Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 3) 2016

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(№ 3) 2016

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ

дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷаллаи илмию иттилоотӣ

Сармуҳаррир:

Маҳмудзода М.А. Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Ҳайати таҳририя:

Каримзода К.М. муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳу­­рии То­ҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ

Ҳошимзода Д.Д. судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, номзади илмҳои ҳуқуқ

Сотиволдиев Р. Ш. раиси Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Искандаров З.Ҳ. узви Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, про­фес­­сори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДМТ

МУНДАРИҶА

Каримзода К.М. Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва рушди мақомоти назорати конститутсионӣ дар Тоҷикистон………….…………………………………………………………………. 4

Ғаюров Ш.К. Мафҳум ва хусусиятҳои Палатаи ҳисоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон……………………………………………… …………………. 14

Қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз рўи дархости директори генералии Ҷамъияти дорои масъу­лияти маҳдуди «Наҷот»-и шаҳри Исфара Исомадинова Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», ки бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиқ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»………………………… 22

Таъиноти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии консти­тут­­сионӣ оид ба дархости шаҳрванд Идиев А. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати қисми 2 моддаи 4 «Муқар­рароти хотимавӣ»-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мав­­риди амал қарор додани Ко­декси мурофиавии граждании Ҷум­­ҳурии То­ҷикистон» ва қисми 2 моддаи 365 Кодекси му­рофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19, 20 ва 45 Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»…………………………………………………………………. 38

Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии консти­тут­­сионӣ оид ба дархости шаҳрванд Ҳасанов Н. «Дар хусуси бар хилофи моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон будани таъиноти суди шаҳри Хуҷанд аз 5 октябри соли 2015, қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Суғд аз 11 декабри соли 2015, таъиноти судяи суди вилояти Суғд Воситзода А. аз 20 январи соли 2016 ва таъиноти судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Т.Қ. аз 19 апрели соли 2016»……………………………………….. 43

Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон……………… 50

Каримзода К.М.

Муовини Раиси Суди

конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои сиёсӣ

ИСЛОҲОТИ СУДЇ-ҲУҚУҚЇ ВА

РУШДИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ КОНСТИТУТСИОНЇ

ДАР ТОҶИКИСТОН

Конститутсияи мамлакат вазифаи ниҳои халқи тоҷикро бунёди ҷо­­меаи адолатпарвар ва давлати иҷтимоӣ, ки он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фаро­ҳам меорад, ар­­зёбӣ намуда, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ба таври ку­лл, роҳҳо ва тартиби расидан ба ин ҳадафи олӣ ва ниҳоии дав­латро пешбинӣ менамояд.

Бо ин назардошт, Конститутсия ҳамчун мафкураи навишташудаи дав­­­латӣ, ки дар он самтҳо ва ҷабҳаҳои асосӣ ва стратегии рушди дав­лат­дории миллӣ, дарёфт ё шинохти худ ҳамчун миллат, масъу­лияти муштараки халқ ва ҳокимият дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳр­вандӣ, муттаҳид намудани манфиатҳои тамоми қувва, табақаву гу­рўҳ­­ҳои иҷтимоии ҷомеа ва расидан ба ормонҳои миллӣ инъикоси худ­ро ёфтаанд, бузургтарин манбаи сиёӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Он ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқии эътибори олии ҳуқуқӣ дошта,[1] дар низоми шаклҳои ба амал баровардани сиёсати ҳуқуқӣ ҳамчун назария (консепсия), мафкура ва доктрина нақши арзанда дорад.

Вобаста ба ин, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷ­- ти­­­моиро дар тамоми давлатҳо, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ҳо­­­ки­­мияти судӣ, ки он аз ҷониби суди босалоҳият, мустақил ва беғараз ва тибқи қонун таъсисёфта ба амал бароварда мешавад, тасаввур кар­­дан имкон надорад.

Ҳамчунин, имрўзҳо Конститутсияеро вохўрдан мумкин нест, ки дар он таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба се шохаи алоҳида ва нақши ҳо­ки­мияти судӣ дар рушду нумўъи давлат тавассути боздориву муво­зина мавриди танзим қарор нагирифта бошад.

