Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 4) 2013

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ

ТОҶИКИСТОН

№4 2013

Маҳмудов М.А.

Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

академики АИ ҶТ,

доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

ТАҲКИМИ АДОЛАТИ КОНСТИТУТСИОНЇ
КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТ ВА
АМАЛИ БЕВОСИТАИ КОНСТИТУТСИЯ
(Чанд мулоҳиза роҷеъ ба баъзе паҳлуҳои фаъолияти Суди
конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013)

Тоҷикистон соли 2013 таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки равшангари пешрафти ҳаёти ҷомеа мебошанд, ноил гардид. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар ҷомеа ҳамчун арзишҳои муқаддаси инсонӣ қадру манзалати воло касб намуда, мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ баландтар гардид.

Дар ин сол дар фазои демократӣ ва шаффофу баробар бо такя ба принсипҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ баргузор гардидани маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки мардуми соҳибтамаддуну соҳибмаърифати кишвар дорои маърифати волои сиёсиву шаҳрвандӣ мебошад.

Аз ин рў, соли сипаришуда бо шарофати дастовардҳои бадастомада ҳамчун соли музаффарияту комёбиҳо дар саҳифаҳои таърихи миллатамон бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.

Барои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соли 2013 соли пешрафт ва дастовардҳо дар фаъолияти касбӣ маҳсуб меёбад.

Дар Суди конститутсионӣ дар соли 2013 вобаста ба пешниҳод ва дархости шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки субъекти муроҷиат ба Суди консти­тут­сионӣ мебошанд, бобати муайян намудани номутобиқатии санадаҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дувоздаҳ адад парвандаҳо баррасӣ карда шуда, нисбат ба дутои онҳо, ки дар мурофиаи судии конститутсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, қарор ва нисбати даҳтои он таъиноти дахлдор қабул карда шуд.

Чунончи 28 марти соли 2013 Суди конститутсионӣ дархости шаҳрванд Тураев М.М.-ро «Дар бораи муайян намудани мутобиқати банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2009 № 25 ва тағйири ба он аз 25 сентябри соли 2012 № 92 воридкардашуда ба қисми дуюми моддаи 12 ва қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дод.

Бояд қайд кард, ки машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ифодаи озод будани соҳибкорӣ буда, яке аз ҳуқуқҳои асосӣ ва муҳими иқтисодии инсон ва шаҳрванд, инчунин унсури асосии принсипи конститутсионии озодии иқтисодӣ ва аз ҳама муҳимаш имконият ва василаи тадбиқи ҳуқуқи конститутсионии инсон ва шаҳрванд ба меҳнат маҳсуб ёфта, бо кафолати давлатӣ таъмин карда мешавад.

Кафолати фаъолияти озоди соҳибкорӣ аз шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтани иқтисодиёти Тоҷикистон, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ маншаъ гирифта, бе амалӣ намудани он бунёди ҷомеаи воқеан иҷтимоӣ ва иқтисоди бозоргонии дар муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ рақобатпазир ғайриимкон мебошад.

Ҳангоми баррасии дархости номбурда бошад, аз ҷониби Суди конститутсионӣ муайян гардид, ки банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шахсро ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ, ки аз ҷониби давлат кафолат дода шуда, муҳимтарин дастоварди сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, маҳдуд мекунад.

Бинобар ин, бо қарори Суди конститутсионӣ банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намоянда­гони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қисми дуюми моддаи 12 ва қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» номутобиқ ҳисобида шуд.

Ҳамин тавр, дар асоси ин қарори Суди конститутсионӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор ба Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, банди 4 он, ки тибқи он шахсони вазифадор ва хизматчиёни Идораи патентӣ дар давоми се сол пас аз озод шуданашон аз Идораи патентӣ, ҳуқуқ надоранд, ки аз аттестатсия гузашта, дар Феҳраст ҳамчун намоян­дагони патентӣ ба қайд гирифта шаванд, таҷдиди назар карда шуд.

Ё худ 27 сентябри соли 2013 аз ҷониби Суди конститутсионӣ дархости шаҳрванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Суди конститутсионӣ дархости мазкурро ҳаматарафа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, муайян намуд, ки муқаррароти қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз болои таъиноти (қарори) дар рафти муҳокимаи судӣ оид ба интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул кардашуда шикоят ва эътироз овардани иштирокчиёни мурофиаи судиро манъ менамояд, боиси маҳдуд гаштани ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон оид ба муроҷиат ба мақомоти судӣ гардида, ба мазмуну муҳтавои моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам нест.

Зеро ҳама гуна тартибе, ки ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои мурофиавии онҳо маҳдуд карда, монеаи ба амал баровардани онҳо, аз ҷумла ҳуқуқи шикоят намудани санадҳои судӣ мегардад, он ҳамчун маҳдуд кардани кафолати ҳифзи судӣ ва ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳо ва қонунгу­зории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, Суди конститутсионӣ муқар­рароти қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ арзёбӣ намуд.

Дар асоси ин қарори Суди конститутсионӣ аз ҷониби парлумони кишвар ба қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, муқаррароти номбурдаи мавриди баҳс қарордодашуда аз Кодекси мазкур хориҷ гардид.

Бояд зикр кард, ки қарорҳои қабулшудаи Суди конститутсионӣ саривақт дар нашрияҳои расмии кишвар аз ҷумла «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум» нашр карда шудаанд.

Тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» нисбат ба даҳ парванда бинобар ба салоҳияти Суди конститут­сионӣ мансубият надоштани масъалаи дар онҳо дарҷгардида таъинот дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судӣ бароварда шуд.

Дар соли 2013 ба Суди конститутсионӣ зиёда аз 369 (соли 2012 – 540) нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ тариқи шифоҳию хаттӣ оид ба масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд, ки вобаста ба салоҳият ва тобеияти муроҷиатҳо онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба муроҷиатку­нандагон ҷавобҳои дахлдор ирсол карда шуданд.

Муроҷиати шифоҳии 250 нафар муроҷиаткунандагон бевосита дар вақти қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият ва судяҳои Суди конститутсионӣ қабул карда шудааст.

Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ ҳаждаҳ дархост, чилу се ариза, ду пешниҳод ва як шикоят аз шахсони воқеию ҳуқуқӣ ворид гардидаанд, ки онҳо низ ба шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда шомил мебошанд.

Таҳлилу омўзиши муроҷиатҳои воридшуда ба Суди конститутсионӣ муайян намуд, ки шумораи зиёди онҳо оид ба номутобиқатии қонунҳо, норозигӣ оид ба санадҳои судӣ, баҳси манзил, замин, таъмини нафақа, расонидани кўмаки моддӣ ва дигар масъалаҳо мебошанд. Дар асоси гузаронидани суҳбату вохўриҳо бо шаҳрвандони муроҷиаткунанда муайян гардид, ки одатан шаҳрвандон бо сабаби дар маҳалҳо саривақт ба онҳо кўмак нарасонидан ба мақомоти болоӣ, аз ҷумла судӣ муроҷиат мекунанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Суди конститутсионӣ дар маҷмуъ ба истиснои муроҷиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ 1695 мавод ворид гардидааст, аз ҷумла 393 мактуб аз вазорату идораҳои мухталифи давлатӣ, 1198 – санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, 104 маҷалалаву нашрияҳо ва рўзномаҳо ворид гардида, ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ 643 мактуб оид ба масъалаҳои дахлдор ирсол карда шудааст.

Шумораи мактубҳо оид ба масъалаҳои гуногун вобаста ба фаъолияти Суди конститутсионӣ, ки соли сипаришуда тавассути почтаи электронии идоравӣ ворид гардидаанд, 417 ададро ташкил медиҳанд.

Инчунин, тавассути почтаи электронии Суди конститутсионӣ 205 адад мактуб вобаста ба фаъолияти ин мақомот ба дохил ва хориҷи кишвар ирсол карда шудааст.

Дар ин давра се адад нашри шуморавии маҷаллаи илмӣ – иттилоотии Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он фаъолияти Суди конститутсионӣ инъикос гардида, маърўзаю мақолаҳои судяҳо, кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ, олимону мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ва сиёсат гирд оварда шудаанд, аз чоп баромад.

Бо мақсади иҷрои банди 9 Барномаи ислоҳоти судӣ–ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 № 976 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби гуруҳи корӣ дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти қонунгузории миллӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ Қонуни конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия гардида, ба Президенти кишвар пешниҳод карда шуд.

Бояд қайд кард, ки вобаста ба муҳокимаи пешакии лоиҳаи нави Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар Китобхонаи миллӣ бо иштироки Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон, ки ў Раиси Конфронси мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи нав мебошад, инчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шўрои адлия, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, намояндагони дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва олимону мутахассиcони ҳуқуқшинос семинар гузаронида шуда, таклифу пешниҳодҳои онҳо дар лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ ба инобат гирифта шуданд.

Дар ин давра китоби маҷмўаи Номаҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи қонунияти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1996-2012, ки дар худ фаъолияти Суди конститутсиониро дар ин давра таҷассум намуда, пешниҳодҳои муфидро бобати беҳтар кардани вазъи қонунияти конститутсионӣ дар кишвар фаро мегирад, барои истифодаи хизматӣ аз чоп бароварда шуд.

Инчунин, дар соли 2013 маҷмўаи маводҳои аввалин Семинари байналмилалии Авруосиёгӣ дар мавзўи «Ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд», ки дар он баромаду маърўзаҳои иштирокчиёни семинар гирд оварда шудаанд, рўи чоп омад.

Бояд иброз дошт, ки аввалин Семинари байналмилалии Авруосиёгӣ дар мавзўи «Ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд» бо иштироки зиёда аз сӣ нафар намояндагони мақомоти бонуфузи давлатҳои хориҷӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2010 таҳти № 678 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2011» ва Нақшаи чорабиниҳо, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2011 № 10/16.1 тасдиқ карда шудааст, 14 – 15 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида буд.

Дар муддати соли 2013 ба сомонаи интернетии Суди консти­тутсионӣ мунтазам ахбороти нав, ки паҳлуҳои муҳими фаъолияти Суди конститутсионӣ, аз ҷумла ахборотро оид ба мурофиаҳои судии доиргардида, вохўрии роҳбарият ва судяҳои Суди конститутсионӣ бо меҳмонони хориҷӣ, сафарҳои хизматии роҳбарият ва судяҳои Суди конститутсионӣ ба дохилу хориҷи кишвар ва дигар ахбороти муҳимро бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ дар бар мегиранд.

Амали мазкур дар як вақт ба дилхоҳ шахсони воқею ҳуқуқӣ имконият медиҳад, ки аз фаъолияти шаффофи Суди конститутсионӣ тавассути сомонаи интернетии он огоҳ бошанд. То ба имрўз дар маҷмуъ зиёда аз 93 000 (соли 2012 – 42 301) нафар ашхос бо сомонаи Суди конститутсионӣ шиносоӣ пайдо намуда, аз маълумоти дар он гирдовардашуда ба таври васеъ истифода бурдаанд.

Ҷиҳати ғанӣ гардонидани китобхонаи Суди конститутсионӣ, зиёда 790 адад китобҳои гуногуни илмӣ-оммавӣ ва бадеӣ ва 102 адад маҷаллаҳои гуногун (соли 2012 – 208 адад китоб ва 25 маҷаллаҳои гуногуни илмӣ) ба даст оварда шуда, ба китобхонаи дохилии идоравӣ ворид карда шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд аз онҳо ба таври васеъ истифода баранд. Дар маҷмуъ то ба имрўз дар китобхонаи Суди конститутсионӣ зиёда аз 4000 адад китобу маҷаллаҳои гуногун гирд оварда шудаанд.

Осорхонаи Суди конститутсионӣ низ тавассути ҳадяҳои гуногун, ки аз тарафи мақомоти бонуфузи давлатии дохиливу хориҷӣ, бо арзи эҳтиром ба Суди конститутсионӣ дода шудаанд, ғанӣ гардонида шуд.

Дар ин давра баҳри ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмунҳои кушода эълон карда шуда, мутахассисони ҷавон ба мансабҳои холӣ ба кор қабул карда шуда, кормандони дохилӣ, ки собиқаи кории чандинсола доштанд, ба мансабҳои болотари хизмати давлатӣ, аз ҷумла; ёрдамчии Раис, ёрдамчии судяи Суди конститутсионӣ ва сармутахассис таъин гардиданд.

Бинобар тайёрии хуб доштан ва тавассути гузаштан аз имтиҳон чор нафар кормандони Суди конститутсионӣ ба мансаби коромўз-судя таъин гардида, ба чандин кормандони дигари Дастгоҳ бахшида ба 19 – умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои корҳои пурсамар рутбаҳои дараҷавию тахассусӣ дода шуданд.

Дар ин давра баҳодиҳии фаъолияти понздаҳ нафар хизматчиёни давлатии маъмурии Дастгоҳи Суди конститутсионӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2011 таҳти № 1018 тасдиқ карда шудааст, гузаронида шуд.

Се нафар хизматчиёни давлатии маъмурии Дастгоҳи Суди конс­титутсионӣ бошанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ аз аттестатсияи навбатӣ гузаронида шуданд.

Дар давоми сол роҳбарият, судяҳо ва кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузории кишвар аз 26-уми апрели соли 2013 ва фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои меъёрҳои Конститутсия ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафарҳои хизматӣ фиристода шуданд.

Кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ дар ин муддат бобати омўзиши таҷрибаи байналмилалӣ ва такмили донишу малакаи касбии худ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба ҷумҳуриҳои Фаронса, Туркия ва Швейтсария ба сафарҳои хизматӣ фиристода шуданд, ки ин сафарҳо дар омўзиши таҷрибаи давлатҳои дигар ва баланд бардоштани дониши касбии кормандон нақши калон доранд.

Бояд ёдовар шуд, ки соли сипаришуда дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкори байни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Туркия бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти Суди конститутсионии Туркия ва густариши ҳамкориҳои тарафайн шаш нафар кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ ба Ҷумҳурии Туркия сафари хизматӣ анҷом доданд.

Дар маҷмуъ бобати иштирок дар чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ ба ҷумҳуриҳои Арманистон, Фаронса, Туркия, Италия, Испания, Қазоқистон ва Шветсария сафарҳои корӣ анҷом додаанд.

Дар ин давра дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ байни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Арманистон зимни сафари Раиси Суди конститутсионии Арманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ин амал як қадами устувори дигар барои густариши ҳамкориҳо байни мақомоти назорати конститутсионии ду кишвар ба шумор меравад.

