Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 3) 2014

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(№ 3) 2014

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ

дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни)
Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Маҷаллаи илмию иттилоотӣ

Сармуҳаррир:

Маҳмудзода М. А. Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Ҳайати таҳририя:

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон

Сотиволдиев Р. Ш. Раиси Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Искандаров З.Ҳ. Узви Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДМТ

МУНДАРИҶА

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили
20-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
……………………….. 6

Маҳмудзода М.А. Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона…………….. 19

Абдуллозода Н. Нақши Конститутсия дар таҳкими адолати судӣ………. 30

Абдуфатоҳи Ғоиб Конститутсия заминаи эъмори давлати
демократӣ ва ҳуқуқбунёд…………………………………………………………………… 39

Раҳмон О.Э. Роҷеъ ба баъзе масоили танзими ҳуқуқ
ва озодиҳои занон дар Тоҷикистон…………………………………………………….. 42

Шарипов Ф. Ҳ. Конститутсия ва сиёсати хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон……………………………………………………………………….. 48

Шафоатов М.С. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон:
таърихи истиқлолият ва ҷанбаҳои илмӣ-назариявии таъмини
манфиатҳои амнияти миллӣ………………………………………………………………. 55

Саидов И.И. Ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва сиёсии шаҳрвандон дар конститутсияҳои ҶМШС Туркистон, ҶХШ Бухоро ва ҶМШС
Тоҷикистон (1918-1929)……………………………………………………………………… 75

Таъинотҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ
оид ба дархости Амир Муҳаммад Поянда Муҳаммад «Оид ба
муайян намудани мувофиқати қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 № 325 «Дар бораи номгўи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷўянда ва гурезагон мумкин нест»
ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии
Тоҷикистон, қисмҳои 1-3 мод­даи 12 Паймони байналхалқӣ доир
ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиё­сӣ, мод­даи 5 Конвенсияи байналхалқӣ дар
бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ ва моддаи
26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо»
аз 15 сентябри соли 2014…………………………………………………………………….. 90

Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 96

СУХАНРОНИИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ

ЭМОМАЛЇ РАҲМОН ДАР МАҶЛИСИ ТАНТАНАВЇ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ 20-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷ­ҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад.

Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озод­андешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фар­ҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Бинобар ин, бо камоли ифтихору сарфарозӣ кулли ҳамватанони азиз ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба муносибати ҷашни 20-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони озоду мустақил самимона табрику шодбош мегўям.

Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.

Дар таърихи начандон тўлонии истиқлол роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ягонаву дунявиро дар сатҳи қонуни олии мамлакат интихоб намудани халқи тамаддунсози тоҷик нишонаи барҷастаи хирад ва суннатҳои таҳаммулгарои он мебошад.

Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шаро­фати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.

Бо гузашти солҳо мо аҳаммияти таърихии сиёсиву ҳуқуқии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсозро бештар дарк ва қадр намуда, шоҳиди онем, ки дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳиб­истиқ­лоли мо дар масири ду даҳсолаи охир пайгирона то ба зинаи давлатдории муосири ҷавобгў ба мақсаду мароми халқи фарҳангсолори тоҷик расид.

Ҳоло ки мо дар арафаи таҷлили 20-умин солгарди санади тақ­дирсози кишвар қарор дорем, бояд бори дигар ба таърихи қабули он назар андохта, андеша намоем, ки то имрўз дар заминаи ин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ дар самти эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи адолатпарвар ба кадом дастовардҳо ноил шудаем.

Зеро ёдовар шудан аз дастовардҳо ба мардуми кишвар ва хусусан ҷавонон имконият медиҳад, ки аҳаммияти таърихӣ ва сиёсиву ҳу­қуқии Конститутсияро амиқан дарк намоянд.

Дўстони азиз!

Истиқлолият, ки ибтидои давлатсозӣ ва давлатдории муосири мил­лии мо мебошад, ҳамчун рамзи олии Ватану ватандорӣ барои хал­қи тоҷик имкони воқеии амалӣ намудани орзуву ормонҳои гузаштагонамонро фароҳам оварда, роҳи пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд.

Соҳибистиқлолӣ ва инкишофи мустақилонаи давлат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқро рўи кор оварда, барои ис­лоҳоти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва интихоби шакли нави идоракунии давлат замина гузошт.

Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар ҷомеа андешаи барпо наму­дани давлати ҳspan style=ҳquot;; mso-bidi-font-family: quot;,/spanfont-size: small;уқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешиву бисёрҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати мавҷудияти моликияти хусусӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми демократиро ба вуҷуд овард, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ва куллан дигаргун кардани сохти давлатдорӣ зарурати қабули Конститутсияи нави кишвар ба миён омад.

Зеро ҳама хуб дарк мекарданд, ки танҳо бо қабули Конститутсияи нав ҳимояи заминаҳои истиқлол ва муаррифии расмии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои баробарҳуқуқ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои пешрафтаи олам муяссар мешавад, амнияти милливу давлатӣ ва оромии авзои ҷомеа таъмин мегардад ва бо ҳамин роҳ поя­ҳои сиёсиву ҳуқуқии давлате, ки қадамҳои нахустини худро мегузошт, устувор мегардад.

Вазъияти ниҳоят ҳассосу печида ва зудтағйиёрбандаи онвақтаи арсаи олам низ дар баробари вазъияти ноорому таҳдидангези сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии дохили кишвар ба мазмуну мундариҷаи таҳаввулоти ҳаёти иҷтимоиву сиёсии мардуми мо ва умуман ҳастии давлати навини тоҷикон таъсири амиқ ва торафт афзоянда дошт ва дар назди давлату ҷомеа вазифаи басо муҳим ва ҳамзамон бо ин, масъулияти ниҳоят ҷиддиро гузошта буд.

Бинобар ин, бе қабули Конститутсияи нав ва дар асоси он муайян намудани сиёсати ҳуқуқии кишвар ва барқарор намудани сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ пешравии ҷомеаро таъмин кардан, муайян намудани сиёсати мутавозини дохиливу хориҷӣ ва ҳимояи манфиатҳои сиёсиву иқтисодии кишвар ғайриимкон буда, давлат ва ҷомеаи мо дар ҳар қадам ба душвориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ рў ба рў мегардид.

Таҳия ва қабули Конститутсияи нав, ки аслан баъди Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ гардида буд, ба давраи бисёр ноороми ҷамъиятиву сиёсӣ рост омад.

Гурўҳи кории таҳияи лоиҳаи Қонуни асосии кишвар кўшиш мекард, ки кори худро босифат ва дар муддати кўтоҳ ба иҷро расонад, зеро ҷомеаи Тоҷикистон ва вазъи ноороми он рўзҳо ҳарчи зудтар қабул гардидани ин ҳуҷҷатро тақозо мекард.

Дар раванди таҳия ва муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияи кишвар мардуми Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуда, ба гурўҳи корӣ фикру пешниҳодҳои зиёдеро манзур намуданд.

Аз ҷониби аъзои гурўҳи корӣ тамоми пешниҳодҳои воридшуда таҳлилу баррасӣ гардида, ҳамзамон бо ин, конститутсияи давлатҳои гуногуни ҷаҳон омўхта, таҷрибаи мусбати онҳо мавриди истифода қарор дода шуд.

Ман борҳо таъкид дошта будам ва боз иброз медорам, ки қабули Қонуни асосии кишвар, ки аслан бо дарназардошти андешаву пешниҳодҳои сершумори мардуми шарифи Тоҷикистон таҳия гардидааст, танҳо ба шарофати кўшишу талошҳои халқи тоҷик дар роҳи эъмори давлатдории навин муяссар гардид. Аз ин лиҳоз, қабули ин санад дастоварди бузурги миллии мо ба шумор меравад.

Бинобар ин, ман ба халқи Тоҷикистон ва ҳамаи аъзои гурўҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия, ки бо вуҷуди вазъияти мураккабу ноороми кишвар ва фишору зўроварии гурўҳҳои манфиатҷў, дар таҳия ва қабули ин санади сарнавиштсоз иштирок карданд, изҳори сипос менамоям.

Зеро қабули ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ ва дар он инъикос ёфтани мақсаду мароми ҷомеаи мо ва муайян гардидани сохти давлатдории тоҷикон ягона роҳи муаррифии давлати Тоҷикистон дар ҷаҳон, инчунин наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо буд.

Ин ҳуҷҷати тақдирсоз, ки бори нахуст ба таври раъйпурсии умумӣ қабул гардид, дар худ самтҳо ва бахшҳои асосиву стратегии рушди давлатдории миллӣ ва масъулияти муштараки халқ ва ҳоки­миятро дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ инъикос намуд.

Аз оғози пайдоиши тамаддуни инсонӣ то ба давраи муосир санадҳои зиёде расидаанд, ки муаррификунандаи мавҷудияти халқу миллатҳо дар як давраи муайяни таърихӣ, тарзи зиндагӣ, сатҳи тафаккур ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқӣ ва маънавии онҳо мебошанд, ки ба ҷумлаи онҳо Эъломияи Куруши Кабирро, ки таърихи зиёда аз дувуним ҳазорсола дорад, метавон дохил намуд.

Таърих гувоҳ аст, ки ин санадҳои муҳим раванди ташаккули афкори сиёсиву ҳуқуқӣ ва фалсафии инсониятро дар давраи муайян танзим намуда, дар худ андеша ва ғояҳои инсондўстона ва амалу рафтори бо қонун танзимшударо таҷассум мекунанд ва баромадан аз доираи муқаррароти онҳо ё нодида гирифтани онҳо сабаби сар задани низоъҳои мухталиф ва фалаҷ гардидани низоми ҳокимияти сиёсӣ мегардад.

Мо имрўз шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар баъзе кишварҳои ҷаҳон бинобар сарфи назар гардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузорӣ ва риоя накардани онҳо давлату ҷомеа ба хатарҳои вазнин ва мушкилоти сангин рў ба рў гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархўрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ гардида, ҳатто хquot;,quot;; mso-bidi-font-family: font-family: quot;Times New Roman Tjspan style=font-size: small;quot;; mso-ansi-language: RU;font-size: small;quot;serifатари парокандагӣ ва тақсимшавии давл/spanҷҷquot;; mso-ansi-language: RU;астем, ки дар баъзе кишваратҳоро ба миён овардааст.

Мо бояд ҳаргиз фаромўш накунем ва ба ҷавонони имрўза низ талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан меъёрҳои конститут­сионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонид.

Бадхоҳони миллати тоҷик тавассути ба роҳ андохтани низои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ тавонистанд миллати тоҷикро ба гирдоби мухолифати сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона кашида, ҳазорон нафарро қурбони манфиатҳои ғаразноки худ гардонида, зиёда аз як миллион нафар сокинони кишварро ба муҳоҷирони дохилӣ ва фирориён табдил диҳанд.

Дар чунин шароити ниҳоят вазнину ҳассос, пеш аз ҳама, ба шарофати иродаи матин, ақлу заковати мардуми тоҷик ва дар асоси меъёрҳои инсонпарваронаи Конститутсия ба мо муяссар шуд, ки ба низои дохилӣ хотима бахшида, дар заминаи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми парокандаи кишварро сарҷамъ намоем ва давлати миллиамонро аз хатари тақсимшавӣ эмин дорем.

Дар робита ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро хотирнишон созам. Маҳз қудрати ваҳдатсози санади тақдирсози миллат, яъне Конститутсия буд, ки дар асоси меъёрҳои он мо Комиссияи оштии миллиро таъсис додем ва қарорҳои он тавассути мақомоти олии консти­тутсионӣ – Президент, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати кишвар амалӣ гардиданд.

Метавон гуфт, ки механизми зикргардида бозёфти нодири ҳалли низои дохилӣ мебошад.

Он метавонад ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ усулу имконоти бо роҳи гуфтушунид ва дар чорчўбаи қонун ҳал намудани ихтилофоти дохилиро нишон дода, ба мактаби омўзиш табдил ёбад.

Ман ҳамеша таъкид менамоям ва итминони комил дорам, ки имрўз мардуми фарҳангсолори мо ба қадру қимати сулҳу суботи комил ҳамчун арзишҳои муқаддастарин мерасанд ва намегузоранд, ки андешаву ғояҳои ифротиву бегона вориди мафкураи ҷомеаи мо гашта, ваҳдати миллиамонро халалдор созанд.

Барои ин ба мо зарур аст, ки танҳо дар чорчўбаи Конститутсия ва қонун зиндагӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кўшиш намоем ва мардум, хусусан наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия кунем.

Зеро равандҳои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозанд, ки танҳо ҷомеае ба пешрафту тараққиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ба таври зарурӣ риоя ва иҷро шуда, волоияти қонун ҳамчун нишонаи барҷастаи давлати ҳуқуқ­бунёд таъмин гардад ва ташаккули муҳимтарин принсипҳои демократияи муосир дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода шавад.

Қабули Конститусия аз рўзҳои аввал дар назди давлату миллати мо вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ ва низоми мақомоти давлатии муосир, таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буданд.

Яке аз вазифаҳои муҳимми таърихиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоиву сиёсии Конститутсия дар он муқаррар гардидани тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, тамомияти арзӣ ва тақсимнашавандаву дахлнопазир будани ҳудуди Тоҷикистон буд, ки ин меъёри конститутсионӣ барои таъмини соҳибихтиёрии воқеии кишвар ва рушди Тоҷикистон ҳамчун як давлати воҳид шароити мусоид фароҳам овард.

Дар доираи Конститутсия эътироф гардидани тағйирнопазир будани тамомияти арзӣ ҳамчун муҳимтарин принсипи ташаккули давлати миллӣ барои таъмини соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти комил замина гузошт.

Дар сатҳи Конститутсия дарҷ гардидани кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва эътирофи моликияти хусусӣ ба созмон додани асосҳои иқтисодиёти миллии пешрафта мусоидат намуда, кишвари моро ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногун равона карда, барои таъмини ҳадафҳои давлати иҷтимоӣ, яъне таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар кас роҳнамо гардид ва имкон дод, ки барои рушди иқтисодии кишвар даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва татбиқ карда шаванд.

Зеро мо хуб медонем, ки барои ташаккул ва рушди давлату ҷомеа заминаи устувори иқтисодӣ зарур буда, бидуни мавҷудияти иқтисо­диёти ба рақобат тобовар ноил гардидан ба пешравиҳо ва таъмини шароити зиндагии арзанда ба ҳар кас, ки кафолати он дар сатҳи Конститутсия, ҳамчун кафолати давлати иҷтимоӣ дарҷ гардидааст, ғайриимкон мебошад.

Дар заминаи сиёсати пешгирифтаи иқтисодиву иҷтимоии давлат қабул гардидани барномаҳои мухталифи иқтисодӣ ва татбиқи бомароми онҳо имкон дод, ки ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ суръати тоза бахшида шуда, дар муддати начандон тўлонӣ ба хеле дастовардҳои назаррас дар ин самт ноил гардем.

Рушди бомароми соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон имкон дод, ки дар як муддати кўтоҳ андозаи музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия, кўмакпулиҳои гуногун ва дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар қарор доранд, ба маротиб афзуда, ҳамасола аз нисф зиёди буҷети давлатӣ ба соҳаи иҷтимоиёт сафарбар карда шавад, ки ин нишондиҳандаи возеҳи хислати иҷтимоӣ доштани буҷети давлати мо мебошад.

Албатта, ҷойи таъкид аст, ки барои расидан ба сатҳи арзандаи зиндагии аҳолӣ мо бояд хеле заҳмат кашем.

Дар сатҳи Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудааст, ки мавҷудияти ин меъёр баёнгари амалан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад ва дар айни замон шаҳодати он аст, ки кишвари мо дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимод гузошта истодааст.

Бо мақсади таъмини кафолати ҳуқуқ ба ҳаёт ва ба принсипи эъти­рофшудаи байналмилалии инсондўстӣ мутобиқ гардонидани қонун­гузории ҷиноятӣ аз соли 2004 инҷониб дар кишвар татбиқи ҷазои қатл боздошта шуд.

Ба хотири татбиқи меъёри конститутсионӣ ва бо дарназардошти он, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў дар меҳвари сиёсати инсондўс­тонаи давлати мо қарор дорад, дар муддати бист сол бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ Президенти Тоҷикистон понздаҳ маротиба лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи авф»-ро ба парламент пешниҳод намуд ва онҳо аз ҷониби мақоми олии қонунгузор қабул гардиданд, ки дар маҷмўъ ба зиёда аз 100 ҳазор нафар қарорҳо дар бораи озод кардан аз ҷазои таъиншуда, кам кардани муҳлати он ва озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ қабул карда шуданд.

Чанд рўз пештар бо мақсади идома бахшидан ба ин иқдоми башардўстона, татбиқи ҳамаҷонибаи принсипи инсондўстӣ, тақвияти кафолати конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, риояву эҳтиром ва ҳифзи онҳо ба ифтихори 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи истисноии конститутсионии худ лоиҳаи нави Қонун “Дар бораи авф”-ро ба парламенти мамлакат пешниҳод намудам ва он низ қабул гардид.

Амали ин қонун нисбат ба даҳ ҳазор нафар татбиқ гардида, пеш аз ҳама, занон ва ноболиғон, ки барои ҷиноятҳои гуногун маҳкум гардидаанд ва таҳти тафтишот ва баррасии судӣ қарор доранд, аз ҷазо озод карда мешаванд, ки ин боз як қадами муҳимму устувор дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.

Дар маҷмўъ аз давраи ба даст овардани истиқлолият то ин дам ҷиҳати мутобиқсозии қонунгузории ҷиноятӣ ба стандартҳои байнал­милалӣ, такмили принсипи инсондўстӣ дар меъёрҳои он корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, ҳоло лоиҳаи нави Кодекси ҷиноятӣ таҳия шуда истодааст, ки ин боз як иқдоми қавӣ дар самти такмили он мебошад.

Бояд гуфт, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ догма нест. Бо дарназардошти ин, дар давраҳои мухталиф (солҳои 1999 ва 2003) бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат идома ёфта, дар баробари як силсила наво­вариҳо, барои танзими муносибатҳои сифатан наве, ки ба рушди давлатдории миллӣ робитаи мустақим доштанд, заминаи муҳимми ҳуқуқӣ гуquot;Times New Roman Tjquot;,font-family: quot;seriffont-size: small;зошта шуда, дар мамлакат низоми комилан нави мақоми қонунгузор, яъне парламенти касбии иборат аз ду палата таъсис гардид, ки ин иқдом қадами устувор дар роҳи рушди парламентаризми муосир мебошад.

Воқеияти ҳаёт чунин аст, ки рушди минбаъдаи кишвар ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва ҳуқуқбунёд, таъмини шароит барои ташаккули гуногунандешӣ ва бисёрҳизбӣ, такмили салоҳияти мақомоти давлатӣ ва фаъолнокии сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон аз мақомоти қонунгузор вобастагии амиқ дорад.

Дўстони гиромӣ!

Дар радифи таъмини имконияти баробари ҳар шахс барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат таъмин намудани идомаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа яке аз хусусиятҳои муҳимми Конститутсия мебошад, ки ҷавҳари онро озодии сухан ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ташкил медиҳад.

Қонуни асосии кишвар барои таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда, дар заминаи меъёрҳои он фаъолияти мақсад­ноки мақомоти давлатӣ, ки ба рушди фарҳанг, таҷриба, ғояҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ равона гардидаанд, ба роҳ монда шудааст.

Конститутсия барои шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ низ асосҳои устувор гузошта, кафолати инкишофи озодонаи ҳар шахсро муҳайё сохт ва муҳимтарин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ба монанди озодии сухан, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ, матбуоти озод, дастрасӣ ба ҳама гуна иттилооти барои шахс зарур, озодии ҳаракат ва иродаро ҳамчун заминаи бунёдии ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ муқаррар намуд.

Эҳтиром ба қонун, ба арзишҳои олии инсондўстона, ба муқад­дасоти миллӣ ва анъанавӣ, ки таъмини фаъолияти озоди соҳибкорӣ ва дигар навъҳои зоҳирёбии истеъдоди инсониро кафолат медиҳад, аз комёбиҳои умдатарини Конститутсия дар роҳи эъмори ҷомеи шаҳрвандии хусусияти миллидошта ба ҳисоб мераванд.

Конститутсия дар баробари эътироф ва кафолати фазои озоди мафкуравӣ ва гуногунандешӣ роҳҳои қонунии татбиқи ин меъёрро тавассути қонунҳои соҳавӣ роҳандозӣ намуд, ки дар натиҷа имрўз дар фазои ҳуқуқии кишвар зиёда аз 2700 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, 8 ҳизби сиёсӣ, беш аз 4000 иттиҳодияҳои динӣ ва 44 иттифоқҳои касаба ба расмият шинохта шудаанд.

Конститутсия дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ рушд ёфтани ҳаёти ҷамъиятиро эълон намуда, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳеро ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф накардааст.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ рақобати озоди ҳизбу ҳаракатҳоро бо усули гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ эътироф намуда, кафолат медиҳад.

Аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҳизбу ҳаракат ва созмону иттиҳодияҳои диниву ҷамъиятӣ ба ҳаёти мардум мафкураҳоеро таҳмил намоянд, ки онҳо суннату арзишҳои муқаддаси миллӣ, ваҳдат, субот ва амнияти ҷомеа, якпорчагӣ ва низоми қонунияти давлатиро халалдор созанд.

Конститутсия таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиеро, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ё барои ба зўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ даъват менамоянд, манъ намудааст.

Дигар унсури муҳимми ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар Конститутсия дарҷ гардидааст, кафолати фаъолияти озоди воситаҳои ахбори омма мебошад, ки ба инкишофи ҷомеаи фардҳои озод ва изҳори озоди ирода мусоидат мекунад.

