Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 2) 2013

Нашрияи мазкур бо дастгирии Барномаи «Мусоидат
ба давлатдории ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и GIZ (Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилаллӣ)
нашр шудааст.

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(№2) 2013

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ

дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни)
Ҷумҳурии Тоҷикистон)

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷаллаи илмию иттилоотӣ

Сармуҳаррир:

Маҳмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академики Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Ҳайати таҳририя:

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сотиволдиев Р. Ш. Раиси Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Искандаров З.Ҳ. Узви Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДМТ

© Нашрияи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2013.

Каримов К.М.
Судя-котиби Суди конститутсионии
Ҷумҳҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ

ӣ

ВАҲДАТИ МИЛЛЇ ДАР ҚАРИНАИ
МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ ВА
ТАРТИБОТИ ҶАҲОНИИ МУОСИР

1. Муносибатҳои байналмилалӣ ва тартиботи ҷаҳонии пасошўравӣ

Хотимаи асри XX дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун давраи таҳаввулоти бузурги геополитикаи ҷаҳонӣ унвон гирифтааст, ки ин таҳаввулот новобаста аз муносибат ва баҳои мутахассисону коршиносони масоили соҳаҳои гуногуни илмҳои гуманитарӣ тавонист ба раванди таърих, муносибати байналмилалӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ, андеша ва афкори сиёсию фалсафӣ, иҷтимоию фарҳангӣ тағйироти куллие ворид намояд.

Аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ ва низоми сотсиалистӣ ҳамчун як қутби муайянкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ бояд ба раванди минбаъдаи сиёсати ҷаҳонӣ, ки он тартиботи ҷаҳонии дар шаҳри Ялта (1945) муайянгардидаи низоми Вестфалӣ ба ҳисоб меравад, дигаргунӣ ворид намуда, ба муътадил гардидани сиёсати ҷаҳонӣ оварда мерасонид.

Аммо вазъ ба ин ҳол сурат нагирифт. Дар ин раванд ва таҳаввулот демократияи ғарб худро ғолиб ва бе рақиби тавонои геополитикӣ эҳсос намуда, дар майдони тартиботи ҷаҳонӣ худро яккатоз дарёфт. Иштиҳои геополитикии он тамоми минтақаҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, махсусан дорои захираҳои бойи сузишворӣ (нафту газ) ва дигар манбаи ашъёи хомро фаро гирифт, ки минтақаи Осиёи Миёна низ аз ин раванд дар канор монда натавонист.

Бо мақсади ноил шудан ба ҳадафаҳои нопоки худ, Ғарб дар муносибатҳои байналмилӣ ва байнидавлатӣ «фалокатҳои гуманитарӣ», «инқилобҳои ранга», «хифзи ҳуқуқи инсон», «баҳори арабӣ» ва ғ. ворид намуд, ки дар онҳо нишоне аз принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз қабили: эҳтироми интихоби сиёсии давлату халқҳои гуногун, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ ва бо роҳи осоишта ҳал намудани муноқишаи байнидавлатию дохилӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дида намешавад.

Инсоният шоҳиди ҳодисаҳои бесобиқаи дахолат ба корҳои дохилии давлатҳои алоҳида, аз байн бурдани низому суботи сиёсӣ, ба инобат нагирифтани иродаи аксарияти кулли халқҳо дар Сербия, Ироқ, Судон, Тунис, Яман, Ливия ва Сурия гардид.

Дар шароите, ки захираҳои табиӣ (манбаҳои сузишворӣ, пирях­ҳо, обҳои нўшокӣ, маҳсулоти хўрока ва ғ.) боз ҳам кам гардида, ҳодисаҳои гуногуни фоҷиабори экологӣ ба инсоният зарари зиёди молию ҷонӣ ба бор меоранд, дар муқобили ин аҳолии курраи замин сол то сол зиёд шуда, талаботи он ба маҳсулоти ниёзи аввалиндараҷа боло меравад, дахолат ба корҳои дохилии давлатҳо боз ҳам авҷ гирифта, ягон давлати хурду миёна аз чунин мудохила кафолати эмин буданро надорад. Зеро дахолат бо асосҳои зикр­гардида қатъӣ ба амсоли (преседенти) байналмилалӣ табдил ёфта, дар таҷрибаи давлатҳои ба истилоҳ демократияро ҳифзкунанда «самараноки»-и худро ҳамчун воситаи муҳими расидан ба мақсаду ҳадафҳои геополитикии онҳо исбот намуд.

Ҳодисаҳои фоҷиабори дар мамлактҳои дар боло зикршуда, ба хусус солҳои охир ба «баҳори арабӣ» гирифторгардида, нишон меди-ҳанд, ки мақсад ва ҳадафҳои таҳиягарони ин ҷангҳо ва муноқишаҳои дохилӣ на ҳифзи манфиатҳои миллии давлатҳо ва халқҳои алоҳида, балки саркўб намудани давлатҳои сиёсати мустақилонаи давлатдориро пешгирифта, ба амал баровардани манфиатҳои геополитикии худ ва тайёр намудани мавқеъ барои дар оянда бо чунин роҳ дахолат кардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо мебошад.

Дар рафти ин ҷангҳо нақши «муборизаи шадиди иттилоотӣ», яъне тавассути барғалат, нодуруст ва яктарафа маънидод намудани ҳодисаҳо, сафедро сиёҳ ва сиёҳро сафед нишон додан, шўронидани аҳолии аз маърифати сиёсӣ, ҳисси ватану ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ дур, зери фиребу найранги хоҷагони хориҷии худ афтида хело калон ҳаст.

Чизи муҳиме, ки таҳиягарони ин муноқишаҳо ба он аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд ва барои онҳо ҳамчун равған ба балои оташ зарур аст, ин аз байн бурдани ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳо мебошад, ки дар аксар мавридҳо онҳо ба ин нияти нопоки худ муваффақ мегарданд.

Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон низ аз доираи сиёсати байналмилалии пасошўравӣ худро дар канор гирифта натавониста, гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид, ки он барои давлату миллати мо оқибатҳои вазнини фоҷиабор ба бор овард.

2. Сабабҳо ва омилҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои ба ҷанги шаҳрвандӣ мубтало кардани мамлакат, як қатор омилҳои сиёсиву иҷтимоӣ мавҷуд буданд, ки онҳо барои оғоз гардидан ва шиддат гирифтани муноқишаи дохили давлатӣ бевосита мусоидат намуданд.

Аввалан, на ҳама ҳизбҳои сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмону ҳаракатҳои зиёди таъсисгаштаи мардумӣ тавонистанд ба моҳияти истиқлолияти давлатӣ дуруст сарфаҳм раванд. Набудани таҷриба ва фарҳанги одидатарини муборизаи ҳизбиву сиёсӣ, нафаҳмидан ва баҳо дода натавонистан ба вазъияти ҷории баамаломада, ҳизбҳои сиёсии дар заминаи (платформаи) демократӣ бударо амалан аз омма ва тарафдорони онҳо дур намуд. Онҳо оммаро ба ҷойи ба корҳои давлату давлатсозӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ эълондоштаи Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиикистон сафарбар намудан, ба майдонҳо ва мухолифати байни ҳамдигарӣ тела дода, ба фазои нобоварии байни ҳамдигарӣ замина гузоштанд.

Онҳо дарк накарданд, ки ҷамъ омадан дар майдон ё ки майдонин тамоми мардуми Тоҷикистон нест ва як майдон метавонад боиси ҷамъ омадани чандин майдонҳои дигар гардад, барои давлату миллат оқибати ногувор, ҳатто ҷангу муноқишаи дохилиро ба миён оварад.

Баъдан, набудан ё ташаккул наёфтани элитаи сиёсии миллӣ, ки манфиатҳои миллӣ ё манфиатҳои қисмати зиёди мардуми Тоҷи­кистонро фаро гирифта тавонад ё сохтори ҳокимияти давлатиро ташкил дода, барои тадбиқи масъала ва вазифаҳои марҳилаи аввали истиқлолият сафарбар намояд, ба саросар итоат накардан ба ҳокимият, бе ҳокимиятӣ, анархия ва вусъат гирифтани ҷанги шаҳр­вандӣ мусоидат намуд.

Ҳокимияти давлатӣ амалан фалаҷ гардида, нақш ва нуфузи гуруҳ- ҳои силоҳбадаст афзуд.

Дар ин замина, як қатор созмонҳои мардумии ба маҳалҳо асос­ёфта натавонистанд ба сулҳу ваҳдат мусоидат намуда, садди роҳи муноқишаи дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ гарданд ва чуноне ки Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Созмонҳои гуногуни маҳаллӣ бо номи «Лаъли Бадахшон», «Ҳамдилон», «Меҳри Хатлон», «Ҳисори Шодмон», «Истаравшан», «Зарафшон» ва ғайра арзи вуҷуд карданд, ки сарфи назар аз ниятҳои худ ба якпорчагии Ватани азизамон мусоидат намекарданд.»[1]

Ҳамин тариқ, гуногунандешии ба Тоҷикистон чун дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ тавассути сиёсати бозсозӣ ва баъдан пошхурии давлати абарқудрати зикршуда охирҳои солҳои ҳаштодум ва аввалҳои солҳои навадуми асри ХХ воридгардида, ки аз аввал ба масъалаҳои фарҳангию ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона шуда буданд, дар солҳои аввали истиқлолият хусусияти соф сиёсӣ, динию мазҳабӣ ва моҷароҷўӣ касб намуда, мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд, ки оқибати он ҳанўз ҳам аз хотираи халқи мо фаромўш нагардидааст.

Дар муқовимати сиёсию ҳарбӣ дар мамлакат рушди инкишофи нобаробари минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, сатҳи пасти маърифати сиёсию фарҳангӣ, худшиносиву худогоҳӣ бе таъсир нест.Ҳамчунин нақши қувваҳои иртиҷоии беруна ва қувваҳои сеюм низ дар барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон кам нест, ки ин масъала пажўҳиши алоҳидаро тақозо дорад.

Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ низ, аз ҷониби душманони миллатамон як қатор кўшишҳои ноором намудани авзои сиёсиву иҷтимоӣ содир гардиданд, ки онҳо барои кишвари ноором нишон додани давлатамон равона гардида буданд. Аммо ниятҳои нопок ва тири нохалафи онҳо дар вилоятҳои Хатлону Суғд, минтақаҳои атрофи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Тавилдараву Рашт ва шаҳри Хоруғ хок хурдааст.

Аз ҷанги хонумонсўзи шаҳрвандӣ ва муноқишаи дохилидавлатӣ мо бояд сабақи таърихӣ ва хулосаи зарурӣ бароварда тавонем, то ки минбаъд ватани азизамонро ба чунин гирдоби фалокат накашем. Ба тақдири давлату миллат, ватану ватандорӣ бетафовут набошем. Масъулияти таърихии худро дар назди наслҳои гузаштаву оянда ба ҷо биёрем ва ба фарзандон худ давлати ободу зеборо ба мерос гузорем.

3. Оқибати ҷанги шаҳрвандӣ

Имрўзҳо, ки мо дар рў ба рўи ҷашнгирии рўзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, ба солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ назар карда, ба андешаи он меравем, ки чаро мо чун дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба ҷойи баромадан ба шоҳроҳи бузурги дигаргуниҳои азими даврони аввали соҳибистиқлолӣ даст ба гиребони ҳам гирифта, ба ҷанги шаҳрвандӣ даст задем.

Ба истиқлолияти миллӣ, ки онро фарзандони барўманди халқамон тайи ҳазорсолаҳо ба даст оварданашро орзў доштанд, беэътиноӣ кардем. Шукри бе ҷангу муборизаи хунин ба даст омадани онро накардем, аз аспи ҷаҳолат фурў наомадем ва ба хотири мансабу курсӣ дар як муддати кутоҳтарин хуни зиёда аз 150 ҳазор ҳамватани худро рехтем, 55 ҳазор кудакро бе падар, 25 ҳазор занону модаронро бесаробон мондем, 1 миллион ҳамватанони худро ба гуреза табдил додем. Ба иқтисодиёти ба дастгириву азнавкунӣ ниёздоштаи мамлакат ба маблағи зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарар расонидем.

Аз ҳама хафнокаш ояндаи давлату миллат ва якпорчагии мам- лакатро зери хавху хатари ҷиддӣ гузоштем, ки ислоҳи он барои давлату миллати мо бениҳоят гарон афтод ва чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба рўзи 27 июни соли 1997 қайд намуданд…«насли ҳозираи миллати тоҷик ҳарчанд авввал пешпо хўрд, имрўз пирўз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар майнаи халқи мо ҷо гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркуб созад… Ақли солим ва хиради дурбин пирўз шуд…»[2].

4. Дарси сабақомўзи ҷанги шаҳрвандӣ

Санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи навини кишвари соҳибис- тиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Рўзи Ваҳдати миллӣ» сабт гардид. Дар ин рўз миёни ҳокимияти конститутсионии мамлакат ва иттиҳодияи мухолифини тоҷик Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, аз тариқи сиёсиву ҳуқуқӣ ба ҷанги шаҳрвандии зиёда аз 6 сол дар мамлакат тўлкашида хотима бахшида шуд.

Бо ба имзо расидани ин санади таърихӣ, дар дили ҳазорон фарзандони баномуси халқи тоҷик, ки тақдири ояндаи миллат ба онҳо бе тафовут набуд, шуълаи умед ва боварӣ ба ояндаи неки ватан ва давлати соҳибистиқлол аз нав боло гирифт.

Халқи тоҷик бори дигар, ба ақлу заковати азалии фарзандони барўманди миллати худ, ки аз давраи иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварии онро роҳбари ҷасуру далер ва ватандўсту ватанпараст Эмомалӣ Раҳмон ба ўҳда дошт, итминони комил ҳосил намуд.

Ваъдаи дар Иҷлосияи XVI додаи сарвари давлат, ки «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру дўсту бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчӣ аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард», дар натиҷаи бехобию талошҳои шабонарўзии ў ва ҳаммаслаконаш ҷомаи амал пўшид.

Ў дар қалби мардум ҳамчун сарвари сулҳовар ва сулҳофар роҳ ёфт. Боварии мардум нисбат ба ў афзун гардида, онҳо ба хотири ояндаи миллат дар атрофи ў сарҷам ва муттаҳид гардиданд.