Ин чорумин санади байналмилалӣ мебошад, ки дар тўли фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳамшабеҳи давлатҳои хориҷи кишвар ба тасвиб расидааст.

Илова бар ин, аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол ба якчанд Судҳои конститутсионии давлатҳои дигар аз қабили; Қазоқистон ва Молдова ҷиҳати густариши ҳамкориҳои тарафайн лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ барои мувофиқа ирсол карда шудааст, ки аз тарафи онҳо амали мазкур бо қаноатмандӣ дастгирӣ ёфта, тарафҳо омодагии худро барои ба имзо расонидани он изҳор доштанд.

Ҳамчунин, бобати густариши муносибатҳои байналмилалӣ соли сипаришуда вохўрии Раис ва судяҳои Суди конститутсионӣ бо Раиси Суди констутсионии Арманистон Арутюнян Г.Г., узви Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, собиқ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут Дрейфус, намояндагони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо – Светлана Анисимова, Лючиан Михай ва дигар шахсони ҳамроҳикунандаи онҳо, инчунин дигар шахсони расмӣ доир гардид.

Дар Суди конститутсионӣ дар соли 2013 бахшида ба таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ дар мавзўи «Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ», бахшида ба 19-умин солгарди қабули Конститутсия дар мавзўи «Конститутсия кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» мизи мудаввар ва ба ифтихори Рўзи Истиқлолияти давлатӣ, Парчами давлатӣ, Рўзи забони давлатӣ ва дигар ҷашнҳои муҳими давлатӣ маҷлису ҷамомадҳои тантанавӣ гузаронида шуданд.

Роҳбарият, судяҳо ва кормандони Суди конститутсионӣ ҳамчунин дар кори конфронсу семинарҳои гуногун дар дохили кишвар, ки аз ҷониби мақомоти гуногуни давлатӣ доир гардид, ширкат варзида, оид ба мавзуҳои мубрами рўз маърўзаҳо намуда, дар рўзномаву маҷаллаҳои мухталиф мақолаҳо ба чоп расониданд.

Кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ, инчунин ҷиҳати такмили ихтисос дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуда, дар курси омўзишие, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, фаъолона ширкат варзиданд.

Бояд қайд кард, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти назорати конститутсионӣ тибқи талаботи моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамасола ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нома оид ба вазъи қонунияти конститутсионӣ дар кишвар ирсол менамояд.

Бинобар ин, тибқи муқаррароти меъёри мазкур дар соли 2013 низ дар асоси таҳлил ва омўзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нома оид ба вазъи қонунияти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 таҳия карда шуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Дар соли 2013 Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти касбӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарда, минбаъд низ баҳри амалӣ намудани рисолати худ оид ба таъмини волоият ва амали Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чораҳои зурурӣ меандешад.

Ҳамзамон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҷашни 20-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки соли 2014 дар кишвар бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад, бо дастовардҳои боз ҳам назаррас истиқбол намояд.

Аҳмадҷонов И.Ғ., Бадалов Ш.К.,

омўзгорони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Ҳолати танзими ҳуқуқии номи
фирмавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар муомилоти гражданӣ дар баробари фардикунонии шахсони воқеӣ зарурат ба фардикунонии шахсони ҳуқуқӣ низ ҷой дорад. Дар моддаи 55 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки шахси ҳуқуқӣ номи худро дорад, ки дар он ба шакли ташкилию ҳуқуқиаш ишора карда мешавад. Номи шахси ҳуқуқӣ дар ҳуҷҷатҳои таъсисии он нишон дода мешавад. Вале худ ба худ номи шахси ҳуқуқӣ объекти ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ нест, зеро муомилоти молумулкӣ (тиҷоратӣ) ба он ниёз надорад. Бинобар ин, на ҳама воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни муомилоти (аҳдҳои) гражданӣ бо қонунгузории моликияти зеҳнӣ ҳифз мегарданд.

Дар муомилоти гражданӣ шахсони ҳуқуқие иштирок мекунанд, ки ба таври касбӣ мақсадашон ба даст даровардани фоида буда, ба истеҳсоли мол, хизматрасонӣ ва ғайра машғул мебошанд. Дар ин ҷо зарурати мутақобила ба фардикунонии онҳо ба миён меояд: аз як тараф, контрагентҳо, истеъмолкунандагон ва ғ. дар боэътимодии субъекте, ки бо он сару кор доранд, манфиатдор мебошанд. Беҳуда нест, ки таърихан пайдоиши номи фирмавӣ (дар Италия) бо функсияи асосии он – нишондод ба шахсе, ки аз рўи аҳдҳо масъулият дорад, вобаста аст. Аз тарафи дигар, худи субъект ҳавасманд ва манфиатдор аст, ки номи ўро ба таври хосса бишиносанд ва бо ин ном маъруф шуда, ўро бо дигар субъектон омехта накунанд. Ин омили муҳими ба даст овардани фоидаи иловагӣ мебошад.

Сарфи назар аз чунин табиати «ихтиёрии» номи фирмавӣ муомилоти муосир талаботи ҳатмиро нисбат ба шахсони ҳуқуқии тиҷоратӣ гузошта, қонунгузории граждании Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти тиҷоратӣ мебошад, бояд номи фирмавӣ дошта бошад. Зарурати доштани номи фирмавӣ танҳо ба шахсони ҳуқуқии тиҷоратӣ дар инкишофи муомилоти молӣ (тиҷоратӣ), боэътимодӣ ва устувории он, инчунин назорати самараноки давлатӣ ифода меёбад. Ҳамин тавр, қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти доштани номи фирмавиро танҳо нисбат ба шахсони ҳуқуқии тиҷоратӣ пешбинӣ карда, қисми боқимондаи шахсони ҳуқуқӣ танҳо ном (-и расмӣ) дошта метавонанд (ҳарчанд дар амалия баъзан бо номи фирмавии шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ[1] ва соҳибкорони инфиродӣ низ дучор шудан мумкин аст).

Қобили зикр аст, ки мафҳуми расмии номи фирмавиро қонун­гузории Тоҷикистон пешбинӣ накардааст, вале дар асоси таҳлили низомноки меъёрҳои гуногун ва адабиёти ҳуқуқӣ чунин мафҳумро пешкаш кардан мумкин аст: номи фирмавӣ гуфта, номеро (ифодаеро) меноманд, ки функсияи фардикунонии шахси ҳуқуқии тиҷоратиро иҷро карда, таҳти он шахси ҳуқуқӣ дар муомилоти гражданӣ иштирок мекунад. Ҳамин тавр, таъиноти асосии номи фирмавӣ ин фардикунонии шахси ҳуқуқӣ мебошад, вале ҳамзамон дигар нақшҳоро низ иҷро мекунад (маъруфгардӣ, фоидаи иловагӣ ва ғайра).

Ҳарчанд дар адабиёти ҳуқуқии ватанӣ баъзан оид ба набудани санади меъёрии ҳуқуқие, ки ҳолати ҳуқуқии номи фирмавиро дар Тоҷикистон муайян мекунад, андешаронӣ карда шавад ҳам, аммо бояд қайд кард, ки имрўз маҷмўи санадҳои меъёрии ҳуқуқие амал мекунанд, ки дар сатҳи лозима муносибатҳои мазкурро танзим карда истодаанд[2]. Албатта, агар сухан дар бораи як санаде равад, ки комилан ҳолати ҳуқуқии номи фирмавиро тавонад муайян кунад, чунин андешаҳо дурустанд.

Танзими «хоксоронаи» номи фирмавӣ дар Тоҷикистон решаҳои таърихӣ дорад. Ҳанўз дар солҳои аввали ҳокимияти шўравӣ дар ҶШСФР дар КГ (соли 1922), баъдан дар Декрети КИМУ ва ШКХ ҶШСФР муқаррарот оид ба номи фирмавӣ ҷой дошт. Сипас Низомнома дар бораи фирма бо қарори КИМ ИҶШС ва ШКХ ИҶШС аз 22 июни соли 1927 тасдиқ шуд (бо тағйирот аз 17 августи соли 1927), ки амали он дар тамоми ҳудуди собиқ ИҶШС паҳн мегардид. Азбаски санади мазкур расман бекор нашудааст, дар сарчашмаҳо (ҳарчанд сарчашмаи русӣ бошад ҳам) чунин ақида ҳаст, ки меъёрҳои он дар қисми бо қонунҳои амалкунанда мухолифнабуда то ҳол амал мекунанд[3] (чунин ба назар мерасад, ки масъалаи аз амал боз мондани он бо қабул шудани қисми чоруми КГ ФР комилан ҳал шуд). Бо дарназардошти қисми 2 моддаи 7 Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» эҳтимолияти чунин амалро дар Тоҷикистон низ тахмин кардан мумкин аст (ҳарчанд истифода ва ё татбиқи он аз тарафи мақомоти ҳуқуқтатбиқкунанда ва шахсони ваколатдор мушоҳида намегардад). Давраи дигари инкишофи танзими ҳуқуқии номи фирмавӣ ба қабул шудани КГ Тоҷикистон (аз 28 декабри соли 1963) алоқаманд аст. Дар моддаи 29 Кодекси мазкур омада буд, ки шахси ҳуқуқӣ дорои ном буда, ҳуқуқу вазифаҳои ташкилоти хоҷагӣ, ки бо истифодабарии номи фирма вобастаанд, бо қонунгузории ИҶШС муайян карда мешаванд. Дар партави он фармонҳои Раёсати Шўрои Олии ИҶШС низ қабул шуда буданд, ки тартиби номгузории муассиса ва ташкилотро муайян мекарданд.

Давраи минбаъдаи инкишофи қонунгузорӣ дар соҳаи номи фирмавӣ ба қабул шудани санадҳои парокандае, ки масъалаҳои ҷузъиро ҳал мекарданд, хусусиятнок аст. Масалан, Қонуни ҶТ аз 14 декабри соли 1996 «Дар бораи моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»[4] ба сифати объекти моликияти зеҳнӣ номи фирмавиро пешбинӣ карда буд (мод. 4).

Дар Тоҷикистон охирҳои солҳои 90-уми асри гузашта кўшиши қабули санади ягона ҳам шуда буд. Ҳатто лоиҳаи Низомнома «Дар бораи номҳои фирмавӣ»[5] ва баъдан Қонуни ҶТ «Дар бораи номҳои фирмавӣ» омода шуда буд. Вале бо сабабҳои гуногун ин санадҳо то ҳадди расмӣ нарасиданд. Имрўз низ кўшишҳои қабули қонуни махсусгардонидашуда мушоҳида мегардад[6].

Аслан таҷрибаи баъзе давлатҳо нишон додаистодааст, ки чунин санади ягона дар асл функсияи худашро иҷро карда наметавонад. Масалан, дар Ҷумҳурии Қирғизистон ҳанўз 23 декабри соли 1999 Қонун «Дар бораи номҳои фирмавӣ» қабул шуда буд, вале ба ҷойи ҳалли масъала онро боз ҳам мушкилтар гардонид. Ҳарчанд мақсад дар як санад гирдоварии ҳамаи паҳлуҳои танзими ҳуқуқии номи фирмавӣ буд, боз зарурати ҳавола ба дигар санадҳои меъёрӣ пеш омад. Аз ин ҷост, ки ин қонун чандон самара надода истодааст. Гузашта аз он, гузаронидани санҷиш аз рўи номи фирмавӣ дар шароити набудани манбаи ягонаи иттилоот (мисли объектҳои ҳуқуқи патентӣ ва ё то ҳадде нисбат ба тамғаҳои молӣ) мушкил ва номумкин буда, кўшиши татбиқ намудани моддаи 8 Конвенсияи Париж низ бенатиҷа мебошад. Ҳамчунин санҷиши номи фирмавӣ муҳлати тўлониро гирифта (дар Қирғизистон он ба понздаҳ рўз баробар аст), ба ислоҳоте, ки дар соҳаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон гузаронида шуд, халал мерасонад.

Бинобар ин, ба андешаи мо, аз қабули санади ягона дида такмили КГ ҶТ мувофиқи мақсад аст, зеро хоҳем нахоҳем хусусият ва унсурҳое, ки дар номи фирмавӣ бояд ҷойгир шаванд, дар санадҳои меъёрии хоссае, ки вазъи шахси ҳуқуқии муайянро танзим мекунад, пешбинӣ карда мешаванд. Масалан, номи фирмавии ҷамъияти саҳомие, ки ба фаъолияти бонкӣ машғул аст ва ғайра. Дар акси ҳол аз низоми дузина (КГ-қонунҳои махсус) мо ба низоми сезина (КГ-қонуни махсус-қонунҳои алоҳида) гузашта, масъалро боз ҳам мураккаб мегардонем. Ин ақидаҳо ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҳолати ҳуқуқии номи фирмавӣ имрўз дар Тоҷикистон дар сатҳи лозима буда, зарурати коркарди меъёрҳои навро надорад. Сухан танҳо дар бораи самаранокии сатҳи он меравад, ки ба андешаи мо, дар доираи КГ ҶТ мувофиқтар аст.

Инак, низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳолати ҳуқуқии номи фирмавиро дар Тоҷикистон муайян мекунанд, чунин гурўҳбандӣ кардан мумкин аст:

1. Қонунгузорие, ки хислати универсалӣ дорад. Ба ин гурўҳ КГ ҶТ дохил мешавад. Дар КГ ҶТ як қатор моддаҳое мавҷуданд, ки муносибатҳо вобаста ба номи фирмавӣ, аз ҷумла талабот нисбат ба онро танзим мекунанд. Хусусияти танзими номи фирма дар КГ ҶТ дар он аст, ки КГ ҶТ ҳам ном ва таркиби номи фирмавӣ, талаботи бақайдгирии он, инчунин тартиби истифодаи номи фирмавӣ ва оқибатҳои вайрон кардани ҳуқуқ ба номи фирмавиро пешбинӣ кардааст.