Маҳз ҳамин арзиши барои бунёди давлати демократӣ ва ҳу­қуқ­­бунёд муҳим ва аввалиндараҷаи аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эъ­ти­рофшуда ва ҳамчун меъёр ва принсипи императивӣ дар моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардашуда, заминаи воқеӣ ва кафолати дар низоми ҳокимияи давлатӣ вуҷуд доштан, амал намудан ва ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҳким ёфтани ҳокимияти мустақили судӣ ба шумор меравад.

Ислоҳоти судие, ки солҳои охир дар мамлакат ҷиҳати боз ҳам такмил додани ҳокимияти судӣ, ба стандартҳои мавҷуда ва меха­низми муҳимтарини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳр­ванд таб­дил додани суд гузаронида шудаанд ва минбаъд низ идома меёбанд, аз ҳамин принсипи конститутсионӣ сарчашма мегиранд, ки нақши он дар давлатсозӣ ҳанўз аз қарнҳои дур то инҷониб таъкид карда ме­ша­­вад.

Ба назарияи мазкур дахл карда, ҳанўз таърихшиноси Юнони қа- дим Полибий (200-120 то солшумории мо) аз низоми мавҷудаи тақ­симоти ҳокимият миёни мақомоти гуногуни давлатӣ дар республикаи Рим изҳори қаноатмандӣ мекард.

Ў навишта буд, ки ҳокимият дар ин давлат чунон тақсим шу- дааст, ки ягон қисми таркибиаш аз дигараш боло нест. Бо ҳамин, гўё давлат ба монанди киштии ба муқобили бодшинодошта дар ҳолати баробарларзишӣ ва баро­барвазнӣ қарор дорад.[2]

Ш. Монтескье дар китоби худ «Оид ба рўҳи қонунҳо» (1748) назари­яи таҷзияро ба дараҷаи мантиқии худ расонида, таъкид мекард, ки «озодӣ дар ҳама гуна шакли идоракунӣ мумкин аст, ба шарте, ки дар давлат ҳуқуқи тавассути таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба қо­нунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ва боздориву мувозинат кафолат­­­­додашуда ҳу­кмфармо бошад.»[3]

Д. Медисон яке аз муаллифони Конститутсия ИМА, ки ўро па­дари Конститутсияи ИМА меноманд, мегуфт, ки «як идора аз болои ди­гараш бояд назорат кунад», А.Ҳамилтон бошад таъкид мекард, ки Ассамблеяи демократӣ бояд аз тарафи Сенати демократӣ ва ҳар­ дуи он ҳо аз тарафи рукни судӣ бояд зери назорат бошанд».

Р.А.Папаян чунин мешуморад, ки решаҳои низоми таҷзияи ҳоки­­миятро бояд дар худи Библия дарёфт ва он ба хулоса омадааст, ки «… дар сегонаи Худо-Падар, Худо-Писар ва Худо-Рўҳи Муқаддас се шохаи ҳокимияти осмонӣ, ки эквиваленти осмонии ҳокимияти қонун­гузорӣ, судӣ ва иҷроия ба ҳисоб мераванд, ифодаи худро ёфтаанд.»[4]

Бояд зикр кард, ки назарияи таҷзия дар тамоми тўли таърихи дав­латдории тоҷикон, алалхусус дар давраи дар ҳайати Иттиҳоди Шў­равӣ будани он низ барои давлатдории мо бегона буд ва бори аввал дар банди 3 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ав­густи соли 1990 пешбинӣ гардид, ки тибқи он «ҳокимияти дав­латӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷ­роия ва судӣ ба амал бароварда мешавад».

То қабули Эъломия мафҳуми ҳокимияти судӣ, аз ҷумла мақомоти на­зорати конститутсионӣ дар қонунгузорӣ ва адабиёти илмӣ во намехурд ва фаъолияти ҳуқуқии суд ҳеҷ гоҳ ба сифати ҳокимият арзёбӣ наме­гардид.