Вақти аз замони ба имзо расидани Созишнома гузашта, ки он қадар давраи тулонӣ нест, собит намуд, ки сулҳу ваҳдат дар ченаки вазъ ва суботи сиёсию ичтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷомеа ва давлат дар сари хат қарор дошта, он асоси пешравӣ, фаъ­олияти созандаву бунёдкорона, эҷодкорӣ, навъоварӣ, нишон додани симои миллату чеҳраи миллӣ ва боло рафтани обрўю эътибори байналмилалии давлат мебошад.

Алалхусус ҳодисаҳои номатлуби дар баъзе аз кишварҳои олам ба амал омада баръало нишон дода истоданд, ки асоси аз байн бурдани суботи сиёсию иҷтимоӣ, дахолат ба низоми сиёсиву давлатдорӣ ва ба гирдоби фалокҳои фоҷиабори миллӣ кашидани давлату миллатҳои алоҳида – ин пеш аз ҳама ҷудоӣ андохтан дар миёни мардум ва вайрон намудани ваҳдату ягонагии халқҳо мебошад.

Ба сулҳу ваҳдат расидани тарафҳои даргир дар Тоҷикистон дар таърихи давлатдориамон аҳамияти беназирро касб намуд. Он нишонаи ақлу заковат ва хиради азалии мардуми тоҷик аст, ки дар лаҳзаҳои ҳасостарини давлатдории худ хавфу хатари аз миён рафтани давлати миллии худро дарк намуда, проблемаро аз муқовимати ҳарбию мусаллаҳона бо роҳи гуфтушунид ва музокирот ворид намуданд.

Чунончи, аз моҳи феврали соли 1994 то рўзи ба имзо расонидани Созишнома баргузор гардидани 8 музокироти сулҳи тоҷикон ва аз 17-19 майи соли 1995 (Кобул) то 16-18 майи соли 1997 (Бишкек) шаш мулоқоти хосаи роҳбари давлат бо роҳбари мухолифини тоҷик шаҳодати гуфтаҳои болоанд.

Роҳи ҳалли ҳарбӣ надоштани мухолифат ва муноқишаи дохили давлатӣ, ба гирдоби фалокат дучор намудани давлат, зери таъсири бегонагон афтодан ва аз даст додани давлатро сари вақт ҳис карда, бо душвориҳои мавҷуда нигоҳ накарда, ба зербинои сулҳу ваҳдат заминаи воқеиро гузоштанд.

Ба ин тарафи хислати миллии халқи тоҷик эътибор дода, Эмо­малӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҷашни 13-умин солгарди Рўзи Ваҳдати Миллӣ қайд намуданд, ки: «Рисолати сулҳпарварии миллати тоҷик дар пурихтилофтарин давраҳои таърих ва бархурди тамаддунҳои гуногун низ ҳамеша ба суботу оромии кишвар равона гардида буд. Миллати мо тавассути фарҳанги таҳаммулгарову башардўстонаи хеш борҳо давлату ҷомеаи тоҷиконро аз гирдоби марговари бозиҳои сиёсӣ наҷот додааст. Мардуми тоҷик дар таърихи тўлонии худ давраҳои бисёр сахту сангинро сипарӣ намуда, бо фарҳанги воло, хиради азалӣ ва тадбиру таҳаммул аз ҳама гуна бўҳронҳои иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ ёфтааст.»[3]

Баъдан, ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дастоварди бурзург маҳсуб ёбад ҳам, ҳифз, мустаҳкам ва таҳкими сулҳу ваҳдат дар мамлакат, ба миён овардани фазои боварӣ ба иҷрои муқаррароти Созишномаи ба имзорасида низ аз муҳимтарин масъалаҳои сулҳу ваҳдати тоҷикон ба шумор мераванд.

Таъсис додани Комиссияи оштии миллӣ, ки он дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифин дар Хусдеҳ (Авғонистон) 10-11 декабри соли 1996 мувофиқа гардида, Низомномаи он 20-21 феврали соли 1997 дар мулоқоти навбатии онҳо дар Машҳад (Эрон) ба имзо расида буд, баргардонидани гурезагон ба ватан, халъи силоҳи дастаҳои мусаллаҳи мухолифин, пайвастани онҳо ба қувваҳои мусаллаҳи ҳукумат, қабули ду Қонуни авф соли 1997 ва соли 1999, ворид намудани 30 фоизи мухолифин ба ҳайати ҳукумат ва 26 сентябри соли 1999 гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат аз зумраи чорабиниҳое буданд, ки барои сулҳу ваҳдати минбаъда дар мамлакат нақши ҳалкунанда бозидаанд.

Ваҳдат ҳамчун раванди сиёсию фалсафӣ паҳлуҳои гуногуни иҷтимоӣ дошта, маҳдуд намудани мазмуну муҳтаво ва танҳо дар вобастагӣ ба рўзи 27 июн-рўзи ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ- маънидод намудани он то андозае ба кушодани паҳлўҳои гунонуни ин раванд монеа эҷод менамояд. Оид ба мафҳуми «ваҳдати миллӣ» андешаи ягона нест, аммо ваҳдат бояд ҳолат, раванд, самти инкишоф, ғояи миллӣ ва муттаҳидкунанда, арзиши тағйирнопазири вобаста ба давраҳо ва шароити таърихи ҳар ҷомеа ва давлат бо мазмуну мундариҷаи нав рушдкунанда, ягонагии халқу миллат ва субъектону иштирокчиёни муносибатҳои сиёсӣ дар фаҳмиши ватану ватандорӣ, давлату давлатдорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ арзёбӣ гардад.

Аз он рўзи таърихии ба имзо расидани Созишнома аллакай 16 сол сипарӣ мешавад . Ин сана ҳамасола бо гузашти вақт барои ҳар яки мо бо мазмуну мундариҷаи нав рўи кор меояд, арзишу қимати он рўйдод рўз то рўз боло меравад, моро ба ватансозиву ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ далолат менамояд. Меҳру садоқат ва вафодории моро нисбати ҳаммиллатони худ новобаста аз манзилу макони онҳо меафзояд. Моро ҳамеша ба ҳушёрии сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят менамояд.

Худо кунад, ки сулҳу ваҳдати мо ҷовидонӣ бошад, зеро он рўи сурху зебои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ҳаст. Он ваҳдати дар ҳамон шабу рўзҳо барои миллати мо чун боду ҳаво зарур, фикру андешаи душманони миллати моро ботил баровард. Санги маломат ва ҷаҳолат аз бағали онҳо афтид. Садои нағмаву сурури онҳо хомўш гардид. Умеди онҳо дар хусуси дуру дароз идома ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ, ба нестӣ расидани давлати тоҷикон ва баъдан ба қисматҳо ҷудо шудани он барбод рафт.

Таҷрибаи сулҳофарӣ ва ваҳдати тоҷикон дар таърихи ҷангҳо ва муноқишаҳои дохилидавлатӣ ва пешгирӣ кардани онҳо беназир арзёбӣ гардида, он моро водор месозад, ки ба гузаштаи дуру наздики худ аз нуқтаи назари танқидӣ ва андешаи миллӣ назар андозем, ба ваҳдат ҳамчун сарчашмаи безаволи давлатдорию ватандорӣ муносибат намоем, онро бо дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ғанӣ гардонем ва ба фарзандони худ давлати мустаҳками побарҷо ва ба ваҳдат асосёфта мерос гузорем.


[1] Бунёди давлатдории навин. Зери таҳрири Убайдуллоев Маҳмадсаид Москва: Радуница 2002. саҳ. 69

[2]

Эмомалӣ Раҳмон. Ваҳдати миллӣ ҷовидон бод. Суханронии Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 13-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ. 27 июни соли 2010. Ҷумҳурият. 1 июни соли 2010 №81-82

[3] Ниг. Шарипов Т.Ш. Фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистони соҳибистиқлол. Ахбори Суди констиутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон. 2012 № саҳ.19..

Шарифов Р.,

Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ

МАСЪАЛАИ ҲИФЗ ВА ТАЪМИНИ ВАҲДАТИ МИЛЛЇ ДАР ШАРОИТИ ГУНОГУНАНДЕШИИ СИСЁСЇ

Сулҳи Тоҷикистон ба фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон вобастагии қавӣ дорад.

Махсусан бояд таъкид намуд, ки муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ аст. Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, рўҳи ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматию ҳаракатҳои мардумӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла, гурўҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Сарвари давлат аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои асосӣ мусоидат намуданд. Кўшишҳои пайвастаи Сарвари давлат, ҳамчунин заковати мардуми баномусу бофарҳангамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муро­ҷиатномаи худ ба муносибати имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихии ин ҳодисаи фараҳбахшро барои сарнавишти миллати тоҷик ва ҳамаи тоҷикистониён таъкид намуда, аз ҷумла овардаанд: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои мо барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рўзи саид ҷомаи амал пўшид. Ман имрўз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик ҳарчанд аввал пешпо хўрд, имрўз пирўз аст. Зеро ин идеал тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар майнаи халқи мо ҷо гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркўб созад… Ақли солим ва хиради дурбин пирўз шуд.

Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва дар натиҷаи кўшишҳои мунтазами Ҳукумат дар кишвар фазои сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ барқарор шуд. Маҳз аз баракати сулҳу оштии миллӣ мо тавонистем ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Ватанамонро таъмин намуда, чорабиниҳои бузурги умумимиллии худро гузаронем».

Таҷриба ва амалияи ба даст овардани сулҳи миёни тоҷикон натанхо аҳамияти миллӣ, балки аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Зеро амсоли хуби ҳаллу фасли низоъҳои миллӣ ва дохилидавлатии минтақаҳои гуногун шуда метавонад. «Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулх, ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани кариб як миллион гурезаҳо ва ташкили хамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун навъи нодири сулҳофарӣ эътироф гардид». Омўзиши ҳамаҷонибаи ин таҷриба имконият медиҳад, ки пеши роҳи cap задани чунин моҳароҳо гирифта шавад ва дар сурати ба вуқўъ омадани ҳар гуна муноқишахо роҳи ҳалли онхо ҳарчи зудтар пайдо карда шаванд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки дар ҳалли чунин низоъҳо дигар омилҳо низ таъсири худро доранд. Аз ҷумла нақши Шўрои ҷамъиятии Тоҷикистон, дигар сохторҳои сиёсию ҷамъиятӣ, ки дар ин Шўро ба амал омаданд, дар роҳи муттаҳид намудани кувваҳои солими ҷомеа назаррас мебошад. Таъсири Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, ки 9 марти соли 1996 аз ҷониби 30 ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва дар заминаи он Шўрои ҷамъиятии Тоҷикистон таъсис ёфт, дар пешрафти музокирот ва сулҳи тоҷикон саҳми бузург бозид.

Ҳадафи асосии Аҳднома ва таъсиси Шўрои ҷамъиятӣ дастёб шудан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки хушбахтона халқи тоҷик ба ин мақсади олии хеш ноил шуд. Ҳамон тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 марти соли 2002 қайд карданд: «Мо хизматҳои арзандаи иштирокчиёни Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон – аъзои Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар комёб шудан ба сулҳу ризоияти миллӣ фаромўш намекунем. Тавсияву пешниҳодҳо ва муроҷиатномаҳои мушаххаси онҳо барои ба ҷараёни мақсаднок равона кардани музокироти миёни тоҷикон мусоидат намуданд».

Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз низ нерўи бузурги сиёсие мебошад, ки дар худ тамоми ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла, ҳизбҳо ва ҳаракатҳои собиқ мухолифин, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, эҷодӣ, касбӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии бонуфузи мамлакат­ро муттаҳид сохтааст. Ин қудрати бузург ва умедбахшест баҳри ноил гаштан ба мақсадҳои олӣ – таъмини сулҳу ваҳдат, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон. Бо дарназардошти ин, аз ҷониби аъзои Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдиди бемуҳлати Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ба имзо расид.

Фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ғайридавлатӣ, рўзнома, маҷалла, телевизион ва радиои ғайридавлатӣ ва агентии иттилоотӣ нишонаи равшани риояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, гуногунандешии сиёсӣ, фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори умум баёнгари сулҳу ваҳдати миллӣ мебошанд.

Роҳи ҳалли масъалаҳои дар Созишнома ифодаёфта сулҳи бебозгаштро дар ҷумҳурӣ таъмин намуд. Mo, имрўз ифтихор аз он дорем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардид. Таърихи тамаддун ёд надорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин муҳлати кўтоҳ қатъ шуда бошад. Дар шароити кунунии кишварамон бояд ҳар як фарди бонангу номус Ватан, давлат ва миллати худро аз ҳама боло гузошта, барои рушду ободии Тоҷикистони азиз сайъу талош намояд, то наслҳои оянда бо кору номи неки имрўзиён ифтихор намоянд. Ватан дар баробари модар муқаддас буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад.

Раҷабов М.Н.
мудири кафедраи ҳуқуқи байналхалқии

факултети ҳуқуқшиносии ДМТ,

номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛЇ ДАР ТАҲКИМИ МАҚОМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Барои давлатҳои миллӣ – ваҳдати миллӣ омили асосии нигаҳ­дошти онҳо ҳисоб мешавад ва агар кишвар ба ин арзиш эҳтиром нагузорад, шикасти он ногузир аст. Бо чунин дарк Ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун омили созандаю таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ эътироф шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатӣ ба даст оварда, дар соли 1992 гирифтори ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гашт, ки танҳо зиёни моддии он беш аз 7 млрд доллари америкоӣ баҳогузорӣ шудааст. теъдоди зиёди фарзандони ин сарзамин ба ҳалокат расида, беному нишон гаштанд. Иқтисодиёти давлат фалаҷ ва миллат парешон гашт, ки яке аз сабабҳои асосии он набудани ваҳдати миллӣ миёни мардуми ин сарзамин мебошад. буд Бояд зикр кард, ки ҳукумати ҳамонвақта ин равандро дарк накард ё дар роҳандозии он мусоидат накард, ки аз «маҳалгароӣ» дар ҷомеа гуруҳҳои аҷнабӣ моҳирона истифода намуда, миллати тамаддунофари тоҷикро ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор намуданд. Дар ибтидои истиқлолият эътирофу пазироии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии минтақавию ҷаҳонӣ вобастагӣ дошт, зеро бе хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ арзёбӣ намудан аз имкон берун буд. Аз ин нигоҳ, собиқ Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршо Искандаров дар яке аз мусоҳибааш қайд мекунад, ки «иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба хотири ёфтани роҳи ҳалли сулҳ ва хатми ҷанг доир шуд ва ҳеҷ кишвар ба сурати мустақим барои баргузории ин иҷлосия моро водор накарда буд».[1]

Аз ин нигоҳ, дар давраи басо душвори давлат, Иҷлосияи шонз­даҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон танҳо бо мақсади таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ баргузор гардид ва ҳукумати нави Тоҷикистонро рўи кор овард, ки иқдомҳои аввалини он сарҷамъии миллат, таъмини сулҳ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ буд.