Чуноне қайд шуда буд, дар моддаи 55 КГ ҶТ омадааст, ки шахси ҳуқуқӣ номи худро дорад, ки дар он ба шакли ташкилию ҳуқуқиаш ишора карда мешавад. Номи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, корхонаҳои воҳид ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ташкилотҳои дигари тиҷоратӣ бояд ишора ба хусусияти фаъолияти шахси ҳуқуқиро дошта бошад. Ба номи шахси ҳуқуқӣ дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмӣ (номи давлат), ба реквизитҳои аснод ё маводи рекламавии шахси ҳуқуқӣ дохил кардани чунин ном ё унсурҳои рамзи давлатӣ мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумат иҷозат дода мешавад[7]. Ном ва маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ дар ҳуҷҷатҳои таъсисии он нишон дода мешавад. Шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти тиҷоратӣ мебошад, бояд номи фирмавӣ дошта бошад. Шахси ҳуқуқие, ки номи фирмавии он мувофиқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст, барои истифодаи он ҳуқуқи мустасно дорад. Шахсе, ки номи ба қайд гирифташудаи фирмавии шахси дигарро ғайриқонунӣ истифода мекунад, бо талаби соҳиби ҳуқуқдори номи фирмавӣ вазифадор аст истифодаи онро қатъ карда, зиёни расонидаашро ҷуброн намояд.

Дар баробари ин, як қатор моддаҳои дигар низ мавҷуданд:

– маълумот дар бораи бақайдгирии давлатӣ, аз ҷумла бақайд­гирии ташкилотҳои тиҷоратӣ, номи фирма ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дохил карда мешавад, ки барои шиносоии умум дастрас мебошад (қисми 1 моддаи 51 КГ ҶТ);

– номи фирмавии ширкати комил бояд инҳоро дар бар гирифта бошад: номи (унвони) ҳамаи иштирокчиёни он, инчунин калимаҳои «ширкати комил» ё номи (унвони) як ё якчанд иштирокчӣ бо илова кардани калимаҳои «ва компания» инчунин калимаҳои «ширкати комил» (қисми 3 моддаи 72 КГ ҶТ);

– номи фирмавии ширкати ба боварӣ асосёфта бояд аз номи (номгўи) ҳамаи шарикони комил ва калимаҳои «ширкати ба боварӣ асосёфта» ё «ширкати коммандитӣ» ва ё аз номи (номгўи) на камтар аз як шарики комил бо иловаи калимаҳои «… ва шариконаш» ва калимаҳои «ширкати ба боварӣ асосёфта» ё «ширкати коммандитӣ» иборат бошад (қисми 4 моддаи 87 КГ ҶТ);

– номи фирмавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳуд бояд номи ҷамъият ва ибораи «дорои масъулияти маҳдуд»-ро дошта бошад (қисми 2 моддаи 94 КГ ҶТ);

– номи фирмавии ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ бояд номи ҷамъият, инчунин ибораи «дорои масъулияти иловагӣ»-ро дар бар гирад (қисми 2 моддаи 105 КГ ҶТ);

– номи фирмавии ҷамъияти саҳомӣ бояд номи он ва ишораи саҳомӣ будани ҷамъиятро дар бар гирифта бошад (қисми 2 моддаи 105 КГ ҶТ);

– номи фирмавии кооператив бояд номи он ва калимаҳои «кооперативи истеҳсолӣ» ё «артел»-ро дар бар гирифта бошад (қисми 3 моддаи 118 КГ ҶТ);

– номи фирмавии корхонаи давлатӣ бояд ишора ба соҳибмулки онро дошта бошад (қисми 3 моддаи 124 КГ ҶТ);

– номи фирмавии корхонаи ба ҳуқуқи идораи оперативӣ асосёфта бояд ишора ба он дошта бошад, ки корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ аст (қисми 4 моддаи 127 КГ ҶТ);

– номи фирмавии ассотсиатсия бояд ишора ба мақсади асосии фаъолияти он ва мақсади асосии фаъолияти аъзои онро бо иловаи калимаҳои «ассотсиатсия» ё «иттифоқ» дар бар гирифта бошад (қисми 5 моддаи 133 КГ ҶТ);

– ба неъмату ҳуқуқи молумулкӣ ҳамчун объекти ҳуқуқи гражданӣ номи фирма дохил карда шудааст (қисми 2 моддаи 140 КГ ҶТ);

– ба ҳайати корхона ҳамчун комплекси молумулкӣ номи фирмавӣ дохил шудааст (қисми 2 моддаи 144 КГ ҶТ);

– ҳуқуқи истисноии шахси ҳуқуқӣ ба номи фирмавӣ эътироф карда шудааст (моддаи 152 КГ ҶТ).

Гузашта аз он, дар қисми 2 КГ ҶТ номи фирмавиро дар муомилот танзим кардааст. Масалан, мувофиқи қисми 3 моддаи 589 КГ ҶТ тибқи шартномаи фурўши корхона ҳуқуқи истифодаи номи фирмавӣ, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба харидор мегузарад. Ё худ тибқи моддаи 958 КГ ҶТ ҳуқуқи номи фирмавӣ аз ҷумлаи маҷмўи ҳуқуқҳои мустасное мебошад, ки тибқи шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ мумкин аст ба истифодабаранда дода шавад. Дар қисми 3 КГ ҶТ меъёрҳои муайян оид ба номи фирмавӣ мавҷуд мебошанд. Дар баробари ин, моддаи 55 КГ ҶТ пешбини мекунад, ки тартиби бақайдгирӣ ва истифодаи номи фирмавиро қонунҳо мутобиқи КГ муайян менамоянд.

2. Қонунгузорие, ки бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқиро пешбинӣ мекунад. Ба он Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»[8] дохил мешавад. Қобили зикр аст, ки тибқи Конвенсияи Париж номи фирмавӣ сарфи назар аз бақайдгирӣ ҳифз карда мешавад. Бинобар ин, бақайдгирии номи фирмавӣ ягон амали мустақил набуда, тибқи қонунгузории Тоҷикистон танҳо он ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид мегардад, ки ҳамзамон бо бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ амалӣ мешавад (мисли номи дигар шахсони ҳуқуқӣ). Бо дарназардошти ин хусусият бояд моддаи 55 КГ ҶТ шарҳ дода шавад (сухан дар бораи муқаррарот оид ба он меравад, ки шахси ҳуқуқие, ки номи фирмавии он мувофиқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст, барои истифодаи он ҳуқуқи мустасно дорад).

Мувофиқи моддаи 8 Қонуни мазкур Феҳристи ягонаи давлатӣ номи пурраи фирмавии (дар ҳолати мавҷуд будан, инчунин номи кўтоҳи) шахси ҳуқуқӣ бо забони давлатии ҶТ ва маълумот дар бораи тағйирёбии онро дар бар мегирад. Аз ин рў, дар ариза барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ бояд маълумот дар бораи шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ ва номи пурраи (дар ҳолати мавҷуд будан, инчунин номи кўтоҳи) фирмавии шахси ҳуқуқӣ бо забони давлатии ҶТ нишон дода шавад (моддаи 11).

Чуноне мебинем, номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ бояд бо забони давлатии ҶТ бошад. Ин талабот аз 1 июли соли 2009 амал карда истодааст. Аз ҳамин сана сар карда бояд номи фирмавии тамоми шахсони ҳуқуқӣ бо забони давлатӣ ба қайд гирифта мешуданд. Вале дар татбиқи он амалия ба дигар самт инкишоф ёфт. Қобили зикр аст, ки мувофиқи моддаи 18 «Қонуни ҶТ дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»[9] номгузории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, инчунин ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба забони давлатӣ бояд сурат гирад. Қисми 3 ҳамин модда муқарраротеро доро мебошад, ки ҳам ғалат ва ҳам номуайян аст. Мувофиқи он номи ташкилотҳои хориҷӣ ва муштарак ба забонҳои дигар низ баргардонида мешавад. Дар ин ҷо калимаҳои «ташкилотҳои хориҷӣ», «ташкилотҳои муштарак» ва «баргардонида мешавад» шарҳро талаб мекунад. Таҷриба транслитератсияро ҳамчун забони давлатӣ қабул намуда, ба маънои мафҳуми «баргардон» дохил намуд. Танҳо ин шарҳ бе дарназардошти ду мафҳуми аввал сурат гирифт. Дар натиҷа, шахсони ҳуқуқии дорои номҳои фирмавии зерин пайдо шуданд: Canon – Кенон, Чўҷаҳо – Chicken – Цыплята, Travel and Tur –Тревел энд Тур ва ғайра. Ба андешаи мо, номи фирмавии шахсони ҳуқуқӣ бояд танҳо бо забони давлатӣ ба қайд гирифта шаванд. Мазмуни меъёрҳои қонунгузории амалкунанда ба ҷой доштани ягон хел баргардон имконият намедиҳанд. Қонунгузории Тоҷикистон оид ба бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ имконияти доштани номи фирмавиро бо дигар забон (дар баробари номи фирмавӣ бо забони давлатӣ, ки ҳатмӣ аст) пешбинӣ накардааст. Амалан аксари шахсони ҳуқуқӣ бо дигар забонҳо низ дорои номи фирмавӣ мебошанд.

Мушкилоти дигари Қонуни мазкур дар он аст, ки бақайдгирӣ ва дар Феҳрист ҷой додани танҳо номи фирмавиро пешбинӣ кардааст, ин дар ҳолест, ки тибқи он шахсони ҳуқуқие низ ба қайд гирифта мешаванд, ки дорои номи фирмавӣ намебошанд.

3. Қонунҳои ҶТ, ки ҳолати ҳуқуқии шахсони ҳуқуқии тиҷоратии алоҳидаро муайян мекунанд. Ба ин гурўҳ дохил мешавад:

– Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд»[10]. Мувофиқи моддаи 3 Қонуни мазкур ҷамъият номи пурраи расмӣ дошта, ҳақ дорад ба забони давлатӣ дорои номи мухтасар бошад. Номи пурраи фирмавии ҷамъият ба забони давлатӣ бояд номи пурраи ҷамъият ва ибораҳои «дорои масъулияти маҳдуд»-ро дошта бошад. Номи мухтасари фирмавии ҷамъият бояд дорои номи пурра ё мухтасари ҷамъият ва калимаҳои «дорои масъулияти маҳдуд» ё ихтисори (аббревиатураи) ҶДММ бошад. Номи фирмавии ҷамъият дар забони давлатӣ дигар истилоҳҳо ва ихтисорҳое, ки шакли ташкилию ҳуқуқӣ, аз ҷумла аз забонҳои хориҷӣ гирифташударо инъикос менамоянд, дошта наметавонад, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ қоидаи дигарро пешбинӣ накарда бошанд;

– Қонуни ҶТ «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ»[11]. Мувофиқи моддаи 8 Қонуни мазкур номи фирмавии корхонаи давлатӣ бояд дорои нишондод ба соҳиби молу мулк будан, мансубият ба намуди моликияти давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ) – ро дошта бошад. Номи фирмавии корхонаи ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ дошта, бояд дорои нишондод ба корхонаи воҳиди давлатӣ будани онро дошта бошад. Номи фирмавии корхонаи ҳуқуқи идораи оперативӣ дошта, бояд дорои нишондод ба корхонаи давлатӣ будани онро дошта бошад. Ҳамчунин мувофиқи моддаи 19 корхонаҳои давлатӣ метавонанд ба ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) муттаҳид шаванд. Ассотсиатсия (иттифоқ) дорои номи фирмавӣ буда, дар он мақсади асосии фаъолияти он ва аъзояш бо иловаи калимаҳои «ассотсиатсия» ё «иттифоқ» нишон дода мешавад;

– Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»[12]. Мувофиқи моддаи 5 Қонуни мазкур ҷамъияти саҳомӣ дорои номи фирмавии худ мебошад ва бояд дар номгўи худ калимаҳои «Ҷамъияти саҳомии кушода (ҶСК)» ё «Ҷамъияти саҳомии пўшида (ҶСП)» дошта бошад;

– Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»[13]. Дар моддаи 8 Қонуни мазкур унсурҳое, ки дар номи фирмавӣ истифода шуда метавонанд ва ё наметавонанд, пешбинӣ шудааст.

Номгўи қонунҳои гурўҳи мазкур бо ин маҳдуд намешавад.

4. Қонунгузорие, ки истифодаи номи фирмавӣ ва ё баръакс манъи истифодаи онро пешбинӣ мекунад. Масалан, мувофиқи моддаи 9 Қонуни ҶТ «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ»[14] ба сифати тамғаҳои молӣ аломатҳое ба қайд гирифта намешаванд, ки айнан номи фирмавии дар ҶТ нисбат ба молҳои якхела ҳифзшаванда (ё қисми номи фирмавӣ) ва намунаи саноатие, ки ҳуқуқи шахсони дигар дар ҶТ ба онҳо то санаи аввалияти тамғаи молии бақайдгирифташаванда ба вуҷуд омадааст, мебошанд. Мувофиқи моддаи 10 Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) вазифадор аст, ки номи фирмавии (номи) ташкилоти худ, маҳалли ҷойгиршавӣ, нишонии ҳуқуқӣ ва низоми кори онро ба маълумоти истеъмолкунанда расонад.

5. Қонунгузорие, ки ҳифзи ҳуқуқ ба номи фирмавӣ, оқибати вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва ҳифзи манфиатҳои дигаронро ҳамчун манфиати оммавӣ пешбинӣ мекунад:

– Қонуни ҶТ «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол». Мувофиқи моддаи 7 Қонуни мазкур истифодаи худсаронаи номи фирмавӣ ҳамчун шакли рақобати бевиҷдонона дониста шуда, ба он роҳ дода намешавад. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад дар сурати мавҷуд будани аломатҳои вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар бораи он парванда оғоз намуда, онро баррасӣ намояд ва аз рўи натиҷаи баррасии он қарор барорад ва ба субъектҳои хоҷагидор барои иҷрои ҳатмӣ амрия дар бораи дигар кардан ё маҳдуд намудани истифодаи номи фирмавӣ диҳад (моддаи 13);

– Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ[15]. Дар моддаи 377 Кодекси мазкур барои истифодаи ғайриқонунии номи фирмавӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст;

– Кодекси ҷиноятии ҶТ[16]. Дар моддаи 275 Кодекси мазкур барои истифодаи ғайриқонунии номи фирмавӣ агар он такроран пас аз додани ҷазои маъмурӣ содир гардида ё ба миқдори калон зарар расонида бошанд (зиёда аз ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо), ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.


[1] Ниг., масалан, ба Оинномаи Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерўгоҳи барқии обии Роғун», ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 6 январи соли 2011 № 3 тасдиқ шудааст. Ё ин ки қисми 5 моддаи 133 КГ ҶТ ишора ба номи фирмавии ассотсиатсияҳоро кардааст.

