуни федералӣ аз 27 майи соли 2003, №58-ФЗ «Оид банизоми хизмати давлатии Федератсияи Россия» мафҳуми «захираи кадрҳо» бевосита пешбинӣ нашудааст. Дар банди 1 моддаи 11 Қонуни зикрёфта (ташаккули ҳайати кадрии хизмати давлатӣ) омадааст, ки «Ташаккули ҳайати кадрии хизмати давлатӣ бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:

-ташкили захираи кадрҳои федералӣ, захираи кадрҳо дар мақомоти давлатии федералӣ, захираи кадрҳои субъектҳои Федератсияи Россия, захираи кадрҳо дар мақомоти давлатии субъектҳои Федератсияи Россия барои ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ, инчунин самаранок истифода намудани захираҳои кадрҳо»

1.Дар Қонуни Эстония оид ба хизмати сиёсӣ (публичная служба) масъалаҳои вобаста ба захира, алоҳида, дар фасли 10 бо номи «захираи амалдорон» танзим шудааст. Фасли 10 аз 5 боб ва 16 модда (136-151) иборат аст:

Боби 1. Қоидаҳои умумӣ (мод.136-137)

Боби 2. Дохил кардан ба захира (мод.138-140)

Боби 3.Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахси ба захира дохил кардашуда (мод.141-145)

Боби 4. Ба мансаб таъин намудани шахси ба захира дохил кардашуда (мод. 147-149)

Боби 5. Хориҷ кардан аз захира (мод. 150-151).

Дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (1998 ва 2007) чуноне, ки қайд кардем, мафҳуми захираи кадрҳои хизмати давлатӣ пешбинӣ нашудааст.

Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ дар моддаи 19-и Қонун (1998) мавриди танзим қарор гирифта, дар он масъалаҳои вобаста ба мақсади ташкили захираи кадрҳо, ҳайате, ки аз он захира ташаккул меёбад ва санади ҳуқуқие, ки ин проблемаро мавриди танзим қарор медиҳад, пешбинӣ шудааст

1 Новое в законодательстве о государственной службе. Федеральный закон Российской Федерация « О системе государственной службы Российской Федерации» М.2005.Омега. С.21.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (2007) захираи кадрҳои хизмати давлатӣ дар моддаи 26 танзим гардида, аз 5 қисм иборат аст. Ду қисми аввал мақсади ташаккули захира, қисми сеюм ва чорум ба ҳайате, ки аз онҳо захира ташаккул меёбад ва қисми панҷум ба санаде, ки захираро ба танзим медарорад, бахшида шудааст.

Аҳамияти ин институтро дар таҳкими идоракунии ҳайат зикр карда, қайд карда мешавад, ки «вуҷуд доштани захираи кадрҳои тайёр шарти ҳатмии истифодаи самараноки иқтидорҳои кадрӣ ва амалкунии мўътадил ва касбии мақомоти давлатӣ ва мунитсипалӣ ба ҳисоб меравад»1

Дар муайян намудани моҳияти институти захираи кадрҳо кушодани функсия ва мақсади он аҳамияти калон дорад.

Функсия калимаи лотинӣ (functio – содир кардан ва иҷро кардан) мебошад ва он дар хизмати давлатӣ воситаи ошкор кардани фаъолии институти хизмати давлатӣ мебошад. Функсияи хизмати давлатӣ нисбат ба давлат дар таъмини соҳибихтиёрӣ, бехатарии миллӣ, амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ, таъмини фаъолияти идоракунӣ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ; нисбат ба ҷомеа дар рушди фарҳанг, илм, маориф; нисбат ба амалдорон дар таҳия ва тасдиқи қоидаҳо ва стандартҳои қабул ба хизмати давлатӣ, ташкили шароит барои иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ ва ғайраҳо зоҳир мешавад.2

Ю.Н. Старилов. қайд мекунад, ки «функсияи хизмати давлатӣ дар мазмуни функсионалӣ ҳамчун намуди мушаххаси фаъолияти ҳайат, дастгоҳи хизматии мақомоти давлатӣ, фаъолияти сохторҳои маъмурӣ – идоракунӣ фаҳмида мешавад»3.

Функсияи хизмати давлатӣ, инчунин доираи фаъолият, вазифаҳо ва самтҳои корро дар системаи идоракунии давлатӣ ифода мекунад.

Функсияи хизмати давлатиро бо назардошти таъиноти он ҳамчун фаъолияти касбӣ, институти ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ва муносибати оммавӣ – ҳуқуқӣ миёни давлат ва хизматчии давлатӣ фаҳмидан мувофиқи мақсад мебошад.

1 Управление персоналом. Учебник под. ред. А.И. Турчинова. М. Из – во РАГС 2003. С.372.

2 Ниг. Каримов К.М. Хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ

ҷилди якум. Душанбе 2006. С.212; Каримов К.М. Хизмати давлатии Ҷумҳурии

Тоҷикистон: моҳият ва принсипҳои ташкил. Душанбе-2006.С.57.

3 Старилов Ю.Н. Курс общего административного права. В.3.т. – М.:Изд – во НОРМА (Издательская группа НОРМА – ИНФА М.). 2002. Т.1: История, Наука. Предмет. Нормы. Субъекты. С.621.

Моҳияти институти захираи кадрҳо аз функсияҳое, ки он нисбати дастгоҳи давлатӣ иҷро мекунад, мавриди баҳогузорӣ ва таҳлил қарор дода мешавад.

Вобаста ба функсияҳои хизмати давлатӣ, дар адабиёти илмӣ функсияҳои асосии захираи кадрҳо инкишоф, танзим, муътадилгардонӣ ва бетанафусии фаъолияти дастгоҳи давлатӣ номбар карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, функсияҳои асосии захираи кадрҳо дар кушодани мафҳум ва моҳияти захираи кадрҳо ҳамчун институти идоракунии давлатӣ нақши муҳим мебозад. Он на танҳо аз таъмини болоравии касбии хизматчии давлатӣ, балки аз таъмини инкишоф, танзим, муътадилгардонӣ ва бетанафусии фаъолияти дастгоҳи давлатӣ иборат аст.

Дар фалсафа фаҳмишҳои гуногуни мафҳуми мақсад вуҷуд дошта бошад ҳам, он асосан ҳамчун ҳодиса ва ҳолати тасавур ва хоҳиши дар оянда иҷромешуда арзёбӣ мегардад1. Бо мақсад воситаҳоепешбинӣ карда мешаванд, ки барои расидан ба он заруранд. Бо мафҳуми мақсад як қатор мафҳумҳо ба монанди «фаъолияти мақсаднок» ва «мувофиқи мақсад будан» алоқамандӣ дорад. Аз ин рў, аниқ кардани мақсади мавҷудияти ин институти муҳими идоракунии ҳайат барои муайян намудани моҳият, принсипҳо, ҳайат вамеханизмҳои кор бо ҳайати захирашавандагон аҳамияти хосаро касб мекунад.

Дар адабиёти илмӣ мақсади ташаккули захираи кадрҳо ҳамчун «ташкили ҳайати хизматчиёни давлатӣ ва мунитсипалии дар шароити нав барои идоракунӣ тайёр, таъмини бетанаффусӣ ва давомоти идоракунии давлатӣ, такмили он дар асоси интихоб, тайёркунӣ ва пешбарии кадрҳои қобилиятноки ба таври касбӣ ва самаранок татбиқкунандаи вазифа ва функсияҳои мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ»2 арзёбӣ мегардад.

Вазифаи институти захираи кадрҳо нисбат ба мақсади он васеъ арзёбӣ мегардад. Масалан, Е.В. Охотский қайд мекунад, ки «вазифаи асосии захираи кадрҳо на танҳо аз беҳдошти низоми кор бо кадрҳо, балки дар муваффақ шудан ба мақсадҳои нисбатан глобалӣ: сари вақт ёфтан ва мақсаднок тайёр намудани мутахассисон барои ишғоли мансабҳои мушаххас (пеш аз ҳама роҳбарикунанда), таъмини садфоизаи тайёрии касбии хизматчӣ ба кори самаранокиаш баланд мувофиқи талаботи тахассусии барои ҳар кадом мансаб муайяншуда, иборат аст».1

1 Философский энциклопедицеский словарь – М.: ИНФРА-М,2003.С.505-506.

2 Управление персоналом. Учебник под. ред. А.И. Турчинова. М. Из – во РАГС

2003. С.373.

Дар қонунгузории давлатҳои гуногун мақсади ташаккули захираи кадрҳо возеҳ нишон дода шуда бошад ҳам, аммо онҳо (мақсад) аз ҳамдигар куллан фарқ менамоянд.

Агар дар як қонуни хизмати давлатӣ захираи кадрҳо бо мақсади таъмини мақомоти давлатӣ бо кадрҳои баландихтисос пешбинӣ шуда бошад, дар дигар қонуни хизмати давлатӣ бо мақсади ба захира гирифтани шахсони аз мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ озодшуда пешбинӣ шудааст.

Дар Ҷумҳурии Қирғизистон, масъалаи вобаста ба захираи кадрҳо дар Низомномаи муваққатии тартиби ташаккул ва амал намудани захираи миллии кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бо Фармони Директори Агентии Ҷумҳурии Кирғизистон таҳти № 77 аз 26 октябри соли 2005 тасдиқ шудааст, танзими ҳуқуқии худро меёбад.

Дар банди 3 Низомномаи мазкур мақсаду вазифаҳои ташаккули захираи кадрҳо амалан як чиз ҳисобида шудааст: «3. Мақсад ва вазифаҳои ташаккули захираи кадрҳо инҳо ба ҳисоб мераванд:

-таъмини давомот, мустақилият, мўътадилии хизмати давлатиикасбӣ;

-ҷалби ҳайати кормандони баландихтисос ва тайёршуда ба идоракунии давлат;

-такмил ва истифодаи ратсионалии иқтидори кадрии мақомотидавлатӣ дар асоси интихоб, тайёрӣ ва пешбарии кадрҳое, ки қобилияти ба таври касбӣ ва самаранок амалӣ намудани вазифа ва функсияҳои мақомоти давлатии хизмати давлатиро доранд;

-инкишофи сифатҳои касбӣ ва сифатҳои шахсии шахсоне, ки базахираи кадрҳои миллӣ дохил карда шудаанд;

-пешбарӣ ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ бо назардошти сатҳ ва таҳсилоти касбӣ, собиқа ва таҷрибаи кор аз рўи ихтисос ва малакаи зарури касбӣ.