Суд гуфта – ба амал баровардани алолати судӣ, яъне тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавӣ дидани кор­ҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ фаҳмида мешуд. Таъиноти асосии суд чун ди­гар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: арбитраж, нотариат, прокуратура, ма­қомоти корҳои дохилӣ, амният в ғ. ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ни­гаронида шуда буд ва чуноне ки В.В. Ершов қайд менамояд, «то со­ли 1990 дар қонунгузорӣ ва адабиёти илмӣ ба сифати яке аз ма­қомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳисоб намудани суд ҷои тааҷҷуб нест.»[5]

И.П. Петрухин ташаккули ҳокимияти судиро ба иродаи сиё­сии давлат вобаста медонад. Ба андешаи ў «ташаккули ҳокимияти судӣ – чун қоида натиҷаи худмаҳдудкунии давлат аст, ки ба мақоми мус­тақил ва қудратманд-суд-барои аз болои худ назорат бурданро иҷозат медиҳад.»[6]

Боиси зикр аст, ки дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷум­ҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 ба такмил дода шудани са­лоҳияти Суди конститутсионӣ барои боз ҳам пурра ва сама­ра­нок истифода бурдани назорати судии конститутсионӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.

Дар Барнома қайд гардидааст, ки: «бо дарназардошти таҷриба ва амалияи фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва тағйиротҳои сифатан куллие, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар таи солҳои охир рух доданд, зарур аст, ки салоҳияти Суди конститутсионӣ бо додани хулоса оид ба лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, мукаммал карда шавад. Зарурати додани хулосаи Суди консти­тут­сионӣ оид ба лоиҳаи тағйироту иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид мегар­данд ва масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод ме­ша­ванд ба он вобаста аст, ки ин пеш­ниҳодҳо ба прин­сипҳо ва ар­зиш­ҳои асосии Конститутсия мувофиқ бошанд».

Ин пешниҳод 20 марти соли 2008 ба Қонуни конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсиони Ҷумҳурии То­­ҷи­кистон» ворид карда шуда, дар татбиқи принсипи таҷзияи ҳо­кимияти давлатӣ ва таъмини баробарии се шохаи ҳокимияти давлатӣ дар тақдири тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, аҳамияти калонро соҳиб гар­дид.

Зеро то ин дам, тибқи моддаи 99 Конститутсия тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ва ҳадди ақал аз се як ҳисаи умумии аъзо ва ваклилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон пеш­ниҳод карда шуда, дар ин раванд ҳокимияти судӣ ишти­рок надошт.

Бо назардошти ин тағйиру иловаҳо, Суди конститутсионии Ҷум­ҳу­­рии Тоҷи­кис­тон пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷ­ли­си намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон дида баромада, 4 феврали соли 2016 бо қарори худ ин пешни­ҳодҳоро ба Конститутсия мутобиқ ҳисоб намуд.

Бо назардошти қарори Суди конститутсионӣ, Маҷлиси намоян­да­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон 22 майи соли 2016-ро рўзи раъй­пурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кон­ститутсия эълон намуда, мар­думи шарафманди Тоҷикистон онҳоро дар раъйпурсии умумихалқӣ пурра ҷонибдорӣ намуд.

Муҳимтарин меъёри конститутсионӣ, ки чун принсипи таҷ­зияи ҳокимияти давлатӣ хусусияти универсалӣ дошта, асоси фаъолияти Су­ди конститутсиониро ташкил медиҳад, ин принсип ё меъёри императивии пешбининамудаи қисми якуми моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тибқи он:

«Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санад­ҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд эътибори ҳуқуқӣ надоранд.»[7]

Моддаҳои 14, 17, 19, 21, 55, 56, 69, 72, 84, 87, 88-91-и Конститутсия тартиби ташкил, принсипи фаъолият ва салоҳияти ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян наму­да, танзими мушаххаси ҳуқуқии худро дар Қонуни конс­титут­си­о­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар қонун­ҳои конс­титутсионӣ оид ба судҳо ва қонунҳои мурофиавӣ ёфтанд.

Маълум аст, ки ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон тавассути ни­зоми мақомоти судии пешбининамудаи Конститутсия, ки барои ба амал баровардани адолати судӣ ташкил карда шудаанд, ба амал бароварда мешавад.