Ҳукумати нави кишвар вазифаҳои муҳиму таърихии хешро бо масъулият ба душ гирифт ва то ба сулҳ ва ба ваҳдати миллӣ расидан як қатор иқдомҳоро анҷом дод, ки ба барқарор гардидани аркони давлатдории миллӣ ва раҳоӣ бахшидани мардум аз гуруснагӣ мусоидат карданд. Ин иқдомҳо дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995, №342 «Дар бораи ҷудо кардани 50 хазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон» ифода меёбанд.

Баъдан, Ҳукумати нави кишвар бо мухолифин ба гуфтушунид оғоз кард, ки он 9 давраро фаро гирифт. Санадҳое, ки дар ин раванд қабул шудаанд ду ҳолатро – ташаккул ва татбиқи сулҳро ифода менамуданд.

Давлати Тоҷикистон чунин гузашт ва авфҳоро то ва баъди расидан ба сулҳ ва ризояти миллӣ анҷом додааст, ки чунин иқдому тадбирҳо дар таърихи давлатдории ягон кишвари сайёра дида намешавад. Сарвари Ҷумҳурии Доғистон Рамазон Абдулатипов дуруст қайд кардааст, ки «дар таҷрибаи ҷаҳон дар сохторҳои давлатӣ ба мухолифин 30% ҷойҳоро пешниҳод намудан умуман дида намешавад. Ин гўвоҳи ҷавонмардӣ ва хирадмандии сарвари давлат аст».[2]

Воқеан, талошу ҷоннисориҳо ва иродаи созандагии сарвари давлату мухолифин ва халқи тоҷик буд, ки сарзамини тоҷикон аз майдони муқовиматҳои сиёсию ҳарбӣ берун шуд ва имрўз «халқи тоҷик … дар фазои неъмати бузурги суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа кору зиндагӣ дорад».[3]

Дар таҷрибаи таърихӣ низоъҳои дохилӣ асосан бо чор модули созиши миллӣ, ки аз ҷиҳати мазмун ва мақсад фарқ мекунад, ҳалли хешро меёбанд:

Таъмини ғалабаи сохти нав (Кампучия, соли 1988);

Созиши миллӣ ба мақсади нигаҳдории тартиботи мавҷудаи ҳукмрон (Никарагуа, ба фоидаи мухолифин анҷом ёфт);

Ба мақсади нигоҳ доштани тартиботи кишварҳои ҳамсоя ё тамоми минтақа;

Ба мақсади аз мамлакат берун кардани қувваҳои ҳарбии киш­варҳои хориҷӣ.[4]

Вале сулҳи тоҷикон ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ифодагар ё таранумкунандаи ғалабаи ҷузъ набуда, балки ифодаи ғалаби кул, бо ҳам омадани миллат, оғози бедорию худшиносии миллӣ, таҳкими истиқлолияту дарки масъулият муаррифӣ мегардад ва чун санаи таърихию фаробахш дар таърихи давлатдории навини тоҷикон сабт шудааст.

Воқеан 27 июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистон саҳифаеро боз кард, ки оғози дигаргуниҳои куллӣ ва ба ҳам омадани миллат гаштанд. Натиҷаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ буд, ки ташаккули парламенти касбӣ, пешниҳод шудани 30% ҷойҳо дар сохторҳои давлатӣ ба намояндагони мухолифин, бозгардонии ихтиёрӣ, бехатар ва бошарафонаи тамоми гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, барҳам додан, халъи силоҳ намудан ва шомил шудани дастаҳои мусаллаҳи мухолифин ба сохторҳои низомии давлатӣ, азнавсозии сохторҳои низомии давлатӣ, ворид намудани иловаҳо ба Конститутсияи амалкунанда, ворид намудани иловаҳо ба Қонун дар бораи интихобот, Қонун дар бораи аҳзоби сиёсӣ, ки фаъолияти аҳзоби манъшудаи мухолифин ва дигар аҳзобу ҷунбишҳоро расмӣ мегардонад, мубодилаи пурраи асирони ҳарбӣ ва маҳбусон, қабули Қонун дар бораи авфи умумӣ ва ғайра дар ҷомеаи тоҷикон ба вуқўъ омад. Ҷанги шаҳрвандие, ки 1880 рўз (яъне беш аз 5 сол) идома дошт, на чун кинаю адоват, балки ҳамчун моли таърих баҳри омўзиш ва сабақ гирифтан дар мусоидат ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ хизмат менамояд.

Аз ин нигоҳ, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 ваҳдату ризояти миллӣ ҳамчун дастоварди нодиртарини мардуми Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии марҳилаи имрўзаи рушди давлатдории Тоҷикистон эътироф шудааст. Чӣ тавре ки дар ибтидо зикр кардем, эътирофи байналмилалии кишвар дар оғози истиқлолият бо аз байн рафтани ИҶШС вобастагӣ дошт, вале минбаъд ваҳдати миллӣ ҳамчун маҳаки асосӣ вобаста ба манфиатҳои миллӣ дар раванди муносибатҳои байналмилалии муосир ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ нақш дорад. Зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ баъзе қувваҳо ба ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа манфиатдор нестанд. «Тавассути ваҳдати миллӣ ва амалисозии барномаҳои гуногунҷабҳаи давлатӣ, кишвари мо дар марҳилаи кўтоҳи рушди соҳибистиқлолии худ аз шумораи давлатҳои иқтисодашон суструшдкунанда берун омада, дар қатори давлатҳои рў ба тараққӣ ҷойгузин гашт ва дар роҳи баровардани эҳтиёҷоти шаҳрвандон баҳри дастрасӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ заминаҳои устувор гузошт ва дар ин замина сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999-ум то 38 фоиз паст гардид».[5]

Умуман, устувории ваҳдати миллӣ омили асосии имконияти ҳалли проблемаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ дар ҷомеаро фароҳам меорад. Ва агар ваҳдати миллӣ дар кишвар (чӣ кишвари бузург ва хурд) ҳукмфармо набошад, новобаста аз сатҳи рушд давлат гирифтори буҳрон ва шикаст мешавад. Ба ин воқеаҳои охир дар Ироқ, Ливия, Сурия, Миср, мисол шуда метавонад. Аз ин нигоҳ ваҳдати миллӣ бо манфиатҳои миллӣ ҷудонопазир аст, ки дар н­авбати хеш Ваҳдати миллӣ баҳри таҳкими манзалати байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста бо манфиатҳои миллӣ (ё давлатӣ) дар марҳилаи кунунӣ иборат аст:

– ҳимоя ва мустаҳкам намудани соҳибистиқлолии давлатӣ;

– таъмини амнияти миллӣ;

– фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум;

– таъмини истиқлолияти энергетикӣ;

– дастёб шудан ба амнияти озуқаворӣ ва аз бумбасти коммуникат­сионӣ раҳоӣ бахшидани сарзамин;

– ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон;

– эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар ва ғ.

Ваҳдати миллӣ заминаи устувори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ки чун узви фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ дар пазироии як қатор ташабусу пешниҳодҳои кишвар ифода мешавад. Чунончи, эълони Соли байналмилалии оби тоза дар соли 2003, тасдиқи Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт барои солҳои 2005-2015» ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардидани соли 2013 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфтани он ифодагари нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими мақоми байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Имрўз Тоҷикистонро 147 кишвар мешиносад ва бо 128 давлат робитаи дипломатӣ дорад, ки он натиҷаи сулҳу субот ва ваҳдати миллии кишвар аст. Ҳамин тариқ, ваҳдати миллӣ дар радифи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, баҳамоии миллат ва рушди он, инчунин дар баланд бардоштани манзалати байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор гузоштааст. Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон барои ваҳдатофарӣ ва саҳми арзанда доштан дар таъмини сулҳи Тоҷикистон ва таҳикими амнияти минтақа соли 2005 бо медали тиллоӣ «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият мушарраф гардидааст, ки он ифодагари эътирофи байналмилалии сарвари давлат ва ҳукумати он мебошад. Дар баробари ин, сарвари давлат пайваста талош дорад, ки ҳарчӣ зудтар дар кишвари ҳамсоя – Афғонистон сулҳ барқарор шаваду ин сарзамин аз майдони ҷанг берун ояд. Воқеан дар симои шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати Тоҷикистон ҷомеаи башарӣ шахси «вусъатбахши дўстона ва ҳамкории байни мардумонро эътироф кард, ки барои хидматҳои арзандааш дар таъмини сулҳи минтақаю байналмилалӣ бо унвону нишонаҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардонидааст. Чунончи, Ситораи тиллоии Альберт Швейцер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ, ордени алмосдори «Звезда Мецената» (Ситораи сарпараст) – Ҷоизаи олии ҷамъияти Бунёди байналмилалии хайрия «Меценаты столетия» (Сарпарасти аср), ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон- Аҳмадшоҳи Масъуд», ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рўзноманигорони Туркия, ситораи ёқути «Миротворец» (Сулҳовар), медали тиллоии Маҷлиси халқи (Парлумон)-и Мисри Араб, Нишони фахрии ИДМ, Ордени Шўрои Олимпии Осиё, медали тиллоӣ арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Рум)-и ЮНЕСКО, Ордени тиллоии Эҳёи роҳи абрешим, Медали тиллоии ба номи Николай Блохин – мукофоти олии Академияи илмҳои Федаратсияи Руссия, Ордени «3 Ситора дараҷаи 1» бо занҷири тиллоии Ҷумҳурии Латвия, Ордени Княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1-и Украина, Нишони Покистон – олитарин мукофоти давлатии Ҷумҳурии Исломии Покистон»[6] ва ғайра.

Ҳамаи ин эътирофу сарфарозиҳо ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон натиҷаи заҳмату талошҳои пайгиронаи роҳбари давлати Тоҷикистон, ки дар баҳамоии ҷомеаи Тоҷикистон, яъне таъмини ваҳдати миллӣ чун маҳаки нигоҳдорандаю таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ мусоидат намудааст, сарчашма мегирад.


[1] Ниг.: Рўзномаи «Миллат», №15 (397) 10.04.2013. Саҳ. 5

[2] Ниг.: Рўзномаи «Бизнес и политика», №6 (57) 8 февраля 2007 г. –С.1

[3] Ниг.: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013

[4] Ниг.: Салимов Н. Фалсафаи ваҳдати миллӣ. Душанбе, 2000. С.12.

[5] Ниг.: Убайдуллоев М. Ваҳдат – раванди муттасил // Рўзномаи «Садои мардум», №67 (3052) 6 июни соли 2013. Саҳ.2.

Сулаймонов Ф.С.,
дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқии
факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

БАЪЗЕ АЗ МАСОИЛИ ТАТБИҚИ МОДДАИ 13-и КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ)
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ваҳдати миллӣ ва саҳми он дар инкишофи давлатдории миллии мо хеле бузург мебошад. Зеро маҳз аз ваҳдат ва ягонагию сарҷамъии миллат тамоми рукнҳои давлатдорӣ инкишоф ёфта, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ равона карда мешаванд. Ноил шудан ба ваҳдати миллӣ, барои эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ қадами устувор буда, барои Тоҷикистони соҳибистиқлол як саҳифаи нави худ­ро дар самти бунёди давлати мустақил ва ягона кушод.

Дар ноил шудан ба ваҳдати миллӣ ва ягонагию сарҷамъии халқи тоҷик саҳми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонва дигар қонунҳои кишвар хеле калон мебошад, зеро қонун воситаи ба амал баровардани сиёсати давлатӣ буда, дар он ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат таҷассум мегарданд.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ ба сифати қонуни асосии кишвар баромад менамояд, дар худ асосҳои сохтори конститутсионии давлат, кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳимро мавриди танзим ва асосгузорӣ қарор додааст.

Меъёрҳои конститутсионӣ, мустақиман амал намуда, бо ин ва баъзе аз дигар хусусиятҳо аз меъёрҳои дигари ҳуқуқӣ фарқ менамоянд. Албатта, ин суханҳо маънои кам намудани моҳият ва мазмуни дигар меъёрҳои ҳуқуқиро надорад.

Хусусияти дигари хоси меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин ба сифати асос ба дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ баромад намудан ва муқаррар намудани табиат ва моҳияти ҳуқуқии ин меъёрҳо мебошад. Чунончӣ, он меъёрҳое, ки дар боби аввали Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гаридидаанд ба сохтори конститутсионии кишвар бахшида шуда, баҳри бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд равона гардидаанд. Дар моддаи 12-и Конститутсия оид ба кафолати давлатии тамоми шаклҳои моликият: моликияти хусусӣ сухан рафта, ин меъёри конститутсионӣ-ҳуқуқӣ заминаи асосии мустаҳкам ва инкишофи яке аз принсипҳои асосии қонунгузории гражданӣ – принсипи дахлнопазирии моликияти хусусӣ баромад менамояд.

Дар байни ин меъёрҳо саҳми хосаро моддаи 13-и Конститутсия низ доро мебошад, ки заминаи асосии ба ҳайси объектони моликияти истисноии давлат будани замин, об, фазои ҳавоӣ, олами наботот ва ҳайвонотро эълон намудааст.

Меъёри мазкури Конститутсия муқарраркунанда ва мустаҳкамку­нандаи томият ва ягонагии қаламрави давлат буда, ба ғайр аз моҳият ва мазмуни ҳуқуқии худро доро будан, инчунин он бештар хусусияти сиёсӣ дош­та, барои ба амал баровардан ва ноил шудан ба ҳадафҳои давлати Тоҷикистон равона карда шудааст.