Бо мақсади татбиқи амалии ин меъёри конститутсионӣ ҳоло дар кишвар тамоми шароити зарурӣ ва заминаи ҳуқуқии муосир муҳайё мебошад ва ин имкон медиҳад, ки доираи фаъолияти воситаҳои ахбори омма боз ҳам васеъ гардида, барои пешрафти ҷомеа қадамҳои устувор гузошта шаванд.

Имрўз аз 516 номгўи рўзномаву маҷаллаҳое, ки дар кишвар чоп мешаванд, 307 рўзномаву маҷалла ғайридавлатӣ, аз 68 шабакаҳои радио ва телевизион 49 шабака хусусӣ ва аз 11 агентии иттилоотӣ 10 агентӣ ғайриҳукуматӣ мебошад. Ҳоло шумораи умумии истифодабарандагони интернет қариб ба 4 миллион нафар мерасад.

Соли 2000-ум аз 300 номгўи рўзномаву маҷалла 200 номгўй ва ҳамагӣ 14 телевизиону 2 радио ғайридавлатӣ буданд.

Ин рақамҳо нишонаи равшану возеҳи озодии сухан ва воситаҳои ахбори умум мебошад, ки Конститутсия кафолат додааст.

Конститутсия озодии эътиқод ва озодии виҷдонро ба ихтиёри инсон вогузор намуда, нуқтаи муҳим ва марказии ин озодӣ эътирофи ҳаққи инсонҳо ба ҳамин арзишҳо буда, ҳукми ихтиёр ва ҷонибдорӣ кори шахсии ҳар фард аст.

Маҳз ба ҳамин хотир, дар Конститутсия таъкид гардидааст, ки: «quot;,span style=quot;serif/spanfont-size: small;quot;; mso-bidi-font-family: span style=Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».

Ҳозирини арҷманд!

Дар таърихи давлатдории тоҷикон бори аввал дар сатҳи Конститутсия ҳокимияти судӣ ба ҳайси шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Ҳамзамон бо ин, маҳз Конститутсияи кишвар риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат дод.

Бо дарназардошти он, ки дар давлати демократӣ нақши ҳоки­мияти судӣ дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳр­ванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат муҳим мебошад, аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар барои рушди ин рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоии судҳо ва судяҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ва тавре ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ иброз доштам, ҳокимияти судӣ минбаъд низ такмил меёбад ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома дода мешавад.

Таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ ҳамзамон барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар, таҳкими ризоияти ҷомеа, баланд гардидани обрўву эътибори мардуми тоҷик дар сатҳиspan style=span style=font-family: span style=quot;serif/span байналмилалӣ, пойдории кишвар, таъмини қонунияту адолати иҷтимоӣ ва эъмори ҷомеаи демокративу quot;serifspan style=quot;; mso-bidi-font-family: font-size: small;/span/spanspan style=ҳуқуқбунёд нақши муҳимму арзанда мегузорад.

Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки судяҳо бояд барои мунтазам беҳтар кардани фаъолияти касбӣ, баланд бардоштани донишҳои назариявию амалии худ кўшиш карда, барои баррасии одилона ва саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон чораҳои зарурӣ андешанд ва ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки рисолати аслии хизматии онҳо пойдории адолати судӣ мебошад.

Шарти муҳимми ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама, устувор гардонидани низоми қонуният, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад.

Имрўз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз замони қабули Конститутсия то ин дам дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ корҳои зиёдеро анҷом дода, ба таъмини суботу оромӣ ва муътадил гардонидани вазъи ҷинояткорӣ дар мамлакат муваффақ шудаанд.

Дигар вазифаи муҳимми Конститутсия муайян намудани асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиа, яъне таъмини истиқлолият, амнияти миллӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии ҳудуди кишвар ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ мебошад.

Дар сархати Конститутсия мо халқи Тоҷикистонро қисми ҷудоно­пазири ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон карда, дар доираи фаъолияти байналмилалии худ риояи усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳониро ба уҳда гирифтем ва онҳоро то имрўз пайгирона татбиқ менамоем.

Пешбурди муваффақонаи сиёсати хориҷии давлат дар асоси меъёр­ҳои Конститутсия ба мо имконият дод, ки ҳамқадами ҷараёни тағйироти амиқи бозсозиҳои ҷаҳонӣ бошем ва сиёсати фаъоли давлатамонро дар арсаи байналмилалӣ пайгирона васеъ гардонем.

Дар асоси муқаррароти Конститутсия кишвари мо иштирокчии зиёда 1500 санадҳои байналмилалӣ, хусусан муҳимтарин санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон буда, уҳдадориҳои байналмилалии худро дар ин самт иҷро мекунад ва ҳисоботи худро ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мунтазам пешниҳод менамояд.

Аммо бо вуҷуди ин дастовардҳо кишвари мо ҳоло низ дар марҳалаи тақдирсози таҳкиму тақвияти пояҳои давлати худ қарор дорад ва ин амр аз мо саъйю талошҳои минбаъдаро ба хотири ҳалли масъалаҳои умдаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву амниятӣ тақозо менамояд.

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва ташаккули падидаҳои мухталифе, ки метавонанд ба истиқлолияти миллии мо халал ворид созанд, эҳтиром ва риояи ҳатмии меъёрҳои Конститутсия ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳаммияти аввалиндараҷа касб менамояд.

Дар робита ба ин, як масъалаи дигари муҳимро мехоҳам хотирнишон созам, ки моҳи феврали соли 2015 тибқи муқаррароти Конститутсия ва қонунгузории мамлакат дар кишварамон интихоботи парламент, мақомоти намояндагии маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот баргузор мегардад.

Ҳоло барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани он тамоми имко­ниятҳо мавҷуд буда, ин чорабинии муҳимми сиёсӣ аз ҳар шаҳрванди кишвар маданияти баланди сиёсӣ, ҳисси ватандўстӣ ва масъулиятшиносиро ба хотири сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ободии фардои мамлакат ва наслҳои оянда тақозо мекунад.

Бо мақсади такмили заминаи имкониятҳои баробари иштирок дар маъракаи интихоботӣ ба ҳамаи номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба наздикӣ аз ҷониби парламенти кишвар ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, дар баробари як қатор дигаргуниҳо дар ин қонун андозаи гspan style=арави интихоботӣ панҷоҳ фоиз кам карда шуд.

Меъёри мазкур ба номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон сабукӣ оварда, имконият медиҳад, ки шаҳрвандон дар интихоботи навбатӣ фаъолтар иштирок намоянд ва барои ноил шудан ба мақоми вакилӣ дар фазои демокративу баробар талош варзанд.

Чунонки борҳо хотирнишон кардаам, мо ҳамеша ҷонибдори интихоботе мебошем, ки ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор гардад.

Эътироф шудааст, ки дар арафаи интихобот бо дарназардошти инкишофи низоми бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ номзадҳои зиёде пешбарӣ мешаванд, ки инро мо ҳамчун як падидаи табиӣ дар ҷомеаи демократӣ арзёбӣ мекунем.

Гузашта аз ин, мо ҷонибдори интихоботи парламентие мебошем, ки бо роҳи алтернативӣ барпо гардад, то худи халқ тавонад, намояндаи арзандаашро озодона интихоб кунад.

Мо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсонеро, ки дар интихобот иштирок менамоянд, даъват мекунем, ки барои дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда барпо шудани ин маъракаи сиёсӣ талош кунанд, то ки ин чорабинӣ ба таҳкими сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар кишвари соҳиб­истиқлоламон мусоидат намояд.

Ман ба ҳамаи сохторҳое, ки бо масъалаи гузаронидани интихобот марбутанд, супориш медиҳам, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, шаффоф ва дар фазои озод баргузор гардидани интихоботи парламентӣ, мақомоти намоядагии маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳамаи шароити заруриро муҳайё намоянд.

Дар ҷараёни гузаронидани тадбирҳои пешазинтихоботӣ лаҳзае набояд фаромўш кард, ки ҳамаи мо барои фардои давлату миллат, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дар маҷмўъ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва баланд бардоштани эътибору обрўи он дар арсаи байналмилалӣ масъулият дорем.

Шубҳае нест, ки интихоботи соли оянда ба мақомоти намояндагӣ мисли дигар чорабиниҳои сиёсии дар кишварамон баргузоршуда боз як омили муҳимми таҳкими ваҳдати миллӣ, сарҷамъии халқи Тоҷи­кистон ва болоравии обрўи кишварамон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ табдил хоҳад ёфт.

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини муҳтарам!

Воқеияти бебаҳс аст, ки сарнавишти муосири халқи тоҷик, ибтидои давлатсозиву давлатдории навин, пешрафту рушди Тоҷикистони азиз ва болоравии мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ аз истиқлолияту соҳибихтиёрии Ватани азизамон сарчашма мегирад.

Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди беба­ҳои таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кўшиш намоем.

Эътимоди комил дорам, ки ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва худогоҳу худшиноси кишвар минбаъд низ бо дарки амиқи қарзи муқад­даси фарзандии худ дар назди халқу давлати Тоҷикистон ҷи­ҳати амалишавии ҳадафҳои зикршуда ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва арзишҳои Қонуни асосии кишвар талош меварзад.

Бори дигар ҷашни пуршукўҳи 20-солагии қабули муқаддастарин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқии кишварро ба ҳар як фарди Ватан шодбош гуфта, умедворам, ки меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳиб­истиқлол тўли садсолаҳо ҳамчун манбаи нодири ҳуқуқӣ таҳкимбахши пояҳои сиёсии давлатамон ва роҳнамои халқи тамаддунсози тоҷик боқӣ мемонад.

Бигзор, Конститутсияи давлати демократии мо ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон бошад.

Саломату сарбаланд бошед!

Маҳкам Маҳмудзода

Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳу­рии Тоҷикистон,

академики АИ ҶТ,

доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ҶУМҲУРИИ

ТОҶИКИСТОН ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ

ДЕМОКРАТЇ, ҲУҚУҚБУНЁД, ДУНЯВЇ ВА ЯГОНА

Воқеияти умумиэътирофшудааст, ки қариб давлате нест, ки Конститутсияи мушаххас надошта бошад. Қонуни асосӣ ба воқеияти давлатӣ нигаронида шуда, давлатро ташаккул медиҳад ва дар навбати худ давлат Конститутсияро ба вуҷуд меорад ва мазмуну ҳудуди амали онро муқаррар менамояд. Давлат тобеи Конститутсия буда, ба ҳайси кафили амалишавии меъёрҳои он баромад менамояд.

Ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ҳамчун маҳсули давлат сатҳи ташаккули тамоми ҷомеа ва хусусияти муносибатҳои ҳокимиятиро, ки зимни қабул ва амали он ба миён омадаанд, инъикос менамояд.

Ғояи марказии Конститутсия дар зарурати таъмини ҳамфикрӣ ва созиши қувваҳои мухталифи ҷамъиятиву сиёсии ҷомеа дар шароити муосир ва ояндаи таърихӣ зоҳир меёбад, ки ин шаҳодати омили муҳими суботи сиёсӣ, кафолати ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии милливу иҷтимои будани Конститутсия мебошад.

Конститутсия андешаи назариявии давлати ҳуқуқбунёдро, ки дар қатори дастовардҳои муҳими тамаддуни инсонӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд, муайян намуда, ба эъмори давлате, ки дар он ҳуқуқ моҳияти ташаккули муносибатҳои мутақобилаи шахсияту давлатро ташкил намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин карда, беқонунӣ истисно карда мешавад, нигаро­нида шудааст.

Таърих собит менамояд, ки инсоният аз замонҳои қадим шаклҳои беҳтарини муносибати шахсияту давлат ва мувофиқа­ти манфиатҳои онҳоро ҷустуҷў менамояд, зеро дар воқеият манфиатҳои шахсият бояд дар мадди аввал қарор дошта, неъматҳои инсонӣ қонуни сатҳи олии давлатиро ифода намоянд.

Дар назарияи илми ҳуқуқ мавҷудият ва амали бевоситаи Консти­тутсия – ин нишондиҳандаи муҳими волоияти ҳуқуқ дар давлат ва афза­лияту эҳтироми ҳуқуқҳои шахсият маҳсуб ёфта, ғояи консти­тутсионӣ татбиқи васеи худро дар тамоми дунё пайдо намуда, усул­ҳои зўроваронаи амалисозии ҳокимият ва идоракунии давлат ва вай­ронкунии моҳияти қонунро маҳкум менамояд.

Аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз мақсадҳои заминавии ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон қабули Конститутсияи муосир ва дар заминаи он эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор мерафт, ки ғояи муосири аз ҷониби умум пазируфташудаи дорои характери универсалӣ буда, ба дилхоҳ низоми сиёсӣ ва мафкуравии миллатҳои дар раванди таъ­рихии давлатдории ҷаҳон мавҷудбуда мувофиқат менамояд.

Бинобар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дар солҳои аввали ташаккули поя­ҳои истиқлолияти миллӣ тавассути райъпурсии умумихалқӣ Конститут­сияи нав қабул гардида, саҳифаи навро дар низоми таърихи давлатдории тоҷикон оғоз намуд ва дигаргунии куллиро дар ҳаёти ҷомеа ба миён оварда, самти ташаккули иқтисодию иҷтимоӣ ва ҷамъиятию сиёсии давлатро муайян намуд.

Конститутсияи Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихии гузариш аз ҷомеаи сотсиалистӣ ба давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта, барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳоки­мияти давлатӣ, самтҳои ҷараёни инкишофи ҷомеа, бунёди давлат­дории навин мусоид фароҳам оварда, дар заминаи он рушди бемай­лони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи ман­фиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин карда шуд.

Қонуни асосии кишвар, ки дар марҳалаи басо мураккаби сиёсии рўзҳои аввали ташак­кули давлати мустақил қабул гардид, бузург­тарин дастоварди даврони соҳибистиқ­лолии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои неку созандаи пешрафту тараққиёти давлати муосир асос гузошт.

Бояд ёдовар шуд, ки таърихи қабули ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ба вазъи мураккаби солҳои 90-уми қарни сипаригар­дида, ки Тоҷикистон қадамҳои аввалини худро барои бунёди аркони давлатдории миллӣ мегузошт, рост омад ва аҳамияти муҳими таърихии Конститутсия низ маҳз дар он аст, ки вай пеш аз ҳама барои таъмини сулҳу субот ва ба эътидол овардани вазъи сисёсӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Тибқи Конститутсия Тоҷикистон давлати соҳибих­тиёр, демок­ратӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуда, дар ин замина самти ҳаракати давлат ба роҳи эъмори давладории навин равона гардида, барои татбиқи ҳадафҳои Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳалаи муҳими таҳкими ҳоки­мияти конститутсионӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, асос гузошт.

Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли ҷорӣ дар суханронии худ ба ифтихори 23 – солагии Рўзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иброз доштанд: «Консти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои истиқлолият ва асосҳои дав­лати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бах­шид, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муо­сири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд».

Дар заминаи Конститутсия адолати ҳуқу­қӣ, яъне волоияти ҳуқуқ, ки тартиботи давлатӣ ва муносибати давлатро бо ҷомеа дар замири эътирофу эҳтироми манфиатҳо таъмин менамояд, устувор гардида, пойдории адолати иҷтимоӣ мақсаду мароми тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид.

Хусусияти муҳими Конститутсия дар он аст, ки вай аз як тараф Қонуни асосии давлат ва аз тарафи дигар Қонуни асосии ҷомеа мебошад, ки ин ба мақоми халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва барандаи моҳияти иҷтимоии ҷомеа такя менамояд.

Конститутсия давлати моро бо тамоми хусусиятҳои ҷаҳониаш таъсис дода, мустақилияти давлатро бо ҳама унсурҳояш, аз қабили ҳудуд, соҳибихтиёрӣ дар ҳалли масъалаҳои дохилидавлатӣ, мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, шаҳрвандӣ, қонунгузории мустақил, асъори миллӣ, қувваҳои мусаллаҳ ва ғайра мустаҳкам намуда, муносибати мутақобилаи давлат ва мақомоти давлатиро бо ҷомеа ва ниҳодҳои он ба вуҷуд овард.

Дар он асосҳои пешрафти давлати муосир, кафолати ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, фаъолияти озоди иқтисодӣ, таҷзияи ҳоки­мият, гуногунандешии сиёсию мафкуравӣ, демократияи намояндагӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот, TGspan style=quot;,quot;; mso-ansi-language: TG; гуногуншаклии моли­кият, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, ки нишондиҳандаи мавҷудияти низоми демократии сиёсию иҷтимоӣ мебошанд, муайян гардиданд.

Конститутсия ба сифати қонуни олии давлат принсипҳои муҳим­тарини ҳаёти ҷомеаро муайян намуда, муносибатҳои вобаста ба татбиқи ҳокимияти сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро танзим намуда, дар таърихи начандон тўлонии худ барои эҳтиром гузоштан ба арзишҳои пазируфташудаи инсонӣ, ба монанди риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини шароити мусоид барои зиндагии арзандаи ҳар шахс фазои мусоиди ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ яке аз беҳтарин конститутсияҳо эътироф шуд.

Тибқи санади олии ҳуқуқӣ на танҳо давлат, балки ниҳод ва падидаҳои он низ аз муқаррароти ҳуқуқӣ ва ғояҳои Конститутсия бархурдор буда, аз онҳо ба таври васеъ истифода менамоянд.

Бо қабули Конститутсия, ки имрўзҳо аз он бист сол сипарӣ меша­вад, тамоми рукнҳои давлат дар сатҳи зарурӣ ташаккул ва тақвият ёфта, он вазъи воқеии пешрафти давлат ва самти ташаккули иҷти­моию иқтисодӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва диниву маънавии ҷомеаро дар шароити муосир инъикос менамояд.

Дар заминаи Конститутсия дар Тоҷикистон ислоҳоти ҳуқуқӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими талаботи объективии рушди ҷомеа идома ёфта, нахустин санадҳои танзимкунандаи муноси­бат­ҳои во­баста ба ташаккулёбии рукнҳои давлатдорӣ, фаъол намудан ва таҳкими сохто­ри ҳокимияти давлатӣ ба тасвиб расида, мақоми нави ҳокимияти давлатӣ ҷавобгў ба талаботи замон ва ҷомеа таъсис дода шуд.

Конститутсия халқро ба сифати баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сар­чашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуда, асосу зербинои ҳуқуқиро ба сифати кафолати танзими солими муносибатҳои ҷамъи­ятӣ муқаррар намуд ва барои аз нигоҳи ҳуқуқӣ дуруст ба низом даро­вардани меъёрҳои қонун ва тартибу усули ҳуқуқии амалигардонии қонунҳо замина ба вуҷуд овард.

Дар сатҳи Конститут­сия забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд ва ин меъёр имкон дод, ки арзишҳои миллиию фар­ҳангии миллати тоҷик эмин нигоҳ дошта шуда, ба эҳёи дубораи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Дар ин замина забони тоҷикӣ дар кишвар рушд ёфта, Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул карда шуда, вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ ва истифодаи онро дар кишвар танзим намуд.

Қонуни асосии кишвар инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ўро ба сифати арзиши олӣ эътироф карда, ҳуқуқҳои фитрӣ, аз ҷумла ҳаёт, қадр ва номуси инсонро дахлнопазир эълон намуда, давлатро масъул месозад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.

Бо мақсади татбиқи ин меъёри конститутсионӣ ва амалигардонии принсипи байналмилалии инсондўстӣ аз соли 2003-юм нисбат ба занон ва аз соли 2004-ум умуман татбиқи ҷазои қатл боздошта шуд, ки ин кафолати пурраи таъмини ҳуқуқ ба ҳаёт мебошад.

Дар сатҳи ин ҳуҷҷати сиёсӣ бори аввал истифода гардидани мафҳуми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, ҳамчун нишонаи муҳими мавҷудияти демократия барои амалӣ гардидани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мусоидат намуд ва ин меъёр имкон дод, ки шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипи боздорӣ ва мувозинат, мустақилона бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ташаккул ёбанд.

Дигар падидаи муҳиме, ки барои ташаккули арзишҳои соҳиб­ихтиёрӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ замина гузошт, ин дар сатҳи Қонуни асосии кишвар эътироф ва эҳтироми меъёрҳои аз ҷониби умум пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Аввалин маротиба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷи­кистон онҳоро эътироф кардааст, дар сатҳи Конститутсия ба сифати қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эълон шуда, дар асоси меъёри мазкур то ба имрўз Тоҷикистон аксари санадҳои байнал­милалиро оид ба ҳуқуқи инсон, мубориза бар зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эътироф намудааст, ки ин барои баланд гардидани мақоми Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва ба мақоми шоиста дар низоми навини муносибатҳои байналмилалӣ даст ёфтани давлати мо мусоидат кард.

Конститутсия Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки меъёри мазкур барои пешрафти иқтисоди миллӣ, тақвияти низоми таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг такони ҷиддӣ бахшида, дар ин самт дастовардҳои назаррас ба даст омад.

Вобаста ба ин, принсипҳои сиёсию падидаҳои ҳуқуқие, ки дар Конститутсия ифода ёфтаанд, барои ба низоми иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсӣ, ҳамчунин дар маҷмуъ ба пешрафти тамаддуни муосир шомил намудани ҷомеа ва давлати мо мусоидат менамояд.

Конститутсияи кишвар аз ҷониби давлат кафолат дода шудани фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробар­ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро муқаррар намуд, ки ин меъёр барои ташаккули муносибатҳои иқти­соди бозоргонӣ ва ба маротиб афзудани иқтисодиёти кишвар мусо­идат кард.

Дар як вақт беҳтар гардидани сатҳи иқтисодиёти кишвар имкон дод, ки маблағ­гузории давлатии соҳаҳои иҷтимоӣ зиёд гардида, вазифаҳои давлати иҷтимоӣ таъмин карда шаванд.