Ин банд мақсади ташаккули захираи кадрҳоро нисбатан васеътар ифода намуда, то дараҷае моҳияти захираи кадрҳоро инъикос менамояд.

1 Охотский Е.В. Государственная служба в парламенте. М. РОССПЭН. 2002. С.295.

Дар Қонуни федералӣ «Оид ба низоми хизмати давлатии Федератсияи Россия» мафҳуми «захираи кадрҳо» бевосита пешбинӣ нашуда бошад ҳам, мақсади ташкили захираи кардҳо дар банди 1 моддаи 11 он (Ташкили ҳайати кадрии хизмати давлатӣ) равшан инъикоси худро ёфтааст:

«Ташкили захираи кадрҳои федералӣ, захираи кадрҳо дар мақомоти давлатии федералӣ, захираи кадрҳои субъектҳои Федератсияи Россия, захираи кадрҳо дар мақомоти давлатии субъектҳои Федератсияи Россия барои ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ, инчунин самаранок истифода намудани захираҳои кадрҳо».1

Аз ин меъёр бармеояд, ки яке аз роҳҳои асосии ташаккули ҳайати кадрии хизмати давлатии Федератсияи Россия – ин ташкили захираи кадрҳо дар мақомоти давлатии федералӣ, дар субъектҳои Федератсияи Россия ва дар мақомоти давлатии субъектҳои Федератсияи Россия мебошад ва ин захира бо ду мақсад: ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ ва самаранок истифода намудани кадрҳо ташкил карда мешавад.

Чуноне ки дида мешавад, Қонуни федералӣ «Оид ба низоми хизмати давлатии Федератсияи Россия», ки принсип ва муқаррароти ягонаи хизмати давлатиро барои низоми хизмати давлатии Федератсияи Россия (хизмати давлатии шаҳрвандӣ, хизмати давлатӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати давлатии ҳарбӣ) муайян менамояд, мақсади ташаккули захираи кадрҳоро (ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ ва самаранок истифода намудани захираҳои кадрҳо ) пешбинӣ намудааст.

Ин матлаб дар моддаи 17 Қонуни зикршуда, ки «Захираи кадрҳо барои ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ» номгузорӣ шудааст, низ чунин ифода ёфтааст:

«Барои ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ захираи кадрҳоифедералӣ, захираи кадрҳо дар мақомоти давлатии федералӣ, захираи кадрҳои субъектҳои Федератсияи Россия ва захираи кадрҳо дар мақомоти давлатии субъектҳои Федератсияи Россия ташкил карда мешавад».2

1 Новое в законодательстве о государственной службе. Федеральный закон Российской Федерация « О системе государственной службы Российской Федерации»

М.2005. Омега. С.21.

2 Дар ҳамин ҷо. С.25

Захираи кадрҳо дар хизмати шаҳрвандӣ бо ҳамин ном дар моддаи 64-и Қонуни федералӣ «Дар бораи хизмати давлатии шаҳрвандии Федератсияи Россия»1 низ танзим шудааст, ки он аз ҳатмӣ будани принсип ва муқаррароти муайяннамудаи Қонуни федералӣ «Оид ба низоми хизмати давлатии Федератсияи Россия» барои тамоми намудҳои хизмати давлатии Федератсияи Россия шаҳодат медиҳад. Дар банди 3 ин модда омадааст, ки захираи кадрҳо барои:

1)ишғоли мансаби холии хизмати шаҳрвандӣ дар мақомоти

давлатӣ бо тартиби болоравии мансабии хизматчии шаҳрвандӣ;

2)ишғоли мансаби холии хизмати шаҳрвандӣ дар дигар мақомоти

давлатӣ бо тартиби болоравии мансабии хизматчии шаҳрвандӣ;

3)мансаби хизмати шаҳрвандӣ, ки таъин ва аз онҳо озод кардани

хизматчиёни шаҳрвандӣ аз тарафи Президенти Федератсияи Россия

ва Ҳукумати Федератсияи Россия ба амал бароварда мешавад.

Ба ғайр аз ин, дар ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобаста набудаи аз кор озодшавӣ (вақти ба хизмати ҳарбӣ даъват намудан), хизматчии шаҳрвандӣ дар феҳристи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ дахлдор боқӣ монда, дар захираи кадрҳо дохил карда мешавад.

Чуноне ки дида мешавад, мақсади ташкили захираи кадрҳо дар хизмати шаҳрвандии Федератсияи Россия васеъ буда, он на танҳо аз ишғоли саривақтии мансабҳои холии хизмати шаҳрвандӣ, балки аз нигоҳ доштани хизматчии шаҳрвандии дар хизмат набуда низ иборат мебошад. Ин ҳолат аз аҳамияти муҳими ин институти идоракунии ҳайат дар ташаккули ҳайати идоракунандагон шаҳодат медиҳад.

Дар Қонуни Эстония оид ба хизмати сиёсӣ (публичная служба) мақсади ташкили захираи кадрҳо бо номи «Мақсади ташаккули захираи амалдорон» дар моддаи 136 мавриди танзим қарор дода шудааст. Тибқи он мақсади ташаккули захираи амалдорон аз инҳо иборат аст:

1) қабул кардани номзадҳо барои амалдорӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва мунитсипалӣ;

2) ҷустуҷўи ҷойи хизмат ба сифати амалдори давлатӣ ва мунитсипалӣ барои шахсоне, ки дар хизмат нестанд, лекин дар асоси карори комиссияҳои озмунӣ ва аттестатсионӣ ба захира дохил карда шудаанд;

3) ҷустуҷўи ҷойи хизмати нав ба сифати амалдори давлатӣ ва мунитсипалӣ барои шахсони аз мансабҳои сиёсӣ озодшуда.

Аз талаботи моддаи зикршуда бармеояд, ки мақсади ташаккули захираи амалдорон дар Эстония нисбатан васеътар буда, он бо се мақсад ташаккул дода мешавад:

1 Новое в законодательстве о государственной службе. Федеральный закон Российской Федерации «О государственной гражданской службе Российской Федерации» от 27 июля 2004 года,№79-ФЗ. М. 2005. Омега. С.53.

-якум, барои саривақт ишғол намудани мансабҳои холигаштаи амалдорони давлатӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва мунитсипалӣ;

-дуюм, барои ҷобаҷогузории шахсоне, ки амалдорони давлатии муассисаҳои давлатӣ ва мунитсипалӣ нестанд, лекин тавассути карорҳои комиссияҳои озмунӣ ва аттестатсионӣ барои амалдор шудан ба захира дохил карда шудаанд;

-сеюм, барои ҷобаҷогузории шахсоне, ки онҳо амалдорони давлатии муассисаҳои давлатӣ ва мунитсипалӣ буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Эстония бо сабабҳои гуногун аз мансабҳо озод карда шуданд.

Дар аввалин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (1998) захираи кадрҳо бо номи «захираи кадрҳои хизмати давлатӣ» дар моддаи 19-и он мавриди танзим қарор гирифта, дар қисми якуми ин модда мақсади ин институт чунин арзёбӣ гардидааст:

«Дар мақомоти давлатӣ барои сари вақт ишғол намудани мансабҳои холигаштаи хизматчиёни давлатии хизмати давлатӣ, ҳамчунин барои таъмини пешрафти хизматии хизматчиёни давлатӣ захираи кадрҳо таъсис дода мешавад».

Аз ин модда бармеояд, ки мақсад аз ташкили захираи кадрҳои хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду чиз иборат буд:

1) сари вақт ишғол намудани мансабҳои холигаштаи хизматчиёни давлатии хизмати давлатӣ;

2) таъмини пешрафти хизматии хизматчиёни давлатӣ.

Бояд зикр кард, ки аз ин ду мақсад набудани таҷрибаи танзими масъалаҳои вобаста ба хизмати давлатӣ, кадрӣ ва захираи кадрҳо баръало эҳсос мешавад, зеро мақсадҳо аввалан пурра нестанд ва баъдан захираро инъикос карда, моҳияти онро кушода натавонистанд.

Мақсади ташаккули захираи кадрҳои хизмати давлатӣ баъдтар то дараҷае дар банди 2 Низомномаи захираи кадрҳои хизмати давлатӣ1 васеътар пешбинӣ гардид.

Мувофиқи ин банд захираи кадрҳо бо мақсадҳои зерин ташкил карда мешавад:

-саривақт ишғол намудани мансабҳои холигаштаи давлатии хизмати давлатӣ;

-мукаммалгардонии ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ

1 Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №114 аз 24 июли соли 2003

тасдиқ шудааст.

бо кадрҳои тайёр, ташаббускор;

-таъмини пешрафти хизматии хизматчиёни давлатӣ;

-мувофиқати бефосилагии хизмати давлатӣ бо мутасиллӣ ва ивазшавии кадрҳои он.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (2007 ду қисми аввали моддаи 26-и он ба мақсади ташаккули захираи кадрҳои хизмати давлатӣ бахшида шудааст. Мувофиқи ин қисмҳо:

«1.Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо, ки ба ташкили низоми босамар ва шаффофи идоракунии ҳайати шахсии хизмати давлатӣ, таъмини муносибатҳои демократӣ ва риояи афзалияти иҷтимоӣ нигаронида шудааст, ба роҳ монда мешавад.

2.Дар мақомоти давлатӣ барои сари вақт ишғол намудани мансабҳои холии давлатии хизмати давлатӣ, ҳамчунин барои таъмини баландравии мансабии (карераи) хизматчиёни давлатӣ захираи кадрҳо таъсис дода мешавад».

Бояд зикр кард, ки агар мақсади ташкили захираи кадрҳои дар қисми 2 моддаи 26 пешбинишуда бо мақсадҳои дар пеши худ гузоштаи Қонуни хизмати давлатии соли 2007 пурра мувофиқат намояд, мақсади дар пеши худ гузоштаи қонунгузор, ки дар қисми якуми моддаи 26 пешбинӣ шудааст, меъёри хусусияти декларативӣ мебошад.

Тибқи банди 2 Низомнома дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон1 «захираи кадрҳои хизмати давлатӣ бо ду мақсад: таъмини болоравии мансаби хизматчиёни давлатӣ ва сари вақт ишғол намудани мансабҳои холии маъмурӣ ташкил карда мешавад.

Ҳамин тариқ, аниқ муайян намудани мақсади ташаккули захираи кадрҳо барои танзими ҳуқуқии ин институти идоракунии ҳайат аҳамияти аввалиндараҷаро пайдо мекунад. Дар ҳолате, ки мақсад муайян нест, дигар унсурҳои вобаста ба ташаккули захираи кадрҳоро, аз қабили принсипҳои ташаккули захира, ҳайати сифатие, ки ба захира дохил карда мешавад, механизми татбиқи захира, мўҳлате, ки захира бояд амалӣ карда шавад, танзими воқеии худро намеёбанд.