[2] Баъзан мутахассисони хориҷӣ ҳангоми баҳодиҳии вазъи ҳифзи номи фирмавӣ дар Тоҷикистон чунин ақида доранд, ки гўё номи фирмавӣ танҳо дар сатҳи КГ ба роҳ монда шуда бошад. Ниг.: Орлова В.В. Права на средства индивидуализации/ Право интеллектуальной собственности: учебник/ под ред. И.А. Близнеца. М., 2011. С.436.

[3] Ниг.: Сергеев А.П. Право интеллектуальной собственности в Российской Федерации. М., 2003. С.100-101.

[4] Ниг.: Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1996 № 24, моддаи 412.

[5] Ниг.: Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 № 687 тасдиқ шудааст.

[6] Ниг.: ба Қарори Ҳукумати ҶТ аз 18 июли соли 1996 № 323 «Дар бораи ҷамъ­оварии боҷ барои истифодаи номҳои «Тоҷикистон». «Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ибораҳои аз онҳо таркиб ёфта дар номи корхонаю ташкилотҳо ва маҳсулоте, ки онҳо истеҳсол мекунанд» (дар шароити амали Қонуни ҶТ «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз 28 феврали соли 2004 татбиқи он мушкилӣ дорад).

[7] Ниг.: Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, № 2, мод. 42.

[8] Ниг.: Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 3, мод.170.

[9] Ниг.:Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, № 5, мод.331.

[10] Ниг.: Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 3, мод. 167/.

[11] Ҳамчунин ниг. ба: Тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои дав­латӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31 октябри соли 2009, № 609 тасдиқ шудааст.

[12] Ниг.: Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006, № 7, мод. 346.

[13] Ниг.: Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, № 12, қ-1, мод. 989, мод. 990.

[14] Ниг.: Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, № 9, мод. 68, мод. 69,.

[15] Ниг.: Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ барои донишҷўёни факултети хукукшиноси.-Душанбе, 2005.,С.318

[16] Ниг.:Сотиволдиев Р.Ш. Асари ишорашуда. С.319

Боев М.Ф.

муаллими калони кафедраи «Ҳуқуқи нақлиёт

ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии»-и

факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ САВДОИ БИРЖАВЇ
ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷамъияти инсонӣ бидуни қонунҳои муайяни худ вуҷуд дошта ва инкишоф ёфта наметавонад. Бинобар ҳамин, дар ҷомеаи инсонӣ барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ва муайян кардани ҳудуди рафтори иштирокчиёни он қонунҳои гуногунмазмун қабул карда мешаванд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар назарияи давлат ва ҳуқуқ зери мафҳуми танзими ҳуқуқӣ «таъсиррасонии ҳамаи воситаҳои ҳуқуқиро ба муносибатҳои ҷамъиятӣ бо мақсади ба низом овардани онҳо фаҳмида мешавад». Танзими ҳуқуқӣ таъсиррасонии мақсаднок, муташаккилона ва меъёриву арзиширо ба рафтори одамон ва муносибатҳои ҷамъиятӣ меноманд.

Новобаста аз мафҳумҳои додашуда, танзими ҳуқуқӣ бояд дорои хусусиятҳои зерин бошад:

– мақсади танзими ҳуқуқӣ – ин инъикос кардан ва батартиб овардан мебошад;

– объекти танзими ҳуқуқӣ – ин муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки барои танзимнамоӣ равона карда шудаанд;

– методи танзими ҳуқуқӣ – ин маҷмўи воситаҳои ҳуқуқие, мебошанд, ки тавассути онҳо танзимнамоӣ амалӣ карда мешавад[1].

Ба ақидаи мо танзими ҳуқуқии савдои биржавӣ –ин низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқиро меноманд, ки ҳолати ҳуқуқии биржа ва иштирокчиёни онро ба танзим медароранд.

Бинобар ҳамин, танзими ҳуқуқии савдои биржавӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон бо санадҳои меъёри ҳуқуқии гуногун танзим карда мешавад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими ҳуқуқии савдои биржавӣ ба Конуститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Мафҳуми қонунгузорӣ дар қонун ва адабиётҳои ҳуқуқӣ дода шудааст. Қонунгузорӣ – ин санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муноси­батҳои ҷамъиятиро дар маҷмуъ ё дар соҳаи муайян танзим мекунанд[2]. Қонунгузорӣ аз маҷмўи қонунҳо ва санадҳои меъёрии зерқонунӣ иборат мебошад. Яъне қонунгузорӣ шакли берунаи ифодаи ҳуқуқ буда, аз сарчашмаҳои ҳуқуқ иборат аст[3]. Бинобар ҳамин, банда бо такя аз мафҳумҳои додашуда мафҳуми зерини қонунгузории биржавиро пешниҳод мекунам:

– «қонунгузории биржавӣ аз маҷмўи қонунҳо ва санадҳои меъёрии зерқонунӣ иборат мебошад, ки муносибатҳои биржавиро танзим мекунанд». Дар ба фурўш баровардани маҳсулот биржаҳо аҳамияти калон доранд ва яке аз субъектони фаъоли муносибатҳои бозоргонӣ ба ҳисоб мераванд. Биржаҳо дар муҳити солиму озоди рақобат бештар дар намуди шакли ташкилӣ-ҳуқуқии ташкилотҳои тиҷоратӣ, гуногуншаклии моликият ташкил карда мешаванд.

Бинобар ҳамин, пайдоиш ва инкишофи қонунгузории биржавӣ маҳз баъд аз соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст.

Баъди солҳои 90-уми асри XX дар Тоҷикистон то имрўз танзимнамоии ҳуқуқии фаъолияти биржавӣ дар ду сатҳ ба вуҷуд омад. Якум, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз қабили: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ», ки аз 23 – уми декабри 1991 қабул шудааст, дуюм санадҳои локалии дохили ташкилот[4]. Қонунгузории биржавӣ сохтори амудии худро доро мебошад. Сохти амудии қонунгузории биржавӣ гуфта, ҷойгиршавии зинавии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар назар дорад. Дар ин низом ҷои аввалро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъдан қонунҳо ва дигар санадҳои зерқонунӣ ишғол мекунанд.

Конститутсия – қонуни асосии давлат аст, ки асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкилу фаъолияти мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судиро пешбинӣ мекунад. Он аз дигар қонунҳо бо хусусиятҳои зерин фарқ карда мешавад: ба тариқи махсус қабул мешавад (халқ), эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, аз ҳама қонунҳо болотар меистад (санадҳои меъёрии ҳуқуқии хилофи он эътибори ҳуқуқӣ надоранд), ягон мақомот, давлат ё шахси мансабдор ҳуқуқи тағйир додани конститутсияро надорад (танҳо бо райъпурсӣ), ҳуҷҷати ҳуқуқии таъсисӣ аст, ҳуқуқу озодии инсон, шакли давлатдорӣ, низоми судӣ ва дигар асосҳои ҷомеаро муқаррар мекунад.

Конститутсия ягона санади меъёрии ҳуқуқие мебошад, ки барои ҳамаи дигар қонунҳо ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ хизмат мекунад. Конститутсия санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро танзим мекунад, ки меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Бо гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ муносибатҳои соҳибкорӣ дар ҷомеа рушд карданд. Асоси ҳуқуқии он аввалин маротиба дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. Бинобар ҳамин, дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар карда шудааст: «Асоси иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад»[5]. Ин муқаррароти Конститутсия барои соҳаи савдои биржавӣ як заминаи хуби ҳуқуқӣ мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ, ки ҳанўз 23 – уми декабри 1991 қабул шуда буд, амал мекунад, бисёр меъёрҳои он куҳна шудаанд ва ба муносибатҳои имрўзаи ҷомеаи Тоҷикистон мутобиқат намекунанд. Қонуни номбурда пеш аз ҳама сохтори дохилиаш ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҷавоб намедиҳад. Дар Қонун мафҳумҳои асосӣ шарҳ дода нашудаанд ва ҳатто санадҳои локалӣ баъзе муқаррароташон ба қонун мухолифат мекунад, ки ин мухолифатҳо бояд бартараф карда шаванд. Яъне гуфтан ҷоиз аст, ки техникаи ҳуқуқӣ риоя карда шавад. Воситаву қоидаҳои техникаи ҳуқуқӣ инҳоянд: 1) истилоҳоти ҳуқуқӣ-маҷмўи истилоҳҳои ҳуқуқӣ аст, ки дар санадҳои ҳуқуқӣ истифода мешаванд, қоидаҳои услубӣ, забонӣ (аҳамияти расмӣ ва ифодаи ҳуҷҷатӣ, алоқаи мантиқӣ, аниқ, оммафаҳм ва ғ.) ба техникаи қонунгузорӣ ва техникаи ҳуқуқтадбиқсозӣ ҷудо мешавад.

Яке аз проблемаҳои ҳалталаб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин шакли ташкилӣ-ҳуқуқии биржа мебошад. Қобили қайд аст, ки дар қонунгузорӣ мафҳуми шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ дода нашудааст ва танҳо баъзе аломатҳои он ва намудҳои шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст.

Биржа яке аз элементҳои асосӣ дар инфрасохтори бозори ҳар як давлат буда, ҳавасмандкунандаи инкишофи бозор дар иқтисодиёт мебошад. Номукаммалии қонунгузории биржавӣ инкишофи муътадили иқтисодиётро боз медорад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки инкишофи иқтисодиёти бисёр давлатҳо ба проблемаи танзимнамоӣ-ҳуқуқии қонунгузории биржа вобастагӣ дорад. Бинобар ҳамин, ташкилотҳои биржавӣ таъминкунандаи адолатнокӣ ва қонунии амалиётҳои бозорӣ мебошанд. Инкишофи фаъолияти биржавӣ боиси инкишоф додани қонунгузории биржавӣ мегардад. Ё бо ибораи дигар ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар соҳаи биржа боиси инкишоф додани қонунгузории биржавӣ мегардад.

Дар баробари ин қонунҳо, чандин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти биржавӣ арзи вуҷуд доранд, ки танзимкунандаи муносибатҳои биржавӣ мебошанд. Чунончи, Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 8-июни соли 2001 № 237 «Дар бораи тадбирҳо оид ба беҳтар намудани савдои молҳои истеҳсоли ватанӣ дар бозори беруна»; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтори биржаи универсалии молу ашёӣ Тоҷикистон»; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси комиссия оид ба барасии баҳсҳои биржавӣ ва даҳҳо қарорҳои дигар доир ба муносибатҳои биржавӣ низ қабул шудаанд.

Санадҳои локалие низ вуҷуд доранд, ки нақши онҳо дар танзимнамоии муносибатҳои биржавӣ бисёр муҳим мебошад.

Истилоҳи локалӣ аз решаи лотинии «localis» гирифта шуда, маънояш маҳаллӣ, дар маҳалли муайян, дар ҳудуди муайян мебошад[6].

Санадҳои локалӣ-гуфта, чунин санадҳои меъёрии дохилӣ-идоравиеро меноманд, ки дар дохили корхона, муассиса ва ташкилот амал мекунанд. Нақши санадҳои локалӣ дар танзими муносибатҳои биржавӣ бисёр муҳим ва назаррас мебошад. Санадҳои локалие,ки танзимкунандаи муносибатҳои биржавӣ ҳастанд, гуногун мебошанд. Аз ҷумла оиномаи Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон; Қоидаҳои савдои биржавӣ; Қоидаҳои дохилии ташкилотҳои биржавӣ; Қоидаҳо дар бораи комиссия оид ба барасии баҳсҳои биржавӣ ва амсоли инҳо иборат мебошанд.

Яке аз намудҳои санадҳои локалӣ, ки ҳамчун санади муҳим дар савдои биржавӣ баромад мекунад, ин «Қоидаҳои савдои биржавӣ» мебошад. Қоида санади меъёрии ҳуқуқиест, ки меъёрҳои хусусияти умумиро мушаххас мегардонад, тартиби ташкил ва амали ин ё он намуди фаъолиятро оид ба масъалаҳои ҷорӣ дақиқ муайян менамояд[7].

Ин санад дар танзими муносибатҳои биржавӣ бисёр муҳим буда, дорои чунин маълумотҳо мебошад:

1. Муқаррароти умумии савдои биржавӣ;

2. Савдои биржавӣ, иштирокчиёни он ва шахсони озод дар толори савдо;

3. Ташкили савдои биржавӣ ва ярмарка оид ба хариди маҳсулоти озуқавории асосӣ (маҳсулотҳои аввалиндараҷа) барои эҳтиёҷоти давлатӣ;

4.Ташкили савдои ярмарка, аз он ҷумла ярмаркаи махсусгардонидашуда (яъне фурўши танҳо як намуди маҳсулот);

5. Тартиби ба қайдгирии кантораи брокерӣ ва иҷозат додани он барои иштирок дар савдои биржавӣ;

6. Ҷой ва вақти гузаронидани савдо;

7. Маҳсулоти биржавӣ;

8. Аҳдҳои биржавӣ;

9. Тартиби қабул ва гирифтани мол аз савдои биржавӣ;

10. Тартиби гузаронидани савдои биржавӣ;

11. Тартиби бақайдгирӣ ва ба расмиятдарории аҳдҳои биржавӣ;

12. Тартиби бекоркунии аҳдҳо;

13. Муҷозот (санксия);

14. Комиссияи баҳсҳои биржавӣ.


[1] Сангинов Д.Ш. Правовое регулирование туристкой деятельности в Республике Таджикистан: проблемы и пути их решения. Душанбе, 2010.С.10.

[2] Ниг: Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (дар қироати дуюм қабул гаштааст) соли 2009 № 3, мод.99; соли 2010 № , мод.)

[3] Ниг: Сотиволдиев Р.Ш. Асари ишорашуда.С.339.

[4] Ниг: Шонасридинов Н., Нодиров Ф. М. Ҳуқуқи соҳибкорӣ. Васоити таълимӣ. Қисми 1. Душанбе: Прогресс 2009. С.463.

[5] Ниг.: Конститутсияи ҶТ соли 1994 бо тағйиру иловаҳои соли 1999 ва 2003. моддаи 12

[6] Ниг: Юридический словарь/Под общ. Ред. В.Т.Гайкова.-Изд. 2-е, доп. и перераб. Ростов н/Д: Феникс, 2006. С.78.

[7] Ниг: Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (дар қироати дуюм қабул гаштааст) соли 2009 № 3, мод.99; соли 2010 № , мод.).