Моҳияти категорияи ҳуқуқии «моликияти истисноӣ» маънои бештар конститутсионӣ-ҳуқуқӣ дошта, маҳз аз ҳамин нуқтаи назар бояд мавриди баррасӣ ва истифодабарӣ қарор гирад. Аз ҷумла, моликияти истисноӣ намуд ва ё шакли моликият набуда, он дар ин шакл низ баромад намуда наметавонад. Зеро, ҳамеша ба сифати объектони ҳуқуқи моликият ашёи бо нишони инфироди муайяншуда баромад намуда, вобаста аз ин, баъзе хусусиятҳои ҳукуқи моликиятӣ ҳамчун категорияи гражданӣ-ҳуқуқӣ муқаррар карда мешаванд. Чунончӣ, ҳимояи ҳуқуқи моликият танҳо бо даъвоҳои виндикатсионӣ ва негаторӣ, қатъ шудани ҳуқуқи моликият ба маънои субъективӣ бо нобуд шудани ашё ва ғайраҳо.[1]

Бинобар ин, он объектҳое, ки ба сифати объектони моликияти истисноӣ дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, ба сифати ашё эътироф карда намешаванд. Пас, масалан нисбати замин ҳуқуқи моликият муқаррар карда шуда наметавонад, зеро категорияи «замин», ки худ ба сифати ашё, яъне дар шакли материалӣ баромад намояд ҳам, аммо он ба сифати ашёи бо нишони инфиродӣ муайяншуда баромад намекунад. Ин гуна муқаррарот нисбати дигар объектоне, ки дар моддаи 13-и Конститутсия дарҷ карда шудаанд, ба пуррагӣ татбиқ шуда метавонанд, зеро ягонтои аз онҳо ба сифати ашё бо нишони инфиродӣ муайяншуда баромад карда наметавонанд.

Аммо, мутаассифона, моҳият ва мазмуни меъёре, ки дар моддаи 13-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудааст, на дар ҳамаи қонунҳои ҷорӣ бо назардошти табиати ҳуқуқии моликияти истисноӣ ба таври дахлдор мустаҳкам карда мешаванд. Аз ҷумла, дар моддаи 238-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад, ки қисми таркибии моликияти давлатиро хазинаи давлат ташкил менамояд. Инчунин, дар меъёри мазкур дарҷ карда мешавад, ки ба ҳайси қисми таркибии хазина объектони моликияти истисноӣ низ баромад менамоянд. Пас, маълум мегардад, ки давлат дар муносибатҳои молу мулкӣ бо хазинаи худ, яъне қисман бо объектони моликияти истисноии худ баромад менамояд ва ҳангоми ба ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқӣ ҷалб намудани давлат, объекти рўёнишро нисбати ин объектон метавон равона карда шавад.

Чунин ҳолат мухолифи муқаррароти моддаи 13-и Конститутсия буда, дар ҳолати татбиқи он зарари калон ба асосҳои сохтори конститутсионии давлат расонида мешавад. Инчунин, бояд дар назар дошт, ки имрўзҳо кишвари мо аъзои як қатор созмонҳои байналмилалӣ буда, санадҳои гуногуни ҳуқуқии байналмилалиро мавриди эътироф қарор додаем. Мутобиқи қисми 3-юми моддаи 10-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишварро ташкли намуда, ҳангоми мухолифати қонунҳои кишвар бо муқаррароти онҳо, муқаррароти ин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал менамоянд. Яке аз чунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ин Конвенсия оид ба эътироф ва иҷроиши қарорҳои арбитражи байналмилалӣ (Ню-Йорк, соли 1958) мебошад.

Мутобиқи муқаррароти ин Конвенсия, ҳангоми қабули қарор аз ҷониби арбитражҳои давлатҳои хориҷӣ, дар ҳоле, ки агар ҷавобгар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шахси ҳуқуқии Тоҷикистон бошад, пас ин қарори арбитражҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиботи дар худи Конвенсияи дарҷшуда ва қонунгузории кишвар муқарраркарда бояд мавриди иҷро қарор гирад.

Албатта, дар қонунгузории кишвар ҷавобгарии мустақили шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандон ва давлат пешбинӣ карда шуда, онҳо барои ўҳдадориҳои якдигар масъул нестанд. Чунин масъулият танҳо дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун ҷой дошта метавонад. Аз он ҷумла, мутобиқи моддаи 132-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани муассисаҳои давлатӣ, давлат ба ҷавобгарии субсидиарӣ ҷалб карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, ҳангоми ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани муассисаҳои давлатӣ мутобиқи қарори арбитражҳои байналмилалӣ, давлат низ ба ҷавобгарӣ бо тамоми моликияти худ, аз ҷумла бо моликияти истисноии худ ҷалб карда мешавад, ки ин ҳолат ба манфиати рушду нумўи кишвар нест.

Масъалаи дигаре, ки вобаста ба моддаи 13-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳем баён намеоем, ин баъзе аз масоили ҳуқуқи заминистифодабарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мусаллам аст, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илдоваҳо ба Кодекси замини Ҷум­ҳурии Тоҷикистон», ки аз санаи 01.08.2012с. мавриди амал қарор дода шудаст, ҳуқуқи заминистифодабарӣ ба сифати объекти хоси муносибатҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ эътироф карда шуда, он метавонад дар ин асос ба сифати объекти шартномаҳои хариду фурўш, иҷора, ҳадя ва ғайраҳо баромад намояд.

Чунин «инкишофи» қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси таассуф буда, он на танҳо мухолиф ба моддаи 13-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба моҳият ва мазмуни ҳуқуқи заминистифодабарӣ ҳамчун яке аз ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ (м.241-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон) мухолиф мебошад. Зеро, новобаста аз баҳснок будани худи конструксияи ҳуқуқии «ҳуқуқи заминистифодабарӣ ҳамчун ҳуқуқи маҳдуди ашёгӣ», ба сифати объекти ҳуқуқи гражданӣ эътироф намудани он басо баҳснок ва барои инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ хавфнок мебошад.[2]

Моҳиятан ба сифати объекти шартномаҳои гуногун эътироф намудани ҳуқуқи заминистифодабарӣ ба худ муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мухолиф мебошад, зеро объекти шартномаҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ ё ашё ва ё ҳуқуқи амволӣ эътироф карда шудааст, ки ҳуқуқи заминистифодабарӣ ба ягоне аз онҳо мансуб намебошад. Пас, аз ин бармеояд, ки муқаррароти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бобат бо муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамояд. Мутобиқи тағйироту иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати предмети танзими кодекси мазкур муносибатҳои молумулкӣ дар соҳаи заминистифодабарӣ низ эътироф карда шудаст, ин ҳолат аз дигар муқаррароти баҳсноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Пас мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ» (м.70), муқаррароти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳолат бартарӣ дорад.

Пас ҳолате ба миён омадааст, ки моддаи 13-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон заминро ба сифати моликияти истисноӣ эътироф менамояд ва Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷи­кистон бошад ҳуқуқи заминистифодабариро ба сифати объекти муносбатҳои молумулкӣ эътироф намуда, бо ин васила заминро ба сифати объекти муносибатҳои молумулкӣ эътироф намуд. Аз ин ҷо бармеояд, ки дар ин самт муқаррароти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифи моддаи 13-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар асоси моддаи 10-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми танзими ин муносибатҳо бояд муқаррароти моддаи 13-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намояд.


[1] Ниг.: Сулаймонов Ф.С. Проблемы вещных прав по законодательству Республики Таджикистан: на примере исключительной собственности государства / Законодательство. №3 (7), июль-сентябрь 2012. С.50-56

[2] Ниг.: Сулаймонов Ф.С. К вопросу о праве землепользования в Республике Таджикистан / Становление гражданского законодательство Республики Таджикистан: юбилейный сборник научных статей, посвященный десятилетию кафедры гражданского права Российско-Таджикского (славянского) университета. Д., 2012. С. 149-163.

Саидвалиева Б.С.


муовини Директори Маркази миллии

қонунгузории назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ

ВАҲДАТИ МИЛЛЇ ОМИЛИ ХУШБАХТЇ
ВА РУШДИ КИШВАР

Пас аз барҳам хурдани давлати абарқудрати Шўравӣ, Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо мустақилият пайдо намуд. Аммо мухолифати ҷонибҳо, авҷ гирифтани унсурҳои ҷинояткор, талоши сиёсатмадорони худхоҳ барои ҳокимият ва маҳалгароӣ кишварамонро ба ҷанги таҳмилӣ кашид. Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабабҳои асосии ҷанги таҳмилиро шарҳ дода, қайд намудаанд, ки «муборизаи ошкоро барои ҳокимият, талошҳои бо роҳи зиддиқонунӣ, зўроварӣ ва зидидемократӣ ба даст овардани он дар ҷомеа тафриқа андохта, ба ҷанги бемаънии бародаркуш оварда расонид».[1]

Бар асари ҷангу нобасомониҳо мо ҳисороти калони молию ҷонӣ дидем. Ҳисороти моддии ҷанги бародаркуш зиёда аз 7 миллиард доллари ИМА ва ҳисороти ҷуброннашавандаи ҷонӣ бошад фавти зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандро дар бар мегирад, ки дар натиҷа 55 ҳазор кўдак ятим монда, 25 ҳазор зан бе саробон гаштанд.[2]

Ҷанги таҳмилӣ иқтисодиёти кишварамонро ба солҳои зиёд ақиб партофта, боиси зиёд шудани гурезаҳои тоҷик дар хориҷи кишвар гашт. Ғайр аз ин, муттахассисони соҳаи тиб, иқтисодиёт, ҳуқуқ ва дигар соҳаҳо кишварамонро тарк намуданд. Қисмати дигари онҳо аз ҷониби афроди ҷиноятпеша ба қатл расонида шуданд.

Ҳукумати онвақта аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои дар пешистода набаромад, ки дар натиҷа амалҳои ҷинояткорона ва хунрезӣ авҷ гирифтанд, ки мардумро ба қашшоқӣ оварда расонид. Вилояти собиқи Кўлоб дар ҳолати муҳосираи иқтисодию нақлиётӣ қарор гирифта, нон, маводи хўрока, нақлиёт ва сўзишворӣ намерасид. Дар ш. Душанбе низ барои харидорӣ намудани нон мардум аз субҳ то шом навбат истода, сипас ба онҳо миқдори муайяни нон фўрухта мешуд. Васоити ахбори оммаи ҳамон вақтҳо танҳо мотами фавтидагонро намоиш медод, ки аз ин мардум доимо дар таҳлука меафтод.

Вазъи сиёсии кишвар ташвишовар буд, дар ҷанги таҳмилӣ зархаридони хориҷӣ дар қатори баъзе шаҳрвандони гумроҳамон бар зидди миллати худ меҷангиданд. Вазъияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мутташаниҷ шуда, тавассути сарҳад ба кишварамон гуруҳҳои террористӣ ва экстремистию динӣ фиристода мешуданд.

Дар чунин вазъият, бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсию иҷтимоии кишвар, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ш.Хуҷанд иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ба бахти халқи тоҷик аз ҷониби вакилон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Раиси тозаинтихоби Шўрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввал дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамагон сиёсати сулҳҷўёнаро талқин менамуд: «Мусолиҳаи миллӣ барои ҷумҳурӣ чун обу ҳаво зарур аст. Мо танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлолияти кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардуми ҷумҳуриро устувор карда метавонем. Анҷоми ҳамаи ҷангҳо оштист, хоса низоъҳое, ки дар сари ҷаҳлу ғазаб, нофаҳмӣ ё бо ангезаи қувваҳои бадхоҳ байни бародарон сар мезанад. Имрўз Тоҷикистон бо марҳилаи нав қадам мегузорад ва ҳар як фарзанди он агар нангу номус дошта бошад, дар ин ҷаҳони пуртазод бояд ғами ояндаи фарзандони худ ва давлату миллатро хўрад». Бо чунин суханрониву нақшаҳо, ниятҳо ва аз ҳама муҳимаш ифода ва дастгирӣ кардани манфиатҳои мардум Раиси Шўрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳаббату боварии мардумро соҳиб гашт. Иқдому амалҳои шоистаи Сарвари давлат дар мавриди музокироти сулҳ, баргардонидани гурезаҳо, қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор намудани артиш ва дигар сохторҳои қудратӣ, халъи силоҳ намудани гурўҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, бо озўқа таъмин кардани мардум, фаҳмонидани ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ боварии ҳамагонро ба ояндаи нек қавӣ гардонид.

Соли 1996 дар арафаи ба имзорасии Созишномаи умумӣ оиди ба истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вохурӣ ба собиқ роҳбари мухолифин ба Афғонистон ба кишваре, ки он ҷо солҳо ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад, сафар намуд, ки ин амал ифодаи ҷасорату масъулиятшиносии ўро нишон медиҳад.

Президенти кишвар тавонист бо кўшишу ғамхориҳои худ гурезаҳои тоҷикро ба Ватан баргардонида, бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ нафароне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд ,аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ, маъмурӣ озод намояд. Ҳамзамон бо мақсади оромию осудагии мардум Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти тоҷиконро бо роҳи мусолиҳа ҳал намуд, то сулҳро дар кишвари азизамон барқарор намояд.

Дар воқеъ, ҳиммати баланди бахшандагӣ ва заковату дурандешии фозилонаи Сарвари давлатамон ва сарвари собиқ мухолифин буд, ки саннаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав созишномаи сулҳ ба имзо расид, ки он сазовори ситоиш аст. Ин амали неки хирадмандона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрўзаро ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гаштааст. 27 июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи беназир пазируфта шудааст. Дар муддати кўтоҳ ба итмом расидани ҷанги таҳмилӣ бори дигар нишонаи матонату садоқат ба Ватан, ақлу заковат, ватандўстию масъулиятшиносии Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Пас аз ба даст овардани ваҳдати миллӣ сохти конститутсионӣ дар давлат барқарор гардида, парлумони касбӣ – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд, сафи занҳои роҳбарикунанда дар мамлакат зиёд гаштанд, сохтмони роҳҳои дохилӣ ва аҳамияти байналмилалӣ, нерўгоҳҳои барқӣ анҷом ёфтанд, муассисаҳои таълимии замонавӣ зиёд гаштанд. Тоҷикистон бо роҳи давлати дунявию демократӣ устуворона пеш рафта, корхонаҳои муштарак биноҳои замонавӣ, тараққиёти энергетика, арзи вуҷуд доштани аҳзобу ҳаракатҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ нишонаи он аст, ки сулҳу ваҳдат дар мамлакат барои рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Моро зарур аст, ки ба қадри неъмати бузурги соҳибватан ва соҳибдавлат будан, осоиштагию сулҳу ваҳдати кишварамон бирасем, онро муқаддас донем. Аз сабақу дастовардаҳои нодири сулҳофаринамон тамоми дунёро бохабар созем, зеро то ҳанўз халқу миллатҳое ҳастанд, ки давлати мустақили миллии худро надоранд, ва дар ҷаҳони муосир муборизаҳои миллии озодихоҳӣ идома доранд.