Дар ин раванд чизи муҳиме, ки бояд аз мадди назари субъекти меъёрэҷодкунанда дур набошад, ин ба таври возеҳ муайян намудани зарур будан ё зарур набудани захираи кадрҳо мебошад.

1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз14 январи соли 2010 №756.

Дар вақти итминони комил пайдо кардан ба мавҷудияти захираи кадрҳо, мақсади он бояд бо назарошти талаботи ҷомеа ва мақомоти давлатӣ бо кадрҳои баландихтисос, соҳибмаърифат ва соҳибкасб, таҳлили вазъияти кадрӣ, раванди таъин ва аз мансабҳо озод шудани кадрҳо, мўҳлати наздиктарини (ниҳоӣ) ротатсияи кадрҳо, теъдоди мансабҳои роҳбарикунанда, мавқеи озмун дар пурра кардани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ва талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ аз ҷиҳати илмӣ асоснок пешниҳод карда шаванд.

Самаранок ба роҳ мондан, ташкил ва истифодаи институти захираи кадрҳо дар таъмини талаботи ҷомеа ва давлат нақши муҳим мебозад ва барои ҳадафҳои зерин мусоидат мекунад:

-сари вақт қаноатбахш гардонидани талаботи иловагии дастгоҳи давлатӣ ба кадрҳои хизмати давлатӣ;

-интихоби сифатнок ва тайёркунии мақсадноки номзадҳо барои пешбарӣ ба мансабҳои давлатӣ;

-маҳдуд намудани давраи одаткунии (адаптатсия) кадрҳое, ки нав ба мансабҳои баланди давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъин мегарданд;

-баланд бардоштани касбият ва беҳтар намудани ҳайати хизматчиёни давлатӣ;

-ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дар асоси тайёрии кофӣ, дастовардҳои хизматӣ ва сатҳи баланди касбӣ;

-фаъолияти мўътадили мақомоти давлатӣ ва дар маҷмўъ дастгоҳи давлатӣ.

Хизмати давлатӣ низоми мураккаб, бисёрҷабҳа ва пайваста рушдкунандае мебошад, ки ташаккул ва таҳкими он хусусияти маҷмўӣ дошта, аз унсурҳои асосӣ ва дуюмдараҷа иборат буда наметавонад, зеро «самаранокии ҳокимият аз боэътимодӣ ва касбӣ будани сохторҳои ўро таъминкунанда, сифати ташкилӣ ва амалкунии хизмати давлатӣ муайян мегардад.»1

Ҳанўз ҳам хизмати давлатӣ барои баъзе аз муҳаққиқон – фаъолияти касбӣ, барои дигарон сохтори махсуси дастгоҳ ташаккулдиҳандаи механизми давлатӣ ва барои сеюмин низоми ҳуқуқӣ мебошад, яъне дар амалияи ҷаҳонӣ мафҳум, стандарт ва модули ягонаи хизмати давлатӣ вуҷуд надорад.

Чуноне, ки Ж. Шевалье қайд мекунад, онҳо мафҳуми хизмати давлатиро «дар соҳаҳои сершохаи консептуалӣ истифода бурда, бо мазмунҳои гуногун пурра менамоянд.»2 Аммо ба ин нигоҳ накарда, дастгоҳи давлатӣ ва ҳайати идоракунандаи он бояд самаранок ва мўътадил амал намоянд, аз амалияи маъмурӣ- идоракунӣ, инчунин идоракунии ҳайат бархурдор бошанд ва онро пайваста инкишоф дода, ба хизмати ҷомеа мутеъ намоянд. Ҳамин аст, ки «вақтҳои охир талабот ба роҳбарони лаёқатманд бениҳоят меафзояд, зеро нарасидани одамони дорои тахассуси баланд барои ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда яке аз проблемаи асосӣ дар соҳаи идоракунии ҳайат ба шумор меравад.»3 ва аз ин рў, захираи кадрҳо дар амалияи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоса пайдо карда, дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Рўи варақ овардани мақолаи мазкур аз амалияи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, зеро миёни мутахассисо ни соҳа оид ба арзи вуҷуд кардани ин институти хизмати давлатӣ фикрҳои ягона мавҷуд нест.

1 Оххотский Е.В. Государственная служба в Парламенте. М.РОССПЭН. 2002.С.19.

2 Шевалье Ж. Государственная служба. Париж. 1996.С.5

3 Зайцева Т. В., Зуб А.Т. Управление персоналом. М.2006.С.271.

Баъзе аз субъектҳои ба рушди хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидаткунанда, аз қабили лоиҳаи Мусоидат ба рушди хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Иттиҳоди Аврупо ва Бонки умумиҷаҳонӣ) захираи кадрҳоро институти хизмати давлатии Иттиҳоди Шўравӣ арёбӣ карда, танзими онро дар қонунгузории имрузаи ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад намешуморанд. Намояндагони ин лоиҳа инчунин қайд мекунад, ки захираи кадрҳо имконияти ба робари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хизмати давлатӣ маҳдуд менамояд ва дар сурати амал намудани озмун барои ишғоли мансабҳои холии давлатӣ ба захираи кадрҳо зарурат намемонад.

Лоиҳаҳои зикршуда дар инкишофи хизмати давлатӣ саҳми калон доранд, аммо ба ин нигоҳ накарда, захираи кадрҳо дар ҷалби кадрҳои салоҳиятноку ташаббускор ва таҳкими идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҳамчун воситаи муҳиму самаранок боқӣ мемонад. Барои ин зарур аст, ки захираи кадрҳо воситаи муҳими интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо эътироф шуда, дар боло рафтани обрўю эътибори хизматчии давлатӣ мусоидат намояд. Дар дили хизматчии давлатӣ бовариро нисбати хизматҳои арзандаи ў бедор ва дар асоси дастовардҳои хизматӣ болоравии касбии ўро таъмин намояд. Ба ҳолатҳои ногувори дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо мавҷудбуда садди роҳ гардида, барои хизматчиёни давлатӣ имконияти баробарро фароҳам биёрад.

Аз ин рў, дар назария ва амалияи хизмати давлатии аксар давлатҳо ҳанўз ҳам захираи кадрҳо дар таҳкими сиёсати кадрӣ ва идоракунии ҳайати дастгоҳи давлатӣ саҳми воқеӣ мегузорад.

Дар адабиётҳои илмӣ ва қонунгузориҳои давлатҳои алоҳида захира бо ибораҳои гуногун мавриди ифода қарор дорад. Масалан, дар Федератсияи Россия, Украина ва Қазоқистон бо ибораи (Кадровый резерв), дар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон бо ибораи «Резерв кадров», дар ҷумҳурии Эстония бо ибораи «Резерв чиновников» ва ғ. истифода мешавад.

Новобаста азгуногунии ифода дар истилоҳоти ҳуқуқӣ, ҳайатшиносӣ ва хизмати

давлатии ватанӣ онро дар шакли ибораи «захираи кадрҳо» қабул кардаем.

Мафҳумҳои гуногуни захираи кадрҳо арзи вуҷуд доранд. Масалан, бархе аз муҳаққиқон захираи кадрҳоро (кадровий резерв) ҳамчун гурўҳи роҳбарон ва муттахассисони қобилияти идоракунӣ дошта, ба талаботи барои сатҳи ин ё он мансаб пешбинигардида ҷавобгўй, интихобшуда ва аз тайёрии мақсадноки тахассусӣ гузашта арзёбӣ менамоянд.

(1 Ю.Т. Базарова ва Еремина Б.Л.2 низ ҷонибдори мафҳуми дар

боло зикршуда мебошанд.)

В.В.Травин ва В.А. Дятов қайд мекунанд, ки «захираи кадрҳо ин гурўҳи кормандони махсус ташаккулёфта ва тайёркардашудае мебошад, ки барои пешбарӣ ба мансабҳои нисбатан сатҳи баланд тавсия шудаанд.»3

А. П. Егоршин қайд мекунад, ки ташаккули захираи кадрҳо вазифаи ҳаётан муҳими амалкунии боэътимоди корхона ба шумор меравад ва ба андешаи ў «захираи кадрҳо ин қисми ҳайатест, ки мувофиқи нақша барои ишғоли ҷойҳои кори омехтаи тахассуси баландтар аз тайёрӣ гузаштанд.»4

Мафҳуми нисбатан васеи захираи кадрҳо низ мавҷуд аст. Масалан, «захираи кадрҳо – ин гурўҳи махсуси хизматчиёни давлатии ояндадор мебошад, ки дар асоси омилҳои муқарраршуда ташаккул дода шуда, барои пешбарӣ шудан ба мансабҳои дахлдор сифатҳои муҳими касбӣ, корӣ ва маънавию рўҳиро доранд, худро дар мансаби ишғолнамуда ба таври мусбӣ муаррифӣ намуда, аз тайёрии зарурӣ гузаштаанд ва барои ишғоли мансабҳои навбатӣ пешбарӣ шудаанд».5

Дар адабиётҳои илмӣ ба ин монанд дигар мафҳуми захираи кадрҳо низ вомехўранд.6 Дар собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими ҳуқуқии ин институти муҳими хизмати давлатӣ дар моддаи алоҳидаи қонун баъд аз истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани давлатҳои зикршуда ба вуқўъ пайваст. Агар дар қонунҳои хизмати давлатии баъзе аз давлатҳо мафҳуми захираи кадрҳо бевосита дода шуда бошад, дар Қонуни хизмати давлатӣ (1998), инчунин дар Қонуни нави хизмати давлатӣ (2007) мафҳуми хизмати давлатӣ на дар «Мафҳумҳои асосӣ» ва на дар моддаи 26 «Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ» пешбинӣ нагардидааст.

1 Государственная служба Российской Федерации: основы управления персоналом/ Под общей ред. В.П. ИвановаМ.: Издательство «Известия»,2003. С.251.

2 Управление персоналом. Учебник под ред. Т.Ю. Базарова, Б.Л. Еремина. М. Изд. объед. «ЮНИТИ». С.272.

3 Травин В.В., Дятов В.А. Менеджмент персонала предприятия. Учебно-практическое пособие. М.: Дело, 2007. С.96

4 Егоршин А.П. Основы управления персоналом. Учебное пособие. М. «ИНФРА». М: 2006. С.45.