Вобаста ба ин, гуфтан мумкин аст, ки дар заминаи меъёрҳои Конститутсия дар бист сол соҳаҳои иқтисодии кишвар рушду такомул ёфта, кишвари мо ба марҳалаи тозаи тараққиёти устувори хеш қадам гузошта, се самти афзалиятноки дурнамои рушди Тоҷикистон – таҳкими истиқлолияти энер­гетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуни­катсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ имрўз дар сатҳи зарурӣ ба амал татбиқ мешавад.

Дар ин радиф, қабул гардидани Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некў­аҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013–2015 ва дигар бар­номаҳои соҳавию минтақавӣ, ки ба баланд шудани сатҳи зиндагии аҳли ҷомеа асоси воқеӣ гузоштанд, қобили зикр аст.

Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳ­тарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: «Бо дарназардошти он, ки то вақти ба охир расидани муҳлати татбиқи Стратегияи миллии рушд камтар аз ду сол боқӣ мондааст, зарур аст, ки дар баробари таҳлили натиҷаҳои бадастомада манбаъҳои таъмини пешрафти минбаъдаи иқтисодиёти кишвар муайян карда шуда, таҳияи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 оғоз гардад. Амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат имкон медиҳад, ки ҳаҷми иқтисоди кишвар то соли 2020, яъне дар ҳафт соли оянда, то ду баробар афзоиш ёфта, маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафари аҳолӣ на камтар аз якуним баробар зиёд карда шавад», ки ин низ самараи татбиқи меъёрҳои иқтисодии Конститутсия мебошад.

Конститутсия муҳимтарин арзишҳои демократӣ, аз қабили ҳу­қуқи ҳар шахсро ба озодии сухан, нашр, истифодаи воситаҳои ахбори омма, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, муттаҳид шудан, иштирок дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои кquot;; mso-ansi-language: TG; mso-bidi-font-weight: bold;quot;Times New Roman Tjfont-size: small;/spanspan style=font-size: small;font-size: small;асаба ва итти­ҳодияҳои ҷамъиятӣ, ихтиёран дохил ва баромадан аз онҳо, муроҷиат намудан ба мақомоти давлатӣ ва дигар ҳуқуқҳои позитивии инсонро мустаҳкам намуда, кафолати таъмин ва амалишавии онҳоро аз ҷониби тамоми мақомоти давлатӣ муқаррар кардааст.

Баъди ба даст овардани истиқолияти давлатӣ дар асоси меъёрҳои Конститутсия барои таъсиси ниҳодҳои демократӣ, яъне ҷомеаи шаҳрвандӣ замина гузошта шуда, механизми ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин гардид, ки ин иқдом барои густариши ислоҳоти иқтисо­диву иҷтимоӣ ва ҳалли проблема­ҳои ҳаётӣ мусоидат намуд.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шароити муосир унсури муҳими ҷо­меаи иҷтимоӣ буда, барои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд шароити зарурӣ фароҳам меорад. Аз ин лиҳоз, алоқа­мандии мантиқии ин ниҳоди демократӣ бо Конститутсияи кишвар ба чашм мерасад.

Дар шароити муосир муносибатҳои ташаккулёбандаи мутақо­би­лан судманди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрван­дӣ бо давлат таъмин гардида, вазифаи мақомоти давлатӣ бобати хизмат намудан ба манфиати ҷомеа ва шахс қувваи конститутсиониро касб намудааст.

Барои бемамониат фаъолият намудани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳр­вандӣ дар кишвар қонунҳои зиёд, аз қабили: «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд.

Дар заминаи принсипи дунявияти давлати Тоҷикистон, Конститутсия таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқодро, ки аз зумраи ҳуқуқҳои табиии инсон мебошад, кафолат дода, онро дар маркази ҳимояи давлатӣ қарор додааст.

Ин меъёри конститутсионӣ барои тавъам сохтани арзишҳои динию ормонҳои фарҳангии миллат дар самти эъмори Тоҷикистони озоду демократӣ ва дунявӣ, рушди фазои озоди динӣ ва ташаккули шуури ҷамъиятӣ мусоидат намуда, барои ба миён омдани муносибати мусолиматомезона бо ҳама ғояву андешаҳои гуногун, аз он ҷумла усулҳои дунявию демократӣ ва арзишҳои миллӣ, ки кафолати пешравии давлат мебошад, замина гузошт.

Қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол зару­рати таъсиси низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатиро ба миён овард. Сохторҳои давлатӣ, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз нав ташаккул ёфта, ислоҳоти идораи давлатӣ оғоз гардид, ки он то ҳол идома ёфта истодааст.

Дар ин раванад механизми ҳамкории ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия такмил дода шуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷ­роияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳр­вандӣ дар ҷараёни муҳокимаи қарорҳои қабулшаванда ва татбиқи онҳо таъмин гардида, барои густариши ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳалли проблемаҳои ҳаёти кишварамон мусоидат намуд.

Дар асоси Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳ­кими раванди демократикунонӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани маъ­рифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани ҳар гуна ҳуқуқ­вай­ронкунӣ чораҳои муассир андешида шуда, як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.

Ҳанўз моҳи апрели соли 1997 бо мақсади таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии роҳи қонуншиканӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуда буд.

Худи ҳамон сол ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 августи соли 1997, таҳти № 383 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» қабул гардид.

Баҳри иҷрои қарори номбурда Шўрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф, адлия, про­куратура ва Академияи илмҳо таъсис дода шуд, ки айни ҳол фаъо­лияти он бо маром ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади таҳкими минбаъдаи раванди демократику­нонии ҷомеа, тарғиби арзишҳои демократӣ ва ба ин васила таъмини фазои демократӣ дар кишвар 1 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷараёнquot;Times New Roman Tjи демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» қабул гардид.

Бо қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, № 253 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» тасдиқ гардид, ки мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулият­шиносӣ, ватандўстӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини фаъолнокии сиёсии аҳолии ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳамчунин, бо мақсади баланд бародош­тани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ соли 2009 аз ҷониби олимону мутахассисони варзидаи кишвар тафсири илмиву оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шуда, дастраси хонандагон гардонида шуд ва имрўз аз он шаҳрвандони зиёди кишвар мутолиа намуда, дар фаъолияти ҳамарўзаи худ онро истифода мебаранд.

Зеро донистани Конститутсия ва эҳтиром гузоштан ба меъёрҳои он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, омўзиши ин ҳуҷҷати волои ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Конститутсия дар низоми ҳуқуқӣ мавқеи махсусро ишғол намуда, дар низоми қонунгузории давлат афзалият дорад ва он ҳамчун қонуни асосии давлат аз принсипи волоият дар тамоми ҳудуди он бархўрдор мебошад.

Қабули Конститутсия боиси тағйироти ҷиддӣ дар низоми қо­нунгузорӣ гардид, ки он дар азнавсозии арзишҳои муайяни ҷамъиятӣ ва ташаккули самтҳои ҳуқуқии давлат, ба миён омадани сарчашмаҳои нави қонунгузорӣ, мазмунан дигаргун намудани муқаррароти меъ­ёрӣ, тағйир додани сохтори қонунгузорӣ ва дар маҷмўъ ташаккули қонунгузорӣ баён гардиданд.

Зеро бо қабули Конститутсия танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба раванди ҳуқуқэҷодкунӣ, тартиби таҳия, қабул ва мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии онҳо аз масъ­алаҳое буданд, ки бояд дар шароити нави эъмори давлати ҳуқуқбунёд мушаххас муайян карда мешуданд.

Дигаргуниҳо дар қонунгузорӣ, боиси ба миён ома­дани масъалаи ба шакли муайян даровардани низоми ҳуқуқи мил­лӣ гардид, ки асоси онро қонунгузории конститутсионӣ ташкил медиҳад. Зеро масъалаи мазкур пеш аз ҳама бо аҳамияти махсус доштани Конститутсия ҳамчун ба низомдароварандаи санадҳои ҳуқуқӣ;

дувум, тақвият ёфтани нақши қонун ҳамчун механизми танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ;

сеюм, мустаҳкам кардани реҷаи қонунияти конститутсионӣ, таъмини тамомияти арзии давлат ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар алоқаманд мебошад.

Давра ба давра дар асоси Конститутсия қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои муҳимме, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва танзими ҳуқуқии паҳлўҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошанд, қабул карда шуда, заминаи боэътимоди пешрафти ҷоме­аро таъмин намуданд.

Дар ҳамин марҳала нахустин санадҳои танзимкунандаи муно­сибатҳои вобаста ба ташаккулёбии рукнҳои давлатдорӣ ва рамзҳои давлати мустақили Тоҷикистон қабул карда шуданд.

Дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ, ки тибқи он дар таърихи сиёсии кишвар ба Конститутсия ду маротиба тағйи­ру иловаҳо ворид карда шуданд, парламенти думаҷлисаи доимӣ амалкунанда таъсис ёфта, такмили мақо­мо­ти иҷроия ва сохтори иқтисодии кишвар идома ёфта, ҳамчунин як зумра падидаҳои нав рўи кор омаданд.

Тибқи Конститутсия аввалин маро­тиба дар таърихи сиёсии кишвар таъсис ёфтани парла­менти думаҷлисаи доимӣ амал­кунандаи касбӣ, барои эҷод ва қабули қонунҳои ҷавобгў ба талаботи ҷомеа заминаи боэътимод гузошт.

Ин ҳама навовариҳои конститутсионӣ барои ташаккули раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ғояҳои ҷомеаи шаҳр­вандӣ ва давлати демократию ҳуқуқбунёд мусоидат намуд.

Дар маҷмуъ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои нишона ва хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои эъмори давлати муосири демократию ҳуқуқбунёд замина гузошта, дар илми муосири ҳуқуқ ҷузъи таркибии қонунҳои сатҳи олӣ эътироф гардидаанд, аз қабилӣ:

– афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки аз ҳуқуқҳои табииӣ инсон маншаъ гирифта, бо кафолати давлатӣ таъмин карда мешавад. Давлати Тоҷикистон мустаҳкам ва шикастнопазир будани ин ҳуқуқу озодиҳо ва масъулияти давлатиро барои риоя ва ҳифзи онҳо эътироф менамояд. «Он чизе, ки қонун манъ накардааст, равост» – муҳимтарин принсипи давлати демократии мо маҳсуб ёфта, чунин назар ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асоси Конс­титутсия ва аксари қонунҳоро ташкил дода, моҳияти инсон­пар­варонаи асосҳои сохтори конститутсиониро дар бар мегирад;

– дуюм, мустақилияти судҳо ҳамчун механизми асосии кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд. Танҳо суди мустақил имкон дорад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро аз дахолати дигарон самаранок ҳифз намояд. Принсипи кафолати мустақилияти ҳокимияти судӣ дар моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, татбиқи минбаъдаи амалишавии меъёри мазкур ва дар заминаи он ислоҳоти судии солҳои охир гузаронидашуда барои тақвияти мақомоти судӣ ва ташаккули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ ҳамчун баамалбаро­рандаи адолати судӣ мусоидат намуд;

– сеюм, волоияти Конститутсия нисбат ба ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Ягон қонун ё дигар санад наметавонад Конститутсияро ислоҳ ё пурра намояд ва ё ин ки зиёда аз ҳама ба он мухолифат намояд. Конститутсия якҷо бо ҳуқуқи табиӣ асоси низоми ҳуқуқиро ташкил дода, барои ба миён овардани тартиботе, ки дар он қонун ва ҳуқуқ ба ҳам мувофиқ мебошанд, равона мегардад;

– чорум, афзалияти санадҳои байналмилалӣ. Ин хусусияти давлати ҳуқуқбунёд барои ба ҷаҳони муосир ворид шудани Тоҷикистон нигаронида шуда, дар заминаи меъёрҳои санадҳои байналми­лалӣ қонунгузории миллӣ ба шакли муайян дароварда шуда, ба ин васила рушди демократию иҷтимоии давлат, ки аз санадҳои байналмилалӣ сарчашма мегирад, таъмин карда мешавад.

Аммо, новобаста аз хусусиятҳои хоси Конститутсия, ки онро ба сифати қонуни сатҳи олии давлат муаррифӣ менамояд, дар шароити муосир яке аз шартҳои муҳим, ки бо татбиқи принсипи таҷзияи ҳокимият, таҳкими пояҳои давлати демокра­тию ҳуқуқбунёд ва ягона алоқаманд мебошад – ин таъмини ҳифзи ҳуқуқии Конститутсия ва таъмини волоияту амали бевоситаи он маҳсуб меёбад.

Зеро, дар сурати амал накардани механизми амалишавии меъёр­ҳои конститутсионӣ, ҳолате ба вуҷуд меояд, ки муқаррароти дар он дарҷ гардида, танҳо дар ҳуҷҷат боқӣ монда, татбиқи он дар ҳаёти воқеӣ таъмин карда намешавад.

Имрўз дар ҷумҳурӣ мақоми махсуси назорати конститут­сионӣ, яъне Суди конститутсионӣ ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ ва падидаи нави демократӣ баҳри ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия фаъолияти бомаром бурда, баҳри аз байн бурдани номувофиқатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия дар асоси муроҷиатҳои субъекҳои ҳуқуқ, волоияти Конститутсия ва фазои ягонаи ҳуқуқиро дар кишвар таъмин менамояд.

Новобаста аз ин, дар шароити муосир зарурати боз ҳам такмили қонунгузорие, ки муносибатҳои вобаста ба ҳифзи Конститутсияро танзим менамоянд, ба миён омада, коркарди механизми муосири ҳифзи ҳуқуқии Конститутсия ва амалисозии чорабиниҳои мухталиф оид ба мустаҳкам кардани реҷаи қону­нияти конститутсионӣ дар кишвар зарур мебошад.

Дар шароити муосир ҳамчунин зарур аст, ки ба сифати вазифаи муҳимми сиёсати қонун­эъҷодкунии кишвар баланд бардоштани самаранокии қонунияти конститутсионӣ баромад намояд.

Соли ҷорӣ аз қабули Конститутсия 20 – сол сипарӣ мегардад, ки дар ин айёми начандон тўлонӣ меъёрҳои волои ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсию ҳуқуқӣ, ки дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии эъти­рофшудаи ҷомеаи башариро таҷассум менамояд, барои эъмори дав­лати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона равона гардида, ба­рои амалишавии ҳадафҳои неку созанда дар роҳи давлату давлат­дории навин мусоидат кард ва дар шароити муосир ҳар яки мо бояд фаъолияти худро бобати амалишавии меъёрҳои он равона созем, зеро ин амал ҳамзамон нишондиҳандаи сатҳи баланди шуур ва фарҳанги ҳуқуқӣ, ҳамчунин масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошад.

Абдуллозода Нусратулло

Раиси Суди Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

мушовири давлатии

адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ

ДАР ТАҲКИМИ АДОЛАТИ СУДЇ

Таърихи башарият гувоҳ аст, ки ҷомеаи дорои тамаддуну фар­ҳанги қадима танҳо тавассути ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва эътирофи ҳуқуқи ҷомеа дар заминаи мавҷудияти қонунҳои муайян, ки аз мақ­саду ғояҳои мансуб ба табиати инсон ва ягонагии ҷамъият дар сатҳҳои гуногун бармеоянд ва барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, нигаҳдошти низоми тартиботу адолат ва озодии инсон офарида мешаванд, ба танзими ҳаёти иҷтимоӣ муваффақ шуда, роҳу равиши дурусти ташаккули худро дар чорчўбаи манфиатҳои эътирофшуда нигоҳ медорад.

Бинобар ин, оғози солҳои навадуми қарни сипаригардида пас аз эълони Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон зарурати ташаккули заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ ба миён омад, ки бо такя ба арзишҳои миллӣ ва решаҳои таърихӣ тавонад ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҳифзи якпорчагии кишвар, ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҳкими худшиносии миллӣ ва инкишофи озодонаи ғояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намояд.

Аз ин лиҳоз, ҳадафи муҳиме, ки аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ пайгирӣ карда шуд, ҳарчи зудтар таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони тозаистиқлол буд. Зеро ин ҳадаф имконият медод, ки Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр муаррифӣ гардад ва дар як вақт дар заминаи он санадҳои меъёрии ҳуқуқие эҷод карда шаванд, ки тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро муайян карда, манфиатҳои миллии халқи тоҷикро ҳимоя намоянд ва муносибатҳои ҷамъиятиро, ки дар давраи аввали таърихии гузариш аз низоми идоракунии сотсиалистӣ ба низоми идоракунии демократӣ қарор дошт, танзим карда тавонад.

Дар роҳи давлатсозии навин масъалаи аввалиндараҷа будани қабули Қонуни асосии кишварро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи худ ба мардуми кишвар ҳанўз 12 декабри соли 1992, ки он замон вазифаи Раиси Шўрои Олии Тоҷикис­тонро ба уҳда доштанд, таъкид ва изҳор намуданд, ки: «асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназар­дошти меъёр­ҳои ҳуқуқи байналми­лалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳукуқбунёд замина гузоштан лозим аст».

Баъдан, бо мақсади ҷоннок намудани раванди таҳияи Консти­тутсияи кишвар дар Иҷлосияи XVII Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ба «Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкил намудани комиссия оид ба тайёр наму­дани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ҳайати нави Комиссияи конститут­сионӣ таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардид.

Дар он замон ҳамагон ба хубӣ дарк мекарданд, ки танҳо мавҷудияти заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ ва афзалият додан ба ғояи шаҳрвандии ташкили давлат ва ҷамъият метавонад пояҳои бунёдии муҳимме бошанд, ки якпорчагии давлатҳои тозаистиқлолро аз давраҳои аввали ташаккулёбӣ ҳифз намуда, талаботи ҷамъият ва давлатро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ҳимоя ва пайрезӣ намоянд. Пазируфта шудааст, ки ҳар қадаре, ки ғояҳои ташаккули давлатдории миллӣ ва шарту шароитҳои умумии онҳо дар падидаҳои ҳуқуқӣ дуруст инъикос ёбанд, ба ҳамон андоза талаботи меъёри ҳуқуқӣ мутобиқи мақсад амалӣ мешавад.

Зеро барои ба таври воқеӣ ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ҷомеаи навини тоҷикон қонуну санадҳое лозим буданд, ки ҷавобгўи чунин манфиатҳо бошанд.

Вобаста ба ин зарурат, ҳанўз бист сол муқаддам 6 ноябри соли 1994 – дар айёме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нмаро­тибаquot;; mso-bidi-font-family: quot;serifахустин қадамҳои усту­вори худро дар роҳи таҳкими соҳибистиқлолӣ ва эъмори давлату давлатдории навин мегузошт, дар ҳаёти сиёсии ҷомеа рўйдоди бузурги таърихӣ ба вуқўъ пайваста, аз ҷониби халқи quot;Times New Roman Tj font-family: span style= lang=quot;; mso-bidi-font-family: Calibri; mso-ansi-language: TG;тамаддунофари тоҷик, ки дорои фарҳанг ва маданияти воло, ҳисси миллии ватан­дўстӣ мебошад, якдилона, тавассути изҳори ирода ва амалисозии принсипи муҳими демократии ҳуқуқ ба интихобот бо умеди ояндаи неку дурахшон аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.

Дар раванди қабули Конститутсия тамоми воситаҳои илмӣ, мулоҳизаҳои мантиқӣ ва дурандешии сиёсӣ истифода шуда, quot;; mso-ansi-language: TG;/strong style=span style= lang=лоиҳаи он қабл аз қабул гардидан аз ҷониби мардум тавассути воситаҳои ахбори омма, ҷаласаву вохўриҳо, маҳфилу конференсияҳо ба таври ҳамаҷониба баррасӣ гардида, ҳама паҳлўҳои масъалаи мазкур бо дарназардошти талаботи замон, афкори ҷомеа ва принсипҳои байналмилалӣ мавриди қиёс қарор дода шуд, зеро дар ҳамбастагӣ аз ҷониби мардуми кишвар қабул гардидани ин ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ бениҳоят муҳим мебошад ва инро амалияи мавҷудаи ҳуқуқи конститутсионӣ низ аз нуқтаи назари илмӣ собит сохтааст.

Дар Конститутсия инъикос ёфтани моҳияти арзишҳо ва ғояҳои демократии нав, тарзи зиндагиву талаботи ҷомеаи адолат­парвар, ҳадафҳои неки пешгирифтаи давлат, таҳкими ҳокимияти конститут­сионӣ ва инкишофи ғояҳои солими давлатдорӣ, волоияти арзишҳои инсонӣ, иштироки фаъоли ҷомеа дар идоракунии давлат, баробарии ҳама дар назди қонун, гуногунандешии сиёсӣ, кафолати таъмини адолати судӣ ва дигар падидаҳои муҳим дар давраи вазъияти сиёсии басо мураккаби ҷумҳурӣ барои таҳкими сулҳу субот, наҷоти мардум аз парокандагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эъмори ҷомеае, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мадди аввал буда, таъмини ама­лишавии онҳо кафолат дода мешавад, такони пурзўре гардид.

Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикиашон ба муносибати рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 2013 иброз доштанд: «Конс­титутсияи давлатамон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондўстӣ ман­шаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсию ҳуқуқӣ эъти­роф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гарди­даанд».

Воқеан ҳам, ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва санади олии ҳуқуқӣ барои аз байн бурдани хавфе, ки ба истиқлолияти давла­т, тамомияти арзии кишвар ва ниҳоят ба ягонагии миллат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, имкон дод, ки низоми мукаммали ҳуқуқию сиёсӣ ташкил карда шуда, заминаи рушди устувор ва пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ба миён ояд.