Мо ифтихор аз он дорем, ки бо Фармони Президенти Тоҷикистон санаи 27 июни соли 1997 иди умумихалқӣ эълон гардидааст, ки ин ид тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиши ҷомеа буда, боиси эҳёи маънавӣ, иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи неки Тоҷикистон аст.


[1] Рахмонов Э.Ш. Политика мира и создания. Выступления и речи. – Душанбе. 2001. –С.9.

[2] История таджикского народа. – Т. 6. – Душанбе. 2011. –С.456.

Темиров В.Т.
Проректор оид ба корҳои илмии

Донишкадаи такмили ихтисоси

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

НАҚШИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД
ДАР МУЗОКИРОТИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки пас аз музокироти сулҳи тоҷикон дар заминаи гуфтушунид ва мулоқотҳо дар сатҳи гуногун дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия 27 июни соли 1997 ба имзо расид, ба он замина гузошт, ки дар Тоҷикистон сулҳи комил барқарор шуда, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушд намояд, ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ гузаронида шавад. Барои бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ шароит фароҳам оварда шавад.

Дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистон охирҳои соли 1989 ва аввали соли 1990 бо он хотирнишон гардид, ки дар ин давра ҳаракату гурўҳҳо ва ҳизбҳои гуногуни сиёсиву ғайрисиёсӣ, аз қабили «Растохез», «Лаъли Бадахшон», «Ҳисори шодмон», «Ҳамдилон», «Меҳри Хатлон» ва монанди инҳо ба арсаи майдон омада, вазъи мавҷудаи ҷамъиятӣ ва давлатиро торафт ноором сохта, барои тасарруфи ҳокимияти давлатӣ кўшиш менамуданд. Дар баробари ин вазъи сиёсӣ дар ИҶШС хуб набуда, қувваҳои марказгурез ҳарчӣ бештар зуҳур намуда, руҳияи истиқлолиятхоҳии ҷумҳуриҳои собиқи шўравӣ торафт боло мерафт.

Ҳаракату гуруҳҳо ва ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ аз ин вазъ ба хубӣ истифода намуда, амали худро ҳарчӣ бештар ҷоннок намуда, фаъолияти муътадили ҳукумати феълӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатиро халадор менамуданд. Онҳо бо истифода аз вазъи ба миён омада аз 11 то 17 феврали соли 1990 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе гирдиҳамоӣ, намоиш, эътироз ва дигар навъи тазоҳуроти сиёсиро ба амал оварданд, ки дар асари он заминаи истеъфои се мақомоти аввали ҳизбӣ, давлатӣ ва ҳукуматии Тоҷикистон фароҳам гардид[1]. Ин маънои оҷизии ҳукумати феълиро дошта, барои ба манфиати худ ҳал намудани вазъият аз тарафи ҳаракату гуруҳҳо ва ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ заминагузорӣ намуд. Маълум шуд, ки Ҳизби коммунист ва Ҳукумати Ҷумҳуquot;;рии Тоҷикистон дар муқобили қувваҳои муташаккили нави сиёсӣ, ки асоси пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медо д, оҷиз буда, имкони идораи ҷомеаро надоранд, ки далели он имзои истеъфои се роҳбар – Котиби якуми Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Президиуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 14 феврали соли 1990 ба шумор мерафт[2].

Соли 1991 нуқтаи кулминатсионии давраи болоравии моҷароҳои сиёсӣ, давраи шурўи майдоннишиниҳо ва гуруснанишиниҳои сиёсӣ, замони ташаккули расмии ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон буд[3]. Аз 26 марти соли 1992 то 17 майи соли 1992 дар майдони Шаҳидон митинги фавқулодда таҳти шиорҳои сиёсии зиддиҳукуматӣ баргузор гардид, ки иштирокчиёни он танҳо бо баргузор намудани митинг маҳдуд нагардида, аъзоёни ҳукумат ва парламентро ба гаравгон гирифтанд. Дар ҷавоб моҳи майи соли 1992 дар майдони Озодӣ митинги тарафдорони ҳокимияти конститутсионӣ баргузор гардид, ки онҳо мавқеи ҳокимияти конститутсиониро дастгирӣ намуда, раиси ҷумҳурро ҳимоя мекарданд. Дар натиҷа, дар рафти он муқовимат аввалин кушторҳо ба амал омаданд, ки ин амалан оғози ҷанги шаҳрвандиро дар назар дошт[4].

Бо назардошти он, ки вазъи сиёсӣ аллакай аз таҳти идоракунӣ баромада, дахолати қувваҳои сеюми миёнаравро талаб менамуд, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Искандаров ба Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ муроҷиат намуд. Дахолати СММ-ро ба муноқишаҳои сиёсии Тоҷикистон ҳамчунин мавқеи гуногуни тарафҳои даргир, сатҳи баланди нобоварӣ нисбати ҳамдигар, эътироф нагардидани тарафҳои даргир аз ҷониби дигар талаб менамуд.

Мавриди зикр аст, ки ба узвияти СММ пазируфта шудани Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба замоне рост омад, ки нооромиҳои сиёсӣ ба нуқтаи баландтарини худ расида, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардида буд.

Котиби генералии СММ пас аз таҳлили ҳаматарафаи вазъи сиёсӣ 29 октябри соли 1992 қарор қабул намуд, ки ба Тоҷикистон гурўҳи сулҳофарро иборат аз намояндагони СММ ирсол намояд. 30 октябри соли 1992 дар паёмади қарори Котиби генералии СММ дар бораи ирсоли гурўҳи сулҳофар ба Тоҷикистон иборат аз намояндагони СММ изҳороти Дабири Шўрои амнияти СММ ба вуқўъ пайваст, ки он тарафҳои даргиро барои ҳарчи зудтар оғоз намудани музокирот даъват намуда, пешгирӣ шудани хунрезиҳоро талаб намуд. Вазъи феълии Тоҷикистон ҳамчунин дар иҷлосияи 3131 Шўрои амнияти СММ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар он Дабири Шўрои амнияти СММ бори дигар аз ҳолати ба миён омада изҳори нигаронӣ намуд.

Пас аз омўзиши иловагии вазъи сиёсӣ ва аз наздик шинос шудан ба он СММ 23 декабри соли 1992 қарор қабул намуд, ки ба Тоҷикистон гурўҳҳи муттаҳидаи СММ-ро иборат аз нозирон вобаста ба масоили ҳарбӣ, сиёсӣ ва башардўстӣ ирсол намояд. Гурўҳи муттаҳидаи СММ вориди Тоҷикистон гардида, ба кори худ аз 21 январи соли 1993 шурўъ намуд.

Намояндагии СММ дар Тоҷикистон баъди омўзиши пурраи вазъи сиёсӣ ҷиҳати таъмини оташбас, пешгирии хунрезӣ, ба сари мизи музокирот овардани тарафҳои даргир қадамҳои ҷиддиро пеш гузошта, чораҳои мушаххаси амалиро пиёда намуд. Бо ин мақсад Котиби генералии СММ 26 апрели соли 1993 дар хусуси таъини Фиристодаи махсуси СММ дар Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки нақши Фиристодаи махсуси СММ-ро дар ба даст омадани сулҳу суботи Тоҷикистон ба таври алоҳида қайд кардан мебояд[5].

Фиристодаи махсуси СММ дар Тоҷикистон Исмат Киттанӣ 16 майи соли 1993 вориди Душанбе гардида, кори худро аз гузаронидани вохўриву мулоқот бо сарвари давлат Э.Ш. Раҳмонов, сарвазир ва вазири корҳои хориҷӣ оғоз намуд. Ў ҳамчунин бо мақсади анҷом додани вохўриву мулоқот бо намояндагони мухолифин, даста ва гурўҳҳои гуногуни мусаллаҳ ба шаҳри Хоруғ бо сафари хизматӣ ташриф оварда, бо онҳо мулоқот баргузор намуд, ки натиҷаи мулоқот дар шаҳри Душанбе бо як қатор намояндагони мухолифини тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Фиристодаи махсуси СММ дар Тоҷикистон бо гузаронидани вохўриву мулоқот бо роҳбарони феълии Тоҷикистон, даставу гурўҳҳои гуногуни мусаллаҳ ва намояндагони мухолифини тоҷик маҳдуд нагардида, вазъи сиёсии Тоҷикистонро ҳамчунин бо роҳбарони як қатор давлатҳои дўсту бародар, ки онҳо дар минбаъда ба сифати мизбони музокироти сулҳи тоҷикон баромад намуда, дар раванди ноилгардии сулҳу субот дар Тоҷикистон нақши ҳалкунандаро бозиданд, мавриди баррасӣ қарор дод. Ба сифати давлатҳои қабулкунандаи музокироти сулҳи тоҷикон пеш аз ҳама Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Эрон, Покистон, Туркманистон ва Ўзбекистон, ҳамчунин шахсиятҳои алоҳида ба монанди Бурҳониддин Раббонӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд ва монанди инҳо баромад намуданд, ки ҳар яке ин давлатҳову шахсиятҳо дар музокироти сулҳи тоҷикон саҳми арзандаи худро гузоштанд.

20 августи соли 1993 маърўзаи Котиби генералии СММ дар бораи вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки дар он роҳи асосии ҳалли масъала набудани муноқишаи сиёсӣ қайд гардида, ҳарчи зудтар гирифта шудани пеши хунрезиҳои ноҳақ дарҷ шуда буд. Аз ҷумла, дар маърўза зикр гардид, ки тарафҳо ҳарчи зудтар ба сари мизи гуфтушунид нишаста, музокиротро оид ба сулҳ оғоз намоянд. Бо ин мақсад Котиби генералии СММ Фиристодаи махсуси СММ дар Тоҷикистонро уҳдадор намуд, ки ба пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афгонистон – шаҳри Кобул ташриф оварда, масъалаи ваколати худро дар Тоҷикистон баррасӣ намуда, бо фикру андеша ва мавқеи роҳбарони мухолифини тоҷик дар Афғонистон шинос гардад. Ин амалҳо ба мақсаде равона гардида буданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифини тоҷик ба сари мизи гуфтушунид нишаста, масъалаи сулҳу субот дар Тоҷикистонро муҳокима намоянд.

Дар натиҷаи кўшишҳои пайваста, намояндагони СММ тавонистанд тарафҳои даргирро барои оғози музокироти сулҳ водор намуда, барои иштироки давлатҳои дўсту бародар – Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Федератсияи Россия ва Ўзбекистон ба сифати мушоҳидон ба мувофиқа оянд.

Саҳми беандозаи намояндагони СММ-ро дар музокироти сулҳи тоҷикон қайд намуда, ёдовар бояд шуд, ки бо шарофати саъю талошҳои намояндагони СММ моҳҳои феврал-марти соли 1994 ҷиҳати пешбурди музокироти сулҳ гурўҳи музокиракунандагон таъсис ёфт, ки дар он аз ҳарду тараф даҳ нафар намоянда иштирок доштанд. Дар ин дастовард саҳми намояндагони СММ, бахусус Фиристодаи махсуси СММ беандоза назаррас буда, дар раванди сулҳи тоҷикон ҳодисаи беназир маҳсуб меёбад, ки вай барои оғози музокироти сулҳи тоҷикон заминаи зарурӣ ва мусоидро фароҳам овард.

19 майи соли 1994 дар Шўрои амнияти СММ маърўзаи навбатии Котиби генералии СММ оид ба вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид, ки дар он аъзоёни Шўро нисбати кўшишҳои намояндагони СММ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ ва ба мизи гуфтушунид овардани тарафҳои даргир қаноатмандии худро иброз намуда, аз натиҷаи гуфтушуниди тарафҳои даргир дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия, ки дар он тарафҳо омодагии худро ҷиҳати муколамаи сиёсӣ иброз намуданд, изҳори умед карданд. Онҳо натиҷаи гуфтушунидро нек арзёбӣ намуда, қайд намуданд, ки давраҳои минбаъдаи он боз ҳам тақвият дода шавад.

Дар давраҳои музокироти сулҳи тоҷикон хизматҳои Фиристодагони махсуси СММ, ходимони намоёни сиёсӣ Л. Бота, И. Киттанӣ, Р.П. Балон, Дарко Шилович, Г.Д. Мерем, Ян Кубиш, Иво Петров ниҳоят назаррас буд. Аз рўзҳои аввали оғози музокироти сулҳи тоҷикон то ба охир расидани он кўмаки беғаразонаро ба тарафҳои даргир корманди масъули котиботи СММ И. Горяев расонид, ки он шоёни таҳсин аст.

Дар баробари хизматҳои намояндагони СММ ҳамчунин хизмат­ҳои нозирони ҳарбии СММ-ро низ ба таври алоҳида қайд кардан ба маврид аст, ки дар тўли фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони зиёда аз 30 давлати ҷаҳон ба чунин сифат адои вазифа намуданд. Хизмати онҳо низ дар бадастории сулҳу суботи Тоҷикистон беандоза буда, тавонистанд дар музокироти сулҳи тоҷикон саҳми худро гузоранд. Нозирони ҳарбии СММ ба фаъолияти худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 майи соли 2000 хотима гузоштанд[6].

Иштироки СММ дар музокироти сулҳи тоҷикон агар аз як тараф барои барқарор гардидани сулҳу субот дар Тоҷикистон мусоидат намуда бошад, аз тарафи дигар мусоидат ба он намуд, ки СММ дар самти барқарор намудани сулҳу субот дар минтақаҳои ҷангзада таҷрибаи бесобиқаро аз худ намояд, ки чунин нуқтаро Котиби генералии СММ Кофи Аннан ҳангоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов 1 октябри соли 1999 арзёбӣ намуда буд.