5 Управление персоналом. Учебник под. ред. А.И. Турчинова. М. Из – во РАГС 2003.

6 Охотский Е.В. Государственная служба в парламенте. М. РОССПЭН. 2002.С.295.

Ғайр аз ин, мафҳумҳои дар қонунгузории давлатҳои алоҳида пешбинишуда моҳиятан аз ҳамдигар фарқ доранд.

Масалан, дар моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Арманистон аз 4 декабри соли 2001 «Дар бораи хизмати шаҳрвандӣ» ибораи «захираи кадрҳо» бевосита дар мафҳуми «хизматчии шаҳрвандӣ» пешниҳод шудааст.

Мувофиқи он «хизматчии шаҳрвандӣ- шахсе мебошад, ки яке аз мансабҳои пешбининамудаи мансабҳои номенклатурии хизмати шаҳрвандиро ишғол намудааст ё ки дар захираи кадрҳо дохил карда шудааст», яъне хизматчиёни шаҳрвандӣ аз ду категория: шахсони мансабҳои шаҳрвандиро ишғолнамуда ва шахсони мансабҳои давлатиро ишғолнакардаи дар захираи кадрҳо қарордошта иборат мебошанд. Бо ин назардошт мафҳуми «захираи кадрҳои хизмати шаҳрвандӣ» маҷмўи хизматчиёни шаҳрвандие арзёбӣ мегардад, ки тибқи тарти би муқарраргардида мансабҳои хизмати шаҳрвандиро ишғол накардаанд (мод. 3). Дар Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» масъалаҳои вобаста ба ташкили захираи кадрҳо дар моддаи 20-и он танзим шудааст. Моддаи зикрёфта «захираи кадрҳо дар вақти дохил шудан ба хизмати давлатӣ»1 ном дорад.

Бо мақсади татбиқи Қонун бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон №330 аз 4 феврали соли 2000 Низомномаи захираи кадрҳо барои ишғоли мансабҳои хизматчиёни маъмурӣ қабул гардид, ки дар банди 2 он захираи кадрҳо чунин ифода шудааст:

«Захираи кадрҳо – ин шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон, ки маълумот дар бораи онҳо ба рўйхати мураттабгашта дохил карда шудааст». Чуноне, ки аз ин мафҳум бармеояд, захираи кадрҳо руйхати шаҳрвандон арзёбӣ гардидааст.

Хусусияти хоси захираи кадрҳои Ҷумҳурии Казоқистон дар он аст, ки захираи кадрҳо танҳо барои ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ қабул шудани шаҳрвандон ташкил карда мешавад.

Моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» «Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ» арзёбӣ гардида, масъалаҳои вобаста ба захираи кадриро ба танзим медарорад. Дар ин модда мафҳуми зикршуда чунин ифода шудааст: «захираи кадрҳои хизмати давлатӣ – ин гурўҳи махсус ташаккулёфтаи номзадҳо барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ мебошад.

1 Законодательство о государственной службе в Республике Казахстан. Сост. Р.А.

Подопригора.-Алматы: ЮРИСТ, 2002. С.47.

Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ аз захираи кадрҳои миллӣ ва дохилӣ иборат аст.Бояд қайд кард, ки худи тақсими захираи кадрҳо ба миллӣ ва дохилӣ баҳснок аст, чунки хоҳу нохоҳ тамоми захира, аз ҷумла захираи дохилӣ низ ғайри миллӣ буда наметавонад.

Захираи кадрҳо яке аз институти муҳими қонунгузории хизмати давлатии Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта, асоси ташаккули ҳайати кадрии хизмати давлатиро ташкил медиҳад. Дар Қонуни федералӣ аз 27 майи соли 2003, №58-ФЗ «Оид ба низоми хизмати давлатии Федератсияи Россия» мафҳуми «захираи кадрҳо» бевосита пешбинӣ нашудааст. Дар банди 1 моддаи 11 Қонуни зикрёфта (ташаккули ҳайати кадрии хизмати давлатӣ) омадааст, ки «Ташаккули ҳайати кадрии хизмати давлатӣ бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:

-ташкили захираи кадрҳои федералӣ, захираи кадрҳо дар мақомоти давлатии федералӣ, захираи кадрҳои субъектҳои Федератсияи Россия, захираи кадрҳо дар мақомоти давлатии субъектҳои Федератсияи Россия барои ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ, инчунин самаранок истифода намудани захираҳои кадрҳо»

1.Дар Қонуни Эстония оид ба хизмати сиёсӣ (публичная служба) масъалаҳои вобаста ба захира, алоҳида, дар фасли 10 бо номи «захираи амалдорон» танзим шудааст. Фасли 10 аз 5 боб ва 16 модда (136-151) иборат аст:

Боби 1. Қоидаҳои умумӣ (мод.136-137)

Боби 2. Дохил кардан ба захира (мод.138-140)

Боби 3.Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахси ба захира дохил кардашу

да (мод.141-145)

Боби 4. Ба мансаб таъин намудани шахси ба захира дохил кар

дашуда (мод. 147-149)

Боби 5. Хориҷ кардан аз захира (мод. 150-151).

Дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати

давлатӣ» (1998 ва 2007) чуноне, ки қайд кардем, мафҳуми захираи

кадрҳои хизмати давлатӣ пешбинӣ нашудааст.

Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ дар моддаи 19-и Қонун (1998) мавриди танзим қарор гирифта, дар он масъалаҳои вобаста ба мақсади ташкили захираи кадрҳо, ҳайате, ки аз он захира ташаккул меёбад ва санади ҳуқуқие, ки ин проблемаро мавриди танзим қарор медиҳад, пешбинӣ шудааст

1 Новое в законодательстве о государственной службе. Федеральный закон Российской Федерация « О системе государственной службы Российской Федерации» М.2005.Омега. С.21.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (2007) захираи кадрҳои хизмати давлатӣ дар моддаи 26 танзим гардида, аз 5 қисм иборат аст. Ду қисми аввал мақсади ташаккули захира, қисми сеюм ва чорум ба ҳайате, ки аз онҳо захира ташаккул меёбад ва қисми панҷум ба санаде, ки захираро ба танзим медарорад, бахшида шудааст.

Аҳамияти ин институтро дар таҳкими идоракунии ҳайат зикр карда, қайд карда мешавад, ки «вуҷуд доштани захираи кадрҳои тайёр шарти ҳатмии истифодаи самараноки иқтидорҳои кадрӣ ва амалкунии мўътадил ва касбии мақомоти давлатӣ ва мунитсипалӣ ба ҳисоб меравад»1

Дар муайян намудани моҳияти институти захираи кадрҳо кушодани функсия ва мақсади он аҳамияти калон дорад.

Функсия калимаи лотинӣ (functio – содир кардан ва иҷро кардан) мебошад ва он дар хизмати давлатӣ воситаи ошкор кардани фаъолии институти хизмати давлатӣ мебошад. Функсияи хизмати давлатӣ нисбат ба давлат дар таъмини соҳибихтиёрӣ, бехатарии миллӣ, амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ, таъмини фаъолияти идоракунӣ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ; нисбат ба ҷомеа дар рушди фарҳанг, илм, маориф; нисбат ба амалдорон дар таҳия ва тасдиқи қоидаҳо ва стандартҳои қабул ба хизмати давлатӣ, ташкили шароит барои иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ ва ғайраҳо зоҳир мешавад.2

Ю.Н. Старилов. қайд мекунад, ки «функсияи хизмати давлатӣ дар мазмуни функсионалӣ ҳамчун намуди мушаххаси фаъолияти ҳайат, дастгоҳи хизматии мақомоти давлатӣ, фаъолияти сохторҳои маъмурӣ – идоракунӣ фаҳмида мешавад»3.

Функсияи хизмати давлатӣ, инчунин доираи фаъолият, вазифаҳо ва самтҳои корро дар системаи идоракунии давлатӣ ифода мекунад.

Функсияи хизмати давлатиро бо назардошти таъиноти он ҳамчун фаъолияти касбӣ, институти ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ва муносибати оммавӣ – ҳуқуқӣ миёни давлат ва хизматчии давлатӣ фаҳмидан мувофиқи мақсад мебошад.

1 Управление персоналом. Учебник под. ред. А.И. Турчинова. М. Из – во РАГС 2003. С.372.

2 Ниг. Каримов К.М. Хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ

ҷилди якум. Душанбе 2006. С.212; Каримов К.М. Хизмати давлатии Ҷумҳурии

Тоҷикистон: моҳият ва принсипҳои ташкил. Душанбе-2006.С.57.

3 Старилов Ю.Н. Курс общего административного права. В.3.т. – М.:Изд – во НОРМА (Издательская группа НОРМА – ИНФА М.). 2002. Т.1: История, Наука. Предмет. Нормы. Субъекты. С.621.

Моҳияти институти захираи кадрҳо аз функсияҳое, ки он нисбати дастгоҳи давлатӣ иҷро мекунад, мавриди баҳогузорӣ ва таҳлил қарор дода мешавад.

Вобаста ба функсияҳои хизмати давлатӣ, дар адабиёти илмӣ функсияҳои асосии захираи кадрҳо инкишоф, танзим, муътадилгардонӣ ва бетанафусии фаъолияти дастгоҳи давлатӣ номбар карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, функсияҳои асосии захираи кадрҳо дар кушодани мафҳум ва моҳияти захираи кадрҳо ҳамчун институти идоракунии давлатӣ нақши муҳим мебозад. Он на танҳо аз таъмини болоравии касбии хизматчии давлатӣ, балки аз таъмини инкишоф, танзим, муътадилгардонӣ ва бетанафусии фаъолияти дастгоҳи давлатӣ иборат аст. Дар фалсафа фаҳмишҳои гуногуни мафҳуми мақсад вуҷуд дошта бошад ҳам, он асосан ҳамчун ҳодиса ва ҳолати тасавур ва хоҳиши дар оянда иҷромешуда арзёбӣ мегардад1. Бо мақсад воситаҳое пешбинӣ карда мешаванд, ки барои расидан ба он заруранд. Бо мафҳуми мақсад як қатор мафҳумҳо ба монанди «фаъолияти мақсаднок» ва «мувофиқи мақсад будан» алоқамандӣ дорад. Аз ин рў, аниқ кардани мақсади мавҷудияти ин институти муҳими идоракунии ҳайат барои муайян намудани моҳият, принсипҳо, ҳайат ва механизмҳои кор бо ҳайати захирашавандагон аҳамияти хосаро касб мекунад.