Адолати судӣ – намуди фаъолияти давлатӣ аст, ки барои баррасӣ ва ҳаллу фасли муноқишаҳои гуногуни иҷтимоии ба вайронкунии воқеӣ ё дарназардошташуда алоқаманд, равон карда шудааст. Мах­сусияти адолати судӣ дар он ифода меёбад, ки он аз ҷониби мақо­моти махсуси давлатӣ- судҳо аз номи давлат бо роҳи баррасии пар­вандаҳои конститутсионӣ, шаҳрвандӣ, ҷиноятӣ, маъ­мурӣ оилавӣ дар мурофиаи судӣ ва шакли мурофиавии муқаррарнамудаи қонун амалӣ карда мешавад.[8]

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор меъёрҳо ва принсипҳо аз қабили:

-бевосита амалӣ гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ба воситаи ҳокимияи судӣ ҳифз шудани онҳо (мод.14);

-мустақил будани ҳокимияти судӣ, аз номи давлат ва аз тара- фи судяҳо амалӣ гардидани он (мод.84);

-аз тарафи Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ намудани адолати судӣ ва манъ будани ташкили суди фавқулодда;

-мустақил будани судяҳо ва дар фаъолияти худ танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат намудани онҳо;

-манъ будани дахолат ба фаъолияти судяҳо (мод.87);

-ба таври дастҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ кардани парвандаҳо аз ҷониби судяҳо;

-сурат гирифтани мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баро- барии тарафҳо;

ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиа дар ҳамаи судҳо, ба ис- тиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст;

-ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал бар­гузор гаштани мурофиа;

-бо тарҷумон таъмин кардани шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд (мод.88) муқаррар карда шудаанд.

Ин принсипҳо новобаста аз мавҷудияташон дар қонунҳои конс­ти­тутсионӣ оид ба судҳо ва кодексҳои мурофиавӣ бевосита амал намуда, дар ташкили хокимияти судӣ, фаъолияти мустақили судяҳо нақши калидӣ доранд ва дар Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ба татбиқи амалии онҳо аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст.

Ҳамин тариқ, давлат ва роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои эътирофшудаи умумибашарӣ, ки натиҷаи рушду инкишофи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии инсоният мебошанд, иброз дошта, онҳоро эътироф ва дар Конститутсия дар боби асосҳои сохтори конститутсионӣ ва дигар бобҳои вобаста ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷой доданд.

Бо ҳамин барои рушд ва таҳкими ҳокимияти судӣ дар мам­лакат имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст.

Дар моддаи 89 Конститутсия салоҳияти Суди конститутсионӣ пешбинӣ гардид, ки он аз муайян намудани мувофиқати қонун­ҳо, санадҳои ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон,

Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия, ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо ва иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия муайян кардаанд, иборат аст.[9]

Конститутсия санадҳои Суди конститутсиониро қатъӣ эълон намуд. Чунин муқаррароти Конститутсия тақозо менамояд, ки санадҳои меъёрии қабулкардаи мақомоти қонунгузор, дигар мақомоти ҳуқуқӣ ташаббуси қонунгузорӣ ва салоҳияти қабулу тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дошта ба Конститутсия мутобиқ бошанд.

Тибқи Қонуни конститутсионӣ дар бораи Суди консти­тут­си- онӣ, Суди конститутсионӣ ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ бо мақсади ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис гардидааст.

Ҳамин тариқ, ҳифзи Конститутсия тақозо намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсуси босалоҳият, мустақил ва беғарази назорати конститутсионӣ таъсис дода шуда, вазифаи муҳим ва муқаддас ба уҳдааш вогузор карда шавад.

«Фаъолияти беш аз 10 солаи Суди конститутсионӣ зарурат ва аҳамияти онро дар давлатдории навини Тоҷикистон собит сохта, инчунин нишон дод, ки вобаста ба инкишофу пешрафти ҷомеа нақш ва мақоми Суди конститутсионӣ бояд таҳким ёбад», омадааст дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010.

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ бо қабули барномаҳои давлатӣ оид ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ (2007, 2011, 2015 ) ва таҳкими қо­нун­гузорӣ дар бораи Суди конститутсионӣ, салоҳияти Суди консти­тутсионӣ ва доираи субъектоне, ки ҳуқуқи ба Суди конститутсионӣ муроҷиат карданро доранд, ҷиддан васеъ гардид. Шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо намуданд, ки мутобиқати ҳама гуна санадҳои меъёрии ҳуқу­қиро ба Конститутсия (пеш ҳуқуқ доштанд, ки танҳо муайян намудани мутобиқати қонунҳоро ба Конститутсия талаб намоянд), ки нис­баташон татбиқ намудаанд, аз Суди конститутсионӣ талаб намоянд.