Ҳамин тавр, дар асоси таҳлили нақши СММ дар музокироти сулҳи тоҷикон ба хулосае омадан мумкин аст, ки он хислати гуно­гунҷабҳа дошта, танҳо бо фаъолияти миёнаравӣ маҳдуд нагардида, ҳамчунин дар омода намудани музокирот ва лоиҳаи ҳуҷҷатҳои хотимавии музокирот, интихоби ҷой, вақт ва замони музокирот, ҷустуҷўи шартҳои қобили қабули ҳамагон зоҳир мегардад. Ин маънои онро дорад, ки намояндагони СММ ягона тарафе буданд, ки бо намояндагони иштирокчиёни музокироти сулҳи тоҷикон – намояндагони мухолифин ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қумондонҳои саҳроӣ, қўшунҳои сарҳадии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва намояндагони кишварҳои миёнарав ва дигар иштирокчиён бевосита мулоқот намуда, ҳар як се моҳа барои маърўзаи навбатии Котиби генералии СММ дар бораи вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои зарурӣ ирсол намоянд, ки тавассути ин маводҳо баҳо додани вазъи сиёсии Тоҷикистон мусоидат ба он намуд, ки дар сатҳи СММ ва Шўрои амнияти СММ қарорҳои муҳими хислати ҳарбию сиёсӣ дошта қабул карда шаванд. Дар баробари ин СММ диққати ташкилотҳои ҳукуматию ғайриҳукуматӣ ва давлатҳои мададрасонро ба вазъи сиёсии Тоҷикистон ҷалб намуда, саҳми худро дар расонидани ёрии башардўстона гузоштааст, ки ин хизматҳо аз хотираҳо зудуда нахоҳанд шуд.


[1] Ниг.: Бунёди давлатдории навин. // Дар зери таҳрири Убайдуллоев М. – М.: Радуница, 2002. – С. 14.

[2] Тоҷикистони советӣ. – 1990. – 15 феврал.

[3] Ниг.:Бунёди давлатдории навин. // Дар зери таҳрири Убайдуллоев М. – М.: Радуница, 2002. – С. 15.

[4] Ниг.: Набиева Р., Зикриёев Ф. Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ. – Д., 2011. – С. 94-95.

[5] Ниг.: Дипломатия Таджикистана: вчера и сегодня. В двух томах. Том 1. // Под общ. ред. Зарифи Х. – Д., 2009.

[6] Центральная Азия: три государства в условиях кризиса. Отчёт МГПК по Азии, №7, 7 августа 2000.

Қодиров С.А.
ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи

инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАҲДАТИ МИЛЛЇ ВА НАҚШИ ОН ДАР
ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТЇ

Дар низоми давлатдорӣ яке аз самтҳое, ки ҳамеша мавриди таваҷҷўҳ ва пайгирӣ қарор дорад, таҳкими истиқлолияти давлатӣ мебошад. Кишварҳо новобаста аз тавоноӣ, дороӣ, таҷрибаи давлатдорӣ ва мақому манзалат дар арсаи байналмилалӣ, сиёсати муайян ва мушаххасро дар робита ба таҳкими соҳаҳои гуногун ва дар маҷмўъ худи давлат пиёда месозанд. Чунин нуқтаи назар, ки давлатҳо танҳо дар давраи ба даст овардани истиқлолият ва дар зинаҳои аввали давлатсозӣ ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ аҳамият медиҳанд, ғалат буда, ин раванд бо мавҷудияти давлат тавъам мебошад.

Таҳкими давлат ҷузъи муҳими барномаҳо ва дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ буда, ба ин раванд ниҳодҳо ва манбаъҳои муайян равона мегарданд. Иқдомоти ба ин самт равонагашта танҳо дар ҳоле муваффақ ва ҳадафрас мегарданд, агар ваҳдати миллӣ устувор бошад ва аҳолӣ онро дастгирӣ намояд.

Дар марҳилаи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикис­тон мебоист ба Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар таҳкими давлатдорӣ диққати махсус дода мешуд, вале мутаассифона, бо сабабҳои ба ҳамагон маълум, ин раванд сарфи назар гардид. Аз ин сабаб, барои расидан ба Ваҳдати миллӣ зарурияти паси сар намудани як корзори алоҳидае бо номи марҳилаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон пеш омад.

Марҳилаи мазкур яке аз давраҳои ҳассоси таърихи давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд мавзуъҳои асосии музокирот дар ин давра ба масоили бозгашти гурезаҳо, халъи силоҳ, оташбас ва дигар ҷузъиёт бахшида шуда буданд, вале дар маҷмуъ мавзўи меҳварии он тавассути истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ расидан ба Ваҳдати миллӣ ва тавассути Ваҳдати миллӣ таҳким бахшидан ба Истиқлолияти давлатӣ буд.

Дар давраҳои аввали музокироти сулҳи тоҷикон ҳисси нобоварии ҷонибҳо нисбат ба якдигар эҳсос карда мешуд. Пеш аз ҳама, зимни таҳлили маводҳо оид ба раванди сулҳ мебинем, ки он давлатҳо ва шаҳрҳое, ки барои баргузор намудани музокирот интихоб шудаанд, вобаста ба майлу рағбати ҷонибҳо сурат гирифтааст. Ҳамин гуна мавқеъгирӣ дар интихоби аъзоёни гурўҳи корӣ, назоратчиёни раванди музокирот ва ҳатто меҳмонхона барои истиқомати ҳайатҳо низ дида мешавад. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки музокирот дар як муҳити нобоварӣ оғоз гардидааст ва дар раванди он борҳо қатъ гардидани музокирот ва фаъолияти гуруҳои корӣ далели ин гуфтаҳост.

Ҳайати музокирот аз ҳарду ҷониб аз намояндагони ҳамаи мин­тақаҳои Тоҷикистон иборат буданд. Ҷониби ҳукумат ба ҳайати худ нафаронеро шомил карда буд, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ нисбатан бетараф буданд. Иттиҳоди мухолифин бошад, шахсони калидии худ­ро ба ҳайати музокирот шомил карда буд.[1]

Мушкилоти дигар дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ бозгардонидани ҳамватанони ба хориҷ аз кишвар гурезашуда буд. Аммо, ин мушкилотро бозгардонидани гурезаҳое, ки дар Афғонистон паноҳ бурда буданд, дучанд мекард. Зеро гурезаҳои дар марзи Афғонистон буда пурра дар тобеияти мухолифин буданд, ки аз онҳо барои ҳадафҳои худ васеъ истифода мебурданд.

Дар қаламрави мамлакат, аниқтараш дар водии Қаротегин ва ВМКБ низ чанде аз қумондонҳои мухолифин бо гурўҳҳои мусаллаҳи худ боқӣ монда буданд, ки бо амалиётҳои мусаллаҳона ба раванди баргузории музокирот халал ворид менамуданд.Дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ низ кўшишҳои марказгурезӣ бо ҳар гуна усул аён мегардид, ки дар маҷмуъ зарурати истиқрори сулҳ, ризоят ва Ваҳдати миллиро тақозо мекард.

Ин гурўҳҳо вобаста ба вазъият гоҳе худро ҷузъи Иттиҳоди мухолифин мешумориданд, гоҳе дигар бо амалиётҳои мусаллаҳонаи худ аз тобеъ набуданашон дарак медоданд. Ҳатто, пас аз истиқрори сулҳ низ онҳо барои ворид намудани халал ба таҳкими давлатдорӣ борҳо амалиётҳои мусаллаҳона анҷом додаанд, ки воқеаҳои солҳои 1998, 1999, 2010 ва 2012 далели ин гуфтаҳост.

То ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷиҳати таҳкими Истиқлолияти давлатӣ як қатор барномаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурӣ амалӣ шуда бошанд ҳам, бе мавҷудияти Ваҳдати миллӣ дар он марҳила оид ба сад дар сад ҳадафманд ва мақсаднок ба анҷом расидани онҳо чизе гуфта наметавонем. Яъне, дар вазъияти ҷангӣ бе расидан ба сулҳ ва субот,ҳадафмандии кўшишҳои таҳкими давлатдорӣ зери суол бурда мешавад.

Ин буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро дар раванди минбаъдаи таҳкими давлатдорӣ бо дар хавф гузоштани ҷони худ зимни як сафари таърихӣ рўзҳои 10-11-уми декабри соли 1996 ба минтақаи Хусдеҳи Афғонистон ба мухолифин ёдрас намуд. Барои он мо маҳз ин сафари Президентро ин ҷо махсусан қайд менамоем, ки аслан суроғи сулҳ омадан дар ин шароит ва дар ин макон бо назардошти вазъияти Афғонистон қаҳрамонист. Ин иқдом далели он буд, ки Эмомалӣ Раҳмон расидан ба сулҳ ва Ваҳдати миллиро болотар аз ҳастии худ гузоштааст. Маҳз садоқат ва мардонагии Президент мавқеи сулҳхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди мухолифин, lang= давлатҳои нозир, созмонҳои миёнарав ва дар маҷмуъ ҷомеаи башарӣ беш аз пеш устувор менамуд. Ин иқдоми Президенти Тоҷикистон дар як марҳилаи ҳассос ва бо баҳонаҳои гуногун дурӣ ҷўстани мухолифин аз музокирот ба раванди минбаъдаи музокироти сулҳи тоҷикон таккони ҷиддӣ дода, роҳро ба сўи ҳар чӣ зудтар ба имзо расонидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ кушод.

Гуфтушуниди байни тоҷикон, ки аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар сатҳҳои гуногун 216 рўз давом кард, бо қабули ду ҳуҷҷати муҳим Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва Эъломияи Маскав ба анҷом расид.[2] Ҳарчанд дар дохили кишвар то соли 1997 чандин маротиба миёни ҷонибҳои даргир ва қумондонҳои алоҳида созишномаҳои мухталифи сулҳ ва оштӣ баста шуда бошад, ҳам созишномаи Маскав дар зоти худ беназир буд.

Ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ маънии онро надошт, ки дар Тоҷикистон ҳамаи ихтилофоти мавҷуда бартараф шудаанд. Ҳисорот ва оқибатҳои ҷанг барои таҳкими шохаҳои давлатдорӣ ва дар маҷмуъ истиқлолияти давлатӣ монеа эҷод мекарданд. Муносибат ба сулҳи миёни тоҷикон низ якранг набуд. Махсусан Ўзбекистон ба ин раванд бо шубҳа менигарист ва шомил гардидани мухолифини исломгароро ба ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон барои амнияти худ хатарзо медонист.[3]

Агар давраи навини давлатдории тоҷиконро вобаста ба раванд­ҳои маълум ба марҳилаҳои гуногун тақсим кардан мумкин бошад, пас яке аз чунин марҳилабандӣ давраи то соли 2000 ва баъд аз он шуда метавонад.

Амалисозии иқдомоти муассир дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар оғози асри XXI самараи таҳкими Ваҳдати миллӣ ва тавассути он мусоидат намудан ба рушди давлатдорӣ мебошад, ки ҳамагон шоҳиди он ҳастем.


[1] Иброҳим Усмон. Сулҳнома. – Душанбе: Ҷамъияти саҳҳомии навъи кушодаи «Матбуот», 2001. С.17

[2] Иброҳим Усмон. Сулҳнома. – Душанбе: Ҷамъияти саҳҳомии навъи кушодаи «Матбуот», 2001. С.396

[3] История международных отношений (1918-2003), том 3, раздел 4 – Глобализация – Москва 2000

ТАЪИНОТҲОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Т А Ъ И Н О Т И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости раиси Раёсати ҶСК «Соҳибкорбонк» Содиқова Ҳ.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19 ва 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 4 марти соли 2013

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Фирдавсова Г.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судяҳои Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А. ва Абдуллоев Л.И.-ро оид ба дархости раиси Раёсати ҶСК «Соҳибкорбонк» Содиқова Ҳ.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19 ва 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Раиси Раёсати ҶСК «Соҳибкорбонк» Содиқова Ҳ.Н. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатнамуда, дар он нишон медиҳад, ки бонки мазкур дар давоми фаъолияти соҳибкориаш барои барқарор ва ҳимоя намудани ҳуқуқҳои вайроншуда ва манфиатҳои иқтисодию соҳибмулкии худ борҳо бо тартиби муқаррарнамудаи кодексҳои мурофиавии иқтисодӣ ва мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудааст.

Аз баски тартиби қабули аризаҳо, огоҳ намудани тарафҳо аз вақт ва маҳалли баррасии парванда, қабули ҳалнома ва қарори дахлдор дар ҳамаи марҳилаҳои судӣ дар моддаҳои 120, 121, 122 ва 240 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ танзим гардидаанд, бонк дар вақти ба судҳои иқтисодӣ муроҷиат намуданаш ба ягон душворӣ дучор намеояд, ки ин тартиби корро нисбати судҳои умумӣ гуфтан нашояд.

Чунончи, шикояти апеллятсионӣ бе мамоният қабул гашта, дар муҳлати муайяншуда баррасӣ мегардад. Исму насаби судяи марҳилаи якум ва аъзои коллегияи кассатсионӣ, ки бояд аризаю шикояти кассатсиониро бинад, бо таъиноти судӣ маълум карда мешавад, ба тарафҳо имконият дода мешавад, ки барои ҳимояи манфиаташон кўшиш намоянд, инчунин даъвогар ва ё ҷавобгарон бе мамоният ба назди судя даромада, ба дархосту шикояташон ҷавоби дахлдор мегиранд.

Аммо вобаста ба расонидани хабарнома ва даъвати судӣ, омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ, таъини парванда ба муҳокимаи судӣ, муҳлати баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои гражданӣ, амали суди марҳилаи якум баъди гирифтани шикоят ё эътирози кассатсионӣ, тартиби гузаронидани мурофиаи судии гражданӣ, ки бо моддаҳои 115, 117, 118, 150, 156, 157 ва 332 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешаванд, нофаҳмиҳо ҷой доранд, ки чунин ҳолати кор ба он оварда расонидааст, ки ҳалномаҳо на дар муҳлати муқарраршуда, балки бо кашолкории зиёд баррасӣ мешаванд. Инчунин онҳо ҳам чун тараф дар аксар маврид ҳангоми баррасии парвандаҳояшон аз мавқуфгузоштан ва ба вақти дигар гузаронидани мурофиаҳои судӣ бехабар мемонданд.

Ба ақидаи дархостдиҳанда баррасии парванда дар марҳилаи кассатсионии судии гражданӣ пешбининамудаи моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рафти баррасии шикояти кассатсионӣ монеагии зиёдтареро ба миён меорад, зеро дар моддаи зикршуда тартиби ба таври ошкоро баргузор гаштани мурофиаи кассатсионӣ муқаррар карда нашудааст. Дар натиҷа шахсонии штирокчии парванда аз ҳуқуқҳои худ оид ба шинос шудан бо маводи парванда, овардани шикоят ва эътирози кассатсионӣ ва изҳори норозигӣ нисбат ба шикоят ва эътирози воридгардида маҳрум мешаванд. Пешниҳоди далелҳо ва дархостҳои иловагӣ бинобар номаълум будани ҳайати коллегияи кассатсионӣ ва маърўзачӣ оид ба ҳамин парванда ғайриимкон мебошад. Ҳамаи ин боиси халалдор гаштани манфиатҳои молиявии бонк гашта, то андозае душворӣ пеш меоранд. Ҳатто сабабҳои аз тарафи суд вайрон шудани муҳлатҳоро низ фаҳмидан ғайриимкон мебошад.