Дар адабиёти илмӣ мақсади ташаккули захираи кадрҳо ҳамчун «ташкили ҳайати хизматчиёни давлатӣ ва мунитсипалии дар шароити нав барои идоракунӣ тайёр, таъмини бетанаффусӣ ва давомоти идоракунии давлатӣ, такмили он дар асоси интихоб, тайёркунӣ ва пешбарии кадрҳои қобилиятноки ба таври касбӣ ва самаранок татбиқкунандаи вазифа ва функсияҳои мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ»2 арзёбӣ мегардад. Вазифаи институти захираи кадрҳо нисбат ба мақсади он васеъ арзёбӣ мегардад. Масалан, Е.В. Охотский қайд мекунад, ки «вазифаи асосии захираи кадрҳо на танҳо аз беҳдошти низоми кор бо кадрҳо, балки дар муваффақ шудан ба мақсадҳои нисбатан глобалӣ:

сари вақт ёфтан ва мақсаднок тайёр намудани мутахассисон барои ишғоли мансабҳои мушаххас (пеш аз ҳама роҳбарикунанда), таъмини садфоизаи тайёрии касбии хизматчӣ ба кори самаранокиаш баланд мувофиқи талаботи тахассусии барои ҳар кадом мансаб муайяншуда, иборат аст».1

1 Философский энциклопедицеский словарь – М.: ИНФРА-М,2003.С.505-506.

2 Управление персоналом. Учебник под. ред. А.И. Турчинова. М. Из – во РАГС

2003. С.373.

Дар қонунгузории давлатҳои гуногун мақсади ташаккули захираи кадрҳо возеҳ нишон дода шуда бошад ҳам, аммо онҳо (мақсад) аз ҳамдигар куллан фарқ менамоянд.

Агар дар як қонуни хизмати давлатӣ захираи кадрҳо бо мақсади таъмини мақомоти давлатӣ бо кадрҳои баландихтисос пешбинӣ шуда бошад, дар дигар қонуни хизмати давлатӣ бо мақсади ба захира гирифтани шахсони аз мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ озодшуда пешбинӣ шудааст.

Дар Ҷумҳурии Қирғизистон, масъалаи вобаста ба захираи кадрҳо дар Низомномаи муваққатии тартиби ташаккул ва амал намудани захираи миллии кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бо Фармони Директори Агентии Ҷумҳурии Кирғизистон таҳти № 77 аз 26 октябри соли 2005 тасдиқ шудааст, танзими ҳуқуқии худро меёбад. Дар банди 3 Низомномаи мазкур мақсаду вазифаҳои ташаккули захираи кадрҳо амалан як чиз ҳисобида шудааст:

«3. Мақсад ва вазифаҳои ташаккули захираи кадрҳо инҳо баҳисоб мераванд: -таъмини давомот, мустақилият, мўътадилии хизмати давлатии касбӣ;

-ҷалби ҳайати кормандони баландихтисос ва тайёршуда ба идоракунии давлат;

-такмил ва истифодаи ратсионалии иқтидори кадрии мақомоти давлатӣ дар асоси интихоб, тайёрӣ ва пешбарии кадрҳое, ки қобилияти ба таври касбӣ ва самаранок амалӣ намудани вазифа ва функсияҳои мақомоти давлатии хизмати давлатиро доранд;

-инкишофи сифатҳои касбӣ ва сифатҳои шахсии шахсоне, ки ба захираи кадрҳои миллӣ дохил карда шудаанд;

-пешбарӣ ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ бо назардошти сатҳ ва таҳсилоти касбӣ, собиқа ва таҷрибаи кор аз рўи ихтисос ва малакаи зарури касбӣ.

Ин банд мақсади ташаккули захираи кадрҳоро нисбатан васеътар ифода намуда, то дараҷае моҳияти захираи кадрҳоро инъикос менамояд.

1 Охотский Е.В. Государственная служба в парламенте. М. РОССПЭН. 2002. С.295.

Дар Қонуни федералӣ «Оид ба низоми хизмати давлатии Федератсияи Россия» мафҳуми «захираи кадрҳо» бевосита пешбинӣ нашуда бошад ҳам, мақсади ташкили захираи кардҳо дар банди 1 моддаи 11 он (Ташкили ҳайати кадрии хизмати давлатӣ) равшан инъикоси худро ёфтааст: «Ташкили захираи кадрҳои федералӣ, захираи кадрҳо дар мақомоти давлатии федералӣ, захираи кадрҳои субъектҳои Федератсияи Россия, захираи кадрҳо дар мақомоти давлатии субъектҳои Федератсияи Россия барои ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ, инчунин самаранок истифода намудани захираҳои кадрҳо».1

Аз ин меъёр бармеояд, ки яке аз роҳҳои асосии ташаккули ҳайатикадрии хизмати давлатии Федератсияи Россия – ин ташкили захираи кадрҳо дар мақомоти давлатии федералӣ, дар субъектҳои Федератсияи Россия ва дар мақомоти давлатии субъектҳои Федератсияи Россия мебошад ва ин захира бо ду мақсад: ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ ва самаранок истифода намудани кадрҳо ташкил карда мешавад.

Чуноне ки дида мешавад, Қонуни федералӣ «Оид ба низоми хизмати давлатии Федератсияи Россия», ки принсип ва муқаррароти ягонаи хизмати давлатиро барои низоми хизмати давлатии Федератсияи Россия (хизмати давлатии шаҳрвандӣ, хизмати давлатӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати давлатии ҳарбӣ) муайян менамояд, мақсади ташаккули захираи кадрҳоро (ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ ва самаранок истифода намудани захираҳои кадрҳо ) пешбинӣ намудааст.

Ин матлаб дар моддаи 17 Қонуни зикршуда, ки «Захираи кадрҳо барои ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ» номгузорӣ шудааст, низ чунин ифода ёфтааст:

«Барои ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ захираи кадрҳои федералӣ, захираи кадрҳо дар мақомоти давлатии федералӣ, захираи кадрҳои субъектҳои Федератсияи Россия ва захираи кадрҳо дар мақомоти давлатии субъектҳои Федератсияи Россия ташкил карда мешавад».2

1 Новое в законодательстве о государственной службе. Федеральный закон Российской Федерация « О системе государственной службы Российской Федерации»

М.2005. Омега. С.21.

2 Дар ҳамин ҷо. С.25

Захираи кадрҳо дар хизмати шаҳрвандӣ бо ҳамин ном дар моддаи 64-и Қонуни федералӣ «Дар бораи хизмати давлатии шаҳрвандии Федератсияи Россия»1 низ танзим шудааст, ки он аз ҳатмӣ будани принсип ва муқаррароти муайяннамудаи Қонуни федералӣ «Оид ба низоми хизмати давлатии Федератсияи Россия» барои тамоми намудҳои хизмати давлатии Федератсияи Россия шаҳодат медиҳад. Дар банди 3 ин модда омадааст, ки захираи кадрҳо барои:

1)ишғоли мансаби холии хизмати шаҳрвандӣ дар мақомоти давлатӣ бо тартиби болоравии мансабии хизматчии шаҳрвандӣ; 2)ишғоли мансаби холии хизмати шаҳрвандӣ дар дигар мақомоти давлатӣ бо тартиби болоравии мансабии хизматчии шаҳрвандӣ; 3)мансаби хизмати шаҳрвандӣ, ки таъин ва аз онҳо озод кардани хизматчиёни шаҳрвандӣ аз тарафи Президенти Федератсияи Россия ва Ҳукумати Федератсияи Россия ба амал бароварда мешавад.

Ба ғайр аз ин, дар ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобаста набудаи аз кор озодшавӣ (вақти ба хизмати ҳарбӣ даъват намудан), хизматчии шаҳрвандӣ дар феҳристи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ дахлдор боқӣ монда, дар захираи кадрҳо дохил карда мешавад. Чуноне ки дида мешавад, мақсади ташкили захираи кадрҳо дар хизмати шаҳрвандии Федератсияи Россия васеъ буда, он на танҳо аз ишғоли саривақтии мансабҳои холии хизмати шаҳрвандӣ, балки аз нигоҳ доштани хизматчии шаҳрвандии дар хизмат набуда низ иборат мебошад. Ин ҳолат аз аҳамияти муҳими ин институти идоракунии ҳайат дар ташаккули ҳайати идоракунандагон шаҳодат медиҳад.

Дар Қонуни Эстония оид ба хизмати сиёсӣ (публичная служба) мақсади ташкили захираи кадрҳо бо номи «Мақсади ташаккули захираи амалдорон» дар моддаи 136 мавриди танзим қарор дода шудааст. Тибқи он мақсади ташаккули захираи амалдорон аз инҳо иборат аст:

1) қабул кардани номзадҳо барои амалдорӣ дар муассисаҳои

давлатӣ ва мунитсипалӣ;

2) ҷустуҷўи ҷойи хизмат ба сифати амалдори давлатӣ ва

мунитсипалӣ барои шахсоне, ки дар хизмат нестанд, лекин дар асо

си карори комиссияҳои озмунӣ ва аттестатсионӣ ба захира дохил

карда шудаанд;

3) ҷустуҷўи ҷойи хизмати нав ба сифати амалдори давлатӣ ва

мунитсипалӣ барои шахсони аз мансабҳои сиёсӣ озодшуда.

Аз талаботи моддаи зикршуда бармеояд, ки мақсади ташаккули

захираи амалдорон дар Эстония нисбатан васеътар буда, он бо се мақсад ташаккул дода мешавад:

1 Новое в законодательстве о государственной службе. Федеральный закон Рос

сийской Федерации «О государственной гражданской службе Российской Феде

рации» от 27 июля 2004 года,№79-ФЗ. М. 2005. Омега. С.53.

-якум, барои саривақт ишғол намудани мансабҳои холигаштаи

амалдорони давлатӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва мунитсипалӣ;

-дуюм, барои ҷобаҷогузории шахсоне, ки амалдорони давлатии муассисаҳои давлатӣ ва мунитсипалӣ нестанд, лекин тавассути карорҳои комиссияҳои озмунӣ ва аттестатсионӣ барои амалдор шудан ба захира дохил карда шудаанд; -сеюм, барои ҷобаҷогузории шахсоне, ки онҳо амалдорони давлатии муассисаҳои давлатӣ ва мунитсипалӣ буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Эстония бо сабабҳои гуногун аз мансабҳо озод карда шуданд.