Бо итминони комил гуфтан ҷоиз аст, ки нақши Конститутсия дар расидан ба ҳадафҳои асосии давлат, барқарор гардидани сохти конс­титутсионӣ, таҳкими институтҳои давлатдории навин ва фаъолияти муназзами мақомоти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои умумимиллӣ ва давлат, пайваста ташаккул додани бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин пайгирии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ муассир аст ва аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Имрўз дар заминаи меъёрҳои Конститутсия мо давлату ҷомеаи нави шаҳрвандӣ бунёд карда истодаем, ки бешубҳа дар ин низом, муносибатҳои ҷамъиятию сиёсӣ, шуур ва қобилияти фикрронии инсон аҳамияти сифатан нав пайдо намуда, муносибатҳо байни шахс ва давлат, шахс ва ҷамъият мутлақо мазмун ва шакли навро пайдо карда, ба ташаккули ғояҳои нав асос гузошта шудааст.

Конститутсияи Тоҷикистон пеш аз ҳама дар натиҷаи таҳлилу омўзиши рушди конститутсионии давлатҳои хориҷӣ, мутобиқ ба принсипу меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ, инчунин бо дарназардошти анъана ва хусусиятҳои миллӣ таҳия гардида, маҳз дар ин сатҳ соҳибистиқлолии давлат расман эълон ва таҳкими минбаъдаи қонунии он таъмин гардид.

Ба шарофати падидаҳои нави ҷавобгў ба талаботи бунёди давлати демократӣ, Конститутсияи имрўзаи кишвар аз консти­тутсияҳои қаблан амалкунанда бо хусусиятҳои хоси худ тафовут дорад. Ҳарчанд дар таърихи ташаккули конститутсионализм Тоҷи­кистон қаблан чор маротиба ба ҳайси Ҷумҳурии Шўравии Сот­сиалистӣ Конститутсияи худро (солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978) қабул намуда бошад ҳам, мазмунан ҳамаи онҳо намунаи муайяни ҳамон Конститутсияе буданд, ки дар Иттиҳоди Шўравӣ амал мекард.

Конститутсия Тоҷикистонро узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷа­ҳонӣ эълон намуда, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва волоияти қонунро дар мадди аввал гузошта, ҳаёт, қадр ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир эълон карда, озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчуTGfont-size: small;TGнин гуногуншаклии моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро эътироф намуд. Конститутсияҳои қаблӣ аз бисёр ҷиҳат ҷавобгўйи ин талабот набуданд.

Бо мақсади такмил додани заминаи ҳуқуқии кишвар бо қабули Конститутсия ба ислоҳоти ҳуқуқӣ суръати тоза бахшида шуда, бо давра ба давра амалӣ гардидани ин ислоҳот як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқие ба тасвиб расиданд, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи давлати демократию ҳуқуқбунёд нигаронида шудаанд.

Ба ин шумора метавон қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи интихоботTGquot;Times New Roman Tjfont-size: small;/span lang=span style=font-size: small;и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷум­ҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон», кодексҳои мурофиавии гражда­нӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқ­вайронкунии маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи авф», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ғайраро шомил намуд.

Конститутсия муқаррар намудааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродааш дар интихобот ё интихоби мақоме, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад.

Дигар дастоварди асосие, ки дар сатҳи Конститутсия пешбинӣ шуда­аст, муқаррароти меъёри моддаҳои 5 ва 14 мебошад, ки муво­фиқи онҳо инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардида, ҳуқуқfont-size: small;quot;; mso-bidi-font-family: lang=/spanspan style=/spanquot;Times New Roman Tj ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Ин муқаррарот таҷассумгари он аст, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ як манфиат, неъмат, сарват ва ғайра аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў воло буда наметавонад.

Дар заминаи ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999 ва 2003 низоми ҳокимияти қонунгузор такмил дода шуда, мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар иборат аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфта, ҳамзамон дар асоси ин ислоҳот фаъолияти ҳокимияти иҷроия ва судӣ такмил ёфта, муҳлати ваколати судяҳо даҳ сол муқаррар гардид. Таъсиси чунин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат ҷавобгў ба манфиатҳои миллию ҷомеа буда, эҷоди қонунҳои муҳими ба талаботи замон мувофиқ асоси мустаҳками инкишофи босуръати ҳуқуқ ва устувории ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии кишвар гардид.

Яке аз падидаҳои муҳимми демократие, ки дар к/spanquot;; mso-bidi-font-family: Calibri; mso-ansi-language: TG;онститутсияҳои аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба чашм мерасад ва дар Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ он инъикоси худро пайдо намудааст, ғояи таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ маҳсуб меёбад, зеро кафолати қонунӣ барои аз ҷониби тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мустақилона бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ба амал баровардани салоҳияти худ муқаррар шудааст.

Вобаста ба муқаррароти мазкур боби 8-уми Конститутсия ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколати судяҳоро муқаррар намудааст.

Қабули Конститутсия ва дастгирии пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ба раванди ислоҳоти судӣ, ки ҳанўз аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ оғоз гардида буд, такони нав бахшид ва асоси ин ислоҳот тақвияти ҳокимияти судӣ, ҷараёни демократикунонии мурофиаи судӣ ва дар ин замина куллан тағйир додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад.

Бояд тазаккур дод, ки дар масъалаи такмили низоми судии кишвар ҳанўз 10 марти соли 1992 бо Қарори Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо «Дар бораи додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тартиби ҳалли баҳсҳои хоҷагӣ дар додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуда, соли 1993 бо Қарори Раёсати Маҷлиси Олӣ Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи июни соли 1994 судҳои ҳарбии гарнизонҳо таъсис ёфта, дигар санадҳои ҳуқуқӣ низ дар ин самт қабул гардиданд.

Ба такмили бомароми низоми судии мамлакат баъд аз қабули Конститутсия суръати тоза бахшида шуда, бо дарназардошти он ки дар давлати демократӣ ҳокимияти судии мустақили беғараз дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ нақши асосӣ дорад, ба ташаккули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ заминаи боэътимод гузошта шуд.

Дар ҳамин радиф ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ гардида, аз ҷиҳати тарзи ташкилию сифатӣ ва миқдори ниҳодҳои баамалбарории адолати судӣ инкишоф ёфт ва бори аввал дар низоми судии мамлакат – Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ арзи вуҷуд намуда, инчунин синни ниҳоии ба вазифаи судя интихоб ё таъин гардидан аз 60 ба 65 сола тағйир дода шуд.

Бо мақсади аз салоҳияти ҳокимияти иҷроия, яъне аз ваколати Вазорати адлия баровардани масъалаҳои ташкилии ҳокимияти судӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999 таҳти № 48 Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҳалли масоили мазкур ба уҳдаи ин сохтори навтаъсис вогузор гардид.

Ҳамзамон барои мунтазам такмил додани ихтисос ва баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, коромўз-судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо дар назди Шўрои адлия Маркази таълимии судяҳо ташкил карда шуд.

Аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бобати таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар иҷрои ҳамаҷонибаи вазифаҳои конститутсионии худ, такмил ва тақвияти сохтори судӣ, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида, дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2006, Барномаи исло­ҳоти судӣ-ҳуқуқӣ таҳия ва бо Фармони Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, № 271 тасдиқ гардид.

Тибқи ин Барнома бобати амалӣ намудани ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ маҷмўи чорабиниҳо амалӣ карда шуданд, аз ҷумла салоҳияти Суди конститутсионӣ барои боз ҳам пурра ва самаранок истифода бурдани назорати судии конститутсионӣ такмил дода шуда, дар асоси Кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ қисми зиёди ваколатҳои амрдиҳӣ доир ба пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, кофтукови манзил, ҳабси молу мулк, гўш ва сабт кардани гуфтугўи телефонӣ, муваққатан аз вазифа дур кардан ва ғайраҳо ба салоҳияти суд вогузор карда шудаанд. Бо ин васила ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шахсони таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарордошта таъмин карда мешавад.

Ҳамин тариқ, тағйироту иловаҳо ва қабул гардидани қонунҳои нав салоҳияти судҳоро васеъ ва масъулияти онҳоро баланд намуд.

Имрўз дар кишвар адолати судӣ аз тарафи Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар шакли мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси принсипҳои мустақилияти судяҳо, ошкоро будани муҳокимаи судӣ, мубоҳиса ва баробарии тарафҳо ва ғайра ба амал бароварда мешавад.

Мутобиқи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ дар асоси баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва суд қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил, молу мулк ва ҳолатҳои дигар сурат мегирад. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар қаламрави ҷумҳурӣ ба мисли шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳуқуқи ҳифзи судӣ баробар истифода мебаранд.

Суд мустақилият, беғаразӣ ва холисии худро нигоҳ дошта, роҳ­барии мурофиаро таъмин менамояд. Суд ҳуқуқ надорад, ки ба яке аз тарафҳо имтиёз дода, ҳуқуқҳои тарафи дигарро маҳдуд намояд.

Ин меъёрҳо ба моддаи 7-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар хусуси баробарии ҳама дар назди қонун ва бидуни ҳеҷ як тафовут ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон пурра мувофиқат мекунанд.

Моддаи 87 Конститутсия муқаррар кардааст, ки “Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст”.

Муқаррароти мазкур амалу фаъолияти суд ва судяҳо, муста­қи­лияти онҳо ва имконияти пурраю беғаразонаи баамалбарории адолати судиро таъмин менамояд.

Принсипи мустақилияти судяҳо яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият, мус­тақил ва беғараз, ки дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амал­кунанда таъсис дода шудааст, равона гардидааст. Инчунин муста­қилияти судяҳо ба татбиқи принсипи баамалбарории адолати судӣ аз ҷониби судяҳо асос меёбад.

Принсипи конститутсионии ба таври мубоҳиса гузаронидани мурофиаи судӣ маънои онро дорад, ки он ба тарафҳо ҳуқуқи баробарии дар қонунҳои мурофиавӣ нишондодаро оид ба шинос шудан бо маводи парванда, изҳори дархост, пешниҳод кардани далелҳо ва дар муҳокимаву таҳқиқи онҳо ширкат варзидан, исти­фодаи ёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуқуқҳоро кафолат медиҳад.

Суд ба шахсони иштирокчии парванда дар татбиқи ҳуқуқҳои мурофиавиашон мусоидат намуда, барои таҳқиқи ҳамаҷониба ва пурраи далелҳо, муқаррар намудани ҳолатҳои воқеӣ ва истифодаи дурусти қонунҳо ҳангоми ҳалли парвандаҳо шароит фароҳам меорад.

Принсипи ошкоро будани муҳокимаи судӣ аз моддаи 10 “Эъло­мияи умумии ҳуқуқи башар”, моддаи 14 “Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ” ва моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Чунин баррасии ош­корои парвандаҳо аҳамияти тарбиявӣ дошта, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат намуда, муносибати шаҳрван­донро ба ҳокимияти судӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ беҳтар мегардонад.

Мурофиа бо забони давлатӣ ё ба забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор гардида, дар сурати забони мурофиаро надонистани шахсон, онҳо бо тарҷумон таъмин карда мешаванд. Ба ин васила Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини риояи ҳуқуқи инсону шаҳрвандро дар бобати аз забони модарӣ озодона истифода бурдан кафолат додааст.

Санади ҳуқуқии мазкур низ барои таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, ки вазифаи асосии он аз таъмини ҳифзи ҳуқуқ, адолати иҷтимоӣ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонуният иборат мебошад, нигаронида шуда, дар асоси он Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар таҳрири нав), инчунин Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул ва як қатор тадбирҳои дигари зарурӣ амалӣ карда шуданд, ки барои боз ҳам инкишоф ёфтани ниҳоди судӣ мусоидат хоҳанд кард.

Бо мақсади идома бахшидан ба ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар кишвар дар заминаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 15 апрели соли 2009 ва 24 апрели соли 2010 Бар­номаи нави ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 таҳия гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011, № 976 тасдиқ карда шуд.

Дар Паёми навбатиашон аз 23 апрели соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудаанд, ки “Ҳокимияти судӣ минбаъд низ такмил меёбад ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома дода шуда, барои эҷоди заминаи ҳуқуқии ин ҳадафҳо қонунҳои зарурӣ таҳия ва қабул карда мешаванд. Бо мақсади рушди низоми кишвар, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо, нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ҳоло барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои се соли оянда таҳия шуда истодааст. Зарур аст, ки барномаи зикршуда то охири соли ҷорӣ ба Президенти кишвар пешниҳод карда шавад”.

Баҳри иҷрои ин дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оид ба таҳия намудани лоиҳаи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2014-2016 гурўҳи корӣ таъсис дода, дар ин самт фаъолият карда истодааст.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тамоми мардуми тоҷик имсол 20-солагии қабули онро ҷашн мегирад, пояи мустаҳками ҳуқуқии давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва воҳиду ягонаи Тоҷикистон мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули ҳокимияти судӣ, ки ҳамчун як пояи устувори марказии давлатдории демократӣ маҳсуб меёбад, мусоидат намуда, дар заминаи он ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ гузаронида шуда, то ба имрўз вазъи таъмини ташкилӣ, молиявӣ, моддию техникии судҳо, ба таври назаррас беҳтар гардида, тавассути мукаммал гардидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ нақши ҳокимияти судӣ дар баамалбарории адолати судӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ боз ҳам муассиртар гардид.

Абдуфатоҳи Ғоиб

Директори Агентии назорати давлатии

молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОНСТИТfont-family: span style=quot;Times New Roman Tj/spanУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН ЗАМИНАИ
ЭЪМОРИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТИЮ ҲУҚУҚБУНЁД[1]

Ҳозирини гиромӣ ва меҳмонони арҷманд!

Бист сол муқаддам – рўзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории миллатамон саҳифаи нав кушода шуд. Халқи тоҷик аввалин маротиба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро, ки он дар ҳаёти минбаъдаи халқамон ва рушди давлатдории навини миллии мо нақши сарнавиштсоз дорад, бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ, қабул намуд.

Ба ҳамин муносибат, ҳамаи Шумо ҳамкорони гиромӣ ва меҳмо­нони арҷманди ҷамъомади имрўзаро ба 20-умин солгарди қабули тақдирномаи халқамон, яъне Қонуни асосии Тоҷикистони соҳиб­истиқлол самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рўзгор ва дар фаъолияти хизматиатон баҳри пешрафту ободии Ватани азизамон музаффариятҳои бузургро орзумандам!

Боиси ифтихор аст, ки Қонуни асосии мо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда мебошад вқ/p/spanfont-size: small;а аз ҳамон рўзи саид то имрўз мардуми мо ин санаи тақдирсозро ҳамасола чун яке аз ҷашнҳои муқаддаси давлатию сиёсӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷ­ҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо, оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тўли таърихи чандин­ҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, муайян намуда, кўшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пўшонид.

Дар баробари ин, Конститутсияи мо аз таҷрибаи пешқадами конс­титутсионализми давлатҳои мутараққии дунё низ баҳраи фа­ровон гирифтааст. Беҳуда нест, ки он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносони маъруфи ҷаҳон аз ҷумлаи консти­тутсияҳои беҳтарин ва демократӣ эътироф шудааст.

Бо қабули Конститутсия майлу иродаи халқи Тоҷикистон оид ба эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар бобати интихоби сарнавишти минбаъдаи кишвар имтиҳони ҷиддие буд, муайян гардид.

Ба Конститутсия солҳои 1999 ва 2003 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки дар радифи таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, инчунин ба такмили мақомоти олии қонунгузор, иҷроия ва дигар ниҳодҳои демократӣ, ҳамчунин ба баланд бардоштани сатҳ ва нақши ҳокимияти судӣ мусоидат карданд.

Қонуни асосии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқиро барои фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ фароҳам оварда, оғози марҳалаи сифатан нави инкишофи давлат ва рушди ҷомеа гардид ва халқи тоҷикро ба шоҳ­роҳи бузурги ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва фаъолияти созандаву бунёдкорона раҳнамун сохт.

Конститутсия ба сифати қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии он, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба дар таърихи кишварамон ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир эълон кард.

Конститутсия азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, мо­ҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ доштани давлатро эълон намуд. Яъне дар мазмуну муҳтавои ин санади тақдирсоз роҳи ояндаи давлатдории мустақили мо муайян гардида, асосҳои конс­титутсионии ташаккул ва инкишофи минбаъдаи он гузошта шуданд.

Итминони комил дорам, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати барномавии ҳаёти давлат ва ҷомеа дурнамои пешрафти кишвари соҳибистиқлоламонро барои солҳои тўлонӣ пешбинӣ намуда, барои халқи тоҷик бардавому поянда хизмат мекунад ва дар навбати худ мардуми шарифи Тоҷикистон, аз он ҷумла ҳамаи мо, дар ин толор нишастагон, минбаъд низ ба хотири амалӣ гаштани ин орзую ормонҳои нек, пеш аз ҳама тавассути эҳтиром ва риояи дақиқи меъёрҳои он қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона адо хоҳем кард. Зеро эҳтиром, риоя ва ҳифзи Конститутсия – кафолати таъмини қонуният, амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа, пешрафту рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад.

Бори дигар ҳамаи Шуморо, ба ифтихори ин санаи таърихӣ ва иди муқаддас табрику таҳният гуфта, бароятон сулҳу субот, саломативу хонаободӣ, пирўзию сарбаландӣ ва дар фаъолияти хизматиатон баҳри пешрафту ободии Ватани азизамон -Тоҷикистон муваффақиятҳои беназирро орзумандам!

Бигзор ситораи иқболи давлати соҳибистиқлоламон ҳамеша фурўзон бошад!

Ташаккур!


[1] Cухани ифтитоҳӣ дар маҷлиси танатанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди Рўзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (4 ноябри соли 2014).

Озода Раҳмон

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

РОҶЕЪ БА БАЪЗЕ МАСОИЛИ ТАНЗИМИ

ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ЗАНОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Бо ноил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлолияти давлатӣ масъалаи дар сатҳи қонунгузории миллӣ мустаҳкам кардани кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои занон ва таъмини ҳифзи дахл­дори онҳо, яке аз самтҳои калидии сиёсати ҳуқуқии пешгирифтаи давлати демокра­тию ҳуқуқбунёд, ки акнун қадамҳои нахустини худ­ро дар роҳи эъмори давлатдории навин мегузошт, эътироф гардид.

Барои татбиқи ин қисмати муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат, Конс­титутсияи Тоҷи­кис­тон, ки соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, замини воқеӣ гузошта, ҳамчун ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқии сатҳи олии давлатӣ барои такмили қонунгузорӣ дар ин самт бо такя ба арзишҳои миллию фарҳангӣ асос гузошт.

Дар Конститутсияи кишвар бо дарна­зар­дошти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируф­ташуда, кафолати таъмини баробарҳуқу­қии занону мардон инъикос гардидааст, ки ин омил яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми мавҷудияти демокра­тия дар кишвар маҳсуб меёбад.

Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати иҷтимоӣ эълон гардида, фаъолияти худро баҳри таъмини амали­шавии кафолатҳои иҷтимоии тамоми шаҳрвандони кишвар новобаста аз ҷинс, эътиқод ва мавқеи сиёсӣ пеш мебарад.

Ҳамасола аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгу­зории соҳаҳои иҷти­моӣ, ки аксарияти кормандони он занон мебошанд, зиёд гардида, бо мақсади таъмини баро­бар­ҳуқуқии мардону занон, ба ҳаёти сиёсиву иҷти­моии кишвар ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ва даст­гирии онҳо чораҳои зарурӣ адешида мешаванд.

Иродаи сиёсии ҳукумати кишвар имрўз ба дастгирии ҳамаҷонибаи занон равона гардида, Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши занон дар пешрафти давлат ва идоракунии сиёсӣ ҳамеша аҳамияти махсус зоҳир намуда, дар Паёми табрикии хеш ба муносибати Рўзи Модар 7 марти соли ҷорӣ иброз доштанд, ки «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ғамхорӣ ба занонро бахши муҳимми сиёсати иҷтимоии худ медонад.

… имрўз барои фаъолгардонии нақши занон дар ҳаёти иқтисо­дию иҷтимоии мамлакат ҳамаи омилҳо ва шароити иҷтимоию фар­ҳангӣ ва иқтисодию сиёсӣ фароҳам оварда шудаанд»[1].

Воқеан ҳам дар як давраи начандон тўлонӣ дар заминаи татбиқи меъёрҳои консти­тут­сионӣ ва амалисозии ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон як зумра қонунҳои махсус ва барномаҳои мухталифи давлатӣ таҳия ва қабул гардиданд.

Ин санадҳои ҳуқуқӣ ба сифати механизми муосири таъмин­ку­нандаи кафолат­ҳои давлатии баро­бар­ҳуқу­қии мардону занон ва имко­ният­ҳои баробари амалигардо­нии онҳо баромад намуда, барои таъмини амали­шавии ҳуқуқҳои занон заминаи мусоиди ҳуқуқӣ мебошанд.

Дар маҷмўъ Конститут­сия, қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон на танҳо ҳуқуқҳои баробар, ҳамчунин афзалиятҳои ҳуқуқиро ба занон, аз қабили ҳуқуқ ба меҳнат, таъмини иҷтимоӣ, таҳсилот ва дигар ҳуқуқҳоро кафолат дода, татбиқи бемамониати онҳоро ҳамчун як ҷузъи сиёсати пешгирифтаи давлати демократӣ маънидод менамояд.

Тадқиқотҳои илмию амалӣ шаҳодати онанд, ки танзими ҳуқуқии ҳуқуқу озодиҳои занон таъ­рихи бою кўҳан дошта, дар низоми идо­ракунии давраҳои мухталиф ба он аҳамияти махсус зоҳир карда мешуд.

Ҳамзамон, сарчашмаҳои ҳуқуқии одатию анъанавӣ гувоҳи онанд, ки таърихан занон на ҳама вақт аз ҳуқуқу озодиҳои васеъ, ки дар шароити муосир қонун­гузор­ии амалкунанда ба онҳо кафолат дода­аст, бархўрдор буданд.