Аз ин рў, муроҷиаткунанда аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда, мутобиқати моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаҳои 19 ва 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.

Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ (ба ў) дар гирифтани тафсири расмии меъёрҳои Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бонк мусоидат намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки ҶСК «Соҳибкорбонк» агарчи субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо дар дархости мазкур алоқаи мантиқӣ ва номутобиқатии мазмунӣ ва мавзўии моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19 ва 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дида намешавад, ки он боиси оғози мурофиаи судии конститутсионӣ гардида, санҷиши конститутсиониро талаб намояд.

Зеро, моддаи 332 Кодекси мурофиавии гражданӣ «Амали суди марҳилаи якум баъди гирифтани шикоят ва эътирози кассатсионӣ» номгузорӣ шуда, уҳдадориҳои судяро оид ба шикоят ва эътирози кассатсионии аз тарафи иштирокчиёни мурофиаи судӣ пешниҳодгардида муайян менамояд.

Тибқи моддаи мазкур, уҳдадориҳои судя аз иҷрои амалҳои мушаххас, аз ҷумла дар муҳлати на дертар аз се рўзи баъд аз гирифтани шикоят ва эътирози кассатсионӣ ба шахсони иштирокчии парванда пешниҳод намудани нусхаи шикоят ва эътироз, огоҳ намудани шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли баррасии шикоят ва эътироз дар судҳои марҳилаҳои болоӣ ва ирсоли парванда ба суди марҳилаи кассатсионӣ иборат мебошанд ва чуноне ки дида мешавад, дар ин уҳдадориҳо ягон меъёри алоқаманд бо маҳдуд кардани ҳуқуқи конститутсионии шахс ба кафолати ҳифзи судӣ ва ё муқаррароти конститутсионӣ дар хусуси ба таври дастҷамъӣ ё танҳо барррасӣ кардани парванда аз ҷониби судяҳо дида намешавад.

Аз тарафи дигар, тибқи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 апрели соли 2008 мавриди амал қарор дорад, вазифаҳои қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дуруст ва саривақт баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои гражданӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордодаи шаҳрвандон (шахсони воқеӣ), шахсони ҳуқуқӣ, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони дигар, ки субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, манзил, замин, экологӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошанд, иборат буда, ба ҳеҷ асос наметавонад ҳуқукҳои конститутсионии шах­сро ба кафолати ҳифзи судӣ маҳдуд намоянд.

Баъдан, моддаи 332 Кодекси зикршуда аз 2 қисм ва якчанд сархатҳо иборат буда, масъалаҳои гуногуни ҳуқуқиро дар бар мегирад, ки муроҷиаткунанда бе мушаххас намудани қисми дахлдори модда, муайян намудани мутобиқати тамоми матни онро ба моддаҳои номбаршудаи Конститутсия талаб намудааст, ки чунин тартиби масъалагузорӣ аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест. Яъне муроҷиаткунанда зимни пешниҳоди талабҳои худ бояд алоқамандии меъёри мавриди баҳс қарордодашударо бо меъёри дахлдори Конститутсия, баъдан номутобиқати байни онҳоро ба таври мушаххас ва оқибати ин номутобиқатиро дар вайрон намудани ҳуқуқҳои конститутсионии худ бо далелҳои равшан ошкор намояд.

Дархостдиҳанда метавонад талабҳои худро, ки аз баҳодиҳӣ ба матни моддаи номбурда, тафсири расмии он ва бартараф намудани кашолкорӣ дар фаъолияти судҳои умумӣ иборат аст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ мувофиқан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марҳилаҳои болоии судҳои дахлдор пешниҳод намояд.

Аз ин рў, Суди конститутсионӣ бинобар набудани сабаб ва асосҳои кофӣ барои оғози мурофиаи судии конститутсионӣ, аз рўи дархости мазкур оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро рад менамояд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости раиси Раёсати ҶСК «Соҳибкорбонк» Содиқова Ҳ.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19 ва 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун ҷавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тобеи Суди конститутсионӣ набудани талаби дар дархост зикрёфта рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Азизов М.Ҳ.-директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштарак «Шоҳроҳи абрешим» «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаи 4, қисмҳои 28, банди 9 қисми 49 моддаи 34 ва банди 1) қисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 3.12.2004, моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 17.09.2012, моддаҳои 634 ва 673 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 14 ва 20 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 20 марти соли 2013

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Сангова Г.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судя Абдуллоев Л.И.-рооид ба дархости Азизов М.Ҳ.- директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштарак «Шоҳроҳи абрешим» «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаи 4, қисмҳои 28, банди 9 қисми 49 моддаи 34ва банди 1) қисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 3.12.2004, моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 17.09.2012, моддаҳои 634 ва 673 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 14 ва 20 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Азизов М.Ҳ.- директори генералии ҶДММ КМ «Шоҳроҳи абре-шим» бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки Ҷамъияти номбурда яке аз андозсупорандагони фаъоли вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, андозҳои муқарраршударо сари вақт ба буҷети давлатӣ пардохт менамояд.

Фаъолияти Ҷамъият аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ доимо мавриди санҷиш қарор дода шуда, натиҷаҳои он ҳамеша мусбӣ арзёбӣ мегардиданд.

13 сентябри соли 2010 фаъолияти Ҷамъият барои давраҳои аз 1 августи соли 2007 то 1 августи соли 2010 аз ҷониби шуъбаи хизматрасонӣ ва андозситонии шахсони ҳуқуқии Нозироти андози шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мавриди санҷиш қарор дода шуда, оид ба натиҷаи он аз 14 сентябри соли 2010 таҳти №115 ба Ҷамъият қарор-огоҳинома пешниҳод гардид. Тибқи ин қарор-огоҳинома ба зиммаи Ҷамъият пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 485 370 сомонӣ, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ба маблағи 69 578 сомонию 71 дирам, андози даромад аз шахсони воқеъӣ ба маблағи 568 сомонию 70 дирам, андози ҳадди ақал аз даромади корхона ба маблағи 62 319 сомонию 18 дирам бо фоизҳо, дар маҷмўъ пардохти маблағи 617 836 сомонию 59 дирам вогузор карда шуд.

Дархостдиҳанда қайд мекунад, ки нозироти андоз дар санади тартибдодааш нишон додааст, ки Ҷамъият бо ҶСК «Ленинободтаъминот» шартномаи иҷораи замин баста, дар ҳудуди қитъаи замини иҷораи бозори «Атуш» ташкил карда, ба соҳибкорон иҷозати гузоштани контейнерҳоро додааст, ки онҳо бо истифода аз контейнерҳояшон фаъолияти соҳибкории худро пеш бурдаанд. Ҷамъият бошад барои нигаҳдории контейнерҳо ва молҳои дар дохили он буда барои таъмини қувваи барқ ва хизматрасонии коммуналӣ аз соҳибкорон подошпулӣ гирифта, маблағи даромадшударо ҳамчун даромад аз шартномаи иҷораи амвол дар ҳисоботҳои муҳосибӣ нишон додааст, ки ин гўё хилофи талаботи банди 1) қисми 2 моддаи 211-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

Ҳол он, ки мутобиқи банди 1) қисми 2 моддаи 211-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 2004) фаъолияти марбут ба иҷораи амволи ғайриманқул, аз ҷумла дар фурўшгоҳҳо ё бозорҳо аз андозбандӣ аз арзиши иловашуда озод буда, ҳамзамон тибқи муқаррароти банди 9 қисми 49 моддаи 34-и Кодекси номбурда муносибати иҷоравӣ ба замин объекти андозбандии андози мазкур эътироф карда намешавад.

Ба андешаи муроҷиаткунанда нозироти андоз, инчунин муқар­рароти моддаи 14 Кодекси заминро, ки тибқи он заминистифодабарандагони якумдараҷа метавонанд қитъаҳои заминро дар асоси шартнома ба иҷора диҳанд ва шартномаи иҷораи замин бе тағйир додани таъиноти мақсадноки қитъаи замин баста шуда, қитъаҳои замин ба муҳлати то 20 сол ба иҷора дода мешаванд, сарфи назар намудааст.

Муқаррароти моддаи 20 Кодекси замин, ки тибқи он заминистифодабарандагони дуюмдараҷа ҳуқуқ доранд, ки заминро мувофиқи шартҳои муайяншуда истифода баранд, аз канданиҳои фоиданоки маъмул, торф, ҷангал, манбаъҳои об, инчунин дигар xислатҳои муфиди замин мувофиқи тартиби муқарраргардида истифода баранд ва ҳуқуқ ба ҷуброни хароҷот низ аз ҷониби нозироти андоз ба инобат гирифта нашуд.

Амали нозироти андоз ба муқарроти моддаи 634 ва 673 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳо мувофиқан тартиби истифодаи амволи ба кироя (иҷора) гирифташуда ва ҳуқуқба қитъаи замине, ки бино ё иншооти иҷорагирифта дар он ҷойгир аст, ба танзим медароранд, мувофиқ нест.

Ҳамин тариқ, нозироти андоз бе назардошти муқаррароти қо­нунҳои амалкунандаи зикршуда нисбати Ҷамъият қонуни вуҷуд надоштаро тадбиқ намудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он дар банди 1) қисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон сархат бо мазмуни зайл:

«-супоридан ё иҷораи амволи ғайриманқул, ки барои мақсадҳои соҳибкорӣ истифода бурда мешавад», илова карда шудааст, аз ҷониби Маҷлиси намояндагон 11 ноябри соли 2009 таҳти №1464 қабул шуда, 19 ноябри соли 2009 таҳти №1464 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шудааст.

Қонун аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 декаб­ри соли 2009 таҳти №571 ба имзо расида, 8 декабри соли 2009 дар рўзномаи «Садои мардум» №138-139 (2514-2515) ба нашр расидааст, ки тибқи моддаи 2 ин Қонун аз 1 январи соли 2010 мавриди амал қарор дода мешавад.

Ҷамъият қарор-огоҳномаи нозироти андозро дар хусуси пардохти 617 836 сомонию 59 дирам ғайриқонунӣ ва беасос ҳисобида, барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои конститутсионии худ ба Cуди иқтисодии вилояти Суғд муроҷиат намудааст. Суди зикршуда аризаро баррасӣ намуда, онро бо ҳалнома аз 2 декабри соли 2010 рад намудааст.

Ҳалномаи мазкур, бо қарори марҳилаи апеллятсиониии Суди иқтисодиии вилояти Суғд аз 3 марти соли 2011 ва бо қарори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июли соли 2011 беқаноат мононда шудааст.

Ба андешаи муроҷиаткунанда супоридан ё иҷораи амволи ғайри- манқул (хонаҳои истиқоматӣ, квартираҳо (ҳуҷраҳо), бўстонсаройҳо, гаражҳо ва дигар биною иморату иншоотҳо), ки бо мақсадҳои соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд, бояд аз 1 январи соли 2010 мавриди андозбандӣ аз арзиши иловашуда қарор дода шавад.

Аммо нозироти андоз, иловаи ба банди 1) қисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшударо ғайриқонунӣ дастрас карда, ба он қувваи бозгашт додааст ва онро барои се соли сипаригашта, – давраи 1 августи соли 2007 то 1 августи соли 2010, – яъне давраи ҳанўз вуҷуд надоштану амал накардани қонун мавриди амал қарор дода, ҳуқуқҳои конститутсионии Ҷамъиятро ба моликият дағалона поймол намудааст.

Бинобар ин, муроҷиаткунанда моддаи 4, қисмҳои 28, банди 9) қисми 49 моддаи 34 ва банди 1 қисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 3.12.2004, моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 17.09.2012, моддаҳои 634 ва 673 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 14 ва 20 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқҳои конститутсионии Ҷамъиятро ба моликият дағалона поймол намудаанд, ба моддаи 20 Конститутсия, ки тибқи он: «Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахс­ро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад.» ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсия, ки тибқи он: «Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд», мухолиф меҳисобад.

Аз ин рў, дархостдиҳанда ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, хоҳиш дорад, ки аз рўи дархости он мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда:

1) мутобиқати моддаи 4, қисмҳои 28, банди 9) қисми 49 моддаи 34 ва банди 1 қисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 3.12.2004, моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 17.09.2012, моддаҳои 634 ва 673 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 14 ва 20 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян намояд;

2) дурустии ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои се сол пеш (1 августи соли 2007 – 1 августи соли 2010) қувваи бозгашт додани нозироти андозро муайян кунад;

3) мутобиқати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаи 20 Конститутсия; қонунӣ будани сарфи назаркуниҳои нозироти андози шаҳри Ҳуҷанди вилояти Суғд аз бандҳои 1.1 ва 3.7 Шартномаи иҷора аз 1 январи соли 2004, моддаҳои 4, 34 ва 211 Кодекси амалкунандаи андози ҳамон вақт, моддаҳои 634 ва 675 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 14 ва 20 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад;

4) Қарор-огоҳнома №115 аз 14 сентябри соли 2010 оид ба ҷавоб- гарии андоз кашидани Ҷамъият, ду санади РМА 510014831 аз 13 сентябри 2010 нозироти андози шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд то ба итмом расидани баррасии дархост дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта шавад.

Суди конститутсионӣ дархости Азизов М.Ҳ-ро омўхта баромада, қайд менамояд, ки номбурда субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда метавонад, зеро тибқи банди 7 моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсони ҳуқуқӣ нисбати қонун ва дигар санади ҳуқуқии дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ нисбаташон татбиқшуда, ки ба андешаи онҳо ҳуқуқу манфиатҳои конститутсионии онҳоро вайрон намудаанд, инчунин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи суд нисбаташон дар парвандаи мушаххас татбиқ шудаанд, ҳуқуқ доранд ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд.

Талаби дар дархост гузошташудаи муроҷиаткунанда дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаи 4, қисмҳои 28, банди 9) қисми 49 моддаи 34 ва банди 1) қисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеи Суди конститутсионӣ буда, мавзўи баррасии он маҳсуб меёбад ва дар талаби гузошташуда номуайяние дида мешавад, ки он санҷиши конститутсиониро тақозо менамояд.