Дар аввалин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (1998) захираи кадрҳо бо номи «захираи кадрҳои хизмати давлатӣ» дар моддаи 19-и он мавриди танзим қарор гирифта, дар қисми якуми ин модда мақсади ин институт чунин арзёбӣ гардидааст: «Дар мақомоти давлатӣ барои сари вақт ишғол намудани мансабҳои холигаштаи хизматчиёни давлатии хизмати давлатӣ, ҳамчунин барои таъмини пешрафти хизматии хизматчиёни давлатӣ захираи кадрҳо таъсис дода мешавад».

Аз ин модда бармеояд, ки мақсад аз ташкили захираи кадрҳои хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду чиз иборат буд:

1) сари вақт ишғол намудани мансабҳои холигаштаи хизматчиёни давлатии хизмати давлатӣ;

2) таъмини пешрафти хизматии хизматчиёни давлатӣ. Бояд зикр кард, ки аз ин ду мақсад набудани таҷрибаи танзими масъалаҳои вобаста ба хизмати давлатӣ, кадрӣ ва захираи кадрҳо баръало эҳсос мешавад, зеро мақсадҳо аввалан пурра нестанд ва баъдан захираро инъикос карда, моҳияти онро кушода натавонистанд.

Мақсади ташаккули захираи кадрҳои хизмати давлатӣ баъдтар то дараҷае дар банди 2 Низомномаи захираи кадрҳои хизмати давлатӣ1 васеътар пешбинӣ гардид. Мувофиқи ин банд захираи кадрҳо бо мақсадҳои зерин ташкил карда мешавад: -саривақт ишғол намудани мансабҳои холигаштаи давлатии хизмати давлатӣ; -мукаммалгардонии ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ

1 Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №114 аз 24 июли соли 2003

тасдиқ шудааст.

бо кадрҳои тайёр, ташаббускор;

-таъмини пешрафти хизматии хизматчиёни давлатӣ;

-мувофиқати бефосилагии хизмати давлатӣ бо мутасиллӣ ва ивазшавии кадрҳои он.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (2007 ду қисми аввали моддаи 26-и он ба мақсади ташаккули захираи кадрҳои хизмати давлатӣ бахшида шудааст. Мувофиқи ин қисмҳо:

«1.Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо, ки ба ташкили низоми босамар ва шаффофи идоракунии ҳайати шахсии хизмати давлатӣ, таъмини муносибатҳои демократӣ ва риояи афзалияти иҷтимоӣ нигаронида шудааст, ба роҳ монда мешавад.

2.Дар мақомоти давлатӣ барои сари вақт ишғол намудани мансабҳои холии давлатии хизмати давлатӣ, ҳамчунин барои таъмини баландравии мансабии (карераи) хизматчиёни давлатӣ захираи кадрҳо таъсис дода мешавад».

Бояд зикр кард, ки агар мақсади ташкили захираи кадрҳои дар қисми 2 моддаи 26 пешбинишуда бо мақсадҳои дар пеши худ гузоштаи Қонуни хизмати давлатии соли 2007 пурра мувофиқат намояд, мақсади дар пеши худ гузоштаи қонунгузор, ки дар қисми якуми моддаи 26 пешбинӣ шудааст, меъёри хусусияти декларативӣ мебошад. Тибқи банди 2 Низомнома дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон1 «захираи кадрҳои хизмати давлатӣ бо ду мақсад: таъмини болоравии мансаби хизматчиёни давлатӣ ва сари вақт ишғол намудани мансабҳои холии маъмурӣ ташкил карда мешавад.

Ҳамин тариқ, аниқ муайян намудани мақсади ташаккули захираи кадрҳо барои танзими ҳуқуқии ин институти идоракунии ҳайат аҳамияти аввалиндараҷаро пайдо мекунад. Дар ҳолате, ки мақсад муайян нест, дигар унсурҳои вобаста ба ташаккули захираи кадрҳоро, аз қабили принсипҳои ташаккули захира, ҳайати сифатие, ки ба захира дохил карда мешавад, механизми татбиқи захира, мўҳлате, ки захира бояд амалӣ карда шавад, танзими воқеии худро намеёбанд.

Дар ин раванд чизи муҳиме, ки бояд аз мадди назари субъекти меъёрэҷодкунанда дур набошад, ин ба таври возеҳ муайян намудани зарур будан ё зарур набудани захираи кадрҳо мебошад.

1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз14 январи

соли 2010 №756.

Дар вақти итминони комил пайдо кардан ба мавҷудияти захираи кадрҳо, мақсади он бояд бо назарошти талаботи ҷомеа ва мақомоти давлатӣ бо кадрҳои баландихтисос, соҳибмаърифат ва соҳибкасб, таҳлили вазъияти кадрӣ, раванди таъин ва аз мансабҳо озод шудани кадрҳо, мўҳлати наздиктарини (ниҳоӣ) ротатсияи кадрҳо, теъдоди мансабҳои роҳбарикунанда, мавқеи озмун дар пурра кардани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ва талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ аз ҷиҳати илмӣ асоснок пешниҳод карда шаванд.

Самаранок ба роҳ мондан, ташкил ва истифодаи институти захираи кадрҳо дар таъмини талаботи ҷомеа ва давлат нақши муҳим мебозад ва барои ҳадафҳои зерин мусоидат мекунад:

-сари вақт қаноатбахш гардонидани талаботи иловагии дастгоҳи давлатӣ ба кадрҳои хизмати давлатӣ;

-интихоби сифатнок ва тайёркунии мақсадноки номзадҳо барои пешбарӣ ба мансабҳои давлатӣ;

-маҳдуд намудани давраи одаткунии (адаптатсия) кадрҳое, ки нав ба мансабҳои баланди давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъин мегарданд;

-баланд бардоштани касбият ва беҳтар намудани ҳайати хизматчиёни давлатӣ;

-ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дар асоси тайёрии кофӣ, дастовардҳои хизматӣ ва сатҳи баланди касбӣ;

-фаъолияти мўътадили мақомоти давлатӣ ва дар маҷмўъ дастгоҳи давлатӣ.

 
ҚАРОРҲОИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қарори

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба дархости Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми чоруми моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2009 таҳти №122 ба қисми ҳафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе                                               8 декабри соли 2009

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судяҳои Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М. М., Каримов К. М. ва Назаров М., бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Одинаева Р.Р.,

тарафҳо:

а) М. Кабирӣ- Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шудааст;

б) Ватанов М.М.-намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Меҳмон Бахтӣ-намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Мирзоев Х.Б. намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ намояндагони тарафе, ки санади меъёрии ҳуқуқии қабул, ҷонибдорӣ ва имзонамудаи онҳо мавриди баҳс карор дода шудааст;

в) Додоҷонов Муҳибулло – Роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон- тарафе, ки санади қабул ва татбиқнамудаи он мавриди баҳс қарор дода шудааст

.Даъватшудагон:

Нуралиев Абдулҳамид – Муовини Прокурори генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодиров Тоҳир Қамарович – судяи Суди

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода Ҷонибек-Сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимов Мадиброҳим – Сардори Раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷлиси ошкорои Суди конститутсионӣ парвандаро аз рўи дархости Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми чоруми моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2009 таҳти №122 ба қисми ҳафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, маърўзаи муовини Раиси Суди конститутсионӣ Назаров М., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромадҳои иштирокчиёни мурофиаро шунида, маводи пешниҳодшуда ва дигар ҳуҷҷатҳоро таҳқиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон М. Кабирӣ бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, нишон медиҳад, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2009 ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Ҳимматзода бинобар ба истеъфо рафтанаш қатъ карда шуд. Ў ҳамчун Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо назардошти қарори Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди интихоботи 27 феврали соли 2005 ба ҳизби онҳо ду мандат ҷудо карда шуда буд, ба Комиссияи зикршуда муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки мандати вакили ба истеъфорафта ба номзади навбатии дар рўйхат баъд аз вакилони интихобгардида қарордошта дода шавад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номаи ҷавобии худ аз 28 апрели соли 2009 №141 бинобар сабаби камтар аз як сол мондани ваколати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани мандати вакилиро ба номзади дар рўйхат баъд аз интихобшудагон қарордошта номумкин шуморида, ба ў тавсия додааст, ки барои бартараф кардани гуногунфаҳмӣ ва тафсири моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мақоми санади меъёрии ҳуқуқиро қабулкарда, яъне ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ рўзи 21 майи соли 2009 муроҷиати ўро баррасӣ намуда, тибқи протоколи №63 қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ ҳисобидааст. Комиссия марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намуда, бо қарори худ аз 25 майи соли 2009 №122 бо назардошти қисми чоруми моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он «агар аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон камаш як сол пеш аз қатъи ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ваколаташ қатъ шуда бошад, интихоботи нави аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба ҷои вакили ваколаташ қатъгардида гузаронида намешавад» талаби ҳизбро дар хусуси додани мандати вакилӣ ба номзади навбатӣ рад намуда, ба Раиси ҳизб фаҳмондааст, ки ў ҳуқуқ дорад қарори Комиссияро ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шикояти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, бо ҳалномаи худ аз 1 июни соли 2009 қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 25 апрели соли 2009 №122 қонунӣ ҳисобида, шикояти ҳизбро рад кардааст.

Ба андешаи М. Кабирӣ, масъалаи пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ваколати вакилони дар натиҷаи тақсимоти мандатҳои вакилӣ дар байни ҳизбҳои сиёсӣ интихобгардида, инчунин додани мандати онҳо ба номзади баъд аз онҳо дар рўйхати дахлдори ҳизбҳо қарордошта дар қисми дуюми моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди танзим қарор дода шуда, муқаррароти қисми чоруми моддаи 57 Қонуни конститутсионии зикршуда на ба вакилони аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявии аз ҳисоби ҳизбҳои сиёсӣ интихобшуда, балки ба интихоби вакилоне дахл дорад, ки онҳо аз ҳавзаҳои якмандата интихоб карда шуданд. Бинобар ин, ў аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб менамояд, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз намуда, мутобиқати қисми чорум ва умуман моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2009 №122-ро ба қисмҳои якум ва ҳафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости пешниҳоднамудаи Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон М. Кабириро таҳлил намуда, қайд менамояд, ки тибқи Конститутсия дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё бавоситаи вакилони худ амалӣ менамояд ва ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот мебошад. Муқаррароти зикршудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаи 21 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар сарчашма мегирад, ки тибқи он:

«1.Ҳар як инсон ҳақ дорад, бевосита ё бавоситаи намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, дар идораи корҳои кишвари худ ширкат намоянд. 3. Иродаи халқ бояд асоси ҳокимияти ҳукумат бошад; ин ирода ба воситаи интихоботи давра ба давра ва бидуни сохтакорӣ, ки дар сурати мавҷудияти ҳаққи интихоботи умумӣ ва бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ё тавассути шаклҳои дигари овоздиҳии озодонаро таъмин менамоянд, ба амал бароварда мешавад.»