Саидов Ҳ.Х.,

Ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии

факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Ҳуқуқу озодиҳои асоси инсон дар раванди муоинаи шахс ҳамчун шакли истисноии назорати гумрукӣ

Бо мақасади таъмини риояи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷи­кистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои муташакилона, қочоқ, маводҳои радиоактивӣ, силоҳ, сангҳои қиматбаҳо ва сарватҳои фарҳангию таърихӣ муоинаи шахсони воқеӣ гузаронида мешавад. Ин тадбирро мақомоти гумрукӣ бо мақсади таъмини риояи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

Гузаронидани муоинаи шахс аз талаботи моддаи 407 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки дар ин модда 10 шакли назорати гумрукӣ, аз ҷумла муоинаи шахс пешбинӣ шудааст.

Муоинаи шахс тибқи моддаи 414 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин шакли истисноии назорати гумрукӣ мебошад. Он бо қарори сардори мақомоти гумрук ё шахси ивазкунандаи ў ҳангоми мавҷуд будани далели кофӣ барои гумонбар шудан ба он, ки шахси воқеӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида ё дар минтақаи назорати гумрукӣ ё дар минтақаи транзити фурудгоҳи кушоди байналхалқӣ қарор дошта, моли барои воридот ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содирот аз ин қаламрав манъ бударо ё интиқоли онро бо вайрон кардани талаботи Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳон карда, онро ихтиёран намедиҳад, анҷом дода мешавад.[1]

Тибқи муқарароти моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Чунончи, тартиби гузаронидани муоинаи шахс, ки дар Кодекси зикргардида ва дигар санадҳо муқаррар шудааст, аҳамияти хеле муҳим дошта, пеш аз ҳама саломатии шахси муоинашаванда ба назар гирифта шуда, тамоми равандҳои муоина мутобиқ ба талаботи меъёр гузаронида мешавад.

Муоинаи шахс фарогири се марҳила мебошад:

1) шиносони шахси воқеӣ бо қарори сардори мақомоти гумрукӣ оид ба гузаронидани муоинаи шахс;

2) бевосита муоинаи шахс;

3) марҳилаи ниҳоии таҳияи санад.

Асосҳои гузаронидани муоинаи шахс:

– дастрасии ахборот;

– бевосита ошкор кардани ягон шубҳа.

Муоинаи шахс ба ашё, либос ва тани шахс гузаронида мешавад.

Дар вақти муоинаи шахс ҳуқуқу уҳдадориҳои шахс, аз ҷумла ҳуқуқи талаб кардани қарор оид ба муоинаи шахс, шинос кардан бо ҳуқуқу уҳдадориҳо, пурсишу шарҳ додан, шахсан шинос шудан бо санади муоинаи шахс, истифода аз хизмати тарҷумон ва тартиби шикоят кардани қарор оид ба муоинаи шахс ва муоина фаҳмида мешавад.

Оид ба муоинаи шахс аз тарафи сардори мақоми гумрук ё шахси ивазкунандаи ў бо гузоштани амри хаттӣ ба гузориши шахси мансабдори мақомоти гумрук қабул карда мешавад.[2]

Шахси мансабдори мақоми гумрук вазифадор аст, ки шахси воқеиро қабл аз оғози муоинаи шахсӣ бо қарор оид ба муоина шудани ў, ҳуқуқу вазифаҳояш ҳангоми муоина шинос карда, таклиф намояд, ки моли пинҳонкардаашро ихтиёран супорад. Далели шиносоии шахси воқеӣ бо қарори муоина шудани ў бо роҳи аз тарафи шахси мазкур гузоштани сабти дахлдор дар ин қарор тасдиқ карда мешавад.

Дар сурати аз чунин амал даст кашидани шахси муоинашаванда, дар ин бора дар қарори муоина шудани шахс сабт гузошта мешавад ва бо имзои шахси мансабдори мақомоти гумрук, ки оид ба муоинаи шахс қарор қабул кардааст, тасдиқ карда мешавад.

Шахси муоинашаванда аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти гумрукӣ, ки бо ў ҳамҷинс мебошанд, дар ҳузури ду шахси холиси ҳамҷинсаш дар бинои алоҳидае, ки ба талаботи санитарию гигиени мувофиқ аст, муоина карда мешавад.

Ба ин бино даромадани дигар шахсон ва рафти муоинаи шахсро мушоҳида кардани онҳо манъ аст. Тани шахси муоинашавандаро бояд танҳо корманди тиб ташхис намояд ва ҳуқуқ надорад, ки аз иҷрои қарори сардори мақомоти гумрук ё шахси ўро ивазкунанда оид ба муоинаи шахс саркашӣ кунад.

Ҳангоми муоинаи шахсони ноболиғ ва ғайри қобили амал, намояндагони қонунии онҳо (падар ё модар, падархонд, сарпараст, парастор) ё шахсони ўро ҳамроҳкунанда ҳуқуқи иштирок кардан доранд.

Шахс бояд боодобона муоина шуда, ба иззати нафси ў нарасанд, ба саломатӣ ва моли шахси муоинашаванда дар сатҳи зарурии барои ёфтани моли аз тарафи шахси воқеӣ пинҳонкардашуда зарар расонида нашавад.

Шахс (намояндаи қонунии вай) дар рафти муоина вазифадор аст талаботи қонунии шахси мансабдори муоинакунандаи мақоми гумрукро иҷро намояд ва ҳуқуқ дорад:

1) талаб намояд, ки қарори сардори мақоми гумрук ё шахси ивазкунандаи ўро дар бобати муоина шуданаш нишон диҳанд;

2) бо ҳуқуқу уҳдадориҳои худ шинос шавад;

3) баёнот диҳад, дархост пешниҳод кунад;

4) баъди тартиб додани санади муоина бо он шинос шавад ва изҳорот диҳад, он бояд ба ин санади дохил карда шавад;

5) аз забони модарӣ ё хизмати тарҷумон истифода намояд;

6) баъди анҷом ёфтани муоинаи шахс ба шарте, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худро ҳангоми муоина шуданаш поймолшуда ҳисобад, метавонад аз амали шахсони мансабдори мақомоти гумрук шикоят намояд.

Оид ба муоинаи шахс аз рўи намунаи аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тасдиқгардида ду нусха санад тартиб дода мешавад.

Санадро шахси мансабдори мақоми гумрук, ки шахсро муоина кардааст, шахси воқеӣ (намояндаи қонунии ў), ки нисбати ў муоина гузаронида шудааст, шахсони холис ва агар ташхиси бадан гузаронида шуда бошад, корманди тиббӣ имзо мекунад. Нусхаи дуюми санад ба шахсе, ки мавриди муоина қарор гирифтааст (намояндаи қонунии ў), супорида мешавад.

Ҳамин тариқ, муоинаи шахс яке аз шаклҳои истисноии назорати гумрукӣ буда, дар раванди муоина намудани шахс бояд тамоми ҳуқуқу озодиҳои он ҳифз карда шуда, талаботи меъёри моддаи 414 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя гарданд. Аммо мутаассифона дар раванди гузаронидани муоина шахс аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ ва нуқтаҳои гузаргоҳои гумрукии кишварамон ба як қатор хатоҳо роҳ дода мешавад, ки боиси вайрон гаштани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд мегардад. Хатоҳое, ки боиси вайрон гаштани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд мегардад, ин пеш аз ҳама иҷро накардани талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди гузаронидани муоинаи шахс мебошад.

Аз ин рў, мувофиқи мақсад мебуд, ки барои гузаронидани муоинаи шахс дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва нуқтаҳои гузаргоҳи гумрукӣ озмоишгоҳи махсуси тиббӣ таъсис дода шавад, дастурамали коргузорӣ оид ба муоинаи шахс таҳия ва қабул карда шавад.


[1] Ниг: Кодкси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2004.

[2] Раҷабов М.Н. Ҳуқуқи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Васоитаи таълимӣ. Душанбе, 2012. -С.117.

Саидов Ҳ.М.

Ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании

факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН
БА ИСТИФОДАИ ОБ ВА ОБЪЕКТҲОИ ОБЇ

Яке аз унсурҳои асосии низоми ҳуқуқии об – ин аз истифодаи об ва объектҳои обӣ иборат мебошад. Масъалаи ҳуқуқи истифодаи чунин объектҳои табиӣ ҳанўз дар аҳди қадим ба вуҷуд омада буд. Чунончи, оид ба тартиби истифодаи об дар Дигестҳои Юстиниан, дар Титули VIII, тартиби оммавии истифодаи дарёҳо ва баҳрҳо, ҳамчунин ҳаво гуфта шуда буд.[1]

Дар қонунгузории ҶТ ҳуқуқи истифодаи об ва объектҳои обӣ дар меъёри моддаҳои 2 ва 23 – юми Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон[2], ки 10.11.2000 № 125, қабул шудааст, муқаррар гардидааст. Чунончи, мувофиқи моддаи 2 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон[3] зери истифодаи объектҳои об – бо тарзи гуногун гирифтани манфиат аз объектҳои об барои қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва дигар эҳтиёҷоти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, фаҳмида мешавад. Об ва объектҳои обӣ ду категорияи бо ҳам зич алоқаманд мебошанд. Аз ин рў, КО ҶТ муқаррар мекунад – Об- ҳамаи обҳои дар объектҳои обӣ мавҷуда ва Объектҳои об- ҷамъшавии об дар рўи замин, қаъри замин дар як ҳудуду ҳаҷм бо доштани низоми обӣ фаҳмида мешаванд. Ба объектҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳо, кўлҳо, пиряхҳо, барфтўдаҳо ва дигар сарчашмаҳои рўизаминӣ, инчунин минтақаҳои ҷамъшавии обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла обҳои табобатию маъданӣ ва гарми зеризаминии дар ҳудуди он қарордошта мансуб мебошанд.

Аз меъёрҳои КО ҶТ айён мегардад, ки об метавонад мавриди истифодаи умумӣ, махсус, ҷудогона ва якҷоя қарор гирад. Истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникие, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, анҷом дода шуда, аз истифодаи махсуси об, ки бо истифодаи чунин иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ амалӣ гардонида мешавад, фарқ мекунад. Объектҳои об метавонанд таҳти истифодаи якҷоя ва ҷудогона қарор гиранд. Дар истифодаи якҷоя метавонанд объектҳои обе (қисми объектҳои обе), ки ба истифодаи ҷудогона дода нашудаанд, қарор гиранд. Дар истифодаи ҷудогона объектҳои обе (қисми объектҳои обе) қарор доранд, ки дар асоси қарори мақомоти ҳокимияти иҷроияи вилоятҳо, ноҳия ва шаҳрҳо барои истифода ба як шахси ҳуқуқӣ дода шудаанд.

Ба сифати субъектони истифодабарандаи об ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ баромад мекунанд. Ҳама гуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, талаботи қонунгузории оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро мекунанд, истифодабарандагони об буда метавонанд.

Ҳар як субъект дорои ҳуқуқи истифодаи об[4] мебошад, аммо дар қонун ҳолати маҳдуд будани амалишавии ин ҳуқуқ муқаррар шуда метавонад. Пешa name= quot;, аз ҳама истифодаи объектҳои обе, ки дорои аҳамияти махсуси давлатӣ ё арзиши махсуси илмию фарҳангӣ мебошанд, мумкин аст қисман ё пурра бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шаванд. Истифодаи умумии об бидуни иҷозат амалӣ мегардад. Вале ҳангоми истифодаи умумии об риояи талаботи мақомоти назорати давлатии санитарӣ, қоидаҳои ҳифзи манфиатҳои одамон дар истифодаи об ва мақомот доир ба истифодаи сарфакорона ва ҳифзи обҳо ҳатмист. Бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, инчунин аз рўи асосҳои истеҳсолӣ ва дигар асосҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, мақомоти назорати давлатии санитарӣ, дигар мақомоти манфиатдор маҳалҳоеро, ки дар онҳо оббозӣ, заврақронӣ, об додани чорво манъ аст, муқаррар менамоянд, инчунин дигар шартҳои истифодаи умумии обро дар объектҳои об муайян мекунанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқиро дар бораи шартҳои оид ба истифодаи умумии об муқаррар кардаашон хабардор намоянд. Аз ин рў, истифодаи об новобаста аз намуди истифодаи он (умумӣ, махсус, ҷудогона, якҷоя) бо риояи ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, риояи талаботҳои муқарраркардаи мақомоти салоҳиятдор бояд амалӣ карда шавад.

Бояд қайд намуд, ки об аз ҷониби шаҳрвандон бо роҳҳои гуногун истифода бурда мешавад. Яке аз роҳҳое, ки дар амалишавии ҳуқуқи шахс ба истифодаи об аҳамиятнок мебошад, ин истифодаи об бо тариқи шартнома дониста мешавад. Ҳуқуқи шаҳрванд ба истифодаи об бояд дар асоси шартномаи гражданӣ – ҳуқуқӣ амалӣ карда шавад. Атрофи шартномаи гражданӣ – ҳуқуқӣ дар майдони илми ҳуқуқ таҳқиқоти зиёд ҷой доранд, ки асосан шартномаи гражданӣ – ҳуқуқиро шартномаи мустақил эътироф менамоянд.[5]

Дар ҷараёни амали кардани ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ба истифодаи об муносибатҳои муайяни шартномавӣ мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Танзими шартномавии обистифодабарии шаҳрванд воситаи муҳим дар мавриди амалӣ кардани ин ҳуқуқи ў дониста мешавад. Дар мавриди танзим намудани ин намуди муносибатҳо дар асоси шартномаи гражданӣ – ҳуқуқӣ муносибатҳои ҳуқукӣ ба вуҷуд меоянд. Дар адабиёти ҳуқуқӣ мавқеи эътирофи шартнома ҳамчун асоси ба вуҷуд омадани муносибатҳои ҳуқуқӣ ҷой дорад. Мисол; шартнома асосӣ ба вуҷуд омадани муносибатҳои ҳуқуқӣ – муносибатҳои ҳуқуқии шартномавӣ мебошад. Бо ин маъно шартнома – созише мебошад, ки шартҳои минбаъдаи муносибати ҳуқуқиро муқаррар мекунад. Бисёр вақт, бо вуҷуди ин шартнома ҳамчун муносибати ҳуқуқие муайян мешавад, ки аз маҷмўи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муайян иборат аст[6].