Занон дар ҳар давру замон аз баъзе ҳуқуқҳои оилавӣ, аз қабили аз ҳуқуқи озодона бастани ақди никоҳ ҳамчун иттифоқи табиӣ бархўрдор буда, онро мустақи­лона амалӣ мекарданд.

Дар ҳудуди Тоҷикистони таърихӣ муносибат­ҳои никоҳиву оилавӣ, аз қабили бастани ақди никоҳ, тарбияи кўдак, фарзандхонӣ, таъмини амали­ша­вии ҳуқуқҳои падару модар, ҳимояи ҳукуқи кўда­кон, кўдакони таваллуднашуда ва дигар ҳуқуқҳо бо дарназардошти принсипи озодиву адолат ва ба манфиати инсону ҷомеа танзими худро пайдо менамуд.

Бинобар ин, хулосабарорӣ намудан мумкин аст, ки баъзе пади­даҳо ва зуҳуроти ҳуқуқии айни ҳол мавҷуда, зуҳуроти нав набуда, аз умқи таърих сарчашма мегиранд.

Паз аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон қонунгузории дохилӣ дар самти ҳуқуқ ва озодиҳои занон куллан такмил ёфта, механизми муосири амалишавии онҳоро бо дарназардошти манфиат­ҳои занон муқаррар намуд.

Имрўз дар қонунгузории амалкунанда меъёре мавҷуд намебошад, ки ба талаботи умумиэътироф­шуда мухолиф буда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиат­ҳои қонунии занонро халалдор созад.

Илова бар ин, дар Тоҷикистон соли 2005 қонуни махсус «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳу­қуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» қабул гардид.

Ин Қонун ҳамчун ҷузъи муҳимми сиёсати гендерии давлат ба танзими муносибат­ҳои вобаста ба таъмини кафо­лат­ҳои конститут­сионии баробар­ҳу­қуқии мардону занон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо нигаронида шуда, ҳуқуқпоймол­куниро аз рўи аломати ҷинсият пешгирӣ мекунад ва амалигардонии имкониятҳои баробарҳуқу­қии онҳоро муқаррар менамояд.

Зикр бояд кард, ки ҳамзамон дар шароити ҷаҳонишавӣ ва дар заминаи пешбурди бомароми сиёсати хориҷӣ, ки ба рушди муно­сибатҳои байналмилалии кишвар мусоидат менамояд, таъсири муҳи­мми санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба ташаккули қонунгузории Тоҷи­кистон, ки ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон нигаронида шудааст, ба чашм мерасад.

Конститутсия дар моддаи 10 санадҳои байналми­лалии эъти­рофна­му­даи Тоҷикистонро ба сифати қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ маънидод намуда, ба мақоми онҳо дар таъмини фазои ҳуқуқии кишвар аҳамияти махсус зоҳир менамояд.

Дар заминаи ин меъёри конститутсионӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳу­қуқи муносибат­ҳои байналмилалӣ дар давраи начандони тўлонии истиқ­лолияти миллӣ як зумра санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон эътироф намуд, ки онҳо ба беҳтар гардидани фазои демократии кишвар ва таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намуданд.

Муҳим аз ҳама он аст, ки аз ҷониби Тоҷикистон хусусан санадҳои муҳимми ҳуқуқии байналмилалӣ, ки ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои занон нигаронида шудаанд, эътироф гардида, то ба имрўз ҷиҳати татбиқи воқеии онҳо ва мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар ин соҳа корҳои муайяне ба сомон расонида шудааст.

Дар ин ҷода, дар баробари конвенсияҳо «Дар бораи ҳифзи модарӣ», «Дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандии занони шавҳардор», Паймони байналмилалӣ «Дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии занон» таъсири Конвенсия «Дар бораи рафъи ҳар гунна шаклҳои табъиз нисбат ба занон» ба қонунгузории миллӣ бағоят калон мебошад.

Конвенсияи мазкур масъалаи баробархуқуқии занону мардонро, ки ҳазамон дар моддаи 17 Конститут­сияи Тоҷикистон инъикос гардидааст, ба таври дақиқ ба танзим медарорад.

Ишора кардан муҳим аст, ки «асоси» Конвенсияи мазкурро рафъи ҳамагуна шаклҳои табъиз, ки ба ҷинсияти инсон асос меёбад, ташкил медиҳад.

Ин талаботи муҳими Конвенсия дар аксари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро пайдо намуда, ҳамчунин ҳангоми таҳия ва дар таҳрири нав қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мадди аввал ба инобат гирифта мешавад.

Хусусан, меъёрҳои он дар кодексҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оила, меҳнат ва дигар кодексҳои амалкунан­даи кишвар ба назар мерасанд, ки пеш аз ҳама ба манфиати занон нигаронида шудаанд.

Дар моддаи 7 Конвенсия ҳуқуқҳои сиёсии занон инъикос гарди­даанд, ки вобаста ба меъёри мазкур ва кафолати муқарраркардаи қонунгузории миллӣ дар ин самт, дар шароити муосири Тоҷикистон занон дар идоракунии давлатӣ фаъолона иштирок намуда, вазифаҳои масъулро дар низоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ – қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ишғол намуда, бо маром фаъолият менамоянд.

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки муқаррароти Конвенсия дар қонунгузории оилавии Тоҷикистон баръало ба чашм мерасад, ки пеш аз ҳама он ба таъмини баробарии занону мардон дар ҳалли ҳамагуна муносибатҳои оилавӣ нигаронида шудааст.

Дар баробари ин, диққат додан ба як масъалаи муҳиими ҷомеа – масъалаи ҳуқуқҳои молумулкии занон баъд аз бекор кардани ақди никоҳ, мувофиқ аст.

Маъмул аст, ки зимни бекор кардани никоҳҳое, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ҳуқуқҳои молумулкии ҳамса­рон бо дарназардошти қонунгузории оилавӣ ва қонунгузории гражданӣ танзим карда мешаванд.

Вобаста ба никоҳҳое, ки бо риояи маросимҳои динӣ баста шудаанд, бояд зикр кард, ки дар ин ҷо муаммои муҳим оид ба ҳалли ҳуқуқҳои молумул­кии зан баъди бекор кардани чунин ақди никоҳ ба миён меояд ва масоили мазкур то ба имрўз аҳамияти рўзмарраи худро дар ҷомеа гум накардааст.

Тибқи қонунгузорӣ никоҳҳое, ки бо риояи маросимҳои динӣ баста шудаанд, расман эътироф карда намеша­ванд, ба истиснои никоҳҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи маросимҳои динӣ то 19 декабри соли 1929 ба ҷо оворда шудаанд (мод. 10 КО ҶТ).

Қонунгузории амалкунандаи кишвар танҳо никоҳҳои расмиро эътироф менамояд, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар мақоми ваколатдор ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд ва танҳо ин навъи никоҳҳо оқибатҳои муайяни ҳуқуқиро дар самти ҳуқукҳои молумулкии ҳамсарон пас аз бекор кардани никоҳ ба миён меоранд.

Дар Кодекси амалкунандаи оилавӣ бори аввал дар боби алоҳида падидаи аҳдномаи никоҳ, ки ба танзими ҳуқуқи молумулкӣ ва уҳда­дориҳои тарафҳо дар давраи заношўӣ ё дар ҳолати бекор кардани он нигаронида шудаааст, пешбинӣ гардид ва бастани он ба меъёри дизпозитивӣ такя намуда, барои тарафҳо, ки шаҳрван­дони Тоҷи­кистон мебошанд, характери ихтиёрӣ дорад.

Вобаста ба меъёри мазкур, танҳо бо бастани аҳдномаи никоҳ реҷаи молумулкии ҳамсарон тағйир дода мешавад.

Бо мақсади ҳимояи иҷтимоию молумулкии шаҳрвандони кишвар соли 2011 ба Кодекси оила тағйирот ворид карда шуда, дар моддаи 12 нисбат ба никоҳҳое, ки ба сифати яке аз тарафҳои он шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд баромад менамояд, талаботи иловагӣ муқаррар карда шуд.

Аз ҷумла пешбинӣ гардид, ки агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, истиқо­мати ў дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир ва ба таври ҳатмӣ бастани аҳдномаи никоҳ талаб карда мешавад.

Тибқи моддаи 24 Кодекси оила бошад, дар сурати бекор кардани никоҳ бо иштироки шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, суд вазифадор аст дар баробари ҳалли дигар масъалаҳо, таъмини иҷрои аҳдномаи никоҳро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Бояд зикр кард, ки кафолати молумулкии муқарра­роти мазкур низ танҳо нисбат ба никоҳҳое татбиқ мегардад, ки аз қайди давлатӣ дар мақомоти дахлдор гузаштаанд.

Дар таҷриба бошад, ҳолатҳои зиёде ба чашм мерасанд, ки ҳангоми бастани ақди никоҳ бо сабабҳои мухталиф шаҳрвандон аз қайди давлатии никоҳ намегузаранд ва дар сурати пароканда шудани оила, тарафҳо аз ҳуқуқҳои молумулкӣ, ки дар давраи зиндагонии якҷоя ба миён меояд, бархурдор нагардида, дар ин ҳолат аксаран ман­фиат­ҳои молумулкии занон поймол мегар­данд.

Бо дарназpардошти муҳиммияти масъалаи мазкур дар шароити муосири ҷомеа, ки ҳоло низ бастани чунин навъи никоҳҳо алалхусус дар деҳоту деҳаҳои кишвар ба чашм мерасад ва зимни бекор кардани он манфиатҳои молумулкии занон паймол карда мешавад, ба мақсад мувофиқ аст, ки дар сатҳи қонунгузорӣ масъалаи мазкур танзими ҳуқуқии худро пайдо намояд.

Зеро, мутаассифона дар қонунгузории миллӣ меъёри мушаххасе пешбинӣ нашудааст, ки ҳуқуқу ман­фиат­ҳои молумулкии чунин категорияи занонро ҳимоя намояд, танҳо меъёрҳои умумие пешбинӣ гардидаанд, ки онҳо барои танзими дақиқи ин масъала кофӣ нестанд.

Таҷриба собит месозад, ки дар роҳи таъми­ни воқеии ҳуқуқ ва озоди­ҳои занон, аз ҷумла ҳуқуқҳои молумулкӣ ҳамеша муаммоҳои гуногун садди роҳ мешаванд, ки барои бартараф кардани онҳо мунтазам такмили қонун­гузо­рии кишвар, ки ба арзиш­ҳои ҳуқуқии пазируф­та­шудаи инсонӣ такя менамояд, талаб карда мешавад.

Бинобар ин, андешидани чораҳои қонунӣ дар самти ҳифзи ҳу­қукҳои молумулкии занон тақозои замон буда, ба муқаррар намудани кафолат­ҳои иловагии давлатӣ дар ин самт ниёз дорад.


[1] Ниг: Эмомалӣ Раҳмон. Паёми табрики ба муносибати Рўзи Модар. / Садои Мардум, № 23 (3169) аз 8 марти соли 2014.

Шарипов Ф. Ҳ.,

Сафири Фавқуллода ва

Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар Ҷумҳурии Туркия

КОНСТИТУТСИЯ

ВА СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таърихи пурпечутоби ҷомеаи башарӣ аз ҳодиса ва руй­додҳои муҳимми сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангие ташаккул ёфтааст, ки онҳо дар тақдири минбаъдаи инсоният, пешбурди давлатдорӣ ва ташакуллу рушди халқияту миллатҳои гуногун нақши арзанда бозидаанд.

Онҳо афкору диди инсониятро нисбат ба ҳастӣ, мавҷудият, инкишофи шахсият, озодӣ, баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ дигар намуда, инсониятро барои фаъолияти созандаю бунёдкорона раҳнамун сохтаанд. Зеро инсон аз замони гузаштан ба ҳаёти бошууронаи ҷамъиятӣ худро озод дидан мехост ва озод зистан.

Конститутсия аз зумраи чунин зуҳурот ва падидаҳое гардид, ки бо арзи ҳастӣ карданаш дар навишти тақдир ва муайян намудани мавқеи иҷтимоии инсон ва шаҳрванд, масъулияти ҳокимият ва давлат дар роҳи бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва адолатпарвар ва таъмини ҳаёти осоишта ва арзанда барои инсон ва ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардад.

Новобаста аз илман муайян нашудани пайдоши калимаи лотинии «конститутсия» (барпо намудан, бунёд кардан, таъсис додан), андешаҳое мавҷуданд, ки ин истилоҳ аз гардидши техникии «rempublicam­cons­titutire», ки санадҳои императорҳои римӣ сар мешу­данд, гирифта шудааст.[1]

Ба андешаи аксар олимон ин истилоҳ ҳанўз дар асрҳои VI-VII пеш аз милод, яъне давраи ҷомеаи ғуломдорӣ дар шаҳрҳои Юнони қадим маълум буд. Дар империяи Рим фармонҳои императориро, ки тартиби фаъолияти институтҳои оммавиро (сиёсӣ) ба танзим медароварданд, конститутсия ном мебурданд. Дар баъзе аз давлатҳои феодалӣ онро хартия, ки созиши миёни ҳокимияти королӣ, феодалҳо ва шаҳрҳоро инъикос мекард ва санадҳо оид ба шаҳрҳои (минтақаҳо) федералиро низ конститутсия меномиданд.[2]

Дар давраҳои ибтидоии ташакулёбӣ, конститутсия, инчунин бо истилоҳи «қонуни асосӣ» (Lexfundamentals)[3] ва «қонунҳои конститут- сионӣ»[4] низ истифода мешуд ва як чиз мусаллам аст, ки аз замони ба лексикони сиёсию ҳуқу­қии ҷомеаи башарӣ ворид гаштани ин мафҳум, ба ин санад танзими масъалаҳои муҳимми давлату давлатдорӣ нисбат дода мешавад.

Аммо аз замоне, ки Конститутсия дар фаҳмиши имрўза ҳамчун муҳимтарин ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ ва институти демократӣ ба фазои сиёсию иҷтимоии ҷомеаи башарӣ ворид гардид ва дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши аввалиндараҷа ва калидиро касб кард, зиёда аз 227 сол сипарӣ мегардад. Ин сана аз 17 сентябри соли 1787 аз рўзи қабули аввалин конститутсияи навишташуда дар ИМА оғоз меёбад, ки бо қабули он конститутсия ба қонуни асосии давлат табдил ёфт.[5]

Бо ин назардошт, конститутсия санади талаботи аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа гардид ва 3 майи соли 1791 дар Польша, 3 сентябри соли 1791 дар Фаронса, соли 1809 дар Шветсия, соли 1811 дар Венесуэла, соли 1812 дар Испания, соли 1814 дар Норвегия, соли 1815 дар Нидерландия, соли 1831 дар Белгия, соли 1863 дар Люксембург ва дар дигар давлатҳо конститутсияҳо пайи ҳам қабул гардиданд. Ғоя дар хусуси он, ки конститутсия бояд дар ҳама давлат вуҷуд дошта бошад, дар тамоми ҷаҳон паҳн гардид.

Чи тавре ки қайд карда мешавад, Конститутсия чунин санади умумии (универсалӣ) ҳуқуқӣ ва сиёсӣ гардид, ки дар он муҳим­тарин ва арзишмандтарин дастовардҳои афкори сиёсиву ҳуқуқии ҷомеаи башарӣ, аз қабили: бунёди давлати демократӣ, ва ҳуқуқбунёд, тақсими ҳокимияти давлатӣ, сарчашмаи ягонаи ҳокимият будани халқ, демократияи намояндагӣ, тавассути раъйпурсиву интихобот ташкил кардани ҳокимият, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрии инсон, ҳуқуқ ба моликият ва ҳифзи он, дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷомеа, дар асоси қонун таъсис ва фаъолият намудани дастгоҳи давлатӣ ва мақомоти давлатӣ, ўҳдадории мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд гирд оварда шудаанд, ки он ба мафҳуми лотинии конститутсия- «барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис додан»- мувофиқ гардид.[6]

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба таҷриба ва арзиш­ҳои вуҷуддоштаи давлату давлатдорӣ, раванди конститут­сионализм ва таҷрибаи 70-солаи конститутсионализми сотсиалистии худ (консти­тут­сияҳои солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978) 6 ноябри соли 1994 конститутсияи давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду иҷтимоии худро қабул ва эълон намуд.

Конститутсия – ин орзуву омоли ҳазорсолаҳои гузаштагони халқи тоҷик дар роҳи расидан ба ис­тиқ­­­ло­ли­яти комили давлатдорӣ буда, бо андеша ва арзишҳои миллӣ ва ар­зишҳои пазируфташудаи байнал­милалӣ бунёд намудани давлати демок­ративу ҳу­қуқ­бунёд мебо­шад.

Конститутсия халқи тоҷикро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷа­ҳонӣ ва дар пеши наслҳои гузаштаву ҳо­зира ва оянда масъул ва вази­фадор ҳисоб намуда, мақсад ва вазифаҳои таърихии халқи тоҷикро бун­­­­­ёди ҷомеаи адолат­парвар эълон намуд.

Тибқи ин санад инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ буда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир арзёбӣ мегарданд. Он асосҳои сохтори конститутсионии давлат ва дар ин замина прин­сипҳои асосии бунёди давлати миллӣ, пеш­бур­ди давлатдорӣ ва низоми онро бо нақш ва ҳузури се шоҳаи ҳокимияти давлатӣ муайян намуд.

Конститутсия бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз тарафи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳу­қу­­қии байналмилалии эътирофнамудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳифз шудани он­ҳоро қафолат дод. Таъмин ва риояи онҳоро мақсаду мазмуни фаъо­лияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ муайян кард. Барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бори нахустин дар ҳаёти сиёсию ҳуқуқии кишвар мақомоти судиро ба ҳайси як шохаи мустақили ҳокимият пазируфта, онро бо дигар шохаҳои ҳоки­мияти давлатӣ баро­бар эътироф кард.

Аз ин рў, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмо­малӣ Раҳмон Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз нақ­ши созанда ва офарандаи Консти­тут­сияи мамлакат оғоз намуда, иброз доштанд, ки: «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон наҳши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».[7]

Дар воқеъ, Конститутсия дар баробари гузоштани дигар асосҳои заминавии давлатдорӣ, ба қисмати муҳими он-сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва принсипҳои асосии ба амал баровардани он аҳамияти хоса зоҳир намуда, истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва дар ҳалли масоили дохилию хориҷӣ мустақил, ҳукми конститутсионӣ бахшид.

Муқаррароти вобаста ба самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ ва роҳҳои ба амал баровардани онҳо, ки дар Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шуда буданд, инъикоси худро дар Конститутсия ёфтанд.

Аз ҷумла, дар моддаи 11 Конститутсия эълон гардид, ки: «Тоҷи­кистон сиёсати сулҳҷуёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муно­сибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад».[8]

Моддаи мазкури Конститутсия ҷангро ҳамчун воситаи ҳалли масо­или дохилидавлатӣ ва байнидавлатӣ, аз ҷумла ташвиқоти онро манъ эълон намуда, муқаррар намудааст, ки «Тоҷикистон вобаста ба ман­фиатҳои олии халқ метавонад бо иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байнал­милалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд».[9]

Натиҷаи истиқлолият ва қабули Конститутсияи мамлакат аст, ки Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид ва муҳимтарин соз­мон­ҳои байналмилалии дунё мебошад. Он аз ҷониби 147 дав­лат ба ҳайси киш­­вари соҳибистиқлол эътироф шуда, бо 128 мамлакати ҷаҳон раво­бити дипломатӣ барқарор кардааст.[10]

Конститутсия, инчунин ба тақдири ҳамватанони бурунмарзӣ, ки онҳо бо сабабҳои гуногун берун аз кишвар қарор доранд, бетафовут нест, зеро шаҳрвандони кишвари мо ҳуқуқ ба мусофират, интихоби озо­ди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба онро доранд.[11]

Ин ҳолат давлатро вазифадор намудаст, ки ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар тамо­ми гўшаву канори дунё тибқи тартиботи мавҷудаи байналмилалӣ ҳифз намояд, дастгирӣ ва кўмак расонад.

Имрўзҳо ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамватанони бурунмарзӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ ва консул­гариҳои Ҷумҳурии Тоҷикитон ба шумор меравад, ки ҳамасола садҳо нафар шаҳрвандони мамлакат берун аз кишвар аз дастгирӣ ва кўмаки муассисаҳои зикр­гардида бархурдор мегарданд.

Масъалаи муҳиме, ки бе он ҳифзи воқеии манфиатҳои шаҳрванд ва давлатро тасаввур кардан ғайриимкон аст, ин мавқеъ ва нақши санадҳои ҳуқу­қии байналмилалии эътирофнамудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар низоми ҳуқуқи миллӣ мебошад.

Конститутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон ба нақши санадҳои зикр­гардида бетафовут набуда, ин масъаларо аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ, эҳтиром ва садоқат ба арзишҳои байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқу­қии байналмилалӣ арзёбӣ намудааст.

«Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байнал­милалӣ амал мекунанд», омадааст дар моддаи 10 Конститутсия.

Ҳамин тариқ, сиёсати хориҷии давлат давоми мантиқии сиёсати дохилии давлат аст. Он ба татбиқи масъала ва проблемаҳои асосии дар назди давлат истода, аз ҷумла ҳифзи манфиатҳои шахс, ҷомеа ва худи давлат равона карда шудааст. Яъне сиёсати хориҷӣ- ин инъикоси вазъи сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, бехатарии давлат ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошад.

Сиёсати хориҷӣ ва самтҳои афзалиятноки он аз ҷониби давлат бо назардошти як қатор омилҳо, аз ҷумла ҳамсоягӣ, ҳамзистӣ, омилҳои таърихию фарҳангӣ, забонӣ, динӣ, бехатарӣ, вазъи геополитикӣ ва ғ. роҳандозӣ карда мешавад, ки дар маҷмўъ мақсади он бо ибораи «ҳифзи манфиатҳои миллӣ» ифода мегардад.