Бо назардошти талаботи санадҳои зикргардида, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки аз синни муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар райъпурсии умумихалқӣ иштирок ва шахсони арзандаи мамлакатро ба сифати намояндагони худ ба мақомоти дахлдори давлатӣ интихоб намоянд ва дар навбати худ онҳо низ ба мансабҳои дахлдори давлатӣ интихоб гардида, намояндагии қисмати дахлдор ва дар маҷмўъ тамоми халқи Тоҷикистонро ба амал бароранд.

Аз ин рў, гузаронидани интихоботи умумӣ, баробар, мустақим, бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ, шафоф, давра ба давра ва бидуни сохтакорӣ, ки аз талаботи ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд бармеоянд, аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳо ва дастовардҳои сиёсию ҳуқуқии инсоният ба шумор мераванд. Ин принсипҳо ва муқаррарот, ки заминаи асосии санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла низоми ҳуқуқии Тоҷикистонро дар масъалаи интихобот ташкил медиҳанд, дар Конститутсия ва як қатор қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 49 асосҳои ташкилию ҳуқуқии интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистонро эълон намуда, дар қисми ҳафтуми моддаи мазкур танзими ҳуқуқии шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоби онҳо, тартиби интихоб нашудан ва мувофиқ набудани ваколати аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро ба қонуни конститутсионӣ ҳавола кардааст.

Бо назардошти талаботи Конститутсия Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 №856 «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳои ташкилию ҳуқуқии интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, дар он принсипҳои асосии       гузаронидани интихобот, ташкили комиссияҳои интихобот, пешбарӣ, бақайдгирӣ ва кафолатҳои фаъолияти номзадҳо, ташкил ва тартиби овоздиҳӣ, инчунин ҷамъбасти натиҷаҳои интихоботро танзим менамояд. (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №12, мод. 296; 2004, №7, мод.451; соли 2007, №5, мод.352; соли 2008, №10, мод.797).

Ҳамин тариқ, интихоби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ин ифодаи иродаи халқи Тоҷикистон арзёбӣ гардида, он татбиқи бевоситаи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихобот ва тавассути намояндагони интихобнамудаи худ иштирок намудан дар корҳои идоракунии давлат ва ҷомеа мебошад.

Суди конститутсионӣ қисми чоруми моддаи 57 Қонуни конститутсионии зикршудаи боиси баҳси тарафҳо қарордодашударо, ки нагузаронидани интихоботи нави аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро ба ҷои аъзо ва вакилони ваколаташон бинобар сабаби аз як сол камтар мондани ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қатъгардидаро танзим менамояд, дар пайвастагӣ бо меъёрҳои дахлдори Конститутсия, матни пурраи моддаи 57, ки гузаронидани интихоботи нави аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро ба ивази аъзо ва вакилони хориҷшуда муайян мекунад, мавриди таҳлил қарор дода, қайд менамояд, ки он ба қисми якум ва қисми ҳафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Суди конститутсионӣ қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 25 майи соли 2009 №122 низ ҳаматарафа таҳлил намуда, қайд менамояд, ки тибқи талаботи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян намудани қонунӣ ва асоснокии он ба салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Аз ин рў, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи банди 9-и қисми дуюми моддаи 46 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияташ мансуб набудани баррасии масъалаи мазкур, нисбати қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи судии конститутсиониро қатъ менамояд. Суди конститутсионӣ, инчунин қайд менамояд, ки тибқи талаботи банди 3 қисми 4 моддаи 68 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 № 506 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар қироати дуюм қабул шудааст) соли 2009, №3, мод. 99) Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо қарори худ барои қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафсири расмӣ диҳад.

Аз ин рў, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар сурати ба ў муроҷиат намудани шахсон ва мақомоте, ки ҳуқуқи пешниҳод намуданро оид ба до дани тафсири Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда тафсири расмӣ дода, ба татбиқи дурусти санадҳои қабулнамудаи худ мусоидат намояд.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 32, 36, 37, 46-48, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

қ а р о р м е к у н а д:

1. Қисми чорум ва умуман моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қисмҳои якум ва ҳафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошанд.

2. Мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба муайян намудани мутобиқати Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2009 №122 ба қисми ҳафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб набуданаш қатъ карда шавад.

3. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш эътибор пайдо мекунад.

4. Қарори мазкур дар «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

М.Маҳмудов

Котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

К. Каримов

 

ТАЪИНОТҲОИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Т А Ъ И Н О Т И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Бобомуродова Ш. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати ҳалномаи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз 12 ноябри соли 2009 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Суди вилояти Хатлон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 215, 220, 221, 222 ва 321 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 1 феврали соли 2010

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судяҳои Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М., Каримов К.М. ва Назаров М., бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Одинаева Р., дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяҳои Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А. ва Абдуллоев Л.И.-ро оид ба дархости шаҳрванд Бобомуродова Ш. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати ҳалномаи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз 12 ноябри соли 2009 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Суди вилояти Хатлон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 215, 220, 221, 222 ва 321 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро шунида,

м у а й я н к а р д:

Бобомуродова Ш. ба Суди конститутсионӣ бо дархост муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки ў соли 1988 бо Назаров Абдусалом акди никоҳи мусулмонӣ баста, оила барпо намуд. Аз ҳаёти якҷояашон бо Назаров А. соҳиби 2 фарзанд мебошад. Дар вақтибарпо намудани оила на ў ва на шавҳараш хонаи истиқоматӣ надоштанд. Иҷоранишинӣ ва зистан дар хонаи падару бародаронаш ба онҳо душворӣ пеш овард. Бинобар ин, ў соли 1991 аз ҳисоби пасандозҳои ҷамъкардаи худ ва аз ҳисоби кўмакҳои ба ў расондаи падару бародаронаш дар маблағи 5 ҳазор рубли даврони шўравӣ дар деҳаи Маҳнатободи Ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ хонаи истиқоматӣ харида, дар он то имрўз зиндагӣ дорад.

Дар охири соли 2008 муносибати оилавии онҳо бад шуда, ба ҷудошавии онҳо оварда расонид. Дар асоси аризаи даъвогии Назаров А. Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо ҳалномаи худ аз 12 ноябри соли 2009 ўро аз хонаи истиқоматиаш бароварда, дар деҳаи Саноати Ҷамоати деҳоти Узун дар хонаи харидаи шавҳараш маскун намуд.

Аризаи ба муқобили аризаи даъвогии шавҳараш Назаров А. пешниҳодкардаи ўро Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ каноатбахш нагардонд.

Коллегия оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Суди вилояти Хатлон шикояти кассатсионии ўро аз болои ҳалномаи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ низ бе қаноат мононд.

Бобомуродова Ш. ҳалномаи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва таъиноти Коллегия оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Суди вилояти Хатлонро беасос ва ғайриқонунӣ ҳисобида, аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намуд, ки мутобиқати санадҳои зикршудаи судиро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 215, 220, 221, 222 ва 321 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва маводи пешниҳодшударо ҳаматарафа омўхта, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати он бо сабабҳои зерин рад намуд: Талаби дар дархости Бобомуродова Ш. пешниҳодшуда ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дахл надорад, зеро тибқи талаботи қисми 3 моддаи 14 ва банди 6 моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрвандон оид ба вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсиониашон вобаста ба қонун ва дигар санади татбиқшуда ё татбиқшаванда дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ, инчунин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар парвандаи мушаххаси аз тарафи суд нисбаташон татбиқшуда, ҳуқуқ доранд ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд.

Санҷиши асоснокию қонунии ҳалномаву таъинот ва дигар санадҳои судӣ ба салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Аз тарафи дигар шакл ва мазмуни дархости муроҷиаткунанда низ ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест.

Дар асоси ҳолатҳои нишондодашуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Бобомуродова Ш. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати ҳалномаи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз 12 ноябри соли 2009 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Суди вилояти Хатлон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 215, 220, 221, 222 ва 321 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл надоштанаш рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

М. Маҳмудов

Котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости намояндаи ваколатдори Ниёзов М.В.- адвокат Шукуров Х. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати ҳукми Суди ноҳияи И.Сомонӣ аз 25 ноябри соли 2008 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе аз 4 феврали соли 2009 ба моддаҳои 1, 5, 10, 14, 17, 84, 87 ва 93 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 1 феврали соли 2010

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М., Каримов К.М. ва Назаров М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Одинаева Р.,

дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяҳо Абдуллоев А.А. ва Абдуллоев Л.И.-ро оид ба дархости намояндаи ваколатдори Ниёзов М.В.- адвокат Шукуров Х. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати ҳукми Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз 25 ноябри соли 2008 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе аз 4 феврали соли 2009 ба моддаҳои 1, 5, 10, 14, 17, 84, 87 ва 93 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Намояндаи ваколатдори маҳкумшуда Ниёзов М.В.- адвокат Шукуров Х. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе бо ҳукми худ аз 25 ноябри соли 2008 Ниёзов М.-ро барои дуздидани молу мулки шахсии Каримов И. ба маблағи 7650 сомонӣ бо моддаҳои 244 қисми 3 банди «а», 250 қисми 3 банди «г» ва моддаи 339 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати 13 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум намуд.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе бо таъиноти худ аз 4 феврали соли 2009 ҳукми Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанберо бо моддаи 250 қисми 3 банди «г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода, мўҳлати ҷазоро аз ҷои 13 солу 6 моҳ то ба 10 сол кам намуда, қисми дигари шикояти касатсионии ўро дар хусуси бегуноҳии Ниёзов М.В беқаноат мононд.