Аз ин рў, нақши шартномаи гражданӣ – ҳуқуқӣ дар танзими муносибатҳои дар ҷараёни амалишавии ҳуқуқи шаҳрванд ба истифодаи об ба вуҷуд меомада, муҳим ва актуалӣ мебошад. Чунки дар асоси шартнома дар мавриди амалӣ кардани ҳуқуқ барои ҳифзи манфиатҳои худи субъект шароити мусоид фароҳам овардан аст. Барои исботи ҷой доштани дилхоҳ муносибат дар амал бастани шартнома воситаи актуалӣ мебошад. Масалан, ҳангоме, ки субъектҳои амаликунандаи ҳуқуқ аз бастани шартнома истифода накунанд, ҳангоми пайдо шудани баҳс дар байни онҳо исботи ҳолат хело ва хело мушкил мебошад. Аз ин рў, амалишавии ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд дар асоси шартнома усули муҳим дониста мешавад. Истифодаи шартнома барои дар амал татбиқ намудани ҳуқуқи худ аз имкониятҳои худи шахс ҳисобида мешавад. Бо мақсади ҳифзи манфиатҳо ва бе монеа амалӣ кардани ҳуқуқҳои худ бояд аз шартномаҳои гражданӣ – ҳуқукӣ васеъ истифода кард. Чунки ин усул дар оқибат низ барои исботи ҷой доштани муносибати мазкур факти асоси дониста мешавад. Дар муносибатҳои обистифодабарӣ танзими шартномавии муносибатҳои мазкур дар шароити ҳозира васеъ истифода бурда мешавад. Аммо ин усул дар солҳои Шуравӣ дар асоси нақшаи обистифодабарӣ амалӣ мешуд. Ва танзиму амаликунии шартномавии ин гуруҳи муносибатҳо дар он вақт ҷой надошт. Сабабаш шояд дар он дида мешавад, ки дар он вақт истифодаи об аз ҷониби субъектон кам андар кам ба амал бароварда мешуд. Дар шароити ҳозира эҳтиёҷи субъектон ба истифодаи об хело зиёд шуда истодааст, аз он ҷумла ба вуҷуд омадани қисми зиёди хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), дигар намудҳои шахсони ҳуқуқӣ, сохтмони зиёди хонаҳои истиқоматӣ ва ғайра. Аз ин рў, истифодаи об ба тариқи нақшаи обистифодабарӣ дар ин ҳолат хело мушкил ва ғайриимкон мебошад. Аз ҳамин сабаб истифодаи шартнома ҳангоми амалӣ кардани муносибатҳои обистифодабарӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Албатта танзими шартномавии муносибатҳои обистифодабарӣ ба фикри ман талаботи замон аст, чунки дар замони ҳозира талабот ба об хело зиёд шудааст ва мавриди назари ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Истифодаи об аз ҷониби субъектон дар асоси шартнома барои дастрасии об аз ҷониби ҳамаи субъектон шароит фароҳам меоварад.

Дар масъалаи амалишавии ҳуқуқи шаҳрванд ба истифодаи об камбудиҳо ва норасоиҳои гуногунро мушоҳида кардан мумкин аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш дар Конфронси байналмилалии намояндагони воломақоми мамлакатҳои ҷаҳон бахшида ба таҳлили миёнамўҳлати ҷараёни иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об – барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015, ки соли 2010 баргузор карда буд, таъкид намуданд, ки дар шароити имрўза қариб як миллиард сокини сайёра аз нарасидани оби тоза танқисӣ мекашад, 2,6 миллиард нафар дар шароити ғайрисанитарӣ зиндагӣ мекунад, дар бештар аз 80 мамлакат барои таъмини аҳолӣ об намерасад, ҳар ҳафта дар миқёси ҷаҳон дар натиҷаи бемориҳои вобаста ба сифати бади об ва шароити ғайрисанитарӣ 42 ҳазор нафар вафот мекунад, дар бештар аз 90 фоизи воқеаҳои ногувори вобаста ба об сухан дар бораи кўдакони то 5-сола меравад[7].

Дар сарчашмаҳо танзими шартномавии чунин муносибат дастгирӣ ёфтааст. Масалан, ба ақидаи Нурыев Я.М. дар замони ҳозира ҷудо кардани истифодаи нақшавӣ ва шартнома дар вақти баҳо додани фаъолияти ташкилоти обтаъминкунанда мушоҳида мешавад. Ў шартномаро шарти ҳуқуқии зарурии таъмини бо самар барои оқилона истифода бурдан ва ҳифзи объектҳои обӣ эътироф мекунад[8].

Дар сарчашмаҳои илмӣ лаҳзаи ба вуҷуд омадани танзими шартномавии истифодаи об муқаррар гардидааст. Мисол, қайд мегардад, ки кўшишҳои ба тариқи шартномавӣ ташкил кардани муносибатҳои байни ташкилотҳои обтаъминкунанда ва истифодабарандагони об ҳанўз дар солҳои 30-уми асри гузашта ба харҷ дода мешуданд. Дар аввали солҳои 50-ум бошад муносибатҳои мутақобилаи байни колхозҳо бо идораҳои низоми обтаъминкунӣ дар доираи шартномаҳои гражданӣ – ҳуқуқии байни онҳо ба имзо расида, ба роҳ монда мешуд[9].

Албатта ба амал баровардани муносибатҳои обистифодабарӣ дар асоси шартнома бисёр масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад ва аҳамиятноку мақсаднок мебошад. Ҳамчунин пардохти маблағи муайян барои истифодаи об низ заруриятнок мебошад. Ба тариқи шартнома танзим кардан ва истифода бурдани об дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз дороии захираҳои калони обӣ мушкилот дар таъмини об ҷой дорад. Дар соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт, саноат ва ғайра ба ин мушкилот рў ба рў шудан мумкин аст. Мисол, агар мо соҳаи кишоварзиро муайян кунем, маълум мегардад, ки мушкилот аввал дар мавҷуд набудани воситаҳои танзими гражданӣ – ҳуқуқӣ (мисол, шартномаи гражданӣ-ҳуқуқӣ), баъдан ҷой надоштани низоми ягонаи идоракунӣ дар байни субъектони соҳаи кишоварзӣ (мисол, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)) дида мешавад.

Бастани шартномаи обистифодабарӣ бо қоидаҳои умумии бастани шартномаҳои гражданӣ – ҳуқуқӣ мутобиқат мекунад. Аз он ҷумла, қоидаҳои умумӣ, ба монанди розигии тарафҳо, изҳори озоди иродаи тарафҳо ва ғ. Баробари шартҳои умумӣ шартномаи обистифодабарӣ шарти махсуси бастани худро дорад. Яъне дар лаҳзаи ба вуҷуд омадани эҳтиёҷи истифодаи махсуси об. Аз муқаррароти КО ҶТ бар меояд, ки истифодаи махсуси об – ин истифодаи об ба воситаи ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ фаҳмида мешавад[10].

Доираи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъективии иштирокчиёни муносибатҳои дар ҷараёни амалишавии ҳуқуқи шаҳрванд ба истифодаи об ба вуҷуд омада, дар шартномаи байни субъектҳо (обистифодабаранда ва обтаъминкунанда) муқаррар карда мешаванд. Амаликунии ҳуқуқҳои субъективӣ ва иҷрои уҳдадориҳои субъективӣ аз танзими дурусти муносибатҳои бавуҷудомада дарак медиҳад.

Доираи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои обистифодабарандагон дар меъёрҳои моддаҳои 43 ва 45 КО ҶТ муқаррар гардидаанд. Баробари ин дар меъёрҳои шартномаи обистифодабарӣ дигар ҳуқуқ ва уҳдадориҳои обистифодабарандагон муқаррар шуда метавонад. Мисол, ҳуқуқи обистифодабаранда оид ба руёнидани товони зиёни ба ҳаёт ва саломатӣ ё амволаш дар натиҷаи камбудиҳои хизматрасониҳо воридгардида, инчунин ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳачм ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҶТ; ҳуқуқи обистифодабаранда оид ба напардохтани ҳаққи об ҳангоми таваққуф дар таъмини он; уҳдадории обистифодабаранда оид ба роҳ додан ба намояндагони обтаъминкунанда барои бартараф намудани садамаҳо, санҷиши таҷҳизоти муҳандисӣ, санҷиши обҳисобкунак ва назорати онҳо.

Дар қонун ҳолатҳои қатъ гардидани ҳуқуқи истифоаи об муқар­рар карда шудааст. Чунончи, мувофиқи қ.1 м. 49 КО ҶТ ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

– аз байн рафтани зарурати истифодаи об ё даст кашидан аз он;

– ба охир расидани муҳлати дар иҷозати истифодаи махсуси об нишондодашуда;

– аз нав ташкил намудан ва барҳам додани шахси ҳуқуқӣ, фавти шахси воқеӣ;

– ба миён омадани зарурати давлатии бекор кардани иҷозати истифодаи махсуси об;

– мунтазам вайрон кардани шартҳои шартнома дар бораи истифодабарии об, ки бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об баста шудааст[11].

Ҳуқуқи истифодаи об бо тартиби судӣ метавонад қатъ гардонида шавад. Аз ҷумла, бо тартиби судӣ қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи об – ин асоси иҷбории қатъгардӣ ҳисобида мешавад. Аз ҷумла ғайримақсаднок истифода бурдани об; истифодаи об бо вайрон кардани қонунгузорӣ ва ё истифода набурдани об мувофиқи шартнома, инчунин ба охир расидани муҳлати истифодаи об асоси иҷбории қатъ гардидани ҳуқуқи истифода ҳисобида мешавад.

Ғайр аз ин, бояд қайд кард, ки ҳуқуқи истифодаи об бо роҳи бекор кардани шартномаи обистифодабарӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар соҳаи обистифодабарӣ қатъ мегардад. Қайд мегардад, ки барои қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи об аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба суд овардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба ғайримақсаднок истифода бурдани об ва истифодаи об бо вайрон кардани қонунгузорӣ, ҳамчунин истифода набурдани об мувофиқи шартномаи обистифодабарӣ ва ё қарор оид ба додани об ба муҳлати муайяни истифода зарур мебошад[12].

Хулоса, шартнома дар амалишавии ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ба истифодаи об нақши назаррас дорад ва барои манфиати обистифодабарандагонро дар баробарӣ таъмин кардан истифода карда мешавад. Барои дар сатҳи қонунгузорӣ танзим кардани шартномаи обистифодабарӣ ва истифодаи васеи он дар амалияи имрўза бо номи “Шартномаи обистифодабарӣ” зарурат ҷой дорад. Аммо сатҳи қонунгузорӣ масъалаи мазкурро танзим накардааст. Аз ин лиҳоз, зарурати дар КО ҶТ ҷорӣ кардани танзими меъёрҳои хусусӣ – ҳуқуқӣ ҷой дорад. Ҳамчунин, дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавқеи муҳимро дар танзими шартномавии муносибатҳои ҷамъиятӣ ишғол менамояд бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ манфиатҳои истеъмолкунандагон «Шартномаи обистифодабарӣ» танзим ва муқаррар карда шавад.


[1] Дигесты Юстиниана. Избранные фрагменты / пер. и прим. И.С. Перетерского. М.: Изд-во «Наука», 1984. С. 40.

[2] Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000, № 11, мод.512.

[3] Минбаъд КО ҶТ.

[4] Минбаъд дар матн ҳуқуқи истифодаи об мариди истифода қарор мегирад, ки ҳуқуқи истифодаи объектҳои обӣ-ро низ дар назар дорад.

[5] Халфина Р. О. Значение и сущность договора в советском социалистическом гражданском пра­ве. М., 1954; Гавзе Ф. И. Социалистический гражданско-правовой договор. М., 1972; Брагинский М. И., Витрянский В. В. Договорное право: общие положения. М., 1997; Забоев К. И. Правовые и философские аспекты гражданско-правового договора. СПб., 2003.

[6] Брагинский М. И., Витрянский В. В. Договорное право: общие положения. С. 10.

[7] http://www.news.tj/tj/newspaper/article/sukhanronii-prezidenti-um-urii-ikiston-emomal-ra-mon (рўзи дастрасӣ 29.01.2014с.).

[8] Нурыев Я.М. Гражданско-правовое регулирование водоснабжения. Дис. … канд. юрид. наук: – Ашхабад, 1985. – 221 c.

[9] Шонасридинов Н. К вопросу о договорном регулировании отношений сферы водоснабжения // Государство и право. 2007. № 4. с.53-57.

[10] Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000, № 11, мод.512.

[11] Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000, № 34. моддаи 49.

[12] Водный кодекс Российской Федерации / постатейный ком­ментарий д.э.н., проф. А.В. Шевчук, государственного со­ветника РФ 3 класса В.В.Петрунина, государственного советника РФ 1 класса М.В. Селиверстовой. М.: ИИК «Рос­сийская газета», 2006. С. 25, 29

ТАЪИНОТҲОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон «Дар хусуси ғайриконститутсионӣ эътироф намудани сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 17 октябри соли 2013

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси- кунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К. М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Фирдавсова Г.,

дар маҷлиси судӣ гузориши судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримовро оид ба дархости Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон «Дар хусуси ғайриконститутсионӣ эътироф намудани сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки ҳизби номбурда вобаста ба масъалаи ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзад дар хориҷи кишвар ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол намуда, аз он хостгори иттилои зарурӣ гардидааст.

Комиссияи мазкур дархости ҳизбро баррасӣ намуда, иттилоъ додааст, ки бланкаҳои имзоҷамъоварӣ аз тарафи раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда шуда, ҷамъоварии имзоҳо берун аз воҳидҳои марзиву маъмурии Тоҷикистон дар қонуни конститутсионӣ пешбинӣ нагардидааст.

Муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки ҷавоби додаи Комиссия аз муқаррароти сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд, ки тибқи он қаmso-special-character: footnote;p class=quot;; color: black; mso-ansi-language: RU; mso-fareast-language: EN-US; mso-bidi-language: AR-SA; рор дар бораи бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани чунин ҳуҷҷатҳо қабул карда мешавад:

«бланкаҳо бо имзоҳои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо тасдиқ кардаанд, дар ҳолатҳое, ки дар ин қонуни конститутсионӣ зикр ёфтаанд».

Ба андешаи муроҷиаткунанда меъёри зикршуда ба муқаррароти банди 1 моддаи 21 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, моддаи 25 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ, қисми 3 моддаи 1 ва банди в) моддаи 2 Конвенсия оид ба стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои интихоботӣ дар давлатҳо – иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки онҳо дар идоракунии давлат бевосита ва тавассути намояндагони интихоб кардаашон иштирок намудани шаҳрвандонро пешбинӣ менамоянд, инчунин ба моддаҳои 5, 6, 10, 14, 24 ва 27 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат дошта, ҳамчун меъёри ғайриконститутсионӣ ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсиро поймол менамояд.