Мавриди зикр аст, ки дар низоми афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Туркия мавқеи хосаро ишғол ме­намояд. Ҷумҳурии Туркия яке аз аввалин давлатҳо мебошад, ки 29 январи соли 1992 истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. 22 марти соли 1992 Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе ва моҳи декабри соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анкара ифтитоҳ гардиданд. Соли 2011 Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон дар Истамбул ба кор шурўъ намуд.

8 июли соли 1993 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Созишнома оид ба принсипҳои асосии муносибатҳои дўстона ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия ба имзо расид, ки дар он муштаракоти маънавию фарҳангии таърихӣ, ки ба таҳкими руҳияи ҳамфикрӣ, анъанаҳои дўстӣ ва бародарӣ байни ду кишвар равона гардидаанд, инчунин рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба махсус таъкид кара мешавад.

Дар асоси Созишномаи мазкур то ба имрўз байни ду кишвар зиёда аз 65 адад созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳукуматӣ ба имзо расидаанд.

Сафарҳои расмӣ ва кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия ва сафарҳои расмӣ ва кории Президенти Туркия ба Тоҷикистон дар рушди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатӣ, алалхусус иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ саҳми муносиби худро гузоштанд.

Мавқеи ду кишвар нисбат ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ наздик ва ё яксон мебошанд. Ҷуspan style= href=мҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар дигар сатҳҳо низ мунтазам тамос мегиранд, инчунин дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкории зич ба роҳ мондаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба манфиатдор будани Тоҷикионро қайд карда, дар вохўрӣ бо кор­мандони дипломатии кишвар ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави Вазо­рати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2013 таъкид доштанд, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишофи муно­сибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Туркия ман­фиатдор аст. Густариши ҳамкориҳои судманди Тоҷи­кистону Туркия аз оғози истиқлолият собиқаи хубу ғанӣ дошта, бо таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими мавқеи кишвари мо дар ҳамгироии минтақавӣ кўмаки назаррас мерасонад. Ҳамкориҳои мо дурнамои беҳтаре доранд, ки истифодаи васеи онҳо ба нафъи ҳарду кишвар аст».[12]

Татбиқи амалии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат аст, ки дар се соли охир ҳаҷми гардиши мол миёни ин ду кишвари ба ҳам дўст чандин дарсад афзоиш ёфта, соли 2013 то 656 млн. доллар расидааст.

Гузашта аз ин, бо саъю талоши Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия мардуми ин кишвар бо дастовардҳои Тоҷи­кистон дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ бештар ошно гардида, Тоҷикистон ба унвони кишвари барои сармоягузорӣ муносиб муаррифӣ гардид.

Робитаи байни ин ду кишвари дўст танҳо бо сармоягузориҳо ва додугирифти тиҷоратӣ маҳдуд нагашта, балки дар бахшҳои илму маориф ва омода намудани кадрҳои баландихтисос низ ҳамкории назаррас доранд. Чунончи дар донишгоҳҳои ин кишвар ҳоло беш аз 400 нафар донишҷуёни тоҷик ба таҳсили илм машғгул буда, дар оянда барои боз ҳам пешрафтатар гаштани кишвари азизамон саҳм арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи шарафманди он дар партави татбиқи амалии муқаррароти Конститутсияи давлати соҳиби­стиқлоли худ сиёсати хориҷии хешро ба амал бароварда, дар таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва тартиботи ҷаҳонӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрўза фаъолона ширкат менамояд.

Муқарророти Конститутсия ҳеҷ гоҳ куҳна намешаванд. Онҳо хусу­сияти стратегӣ дошта, бо мазмуни мундариҷаи нав рўи кор меоянд, дар пеши мо вазифаҳои нав ба навро оид ба ҳифзи ман­фиатҳои миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати ҷомеа ва давлат мегу­зоранд.

Мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони мам­лакат вазифадоранд, ки мазмуну моҳияти онҳоро вобаста ба давра­ҳои таърихӣ аниқ дарк намоянд, риоя, иҷро ва ҳифзи онҳоро таъмин намоянд.


[1] Ниг. Козлова Е.И., Кутафин О.Е. Конституционное право России. Учеб.-4-е изд., перераб. и доп.-М.: Проспект, 2010. С.72.

[2]Ниг. Советское государственное право: Учебник. Под ред. С. С. Кравчука. М., 1985. С. 34.

[3] Ниг. Козлова Е.И., Кутафин О.Е. Дар ҳамон ҷо.. С.72.

[4] Ниг. Конституционное право зарубежных стран. Учебник для вузов, 2-ое изд. Под общ.ред. М.В. Баглая, Ю.И. Лейбо и Л.М. Энтина. М.: Норма, 2005 С 62; Еллинек Г. Право современного государства. СПБ.,1998. Т.1 С.391; Достиев А.С. Конституция Республики Таджикистан 1994 года: История разработки. Принятия и основные положения. Душанбе, АО «Матбуот», 2001. С.28.

[5] Ниг. Каримов К.М. Конститутсия ва фарҳанги конститутсионӣ.//Вестник Института повышения квалификации государственных служащих Республики Таджикистан. 2012, № 3.

[6] Ниг.Каримов К.М. дар ҳамон ҷо.

[7] Ниг. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон. ш.Душанбе, 23 апрели соли 2014. Саҳ.3.

[8] Ниг. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Соли 2014. Саҳ.6.

[9] Ниг.Дар ҳамон ҷо.

[10] Ниг. Суханронӣ дар вохўрӣ бо кормандони дипломатии кишвар ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Газ. Ҷумҳурият 19 марти соли 2013. Сешанбе № 37-38.

[11] Ниг. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Соли 2014. Саҳ.10.

[12] Ниг. Газ. Ҷумҳурият 19 марти соли 2013. Сешанбе № 37-38.

Саидов И.И.

ассистенти кафедраи ҳуқуқи

инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии

факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ШАХСЇ ВА СИЁСИИ ШАҲРВАНДОН

ДАР КОНСТИТУТСИЯҲОИ ҶМШС ТУРКИСТОН, ҶХШ

БУХОРО ВА ҶМШС ТОҶИКИСТОН (1918-1929)

Дар ҳама давру замон яке аз масъалаҳои асосии ҳастии ҷомеаи инсонӣ – ин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад. Пайдоиш ва рушди ҳуқуқҳои инсон таърихи бою ғанӣ ва дуру дарозро дорост. Инкишофёбии ғояҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷи­кистон ба марҳилаҳои муайяни таърихӣ рост меояд.

Аввалин ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии давлати ҷавони советӣ – декретҳо «Дар бораи сулҳ», «Дар бораи замин», «Дар бораи рўзҳои кории ҳаштсоата», «Дар бораи суд», «Дар бораи назорати коргарӣ»[1] ва чандин дигар қонунҳо буданд, ки баҳри барҳам задани истисмори одам аз тарафи одам ва танзими муносибатҳои ҷамъиятии нави сотсиалистӣ равона карда шуда буданд. Дар байни аввалин декретҳои Давлати Советӣ «Эъломияи ҳуқуқҳои халқи меҳнаткаш ва истисморшуда», ки аз тарафи В. И. Ленин навишта шуда, 18 (31) январи соли 1918 Съезди III Советҳои умумирусиягӣ қабул карда буд, мақоми махсус дошт. Инкишофи минбаъдаи низоми ҳуқуқи советии Русияи сот­сиалистӣ дар асос ва мувофиқи Конститутсияи РСФСР, ки 10 июли соли 1918 Съезди V Советҳои умумирусиягӣ қабул кард, сурат гирифт.[2]

Инкишофи ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва сиёсии шаҳрвандон бошад, дар Тоҷикистон (1918 – 1924) мувофиқи ду Конститутсия, Конститутсияи ҶМШС Туркистон[3] (Шимоли Тоҷикистон) ва Конститутсияи ҶХШБ[4] (Ҷануби Тоҷикистон) ба роҳ монда шуда буд.

Шимоли Тоҷикистон чунин минтақаҳоро дар бар мегирифт, Сирдарё, Семиреченск, Фарғона, Самарқанд, вилояти Касбӣ, ба истиснои Бухоро ва Хева ба ҳайати РАСС Туркистон дохил мешуданд. Соли 1920 Амударё низ ҳамроҳ шуд. Ба ҷануби Тоҷикистон бошад, вилоятҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Ғарм, Кўлоб ва Сари Осиё, ки ҳудуди Бухорои Шарқӣ дохил мешуданд.

Давраи аввалин, Тоҷикистон барои инкишофи қонунгузории конститутсионӣ, аз ҷумла инкишофи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба таҷрибаи РСФСР такя мекард. Чи хеле ки Ф.Т.Тохиров, О.И. Чисняков, Е.А.Скрепилев қайд мекунанд, Конститутсияи Шўравӣ, ки аз 9-уми июни соли 1918 амал мекунад, тамоми таҷрибаҳоро, аз ҷумла меъёрҳое, ки давоми ҳашт моҳи инкишофи ҳуқуқ, ҷамбасти қисмати аввали сохтмони давлати Шўравиро кард, бо таври ҳуқуқӣ низоми нави ҷаъиятӣ ва давлатиро мустаҳкам кард, ки ҳамчун асос ва рушди минбаъдаи инкишофи низоми ҳуқуқии Шўравӣ гашт.

Конститутсияи соли 1918 ҶШФСР – қайд мекунад С.А. Авакьян – барои қабули конститутсияҳои дигар ҷумҳуриҳои шўравӣ асос гардид. Ҳамчунин, ин конститутсияҳо инъикосгари хусусиятҳои миллӣ ва мақсадҳо буда, дар танзимномаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ хоҳ нохоҳ аз Конститутсияи ҶШФСР маншаъ мегирифтанд[5].

Бояд қайд намуд, ки баҳри танзимнамоии ҳуқуқи инсон бо якумин декретҳо ва конститутсияҳои Шўравӣ дар байни олимон фикри ягона вуҷуд надорад. Як гуруҳи олимон, аз қабили: Ф.М. Рудинский, Ю.Т. Титов, М.А. Юнусов, Э.А. Юнусов дар танзими ҳуқуқи инсон баҳои мусбатро ба якумин декретҳо ва конститутсияҳои Шўравӣ медиҳанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки конститутсияҳои Русия новобаста аз режими сиёсӣ, давлат ва ҷамъият таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти зиёд медоданд.

Инқилоби феврали соли 1917 ба низоми пешина хотима гузошта, ба инкишофи Руссияи буржуазӣ – демократӣ такони нав дод.

Ба болшевикон дар моҳи октябри соли 1917 гузаштани ҳокимият ки онҳо аз нооромии ҷомеа истифода бурданд, боиси ба вуҷуд омадани дигаргуниҳои ҷиддӣ дар инкишофи ҷомеаи Русия, махсусан дар муносибати ҳифзи ҳуқуқҳои инсон гардид[6].

Конститутсияи аввалини ҶШФСР соли 1918 ҳамчун қисмати асосии худ «Эъломия оид ба ҳуқуқи меҳнаткашон ва халқи истисморшаванда» ҳуқуқ ба истифодабарии замин, иштирок дар интихобот, иштирок дар назорати корӣ, озодии виҷдон, изҳори ақида, маҷлисҳо, намоишҳо, гирдиҳамоиҳо ва ғ. ба роҳ монда шуда буд. Ҳуқуқу озо­диҳо нисбати меҳнаткашон новобаста аз ҷинс, миллат ва нажод кафо­лат дода мешуд. Дар баробари ин, Конститутсияи соли 1918 моҳияти давлати Шўравиро ҳамчун давлат ва ҳамчун диктатураи пролетарият дуруст муайян мекунад.

Гуруҳи дигари олимон, дар масъалаи танзими ҳуқуқи инсон дар аввалин санадҳои конститутсионии ҶШФСР ҳолатҳои манфиро қайд мекунанд, ки онҳоро ба қабули он алоқаманд медонад. Дар ин хусус А.Я. Азаров қайд мекунад, ки баъди инқилоби октябри соли 1917 дар Русия болшевикон на танҳо фарҳанги пешинаи худ, маънавиёт, динро аз худ дур карданд, балки худи ҳуқуқ дар умум: қонунҳо, кодексҳо ва меъёрҳое буданд, ки ҳатто аз мундариҷаи идеологӣ холӣ буданд.

Зарурияти қонунӣ кардани низоми диктатории болшевикон – қайд мекунад С.И. Глушкова – сабаби асосии қабули Эълоимия ҳуқуқи халқи Русия оид ба ҳуқуқи меҳнаткашон ва халқи истисморшаванда соли 1917 ва Конститутсияи ҶШФСР соли 1918 ба шумор меравад.

Чи хеле ки дар боло қайд намудем, ҳамаи конститутсияҳои ҷумҳуриҳои шўравӣ аз Конститутсияи ҶШФСР маншаъ мегирифт. Конститутсияи ҶМШС Туркистон низ дар чунин қатор буд.

Ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва сиёсии шаҳрвандон дар қисми сеюми Конститутсияи ҶМШС Туркистон, ки «Қоидаҳои умумии Консти­тутсияи ҶШФСР» номгузорӣ шудааст, пешбинӣ шуда, дар боби пан­ҷум кафолат дода шудаанд. Дар он озодии виҷдон, баробарҳуқуқии шаҳрвандон, озодии сухан, иштирок дар маҷлисҳо, ҳуқуқ ба мут­таҳидшавӣ, ҳуқуқи интхоб кардан ва интихоб шудан пешбинӣ шуда буданд.

Ҳуқуқу озодиҳои субективии шахс нисбат ба арзишҳои давлатӣ ҷои намоёнро ишғол менамуд. Конститутсияи ҶМШС Туркистон соли 1918 масъалаи озодии шахсии инсонро (ҳамчун дахлнопазирии шахсӣ, манзил, муросилот ва ғ.) муайян мекард. Қонунгузорӣ маф­ҳуми шахсро ба ибораҳои «шаҳрвандон», «меҳнаткашон», «кор­гарон» ва «деҳқонони камбағал», «буржуазия», «гуруҳи муфтхўри ҷамъиятӣ» ва ғайра ифода менамуд. Ҳамзамон дар он мақоми шахс ва шаҳрванд фарқ карда намешуд, онҳо як мафҳумро ифода мекарданд.

Гарчанде ки ҳуқуқҳои инсон пурра ҳам набошад, то андозае онҳо дар Конститутсия ифода ёфта буданд. Чунончи Конститутсияи ҶМШС Туркистон дар фасли сеюм, боби панҷум банди 13 – ум пешбинӣ менамояд, ки «бо мақсади таъмини ҳаққи озодии виҷдони меҳнаткашон, калисо аз давлат ва мактаб аз калисоҳо ҷудо карда шудааст, озодии тарғиботи динӣ ва ғайридинӣ аз ҷониби тамоми шаҳр­вандон эътироф шудааст». Муқаррароти мазкур озодии виҷдонро кафолат дода, пешбинӣ менамояд, ки калисо аз давлат ва мактаб аз калисо ҷудо аст. Инчунин шаҳрвандон метавонистанд расму оини диниро ба ҷо биёранд, тарғиботи ғайридинӣ баранд ва ташкилоти ғайридинӣ созмон диҳанд. Дар ин Конститутсия озодии виҷдон ҳамчун ҳуқуқи шахсии инсон кафолат дода шудааст. Баробарҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун як ҳуқуқи муҳимми шахсии шаҳрвандон дар ин Конститутсия кафолати худро ёфта буд. Баробарҳуқуқии шаҳрвандон новобаста аз миллат ва нажод эътироф карда шуда буд ва афзалият додан ба миллати алоҳида боиси вайрон намудани принсипи мазкур ва мухолифат ба қонунгузорӣ мегардид. Инчунин шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Русия ба фаъолияти меҳнатӣ маш­ғул мешаванд, баробар ба шаҳрвандони ҶШФСР аз ҳуқуқҳои сиёсӣ бархурдор буданд. Илова бар ин, шаҳрвандони ҳориҷӣ ҳангоми риояи қонунгузорӣ ҳуқуқи гирифтани шаҳрвандии Русияро доштанд.

Озодии ақида ҳамчун ҳуқуқи сиёсии шаҳрвандон дар Конститутсияи мазкур пешбинӣ шуда буд, ки тибқи он давлат вобастагии маблағҳои пулиро аз нашриёт несту нобуд мекунад ва нашриётро ба дасти меҳнаткашон ва деҳқонони камбағал дода, ҳамаи имкониятҳои моддӣ ва техникиро барои нашри рўзномаву маҷалаҳо, китобҳо ва дигар нашриётҳои бадеӣ фароҳам оварда, таъмини паҳнкунии онро дар ҳудуди давлат кафолат медод.

Вобаста ба ҳуқуқи иштирок дар маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо ва на­моишҳо Конститутсияи соли 1918 ҶМШС Туркистон муқаррар мена­муд, ки меҳнаткашон ҳуқуқ доранд озодона маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо ва намоишҳоро гузаронанд. Ҳамзамон ба коргарон ва деҳқонон барои гузаронидани маҷлисҳо толорҳои равшану гарм ва ба шароит­ҳои лозима муҷаҳҳазбударо кафолат медод. Ҳуқуқи муттаҳидшавии шаҳрвандон дар Конститутсияи соли 1918 ҶМШС Туркистон дар қисми сеюм, боби панҷум банди 16 пешбинӣ шуда буд, ки мувофиқи он «Бо мақсади таъмини ҳақиқии озодии иттиҳоди меҳнаткашон, Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Федеративии Русия барои коргарон ва деҳқонони камбағал таъмини ҳамаҷонибаи моддӣ ва ғайримоддиро барои иттиҳодия ва ташкилоту ҳаракатҳои онҳо кафолат медиҳад». Аммо бо қабули Конститутсияи соли 1920 ҶМШС Туркистон ҳуқуқи фавқ васеътар гардид. Дар моддаи 22-и он ҳокимияти сиёсӣ ва синфи бой, ки дар ҷомеаи буржуазӣ вуҷуд дошт шикаст дода шуда, монеаҳои мавҷуда барои таъсис ва фаъолияти итти­ҳодияҳо ба коргарону деҳқонон бартараф карда шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Конститутсияи соли 1918 ҶМШС Туркистон барои таъмини ҳуқуқи гурезаҳо меъёри алоҳида пешбинӣ менамояд. Он муқаррар менамояд, ки паногоҳи сиёсӣ барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори таъқиб барои ҷиноятҳои сиёсӣ ва динӣ гардидаанд, дода мешавад. Дигар ҳуқуқи муҳими сиёсӣ – ин ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон мебошад, ки дар боби алоҳида «Ҳуқуқи интихоботи фаъол ва ғайрифаъол» пешбинӣ шуда буд, ки пурра ин масъаларо танзим менамуд. Дар он интихоб намудан ва интихоб шудан ба Шўро новобаста аз дин, миллат ва ғ. ҳарду ҷинси шаҳрвандони ҶШФСР, ки дар ҳудуди Туркистон зиндагӣ мекунанд ва дар рўзи интихобот синашон ба 18 расида аст, доро мебошад.

Баъди таҳлили меъёрҳои Конститутсияҳои соли 1918 ва соли 1920 ҶМШС Туркистон гуфтан ҷоиз аст, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва сиёсии шаҳрвандон пурра ҳам набошад, то андозае кафолат дода шуда буданд.

Дигар масъалаи дар ин мавзўъ баррасишаванда – ин таҳлили ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва сиёсии шаҳрвандон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Халқии Шўравии Бухоро (ҶХШБ) мебошад. Чи хеле ки дар боло қайд намудем, ҳудуди Бухорои Шарқӣ аз вилоятҳои Ду­шанбе, Қурғонтеппа, Ғарм, Кўлоб ва Сари Осиё иборат буд.

Конститутсияи ҶХШБ, ки аз намунаи Конститутсияи якуми Шўравӣ асос гирифтааст, моҳи сентябри соли 1921 аз тарафи Курул­тои 11 умумибухороӣ қабул карда шуда,[7] ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва сиёсиро дар худ муқаррар менамуд.

Ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва сиёсии шаҳрвандон дар Конс­титутсияи ҶХШБ соли 1921 дар фасли якум, ки «Қоидаҳои умумӣ» номгузорӣ шудааст, дар боби сеюми он кафолати худро ёфтаанд. Дар ин Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва сиёсии шаҳрвандон аз қабили: озодии виҷдон, озодии сухан, ҳуқуқи иштирок дар маҷлисҳо, ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, дахлно­пазирии манзил таҷассуми худро меёбанд.

Конститутсияи ҶХШБ муқаррар менамуд, ки ҳар як шаҳрванди ҶХШБ ҳаққ дорад, муносибати худро ба дине, ки интихоб намудааст, муайян намояд, инчунин метавонад расму оини диниро ба ҷо орад, агар ҳуқуқу озодиҳои дигар шахсонро вайрон насозад.

Дар вобастагӣ ба ҳуқуқҳои шахсӣ, дахлнопазирии манзил низ дар ин Конститутсия кафолати худро ёфт. Дахлнопазирии манзил ба шаҳрвандон кафолат дода шуда, шахсони мансабдор наметаво­нанд ба манзили шахс ворид гарданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муқаррар намудааст.

Баробарҳуқуқии шаҳрвандон новобаста аз ҷинс, нажод, миллат, дин ва мавқеи ҷамъиятӣ эътироф карда мешавад. Ҳангоми содир кардани ҷиноят, ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, новобаста аз мақоми иҷтимоияшон дар назди қонун баробаранд.