Ба андешаи Шукуров Х. дар рафти тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ айби ба зерҳимояи ў Ниёзов М. бо моддаҳои 244 қисми 3 банди «а» ва 250 қисми 3 банди «г» эълоншуда тасдиқи худро наёфт, зеро кормандони милитсия бо роҳи фишору зўроварӣ ва расонидани чораҳои ҷисмонӣ айби сохтаро ба Ниёзов М. бор карданд. Бинобар ин, ў ҳукми Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз 25 ноябри соли 2008 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанберо аз 4 феврали соли 2009 беасос ва ғайриқонунӣ ҳисобида, аз Суди конститутсионӣ талаб намуд, ки мутобиқати онҳоро ба моддаҳои 1, 5, 10, 14, 17, 84, 87 ва 93 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, онҳоро ҳамчун санадҳои судии ба Конститутсия мухолиф аз эътибор соқит донад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва маводи пешниҳодшударо ҳаматарафа омўхта, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати он бо сабабҳои зерин рад намуд:

Талаби дар дархости адвокат Шукуров Х. пешниҳодшуда ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дахл надорад, зеро тибқи талаботи қисми 3 моддаи 14 ва банди 6 моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрвандон оид ба вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсиониашон вобаста ба қонун ва дигар санади татбиқшуда ё татбиқшаванда дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ, инчунин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар парвандаи мушаххаси аз тарафи суд нисбаташон татбиқшуда, ҳуқуқ доранд ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд.

Санҷиши асоснокию қонунии ҳалномаву таъинот ва дигар санадҳои судӣ ба салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.

Аз тарафи дигар шакл ва мазмуни дархости муроҷиаткунанда низ ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии ҶумҳурииТоҷикистон» мувофиқ нест.

Дар асоси ҳолатҳои нишондодашуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости намояндаи ваколатдори Ниёзов М.В.- адвокат Шукуров Х. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати ҳукми Суди ноҳияи И.Сомонӣ аз 25 ноябри соли 2008 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе аз 4 феврали соли 2009 ба моддаҳои 1, 5, 10, 14, 17, 84, 87 ва 93 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсио нии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл надоштанаш рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

М. Маҳмудов

Котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

К. Каримов

НАВИДҲОИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25 марти соли 2010 Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. Ҳамоҳангсози барномаҳо дар Осиёи Марказӣ-и Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути ҳуқуқ (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо) ҷаноби Сергей Кузнетсовро ба ҳузур пазируфт.

Зимни сўҳбат тарафҳо оид ба мавқеъ ва нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ, рушди минбаъдаи ин ниҳоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ, фаъолияти Комиссияи Венетсианӣ дар самти ҳамкориҳо бо мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои аъзо ва мушоҳидачӣ, нақшаҳои фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба конференсияи байналмиллалӣ бахшида ба 15-солагии таъсисёбии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ибрози андеша намуданд.

Тарафҳо вохўриро судманд арзёбӣ намуда, ҷонибдории худро оид ба вусъат додани ҳамкориҳо (миёни мақомоти худ) изҳор намуданд.

Дар вохўрӣ судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Абдуллоев ва К.Каримов ҳузур доштанд. 12 марти соли 2010 Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2008 №АП-467 ва ба муносибати Иди Наврўз ба 25 нафар тарбиягирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии шунавоиашон суст ва деркаршудаи шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рўдакӣ ба маблағи 2000 сомонӣ кўмаки хайрия дар шакли маводи хўрока ва сару либос расониданд.

Инчунин Суди конститутсионӣ оилаи камбизоати Ҷонмаҳмадов Ҷамшед ва Назарова З., ки дар суроғаи ш.Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кўчаи Деҳотӣ 21/3 ҳуҷраи 50 истиқомат карда, ҳарду инвалиди гурўҳи дуюм мебошанд ва дар тарбияашон кўдаки то яксола доранд, ба шефӣ гирифтааст.

18 феврали соли 2010 Хулосаи (резюме) Қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дархости Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми чоруми моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2009 таҳти №122 ба қисми 7 моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони англисӣ дар сомонаи интернетии (сайти) Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути ҳуқуқ (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо) http://www.venice.coe.int/asia/ ASIA_guidelines.htm ҷой дода шуд.

12 январи соли 2010 Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. Сафири фавқуллода ва мухтори Франсия дар Тоҷикистон ҷаноби Анри Зиппер де Фабианиро ба ҳузур пазируфт.

Зимни сўҳбат, тарафҳо оид ба мавқеъ ва нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва рушди минбаъдаи ин ниҳоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ибрози андеша намуданд.

Бо вазифа, салоҳият ва фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, Ҷаноби сафир дар бораи Шўрои конститутсионии Франсия, ки бештар аз ду аср фаъолият дорад, маълумоти муфассал дод. Мавсуф қайд намуд, ки чунин ниҳоде, ки ҳифзи Конститутсия ва таъмини волоияти онро ба ўҳдадорад, дар низоми давлатҳои демократӣ, аз ҷумла дар Франсия ҷойи махсусро ишғол менамояд ва онро «дили демократия» номид. Аз ин рў, мамлакаташ ба рушди назорати конститутсионӣ диққати ҷиддӣ медиҳад ва дар ин мақоми олӣ мутахассисони варзида ва донишманд фаъолият менамоянд. Тарафҳо вохўриро судманд арзёбӣ намуда, ҷонибдории худро оид ба вусъат додани ҳамкориҳо миёни мақомоти назорати конститутсионии ду давлат изҳор намуданд. Дар вохўрӣ Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Назаров ҳузур дошт.

8 декабри соли 2009 дар маҷлиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда аз рўи дархости Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми чоруми моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2009 таҳти №122 ба қисми

7 моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид. Дар кори он намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, ҳамчунин намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷи кистон, Суди Олӣ, Прокурори генералӣ ва Вазорати адлия иштирок намуданд. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро ҳаматарафа барасӣ намуда, қарор қард, ки қисми чоруми моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он «агар аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон камаш як сол пеш аз қатъи ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ваколаташ қатъ шуда бошад, интихоботи нави аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба ҷои вакили ваколаташ қатъгардида гузаронида намешавад» ва умуман моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қисмҳои якум ва ҳафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Суди конститутсионӣ Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 25 майи соли 2009 №122 низ ҳаматарафа таҳлил намуда, бинобар ба салоҳияти он мансуб набудани баррасии масъалаи мазкур, нисбати қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи судии конститутсиониро қатъ намуд.

26 ноябри соли 2009 Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М. А. намояндаи мушовири ЮНИСЕФ хонум Рейчел Харвейро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти сўҳбат тарафҳо оид ба рушди минбаъдаи қонунгузории оила дар Тоҷикистон, даровардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис додани судҳои оилавӣ, таҳкими муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ, аз қабили никоҳу талоқ ва нақши Суди конститутсионӣ дар ҳифзи оила ва ҳуқуқу озодиҳои модару кўдак ибрози назар намуданд.

Дар вохўрӣ Муовини Раиси Суди конститутсионӣ М. Назаров ва судя А. Абдуллоев ҳузур доштанд.

Аз 14 то 24 ноябри соли 2009 судяҳои Суди конститутсионӣ дар асоси Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкориҳои техникӣ аз 27 марти соли 2003, дар доираи Лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти ҳуқуқӣ ва судӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ», ҳамчунин тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба роҳ мондани такмили ихтисоси судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар, ки рўзи 13 сентябри соли 2009 зимни ба вазифаҳои судягӣ таъин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъкид ёфта буд, аз Ҷумҳурии Федеративии Германия сафари хизматӣ анҷом доданд.

Зимни сафар бо фаъолияти Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути ҳуқуқ, Идораи марказии Маркази техникии Олмон, Суди федералии конститутсионӣ, Суди федералии маъмурӣ ва Суди конститутсионии замини шаҳри Берлин шиносоӣ пайдо намуданд.

Дар мизҳои мудавваре, ки дар судҳои зикршуда бо иштироки судяҳои Суди Аврупо, коршиносони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, судяҳои Германия ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Қиргизистон баргузор гардиданд, аз ҷониби судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва дигар сохторҳои муҳими давлатдорӣ, аз қабили Суди конститутсионии дорои салоҳияти муосир мавриди муаррифӣ қарор гирифтанд.

Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо Котиби генералии Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути ҳуқуқ (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо) ҷаноби Джианни Букикио вохўрӣ анҷом доданд.

Дар ин сафар судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хамкорони онҳо судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Қиргизистон ҳамроҳӣ доштанд. 4 ноябри соли 2009 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии

Тоҷикистон бахшида ба 15-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифии нашрияи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Сомонаи интернетии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сафорату консулгариҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. А. Маҳмудов, ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки нашри Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷашни 15-солагии Конститутсияи мамлакат рост омад. Мундариҷаи он аз мақолаю маърўза ва баромадҳои Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақолаҳои судяҳои Суди конститутсионӣ, олимон, ҳуқуқшиносон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, санадҳои Суди конститутсионӣ ва инъикоси фаъолияти касбии он иборат мебошад. Он дар пешрафти маърифати ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон, такмили қонунияти конститутсионӣ ва рушди ҳокимияти судӣ нақши муҳим хоҳад бозид.

Баъдан, Директори Барномаҳои Шўъбаи ташкилоти байналмилалии Иниститути «Ҷомеаи Кушода»-и Тоҷикистон К. Обидов ва дигарон ҳозиринро ба маросими муаррифии нашрия ва сомонаи Суди конститутсионӣ табрик намуданд. Онҳо қайд намуданд, ки Ахбори Суди конститутсионӣ бори аввал нашр гардида, сомонаи Суди конститутсионӣ дар низоми мақомоти ҳокимияти судӣ нахустин мебошад ва он бояд дар боло рафтани обрўю нуфузиҳокимияти судӣ нақши арзанда бозад. Сипас Судя – котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов иштирокчиёни муаррифиро бо сохтор ва таркиби Сомонаи интернетии Суди конститутсионӣ шинос намуд.

Мундариҷа

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон 5-уми ноябри соли 2009……………………………. 5

Сотиволдиев Р.Ш. Тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо мафҳумҳои илмии он…………………………………22

Каримов К.М. Мафҳум, моҳият, функсия ва мақсади ташаккули захираи кадрҳо дар хизмати давлатӣ………………………………..32

Қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) Оид ба дархости Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми чоруми моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2009 таҳти №122 ба қисми ҳафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 декабри соли 2009………………………………….46

Таъинотҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Бобомуродова Ш. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати ҳалномаи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз 12 ноябри соли 2009 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Суди вилояти Хатлон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 215, 220, 221, 222 ва 321 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 феврали соли 2010……………………………………………………………………………………………………….54

2) Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости намояндаи ваколатдори Ниёзов М.В.- адвокат Шукуров Х. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати ҳукмиСуди ноҳияи И.Сомонӣ аз 25 ноябри соли 2008 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе аз 4 феврали соли 2009 ба моддаҳои 1, 5, 10, 14, 17, 84, 87 ва 93 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1 феврали соли 2010………………………………………………..57

Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон…………………….61

Yandex.Metrica