Бинобар ин, аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки аз рўи дархости он мурофиаи судии консти­тутсионӣ оғоз карда, сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бинобар мухолифат доштанаш ба моддаҳои 5, 6, 10, 14, 24 ва 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриконститусионӣ эътироф намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости пешни- ҳод­гар­дидаро мавриди омўзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, қайд менамояд, ки дар низоми ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрванд маҳаки асосии онро ҳуқуқи интихоботӣ ташкил дода, муҳимтарин василаи бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намудани шаҳрванд дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳуқуқи интихоботӣ ва кафолати ба амал баровардани он, ифодаи баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ ва нақши он дар раванди давлату давлатсозӣ маҳсуб гардида, он аз санадҳои дар боло зикршудаи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад.

Вобаста ба муҳимияти сиёсиву ҳуқуқии ин масъала моддаи 27 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби гузаронидани интихоботро ба қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳавола намудааст, ки чунин муносибат аз сатҳи баланди талаботи ҷомеа ба таъмини татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрванд ба интихобот шаҳодат медиҳад.

Аз ҷониби дигар, ҳама гуна тартиби муқаррарнамудаи меъёрҳои қонунҳои конститутсионӣ на бояд ба бенизомӣ дар интихобот, балки ба шаҳрванд имконияти ба таври умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба амал баровардани ҳукуқи конститутсионии интихоботии худ шароити мусоид фароҳам оварда, дар маҷмўъ шафофияти интихоботро таъмин карда тавонанд.

Бо ин назардошт ва бо асосҳои дар зеровардашуда, Суди консти­тутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро дар хусуси ғайриконститутсионӣ эътироф намудани сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад менамояд:

1) муқаррароти пешбининамудаи сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби муқар­рарнамудаи қонуни конститутсионии зикршуда мебошад, ки дар масъалаи номутобиқати он ба моддаҳои 5, 6, 10, 14, 24 ва 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номуайяние дида намешавад, ки он боиси оғоз кардани мурофиаи судии конститутсионӣ гардида, санҷиши конститутсиониро тақозо намояд.

Зеро мавзўи мавриди баҳс қарордодаи муроҷиаткунанда тартиби маъмурии ҷамъоварии овозҳо, тасдиқи бланкаҳо ва пешниҳоди минбаъдаи ҳуҷҷатҳои зарурии тавассути тасдиқи раисони шаҳру ноҳияҳо аҳамияти ҳуқуқӣ пайдо кардаро муайян намуда, ҳуқуқи сиёсии шаҳрванд ва ё номзадро халалдор накарда, талаботи иловагиеро, ки он тавонад монеаи ба амал овардани ин ҳуқуқҳо гардад, пешбинӣ намекунад. Ин тартиб идомаи мантиқии татбиқи меъёрҳои Конститутсия дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Аз ин рў, ин тартиб ба моддаҳои зикршудаи Конститутсия, ки тибқи онҳо инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд (моддаи 5); дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад, ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ будани раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот (моддаи 6); эътибори олии ҳуқуқӣ доштани Конститутсияи Тоҷикистон ва мустақиман амал намудани меъёрҳои он, эътибори ҳуқуқӣ надоштани қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии хилофи Конститутсия буда, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил додани санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф кардаи Тоҷикистон (моддаи 10); эътироф ва ҳифз гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо дар асосҳои пешбининамудаи Конститутсия, ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд (моддаи 14); ҳуқуқи шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он (моддаи 24); иштироки шаҳрванд дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш (моддаи 27) алоқамандии бевоситаи мавзўи надорад ва предмети муқоисаи мутобиқати сархат бо моддаҳои зикрёфтаи Конститутсия низ шуда наметавонад.

Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 65 пеш­бинӣ кардааст, ки «шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ў имзо гузошта бошанд» ва дар моддаи 66 Конститутсия тартиби татбиқи ин меъёр ва дигар меъёрҳои пешбининамудаи Конститутсияро дар масъалаи гузаронидани интихобот ба қонуни конститутсионӣ вогузор намудааст.

Дар ин замина, қонунгузор тартиби ҷамъоварии имзоҳоро дар қонуни конститутсионии зикршуда мавриди танзим қарор дода, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ мавриди роҳбарӣ ва татбиқи амалӣ қарор додааст.

2) Тартиби пешбининамудаи сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионӣ дар худ маҳдудият, афзалият ва ҳолати истисноиеро нисбати ягон номзад пешбинӣ намекунад.

Тибқи ин меъёр ҳолати ҳуқуқии ҳама номзад дар як сатҳ қарор дошта, бланкаҳои бо имзоҳои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки аз тарафи шахсони боэътимоди ҳамаи номзадҳо ҷамъоварӣ карда мешавад, бо як тартиб ва талаботи баробар аз тарафи раисони ноҳия ва шаҳрҳо тасдиқ карда мешавад.

3) Бланкаи ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзад, ки муҳимтарин марҳилаи ба амал баровардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрванд ба интихобот ва худи интихобот ба шумор меравад, чун ҳама гуна ҳуҷҷатҳои дорои иттилооти зарурӣ, он вақт эътибор ва аҳамияти ҳуқуқӣ пайдо менамояд, ки он аз тарафи мақомот ва ё шахсони мансабдорони дахлдор пешбининамудаи қонуни конститутсионии амалкунанда тасдиқи худро ёфта бошад. Дар акси ҳол, тасдиқ накардани ин ҳолат барои шаҳрвандони мамлакат, номзадҳо ва интихобот оқибати ногувори ҳуқуқӣ ба бор оварда, роҳ додан ба бенизомӣ дар интихобот арзёбӣ мегардад.

4) Дархости пешниҳодшуда бинобар дар он ошкор ва асоснок нашудани номуайянӣ дар масъалаи номутобиқатии сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионӣ ба моддаҳоиномбаршудаи Конститутсия, инчунин дақиқ набудани моҳияти талаб аз рўи шаклу мазмун низ ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 2 Дастури Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгў нест.

Чунончи, муроҷиаткунанда сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсиониро мавриди баҳс қарор дода, амалан аз доираи талаби худ берун рафта, пурра ғайриконститутсионӣ ҳисобидани қисми дуюми моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бе асоснок намудани талаб ва мавқеи худ хоҳиш намудааст, ки ин ҳолат барои рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ асоси ҷиддӣ ба шумор меравад.

Ҳамин тариқ, Суди конститутсионӣ на қонунӣ ва асоснокии татбиқи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз тарафи мақомоти онҳоро татбиқкунанда, балки мутобиқати меъёрҳои дахлдори қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба меъёрҳои мушаххаси ба онҳо ҳаммазмун ва дахлдори дар Конститутсия мавриди танзим қароргирифтаро муайян менамояд. Агар боиси поймол гаштани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии муроҷиаткунандагон маҳз меъёрҳои дахлдори қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта бошанд, ки муқаррарот ва ё мавзўи онҳо дар Конститутсия мавриди танзим қарор гирифта, бевосита бо ҳам алоқамандии мантиқӣ дошта бошанд.

Аз ин рў, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон «Дар хусуси ғайриконститусионӣ эътироф намудани сархати қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун ҷавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда мешавад.

Бо дарназардошти ҳолатҳои дар боло нишондодашуда, бо дастрасии моддаҳои 14, 37, 40, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон «Дар хусуси ғайриконститутсионӣ эътироф намудани сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун ҷавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3.Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Раҷабов А.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати зербанди 3 банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе 7 январи соли 2014

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси-кунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Фирдавсова Г.,

дар маҷлиси судӣ гузориши судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев А.А.-ро оид ба дархости шаҳрванд Раҷабов А. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати зербанди 3 банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Раҷабов Абдуназар Абдуғафорович бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки ў дар деҳаи Чингирови Ҷамоати деҳоти «1-уми май»-и ноҳияи Турсунзода зиндагӣ карда, то 19 марти соли 2005 ба сифати коргар дар КВД «Ширкати Алюмении Тоҷик» кор мекар­дааст.

Ў ҳар рўз тавассути мототсикли шахсиаш- ИЖ-Ю-4 рақами дав­латиаш 97-87 СБЗ то деҳаи Қуруқсойи ҷамоати деҳоти «Ҷўра Раҳмонов»-и ноҳияи Турсунзода, ки аз маҳалли зисти ў 17 км дур воқеъ мебошад омада, мототсиклашро дар ин деҳа гузошта, аз он ҷо бо нақлиёти хизматии КВД «Ширкати Алюмении Тоҷик» то ҷойи кораш мерафтааст. Бегоҳӣ баъди ба охир расидани кор, бо нақлиёти хизматии КВД «Ширкати Алюмении Тоҷик» то деҳаи Қуруқсойи ҷамоати деҳоти «Ҷўра Раҳмонов» омада, сипас аз ин ҷо бо мототсикли худ ба хонааш бармегаштааст.

19 марти соли 2005 соати 16:30 баъди кор бо нақлиёти хизматии корхонаи зикршуда то деҳаи Қуруқсой, ки дар он ҷо нақлиёти хизматӣ таваққуф менамояд омада, ба мототсикли шахсиаш ба сўи хонааш – деҳаи Чингиров равона гардидааст.

Дар ними роҳ автомашинаи тамғаи «Нива-212113» рақами дав­ла­тиаш АЕ 5702 РТ 01, ки дар зери идораи Бобоназаров Асқар қарор доштааст, ба муқобили самти ҳаракат баромада, ба мототсикли ў бархурдааст.

Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ Раҷабов А. ҷароҳати сершумори ҷисмонӣ гирифта, маъюби гурўҳи 2 эътироф шудааст.

Раҷабов А.А. новобаста аз он, ки садамаи нақлиётӣ берун аз нақлиёти хизматӣ ва дар маҳали дигар рух додаааст, масофаи аз дарвозаи ширкат то истгоҳи нақлиёт ва аз истгоҳи охирони нақлиёти ширкат то манзили истиқоматии худро воқеаи нохуш дар истеҳсолот меҳисобад.

Аз ин рў, ў аз КВД «Ширкати Алюмении Тоҷик» ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб дорад, ки бинобар дар вақти аз кор ба хона баргаштан рух додани ҳодисаи мазкур, ба ў ҷуброни зарар иборат аз: маоши миёнаи гумшуда, хароҷоти иловагӣ, ҷубронпулии якдаъфаина ва зарари маънавӣ пардохт карда шавад.

КВД «Ширкати Алюмении Тоҷик» ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости Раҷабов А.-ро баррасӣ намуда, дар асоси талаботи зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолоти Ҷумҳурии Тоҷикистон рад намудаанд.

Онҳо мавқеашонро бо он асоснок менамоянд, ки ҳодисаи нохуш бо Раҷабов А. баъди аз нақлиёти мусофирбарии КВД «Ширкати Алюмении Тоҷик» фаромадан, яъне берун аз истеҳсолот ҳангоми давоми сафар бо нақлиёти шахсиаш рух додаст, ки ин ҳолат ба ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот дохил намешавад.

Тибқи талаботи зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Раёсати Шўрои Федератсияи Иттифоқҳои касабаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Госгортехнадзори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 1993 таҳти № 24/2 тасдиқ карда шудааст, агар ҳодисаи нохуш бо ҷабрдида ҳангоми сафар ба манзили зист бо нақлиёти корхона рух дода бошад, аз тарафи корхона санади Н-1 тартиб дода, ба ҷабрдида кумакпулӣ оид ба зарари расонидашуда пардохт карда мешавад.

Ба андешаи муроҷиаткунанда, муқаррароти зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи мазкур ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «Ҳуқуқи ҷабридидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад» мухолифат дошта, садди роҳи ҷуброни зарар ба ў гардидааст.

Бинобар ин, ў аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намудааст, ки аз рўи дархосташ мурофиаи судии конститут­сионӣ оғоз карда, мутобиқати зербани 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости пешни­ҳод­гардидаро мавриди омўзиш қарор дода, қайд менамояд, ки гарчанде ки шаҳрванд Раҷабов А.А. субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ маҳсуб ёбад ҳам, аммо дар баҳси ба миёнгузоштаи ў, яъне муайян намудани мутобиқати зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номуайяние дида намешавад, ки он оғоз кардани мурофиаи судӣ ва санҷиши конститутсиониро тақозо намояд.

Набудани номуайянӣ дар масъалаи мутобиқати зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки зарари ҷисмонӣ ва зарари маънавӣ ба Раҷабов А. на тавассути амал ва беамалии КВД «Ширкати Алюмении Тоҷик», балки тавассути ҳодисаи нохуши нақлиётӣ, ки субъект ва объекти содирнамудаи он маълум аст, ба вуқўъ пайвастааст.

Тартиби баррасии чунин ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиргардидаи роҳу нақлиётӣ ва тартиби руёнидани зарарҳои ба ҷабрдидагон аз чунин ҷиноятҳо расонидашударо қонунгузории ҷиноятӣ ва гражданӣ амиқ муайян кардааст, ки ҳаллу фасли онҳо ба мақомоти тафтиш, прокуратура ва судҳои умумӣ вогузор карда шудааст.

Бо асосҳои зикршуда, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Раҷабов А. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати зербанди 3 банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун ҷавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Раҷабов А. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати зербанди 3 банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун ҷавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

НАВИДҲОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Н А В И Д Ҳ О И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

18 ноябри соли 2013 вохўрии Раиси Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов бо менеджери Барномаи Котиботи Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо – Светлана Анисимова, аъзои Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо – Лючиан Михай ва Ричард Клэйтон ва корманди шуъбаи адолати конститутсионии Комиссияи мазкур – Таня Гервин доир гадид.

Дар рафти вохўрӣ ҷонибҳо ба фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, нақши ин мақомотро дар таъмини волоияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муфид арзёбӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамкории судманд байни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо зоҳир карда шуд.

Зимни мулоқот, ҷонибҳо оид ба лоиҳаи Кодекси одоби судягӣ ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи миёнаравӣ дар ҳалли баҳсҳо» ибрози андеша намуданд.

Тарафҳо вохўрии мазкурро судманд арзёбӣ намуда, ҷонибдории худро оид ба вусъат додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.