Аммо Суди конститутсионӣ зимни баррасии дархост муқаррар намуд, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул шуда буд, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 бинобар қабул шудани Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷкистон аз эътибор соқит дониста шудааст. Аз 1 январи соли 2013 бошад, Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дорад.

Тибқи қисми дуюми моддаи 42 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он «рад шудани қабули пешниҳод ва дархост барои баррасӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ шудааст, кори аз рўи парванда оғозшуда, бинобар бекор ё аз эътибор соқит шудани санаде, ки конститутсионӣ будани он мавриди баҳс қарор гирифтааст, боиси қатъ шудани мурофиаи судии конститутсионӣ мегардад.

Суди конститутсионӣ дар фаъолияти худ танҳо мутобиқати қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

Суди констутутсионӣ вобаста ба талаби дархостдиҳанда оид ба мутобиқати моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсия қайд менамояд, ки мувофиқи талаботи банди 7 қисми 1 моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дорад, дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ нисбат ба Ҷамъият татбиқ нашудааст, ки он боиси поймол гаштани манфиатҳои Ҷамъият гашта бошад.

Бинобар ин, талаби дархостдиҳанда оид ба муайян намудани мутобиқати моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии Суди конститутсионӣ қарор гирифта наметавонад.

Суди конститутсионӣ вобаста ба талаби дигари дархостдиҳанда оид ба муайян намудани мутобиқати моддаҳои 14 ва 20 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 634 ва 673 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамояд, ки миёни моддаҳои зикршудаи Кодекси замин ва Кодекси гражданӣ бо моддаҳои Конститутсия алоқамандии мавзўӣ дида намешавад, ки он боиси оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ гардида, санҷиши конститутсиониро талаб намояд. Муқаррароти онҳо ба мавзўҳои гуногун бахшида шуда, инъикос ва тадбиқи моддаҳои 20 ва 45 Конститутсия нестанд. Дар дархост, инчунин асосноккунии мушаххаси талаби муроҷиаткунанда оид ба номутобиқатии моддаҳои зикршудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриимкон буда, ба таври зарурӣ равшану возеҳ ифода наёфтааст.

Аз дархост муайян нест, ки номутобиқатии моддаҳои 14 ва 20 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 634 ва 673 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавриди баҳс қарор дода шуданд, ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чӣ ифода меёбад, ки онҳо боиси поймол гардидани ҳуқуқҳои конститутсионии муроҷиаткунанда гардида бошанд.

Ғайр аз ин, дархост аз ҷиҳати мазмун низ ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ нест.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дархости Азизов М.Ҳ.-директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштарак «Шоҳроҳи абрешим» рад менамояд.

Дар айни ҳол, муроҷиаткунанда метавонад, оид ба ҳифзи манфи­атҳои худ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба судҳои иқтисодӣ ва мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд.

Бо дастрасии моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 34, 37, 40 ва 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости Азизов М.Ҳ.- директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштарак «Шоҳроҳи абрешим» «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаи 4, қисмҳои 28, банди 9) қисми 49 моддаи 34ва банди 1 қисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 3.12.2004, моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 17.09.2012, моддаҳои 634 ва 673 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 14 ва 20 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар аз эътибор соқит шудани санаде, ки конститутсионӣ будани он мавриди баҳс қарор гирифтааст ва мазмунан мутобиқ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят оварда намешавад.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

Н А В И Д Ҳ О И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

24-27 апрели соли 2013 дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 51- солагии таъсиcёбии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Туркия, Сарвазири он, раисон ва судяҳои Суди конститутсионии кишвари мазкур, намояндагони мақомоти назорати конститутсионии ҷумҳуриҳои Афғонистон, Гурҷистон, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Малайзия, Муғулистон, Россия, Таиланд, намояндагони корпуси дипломатии муқими ин давлат ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир гардид.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М. намояндагӣ намуданд.

Дар ҷараёни кори чорабинии мазкур маърўзаҳо вобаста ба мав­зуҳои дастрасӣ ба адолати судии конститутсионӣ ва мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ шунида шуданд.

Дар рафти сафари корӣ ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия вохўрӣ намуда, зимни он вобаста ба масъалаҳо ва таҷрибаи адолати судии конститутсионӣ табодули назар карда шуд.

14 майи соли 2013 вохўрии Раиси Суди Конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов бо узви Комиссияи байнал­милалӣ бар зидди ҳукми қатл, собиқ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут Дрейфус доир гардид.

Дар мулоқот, ҷонибҳо оид ба пешгирӣ аз таъин ва татбиқи ҳукми қатл дар Тоҷикистон, таъмини амалишавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба шумор меравад, ибрози андеша намуданд.

Дар рафти мулоқот Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷикистон Маҳкам Маҳмудов зикр намуд, ки Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба­ромадҳои хеш ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳа­мияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, дар Паёми навбатии худ ба мақоми олии қонунгузории кишвар 26 апрели соли 2013 доир ба ҳукми қатл махсус қайд намуданд, ки «ҳаёти инсон асоси ҳастӣ ва неъмати бебаҳо буда, маҳрум кардан аз он маънии қатъ гардидани мавҷудияти фард, шахсият ва узви ҷомеаро дорад. Дар тамадуни инсонӣаз ҷониби давлат татбиқ накардани ҷазои қатл, пеш аз ҳама, чун нишонаи башардўстӣ, шафқат ва пешравии ҷамъият эътироф карда мешавад».

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар Тоҷикистон нисбати таъин ва татбиқи ҳукми қатл аз соли 2004 моротория эълон карда шудааст ва аз соли 2004 то имрўз ҳукми қатл умуман таъин ва татбиқ нашудааст.

Тарафҳо вохўрии дуҷонибаро судманд арзёбӣ намуда, ҷонибдории худро оид ба вусъат додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.

Дар вохўрӣ ҳамчунин судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М. ҳузр доштанд.

14 майи соли 2013 дар заминаи иҷрои банди 9 Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 таҳти №976 тасдиқ гардидааст, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинар оид ба муҳокимаи лоиҳаи нави Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби гурўҳи корӣ бо дарназардошти амалия ва таҷрибаи қонунгузории давлатҳои хориҷи кишвар таҳия гардидааст, баргузор гардид.

Дар кори семинар Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон – Раиси Конференсияи мақомоти назорати конститутсионии кишварҳои демократияи нав, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шўрои адлия, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, намояндагони дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва олимону муттахассиcони соҳаи ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов бо сухани ифтитоҳӣ ба кори чорабинии мазкур ҳусни оғоз бахшида, сараввал минатдории самимии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷониба ва мусоидат намудан дар рушди мақомоти назорати конститутсионии мамлакат, ки ба шарофати он Суди конститутсионӣ имрўз фаъ­олияти мустақили худро баҳри таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба амал мебарорад, изҳор намуд.

Сипас, суханро барои маърўза оид ба лоиҳаи нави Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба судя – котиби Суди конститутсионӣ К.Каримов дод, ки номбурда ҳозиринро ба мазмуну муҳтавои лоиҳа муффасал шинос намуда ба саволҳои иштироккунандагони семинар ҷавоб гуфт.

Бобати такмили лоиҳаи нави Қонуни конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» инчунин, Раиси Суди Олӣ Абдуллоев Н.А., Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мансуров Н.М., Раиси Шўрои адлия Азизов З.Н., муовини Прокурори генералӣ Кишварзода А.Г. ва дигар намояндагони вазорату идораҳо суханронӣ намуда, таклифу пешниҳодҳои худро иброз доштанд.

Ҳамчунин, дар доираи чорабинии мазкур бобати густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мута­қобилан судманд бо мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои хориҷи кишвар, аз ҷониби Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов ва Раиси Суди конс­титутсионии Ҷумҳурии Арманистон Арутюнян Гагик Гарушевич Ёддошти та­фоҳум оид ба ҳамкори байни судҳои конститутсионии давлатҳои ба ҳам дўст ба имзо расонида шуд.

Зимнан, солҳои охир дар фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таҷрибаи ба имзо расонидани санади ҳамкорӣ бо мақомоти ҳамшабеҳи давлатҳои хориҷи кишвар, ки барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ бо дарназардошти қонунгузории миллӣ заминаи ҳуқуқӣ мегузорад, ба таври васеъ ба роҳ монда шуда, дар заминаи он Суди конститутсионии кишвар бо судҳои конститутсионии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Украина ва Туркия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки амалишавии меъёрҳои онҳо имрўз ба ташаккули нуфузи мақомоти назорати конститутсионии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат мусоидат менамоянд.

Пас аз анҷоми маросими ба имзо расонидани ин санади муҳими байналмилалӣ кори семинар идома дода шуда, аз ҷониби ширкаткунандагони он лоиҳаи нави Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шуда, ҷиҳати боз ҳам такмилу мукаммал намудани он таклифҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Қонуни конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳанўз солӣ 1995 қабул гардида, дар ин муддат ба он зиёда аз даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Бинобар ин, бо мақсади боз ҳам такмилу тақвият бахшидан ба фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ бо мақсади таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд фаъолият менамояд, тибқи банди 9 Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 таҳия ва қабули қонуни нав пешбинӣ гардидааст.

5 июни соли 2013 бо мақсади татбиқи Паёми Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 апрели соли 2013 сафари кории Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҳкам Маҳмудов ва Директори институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдулвоҳид Шамолов ба шаҳри Кўлоб доир гардида, дар доираи он бо аҳли ҷамоатчигии шаҳр, намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳайати устодону донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Кўлоб суҳбату вохўрии доманадор анҷом дода шуд.

Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов зимни суханронии хеш, аз ҷумла иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми солонаи худ дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баромад намуда, рушди сиёсиву иқтисодии кишварро дар соли сипаришуда ҷамъбаст намуда, бобати ноил шудан ба пешрафт ва дастовардҳои нав дар назди ҷомеа вазифаҳо гузоштанд, ки дар амал татбиқ гаштани онҳо имкон медиҳад, ки кулли масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳи ҳалли худро ёбанд.

Инчунин, зикр гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ва санади стратегии ҳадафманд бо тарзи масъалагузорӣ ва шарҳи зарурати он, таҳлили мушаххас ва хулосабарориҳо санади муҳимтарини сол аст, ва мо вазифадорем, ки барои дар амал татбиқ намудани он саъю кўшиш намуда, он вазифаҳое, ки ба зиммаи ҳамагон гузошта шудааст, сарбаландона ва бо масъулияти том иҷро намоем.

Паёми Сарвари давлат дурнамои рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад ва ҳамагон бояд нуқтаҳои дар он зикргардидаро ҳамчун барнома сармашқи кории худ қарор дода, барои дар амал татбиқ намудани он саъю кўшиш намоянд.

Ҳамчунин дар доираи вохўрии мазкур вобаста ба паҳлуҳои гуногуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои сершумори ширкаткунандагони он ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.

Сафарҳои кории ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон бо мақсади татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба дигар шаҳру навоҳии кишвар бобати баргузор намудани суҳбату вохўриҳо бо аҳолӣ, кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ идома дорад, ки ин ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамояд.

12 – 15 июни соли 2013 дар шаҳри Мадриди Испания Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳукми қатл бо иштироки намояндагони мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои бонуфузи зиёда аз панҷоҳ давлати ҷаҳон доир гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабинии мазкури сатҳи байнал­милалӣ Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов, Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумахон Давлатов ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф намояндагӣ намуданд.

Зимни баргузории ин Конфронси байналмилалӣ масъалаҳои гуногунӣ марбут ба ҳукми қатл, ки яке аз намудҳои ҷазои ҷиноятӣ барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳсуб меёбад, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

20 июни соли 2013 бахшида ба таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Шўрои адлия, Академияи илмҳо, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар оғози кори мизи мудаввар Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, сараввал ҳозиринро бо ҷашни фархундаи Рўзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуд.

Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов зимни суханронии худ иброз дошт, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст, дар таърихи давлатдории навинамон ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва воқеаи нодиру фараҳбахши ҳаётӣ маҳсуб ёфта, баҳри пойдории сулҳу суботи комил дар кишвари маҳбубамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузошт ва дар як вақт барои мустаҳкам намудани андешаҳои солими давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши босазо бозид.

Санади таърихии мазкур, ки заминаи муҳими пойдории сулҳу субот дар кишвар ба ҳисоб меравад, аз нигоҳи ҳуқуқӣ падидаест, ки омили муҳими пешрафт – сулҳ ва суботро метавонад тақвият дода, дар рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳм дошта бошад. Ин мақоми нав бояд пеш аз ҳама, тарғибгари ғояи миллӣ, бартарафсозандаи манфиатҳои минтақавӣ, пешгирикунандаи ҳар навъ низоъ дар ҷомеа бошад.

Дар рафти кори мизи мудаввар ҳамчунин намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Академияи илмҳо, Шўрои адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иштирокчиён оид ба нақш ва аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар пойдории сулҳу субот ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ маърўзаҳо намуданд.

Мундариҷа

Каримов К.М. Ваҳдати миллӣ дар қаринаи муносибатҳои
байналмилалӣ ва тартиботи ҷаҳони муосир 5

Шарифов Р. Масалаи ҳифз ва таъмини Ваҳдати миллӣ дар
шароити гуногунандешии сиёсӣ 14

Раҷабов М.Н. Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими
мақоми байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17

Сулаймонов Ф. Баъзе аз масоили татбиқи моддаи 13-и
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 23

Саидвалиева Б.С. Ваҳдати миллӣ омили хушбахтӣ ва рушди
кишвар 28

Темиров В.Т. Нақши Созмони Милали Муттаҳид дар
музокироти сулҳи тоҷикон 32

Қодиров С.А. Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар таҳкими
истиқлолияти давлатӣ 38

Таъинотҳои Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости раиси Раёсати ҶСК «Соҳибкорбонк» Содиқова Ҳ.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19 ва 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 марти соли 2013 43

2) дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Азизов М.Ҳ.-директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштарак «Шоҳроҳи абрешим» «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаи 4, қисмҳои 28, банди 9 қисми 49 моддаи 34 ва банди 1) қисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 3.12.2004, моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 17.09.2012, моддаҳои 634 ва 673 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 14 ва 20 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2013 48

Навидҳои Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 57

Yandex.Metrica