Қонуни асосии ҶХШБ сохти нави давлатӣ ва ҷамъиятии барпокардаи инқилоби халқиро эълон карда, ҳокимияти давлатиро азони тамоми халқи Бухоро (моддаи 4)[8] муқаррар мекард. Тааллуқ доштани ҳокимияти давлатӣ ба халқ, яке аз нишонаҳои давлати демократӣ ба шумор меравад. Конститутсияи ҶХШБ дар худ ин нишонаро доро буда, ҳокимияти давлатиро ба тамоми халқи худ мансуб медонист. Гуфтан мумкин аст, ки дар ин Конститутсия ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон кафолат дода шудааст.

Дар боби сеюм банди ҳаштум озодии сухан, ҳуқуқи иштирок дар маҷлисҳо, ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ дар як сатҳ кафолат дода шудааст. Ба ҳамаи шаҳрвандони ҶХШБ озодии сухан, нашр, маҷлисҳо ва иттиҳодияҳо кафолат дода шудааст, агар он ба манфиати халқи ҶХШБ бошад.

Дар қисмати дигари ин муқаррарот ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ кафолат дода шудааст. Тибқи он, озодиҳои ягон шаҳрванд маҳдуд ва нисбаташ ҷазо татбиқ карда намешавад. Ҳамзамон, ҳар як шаҳрванди комилҳуқуқи ҶХШБ аз ҳама озодии шахсият истифода мебарад ва дар навбати дигар уҳдадоранд озодиҳои дигаронро низ эҳтиром намоянд. Илова бар ин, дахлнопазирии ҳар як шаҳрвандро Ҳукумати ҶХШБ тибқи қонунгузорӣ кафолат медиҳад. Муқарароти мазкур дар як вақт ҳам ҳуқуқҳои сиёсӣ ва ҳам шахсиро кафолат медиҳад.

Инчунин, қайд кардан ба маврид аст, ки банди 13 Конститутсияи соли 1921 ҶХШБ пешбинӣ менамояд, ки паногоҳи сиёсӣ барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори таъқиб барои фаъолияти сиёсӣ ва ақидаи динӣ гаштаанд, ба истиснои ҷиноятҳои зидди ҷумҳурии шўравӣ содиршуда ҳуқуқи паногоҳи сиёсиро доранд.[9]

Вобаста ба ҳуқуқи интихобот дар Конститутсия боби алоҳида пешбинӣ гардида буд. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон дар фасли сеюм боби дувоздаҳуми Конститутсияи ҶХШБ, ки «Ҳуқуқи интихоботи шаҳрвандони ҶХШБ» номгузорӣ шуда буд, танзими худро меёбад. Тибқи он, ҳуқуқи интихоби вакилон ва интихоб шуданро шаҳрвандони ҶХШБ новобаста аз ҷинс ва ҳангоми расидан ба синни 20 солагӣ доро гаштаанд. Илова бар ин, қонунгузории ҶХШБ хешовандони амирон, собиқ амалдорони олии давлатӣ, заминдорони калон ва капиталистонро аз ҳуқуқи интихоботӣ дур кард. Барои ба амал баровардани ҳокимияти давлатӣ имконияти расмиро ба халқ дод. Ба андозаи мустаҳкам шудани ҶХШБ сохти ҷамъиятӣ ва давла­тии ҷумҳурӣ боз ҳам бештар демократӣ кунонида мешуд. Масалан, бо қа­рори КИМ-и Бухоро аз 14 августи соли 1923 дар Конститутсия оид ба васеъ кардани ҳуқуқи интихоботии меҳнаткашон ва ташкилотҳои ҷамъиятии онҳо ва аз ҳуқуқи интихоб шудан ва интихоб кардан тамоман маҳрум кардани ҳамаи собиқ амалдорони амир, судхўрон, кулакқо ва тоҷирони калон тағйирот дохил карда шуд.[10]

Қисмати дигари мавзўи барасишаванда таҳлили Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон дар бахши ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсии шаҳрвандон мебошад.

Соли 1918 ташкил ёфтани ҶМШС Туркистон ва соли 1920 ҶХШБ барои давлат ва ташаккули низоми ҳуқуқи онҳо марҳалаҳои хело муҳим ба шумор мераванд.

Ин ҷумҳуриҳои сермиллат дар ҳудудҳои кўҳнаи сиёсию маъмурӣ ташкил ёфта буданд, ки ин инъикоси хусусияти хоси инқилоби Осиёи Миёна гардид. Дар он давра, барои барпо намудани давлати мустақили миллии ҳар қадом халқи сокини Осиёи Миёна ҳанўз имконият ва шароити зарурӣ набуд.[11] Иҷлосияи II КИМ-и ИҶШС баъди анҷоми корҳои зиёди ҷиддии тайёрӣ моҳи октябри соли 1924 дархости халқҳои Осиёи Миёнаро дар бораи тақсимоти давлатию миллӣ, таш­кили ҷумҳуриҳои нави шўравии сотсиалистӣ ва вилоятҳои мухтор қонеъ гардонд.[12]

Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар асоси қаророи КИМ-и Шўроҳои ИҶШС аз 27 октябри соли 1924 дар ҳайати ҶШС Узбекистои бо роҳи муттаҳид шудани ҳудудҳои тоҷикнишин, ки ҷумҳуриятҳои собиқи Бухоро ва Туркистонро дар бар мегирифтанд ташкил ёфт.

Ҳудуди ҶМШС Тоҷикистонро ноҳияҳои зерин дар бар мегирифт: тақрибан тамоми Бухорои Шарқӣ бо волостҳои Ғарм, Ҳисор, Кўлоб, Қўрғонтеппа ва қисман Сариосиё, 12 волости вилоятҳои Самарқанд ва Фарғона. Бо қарори Президиуми КИМ-и Иттиҳоди ҶШС аз 2 январи соли 1925 ба хайати ҶМШС Тоҷикистон Помир низ ҳамчун Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дохил карда шуд.[13]

Ноҳияҳои Шимолии Тоҷикистони имрўза Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Нов, Ашт – мавриди тақсимоти давлатию миллӣ ба ҳай­ати ҶШС Узбекистон дохил шуда, соли 1926 округи Хуҷандро таш­кил доданд. Баъдан, соли 1929, ин ок­руг ба ҳайати ҶМШС Тоҷи­кистон дохил гардид.[14] Ҳамин тавр, тоҷикон дар як ҷумҳурӣ муттаҳид шуда, аксарияти аҳолии ҶМШС Тоҷикистонро онҳо ташкил медоданд.

Бояд тазаккур дод, ки давраи муосири инкишофи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аввали асри 20 бо ташкилшавии ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Узбекистон оғоз ёфтааст. Баъди ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон кор оид ба таҳия ва қабули Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. То қабули Конститутсия ҳолати ҳуқуқии ҶМШС Тоҷикистон бо як қатор Эъломияҳо танзим меёфт, ки хусусияти танзими масъалаҳои сохтмони давлатҳоро доштанд. Дар байни онҳо Эъломия оид ба омўзиши аҳли умум дар ҶМШС Тоҷикистон» аз 12 декабри соли 1926 ва қарор «Оид ба ҳуқуқҳои занони меҳнаткаши ҶМШС Тоҷикистон» аз 12 декабри соли 1926[15] ҷойи намоёнро ишғол мекарданд. Дар моддаи 1-уми қарори зикргардида, қайд карда мешуд, ки занон ва мардон бо истифода аз ҳама ҳуқуқҳо баробар мебошанд.

Санадҳои меъёрии зикргардида баҳри бартараф ё худ маҳви бесаводӣ дар ҶМШС Тоҷикистон, инчунин таъмин намудани баробарҳуқуқии байни занон ва мардон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ равона шуда буданд. Ин ҳуҷҷатҳо ҳамчун аввалин санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар сарзамини Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтанд.

Конститутсияи ҶШС Узбекистон аз 3-октябри соли 1927 дар асоси Конститутсияи соли 1924-и ИҶШС қабул гардид. Сипас ҶМШС Тоҷикистон корро оид ба таҳияи лоиҳаи аввалин Консти­тутсияи халқи тоҷик шуруъ намуд. Дар съезди якуми Шўроҳои ҶМШС Тоҷикистон КИМ вазифадор карда шуд, ки дар асоси Конститутсияи ИҶШС ва Констиутсияи ҶШС Узбекистон лоиҳаи Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистонро тайёр ва ба съезди 2 Шўроҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намояд. Барои ҶМШС Тоҷикистон Конститутсияи якуми ҶШС Узбекистон, ки 30 марти соли 1927 дар анҷумани дуюми Шўроҳои Узбекистан қабул шуда буд, сарчашмаи муҳим ба ҳисоб мерафт[16].

Дар асоси қарори қабулнамудаи съезди КИМ-и Шўроҳои ҶМШС Тоҷикистон аз 19-уми феврали соли 1927, комиссяи конститутсионӣ таъсис дода шуд, ки онро котиби масъули расмии КИМ роҳбарӣ мекард.[17]

21-уми апрели соли 1929 дар иҷлосияи IV-уми КИМ-и Шўроҳои ҷумҳурӣ баъди шунидан ва муҳокима кардани маърўза ё худ баромади намояндаи президиуми КИМ-и ҶМШС Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Конститутсия, қарор оид ба қабул намудан ва пешниҳоди он барои баррасӣ ва тасдиқ ба съезди 2-юми Шўроҳои Тоҷикистон қабул гардид.

Ҳамин тариқ, 28-уми апрели соли 1929 Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон, ки аввалин Конститутсия дар таърихи ҳуқуқии Тоҷикистон ба шумор меравад, қабул гардид.

Конститутсияи соли 1929 ҶМШС Тоҷикистон аз 7-фасл,17 боб ва 107 модда иборат буд. Бунёди асосии онро (фасли 1) Эъломияи ҳуқуқи меҳнаткашон ва халқи заҳматкаш аз 13 январи соли 1918, ки дар Анҷумани III Умумиросиягӣ аз ҷониби Шўрои коргарон ва аскарони вакил қабул шуда буд, ташкил медод.[18] Ҳамзамон, ин Конститутсия пурра дар заминаи Конститутсияи соли 1924 ИҶШС таҳия ва қабул гардида, давраи гузариш аз капитализм ба сотси­ализмро низ ба назар мегирифт. Дуруст қайд мекунад, А.И. Имомов – моҳияти асосии ин Конститутсия на инъикоси давраи гузариш аз капитализм ба сотсиализм, балки аз феодализм ба сотсиализм буд.[19]

Ин аз асоси муайянкунандаи инкишофи институти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. А.М. Диноршоев қайд менамояд, ки ҳангоми қабули Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон ягон намуди танзимнамоии ҳуқуқии ҳуқуқи инсон вуҷуд надошт. Бо назардошти он, ки оғози консепсияи муосири ҳуқуқи инсон аз давраи инқилоби буржуазӣ ва гузариш аз сохти феодалӣ ба сохти капитализм буд. [20]

Ҳуқуқу озодиҳои муқарраршуда мазмун ва моҳияти сотсиалистӣ дошта, асосан ба табақаи нодору қашшоқ пешбинӣ шуда, ҳануз номгўй ва ҳадди онҳо камшумор ва ночиз буд.[21]

Ба фикри А.М. Диноршоев розӣ шуда наметавонем, ки танзими ҳуқуқии ҳуқуқи инсон дар Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон соли 1929 дида намешуд, зеро Конститутсияи соли 1929 тавонист то андозае ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар худ муайян кунад. Андешаи Имомов А. дар хусуси он, ки номгўй ва ҳадди ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон камшумору ночиз буданд ҷолиби дастгирист. Баробари ин, дар фасли якуми Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон низоми ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва сиёсии шаҳрвандони Иттиҳоди Шўравӣ мустаҳкам шуда буданд. Аз ҷумла, озодии виҷдон, озодии сухан, ҳуқуқ ба озодии иттиҳодияҳо, ҳуқуқи иштирок дар интихобот, маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, ҳуқуқи шахс ба паноҳгоҳи сиёсӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон кафолат дода шуда буд.

Вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, аз ҷумла озодии виҷдон, Конститутсияи соли 1929 муқаррар менамуд, ки озодии виҷдон барои шаҳрвандон пешбинӣ шуда, бо мақсади таъмини он калисо аз давлат ва мактаб аз калисо ҷудо мебошад. Ба шаҳрвандон озодии ба ҷо овардани расму оини динӣ ва озодии ташкилоти ғайридинӣ эътироф карда мешуд. Баробарҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун ҳуқуқи шахсии инсон дар ин Конститутсия кафолати худро ёфта буд, ки мувофиқи он баробарҳуқуқии шаҳрвандон новобаста аз миллат ва нажод эътироф шуда буд (моддаи 15). Инчунин додани имтиёз ва ё афзалият ба миллати алоҳида боиси вайрон гардидани принсипи баробарҳуқуқӣ гардида, хулофи қонунгузорӣ, аз ҷумла Конститутсия ҳисобида мешуд.

Конститутсияи соли 1929 дар баробари ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандонро низ кафолат медод. Музаф­фарияти асосии меҳнаткашони ҷумҳурӣ, ки бо Конститутсияи Тоҷи­кистони мухтор тақвият ёфтааст, барқарор ва таъмин кардани диктатураи пролетариат буд (м. 1). Конститутсия эълон кард, ки ҶМШС Тоҷикистон давлати коргару деҳқон аст ва муқаррар кард, ки тамоми ҳокимият дар марказ ва дар маҳалҳои ҷумҳурӣ ба Шўроҳои депутатҳои коргарон, деҳқонон, батракҳо ва аскарони сурх тааллуқ дорад (м. 2). Мавҷуд будани меъёри мазкур гувоҳ аз он аст, ки ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон дар сатҳи Конститутсия кафолати худро ёфта, ба онҳо имконияти дар идоракунии корҳои давлатӣ иштирок карданро медиҳад. Ҳокимияти давлатӣ ба вакилони коргарон, деҳқонон, батракҳо ва аскарони сурх тааллуқ дошт. Тааллуқ доштани ҳокимият ба гуруҳи зикршудаи одамон, шаҳодат аз роҳ ёфтани халқ дар идоракунии корҳои давлатӣ мебошад. Конститутсия ҳуқуқ ба озодии ақидаро пешбинӣ намуда, муқаррар менамуд, ки Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалисии Тоҷикистон бо мақсади барои ҳамаи меҳнаткашон таъмин намудани озодии баёни ақида, ба ихтиёри синфи коргар ва деҳқон ҳамагуна воситаҳои техникӣ ва моддиро барои нашри рўзнома, рисола, китоб ва дигар намудҳои асарҳои нашриётӣ муҳайё менамояд. Озодона паҳн намудани онҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ таъмин карда мешавад. Ҳамзамон ҳуқуқ ба озодии иттиҳодияҳо, ташкил ва муттаҳид шудан дар онҳо таъмини чораҳои заруриро муқаррар менамуд. Ба коргарон ва деҳқонон ташкил намудан ва мутаҳид шудан ба иттиҳодияҳоро пешбинӣ менамуд. Инчунин бо мақсади таъмини ҳуқуқи меҳнаткашон ба ташкили маҷлис, гирдиҳамоӣ ва ғ. ба ихтиёри синфи коргар ва деҳқон ҳама воситаҳои барои гузаронидани чорабиниҳои халқӣ зарурро кафолат медод. Илова бар ин, барои гузаронидани маҷлисҳо, давлат толорҳои ба шароитҳои лозима муҷаҳҳазбударо фароҳам меовард. Ҳамзамон, Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷиро барои гирифтани паноҳгоҳи сиёсӣ ҳангоми фаъолияти ҷиноӣ ва эътиқоди динӣ кафолат медод.

Ҳуқуқи дар ҳаёти сиёсии давлат иштирок намудан бо роҳи бевосита, ки вакилони халқиро интихоб менамуданд ва бавосита бо тарзи пешбарӣ намудани номзади худ бо вакилии Шўро амалӣ карда мешуд. Дар ин Конститутсия ба яке аз ҳуқуқҳои муҳими сиёсӣ – ҳуқуқ ба интихобот боби алоҳида бахшида шуда буд. Дар ин боб пешбинӣ шуд буд, ки «Ҳуқуқи интихоб намудан ва интихоб шуданро ба Шўро ҳама новобаста аз дин, миллат, мавқеъ ва ғайраҳо ҳарду ҷинси шаҳрвандони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва дар рўзи интихобот синашон ба 18 расидааст, доро мебошанд».[22] Ин ҳуқуқ ба ҳамаи шахсони ризқу рўзии худро аз меҳнати ба ҷамъият фоиданок ба даст оваранда ва ба хоҷагии назди ҳавлӣ машғулбуда, хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони ба гурўҳҳои боло дахлдоре, ки лаёқати кории худро гум кардаанд, дода шуда буд.

Илова бар ин, Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон дар моддаи 89 асосҳои маҳдуднамоии ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро пешбинӣ менамуд. Аз ҳуқуқи зикршуда, ашхосе истифода бурда наметавонист, ки: а) аз меҳнати кироя бо мақсади даромад гирифтан истифода кунанд; б) аз ҳисоби даромади ғайримеҳнатӣ, монанди фоиз аз сармоя, аз корхона, аз молу мулк ва ғайра зиндагӣ кунанд; в) савдогарони майда, миёнаравони савдо ва тиҷорат; г) роҳибон ва рўҳониёни ибодатхона ва оинҳои динӣ; д) хизматчӣ ва гумоштаи собиқ политсия, корпуси махсуси жандармҳо ва шуъбаҳои посбонӣ, хизматчиёни собиқ маъмурияти маҳаллӣ (роҳбарони волостҳо, оқсақолҳои аулҳо ва ғ.), аъёну ашрафи хонадони шоҳи Русия, собиқ амири Бухоро ва хони Хева ва ҳамаи хешовандони наздики онҳо, инчу­нин шахсони ба фаъолияти мақомоти полис, жандарм ва мақомоти ҷазодиҳии собиқ шоҳи Русия ва ҳамаи ба ин монанд амалдорони собиқ аморати Бухоро ва хонигарии Хева роҳбарикарда; е) шахсони мувофиқи тартиби қонун муайянкарда аз ақл бегона донисташуда ва шахсоне, ки дар зери васоят қарор доранд; ж) шахсони бо ҳукми суд ё бо қарори махсуси мақомоти олии ҳокимият аз ҳуқуқи интихоботии фаъолона ва ғайрифаъолона маҳрум гашта, ба он муҳлате, ки дар ҳукми суд ё қарори мазкур муайян шудааст, инчунин ба таври маъмурӣ бадарғашуда (охирон, ба муҳлати бадарғаашон). Умуман дар ин Конститутсия ҳуқуқи фавқ танзими худро ёфта, амалӣ мешуд.

Таҳлили Конститутсияи соли 1918 ва 1920 ҶМШС Туркистон, Конс­титутсияи ҶХШБ соли 1921 ва Конститутсияи ҶМШС Тоҷи­кистон соли 1929 нишон дод, ки баъзе аз ҳуқуқи шаҳрвандон дар Конститутсияи ҶХШБ соли 1921 агар васеътар кафолат дода шуда бошад, баръакс бархе аз онҳо дар Конститутсияи ҶМШС Туркистон ва ҶМШС Тоҷикистон васеътар мариди танзими қарор гирифтааст. Чунончи дар Конститусияи ҶМШС Туркистон соли 1918, 1920 ва Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон соли 1929 ибораи «меҳнаткашон ҳуқуқ доранд» ва дар Конститутсияи ҶХШБ бошад, ибораи «шаҳр­вандон ҳуқуқ доранд» пешбинӣ шуда буд. Додани ҳуқуқ ба шаҳр­вандон мафҳуми васеътар аст, назар ба оне, ки танҳо ба меҳнаткашон таълуқ дошта бошад.

Вобаста ба озодии виҷдон Конститутсияи ҶМШС Туркистон ва Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон калисоро аз давлат ва мактабро аз калисо ҷудо менамуд, аммо Конститутсияи ҶХШБ пешбинӣ менамуд, ки шаҳрвандон метавонанд муносибати худро ба дине, ки интихоб намудаанд, муайян намоянд. Ин конститутсияҳо дар худ падидаҳоеро доранд, ки танҳо хоси онҳо мебошанд. Ҷудо будани калисо аз давлат ва мактаб аз калисо, ки ҳамчун нишонаи давлати дунявӣ ба шумор меравад, танҳо хоси Конститутсияи ҶМШС Туркистон ва Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон буд, ки он дар Конститутсияи ҶХШБ мушоҳида намешуд.

Гарчанде ки Конститутсияи ҶХШБ ин унсурро дар худ таҷассум накунад ҳам, падидаеро дар худ дошт, ки дар Конститутсияи ҶМШС Туркистон ва ҶМШС Тоҷикистон он дида намешуд. Конститутсияи ҶХШБ пешбинӣ менамуд, ки шаҳрвандон метавонанд муносибати худро ба дине, ки интихоб намуданд, муайян намоянд.

Ин падида ҳамчун маҳаки асосии таъминкунандаи озодии виҷдон дар замони муосир баромад намуда, дар стандартҳои байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва қонунгузории давлатҳои демократӣ дида мешавад.

Баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар ин конститутсияҳо кафолат дода шуда буд. Аммо дар Конститутсияи ҶМШС Туркистон ва ҶМШС Тоҷикистон омилҳои вайронкунандаи баробарҳуқуқӣ, тафри­қа­­андозӣ аз рўи миллат ва нажод пешбинӣ шуда буд. Тафриқа андохтан аз рўи миллат ва нажод боиси вайрон гардидани баро­барҳуқуқии шаҳрвандон гашта, баробарҳуқуқии шаҳрвандон ново­баста аз миллат ва нажод эътироф карда мешуд.

Конститутсияи ҶХШБ бошад, дар баробари миллат ва нажод, инчунин фарқгузорӣ аз рўи ҷинс, дин ва мавқеи ҷамъиятӣ низ ҳамчун омили вайронкунандаи баробарҳуқуқӣ пешбинӣ мекард. Ин нишона аз он буд, ки ин меъёр дар ин Конститутсия васеътар кафолати худро меёфт.