Ҳамчунин дар баробари судҳои ҷумҳурӣ, судяҳо низ ҳуқуқ пайдо намуданд, ки дар хусуси ба Конститутсия мутобиқ будани қонун ва дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳо дар парвандаи мушаххас татбиқ намудаанд ё татбиқ менамоянд, ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба сифати субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ пазируфта шуд.

Тағйиру иловаҳои ба Қонуни конститутсионӣ воридкардашуда, аз мавқеи муассири Суди конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ, садоқати давлати Тоҷикистон ба арзишҳои эътирофшудаи умумибашарӣ, инчунин рушду нумўъи институтҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд ва чунонеки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд:


[1] Ниг. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе-2003. Саҳ 9.

[2] Общая теория государства и права. Академический курс в двух томах. Учебник для вузов. Том 1. Ответ. ред. проф. М.Н. Марченко. Москва. Зерцало 1998. – С. 378.

[3]Ведяхина К.В. Разделение властей как принцип российского права. Дайджест официальных материа- лов и публикаций в периодической печати. Конституционное правосудие в странах СНГ и Балтии, 2002 № 16.

[4] Папаян Р.А. Христианские корни современного права. М.: «Норма», 2002. С.218.

[5] Ершов В.В. Суд в системе органов государственной власти// Государство и право.1992. № 8-С. 33.

[6] Петрухин И.П. Проблема судебной власти в современной России// Государство и право. 2000.№ 7.- С.15.

[7] Ниг. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе-2003.- С. 9-10.

[8] Ниг. Козлова Е.И.,Кутафин О.Е. Конституционное право Россия: учеб.-4-е изд., переаб. и доп.-М.: Прос- пект, 2010.- С. 529.

[9] Конститутсияи Ҷумҳурии Тпҷикистон. Душанбе-2003. С.29.

«дар низоми судии кишвар Суди конститутсионӣ мақоми махсус дорад ва яке аз вазифаҳои авва­линдараҷаи он таъмини волоияти Конститутсия дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.»[1]

Вобаста ба ин, Суди конститутсионӣ тариқи мурофиаи судии конститутсионӣ пайи ҳифзи Конститутсия, ки он инъикосгари истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, фаъолият дорад ва мавҷудияти он дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ яке аз нишонаҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд арзёбӣ мегардад.

Фаъолияти зиёда аз бистуяксолаи он нишон дод, ки масъа­лаҳои баррасӣ намудаи он дар таъмини волоияти Конститутсия, таҳкими қонунияти конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва бо ҳамин таъмини истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим бозиданд.

Фаъолияти Суди конститутсионӣ ба он равона гардидааст, ки дар ҷомеа фазои ягонаи ба ҳам алоқаманд ва беихтилофи ҳуқуқӣ арзи вуҷуд дошта бошад, ки он дар навбати худ барои пешрафти босуръати ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шароити заруриро муҳайё месозад.

Суди конститутсионии Ҷумҳуриии Тоҷикистон низ қисми ҷудо­нашавандаи ҳокимияти давлатӣ ва судӣ маҳсуб меёбад ва табиист, ки фаъолияти он вобаста ба пешрафти давлат ва ҷомеа, таҳким ёфтани асосҳои демократии сохтори конститутсионӣ, боло рафтани аҳамияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дастрасии шаҳрвандон ба суд беҳбудӣ ва таҳким бахшиданро тақозо менамояд.

Аввалин Қонуни конститутсионии Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1995, № 21, м.223) қабул гардид, ки он ба сатҳи донишҳои назариявӣ, консептуалӣ ва амалию ҳуқуқии замони қабулаш пурра мувофиқат дошт.