Дар вохўрӣ ҳамчунин судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М. иштирок намуданд.

25 ноябри соли 2013 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон Маҳкам Маҳмудов ҳозиринро бо ин ҷашни пуршукўҳи умумидавлатӣ таҳният намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими нишондиҳандаи соҳибистиқлолии кишвар маҳ­суб ёфта, таҷассумгари арзишҳои волои инсонӣ ва мақсаду мароми пешгирифтаи Тоҷикистони азизамон мебошад. Бинобар ин, имрўз ҳар як фарди худогоҳу худшинос бо ифтихор аз давлату давлатории миллӣ бояд ҳамчун қарзи фарзандии худ рамзҳои давлатиро, ки дар як вақт муаррификунандаи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мебошанд, эҳтиром ва арҷгузорӣ намояд.

Зимни маҷлиси тантанавӣ ҳамчунин сармутахассис оид ба кор бо мактубҳо ва муроҷиатҳои шаҳрвандони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулизор Сангова оид ба ҷабҳаҳои таърихии Парчами давлатӣ ва ташаккули низоми қонунгузорӣ вобаста ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърўза баромад намуд.

Аз 21 то 23 ноябр ва аз 26 то 29 ноябри соли 2013 тибқи нақ­шаи кории Суди конститутсионӣ барои соли 2013 бо мақсади фаҳмонда­диҳии мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 апрели соли 2013, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамоянд ва ҳамчунин вохўрӣ бо субъектони муроҷиат ба Суди конститутсионӣ сафари кории судяҳои Суди конститутсионӣ – Абдуллоев Л.И., Зоиров Ш.Ю., Гулзорова М.М., Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М. ба ноҳияҳои Хуросон, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликул, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав доир гардид.

Зимни сафари кории мазкур судяҳои Суди конститутсионӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияҳои номбурда ва дигар субъектони муроҷиат ба Суди конститутсионӣ суҳбату вохўриҳо анҷом дода, паҳлуҳои мухталифи Паёми Сардори давлат ба мақоми олии қонунгузорӣ, ва тартиби муроҷиат ба мақомоти назорати конститутсионии кишвар ба ҳозирин фаҳмонида шуданд.

Аз 23 декабр то 29 декабри соли 2013 дар доираи Ёддошти тафо­ҳум оид ба ҳамкорӣ байни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ин мақомоти назорати конститутсионӣ сафари кории судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов К.М. ва Зоиров Ш.Ю. ба Ҷумҳурии Туркия доир гардид.

Зимни сафари кории мазкур намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти густурдаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия шиносоӣ пайдо намуда, бо раис ва судяҳои он вохўриҳои судманд анҷом доданд.

7 январи соли 2014 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон маҷлиси ҷамбастӣ оид ба фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 доир гардид.

Дар оғози маҷлис Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон Маҳкам Маҳмудов бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, изҳор дошт, ки соли 2013 таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон ба дастовардҳои бузургӣ сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки равшангари роҳи пешрафти ҳаёти ҷомеа мебошанд, ноил гардида, сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллии ҷомеа ҳамчун арзишҳои муқаддаси инсонӣ қадру манзалати воло касб намуданд.

Дар ин соли пурфайз дар фазои демократӣ ва шаффофу баробар бо такя ба принсипҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ баргузор гардидани маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки мардуми соҳибтамаддуну соҳибмаърифати кишвар дорои маърифати волои сиёсиву шаҳрвандӣ мебошанд.

Соли сипаришуда бо шарофати дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҳамчун соли музаффарияту комёбиҳо дар саҳифаҳои таърихи миллатамон бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.

Барои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соли сипаришуда боз як соли пешрафт ва дастовардҳо дар фаъолияти касбӣ маҳсуб ёфта, ба ин мақом муяссар гардид, ки муносибатҳои байналмилалии худро боз ҳам густариш диҳад.

Дар рафти маҷлис инчунин оид ба фаъолияти Суди консти­тут­сионӣ дар соли 2013 судя-котиби Суди конститутсионӣ – Каримов К.М., дар хусуси фаъолияти Дастгоҳи Суди конститутсионӣ роҳбари Дастгоҳ – Ҳошимов Д.Д. ва оид ба фаъолияти шуъбаҳои Суди конститутсионӣ сардорони шуъбаҳо Нурляминова Г.А., Гулов А.А. ва Муҳаббатов Ҷ.Х. баромад намуданд.

Замини баромадҳо иброз карда шуд, ки дар Суди конститутсионӣ дар соли 2013 вобаста ба пешниҳод ва дархости шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ мебошанд, бобати муайян намудани номутобиқатии санадаҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дувоздаҳ адад парвандаҳо баррасӣ карда шуда, нисбат ба дутои онҳо, ки дар мурофиаи судии конститутсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, қарор ва нисбати даҳтои он таъиноти дахлдор қабул карда шуд.

Чунончи, оид ба ду парванда, аз ҷумла оид ба парванда аз рўи дархости шаҳрванд Тураев М.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайд­гирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009 № 25 ва тағйироти ба он аз 25 сентябри соли 2012, № 92 воридкардашуда ба қисми дуюми моддаи 12 ва қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба парванда аз рўи дархости шаҳрванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мурофиаи судӣ баргузор карда шуда, масъалаи дар он овардашуда пурра ва ҳаматарафа мавриди баррасии судӣ қарор дода шуданд.

Суди конститутсионӣ банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қисми дуюми моддаи 12 ва қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин, тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон» нисбат ба даҳ парванда бинобар ба салоҳияти Суди конс­титутсионӣ мансубият надоштани масъалаи дар онҳо дарҷгар­дида таъинот дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судӣ бароварда шуд.

Ба Суди конститутсионӣ зиёда аз 369 нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ тариқи шифоҳию хаттӣ оид ба масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд, ки вобаста ба салоҳият ва тобеияти муроҷиатҳо онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои дахлдор ирсол карда шуданд.

Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон, муроҷиати шифо­ҳии 250 нафари онҳо бевосита аз ҷониби Раис ва судяҳои Суди конститутсионӣ қабул карда шудааст. Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ ҳаждаҳ дархост, чилу се ариза, ду пешниҳод ва як шикоят аз шахсони воқеию ҳуқуқӣ ворид гардидаанд, ки онҳо низ ба шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда шомил мебошанд.

Таҳлилу омўзиши муроҷиатҳои воридшуда ба Суди конститут­сионӣ муайян намуд, ки шумораи зиёди онҳо оид ба номутобиқати қонунҳо, норозигӣ оид ба санадҳои судӣ, баҳси манзил, замин, таъмини нафақа, расонидани кўмаки моддӣ ва дигар масъалаҳо мебошанд. Дар асоси гузаронидани суҳбату вохўриҳо бо шаҳрвандони муроҷиаткунанда муайян гардид, ки одатан шаҳрвандон бо сабаби дар маҳалҳо сари вақт ба онҳо кўмак нарасонидан ба мақомоти болоӣ, аз ҷумла судӣ муроҷиат мекунанд.

Дар ин давра ба Суди конститутсионӣ дар маҷмуъ ба истиснои муроҷиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ 1695 мавод аз ҷумла 393 мактуб аз вазорату идораҳои мухталифи давлатӣ, 1198 – санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, 104 маҷалалаву нашрияҳо ва рўзномаҳо ворид гардида, ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ 643 мактуб оид ба масъалаҳои дахлдор ирсол карда шудааст.

Шумораи мактубҳо оид ба масъалаҳои гуногун вобаста ба фаъолияти Суди конститутсионӣ, ки соли сипаришуда тавассути поч- таи электронии Суди конститутсионӣ ворид гардидаанд, 417 адад ро ташкил медиҳанд. Инчунин, тавассути почтаи электронии Суди конститутсионӣ 205 адад мактуб вобаста ба фаъолияти ин мақомот ба дохил ва хориҷи кишвар ирсол карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботи се адад нашри шуморавии маҷаллаи илмӣ – иттилоотии Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он фаъолияти Суди конститутсионӣ инъикос гардида, маърўзаю мақолаҳои судяҳо ва кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ гирд оварда шудаанд, аз чоп баромад.

Бо мақсади иҷрои банди 9 Барномаи ислоҳоти судӣ–ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 № 976 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби гуруҳи корӣ дар заминаи меъёр­ҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти қонунгузории миллӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия гардид, ки ин як пешравии назаррас дар фаъолияти густурдаи Суди конститутсионӣ мебошад.

Бояд қайд кард, ки вобаста ба муҳокимаи пешакии лоиҳаи нави Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар Китобхонаи миллӣ бо иштироки Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шўрои адлия, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, намояндагони дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва олимону мутахассиcони ҳуқуқшинос моҳи майи соли 2013 семинар гузаронида шуда, таклифу пешниҳодҳои иштирокчиёни он дар лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ ба инобат гирифта шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ китоби маҷмўаи Номаҳои Суди консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи қонунияти консти­тутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1996-2012, ки дар худ фаъолияти Суди конститутсиониро дар ин давра таҷассум намуда, пешниҳодҳои муфидро бобати беҳтар кардани вазъи қонунияти конститутсионӣ дар кишвар фаро мегирад, аз чоп бароварда шуд.

Дар муддати соли сипаришуда ба сомонаи интернетии Суди конститутсионӣ мунтазам ахбороти нав, яъне маълумоте, ки паҳлу­ҳои муҳими фаъолияти Суди конститутсионӣ, аз ҷумла оид ба мурофиаҳои судии доиргардида, вохўрии роҳбарият ва судяҳои Суди конститутсионӣ бо меҳмонони хориҷӣ, сафарҳои хизматии роҳбарият ва судяҳои Суди конститутсионӣ ба дохилу хориҷи кишвар ва дигар ахбороти муҳимро дар бар мегирад, бо забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ворид карда шудаанд.

То ба имрўз дар маҷмуъ зиёда аз 91 000 (соли 2012 – 42 301) нафар ашхос бо сомонаи Суди конститутсионӣ шиносоӣ пайдо намуда, аз маълумоти дар он гирдовардашуда ба таври васеъ истифода бурдаанд.

Ҷиҳати ғанӣ гардонидани китобхонаи Суди конститутсионӣ, дар давраи ҳисоботӣ 102 адад маҷаллаҳои гуногун ва зиёда аз 791 адад китобҳои гуногуни илмӣ-оммавӣ ва бадеӣ ба китобхонаи дохилии идоравӣ ворид карда шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд аз онҳо ба таври васеъ истифода баранд. Дар маҷмўъ то ба имрўз дар китобхонаи Суди конститутсионӣ 4111 адад китобу маҷаллаҳои гуногун гирд оварда шудаанд.

Дар давоми сол роҳбарият, судяҳо ва кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузории кишвар аз 26-уми апрели соли 2013 ва фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои меъёрҳои Конститутсия дар пойдории ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз қабили шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Дарвоз, Рушон, Айнӣ, Шаҳристон, Хуҷанд, Ғончӣ, Ҷаббор Расулов, Қайроққум, Чкалов, Спитамен, Норак, Данғара, Кўлоб, Восеъ, Хуросон, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликул, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Қўрғонтеппа, Вахш, Ваҳдат, Мўъминобод ва дигар шаҳру ноҳияҳо ба сафарҳои хизматӣ фиристода шуданд.

Ҳамчунин бобати иштирок дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи бай­налмилалӣ судяҳо ва кормандони Дастгоҳ ба ҷумҳуриҳои Арманистон, Фаронса, Туркия, Италия, Испания, Қазоқистон ва Шветсария сафарҳои корӣ анҷом додаанд.

Соли 2013 дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ байни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Арманистон зимни сафари ў ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ин амал як қадами устувори дигар барои густариши ҳамкориҳо байни мақомоти назорати конститутсионии ду кишвар ба шумор меравад.

Ин чорумин санади байналмилалӣ мебошад, ки дар тўли фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳамшабеҳи давлатҳои хориҷи кишвар ба тасвиб расидааст.

Ҳамчунин, бобати густариши муносибатҳои байналмилалӣ, соли сипаришуда вохўрии Раис ва судяҳои Суди конститутсионӣ бо Раиси Суди констутсионии Арманистон Арутюнян Г.Г., узви Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, собиқ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут Дрейфус, намояндагони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо – Светлана Анисимова, Лючиан Михай ва дигар шахсони ҳамроҳикунандаи онҳо ва дигар шахсони расмӣ доир гардид.

Дар Суди конститутсионӣ дар соли 2013 бахшида ба таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ дар мавзўи «Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ», бахшида ба 19-умин солгарди қабули Конститутсия дар мавзўи «Конститутсия кафили ҳифзи хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» мизи мудаввар ва ба ифтихори Рўзи Истиқлолияти давлатӣ, Парчами давлатӣ, Рўзи забони давлатӣ ва дигар ҷашнҳои муҳими давлатӣ маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ гузаронида шуданд.

Роҳбарият, судяҳо ва кормандони Суди конститутсионӣ ҳамчунин дар кори конфронсу семинарҳои гуногун дар дохили кишвар, ки аз ҷониби мақомоти гуногуни давлатӣ доир гардид, ширкат варзида, оид ба мавзуҳои мубрами рўз маърўзаҳо намуданд.

МУНДАРИҶА

Маҳмудов М.А. Таҳкими адолати конститутсионӣ кафолати
таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия 5

Аҳмадҷонов И.Ғ., Бадалов Ш.К. Ҳолати танзими ҳуқуқии
номи фирмавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15

Боев М.Ф. Танзими ҳуқуқии савдои биржавӣ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон 26

Саидов Ҳ.Х. Ҳуқуқу озодиҳои асоси инсон
дар раванди муоинаи шахс ҳамчун шакли истисноии
назорати гумрукӣ 32

Саидов Ҳ.М. Баъзе масалаҳои ҳуқуқии шаҳрвандон ба
истифодаи об ва объектҳои обӣ 36

Таъинотҳои Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии
конститутсионӣ оид ба дархости Ҳизби Наҳзати Исломии
Тоҷикистон «Дар хусуси ғайриконститутсионӣ эътироф
намудани сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни
конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораиинтихоботи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 октябри соли 2013 45

2) оид ба дархости шаҳрванд Раҷабов А.А. «Дар бораи муайян
намудани мутобиқати зербанди 3 банди 1.2-и Низомномаи тафтиш
ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ба моддаи 21
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз
7 январи соли 2014 51

Навидҳои Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Yandex.Metrica