Дар Конститутсияи ҶХШБ диққати асосӣ ба ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ дода шуда, масъалаи озодии шахсии инсон, яъне дахлно­пазирии шахсӣ ва дахлнопазирии манзил кафолати пурраи худро меёфт. Аммо Конститутсияҳои ҶМШС Туркистон ва ҶМШС Тоҷикистон аз ин ҳуқуқҳо канорагирӣ мекарданд.

Вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ озодии баёни ақида, ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ ва ҳуқуқи иштирок дар маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо ва намоишҳо дар Конститутсияи ҶМШС Туркистон ва ҶМШС Тоҷи­кистон меъёрҳои алоҳида баҳри амалигардӣ ва кафолати ҳуқуқҳои мазкур пешбинӣ гардида буд. Дар меъёрҳои алоҳида кафолат додани ҳар як ҳуқуқи сиёсӣ боиси муайянкунии сатҳquot;Times New Roman Tj/span href=quot;; mso-ansi-language: EN-US; mso-fareast-language: EN-US; mso-bidi-language: EN-US;и демократии давлат мегардад. Умуман дар Конститутсияи ҶМШС Туркистон ва ҶМШС Тоҷикистон назар ба Конститутсияи ҶХШБ диққати асосӣ ба ҳуқуқҳои сиёсӣ дода шуда буд. Дар онҳо ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон нисбат ба ҳуқуқҳои шахсӣ кафолати пурратар ёфта буданд. Конс­титутсияи ҶХШБ бошад озодии сухан, ҳуқуқи иштирок дар маҷ­лисҳо, ҳуқуқ ба муттаҳидшавиро дар як модда кафолат медод. Ин ҳуқуқҳо кафолати пурраи худро дар ин Конститутсия наёфтанд. Гарчанде ки дар Конститутсияи ҶХШБ ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон нисбат ба Конститутсияҳои ҶМШС Туркистон ва ҶМШС Тоҷи­кистон кафолати пурраи худро наёфта бошанд ҳам, аммо дар он ҳуқуқҳои шахсии инсон аз Конститутсияҳои ҶМШС Туркистон ва ҶМШС Тоҷикистон дида хубтар ва васеътар кафолат дода шудаанд. Чи хеле ки дар боло қайд намудем, дар он ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, дахлнопазирии манзил, ҳуқуқ ба баробарҳуқуқии шаҳрвандон бо мавҷуд будани омилҳои иҷтимоии васеъ, ки баробарҳуқуқии шаҳр­вандонро вайрон мекард, кафолат дода шуда буд. Аммо Конс­титутсияи ҶМШС Туркистон ва ҶМШС Тоҷикистон аз ин ҳуқуқҳо канорагирӣ мекарданд.


[1] Ниг.: Фозил Тоҳиров. Инкишофи ҳуқуқ дар Тоҷикистон, Душанбе, Ирфон, 1994. саҳ.60.

[2] Ҳамон ҷо саҳ. 60.

[3] 15 октябри соли 1918 Съезди VI Фавқулоддаи Советҳои кишвар қабул кард ва баъд соли 1920 аз сари нав Конститутсияи РАСС Туркистон қабул карда шуд. Ташкилёбии РАСС Туркистон, вазъи давлатию ҳуқуқии он дар ҳайати РСФСР ва худмуайянкунии миллӣ – давлатии халқҳои РАСС Туркистон дар асарҳои Ш. З. Уразаев ва А. А. Гордиенко, таҳлил шудааст. Ниг.: Ш. З. Уразаев, Туркистанская АССР – первое социалистическое государство в Средней Азии. М., 1961; Ш. З. Уразаев В. И. Ленин и строительство национальной государственности в Туркестане. Тошканд, 1967; А. А. Гордиенко, Образование Туркестанской АССР. М., 1968.

[4] Моҳи сентябри соли 1921 Қурултои 11 Умумибухорои қабул карда; Фозил Тоҳиров. Инкишофи ҳуқуқ дар Тоҷикистон, Душанбе, Ирфон, 1994. саҳ.89.

[5] Ниг.: Авакьян С.А. Конституционное право России. Т.1 М., 2010. саҳ. 221.

[6] Ниг.: Диноршоев А.М. Закрепление прав и свобод человека в Конституции Республики Таджикистан // Душанбе. 2014. саҳ.10.

[7] Ниг.: Фозил Тоҳиров. Инкишофи ҳуқуқ дар Тоҷикистон, Душанбе, Ирфон, 1994. саҳ.89.

[8] Съезды Советов в документах (1917 – 1922), ҷилди 2, саҳ. 568.

[9] Конститутсияи (Қонуни асосӣ) Ҷумҳурии Халқии Шўравии Бухоро. Сентябри соли 1921. Фасли якум, боби сеюм, банди 13.

[10] Ниг.: А. И. Гордиенко. Соз­дание народно-советского государства и права и их революционно – преобразующая роль в Хорезме и Бухаре, саҳ. 87.

[11] Ниг.: Фозил Тоҳиров. Инкишофи ҳуқуқ дар Тоҷикистон, Душанбе, Ирфон, 1994. саҳ.115.

[12] Ниг.: С. А. Раҷабов. Национально-государственное размежевание в Средней Азии и его значение для образования Таджикской Советской Республики: Материалы к истории таджикского народа в советский период. Сталинобод, 1954, саҳ. 84-113; С. А. Раҷабов Таджикская ССР суверенное советское государство. Сталинобод, 1957, саҳ. 129-167.

[13] Ниг.: Фозил Тоҳиров. Инкишофи ҳуқуқ дар Тоҷикистон, Душанбе, Ирфон, 1994. саҳ.115.

[14] Ҳамон ҷо саҳ.116.

[15] Ниг.: Имомов А.И. Конституционное право Республики Таджикистан (на тадж.яз). Душанбе, 2012. саҳ.69.

[16] Ниг.: А. А. Аъзамходжаев. Советское многонациональное государства (к 40-летию образования СССР). Ташкент, 1962, саҳ. 71

[17] Ниг.: Николаева М. Государственные эмблемы Советского Таджикистана. – Душанбе, 1969. – саҳ.11.

[18] Декреты Советской власти. Т. 1. – М.: Госполитизат, 1957.

[19] Ниг.: Имомов А. Укрепление государственности и создание гражданского общества в Таджикистане. Душанбе, 2003. саҳ.78.

[20] Ниг.: Формирование идей прав человека в Таджикистане: история и современность: монография / Диноршоев А. М., Сафаров Б. А.; Волгоградский филиал ФГБОУ ВПО «Российская академия народного хозяйства и государственной службы». – Волгоград: Изд: Волгоградского филиала ФГБОУ ВПО РАНХиГС, 2014. саҳ.114-115.

[21] Ниг.: Имомов А. Нақши Конститутсия дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон.- Душанбе, 2011. саҳ.46-47.

[22] Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалисти Тоҷикистон аз 28-уми апрели соли 1929. Мод. 88.

ТАЪИНОТИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Т А Ъ И Н О Т И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Амир Муҳаммад Поянда Муҳаммад «Оид ба муайян намудани мувофиқати қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 № 325 «Дар бораи номгўи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷўянда ва гурезагон мумкин нест» ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои 1-3 мод­даи 12 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиё­сӣ, мод­даи 5 Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ ва моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо»

шаҳри Душанбе 15 сентябри соли 2014

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси­кунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва ЗоировШ.Ю.

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ –Ғаниев Ҷ.,

дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяҳои Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М.-ро оид ба дархости Амир Муҳаммад Поянда Муҳаммад «Оид ба муайян намудани мувофиқати қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 № 325 «Дар бораи номгўи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷўянда ва гурезагон мумкин нест» ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисм­ҳои 1-3 моддаи 12 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиёсӣ, моддаи 5 Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ ва моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо»шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амир Муҳаммад Поянда Муҳаммад тавассути намояндагии адвокатҳои ваколатдор Шарипов А. ва Романов С. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки ў ва 9 нафар аъзои оилааш 30 майи соли 2012 аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати шахси паноҳҷўянда ворид гардиданд.

12 июли соли 2012 аз тарафи Комиссияи доимоамалкунандаи муштарак оид ба муайянкунии мақоми гурезаи Хадамоти шиносно­мадиҳӣ – бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ба онҳо шаҳодатномаи бақайдгирии муваққатӣ дода шудааст.

Ў ва аъзои оилааш баъд аз гирифтани шаҳодатномаи муваққатии бақайдгирӣ аз 25 июни соли 2012 дар суроғаи ноҳияи Ҳисор ҷамоати Хонақои Кўҳӣ, шаҳраки Искич ба қайд гузошта шудаанд, аммо дар асл онҳо дар суроғаи шаҳри Душанбе кўчаи А. Сино хонаи № 136/6 утоқи № 31 ҳамчун иҷоранишин истиқомат мекарданд.

Моҳи январи соли 2013 ў ва аъзои оилааш барои гирифтани ма­қоми гуреза ба Комиссияи доимоамалкунандаи муштарак оид ба муайянкунии мақоми гурезаи Хадамоти шиносномадиҳӣ-бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намуданд. Комиссияи муштарак бо қарори № 1 аз 25 январи соли 2013 бо такья ба моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гуре­заҳо» ба ў ва аъзои оилааш додани мақоми гурезаро рад кардааст. Номбурда ба қарори зикршудаи Комиссия розӣ нашуда, 20 марти соли 2013 нисбати он бо ариза ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки Суди мазкур баъдан бо таъиноти худ аз 20 марти соли 2013 парвандаро бинобар сабаби даст кашиданиў аз ари­зааш қатъ намудааст.

Моҳи марти соли 2013 ў ва аъзои оилааш такроран ба Комиссияи доимамалкунандаи муштарак бо дархост оид ба додани мақоми гуреза муроҷиат намуданд, ки Комиссияи мазкур муроҷиати онҳоро баррасӣ намуда, бо қарори худ аз 25 апрели соли 2013 ба онҳо додани мақоми гурезаро рад кардааст. Комиссияи мазкур қарори худро бо он асоснок кардааст, ки муроҷиаткунандагон Қарори Ҳукумати Ҷум­ҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 № 325 «Дар бораи номгўи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳои муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷўянда ва гурезагон мумкин нест»-ро риоя накар­данд.

Дархосткунанда қайд менамояд, ки ў ва аъзои оилааш ба қарори номбурда розӣ нашуда, 24 майи соли 2013 қарори Комиссияи зикршударо ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят овардааст.

Бо қарори Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 17 июни соли 2013 қонеъ намудани аризаи даъвогии ў рад карда шудааст.

Бо қарори мазкур муроҷиаткунандагон розӣ нашуда, 12 июли соли 2013 бо шикояти кассатсионӣ ба Коллегияи кассатсионӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе муроҷиат намудаанд.

Бо қарори коллегияи кассатсионӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе ҳалномаи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 17 июни соли 2013 бетағйир мононда шудааст.

Дархосткунанда чунин мешуморад, ки банди 2 қисми 1 моддаи 12 Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», ки нисбати ў татбиқ шудааст, ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» мухо­лифат доранд.

Ҳамчунин ба андешаи муроҷиаткунанда, банди 2 қисми 1 моддаи 12 Қонуни зикршуда ва Қарори номбаршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ба қисмҳои 1 – 3 моддаи 12 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966, моддаи 2 ва 5 Конвенсияи байналхалқӣ дар бо­раи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ аз 21 декабри соли 1965, моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Мут­таҳид оид ба мақоми гурезаҳо аз 28 июли соли 1951 низ мухолиф мебо­шанд.

Чунончи, тибқи қисми 1 моддаи 12 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиёсӣ:

«Ҳар касе, ки дар қаламрави ягон давлат ба таври қонунӣ қарор дорад, дар ҳудуди ин қаламрав ба рафтуомади озодона ва интихоби озоди маҳали зист ҳақ дорад».

Тибқи қисми 3 моддаи мазкури Паймон:

«Ҳуқуқи дар боло зикршуда наметавонад мавзўи ягон навъ маҳдудият қарор гирад, ғайр аз маҳдудияте, ки тавассути қонун пеш­бинӣ шудаанд ва барои ҳифзи амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ саломатӣ ё ахлоқӣ ё ҳуқуқ ва озодии дигарон заруранд ва бо дигар ҳуқуқ дар ҳамин Паймон эътирофшаванда мувофиқ мебошанд».

Тибқи моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо:

«Ҳар давлати аҳдкунанда ба гурезаҳое, ки қонунӣ дар қаламрави он қарор доранд, ҳуқуқи интихоби маҳалли истиқомат ва ҳаракати озодро дар доираи қаламрави худ бо шарти риояи тамоми қоидаҳое, ки одатан нисбати хориҷиён дар ҳамин ҳолатҳо қобили истифодаанд, медиҳад».

Ҳамин тариқ, дархостдиҳанда иддао дорад, ки банди 2 қисми1 мод­даи 12 Қо­нуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ҳуқуқ­ҳои ў ва аъзои оилаашро ҳамчун гуреза барои интихоб кардани ҷои исти­қомат ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 № 325 оид ба озодии ҳаракати гурезаҳо ва шахсони паноҳгоҳҷўянда маҳдуд менамоянд.

Бинобар ин, дархосткунанда аз Суди конститутсионӣ хоҳиш менамояд, ки оид ба дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мувофиқати қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи гурезаҳо» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 № 325 «Дар бораи номгўи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷўянда ва гуре­за­гон мумкин нест» ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои 1-3 моддаи 12 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиёсӣ, моддаи 5 Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ ва моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва маводи ба он замимакардашударо мавриди баррасӣ қа­рор дода, қайд менамояд, ки дар масъалаи номувофиқатии қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи гурезаҳо» ва Қа­рори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 № 325 «Дар бораи номгўи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷўянда ва гурезагон мумкин нест» ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳурии Тоҷикистон номуайяние дида намешавад, ки он барои оғоз наму­дани мурофиаи судии конс­титутсионӣ ва пешбурди санҷиши консти­­тутсионӣ асос гардад.

Ҳамчунин, миёни меъёрҳои зикршудаи Қонун ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳурии Тоҷикистон алоқамандии бевоситаи мантиқӣ ва мавзўӣ дида наме­шавад, ки он предмети муайян намудани мувофиқати меъёрҳои зикр­шуда ба Конститутсия гардида тавонанд.

Аз ҷониби дигар, масъалаи муайян намудани мувофиқати қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қисми 1 моддаи 12 Қонуни зикршуда ва Қарори номбаршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ба салоҳияти Суди конститутсионӣ маҳсуб нест. Зеро Суди конститутсионӣ на мувофиқати қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, балки танҳо мувофиқати қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конститутсия баррасӣ менамояд.

Дархост, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи сархати ша­шуми қисми 3 моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» мувофиқ нест, яъне ҳолат ва далелҳои мушаххас дар хусуси ­ба Конститутсия муво­фиқат надоштани меъёрҳои мушахаси мавриди баҳс қарордодашуда, ки муроҷи­аткунанда талаб ва далелҳои худро ба онҳо асоснок менамоянд, аниқ ва мушаххас нишон дода на­шудаанд.

Аз ин рў, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз на­мудани мурофиаи судии конститутсиониро аз рўи дархости мазкур би­нобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди консти­тут­си­онии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад менамояд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45,55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди консти­тутсионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Амир Муҳаммад Поянда Муҳаммад «Оид ба муайян намудани мувофиқати қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 таҳти № 325 «Дар бораи номгўи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷўянда ва гурезагон мумкин нест» ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, қисмҳои 1 – 3 моддаи 12 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиёсӣ, моддаи 5 Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ ва моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо» бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Боҷи давлатӣ, ки 18 июли соли 2014 муроҷиаткунанда Амир Муҳаммад Поянда Муҳаммад ба маблағи 40 (чил) сомонӣ дар БДА ҶТ «Амонат­бонк» пардохт шудааст, ба ў баргардонида шавад.

4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудзода

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

НАВИДҲОИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Н А В И Д Ҳ О И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

29 августи соли 2014 дар арафаи таҷлили 23-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» зимни маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Лутфулло Изаттуллоевич бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.

Аз 22 август то 5 сентябри соли 2014 бо мақсади иштирок дар курсҳои омўзишӣ дар мавзўи «Принсипҳои адолати судӣ» сафари хизматии сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳо – Нурляминова Г.А. ва сардори шуъбаи умумӣ ва хизмати давлатии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гулзода А.А. ба шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия доир гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии кишварҳои Осиё ва Институтҳои муодил доир гардида, дар он намояндагони судҳои конститутсионии давлатҳои гуногун иш­ти­рок намуда, бо маърўзаҳои мухталиф, ки ба фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ марбут мебошад, баромад намуданд.

Намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зимни иштирок дар чорабинии номбурда бо маърўза баромад намуда, иштирокчиёни курсҳои омўзиширо бо фаъолияти муназзами мақомоти назорати конститутсионии кишвар аз наздик шинос намуданд.

8 сентябри соли 2014 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 23-умин солгарди Истиқ­лолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо, судя­ҳои дар истеъфобуда ва кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон Маҳкам Маҳмудзода ҳозиринро бо ин ҷашни соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ таҳният намуда, иброз дошт, ки бо ҳукми тақдиру таърих ҳанўз бисту се сол муқаддам дар харитаи ҷаҳон давлати нави мустақил, ки бо номи Тоҷикистон дар ҷаҳони мутамаддин мақому нуфузи хоса касб намудааст, арзи ҳастӣ намуда, дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати фарҳангсолори тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави инкишоф гардид.

Дар як муддати кўтоҳи таърихӣ ба шарофати заҳмату талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ки дастоварди муқаддасу бебаҳоянд таҳким ёфта, сулҳу суботи комил, рушди босуръати тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва устувории пояҳои иҷтимоии давлат таъмин гардида, робитаҳои ҳамкорӣ ва дўстона бо давлатҳои мамолики дунё тавассути сиёсати пешгирифтаи дарҳои кушод густариш ёфт ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳон боло гардид.

6 – 9 сентябри соли 2014 дар шаҳри Кишинёв бахшида ба таҷлили 20-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Молдова Конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Нақши адолати конститутсионӣ дар таъмини волоияти қонун» бо иштироки намояндагони судҳои конститутсионии давлатҳои мухталифи ҷаҳон доир гардид.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Конф­ронси байналмилалӣ судяи Суди конститутсионӣ Гулзорова М.М. ва сармутахассис оид ба кор бо кадрҳо ва корҳои махсуси шуъбаи умумӣ ва хизмати давлатии Дастгоҳи Суди конститутсионӣ Холиқова Ш.С. намояндагӣ намуданд.

Зимни баргузории чорабинии мазкур аз ҷониби иштирокчиёни он мавзўҳои мухталифи марбут ба нақши Конститутсия дар рушди мақо­моти назорати конститутсионӣ, тартиби иҷрои қарорҳои судҳои конститутсионӣ ва дигар мавзўҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

16-17 сентябри соли 2014 дар шаҳри Хелсинкии Ҷумҳурии Финландия семинари байналмилалӣ дар мавзўи «Ҳуқуқи конститут­сионӣ» бо иштироки намояндагони мақомоти назорати консти­тутсионӣ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатии ҷумҳуриҳои Қазо­қистон, Қирғизистон ва Узбекистон доир гардид.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин семинарии байналмилалӣ судяҳо Абдуллоев А.А., Каримов К.М. ва ёрдамчии Раиси Суди конститутсионӣ Мустафоқулов Ғ.Ш. намояндагӣ намуданд.

Зимни иштирок дар Семинари байналмилалӣ судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов К.М. дар мавзўи «Хусусиятҳои хоси рушди назорати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърўза намуда, ҳозиринро бо фаъолияти густурдаи мақомоти назорати конститутсионии кишвар шинос намуд.

26 сентябри соли 2014 дар заминаи иҷрои банди 7 Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон аз 3 марти соли 2014, № 163 тасдиқ гардидааст, дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ дар мавзўи: «Нақши Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати (ҷумҳурии) соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷти­моӣ, дунявӣ ва ягона» бо иштироки намояндагони мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатии кишвар, олимону мутахассиони ҳуқуқшинос, намояндагони, мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои хо­риҷи кишвар ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ доир гардид.

Зимни баргузории чорабинии мазкури сатҳи байналмилалӣ, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмуд­зода бо маърўза дар мавзўи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» баромад намуда, оид ба нақши таърихии Конститутсия ҳамчун бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар ва санади муҳими сиёсию ҳуқуқӣ дар эъмори давлатдории навин ибрози андеша намуд.

Ҳамчунин, дар ин конфронс судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Конститутсия ва фарҳанги конститутсионӣ» маърўза намуд, ки аз ҷониби иштирокчиёни конфронс бо таваҷҷуҳи хос шунида шуд.

Дар Конфронс дигар ширкаткунандагони он низ бо маърўзаҳо оид ба мавзўҳои «Таърихи таҳия ва қабули Конститутсия», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конститутсияҳои дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ: 20 соли таърих», «Конститутсия ва рушди қонун­гузорӣ», «Асосҳои конститутсионии татбиқи санадҳои байнал­милалӣ» баромад намуда, оид ба хусусиятҳои хоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Аз 28 сентябр то 1 октябри соли 2014 бо ташаббуси Конфронси умумиҷаҳонии адолати конститутсионӣ, ки Суди конститутсиониии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли он мебошад, дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея 3-юмин Конгресси Конфронси ҷаҳонӣ дар мавзўи «Адолати конститутсионӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ» бо иштироки намояндагони судҳои конститутсионии давлатҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи назорати консти­тутсионӣ доир гардид.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабинии мазкури сатҳи байналмилалӣ судяи Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А. намояндагӣ намуд.

Yandex.Metrica