Баъд аз қабули Қонуни мазкур, бо қонунҳои конститутсионӣ ба он 12 маротиба 132 тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо инъикоси демократикунонии минбаъдаи ҳаёти ҷомеаи Тоҷи­кис­тон, ра­ванди ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат, рушду таҳкими инсти­тутҳои демократӣ ва ҳокимияти давлатӣ, танзими фаъолияти мурофиавии Суди конститутсионӣ, вазъи иҷтимоии судяҳо, таҳкими сало­ҳияти Суди конститутсионӣ, инчунин боло рафтани сатҳи донишҳои назариявӣ, консептуалӣ ва амалии мутахассисони соҳаи ҳуқуқи консти­тутсионии мамлакат ва судяҳои Суди конститутсионӣ ба шумор мераванд.

Дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 аз 3 январи соли 2011 таҳияи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» низ пешбинӣ гардид. Қонуни конститутсионии мазкур бо даст­гирии та­моми ҳуқуқшиносони мақомоти давлатӣ, олимону мута­хассисони муас­сисаҳои олии мамлакат, олимону коршиносони хориҷӣ аз Комиссияи Венетсиании Шурои Аврупо ва Ҷамъияти олмонии ҳам­кории байналмилалӣ таҳия гардида, он 26 июли соли 2014 қабул гардид ва мавриди амал қарор дорад.

Қонуни конститутсионӣ аз 15 боб ва 86 модда иборат буда, сох- тори он нисбат ба Қонуни конститутсионии амалкунанда, ки аз 11 боб ва 63 модда иборат аст, 4 боб ва 23 модда зиёд мебошад. Он давоми ман­тиқии татбиқи принсипи конститутсионии таҷзияи ҳоки­мияти давлатӣ дар Тоҷикистон, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва табдил додани ҳо­кимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ ба механизми эъти­мод­ноки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд ва дигар субъектони ҳуқуқ арзёбӣ мегардад.

Дар мамлакат татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷум­ҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017, ки бо Фармони Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 №327 тасдиқ шудааст, идо­ма дорад, ки он дар рушди минбаъдаи ҳокимияти судӣ нақши арзандаи худро хоҳад гузошт.

Ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат, яъне даровардани тағйи­ру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 майи со­ли ра­вон та­вас­сути раъйпурсии умумихалқӣ ба амал бароварда шуд, дар баро­­бари боз ҳам мустаҳкам намудани асосҳои сохтори консти­тутсионӣ, такмили механизмҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, фаъолияти муназ­зами мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, баланд бардоштани масъу­ли­яти мансабдорони олии мамлакат, бешак дар беҳдошти ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ низ бе таъсир нахоҳад монд.

Такмили талаботи тахассусӣ нисбат ба мансабҳои ма­қомоти ҳо­ки­мияти судӣ, аз ҷумла доштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сав­­ганди судя дар хусуси садоқат ба Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои ин­сон ва шаҳрванд, ҳифзи манфиатҳои шаҳрванд, ҷомеа ва давлат, ҷавон намудани мақомоти ҳокимияти олии судӣ аз талаботи баланди давлат ва ҷомеа ба фаъолияти ҳокимияти судӣ шаҳодат медиҳад.

Ҳамаи ин ҳокимияти судӣ ва судяҳои мамлакатро водор месозад, ки ҷиҳати эъти­бор пайдо кардан ва ба боварии ҷомеа сазовор гаштан, муносибати худро ба фаъолияти касбӣ дигар карда, салоҳият ва вази­фаҳои дар назди онҳо гузоштаи Конститутсия ва қонунҳои мам­лакатро дар сатҳи дахлдор ба анҷом расонида, нақши худро дар таҳ­кими асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиати давлат ва ҷомеа гузоранд.

Дар навбати худ иҷрои ин амалҳо аз судяҳои кишвар масъу­лияти баланди касбӣ, донишу малака, маҳорат, талаботи тахассусии дахлдор ва ба он ҷавобгў будани судяро тақозо дорад, ки барои расидан ба ин сифатҳо дар мамлакат тамоми шароити ташкилию ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварда шудааст.


[1] Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон 5 ноябри соли 2009. Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, соли 2010.- С.18.

Ғаюров Ш. К.

Мудири кафедраи ҳуқуқи

граждании факултети

ҳуқуқшиносии Донишгоҳи

миллии Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор

МАФҲУМ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ПАЛАТАИ

ҲИСОБ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Yandex.Metrica